Насабномаи Исои Масеҳ, Писари Довуд, Писари Иброҳим. Иброҳим Исҳоқро ба дунё овард; Исҳоқ Яъқубро ба дунё овард; ва Яъқуб Яҳудо ва бародарони ӯро ба дунё овард; ва Яҳудо Порас ва Зараҳро аз Томор ба дунё овард; ва Порас Ҳесрӯнро ба дунё овард; ва Ҳесрӯн Ромро ба дунё овард; ва Ром Амминодобро ба дунё овард; ва Амминодоб Наҳшӯнро ба дунё овард; ва Наҳшӯн Салмӯнро ба дунё овард; ва Салмӯн Бӯазро аз Роҳоб ба дунё овард; ва Бӯаз Убидро аз Рут ба дунё овард; Убид Ишойро ба дунё овард; ва Ишой подшоҳ Довудро ба дунё овард. Ва подшоҳ Довуд Сулаймонро аз зане ки пештар ҳамсари Уриё буд, ба дунё овард; ва Сулаймон Раҳабъомро ба дунё овард; ва Раҳабъом Абиёро ба дунё овард; ва Абиё Осоро ба дунё овард; ва Осо Юшофотро ба дунё овард; ва Юшофот Юромро ба дунё овард; ва Юром Узиёро ба дунё овард; ва Узиё Ютомро ба дунё овард; ва Ютом Оҳозро ба дунё овард; ва Оҳоз Ҳизқиёро ба дунё овард; ва Ҳизқиё Менашшеро ба дунё овард; ва Менашше Омӯнро ба дунё овард; ва Омӯн Юшиёро ба дунё овард; ва Юшиё Якунё ва бародарони ӯро дар замони кӯчондан ба Бобил ба дунё овард. Ва пас аз кӯчондан ба Бобил Якунё Шаалтиилро ба дунё овард; ва Шаалтиил Зарубобилро ба дунё овард; ва Зарубобил Абиҳудро ба дунё овард; ва Абиҳуд Элёқимро ба дунё овард; ва Элёқим Озурро ба дунё овард; ва Озур Содӯқро ба дунё овард; ва Содӯқ Ёкинро ба дунё овард; ва Ёкин Элиҳудро ба дунё овард; ва Элиҳуд Элъозорро ба дунё овард; ва Элъозор Маттонро ба дунё овард; ва Маттон Яъқубро ба дунё овард; ва Яъқуб Юсуфро, шавҳари Марямро ба дунё овард, ва аз Марям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ номида мешавад. Пас, ҳамаи наслҳо аз Иброҳим то Довуд чордаҳ насл аст; ва аз Довуд то кӯчондан ба Бобил чордаҳ насл аст; ва аз кӯчондан ба Бобил то Масеҳ чордаҳ насл аст. Ва таваллуди Исои Масеҳ чунин буд: ҳангоме ки модари Ӯ Марям ба Юсуф номзад шуд, пеш аз он ки ҳамбистар шаванд, маълум гардид, ки вай аз Рӯҳулқудс ҳомила аст. Ва шавҳари вай Юсуф, ки марди росткор буд ва намехост вайро нангин кунад, ба дили худ гуфт, ки вайро пинҳонӣ сар диҳам. Аммо ҳангоме ки ӯ дар чунин андеша буд, фариштаи Худованд дар хоб ба ӯ падид омада, гуфт: «Эй Юсуф, писари Довуд! Аз гирифтани зани худ Марям натарс; зеро он чи дар вай ба вуҷуд омадааст, аз Рӯҳулқудс аст; ва Писаре мезояд, ва ту Ӯро Исо ном гузор; чунки Ӯ қавми Худро аз гуноҳҳошон наҷот медиҳад». Ва ҳамаи ин рӯй дод, то ба амал ояд каломе ки Худованд бо забони пайғамбар гуфтааст: “Инак, бокирае ҳомила мешавад ва Писаре мезояд, ва Ӯро Имонуил меноманд”, ки маънояш ин аст: Худо бо мост. Ва Юсуф аз хоб бедор шуда, ончунон рафтор кард, ки фариштаи Худованд ба ӯ фармуда буд, ва зани худро қабул кард. Ва бо вай ҳамбистар нашуд то даме ки вай Писари нахустини худро зоид. Ва Юсуф Ӯро Исо ном гузошт. Чун Исо дар айёми подшоҳ Ҳиродус дар Байт-Лаҳми Яҳудия таваллуд ёфт, аз ҷониби шарқ ба Уршалим муғон омада, гуфтанд: «Куҷост он Подшоҳи яҳудиён, ки таваллуд ёфт? Чунки ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, ки ба Ӯ таъзим кунем». Чун подшоҳ Ҳиродус инро шунид, ба ташвиш афтод, ва бо вай тамоми Уршалим ҳам. Ва ҳамаи сардорони коҳинон ва китобдонони қавмро ҷамъ карда, аз онҳо пурсид, ки Масеҳ дар куҷо бояд таваллуд ёбад? Ба вай гуфтанд: «Дар Байт-Лаҳми Яҳудия, зеро ба воситаи пайғамбар чунин навишта шудааст: “Ва ту, эй Байт-Лаҳми сарзамини Яҳудо, Аз дигар шаҳрҳои бузурги Яҳудо ҳеҷ камӣ надорӣ; Чунки аз ту Пешвое ба майдон меояд, Ки Ӯ қавми Ман Исроилро чӯпонӣ мекунад”». Он гоҳ Ҳиродус муғонро пинҳонӣ даъват намуда, вақти пайдоиши ситораро аз онҳо фаҳмида гирифт, ва онҳоро ба Байт-Лаҳм равона карда, гуфт: «Равед ва дар бораи он Кӯдак бо диққат пурсуҷӯй кунед ва ҳамин ки Ӯро ёфтед, ба ман хабар диҳед, то ки ман ҳам рафта, ба Ӯ таъзим кунам». Онҳо суханони подшоҳро шунида, равона шуданд. Ва инак, ситорае ки дар шарқ дида буданд, пешопеши онҳо мерафт ва ба болои он ҷое ки Кӯдак буд, расида, истод. Ва ситораро дида, беандоза шод ва хушҳол гардиданд, ва ба хона даромада, Кӯдакро бо модараш Марям диданд, ва зону зада, ба Ӯ таъзим карданд, ва ганҷҳои худро бароварда, тӯҳфаҳои тилло, лодан ва мурр ба Ӯ пешкаш карданд. Ва чун дар хоб ба онҳо паёми Худо омад, ки ба назди Ҳиродус барнагарданд, онҳо аз роҳи дигар ба ватани худ равона шуданд. Ҳангоме ки онҳо баромада рафтанд, фариштаи Худованд дар хоб ба Юсуф падид омада, гуфт: «Бархез ва Кӯдакро бо модараш гирифта, ба Миср гурез ва дар он ҷо бош, то вақте ки ба ту гӯям; чунки Ҳиродус дар ҷустуҷӯи Кӯдак аст, то Ӯро нобуд кунад». Ва Юсуф шабона бархеста, Кӯдакро бо модараш гирифта, сӯи Миср равона шуд, ва то марги Ҳиродус дар он ҷо монд, то ба амал ояд каломе ки Худованд бо забони пайғамбар гуфтааст: “Аз Миср Писари Худро даъват намудам”. Чун Ҳиродус дид, ки муғон ӯро фиреб доданд, бисёр хашмгин шуд ва фиристода, дар Байт-Лаҳм ва тамоми ҳудуди он ҳамаи писарони дусола ва камтарро, мувофиқи вақте ки аз муғон фаҳмида гирифта буд, кушт. Он гоҳ ба амал омад каломе ки бо забони Ирмиёи пайғамбар гуфта шудааст: “Овозе дар Ромо шунида шуд, Овози гиряву нола ва мотами бузург; Роҳел барои фарзандони худ гиря мекунад Ва тасаллӣ намеёбад, Зеро ки онҳо нестанд”. Чун Ҳиродус мурд, фариштаи Худованд дар Миср ба Юсуф дар хоб падид омад, ва гуфт: «Бархез, Кӯдакро бо модараш гирифта, ба сарзамини Исроил равона шав, зеро онҳое ки қасди ҷони Кӯдак доштанд, мурданд». Ва ӯ бархеста, Кӯдакро бо модараш гирифта ба сарзамини Исроил омад. Лекин чун шунид, ки Аркилоус ба ҷои падари худ Ҳиродус дар Яҳудия подшоҳӣ мекунад, аз рафтан ба он ҷо тарсид; ва дар хоб паёме аз Худо ёфта, ба ҳудуди Ҷалил рафт, ва чун расид, дар шаҳре ки Носира ном дорад, сокин шуд, то ба амал ояд каломе ки бо забони пайғамбар гуфта шудааст, ки Ӯ Носирӣ хонда мешавад. Дар он рӯзҳо Яҳёи Таъмиддиҳанда омада, дар биёбони Яҳудия мавъиза мекард, ва мегуфт: «Тавба кунед, чунки Подшоҳии Осмон наздик аст». Зеро ӯ ҳамон аст, ки Ишаъёи пайғамбар аз ӯ хабар дода, гуфтааст: “Овози нидокунандае дар биёбон: Роҳи Худовандро тайёр кунед, Роҳҳои Ӯро рост кунед”. Ва ин Яҳё либосе аз пашми шутур дар бар ва камарбанде аз чарм дар камар дошт; ва хӯроки ӯ малах ва асали ёбоӣ буд. Он вақт аҳли Уршалим ва тамоми Яҳудия ва атрофи дарёи Урдун назди ӯ берун меомаданд, ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар дарёи Урдун таъмид меёфтанд. Чун бисёре аз фарисиён ва саддуқиёнро дид, ки назди ӯ барои таъмид меоянд, ба онҳо гуфт: «Эй афъиз дагон! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ғазаби оянда гурезед? Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад, ва дар дили худ нагӯед, ки “падари мо Иброҳим аст”; зеро ба шумо мегӯям, ки Худо метавонад аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вуҷуд оварад; ва акнун теша бар решаи дарахтон гузошта шудааст: ҳар дарахте ки меваи нағз надиҳад, бурида ва ба оташ партофта мешавад; Ман шуморо бо об барои тавба таъмид медиҳам, лекин Он ки пас аз ман меояд, аз ман тавонотар аст; ман сазовори он нестам, ки пойафзоли Ӯро бардорам; Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс ва оташ таъмид медиҳад; Ӯ сешохаи Худро дар даст дорад, ва хирмангоҳи Худро тоза карда, гандуми Худро дар анбор ҷамъ мекунад, лекин коҳро дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад». Он гоҳ Исо аз Ҷалил ба дарёи Урдун назди Яҳё омад, то аз вай таъмид гирад. Лекин Яҳё Ӯро боздошта, гуфт: «Маро лозим аст, ки аз Ту таъмид гирам, ва Ту назди ман меоӣ?» Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Акнун бигузор ин тавр бошад; чунки моро лозим аст ҳар гуна ростиро ин тавр ба ҷо оварем». Пас Яҳё Ӯро вогузошт. Ва Исо таъмид ёфта, дарҳол аз об баромад, ва инак, осмон ба Ӯ кушода шуд, ва Рӯҳи Худоро дид, ки чун кабӯтаре фуруд омада, бар Ӯ қарор мегирад. Ва инак, овозе аз осмон расид, ки мегуфт: «Ин аст Писари дӯстдоштаи Ман, ки аз Ӯ хушнудам». Он гоҳ Рӯҳ Исоро ба биёбон бурд, то Ӯро иблис озмояд, ва чил шабонарӯз рӯза дошта, охир гурусна монд. Ва озмоишкунанда назди Ӯ омада, гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин сангҳо гӯй, ки нон шаванд». Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Навишта шудааст, ки “одамизод на танҳо бо нон зинда аст, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худо барояд”». Пас иблис Ӯро ба шаҳри муқаддас гирифта бурд ва ба кунгураи ибодатгоҳ гузошт, ва ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, Худро ба зер андоз; чунки навишта шудааст: “Ба фариштаҳои Худ дар бораи Ту фармон медиҳад, Ва Туро рӯи даст мебаранд, Ки мабодо пои Худро ба санге занӣ”». Исо ба вай гуфт: «Ҳамчунин навишта шудааст: “Худованд Худои худро наозмой”». Боз иблис Ӯро ба кӯҳи бисёр баланде бардошта бурд ва ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ва шукӯҳи онҳоро ба Ӯ нишон дод, ва ба Ӯ гуфт: «Агар рӯй ба замин ниҳода, ба ман саҷда кунӣ, ҳамаи онҳоро ба Ту медиҳам». Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Аз Ман дур шав, эй шайтон; чунки навишта шудааст: “Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо”». Пас иблис Ӯро вогузошт, — ва инак, фариштаҳо омада, ба Ӯ хизмат мекарданд. Чун Исо шунид, ки Яҳё дастгир шудааст, ба Ҷалил равона шуд. Ва Носираро тарк карда, дар Кафарнаҳум, ки дар канори кӯл аст, дар ҳудуди Забулун ва Нафтолӣ сокин шуд, то ба амал ояд сухане ки бо забони Ишаъёи пайғамбар гуфта шудааст: “Сарзамини Забулун ва сарзамини Нафтолӣ, Дар роҳи назди кӯл, он сӯи Урдун, Ҷалили халқҳо, Қавме ки дар торикӣ мезистанд, нури бузурге диданд, Ва бар онҳое ки дар кишвари марг ва сояи он менишастанд, Нуре дурахшид”. Аз ҳамон вақт Исо ба мавъиза оғоз намуд ва гуфт: «Тавба кунед, чунки Подшоҳии Осмон наздик аст». Ва чун аз канори кӯли Ҷалил мегузашт, ду бародарро: Шимъунро, ки Петрус меномиданд, ва бародари ӯ Андриёсро дид, ки дар кӯл тӯр меандохтанд; чунки моҳигир буданд; ва ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди одамон гардонам». Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, аз пайи Ӯ равона шуданд. Чун аз он ҷо гузашт, ду бародари дигарро, Яъқуб ибни Забдой ва бародари вай Юҳанноро дид, ки дар киштӣ бо падари худ Забдой тӯрҳои худро соз мекарданд, ва онҳоро даъват намуд. Ва онҳо дарҳол киштӣ ва падари худро гузошта, аз пайи Ӯ равона шуданд. Ва Исо дар тамоми Ҷалил мегашт ва дар куништҳои онҳо таълим дода, Инҷили Подшоҳиро мавъиза мекард ва ҳар беморӣ ва ҳар дарди мардумро шифо мебахшид. Ва овозаи Ӯ дар тамоми Сурия паҳн шуд; ва ҳамаи беморонро, ки ба бемориҳо ва дардҳои гуногун гирифтор буданд, ҳам девзадагон, ҳам шабгардон ва ҳам шалҳоро назди Ӯ меоварданд, ва Ӯ онҳоро шифо мебахшид. Ва мардуми бисёре аз Ҷалил, Декаполис, Уршалим, Яҳудия ва он тарафи Урдун аз пайи Ӯ равона буданд. Чун мардумро дид, ба кӯҳе баромад ва нишаст; ва шогирдонаш назди Ӯ омаданд. Он гоҳ Ӯ даҳони Худро кушода, онҳоро таълим дод ва гуфт: «Хушо касоне ки рӯҳан бенаво ҳастанд, зеро Подшоҳии Осмон аз они онҳост. Хушо мотамзадагон, зеро онҳо тасаллӣ меёбанд. Хушо нармдилон, зеро онҳо вориси сарзамин мешаванд. Хушо гуруснагон ва ташнагони ростӣ, зеро онҳо сер мешаванд. Хушо марҳаматкунандагон, зеро онҳо марҳамат меёбанд. Хушо покдилон, зеро онҳо Худоро мебинанд. Хушо сулҳҷӯён, зеро онҳо фарзандони Худо хонда мешаванд. Хушо таъқибшудагон дар роҳи ростӣ, зеро Подшоҳии Осмон аз они онҳост. Хушо шумо, ҳангоме ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд ва ҳар сухани баде бо дурӯғ зидди шумо гӯянд. Шод ва хушҳол бошед, чунки подоши шумо дар осмон бузург аст: зеро пайғамбарони пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъқиб мекарданд. Шумо намаки ҷаҳон ҳастед. Лекин агар намак қувваташро гум кунад, бо кадом чиз боз намакин шавад? Дигар ҳеҷ кор намеояд, магар ин ки ба берун партофта шавад ва поймоли одамон гардад. Шумо нури ҷаҳон ҳастед. Шаҳре ки дар болои кӯҳ аст, наметавонад пинҳон шавад. Чароғро низ афрӯхта, на дар зери зарфе, балки бар чароғдон мегузоранд, ва он гоҳ ба ҳама касоне ки дар хонаанд, рӯшноӣ медиҳад. Ҳамчунин бигзор нури шумо ба одамон тобад, то корҳои неки шуморо дида, Падари шуморо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд. Гумон накунед, ки барои бекор кардани Таврот ё навиштаҳои пайғамбарон омадаам; наомадаам, ки бекор кунам, балки ба ҷо оварам. Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: то осмон ва замин аз миён наравад, ҳеҷ як ҳарфе ё нуқтае аз Таврот аз миён намеравад, то даме ки ҳамааш иҷро шавад. Пас, ҳар кӣ яке аз ин фармудаҳои хурдтаринро вайрон кунад ва ба одамон чунин таълим диҳад, вай дар Подшоҳии Осмон хурдтарин шумурда мешавад; вале ҳар кӣ ба амал оварад ва таълим диҳад, вай дар Подшоҳии Осмон бузург хонда мешавад. Зеро ба шумо мегӯям: агар росткории шумо аз росткории китобдонон ва фарисиён бартарӣ надошта бошад, ба Подшоҳии Осмон дохил намешавед. Шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: “Накуш; ҳар кӣ кушад, сазовори доварӣ мешавад”. Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба бародари худ беҳуда хашм гирад, сазовори доварӣ мешавад: ҳар кӣ бародари худро “аблаҳ” гӯяд, сазовори ҳукми шӯро мешавад; ва ҳар кӣ “аҳмақ” гӯяд, сазовори оташи дӯзах мешавад. Пас, ҳангоме ки қурбонии худро назди қурбонгоҳ оварӣ, ва дар он ҷо ба хотират ояд, ки бародарат аз ту норозист, қурбонии худро дар он ҷо назди қурбонгоҳ мон, ва рафта, аввал бо бародари худ оштӣ кун, ва баъд омада, қурбонии худро тақдим намо. Ҳанӯз ки бо даъвогари худ дар роҳ ҳастӣ, зуд бо вай оштӣ шав, то даъвогар туро ба қозӣ насупорад, ва қозӣ туро ба навкар насупорад, ва туро ба зиндон наандозанд. Ба ростӣ ба ту мегӯям: то тангаи охиринро надиҳӣ, аз он ҷо берун намеравӣ. Шунидаед, ки гуфта шудааст: “Зино накун”. Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳват нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино кардааст. Пас агар чашми ростат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур кун; чунки барои ту беҳтар аст, ки яке аз узвҳоят нобуд гардад, ва тамоми баданат ба дӯзах андохта нашавад. Ва агар дасти ростат туро ба васваса андозад, онро бурида, аз худ дур кун; чунки барои ту беҳтар аст, ки яке аз узвҳоят нобуд гардад, ва тамоми баданат ба дӯзах андохта нашавад. Ҳамчунин гуфта шудааст: “Ҳар кӣ аз зани худ ҷудо мешавад, бояд талоқномае ба вай диҳад”. Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ аз зани худ, ғайр аз айби фосиқӣ, ҷудо шавад, боиси зинокории вай мегардад; ва ҳар кӣ зани талоқшударо гирад, зино мекунад. Қасам Боз шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: “Қасами дурӯғ ёд накун ва ба қасами худ дар назди Худованд вафо кун”. Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳаргиз қасам ёд накун; на ба осмон, чунки тахти Худост; на ба замин, чунки пойандози Ӯст; на ба Уршалим, чунки шаҳри Подшоҳи бузург аст; ва на ба сари худ қасам ёд кун, чунки наметавонӣ як тори мӯйро сафед ё сиёҳ кунӣ. Балки сухани шумо: “ҳа, ҳа” ва “не, не” бошад; он чи зиёда аз ин бошад, аз шарир аст. Шунидаед, ки гуфта шудааст: “Чашме дар ивази чашме, дандоне дар ивази дандоне”. Лекин Ман ба шумо мегӯям: ба бадӣ муқобилат накунед. Балки агар касе ба рухсораи ростат торсакӣ занад, дигарашро низ сӯи ӯ гардон; ва агар касе ба ту даъво карда, куртаатро гирифтанӣ шавад, ҷомаи худро низ ба ӯ бидеҳ; ва ҳар кӣ туро ба тай кардани як мил роҳ маҷбур кунад, ҳамроҳи ӯ ду мил рав. Ба касе ки аз ту чизе хоҳиш кунад, бидеҳ, аз касе ки аз ту қарз хоҳад, рӯ нагардон. Шунидаед, ки гуфта шудааст: “Ёратро дӯст дор ва аз душманат нафрат кун”. Лекин Ман ба шумо мегӯям: душманони худро дӯст доред; барои онҳое ки шуморо лаънат мегӯянд, баракат хоҳед; ба онҳое ки аз шумо нафрат доранд, некӣ кунед; ва барои онҳое ки шуморо озор медиҳанд ва таъқиб мекунанд, дуо гӯед, то фарзандони Падари худ, ки дар осмон аст, гардед; зеро Ӯ офтоби Худро бар бадону некон метобонад ва борон бар росткорону каҷкорон меборонад. Зеро агар дӯстдорони худро дӯст доред, чӣ подоше меёбед? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд? Ва агар танҳо ба дӯстони худ салом гӯед, чӣ бартарие доред? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд? Пас, комил бошед, чунон ки Падари шумо, ки дар осмон аст, комил аст». «Ҳушёр бошед, ки садақаи худро пеши назари одамон надиҳед, то онҳо шуморо бинанд; вагарна шумо аз Падари худ, ки дар осмон аст, подоше надоред. Пас, ҳангоме ки садақае медиҳӣ, пешопеши худ карнай нанавоз, чунон ки дурӯягон дар куништҳо ва кӯчаҳо мекунанд, то одамон онҳоро ситоиш кунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо подоши худро гирифтаанд. Аммо ҳангоме ки ту садақа медиҳӣ, бигзор дасти чапат аз он чи дасти ростат мекунад, хабардор нашавад, то садақаи ту дар ниҳон бошад; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро сазо медиҳад. Ва ҳангоме ки дуо мегӯӣ, монанди дурӯягон набош, ки онҳо дӯст медоранд дар куништҳо ва сари кӯчаҳо истода дуо гӯянд, то ки ба одамон худро нишон диҳанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо подоши худро гирифтаанд. Лекин ту, ҳангоме ки дуо мегӯӣ, ба ҳуҷраи худ даро ва дарро баста, ба Падари худ, ки ниҳон аст, дуо гӯй; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро сазо медиҳад. Ва дар вақти дуо чун бутпарастон пургӯӣ накунед; чунки онҳо гумон мекунанд, ки ба сабаби пургӯӣ дуояшон шунида мешавад. Монанди онҳо набошед; чунки Падари шумо эҳтиёҷҳои шуморо, пеш аз он ки хоҳиш кунед, медонад. Пас ин гуна дуо гӯед: “Эй Падари мо, ки дар осмонӣ, Номи Ту муқаддас бод; Подшоҳии Ту биёяд; Хости Ту, чунон ки дар осмон аст, Дар замин ҳам ба амал ояд; Нони ҳаррӯзаи моро имрӯз ба мо деҳ; Ва гуноҳҳои моро бубахш, Чунон ки мо низ ба онҳое ки ба мо гуноҳ кардаанд, мебахшем; Ва моро ба озмоиш дучор накун, Балки моро аз шарир раҳоӣ деҳ; Зеро Подшоҳӣ ва қувват ва ҷалол то абад аз они Туст. Омин”». Зеро, агар шумо ба одамон хатоҳошонро бахшед, Падари шумо, ки дар осмон аст, ба шумо низ мебахшад; ва агар шумо ба одамон хатоҳошонро набахшед, Падари шумо низ хатоҳои шуморо ба шумо намебахшад. Ҳамчунин, ҳангоме ки рӯза медоред, монанди дурӯягон туршрӯ набошед; чунки онҳо чеҳраи худро дигаргун мекунанд, то назди одамон рӯзадор намоянд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо подоши худро гирифтаанд. Лекин ту, ҳангоме ки рӯза медорӣ, ба сари худ равған бимол ва рӯи худро бишӯй, то на дар пеши одамон, балки дар пеши Падари худ, ки ниҳон аст, рӯзадор бошӣ; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту сазо медиҳад. Дар рӯи замин барои худ ганҷҳо ғун накунед, ки дар ин ҷо куя ва занг мезанад, ва дуздон нақб канда, медузданд; балки барои худ ганҷҳо дар осмон ғун кунед, ки дар он ҷо куя ва занг намезанад, ва дуздон нақб намекананд ва намедузданд; зеро ҳар ҷо, ки ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо мешавад. Чароғи бадан чашм аст. Ва агар чашмат нек бошад, тамоми баданат равшан мешавад; лекин агар чашми ту бад бошад, тамоми баданат торик мешавад. Пас, агар рӯшноие ки дар туст, торикӣ бошад, чӣ гуна бузург аст он торикӣ! Ҳеҷ кас бандаи ду хоҷа буда наметавонад: зеро ё якеро бад дида, дигареро дӯст медорад, ё ба яке часпида, дигареро хор мешуморад. Шумо наметавонед бандаи Худо ва бандаи пул бошед. Бинобар ин ба шумо мегӯям: барои зиндагии худ ғамхорӣ накунед, ки чӣ хӯред ва чӣ нӯшед; низ барои бадани худ, ки чӣ пӯшед. Оё зиндагӣ аз хӯрок ва бадан аз пӯшок муҳимтар нест? Ба парандагони осмон нигоҳ кунед, ки на мекоранд ва на медараванд ва на дар анборҳо захира мекунанд; ва Падари осмонии шумо хӯроки онҳоро медиҳад. Оё шумо аз онҳо хеле арзандатар нестед? Ва кист аз шумо, ки бо ғамхории худ умрашро як соат дарозтар карда тавонад? Ва барои либос чаро ғамхорӣ мекунед? Ба савсанҳои саҳро нигаред, ки чӣ гуна мерӯянд: на меҳнат мекунанд ва на мересанд. Лекин ба шумо мегӯям, ки Сулаймон ҳам бо тамоми шукӯҳи худ чун яке аз онҳо либос напӯшидааст. Пас, агар Худо алафи саҳроро, ки имрӯз ҳасту фардо ба танӯр андохта мешавад, чунин пӯшонад, магар шуморо, эй сустимонҳо, аз он беҳтар пӯшонда наметавонад! Аз ин рӯ ғамхорӣ накунед ва нагӯед: “Чӣ хӯрем? ” ё “Чӣ нӯшем? ” ё “Чӣ пӯшем? ” Зеро халқҳо дар пайи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, лекин Падари осмонии шумо медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред. Аммо аввал дар пайи Подшоҳии Худо ва ростии Ӯ бошед, ва ҳамаи ин чизҳо низ ба шумо дода мешаванд. Пас, барои фардо ғамхорӣ накунед, чунки фардо барои худ ғамхорӣ мекунад: мушкилоти имрӯз барои имрӯз бас аст». «Доварӣ накунед, то шуморо доварӣ накунанд; зеро ҳамон тавре ки доварӣ кунед, шуморо доварӣ мекунанд; ва ба ҳар андозае ки чен кунед, ба шумо чен мекунанд. Ва чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ? Ё чӣ гуна ба бародари худ мегӯӣ: “Биё, хасро аз чашми ту дур кунам”; ва ҳол он ки чӯбе дар чашми туст? Эй дурӯя! Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ дуруст мебинӣ, ки хасро аз чашми бародари худ дур кунӣ. Он чи муқаддас аст, ба сагон надиҳед ва марвориди худро пеши хукон напартоед, то онҳоро поймол накунанд ва баргашта, шуморо надаранд. Хоҳиш кунед, ба шумо дода мешавад; ҷӯед, меёбед; дарро кӯбед, он ба шумо кушода мешавад; зеро ҳар кӣ хоҳиш кунад, мегирад, ва ҳар кӣ ҷӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро кӯбад, он ба ӯ кушода мешавад. Ва кадом одамест аз шумо, ки агар писараш аз ӯ нон хоҳиш кунад, санге ба вай диҳад? Ё агар моҳие аз ӯ хоҳиш кунад, море ба вай диҳад? Пас, агар шумо, ки бад ҳастед, ба фарзандони худ додани тӯҳфаҳои некро медониста бошед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, албатта ба онҳое ки аз Ӯ хоҳиш мекунанд, чизҳои нек медиҳад. Пас, ҳар он чи мехоҳед, ки одамон ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо кунед; зеро ин аст Таврот ва навиштаҳои пайғамбарон. Аз дари танг дароед; зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад, ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисёранд. Чӣ танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он кам ҳастанд. Аз пайғамбарони дурӯғин ҳазар кунед, ки бо либоси гӯсфандон назди шумо меоянд, лекин аз дарун гургони дарандаанд: Онҳоро аз меваҳошон мешиносед. Оё аз хор ангур ва аз хас анҷир мечинанд? Ҳамчунин ҳар дарахти нек меваи хуб меоварад, лекин ҳар дарахти бад меваи бад меоварад; наметавонад дарахти нек меваи бад оварад, ва дарахти бад — меваи хуб. Ҳар дарахте ки меваи хуб наоварад, бурида ва ба оташ партофта мешавад. Пас, онҳоро аз меваҳошон мешиносед. На ҳар касе ки ба Ман: “Хоҷаам! Хоҷаам!” мегӯяд, ба Подшоҳии Осмон дохил мешавад, балки он касе ки хости Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо меоварад. Бисёр касон дар он рӯз ба Ман мегӯянд: “Хоҷаи мо! Хоҷаи мо! Оё бо номи Ту пайғамбарӣ накардем? Оё бо номи Ту девҳоро нарондем? Оё бо номи Ту муъҷизаҳои зиёде нишон надодем?” Он гоҳ дар ҷавоби онҳо мегӯям: “Ман ҳаргиз шуморо намешинохтам; аз Ман дур шавед, эй бадкорон!” Пас, ҳар кӣ ин суханони Маро шунавад ва ба ҷо оварад, ӯро ба марди доное монанд мекунам, ки хонаи худро бар санг сохт; ва борон борида, селобҳо равон шуданд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор оварданд; лекин он фурӯ нарафт, чунки бар санг сохта шуда буд. Ва ҳар кӣ ин суханони Маро шунавад ва ба ҷо наоварад, ба марди нодоне монанд аст, ки хонаи худро бар рег сохт; ва борон борида, селобҳо равон шуданд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор оварданд; ва он хона фурӯ рафт, ва харобии он бузург буд». Ҳангоме ки Исо ин суханонро ба поён расонд, мардум аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, чунки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон. Ҳангоме ки Ӯ аз кӯҳ фуромад, мардуми бисёре аз пайи Ӯ равона шуданд. Ва инак, махавие омада, назди Ӯ зону зад ва гуфт: «Эй Хоҷа! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ». Ва Исо дасташро дароз карда, ба вай расонд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав». Ва дарҳол вай аз махав пок шуд. Ва Исо ба вай гуфт: «Огоҳ бош, ба касе нагӯй, балки рафта, худро ба коҳин нишон деҳ ва он ҳадияро, ки Мусо фармудааст, тақдим кун, то барои онҳо шаҳодате бошад». Чун ба Кафарнаҳум даромад, мирисаде назди Ӯ омад ва илтимос карда, гуфт: «Хоҷаам! Хизматгори ман шал шуда, дар хона хобидааст ва азоби сахте дорад». Исо ба вай гуфт: «Ман омада, ӯро шифо медиҳам». Мирисад дар ҷавоб гуфт: «Хоҷаам! Ман шоистаи он нестам, ки Ту ба хонаи ман биёӣ; балки фақат сухане гӯй, ва хизматгори ман шифо меёбад. Зеро ман низ як фармонбар ҳастам, ва дар зери итоати худ сарбозон дорам; ба яке мегӯям: “Рав”, меравад; ба дигаре мегӯям: “Биё”, меояд; ва ба ғуломи худ мегӯям: “Фалон корро кун”, мекунад». Исо ин суханонро шунида, ҳайрон шуд ва ба онҳое ки аз паси Ӯ меомаданд, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: Ман ҳатто дар Исроил чунин имоне наёфтаам. Ва ба шумо мегӯям, ки бисёр касон аз шарқ ва ғарб омада, дар Подшоҳии Осмон бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб мешинанд; лекин фарзандони Подшоҳӣ ба торикии берун ронда мешаванд: дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон мешавад». Ва Исо ба мирисад гуфт: «Рав, мувофиқи имонат ба ту дода шавад». Ва ҳамон соат хизматгори ӯ шифо ёфт. Ҳангоме ки Исо ба хонаи Петрус омад, хушдомани ӯро дид, ки таб карда, хобидааст. Ва ба дасти вай даст расонд, ва таби вай паст шуд; ва вай бархеста, Исоро пазироӣ кард. Чун бегоҳ шуд, бисёр девзадагонро назди Ӯ оварданд, ва Ӯ бо сухане рӯҳҳоро берун кард ва ҳамаи беморонро шифо дод, то ба амал ояд сухане ки бо забони Ишаъёи пайғамбар гуфта шудааст: “Ӯ сустиҳои моро гирифт ва бемориҳои моро бардошт”. Чун Исо тӯдаҳои калони мардумро дар гирди Худ дид, фармуд, ки ба соҳили дигар гузаранд. Он гоҳ як китобдон назди Ӯ омада гуфт: «Устод! Ҳар ҷо равӣ, Туро пайравӣ мекунам». Исо ба вай гуфт: «Рӯбоҳон ғорҳо ва парандагони осмон лонаҳо доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар монад». Ва дигаре аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Ба ман иҷозат деҳ, ки рафта, аввал падари худро ба хок супорам». Лекин Исо ба вай гуфт: «Маро пайравӣ кун ва бигзор мурдагон мурдагони худро ба хок супоранд». Чун ба киштӣ савор шуд, шогирдонаш аз пайи Ӯ рафтанд. Ногоҳ тӯфони бузурге дар кӯл ба амал омад, то ба ҳадде ки мавҷҳо киштиро фаро мегирифтанд; ва Ӯ хобида буд. Шогирдонаш пеш омада, Ӯро бедор карданд ва гуфтанд: «Эй Хоҷа! Моро наҷот деҳ, ки ҳалок мешавем». Ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, барои чӣ ҳаросонед?» Баъд бархеста, ба бодҳо ва кӯл фармон дод, ва оромии комил фаро расид. Ва одамон ҳайрон шуда, мегуфтанд: «Ин кист, ки бодҳо ва кӯл низ ба Ӯ итоат мекунанд?» Ва чун дар соҳили дигар ба сарзамини ҷарҷасиён расид, ду девзада аз қабристон берун омада, ба Ӯ рӯ ба рӯ шуданд, ва чунон бадхашм буданд, ки ҳеҷ кас ҷуръат надошт аз он роҳ гузарад. Ва инак, онҳо фарёд зада, гуфтанд: «Бо мо чӣ кор дорӣ, эй Исо, Писари Худо? Ту ба ин ҷо омадаӣ, то моро пеш аз вақт азоб диҳӣ!» Ва дар ҷои аз онҳо дуртаре галаи бузурги хукҳо мечарид. Ва девҳо аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Агар моро берун кунӣ, иҷозат деҳ, ба галаи хукҳо равем». Ба онҳо гуфт: «Равед». Ва онҳо берун шуда, ба галаи хукҳо даромаданд. Ва инак, тамоми галаи хукҳо аз баландӣ ба кӯл ҷаста, дар об ғарқ шуд. Ва хукбонҳо гурехта рафтанд ва ба шаҳр расида, тамоми ҳодисаро, низ он чиро, ки ба девзадагон рӯй дод, нақл карданд. Ва инак, тамоми аҳли шаҳр ба пешвози Исо берун омаданд ва чун Ӯро диданд, илтимос карданд, ки аз ҳудуди онҳо берун равад. Пас ба киштӣ савор шуда, гузашт ва ба шаҳри Худ омад. Ва инак, шалеро, ки бар бистар хобида буд, назди Ӯ оварданд. Ва Исо имони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Хотирҷамъ бош, эй фарзанд! Гуноҳҳои ту бахшида шуданд». Дар айни ҳол баъзе аз китобдонон дар дили худ гуфтанд: «Ӯ куфр мегӯяд». Лекин Исо андешаҳои онҳоро пай бурда, гуфт: «Барои чӣ дар дили худ андешаҳои бад доред? Кадомаш осонтар аст: гуфтани он ки “гуноҳҳои ту бахшида шуданд”, ё гуфтани он ки “бархез ва равона шав”? Лекин то донед, ки Писари Одам дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад...», — он гоҳ ба шал гуфт: «Бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав». Он мард дарҳол бархеста, ба хонаи худ равона шуд. Чун мардум инро диданд, ҳайрон шуданд ва Худоро, ки ба одамизод чунин қудрате бахшидааст, ҳамду сано хонданд. Ва Исо аз он ҷо гузашта, Матто ном шахсеро дид, ки дар боҷгоҳ нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Аз пайи Ман биё». Вай бархеста, аз пайи Ӯ равона шуд. Ва ҳангоме ки Исо дар хона дар сари дастархон нишаста буд, бисёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон омада, бо Ӯ ва шогирдонаш дар сари дастархон нишастанд. Чун фарисиён инро диданд, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро Устоди шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад?» Исо инро шунида, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб эҳтиёҷ доранд; ва шумо равед ва маънои ин суханро омӯзед: “Марҳамат мехоҳам, на қурбонӣ”; чунки Ман омадаам, ки на росткоронро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам». Шогирдони Яҳё назди Ӯ омада, гуфтанд: «Чаро мо ва фарисиён бисёр рӯза медорем, лекин шогирдони Ту рӯза намедоранд?» Исо ба онҳо гуфт: «Оё меҳмонони базми арӯсӣ мотам дошта метавонанд, дар ҳоле ки домод бо онҳост? Лекин рӯзҳое фаро мерасанд, ки домод аз онҳо гирифта мешавад, ва он гоҳ рӯза медоранд. Ва ҳеҷ кас ба либоси кӯҳна аз матои нав дарбеҳ намемонад; чунки дарбеҳи нав аз либос ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам бадтар мешавад. Ва майи навро ба машки кӯҳна намеандозанд; вагарна машк дарида, май ҳам мерезад, машк ҳам ҳайф мешавад; балки майи навро ба машки нав меандозанд, ва ҳар ду нигоҳ дошта мешаванд». Ҳанӯз ин суханонро Ӯ ба онҳо мегуфт, ки сардоре омада, пеши Ӯ зону зад ва гуфт: «Духтари ман ҳозир мурд; лекин биё ва дасти Худро ба вай гузор, ва зинда мешавад». Исо бархеста, бо шогирдонаш аз пайи вай равона шуд. Ва инак, зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд, аз пас наздик шуда, ба домани либоси Ӯ даст расонд. Зеро ба дили худ гуфт: «Агар танҳо ба либоси Ӯ даст расонам, шифо меёбам». Исо ба қафо нигоҳ карда, занро дид ва гуфт: «Хотирҷамъ бош, эй духтар! Имонат туро шифо бахшид». Ҳамон соат зан шифо ёфт. Ва ҳангоме ки Исо ба хонаи сардор омада, найнавозон ва тӯдаи мардуми навҳакунандаро дид, ба онҳо гуфт: «Аз ин ҷо бароед; чунки духтар намурдааст, балки хобидааст». Онҳо бар Ӯ хандиданд. Чун тӯдаи мардум берун рафт, Ӯ даромада, дасти вайро гирифт, ва духтар бархест. Ва овозаи ин дар тамоми он сарзамин паҳн шуд. Ҳангоме ки Исо аз он ҷо мерафт, ду кӯр аз пайи Ӯ рафта, фарёд мезаданд: «Эй Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун». Ва чун ба хона расид, кӯрон назди Ӯ даромаданд. Исо ба онҳо гуфт: «Оё бовар мекунед, ки Ман ин корро карда метавонам?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Оре, эй Хоҷа!» Он гоҳ ба чашмони онҳо даст расонда, гуфт: «Мувофиқи имонатон ба шумо шавад». Ва чашмони онҳо кушода шуданд. Ва Исо онҳоро таъкид карда, гуфт: «Огоҳ бошед, ки касе аз ин хабардор нашавад». Лекин онҳо берун рафта, овозаи Ӯро дар тамоми он сарзамин паҳн карданд. Ва ҳангоме ки онҳо берун мерафтанд, касеро назди Ӯ оварданд, ки девзадаи гунг буд. Ва чун дев берун карда шуд, гунг ба гап даромад. Ва мардум ҳайрон шуда, гуфтанд: «Чунин ҳодиса дар Исроил ҳаргиз дида нашудааст». Лекин фарисиён гуфтанд: «Ӯ девҳоро ба воситаи сарвари девҳо берун мекунад». Ва Исо дар ҳамаи шаҳрҳо ва деҳот гашта, дар куништҳои онҳо таълим медод, ва Инҷили Подшоҳиро мавъиза мекард ва ҳар беморӣ ва сустии мардумро шифо медод. Ва анбӯҳи мардумро дида, ба онҳо раҳмаш омад, чунки онҳо монанди гӯсфандони бе чӯпон беҳол ва дармонда буданд. Он гоҳ ба шогирдони Худ гуфт: «Дарав бисёр аст, лекин коргарон кам. Пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад». Ва дувоздаҳ шогирдашро назди Худ хонда, ба онҳо бар рӯҳҳои нопок қудрат дод, то онҳоро берун кунанд ва ҳар беморӣ ва нотобиро шифо диҳанд. Ва номҳои дувоздаҳ расул инҳоянд: аввал Шимъун, ки Петрус номида шуда буд, ва бародараш Андриёс, Яъқуб ибни Забдой ва бародараш Юҳанно, Филиппус ва Барталмо, Тумо ва Маттои боҷгир, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Лаббой, ки лақабаш Таддо буд, Шимъуни Ғаюр ва Яҳудои Исқарютӣ, ки Ӯро таслим кард. Ин дувоздаҳро Исо фиристод ва ба онҳо фармуда, гуфт: «Ба роҳи ғайрияҳудиён наравед ва ба шаҳри сомариён надароед; балки назди гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил равед. Ва чун меравед, мавъиза карда, гӯед, ки Подшоҳии Осмон наздик аст. Беморонро шифо диҳед, махавиёнро пок кунед, девҳоро берун кунед; муфт ёфтаед, муфт диҳед. Дар камарбанди худ тилло ё нуқра ё мис захира накунед, ва барои сафар на тӯрбае дошта бошед, на ду пероҳан, на пойафзол ва на асо; зеро меҳнаткаш сазовори хӯроки худ аст. Ва дар ҳар шаҳр ё деҳа, ки медароед, пурсед, ки дар он ҷо шахси шоиста кист, ва то вақти баромаданатон дар он ҷо монед. Ҳангоме ки ба хонае медароед, салом гӯед; агар аҳли он хона шоиста бошанд, саломи шумо бар онҳо қарор мегирад; ва агар шоиста набошанд, саломатон сӯи шумо бармегардад. Ва агар касе шуморо қабул накунад, ва ба суханони шумо гӯш надиҳад, аз он хона ва ё шаҳр берун рафта, чанги пойҳои худро афшонед. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳолати замини Садӯм ва Амуро дар рӯзи доварӣ аз ҳолати он шаҳр сабуктар мешавад. Инак, Ман шуморо монанди гӯсфандон ба миёни гургон мефиристам. Пас, монанди морон зирак ва монанди кабӯтарон сода бошед. Лекин аз одамон эҳтиёт бошед: зеро шуморо ба додгоҳҳо месупоранд ва дар куништҳои худ шуморо қамчинкорӣ мекунанд; ва ба хотири Ман шуморо назди ҳокимону подшоҳон мебаранд, то барои онҳо ва халқҳо шаҳодате шавад. Лекин чун шуморо таслим кунанд, андеша накунед, ки чӣ гуна ва ё чӣ бояд гӯед; зеро дар он соат ба шумо ато мешавад, ки чӣ бояд гуфт. Зеро гӯянда шумо нестед, балки Рӯҳи Падари шумост, ки дар шумо гӯянда аст. Ва бародар бародарро ва падар фарзандро ба марг месупорад; ва фарзандон бар зидди падарону модарон бархеста, онҳоро ба ҳалокат мерасонанд. Ва ҳама барои номи Ман аз шумо нафрат мекунанд; лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот меёбад. Агар дар шаҳре шуморо таъқиб кунанд, ба дигаре гурезед; зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки ҳамаи шаҳрҳои Исроилро тай кунед, Писари Одам меояд. Шогирд аз устоди худ ва ғулом аз хоҷаи худ беҳтар нест: Басанда аст, ки шогирд чун устоди худ бошад, ва ғулом чун хоҷаи худ бошад. Агар соҳиби хонаро Баал-Забул номида бошанд, аҳли хонаи вайро чӣ қадар зиёдтар меноманд. Пас, аз онҳо натарсед: зеро ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки маълум нашавад. Он чи дар торикӣ ба шумо мегӯям, дар рӯшноӣ гӯед; ва он чи дар гӯш мешунавед, дар болои бомҳо мавъиза кунед. Ва аз онҳое ки ҷисмро мекушанд ва ҷонро кушта наметавонанд, натарсед; балки аз Ӯ ҳаросон бошед, ки ҳам ҷисм ва ҳам ҷонро дар дӯзах нобуд карда метавонад. Оё ду гунҷишк ба як тин фурӯхта намешаванд? Ва ҳеҷ яке аз онҳо бе хости Падари шумо ба замин намеафтад; ва ҳатто ҳамаи мӯйҳои сари шумо шумурда шудаанд. Пас, натарсед: шумо аз бисёр гунҷишкон арзандатар ҳастед. Пас, ҳар кӣ Маро назди одамон эътироф кунад, Ман низ ӯро назди Падари Худ, ки дар осмон аст, эътироф мекунам. Лекин, ҳар кӣ Маро назди одамон инкор кунад, Ман низ ӯро назди Падари Худ, ки дар осмон аст, инкор мекунам. Гумон накунед, ки омадаам, то осоиш ба замин биёрам; наомадаам ки осоиш биёрам, балки шамшер; чунки омадаам, то одамро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз хушдоманаш ҷудо кунам. Ва душмани одам аҳли хонаи ӯ мешаванд. Ҳар кӣ падар ё модарашро аз Ман бештар дӯст медорад, шоистаи Ман нест; ва ҳар кӣ писар ё духтарашро аз Ман бештар дӯст медорад, шоистаи Ман нест; ва ҳар кӣ салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намекунад, шоистаи Ман нест. Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ кунад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро нигоҳдорӣ мекунад. Ҳар кӣ шуморо қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад. Ҳар кӣ пайғамбарро ба хотири пайғамбар буданаш қабул кунад, подоши пайғамбарро меёбад; ва ҳар кӣ росткорро ба хотири росткор буданаш қабул кунад, подоши росткорро меёбад. Ва ҳар кӣ яке аз ин хурдонро фақат як коса оби сард нӯшонад, чунки номи шогирд дорад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки бе подош намемонад. Чун Исо фармон доданро ба дувоздаҳ шогирди Худ ба анҷом расонд, аз он ҷо равона шуд, то дар шаҳрҳои онҳо таълим диҳад ва мавъиза кунад. Ҳангоме ки Яҳё дар зиндон корҳои Масеҳро шунид, ду нафар аз шогирдони худро фиристод, то ба Ӯ гӯянд: «Оё Ту ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Равед ва он чи мешунавед ва мебинед, ба Яҳё гӯед: кӯрҳо мебинанд ва лангҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд ва карҳо мешунаванд, мурдагон бармехезанд ва ба бенавоён башорат дода мешавад; ва хушо касе ки аз Ман норозӣ нест». Ва ҳангоме ки онҳо рафтанд, Исо ба мардум дар бораи Яҳё сухан оғоз кард: «Барои дидани чӣ чиз ба биёбон рафта будед? Оё барои дидани найе ки аз бод меларзад? Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани шахсе ки сару либоси нарм дар бар дорад? Онҳое ки сару либоси нарм дар бар доранд, дар қасрҳои подшоҳонанд. Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани як пайғамбар? Ҳа, ба шумо мегӯям, ки вай аз пайғамбар ҳам бузургтар аст. Зеро вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст: “Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, То роҳи Туро пеши Ту омода кунад”. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз миёни онҳое ки аз зан таваллуд шудаанд, бузургтар аз Яҳёи Таъмиддиҳанда барнахост; лекин он ки дар Подшоҳии Осмон хурдтарин аст, аз вай бузургтар аст. Ва аз айёми Яҳёи Таъмиддиҳанда то ҳол Подшоҳии Осмон бо зӯр гирифта мешавад, ва зӯрмандон онро ба даст меоваранд. Зеро тамоми пайғамбарон ва Таврот то Яҳё пешгӯӣ кардаанд. Ва агар қабул кардан хоҳед, вай Илёс аст, ки бояд биёяд. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, шунавад! Лекин ин наслро ба кӣ монанд кунам? Ҳамчун кӯдаконест, ки дар бозор нишаста ва ба рафиқони худ муроҷиат карда, мегӯянд: “Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем, нагиристед”. Зеро Яҳё омад, намехӯрад ва наменӯшад; ва мегӯянд: “Дев дорад”. Писари Одам омад, мехӯрад ва менӯшад; ва мегӯянд: “Инак Шахси пурхӯр ва майнӯш, ки дӯсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст”. Ва ҳикмат аз тарафи фарзандони он тасдиқ карда мешавад». Он гоҳ Ӯ ба сарзаниши шаҳрҳое сар кард, ки бештари муъҷизаҳои Ӯ дар он ҷо рӯй дода буданд, чунки тавба накарда буданд: «Вой бар ту, эй Кӯразин! Вой бар ту, эй Байт-Сайдо! Зеро, агар муъҷизаҳое ки дар шумо рӯй доданд, дар Сур ва Сидун рӯй медоданд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд. Лекин ба шумо мегӯям: дар рӯзи доварӣ ҳолати Сур ва Сидун аз ҳолати шумо сабуктар мешавад. Ва ту, эй Кафарнаҳум, ки сар ба осмон афрохтаӣ, ба дунёи мурдагон сарнагун мешавӣ; чунки агар муъҷизаҳое ки дар ту рӯй доданд, дар Садӯм рӯй медоданд, он то имрӯз боқӣ мемонд. Лекин ба шумо мегӯям, ки дар рӯзи доварӣ ҳолати сарзамини Садӯм аз ҳолати ту сабуктар мешавад». Дар он вақт Исо суханашро давом дода, гуфт: «Туро, эй Падар, эй Фармонравои осмону замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва доноён пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардӣ. Оре, эй Падар! Зеро хушнудии Ту дар ин буд. Ҳама чизро Падарам ба Ман супурдааст, ва ҳеҷ кас Писарро, ғайр аз Падар, намешиносад; ва ҳеҷ кас Падарро намешиносад, ғайр аз Писар ва касе ки Писар ба вай ошкор кардан хоҳад. Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ мебахшам; юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, чунки Ман нармдил ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ меёбанд; чунки юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст». Дар он вақт Исо рӯзи шанбе аз киштзор мегузашт; ва шогирдонаш гурусна монда, ба чидан ва хӯрдани хӯшаҳо сар карданд. Фарисиён инро дида, ба Ӯ гуфтанд: «Инак, шогирдони Ту коре мекунанд, ки кардани он дар рӯзи шанбе раво нест». Ба онҳо гуфт: «Магар нахондаед, ки Довуд чӣ кард, ҳангоме ки худаш ва ҳамроҳонаш гурусна буданд? Чӣ гуна вай ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро хӯрд, ки хӯрдани он ба вай ва ҳамроҳонаш раво набуд, балки танҳо ба коҳинон раво буд? Ё дар Таврот нахондаед, ки коҳинон дар рӯзҳои шанбе дар ибодатгоҳ оини шанберо риоя намекунанд ва бо вуҷуди он бегуноҳанд? Лекин ба шумо мегӯям, ки дар ин ҷо шахсе ҳаст, ки аз ибодатгоҳ бузургтар аст. Ва агар медонистед, ки “марҳамат мехоҳам, на қурбонӣ” чӣ маъно дорад, бегуноҳонро маҳкум намекардед. Зеро Писари Одам хоҷаи рӯзи шанбе мебошад». Ва аз он ҷо рафта, ба куништи онҳо даромад. Ва инак, дар он ҷо шахсе буд, ки дасти хушкшудае дошт. Аз Исо пурсида, гуфтанд: «Оё дар рӯзи шанбе шифо додан раво аст?» Қасдашон ин буд, ки Ӯро айбдор кунанд. Ба онҳо гуфт: «Кист аз шумо, ки як гӯсфанд дошта бошад, ва он дар рӯзи шанбе ба чоҳе афтаду онро гирифта набарорад? Пас одам аз гӯсфанд чӣ қадар азизтар аст! Бинобар ин дар рӯзҳои шанбе некӣ кардан раво аст». Он гоҳ ба он шахс гуфт: «Дасти худро дароз кун». Вай дароз кард; ва он монанди дасти дигараш сиҳат шуд. Лекин фарисиён берун рафта, дар ҳаққи Ӯ машварат намуданд, ки чӣ тавр Ӯро ҳалок кунанд. Лекин Исо онро дарёфта, аз он ҷо дур шуд. Ва мардуми бисёре аз пайи Ӯ равона шуданд, ва Ӯ ҳамаи онҳоро шифо бахшид. Ва ба онҳо фармуд, ки овозаи Ӯро паҳн накунанд, то ба амал ояд каломе ки бо забони Ишаъёи пайғамбар гуфта шудааст: “Инак Бандаи Ман, ки Ӯро интихоб кардаам, Дӯстдоштаи Ман, ки Ман аз Ӯ хушнудам; Рӯҳи Худро бар Ӯ мениҳам, То ростиро ба халқҳо эълон кунад; Ситеза ва фиғоне намекунад, Ва касе дар кӯчаҳо овози Ӯро намешунавад; Найи хамидаро намешиканад Ва пилтаи нимсӯхтаро хомӯш намекунад, То даме ки ростиро ба пирӯзӣ оварда расонад; Ва халқҳо ба номи Ӯ умед мебанданд”. Он гоҳ девзадаеро назди Ӯ оварданд, ки кӯр ва гунг буд; Ӯ вайро шифо бахшид, ба тавре ки он кӯр ва гунг гӯё ва бино шуд. Ва тамоми мардум ҳайрон шуда, гуфтанд: «Оё ин Шахс Писари Довуд нест?» Лекин фарисиён инро шунида, гуфтанд: «Ӯ девҳоро фақат ба воситаи Баал-Забул, сарвари девҳо, берун мекунад». Лекин Исо андешаҳои онҳоро дарёфта, ба онҳо гуфт: «Ҳар подшоҳие ки дар худ ҷудоӣ дорад, рӯ ба харобӣ меоварад; ва ҳар шаҳр ё хонаводае ки дар худ ҷудоӣ дорад, устувор истода наметавонад. Ва агар шайтон шайтонро берун кунад, вай дар худ ҷудоӣ дорад: пас подшоҳии вай чӣ гуна устувор истода метавонад? Ва агар Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро ба воситаи кӣ берун мекунанд? Бинобар ин онҳо довари шумо мешаванд. Лекин агар Ман девҳоро ба воситаи Рӯҳи Худо берун мекарда бошам, пас Подшоҳии Худо ба шумо омада расидааст. Ё касе чӣ гуна ба хонаи шахси зӯрманде даромада, чизҳои вайро ғорат карда метавонад, бе он ки аввал он зӯрмандро бандад, ва пас аз он хонаи вайро ғорат кунад? Ҳар кӣ бо Ман нест, ба Ман зид аст; ва ҳар кӣ бо Ман ҷамъ намекунад, пароканда мекунад. Аз ин сабаб ба шумо мегӯям: ҳар гуноҳ ва куфри одамизод бахшида мешавад; лекин куфри одамизод бар зидди Рӯҳ бахшида намешавад. Ҳар кӣ бар зидди Писари Одам сухане гӯяд, бахшида мешавад; лекин ҳар кӣ бар зидди Рӯҳулқудс сухане гӯяд, бахшида намешавад, на дар ин давра, ва на дар давраи оянда. Агар дарахти шумо хуб бошад, мевааш хуб аст; дарахти шумо бад бошад, мевааш бад аст; зеро дарахт аз мевааш шинохта мешавад. Эй афъизодагон! Шумо чӣ тавр суханони нек гуфта метавонед, дар ҳоле ки худатон бад ҳастед? Зеро забон аз пурии дил сухан мегӯяд. Шахси нек аз ганҷинаи нек чизи нек берун меоварад; ва шахси бад аз ганҷинаи бад чизи бад берун меоварад. Лекин ба шумо мегӯям, ки одамон барои ҳар сухани беҳудае ки мегӯянд, дар рӯзи доварӣ ҷавоб медиҳанд: Чунки аз суханони худ сафед мешавӣ ва аз суханони худ маҳкум мешавӣ. Он гоҳ баъзе аз китобдонон ва фарисиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Мехоҳем аломате аз Ту бинем». Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Насли бад ва зинокор аломате металабад: ва ба вай ғайр аз аломати Юнуси пайғамбар аломате дода намешавад. Зеро, чунон ки Юнус се шабонарӯз дар шиками моҳӣ буд, Писари Одам низ се шабонарӯз дар оғӯши замин мешавад. Мардони Нинве дар рӯзи доварӣ бар ин насл бархеста, онро маҳкум мекунанд, чунки онҳо бо мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, Шахсе аз Юнус бузургтар ин ҷост. Маликаи Ҷануб дар рӯзи доварӣ бар ин насл бархеста, онро маҳкум мекунад, чунки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз канорҳои замин омад; ва инак, Шахсе аз Сулаймон бузургтар ин ҷост. Ҳангоме ки рӯҳи нопок аз одам берун меояд, дар ҷустуҷӯи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад ва намеёбад. Он гоҳ мегӯяд: “Ба хонаи худ, ки аз он берун омадам, бармегардам”. Ва гашта омада, онро холӣ, ҷорӯбзада ва ороста меёбад. Он гоҳ рафта, ҳафт рӯҳи дигари аз худаш бадтарро ҳамроҳи худ меоварад, ва даромада, дар он ҷо зиндагӣ мекунанд; ва анҷоми он шахс бадтар аз аввалаш мешавад. Ҳоли ин насли бад низ ҳамин тавр мешавад». Ҳанӯз Ӯ бо мардум сухан мегуфт, ки модар ва бародаронаш омада, дар берун истоданд ва мехостанд бо Ӯ гуфтугӯ кунанд. Ва шахсе ба Ӯ гуфт: «Инак, модарат ва бародаронат дар берун истодаанд ва мехоҳанд бо Ту гуфтугӯ кунанд». Лекин Ӯ дар ҷавоби он шахс гуфт: «Кист модари Ман, ва кистанд бародарони Ман?» Ва бо дасти Худ шогирдони Худро нишон дода, гуфт: «Инак модари Ман ва бародарони Ман; зеро ҳар кӣ хости Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст». Ва ҳамон рӯз Исо аз хона берун омада, дар канори кӯл нишаст. Ва тӯдаҳои калони мардум назди Ӯ ҷамъ омаданд, бинобар ин Ӯ ба киштӣ даромада, нишаст, ва тамоми мардум дар канори кӯл меистоданд. Ва бо масалҳо чизҳои бисёрро ба онҳо омӯхта, гуфт: «Инак, корандае барои пошидани тухм берун рафт; ва чун тухм мепошид, миқдоре дар канори роҳ афтод, ва парандагон омада, онро хӯрданд. Миқдоре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисёр набуд, ва бо тезӣ сабзид, зеро хок чуқур набуд. Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва азбаски реша надошт, хушк шуд. Миқдоре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд. Миқдоре дар хоки нағз афтод ва бор овард: баъзе сад баробар, баъзе шаст ва баъзе сӣ. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, шунавад!» Ва шогирдонаш омада, ба Ӯ гуфтанд: «Чаро ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯӣ?» Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Чунки ба шумо донистани сирҳои Подшоҳии Осмон дода шудааст, лекин ба онҳо дода нашудааст; зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода ва афзун мешавад; лекин ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта мешавад. Аз он сабаб ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯям, ки онҳо нигариста, намебинанд, ва гӯш дода, намешунаванд ва намефаҳманд; ва дар ҳаққи онҳо пайғамбарии Ишаъё ба амал меояд, ки гуфтааст: “Бо гӯш мешунавед, вале намефаҳмед; Бо чашм менигаред, вале намебинед; Зеро дили ин қавм сахт шудааст Ва бо гӯшҳои вазнин мешунаванд Ва чашмони худро бастаанд, Мабодо бо чашмон бинанд Ва бо гӯшҳо шунаванд Ва бо дил фаҳманд Ва рӯ оваранд Ва Ман онҳоро шифо диҳам”. Лекин хушо чашмони шумо, ки мебинанд, ва гӯшҳои шумо, ки мешунаванд; зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям, бисёре аз пайғамбарон ва росткорон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мешунавед, шунаванд ва нашуниданд. Пас шумо маънои масали корандаро шунавед: Ҳар кӣ каломи Подшоҳиро шунавад, ва нафаҳмад, шарир назди вай омада, он чиро, ки дар дили вай кошта шудааст, мерабояд: ин ҳамон аст, ки дар роҳ кошта шудааст. Кошташуда дар санглох он кас аст, ки каломро мешунавад ва дарҳол бо шодӣ қабул мекунад; лекин дар худ реша надорад ва ноустувор аст, ва чун аз боиси калом сахтие ё таъқибе рӯй диҳад, дарҳол ба васваса меафтад. Кошташуда дар миёни хорҳо он кас аст, ки каломро мешунавад, лекин ташвиши ин зиндагӣ ва фиребандагии сарват каломро пахш мекунанд, ва он бесамар мегардад. Кошташуда дар хоки нағз он кас аст, ки каломро мешунавад ва мефаҳмад ва бор ҳам меоварад: баъзе сад баробар, баъзе шаст ва баъзе сӣ». Ва масали дигаре барои онҳо оварда, гуфт: «Подшоҳии Осмон монанди касест, ки дар киштзори худ тухми некӯ коштааст. Лекин ҳангоме ки одамон дар хоб буданд, душмани вай омада, дар миёни гандум алафи бегона кошт ва рафт. Чун киштзор сабзид, ва самараш ба назар намоён шуд, алафи бегона ҳам пайдо шуд. Ғуломони соҳиби киштзор омада, гуфтанд: “Эй хоҷа! Оё дар киштзори худ тухми некӯ накоштаӣ? Пас алафи бегона аз куҷо пайдо шуд? ” Вай ба онҳо гуфт: “Ин кори душман аст”. Ғуломон ба вай гуфтанд: “Оё мехоҳӣ равем ва онро чида гирем? ” Вай гуфт: “Не, мабодо дар вақти чида гирифтани алафи бегона гандумро ҳам аз реша канед. Бигзоред, ки то вақти дарав ҳар ду бо ҳам рӯянд; ва дар мавсими дарав ба даравгарон мегӯям: аввал алафи бегонаро чида гиреду барои сӯзондан банд-банд кунед; лекин гандумро дар анбори ман ҷамъ кунед”». Масали дигаре барои онҳо оварда, гуфт: «Подшоҳии Осмон монанди донаи хардалест, ки касе онро гирифта, дар киштзори худ коштааст, ва гарчанде ки хурдтарини тухмҳост, чун рӯяд, аз ҳамаи растаниҳои боғ бузургтар мешавад ва дарахт мегардад, ба тавре ки парандагони осмон омада, дар шохаҳояш лона месозанд». Ва масали дигаре ба онҳо гуфт: «Подшоҳии Осмон монанди хамиртурушест, ки зане онро гирифта, ба се ченак орд андохт, то тамоми хамир расид». Ҳамаи инҳоро Исо ба мардум бо масалҳо баён мекард, ва бе масал ба онҳо сухан намегуфт, то ба амал ояд каломе ки бо забони пайғамбар гуфта шудааст: “Даҳони Худро барои масалҳо мекушоям; Чизҳоеро, ки аз вақти бунёдшавии ҷаҳон пинҳон мондааст, баён менамоям”. Он гоҳ Исо мардумро рухсати рафтан дода, ба хона даромад. Ва шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Масали алафи бегонаи киштзорро ба мо фаҳмон». Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Корандаи тухми некӯ Писари Одам аст, киштзор ин ҷаҳон аст; ва тухми некӯ писарони Подшоҳӣ ҳастанд, ва алафҳои бегона писарони шарир мебошанд; ва душмане ки онҳоро кошт, иблис аст; мавсими дарав охири ин давра аст, ва даравгарҳо фариштаҳоянд. Пас, чӣ тавре ки алафҳои бегонаро ҷамъ карда, дар оташ месӯзонанд, охири ин давра низ ҳамон тавр мешавад: Писари Одам фариштаҳои Худро мефиристад, ва онҳо аз Подшоҳии Ӯ ҳамаи васвасакорон ва бадкирдоронро ҷамъ мекунанд, ва онҳоро ба кӯраи оташ мепартоянд; дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон мешавад. Он гоҳ росткорон дар Подшоҳии Падари худ чун офтоб дурахшон мешаванд. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, шунавад! Масалҳо дар бораи ганҷи ниҳон, марворид ва тӯр Боз Подшоҳии Осмон монанди ганҷест, ки дар киштзор ниҳон бошад, ва онро касе ёфта, пинҳон кард; ва аз шодии он рафта, ҳар чи дошт, фурӯхт ва он киштзорро харид. Боз Подшоҳии Осмон монанди савдогарест, ки марворидҳои хуб меҷуст; ва чун як марвориди гаронбаҳо ёфт, рафта, ҳар чи дошт, фурӯхт ва онро харид. Боз Подшоҳии Осмон монанди тӯрест, ки ба баҳр андохта шуд, ва ҳар навъ моҳӣ ба он даромад, ва чун пур шуд, онро ба соҳил кашиданд ва нишаста, хубҳоро дар зарфҳо ҷамъ карданд, лекин бадҳоро дур партофтанд. Дар охири ин давра ҳамин тавр мешавад: фариштаҳо берун омада, бадкоронро аз миёни росткорон ҷудо мекунанд, ва онҳоро ба кӯраи оташ мепартоянд: дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон мешавад». Исо ба онҳо гуфт: «Оё ҳамаи инро фаҳмидед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Ҳа, эй Хоҷа!» Ба онҳо гуфт: «Бинобар ин ҳар китобдоне ки дар Подшоҳии Осмон таълим ёфтааст, монанди соҳиби хонаест, ки аз ганҷинаи худ чизҳои нав ва кӯҳна берун меоварад». Ҳангоме ки Исо ин масалҳоро ба охир расонд, аз он ҷо равона шуд; ва ба шаҳри Худ омада, онҳоро дар куништҳошон таълим дод, ба тавре ки онҳо ҳайрон монда, мегуфтанд: «Аз куҷост дар Ӯ чунин ҳикмат ва муъҷизаҳо? Оё Ӯ писари устои хонасоз нест? Оё номи модараш Марям нест, ва бародаронаш Яъқуб, Юсӣ, Шимъун ва Яҳудо? Ва оё ҳамаи хоҳаронаш дар байни мо намебошанд? Пас, аз куҷост дар Ӯ ҳамаи ин чизҳо?» Ва аз Ӯ норозӣ буданд. Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беқадр нест, ҷуз дар шаҳри худ ва дар хонаи худ». Ва дар он ҷо ба сабаби беимонии онҳо муъҷизаи бисёр нишон надод. Дар он ҳангом овозаи Исо ба гӯши тетрарх Ҳиродус расид, ва ба хизматгорони худ гуфт: «Ин Яҳёи Таъмиддиҳанда аст; вай аз мурдагон бархестааст, ва аз ин сабаб ин муъҷизаҳо аз вай ба амал меоянд». Зеро Ҳиродус Яҳёро ба хотири Ҳиродия, зани бародари худ Филиппус, дастгир карда ва баста, ба зиндон андохта буд; зеро Яҳё ба вай гуфта буд: «Вайро ба занӣ гирифтани ту раво нест». Ва Ҳиродус хост ӯро кушад, лекин аз мардум тарсид, чунки ӯро пайғамбар медонистанд. Аммо ҳангоме ки Ҳиродус зодрӯзи худро ҷашн мегирифт, духтари Ҳиродия дар пеши аҳли базм рақсид, ва ин ба Ҳиродус бисёр писанд афтод; аз ин рӯ ба вай савганд ёд карда, ваъда дод, ки ҳар он чи хоҳад, ба вай медиҳад. Пас вай, бо ангезиши модари худ, гуфт: «Сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар ҳамин ҷо дар табақе ба ман тӯҳфа кун». Подшоҳ ғамгин шуд; лекин барои поси савгандаш ва ба хотири ононе ки ҳамроҳаш нишаста буданд, фармуд, ки дода шавад; ва фиристода, дар зиндон сари Яҳёро аз танаш ҷудо кард. Ва сари ӯро дар табақе оварда, ба духтар доданд, ва онро вай ба модари худ бурд. Ва шогирдонаш омада, ҷасади вайро бардошта бурданду гӯр карданд; ва рафта, ба Исо хабар доданд. Чун Ӯ инро шунид, ба киштӣ савор шуда, аз он ҷо танҳо ба ҷои хилвате рафт. Сер шудани панҷ ҳазор мард Ва мардум, чун шуниданд, аз паси Ӯ аз шаҳрҳо пиёда равон шуданд. Ва Исо берун омада, мардуми бисёрро дид, ва ба онҳо раҳмаш омад, ва беморони онҳоро шифо дод. Чун бегоҳ шуд, шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Ин ҷо ҷои беодам аст, вақт ҳам дер шуд; мардумро рухсат деҳ, то ба деҳот рафта, барои худ хӯроке харанд». Ба онҳо гуфт: «Даркор нест, ки онҳо раванд: шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Ба Ӯ гуфтанд: «Мо дар ин ҷо танҳо панҷ нон ва ду моҳӣ дорем». Гуфт: «Онҳоро ин ҷо назди Ман биёред». Ва мардумро фармуд, ки бар сабза шинанд, ва панҷ нону ду моҳиро гирифта, ба осмон нигаристу баракат дод ва нонро пора карда, ба шогирдонаш дод, ва шогирдонаш ба мардум доданд. Ҳама хӯрданду сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд; ва хӯрандагон, ба ғайр аз занону кӯдакон, тақрибан панҷ ҳазор мард буданд. Қадам задани,,,,\ Исо бар кӯл Дарҳол Исо шогирдонашро фармуд, ки ба киштӣ савор шуда, пеш аз Ӯ ба соҳили дигар равона шаванд, то Ӯ мардумро рухсати рафтан диҳад. Ва чун мардумро рухсати рафтан дод, барои дуо гуфтан танҳо ба кӯҳе баромад. Бегоҳ шуд ва Ӯ он ҷо танҳо буд. Ва киштӣ ҳанӯз дар миёни кӯл буд ва ба мавҷҳо гирифтор буд, чунки боди мухолиф мевазид. Ва дар поси чоруми шаб Исо бар кӯл қадам зада, назди онҳо омад. Шогирдон чун Ӯро диданд, ки бар кӯл қадам мезанад, ба ҳарос афтода, гуфтанд: «Ин шабаҳ аст!» Ва аз тарс фарёд заданд. Лекин Исо дарҳол ба онҳо хитоб карда, гуфт: «Хотирҷамъ бошед; ин Манам, натарсед». Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Агар ин Туӣ, ба ман фармо, то бар рӯи об назди Ту биёям». Гуфт: «Биё». Ва Петрус аз киштӣ баромада, бар рӯи об равона шуд, то назди Исо биёяд; лекин чун боди сахтро дид, тарсид ва дар ҳолате ки ғарқ мешуд, фарёд зад: «Хоҷаам! Маро наҷот деҳ». Исо фавран дасташро дароз карда, вайро нигоҳ дошт ва гуфт: «Эй сустимон! Чаро шубҳа кардӣ?» Ҳангоме ки ба киштӣ даромаданд, бод ором шуд. Онҳое ки дар киштӣ буданд, назди Ӯ омада, саҷда карданд ва гуфтанд: «Ба ростӣ Ту Писари Худо ҳастӣ». Ва аз кӯл гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омаданд. Ва сокинони он ҷо Ӯро шинохтанд ва ба тамоми гирду атроф касонро фиристода, ҳамаи беморонро назди Ӯ оварданд, ва аз Ӯ илтимос менамуданд, ки фақат ба домани либоси Ӯ даст расонанд; ва ҳар кӣ даст расонд, шифо ёфт. Он гоҳ китобдонон ва фарисиён, ки аз Уршалим буданд, назди Исо омада, гуфтанд: «Чаро шогирдони Ту ривоятҳои пиронро вайрон мекунанд? Онҳо пеш аз хӯрдани нон дастҳои худро намешӯянд». Ӯ дар ҷавоби онҳо гуфт: «Чаро худи шумо ба хотири ривоятҳои худ фармудаи Худоро вайрон мекунед? Худо фармудааст: “Падару модари худро эҳтиром намо”; ва “Ҳар кӣ падар ё модари худро дашном диҳад, бояд кушта шавад”. Лекин шумо мегӯед: “Касе ки ба падар ё модари худ гӯяд: 'Ҳар ёрдаме ки аз ман гирифтанатон мумкин мебуд, ҳадия барои Худост', набояд падар ё модари худро эҳтиром намояд”. Ҳамин тавр шумо фармудаи Худоро бо ривояти худ бартараф намудаед. Эй дурӯягон! Ишаъё дар бораи шумо некӯ пешгӯӣ карда, гуфтааст: “Ин мардум бо забони худ ба Ман наздик мешаванд Ва бо лабони худ Маро эҳтиром мекунанд, Лекин дилашон аз Ман дур аст. Пас Маро беҳуда парастиш мекунанд, Зеро фармудаҳои инсониро таълим медиҳанд”». Ва мардумро даъват намуда, гуфт: «Гӯш диҳед ва фаҳмед: На он чи ба даҳон медарояд, одамро ҳаром мекунад; балки он чи аз даҳон мебарояд, одамро ҳаром мекунад». Он гоҳ шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Оё медонӣ, ки фарисиён ин суханро шунида, аз ин норозӣ буданд?» Дар ҷавоб гуфт: «Ҳар ниҳоле ки Падари осмонии Ман нашинонда бошад, решакан мешавад. Онҳоро ба ҳоли худашон гузоред; онҳо кӯроне ҳастанд, ки ба кӯрон роҳнамоӣ мекунанд; ва ҳар гоҳ кӯре ба кӯри дигаре роҳнамоӣ кунад, ҳар ду дар чоҳ меафтанд». Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Ин масалро ба мо фаҳмонда деҳ». Исо гуфт: «Оё шумо низ то ҳанӯз бефаҳм ҳастед? Оё ҳанӯз нафаҳмидед, ки ҳар он чи ба даҳон медарояд, ба шикам меравад ва аз он хориҷ мешавад? Лекин ҳар он чи аз даҳон мебарояд, аз дил пайдо мешавад; ва ин чизҳо одамро ҳаром мекунанд. Зеро аз дил фикрҳои бад, куштор, зино, фосиқӣ, дуздӣ, гувоҳии бардурӯғ ва куфр пайдо мешаванд. Ин чизҳо одамро ҳаром мекунанд; лекин бо дасти ношуста хӯрок хӯрдан одамро ҳаром намекунад». Ва Исо аз он ҷо берун шуда, ба ҳудуди Сур ва Сидун рафт. Ва инак, як зани канъонӣ дар он ҳудуд пеш омада, фарёдкунон ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, Писари Довуд, ба ман марҳамат кун! Чунки духтарам сахт девзада аст». Лекин Ӯ ба вай ҳеҷ ҷавоб надод. Ва шогирдонаш назди Ӯ омада, илтимос карданд: «Вайро ҷавоб деҳ, чунки аз паси мо фарёд мезанад». Дар ҷавоб гуфт: «Ман танҳо барои гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил фиристода шудаам». Лекин зан омада, ба Ӯ саҷда кард ва гуфт: «Хоҷаам! Ба ман ёрӣ деҳ». Дар ҷавоб гуфт: «Нони бачаҳоро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест». Зан гуфт: «Ҳа, Хоҷаам! Лекин сагон низ нонрезаҳоеро, ки аз мизи хоҷаҳошон меафтанд, мехӯранд». Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Эй зан! Имони ту бузург аст; пас он чи хостӣ, барои ту шавад». Ва духтари вай ҳамон соат шифо ёфт. Исо аз он ҷо рафта, назди кӯли Ҷалил омад ва ба кӯҳе баромада, дар он ҷо нишаст. Ва мардуми бисёре назди Ӯ бо лангон, кӯрон, гунгон, маъюбон ва хеле беморони дигар омада, онҳоро пеши пойҳои Исо гузоштанд; ва Ӯ онҳоро шифо дод, ба тавре ки мардум гунгонро гӯё, маъюбонро солим, лангонро равон ва кӯронро бино дида, дар ҳайрат монданд. Ва Худои Исроилро ҳамду сано хонданд. Ва Исо шогирдонашро назди Худ хонда, гуфт: «Ба ин мардум дилам месӯзад, зеро се рӯз аст, ки назди Ман мебошанд, ва барои хӯрдан чизе надоранд; намехоҳам онҳоро гурусна баргардонам, ки мабодо дар роҳ беҳол шаванд». Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Аз куҷо дар биёбон ин қадар нон ёбем, ки чунин тӯдаи одамонро сер кунем?» Исо ба онҳо гуфт: «Чанд нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафт нон, ва андак моҳии майда». Пас мардумро фармуд, ки бар замин шинанд; ва ҳафт нон ва моҳиёнро гирифт, шукр гуфт, пора кард ва ба шогирдонаш дод, ва шогирдон ба мардум доданд. Ва ҳама хӯрда сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда ҳафт сабадро пур карда бардоштанд. Хӯрандагон, ғайр аз занону кӯдакон, чор ҳазор мард буданд. Пас Ӯ мардумро рухсати рафтан дода, ба киштӣ савор шуд ва ба ҳудуди Маҷдал омад. Фарисиён ва саддуқиён омаданд ва Ӯро озмуда, хоҳиш карданд, ки аломати осмонӣ ба онҳо нишон диҳад. Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шомгоҳон шумо мегӯед: “Ҳаво хуб мешавад, чунки осмон сурх аст”; бомдодон мегӯед: “Имрӯз ҳаво бад мешавад, чунки осмон сурх ва гирифта мебошад”. Эй дурӯягон! Симои осмонро фарқ карда метавонед, аммо аломатҳои замонҳоро фарқ карда наметавонед? Насли бад ва зинокор аломате металабад, ва ба вай ғайр аз аломати Юнуси пайғамбар дода намешавад». Ва онҳоро тарк карда, равона шуд. Ва чун шогирдон ба соҳили дигар гузаштанд, нон гирифтанро фаромӯш карда буданд. Исо ба онҳо гуфт: «Бохабар бошед, аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунед». Онҳо дар дили худ андешида мегуфтанд: «Ин аз он сабаб аст, ки нон нагирифтаем». Исо инро дарёфта, ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, чаро дар дили худ андеша мекунед, ки нон нагирифтаед? Оё ҳанӯз намефаҳмед ва дар ёд надоред он панҷ нон ва панҷ ҳазор нафар ва чанд сабадро, ки пур карда бардоштед, ва он ҳафт нон ва чор ҳазор нафар ва чанд сабадро, ки пур карда бардоштед? Чаро намефаҳмед, ки ҳангоме ба шумо гуфтам, ки аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунед, дар бораи нон нагуфтаам?» Он гоҳ фаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо на аз хамиртуруши нон, балки аз таълими фарисиён ва саддуқиён ҳазар карданро фармудааст. Ҳангоме ки Исо ба ҳудуди Қайсарияи Филиппус омад, аз шогирдони Худ пурсид: «Одамон Маро, ки Писари Одам ҳастам, кӣ мегӯянд?» Гуфтанд: «Баъзе мегӯянд, ки Яҳёи Таъмиддиҳандаӣ, баъзе мегӯянд, ки Илёсӣ, ва баъзе мегӯянд, ки Ирмиёӣ ё яке аз пайғамбаронӣ». Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо Маро кӣ мегӯед?» Шимъуни Петрус дар ҷавоб гуфт: «Ту Масеҳ, Писари Худои зинда ҳастӣ». Ва Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Хушо ту, эй Шимъун ибни Юнус, чунки ҷисму хун инро ба ту ошкор накардааст, балки Падари Ман, ки дар осмон аст. Ва Ман ба ту мегӯям: ту Петрус ҳастӣ; ва бар ин харсанг Ман ҷамоати Худро бино мекунам, ва дарвозаҳои дунёи мурдагон бар он ғолиб намешаванд. Ва калидҳои Подшоҳии Осмонро ба ту месупорам; ва он чи ту бар замин бандӣ, дар осмон баста мешавад; ва он чи бар замин кушоӣ, дар осмон кушода мешавад». Он гоҳ ба шогирдони Худ фармуд, то ба ҳеҷ кас нагӯянд, ки Ӯ Исои Масеҳ аст. Аз ҳамон вақт Исо ба фаҳмондан ба шогирдони Худ оғоз намуд, ки Ӯ бояд ба Уршалим равад ва аз дасти пирон, сардорони коҳинон ва китобдонон бисёр азоб кашад, ва кушта шавад, ва пас аз се рӯз бархезад. Ва Петрус Ӯро ба як сӯ бурда, ба эътироз намудан сар кард: «Ҳошо Туро, эй Хоҷа! Ин ба Ту ҳаргиз рӯй надиҳад!» Лекин Ӯ баргашта ба Петрус гуфт: «Эй шайтон, аз Ман дур шав! Ту васвасакоре барои Ман ҳастӣ, зеро ту на оид ба чизҳои илоҳӣ, балки оид ба чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ». Он гоҳ Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Агар касе аз пайи Ман омадан хоҳад, бояд худро инкор кунад ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд. Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳондан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро пайдо мекунад. Ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дунёро ба даст оварад ва ҷони худро аз даст диҳад? Ё ки одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад? Зеро Писари Одам дар ҷалоли Падари Худ бо фариштаҳои Худ меояд, ва он вақт ба ҳар кас мувофиқи корҳояш сазо медиҳад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Писари Одамро, ки дар Подшоҳии Худ меояд, набинанд, маргро намечашанд». Пас аз шаш рӯз Исо Петрус, Яъқуб ва бародари вай Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кӯҳи баланде баровард ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд: чеҳрааш чун офтоб дурахшид, ва либосаш чун нур сафед гардид. Ва инак, Мусо ва Илёс ба онҳо намоён шуданд, ки бо Ӯ гуфтугӯ мекарданд. Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Хоҷаам! Дар ин ҷо будани мо некӯст; агар хоҳӣ, дар ин ҷо се соябон месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Илёс». Ҳанӯз вай сухан мегуфт ва инак абри дурахшандае бар онҳо соя андохт; ва инак овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари дӯстдоштаи Ман, ки аз Ӯ хушнудам; Ӯро гӯш кунед». Чун шогирдон инро шуниданд, рӯй ба замин афтоданд ва бисёр тарсиданд. Лекин Исо наздик омада, ба онҳо даст расонд ва гуфт: «Бархезед ва натарсед». Ва онҳо чашмони худро кушода, ғайр аз Исо касеро надиданд. Чун аз кӯҳ мефуромаданд, Исо таъкид намуда, гуфт: «То Писари Одам аз мурдагон барнахезад, ин рӯъёро ба касе нагӯед». Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Чаро китобдонон мегӯянд, ки Илёс бояд аввал биёяд?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Дуруст аст, ки Илёс аввал меояд ва ҳама чизро соз мекунад; лекин ба шумо мегӯям, ки Илёс аллакай омад, ва онҳо вайро нашинохтанд, ва бо вай он чи хостанд, карданд. Писари Одам низ аз дасти онҳо азоб хоҳад дид». Он гоҳ шогирдон фаҳмиданд, ки Ӯ дар бораи Яҳёи Таъмиддиҳанда ба онҳо сухан мегуфт. Чун онҳо назди тӯдаи мардум омаданд, марде пеш омада, назди Ӯ зону зад, ва гуфт: «Хоҷаам! Ба писари ман марҳамат кун; вай бемории шабгардӣ дорад ва сахт азоб мекашад, чунки тез-тез ба оташ ё ба об меафтад. Вайро назди шогирдони Ту овардам, онҳо шифо дода натавонистанд». Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимону каҷрафтор! То кай бо шумо бошам? То кай шуморо тоқат кунам? Вайро ин ҷо назди Ман биёред». Ва Исо ба вай фармуд, ва дев аз вай берун рафт; ва он писар дарҳол шифо ёфт. Шогирдонаш назди Исо омада, ба танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем?» Исо ба онҳо гуфт: «Ба сабаби беимонии шумо; зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар ба андозаи донаи хардал имон дошта бошед ва ба ин кӯҳ гӯед: “Аз ин ҷо ба он ҷо кӯч кун”, он кӯч мекунад, ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон нест. Лекин ин ҷинс танҳо ба воситаи дуо ва рӯза берун меравад». Ҳангоме ки онҳо дар Ҷалил мегаштанд, Исо ба онҳо гуфт: «Писари Одам ба дасти одамон супурда мешавад, ва Ӯро мекушанд, ва дар рӯзи сеюм бармехезад». Ва онҳо бисёр ғамгин шуданд. Чун онҳо ба Кафарнаҳум расиданд, ҷамъкунандагони андози ибодатгоҳ назди Петрус омада, гуфтанд: «Оё Устоди шумо ду дирҳамро намедиҳад?» Гуфт: «Ҳа». Ва чун ба хона даромад, пеш аз он ки чизе гӯяд, Исо ба вай гуфт: «Эй Шимъун, фикри ту чист? Подшоҳони ҷаҳон боҷ ва андоз аз киҳо мегиранд? Аз фарзандони худ ё аз бегонагон?» Петрус ба Ӯ гуфт: «Аз бегонагон». Исо ба вай гуфт: «Пас фарзандон озоданд. Лекин барои он ки онҳоро норозӣ накунем, ба соҳили кӯл рафта, шаст андоз, ва аввалин моҳиро, ки банд шуд, гир; ва даҳонашро кушода, тангае меёбӣ; онро гирифта, барои Ман ва барои худат ба онҳо деҳ». Дар он соат шогирдон назди Исо омада, гуфтанд: «Кӣ дар Подшоҳии Осмон бузургтар аст?» Исо кӯдакеро ҷеғ зада, дар миёни онҳо ба по гузошт, ва гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар сӯи Худо бознагардед ва монанди кӯдакон нашавед, ба Подшоҳии Осмон намедароед. Пас, ҳар кӣ худро монанди ин кӯдак фурӯтан созад, дар Подшоҳии Осмон бузургтар аст; ва ҳар кӣ яке аз ин гуна кӯдаконро ба номи Ман қабул кунад, Маро қабул мекунад. Ва ҳар кӣ яке аз ин хурдонро, ки ба Ман имон доранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санги осиёе ба гарданаш овехта, дар қаъри баҳр ғарқ кунанд. Вой бар ҳоли ҷаҳон ба сабаби васвасаҳо; зеро васвасаҳо ҳатман рӯй медиҳанд, лекин вой бар ҳоли он касе ки сабаби васваса гардад. Пас, агар дастат ё поят туро ба васваса андозад, онҳоро бурида, аз худ дур парто; барои ту беҳтар аст, ки ланг ва ё шал шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду даст ва бо ду по дар оташи абадӣ партофта шавӣ. Ва агар чашмат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур парто; барои ту беҳтар аст, ки якчашма шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду чашм ба оташи дӯзах партофта шавӣ. Огоҳ бошед, ки ҳеҷ яке аз ин хурдонро хор нашуморед; чунки ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои онҳо дар осмон ҳамеша рӯи Падари Маро, ки дар осмон аст, мебинанд. Зеро Писари Одам омадааст, то гумшударо наҷот диҳад. Фикри шумо чист? Агар касе сад гӯсфанд дошта бошад, ва яке аз онҳо гум шавад, оё вай наваду нӯҳро дар кӯҳсор гузошта, ба ҷустуҷӯи он як гумшуда намеравад? Ва агар чунин шавад, ки онро ёбад, ба ростӣ ба шумо мегӯям: барои он яке бештар шодӣ мекунад, аз он ки барои он наваду нӯҳ гумнашуда. Ба ҳамин тариқ, хости Падари шумо, ки дар осмон аст, ин нест, ки яке аз ин хурдон нобуд шавад. Агар бародарат ба ту гуноҳ кунад, рафта байни худат ва ӯ ба танҳоӣ гуноҳашро фаҳмон: агар ба сухани ту гӯш диҳад, бародари худро дарёфтӣ; ва агар гӯш надиҳад, як ё ду каси дигарро ҳамроҳи худ гир, то аз забони ду ё се гувоҳ ҳар сухан тасдиқ шавад. Ва агар ба онҳо гӯш надиҳад, ба ҷамоат гӯй; ва агар ба ҷамоат низ гӯш надиҳад, бигзор ӯ барои ту чун бутпараст ва ё чун боҷгир бошад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи шумо бар замин бандед, дар осмон баста мешавад; ва он чи бар замин кушоед, дар осмон кушода мешавад. Ҳамчунин ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар ду нафар аз шумо бар замин дар бораи хоҳиш кардани ҳар чиз бо ҳам розӣ шаванд, аз тарафи Падари Ман, ки дар осмон аст, ба онҳо бахшида мешавад. Зеро дар ҷое ки ду ё се кас ба номи Ман ҷамъ шаванд, Ман дар миёни онҳо ҳастам». Он гоҳ Петрус назди Ӯ омада, гуфт: «Хоҷаам! Чанд бор бародари худро, ки нисбати ман гуноҳ карда бошад, бахшам? Оё то ҳафт бор?» Исо ба вай гуфт: «Ба ту намегӯям: “То ҳафт бор”, балки то ҳафтод бор ҳафт. Аз ин рӯ Подшоҳии Осмон монанди подшоҳест, ки мехост бо ғуломони худ ҳисобӣ кунад. Ҳангоме ки ба ҳисобӣ намудан сар кард, якеро назди вай оварданд, ки даҳ ҳазор талант аз вай қарз дошт. Чун чизе барои адои қарз надошт, хоҷааш фармуд, ки худаш, занаш, фарзандонаш ва ҳамаи дороияшро фурӯхта, қарзашро адо кунанд. Ғулом рӯй ба замин ниҳода, ба вай саҷда бурд ва гуфт: “Хоҷаам! Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ҳамаашро ба ту адо мекунам”. Ва хоҷаи он ғулом, раҳмаш омада, вайро озод кард ва қарзашро ба вай бахшид. Лекин чун он ғулом берун рафт, яке аз рафиқони худро ёфт, ки аз ӯ сад динор қарздор буд; вайро сахт дошта ва гулӯяшро фишурда, гуфт: “Он қарзатро ба ман адо кун”. Он рафиқаш ба пойҳои ӯ афтода ва илтимос намуда, гуфт: “Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ба ту адо мекунам”. Аммо ӯ розӣ нашуд, балки рафта, вайро ба зиндон партофт, то даме ки қарзашро адо кунад. Чун рафиқонаш ин воқеаро диданд, бисёр ғамгин шуданд ва назди хоҷаи худ омада, ҳар он чи рӯй дода буд, ба вай нақл карданд. Он гоҳ хоҷааш ӯро назди худ даъват намуда, гуфт: “Эй ғуломи бадкор! Тамоми қарзатро ман ба ту бахшидам, чунки ту аз ман илтимос кардӣ; оё туро низ лозим набуд, ки ба рафиқи худ марҳамат кунӣ, чунон ки ман ба ту марҳамат кардам? ” Ва хоҷааш ба хашм омада, ӯро ба шиканҷакунандагон супурд, то даме ки тамоми қарзашро адо кунад. Ҳамин тавр Падари осмонии Ман бо шумо низ амал мекунад, агар ҳар яке аз шумо гуноҳҳои бародари худро аз самими дил набахшад». Ҳангоме ки Исо ин суханонро ба анҷом расонд, аз Ҷалил баромада, ба он сӯи Урдун, ба ҳудуди Яҳудия омад. Мардуми бисёре аз паси Ӯ омаданд, ва Ӯ онҳоро шифо дод. Ва фарисиён наздик омаданд ва Ӯро озмуданӣ шуда, гуфтанд: «Оё раво аст, ки мард зани худро бо ҳар сабаб талоқ диҳад?» Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё нахондаед, ки Офаридгор аз ибтидо онҳоро марду зан офарид? Ва гуфт: “Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад, ва ҳар ду як тан мешаванд”, ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд. Пас, он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад». Ба Ӯ гуфтанд: «Пас чаро Мусо фармудааст, ки мард талоқномае дода, аз зан ҷудо шавад?» Ба онҳо гуфт: «Ба сабаби дилсахтии шумо Мусо ба шумо иҷозат додааст, ки занони худро талоқ диҳед; лекин аз ибтидо чунин набуд. Аммо Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ зани худро, ғайр аз сабаби фосиқӣ, талоқ диҳад ва зани дигаре гирад, зино мекунад; ва ҳар кӣ зани талоқшударо гирад, зино мекунад. Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Агар аҳволи мард бо занаш чунин бошад, зан нагирифтан беҳтар аст». Ба онҳо гуфт: «На ҳама метавонанд ин каломро қабул кунанд, балки танҳо касоне ки ба онҳо ато шудааст; чунки ахтаҳое ҳастанд, ки аз шиками модар чунин таваллуд шудаанд; ва ахтаҳое ҳастанд, ки аз дасти одамон ахта шудаанд; ва ахтаҳое ҳастанд, ки ба хотири Подшоҳии Осмон худро ахта кардаанд. Ҳар кӣ қабул карда метавонад, қабул кунад». Дар ин вақт кӯдаконро назди Ӯ оварданд, то дастҳои Худро бар онҳо гузошта, дуо кунад; лекин шогирдон ба онҳо монеъ шуданд. Исо гуфт: «Кӯдаконро гузоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Подшоҳии Осмон аз они чунин касон аст». Ва дастҳои Худро ба онҳо гузошта, аз он ҷо равона шуд. Ҷавони сарватманд Ва инак, яке назди Ӯ омада, гуфт: «Эй Устоди некӯ! Чӣ кори нек кунам, то ҳаёти абадӣ ёбам?» Ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Ҳеҷ кас некӯ нест, ғайр аз Худо. Лекин агар мехоҳӣ дохили ҳаёт шавӣ, фармудаҳоро нигоҳ дор». Ба Ӯ гуфт: «Кадом фармудаҳоро?» Исо гуфт: «Накуш; зино накун; дуздӣ накун; гувоҳии бардурӯғ надеҳ; падару модаратро эҳтиром намо; ва ёратро монанди худат дӯст дор». Ҷавон ба Ӯ гуфт: «Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам; дигар чӣ камбудӣ дорам?» Исо ба вай гуфт: «Агар хоҳӣ комил шавӣ, рафта, ҳар он чи дорӣ, фурӯш ва ба камбағалон деҳ; ва дар осмон ганҷе меёбӣ; ва омада, Маро пайравӣ кун». Чун ҷавон ин суханро шунид, ғамгин шуда, рафт, чунки молу мулки бисёр дошт. Ва Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ба Подшоҳии Осмон даромадани сарватманд душвор аст. Ва боз ба шумо мегӯям: аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватманд ба Подшоҳии Худо дохил шавад». Чун шогирдон инро шуниданд, хеле ҳайрон шуда, гуфтанд: «Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?» Исо ба онҳо нигоҳ карда, гуфт: «Барои одамизод ин ғайриимкон аст, лекин барои Худо ҳама чиз имконпазир аст». Он гоҳ Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем; чӣ чизе насиби мо мешавад?» Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, шумо, ки Маро пайравӣ намудаед, дар ҳаёти нав, ҳангоме ки Писари Одам бар тахти ҷалоли Худ нишинад, шумо низ бар дувоздаҳ тахт нишаста, бар дувоздаҳ қабилаи Исроил доварӣ мекунед. Ва ҳар кӣ ба хотири номи Ман хонаҳо ё бародарон ё хоҳарон ё падар ё модар ё зан ё фарзандон ё киштзорҳоро тарк кунад, сад чандон меёбад ва вориси ҳаёти абадӣ мешавад. Лекин бисёре ки аввалин ҳастанд, охирин мешаванд, ва охиринҳо — аввалин. Зеро Подшоҳии Осмон монанди соҳиби хонаест, ки бомдодон берун рафт, то барои токзори худ коргарон киро кунад. Ва бо коргарон рӯзе як динор паймон карда, онҳоро ба токзори худ фиристод. Ва тақрибан дар соати се берун рафта, дигаронро дид, ки дар бозор бекор истодаанд, ва ба онҳо гуфт: “Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо медиҳам”. Ва онҳо рафтанд. Боз тақрибан дар соатҳои шаш ва нӯҳ берун рафта, ҳамчунин кард. Ва тақрибан дар соати ёздаҳ берун рафта, дигаронро дид, ки бекор истодаанд, ва ба онҳо гуфт: “Барои чӣ шумо тамоми рӯз дар ин ҷо бекор истодаед? ” Ба вай гуфтанд: “Касе моро киро накард”. Ба онҳо гуфт: “Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо медиҳам”. Чун шом расид, соҳиби токзор ба амалдори худ гуфт: “Коргаронро ҷеғ зада, муздашонро аз охиринҳо то аввалинҳо деҳ”. Онҳое ки тақрибан дар соати ёздаҳ омада буданд, ҳар яке диноре гирифтанд. Ва аввалинҳо омада, хаёл карданд, ки бештар мегиранд; лекин онҳо низ ҳар яке диноре гирифтанд. Ва чун гирифтанд, аз соҳиби хона шикоят карда, гуфтанд: “Ин охиринҳо як соат кор карданд, ва ту онҳоро бо мо, ки сахтӣ ва гармии рӯзро аз сар гузарондем, баробар донистӣ”. Лекин вай дар ҷавоби яке аз онҳо гуфт: “Эй рафиқ! Ба ту беинсофӣ накардаам; оё ту ба як динор бо ман паймон накардӣ? Музди худро гирифта, рав; мехоҳам ба ин охирин монанди ту диҳам. Оё ҳақ надорам, ки бо чизи худ он чи хоҳам, кунам? Оё аз он ки ман некдил ҳастам, ту ҳасад мебарӣ? ” Пас охиринҳо аввалин мешаванд, ва аввалинҳо — охирин; чунки даъватшудагон бисёранд, аммо интихобшудагон — кам». Ва ҳангоме ки Исо ба Уршалим мерафт, дар роҳ дувоздаҳ шогирдашро танҳо назди Худ хонда, ба онҳо гуфт: «Инак, мо сӯи Уршалим меравем, ва Писари Одам ба дасти сардорони коҳинон ва китобдонон супурда мешавад, ва Ӯро ба марг маҳкум мекунанд, ва Ӯро ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд, то масхара намоянд, тозиёна зананд ва ба салиб кашанд; ва дар рӯзи сеюм Ӯ бармехезад». Он гоҳ модари писарони Забдой бо писарони худ назди Ӯ омада ва саҷда бурда, аз Ӯ чизе илтимос кард. Исо ба вай гуфт: «Чӣ хоҳиш дорӣ?» Гуфт: «Фармо, ки ду писари ман дар Подшоҳии Ту яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат шинанд». Исо дар ҷавоб гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чӣ мехоҳед. Оё метавонед он косаеро, ки Ман менӯшам, нӯшед ва он таъмидеро, ки Ман меёбам, ёбед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Метавонем». Ба онҳо гуфт: «Косаи Маро менӯшед, ва таъмидеро, ки Ман меёбам, меёбед; лекин имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастан дар дасти Ман нест, ки диҳам; ҷуз ба онҳое ки аз ҷониби Падари Ман барояшон омода шуда бошад». Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз он ду бародар норозӣ шуданд. Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда, гуфт: «Шумо медонед, ки мирони халқҳо бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва бузургон бар онҳо фармонраво мешаванд. Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо бузург будан хоҳад, бояд хизматгузори шумо шавад; ва ҳар кӣ дар байни шумо аввалин будан хоҳад, бояд ғуломи шумо шавад; чунон ки Писари Одам низ на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисёр касон диҳад». Ва ҳангоме ки онҳо аз Ариҳо мебаромаданд, мардуми бисёре аз паси Ӯ мерафтанд. Ва инак, ду кӯр, ки дар канори роҳ нишаста буданд, гузаштани Исоро шунида, фарёдкунон гуфтанд: «Эй Хоҷа, Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун». Мардум онҳоро ба хомӯш шудан водор мекарданд, лекин онҳо боз ҳам бештар фарёд мезаданд: «Эй Хоҷа, Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун». Исо истода, онҳоро назди Худ хонд ва гуфт: «Чӣ мехоҳед, ки барои шумо кунам?» Ба Ӯ гуфтанд: «Эй Хоҷа! Мехоҳем чашмони мо кушода шаванд». Пас Исо ба онҳо раҳм карда, ба чашмҳошон даст расонд; ва дарҳол чашмҳошон бино гаштанд, ва онҳо аз паси Ӯ равона шуданд. Чун ба Уршалим наздик шуда, ба Байт-Фоҷии назди кӯҳи Зайтун расиданд, Исо ду шогирдро фиристода, ба онҳо гуфт: «Ба ин деҳа, ки рӯ ба рӯи шумост, равед; ва дарҳол модахареро баста меёбед, ки куррааш назди вай аст; онҳоро воз карда, назди Ман биёред. Ва агар касе ба шумо ҳарфе занад, гӯед, ки Худованд ба инҳо эҳтиёҷ дорад; ва дарҳол онҳоро мефиристад». Ин ҳама рӯй дод, то ба амал ояд сухане ки бо забони пайғамбар гуфта шудааст: “Ба духтари Сион гӯед: «Инак, Подшоҳи ту бар харе, яъне куррае, бачаи модахаре савор шуда, Бо фурӯтанӣ назди ту меояд»”. Шогирдон рафтанд ва он чи Исо фармуда буд, ба ҷо оварданд: Модахар ва курраро оварда, ҷомаҳои худро бар онҳо партофтанд, ва Ӯ бар онҳо савор шуд. Мардуми бисёре ҷомаҳои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дарахтонро бурида, бар роҳ густурданд. Ва мардуме ки аз пеш ва аз пас равона буданд, фарёд мекарданд: «Ҳӯшионо ба Писари Довуд! Муборак аст Он ки ба номи Худованд меояд! Ҳӯшионо дар арши аъло!» Ва ҳангоме ки Ӯ ба Уршалим ворид шуд, тамоми аҳли шаҳр ба ҳаяҷон омада, мегуфтанд: «Ин кист?» Мардум мегуфтанд: «Ин аст Исои пайғамбар аз Носираи Ҷалил». Ва Исо ба ибодатгоҳи Худо даромада, ҳамаи онҳоеро, ки дар ибодатгоҳ харидуфурӯш мекарданд, берун ронд, мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард. Ва ба онҳо гуфт: «Навишта шудааст, ки “хонаи Ман хонаи дуо номида мешавад; аммо шумо онро дуздхона кардаед”». Дар ибодатгоҳ назди Ӯ кӯрон ва лангон омаданд, ва Ӯ онҳоро шифо дод. Чун сардорони коҳинон ва китобдонон диданд, ки Ӯ муъҷизаҳоро ба амал овард, ва кӯдакон дар ибодатгоҳ “ҳӯшионо ба Писари Довуд! ” гӯён хитоб мекарданд, норозӣ шуда, ба Ӯ гуфтанд: «Оё Ту мешунавӣ, ки онҳо чӣ мегӯянд?» Исо ба онҳо гуфт: «Ҳа! Магар нахондаед: “Аз даҳони кӯдакон ва ширмакон ситоишро ба вуҷуд овардаӣ”?» Ва онҳоро тарк карда, аз шаҳр сӯи Байт-Анё рафт ва шабро дар он ҷо гузаронд. Бомдодон, ҳангоме ки ба шаҳр бармегашт, гурусна монд. Дар сари роҳ дарахти анҷире дида, назди он рафт ва ғайр аз баргҳо, чизе бар он наёфта, ба он гуфт: «Пас аз ин то абад мевае аз ту нарӯяд». Ва ҳамон дам дарахти анҷир хушк шуд. Шогирдон инро дида, ҳайрон монданд ва гуфтанд: «Чӣ гуна ин дарахти анҷир зуд хушк шуд?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар имон дошта бошед ва шубҳа накунед, на танҳо онро, ки ба дарахти анҷир рӯй дод, ба амал меоваред, балки агар ба ин кӯҳ гӯед, ки “бархеста, худро ба баҳр парто”, — чунин мешавад. Ва ҳар он чи дар дуо бо имон хоҳиш кунед, ба даст меоваред». Ва ҳангоме ки ба ибодатгоҳ омада таълим медод, сардорони коҳинон ва пирони қавм назди Ӯ омада, гуфтанд: «Бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунӣ? Ва кист, ки ин ҳуқуқро ба Ту додааст?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам; агар шумо онро ба Ман гӯед, Ман ҳам ба шумо мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам: Таъмиди Яҳё аз куҷо буд, аз осмон ё аз инсон?» Онҳо дар дили худ андеша карда, мегуфтанд: «Агар гӯем, ки “аз осмон буд”, Ӯ мегӯяд: “Пас чаро ба вай бовар накардед? ” Ва агар гӯем, ки “аз инсон буд” — аз мардум метарсем, чунки ҳама Яҳёро пайғамбар медонанд». Ва дар ҷавоби Исо гуфтанд: «Намедонем». Ӯ ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам. Лекин фикри шумо чист? Шахсе ду фарзанд дошт; ва назди якумӣ омада, гуфт: “Писарам! Имрӯз ба токзори ман рафта кор кун”. Дар ҷавоб гуфт: “Намехоҳам”; аммо баъд пушаймон шуд ва рафт. Назди дуюмӣ омада, ҳамон гапро гуфт. Вай дар ҷавоб гуфт: «Меравам, эй хоҷа»; ва нарафт. Кадом як аз ин ду нафар хоҳиши падарро ба ҷо овард?» Ба Ӯ гуфтанд: «Якумӣ». Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки боҷгирон ва фоҳишагон пеш аз шумо ба Подшоҳии Худо дохил мешаванд. Чунки Яҳё назди шумо бо роҳи росткорӣ омад, ва шумо ба ӯ бовар накардед, лекин боҷгирон ва фоҳишагон ба ӯ бовар карданд; ва шумо, инро дида, пас аз он ҳам пушаймон нашудед, то ба ӯ бовар кунед. Масали дигаре шунавед. Соҳиби хонае буд, ки ток шинонд, деворе гирдаш кашид, чархуште дар он сохт, бурҷе барпо кард ва онро ба токдорон супурду ба сафар рафт. Чун мавсими мева расид, ғуломони худро назди токдорон фиристод, то меваи худро гирад. Лекин токдорон ғуломони ӯро гирифта, баъзеро заданд, баъзеро куштанд ва баъзеро сангборон карданд. Боз ӯ ғуломони дигарро фиристод, ки аз пештара зиёдтар буданд; ба онҳо низ ҳамон тавр амал карданд. Дар охир писари худро назди онҳо фиристода, гуфт: “Аз писарам шарм хоҳанд дошт”. Лекин токдорон чун писарро диданд, ба якдигар гуфтанд: “Ин ворис аст; биёед, вайро кушем ва соҳиби мерос шавем”. Ва ӯро гирифта, аз токзор берун бароварданд ва куштанд. Пас, чун соҳиби токзор ояд, бо он токдорон чӣ мекунад?» Ба Ӯ гуфтанд: «Он бадкоронро бо сахтӣ нобуд карда, токзорро ба токдорони дигаре месупорад, ки меваро дар мавсимаш ба ӯ диҳанд». Исо ба онҳо гуфт: «Магар дар Китоб ҳаргиз нахондаед: “Санге ки бинокорон рад карданд, Санги сари гӯшаи бино гардид: Ин аз ҷониби Худованд шуд Ва дар назари мо ҳайратангез аст”? Бинобар ин ба шумо мегӯям, ки Подшоҳии Худо аз шумо гирифта, ба халқе дода мешавад, ки меваи онро биёрад. Ва ҳар кӣ бар ин санг афтад, пора-пора мешавад; ва агар он бар касе афтад, вайро гард-гард мекунад». Сардорони коҳинон ва фарисиён масалҳои Ӯро шунида, донистанд, ки Ӯ дар бораи онҳо сухан меронад. Ва хостанд Ӯро дастгир кунанд; лекин аз мардум тарсиданд, чунки Ӯро пайғамбар медонистанд. Ва Исо суханашро бо масалҳо давом дода, ба онҳо гуфт: «Подшоҳии Осмон монанди подшоҳест, ки барои писари худ базми арӯсӣ барпо кард. Ва ғуломони худро фиристод, то ки даъватшудагонро ба базми арӯсӣ хонанд; лекин онҳо нахостанд биёянд. Боз ғуломони дигарро фиристод ва гуфт: “Ба даъватшудагон гӯед, ки «инак, дастархони худро оростаам, говҳо ва парвориҳои ман кушта шудаанд, ва ҳама чиз тайёр аст; ба базми арӯсӣ биёед»”. Лекин онҳо эътибор надода, яке ба киштзори худ ва дигаре ба савдои худ рафтанд. Ва дигарон ғуломони ӯро гирифта, ҳақорат доданд ва куштанд. Подшоҳ, чун инро шунид, хашмгин шуд ва лашкарҳои худро фиристода, он кушандагонро нобуд кард ва шаҳрашонро оташ зад. Он гоҳ ба ғуломони худ гуфт: “Базми арӯсӣ тайёр аст, лекин даъватшудагон сазовори он набуданд; пас, ба сари гузар бароед ва ҳар киро ёбед, ба базми арӯсӣ даъват кунед”. Ва ғуломон ба сари роҳҳо баромада, ҳар киро ёфтанд, хоҳ нек буд хоҳ бад, ҷамъ карданд; ва базмгоҳ аз меҳмонон пур шуд. Подшоҳ барои дидани аҳли маҷлис даромада, шахсеро дид, ки ҷома барои базми арӯсӣ напӯшидааст. Ва ба вай гуфт: “Эй рафиқ, чӣ тавр ба ин ҷо даромадӣ, дар ҳолате ки ҷома барои базми арӯсӣ надорӣ? ” Лекин вай хомӯш монд. Подшоҳ ба хизматгузорони худ гуфт: “Дасту пои вайро баста, ба торикии берун бароварда партоед: дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон мешавад”. Чунки даъватшудагон бисёранд, аммо интихобшудагон — кам». Он вақт фарисиён рафта, машварат карданд, ки чӣ тавр Ӯро аз сухани Худаш ба дом афтонанд. Ва шогирдони худро бо ҳиродиён назди Ӯ фиристода, гуфтанд: «Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳастӣ ва роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ ва аз касе парвое надорӣ, чунки ҳеҷ рӯбинӣ намекунӣ; пас ба мо гӯй, ки фикри Ту чист? Оё ба қайсар андоз додан раво аст, ё не?» Аммо Исо бадандешии онҳоро дарёфта, гуфт: «Эй дурӯягон, чаро Маро меозмоед? Тангаи андозро ба Ман нишон диҳед». Онҳо ба Ӯ диноре оварданд. Ба онҳо гуфт: «Ин сурат ва навишта аз они кист?» Ба Ӯ гуфтанд: «Аз они қайсар». Ба онҳо гуфт: «Пас, он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост — ба Худо». Чун инро шуниданд, ҳайрон монданд ва Ӯро гузошта, рафтанд. Ҳамон рӯз саддуқиён, ки растохезро инкор мекунанд, назди Ӯ омада, пурсиданд: «Эй Устод! Мусо гуфтааст, ки агар касе мурад ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад. Назди мо ҳафт бародар буданд. Якумӣ зан гирифта, мурд ва чун фарзанд надошт, занашро ба бародари худ гузошт; ҳамчунин дуюмӣ ва сеюмӣ, то ҳафтум. Баъд аз ҳама зан низ мурд. Пас, дар рӯзи растохез вай зани кадоме аз он ҳафт мешавад? Зеро ҳама вайро ба занӣ гирифта буданд». Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шумо гумроҳ ҳастед, аз он рӯ ки на Китобро медонед, на қуввати Худоро; зеро дар растохез на зан мегиранд ва на шавҳар мекунанд, балки монанди фариштаҳои Худо дар осмон мебошанд. Аммо дар бораи растохези мурдагон оё каломеро, ки Худо ба шумо гуфтааст, нахондаед: “Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб”? Худо на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст». Ва мардум шунида, аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд. Аммо чун фарисиён шуниданд, ки Ӯ даҳони саддуқиёнро бастааст, бо ҳам ҷамъ омаданд. Ва яке аз онҳо, ки шариатдон буд, барои озмудани Ӯ савол дода, гуфт: «Эй Устод! Кадом фармуда дар Таврот бузургтар аст?» Исо ба вай гуфт: «“Худованд Худои худро бо тамоми дил ва бо тамоми ҷон ва бо тамоми ҳуши худ дӯст дор”. Ҳамин аст фармудаи муҳимтарин ва бузургтарин. Ва дуюмаш монанди он аст: “Ёратро монанди худат дӯст дор”. Бар ин ду фармуда тамоми Таврот ва навиштаҳои пайғамбарон асос ёфтаанд». Ҳангоме ки фарисиён бо ҳам ҷамъ омаданд, Исо ба онҳо савол дода, гуфт: «Дар бораи Масеҳ чӣ фикр доред? Ӯ писари кист?» Ба Ӯ гуфтанд: «Писари Довуд». Ба онҳо гуфт: «Пас чӣ гуна Довуд, бо илҳоми Рӯҳ, Ӯро Худованд хонда, чунин мегӯяд: “Худованд ба Худованди ман гуфт: Аз дасти рости Ман нишин, То даме ки душманони Туро пойандози Ту созам”? Модоме ки Довуд Ӯро Худованд мехонад, чӣ гуна Ӯ писари вай будааст?» Ва ҳеҷ кас дар ҷавоби Ӯ сухане гуфта натавонист; ва пас аз он рӯз касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ чизе пурсад. Он гоҳ Исо ба мардум ва ба шогирдони Худ хитоб кард ва гуфт: «Китобдонон ва фарисиён бар курсии Мусо нишастаанд. Пас, он чи ба шумо гӯянд, ба ҷо оваред ва риоя кунед; лекин аз рӯи корҳои онҳо рафтор накунед, чунки мегӯянд ва намекунанд. Борҳои гарон ва душворро баста, бар дӯши одамон мегузоранд, лекин худашон намехоҳанд онҳоро ҳатто бо як ангушт ҳаракат диҳанд. Ҳамаи корҳои худро барои он мекунанд, ки ба одамон нишон диҳанд: оятдонҳои худро васеътар мекунанд ва пӯпакҳои ҷомаи худро калонтар месозанд. Ва дӯст медоранд, ки дар зиёфатҳо болонишин бошанд ва дар ҷойҳои беҳтарини куништҳо нишинанд, ва дар кӯчаву бозор одамон ба онҳо салом гӯянд ва онҳоро “Устод! Устод! ” хонанд. Лекин шумо набояд устод хонда шавед, чунки Устоди шумо якест, яъне Масеҳ аст, ва ҳамаи шумо бародаронед. Ва ҳеҷ касро дар замин падари худ нахонед, чунки Падари шумо якест, ки дар осмон аст. Ва набояд роҳнамо хонда шавед, зеро Роҳнамои шумо якест, яъне Масеҳ аст. Бузургтарини шумо хизматгузори шумо бошад. Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст мегардад; ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарбаланд мегардад. Вой бар шумо, эй китобдонон ва фарисиёни дурӯя, ки хонаҳои бевазанонро фурӯ мебаред ва намоишкорона дуру дароз дуо мегӯед: ба ин сабаб сахттар маҳкум мешавед. Вой бар шумо, эй китобдонон ва фарисиёни дурӯя, ки дари Подшоҳии Осмонро пеши одамон мебандед; чунки на худ медароед ва на мегузоред онҳое ки даромадан мехоҳанд, дароянд. Вой бар шумо, эй китобдонон ва фарисиёни дурӯя, ки баҳр ва хушкиро давр мезанед, то якеро ба дини худ гардонед; ва ҳангоме ки ин ба шумо муяссар шавад, вайро ду баробар аз худатон зиёдтар писари дӯзах месозед. Вой бар шумо, эй пешвоёни кӯр, ки мегӯед: “Ҳар кӣ ба ибодатхона қасам хӯрад, ҳеҷ гап не; лекин ҳар кӣ ба тиллои ибодатхона қасам хӯрад, бояд вафо кунад”. Эй аблаҳон ва кӯрон! Кадомаш бузургтар аст: тилло ё ибодатхона, ки тиллоро муқаддас мегардонад? Ҳамчунин мегӯед: “Ҳар кӣ ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, ҳеҷ гап не; лекин ҳар кӣ ба қурбоние ки бар он аст, қасам хӯрад, бояд вафо кунад”. Эй аблаҳон ва кӯрон! Кадомаш бузургтар аст: қурбонӣ ё қурбонгоҳ, ки қурбониро муқаддас мегардонад? Пас, ҳар кӣ ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, ба он ва ба ҳар чи бар он аст, қасам хӯрда бошад. Ва ҳар кӣ ба ибодатхона қасам хӯрад, ба он ва ба Ӯ, ки сокини он буд, қасам хӯрда бошад. Ва ҳар кӣ ба осмон қасам хӯрад, ба тахти Худо ва ба Ӯ, ки бар он нишастааст, қасам хӯрда бошад. Вой бар шумо, эй китобдонон ва фарисиёни дурӯя, ки аз пудина, шибит ва зира даҳяк медиҳед, лекин бузургтарин фармудаҳои Таврот, яъне инсоф, марҳамат ва имонро тарк кардаед; бояд онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед. Эй пешвоёни кӯр, ки пашшаро софӣ карда, шутурро фурӯ мебаред! Вой бар шумо, эй китобдонон ва фарисиёни дурӯя, ки беруни пиёла ва табақро тоза мекунед, дар ҳоле ки даруни онҳо аз дуздӣ ва беинсофӣ пур аст. Эй фарисии кӯр! Аввал даруни пиёла ва табақро тоза кун, то беруни он низ тоза бошад. Вой бар шумо, эй китобдонон ва фарисиён, ки монанди қабрҳои сафед кардашуда ҳастед, ки аз берун зебо метобанд, лекин дарунашон аз устухонҳои мурдагон ва ҳар хел нопокӣ пур аст. Ҳамчунин шумо низ аз берун ба одамон росткор метобед, лекин дарунатон аз дурӯягӣ ва бадӣ пур аст. Вой бар шумо, эй китобдонон ва фарисиёни дурӯя, ки мақбараҳои пайғамбаронро месозед ва биноҳои ёдгории росткоронро ороиш медиҳед, ва мегӯед: “Агар дар айёми падарони худ мебудем, дар рехтани хуни пайғамбарон ба онҳо шарик намешудем”. Ба ҳамин роҳ худатон бар зидди худ гувоҳӣ медиҳед, ки фарзандони кушандагони пайғамбарон ҳастед; пас, шумо ҳам зарфи падарони худро лабрез кунед. Эй морон ва афъизодагон! Аз маҳкумияти дӯзах чӣ тавр гурехта метавонед? Бинобар ин, инак, Ман назди шумо пайғамбарон ва хирадмандон ва китобдононро мефиристам; ва шумо баъзеро мекушед ва баъзеро ба салиб мекашед, ва баъзеро дар куништҳои худ тозиёна зада, аз шаҳре ба шаҳре таъқиб мекунед; то тамоми хуни росткорон, ки бар замин рехта шуд, бар сари шумо фуруд ояд, аз хуни Ҳобили росткор то хуни Закарё ибни Баракё, ки вайро шумо дар миёни ибодатхона ва қурбонгоҳ куштед. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин ҳама бар сари ин насл меояд. Эй Уршалим, Уршалим, ки пайғамбаронро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед! Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад. Зеро ба шумо мегӯям: аз ин пас Маро намебинед, то даме ки гӯед: “Муборак аст Он ки ба номи Худованд меояд!”» Ва Исо аз ибодатгоҳ баромада, равон шуд. Ва шогирдонаш назди Ӯ омаданд, то иморатҳои ибодатгоҳро ба Ӯ нишон диҳанд. Исо ба онҳо гуфт: «Оё ҳамаи инҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар ин ҷо санге бар санге намемонад; ҳамааш хароб мешавад». Ва ҳангоме ки Ӯ бар кӯҳи Зайтун нишаста буд, шогирдонаш ба танҳоӣ назди Ӯ омада, пурсиданд: «Моро огоҳ кун, ки ин кай рӯй медиҳад? Ва аломати омадани Ту ва охири ин давра чӣ гуна аст?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед, ки касе шуморо гумроҳ накунад; зеро бисёр касон бо номи Ман омада, мегӯянд, ки “ман Масеҳ ҳастам”, ва мардуми бисёрро гумроҳ мекунанд. Ҳамчунин ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро мешунавед. Огоҳ бошед, натарсед; чунки ҳамаи ин бояд рӯй диҳад; лекин ин ҳанӯз поёни кор нест. Чунки халқе бар зидди халқе ва подшоҳие бар зидди подшоҳие бармехезад, ва дар ҳар ҷо гуруснагиҳо, вабоҳо ва заминҷунбиҳо рӯй медиҳанд. Аммо ҳамаи инҳо саршавии дардҳои зоиш мебошанд. Он гоҳ шуморо ба шиканҷаҳо супурда, мекушанд; ва ҳамаи халқҳо барои номи Ман аз шумо нафрат мекунанд. Дар он замон бисёр касон ба васваса меафтанд, ва якдигарро таслим мекунанд ва ба якдигар кина меварзанд. Ва бисёр пайғамбарони дурӯғин ба майдон омада, мардуми зиёдро гумроҳ мекунанд; ва ба сабаби афзудани бадӣ, муҳаббати бисёр касон сард мешавад. Лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот меёбад. Ва ин Инҷили Подшоҳӣ дар тамоми ҷаҳон мавъиза карда мешавад, то барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ поёни кор фаро мерасад. Пас, чун зиштии харобиро, ки Дониёли пайғамбар ба забон овардааст, дар ҷои муқаддас бар по бинед, — ҳар кӣ хонад, диққат диҳад, — он гоҳ онҳое ки дар Яҳудия мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд; ва ҳар кӣ бар бом бошад, барои гирифтани чизе аз хонаи худ поён нафурояд; ва он ки дар киштзор аст, барои гирифтани ҷомаи худ барнагардад. Лекин вой бар ҳомиладорон ва ширдорон дар он рӯзҳо! Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар зимистон ва ё рӯзи шанбе рӯй надиҳад; зеро дар он рӯзҳо чунон мусибати бузурге мешавад, ки аз ибтидои ҷаҳон то ҳол нашудааст, ва бори дигар намешавад. Ва агар он айём кӯтоҳ намешуд, ҳеҷ кас наҷот намеёфт; лекин аз барои интихобшудагон он айём кӯтоҳ мешавад. Дар он ҳангом агар касе ба шумо гӯяд: “Инак, Масеҳ дар ин ҷост” ё “дар он ҷост”, бовар накунед; зеро масеҳони дурӯғин ва пайғамбарони дурӯғин ба майдон омада, аломатҳо ва муъҷизаҳои бузурге нишон медиҳанд, то ки, агар мумкин бошад, интихобшудагонро низ гумроҳ кунанд. Инак, Ман пешакӣ ба шумо гуфтам. Пас, агар ба шумо гӯянд: “Инак, дар биёбон аст”, — берун наравед; “инак, дар ҳуҷра аст”, — бовар накунед. Зеро, чунон ки барқ дар шарқ падид омада, дар ғарб ҳам намудор мегардад, омадани Писари Одам чунин мешавад. Зеро ҳар ҷо, ки лошае бошад, каргасон дар он ҷо ҷамъ мешаванд. Ва фавран, пас аз мусибати он рӯзҳо, офтоб хира мешавад, ва моҳ рӯшноии худро намедиҳад, ва ситорагон аз осмон фурӯ мерезанд, ва қувваҳои осмон ба ларза меоянд. Он гоҳ аломати Писари Одам дар осмон намудор мешавад; ва он гоҳ ҳамаи қабилаҳои рӯи замин навҳа мекунанд ва Писари Одамро мебинанд, ки бо қуввату ҷалоли бузург бар абрҳо меояд. Ва фариштаҳои Худро бо карнайи баландовоз мефиристад, ва онҳо интихобшудагони Ӯро аз чор тараф, аз як канори осмон то канори дигараш гирд меоваранд. Акнун аз дарахти анҷир масал омӯзед: чун шохааш нарм шуда, барг бароварад, медонед, ки тобистон наздик аст. Ҳамчунин шумо чун ҳамаи ин чизҳоро мебинед, донед, ки наздик аст, назди дар аст. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: то ин ҳама рӯй надиҳад, ин насл дарнамегузарад. Осмону замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест. Аммо он рӯзу соатро, ғайр аз Падари Ман, ҳеҷ кас намедонад, ҳатто фариштаҳои осмон намедонанд. Чунон ки дар айёми Нӯҳ буд, дар омадани Писари Одам низ чунин мешавад. Зеро, чунон ки дар айёми пеш аз тӯфон, то он рӯзе ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд ва шавҳар мекарданд, ва чизе намефаҳмиданд, то даме ки тӯфон омада, ҳамаро бо худ бурд, — омадани Писари Одам низ чунин мешавад. Он вақт аз ду нафаре ки дар киштзор ҳастанд, яке гирифта ва дигаре гузошта мешавад; ва аз ду зане ки бо дастос машғуланд, яке гирифта ва дигаре гузошта мешавад. Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Худованди шумо дар кадом соат меояд. Ҳаминро донед, ки агар соҳиби хона медонист, ки дар кадом поси шаб дузд меояд, бедор монда, намегузошт, ки девори хонаашро сӯрох кунад. Бинобар ин шумо низ тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд. Пас он ғуломи бовафо ва доно кист, ки хоҷааш вайро бар хизматгорони худ таъйин карда бошад, то ба онҳо дар сари вақт хӯрок диҳад? Хушо он ғуломе ки хоҷааш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки вайро бар тамоми дороии худ таъйин мекунад. Лекин агар он ғулом бадкирдор бошад ва дар дили худ гӯяд, ки “хоҷаи ман ба зудӣ намеояд”, ва ба задани ғуломони дигар сар кунад ва бо бадмастон ба хӯрдан ва нӯшидан машғул шавад, хоҷаи он ғулом дар рӯзе ки ӯ мунтазир нест, ва дар соате ки гумон надорад, меояд, ва ӯро ду пора карда, насибашро бо дурӯягон баробар мекунад: дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон мешавад». «Дар он замон Подшоҳии Осмон монанди даҳ бокира мешавад, ки чароғҳои худро бардошта, ба пешвози домод берун рафтанд. Аз онҳо панҷ нафар доно ва панҷ нафар нодон буданд. Нодонон чароғҳои худро гирифтанд, вале бо худ равған нагирифтанд; лекин доноён ҳамроҳи чароғҳои худ дар зарфҳо низ равған гирифтанд. Чун домод дер монд, ҳама пинак рафта, хобиданд. Ва дар нисфи шаб овозе баланд шуд: “Инак, домод меояд, ба пешвози вай берун оед”. Он гоҳ ҳамаи бокираҳо бархеста, чароғҳои худро тайёр карданд. Ва нодонон ба доноён гуфтанд: “Аз равғани худ ба мо диҳед, чунки чароғҳои мо хомӯш мешаванд”. Аммо доноён дар ҷавоб гуфтанд: “Не, мабодо барои мо ва шумо камӣ кунад; беҳтар аст, ки шумо назди фурӯшандагон рафта, барои худ харед”. Ва ҳангоме ки онҳо барои харидан рафтанд, домод омад, ва онҳое ки тайёр буданд, бо вай ба базми арӯсӣ даромаданд, ва дар баста шуд. Пас аз он, бокираҳои дигар низ омада, гуфтанд: “Эй хоҷа! Эй хоҷа! Ба мо кушо”. Лекин вай дар ҷавоби онҳо гуфт: “Ба ростӣ ба шумо мегӯям: шуморо намешиносам”. Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Писари Одам дар кадом рӯз ва кадом соат меояд. Зеро монанди касест, ки ба сафари дур рафтанӣ шуда, ғуломони худро ҷеғ зад ва молу мулкашро ба онҳо супурд: Ба яке панҷ талант, ба дигаре ду, ба сеюмӣ як, яъне ба ҳар кадом ба қадри қобилияташ дода, дарҳол ба сафар рафт. Он ки панҷ талант гирифта буд, рафта ба тиҷорат машғул шуд ва панҷ таланти дигар фоида кард. Ҳамчунин он ки ду талант гирифта буд, ду таланти дигар ба даст овард. Лекин он ки як талант гирифта буд, рафта заминро канд ва пули хоҷаи худро пинҳон кард. Пас аз муддати дуру дарозе хоҷаи он ғуломон омада, аз онҳо ҳисобот талаб кард. Он ки панҷ талант гирифта буд, панҷ таланти дигарро ҳам оварда, гуфт: “Хоҷаам! Ту ба ман панҷ талант дода будӣ; инак, бо онҳо панҷ таланти дигар ба даст овардам”. Хоҷааш ба вай гуфт: “Офарин, эй ғуломи нек ва боваринок! Ту дар чизи андак боваринок будӣ, туро бар чизҳои бисёр таъйин мекунам; ба шодии хоҷаи худ шарик шав”. Ҳамчунон он ки ду талант гирифта буд, назди вай омада, гуфт: “Хоҷаам! Ту ба ман ду талант дода будӣ, инак, бо онҳо ду таланти дигар ба даст овардам”. Хоҷааш ба вай гуфт: “Офарин, эй ғуломи нек ва бовафо! Ту дар чизи андак бовафо будӣ, туро бар чизҳои бисёр таъйин мекунам; ба шодии хоҷаи худ шарик шав”. Пас он ки як талант гирифта буд, назди вай омада, гуфт: “Хоҷаам! Медонистам, ки ту марди дилсахте ҳастӣ, аз ҷое ки накоштаӣ, медаравӣ, ва аз ҷое ки напошидаӣ, ҷамъ мекунӣ. Бинобар ин тарсидам ва рафта, таланти туро дар замин пинҳон кардам; инак, моли ту ин ҷост”. Хоҷааш дар ҷавоби вай гуфт: “Эй ғуломи бад ва танбал! Ту медонистӣ, ки ман аз ҷое ки накоштаам, медаравам, ва аз ҷое ки напошидаам, ҷамъ мекунам. Аз ин рӯ ту бояд пули маро ба саррофон медодӣ, ва ман омада, пули худро бо фоидааш мегирифтам. Пас он талантро аз вай гирифта, ба касе ки даҳ талант дорад, диҳед. Зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода ва афзуда мешавад; лекин ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта мешавад. Ва он ғуломи нобакорро ба торикии берун бароварда партоед: дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон мешавад”. Лекин ҳангоме ки Писари Одам дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштаҳои муқаддас меояд, он гоҳ бар тахти ҷалоли Худ менишинад, ва ҳамаи халқҳо дар назди Ӯ ҷамъ мешаванд; ва онҳоро аз якдигар ҷудо мекунад, монанди чӯпоне ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад. Ва гӯсфандонро дар тарафи рост ва бузҳоро дар тарафи чапи Худ ҷой медиҳад. Он гоҳ Подшоҳ ба онҳое ки ба тарафи рости Ӯ ҳастанд, мегӯяд: “Биёед, эй баракатёфтагон аз Падари Ман, Подшоҳиеро, ки аз вақти бунёдшавии ҷаҳон барои шумо омода шудааст, мерос гиред; чунки гурусна будам, ба Ман хӯрок додед; ташна будам, ба Ман об додед; ғариб будам, Маро пазируфтед; бараҳна будам, Маро пӯшондед; бемор будам, Маро хабар гирифтед; дар зиндон будам, ба дидани Ман омадед”. Он гоҳ росткорон дар ҷавоб мегӯянд: “Худовандо! Кай Туро гурусна дидему хӯрок додем? Ё ташна дидему об додем? Кай Туро ғариб дидему пазируфтем? Ё бараҳна дидему пӯшондем? Кай Туро бемор ё дар зиндон дидему ба дидани Ту омадем? ” Ва Подшоҳ дар ҷавоби онҳо мегӯяд: “Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи ба яке аз ин бародарони хурдтарини Ман кардаед, ба Ман кардаед”. Он гоҳ ба онҳое ки ба тарафи чапи Ӯ ҳастанд, мегӯяд: “Эй лаънатиҳо, аз Ман дур шавед ва ба оташи абадие ки барои иблис ва фариштаҳои вай омода шудааст, равед; чунки гурусна будам, ба Ман хӯрок надодед; ташна будам, ба Ман об надодед; ғариб будам, Маро напазируфтед; бараҳна будам, Маро напӯшондед; бемор ва дар зиндон будам, Маро хабар нагирифтед”. Онҳо низ дар ҷавоб мегӯянд: “Худовандо! Кай Туро гурусна ё ташна ё ғариб ё бараҳна ё бемор ё дар зиндон дидему ба Ту хизмат накардем? ” Он гоҳ дар ҷавоби онҳо мегӯяд: “Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи шумо ба яке аз ин хурдтаринҳо накардаед, ба Ман накардаед”. Ва онҳо ба азоби абадӣ мераванд, вале росткорон — ба ҳаёти абадӣ». Чун Исо ҳамаи ин суханонро ба поён расонд, ба шогирдони Худ гуфт: «Шумо медонед, ки пас аз ду рӯз иди Песаҳ аст, ва Писари Одам таслим карда мешавад, то ба салиб кашида шавад». Он гоҳ сардорони коҳинон ва китобдонон ва пирони қавм дар ҳавлии саркоҳин, ки Қаёфо ном дошт, ҷамъ омаданд, ва машварат карданд, ки Исоро бо ҳила дастгир карда, кушанд. Лекин мегуфтанд: «На дар ид, мабодо мардум ба шӯр оянд». Ва ҳангоме ки Исо дар Байт-Анё дар хонаи Шимъуни махавӣ буд, зане бо зарфи гаҷине пур аз равғани хушбӯйи гаронбаҳо назди Ӯ омад ва дар ҳолате ки Ӯ дар сари дастархон нишаста буд, бар сари Ӯ рехт. Ва шогирдонаш, чун инро диданд, норозӣ шуда, гуфтанд: «Ин исрофкорӣ барои чист? Зеро равғани хушбӯйро ба нархи баланд фурӯхта, ба камбағалон додан мумкин буд». Лекин Исо инро дарёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро занро меранҷонед? Вай барои Ман кори некӯ кард; зеро камбағалон ҳар вақт дар назди шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам. Вай ин равғани хушбӯйро бар бадани Ман рехта, Маро барои гӯрондан тайёр кард. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай зикр меёбад». Он гоҳ яке аз он дувоздаҳ, ки Яҳудои Исқарютӣ ном дошт, пеши сардорони коҳинон рафт ва гуфт: «Ба ман чӣ медиҳед, то Ӯро ба шумо таслим кунам?» Онҳо ба вай сӣ тангаи нуқра пешниҳод карданд. Ва аз он дам вай фурсат меҷуст, ки Ӯро таслим кунад. Дар рӯзи аввали иди Фатир шогирдон назди Исо омада, ба Ӯ гуфтанд: «Куҷо мехоҳӣ Песаҳро барои хӯрдани Ту тайёр кунем?» Гуфт: «Ба шаҳр назди фалонӣ равед ва гӯед: “Устод мегӯяд: вақти Ман наздик аст, ва Песаҳро бо шогирдони Худ дар хонаи ту мегузаронам”». Ва шогирдон он чи Исо фармуда буд, ба ҷо оварданд, ва Песаҳро тайёр карданд. Бегоҳи рӯз Ӯ бо он дувоздаҳ дар сари дастархон нишаст. Ва ҳангоме ки хӯрок мехӯрданд, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо Маро таслим мекунад». Онҳо бисёр ғамгин шуданд ва паси ҳамдигар ба Ӯ мегуфтанд: «Хоҷаам, оё он манам?» Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Он ки бо Ман даст ба табақ меандозад, ҳамон кас Маро таслим мекунад. Албатта Писари Одам ончунон, ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, меравад, лекин вой бар он касе ки Писари Одам ба воситаи вай таслим шавад: барои вай беҳтар мебуд, ки таваллуд намешуд». Дар ҷавоб Яҳудо, ки таслимкунандаи Ӯ буд, гуфт: «Эй Устод, оё ин манам?» Ба вай гуфт: «Ту гуфтӣ». Ва ҳангоме ки хӯрок мехӯрданд, Исо нонро гирифта, шукргузорӣ намуд ва пора карда, ба шогирдон доду гуфт: «Гиред, хӯред, ин бадани Ман аст». Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дода, гуфт: «Ҳама аз ин нӯшед; зеро ин аст хуни Ман аз аҳди нав, ки барои бисёр касон баҳри бахшидани гуноҳҳо рехта мешавад. Аммо ба шумо мегӯям, ки минбаъд аз ин шираи ангур наменӯшам, то ҳамон рӯзе ки дар Подшоҳии Падари Худ онро бо шумо нав нӯшам». Ва суруд хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона шуданд. Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамаи шумо имшаб Маро тарк мекунед, чунки навишта шудааст: «Чӯпонро мезанам, ва гӯсфандони рама пароканда мешаванд». Аммо пас аз растохезам, пеш аз шумо ба Ҷалил меравам». Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Агар ҳама Туро тарк кунанд ҳам, ман ҳаргиз тарк намекунам». Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор мекунӣ». Петрус ба Ӯ гуфт: «Агар бо Ту мурданам лозим ояд ҳам, Туро инкор намекунам». Шогирдони дигар низ ҳаминро гуфтанд. Ҷатсимонӣ Пас аз ин Исо бо онҳо ба маконе ки Ҷатсимонӣ ном дошт, омад, ва ба шогирдон гуфт: «Дар ин ҷо шинед, то дар он ҷо дуо гӯям». Ва Петрус ва ҳар ду писари Забдойро бо Худ бурд; ва хеле ғамгин ва дилтанг шуд. Ва Исо ба онҳо гуфт: «Ҷони Ман аз шиддати ғам наздик ба марг аст; дар ин ҷо монед ва бо Ман бедор бошед». Ва каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо карда, гуфт: «Эй Падари Ман! Агар мумкин бошад, ин коса аз Ман гузарад; лекин на хости Ман, балки хости Ту шавад». Ва назди шогирдон омада, онҳоро хобида ёфт, ва ба Петрус гуфт: «Оё натавонистед соате бо Ман бедор бошед? Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед: рӯҳ хоҳон аст, лекин ҷисм нотавон». Бори дигар рафта, боз дуо кард ва гуфт: «Эй Падари ман! Агар мумкин набошад, ки ин коса, бе он ки онро нӯшам, аз ман гузарад, пас он чи хости Туст, шавад». Ва омада, боз онҳоро хобида ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буданд. Ва онҳоро гузошта, боз рафт ва бори сеюм бо ҳамон суханон дуо гуфт. Он гоҳ назди шогирдонаш омада, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз мехобед ва истироҳат мекунед? Инак, соат расидааст, ва Писари Одам ба дасти гуноҳкорон супурда мешавад. Бархезед, равем; инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад». Ва ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, инак, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисёре аз ҷониби сардорони коҳинон ва пирони қавм бо шамшеру калтакҳо омаданд. Таслимкунандаи Ӯ ишорае ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бӯсам, Ӯ ҳамон аст, Ӯро дастгир кунед». Ва дарҳол назди Исо омада, гуфт: «Салом, эй Устод!» Ва Ӯро бӯсид. Исо ба вай гуфт: «Эй рафиқ, барои чӣ омадӣ?» Ва онҳо наздик омада, дастҳои худро бар Исо андохтанд, ва Ӯро гирифтанд. Ва ногоҳ яке аз ҳамроҳони Исо даст ба шамшер бурда, онро аз ғилоф кашид ва ба ғуломи саркоҳин зада, гӯши вайро бурид. Исо ба вай гуфт: «Шамшери худро ғилоф кун, зеро ҳар кӣ шамшер кашад, аз шамшер мемурад. Ё гумон мекунӣ, ки ҳоло наметавонам аз Падари Худ хоҳиш намоям, ки барои Ман зиёда аз дувоздаҳ фавҷ фариштаҳоро равона кунад? Лекин дар он сурат /гуфтаҳои/ Китоб чӣ гуна ба амал меоянд, ки ҳамин тавр бояд шавад?» Дар ҳамон соат Исо ба мардум гуфт: «Гӯё бар зидди роҳзане бо шамшеру калтакҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед. Ҳар рӯз Ман назди шумо дар ибодатгоҳ нишаста, таълим медодам, ва шумо Маро дастгир накардед. Лекин ин ҳама шуд, то ки навиштаҳои пайғамбарон ба амал оянд». Он гоҳ ҳамаи шогирдон Ӯро вогузошта, гурехтанд. Ва онҳое ки Исоро дастгир карданд, Ӯро назди саркоҳин Қаёфо оварданд, ки дар он ҷо китобдонон ва пирон ҷамъ омада буданд. Лекин Петрус аз дур, то ҳавлии саркоҳин, аз пайи Ӯ равона шуд; ва ба даруни он даромада, бо нигаҳбонон нишаст, то анҷоми корро бинад. Сардорони коҳинон ва пирон ва тамоми шӯро дар ҷустуҷӯи гувоҳии бардурӯғе бар зидди Исо буданд, то Ӯро кушанд. Лекин наёфтанд; бо вуҷуди он ки бисёр гувоҳони дурӯғин омада буданд, ҳеҷ наёфтанд. Дар охир, ду гувоҳи дурӯғин омада, гуфтанд: «Ӯ мегуфт: “Метавонам ибодатхонаи Худоро вайрон кунам ва дар се рӯз онро аз нав созам”». Ва саркоҳин бархеста, ба Ӯ гуфт: «Ҳеҷ ҷавоб намедиҳӣ? Ин чист, ки инҳо бар зидди Ту гувоҳӣ медиҳанд?» Аммо Исо хомӯш монд. Ва саркоҳин ба Ӯ гуфт: «Туро ба Худои зинда қасам медиҳам, ба мо гӯй, ки оё Ту Масеҳ, Писари Худо ҳастӣ?» Исо ба вай гуфт: «Ту гуфтӣ. Аммо Ман ба шумо мегӯям: пас аз ин Писари Одамро мебинед, ки аз дасти рости Қудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд». Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро даронда, гуфт: «Ӯ куфр гуфт! Дигар ба гувоҳон чӣ эҳтиёҷ дорем? Инак, акнун шумо куфри Ӯро шунидед! Чӣ фикр доред?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Сазовори марг аст». Он гоҳ ба рӯи Ӯ туф мекарданд, ва Ӯро мезаданд; баъзеҳо Ӯро торсакӣ мезаданд ва мегуфтанд: «Эй Масеҳ, ба мо пайғамбарӣ кун, кӣ Туро задааст?» Аммо Петрус дар берун, дар рӯи ҳавлӣ нишаста буд. Ва канизе назди вай омада, гуфт: «Ту низ бо Исои ҷалилӣ будӣ». Лекин вай дар назди ҳамаи онҳо инкор карда, гуфт: «Намедонам, чӣ мегӯӣ». Ҳангоме ки аз дарвоза берун мерафт, канизи дигаре вайро дида, ба онҳое ки дар он ҷо буданд, гуфт: «Ин ҳам бо Исои Носирӣ буд». Вай бори дигар инкор карда, қасам хӯрд, ки он одамро намешиносад. Пас аз муддате онҳое ки истода буданд, наздик омада, ба Петрус гуфтанд: «Ба ростӣ ту низ яке аз онҳо мебошӣ, зеро аз лаҳҷаат аён аст». Он гоҳ вай ба савганду қасам хӯрдан сар карда, гуфт: «Он одамро намешиносам». Ва ҳамон дам хурӯс бонг зад. Ва Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор мекунӣ». Ва берун рафта, зор-зор гирист. Чун бомдод расид, ҳамаи сардорони коҳинон ва пирони қавм дар бораи Исо машварат карданд, ки Ӯро кушанд. Ва Ӯро баста бурданд ва ба ҳоким Понтиюс Пилотус супурданд. Таслимкунандаи Ӯ, Яҳудо, чун дид, ки Ӯро маҳкум карданд, пушаймон шуд ва сӣ тангаи нуқраро ба сардорони коҳинон ва пирон гардонда дод, ва гуфт: «Ман гуноҳ кардам, ки хуни бегуноҳро таслим кардам». Онҳо ба вай гуфтанд: «Ба мо чӣ? Худат медонӣ». Ва тангаҳои нуқраро вай дар ибодатхона партофта, баромада рафт ва худро овехта кушт. Лекин сардорони коҳинон тангаҳои нуқраро гирифта, гуфтанд: «Инро ба ганҷинаи ибодатгоҳ андохтан раво нест, чунки ин хунбаҳост». Ва машварат карда, ба ин пул киштзори кӯзагарро барои гӯристони ғарибон харида гирифтанд. Ба ин сабаб он киштзор то имрӯз “Киштзори хун” номида мешавад. Он гоҳ каломе ки бо забони Ирмиёи пайғамбар гуфта шудааст, ба амал омад: “Онҳо сӣ тангаи нуқраро гирифтанд, яъне арзиши Он нархмондашудаеро ки банӣ-Исроил ба Ӯ гузоштанд. Ва онро барои киштзори кӯзагар доданд, чунон ки Худованд ба ман гуфт”. Исо бошад дар назди ҳоким истода буд. Ва ҳоким аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи яҳудиён ҳастӣ?» Исо ба вай гуфт: «Ту мегӯӣ». Ҳангоме ки сардорони коҳинон ва пирон Ӯро айбдор мекарданд, Ӯ ҳеҷ ҷавоб намедод. Он гоҳ Пилотус ба Ӯ гуфт: «Оё намешунавӣ, чӣ қадар зидди Ту гувоҳӣ медиҳанд?» Лекин дар ҷавоби вай сухане ҳам нагуфт, ба тавре ки ҳоким бисёр ҳайрон монд. Ҳоким одат дошт, ки ба муносибати ид як бандиро, ки мехостанд, барои мардум озод мекард. Дар он вақт дар он ҷо бандии машҳуре буд, ки Бараббо ном дошт. Пас, ҳангоме ки онҳо ҷамъ шуданд, Пилотус ба онҳо гуфт: «Киро мехоҳед, ки барои шумо озод кунам: Барабборо, ё Исоро, ки Масеҳ меноманд?» Зеро медонист, ки Ӯро аз рӯи ҳасад таслим карда буданд. Ҳангоме ки бар курсии доварӣ нишаста буд, занаш кас фиристода, гуфт: «Бо он росткор туро коре набошад, чунки имрӯз дар хоб аз боиси Ӯ заҳмати бисёре кашидам». Лекин сардорони коҳинон ва пирон мардумро барангехта буданд, ки озодии Бараббо ва марги Исоро хоҳанд. Пас ҳоким ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Аз ин ду кадомашро мехоҳед, ки барои шумо озод кунам?» Онҳо гуфтанд: «Барабборо». Пилотус ба онҳо гуфт: «Пас бо Исо, ки Масеҳ меноманд, чӣ кунам?» Ҳама ба ӯ гуфтанд: «Ӯро ба салиб каш!» Ҳоким гуфт: «Ӯ чӣ бадӣ кардааст?» Лекин онҳо боз ҳам зиёдтар фарёд заданд: «Ӯро ба салиб каш!» Пилотус чун дид, ки ҳеҷ гап фоида надорад, балки ошӯб бештар мегардад, об хост ва дасти худро дар назди мардум шуст ва гуфт: «Ман аз хуни ин росткор бегуноҳ ҳастам; худатон донед». Тамоми қавм дар ҷавоб гуфт: «Хуни Ӯ бар гардани мо ва фарзандони мо бошад». Пас Барабборо барои онҳо озод кард, ва фармуд Исоро тозиёна зананд, ва Ӯро барои ба салиб кашидан супурд. Он гоҳ сарбозони ҳоким Исоро ба сарбозхона бурда, тамоми фавҷро гирди Ӯ ҷамъ оварданд; ва либоси Ӯро кашида, ҷомаи қирмизӣ ба Ӯ пӯшонданд. Ва тоҷе аз хор бофта, бар сараш гузоштанд ва чӯбе ба дасти рости Ӯ доданд; ва назди Ӯ зону зада, масхаракунон гуфтанд: «Салом, эй Подшоҳи яҳудиён!» Ва бар Ӯ туф мекарданд ва чӯбро гирифта, бар сараш мезаданд. Пас аз он ки Ӯро хеле масхара карданд, ҷомаро аз танаш кашида, либоси Худашро пӯшонданд ва Ӯро берун бурданд, то ба салиб кашанд. Чун берун рафтанд, Шимъун ном шахси қайравониро дида, маҷбур карданд, ки салиби Ӯро бардорад. Ва чун ба ҷое ки Ҷолҷолто, яъне “Ҷои косахонаи сар” ном дошт, расиданд, сиркои бо заҳра омехтае барои нӯшиданаш доданд; лекин чун чашид, нӯшидан нахост. Ононе ки Ӯро ба салиб кашиданд, либоси Ӯро қуръа партофта тақсим карданд. Ва дар он ҷо нишаста, Ӯро посбонӣ карданд. Ва айбномае болои сари Ӯ овехтанд, ки чунин буд: «Ин аст Исо, Подшоҳи яҳудиён». Бо Ӯ ду роҳзанро ба салиб кашиданд, якеро аз дасти рост ва дигареро аз дасти чапи Ӯ. Ва роҳгузарон Ӯро дашном дода ва сар ҷунбонда, мегуфтанд: «Ту ки ибодатхонаро вайрон карда, дар се рӯз аз нав месозӣ, худатро наҷот деҳ! Агар Ту Писари Худо бошӣ, аз салиб фуруд ой!» Ҳамчунин сардорони коҳинон бо китибдонону пирону фарисиён Ӯро масхара карда, мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад! Агар Ӯ Подшоҳи Исроил бошад, акнун аз салиб фуруд ояд, то ба Ӯ имон оварем. Ба Худо боварӣ дошт: акнун Ӯро раҳо кунад, агар дӯсташ медорад. Зеро Ӯ гуфта буд: “Ман Писари Худо ҳастам”». Ҳамчунин роҳзаноне ки бо Ӯ ба салиб кашида шуда буданд, Ӯро дашном медоданд. Ва аз соати шаш бар тамоми рӯи замин то соати нӯҳ торикӣ фаро расид. Ва наздик ба соати нӯҳ Исо бо овози баланд фарёд зада гуфт: «Элӣ, Элӣ! Лама шабақтанӣ?», яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?» Баъзе аз ҳозирон, чун шуниданд, гуфтанд: «Ӯ Илёсро ҷеғ мезанад». Дарҳол яке аз онҳо шитобон исфанҷеро гирифта, аз сирко пур кард ва бар сари най гузошта, наздики даҳони Ӯ бурд, то нӯшад. Лекин дигарон гуфтанд: «Истед, бинем, ки оё Илёс меояд, то Ӯро наҷот диҳад». Аммо Исо боз бо овози баланд фарёд зада, ҷон дод. Ва инак, пардаи ибодатхона аз боло то поён дарида, ду пора шуд, ва замин ҷунбид, ва сангҳо шикофта шуданд. Ва қабрҳо кушода шуданд; ва бисёр ҷасадҳои муқаддасон, ки оромида буданд, бархестанд, ва пас аз растохези Ӯ аз қабрҳо баромада, ба шаҳри муқаддас рафтанд ва ба бисёр касон намоён шуданд. Мирисад ва онҳое ки бо вай Исоро посбонӣ мекарданд, ҷунбиши замин ва рӯйдодҳои дигарро дида, сахт тарсиданд ва гуфтанд: «Ба ростӣ Ӯ Писари Худо буд». Ҳамчунин занони бисёре ки аз Ҷалил аз пайи Исо омада буданд, ва ба Ӯ хизмат мекарданд, дар он ҷо истода, аз дур нигоҳ мекарданд; дар миёни онҳо Марями Маҷдалия ва Маряме ки модари Яъқуб ва Юсӣ буд, ва модари писарони Забдой низ буданд. Қабри,,,,\ Исо Ва чун бегоҳ шуд, Юсуф ном давлатманде ки аз Ромо ва низ аз шогирдони Исо буд, омад. Ва назди Пилотус рафта, ҷасади Исоро хоҳиш кард. Пилотус фармон дод, ки дода шавад. Юсуф ҷасадро гирифта, ба катони тозае печонд. Ва онро дар қабри наве ки дар санг барои худ тарошида буд, гузошт ва санги калонеро бар даҳанаи қабр ғелонда, рафт. Марями Маҷдалия ва он Марями дигар дар он ҷо, дар рӯ ба рӯи қабр нишаста буданд. Фардои он, ки баъди рӯзи тайёрӣ ба шанбе буд, сардорони коҳинон ва фарисиён назди Пилотус ҷамъ омаданд, ва гуфтанд: «Эй хоҷа! Дар хотир дорем, ки он фиребгар, ҳангоме ки зинда буд, гуфта буд, ки “пас аз се рӯз зинда мешавам”. Пас, фармо, ки қабрро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, то шогирдонаш шабона Ӯро дуздида, ба мардум нагӯянд, ки аз мурдагон бархест; ва фиреби охирин аз аввалин бадтар шавад». Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо посбонҳо доред; биравед ва, чунон ки медонед, посбонӣ кунед». Онҳо рафта, дар назди қабр посбононро гузоштанд ва санги онро мӯҳр карданд. Пас аз гузаштани шанбе, сапедадами рӯзи якуми ҳафта, Марями Маҷдалия ва он Марями дигар барои дидани қабр омаданд. Ногоҳ заминҷунбии сахт рӯй дод; чунки фариштаи Худованд аз осмон фуромада, сангро аз даҳанаи қабр ғелонд ва бар он нишаст. Намуди вай монанди барқ ва либосаш чун барф сафед буд. Посбонон аз вай тарсида, ба ларза афтоданд ва монанди мурда шуданд. Аммо фаришта ба занон рӯ оварда, гуфт: «Натарсед, зеро медонам, ки Исои ба салиб кашидашударо ҷустуҷӯ мекунед. Ӯ дар ин ҷо нест, зеро, чунон ки гуфта буд, зинда шуд. Биёед ва ҷоеро, ки Худованд хобида буд, бинед, Ва ба зудӣ рафта, ба шогирдонаш гӯед, ки Ӯ аз мурдагон бархест ва инак, пеш аз шумо ба Ҷалил меравад: дар он ҷо Ӯро мебинед; инак ба шумо гуфтам». Ва онҳо шитобон аз қабр баромада, бо тарс ва шодии бузург давида рафтанд, то ба шогирдони Ӯ хабар диҳанд. Ҳангоме ки барои огоҳ кардани шогирдони Ӯ мерафтанд, инак Исо ба онҳо вохӯрда, гуфт: «Салом бар шумо!» Онҳо наздик омада, ба пойҳояш часпиданд ва ба Ӯ таъзим карданд. Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Натарсед; рафта, ба бародаронам хабар диҳед, ки ба Ҷалил раванд; ва дар он ҷо Маро мебинанд». Чун онҳо мерафтанд, баъзе аз посбонон ба шаҳр омада, ба сардорони коҳинон тамоми воқеаро хабар доданд. Ва онҳо бо пирон ҷамъ омада ва машварат карда, ба сарбозон пули бисёре доданд ва гуфтанд: «Гӯед, ки шогирдони Ӯ шабона омада, ҳангоме ки мо дар хоб будем, Ӯро дуздидаанд. Ва агар ин хабар ба гӯши ҳоким расад, мо вайро розӣ мекунем ва шуморо аз хатар раҳо менамоем». Онҳо пулро гирифта, мувофиқи он нишондод амал карданд. Ва ин овоза то имрӯз дар миёни яҳудиён паҳн шудааст. Аммо ёздаҳ шогирд ба Ҷалил, ба кӯҳе ки Исо ба онҳо фармуда буд, рафтанд, Ва Ӯро дида, ба Ӯ саҷда карданд; лекин баъзе аз онҳо ба шубҳа афтоданд. Ва Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: «Ба Ман ҳамаи қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст. Пас, равед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба номи Падару Писару Рӯҳулқудс таъмид диҳед, ва онҳоро таълим диҳед, то ҳамаи он чиро, ки ба шумо фармудаам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳамарӯза то охири ин давра бо шумо ҳастам». Омин.  Оғози Инҷили Исои Масеҳ, Писари Худо, чунон ки дар навиштаҳои пайғамбарон омадааст: “Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, То роҳи Туро пеши Ту омода кунад”; “Овози нидокунандае дар биёбон: Роҳи Худовандро тайёр кунед, Роҳҳои Ӯро рост кунед”. Яҳёи Таъмиддиҳанда ба биёбон омада, барои бахшоиши гуноҳҳо таъмиди тавбаро мавъиза мекард. Тамоми мардуми сарзамини Яҳудия ва сокинони Уршалим берун омада, назди вай мерафтанд ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар дарёи Урдун аз вай таъмид мегирифтанд. Яҳё либосе аз пашми шутур дар бар ва камарбанде аз чарм дар камар дошт, малах ва асали ёбоӣ мехӯрд. Ва мавъиза карда, мегуфт: «Аз паси ман Касе меояд, ки аз ман тавонотар аст, ва ман сазовори он нестам, ки хам шуда, банди пойафзоли Ӯро кушоям; ман шуморо бо об таъмид додам, лекин Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс таъмид медиҳад». Дар он айём чунин шуд, ки Исо аз Носираи Ҷалил омада, дар Урдун аз Яҳё таъмид гирифт. Чун аз об баромад, дарҳол дид, ки осмон шикофта аст ва Рӯҳ монанди кабӯтаре бар Ӯ мефурояд. Ва овозе аз осмон расид: «Ту Писари дӯстдоштаи Ман ҳастӣ; Ман аз Ту хушнудам». Пас аз он фавран Рӯҳ Ӯро ба биёбон бурд. Ва Ӯ чил рӯз дар биёбон буд, ва шайтон Ӯро меозмуд; бо ҳайвонҳои ваҳшӣ буд, ва фариштаҳо ба Ӯ хизмат мекарданд. Пас аз он ки Яҳё таслим карда шуд, Исо ба Ҷалил омад ва Инҷили Подшоҳии Худоро мавъиза карда, гуфт: «Вақт расидааст ва Подшоҳии Худо наздик аст. Тавба кунед ва ба Инҷил бовар кунед». Ва чун аз канори кӯли Ҷалил мегузашт, Шимъун ва бародараш Андриёсро дид, ки дар кӯл тӯр меандохтанд, чунки моҳигир буданд. Ва Исо ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди одамон гардонам». Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, аз пайи Ӯ равона шуданд. Чун аз он ҷо каме пеш рафт, Яъқуб ибни Забдой ва бародари вай Юҳанноро дид, ки дар киштӣ тӯрҳои худро соз мекунанд, ва дарҳол онҳоро даъват намуд. Онҳо падари худ Забдойро дар киштӣ бо коргарон гузошта, аз пайи Ӯ равона шуданд. Ва онҳо ба Кафарнаҳум омаданд; ва дере нагузашта Ӯ дар рӯзи шанбе ба куништ даромада, ба таълим додан сар кард. Мардум аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, чунки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон. Дар куништи онҳо касе буд, ки рӯҳи нопок дошт, ва якбора фарёд зада, гуфт:«Ба мо чӣ кор дорӣ, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, ки Ту кистӣ; Ту Қуддуси Худоӣ!» Исо вайро манъ карда, гуфт: «Хомӯш шав ва аз вай берун ой!» Рӯҳи нопок вайро ба ларза андохта, бо овози баланд фарёд заду аз вай берун шуд. Ҳама ба воҳима афтоданд, ба дараҷае ки аз якдигар мепурсиданд: «Ин чист? Ин чӣ таълимоти навест, ки Ӯ ба рӯҳҳои нопок низ боқудратона мефармояд, ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?» Ва овозаи Ӯ зуд дар тамоми сарзамини Ҷалил паҳн шуд. Ва аз куништ баромада, дарҳол бо Яъқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъун ва Андриёс омаданд. Хушдомани Шимъун таб карда, хобида буд, ва дарҳол Ӯро аз ин ҳолати вай хабардор карданд. Ва Ӯ наздик шуда, дасти вайро гирифта, бархезонд; таби вай дарҳол паст шуду вай онҳоро пазироӣ кард. Бегоҳӣ, ки офтоб фурӯ рафта буд, ҳамаи беморон ва девзадагонро назди Ӯ оварданд. Ва тамоми аҳли шаҳр пеши дари хона гирд омаданд. Ва Ӯ бисёр касонро, ки ба бемориҳои гуногун гирифтор буданд, шифо бахшид ва бисёр девҳоро берун кард ва намонд, ки девҳо сухан ронанд, чунки Ӯро мешинохтанд. Пагоҳӣ, хеле барвақт хеста, берун рафт ва ба ҷои хилвате расида, дар он ҷо дуо гуфт. Шимъун ва касоне ки наздаш буданд, аз пайи Ӯ шитофтанд; чун Ӯро ёфтанд, гуфтанд: «Ҳама Туро меҷӯянд». Ӯ ба онҳо гуфт: «Ба деҳоту шаҳрҳои наздик равем, то Ман дар он ҷо низ мавъиза кунам, чунки Ман барои ҳамин омадаам». Ва Ӯ дар тамоми Ҷалил дар куништҳои онҳо мавъиза мекард ва девҳоро берун мекард. Махавие назди Ӯ омада, зорӣ кард ва зону зада, гуфт: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ». Исо, раҳмаш омада, дасташро дароз карда ба вай расонд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав!» Баъд аз ҳамин сухан махав дарҳол аз баданаш нест шуду вай пок гардид. Ва вайро бо таъкиди ҷиддӣ дарҳол аз Худ дур намуда, ба вай гуфт: «Огоҳ бош, ба касе чизе нагӯй, балки рафта худро ба коҳин нишон деҳ ва барои пок шудани худ он чиро, ки Мусо фармудааст, тақдим кун, то барои онҳо шаҳодате бошад». Лекин вай берун рафта, ин воқеаро овоза ва нақл кардан гирифт, ба дараҷае ки Исо дигар ошкоро ба шаҳре даромада наметавонист, балки берун аз шаҳр дар ҷойҳои беодам мемонд. Ва мардум аз ҳар сӯ назди Ӯ меомаданд. Пас аз чанд рӯз Ӯ боз ба Кафарнаҳум омад; овоза шуд, ки Ӯ дар хона аст. Дарҳол мардуми бисёр ҷамъ омаданд, ба андозае ки назди дари хона низ дигар ҷой набуд; ва Ӯ ба онҳо Каломро баён мекард. Ва назди Ӯ бо марди шале омаданд, ки вайро чор кас бардошта буданд; Ва чун ба сабаби бисёрии мардум ба Ӯ наздик омада натавонистанд, боми он ҷоеро, ки Ӯ буд, кушода шикоф карданд ва бистареро, ки марди шал дар болояш хобида буд, поён фуроварданд. Ва Исо имони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Эй фарзанд, гуноҳҳои ту бахшида шуданд». Баъзе китобдонон, ки дар он ҷо нишаста буданд, дар дили худ андеша доштанд, ки «чаро Ӯ чунин куфр мегӯяд? Ғайр аз Худо кист, ки гуноҳҳоро бахшида тавонад?» Исо дарҳол дар рӯҳи Худ дарёфт, ки онҳо чунин андеша доранд, ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ дар дили худ ин тавр андеша доред?» Кадомаш осонтар аст: ба ин шал гуфтани он ки “гуноҳҳои ту бахшида шуданд”, ё гуфтани он ки “бархез, бистари худро бардор ва равона шав”? Лекин то донед, ки Писари Одам дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад...», — ба шал гуфт: «Ба ту мегӯям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав». Вай дарҳол бархест ва бистари худро бардошта, дар пеши назари ҳама равона шуд, ба тавре ки ҳама ҳайрон шуданд ва Худоро ҳамду сано хонда, гуфтанд: «Монанди инро ҳаргиз надидаем». Даъват шудани Левӣ (Матто) Ва боз ба канори кӯл рафт; мардум назди Ӯ омаданд, ва Ӯ онҳоро таълим медод. Ҳангоми рафтанаш Левӣ ибни Ҳалфойро дид, ки дар боҷгоҳ нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Аз пайи Ман биё». Вай бархеста, аз пайи Ӯ равона шуд. Ва ҳангоме ки Ӯ дар хонаи вай нишаста буд, бисёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон низ бо Исо ва шогирдонаш менишастанд; зеро бисёр буданд, ва Ӯро пайравӣ менамуданд. Чун китобдонон ва фарисиён диданд, ки Ӯ бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад, ба шогирдонаш гуфтанд: «Чаро Ӯ бо боҷгирон ва гуноҳкорон мехӯраду менӯшад?» Исо инро шунида, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб эҳтиёҷ доранд. Ман омадаам, ки на росткоронро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам». Шогирдони Яҳё ва фарисиён рӯза медоштанд. Ва назди Ӯ омада, гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳё ва фарисиён рӯза медоранду шогирдони Ту рӯза намедоранд?» Исо ба онҳо гуфт: «Оё меҳмонони базми арӯсӣ, то замоне ки домод бо онҳост, рӯза дошта метавонанд? То даме ки домод бо онҳост, наметавонанд рӯза доранд; лекин рӯзҳое фаро мерасанд, ки домод аз онҳо гирифта мешавад, ва дар он рӯзҳо рӯза медоранд. Ҳеҷ кас ба либоси кӯҳна аз матои нав дарбеҳ намемонад: чунки дарбеҳи нав аз чизи кӯҳна ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам бадтар мешавад. Ва ҳеҷ кас майи навро ба машки кӯҳна намеандозад: вагарна майи нав машкро медаронад, май ҳам мерезад, машк ҳам ҳайф мешавад; балки майи навро ба машки нав андохтан даркор аст». Ва чунин шуд, ки Ӯ рӯзи шанбе аз киштзор мегузашт, ва шогирдонаш ҳангоми роҳравӣ ба хӯшачинӣ сар карданд. Фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Инак, чаро онҳо дар рӯзи шанбе кореро мекунанд, ки раво нест?» Ӯ ба онҳо гуфт: «Магар ҳаргиз нахондаед, ки Довуд дар эҳтиёҷмандӣ чӣ кард, ҳангоме ки худаш ва ҳамроҳонаш гурусна буданд? Чӣ гуна вай дар замони Абётори саркоҳин ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро хӯрд, ки хӯрдани он, ғайр аз коҳинон, ба касе раво набуд, ва ба ҳамроҳони худ низ дод?» Ба онҳо гуфт: «Шанбе барои инсон муқаррар шудааст, на инсон барои шанбе; бинобар ин Писари Одам хоҷаи рӯзи шанбе низ мебошад». Ва боз ба куништ даромад; дар он ҷо шахсе буд, ки дасти хушкшудае дошт. Ва аз пайи Исо мепоиданд, ки шояд вайро дар рӯзи шанбе шифо диҳад, то Ӯро айбдор кунанд. Пас ба шахси дастхушк гуфт: «Дар миёнҷо исто». Ва ба онҳо гуфт: «Дар рӯзи шанбе кадом кор раво аст — некӣ кардан, ё бадӣ кардан? Ҷонеро наҷот додан, ё ҳалок кардан?» Лекин онҳо хомӯш монданд. Ва ба онҳо бо ғазаб нигариста ва аз сахтдилиашон ғамгин гашта, ба он шахс гуфт: «Дасти худро дароз кун». Вай дароз кард, ва он монанди дасти дигараш сиҳат шуд. Фарисиён фавран берун рафта, бо ҳиродиён дар ҳаққи Ӯ машварат намуданд, ки чӣ тавр Ӯро ҳалок кунанд. Лекин Исо бо шогирдонаш сӯи кӯл рафт, ва мардуми бисёре аз Ҷалил, Яҳудия, Уршалим, Адум ва он тарафи Урдун аз пайи Ӯ равона шуданд; ва аз атрофи Сур ва Сидун мардуми бисёре, чун корҳои Ӯро шуниданд, назди Ӯ омаданд. Ва ба шогирдони Худ фармуд, ки ба сабаби бузургии издиҳом киштие барои Ӯ омода бошад, то ки Ӯро фишор надиҳанд. Зеро бисёр касонро Ӯ шифо дода буд, бинобар ин ҳар кӣ захме дошт, назди Ӯ мешитофт, то ба Ӯ даст расонад. Ва рӯҳҳои нопок, чун Ӯро медиданд, пешаш меафтиданд ва фарёдзанон мегуфтанд: «Ту Писари Худо ҳастӣ». Лекин Ӯ онҳоро сахт таъкид мекард, ки нагӯянд Ӯ кист. Пас аз он ба кӯҳе баромада, ҳар киро, ки хост, назди Худ даъват намуд; ва онҳо назди Ӯ омаданд. Ва дувоздаҳ нафарро таъйин кард, то ҳамроҳи Ӯ бошанд ва онҳоро барои мавъиза фиристад, ва онҳо қудрат дошта бошанд, ки бемориҳоро шифо диҳанд ва девҳоро берун кунанд: Шимъунро, ки Петрус ном гузошт; ва Яъқуб ибни Забдой ва Юҳанно бародари Яъқубро, ки ба онҳо Банӣ-Рагаш, яъне «писарони тундар» ном гузошт; ва Андриёс, Филиппус, Барталмо, Матто, Тумо, Яъқуб ибни Ҳалфой, Шимъуни Ғаюр ва Яҳудои Исқарютиро, ки Ӯро таслим кард. Ва чун ба хонае даромаданд, боз тӯдаи мардум гирд омаданд, ба дараҷае ки онҳо фурсати нон хӯрдан ҳам надоштанд. Ва хешовандони Ӯ, чун шуниданд, барои бурдани Ӯ омаданд, зеро мегуфтанд, ки Ӯ бехуд шудааст. Китобдононе ки аз Уршалим омада буданд, мегуфтанд, ки Ӯ Баал-Забул дорад ва ба воситаи сарвари девҳо девҳоро берун мекунад. Пас онҳоро наздаш талабида, ба онҳо бо масалҳо сухан гуфт: «Чӣ гуна метавонад шайтон шайтонро берун кунад? Агар подшоҳие дар худ ҷудоӣ дорад, он подшоҳӣ устувор истода наметавонад; ва агар хонаводае дар худ ҷудоӣ дорад, он хона устувор истода наметавонад; ва агар шайтон бар зидди худ бархеста, аз ҳам ҷудо шуда бошад, вай устувор истода наметавонад, балки поёнаш фаро мерасад. Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси зӯрманде даромада, чизҳои вайро ғорат кунад, бе он ки аввал он зӯрмандро бандад, — ва пас аз он хонаи вайро ғорат мекунад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳамаи гуноҳҳои банӣ-одам ва ҳар куфре ки гуфта бошанд, бахшида мешаванд; лекин ҳар кӣ ба Рӯҳулқудс куфр гӯяд, то абад бахшида намешавад, балки ба азоби абадӣ маҳкум мегардад». Зеро гуфтанд: «Ӯ рӯҳи нопок дорад». Модар ва бародарони Ӯ омада, дар берун истоданд ва назди Ӯ касеро фиристода, Ӯро талабиданд. Дар гирди Ӯ мардум нишаста буданд. Ва ба Ӯ гуфтанд: «Инак, модарат ва бародаронат ва хоҳаронат дар берун истода, Туро металабанд». Ва дар ҷавоби онҳо гуфт: «Кист модари Ман ва бародарони Ман?» Ва ба онҳое ки гирди Ӯ нишаста буданд, нигариста, гуфт: «Инак модари Ман ва бародарони Ман; зеро ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст». Ва боз дар канори кӯл ба таълим додан сар кард; ва мардуми бисёре назди Ӯ ҷамъ омаданд, бинобар ин Ӯ ба киштӣ даромада, дар кӯл қарор гирифт, ва тамоми мардум дар канори кӯл меистоданд. Ва бо масалҳо онҳоро чизҳои бисёр меомӯхт ва дар таълими Худ ба онҳо мегуфт: «Гӯш диҳед, инак корандае барои пошидани тухм берун рафт; ва чун тухм мепошид, миқдоре дар канори роҳ афтод, ва парандагон омада, онро хӯрданд. Миқдоре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисёр набуд, ва бо тезӣ сабзид, зеро хок чуқур набуд. Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва, азбаски реша надошт, хушк шуд. Миқдоре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида онро пахш карданд, ва самаре надод. Миқдоре дар хоки нағз афтод ва самар дод, ки он сабзид ва нашъунамо ёфт, ва бор овард, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад». Ва гуфт: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, шунавад!» Ҳангоме ки танҳо монд, онҳое ки дар гирдаш буданд, бо он дувоздаҳ нафар шарҳи ин масалро аз Ӯ пурсиданд. Ва ба онҳо гуфт: «Ба шумо донистани сирри Подшоҳии Худо дода шудааст, лекин ба онҳое ки дар берунанд, ҳама чиз бо масалҳо мешавад, то “Бо чашмони худ нигаранд, вале набинанд, Бо гӯшҳои худ шунаванд, вале нафаҳманд, Мабодо /ба Худо/ рӯ оваранд Ва гуноҳҳои онҳо бахшида шаванд”». Ва ба онҳо гуфт: «Оё ин масалро нафаҳмидед? Пас чӣ тавр дигар масалҳоро мефаҳмед? Коранда каломро мекорад. Кошташудагон дар канори роҳ касоне мебошанд, ки дар онҳо калом кошта мешавад, ва чун шуниданд, дарҳол шайтон омада, каломи кошташударо аз дили онҳо мерабояд. Ҳамчунин кошташудагон дар санглох касоне мебошанд, ки чун каломро шунаванд, дарҳол онро қабул мекунанд; лекин дар худ реша надоранд ва ноустуворанд; ва чун аз боиси калом сахтие ё таъқибе рӯй диҳад, дарҳол ба васваса меафтанд. Кошташудагон дар миёни хорҳо касоне мебошанд, ки чун каломро шунаванд, ташвишҳои ин зиндагӣ, фиребандагии сарват ва ҳаваси чизҳои дигар дохил шуда, каломро пахш мекунанд, ва он бесамар мегардад. Кошташудагон дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, қабул мекунанд, ва бор меоваранд, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад». Ва ба онҳо гуфт: «Оё шамъро меоваранд, то зери зарфе ё кате гузоранд? Оё на барои он ки ба шамъдон гузоранд? Зеро чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад; ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки аён нашавад. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, шунавад!» Ва ба онҳо гуфт: «Диққат диҳед, ки чӣ мешунавед: ба ҳар андозае ки чен кунед, ба шумо чен карда мешавад ва ба шумо, ки мешунавед, боз ҳам меафзояд. Зеро, ҳар кӣ дорад, ба вай дода мешавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта мешавад». Ва гуфт: «Подшоҳии Худо монанди касест, ки тухм бар замин мепошад, ва шабу рӯз мехобаду бармехезад, ва тухм чӣ гуна месабзаду нашъунамо меёбад, вай намедонад. Зеро замин худ аз худ бор меоварад, аввал майса, баъд хӯша, пас аз он донаи пурра дар хӯша. Ва чун ҳосил расад, фавран досро ба кор меандозад, чунки вақти дарав расидааст». Ва гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ монанд кунем ва бо кадом масал онро тасвир намоем? Монанди донаи хардалест: ҳангоме ки ба замин кошта мешавад, хурдтарини тухмҳои рӯи замин аст. Лекин чун кошта шуд, месабзад ва аз ҳамаи растаниҳо бузургтар мегардад ва шохаҳои калон мерасонад, ба тавре ки парандагони осмон зери сояи он метавонанд паноҳ баранд». Ва бо ин гуна масалҳои бисёр, ба қадре ки тавоноии шунидан доштанд, Каломро ба онҳо баён мекард. Бе масал ба онҳо сухан намегуфт, лекин дар хилват ҳама чизро ба шогирдони Худ мефаҳмонд. Бегоҳии ҳамон рӯз ба онҳо гуфт: «Биёед, ба соҳили дигар гузарем». Онҳо мардумро рухсати рафтан дода, Ӯро ҳамон тавре ки дар киштӣ буд, бурданд; ва чанд киштии дигар низ ҳамроҳи Ӯ буд. Ва тундбоди сахте бархест, ва мавҷҳо ба киштӣ бармехӯрданд, ба тавре ки он пур аз об мешуд. Ва Ӯ дар ақиби киштӣ бар болине хобида буд. Ӯро бедор карда, гуфтанд: «Эй Устод, оё Туро парвое нест, ки мо ҳалок мешавем?» Ӯ бархеста, бодро манъ кард ва ба кӯл гуфт: «Хомӯш шав! Ором бош!» Бод хомӯш шуд, ва оромии комил фаро расид. Ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ чунин ҳаросонед? Чаро имон надоред?» Ва онҳо хеле ба ҳарос афтода, ба якдигар гуфтанд: «Ин кист, ки боду кӯл низ ба Ӯ итоат мекунанд?» Пас ба он канори кӯл ба сарзамини ҷадариён расиданд. Чун аз киштӣ берун омад, дарҳол касе ки рӯҳи нопок дошт, аз миёни қабрҳо баромада, бо Ӯ рӯ ба рӯ шуд, ки бошишгоҳи вай қабристон буд; ва ҳеҷ кас наметавонист бо занҷир ҳам вайро бандад, зеро борҳо вайро бо завлона ва занҷирҳо баста буданд, лекин занҷирҳоро канда ва завлонаҳоро шикаста буд; ва ҳеҷ кас наметавонист вайро ром кунад. Ва ҳамеша, шабу рӯз, дар кӯҳҳо ва дар миёни қабрҳо фарёд мекашид ва худро бо сангҳо мезад. Чун Исоро аз дур дид, давон-давон омада, ба Ӯ саҷда кард. Ва бо овози баланд фарёд зада, гуфт: «Бо ман чӣ кор дорӣ, эй Исо, Писари Худои Таоло? Туро ба Худо қасам медиҳам, ки маро азоб надиҳӣ!» Зеро ба вай гуфта буд: «Эй рӯҳи нопок, аз ин шахс берун шав». Ва аз вай пурсид: «Номи ту чист?» Вай ҷавоб дод: «Номи ман легион аст, чунки мо бисёрем». Ва аз Ӯ бисёр илтимос мекард, ки онҳоро аз он сарзамин берун накунад. Ва назди он кӯҳҳо галаи бузурги хукҳо мечарид. Ва ҳамаи девҳо аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Моро ба хукҳо равона кун, то дар онҳо дохил шавем». Исо дарҳол ба онҳо иҷозат дод. Ва рӯҳҳои нопок берун шуда, ба хукҳо даромаданд ва он гала аз баландӣ якбора ба кӯл ҷаст, ва онҳо қариб ду ҳазор буданд ва дар кӯл ғарқ шуданд. Ва хукбонҳо гурехта рафтанд ва дар шаҳру деҳот инро нақл карданд. Ва мардум барои дидани он чи рӯй дод, берун рафтанд. Ва назди Исо омада, он девзадаро нишаста диданд, ки дар вай легион буд, ва либос пӯшидааст ва ақлаш солим гаштааст; ва тарсиданд. Касоне ки дида буданд, саргузашти девзадаро, ва он чиро, ки ба хукон рӯй дод, ба онҳо нақл карданд. Ва аз Ӯ илтимос карданд, ки аз ҳудуди онҳо берун равад. Ва чун ба киштӣ савор шуд, он ки девзада буд, аз Ӯ иҷозат пурсид, ки бо Ӯ бошад. Аммо Исо иҷозат надод, балки ба вай гуфт: «Ба хона назди хешони худ рав ва хабар деҳ аз он чи Худованд бо ту кардааст, ва чӣ гуна ба ту марҳамат намудааст». Пас вай равона шуда, он чиро, ки Исо бо вай карда буд, дар Декаполис мавъиза кардан гирифт. Ва ҳама дар ҳайрат мемонданд. Чун Исо боз бо киштӣ ба он сӯи кӯл гузашт, мардуми бисёре назди Ӯ ҷамъ омаданд; ва Ӯ дар канори кӯл буд. Ва инак яке аз сардорони куништ омад, ки Ёир ном дошт; ва чун Ӯро дид, назди пояш афтод, ва аз Ӯ хеле илтимос карда, гуфт: «Духтараки ман дар ҳолати мурдан аст; биё ва даст ба вай гузор, то шифо ёбад ва зинда монад». Пас бо вай равона шуд; ва мардуми бисёре аз пайи Ӯ рафта, Ӯро фишор медоданд. Зане дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд ва азоби бисёре аз табибони зиёд кашида, ҳамаи дороии худро сарф карда, ҳеҷ фоидае надида буд, балки аҳволаш торафт бадтар мешуд. Чун овозаи Исоро шунид, дар миёни он мардум аз пас омада, ба либоси Ӯ даст расонд; зеро гуфт: «Агар ба либоси Ӯ фақат даст расонам, шифо меёбам». Ва дарҳол чашмаи хуни вай хушк шуд, ва дар ҷисми худ ҳис кард, ки аз беморӣ шифо ёфтааст. Дар айни замон Исо дар Худ ҳис кард, ки қуввае аз Ӯ берун рафт, ва ба мардум муроҷиат карда, гуфт: «Кист, ки ба либоси Ман даст расонд?» Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Мебинӣ, ки мардум Туро фишор медиҳанд, ва мегӯӣ: “Кист, ки ба Ман даст расонд? ”». Аммо Ӯ ба гирду пеш менигарист, то он занро, ки ин тавр амал кардааст, бинад. Он зан, чун донист, ки ба вай чӣ ҳодиса рӯй дод, тарсону ларзон омада, пеши Ӯ афтод ва тамоми ҳақиқатро ба Ӯ гуфт. Ӯ ба вай гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; бо осоиш рав ва аз балои худ дар амон бош». Ӯ ҳанӯз сухан мегуфт, ки аз хонаи сардори куништ омада, гуфтанд: «Духтарат мурд; боз барои чӣ Устодро ташвиш медиҳӣ?» Аммо Исо ин суханонро шунида, ба сардори куништ гуфт: «Натарс, танҳо имон дошта бошу бас». Ва ғайр аз Петрус, Яъқуб ва Юҳанно бародари Яъқуб, касеро иҷозат надод, ки аз паяш равад. Чун ба хонаи сардори куништ расид, мардуми парешонҳолро дид, ки гиря ва навҳаи бисёр мекарданд. Ва даромада, ба онҳо гуфт: «Чаро парешонҳол шудаед ва гиря мекунед? Духтар намурдааст, балки хобидааст». Ва онҳо бар Ӯ хандиданд. Лекин Ӯ ҳамаро берун карда, бо падару модари духтар ва бо ҳамроҳонаш ба ҳуҷрае ки духтар хобида буд, даромад. Ва дасти духтарро гирифта, гуфт: «Талито, қумӣ», ки маънояш ин аст: «Эй духтар, ба ту мегӯям, бархез». Дарҳол духтар бархеста, равон шуд, чунки дувоздаҳсола буд. Онҳо хеле ҳайрон шуданд. Ва Ӯ ба онҳо бо қатъият фармуд, ки касе аз он огоҳ нашавад, ва гуфт, то хӯроке ба вай диҳанд. Аз он ҷо баромада, ба шаҳри Худ омад, ва шогирдонаш аз ақиби Ӯ омаданд. Чун рӯзи шанбе расид, дар куништ ба таълим додан сар кард, ва бисёр шунавандагон ҳайрон монда, мегуфтанд: «Аз куҷост дар Ӯ ин чизҳо? Чӣ ҳикматест, ки ба Ӯ ато шудааст, ки чунин муъҷизаҳо аз дасти Ӯ содир мегарданд? Оё ин ҳамон устои хонасоз нест, ки писари Марям ва бародари Яъқуб, Юсӣ, Яҳудо ва Шимъун аст? Оё хоҳарони Ӯ ин ҷо дар байни мо намебошанд?» Ва аз Ӯ норозӣ буданд. Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беқадр нест, ҷуз дар шаҳри худ ва дар байни хешовандон ва дар хонаи худ». Ва дар он ҷо ҳеҷ муъҷиза нишон дода натавонист, ғайр аз он ки дастҳояшро бар чанд беморе гузошта, онҳоро шифо дод. Ва аз беимонии онҳо ҳайрон шуд. Дар деҳоти атроф гашта, таълим медод. Пас он дувоздаҳро назди Худ хонда, ба ҷуфт-ҷуфт фиристодани онҳо сар кард ва ба онҳо бар рӯҳҳои нопок қудрат дод. Ва фармуд, ки барои роҳ бо худ чизе, ғайр аз асое, нагиранд: на тӯрбае, на ноне, на пуле дар камарбанд, балки пойафзоле дар по кашанд ва ду пероҳан дар бар накунанд. Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар ҷо, ки ба хонае даромадед, то вақти сафар кардан дар он ҷо монед. Ва ҳар ҷо, ки шуморо қабул накунанд ва ба суханони шумо гӯш надиҳанд, аз он ҷо берун рафта, чанги пойҳои худро афшонед, то шаҳодате бар онҳо гардад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳолати Садӯм ва Амуро дар рӯзи доварӣ аз ҳолати он шаҳр сабуктар мешавад». Онҳо равона шуда, мавъиза мекарданд, ки бояд тавба кард; бисёр девҳоро берун карданд ва ба бисёр беморон равған молида, шифо доданд. Чун подшоҳ Ҳиродус шунид, — зеро номи Ӯ шӯҳрат ёфта буд, — гуфт, ки Яҳёи Таъмиддиҳанда аз мурдагон бархестааст, ва аз ин сабаб ин муъҷизаҳо аз вай ба амал меоянд. Баъзе мегуфтанд, ки ин Илёс аст. Аммо баъзе мегуфтанд, ки ин пайғамбарест монанди яке аз пайғамбарон. Лекин Ҳиродус, чун шунид, гуфт: «Ин ҳамон Яҳёст, ки ман сарашро аз танаш ҷудо кардам; вай аз мурдагон бархестааст». Зеро Ҳиродус одам фиристода, Яҳёро дастгир карда ба зиндон андохта буд, ба хотири Ҳиродия зани бародараш Филиппус, ки вайро ба никоҳи худ дароварда буд. Зеро Яҳё ба Ҳиродус гуфта буд: «Зани бародари худро гирифтани ту раво нест». Пас Ҳиродия ба Яҳё кина баста буд ва мехост ӯро кушад, лекин наметавонист. Зеро Ҳиродус аз Яҳё метарсид, вайро марди росткору муқаддас медонист ва рӯихотир мекард; ба гапаш гӯш дода, бисёр корҳо мекард ва суханонашро ба хушӣ мешунид. Фурсате расид, ки Ҳиродус ба муносибати зодрӯзи худ барои мансабдорони худ, ба мириҳазорон ва калонтарони Ҷалил базме орост, ва духтари Ҳиродия /ба базм/ даромада рақсид ва Ҳиродусу ононеро, ки ҳамроҳаш нишаста буданд, шод намуд. Подшоҳ ба духтар гуфт: «Ҳар чи мехоҳӣ, аз ман хоҳиш кун, то ба ту диҳам». Ва қасам ёд кард, ки «ҳар чи аз ман хоҳиш кунӣ, ҳатто нисфи қаламрави ман бошад ҳам, ба ту медиҳам». Духтар берун рафта, аз модари худ пурсид, ки «чӣ хоҳиш кунам?» Модараш ҷавоб дод: «Сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро». Вай дарҳол назди подшоҳ шитофт ва хоҳиш кард: «Мехоҳам сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро ҳамин дам дар табақе ба ман диҳӣ». Подшоҳ басе ғамгин шуд; лекин барои поси савгандаш ва ба хотири ононе ки ҳамроҳаш нишаста буданд, хоҳиши вайро рад кардан нахост. Дарҳол подшоҳ ҷаллодеро фиристода, фармуд, ки сари вайро биёрад. Ҷаллод рафта, дар зиндон сари вайро аз тан ҷудо кард ва бар табақе гузошта овард ва ба духтар дод, ва духтар онро ба модари худ дод. Чун шогирдонаш шуниданд, омада, ҷасади вайро бардошта бурданду ба қабр монданд. Расулон назди Исо ҷамъ омада, ҳар он чиро, ки ба ҷо оварда ва таълим дода буданд, ба Ӯ нақл карданд. Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ба танҳоӣ ба ягон ҷои хилват оед ва каме истироҳат кунед». Зеро омаду рафт чунон бисёр буд, ки фурсати хӯрок хӯрдан ҳам надоштанд. Пас ба танҳоӣ бо киштӣ ба ҷои хилвате равона шуданд. Чун онҳоро диданд, бисёре Ӯро шинохтанд, аз ҳамаи шаҳрҳо пиёда ба он сӯ шитофтанд ва аз онҳо пеш гузашта, назди Ӯ ҷамъ шуданд. Исо берун омада, мардуми бисёрро дид ва ба онҳо раҳмаш омад, зеро онҳо монанди гӯсфандоне буданд, ки чӯпон надоштанд. Ва онҳоро бисёр таълим додан гирифт. Азбаски вақт хеле гузашта буд, шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Ин ҷо ҷои беодам аст, вақт ҳам дер шуд; инҳоро рухсати рафтан деҳ, то ки ба бошишгоҳҳо ва деҳоти атроф рафта, барои худ ноне харанд; зеро ҳеҷ хӯроке надоранд». Ӯ дар ҷавобашон гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Ба Ӯ гуфтанд: «Магар мо рафта, ба дусад динор нон харем ва барои хӯрдани онҳо диҳем?» Аз онҳо пурсид: «Чандто нон доред? Рафта бинед». Пас дарёфта, гуфтанд: «Панҷ нон ва ду моҳӣ». Он гоҳ фармуд, ки ҳамаро гурӯҳ-гурӯҳ бар сабза шинонанд. Пас қатор-қатор, саднафарӣ ва панҷоҳнафарӣ нишастанд. Ӯ панҷ нону ду моҳиро гирифта ва ба осмон нигариста, баракат дод ва нонро пора карда, ба шогирдонаш дод, то пеши онҳо гузоранд; ду моҳиро низ ба ҳама тақсим кард. Ҳама хӯрданду сер шуданд; ва аз пораҳои нон ва моҳӣ дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд; ва хӯрандагони нон панҷ ҳазор мард буданд. Дарҳол Ӯ шогирдонашро фармуд, ки ба киштӣ савор шуда, пеш аз Ӯ ба он соҳил сӯи Байт-Сайдо равона шаванд, то Ӯ мардумро рухсати рафтан диҳад. Ва чун онҳоро рухсати рафтан дод, барои дуо гуфтан ба кӯҳе баромад. Шомгоҳон киштӣ ба миёнаи кӯл расида буд, ва Ӯ танҳо бар хушкӣ буд. Ва онҳоро дар рондани киштӣ беҳол дид, чунки боди мухолиф мевазид. Тахминан поси чоруми шаб бар кӯл қадам зада, назди онҳо омад, ва мехост аз онҳо гузарад. Онҳо чун Ӯро диданд, ки бар кӯл қадам мезанад, гумон карданд, ки ин шабаҳ аст, ва фарёд заданд, зеро ҳама Ӯро дида, тарсиданд. Дарҳол Ӯ ба онҳо хитоб карда, гуфт: «Хотирҷамъ бошед; ин Манам, натарсед». Ва назди онҳо ба киштӣ даромад; ва бод ором шуд. Ва онҳо хеле ҳайрон шуданд ва тааҷҷуб карданд. Зеро муъҷизаи нонро дарк накарда буданд, чунки дилашон сахт буд. Ва аз кӯл гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омаданд ва лангар андохтанд. Чун аз киштӣ баромаданд, дарҳол мардум Ӯро шинохтанд. Ва ба сар то сари он атроф шитофтанд ва беморонро бар бистарҳо ба ҳар ҷое ки мешуниданд Ӯ он ҷост, меоварданд. Ва ба ҳар ҷо, ки Ӯ ба деҳот ё шаҳрҳо ё бошишгоҳҳо меомад, беморонро дар сари гузар мегузоштанд ва аз Ӯ илтимос менамуданд, ки фақат ба домани либоси Ӯ даст расонанд; ва ҳар кӣ даст расонд, шифо ёфт. Фарисиён ва баъзе китобдонон, ки аз Уршалим омада буданд, назди Ӯ ҷамъ шуданд; ва чун диданд, ки баъзе шогирдони Ӯ бо дастҳои ҳаром, яъне ношуста, нон мехӯранд, сарзаниш карданд. Зеро фарисиён ва ҳамаи яҳудиён ба ривоятҳои пирон пайравӣ намуда, то дастҳои худро бо диққат нашӯянд, хӯрок намехӯранд; ва чун аз бозор оянд, то шустушӯ накунанд, чизе намехӯранд. Ва бисёр расмҳои дигар ҳаст, ки нигоҳ медоранд; монанди шустани пиёлаҳо, кӯзаҳо, зарфҳои мисин ва курсиҳо. Пас фарисиён ва китобдонон аз Ӯ пурсиданд: «Чаро шогирдони Ту ба ривоятҳои пирон пайравӣ намекунанд, балки бо дастҳои ношуста нон мехӯранд?» Ӯ дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ишаъё дар бораи шумо, эй дурӯягон, некӯ пайғамбарӣ кардааст, чунон ки навишта шудааст: “Ин мардум бо лабони худ Маро эҳтиром мекунанд, Лекин дилашон аз Ман дур аст. Пас Маро беҳуда парастиш мекунанд, Зеро фармудаҳои инсониро таълим медиҳанд”. Зеро шумо фармудаи Худоро тарк карда, ривоятҳои инсониро, монанди шустани кӯзаҳо ва пиёлаҳо, нигоҳ медоред ва бисёр расмҳои дигарро ба ҷо меоваред». Ва ба онҳо гуфт: «Оё хуб аст, ки шумо фармудаи Худоро ба як сӯ мегузоред, то ривояти худро риоя намоед? Зеро Мусо гуфтааст: “Падару модари худро эҳтиром намо”; ва: “Ҳар кӣ падар ё модари худро дашном диҳад, бояд кушта шавад”. Лекин шумо мегӯед: “Агар касе ба падар ё модари худ гӯяд: ‘Ҳар ёрдаме ки аз ман гирифтанатон мумкин мебуд, қурбон, яъне ҳадия барои Худост’ ”, он гоҳ дигар намегузоред, ки вай барои падар ё модари худ ягон чиз кунад. Ҳамин тавр каломи Худоро бо ривояти худ, ки ҷорӣ сохтаед, бартараф менамоед; ва бисёр расмҳои монанди инро ба ҷо меоваред». Ва тамоми он мардумро назди Худ даъват намуда, гуфт: «Ҳама ба Ман гӯш диҳед ва фаҳмед. Чизе нест, ки аз берун ба даруни одам даромада, ӯро ҳаром карда тавонад; балки чизе ки аз дарунаш баромада бошад, одамро ҳаром мекунад. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, шунавад!» Ва чун аз назди мардум ба хона даромад, шогирдонаш маънои ин масалро аз Ӯ пурсиданд. Ӯ ба онҳо гуфт: «Оё шумо низ бефаҳм ҳастед? Оё намедонед, ки ҳар чизе аз берун ба даруни одам дарояд, наметавонад ӯро ҳаром кунад? Зеро ба даруни дилаш намедарояд, балки ба шикамаш меравад ва аз он хориҷ мешавад. Ҳамин тариқ, ҳар хӯрок пок аст». Баъд гуфт: «Он чи аз одам берун ояд, одамро ҳаром месозад. Зеро аз даруни дили одам фикрҳои бад, зино, фосиқӣ, куштор, дуздӣ, тамаъ, кина, макр, чашмгуруснагӣ, ҳасад, куфр, ғурур ва аҳмақӣ пайдо мешаванд. Тамоми ин чизҳои бад аз дарун пайдо шуда, одамро ҳаром мекунанд. Ва аз он ҷо равона шуда, ба ҳудуди Сур ва Сидун расид; ва ба хонае даромада, нахост, ки касе Ӯро шиносад; лекин натавонист пинҳон монад. Зеро зане ки духтараш рӯҳи нопок дошт, хабари Ӯро шунид ва ҳамон дам омада, пеши пои Ӯ афтод; ва он зан юнонӣ, аз аҳли Финиқияи Сурия буд; ва аз Ӯ илтимос намуд, ки девро аз духтараш берун кунад. Лекин Исо ба вай гуфт: «Бигзор аввал бачаҳо сер шаванд, чунки нони бачаҳоро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест». Зан дар ҷавоб гуфт: «Ҳа, Хоҷаам! Лекин сагон низ нонрезаҳои бачаҳоро зери миз мехӯранд». Ба вай гуфт: «Ба хотири ин суханат рав, ки дев аз духтарат берун шуд». Чун зан ба хонаи худ омад, девро беруншуда ва духтарро бар бистар хобида ёфт. Боз аз ҳудуди Сур ва Сидун баромада, Ӯ ба воситаи ҳудуди Декаполис сӯи кӯли Ҷалил равона шуд. Назди Ӯ кареро оварданд, ки бо душворӣ гап мезад, ва илтимос карданд, ки даст бар вай гузорад. Вайро аз миёни мардум ба хилват бурда, ангуштони Худро дар гӯшҳои вай ниҳод ва туф карда, ба забонаш расид; ва ба осмон нигариста, оҳе кашид ва ба вай гуфт: «Ифатаҳ», яъне: «Воз шав». Дарҳол гӯшҳояш кушода ва гиреҳи забонаш воз шуда, ба дурустӣ сухан гуфт. Ва ба онҳо фармуд, ки ба касе хабар надиҳанд. Лекин ҳар қадар бештар ба онҳо манъ мекард, онҳо бештар овоза мекарданд. Ва хеле ҳайрон шуда, мегуфтанд: «Ҳар корро нағз мекунад: карҳоро шунаво ва гунгҳоро гӯё мегардонад». Дар он рӯзҳо, ки мардуми бисёре ҷамъ омада буданд ва барои хӯрдан чизе надоштанд, Исо шогирдонро назди Худ хонда, ба онҳо гуфт: «Ба ин мардум дилам месӯзад, зеро се рӯз аст, ки назди Ман мебошанд, ва барои хӯрдан чизе надоранд. Агар онҳоро гурусна ба хонаҳошон баргардонам, дар роҳ беҳол мешаванд, чунки баъзе аз онҳо аз роҳи дур омадаанд». Шогирдонаш ба Ӯ ҷавоб доданд: «Аз куҷо касе метавонад дар ин биёбон онҳоро аз нон сер кунад?» Аз онҳо пурсид: «Чанд нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто». Пас мардумро фармуд, ки бар замин шинанд; ва ҳафт нонро гирифт, шукр гуфт, пора кард ва ба шогирдонаш дод, то пеши мардум гузоранд, ва онҳо гузоштанд. Ва чанд моҳии хурд низ доштанд; баракат дода, фармуд, ки онҳоро низ пеши мардум гузоранд. Онҳо хӯрда сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда ҳафт сабадро пур карда, бардоштанд. Хӯрандагон қариб чор ҳазор нафар буданд. Ва онҳоро рухсати рафтан дод. Дарҳол бо шогирдонаш ба киштӣ савор шуда, ба ҳудуди Далмонуто омад. Фарисиён берун омада, бо Ӯ ба баҳс даромаданд ва Ӯро озмуда, аломати осмонӣ аз Ӯ талаб карданд. Ӯ аз дил оҳе кашида, гуфт: «Чаро ин насл аломате талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аломате ба ин насл дода намешавад». Пас онҳоро гузошта, боз ба киштӣ савор шуд ва ба соҳили дигар гузашт. Онҳо нон гирифтанро фаромӯш карданд ва бо худ дар киштӣ танҳо як нон доштанд. Ӯ ба онҳо фармуд: «Бохабар бошед, аз хамиртуруши фарисиён ва аз хамиртуруши Ҳиродус ҳазар кунед». Онҳо бо якдигар муҳокима ронда, мегуфтанд: «Ин аз он сабаб аст, ки нон надорем». Исо инро дарёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро андеша мекунед, ки нон надоред? Оё ҳанӯз нафаҳмидаед ва дарк накардаед? Оё то ҳол дили шумо сахт аст? Чашм дореду намебинед? Гӯш дореду намешунавед? Ва дар ёд надоред, ҳангоме ки панҷ нонро барои панҷ ҳазор нафар пора кардам, чанд сабад пур аз пораҳо бардоштед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Дувоздаҳ». «Ва ҳангоме ки ҳафт нонро барои чор ҳазор нафар пора кардам, чанд сабад пур аз пораҳо бардоштед?» Гуфтанд: «Ҳафт». Ба онҳо гуфт: «Пас чаро намефаҳмед?» Чун ба Байт-Сайдо омад, кӯреро назди Ӯ оварда, зорӣ намуданд, ки ба вай даст расонад. Ӯ дасти кӯрро гирифта, вайро аз деҳа берун бурд ва ба чашмони вай туф карда, дастҳои Худро бар вай гузошт ва пурсид: «Оё чизе мебинӣ?» Вай нигариста, гуфт: «Одамонро чун дарахтон мебинам, ки роҳ мераванд». Он гоҳ дастҳояшро бори дигар бар чашмони вай гузошта, фармуд, ки нигарад. Вай шифо ёфт ва ҳама чизро ба хубӣ дид. Пас вайро ба хонааш фиристода, гуфт: «Ба деҳа надаро ва дар он ҷо ба касе нагӯй». Ва Исо бо шогирдонаш ба деҳоти Қайсарияи Филиппус рафт. Дар роҳ аз шогирдонаш пурсид: «Одамон Маро кӣ мегӯянд?» Онҳо ҷавоб доданд: «Мегӯянд, ки Яҳёи Таъмиддиҳандаӣ; баъзе мегӯянд, ки Илёсӣ; ва баъзе мегӯянд, ки яке аз пайғамбаронӣ». Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо Маро кӣ мегӯед?» Петрус дар ҷавоб гуфт: «Ту Масеҳ ҳастӣ». Пас ба онҳо фармуд, ки дар бораи Ӯ ба ҳеҷ кас гап назананд. Он гоҳ ба таълими онҳо оғоз намуда, гуфт, ки «Писари Одам бояд бисёр азоб кашад ва аз тарафи пирон, сардорони коҳинон ва китобдонон рад карда ва кушта шавад ва пас аз се рӯз бархезад». Чун ин суханро ошкоро мегуфт, Петрус Ӯро ба як сӯ бурда, ба эътироз намудан сар кард. Лекин Ӯ баргашта, ба шогирдонаш нигарист ва Петрусро манъ карда, гуфт: «Эй шайтон, аз Ман дур шав, зеро ту на оид ба чизҳои илоҳӣ, балки оид ба чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ». Пас мардумро бо шогирдонаш назди Худ хонда, гуфт: «Агар касе аз пайи Ман омадан хоҳад, бояд худро инкор кунад ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд. Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳондан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман ва Инҷил барбод диҳад, онро мераҳонад. Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дунёро ба даст оварад ва ҷони худро аз даст диҳад? Ё ки одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад? Зеро, ҳар кӣ дар ин насли зинокор ва гуноҳкор аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам низ, ҳангоме ки бо фариштаҳои муқаддас дар ҷалоли Падари Худ меояд, аз вай шарм мекунад». Ва ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Подшоҳии Худоро, ки бо қувват меояд, набинанд, маргро намечашанд». Ва пас аз шаш рӯз Исо Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кӯҳи баланде баровард ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд: либосаш дурахшон ва чун барф хеле сафед шуд, ки дар рӯи замин ҳеҷ шустагаре наметавонад чунин сафед кунад. Ва Илёс бо Мусо ба онҳо намоён шуданд, ки бо Исо гуфтугӯ мекарданд. Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Эй Устод! Дар ин ҷо будани мо некӯст; пас се соябон месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Илёс». Зеро намедонист, чӣ гӯяд: чунки сахт тарсида буданд. Ва абре пайдо шуда, бар онҳо соя андохт, ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари дӯстдоштаи Ман; Ӯро гӯш кунед». Баногоҳ, чун ба атрофи худ нигаристанд, касеро ғайр аз Исо назди худ надиданд. Чун аз кӯҳ мефуромаданд, Исо фармуд, ки то Писари Одам аз мурдагон барнахезад, он чи дидаанд, ба касе нагӯянд. Ва онҳо ин суханонро дар ёд дошта, аз якдигар мепурсиданд, ки аз мурдагон бархестан чист? Ва аз Ӯ пурсиданд: «Чаро китобдонон мегӯянд, ки Илёс бояд аввал биёяд?» Ӯ дар ҷавоби онҳо гуфт: «Дуруст аст, ки Илёс аввал меояд ва ҳама чизро соз мекунад; ва Писари Одам, чунон ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, бояд ранҷи бисёр бинад ва хор шумурда шавад. Лекин ба шумо мегӯям, ки Илёс ҳам омад ва бо вай он чи хостанд, карданд, чунон ки дар бораи вай навишта шудааст». Чун назди шогирдонаш омад, мардуми бисёрро гирди онҳо дид, ва китобдононро, ки бо онҳо баҳс мекарданд. Дарҳол тамоми мардум, чун Ӯро диданд, дар ҳайрат монданд ва давон-давон омада, ба Ӯ салом доданд. Ӯ аз китобдонон пурсид: «Бо инҳо чӣ баҳс мекунед?» Яке аз байни мардум дар ҷавоб гуфт: «Эй Устод! Писари худро назди Ту овардам, ки рӯҳи гунге дорад: Ҳар ҷо, ки вайро гирад, ба замин мезанад, вай кафк бароварда, дандонҳо бо ҳам месояд ва карахт мешавад. Ба шогирдони Ту гуфтам, ки онро берун кунанд, лекин натавонистанд». Ӯ дар ҷавоби вай гуфт: «Эй насли беимон! То кай бо шумо бошам? То кай шуморо тоқат кунам? Вайро назди Ман биёред». Вайро назди Ӯ оварданд. Чун Ӯро дид, рӯҳ вайро ба ларза андохт; вай ба замин афтода ва ғел зада, кафк баровард. Ва Исо аз падари вай пурсид: «Аз кай ба ин ҳолат гирифтор аст?» Гуфт: «Аз кӯдакӣ; борҳо вайро ба оташ ва ба об партофт, то вайро ҳалок кунад; лекин, агар метавонӣ, ба мо раҳм кун ва ёрӣ расон». Исо ба вай гуфт: «Агар имон оварда тавонӣ, барои имондор ҳама чиз имконпазир аст». Дарҳол падари кӯдак фарёд зада, гирякунон гуфт: «Имон меоварам, Хоҷаам! Ёрӣ деҳ, ки бар беимонии худ ғолиб оям». Чун Исо дид, ки мардум сӯяш шитоб мекунанд, ба рӯҳи нопок фармуд: «Эй рӯҳи гунг ва кар! Ба ту мефармоям, ки аз вай берун рав ва дигар ба вай дохил нашав». Пас дод зада, вайро сахт ба ларза андохта, берун рафт; вай монанди мурда гашт, чунон ки бисёр касон гуфтанд, ки вай мурдааст. Лекин Исо дасташро гирифта, бархезонд; ва вай ба по истод. Ва чун ба хона даромад, шогирдонаш аз Ӯ ба танҳоӣ пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем?» Ба онҳо гуфт: «Ин ҷинс бо ҳеҷ восита берун намеравад, ҷуз бо дуо ва рӯза». Ва аз он ҷо равона шуда, аз Ҷалил мегузаштанд; ва Ӯ намехост, ки касе инро донад. Зеро шогирдони Худро таълим дода мегуфт, ки Писари Одам ба дасти одамон супурда мешавад, ва Ӯро мекушанд; пас аз кушта шудан, рӯзи сеюм бармехезад. Лекин онҳо ин суханонро нафаҳмиданд ва тарсиданд, ки аз Ӯ пурсанд. Ба Кафарнаҳум омад; чун дар хона буд, аз онҳо пурсид: «Дар роҳ бо якдигар дар бораи чӣ баҳс мекардед?» Онҳо хомӯш монданд, чунки дар роҳ бо якдигар баҳс мекарданд, ки кист бузургтар. Ӯ нишаста, он дувоздаҳро наздаш хонд ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ мехоҳад аввалин бошад, бояд охирин ва хизматгузори ҳама шавад». Пас кӯдакеро гирифта, дар миёни онҳо ба по гузошт ва дар оғӯш гирифта, ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ яке аз ин гуна кӯдаконро ба номи Ман қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, на Маро, балки Фиристандаи Маро қабул мекунад». Он гоҳ Юҳанно дар ҷавоб гуфт: «Эй Устод! Мо касеро дидем, ки ба номи Ту девҳоро берун мекард, лекин моро пайравӣ намекард, ва мо ӯро манъ кардем, чунки моро пайравӣ намекард». Исо гуфт: «Ӯро манъ накунед; зеро ҳеҷ касе нест, ки ба номи Ман муъҷиза ба амал овараду ба зудӣ дар ҳаққи Ман бад гуфта тавонад. Зеро ҳар кӣ зидди шумо нест, бо шумост. Ва ҳар кӣ ба номи Ман шуморо, аз он рӯ ки пайрави Масеҳ ҳастед, косаи обе диҳад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки бе подош намемонад. Ва ҳар кӣ яке аз ин хурдонро, ки ба Ман имон доранд, ба васваса андозад, барои ӯ беҳтар аст, ки санги осиёе ба гарданаш овехта, ба баҳр партоянд. Ва агар дастат туро ба васваса андозад, онро бур: барои ту беҳтар аст, ки маъюб шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду даст ба дӯзах равона шавӣ, ба оташе ки хомӯшнашаванда аст, ки дар он ҷо кирми онҳо намемурад ва оташ хомӯш намешавад. Ва агар поят туро ба васваса андозад, онро бур: барои ту беҳтар аст, ки ланг шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду по ба дӯзах партофта шавӣ, ба оташе ки хомӯшнашаванда аст, ки дар он ҷо кирми онҳо намемурад ва оташ хомӯш намешавад. Ва агар чашмат туро ба васваса андозад, онро кан; барои ту беҳтар аст, ки якчашма шуда ба Подшоҳии Худо дароӣ, аз ин ки бо ду чашм ба оташи дӯзах партофта шавӣ, ки дар он ҷо кирми онҳо намемурад ва оташ хомӯш намешавад. Зеро ҳар кас бо оташ намакин мешавад, ва ҳар қурбонӣ бо намак намакин мешавад. Намак хуб аст; лекин агар намак шӯр набошад, бо чӣ шумо онро ислоҳ мекунед? Пас дар худ намак дошта бошед, ва бо якдигар муросо кунед». Аз он ҷо баромада, аз он сӯи Урдун ба ҳудуди Яҳудия омад. Боз мардум назди Ӯ ҷамъ шуданд; ва Ӯ, аз рӯи одаташ, боз онҳоро таълим медод. Фарисиён наздик омаданд ва Ӯро озмуданӣ шуда, пурсиданд: «Оё раво аст, ки мард зани худро талоқ диҳад?» Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Мусо ба шумо чӣ фармудааст?» Гуфтанд: «Мусо иҷозат додааст, ки талоқномае навишта, ҷудо шаванд». Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба сабаби дилсахтии шумо ин фармударо барои шумо навиштааст; лекин аз ибтидои офариниш Худо онҳоро марду зан офарид. Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад, ва ҳар ду як тан мешаванд, ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд. Пас он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад. Дар хона шогирдонаш боз дар ин бора аз Ӯ пурсиданд. Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, зани дигаре гирад, дар ҳаққи вай зино мекунад; ва агар зане аз шавҳари худ ҷудо шуда, ба никоҳи дигаре дарояд, низ зино мекунад». Кӯдаконро назди Ӯ оварданд, то ба онҳо даст расонад; лекин шогирдон ба оварандагон монеъ шуданд. Чун Исо дид, норозӣ шуда, гуфт: «Кӯдаконро гузоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Подшоҳии Худо аз они чунин касон аст». Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад. Ва онҳоро ба оғӯш гирифт ва даст ба онҳо гузошта, онҳоро баракат дод. Вақте ки ба роҳ мебаромад, касе назди Ӯ шитофта, зону бар замин зад ва пурсид: «Эй Устоди некӯ, чӣ кунам, то вориси ҳаёти абадӣ шавам?» Исо ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Ҳеҷ кас некӯ нест, ғайр аз Худо. Фармудаҳоро медонӣ: “Зино накун; накуш; дуздӣ накун; гувоҳии бардурӯғ надеҳ; озор надеҳ; падару модаратро эҳтиром намо”». Вай дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам». Исо ба вай нигариста, меҳр пайдо кард ва гуфт: «Туро як чиз намерасад: рав, ҳар он чи дорӣ, фурӯш ва ба камбағалон деҳ, ва дар осмон ганҷе меёбӣ; ва биё, салибро бардошта, Маро пайравӣ кун». Лекин вай аз ин сухан ошуфта ва ғамгин шуда, рафт, чунки молу мулки бисёр дошт. Исо ба гирду пеш нигариста, ба шогирдонаш гуфт: «Ба Подшоҳии Худо даромадани сарватмандон чӣ гуна душвор аст!» Шогирдон аз суханони Ӯ ҳайрон шуданд. Исо боз дар ҷавоби онҳо гуфт: «Эй фарзандон! Ба онҳое ки ба сарват такя мекунанд, даромадан ба Подшоҳии Худо чӣ гуна душвор аст! Аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватманд ба Подшоҳии Худо дохил шавад». Онҳо хеле ҳайрон шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?» Исо ба онҳо нигоҳ карда гуфт: «Барои одамизод ин ғайриимкон аст, лекин на барои Худо; чунки барои Худо ҳама чиз имконпазир аст». Он гоҳ Петрус ба Ӯ гап сар кард: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем». Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона ё бародарон ё хоҳарон ё падар ё модар ё зан ё фарзандон ё киштзорҳоро ба хотири Ман ва Инҷил тарк кунаду акнун, дар ин замон, дар миёни таъқибот, сад чандон хонаҳо ва бародарон ва хоҳарон ва модарон ва фарзандон ва киштзорҳо ва дар давраи оянда ҳаёти абадӣ наёбад. Лекин бисёре ки аввалин ҳастанд, охирин мешаванд, ва охиринҳо — аввалин». Чун дар роҳ сӯи Уршалим буданд, Исо пешопеши онҳо мерафт, ва онҳо ҳайрон буданд, ва чун аз паси Ӯ мерафтанд, метарсиданд. Ва Ӯ он дувоздаҳро назди Худ хонда, боз ба гуфтани он чи бо Ӯ рӯй медиҳад, сар кард: «Инак, мо сӯи Уршалим меравем, ва Писари Одам ба дасти сардорони коҳинон ва китобдонон супурда мешавад, ва Ӯро ба марг маҳкум мекунанд ва ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд; ва Ӯро масхара мекунанд, тозиёна мезананд, туфборон мекунанд ва мекушанд; ва дар рӯзи сеюм Ӯ бармехезад». Он гоҳ Яъқуб ва Юҳанно, писарони Забдой, назди Ӯ омада, гуфтанд: «Эй Устод! Мехоҳем, он чи аз Ту хоҳиш мекунем, барои мо ба ҷо оварӣ». Ба онҳо гуфт: «Чӣ мехоҳед, ки барои шумо кунам?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Ба мо иҷозат деҳ, ки дар ҷалоли Ту яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат шинем». Исо ба онҳо гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чӣ мехоҳед. Оё метавонед он косаеро, ки Ман менӯшам, нӯшед ва он таъмидеро, ки Ман меёбам, ёбед?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Метавонем». Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Косаеро, ки Ман менӯшам, менӯшед ва таъмидеро, ки Ман меёбам, меёбед; лекин имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастан дар дасти Ман нест, ки диҳам, ҷуз ба онҳое ки барояшон омода шуда бошад». Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз Яъқуб ва Юҳанно норозӣ шуданд. Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда, гуфт: «Шумо медонед, ононе ки мири халқҳо ба шумор мераванд, бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва бузургонашон бар онҳо фармонраво мешаванд. Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо бузург будан хоҳад, бояд хизматгузори шумо шавад; ва ҳар кӣ дар байни шумо аввалин будан хоҳад, бояд ғуломи шумо шавад. Зеро Писари Одам низ на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисёр касон диҳад». Ба Ариҳо омаданд. Ҳангоме ки Ӯ бо шогирдонаш ва мардуми бисёр аз Ариҳо мебаромад, Бартимай ибни Тимай ном кӯре дар канори роҳ нишаста, гадоӣ мекард. Чун шунид, ки ин Исои Носирист, фарёдкунон гуфт: «Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун». Бисёр касон вайро ба хомӯш шудан водор мекарданд; лекин вай боз ҳам бештар фарёд мезад: «Эй Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун». Исо истода, фармуд, ки вайро ҷеғ зананд. Онҳо кӯрро ҷеғ зада, гуфтанд: «Осуда бош, бархез, ки туро ҷеғ мезанад». Вай ҷомаи худро кашида, бархесту назди Исо омад. Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту кунам?» Кӯр ба Ӯ гуфт: «Эй Устод! Мехоҳам бино шавам». Исо ба вай гуфт: «Рав, имонат туро шифо бахшид». Вай дарҳол бино гашта, аз паси Исо дар роҳ равона шуд. Чун наздики Уршалим, ба Байт-Фоҷӣ ва Байт-Анё, назди кӯҳи Зайтун расиданд, Ӯ ду шогирди Худро фиристода, ба онҳо гуфт: «Ба ин деҳа, ки рӯ ба рӯи шумост, равед; чун даромадед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳанӯз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, ин ҷо биёред. Ва агар касе ба шумо гӯяд: “Чаро чунин мекунед?” — гӯед, ки Худованд ба он эҳтиёҷ дорад; ва дарҳол онро ба ин ҷо мефиристад». Онҳо рафта, курраеро дар кӯча назди дарвоза баста ёфтанд; ва онро воз карданд. Баъзе касоне ки дар он ҷо истода буданд, ба онҳо гуфтанд: «Чаро курраро воз мекунед?» Ба онҳо он чиро гуфтанд, ки Исо фармуда буд; ва онҳоро ба ҳоли худ гузоштанд. Ва курраро назди Исо оварда, ҷомаҳои худро бар он партофтанд, ва ба он савор шуд. Бисёр касон ҷомаҳои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дарахтонро бурида, бар роҳ густурданд. Ва онҳое ки аз пеш ва аз пас равона буданд, фарёд мекарданд: «Ҳӯшионо! Муборак аст он ки ба номи Худованд меояд! Муборак аст Подшоҳии падари мо Довуд, Ки ба номи Худованд меояд! Ҳӯшионо дар арши аъло!» Ва Исо вориди Уршалим шуда, ба ибодатгоҳ даромад; ва ҳама чизро аз назар гузаронд, ва чун рӯз бевақт шуда буд, бо он дувоздаҳ ба Байт-Анё рафт. Рӯзи дигар, чун аз Байт-Анё берун омаданд, гурусна монд. Ва аз дур дарахти анҷирро, ки барг дошт, дида, омад, то шояд чизе бар он ёбад; чун наздик шуд, ғайр аз баргҳо чизе наёфт, зеро мавсими анҷир ҳанӯз нарасида буд. Ва Исо ба он гуфт: «Пас аз ин то абад касе аз ту мева нахӯрад». Ва шогирдонаш инро шуниданд. Ба Уршалим омаданд. Исо ба ибодатгоҳ даромада, ба берун рондани онҳое ки дар ибодатгоҳ харидуфурӯш мекарданд, сар кард; мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонр чаппа кард. Ва нагузошт, ки касе барои бурдани чизе аз миёни ибодатгоҳ гузарад. Ва онҳоро таълим дода, мегуфт: «Оё навишта нашудааст, ки “ онаи Ман барои ҳамаи халқҳо хонаи дуо номида мешавад”? Аммо шумо онро дуздхона кардаед». Чун китобдонон ва сардорони коҳинон шуниданд, дар пайи он буданд, ки чӣ тавр Ӯро нобуд кунанд; зеро аз Ӯ метарсиданд, чунки тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат буданд. Чун рӯз бевақт шуд, Ӯ аз шаҳр берун рафт. Бомдодон, вақте ки мегузаштанд, дарахти анҷирро диданд, ки то реша хушк шудааст. Ва Петрус ба ёд оварда, гуфт: «Эй Устод! Инак, дарахти анҷире ки лаънат кардаӣ, хушк шудааст». Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба Худо имон дошта бошед. Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба ин кӯҳ гӯяд: “Бархоста, худро ба баҳр парто”, ва дар дили худ шубҳа надошта бошад, балки бовар кунад, ки он чи гӯяд мешавад, — ҳар чи гӯяд, ба вай ато мешавад. Бинобар ин ба шумо мегӯям: ҳар он чи дар дуо хоҳиш мекунед, бовар кунед, ки ба даст меоваред, — ва ба шумо ато мешавад». Ва ҳангоме ки дар дуо меистед, агар аз касе озор дида бошед, вайро бахшед, то ки Падари шумо низ, ки дар осмон аст, хатоҳои шуморо бахшад. Аммо агар набахшед, Падари шумо низ, ки дар осмон аст, хатоҳои шуморо намебахшад». Боз ба Уршалим омаданд. Ва ҳангоме ки Ӯ дар ибодатгоҳ мегашт, сардорони коҳинон, китобдонон ва пирон назди Ӯ омада, гуфтанд: «Бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунӣ? Ва кист, ки ин ҳуқуқро ба Ту додааст, то ин корҳоро кунӣ?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ба Ман ҷавоб диҳед; он гоҳ Ман ҳам ба шумо мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам. Таъмиди Яҳё аз осмон буд, ё аз инсон? Ба Ман ҷавоб диҳед». Онҳо дар дили худ андеша карда, мегуфтанд: «Агар гӯем, ки “аз осмон буд”, Ӯ мегӯяд: “Пас чаро ба вай бовар накардед? ” Ва агар гӯем, ки “аз инсон буд”» — аз мардум метарсиданд; зеро ҳама Яҳёро пайғамбари барҳақ медонистанд. Ба Исо ҷавоб дода, гуфтанд: «Намедонем». Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам». Пас бо масалҳо ба онҳо гап сар карда, гуфт: «Шахсе ток шинонд, деворе гирдаш кашид, чархуште сохт, бурҷе барпо кард ва онро ба токдорон супурду ба сафар рафт. Чун мавсим расид, ғуломеро назди токдорон фиристод, то аз меваи токзор аз токдорон гирад: Лекин онҳо вайро дошта заданд ва дастхолӣ равона карданд. Боз ғуломи дигарро назди онҳо фиристод; вайро низ сангборон карда, сарашро кафонданд ва беҳурматӣ карда баргардонданд. Боз як нафари дигарро фиристод: вайро куштанд; ва бисёр касони дигарро — баъзеро заданд ва баъзеро куштанд. Як писари дӯстдоштааш буд; ва дар охир вайро низ назди онҳо фиристода, дар дили худ гуфт: “Аз писарам шарм хоҳанд дошт”. Лекин токдорон ба якдигар гуфтанд: “Ин ворис аст; биёед, вайро кушем, то ки мерос аз они мо гардад”. Вайро дастгир карда, куштанд ва аз токзор берун бароварда партофтанд. Пас соҳиби токзор чӣ мекунад? Омада, токдоронро нобуд мекунад ва токзорро ба дигарон месупорад. Магар ин навиштаро нахондаед: “Санге ки бинокорон рад карданд, Санги сари гӯшаи бино гардид: Ин аз ҷониби Худованд шуд Ва дар назари мо ҳайратангез аст”?» Ва хостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд; зеро фаҳмиданд, ки ин масалро дар ҳаққи онҳо мегӯяд. Пас Ӯро вогузашта, рафтанд. Ва чанд нафар аз фарисиён ва ҳиродиёнро назди Ӯ фиристоданд, то Ӯро аз сухани Худаш ба дом афтонанд. Онҳо омада, ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳастӣ ва аз касе парвое надорӣ; зеро ҳеҷ рӯбинӣ намекунӣ, балки роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ; оё ба қайсар андоз додан раво аст ё не? Диҳем ё надиҳем?» Аммо Ӯ дурӯягии онҳоро дарёфта, гуфт: «Чаро Маро меозмоед? Диноре ба Ман биёред, то онро бинам». Онҳо оварданд. Он гоҳ ба онҳо гуфт: «Ин сурат ва навишта аз они кист?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Аз они қайсар». Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост — ба Худо». Ва аз Ӯ ҳайрон монданд. Ва саддуқиён, ки растохезро инкор мекунанд, назди Ӯ омада, пурсиданд: «Эй Устод! Мусо ба мо навиштааст, ки агар бародари касе мурад ва зане аз худ гузошта ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад. Ҳафт бародар буданд. Якумӣ зан гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт. Вайро дуюмӣ ба занӣ гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт; сеюмӣ низ ҳамчунин. Ҳамаи он ҳафт вайро гирифтанд ва насле нагузоштанд. Баъд аз ҳама зан низ мурд. Пас, дар рӯзи растохез, чун бармехезанд, вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ҳар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд». Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Магар гумроҳ нестед аз он рӯ, ки на Китобро медонед, на қуввати Худоро?» Зеро, ҳангоме ки аз мурдагон бармехезанд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, балки монанди фариштаҳо дар осмон мебошанд. Аммо дар бораи мурдагон, ки бармехезанд, магар дар китоби Мусо нахондаед, ки чӣ гуна Худо дар назди бутта ба вай гуфт: “Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб”? Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст. Пас шумо хеле гумроҳ шудаед». Яке аз китобдонон гуфтугӯи онҳоро шунида, дид, ки ба онҳо ҷавоби некӯ дод, ва пеш омада, аз Ӯ пурсид: «Муҳимтарини ҳамаи фармудаҳо кадом аст?» Исо ба вай ҷавоб дод: «Муҳимтарин фармуда ин аст: “Гӯш кун, эй Исроил! Худованд Худои мо Худованди ягона аст; ва Худованд Худои худро бо тамоми дил ва бо тамоми ҷон ва бо тамоми ҳуш ва бо тамоми қуввати худ дӯст дор”; муҳимтарин фармуда ҳамин аст! Ва дуюмаш монанди он аст: “Ёратро монанди худат дӯст дор”; фармудаи дигаре бузургтар аз инҳо нест». Китобдон ба Ӯ гуфт: «Офарин, эй Устод! Ту рост гуфтӣ, ки Худо ягона аст ва ғайр аз Ӯ дигаре нест; ва Ӯро бо тамоми дил ва бо тамоми фаҳм ва бо тамоми ҷон ва бо тамоми қувват дӯст доштан ва ёратро монанди худат дӯст доштан аз ҳамаи қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳо муҳимтар аст». Чун Исо дид, ки вай оқилона ҷавоб дод, ба вай гуфт: «Ту аз Подшоҳии Худо дур нестӣ». Пас аз он касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ чизе пурсад. Ва Исо, ҳангоме ки дар ибодатгоҳ таълим медод, пурсид: «Чӣ гуна китобдонон мегӯянд, ки Масеҳ писари Довуд аст? Ва ҳол он ки худи Довуд бо илҳоми Рӯҳулқудс мегӯяд: “Худованд ба Худованди ман гуфт: Аз дасти рости Ман нишин, То даме ки душманони Туро пойандози Ту созам”. Инак, худи Довуд Ӯро Худованд меномад: пас чӣ гуна Ӯ писари вай будааст?» Ва мардуми бисёр суханони Ӯро бо хушнудӣ мешуниданд. Ва Ӯ ба онҳо таълим дода, мегуфт: «Аз китобдонон ҳазар кунед, ки дӯст медоранд либосҳои дароз пӯшида гарданд, ва дар кӯчаву бозор салом шунаванд, ва дар ҷойҳои беҳтарини куништҳо нишинанд ва дар зиёфатҳо болонишин бошанд; онҳо ки хонаҳои бевазанонро фурӯ мебаранд ва намоишкорона дуру дароз дуо мегӯянд, сахттар маҳкум карда мешаванд». Ва Исо дар рӯ ба рӯи ганҷина нишаста нигоҳ мекард, ки чӣ гуна мардум ба ганҷина пул меандозанд. Аксари сарватмандон бисёр меандохтанд. Ва бевазани камбағале омада, ду танга андохт, ки як тин мешавад. Пас шогирдонашро пеши Худ хонда, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбағал аз ҳамаи ононе ки ба ганҷина андохтанд, бештар дод; зеро ҳама аз зиёдатии худ доданд, лекин вай аз камбағалии худ ҳар чи дошт, андохт, яъне тамоми рӯзии худро дод». Чун Исо аз ибодатгоҳ мебаромад, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Эй Устод! Нигоҳ кун, чӣ гуна сангҳо ва чӣ гуна иморатҳост!» Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ин иморатҳои бузургро мебинӣ? Санге бар санге намемонад; ҳамааш хароб мешавад». Ва ҳангоме ки Ӯ бар кӯҳи Зайтун рӯ ба рӯи ибодатгоҳ нишаста буд, Петрус, Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс ба танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Моро огоҳ кун, ки ин кай рӯй медиҳад, ва аломати рӯй додани ҳамаи ин чӣ гуна аст?» Он гоҳ дар ҷавоби онҳо ба гуфтан сар кард: «Ҳушёр бошед, ки касе шуморо гумроҳ накунад; зеро бисёр касон бо номи Ман меоянд ва мегӯянд, ки “ман Ҳамонам”, ва мардуми бисёрро гумроҳ мекунанд. Аммо чун ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро шунавед, натарсед: зеро ин бояд рӯй диҳад; лекин ин ҳанӯз поёни кор нест. Зеро халқе бар зидди халқе ва подшоҳие бар зидди подшоҳие бармехезад; ва дар ҳар ҷо заминҷунбиҳо рӯй медиҳанд, ва гуруснагиҳо ва нооромиҳо мешаванд. Инҳо саршавии дардҳои зоиш мебошанд. Лекин шумо худро эҳтиёт кунед; зеро шуморо ба додгоҳҳо мекашанд, ва дар куништҳо тозиёна мезананд, ва шуморо ба хотири Ман назди ҳокимону подшоҳон мебаранд, то барои онҳо шаҳодате гардад. Ва даркор аст, ки Инҷил аввал дар байни тамоми халқҳо мавъиза карда шавад. Чун шуморо барои таслим кардан гирифта баранд, пешакӣ ғамхорӣ ва андеша накунед, ки чӣ бояд гӯед; балки он чи дар он соат ба шумо ато шавад, онро гӯед: зеро гӯянда шумо нестед, балки Рӯҳулқудс аст. Он гоҳ бародар бародарро ва падар фарзандро ба марг месупорад; ва фарзандон бар зидди падарону модарон бархеста, ба куштани онҳо мусоидат мекунанд. Ва ҳама барои номи Ман аз шумо нафрат мекунанд; лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот меёбад». Чун зиштии харобиро, ки Дониёли пайғамбар ба забон овардааст, дар ҷое ки намебояд, бар по бинед, — ҳар кӣ хонад, диққат диҳад, — он гоҳ онҳое ки дар Яҳудия мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд; ва ҳар кӣ бар бом бошад, поён нафурояд ва барои гирифтани чизе ба хонаи худ надарояд; ва он ки дар киштзор аст, барои гирифтани ҷомаи худ барнагардад. Лекин вой бар ҳомиладорон ва ширдорон дар он рӯзҳо! Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар зимистон рӯй надиҳад. Зеро дар он рӯзҳо чунон мусибате мешавад, ки аз ибтидои офариниш, ки Худо офарид, то ҳол нашудааст ва бори дигар намешавад. Ва агар Худованд он айёмро кӯтоҳ намекард, ҳеҷ кас наҷот намеёфт; лекин аз барои интихобшудагоне ки Ӯ интихоб намудааст, он айёмро кӯтоҳ кардааст. Дар он ҳангом агар касе ба шумо гӯяд: “Инак, Масеҳ дар ин ҷост”, ё “дар он ҷост”, — бовар накунед; зеро масеҳони дурӯғин ва пайғамбарони дурӯғин ба майдон омада, аломатҳо ва муъҷизаҳо нишон медиҳанд, то ки, агар мумкин бошад, интихобшудагонро низ гумроҳ кунанд. Лекин шумо ҳушёр бошед; инак, Ман ҳамаашро ба шумо пешакӣ гуфтам. Лекин дар он рӯзҳо, пас аз он мусибат, офтоб хира мешавад ва моҳ рӯшноии худро намедиҳад. Ва ситорагон аз осмон фурӯ мерезанд, ва қувваҳои осмон ба ларза меоянд. Он гоҳ Писари Одамро мебинанд, ки бо қуввату ҷалоли бузург бар абрҳо меояд. Ва он гоҳ Ӯ фариштаҳои Худро фиристода, интихобшудагони Худро аз чор тараф, аз канори замин то канори осмон гирд меоварад. Акнун аз дарахти анҷир масал омӯзед; чун шохааш нарм шуда, барг бароварад, медонед, ки тобистон наздик аст. Ҳамчунин шумо чун мебинед, ки ин чизҳо рӯй медиҳанд, донед, ки наздик аст, назди дар аст. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: то ин ҳама рӯй надиҳад, ин насл дарнамегузарад. Осмону замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест. Аммо он рӯзу соатро, ғайр аз Падар, ҳеҷ кас намедонад, ҳатто фариштаҳои осмон ва Писар намедонанд. Пас, огоҳ ва бедор бошед ва дуо гӯед; зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад. Ин монанди касест, ки ба сафар рафта ва хонаи худро тарк карда, ба ғуломони худ ихтиёр дод ва барои ҳар яке кори хосе супурд ва дарбонро фармуд, ки бедор бошад. Пас, бедор бошед; зеро намедонед, ки соҳиби хона кай меояд, дар бегоҳ, ё ними шаб, ё ҳангоми бонги хурӯс, ё саҳарӣ; мабодо ногаҳон омада, шуморо хобида ёбад. Аммо он чи ба шумо мегӯям, ба ҳама мегӯям: «Бедор бошед». То иди Песаҳ ва Фатир ду рӯз монда буд; сардорони коҳинон ва китобдонон роҳе меҷустанд, ки чӣ гуна бо ҳила Ӯро дастгир карда, кушанд; лекин мегуфтанд: «На дар ид, мабодо мардум ба шӯр оянд». Ва ҳангоме ки Ӯ дар Байт-Анё, дар хонаи Шимъуни махавӣ назди дастархон нишаста буд, — зане бо зарфи гаҷине пур аз равғани хушбӯйи сунбули холиси гаронбаҳо омад ва зарфро шикаста, бар сари Ӯ рехт. Баъзе касон норозӣ шуда, дар байни худ гуфтанд: «Чаро ин равғани хушбӯй исроф шуд?» Зеро онро ба зиёда аз сесад динор фурӯхта, ба камбағалон додан мумкин буд». Ва он занро сарзаниш карданд. Лекин Исо гуфт: «Вайро ором гузоред; чаро вайро меранҷонед? Вай барои Ман кори некӯ кард. Зеро камбағалон ҳар вақт дар назди шумо ҳастанд ва ҳар гоҳ, ки хоҳед, ба онҳо некӣ карда метавонед; лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам. Вай он чи метавонист, ба ҷо овард: бадани Маро барои гӯрондан пешакӣ равған молид. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай зикр меёбад». Ва Яҳудои Исқарютӣ, ки яке аз он дувоздаҳ буд, пеши сардорони коҳинон рафт, то Ӯро ба онҳо таслим кунад. Онҳо чун сухани вайро шуниданд, шод гаштанд ва ваъда карданд, ки ба вай пул медиҳанд. Вай дар ҷустуҷӯи фурсати мувофиқ буд, ки Ӯро таслим кунад. Дар рӯзи аввали иди Фатир, ки барои Песаҳ қурбонӣ мекарданд, шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Куҷо мехоҳӣ, ки Песаҳро хӯрӣ, то рафта тайёр кунем?» Пас ду нафарро аз шогирдонаш фиристода, ба онҳо гуфт: «Ба шаҳр равед; марде ба шумо рӯ ба рӯ мешавад, ки кӯзаи обро бардошта мебарад; аз паси вай равона шавед, ва ба куҷое ки дарояд, ба соҳиби хона гӯед: «Устод мегӯяд: меҳмонхона куҷост, ки он ҷо Песаҳро бо шогирдони Худ хӯрам?» Ва он кас ба шумо болохонаи калони густурдашуда ва тайёрро нишон медиҳад; дар он ҷо барои мо тайёр кунед». Шогирдонаш равона шуда, ба шаҳр омаданд, ва чунон ки Ӯ гуфта буд, ёфтанд; ва Песаҳро тайёр карданд. Бегоҳи рӯз Ӯ бо он дувоздаҳ омад. Ва ҳангоме ки нишаста хӯрок мехӯрданд, Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо, ки бо Ман хӯрок мехӯрад, Маро таслим мекунад». Онҳо ғамгин шуда, паси ҳамдигар ба Ӯ гуфтанд: «Оё ин манам?» Ва дигаре: «Оё ин манам?» Лекин Ӯ дар ҷавоби онҳо гуфт: «Яке аз дувоздаҳ, ки бо Ман даст ба табақ меандозад. Албатта Писари Одам ончунон, ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, меравад, лекин вой бар он касе ки Писари Одам ба воситаи вай таслим карда шавад: барои вай беҳтар мебуд, ки таваллуд намешуд». Ва ҳангоме ки хӯрок мехӯрданд, Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо доду гуфт: «Гиред, хӯред, ин бадани Ман аст». Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дод; ва ҳама аз он нӯшиданд. Ва ба онҳо гуфт: «Ин аст хуни Ман аз аҳди нав, ки барои бисёр касон рехта мешавад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: Ман дигар аз шираи ангур наменӯшам, то ҳамон рӯзе ки дар Подшоҳии Худо онро нав нӯшам». Ва суруд хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона шуданд. Ва Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамаи шумо имшаб Маро тарк мекунед; чунки навишта шудааст: “Чӯпонро мезанам, ва гӯсфандон пароканда мешаванд”. Аммо пас аз растохезам, пеш аз шумо ба Ҷалил меравам». Петрус ба Ӯ гуфт: «Агар ҳама тарк кунанд ҳам, ман тарк намекунам». Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки ту имрӯз, дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор мекунӣ». Лекин вай бо таъкиди бисёр мегуфт: «Агар бо Ту мурданам лозим ояд ҳам, Туро инкор намекунам». Дигарон низ ҳаминро гуфтанд. Ҷатсимонӣ Ба маконе омаданд, ки Ҷатсимонӣ ном дошт; ва Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Дар ин ҷо шинед, то Ман дуо гӯям». Ва Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро бо Худ бурд; ва парешону дилтанг шуд. Ва ба онҳо гуфт: «Ҷони Ман аз шиддати ғам наздик ба марг аст; дар ин ҷо монед ва бедор бошед». Ва каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо гуфт, ки агар мумкин бошад, он соат аз Ӯ гузарад; ва гуфт: «Аббо, Падар! Ҳама чиз ба Ту мумкин аст; ин косаро аз Ман гузарон; лекин на хости Ман, балки хости Ту шавад». Ва омада, онҳоро хобида ёфт, ва ба Петрус гуфт: «Эй Шимъун! Ту хобидаӣ? Оё натавонистӣ соате бедор бошӣ? Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед; рӯҳ хоҳон аст, лекин ҷисм нотавон». Ва боз рафта бо ҳамон суханон дуо гуфт. Ва баргашта, боз онҳоро хобида ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буданд; ва онҳо намедонистанд, ки ба Ӯ чӣ ҷавоб диҳанд. Ва бори сеюм омада, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз мехобед ва истироҳат мекунед? Бас аст, соат расидааст. Инак, Писари Одам ба дасти гуноҳкорон супурда мешавад. Бархезед, равем: инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад». Ва дарҳол, ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисёре аз ҷониби сардорони коҳинон, китобдонон ва пирон бо шамшеру калтакҳо омаданд. Таслимкунандаи Ӯ ишорае ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бӯсам, Ӯ ҳамон аст; Ӯро дастгир кунед ва зери назорати сахт баред». Ва чун омад, дарҳол ба Ӯ наздик шуда, гуфт: «Эй Устод! Эй Устод!» Ва Ӯро бӯсид. Ва онҳо дастҳои худро бар Ӯ андохта, Ӯро гирифтанд. Аммо яке аз онҳое ки истода буданд, шамшери худро кашида, ба ғуломи саркоҳин зад ва як гӯши вайро бурид. Исо ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Гӯё бар зидди роҳзане бо шамшеру калтакҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед. Ҳар рӯз Ман назди шумо дар ибодатгоҳ будам ва таълим медодам, ва шумо Маро дастгир накардед. Лекин бигзор /гуфтаҳои/ Китоб ба амал оянд». Он гоҳ ҳама Ӯро вогузошта, гурехтанд. Ҷавоне ҷисми бараҳнаи худро бо порчаи катоне печонда, аз паси Ӯ мерафт; ва сарбозон вайро дастгир карданд. Лекин вай порчаи катонро партофта, тани бараҳна аз дасти онҳо гурехт. Ва Исоро назди саркоҳин оварданд; ва ҳамаи сардорони коҳинон ва пирон ва китобдонон назди вай гирд омаданд. Петрус аз дур, то даруни ҳавлии саркоҳин аз пайи Ӯ равона шуда, бо нигаҳбонон нишаст ва назди оташ худро гарм мекард. Сардорони коҳинон ва тамоми шӯро дар ҷустуҷӯи гувоҳие бар зидди Исо буданд, то Ӯро кушанд, лекин наёфтанд. Зеро бисёр касон бар зидди Ӯ гувоҳии бардурӯғ доданд, лекин ин гувоҳиҳо ба якдигар мувофиқ набуданд. Ва баъзе касон бархеста, бар зидди Ӯ гувоҳии бардурӯғ дода, гуфтанд: «Мо шунидем, ки Ӯ мегуфт: “Ман ин ибодатхонаи бо дасти одам сохташударо вайрон мекунам ва дар се рӯз дигареро бино мекунам, ки бо дасти одам сохта нашуда бошад”». Лекин чунин гувоҳии онҳо низ мувофиқ набуд. Пас саркоҳин бархест ва дар миёна истода, аз Исо пурсид: «Ҳеҷ ҷавоб намедиҳӣ? Ин чист, ки инҳо бар зидди Ту гувоҳӣ медиҳанд?» Аммо Ӯ хомӯш монд ва ҳеҷ ҷавоб надод. Боз саркоҳин аз Ӯ пурсида, гуфт: «Оё Ту Масеҳ, Писари Худои Муборак ҳастӣ?» Исо гуфт: «Ман ҳастам; ва шумо рӯзе Писари Одамро мебинед, ки аз дасти рости Қудрат нишаста, бо абрҳои осмон меояд». Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро даронда, гуфт: «Дигар ба гувоҳон чӣ эҳтиёҷ дорем? Шумо куфрро шунидед; чӣ мулоҳиза доред?» Пас ҳама Ӯро айбдор карда, сазовори марг донистанд. Ва баъзе касон ба сару рӯи Ӯ туф кардан гирифтанд ва рӯяшро пӯшида, Ӯро мезаданд ва мегуфтанд: «Пайғамбарӣ кун». Ва нигаҳбонон Ӯро торсакӣ мезаданд. Ҳангоме ки Петрус дар поён, дар рӯи ҳавлӣ буд, яке аз канизони саркоҳин омад ва чун дид, ки Петрус худро гарм мекунад, ба вай нигоҳ карда, гуфт: «Ту низ бо Исои Носирӣ будӣ». Лекин вай инкор карда, гуфт: «Намедонам ва намефаҳмам, ки ту чӣ мегӯӣ». Ва ба ҳавлии берун рафта буд, ки хурӯс бонг зад. Каниз бори дигар вайро дида, ба онҳое ки истода буданд, гуфт: «Ин яке аз онҳост». Вай бори дигар инкор кард. Пас аз муддате онҳое ки истода буданд, ба Петрус гуфтанд: «Ба ростӣ ту яке аз онҳо мебошӣ; зеро ту ҷалилӣ ҳастӣ ва лаҳҷаи ту ҳамон хел аст». Лекин вай ба савганду қасам хӯрдан сар карда, гуфт: «Он одамро, ки мегӯед, намешиносам». Ва хурӯс бори дуюм бонг зад. Он гоҳ Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки вай гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор мекунӣ». Ва ба гиристан сар кард. Бомдодон фавран сардорони коҳинон бо пирон ва китобдонон ва тамоми шӯро машварат карданд ва Исоро баста бурданд ва ба Пилотус супурданд. Пилотус аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи яҳудиён ҳастӣ?» Ӯ дар ҷавоб ба вай гуфт: «Ту мегӯӣ». Ва сардорони коҳинон Ӯро бисёр айбдор мекарданд. Пилотус боз аз Ӯ пурсид: «Ту ҳеҷ ҷавобе намедиҳӣ? Бин, чӣ қадар зидди Ту гувоҳӣ медиҳанд». Лекин Исо боз ҳеҷ ҷавоб надод, ба тавре ки Пилотус дар ҳайрат монд. Ба муносибати ид вай як бандиро, ки мехостанд, барои онҳо озод мекард. Бараббо ном касе бо шариконаш дар ҳабс буд, ки онҳо дар вақти шӯриш одам кушта буданд. Ва мардум фарёд зада, талаб карданд, ки он чиро, ки ҳамеша барои онҳо мекард, ба ҷо оварад. Вай дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё мехоҳед, Подшоҳи яҳудиёнро барои шумо озод кунам?» Зеро медонист, ки сардорони коҳинон Ӯро аз рӯи ҳасад таслим карда буданд. Лекин сардорони коҳинон мардумро барангехта буданд, ки Барабборо барои онҳо озод кунад, беҳтар аст. Пилотус боз дар ҷавоби онҳо гуфт: «Пас бо он Касе ки Ӯро Подшоҳи яҳудиён меномед, чӣ кунам?» Онҳо боз фарёд заданд: «Ӯро ба салиб каш!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Ӯ чӣ бадӣ кардааст?» Лекин онҳо боз ҳам зиёдтар фарёд заданд: «Ӯро ба салиб каш!» Пас Пилотус, мардумро хушнуд карданӣ шуда, Барабборо барои онҳо озод кард ва фармуд, ки Исоро тозиёна зананд, ва Ӯро барои ба салиб кашидан супурд. Ва сарбозон Ӯро ба даруни ҳавлӣ, яъне ба сарбозхона бурданд ва тамоми фавҷро гирд оварданд; ва ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд ва тоҷе аз хор бофта, бар сараш гузоштанд; ва ба салом гуфтан сар карданд: «Салом, эй Подшоҳи яҳудиён!» Ва най бар сараш мезаданд ва бар Ӯ туф мекарданд ва, зону зада, ба Ӯ таъзим мекарданд. Пас аз он ки Ӯро хеле масхара карданд, ҷомаи арғувонро аз танаш кашида, либоси Худашро пӯшонданд ва Ӯро берун бурданд, то ба салиб кашанд. Ва роҳгузари қайравониеро, ки Шимъун ном дошт ва падари Искандар ва Руфус буд ва аз саҳро меомад, маҷбур карданд, ки салиби Ӯро бардорад. Ва Исоро ба ҷое бурданд, ки Ҷолҷолто, яъне “Ҷои косахонаи сар” ном дошт. Ва майи бо мурр омехтаро барои нӯшиданаш доданд; лекин Ӯ нанӯшид. Ононе ки Ӯро ба салиб кашиданд, либоси Ӯро қуръа партофта тақсим карданд, то ҳар кас чизе гирад. Ва соат се буд, ки Ӯро ба салиб кашиданд. Ва бар Ӯ чунин айбномае навишта шуда буд: «Подшоҳи яҳудиён». Бо Ӯ ду роҳзанро ба салиб кашиданд, якеро аз дасти рост ва дигареро аз дасти чапи Ӯ. Пас ба амал омад он навиштае ки мегӯяд: «Аз бадкирдорон шумурда шуд». Ва роҳгузарон Ӯро дашном дода ва сар ҷунбонда, мегуфтанд: «Эй Ту, ки ибодатхонаро вайрон карда, дар се рӯз аз нав месозӣ! Худатро наҷот дода, аз салиб фуруд ой». Ҳамчунин сардорони коҳинон бо китобдонон Ӯро масхара карда, ба якдигар мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад! Масеҳ, Подшоҳи Исроил, бигзор акнун аз салиб фуруд ояд, то бинем ва ба Ӯ имон оварем». Ҳамчунин онҳое ки бо Ӯ ба салиб кашида шуда буданд, Ӯро дашном медоданд. Чун соат шаш шуд, тамоми заминро то соати нӯҳ торикӣ фаро гирифт. Ва дар соати нӯҳ Исо бо овози баланд фарёд зада гуфт: «Элоҳӣ, Элоҳӣ! Лама шабақтанӣ?», яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?» Баъзе аз ҳозирон, чун шуниданд, гуфтанд: «Инак, Илёсро ҷеғ мезанад». Пас шахсе шитобон исфанҷеро аз сирко пур кард ва бар сари най гузошта, ба Ӯ нӯшонданӣ шуд ва гуфт: «Истед, бинем, ки оё Илёс меояд, то Ӯро фуруд оварад?» Аммо Исо садои баланде бароварда, ҷон дод. Ва пардаи ибодатхона аз боло то поён дарида, ду пора шуд. Мирисаде ки рӯ ба рӯи Ӯ меистод, чун дид, ки Ӯ бо чунин садо ҷон дод, гуфт: «Ба ростӣ ин одам Писари Худо буд». Якчанд зан низ буданд, ки аз дур нигоҳ мекарданд: аз он ҷумла Марями Маҷдалия ва Маряме ки модари Яъқуби хурдӣ ва Юсӣ буд, ва Салӯмит, ки ҳангоми дар Ҷалил буданаш аз пайи Ӯ мерафтанд ва ба Ӯ хизмат мекарданд, ва бисёр занони дигар, ки ҳамроҳи Ӯ ба Уршалим омада буданд. Қабри,,,,\ Исо Ва чун бегоҳ шуд, зеро рӯзи тайёрӣ, яъне рӯзи пеш аз шанбе буд, Юсуф ном шахсе аз Ромо, узви боэътибори шӯро, ки худаш низ интизори Подшоҳии Худо буд, омад ва далерона назди Пилотус даромад ва ҷасади Исоро хоҳиш кард. Пилотус ҳайрон шуд, ки Ӯ зуд мурдааст; ва мирисадро ҷеғ зада, аз вай пурсид, ки оё мурд? Ва чун аз мирисад фаҳмид, ҷасадро ба Юсуф дод. Вай катоне харид ва ҷасадро аз салиб фуроварда, ба катон печонд ва ба қабре ки дар санг тарошида шуда буд, гузошт; ва сангеро бар даҳанаи қабр ғелонд. Ва Марями Маҷдалия ва Марями модари Юсӣ диданд, ки куҷо гузошта шуд. Пас аз гузаштани шанбе, Марями Маҷдалия ва Маряме ки модари Яъқуб буд, ва Салӯмит хушбӯиҳо хариданд, то рафта ба Ӯ моланд. Ва хеле барвақт дар рӯзи якуми ҳафта, чун офтоб баромад, онҳо ба сари қабр омаданд. Ва ба ҳамдигар мегуфтанд: «Сангро аз даҳанаи қабр барои мо кӣ меғелонад?» Чун нигаристанд, диданд, ки санг ғелонда шудааст; ва ҳол он ки он бисёр калон буд. Ва чун ба қабр даромаданд, ҷавонеро дар тарафи рост нишаста диданд, ки либоси сафед дар бар дошт; ва тарсиданд. Вай ба онҳо гуфт: «Натарсед. Исои Носирии ба салиб кашидашударо ҷустуҷӯ мекунед; Ӯ зинда шуд ва дар ин ҷо нест. Инак ҷое ки Ӯро гузошта буданд. Лекин рафта, ба шогирдони Ӯ ва ба Петрус гӯед, ки Ӯ пеш аз шумо ба Ҷалил меравад; Ӯро, чунон ки ба шумо гуфта буд, дар он ҷо мебинед». Ва баромада, аз пеши қабр гурехтанд; онҳоро ларза ва даҳшат фаро гирифта буд, ва ба касе чизе нагуфтанд, чунки метарсиданд. Саҳарии рӯзи якуми ҳафта Исо бархеста, аввал ба Марями Маҷдалия, ки аз вай ҳафт девро берун карда буд, намоён шуд. Вай рафта, ба ҳамроҳони Ӯ, ки гирёну нолон буданд, хабар дод. Лекин онҳо чун шуниданд, ки Ӯ зинда аст, ва Ӯро вай дидааст, бовар накарданд. Пас аз он бо симои дигар ба ду нафари онҳо, ки ба деҳа мерафтанд, дар роҳ намоён шуд. Ва онҳо баргашта, ба дигарон хабар доданд; лекин ба онҳо низ бовар накарданд. Ниҳоят ба он ёздаҳ, ки дар сари дастархон нишаста буданд, намоён шуд ва онҳоро ба сабаби нобоварӣ ва дилсахтиашон сарзаниш кард, зеро ба онҳое ки Ӯро бархестагӣ дида буданд, бовар накарданд. Ва ба онҳо гуфт: «Ба тамоми ҷаҳон равед ва Инҷилро ба ҳамаи офаридаҳо мавъиза кунед. Ҳар кӣ имон оварда, таъмид гирад, наҷот меёбад; лекин ҳар кӣ имон наоварад, маҳкум мешавад. Ва ин аломатҳо ҳамроҳи имондорон мешаванд: ба номи Ман девҳоро берун мекунанд, бо забонҳои нав сухан мегӯянд, морҳоро мегиранд, ва агар заҳри марговаре хӯранд, ба онҳо осеб намерасонад; даст бар беморон мегузоранд ва онҳо шифо меёбанд». Ва Худованд, пас аз он ки ба онҳо сухан гуфт, ба осмон боло бурда шуд ва аз дасти рости Худо нишаст. Ва онҳо берун рафта, дар ҳар ҷо мавъиза мекарданд, ва Худованд ба онҳо ёрӣ мерасонд ва бо аломатҳои баъдина суханро тасдиқ мекард. Омин.  Азбаски бисёр касон ба тартиб додани нақли рӯйдодҳое сар кардаанд, ки рӯй доданашон дар миёни мо пурра маълум аст, чунон ки онҳое ки аз ибтидо шоҳидон ва ходимони Калом буданд, ба мо расондаанд, ман низ раво донистам, ки ҳама чизро аз ибтидо бо диққат тадқиқ намуда, пайи ҳам барои ту, эй Теофилуси муҳтарам, нависам, то ки боварибахш будани он чиро, ки омӯхтаӣ, донӣ. Дар айёми Ҳиродус, подшоҳи Яҳудия, Закарё ном коҳине аз навбати Абиё буд, ва зани ӯ аз духтарони Ҳорун буда, Элишабаъ ном дошт. Ҳар дуи онҳо пеши Худо росткор буданд ва аз рӯи тамоми фармудаҳо ва фаризаҳои Худованд бекаму кост рафтор мекарданд. Онҳо фарзанд надоштанд, чунки Элишабаъ нозой буд, ва ҳар ду ба пиронсолагӣ расида буданд. Боре, ҳангоме ки ӯ бо навбати худ пеши Худо коҳинӣ мекард, мувофиқи одати коҳинӣ, қуръа ба номи ӯ баромад, ки ба ибодатхонаи Худованд даромада, бухур сӯзонад; ва ҳангоми бухур сӯзонданаш тамоми анбӯҳи мардум дар берун дуо мегуфт. Баногоҳ фариштаи Худованд бар ӯ намудор гардида, дар тарафи рости қурбонгоҳи бухур истод. Закарё ӯро дида, тарсид ва ба ҳарос афтод. Аммо фаришта ба ӯ гуфт: «Эй Закарё, натарс, чунки дуои ту шунида шудааст, ва зани ту Элишабаъ ба ту писаре мезояд, ва бояд номи ӯро Яҳё гузорӣ. Ва туро шодмонӣ ва хурсандӣ насиб мешавад, ва бисёр касон ба таваллуди ӯ шодӣ мекунанд. Зеро ӯ дар назди Худованд бузург мешавад, ва май ва шароб наменӯшад, ва аз шиками модари худ аз Рӯҳулқудс пур мешавад, ва бисёр касонро аз банӣ-Исроил ба Худованд Худои онҳо бозмегардонад. Ва пешопеши Ӯ бо рӯҳ ва қуввати Илёс қадам мезанад, то ки дилҳои падаронро ба фарзандон ва саркашонро ба хиради росткорон баргардонад ва халқи дурусте барои Худованд омода намояд». Закарё ба фаришта гуфт: «Инро аз рӯи чӣ донам? Зеро ман пир ҳастам, ва зани ман низ ба пиронсолагӣ расидааст». Фаришта дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ман Ҷаброил ҳастам, ки дар ҳузури Худо меистам, ва фиристода шудаам барои он ки ба ту сухан ронам ва ин хабари хушро ба ту расонам. Ва инак, забонат лол шуда, то рӯзи ба амал омадани ин ту гап зада наметавонӣ, зеро ба суханони ман, ки дар вақти худ иҷро мешаванд, бовар накардӣ». Дар ин миён мардум мунтазири Закарё буданд ва ҳайрон буданд, ки ӯ дар ибодатхона дер мекунад. Ва ҳангоме ки берун омад, ба онҳо гап зада натавонист, ва онҳо фаҳмиданд, ки ӯ дар ибодатхона рӯъёе дидааст; ва ӯ ба онҳо имову ишора мекард, ва забонаш лол шуда буд. Ҳангоме ки рӯзҳои хизматаш ба анҷом расиданд, ба хонаи худ рафт. Ва пас аз он рӯзҳо зани ӯ, Элишабаъ, ҳомила шуда, панҷ моҳ худро аз ҳама пинҳон дошт, ва гуфт: «Дар ин рӯзҳо Худованд назар карда, ба ман чунин амал кард, то ки нанги маро аз миёни мардум бардорад». Ва дар моҳи шашум Ҷаброили фаришта аз ҷониби Худо ба Носира ном шаҳри Ҷалил фиристода шуд назди бокирае ки номзади Юсуф ном марде аз хонадони Довуд буд; ва номи он бокира Марям буд. Ва фаришта назди вай даромада, гуфт: «Салом бар ту, эй пурфайз! Худованд бо туст; ту дар миёни занон муборак ҳастӣ». Аммо вай ӯро дида, аз суханонаш парешон шуд ва дар дили худ гуфт, ки ин чӣ саломе бошад. Ва фаришта ба вай гуфт: «Эй Марям, натарс, чунки ту назди Худо файз ёфтаӣ; ва инак, ҳомила шуда, Писаре мезоӣ, ва бояд номи Ӯро Исо гузорӣ. Ӯ бузург мешавад ва Писари Ҳаққи Таоло номида мешавад; ва Худованд Худо тахти падараш Довудро ба Ӯ медиҳад; ва Ӯ бар хонадони Яъқуб то абад подшоҳӣ мекунад, ва подшоҳии Ӯ поён нахоҳад дошт». Марям ба фаришта гуфт: «Ин чӣ гуна мешавад, дар ҳоле ки ман бо марде набудам?» Фаришта дар ҷавоби вай гуфт: «Рӯҳулқудс бар ту меояд, ва қуввати Ҳаққи Таоло бар ту соя меафканад; бинобар ин он Зодаи Муқаддас ҳам Писари Худо номида мешавад. Инак, хеши ту, Элишабаъ, ки ӯро нозой меноманд, ӯ низ дар пирии худ писаре дар шикам дорад, ва ҳоло моҳи шашуми ӯст; зеро назди Худо ҳеҷ чиз ғайриимкон нест». Марям гуфт: «Инак, канизи Худованд ҳастам; бигзор бо ман аз рӯи сухани ту шавад». Ва фаришта аз пеши вай рафт. Дар он рӯзҳо Марям роҳсипор шуда, бо шитоб ба шаҳре рафт, ки дар кӯҳистони Яҳудо аст, ва ба хонаи Закарё даромада, ба Элишабаъ салом гуфт. Ва чун Элишабаъ саломи Марямро шунид, бача дар шикамаш ба ҷунбиш омад; ва Элишабаъ аз Рӯҳулқудс пур шуд, ва бо овози баланд хитоб намуда, гуфт: «Ту дар миёни занон муборак ҳастӣ, ва муборак аст самари шиками ту! Ва ин ба ман аз куҷост, ки модари Хоҷаам назди ман омадааст? Зеро ҳамин ки садои саломи ту ба гӯшам расид, бача аз шодӣ дар шикамам ба ҷунбиш омад. Ва хушо он ки бовар кардааст, чунки он чи аз ҷониби Худованд ба вай гуфта шудааст, ба амал меояд». Ва Марям гуфт: «Ҷони ман Худовандро ситоиш мекунад, Рӯҳи ман аз Худои Наҷотдиҳандаи ман ба ваҷд омад, Ки Ӯ ба канизи ночизи Худ назар кардааст; Зеро минбаъд ҳамаи наслҳо маро хушбахт мехонанд. Зеро Зӯрофарин корҳои бузурге барои ман кардааст, Ва номи Ӯ қуддус аст, Ва марҳамати Ӯ насл ба насл барои касонест, Ки аз Ӯ метарсанд. Қуввати бозуи Худро нишон медиҳад; Онҳоеро, ки дар андешаҳои дил мағруранд, пароканда мекунад. Зӯрмандонро аз тахтҳо сарнагун месозад Ва шахсони ночизро сарбаланд мегардонад; Гуруснагонро бо чизҳои некӯ пур мекунад, Ва сарватмандонро дастхолӣ мефиристад; Бандаи Худ Исроилро дастгирӣ мекунад, Ба хотири марҳамати Худ, — Чунон ки ба падарони мо гуфтааст, — Ба Иброҳим ва насли ӯ то абад». Ва Марям қариб се моҳ назди ӯ монд ва баъд ба хонаи худ баргашт. Чун вақти зоидани Элишабаъ расид, ӯ писаре зоид. Ва ҳамсояҳо ва хешу табори ӯ шуниданд, ки Худованд марҳамати Худро ба ӯ афзун кардааст, ва бо ӯ шод шуданд. Ва дар рӯзи ҳаштум омаданд, ки кӯдакро хатна кунанд, ва мехостанд ӯро аз рӯи номи падараш Закарё ном монанд. Лекин модараш дар ҷавоб гуфт: «Не, балки ӯ Яҳё номида шавад». Ба вай гуфтанд: «Аз хешони ту касе нест, ки чунин ном дошта бошад». Ва бо имову ишора аз падараш пурсиданд, ки ӯро чӣ ном ниҳодан мехоҳад. Ӯ тахтачае талабида, бар он навишт: «Номи ӯ Яҳёст». Ва ҳама ҳайрон шуданд. Дарҳол даҳон ва забони ӯ кушода шуд, ва ӯ ба сухан даромада, Худоро муборак хонд. Ва ҳамаи ҳамсояҳои онҳо ба ҳарос афтоданд; ва тамоми ин воқеаро дар сар то сари кӯҳистони Яҳудия нақл мекарданд. Ва ҳар кӣ мешунид, инро дар дили худ ҷо дода, мегуфт: «Ин кӯдак кӣ мешавад?» Ва дасти Худованд бо ӯ буд. Падари ӯ, Закарё, аз Рӯҳулқудс пур шуд ва пайғамбарӣ намуда, гуфт: «Муборак аст Худованд Худои Исроил, Ки ба дидори қавми Худ омада, ба он халосӣ додааст, Ва барои мо шохи наҷот барпо кардааст Дар хонадони бандаи Худ Довуд, Чунон ки аз қадим гуфтааст Бо забони пайғамбарони муқаддаси Худ, Ки моро аз душманон наҷот медиҳад Ва аз дасти ҳамаи онҳое ки аз мо нафрат доранд; Ба падарони мо марҳамат намуда, Аҳди муқаддаси Худро, Қасамеро ба хотир меоварад, Ки Ӯ ба падари мо Иброҳим ёд карда буд, Ва ба мо имконият медиҳад, Ки аз дасти душманони худ халос шуда, Бе тарс ба Ӯ бо муқаддасӣ ва ростӣ ибодат кунем, Дар ҳолате ки тамоми рӯзҳои умри худ пеши Ӯ бошем. Ва ту, эй кӯдак, пайғамбари Ҳаққи Таоло хонда мешавӣ, Чунки пешопеши Худованд қадам мезанӣ, то роҳҳои Ӯро омода кунӣ Ва ба қавми Ӯ фаҳмонӣ, Ки наҷот дар бахшоиши гуноҳҳои онҳост, Аз марҳамати дилсӯзонаи Худои мо, Ки Сапеда бо он аз олами боло ба дидори мо омад, То ки касони дар торикӣ ва дар сояи марг нишастаро рӯшноӣ бахшад Ва пойҳои моро ба роҳи осоиш равона кунад». Ва кӯдак калон шуда, рӯҳаш нерӯманд мегашт, ва то рӯзе ки ба Исроил падид омад, дар биёбон буд. Дар он рӯзҳо аз ҷониби қайсар Августус фармоне баромад, ки дар тамоми рӯи замин номнависӣ гузаронанд. Ин номнависӣ аввалин буд ва дар замоне ки Куриниюс дар Сурия ҳукмронӣ мекард, анҷом ёфт. Ва ҳама барои номнависии худ, ҳар яке ба шаҳри худ мерафтанд. Юсуф низ аз Ҷалил, аз шаҳри Носира, ба Яҳудия, ба шаҳри Довуд, ки Байт-Лаҳм ном дорад, равона шуд, чунки ӯ аз хонадон ва насли Довуд буд, то бо Марям, ки номзади ӯ ва ҳомиладор буд, номнависӣ карда шавад. Ва ҳангоме ки онҳо дар он ҷо буданд, вақти зоидани вай расид; ва Писари нахустини худро зоид, ва Ӯро парпеч кард, ва Ӯро дар охуре хобонд, чунки дар мусофирхона ҷое барои онҳо набуд. Дар он сарзамин чӯпононе буданд, ки шабона дар ҳавои кушод рамаи худро посбонӣ мекарданд. Ва фариштаи Худованд бар онҳо намоён гардид, ва ҷалоли Худованд дар гирду пешашон дурахшид, ва онҳо хеле ҳаросон шуданд. Фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед; зеро ба шумо хушхабари басо шодибахш мерасонам, ки он барои тамоми қавм аст: Имрӯз дар шаҳри Довуд Наҷотдиҳанда барои шумо ба дунё омад, ки Ӯ Масеҳ, Худованд аст. Ин аст аломате барои шумо: Кӯдакро парпечшуда ва дар охуре хобида меёбед». Ногаҳон бо фаришта фавҷе аз лашкари осмон пайдо шуданд, ки Худоро ситоиш карда, мегуфтанд: «Ҷалол ба Худо дар арши аъло, Ва осоиш бар замин аст, Писандидаи /Ӯ/ байни одамон аст». Ҳангоме ки фариштаҳо аз пеши онҳо ба осмон боло шуданд, чӯпонон ба якдигар гуфтанд: «Биёед, ба Байт-Лаҳм равем ва он чиро, ки дар он ҷо рӯй додааст, ва Худованд онро ба мо хабар додааст, бинем». Ва бо шитоб омаданд, ва Марям ва Юсуф ва Кӯдакро, ки дар охур хобида буд, ёфтанд. Ва чун диданд, он суханонеро, ки ба онҳо дар бораи ин Кӯдак гуфта шуда буд, паҳн карданд. Ва ҳамаи онҳое ки шуниданд, аз он чи чӯпонон ба онҳо нақл карданд, ҳайрон шуданд. Ва Марям ҳамаи ин суханонро дар дили худ ҷо дода, нигоҳ медошт. Ва чӯпонон баргашта, Худоро ҳамду сано мехонданд ва ситоиш мекарданд барои ҳамаи он чизҳое ки шунида ва дида буданд, чунон ки ба онҳо гуфта шуда буд. Ҳангоме ки дар ҳаштрӯзагӣ Ӯро хатна карданд, ба Ӯ Исо ном доданд, чунон ки фаришта Ӯро, пеш аз он ки дар шикам пайдо шавад, номида буд. Ва ҳангоме ки рӯзҳои покшавии онҳо мувофиқи шариати Мусо фаро расид, Ӯро ба Уршалим оварданд, то ки ба Худованд пешниҳод кунанд, чунон ки дар шариати Худованд навишта шудааст: “Ҳар наринаи нахустзода муқаддаси Худованд хонда шавад”; ва мувофиқи он чи дар шариати Худованд гуфта шудааст, ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар қурбонӣ кунанд. Ва инак, дар Уршалим Шимъун ном марде буд, ки марди росткор ва худотарс ва мунтазири тасаллии Исроил буд, ва Рӯҳулқудс бар ӯ буд. Ва аз Рӯҳулқудс ба ӯ маълум шуда буд, ки то Масеҳи Худовандро набинад, маргро намебинад. Ва ӯ бо роҳнамоии Рӯҳ ба ибодатгоҳ омад. Ва ҳангоме ки Исои Кӯдакро падару модараш оварданд, то ки маросими шариатро бар Ӯ ба ҷо оваранд, ӯро ба дасти худ гирифта, Худоро муборак хонд ва гуфт: «Акнун, эй Фармонраво, мувофиқи ваъдаи Худ Бандаи Худро бо осоиш рухсати рафтан медиҳӣ; Чунки чашмони ман наҷоти Туро диданд, Ки онро Ту пеши ҳамаи қавмҳо омода сохтаӣ: Рӯшноиест, ки чашми халқҳоро мекушояд Ва ҷалоли қавми Исроили Ту мебошад». Ва Юсуф ва модари Ӯ аз он чи дар бораи Ӯ гуфта шуд, дар ҳайрат монданд. Ва Шимъун онҳоро баракат дода, ба Марям, модари Ӯ, гуфт: «Инак, Ӯ барои ғалтидан ва бархестани бисёр касон дар Исроил ва барои аломати зиддият таъйин шудааст, — дар ҷони ту низ шамшере фурӯ меравад, — то ки андешаҳои дилҳои бисёр ошкор шаванд». Дар он ҷо ҳамчунин пайғамбарзане, Ҳано духтари Фануил, аз қабилаи Ошер буд, ки хеле солхӯрда буд, ва аз давраи духтариаш ҳафт сол бо шавҳари худ зиндагӣ карда буд, ва то ҳаштоду чорсолагӣ бева буд. Вай аз ибодатгоҳ дур нашуда, бо рӯза ва дуо шабу рӯз ба Худо ибодат мекард. Вай низ дар ҳамон соат пеш омада, Худовандро ситоиш кард ва ба ҳамаи онҳое ки мунтазири халосии Уршалим буданд, дар бораи Ӯ сухан ронд. Пас аз он ки ҳамаи корҳоро аз рӯи шариати Худованд ба анҷом расонданд, ба Ҷалил, ба шаҳри худ Носира баргаштанд. Ва Кӯдак калон шуда, рӯҳаш пурзӯр мегашт ва аз ҳикмат пур мешуд, ва файзи Худо бар Ӯ буд. Ҳар сол падару модари Ӯ барои иди Песаҳ ба Уршалим мерафтанд. Инчунин ҳангоме ки Ӯ дувоздаҳсола буд, онҳо аз рӯи расми ид ба Уршалим омаданд, ва ҳангоме ки пас аз анҷоми рӯзҳои ид гашта мерафтанд, Исои Наврас дар Уршалим монд; ва Юсуф ва модари Ӯ аз ин огоҳ набуданд, ба гумони он ки Ӯ бо аҳли корвон меояд; ва як рӯз роҳ паймуда, дар миёни хешон ва ошноён ба ҷустуҷӯи Ӯ сар карданд; ва чун наёфтанд, барои кофта ёфтани Ӯ ба Уршалим баргаштанд. Пас аз се рӯз Ӯро дар ибодатгоҳ ёфтанд, ки дар миёни муаллимон нишаста, суханони онҳоро гӯш мекард ва ба онҳо савол медод. Ҳамаи онҳое ки суханони Ӯро мешуниданд, аз фаҳмиши Ӯ ва аз ҷавобҳои Ӯ ҳайрон мешуданд. Чун Ӯро диданд, дар ҳайрат монданд; ва модараш ба Ӯ гуфт: «Эй Фарзандам! Чаро Ту бо мо чунин рафтор кардӣ? Инак, падарат ва ман ғам хӯрда, Туро ҷустуҷӯ кардем». Ба онҳо гуфт: «Чаро Маро ҷустуҷӯ кардед? Магар намедонистед, ки Ман бояд дар пайи корҳои Падарам бошам?» Вале онҳо ба суханоне ки Ӯ гуфт, сарфаҳм нарафтанд. Ва Ӯ бо онҳо равона шуда, ба Носира омад; ва ба онҳо фармонбардор буд. Ва модари Ӯ ҳамаи ин суханонро дар дили худ нигоҳ медошт. Ва Исо дар ҳикмат ва дар қомат ва дар писандидагӣ назди Худо ва одамон пешрафт мекард. Дар соли понздаҳуми ҳукмронии қайсар Тибариюс, ҳангоме ки Понтиюс Пилотус дар Яҳудия фармонравоӣ мекард, ва Ҳиродус тетрархи Ҷалил, ва бародараш Филиппус тетрархи Итурия ва вилояти Тарохунитис, ва Лисониюс тетрархи Абилин буд, дар замони саркоҳинон Ҳонон ва Қаёфо, каломи Худо ба Яҳё ибни Закарё расид. Ва ӯ тамоми кишвари атрофи Урдунро тай карда, барои бахшоиши гуноҳҳо таъмиди тавбаро мавъиза мекард, чунон ки дар китоби суханони Ишаъёи пайғамбар навишта шудааст: «Овози нидокунандае дар биёбон: Роҳи Худовандро тайёр кунед, Роҳҳои Ӯро рост кунед. Ҳар водӣ баланд, ва ҳар кӯҳу теппа паст, Ва ҳар каҷӣ роҳи рост, ва ҳар роҳи ноҳамвор ҳамвор мешавад; Ва тамоми башарият наҷоти Худоро мебинад». Ва ба мардуме ки берун меомаданд, то ки аз ӯ таъмид гиранд, мегуфт: «Эй афъизодагон! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ғазаби оянда гурезед? Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад, ва дар дили худ нагӯед, ки “падари мо Иброҳим аст! ”; зеро ба шумо мегӯям, ки Худо метавонад аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вуҷуд оварад. Ва акнун теша бар решаи дарахтон гузошта шудааст: ҳар дарахте ки меваи нағз надиҳад, бурида ва ба оташ партофта мешавад». Мардум аз ӯ мепурсиданд: «Пас чӣ кунем?» Дар ҷавоби онҳо мегуфт: «Касе ки ду курта дорад, ба касе ки надорад, диҳад; ва касе ки хӯрок дорад, низ чунин амал кунад». Боҷгирон низ барои таъмид омада, ба ӯ гуфтанд: «Эй устод, чӣ кунем?» Ба онҳо гуфт: «Бештар аз он чи барои шумо муқаррар шудааст, талаб накунед». Сарбозон низ аз ӯ пурсида, гуфтанд: «Пас мо чӣ кунем?» Ба онҳо гуфт: «Касеро озор надиҳед, дар ҳаққи касе тӯҳмат накунед, ва ба маоши худ қаноат намоед». Ва ҳангоме ки мардум интизор меистоданд, ва ҳама дар дили худ дар бораи Яҳё андеша мекарданд, ки оё вай Масеҳ аст ё не, Яҳё дар ҷавоби ҳамаи онҳо мегуфт: «Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, лекин Касе тавонотар аз ман меояд, ва ман сазовори он нестам, ки банди пойафзоли Ӯро кушоям; Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс ва оташ таъмид медиҳад; Ӯ бели Худро дар даст дорад, ва Ӯ хирмангоҳи Худро тоза карда, гандумро дар анбори Худ ҷамъ мекунад, лекин коҳро дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад». Боз бо бисёр насиҳатҳои дигар ба мардум башорат медод. Ва тетрарх Ҳиродус барои Ҳиродия, зани бародараш, ва барои ҳамаи бадиҳое ки карда буд, ба сарзаниши ӯ дучор шуд. Бар ҳамаи ин онро низ илова намуд, ки Яҳёро дар зиндон андохт. Ҳангоме ки мардум ҳама таъмид мегирифтанд, ва Исо низ таъмид гирифта, дуо мегуфт, осмон кушода шуд, ва Рӯҳулқудс дар шакли ҷисмонӣ, чун кабӯтаре, бар Ӯ фуруд омад, ва овозе аз осмон омад, ки мегуфт: «Ту Писари дӯстдоштаи Ман ҳастӣ; Ман аз Ту хушнудам!» Ва Исо, ҳангоме ки хизмати Худро сар кард, тақрибан сисола буд, ва, чунон ки гумон мекарданд, писари Юсуф ибни Элӣ, ибни Маттот, ибни Левӣ, ибни Малкӣ, ибни Яннай, ибни Юсуф, ибни Матитё, ибни Омӯс, ибни Наҳум, ибни Ҳеслӣ, ибни Наҷҷай, ибни Маҳат, ибни Матитё, ибни Шимъӣ, ибни Юсуф, ибни Яҳудо, ибни Юҳонон, ибни Решо, ибни Зарубобил, ибни Шаалтиил, ибни Нерӣ, ибни Малкӣ, ибни Аддӣ, ибни Кӯсом, ибни Элмадом, ибни Эр, ибни Юсӣ, ибни Элиазар, ибни Юрим, ибни Маттот, ибни Левӣ, ибни Шимъун, ибни Яҳудо, ибни Юсуф, ибни Юном, ибни Элёқим, ибни Малё, ибни Мино, ибни Матато, ибни Нотон, ибни Довуд, ибни Ишой, ибни Убид, ибни Бӯаз, ибни Салмӯн, ибни Наҳшӯн, ибни Амминодоб, ибни Ром, ибни Ҳесрӯн, ибни Порас, ибни Яҳудо, ибни Яъқуб, ибни Исҳоқ, ибни Иброҳим, ибни Тораҳ, ибни Ноҳӯр, ибни Саруҷ, ибни Рау, ибни Палаҷ, ибни Эбар, ибни Шолаҳ, ибни Қенон, ибни Арпакшад, ибни Сом, ибни Нӯҳ, ибни Ломак, ибни Матушолаҳ, ибни Ҳанӯх, ибни Ёрад, ибни Маҳалалъил, ибни Қенон, ибни Анӯш, ибни Шет, ибни Одам, ибни Худо буд. Ва Исо пур аз Рӯҳулқудс аз Урдун баргашт, ва Рӯҳ Ӯро ба биёбон бурд, ва чил рӯз Ӯро иблис меозмуд. Дар он рӯзҳо Ӯ чизе нахӯрд; ва пас аз тамом шудани он муддат гурусна монд. Ва иблис ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин санг гӯй, ки нон шавад». Исо ба вай ҷавоб дод: «Навишта шудааст, ки “одамизод на танҳо бо нон зинда аст, балки бо ҳар калимаи Худо”». Ва Ӯро ба кӯҳи баланде бардошта бароварда, ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро дар лаҳзае ба Ӯ нишон дод. Иблис ба Ӯ гуфт: «Тамоми қудратро бар онҳо ва шукӯҳи онҳоро ба Ту медиҳам, зеро он ба дасти ман супурда шудааст, ва ман, ба ҳар кӣ хоҳам, онро медиҳам. Пас, агар Ту ба ман саҷда кунӣ, ҳамааш аз они Ту мешавад». Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Аз Ман дур шав, эй шайтон; навишта шудааст: “Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо”». Ва Ӯро ба Уршалим бурда, бар кунгураи ибодатгоҳ гузошт, ва ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, аз ин ҷо Худро ба зер андоз; чунки навишта шудааст: “Ба фариштаҳои Худ дар бораи Ту фармон медиҳад, Ки Туро нигоҳдорӣ кунанд; Ва Туро рӯи даст мебаранд, Ки мабодо пои Худро ба санге занӣ”». Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Гуфта шудааст: “Худованд Худои худро наозмой”». Ва иблис тамоми озмоишро ба охир расонда, то муддате аз Ӯ дур шуд. Ва Исо бо қуввати Рӯҳ ба Ҷалил баргашт, ва овозаи Ӯ дар тамоми гирду атроф паҳн шуд. Ва Ӯ дар куништҳои онҳо таълим медод, ва ҳама Ӯро ситоиш мекарданд. Ва ба Носира, ки дар он ҷо тарбия ёфта буд, омад ва аз рӯи одати Худ, рӯзи шанбе ба куништ даромад ва барои хондан бархест. Ба Ӯ китоби Ишаъёи пайғамбарро доданд; ва Ӯ китобро кушода, ҷоеро ёфт, ки чунин навишта шуда буд: “Рӯҳи Худованд бар Ман аст, Чунки Ӯ Маро масҳ намудааст, То ба бенавоён башорат диҳам, Ва Маро фиристодааст, То ки шикастадилонро шифо бахшам, Озодиро ба асирон Ва биноиро ба кӯрон мавъиза намоям, Ва соли писандидаи Худовандро мавъиза намоям”. Ва китобро пӯшонда, ба ходим дод ва нишаст; ва чашмони ҳама дар куништ ба Ӯ дӯхта шуда буданд. Ва Ӯ сухан оғоз намуда, ба онҳо гуфт: «Имрӯз ин навишта, ки шумо гӯш кардед, ба иҷро расидааст». Ва ҳама ба Ӯ гувоҳӣ медоданд, ва аз суханони файзбахше ки аз даҳонаш мебаромаданд, ҳайрон шуда, мегуфтанд: «Оё Ӯ писари Юсуф нест?» Ба онҳо гуфт: «Албатта, шумо ба Ман ин мақолро мегӯед: “Эй табиб! Худатро шифо деҳ; ҳар он чи шунидаем, ки дар Кафарнаҳум рӯй додааст, ин ҷо низ дар ватани Худ кун”». Ва гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ пайғамбаре дар ватани худ қабул нашудааст. Аз рӯи ҳақиқат ба шумо мегӯям: бисёр бевазанон дар Исроил дар айёми Илёс буданд, ки он вақт осмон се солу шаш моҳ баста шуда буд, ба тавре ки дар тамоми рӯи замин гуруснагии сахте рӯй дод, вале Илёс назди ҳеҷ яке аз онҳо фиристода нашуд, балки танҳо назди бевазане ба Сарфати Сидун. Ва бисёр махавиён дар Исроил дар замони Элишои пайғамбар буданд, вале ҳеҷ яке аз онҳо пок нашуд, балки танҳо Наамони сурёнӣ». Тамоми аҳли куништ инро шунида, пур аз ғазаб шуданд, ва бархеста, Ӯро аз шаҳр бадар карданд ва бар қуллаи кӯҳе ки шаҳрашон бар он сохта шуда буд, бурданд, то ки Ӯро ба зер афкананд. Аммо Ӯ аз миёни онҳо гузашта, ба роҳи Худ рафт. Ва ба Кафарнаҳум, шаҳри Ҷалил, омад, ва дар рӯзҳои шанбе онҳоро таълим медод. Ва онҳо аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, чунки сухани Ӯ боқудрат буд. Дар куништ касе буд, ки рӯҳи деви нопок дошт, ва бо овози баланд фарёд зада, гуфт: «Ба мо чӣ кор дорӣ, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, ки Ту кистӣ; Ту Қуддуси Худоӣ!» Исо вайро манъ карда, гуфт: «Хомӯш шав ва аз вай берун ой!» Ва дев вайро дар миёна афтонда, аз вай берун шуд, ва ҳеҷ осебе ба вай нарасонд. Ҳама ба воҳима афтоданд, ва ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ гапест, ки Ӯ бо қудрат ва қувват ба рӯҳҳои нопок мефармояд, ва онҳо берун меоянд?» Ва овозаи Ӯ дар тамоми гирду атроф паҳн шуд. Ӯ аз куништ баромада, ба хонаи Шимъун омад. Хушдомани Шимъун таби баланд дошт; ва дар хусуси ин зан аз Ӯ илтимос карданд. Ва Ӯ наздики вай омада, табро манъ кард; ва он паст шуд. Зан дарҳол бархеста, онҳоро пазироӣ кард. Ҳангоми фурӯ рафтани офтоб ҳамаи онҳое ки беморони гирифтори бемориҳои гуногун доштанд, онҳоро назди Ӯ меоварданд, ва Ӯ ба ҳар яке аз онҳо даст гузошта, онҳоро шифо медод. Девҳо низ аз бисёр касон берун омада, бо фарёд мегуфтанд: «Ту Масеҳ, Писари Худо ҳастӣ». Аммо Ӯ онҳоро манъ карда, намегузошт сухан ронанд, чунки Масеҳ будани Ӯро медонистанд. Чун субҳ дамид, Ӯ берун омада, ба ҷои хилвате рафт, вале мардум Ӯро кофта ёфтанд ва назди Ӯ омаданд, ва Ӯро нигоҳ медоштанд, ки аз пешашон наравад. Ба онҳо гуфт: «Ман бояд ба шаҳрҳои дигар низ аз Подшоҳии Худо башорат диҳам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам». Ва дар куништҳои Ҷалил мавъиза мекард. Боре, ҳангоме ки мардуми бисёре аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд, то ки сухани Худоро гӯш кунанд, ва Ӯ дар канори кӯли Ҷинесор истода буд, — ду киштиро дид, ки дар кӯл истода буданд, ва моҳигирон аз онҳо берун омада, тӯрҳои худро мешустанд. Ба яке аз киштиҳо, ки аз они Шимъун буд, савор шуда, аз вай хоҳиш кард, ки андаке аз соҳил дуртар ронад, ва Ӯ дар киштӣ нишаста, мардумро таълим медод. Ва ҳангоме ки суханаш ба поён расид, ба Шимъун гуфт: «Ба чуқуроб рон, ва тӯрҳои худро барои сайд андозед». Шимъун дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Тамоми шаб заҳмат кашида, чизе нагирифтем; лекин аз рӯи сухани Ту тӯрро меандозам». Ва онҳо чунин карданд, ва миқдори зиёди моҳиро сайд карданд, ва кам монда буд, ки тӯрашон дарида равад. Ва ба рафиқони худ, ки дар киштии дигар буданд, ишора карданд, ки ба ёрии онҳо биёянд; ва онҳо омада, ҳар ду киштиро пур карданд, ба тавре ки қариб буд зери об раванд. Шимъуни Петрус, чун инро дид, пеши Исо зону зада, гуфт: «Худовандо! Аз пеши ман рав, чунки ман шахси гуноҳкор ҳастам». Зеро вай ва ҳамаи ҳамроҳонаш аз ин сайди моҳӣ, ки карда буданд, дар даҳшат афтоданд. Ва ҳамчунин Яъқуб ва Юҳанно, писарони Забдой низ, ки шарикони Шимъун буданд. Ва Исо ба Шимъун гуфт: «Натарс; минбаъд одамонро сайд мекунӣ». Ва ҳар ду киштиро ба соҳил бароварданд, ва ҳамаро тарк карда, аз паси Ӯ равона шуданд. Ҳангоме ки Исо дар яке аз шаҳрҳо буд, марде пур аз махав омад, ва чун Исоро дид, рӯй ба замин ниҳода, аз Ӯ илтимос кард: «Эй Хоҷа! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ». Ӯ дасташро дароз карда, ба вай расонд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав!» Ва дарҳол махав аз вай нест шуд. Ва Ӯ ба вай фармуд, ки ба ҳеҷ кас гап назанад, балки рафта худро ба коҳин нишон диҳад ва барои пок шудани худ он чиро, ки Мусо фармудааст, тақдим кунад, то барои онҳо шаҳодате бошад. Аммо овозаи Ӯ торафт паҳн мешуд, ва шумораи зиёди мардум назди Ӯ ҷамъ меомаданд, то ки суханашро гӯш кунанд ва аз бемориҳои худ шифо ёбанд. Ва Ӯ ба ҷойҳои хилват мерафт ва дуо мегуфт. Рӯзе аз рӯзҳо Ӯ таълим медод, ва фарисиён ва муаллимони шариат аз ҳамаи деҳоти Ҷалил ва аз Яҳудия ва Уршалим омада, дар он ҷо нишаста буданд, ва дар шифо доданаш қуввати Худованд буд. Инак, якчанд кас марди шалеро бо бистараш бардошта оварданд, ва мехостанд вайро дароварда, пеши Ӯ бигузоранд. Вале ба сабаби бисёрии мардум роҳе барои даровардани вай наёфта, болои бом баромаданд ва аз миёни сафолҳои он вайро бо бистараш ба миёнаи хона пеши Исо поён фуроварданд. Ва Ӯ имони онҳоро дида, ба вай гуфт: «Эй одамизод, гуноҳҳои ту бахшида шуданд». Китобдонон ва фарисиён дар дили худ андеша карда, мегуфтанд: «Ин кист, ки куфр мегӯяд? Ғайр аз Худо кист, ки гуноҳҳоро бахшида тавонад?» Исо андешаҳои онҳоро пай бурда, дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шумо дар дили худ чӣ андешаҳо доред? Кадомаш осонтар аст: гуфтани он ки “гуноҳҳои ту бахшида шуданд”, ё гуфтани он ки “бархез ва равона шав”? Лекин то донед, ки Писари Одам дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад...» — ба шал гуфт: «Ба ту мегӯям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав». Вай дарҳол дар пеши назари онҳо бархест, бистари худро бардошт ва Худоро ҳамду сано гуфта, ба хонаи худ равона шуд. Ва ҳама дар ҳайрат монданд, ва Худоро ҳамду сано мехонданд, ва дар ҳолате ки пур аз тарсу ҳарос буданд, мегуфтанд: «Имрӯз чизҳои аҷоибе дидем». Даъват шудани Левӣ (Матто) Пас аз ин Ӯ берун рафта, Левӣ ном боҷгиреро дид, ки дар боҷгоҳ нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Аз пайи Ман биё». Вай ҳама чизро тарк карда, бархест ва аз пайи Ӯ равона шуд. Ва Левӣ дар хонаи худ барои Ӯ зиёфати калоне дод, ва шумораи зиёди боҷгирон ва касони дигар назди дастархон нишастанд. Китобдонон ва фарисиён норозигӣ баён намуда, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон мехӯред ва менӯшед?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб эҳтиёҷ доранд; Ман омадаам, ки на росткоронро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам». Ба Ӯ гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳё бисёр рӯза медоранд ва дуо мегӯянд, ҳамчунин шогирдони фарисиён низ, лекин шогирдони Ту мехӯранд ва менӯшанд?» Ба онҳо гуфт: «Оё метавонед меҳмонони базми арӯсиро, то замоне ки домод бо онҳост, ба рӯзадорӣ водор намоед? Лекин рӯзҳое фаро мерасанд, ки домод аз онҳо гирифта мешавад, ва он гоҳ дар он рӯзҳо рӯза медоранд». Дар айни ҳол ба онҳо ин масалро гуфт: «Ҳеҷ кас порчае аз ҷомаи нав гирифта, ба ҷомаи кӯҳна дарбеҳ намемонад; вагарна он ҳам ҷомаи навро пора мекунад, ва ҳам дарбеҳи нав ба ҷомаи кӯҳна мувофиқ намеояд. Ва ҳеҷ кас майи навро ба машки кӯҳна намеандозад; вагарна майи нав машкро медаронад, худаш ҳам мерезад, машк ҳам ҳайф мешавад; балки майи навро ба машки нав андохтан даркор аст; ва ҳар ду нигоҳ дошта мешаванд. Ва ҳеҷ кас майи кӯҳнаро нӯшида, дарҳол навашро намехоҳад, чунки мегӯяд: майи кӯҳна беҳтар аст». Дар рӯзи шанбеи дуюм, пас аз якум, чунин шуд, ки Ӯ аз миёни киштзор мегузашт, ва шогирдони Ӯ хӯшаҳоро мечиданд ва бо даст соида, мехӯрданд. Ва баъзе аз фарисиён ба онҳо гуфтанд: «Чаро шумо коре мекунед, ки кардани он дар рӯзи шанбе раво нест?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Магар нахондаед, ки Довуд чӣ кард, ҳангоме ки худаш ва ҳамроҳонаш гурусна буданд? Чӣ гуна вай ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро гирифта хӯрд ва ба ҳамроҳони худ низ дод, ки хӯрдани он, ғайр аз коҳинон, ба касе раво набуд?» Ва ба онҳо гуфт: «Писари Одам х ҷаи рӯзи шанбе низ мебошад». Як рӯзи шанбеи дигар Ӯ ба куништ даромада, таълим медод, ва дар он ҷо шахсе буд, ки дасти росташ хушк шуда буд. Китобдонон ва фарисиён аз пайи Ӯ мепоиданд, ки шояд дар рӯзи шанбе шифо диҳад, то ки айбе ба гардани Ӯ бор кунанд. Ва Ӯ андешаҳои онҳоро пай бурда, ба шахси дастхушк гуфт: «Бархез ва дар миёнҷо исто». Вай бархест ва истод. Ва Исо ба онҳо гуфт: «Аз шумо мепурсам, ки дар рӯзи шанбе кадом кор раво аст: некӣ кардан, ё бадӣ кардан? Ҷонеро наҷот додан, ё куштан?» Ва ба ҳамаи онҳо нигариста, ба он шахс гуфт: «Дасти худро дароз кун». Вай чунин кард, ва он монанди дасти дигараш сиҳат шуд. Аммо онҳо бисёр дарғазаб шуда, бо ҳамдигар машварат мекарданд, ки ба Исо чӣ кунанд. Дар он рӯзҳо Ӯ барои дуо гуфтан ба кӯҳе баромад ва тамоми шаб ба Худо дуо гуфт. Ҳангоме ки рӯз шуд, шогирдони Худро даъват намуда, аз онҳо дувоздаҳ нафарро интихоб кард, ва ба онҳо номи расулонро дод, ки инҳоянд: Шимъун, ки ӯро Петрус низ номид, ва бародараш Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно, Филиппус ва Барталмо, Матто ва Тумо, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъун, ки лақабаш Ғаюр буд, Яҳудо ибни Яъқуб ва Яҳудои Исқарютӣ, ки баъдтар таслимкунандаи Ӯ шуд. Ва бо онҳо фуруд омада, бар ҷои ҳамворе истод, ва бисёре аз шогирдонаш ва шумораи зиёди мардум аз тамоми Яҳудия ва Уршалим ва аз соҳили Сур ва Сидун ҷамъ омаданд, то ки сухани Ӯро гӯш кунанд ва аз бемориҳои худ шифо ёбанд; дар байнашон ҳамчунин гирифторони рӯҳҳои нопок буданд; ва шифо меёфтанд. Ва мардум ҳама кӯшиш мекарданд, ки ба Ӯ даст расонанд, чунки қуввате аз Ӯ берун омада, ҳамаро шифо мебахшид. Ва Ӯ ба шогирдони Худ чашм андохта, гуфт: «Хушо шумо, эй бенавоён, Зеро Подшоҳии Худо аз они шумост. Хушо шумо, ки ҳоло гурусна ҳастед, Зеро сер мешавед. Хушо шумо, ки ҳоло гирён ҳастед, Зеро хандон мешавед. Хушо шумо, ҳангоме ки одамон ба хотири Писари Одам аз шумо нафрат кунанд, ва шуморо дур кунанд ва дашном диҳанд ва номи шуморо ба бадӣ бароварда, рад кунанд. Дар он рӯз шодӣ кунеду пойкӯбӣ намоед, чунки подоши шумо дар осмон бузург аст. Падарони онҳо бо пайғамбарон ҳамин тавр рафтор мекарданд. Лекин вой бар шумо, эй сарватмандон! Зеро тасаллии худро ёфтаед. Вой бар шумо, эй сершудагон! Зеро гурусна мешавед. Вой бар шумо, эй касоне ки акнун хандон ҳастед, зеро мотам гирифта, гирён мешавед. Вой /бар шумо/, вақте ки мардум шуморо таъриф кунанд. Зеро падарони онҳо бо пайғамбарони дурӯғин ҳамин тавр рафтор карда буданд. Лекин ба шумо, эй шунавандагон, мегӯям: душманони худро дӯст доред; ба онҳое ки аз шумо нафрат доранд, некӣ кунед; барои онҳое ки шуморо лаънат мегӯянд, баракат хоҳед; барои онҳое ки шуморо озор медиҳанд, дуо гӯед. Агар касе ба рухсораи ту торсакӣ занад, дигарашро низ сӯи вай гардон; ва агар касе ҷомаи туро кашида гирад, дар гирифтани куртаат низ ба вай монеъ нашав. Агар касе аз ту чизе хоҳиш кунад, ба вай деҳ, ва агар касе чизи туро гирад, гашта доданашро талаб накун. Чӣ тавре ки мехоҳед, то одамон бо шумо рафтор кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед. Ва агар касонеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, чӣ мукофотеро интизоред? Зеро гуноҳкорон низ дӯстдорони худро дӯст медоранд. Ва агар ба касоне некӣ мекунед, ки ба шумо некӣ мекунанд, чӣ мукофотро интизоред? Зеро гуноҳкорон низ чунин мекунанд. Ва агар ба касоне қарз диҳед, ки ба гашта гирифтан аз онҳо умед доред, чӣ мукофотро интизоред? Зеро гуноҳкорон низ ба гуноҳкорон қарз медиҳанд, то ки аз онҳо ҳамон қадар гашта гиранд. Лекин шумо душманони худро дӯст доред, некӣ кунед ва қарз диҳед, бе он ки чизе умедвор шавед; ва подоши шумо бузург мешавад, ва писарони Ҳаққи Таоло мешавед; зеро Ӯ ба носипосон ва бадон некӯ аст. Пас, раҳмдил бошед, чунон ки Падари шумо раҳмдил аст. Доварӣ накунед, ва ба доварӣ дучор намешавед; маҳкум накунед, ва маҳкум намешавед, бахшед ва бахшида мешавед. Диҳед, ва ба шумо дода мешавад: ба андозаи хуби ҷунбондаву фишурдашуда ва лабрез ба домани шумо мерезанд; зеро ба ҳар андозае ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда мешавад». Ва масале ба онҳо гуфт: «Оё метавонад кӯре ба кӯри дигар роҳнамоӣ кунад? Оё ҳар ду дар чоҳ намеафтанд? Шогирд аз устоди худ беҳтар нест. Аммо, пас аз такмил ёфтан ҳам, ҳар кас чун устодаш мешавад. Чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ? Ё чӣ тавр метавонӣ ба бародари худ гӯӣ: “Эй бародар! Биё, хасро аз чашми ту дур кунам”, дар ҳоле ки чӯбро дар чашми худ намебинӣ? Эй дурӯя! Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ дуруст мебинӣ, ки хасро аз чашми бародари худ дур кунӣ. Дарахти хубе нест, ки меваи бад меоварда бошад. Ва дарахти баде нест, ки меваи хуб меоварда бошад. Зеро ҳар дарахт аз мевааш шинохта мешавад; зеро аз хорҳо анҷир намегиранд, ва аз хорбутта ангур намечинанд. Шахси нек аз ганҷинаи неки дилаш чизи нек берун меоварад, ва шахси бад аз ганҷинаи бади дилаш чизи бад берун меоварад; зеро даҳони вай аз пурии дил сухан мегӯяд. Чаро Маро “Худовандо! Худовандо!” мегӯед, вале он чиро ки Ман мегӯям, ба ҷо намеоваред? Ҳар кӣ назди Ман биёяд ва суханони Маро шунавад ва ба ҷо оварад, — ба шумо мефаҳмонам, ки вай ба кӣ монанд аст: вай ба касе монанд аст, ки хонае месохт, ва заминро чуқур канда, таҳкурсиро бар санг гузошт; ва ҳангоме ки сел омада, оби дарё он хонаро зер кард, онро аз ҷояш ҷунбонда натавонист, чунки бар санг сохта шуда буд. Лекин ҳар кӣ шунавад ва ба ҷо наоварад, ба касе монанд аст, ки хонаашро бар рӯи хок бе таҳкурсӣ сохт; ва ҳангоме ки оби дарё онро зер кард, дарҳол фурӯ рафт, ва харобии он хона бузург буд». Ҳангоме ки Ӯ ҳамаи суханони худро ба гӯши мардум расонда тамом кард, ба Кафарнаҳум даромад. Ғуломи як мирисад, ки барояш азиз буд, бемор шуда, дар остонаи марг буд. Вай дар бораи Исо шунида, пирони яҳудиро назди Ӯ фиристод, то аз Ӯ илтимос кунанд, ки омада, ғуломи вайро шифо диҳад. Ва онҳо назди Исо омаданд, ва аз ӯ бисёр илтимос карда, гуфтанд: «Вай сазовори он аст, ки ин корро барояш кунӣ, зеро халқи моро дӯст медорад ва барои мо куништ сохт». Исо бо онҳо рафт. Ва ҳангоме ки ба наздикии хона расид, мирисад дӯстонашро назди Ӯ фиристод, то ки ба Ӯ гӯянд: «Хоҷаам! Ташвиш накаш, зеро ман шоистаи он нестам, ки Ту ба хонаи ман биёӣ. Ба ин сабаб худамро низ сазовор надонистам, ки назди Ту биёям; балки сухане гӯй, ва хизматгори ман шифо меёбад. Зеро ман низ як фармонбар ҳастам, ва дар зери итоати худ сарбозон дорам; ба яке мегӯям: “Рав”, меравад; ба дигаре мегӯям: “Биё”, меояд; ва ба ғуломи худ мегӯям: “Фалон корро кун”, мекунад». Исо ин суханонро шунида, ҳайрон шуд, ва ба тӯдаи одамоне ки аз паси Ӯ меомаданд, рӯ оварда гуфт: «Ба шумо мегӯям: Ман ҳатто дар Исроил чунин имоне наёфтаам». Ва фиристодагон ба хона баргашта, он ғуломи беморро тандуруст ёфтанд. Пас аз он Ӯ ба шаҳре рафт, ки Ноин ном дорад, ва бисёре аз шогирдонаш ва тӯдаи калони мардум ҳамроҳи Ӯ мерафтанд. Ҳангоме ки Ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик шуд, мурдаеро мебароварданд, ки писари ягонаи бевазане буд; ва мардуми бисёре аз аҳли шаҳр бо вай равона буданд. Ва Худованд вайро дида, дилаш ба вай сӯхт ва ба вай гуфт: «Гиря накун». Ва наздик омада, ба тобут даст расонд; тобутбардорон бозистоданд; ва Ӯ гуфт: «Эй ҷавон, ба ту мегӯям: бархез». Мурда сар бардошта, нишаст ва ба сухан даромад; ва Ӯ вайро ба модараш супурд. Ва ҳамаро тарс фаро гирифт, ва Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд: «Пайғамбари бузурге дар миёни мо пайдо шудааст, ва Худо ба дидори қавми Худ омадааст». Ин гап дар бораи Ӯ дар тамоми Яҳудия ва дар тамоми гирду атроф паҳн шуд. Ва шогирдони Яҳё ҳамаи инро ба Яҳё хабар доданд. Ва Яҳё ду нафарро аз шогирдони худ даъват намуда, назди Исо фиристод, то ки пурсанд: «Оё Ту ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?» Онҳо назди Ӯ омада, гуфтанд: «Яҳёи Таъмиддиҳанда моро назди Ту фиристод, то ки пурсем: “Оё Ту ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем? ”» Дар ҳамон вақт Ӯ бисёр касонро аз бемориҳо ва дардҳо ва аз рӯҳҳои нопок шифо дода ва кӯрони бисёрро биноӣ бахшида буд. Ва Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Равед ва он чи дидед ва шунидед, ба Яҳё гӯед: кӯрҳо мебинанд, лангҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд, карҳо мешунаванд, мурдагон бармехезанд, ба бенавоён башорат дода мешавад; ва хушо касе ки аз Ман норозӣ нест». Ва ҳангоме ки фиристодагони Яҳё баромада рафтанд, ба ҳама дар бораи Яҳё сухан оғоз кард: «Барои дидани чӣ чиз ба биёбон рафта будед? Оё барои дидани найе ки аз бод меларзад? Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани шахсе ки сару либоси нарм дар бар дорад? Онҳое ки сару либоси зебо дар бар доранд ва бо айшу нӯш зиндагӣ мекунанд, дар қасрҳои подшоҳонанд. Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани як пайғамбар? Ҳа, ба шумо мегӯям, ки вай аз пайғамбар ҳам бузургтар аст. Вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст: “Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, То роҳи Туро пеши Ту омода кунад”. Зеро ба шумо мегӯям: аз миёни онҳое ки аз зан таваллуд шудаанд, ҳеҷ як пайғамбаре бузургтар аз Яҳёи Таъмиддиҳанда нест; лекин он ки дар Подшоҳии Худо хурдтарин аст, аз вай бузургтар аст. Чун тамоми мардум ва боҷгирон шуниданд, бо таъмиди Яҳё таъмид ёфта, тасдиқ карданд, ки Худо ҳақ аст. Аммо фарисиён ва шариатдонон аз вай таъмид нагирифта, нақшаи Худоро дар ҳаққи худашон рад карданд. Пас одамони ин наслро ба кӣ монанд кунам? Ва онҳо ба кӣ монандӣ доранд? Онҳо ба кӯдаконе монандӣ доранд, ки дар бозор нишаста ва ба якдигар муроҷиат карда, мегӯянд: “Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем, нагиристед”. Зеро Яҳёи Таъмиддиҳанда омад, ки на нон мехӯрад ва на май менӯшад; ва шумо мегӯед: “Дев дорад”. Писари Одам омад, ки мехӯрад ва менӯшад, ва шумо мегӯед: “Инак Шахси пурхӯр ва майнӯш, ки дӯсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст”. Ва ҳикмат аз тарафи ҳамаи фарзандони он тасдиқ карда мешавад». Яке аз фарисиён аз Ӯ хоҳиш кард, ки бо вай хӯрок хӯрад; ва Ӯ ба хонаи фарисӣ даромада, назди дастархон нишаст. Ва инак, зане ки дар он шаҳр гуноҳкор буд, чун шунид, ки Ӯ дар хонаи фарисӣ назди дастархон нишастааст, зарфи гаҷине бо равғани хушбӯй овард; ва аз пас назди пойҳои Ӯ истода, гирякунон пойҳои Ӯро бо ашки худ шуст ва бо мӯйҳои сари худ хушконд, ва пойҳои Ӯро бӯсида, равғани хушбӯй молид. Фарисие ки Ӯро даъват карда буд, чун инро дид, дар дили худ гуфт: «Агар Ӯ пайғамбар мебуд, медонист, ки вай кист ва чӣ гуна зан аст, ки ба Ӯ даст мерасонад, зеро вай гуноҳкор аст». Исо ба ӯ рӯ оварда, гуфт: «Эй Шимъун! Ба ту чизе гуфтанӣ ҳастам». Гуфт: «Гӯй, эй Устод». Исо гуфт: «Аз қарзхоҳе ду кас қарздор буданд: яке панҷсад динор ва дигаре панҷоҳ динор қарз дошт. Азбаски барои адо кардан чизе надоштанд, ӯ ҳар дуро бахшид. Гӯй, ки кадоме аз онҳо ӯро бештар дӯст медорад?» Шимъун дар ҷавоб гуфт: «Ба гумони ман, ҳамон касе ки ба вай ӯ бештар бахшидааст». Ба ӯ гуфт: «Дуруст фикр кардӣ». Ва ба тарафи зан рӯ гардонда, ба Шимъун гуфт: «Оё ин занро мебинӣ? Ман ба хонаи ту омадам, ва ту об барои пойҳоям надодӣ; аммо вай пойҳои Маро бо ашк шуста, бо мӯи сараш хушконд. Ту Маро бӯса накардӣ; аммо вай, аз вақти омаданам, бӯсидани пойҳои Маро бас намекунад. Ту ба сари Ман равғани зайтун намолидӣ; аммо вай ба пойҳои Ман равғани хушбӯй молид. Бинобар ин ба ту мегӯям: гуноҳҳои бисёри вай бахшида шудаанд, аз ҳамин сабаб вай бисёр дӯст дошт; вале касе ки кам бахшида шуда бошад, кам дӯст медорад». Ва ба вай гуфт: «Гуноҳҳоят бахшида шудаанд». Онҳое ки бо Ӯ назди дастархон нишаста буданд, дар дили худ гуфтанд: «Ин кист, ки гуноҳҳоро низ мебахшад?» Ӯ ба зан гуфт: «Имонат туро наҷот дод; бо осоиш бирав». Пас аз ин Ӯ дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, мавъиза мекард ва Подшоҳии Худоро башорат медод, ва бо Ӯ он дувоздаҳ буданд, ва ҳамчунин баъзе заноне ки Ӯ аз рӯҳҳои нопок ва бемориҳо шифо дода буд: Марям, ки Маҷдалия номида мешуд ва аз вай ҳафт дев берун рафта буд, ва Юҳанна, ҳамсари Кузо, ки амалдори Ҳиродус буд, ва Сусанна, ва бисёр дигарон, ки бо дороии худ ба онҳо хизмат мекарданд. Ҳангоме ки мардуми бисёре ҷамъ шуданд, ва аз ҳамаи шаҳрҳо назди Ӯ омадан гирифтанд, Ӯ масале оварда, гуфт: «Корандае барои коридани тухм берун рафт; ва чун тухм мепошид, миқдоре дар канори роҳ афтод ва поймол шуд, ва парандагони осмон онро хӯрданд. Миқдоре бар санглох афтод ва сабзида, хушк шуд, чунки намие набуд. Миқдоре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд. Миқдоре дар хоки нағз афтод ва сабзида, сад баробар бор овард». Инро гуфта, нидо кард: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, шунавад!» Шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Маънои ин масал чист?» Гуфт: «Ба шумо донистани сирҳои Подшоҳии Худо дода шудааст, лекин ба дигарон бо масалҳо сухан мегӯям, то “нигариста, набинанд, ва шунида, нафаҳманд”. Инак маънои ин масал: тухм каломи Худост. Афтода дар канори роҳ касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд, лекин баъд иблис омада, онро аз дили онҳо мерабояд, мабодо онҳо имон оварда, наҷот ёбанд; афтода бар санглох касоне мебошанд, ки чун каломро шунаванд, бо шодӣ қабул мекунанд, лекин реша надоранд, ва муддате имон доранд, ва дар вақти озмоиш ақиб мераванд; афтода дар миёни хорҳо касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале ташвишҳо, сарват ва дилхушиҳои зиндагӣ онҳоро пахш мекунанд, ва онҳо самаре намеоваранд; афтода дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, дар дили соф ва нек нигоҳ медоранд ва бо сабр самар меоваранд. Ҳеҷ кас шамъро даргиронда, бо зарфе онро намепӯшад, ё зери кате намегузорад, балки бар шамъдон мемонад, то ҳар кӣ дарояд, рӯшноиро бинад. Зеро ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки маълум ва аён нашавад. Пас, эҳтиёт кунед, ки чӣ гуна мешунавед; зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода мешавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ, ки гумон мекунад дошта бошад, гирифта мешавад». Ва модар ва бародаронаш назди Ӯ омаданд, вале ба сабаби бисёрии мардум ба Ӯ наздик шуда натавонистанд. Ва ба Ӯ хабар дода, гуфтанд: «Модарат ва бародаронат дар берун истодаанд, ва мехоҳанд Туро бинанд». Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Модарам ва бародаронам он касонанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва ба ҷо меоваранд». Рӯзе Ӯ бо шогирдони Худ ба киштӣ савор шуд ва ба онҳо гуфт: «Биёед, ба соҳили дигари кӯл гузарем». Ва киштиро ронданд. Ва чун мерафтанд, Ӯро хоб рабуд. Ва ногоҳ тундбоде бар кӯл бархест, ва киштии онҳо аз об пур мешуд, ва онҳо дар хатар буданд. Ва пеш омада, Ӯро бедор карданд ва гуфтанд: «Устод! Устод! Ҳалок мешавем». Ӯ бархеста, ба бод ва ғалаёни об фармон дод, ва онҳо фурӯ нишастанд, ва оромӣ фаро расид. Ба онҳо гуфт: «Имони шумо куҷост?» Онҳо бо тарс ва ҳайрат ба якдигар гуфтанд: «Ин кист, ки ба бодҳо ва ба об низ фармон медиҳад, ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?» Ва онҳо ба сарзамини ҷадариён, ки дар рӯ ба рӯи Ҷалил аст, расиданд. Ҳангоме ки Ӯ ба соҳил баромад, марде аз аҳли он шаҳр ба Ӯ рӯ ба рӯ шуд, ки дер боз гирифтори девҳо буд, ва либосе намепӯшид, ва на дар хона, балки дар миёни қабрҳо зиндагӣ мекард. Ҳамин ки Исоро дид, фарёд зада, пеши Ӯ афтод ва бо овози баланд гуфт: «Бо ман чӣ кор дорӣ, эй Исо, Писари Худои Таоло? Аз Ту илтимос мекунам, ки маро азоб надиҳӣ!» Зеро Ӯ ба рӯҳи нопок фармуда буд, ки аз ин шахс берун равад; чунки вай муддати дуру дароз ӯро азоб медод, ба тавре ки ӯро бо завлона ва занҷирҳо баста, нигоҳ медоштанд, лекин ӯ он бандҳоро пора мекард, ва дев ӯро ба биёбон меронд. Исо аз вай пурсид: «Номи ту чист?» Гуфт: «Легион», чунки девҳои бисёр ба дарунаш даромада буданд. Ва вай аз Ӯ илтимос кард, ки онҳоро фармуда ба асфалуссофилин нафиристад. Дар ҳамон ҷо галаи бузурги хукҳо дар болои кӯҳ мечарид; ва девҳо илтимос карданд, ки иҷозат диҳад ба даруни хукҳо дароянд. Ӯ ба онҳо иҷозат дод. Ва девҳо аз он шахс берун шуда, ба хукҳо даромаданд; ва он гала аз баландӣ ба кӯл ҷаст ва ғарқ шуд. Хукбонон ин рӯйдодро дида, гурехтанд ва дар шаҳру деҳот инро нақл карданд. Мардум барои дидани ин рӯйдод берун рафтанд, ва назди Исо омада, он мардро, ки аз дарунаш девҳо баромада буданд, диданд, ки либос дар тан ва ақлаш солим пеши пойҳои Исо нишастааст; ва тарсиданд. Касоне ки дида буданд, ба онҳо нақл карданд, ки он девзада чӣ гуна шифо ёфт. Ва ҳамаи мардуми сарзамини ҷадариён аз Ӯ илтимос карданд, ки аз пеши онҳо баромада равад, чунки тарси азиме онҳоро фаро гирифта буд. Ва Ӯ ба киштӣ савор шуда, баргашт. Он марде ки аз дарунаш девҳо баромада буданд, аз Ӯ илтимос кард, ки бо Ӯ бошад. Лекин Исо вайро ба хонааш фиристода, гуфт: «Ба хонаи худ баргард ва он чиро, ки Худо ба ту кардааст, нақл намо». Вай равона шуда, он чиро, ки Исо ба вай карда буд, дар тамоми шаҳр мавъиза кард. Ҳангоме ки Исо баргашт, мардум Ӯро пазироӣ карданд, чунки ҳама мунтазири Ӯ буданд. Ва инак, марде ки Ёир ном дошт ва сардори куништ буд, омада, пеши пойҳои Исо афтод ва аз Ӯ илтимос кард, ки ба хонаи вай биёяд. Зеро духтари ягонаи вай, ки тақрибан дувоздаҳсола буд, дар ҳолати мурдан буд. Ҳангоме ки Ӯ ба он ҷо мерафт, мардуми бисёр аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд. Зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буда, тамоми дороии худро ба табибон сарф карда буд, лекин ҳеҷ яке вайро шифо дода натавониста буд, — аз пас наздик шуда, ба домани либоси Ӯ даст расонд, ва дарҳол хунравии вай бозистод. Ва Исо гуфт: «Кист, ки ба Ман даст расонд?» Ҳангоме ки ҳама инкор карданд, Петрус ва онҳое ки бо Ӯ буданд, гуфтанд: «Эй Устод, мардум Туро иҳота намуда, аз ҳар тараф фишор медиҳанд, — ва Ту мегӯӣ: “Кист, ки ба Ман даст расонд? ”». Аммо Исо гуфт: «Касе ба Ман даст расондааст; зеро Ман ҳис кардам, ки қуввае аз Ман берун рафт». Он зан чун дид, ки натавонист пинҳон монад, ларзон омада, назди Ӯ афтод ва дар пеши ҳамаи мардум гуфт, ки аз чӣ сабаб ба Ӯ даст расонд, ва чӣ гуна дарҳол шифо ёфт. Ба вай гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; бо осоиш рав». Ӯ ҳанӯз сухан мегуфт, ки касе аз хонаи сардори куништ омада, гуфт: «Духтарат мурд; Устодро дигар ташвиш надеҳ». Аммо Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Натарс, танҳо имон дошта бош, ва ӯ наҷот меёбад». Ва ҳангоме ки ба хона расид, ғайр аз Петрус, Юҳанно ва Яъқуб, ва падару модари духтар, ҳеҷ касро даромадан намонд. Ҳама барои вай гиря ва навҳа мекарданд. Вале Ӯ гуфт: «Гиря накунед; вай намурдааст, балки хобидааст». Бар Ӯ хандиданд, зеро медонистанд, ки вай мурдааст. Аммо Ӯ ҳамаро берун карда ва дасти вайро гирифта, нидо кард: «Эй духтар! Бархез». Ва рӯҳи вай баргашт; вай дарҳол бархест; ва Ӯ фармуд, ки ба вай хӯроке диҳанд. Падару модари вай дар ҳайрат монданд. Ва Ӯ ба онҳо фармуд, ки ин рӯйдодро ба ҳеҷ кас нагӯянд. Он дувоздаҳро даъват намуда, бар ҳамаи девҳо ва барои шифо додани бемориҳо ба онҳо қувват ва қудрат бахшид, ва онҳоро фиристод, то Подшоҳии Худоро мавъиза кунанд ва беморонро шифо диҳанд. Ба онҳо гуфт: «Барои роҳ чизе бо худ нагиред: на асое, на тӯрбае, на ноне, на пуле; ва набояд ду пероҳан дошта бошед. Ба ҳар хонае, ки даромадед, дар он ҷо монед ва аз он ҷо боз ба роҳ дароед. Агар дар ягон ҷо шуморо қабул накунанд, ҳангоме ки аз он шаҳр берун меравед, чанги пойҳои худро афшонед, то шаҳодате бар онҳо гардад». Онҳо рафтанд ва деҳ ба деҳ гашта, дар ҳама ҷо башорат медоданд ва шифо мебахшиданд. Тетрарх Ҳиродус овозаи ҳамаи корҳои Ӯро шунида, ҳайрон шуд: зеро баъзе касон мегуфтанд, ки Яҳё аз мурдагон бархестааст; дигарон мегуфтанд, ки Илёс падид омадааст; вале баъзеи дигар мегуфтанд, ки яке аз пайғамбарони қадим бархестааст. Ва Ҳиродус гуфт: «Ман сари Яҳёро аз танаш ҷудо кардам; пас, ин кист, ки дар бораи Ӯ чунин гапҳоро мешунавам?» Ва мехост Ӯро бинад. Расулон баргашта, корҳои худро ба Ӯ нақл карданд; ва Ӯ онҳоро алоҳида ҳамроҳи Худ гирифта, ба ҷои хилвате рафт, ки дар қарибии Байт-Сайдо ном шаҳре буд. Аммо мардум хабардор шуда, аз паси Ӯ рафтанд, ва Ӯ онҳоро пазируфта, ба онҳо дар бораи Подшоҳии Худо гап зад ва касонеро, ки ба шифо эҳтиёҷ доштанд, шифо дод. Бегоҳирӯзӣ наздик буд. Он дувоздаҳ назди Ӯ омада, гуфтанд: «Мардумро рухсати рафтан деҳ, то ки ба деҳот ва бошишгоҳҳои атроф рафта, манзил ва хӯрок барои худ пайдо кунанд, чунки ин ҷои мо як ҷои беодам аст». Ба онҳо гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Гуфтанд: «Мо танҳо панҷ нон ва ду моҳӣ дорем; оё рафта, барои ҳамаи ин мардум хӯроке харем?» Зеро онҳо тақрибан панҷ ҳазор мард буданд. Лекин Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: «Онҳоро гурӯҳ-гурӯҳ панҷоҳнафарӣ шинонед». Ва чунин карданд, ва ҳамаро шинонданд. Ва Ӯ панҷ нону ду моҳиро гирифта ва ба осмон нигариста, онҳоро баракат дод ва пора карда, ба шогирдонаш дод, то пеши мардум гузоранд. Ҳама хӯрданду сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда дувоздаҳ сабадро пур карда, бардоштанд. Боре, ҳангоме ки Ӯ дар ҷои хилвате дуо мегуфт, ва шогирдонаш бо Ӯ буданд, Ӯ аз онҳо пурсид: «Мардум Маро кӣ мегӯянд?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Баъзе мегӯянд, ки Яҳёи Таъмиддиҳандаӣ; баъзе мегӯянд, ки Илёсӣ; ва баъзе мегӯянд, ки яке аз пайғамбарони қадим бархестааст». Аз онҳо пурсид: «Шумо Маро кӣ мегӯед?» Петрус дар ҷавоб гуфт: «Масеҳи Худо». Ва Ӯ ба онҳо сахт таъкид кард, ки инро ба касе нагӯянд; ва гуфт, ки Писари Одам бояд бисёр азоб кашад ва аз тарафи пирон, сардорони коҳинон ва китобдонон рад карда ва кушта шавад, ва дар рӯзи сеюм бархезад. Ва ба ҳама гуфт: «Агар касе аз пайи Ман омадан хоҳад, бояд худро инкор кунад ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд. Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳондан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро мераҳонад. Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дунёро ба даст оварад, лекин ҷони худро барбод диҳад, ё аз даст диҳад? Зеро ҳар кӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам, ҳангоме ки дар ҷалоли Худ ва дар ҷалоли Падар ва фариштаҳои муқаддас меояд, аз вай шарм мекунад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: баъзе ки дар ин ҷо истодаанд, то Подшоҳии Худоро набинанд, маргро намечашанд». з ин гапҳо тақрибан ҳашт рӯз гузашта буд, ки Петрус, Юҳанно ва Яъқубро бо Худ гирифта, ба кӯҳе барои дуо гуфтан баромад. Ва ҳангоме ки дуо мегуфт, чеҳраи Ӯ дигаргун шуд, ва либосаш сафеди дурахшон гардид. Ва инак, ду мард, Мусо ва Илёс, бо Ӯ гуфтугӯ мекарданд: онҳо дар ҷалоле намоён шуда, дар бораи оқибати Ӯ, ки бояд дар Уршалим ба амал ояд, сухан меронданд. Аммо Петрус ва онҳоеро ки бо Ӯ буданд, хоб рабуда буд; ва ҳангоме ки бедор шуданд, ҷалоли Ӯро ва он ду мардро, ки бо Ӯ истода буданд, диданд. Ҳангоме ки Мусо ва Илёс аз пеши Ӯ мерафтанд, Петрус ба Исо гуфт: «Эй Устод! Дар ин ҷо будани мо некӯст; пас се соябон месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Илёс», ва намедонист, чӣ мегӯяд. Ҳанӯз вай ин суханонро мегуфт, ки абре пайдо шуда, бар онҳо соя андохт; ва чун он касон дохили абр шуданд, шогирдон тарсиданд. Ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари дӯстдоштаи Ман; Ӯро гӯш кунед». Ва чун овоз баромад, Исо танҳо монд. Ва онҳо лаб фурӯ бастанд ва аз он чи дида буданд, ба ҳеҷ кас дар он рӯзҳо гап назаданд. Рӯзи дигар, ҳангоме ки онҳо аз кӯҳ фуромаданд, мардуми бисёре Ӯро пешвоз гирифтанд. Ва инак марде аз байни мардум фарёд зада, гуфт: «Эй Устод! Аз Ту илтимос мекунам, ки ба писари ман як назар андозӣ, чунки вай фарзанди ягонаи ман аст: рӯҳе ӯро мегирад, ва ӯ ногаҳон дод мезанад, ва сахт печутоб мехӯрад, ба тавре ки кафк аз даҳонаш мебарояд; ва ӯро тамоман беҳол карда, базӯр аз ӯ даст мекашад. Аз шогирдони Ту илтимос кардам, ки онро берун кунанд, лекин натавонистанд». Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимону каҷрафтор! То кай бо шумо бошам ва шуморо тоқат кунам? Писаратро ин ҷо биёр». Вақте ки вай наздик меомад, дев вайро ба замин ғалтонда, сахт печутоб дод. Аммо Исо рӯҳи нопокро манъ кард, ва писарро шифо дода, ба падари вай супурд. Ва ҳама аз бузургии Худо дар ҳайрат монданд. Бори дуюм дар бораи марги Худ гуфтани Исо Ва ҳангоме ки ҳама аз ҳамаи кардаҳои Исо ҳайрон буданд, Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: «Ин суханонро дар гӯши худ ҷо кунед: Писари Одам ба дасти одамон таслим карда мешавад». Лекин онҳо ин суханонро нафаҳмиданд, ва он аз онҳо пӯшида монд, ба тавре ки онро дарк накарданд; ва тарсиданд, ки дар бораи ин суханон аз Ӯ пурсанд. Ва ба майнаи онҳо фикре омад, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст. Исо андешаи дили онҳоро дарёфта, кӯдакеро гирифту пеши Худ ба по гузошт. Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ ин кӯдакро ба номи Ман қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад; зеро ҳар кӣ дар байни шумо аз ҳама хурдтар аст, вай бузург мешавад». Юҳанно гуфт: «Эй Устод! Мо касеро дидем, ки ба номи Ту девҳоро берун мекард, ва ӯро манъ кардем, чунки ӯ ҳамроҳи мо Туро пайравӣ намекунад». Исо ба вай гуфт: «Манъ накунед, зеро ҳар кӣ зидди мо нест, вай тарафдори мост». Ва чун рӯзҳои ба осмон боло шудани Ӯ наздик меомаданд, Ӯ азми сафари Уршалим кард; ва қосидонро пешопеши Худ фиристод; ва онҳо рафта, вориди як деҳаи сомариён шуданд, то ки барои Ӯ тайёрӣ бинанд. Аммо Ӯро пазироӣ накарданд, чунки Ӯ сӯи Уршалим сафар дошт. Шогирдони Ӯ Яъқуб ва Юҳанно инро дида, гуфтанд: «Эй Хоҷа! Оё мехоҳӣ гӯем, ки оташе аз осмон омада, онҳоро нобуд намояд, чунон ки Илёс карда буд?» Аммо Ӯ рӯ гардонда, онҳоро манъ кард ва гуфт: «Намедонед, ки шумо аз кадом навъ рӯҳ ҳастед; зеро Писари Одам на барои нобуд кардани ҷонҳои одамон, балки барои наҷот додани онҳо омадааст». Ва ба деҳаи дигаре рафтанд. Ва ҳангоме ки онҳо дар роҳ буданд, шахсе ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Ҳар ҷо равӣ, Туро пайравӣ мекунам». Исо ба вай гуфт: «Рӯбоҳон ғорҳо ва парандагони осмон лонаҳо доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар монад». Ба дигаре гуфт: «Маро пайравӣ кун». Вай гуфт: «Хоҷаам! Ба ман иҷозат деҳ, ки рафта, аввал падари худро ба хок супорам». Лекин Исо ба вай гуфт: «Бигзор мурдагон мурдагони худро ба хок супоранд: аммо ту рафта, Подшоҳии Худоро мавъиза кун». Боз шахси дигаре гуфт: «Хоҷаам! Туро пайравӣ мекунам, лекин аввал ба ман иҷозат деҳ, ки бо аҳли хонаи худ хайрухуш кунам». Лекин Исо ба вай гуфт: «Касе ки дасташро болои омоч монда бошад ва ба ақиб нигоҳ кунад, ба Подшоҳии Худо сазовор нест». Пас аз ин, Худованд боз ҳафтод нафари дигарро интихоб кард, ва онҳоро ҷуфт-ҷуфт пешопеши Худ ба ҳар шаҳр ва ҷое ки Худаш рафтанӣ буд, фиристод. Ба онҳо гуфт: «Дарав бисёр аст, лекин коргарон кам. Пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад. Равед! Инак, шуморо монанди баррагон ба миёни гургон мефиристам. Ҳеҷ ҳамёне, тӯрбае ва пойафзоле бо худ набаред, ва ба ҳеҷ кас дар роҳ салом нагӯед. Ба ҳар хонае ки медароед, аввал гӯед: “Салом бар ин хона бод! ” Агар дар он ҷо писари осоиш бошад, саломи шумо бар вай қарор мегирад; вагарна, сӯи шумо бармегардад. Дар ҳамон хона монед ва аз он чи доранд, хӯред ва нӯшед; зеро меҳнаткаш сазовори музди худ аст. Аз хона ба хона нагузаред. Агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул кунанд, аз он чи пеши шумо мемонанд, хӯред; ва беморонеро, ки дар он ҷо ҳастанд, шифо диҳед, ва ба онҳо гӯед: “Подшоҳии Худо ба шумо наздик шудааст”. Ва агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул накунанд, ба кӯчаҳои он баромада, гӯед: “Ҳатто чангеро, ки аз шаҳри шумо бар мо нишастааст, бар шумо меафшонем; лекин донед, ки Подшоҳии Худо ба шумо наздик шудааст”. Ба шумо мегӯям, ки ҳолати Садӯм дар он рӯз аз ҳолати он шаҳр сабуктар мешавад. Вой бар ту, эй Кӯразин! Вой бар ту, эй Байт-Сайдо! Зеро, агар муъҷизаҳое ки дар шумо рӯй доданд, дар Сур ва Сидун рӯй медоданд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд. Лекин дар рӯзи доварӣ ҳолати Сур ва Сидун аз ҳолати шумо сабуктар мешавад. Ва ту, эй Кафарнаҳум, ки сар ба осмон афрохтаӣ, ба дунёи мурдагон сарнагун мешавӣ. Ҳар кӣ шуморо шунавад, Маро мешунавад, ва ҳар кӣ шуморо рад кунад, Маро рад мекунад; ва ҳар кӣ Маро рад кунад, Фиристандаи Маро рад мекунад». Он ҳафтод бо шодмонӣ баргашта, гуфтанд: «Хоҷа! Девҳо низ ба номи Ту ба мо фармонбардор мебошанд». Ба онҳо гуфт: «Ман шайтонро чун барқ аз осмон афтода дидам. Инак, ба шумо қудрат медиҳам, ки морон ва каждумон ва тамоми қуввати душманро поймол кунед, ва ҳеҷ чиз ба шумо зарар намерасонад. Аммо аз он шод нашавед, ки рӯҳҳо ба шумо фармонбардор мебошанд; балки аз он шод бошед, ки номҳои шумо дар осмон навишта шудаанд». Дар ҳамон соат Исо дар Рӯҳ хушҳол шуда, гуфт: «Туро эй Падар, эй Фармонравои осмону замин ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва доноён пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардӣ. Оре, эй Падар! Зеро хушнудии Ту дар ин буд». Ва ба шогирдон рӯй оварда, гуфт: «Ҳама чизро Падарам ба Ман супурдааст; ва ҳеҷ кас ғайр аз Падар намедонад, ки Писар кист; ва ҳеҷ кас намедонад, ки Падар кист, ғайр аз Писар ва касе ки Писар ба вай ошкор кардан хоҳад». Ва алоҳида ба шогирдони Худ рӯ оварда, гуфт: «Хушо чашмоне ки он чиро, ки шумо мебинед, мебинанд! Зеро ба шумо мегӯям, бисёре аз пайғамбарон ва подшоҳон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мешунавед, шунаванд, ва нашуниданд». Ва инак, як шариатдон бархест ва Ӯро озмуданӣ шуда, гуфт: «Эй Устод! Чӣ кунам, ки вориси ҳаёти абадӣ шавам?» Ба вай гуфт: «Дар Таврот чӣ навишта шудааст? Ва ту чӣ тавр мехонӣ?» Дар ҷавоб гуфт: «Худованд Худои худро бо тамоми дил ва бо тамоми ҷон ва бо тамоми қувват ва бо тамоми ҳуши худ дӯст дор, ва ёратро монанди худат дӯст дор». Ба вай гуфт: «Дуруст ҷавоб додӣ; чунин кун, то ки ҳаёт дошта бошӣ». Вале вай, ки мехост худро сафед кунад, ба Исо гуфт: «Пас ёри ман кист?» Исо дар ҷавоб гуфт: «Як шахс, ки аз Уршалим ба Ариҳо мерафт, ба дасти роҳзанон афтод; онҳо либосашро кашиданд, ӯро маҷрӯҳ карданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд. Тасодуфан коҳине аз он роҳ равона буд, ва ӯро дида, аз пешаш гузашта рафт. Ҳамчунин левизодае, ки дар он ҷо роҳгузар буд, наздик омада, ӯро дид ва аз пешаш гузашта рафт. Аммо як шахси сомарӣ, ки аз он роҳ мегузашт, ба ӯ дучор шуда ва ӯро дида, дилаш сӯхт, ва наздик омада, ба захмҳои ӯ равған ва май рехту захмбандӣ кард, ва ӯро ба маркаби худ савор карда, ба корвонсарое овард ва ба ӯ ғамхорӣ намуд. Фардои он, пеш аз рафтанаш, ду динор бароварда, ба соҳиби корвонсарой дод ва ба вай гуфт: “Ба ин шахс нигоҳубин кун; ва агар аз ин зиёд харҷ кунӣ, ҳангоми баргаштанам ба ту медиҳам”. Пас, ба фикри ту, кадоме аз ин се нафар ёри он шахсе буд, ки ба дасти роҳзанон афтод?» Гуфт: «Ҳамон ки ба ӯ марҳамат кард». Исо ба вай гуфт: «Рав, ва ту низ чунин кун». Ва ҳангоме ки мерафтанд, Ӯ ба деҳае даромад, ва зане ки Марто ном дошт, Ӯро дар хонаи худ пазироӣ намуд. Вай Марям ном хоҳаре дошт, ки пеши пойҳои Исо нишаста, суханони Ӯро гӯш мекард. Лекин Марто ба хизматгузорӣ банд буд, ва наздик омада, гуфт: «Хоҷаам! Оё Туро парвое нест, ки хоҳарам маро дар хизмат танҳо гузоштааст? Ба вай гӯй, ки ба ман ёрдам диҳад». Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Марто! Марто! Ту оид ба чизҳои бисёр ғамхорӣ ва давутоз мекунӣ, аммо танҳо як чиз даркор аст. Марям ҳиссаи некӯро интихоб кардааст, ки он аз вай кашида гирифта намешавад». Рӯзе Ӯ дар ҷое дуо мегуфт, ва ҳангоме ки тамом кард, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Дуо гуфтанро ба мо ёд деҳ, чунон ки Яҳё низ ба шогирдонаш ёд додааст». Ба онҳо гуфт: «Ҳангоме ки дуо мегӯед, чунин гӯед: “Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Номи Ту муқаддас бод; Подшоҳии Ту биёяд; Хости Ту, чунон ки дар осмон аст, Дар замин ҳам ба амал ояд; Нони ҳаррӯзаи моро рӯз ба рӯз ба мо деҳ; Ва гуноҳҳои моро бубахш, Зеро мо низ ҳар касеро, ки ба мо гуноҳ кардааст, мебахшем; Ва моро ба озмоиш дучор накун, Балки моро аз шайтон раҳоӣ деҳ”». Ва ба онҳо гуфт: «Кист аз шумо, ки дӯсте дошта бошад ва нисфи шаб пеши ӯ омада, гӯяд: “Эй дӯст! Ба ман сето нон қарз деҳ, зеро дӯсте аз роҳ назди ман даромадааст, ва ман чизе надорам, ки пешаш монам”; ва ӯ аз дарун дар ҷавоби вай гӯяд: “Маро ташвиш надеҳ; дари хонаам баста, ва бачаҳоям бо ман дар ҷогаҳ хобидаанд; наметавонам бархеста, ба ту чизе диҳам”, — ба шумо мегӯям, ки ҳарчанд аз рӯи дӯстӣ бархеста ба вай надиҳад ҳам, ба сабаби густохии вай бархеста, ҳар қадар, ки пурсад, ба вай медиҳад. Ва Ман ба шумо мегӯям: хоҳиш кунед, ба шумо дода мешавад; ҷӯед, меёбед; дарро кӯбед, он ба шумо кушода мешавад. Зеро ҳар кӣ хоҳиш кунад, мегирад, ва ҳар кӣ ҷӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро кӯбад, он ба ӯ кушода мешавад. Ва кист аз шумо, ки падар бошад, ва писараш аз ӯ нон хоҳиш кунад, санге ба вай медиҳад? Ё моҳие хоҳиш кунад, ва ӯ ба ҷои моҳӣ море ба вай медиҳад? Ё, агар тухме хоҳиш кунад, каждуме ба вай медиҳад? Пас, агар шумо, ки бад ҳастед, ба фарзандони худ додани тӯҳфаҳои некро медониста бошед, пас Падари осмонӣ албатта ба онҳое ки аз Ӯ хоҳиш мекунанд, Рӯҳулқудсро медиҳад». Боре Ӯ як девро, ки гунг буд, берун кард. Ҳангоме ки дев берун шуд, гунг ба гап даромад, ва мардум ҳайрон шуданд. Лекин баъзе аз онҳо гуфтанд: «Ӯ девҳоро ба воситаи Баал-Забул, сарвари девҳо, берун мекунад». Ва дигарон, озмуданӣ шуда, аз Ӯ аломати осмонӣ талаб мекарданд. Лекин Ӯ андешаҳои онҳоро дарёфта, ба онҳо гуфт: «Ҳар подшоҳие ки дар худ ҷудоӣ дорад, рӯ ба харобӣ меоварад, ва ҳар хонаводае ки дар худ ҷудоӣ дорад, фурӯ меғалтад. Ва агар шайтон низ дар худ ҷудоӣ дошта бошад, подшоҳии вай чӣ гуна устувор истода метавонад? Зеро шумо мегӯед, ки Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекунам. Агар Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро ба воситаи кӣ берун мекунанд? Бинобар ин онҳо довари шумо мешаванд. Лекин агар Ман девҳоро бо ангушти Худо берун мекарда бошам, пас Подшоҳии Худо ба шумо омада расидааст. Ҳангоме ки зӯрманди мусаллаҳ хонаи худро нигаҳбонӣ мекунад, дороии вай дар амон аст. Вале ҳангоме ки шахси аз вай пурзӯртар ба вай ҳуҷум карда, ғолиб мебарояд, он гоҳ тамоми аслиҳаи вайро, ки ба он умед баста буд, кашида мегирад ва дороии вайро ба тороҷ медиҳад. Ҳар кӣ бо Ман нест, ба Ман зид аст; ва ҳар кӣ бо Ман ҷамъ намекунад, пароканда мекунад. Ҳангоме ки рӯҳи нопок аз одам берун меояд, дар ҷустуҷӯи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад. Чун наёфт, мегӯяд: “Ба хонаи худ, ки аз он берун омадам, бармегардам”. Ва гашта омада, онро ҷорӯбзада ва ороста меёбад. Он гоҳ рафта, ҳафт рӯҳи дигари аз худаш бадтарро ҳамроҳи худ меоварад, ва даромада, дар он ҷо зиндагӣ мекунанд; ва анҷоми он шахс бадтар аз аввалаш мешавад». Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро мегуфт, як зан аз байни мардум овозашро баланд карда, ба Ӯ гуфт: «Хушо шикаме ки Туро бардоштааст, ва пистонҳое ки Туро шир додаанд!» Лекин Ӯ гуфт: «Хушо онҳое ки каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд». Ҳангоме ки мардум бештар ҷамъ омадан гирифтанд, Ӯ ба сухан оғоз карда, гуфт: «Ин насл бад аст; вай аломате металабад, ва ба вай ғайр аз аломати Юнуси пайғамбар аломате дода намешавад. Зеро, чунон ки Юнус аломате барои мардуми Нинве буд, ҳамчунин Писари Одам низ барои ин насл мешавад. Маликаи Ҷануб дар рӯзи доварӣ бар мардони ин насл бархеста, онҳоро маҳкум мекунад, чунки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз канорҳои замин омад; ва инак, Шахсе аз Сулаймон бузургтар ин ҷост. Мардони Нинве дар рӯзи доварӣ бар ин насл бархеста, онро маҳкум мекунанд, чунки онҳо бо мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, Шахсе аз Юнус бузургтар ин ҷост. Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, дар ҷои ниҳоне ё зери зарфе намегузорад, балки бар чароғдон мегузорад, то онҳое ки ба хона медароянд, рӯшноиро бинанд. Чароғи бадан чашм аст; пас, агар чашмат нек бошад, тамоми баданат низ равшан мешавад; аммо агар бад бошад, баданат низ торик мешавад. Пас, ҳушёр бош: мабодо рӯшноие ки дар туст, торикӣ бошад. Вале агар баданат пурра равшан буда, ҳеҷ як қисми торике надошта бошад, он тамоман равшан мешавад, ба монанди он ки чароғе бо дурахши худ туро равшан карда бошад». Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро гуфт, як фарисӣ Ӯро ба хонаи худ барои хӯрок даъват кард; Ӯ омада, назди дастархон нишаст. Фарисӣ чун дид, ки Ӯ пеш аз хӯрок даст нашуст, ҳайрон шуд. Лекин Худованд ба вай гуфт: «Ҳоло шумо, эй фарисиён, беруни пиёла ва табақро тоза мекунед, аммо даруни шумо аз дуздӣ ва бадӣ пур аст. Эй беақлон! Оё Ҳамон ки берунро офаридааст, дарунро низ наофаридааст? Беҳтар аст, ки аз он чи доред, садақа диҳед, он гоҳ ҳама чиз барои шумо тоза мешавад. Аммо вой бар шумо, эй фарисиён, ки аз пудина, испанд ва ҳар гуна сабзавот даҳяк медиҳед, вале ростӣ ва муҳаббати Худоро ба назар намегиред; бояд онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед. Вой бар шумо, эй фарисиён, ки дӯст медоред дар куништҳо болонишин бошед ва дар кӯчаву бозор ба шумо салом гӯянд. Вой бар шумо, эй китобдонон ва фарисиёни дурӯя, ки монанди гӯрҳои нонамоён ҳастед, ки одамон дар болои онҳо роҳ мераванд ва инро намедонанд». Дар ҷавоб яке аз шариатдонон ба Ӯ гуфт: «Эй Устод! Бо ин суханонат моро низ меранҷонӣ». Аммо Ӯ гуфт: «Вой бар шумо низ, эй шариатдонон, ки борҳои душворро бар дӯши одамон мегузоред, лекин худатон як ангуштро ҳам ба он борҳо намерасонед. Вой бар шумо, ки мақбараҳои пайғамбаронро месозед, ва ҳол он ки падарони шумо онҳоро куштаанд. Пас шумо аз корҳои падарони худ гувоҳӣ медиҳед ва аз онҳо розӣ ҳастед; онҳо пайғамбаронро куштанд, ва шумо мақбараҳошонро месозед». Барои ҳамин ҳам ҳикмати Худо гуфтааст: “Ба наздашон пайғамбарон ва расулонро мефиристам, ва аз онҳо баъзеро мекушанд ва баъзеро таъқиб мекунанд, то ки хуни тамоми пайғамбарон, ки аз вақти бунёдшавии ҷаҳон рехта шудааст, бар гардани ин насл бошад: аз хуни Ҳобил то хуни Закарё, ки дар миёни қурбонгоҳ ва ибодатхона кушта шудааст”. Ҳа, ба шумо мегӯям, ки он бар гардани ин насл мешавад. Вой бар шумо, эй шариатдонон, ки калиди донишро гирифтаед; худатон надаромадед, ва ба онҳое ки даромадан мехостанд, монеъ шудед». Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро ба онҳо мегуфт, китобдонон ва фарисиён ба Ӯ сахт фишор оварда, боз бисёр чизҳоро аз Ӯ пурсидан гирифтанд, ва дар камин буданд, то ки аз забонаш чизе шунида, Ӯро айбдор кунанд. Дар ин миён, ҳангоме ки ҳазорон одамон ҷамъ омаданд, ба тавре ки якдигарро фишор медоданд, Ӯ ба сухан оғоз намуда, аввал ба шогирдони Худ гуфт: «Аз хамиртуруши фарисиён, ки дурӯягист, ҳазар кунед. Ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки маълум нашавад. Бинобар ин, он чи шумо дар торикӣ гуфтаед, дар рӯшноӣ шунида мешавад, ва он чи шумо дар хона ба гӯш гуфтаед, дар болои бомҳо мавъиза карда мешавад. Ва Ман ба шумо, эй дӯстонам, мегӯям: аз онҳое ки ҷисмро мекушанд ва пас аз он кори дигаре аз дасташон намеояд, натарсед. Лекин ба шумо нишон медиҳам, ки аз кӣ бояд тарсид: аз Ӯ ҳаросон бошед, ки пас аз куштан қудрат дорад ба дӯзах андозад; ҳа, ба шумо мегӯям, ки аз Ӯ тарсед. Оё панҷ гунҷишк ба ду тин фурӯхта намешаванд? Ва ҳеҷ яке аз онҳо назди Худо фаромӯш намешавад. Ва ҳатто ҳамаи мӯйҳои сари шумо шумурда шудаанд. Пас, натарсед: шумо аз бисёр гунҷишкон арзандатар ҳастед. Ва Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Маро назди одамон эътироф кунад, Писари Одам низ ӯро назди фариштаҳои Худо эътироф мекунад. Лекин ҳар кӣ Маро назди одамон инкор кунад, ӯ назди фариштаҳо инкор карда мешавад. Ва ҳар кӣ бар зидди Писари Одам сухане гӯяд, бахшида мешавад; лекин ҳар кӣ бар зидди Рӯҳулқудс куфр гӯяд, бахшида намешавад. Ҳар гоҳ шуморо ба куништҳо ва назди сардорон ва ҳокимон баранд, андеша накунед, ки чӣ гуна ё чӣ ҷавобе бояд диҳед ва ё чӣ сухане бояд гӯед; зеро дар он соат Рӯҳулқудс шуморо таълим медиҳад, ки чӣ бояд гуфт». Шахсе аз миёни мардум ба Ӯ гуфт: «Эй Устод! Ба бародарам гӯй, ки меросро бо ман тақсим кунад». Ба вай гуфт: «Эй одамизод, кӣ Маро бар шумо қозӣ ё тақсимкунанда таъйин кардааст?» Ва ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед, аз ҳарисӣ ҳазар кунед, чунки ҳаёти одам ба фаровонии дороии вай вобаста нест». Ва масале ба онҳо гуфт: «Киштзори як марди сарватманд ҳосили фаровоне овард; ва ӯ бо худ андешида, гуфт: “Чӣ кунам, зеро барои захира кардани ҳосилоти худ ҷое надорам? ” Ва гуфт: “Чунин мекунам: анборҳои худро вайрон карда, калонтарашро месозам, ва дар он ҷо тамоми ғалладона ва тамоми дороии худро ҷамъ меоварам. Ва ба ҷони худ мегӯям: Эй ҷони ман! Дороии бисёре барои чандин сол дорӣ: фароғат кун, бихӯр, бинӯш ва шод бош”. Вале Худо ба вай гуфт: “Эй нодон! Худи имшаб ҷонатро аз ту талаб мекунанд; пас, он чи захира кардӣ, насиби кӣ мешавад? ” Чунин аст ҳоли касе ки барои худ ганҷҳо ғун мекунад, вале пеши Худо сарвате надорад». Ғамхории беҳуда Ва Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Бинобар ин ба шумо мегӯям: барои зиндагии худ ғамхорӣ накунед, ки чӣ хӯред, низ барои ҷисми худ, ки чӣ пӯшед: Зиндагӣ аз хӯрок ва бадан аз пӯшок муҳимтар аст. Ба зоғон нигоҳ кунед: онҳо на мекоранд, на медараванд, на ганҷинае доранд, на анборе, ва Худо ба онҳо рӯзӣ мерасонад. Шумо аз парандагон чӣ қадар арзандатар ҳастед! Ва кист аз шумо, ки бо ғамхории худ умрашро як соат дарозтар карда тавонад? Пас, агар шумо аз ӯҳдаи чунин кори хурдтарин баромада натавонед, чаро ба дигараш ғамхорӣ мекунед? Ба савсанҳо нигаред, ки чӣ гуна мерӯянд: на меҳнат мекунанд ва на мересанд. Лекин ба шумо мегӯям, ки Сулаймон ҳам бо тамоми шукӯҳи худ чун яке аз онҳо либос напӯшидааст. Пас, агар Худо алафи саҳроро, ки имрӯз ҳасту фардо ба танӯр андохта мешавад, чунин пӯшонад, шуморо эй сустимонҳо, чӣ қадар аз он беҳтар пӯшонда метавонад. Ва шумо дар пайи он набошед, ки чӣ хӯред ё чӣ пӯшед; аз ғам осуда бошед. Халқҳои ҷаҳон дар пайи ҳамаи ин чизҳо мебошанд; лекин Падари шумо медонад, ки шумо ба ин чизҳо эҳтиёҷ доред. Бештар дар пайи Подшоҳии Худо бошед, ва ҳамаи ин чизҳо низ ба шумо дода мешаванд. Натарс, эй рамаи хурд! Зеро хушнудии Падари шумо ин аст, ки Подшоҳиро ба шумо диҳад. Дороии худро фурӯшед ва садақа диҳед. Барои худ ҳамёнҳои кӯҳнанашаванда, ганҷи бепоён дар осмон омода созед, ки дузд ба он наздик намешавад ва куя онро намезанад. Зеро ҳар ҷо ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо мешавад. Камарҳотон баста ва чароғҳотон фурӯзон бошанд; ва худатон монанди касоне бошед, ки ба ҷаи худ интизорӣ доранд, то ки ҳангоме аз базми арӯсӣ омада дарро кӯбад, дарҳол барояш воз кунанд. Хушо ҳамон ғуломоне ки хоҷаашон ҳангоми омаданаш онҳоро бедор меёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки вай камари худро баста, онҳоро назди дастархон мешинонад ва пеш омада, ба онҳо хизмат мекунад. Ва агар дар поси дуюм ва сеюми шаб омада, онҳоро чунин ёбад, хушо он ғуломон! Ҳаминро донед, ки агар соҳиби хона медонист, ки дар кадом соат дузд меояд, бедор монда, намегузошт, ки девори хонаашро сӯрох кунад. Пас, шумо низ тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд». Петрус ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Оё ин масалро барои мо гуфтӣ, ё барои ҳама?» Худованд гуфт: «Кист он амалдори бовафо ва доно, ки хоҷааш вайро бар хизматгузорони худ таъйин карда бошад, то ба онҳо дар сари вақт хӯрок диҳад? Хушо он ғуломе ки хоҷааш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки вайро бар тамоми дороии худ таъйин мекунад. Лекин агар он ғулом дар дили худ гӯяд, ки “ ҷаи ман ба зудӣ намеояд”, ва ба задани хизматгорону канизон ва ба хӯрдану нӯшидану маст шудан сар кунад, х ҷаи он ғулом, дар рӯзе ки ӯ мунтазир нест, ва дар соате ки гумон надорад, меояд, ва ӯро ду пора карда, насибашро ба хиёнаткорон баробар мекунад. Ва он ғулом, ки хости ҷаи худро медонист, вале тайёр нашуд ва мувофиқи хости вай амал накард, зарбаҳои бисёр мехӯрад; аммо он ки намедонист ва корҳои сазовори ҷазо кард, камтар зарбаҳо мехӯрад. Ба ҳар касе ки бисёр дода шуда бошад, аз вай бисёр талаб карда мешавад; ва ба ҳар касе ки амонати бисёр супурда шуда бошад, аз вай бисёр талаб мекунанд. Ҷудоӣ Ман омадаам, то ки оташе бар замин фуруд оварам, ва хеле мехоҳам, ки он ҳоло фурӯзон шавад! Маро таъмиде дар пеш аст, таъмиде ки бояд ёбам; ва чӣ қадар зери фишорам, то даме ки ин ба амал ояд! Оё шумо гумон мекунед, ки Ман омадаам, то осоиш ба замин биёрам? Не, мегӯям ба шумо, балки барои он ки ҷудоӣ биёрам. Минбаъд панҷ нафар дар як хона аз ҳам ҷудо мешаванд: се аз ду, ва ду аз се; падар аз писар ва писар аз падар, модар аз духтар ва духтар аз модар, модаршӯ аз келин ва келин аз модаршӯ ҷудо мешавад». Ба мардум низ гуфт: «Ҳангоме ки абри аз ғарб пайдошударо мебинед, дарҳол мегӯед: “Борон меборад”; ва чунин мешавад. Ва ҳангоме ки боди ҷанубӣ мевазад, мегӯед: “Гармо меояд”; ва меояд. Эй дурӯягон! Симои замину осмонро шинохта метавонед, пас чӣ гуна ин замонро намешиносед? Пас, чаро шумо худ ҳукм намекунед, ки ростӣ чист? Ҳангоме ки ту бо даъвогари худ назди ҳоким меравӣ, дар роҳ кӯшиш намо, ки аз даъвои вай халос шавӣ, то ки вай туро назди қозӣ набарад, ва қозӣ туро ба навкар насупорад, ва навкар туро ба зиндон наандозад. Ба ту мегӯям, ки то пули охиринро надиҳӣ, аз он ҷо берун намеравӣ». Дар ҳамин вақт баъзеҳо омада, ба Ӯ дар бораи ҷалилиёне нақл карданд, ки хуни онҳоро Пилотус бо қурбониҳои онҳо омехтааст. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё гумон мекунед, ки ин ҷалилиён аз ҳамаи ҷалилиён бештар гуноҳкор буданд, ки чунин азоб кашидаанд? Не, мегӯям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд мешавед. Ва оё гумон мекунед, ки он ҳаждаҳ одам, ки бурҷи Шилӯаҳ ба болояшон афтода, онҳоро нобуд карда буд, аз ҳамаи сокинони Уршалим бештар хатокор буданд? Не, мегӯям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд мешавед». Ва чунин масале гуфт: «Шахсе дар токзори худ дарахти анҷире шинонда буд, ва омад, то ки мевае аз он пайдо кунад, вале чизе наёфт. Ва ба токдор гуфт: “Инак, се сол аст, ки ман меоям, то аз ин дарахти анҷир мевае пайдо кунам, вале чизе намеёбам; онро бур, барои чӣ заминро беҳуда банд кунад? ” Аммо вай дар ҷавоб гуфт: “Эй ҷа! Имсол ҳам онро мон, то гирдашро канда, пору андозам, шояд бор оварад; ва агар наоварад, соли оянда онро мебурӣ”». Дар яке аз куништҳо Ӯ рӯзи шанбе таълим медод. Дар он ҷо зане буд, ки рӯҳе ӯро ҳаждаҳ сол бемор карда буд: вай хамидақомат буд, ва қоматашро рост карда наметавонист. Исо чун вайро дид, вайро ҷеғ зада, гуфт: «Эй зан! Аз бемории худ халос шудӣ». Ва дастҳои Худро бар вай гузошт; вай дарҳол қомат рост кард ва Худоро ҳамду сано хонд. Сардори куништ чун дид, ки Исо дар рӯзи шанбе шифо дод, норозӣ шуда, ба мардум гуфт: «Шаш рӯз ҳаст, ки дар онҳо кор бояд кард; дар ҳамон рӯзҳо омада, шифо ёбед, на ин ки дар рӯзи шанбе». Худованд дар ҷавоби вай гуфт: «Эй дурӯягон! Оё ҳар яке аз шумо гов ё хари худро дар рӯзи шанбе аз охур воз карда, барои об додан намебарад? Ва ин духтари Иброҳимро, ки шайтон ҳаждаҳ сол баста буд, оё дар рӯзи шанбе аз он бандҳояш халос кардан лозим набуд?» Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро гуфт, ҳамаи мухолифонаш дар хиҷолат монданд; ва тамоми мардум аз ҳамаи корҳои аҷоиби Ӯ шод буданд. Ва Ӯ гуфт: «Подшоҳии Худо ба чӣ монанд аст, ва онро ба чӣ монанд кунам? Он монанди донаи хардалест, ки касе онро гирифта, дар боғи худ партофт; ва он рӯида, дарахти калоне шуд, ва парандагони осмон дар шохаҳояш лона сохтанд». Боз гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ монанд кунам? Он монанди хамиртурушест, ки зане онро гирифта, ба се ченак орд андохт, то тамоми хамир расид». Ва Ӯ дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, таълим медод, дар ҳолате ки роҳи Уршалимро пеш гирифта буд. Дар ин миён касе ба Ӯ гуфт: «Эй Хоҷа! Оё танҳо шумораи каме аз мардум наҷот меёбанд?» Ба онҳо гуфт: «Ҷидду ҷаҳд кунед, ки аз дари танг дароед, зеро ба шумо мегӯям, ки бисёр касон ба дохил шудан кӯшиш мекунанд, лекин наметавонанд. Чун соҳиби хона бархеста, дарро бандад, дар берун истода, дарро мекӯбеду мегӯед: “Эй Хоҷа! Эй Хоҷа! Ба мо кушо”. Вале Ӯ дар ҷавоби шумо мегӯяд: “Шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед”. Он гоҳ мегӯед: “Мо пеши Ту хӯрдем ва нӯшидем, ва дар кӯчаҳои мо Ту таълим медодӣ”. Лекин Ӯ мегӯяд: “Ба шумо мегӯям: шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед; ҳама аз Ман дур шавед, эй бадкорон”. Дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон мешавад, чун Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб ва тамоми пайғамбаронро дар Подшоҳии Худо бинед, вале худатон бадар ронда шуда бошед. Ва аз шарқ ва ғарб ва шимол ва ҷануб омада, дар Подшоҳии Худо мешинанд. Ва инак, охиринҳо ҳастанд, ки аввалин мешаванд, ва аввалинҳо ҳастанд, ки охирин мешаванд». Дар ҳамон рӯз баъзе аз фарисиён омада, ба Ӯ гуфтанд: «Баро ва аз ин ҷо рав, чунки Ҳиродус мехоҳад Туро кушад». Ба онҳо гуфт: «Равед ва ба он рӯбоҳ гӯед: “Инак, имрӯз ва фардо девҳоро берун мекунам ва беморонро шифо медиҳам, ва дар рӯзи сеюм анҷом медиҳам; лекин имрӯз, фардо ва пасфардо бояд роҳ равам, зеро мумкин нест, ки пайғамбар берун аз Уршалим кушта шавад”. Эй Уршалим, Уршалим, ки пайғамбаронро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед! Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад. Ба шумо мегӯям, ки Маро дигар намебинед, то даме ки гӯед: “Муборак аст Он ки ба номи Худованд меояд!”» Як рӯзи шанбе Ӯ ба хонаи яке аз сардорони фарисиён барои хӯрок хӯрдан омад, ва онҳо Ӯро мушоҳида мекарданд. Ва инак, марде пеши Ӯ омад, ки гирифтори бемории обхӯрак буд. Исо ба шариатдонон ва фарисиён рӯ оварда, гуфт: «Оё дар рӯзи шанбе шифо додан раво аст?» Онҳо хомӯш монданд. Ва Ӯ ба он мард даст расонда, шифо бахшид ва ӯро фиристод. Ва дар ҷавоби онҳо гуфт: «Кист аз шумо, ки писараш ё говаш ба даруни чоҳе афтода бошад, дарҳол онро дар рӯзи шанбе берун наоварад?» Ба ин гап ҷавобе дода натавонистанд. Чун Ӯ аҳамият дод, ки даъватшудагон барои нишастани худ пешгоҳро интихоб мекунанд, ба онҳо масале гуфт: «Ҳангоме ки касе туро ба базми арӯсӣ даъват менамояд, дар пешгоҳ нанишин, мабодо дар миёни даъватшудагон шахси аз ту муҳтарамтаре бошад, ва он касе ки туро ва ӯро даъват намудааст, назди ту омада, гӯяд: “Ҷои худро ба ӯ деҳ”; ва он гоҳ бо хиҷолат дар поини хона ҷой мегирӣ. Балки, агар туро даъват карда бошанд, омада, дар поини хона шин, то он касе ки туро даъват намудааст, назди ту омада, гӯяд: “Эй дӯст! Болотар шин”. Он гоҳ туро пеши ҳамнишинонат эҳтироме мешавад. Зеро ҳар кӣ худро калон гирад, паст мешавад; ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарбаланд мегардад». Ва ба он касе ки Ӯро даъват намуда буд, гуфт: «Ҳангоме ки зиёфати пешинӣ ё бегоҳӣ медиҳӣ, дӯстон ё бародарон ё хешон ё ҳамсоягони сарватманди худро даъват накун, мабодо онҳо низ туро даъват намоянд, ва подоши ту дода шавад. Балки, чун зиёфат медиҳӣ, бенавоён, маъюбон, лангон ва кӯронро даъват намо, ва ту хушбахт мешавӣ, ки онҳо имконият надоранд подоше ба ту диҳанд; зеро дар рӯзи растохези росткорон подоше ба ту дода мешавад». Яке аз онҳое ки бо Ӯ назди дастархон нишаста буданд, ин суханонро шунида, ба Ӯ гуфт: «Хушо касе ки дар Подшоҳии Худо хӯрок хӯрад!» Ва Ӯ ба вай гуфт: «Шахсе зиёфати калоне ташкил карда, бисёр касонро даъват намуд. Чун вақти зиёфат расид, ғуломи худро фиристод, то ки ба даъватшудагон гӯяд: “Биёед, зеро ҳама чиз тайёр аст”. Ва ҳама, гӯё ки забон як карда бошанд, ба узрхоҳӣ сар карданд. Аввалин ба вай гуфт: “Ман замин харидаам, ва бояд рафта, онро бинам; аз ту узр мехоҳам”. Дигаре гуфт: “Ман панҷ ҷуфт барзагов харидаам ва меравам, ки онҳоро озмоям; аз ту узр мехоҳам”. Сеюмӣ гуфт: “Ман зан гирифтаам ва ба ин сабаб наметавонам биёям”. Ва он ғулом омада, инро ба ҷаи худ хабар дод. Он гоҳ соҳиби хона дарғазаб шуда, ба ғуломи худ гуфт: “Зуд ба кӯчаву паскӯчаҳои шаҳр баро, ва бенавоён, маъюбон, лангон ва кӯронро ба ин ҷо биёр”. Ва ғулом гуфт: “Эй ҷа! Он чи гуфтӣ, иҷро шуд, ва боз ҷой ҳаст”. Ва ҷа ба ғулом гуфт: “Ба сари роҳҳо ва кӯчабоғҳо баромада, мардумро ба омадан водор кун, то хонаи ман пур шавад. Зеро ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ яке аз он шахсони даъватшуда хӯроки маро намечашад, зеро даъватшудагон бисёранд, аммо интихобшудагон кам”». Бо Ӯ мардуми бисёре равона буданд; ва Ӯ ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Агар касе назди Ман ояд ва падару модар, зану фарзандон, бародарону хоҳарон ва ҳамчунин ҷони худро бад набинад, вай наметавонад шогирди Ман бошад; ва ҳар кӣ салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намекунад, наметавонад шогирди Ман бошад. Зеро кист аз шумо, ки бурҷе сохтанӣ шуда, аввал нишаста харҷи онро ҳисоб накунад, ки оё ӯ имконияти ба анҷом расондани онро дорад? Мабодо, пас аз гузоштани таҳкурсии он, ба тамом карданаш қуввати ӯ нарасад, ва ҳамаи касоне ки инро мебинанд, ӯро масхара кунанд ва гӯянд: “Ин шахс ба сохтан сар кард ва ба тамом кардан қувваташ нарасид”. Ё кадом подшоҳ аст, ки бар зидди подшоҳи дигар ҷангиданӣ шуда, аввал нишаста машварат накунад, ки оё бо даҳ ҳазор сарбоз метавонад ба касе рӯ ба рӯ шавад, ки бо бист ҳазор сарбоз бар зидди ӯ меояд? Вагарна, ҳанӯз ки вай дур аст, назди вай сафир фиристода, хоҳони сулҳ мешавад. Ҳамчунин ҳеҷ яке аз шумо, агар аз тамоми дороии худ даст накашад, наметавонад шогирди Ман бошад. Намак хуб аст; лекин агар намак қувваташро гум кунад, бо кадом чиз боз намакин шавад? На барои замин кор меояд, на барои пору; онро бароварда мепартоянд. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, шунавад!» Ҳамаи боҷгирон ва гуноҳкорон назди Ӯ меомаданд, то ки суханони Ӯро гӯш кунанд. Вале фарисиён ва китобдонон шиквакунон мегуфтанд: «Ӯ гуноҳкоронро пазироӣ мекунад ва бо онҳо хӯрок мехӯрад». Ва Ӯ ба онҳо ин масалро гуфт: «Кист аз шумо, ки сад гӯсфанд дошта бошад ва чун яке аз онҳоро гум кунад, он наваду нӯҳро дар саҳро гузошта, аз пайи он гумшуда наравад, то онро ёбад? Ва чун ёфт, бо шодӣ онро бар китфи худ мегузорад; ва ба хонаи худ омада, дӯстон ва ҳамсоягонро ҷеғ мезанад ва ба онҳо мегӯяд: “Бо ман шодӣ кунед, ки гӯсфанди гумшудаи худро ёфтам”. Ба шумо мегӯям: дар осмон барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, шодӣ зиёдтар мешавад, аз он ки барои наваду нӯҳ росткоре ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд. Ё кадом зан аст, ки даҳ дирҳам дошта бошад ва як дирҳамро гум карда, шамъе дарнагиронад ва хонаро рӯфта, бо диққат ҷустуҷӯ накунад, то онро ёбад? Ва чун ёфт, дӯстон ва ҳамсоягони худро ҷеғ зада, мегӯяд: “Бо ман шодӣ кунед, ки дирҳами гумшудаи худро ёфтам”. Ба шумо мегӯям, ки назди фариштаҳои Худо барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, ҳамин тавр шодӣ мешавад». Боз гуфт: «Шахсе ду писар дошт; ва хурдии онҳо ба падар гуфт: “Эй падар! Он қисми молу мулкро, ки бояд ба ман расад, ба ман деҳ”. Ва падар дороии худро ба онҳо тақсим кард. Пас аз чанд рӯз писари хурдӣ ҳар он чи дошт, ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт ва дар он ҷо дороии худро дар айшу нӯш исроф намуд. Ҳангоме ки ҳамаашро сарф кард, гуруснагии сахте дар он кишвар рӯй дод, ва ӯ ба мӯҳтоҷӣ дучор шуд. Ва рафта, хизматгори яке аз сокинони он кишвар шуд, ки вай ӯро ба саҳрои худ фиристод, то хукбонӣ кунад. Ва ӯ орзу дошт шиками худро аз харнубе ки хукон мехӯранд, пур кунад, лекин ҳеҷ кас онро ба ӯ намедод. Он гоҳ ӯ ба худ омада, гуфт: “Чӣ қадаре аз мардикорони падарам нони фаровон доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ ба ҳалокат мерасам! Бархоста, назди падарам меравам ва ба вай мегӯям: Эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам, ва дигар сазовори он нестам, ки писари ту хонда шавам; маро чун яке аз мардикоронат қабул кун”. Ва ӯ бархеста, сӯи падараш равона шуд. Ва ҳанӯз ӯ хеле дур буд, ки падараш ӯро дида, раҳмаш омад; ва тозон рафта, ӯро ба оғӯш кашиду бӯсид. Ва писар ба вай гуфт: “Эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам, ва дигар сазовори он нестам, ки писари ту хонда шавам”. Аммо падар ба ғуломони худ гуфт: “Либоси беҳтарине оварда, ба ӯ пӯшонед, ва ангуштарин ба дасташ, ва пойафзол ба пойҳояш диҳед; ва гӯсолаи охуриро оварда, кушед; хӯрем ва шодӣ кунем. Зеро ин писарам мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд”. Ва ба шодӣ кардан шурӯъ намуданд. Лекин писари калонии вай дар саҳро буд; ва ҳангоме ки баргашта, ба хона наздик шуд, садои мусиқӣ ва рақсро шунид. Ва яке аз хизматгоронро ҷеғ зада, пурсид, ки ин чӣ маъно дорад. Вай ба ӯ гуфт: “Бародарат омад, ва падарат гӯсолаи охуриро кушт, чунки ӯро саломат бозёфт”. Ӯ ба хашм омада, нахост ба хона дарояд. Ва падараш баромада, ӯро ҷеғ зад. Аммо ӯ дар ҷавоби падараш гуфт: “Инак, чандин сол аст, ки ман ғуломи ту ҳастам ва ҳаргиз аз фармони ту гардан натофтаам; вале ту ҳаргиз ба ман як бузғолае ҳам надодаӣ, то ки бо дӯстони худ шодӣ кунам; ва чун ин писарат, ки дороии туро ба фоҳишаҳо барбод додааст, гашта омад, ту барои вай гӯсолаи охуриро куштаӣ”. Ба ӯ гуфт: “Писарам! Ту ҳамеша бо ман ҳастӣ, ва ҳар он чи ман дорам, аз они туст. Аммо ба он бояд шодӣ ва хурсандӣ мекардем, ки ин бародарат мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд”». Ба шогирдони Худ низ гуфт: «Як марди сарватманд буд, ки амалдоре дошт, ва дар ҳаққи вай ба ӯ шикоят карданд, ки молу мулки ӯро исроф менамояд. Вайро ҷеғ зада, гуфт: “Ин чист, ки дар ҳаққи ту шунидаам? Аз корҳои худ ҳисобот деҳ, зеро дигар наметавонӣ амалдор бошӣ”. Он амалдор дар дили худ гуфт: “Чӣ кунам? Хоҷаам маро аз вазифаам маҳрум месозад. Аз ӯҳдаи каландзанӣ намебароям, аз гадоӣ шарм мекунам. Медонам, чӣ кунам, то ки ҳангоми аз вазифа маҳрум шуданам маро дар хонаҳои худ пазироӣ кунанд”. Ва ҳар яке аз қарздорони ҷаи худро ба танҳоӣ ҷеғ зада, ба якумин гуфт: “Ту аз ҷаи ман чӣ қадар қарздор ҳастӣ? ” Гуфт: “Сад хум равған”. Ба вай гуфт: “Забонхати худро гир ва зуд нишаста, панҷоҳ навис”. Пас ба дигаре гуфт: “Ту чӣ қадар қарздор ҳастӣ? ”. Дар ҷавоб гуфт: “Сад хирвор гандум”. Ба вай гуфт: “Забонхати худро гир ва ҳаштод навис”. Ва он ҷа амалдори ноинсофро офарин гуфт, ки зиракона рафтор кардааст; зеро писарони ин дунё дар муносибат бо насли худ аз писарони нур зирактаранд. Ва Ман ба шумо мегӯям: Бо сарвати ноинсофона барои худ дӯстон пайдо кунед, то ки онҳо ҳангоми тамом шудани он шуморо дар масканҳои абадӣ пазироӣ кунанд. Касе ки дар чизи андак боваринок бошад, дар чизи бисёр низ боваринок аст; ва касе ки дар чизи андак ноинсофӣ кунад, дар чизи бисёр низ ноинсоф аст. Пас, агар шумо дар сарвати ноинсофона боваринок набошед, кист, ки сарвати ҳақиқиро ба шумо супорад? Ва агар дар чизи бегона боваринок набошед, кист, ки чизи худатонро ба шумо диҳад? Ҳеҷ ғулом бандаи ду ҷа буда наметавонад; зеро ё якеро бад дида, дигареро дӯст медорад; ё ба яке часпида, дигареро хор мешуморад. Шумо наметавонед бандаи Худо ва бандаи пул бошед». Ва фарисиён, ки пулдӯст буданд, ҳамаи инро шунида, Ӯро масхара карданд. Ба онҳо гуфт: «Шумо худро пеши одамон росткор вонамуд мекунед, вале Худо аз дилҳои шумо огоҳ аст; он чи назди одамон олидараҷа аст, пеши Худо нафратовар аст. Таврот ва навиштаҳои пайғамбарон то Яҳё буданд; пас аз он Подшоҳии Худо башорат дода мешавад, ва ҳар кас бо ҷидду ҷаҳд ба он дохил мегардад. Лекин аз байн рафтани осмон ва замин осонтар аст аз он ки нуқтае аз Таврот афтад. Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, зани дигаре гирад, зино мекунад; ва ҳар кӣ зани талоқшударо гирад, зино мекунад. Шахси сарватманде буд, ки либосҳои арғувон ва катон дар бар мекард, ва ҳар рӯзро бо ҳашамат ва бо хушӣ мегузаронд. Ва Элъозор ном бенавое буд, ки назди дарвозаи ӯ мехобид, ва танаш пур аз захм буд; ва орзу дошт аз резаҳое ки аз дастархони он сарватманд меафтоданд, шиками худро сер кунад; ва сагон омада, захмҳои ӯро мелесиданд. Ҳангоме ки он бенаво мурд, фариштаҳо ӯро ба паҳлӯи Иброҳим бурданд. Он сарватманд низ мурд, ва ӯро гӯронданд. Ва дар дунёи мурдагон ӯ, дар ҳолате ки азоб мекашид, чашм андохта, аз дур Иброҳимро бо Элъозор, ки дар паҳлӯяш буд, дид. Ва фарёд зада, гуфт: “Эй падарам Иброҳим! Ба ман марҳамат кун ва Элъозорро фирист, то ки нӯги ангушташро ба об тар карда, забони маро салқин гардонад, зеро ман дар аланга азоб мекашам”. Лекин Иброҳим гуфт: “Эй фарзандам! Ба хотир овар, ки дар зиндагиат чизҳои хуб насиби ту ва чизҳои бад насиби Элъозор шуда буд; акнун вай дар ин ҷо тасаллӣ меёбад, ва ту азоб мекашӣ. Илова бар ҳамаи ин, дар миёни мо ва шумо ҷарии бузурге ҳаст, ба тавре ки онҳое ки аз ин ҷо назди шумо гузаштан мехоҳанд, наметавонанд, ҳамчунин аз он ҷо назди мо намегузаранд”. Ва ӯ гуфт: “Пас, эй падар, аз ту илтимос мекунам, ки вайро ба хонаи падари ман фиристӣ, зеро ман панҷ бародар дорам. Бигзор онҳоро огоҳ кунад, ки онҳо низ ба ин макони азоб наоянд”. Иброҳим ба ӯ гуфт: “Онҳо Мусо ва пайғамбарон доранд; ба суханонашон гӯш кунанд”. Аммо ӯ гуфт: “Не, падарам Иброҳим! Лекин агар яке аз мурдагон назди онҳо равад, тавба мекунанд”. Ба ӯ гуфт: “Агар ба Мусо ва пайғамбарон гӯш намедода бошанд, яке аз мурдагон бархезад ҳам, имон намеоранд”». Ва Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: «Имкон надорад, ки васвасаҳо ба миён наоянд, лекин вой бар ҳоли касе ки ба воситаи вай ба миён оянд. Барои вай беҳтар аст, ки санги осиёе ба гарданаш овехта, ба баҳр афкананд, аз он ки яке аз ин хурдонро ба васваса андозад. Ба худ диққат диҳед. Агар бародарат зидди ту гуноҳ кунад, ба ӯ гап зада, фаҳмон, ва агар тавба кунад, ӯро бахш. Ва агар рӯзе ҳафт бор зидди ту гуноҳ кунад ва рӯзе ҳафт бор баргашта, гӯяд: “Тавба кардам”, — ӯро бахш». Ва расулон ба Худованд гуфтанд: «Имони моро зиёд кун». Худованд гуфт: «Агар шумо ба андозаи донаи хардал имон дошта бошед, ба ин дарахти тут гуфта метавонед: “Решакан гардида, дар миёни баҳр ҷойгир шав”, ва он ба шумо итоат мекунад. Кист аз шумо, ки ғуломаш ба шудгор ё ба чӯпонӣ машғул бошад ва ҳангоми аз саҳро баргаштанаш ба вай гӯяд: “Зуд омада, назди дастархон шин”? Баръакс, оё ӯ ба вай намегӯяд: “Барои ман хӯроки бегоҳӣ тайёр кун ва камари худро баста, ба ман хизмат кун, то хӯрам ва нӯшам, ва пас аз он худат хӯр ва нӯш”? Оё ӯ ба он ғулом барои ба ҷо овардани фармонҳо миннатдорӣ баён мекунад? Гумон намекунам. Ҳамчунин шумо низ, ҳангоме ки ҳамаи фармонҳои ба шумо додашударо ба ҷо овардед, гӯед: “Мо ғуломони ношоям ҳастем; чунки он чи карданамон даркор буд, кардем”». Ҳангоми сафар сӯи Уршалим Ӯ аз ҳудуди байни Сомара ва Ҷалил мегузашт. Ва ҳангоме ки Ӯ ба деҳае дохил мешуд, даҳ марди махавӣ аз пешаш баромаданд, ки аз дур истода, бо овози баланд мегуфтанд: «Эй Исои Устод, ба мо марҳамат кун!» Чун онҳоро дид, гуфт: «Равед ва худро ба коҳинон нишон диҳед». Ва онҳо ҳангоми рафтанашон пок шуданд. Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, баргашта, бо овози баланд Худоро ҳамду сано хонд, ва пеши пойҳои Ӯ рӯй ба замин афтода, ба Ӯ ташаккур гуфт; ва ӯ марди сомарӣ буд. Исо гуфт: «Оё даҳ нафар пок нашуданд? Пас он нӯҳ нафар куҷоянд? Оё ғайр аз ин ғариб касе ёфт нашуд, ки баргашта, Худоро ҳамду сано хонад?» Ва ба вай гуфт: «Бархез ва рав; имонат туро наҷот дод». Чун фарисиён аз Ӯ пурсиданд, ки Подшоҳии Худо кай меояд, дар ҷавоби онҳо гуфт: «Подшоҳии Худо на он тавр меояд, ки ба назар намоён шавад; ва намегӯянд: “Инак, он дар ин ҷост”, ё: “Инак, дар он ҷост”, зеро инак, Подшоҳии Худо дар миёни шумост». Ва ба шогирдон гуфт: «Замоне меояд, ки дидани танҳо як рӯзи Писари Одамро орзу мекунед, ва намебинед. Ва ба шумо мегӯянд: “Инак, дар ин ҷост”, ё: “Инак, дар он ҷост”. Наравед ва аз паси онҳо надавед. Зеро чунон ки барқ якбора медурахшад ва аз як канори осмон то канори дигари осмон рӯшноӣ медиҳад, Писари Одам дар рӯзи Худ чунин мешавад. Лекин аввал лозим аст, ки Ӯ бисёр азоб кашад ва аз тарафи ин насл рад карда шавад. Ва чунон ки дар айёми Нӯҳ буд, дар айёми Писари Одам низ чунин мешавад: мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд, шавҳар мекарданд — то он рӯзе ки Нӯҳ ба киштӣ даромад; ва тӯфон омада, ҳамаро нобуд кард. Дар айёми Лут низ чунон буд: мехӯрданд, менӯшиданд, мехариданд, мефурӯхтанд, мекоштанд, месохтанд; лекин дар рӯзе ки Лут аз Садӯм баромад, оташ ва кибрит аз осмон борид ва ҳамаро нобуд кард. Дар рӯзи зоҳир шудани Писари Одам низ чунин мешавад. Дар он рӯз ҳар кӣ бар бом буда, чизҳояш дар хона бошад, барои гирифтани онҳо поён нафурояд; ва ҳар кӣ дар киштзор бошад, барнагардад. Зани Лутро ба ёд оваред. Ҳар кӣ барои раҳондани ҷони худ кӯшиш кунад, онро барбод медиҳад, ва ҳар кӣ онро барбод диҳад, онро нигоҳдорӣ мекунад. Ба шумо мегӯям, ки дар он шаб аз ду нафаре ки дар як ҷогаҳ бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта мешавад. Аз ду зане ки якҷоя бо дастос машғул бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта мешавад». *** Дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Дар куҷо, эй Худованд?» Ба онҳо гуфт: «Ҳар куҷо лошае бошад, каргасон дар он ҷо ҷамъ мешаванд». Ва ба онҳо масале дар бораи он гуфт, ки кас бояд ҳамеша дуо гӯяд ва дилсард нашавад, ва гуфт: «Дар шаҳре қозие буд, ки на тарсе аз Худо дошт ва на шарме аз одамон. Дар он шаҳр бевазане буд, ки назди ӯ омада, мегуфт: “Доди маро аз душманам ситон”. Қозӣ муддате беаҳамиятӣ кард. Вале баъдтар дар дили худ гуфт: “Гарчанде ки ман на тарсе аз Худо дорам ва на шарме аз одамон, лекин азбаски ин бевазан маро ором намегузорад, вайро муҳофизат мекунам, то ки ҳар дам омада, маро безор накунад”». Ва Худованд гуфт: «Шунидед, ки ин қозии ноинсоф чӣ мегӯяд? Магар Худо ба доди интихобшудагони Худ, ки рӯзу шаб ба даргоҳи Ӯ фарёд мекунанд, намерасад, гарчанде ки ба доди онҳо дер мерасад? Ба шумо мегӯям, ки ба зудӣ ба доди онҳо мерасад. Лекин ҳангоме ки Писари Одам ояд, оё имонро бар замин меёбад?» Ҳамчунин барои касоне ки ба росткор будани худ боварӣ дошта, дигаронро хор медиданд, чунин масале гуфт: «Ду кас ба ибодатгоҳ барои дуо даромаданд, ки яке фарисӣ ва дигаре боҷгир буд. Фарисӣ рост истода, дар дили худ чунин дуо мегуфт: “Худоё! Туро шукр мегӯям, ки монанди касони дигар: ғоратгарон, ситамгарон, зинокорон, ё монанди ин боҷгир нестам. Ҳафтае ду бор рӯза медорам ва аз ҳар чизе ки ба даст меоварам, даҳяк медиҳам”. Аммо боҷгир, дуртар истода, ҳатто ҷуръат надошт, ки чашмонашро сӯи осмон баланд кунад; балки синаи худро мезаду мегуфт: “Худоё! Ба мани гуноҳкор раҳм кун”. Ба шумо мегӯям, ки ин шахс бар хилофи он шахс сафед шуда ба хонаи худ рафт. Зеро ҳар кӣ худро калон гирад, паст мешавад; ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарбаланд мегардад». Кӯдакони ширмакро низ назди Ӯ меоварданд, то ба онҳо даст расонад. Шогирдон инро дида, ба онҳо монеъ шуданд. Аммо Исо онҳоро ҷеғ зада, гуфт: «Кӯдаконро гузоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Подшоҳии Худо аз они чунин касон аст. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад». Ва сардоре аз Ӯ пурсид: «Эй Устоди некӯ! Чӣ кунам, то вориси ҳаёти абадӣ шавам?» Исо ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Ҳеҷ кас некӯ нест, ғайр аз Худо. Фармудаҳоро медонӣ: Зино накун; накуш; дуздӣ накун; гувоҳии бардурӯғ надеҳ; падару модаратро эҳтиром намо». Гуфт: «Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам». Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Туро боз чизе намерасад: ҳар он чи дорӣ, фурӯш ва ба камбағалон деҳ, ва дар осмон ганҷе меёбӣ; ва омада, Маро пайравӣ кун». Лекин вай, чун инро шунид, хеле ғамгин шуд, зеро беҳад сарватманд буд. Чун Исо дид, ки вай хеле ғамгин шуд, гуфт: «Ба Подшоҳии Худо даромадани сарватмандон чӣ гуна душвор аст! Зеро аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватманд ба Подшоҳии Худо дохил шавад». Шунавандагон гуфтанд: «Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?» Гуфт: «Он чи барои одамон ғайриимкон аст, барои Худо имконпазир аст». Петрус гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем». Ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона ё падару модар ё бародарон ё зан ё фарзандонро ба хотири Подшоҳии Худо тарк кунаду дар ин замон чанд баробар ва дар давраи оянда ҳаёти абадӣ ба даст наоварад». Ва он дувоздаҳро назди Худ хонда, ба онҳо гуфт: «Инак, мо сӯи Уршалим меравем, ва ҳар он чи бо забони пайғамбарон дар бораи Писари Одам навишта шудааст, ба амал меояд; зеро Ӯ ба дасти ғайрияҳудиён супурда мешавад, ва Ӯро масхара, ҳақорат ва туфборон мекунанд, тозиёна мезананд ва мекушанд; ва дар рӯзи сеюм Ӯ бармехезад». Лекин онҳо чизе аз ин нафаҳмиданд; маънои ин суханон аз онҳо пӯшида буд, ва онҳо ба ин гуфтаҳо сарфаҳм нарафтанд. Ҳангоме ки Ӯ ба Ариҳо наздик мешуд, кӯре дар канори роҳ нишаста, гадоӣ мекард; ва чун шунид, ки аз пешаш мардум мегузаранд, пурсид: «Ин чист?» Ба вай гуфтанд, ки Исои Носирӣ гузашта истодааст. Дарҳол фарёд карда, гуфт: «Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун». Онҳое ки дар пеш равона буданд, вайро ба хомӯш шудан водор мекарданд; лекин вай боз ҳам бештар фарёд мезад: «Эй Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун». Исо истода, фармуд, ки вайро назди Ӯ биёранд. Ва ҳангоме ки наздик омад, аз вай пурсид: «Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту кунам?» Гуфт: «Эй Хоҷа! Мехоҳам бино шавам». Исо ба вай гуфт: «Бино шав! Имонат туро шифо бахшид». Вай дарҳол бино гашт ва Худоро ҳамду сано хонда, аз паси Ӯ равона шуд. Ва тамоми мардум инро дида, Худоро ситоиш карданд. Ва Ӯ ба Ариҳо ворид шуда, аз он мегузашт. Ва инак, Заккай ном шахс, ки сардори боҷгирон ва сарватманд буд, мехост Исоро бинад, ки Ӯ кист, лекин ба сабаби бисёрии мардум натавонист, чунки қадаш паст буд. Ва давида пеш гузашту болои дарахти анҷире баромад, то ки Ӯро бинад, чунки Ӯ бояд аз пеши он мегузашт. Ҳангоме ки Исо ба он ҷо расид, боло нигариста, вайро дид ва гуфт: «Эй Заккай! Зуд фуруд ой, зеро имрӯз бояд дар хонаи ту монам». Вай зуд фуромада, Ӯро бо хурсандӣ пазироӣ намуд. Ва ҳама инро дида, ғур-ғур карда мегуфтанд, ки Ӯ дар хонаи шахси гуноҳкор меҳмон шудааст. Аммо Заккай бархеста, ба Худованд гуфт: «Эй Хоҷа! Нисфи дороии худро ба бенавоён медиҳам, ва агар чизи касеро ноинсофона гирифта бошам, чор баробар бозмегардонам». Исо ба вай гуфт: «Имрӯз ба ин хона наҷот омадааст, чунки вай низ Писари Иброҳим аст; зеро Писари Одам омадааст, то гумшударо пайдо кунад ва наҷот диҳад». Ҳангоме ки онҳо инро гӯш мекарданд, Ӯ боз масале илова намуд, зеро Ӯ дар наздикии Уршалим буд, ва онҳо гумон мекарданд, ки ба зудӣ бояд Подшоҳии Худо падид ояд. Бинобар ин Ӯ гуфт: «Шахси асилзодае ба кишвари дурдаст мерафт, то ки подшоҳӣ ба даст оварда, баргардад. Ва даҳ нафар ғуломонашро даъват намуда, ба онҳо даҳ мино дод ва ба онҳо гуфт: “Бо ин пул то вақти баргаштанам хариду фурӯш кунед”. Аммо аҳли шаҳраш ба вай душманӣ доштанд ва аз паси вай намояндагон фиристоданд, то гӯянд: “Намехоҳем, ки вай бар мо подшоҳӣ кунад”. Ва ҳангоме ки вай подшоҳиро ба даст оварда, баргашт, фармуд, ки ҳамон ғуломонро, ки ба онҳо пул дода, буд, ҷеғ зананд, то фаҳмад, ки ҳар яке чӣ қадар фоида кардааст. Якумӣ омада, гуфт: “Хоҷаам! Як минои ту даҳ мино фоида овард”. Ба ӯ гуфт: “Офарин, эй ғуломи нек! Азбаски ба чизи андак боваринок будӣ, бар даҳ шаҳр ҳоким шав”. Дуюмӣ омада, гуфт: “Хоҷаам! Як минои ту панҷ мино фоида овард”. Ба ӯ низ гуфт: “Ту ҳам бар панҷ шаҳр ҳоким шав”. Сеюмӣ омада, гуфт: “Хоҷаам! Инак як минои ту, ки онро ба рӯймоле печонда, нигоҳ доштам; зеро ман аз ту тарсидам, чунки марди дилсахте ҳастӣ: он чи нагузоштаӣ, мегирӣ, он чи накоштаӣ, медаравӣ”. Ба ӯ гуфт: “Туро аз забони худат маҳкум мекунам, эй ғуломи бад! Ту медонистӣ, ки ман шахси дилсахт ҳастам, он чи нагузоштаам, мегирам, ва он чи накоштаам, медаравам. Пас чаро пули маро ба саррофон надодӣ, то ки ман омада, онро бо фоидааш гирам? ” Ва ба ҳозирон гуфт: “Он миноро аз ӯ гирифта, ба касе ки даҳ мино дорад, диҳед”. Ба ӯ гуфтанд: “Эй Хоҷа! Вай даҳ мино дорад”. “Ба шумо мегӯям, ки ҳар кӣ дорад, ба вай дода мешавад; лекин ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта мешавад. Лекин он душманони маро, ки намехостанд бар онҳо подшоҳӣ кунам, ба ин ҷо оварда, пеши ман кушед”». Ин суханонро гуфта, Ӯ боз ба роҳ даромад ва сӯи Уршалим равона шуд. Ва чун ба Байт-Фоҷӣ ва Байт-Анё, ба кӯҳе ки кӯҳи Зайтун ном дорад, наздик омад, ду шогирди Худро фиристода, ба онҳо гуфт: «Ба он деҳа, ки рӯ ба рӯи мост, равед; ҳамин ки вориди он шудед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳанӯз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, биёред. Ва агар касе аз шумо пурсад: “Чаро воз мекунед? ” — ба вай гӯед: “Худованд ба он эҳтиёҷ дорад”». Фиристодагон рафта, чунон ки Ӯ ба онҳо гуфта буд, ёфтанд. Ҳангоме ки онҳо курраро воз мекарданд, соҳибонаш ба онҳо гуфтанд: «Чаро курраро воз мекунед?» Гуфтанд: «Худованд ба он эҳтиёҷ дорад». Ва онро назди Исо оварданд; ва ҷомаҳои худро бар курра афканда, Исоро ба он савор карданд. Ва ҳангоме ки Ӯ мерафт, ҷомаҳои худро бар роҳ мегустурданд. Ҳангоме ки Ӯ ба фуромадгоҳи кӯҳи Зайтун наздик шуд, тамоми тӯдаи шогирдонаш шодикунон бо овози баланд Худоро барои ҳамаи муъҷизаҳое ки дида буданд, ситоиш карда, мегуфтанд: «Муборак аст Подшоҳе ки ба номи Худованд меояд! Осоиш дар осмон ва ҷалол дар арши аъло бод!» Баъзе фарисиён аз миёни мардум ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Шогирдони Худро манъ кун». Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки агар онҳо хомӯш монанд, сангҳо фарёд мекунанд». Ва ҳангоме ки Ӯ ба шаҳр наздик омад, ба он назар андохта, ба ҳоли он гирён шуд, ва гуфт: «Оҳ, кошки ту низ ақаллан дар ҳамин рӯзи худ медонистӣ, ки кадом чизҳо сӯи осоиши ту мебарад! Аммо ин акнун аз чашмони ту ниҳон аст. Зеро рӯзҳое ба сарат меоянд, ки душманонат ба муқобили ту сангарҳо месозанд ва туро иҳота намуда, аз ҳар тараф ба танг меоваранд, туро ва фарзандони туро дар дохили ту ба хок яксон мекунанд ва дар ту санге бар санге боқӣ намегузоранд, чунки вақти дидори Худовандро бо худат надонистӣ». Ва ба ибодатгоҳ даромада, ба берун рондани онҳое ки дар он харидуфурӯш мекарданд, сар кард, ва ба онҳо гуфт: «Навишта шудааст, ки “хонаи Ман хонаи дуо аст”, аммо шумо онро дуздхона кардаед». Ва ҳар рӯз дар ибодатгоҳ таълим медод. Аммо сардорони коҳинон, китобдонон ва бузургони мардум дар пайи нобуд кардани Ӯ буданд, вале илоҷи ин корро ёфта наметавонистанд, чунки тамоми мардум пайваста ба суханони Ӯ гӯш медоданд. Яке аз он рӯзҳое ки Ӯ мардумро дар ибодатгоҳ таълим ва башорат медод, коҳинон ва китобдонон бо пирон омада, ба Ӯ гуфтанд: «Ба мо гӯй, ки бо кадом ҳуқуқ Ту ин корҳоро мекунӣ, ё кист, ки ин ҳуқуқро ба Ту додааст?» Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ва ба Ман гӯед: таъмиди Яҳё аз осмон буд ё аз инсон?» Онҳо дар дили худ андеша карда, мегуфтанд: «Агар гӯем, ки “аз осмон буд”, Ӯ мегӯяд: “Пас чаро ба вай бовар накардед? ” Ва агар гӯем, ки “аз инсон буд”, тамоми мардум моро сангсор мекунанд, зеро боварӣ доранд, ки Яҳё пайғамбар буд». Ва дар ҷавоб гуфтанд: «Намедонем аз куҷо буд». Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам». Ва ба мардум чунин масалеро гуфт: «Шахсе токзоре шинонд, ва онро ба токдорон супурда, муддати дарозе ба сафар рафт. Чун мавсим расид, ғуломеро назди токдорон фиристод, то аз меваи токзор ба вай диҳанд; лекин токдорон вайро зада, дастхолӣ равона карданд. Ва ӯ ғуломи дигарро фиристод; вале онҳо вайро низ зада ва дашном дода, дастхолӣ фиристоданд. Ва ӯ боз сеюмашро фиристод; аммо вайро низ захмдор карда, бадар ронданд. Он гоҳ соҳиби токзор гуфт: “Чӣ кунам? Писари дӯстдоштаи худро мефиристам. Шояд ӯро дида, шарм кунанд”. Лекин токдорон чун ӯро диданд, бо ҳамдигар машварат карда, гуфтанд: “Ин ворис аст; биёед, вайро кушем, то ки мерос аз они мо шавад”. Ва ӯро аз токзор бароварда, куштанд. Пас, соҳиби токзор ба онҳо чӣ мекунад? Вай омада, он токдоронро нобуд мекунад ва токзорро ба дигарон месупорад». Онҳое ки ин суханонро шуниданд, гуфтанд: «Чунин набод!» Аммо Ӯ ба онҳо нигариста, гуфт: «Маънои ин навишта чист: “Санге ки бинокорон рад карданд, Санги сари гӯшаи бино гардид”? Ҳар кӣ бар он санг афтад, пора-пора мешавад; ва агар он бар касе афтад, вайро гард-гард мекунад». Сардорони коҳинон ва китобдонон хостанд ҳамон дам Ӯро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд. Зеро донистанд, ки ин масалро дар ҳаққи онҳо мегӯяд. Ва Ӯро зери назорат гирифта, ҷосусонро фиристоданд, то ки онҳо худро росткор нишон дода, аз суханаш далел ёбанд ва Ӯро ба қудрат ва ихтиёри ҳоким супоранд. Ва онҳо аз Ӯ пурсида, гуфтанд: «Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳақиқатро мегӯӣ ва таълим медиҳӣ, ва рӯбинӣ намекунӣ, балки роҳи Худоро ба ростӣ меомӯзонӣ; оё ба қайсар андоз додани мо раво аст, ё не?» Вале Ӯ найранги онҳоро дарёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро Маро меозмоед? Диноре ба Ман нишон диҳед. Сурат ва навиштаи рӯи он аз они кист?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Аз они қайсар». Ба онҳо гуфт: «Пас, он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост — ба Худо». Ва Ӯро пеши мардум аз суханаш ба дом афтонда натавонистанд ва аз ҷавоби Ӯ ҳайрон шуда, хомӯш монданд. Ва баъзе аз саддуқиён, ки растохезро инкор мекунанд, назди Ӯ омада, пурсиданд: «Эй Устод! Мусо ба мо навиштааст, ки агар бародари касе мурад ва зандор буда, фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад. Ва инак, ҳафт бародар буданд. Якумӣ зан гирифт ва фарзанд ба дунё наоварда, мурд. Ва он занро дуюмӣ гирифт, вале ӯ низ бе фарзанд мурд. Баъд вайро сеюмӣ гирифт, ва ҳамин тавр то ҳафтумӣ, ва ҳама фарзанде нагузошта, мурданд. Баъд аз ҳама зан низ мурд. Пас, дар рӯзи растохез вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ҳар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд». Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Фарзандони ин замон зан мегиранд ва ба шавҳар мераванд; лекин онҳое ки сазовори расидан ба он замон ва ба растохез аз мурдагон шаванд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, ва дигар бор наметавонанд муранд, зеро онҳо ба фариштаҳо баробаранд, ва азбаски писарони растохез ҳастанд, онҳо писарони Худо мебошанд. Аммо онро, ки мурдагон бармехезанд, Мусо низ дар ҳикояти бутта нишон дода, Худовандро Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб хондааст. Ва Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст, зеро пеши Ӯ ҳама зинда ҳастанд». Баъзе аз китобдонон дар ҷавоб гуфтанд: «Эй Устод! Нағз сухан рондӣ». Ва дигар онҳо ҷуръат надоштанд, ки аз Ӯ чизе пурсанд. Ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Чӣ гуна мегӯянд, ки Масеҳ Писари Довуд аст? Ва ҳол он ки худи Довуд дар китоби Забур мегӯяд: “Худованд ба Худованди ман гуфт: Аз дасти рости Ман нишин, То даме ки душманони Туро пойандози Ту созам”. Инак, Довуд Ӯро Худованд мехонад; пас чӣ гуна Ӯ писари вай будааст?» Ва дар ҳолате ки тамоми мардум гӯш мекарданд, Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: «Аз китобдонон ҳазар кунед, ки ҷомаҳои дароз пӯшида гаштанро меписанданд, ва дар кӯчаву бозор салом шунидан, дар ҷойҳои беҳтарини куништҳо нишастан ва дар зиёфатҳо болонишин буданро дӯст медоранд; хонаҳои бевазанонро фурӯ мебаранд ва намоишкорона дуру дароз дуо мегӯянд; онҳо сахттар маҳкум мешаванд». Ва Ӯ назар андохта, сарватмандонро дид, ки ҳадияҳои худро ба ганҷина меандохтанд. Ва ҳамчунин бевазани камбағалеро дид, ки ду танга дар он андохт. Ва Ӯ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбағал аз ҳама бештар андохт. Зеро ҳамаи онҳо аз зиёдатии худ ҳадия барои Худо андохтанд, лекин вай аз камбағалии худ тамоми рӯзиеро, ки дошт, андохт». Ҳангоме ки баъзе касон дар бораи ибодатгоҳ сухан мегуфтанд, ки он бо сангҳо ва ҳадияҳои гаронбаҳо зебу оро дода шудааст, Ӯ гуфт: «Рӯзҳое меоянд, ки аз он чи дар ин ҷо мебинед, санге бар санге намемонад; ҳамааш хароб мешавад». Аз Ӯ пурсиданд: «Эй Устод! Ин кай рӯй медиҳад? Ва аломати рӯй додани ин чӣ гуна аст?» Гуфт: «Ҳушёр бошед, ки гумроҳ нашавед; зеро бисёр касон бо номи Ман омада, мегӯянд, ки “ман Ҳамонам” ва “он вақт наздик аст”. Аз пайи онҳо наравед. Ва чун овозаи ҷангҳо ва ошӯбҳоро шунавед, натарсед; зеро ин бояд аввал рӯй диҳад; лекин поёни кор дарҳол фаро намерасад». Он гоҳ ба онҳо гуфт: «Халқе бар зидди халқе ва подшоҳие бар зидди подшоҳие бармехезад; ва дар ҳар ҷо заминҷунбиҳои азим, гуруснагию вабоҳо, ҳодисаҳои пурдаҳшат ва аломатҳои бузург аз осмон ба амал меоянд. Аммо пеш аз ҳамаи ин ба шумо дастдарозӣ мекунанд ва шуморо таъқиб намуда, ба куништҳо ва зиндонҳо месупоранд ва ба хотири номи Ман назди подшоҳону ҳокимон мебаранд; ва ин ба шумо имконияте барои шаҳодат мешавад. Пас, дар дили худ аҳд кунед, ки пешакӣ андеша накунед, чӣ ҷавоб бояд диҳед. Зеро Ман ба шумо даҳон ва ҳикмате медиҳам, ки ҳамаи душманони шумо натавонанд зиддияте ба он нишон диҳанд ва ба муқобили он чизе гӯянд. Ва шуморо падару модарон, хешовандон, дӯстон ва бародарон таслим мекунанд; ва баъзеи шумо кушта мешаванд. Ва ҳама барои номи Ман аз шумо нафрат мекунанд. Лекин мӯе ҳам аз сари шумо гум намешавад. Ҷони худро бо пойдорӣ наҷот медиҳед. Чун бинед, ки лашкарҳо Уршалимро иҳота кардаанд, донед, ки харобии он наздик шудааст. Он гоҳ онҳое ки дар Яҳудия мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд; ва ҳар кӣ дар шаҳр аст, аз он барояд; ва ҳар кӣ дар гирду атроф аст, ба он надарояд. Зеро ин рӯзҳо рӯзҳои қасосанд, то ба амал ояд ҳар он чи навишта шудааст. Лекин вой бар ҳомиладорон ва ширдорон дар он рӯзҳо; зеро мусибати бузурге бар замин рӯй дода, ин мардум гирифтори хашм мешаванд. Ва ба дами шамшер меафтанд, ва ба миёни ҳамаи халқҳо ба асирӣ мераванд; ва Уршалим поймоли халқҳо мешавад, то даме ки даврони халқҳо ба анҷом расад. Ва дар офтоб ва моҳ ва ситорагон аломатҳо аён мешаванд, ва бар замин халқҳо ба танг омада, аз хурӯши баҳр ва мавҷҳо ҳайрон мешаванд; ва одамон аз тарс ва интизории он чи ба сари ҷаҳон меояд, беҳуш мешаванд, зеро қувваҳои осмон ба ларза меоянд. Он гоҳ Писари Одамро мебинанд, ки бо қуввату ҷалоли бузург бар абре меояд. Ҳангоме ки ба амал омадани ин чизҳо оғоз шавад, бархеста, сарҳои худро баланд кунед, чунки халосии шумо наздик меояд». Ва ба онҳо масале гуфт: «Ба дарахти анҷир ва ба ҳамаи дарахтон нигоҳ кунед. Ҳангоме ки шукуфтани онҳоро мебинед, медонед, ки тобистон наздик аст. Ҳамчунин, ҳангоме ки шумо ба амал омадани ин чизҳоро мебинед, донед, ки Подшоҳии Худо наздик аст. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: то ин ҳама рӯй надиҳад, ин насл дарнамегузарад. Осмону замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест. Пас, аз худатон бохабар бошед, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ ва мастӣ ва ғамхӯриҳои зиндагӣ сахт шаванд, ва он рӯз ба шумо ногаҳон ояд; зеро ки он монанди доме бар ҳамаи сокинони саросари рӯи замин меояд. Пас, ҳамеша бедор бошед ва дуо гӯед, то ки сазовор бошед аз ҳамаи он чи бояд рӯй диҳад, раҳо шавед ва дар пеши Писари Одам истед». Рӯзҳо Ӯ дар ибодатгоҳ таълим медод; ва шабҳо берун омада, дар кӯҳе ки кӯҳи Зайтун ном дорад, шабгузаронӣ мекард. Ва тамоми мардум саҳарии барвақт назди Ӯ ба ибодатгоҳ барои шунидани суханонаш меомаданд. Иди Фатир, ки Песаҳ номида мешавад, наздик буд. Сардорони коҳинон ва китобдонон роҳе меҷустанд, ки чӣ гуна Ӯро кушанд, чунки аз мардум метарсиданд. Ва ба дили Яҳудо, ки лақаби Исқарютиро дошт ва аз ҷумлаи он дувоздаҳ буд, шайтон даромад. Пас вай рафта, бо сардорони коҳинон ва сардорони навкарон гуфтугӯ кард, ки чӣ гуна Ӯро ба онҳо таслим кунад. Онҳо шод гаштанд ва ба вай пул доданӣ шуданд. Вай ваъда кард, ва фурсат меҷуст, то ки Ӯро дур аз чашми мардум ба онҳо таслим кунад. Ва рӯзи иди Фатир, ки бояд дар он барраи Песаҳро қурбонӣ мекарданд, фаро расид. Ва Ӯ Петрус ва Юҳанноро фиристода, гуфт: «Равед ва Песаҳро барои хӯрдани мо тайёр кунед». Ба Ӯ гуфтанд: «Дар куҷо мехоҳӣ, ки тайёр кунем?» Ба онҳо гуфт: «Инак, ҳангоме ки ба шаҳр медароед, марде ба шумо рӯ ба рӯ мешавад, ки кӯзаи обро бардошта мебарад; аз пасаш равона шавед то ба хонае ки вай медарояд, ва ба соҳиби хона гӯед: “Устод ба ту мегӯяд: меҳмонхона куҷост, ки он ҷо Песаҳро бо шогирдони Худ хӯрам? ” Ва он кас ба шумо болохонаи калони густурдашударо нишон медиҳад; дар он ҷо тайёр кунед». Онҳо равона шуданд ва чунон ки Ӯ гуфта буд, ёфтанд, ва Песаҳро тайёр карданд. Ва ҳангоме ки соат расид, Ӯ назди дастархон нишаст, ва дувоздаҳ расулон бо Ӯ буданд. Ба онҳо гуфт: «Хеле мехостам, ки пеш аз ранҷ кашидани Худ ин Песаҳро бо шумо хӯрам. Зеро ба шумо мегӯям, ки аз он дигар намехӯрам, то вақте ки дар Подшоҳии Худо ба амал ояд». Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва гуфт: «Инро гиред ва дар миёни худ тақсим кунед. Зеро ба шумо мегӯям, ки дигар аз шираи ангур наменӯшам, то вақте ки Подшоҳии Худо биёяд». Ва нонро гирифта, шукргузорӣ намуд ва пора карда, ба онҳо доду гуфт: «Ин бадани Ман аст, ки барои шумо таслим карда мешавад; инро барои ёдоварии Ман ба ҷо оваред». Ҳамчунин косаро пас аз хӯроки шом гирифта, гуфт: «Ин коса аҳди нав аст дар хуни Ман, ки барои шумо рехта мешавад. Ва инак, дасти таслимкунандаи Ман бо Ман дар сари дастархон аст. Агарчи Писари Одам ончунон, ки пешакӣ муқаррар шудааст, меравад, лекин вой бар он кас, ки ба воситаи вай Ӯ таслим карда мешавад». Ва онҳо ба пурсидани якдигар сар карданд, ки кадоме аз онҳо ин корро мекарда бошад? Дар миёни онҳо инчунин баҳс шуд, ки кадоме аз онҳо бояд бузургтар ҳисоб ёбад. Вале Ӯ ба онҳо гуфт: «Подшоҳони халқҳо бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва ҳокимони онҳо накӯкор хонда мешаванд. Аммо шумо ин тавр набошед: балки он ки дар байни шумо бузургтар аст, бояд монанди хурдтарин бошад, ва сардор — монанди хизматгузор. Зеро кадоме бузургтар аст: он ки назди дастархон мешинад, ё он ки хизматгузор аст? Оё на он аст, ки назди дастархон мешинад? Аммо Ман дар миёни шумо монанди хизматгузор ҳастам. Ва шумо касоне ҳастед, ки дар озмоишҳои Ман бо Ман будед, ва Ман ба шумо Подшоҳие месупорам, чунон ки Падарам ба Ман супурдааст, то ки дар сари дастархони Ман хӯреду нӯшед, ва бар тахтҳо нишаста, бар дувоздаҳ қабилаи Исроил доварӣ кунед». Ва Худованд гуфт: «Шимъун! Шимъун! Инак, шайтон талабгори он буд, ки шуморо монанди гандуме аз ғалбер гузаронад; аммо Ман барои ту дуо гуфтам, то ки имонат аз байн наравад; ва ту як вақте баргашта, бародарони худро устувор гардон». Вай ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Ман тайёр ҳастам, ки бо Ту ҳам ба зиндон ва ҳам ба марг равам». Лекин Ӯ гуфт: «Ба ту, эй Петрус, мегӯям, ки имрӯз пеш аз он ки хурӯс бонг занад, се бор инкор мекунӣ, ки Маро мешиносӣ». Ва ба онҳо гуфт: «Ҳангоме ки Ман шуморо бе ҳамён, бе тӯрба ва бе пойафзол фиристодам, оё шумо ба чизе эҳтиёҷ доштед?» Гуфтанд: «Ба ҳеҷ чиз». Ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Лекин акнун касе ки ҳамён дорад, онро гирад; ҳамчунин тӯрбаро; ва касе ки шамшер надорад, ҷомаи худро фурӯхта, харад. Зеро ба шумо мегӯям, ки ин навишта низ бояд дар ҳаққи Ман ба амал ояд: “Аз бадкирдорон шумурда шуд”. Зеро ҳар чи дар бораи Ман навишта шудааст, иҷро мешавад». Ва онҳо гуфтанд: «Худовандо! Инак, дар ин ҷо ду шамшер ҳаст». Ба онҳо гуфт: «Бас аст». Ва берун омада, аз рӯи одат ба кӯҳи Зайтун рафт; шогирдон низ аз паси Ӯ рафтанд. Ҳангоме ки ба он ҷой расид, ба онҳо гуфт: «Дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед». Ва Худаш ба масофаи андохтани санге аз онҳо дур шуда, зону зад ва дуо карда, гуфт: «Эй Падар! Кошки ин косаро аз Ман гузарондан мехостӣ; лекин на хости Ман, балки хости Ту бигзор ба амал ояд». Ва фариштае аз осмон бар Ӯ падид омада, ба Ӯ қувват медод. Ва Ӯ дар ранҷи ҷонкоҳ буда, бо ҷаҳди бештар дуо мегуфт; ва арақи Ӯ чун қатраҳои хун буд, ки бар замин мечакиданд. Пас аз дуо бархеста, Ӯ назди шогирдон омад, ва онҳоро дид, ки аз ғусса хоб рафтаанд. Ва ба онҳо гуфт: «Чаро хоб рафтаед? Бархоста, дуо гӯед, то ки ба озмоиш дучор нашавед». Ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, инак мардуми бисёре пайдо шуданд, ва пешопеши онҳо яке аз он дувоздаҳ, ки Яҳудо ном дошт, равона буд, ва назди Исо омад, то Ӯро бӯсад. Исо ба вай гуфт: «Эй Яҳудо! Оё Писари Одамро бо бӯса таслим мекунӣ?» Касоне ки бо Ӯ буданд, чун диданд, ки кор ба чӣ меанҷомад, ба Ӯ гуфтанд: «Эй Хоҷа! Оё ба шамшер занем?» Ва яке аз онҳо ғуломи саркоҳинро зада, гӯши рости вайро бурид. Исо дар ҷавоб гуфт: «Бас кунед». Ва ба гӯши вай даст расонда, шифо дод. Ва Исо ба сардорони коҳинон ва сардорони навкарони ибодатгоҳ ва пироне ки бар зидди Ӯ ҷамъ омада буданд, гуфт: «Гӯё бар зидди роҳзане бо шамшеру калтакҳо берун омадаед! Ҳар рӯз Ман назди шумо дар ибодатгоҳ будам, ва шумо бар Ман даст дароз накардед; аммо ҳоло соати шумост, ки торикӣ ҳукмфармост». Ва Ӯро дастгир карда бурданд, ва ба хонаи саркоҳин оварданд. Ва Петрус аз дур аз пайи онҳо равона шуд. Ҳангоме ки онҳо дар рӯи ҳавлӣ оташ афрӯхта, гирди он якҷоя нишастанд, Петрус низ дар миёни онҳо нишаст. Ва канизе вайро назди оташ нишаста дид ва ба вай чашм дӯхта, гуфт: «Ин ҳам бо Ӯ буд». Лекин вай Ӯро инкор карда, гуфт: «Эй зан, Ӯро намешиносам». Пас аз муддате як одами дигар вайро дида, гуфт: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ». Аммо Петрус гуфт: «Эй мард, ман аз онҳо нестам». Чун тахминан як соат гузашт, боз як каси дигар таъкид карда, гуфт: «Ба ростӣ ин ҳам бо Ӯ буд, зеро вай ҷалилист». Аммо Петрус гуфт: «Эй мард, намедонам, чӣ мегӯӣ». Ва ҳанӯз вай сухан меронд, ки хурӯс бонг зад. Ва Худованд рӯй гардонда, ба Петрус нигарист; он гоҳ Петрус суханони Худовандро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор мекунӣ». Ва Петрус берун рафта, зор-зор гирист. Касоне ки Исоро дастгир карда буданд, Ӯро масхара мекарданд ва мезаданд; ва рӯи Ӯро пӯшида, торсакӣ мезаданд ва аз Ӯ мепурсиданд: «Пайғамбарӣ кун, кӣ Туро задааст?» Ва боз бисёр ҳақоратҳои дигар дар ҳаққи Ӯ ба забон меронданд. Ва чун рӯз шуд, пирони қавм, сардорони коҳинон ва китобдонон ҷамъ омада, Ӯро ба шӯрои худ дароварданд, ва гуфтанд: «Оё Ту Масеҳ ҳастӣ? Ба мо гӯй». Ба онҳо гуфт: «Агар ба шумо гӯям, бовар намекунед; ва агар аз шумо пурсам, ҷавоб намегардонед ва Маро озод намекунед. Минбаъд Писари Одам аз дасти рости қудрати Худо менишинад». Ва ҳама гуфтанд: «Пас, Ту Писари Худо ҳастӣ?» Ба онҳо гуфт: «Худи шумо гуфтед, ки Ман ҳастам». Ва онҳо гуфтанд: «Дигар ба мо чӣ гувоҳие даркор аст? Зеро худамон аз забони Ӯ шунидем!» Ва тамоми аҳли маҷлис бархеста, Ӯро назди Пилотус бурданд. Ва ба айбдор кардани Ӯ сар карда, гуфтанд: «Мо ёфтем, ки Ӯ халқро гумроҳ мекунад, ба қайсар андоз додан намемонад ва мегӯяд, ки Ӯ Масеҳ, подшоҳ аст». Пилотус аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи яҳудиён ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дода, гуфт: «Ту мегӯӣ». Пилотус ба сардорони коҳинон ва ба мардум гуфт: «Дар ин Шахс ҳеҷ айбе намеёбам». Лекин онҳо дар гапи худ истода, мегуфтанд, ки Ӯ мардумро ба шӯр меоварад ва дар тамоми Яҳудия, аз Ҷалил сар карда то ин ҷо, таълим медиҳад. Ҳангоме ки Пилотус номи Ҷалилро шунид, пурсид: «Магар Ӯ ҷалилӣ аст?» Ва чун донист, ки Ӯ аз вилояти Ҳиродус аст, Ӯро назди Ҳиродус равона кард, ки вай низ дар он рӯзҳо дар Уршалим буд. Ҳиродус Исоро дида, хеле хурсанд шуд, зеро кайҳо боз Ӯро дидан мехост, чунки дар бораи Ӯ бисёр шунида буд ва орзу дошт, ки аз Ӯ муъҷизае бинад. Ва ба Ӯ саволҳои бисёре дод; аммо Ӯ ба вай ҳеҷ ҷавоб надод. Сардорони коҳинон ва китобдонон истода, бо ҷидду ҷаҳд Ӯро айбдор мекарданд. Ва Ҳиродус бо сарбозони худ Ӯро таҳқир ва масхара карда ва либоси дурахшоне бар Ӯ пӯшонда, назди Пилотус гардонда фиристод. Дар ҳамон рӯз Пилотус ва Ҳиродус бо ҳамдигар дӯст шуданд, зеро пештар ба якдигар душманӣ доштанд. Пилотус сардорони коҳинон, сардорон ва мардумро хонда, ба онҳо гуфт: «Ин Шахсро ҳамчун гумроҳкунандаи мардум пеши ман овардед; ва инак, ман дар пеши шумо тафтиш кардам ва дар ин Шахс аз он айбҳое ки шумо ба гардани Ӯ мегузоред, чизе наёфтам; ҳамчунин Ҳиродус наёфтааст, зеро ман шуморо назди вай фиристода будам, ва дар Ӯ ҳеҷ гуноҳи сазовори марг ёфт нашудааст. Пас, Ӯро қамчинкорӣ карда, озод мекунам». Вай бояд ба муносибати ид касеро барои онҳо озод мекард. Аммо мардум саросар фарёд зада, гуфтанд: «Ӯро куш! Барои мо Барабборо озод кун». Бараббо барои шӯриш ва кушторе ки дар шаҳр рӯй дода буд, ба зиндон андохта шуда буд. Боз Пилотус ба онҳо сухан ронд, чунки мехост Исоро озод кунад. Лекин онҳо фарёд зада, гуфтанд: «Ӯро ба салиб каш, ба салиб каш!» Бори сеюм вай ба онҳо гуфт: «Ӯ чӣ бадӣ кардааст? Ҳеҷ гуноҳи сазовори марг дар Ӯ наёфтам; пас, Ӯро қамчинкорӣ карда, озод мекунам». Вале онҳо бо фарёди баланд якравона талаб мекарданд, ки Ӯ ба салиб кашида шавад; ва фарёди онҳо ва сардорони коҳинон ғолиб омад. Ва Пилотус қарор дод, ки талаби онҳо иҷро шавад, ва шахсеро, ки барои шӯриш ва куштор дар зиндон нишаста буд, мувофиқи хоҳиши онҳо озод кард; ва Исоро ба ихтиёри онҳо супурд. Ҳангоме ки Ӯро бурданд, Шимъун ном қайравониеро, ки аз саҳро меомад, даст гирифта, салибро бар китфаш гузоштанд, то аз паси Ӯ бардошта барад. Ва тӯдаи бузурги мардум ва заноне ки барои Ӯ гиря ва навҳа мекарданд, аз паси Ӯ равона шуданд. Ва Исо ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Эй духтарони Уршалим! Барои Ман гиря накунед, балки барои худ ва фарзандонатон гиря кунед. Зеро рӯзҳое меоянд, ки мегӯянд: “Хушо нозойҳо ва шикамҳое ки назоидаанд, ва пистонҳое ки шир надодаанд! ” Он вақт ба кӯҳҳо мегӯянд: “Бар мо афтед! ” ва ба теппаҳо: “Моро пӯшонед! ”. Зеро, агар бо дарахти сарсабз чунин кунанд, бо дарахти хушк чиҳо мекунанд?» Ду ҷинояткорро низ бо Ӯ барои куштан мебурданд. Ва чун ба ҷое ки “Косахонаи сар” ном дорад, расиданд, дар он ҷо Ӯро ва он ҷинояткоронро ба салиб кашиданд, якеро аз дасти рост ва дигареро аз дасти чапи Ӯ. Исо гуфт: «Эй Падар! Инҳоро бахш, зеро намедонанд чӣ мекунанд». Ва либоси Ӯро қуръа партофта, тақсим карданд. Ва мардум истода, тамошо мекарданд. Сардорон низ бо онҳо масхаракунон мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, бигзор Худро наҷот диҳад, агар Ӯ Масеҳи интихобшудаи Худо бошад». Сарбозон низ Ӯро истеҳзо мекарданд ва наздик омада, ба Ӯ сирко медоданд ва мегуфтанд: «Агар Ту Подшоҳи яҳудиён бошӣ, Худатро наҷот деҳ». Дар болои сари Ӯ бо хати юнонӣ, румӣ ва ибронӣ чунин лавҳае навишта буданд: «Ин аст Подшоҳи яҳудиён». Ва яке аз ҷинояткорони овехташуда Ӯро дашном дода, мегуфт: «Агар Ту Масеҳ бошӣ, Худро ва моро наҷот деҳ». Аммо дигаре, баръакс, вайро манъ намуда, гуфт: «Оё ту аз Худо наметарсӣ, дар ҳоле ки худат низ ба ҳамин ҷазо маҳкум шудаӣ? Ҷазои мо аз рӯи инсоф аст, чунки сазои амали худро гирифтаем; лекин Ӯ ҳеҷ бадӣ накардааст». Ва ба Исо гуфт: «Эй Худованд, чун бо қудрати Подшоҳии Худ биёӣ, маро ба ёд овар!» Ва Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки имрӯз бо Ман дар биҳишт мешавӣ». Тақрибан соат шаши рӯз буд, ки тамоми заминро то соати нӯҳ торикӣ фаро гирифт. Офтоб тира шуд, ва пардаи ибодатхона ду пора шуд. Ва Исо бо овози баланд нидо кард: «Эй Падар! Рӯҳи Худро ба дасти Ту месупорам». Ва инро гуфта, ҷон дод. Чун мирисад ин ҳодисаро дид, Худоро ҳамду сано хонда, гуфт: «Ба ростӣ ин одам росткор буд». Ва тамоми мардуме ки барои ин тамошо ҷамъ омада буданд, пас аз дидани ин рӯйдод синазанон он ҷойро тарк карданд. Вале ҳамаи шиносҳои Ӯ ва заноне ки аз Ҷалил Ӯро пайравӣ намуда буданд, дур истода, инро медиданд. Қабри,,,,\ Исо Ва инак, Юсуф ном шахс, узви шӯро, марди нек ва росткор, ки бо қарор ва кори онҳо розӣ набуд, ва аз Ромо ном шаҳри яҳудиён буда, худаш низ интизори Подшоҳии Худо буд, назди Пилотус омада, ҷасади Исоро хоҳиш кард; ва онро поён фуроварда, ба катон печонд ва ба қабре ниҳод, ки дар санг тарошида шуда буд, ва ҳанӯз ҳеҷ кас дар он гузошта нашуда буд. Рӯзи тайёрӣ буд ва шанбе фаро мерасид. Ва заноне ки ҳамроҳи Исо аз Ҷалил омада буданд, аз дунболи вай рафта, қабрро ва чӣ гуна дар он гузошта шудани ҷасади Ӯро диданд. Чун баргаштанд, хушбӯиҳо ва равғани атрафшон тайёр карданд; ва рӯзи шанбе мувофиқи шариат истироҳат карданд. Дар рӯзи якуми ҳафта, саҳарии барвақт, хушбӯиҳоеро, ки тайёр карда буданд, бо худ гирифта, ба сари қабр омаданд, ва баъзе занони дигар ҳамроҳи онҳо буданд. Вале диданд, ки санг аз қабр ғелонда шудааст; ва чун дохил шуданд, ҷасади Худованд Исоро наёфтанд. Чун аз ин хеле ҳайрон буданд, баногоҳ дар пешашон ду марди ҷомаҳои дурахшанда дар бар пайдо шуданд. Ва ҳангоме ки аз тарс сарҳои худро поён карда буданд, он ду ба онҳо гуфтанд: «Чаро шумо зиндаро дар миёни мурдагон ҷустуҷӯ мекунед? Ӯ дар ин ҷо нест, балки бархестааст. Ба ёд оваред, ки чӣ гуна Ӯ, ҳангоме ки дар Ҷалил буд, ба шумо сухан ронда, гуфта буд, ки Писари Одам бояд ба дасти одамони гуноҳкор супурда шавад ва ба салиб кашида шавад, ва дар рӯзи сеюм бархезад». Ва онҳо суханони Ӯро ба ёд оварданд. Ва аз сари қабр баргашта, ҳамаи инро ба он ёздаҳ ва ба ҳамаи дигарон нақл карданд. Инҳо Марями Маҷдалия ва Юҳанна ва Марям, модари Яъқуб, ва бо онҳо занони дигар буданд, ки ба расулон ин чизҳоро гуфтанд. Вале суханонашон ба онҳо сафсатае намуд, ва ба гапи онҳо бовар накарданд. Аммо Петрус бархеста, сӯи қабр давид ва хам шуда, танҳо кафани гузоштаро дид, ва аз ин рӯйдод дар ҳайрат монда, ба хонаи худ рафт. Дар ҳамон рӯз ду нафар аз онҳо ба деҳае мерафтанд, ки тақрибан шаст стадия аз Уршалим дур буд, ва Аммоус ном дошт. Ва бо ҳамдигар дар бораи ҳамаи ин рӯйдодҳо гуфтугӯ мекарданд. Ва ҳангоме ки онҳо гуфтугӯ ва андешаронӣ мекарданд, Худи Исо наздик омада, бо онҳо равона шуд. Лекин чашмони онҳо баста буданд, ба тавре ки Ӯро нашинохтанд. Ба онҳо гуфт: «Дар бораи чӣ бо ҳамдигар дар роҳ гуфтугузор мекунед, ва чеҳраҳоятон ғамгин аст?» Яке аз онҳо, ки Клеупос ном дошт, дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Наход ки танҳо Ту аз онҳое ки ба Уршалим омадаанд, аз он чи дар ин рӯзҳо рӯй додааст, бехабар ҳастӣ?» Ба онҳо гуфт: «Аз чӣ?» Ба Ӯ гуфтанд: «Аз он чи ба Исои Носирӣ рӯй додааст, ки Ӯ пайғамбаре буд тавоно дар кирдор ва гуфтор дар пеши Худо ва тамоми мардум; чӣ гуна Ӯро сардорони коҳинон ва сардорони мо таслим карданд, то ки ба марг маҳкум шавад, ва Ӯро ба салиб кашиданд. Лекин мо умед доштем, ки Ӯ ҳамон аст, ки бояд Исроилро халосӣ диҳад. Аммо, бо ин ҳама, имрӯз рӯзи сеюм аст, ки ин рӯй додааст. Баъзе аз занони мо низ моро дар ҳайрат андохтанд; онҳо саҳарии барвақт ба сари қабр рафтаанд ва ҷасади Ӯро наёфтаанд ва омада гуфтанд, ки дар рӯъё фариштаҳоро низ дидаанд, ки мегӯянд: Ӯ зинда аст. Ва баъзе аз рафиқони мо ба сари қабр рафта, ончунон ки занон гуфта буданд, ёфтаанд; лекин Ӯро надидаанд». Ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Эй бехирадон, ки барои бовар кардан ба гуфтаҳои пайғамбарон дили дерфаҳм доред! Оё лозим набуд, ки Масеҳ ин ранҷҳоро аз сар гузаронда, ба ҷалоли Худ расад?» Ва аз Мусо ва аз ҳамаи пайғамбарон сар карда, он чиро, ки дар тамоми Китоб дар бораи Ӯ гуфта шудааст, ба онҳо фаҳмонда дод. Ва онҳо ба деҳае ки сӯяш мерафтанд, наздик омаданд, ва Ӯ чунин вонамуд кард, ки мехоҳад роҳашро давом диҳад. Вале онҳо Ӯро нигоҳ дошта, гуфтанд: «Бо мо мон, чунки шом наздик аст, ва рӯз ба поён мерасад». Ва Ӯ даромад, то бо онҳо монад. Ва ҳангоме ки Ӯ бо онҳо назди дастархон нишаст, нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо дод. Он гоҳ чашмони онҳо кушода шуданд, ва Ӯро шинохтанд; вале Ӯ аз назарашон нопадид шуд. Ва онҳо ба якдигар гуфтанд: «Оё дил дар даруни мо наметапид, ҳангоме ки Ӯ дар роҳ ба мо сухан меронд ва Китобро ба мо мефаҳмонд?» Ва ҳамон соат бархеста, ба Уршалим баргаштанд ва он ёздаҳро ёфтанд, ки бо рафиқони худ ҷамъ шуда, мегуфтанд, ки Худованд ҳақиқатан бархестааст ва ба Шимъун падидор шудааст. Ва онҳо низ нақл карданд, ки дар роҳ чӣ рӯй дод, ва чӣ гуна Ӯро ҳангоми пора кардани нон шинохтанд. Ҳангоме ки онҳо дар ин бора гап мезаданд, Худи Исо дар миёни онҳо истода, ба онҳо гуфт: «Салом ба шумо». Онҳо ба тарсу бим афтода, гумон карданд, ки рӯҳе мебинанд. Лекин Ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро ҳаросон шудед, ва аз чӣ сабаб дар дили шумо чунин фикрҳо пайдо мешаванд? Ба дастҳои Ман ва ба пойҳои Ман нигоҳ кунед: ин Худи Ман ҳастам; ба Ман даст расонед ва бинед; зеро рӯҳ гӯшт ва устухон надорад, чунон ки дар Ман мебинед». Инро гуфта, дастҳо ва пойҳои Худро ба онҳо нишон дод. Ва чун онҳо аз шодӣ ҳанӯз бовар намекарданд ва ҳайрон буданд, Ӯ ба онҳо гуфт: «Оё чизи хӯрдание дар ин ҷо доред?» Пеши Ӯ як порча моҳии бирён ва андак асали мумдор монданд; ва Ӯ гирифта, дар пеши назари онҳо хӯрд. Ва ба онҳо гуфт: «Ин аст он чизе ки, чун бо шумо будам, ба шумо мегуфтам, ки ҳар он чи дар Тавроти Мусо ва дар китобҳои пайғамбарон ва Забур дар бораи Ман навишта шудааст, бояд ба амал ояд». Он гоҳ зеҳни онҳоро равшан кард, то ки Китобро фаҳманд. Ва ба онҳо гуфт: «Чунин навишта шудааст, ва чунин лозим буд, ки Масеҳ азоб кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон бархезад. Ва ба номи Ӯ, аз Уршалим сар карда, дар миёни ҳамаи халқҳо тавба ва бахшоиши гуноҳҳо мавъиза карда шавад. Ва шумо шоҳидони ин ҳастед; ва Ман ваъдаи Падари Худро бар шумо равона мекунам; вале шумо дар шаҳри Уршалим монед, то он гоҳе ки бо қуввате аз олами боло ороста шавед». Ва онҳоро берун оварда, то Байт-Анё бурд ва дастҳои Худро бардошта, онҳоро баракат дод. Ва ҳангоме ки онҳоро баракат медод, аз онҳо ҷудо шуда, ба осмон боло бурда шуд. Ва онҳо ба Ӯ саҷда намуда, бо шодии бузурге ба Уршалим баргаштанд, ва ҳамеша дар ибодатгоҳ буда, Худоро ситоиш мекарданд ва муборак мехонданд. Омин. Дар ибтидо Калом буд, ва Калом бо Худо буд, ва Калом Худо буд. Он дар ибтидо бо Худо буд. Ҳама чиз ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҳар он чи вуҷуд ёфт, бе Ӯ вуҷуд наёфт. Дар Ӯ ҳаёт буд, ва ҳаёт нури одамиён буд. Ва нур дар торикӣ медурахшад, ва торикӣ онро дарнаёфт. Шахсе аз ҷониби Худо фиристода шуд; номаш Яҳё буд. Вай барои шаҳодат омад, ки бар Нур шаҳодат диҳад, то ҳама ба воситаи вай имон оваранд. Вай он Нур набуд, балки бояд бар Нур шаҳодат медод. Он Нури ҳақиқӣ, ки ҳар одамро пурнур мегардонад, ба ҷаҳон омаданӣ буд. Ӯ дар ҷаҳон буд, ва ҷаҳон ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҷаҳон Ӯро нашинохт. Ӯ ба мулки Худ омад, ва қавмаш Ӯро қабул накард. Лекин ба онҳое ки Ӯро қабул карданд ва ба номи Ӯ имон оварданд, ҳақ дод, ки фарзандони Худо гарданд, ки на аз хун, на аз хоҳиши ҷисм, на аз хоҳиши марде, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд. Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли Писари ягонаи Падар аст. Ва Яҳё бар Ӯ шаҳодат дод, ва нидо карда, мегуфт: «Ин аст он ки дар бораи Ӯ гуфтам: “Он ки пас аз ман меояд, аз ман бузургтар аст, зеро пеш аз ман будааст”». Ва аз пуррагии Ӯ ҳамаи мо баҳраманд шудем, файз аз пайи файз; чунки шариат ба воситаи Мусо дода шуд, аммо файз ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад. Худоро ҳаргиз касе надидааст; Писари ягонае ки дар оғӯши Падар аст, Ӯро шиносонд. Ва ин аст шаҳодати Яҳё ҳангоме ки яҳудиён аз Уршалим коҳинон ва левизодагонро фиристоданд, то аз вай пурсанд, ки «ту кистӣ?» Вай иқрор кард ва инкор накард, балки эътироф намуд: «Ман Масеҳ нестам». Аз вай пурсиданд: «Пас кистӣ? Оё Илёс ҳастӣ?» Гуфт: «Не». «Оё он пайғамбар ҳастӣ?» Ҷавоб дод: «Не». Он гоҳ ба вай гуфтанд: «Пас кистӣ? То ба он касоне ки моро фиристодаанд, ҷавоб диҳем: дар бораи худ чӣ мегӯӣ?» Гуфт: «Ман “овози нидокунандае дар биёбонам: роҳи Худовандро рост кунед”, чунон ки Ишаъёи пайғамбар гуфтааст». Он фиристодагон аз фарисиён буданд. Ва онҳо аз вай пурсиданд: «Агар ту на Масеҳ ҳастӣ, на Илёс ва на он пайғамбар, пас барои чӣ таъмид медиҳӣ?» Яҳё дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман бо об таъмид медиҳам; лекин дар миёни шумо Касе истодааст, ки шумо Ӯро намешиносед: Ӯ он аст, ки пас аз ман меояд, аммо бар ман бартарӣ ёфтааст; ва ман сазовори он нестам, ки банди пойафзоли Ӯро кушоям». Ин дар Байт-Абора, ки он тарафи Урдун аст, дар ҷое ки Яҳё таъмид медод, рӯй дод. Фардои он, Яҳё Исоро дид, ки ба сӯи вай меояд, ва гуфт: «Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад; ин аст Он ки ман дар бораи Ӯ гуфтам: “Пас аз ман марде меояд, ки бар ман бартарӣ ёфтааст, зеро пеш аз ман будааст”; ман Ӯро намешинохтам; лекин барои он ки Ӯ ба Исроил ошкор гардад, омадам ва бо об таъмид медодам». Ва Яҳё шаҳодат дода, гуфт: «Ман Рӯҳро дидам, ки чун кабӯтаре аз осмон фуруд омада, бар Ӯ қарор гирифт; ман Ӯро намешинохтам; лекин Он ки маро фиристод, то бо об таъмид диҳам, ба ман гуфт: “Бар Касе бинӣ, ки Рӯҳ фуруд омада, бар Ӯ қарор гирифт, Ӯ Ҳамон аст, ки бо Рӯҳулқудс таъмид медиҳад”. Ва ман дида, шаҳодат додам, ки Ӯ Писари Худост». Фардои он, боз Яҳё бо ду шогирди худ истода буд. Чун дид, ки Исо аз он ҷо мегузарад, гуфт: «Инак Барраи Худо». Он ду шогирд суханони вайро шунида, аз пайи Исо равона шуданд. Исо ба ақиб нигоҳ карда, дид, ки онҳо меоянд, ва гуфт: «Чӣ мехоҳед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Раббӣ (ки тарҷумааш «эй Устод» аст), дар куҷо истиқомат дорӣ?» Ӯ ба онҳо гуфт: «Биёед ва бинед». Онҳо омаданд ва диданд, ки дар куҷо истиқомат дорад, ва он рӯз назди Ӯ монданд. Тақрибан соат даҳ буд. Яке аз он ду нафар, ки суханони Яҳёро шунида, аз пайи Ӯ омада буданд, Андриёс, бародари Шимъуни Петрус буд. Ин шахс аввал бародари худ Шимъунро ёфта, ба вай гуфт: «Мо Масеҳро (ки тарҷумааш “масҳшуда” аст) ёфтем». Вайро назди Исо овард. Исо ба вай нигариста, гуфт: «Ту Шимъун, писари Юнус ҳастӣ; акнун номат Кифо мешавад (ки тарҷумааш “Петрус” аст)». Фардои он, Исо хост ба Ҷалил равад, ва Филиппусро ёфта, ба вай гуфт: «Аз пайи Ман биё». Филиппус аз Байт-Сайдо, аз шаҳри Андриёс ва Петрус буд. Филиппус Натанъилро ёфта, ба вай гуфт: «Он Касеро, ки дар бораи Ӯ Мусо дар Таврот ва пайғамбарон навиштаанд, ёфтаем. Ӯ Исо, писари Юсуф, аз Носира аст». Вале Натанъил ба вай гуфт: «Оё аз Носира чизи некӯе буда метавонад?» Филиппус ба вай гуфт: «Биё ва бин». Исо чун дид, ки Натанъил сӯи Ӯ меояд, дар бораи вай гуфт: «Инак исроилии ҳақиқӣ, ки дар вай фиребе нест». Натанъил ба Ӯ гуфт: «Маро аз куҷо мешиносӣ?» Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Пеш аз он ки Филиппус туро даъват кунад, ҳангоме ки зери дарахти анҷир будӣ, Ман туро дидам». Натанъил дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Ту Писари Худоӣ, Ту Подшоҳи Исроил ҳастӣ». Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Оё азбаски ба ту гуфтам, ки туро зери дарахти анҷир дидам, имон меоварӣ? Чизҳои бузургтар аз ин хоҳӣ дид». Ва ба вай гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: минбаъд осмонро кушода ва фариштаҳои Худоро, ки бар Писари Одам болову поён мераванд, мебинед». Дар рӯзи сеюм дар Қонои Ҷалил базми арӯсӣ буд, ва модари Исо дар он ҷо буд. Исо ва шогирдонашро низ ба базм даъват карда буданд. Чун май камӣ кард, модари Исо ба Ӯ гуфт: «Май надоранд». Исо ба вай гуфт: «Ба Ману ту чӣ, эй зан? Соати Ман ҳанӯз нарасидааст». Модараш ба хизматгузорон гуфт: «Ҳар чи Ӯ ба шумо гӯяд, ба ҷо оваред». Дар он ҷо, мувофиқи расми покшавии яҳудиён, шаш хуми сангин истода буд, ки ғунҷоиши ҳар яке ду ё се бат буд. Исо ба онҳо гуфт: «Зарфҳоро аз об пур кунед». Ва онҳоро лабрез карданд. Ва ба онҳо гуфт: «Акнун каме гирифта, ба сардори базм баред». Ва онҳо бурданд. Чун сардор оби ба май табдилёфтаро чашид ва надонист, ки аз куҷост, зеро танҳо хизматгузороне ки обро кашида буданд, медонистанд, сардор домодро ҷеғ зада, ба вай гуфт: «Ҳар кас аввал майи хубро медиҳад, ва чун маст шуданд, бадашро меоварад, лекин ту майи хубро то ҳол нигоҳ доштаӣ». Ин саршавии муъҷизаҳое буд, ки Исо дар Қонои Ҷалил нишон дода, ҷалоли Худро аён кард, ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд. Пас аз он Ӯ бо модараш, бародаронаш ва шогирдонаш ба Кафарнаҳум омаданд, ва дар он ҷо рӯзҳои каме монданд. Ва чун иди Песаҳи яҳудиён наздик буд, Исо ба Уршалим рафт. Ва дид, ки дар ибодатгоҳ фурӯшандагони гову гӯсфанду кабӯтар ва саррофон нишастаанд. Ва тозиёнае аз арғамчин сохта, ҳамаро бо гову гӯсфандон аз ибодатгоҳ берун ронд, ва тангаҳои саррофонро пош дода, мизҳошонро чаппа кард; ва ба кафтарфурӯшон гуфт: «Инҳоро аз ин ҷо гирифта баред ва хонаи Падари Маро хонаи савдогарӣ насозед». Ва шогирдони Ӯ ба хотир оварданд, ки навишта шудааст: «Рашки хонаи Ту Маро хӯрдааст». Он гоҳ яҳудиён ба Ӯ рӯ оварда, гуфтанд: «Ба мо чӣ аломате нишон медиҳӣ, ки ҳуқуқи инро дорӣ?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин ибодатхонаро вайрон кунед, ва дар се рӯз Ман онро барпо мекунам». Яҳудиён гуфтанд: «Ин ибодатхонаро дар чилу шаш сол сохтаанд, ва Ту онро дар се рӯз барпо мекунӣ?» Лекин Ӯ дар бораи ибодатхонаи бадани Худ сухан мегуфт. Ҳангоме ки Ӯ аз мурдагон бархест, шогирдонаш ба хотир оварданд, ки Ӯ инро гуфта буд, ва ба Китоб ва ба сухане ки Исо гуфта буд, бовар карданд. Ва ҳангоме ки дар иди Песаҳ дар Уршалим буд, бисёр касон муъҷизаҳоеро, ки Ӯ нишон медод, дида, ба номи Ӯ имон оварданд. Лекин Исо Худ ба онҳо боварӣ надошт, чунки ҳамаро мешинохт, ва эҳтиёҷ надошт, ки касе дар бораи инсон гувоҳӣ диҳад, зеро он чи дар инсон аст, Худ медонист. Дар байни фарисиён шахсе ки Никӯдимус ном дошт, сардори яҳудиён буд. Вай шабона назди Исо омада, гуфт: «Эй Устод! Мо медонем, ки Ту Устоде ҳастӣ, ки аз ҷониби Худо омадаӣ. Зеро муъҷизаҳоеро, ки Ту нишон медиҳӣ, ҳеҷ кас наметавонад нишон диҳад, магар ин ки Худо бо вай бошад». Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз нав таваллуд наёбад, Подшоҳии Худоро дида наметавонад». Никӯдимус ба Ӯ гуфт: «Одами пир чӣ гуна метавонад таваллуд ёбад? Оё метавонад боз ба шиками модараш баргашта, таваллуд ёбад?» Исо ҷавоб дод: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз об ва Рӯҳ таваллуд наёбад, ба Подшоҳии Худо даромада наметавонад: Он чи аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст, ва он чи аз Рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст. Аз он чи ба ту гуфтам, ҳайрон нашав: бояд шумо аз нав таваллуд ёбед. Бод ҳар ҷо ки хоҳад, мевазад, ту овози онро мешунавӣ, лекин намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад: чунин аст ҳар кӣ аз Рӯҳ таваллуд ёфта бошад». Никӯдимус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Чӣ гуна метавонад чунин шавад?» Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ту ки як устоди Исроил ҳастӣ, инро намедонӣ?» Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: Мо аз он чи медонем, сухан мегӯем ва бар он чи дидаем, шаҳодат медиҳем, лекин шумо шаҳодати Моро қабул намекунед. Ҳангоме ки ба шумо аз чизҳои заминӣ сухан гуфтам, бовар накардед, пас ҳар гоҳ аз чизҳои осмонӣ сухан ронам, чӣ гуна бовар мекунед? Ҳеҷ кас ба осмон боло нарафтааст, магар танҳо он ки аз осмон фуруд омадааст, яъне Писари Одам, ки дар осмон аст. Ва чунон ки Мусо дар биёбон морро боло бардошт, Писари Одам низ бояд ончунон боло бурда шавад, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳалок нашавад, балки ҳаёти абадӣ ёбад. Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳалок нашавад, балки ҳаёти абадӣ ёбад. Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад. Ҳар кӣ ба Ӯ имон дорад, маҳкум намешавад; лекин ҳар кӣ имон надорад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба номи Писари ягонаи Худо имон наовардааст. Ва ҳукм ин аст, ки нур ба ҷаҳон омад; вале одамон торикиро бештар аз рӯшноӣ дӯст доштанд, чунки корҳои онҳо бад аст. Зеро ҳар кӣ кори бад мекунад, аз рӯшноӣ нафрат дорад ва пеши рӯшноӣ намеояд, то корҳояш фош нашаванд; лекин ҳар кӣ росткор аст, пеши рӯшноӣ меояд, то ошкор шавад, ки корҳояш дар Худо карда шудаанд». Пас аз он Исо бо шогирдонаш ба сарзамини Яҳудия омад ва дар он ҷо бо онҳо монда, таъмид медод. Ва Яҳё низ дар Энӯн, ки дар наздикии Шалим аст, таъмид медод, чунки дар он ҷо об бисёр буд; ва мардум омада, таъмид мегирифтанд. Зеро Яҳё ҳанӯз ба зиндон андохта нашуда буд. Ва байни шогирдони Яҳё ва як яҳудӣ оид ба расми покшавӣ баҳс шуд; ва назди Яҳё омада, ба вай гуфтанд: «Эй устод! Он Касе ки дар он тарафи Урдун бо ту буд, ва ту бар Ӯ шаҳодат дода будӣ, акнун таъмид медиҳад, ва ҳама назди Ӯ меоянд». Яҳё дар ҷавоб гуфт: «Кас наметавонад чизе ба даст оварад, магар ин ки аз осмон ба вай дода шавад. Шумо худ шоҳид ҳастед, ки гуфтам: «Ман Масеҳ нестам, балки фақат пешопеши Ӯ фиристода шудаам». Касе ки арӯс дорад, домод аст; аммо дӯсти домод, ки истода, ба овози вай гӯш медиҳад, аз шунидани овози домод бисёр шод мегардад: ҳамин шодии ман акнун комил шудааст. Ӯ бояд бузург шавад, ва ман — хурд. Он ки аз боло меояд, бартар аз ҳама аст; он ки аз замин аст, заминӣ аст ва чун заминӣ сухан мегӯяд; он ки аз осмон меояд, бартар аз ҳама аст. Ва он чиро дидааст ва шунидааст, бар он шаҳодат медиҳад, ва ҳеҷ кас шаҳодати Ӯро қабул намекунад. Ва касе ки шаҳодати Ӯро қабул кард, тасдиқ кардааст, ки Худо ҳақ аст. Зеро Он ки Худо Ӯро фиристод, суханони Худоро мегӯяд; зеро Худо Рӯҳро ба андоза намедиҳад. Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст. Касе ки ба Писар имон дорад, ҳаёти абадӣ дорад. Касе ки ба Писар имон надорад, ҳаёт намебинад, балки хашми Худо бар вай мемонад». Чун Худованд дарёфт, ки фарисиён шунидаанд, ки Ӯ беш аз Яҳё шогирдон пайдо мекунад ва таъмид медиҳад, гарчанде ки на Худи Исо, балки шогирдонаш таъмид медоданд, Яҳудияро тарк карда, ба Ҷалил рафт. Ва Ӯро лозим буд аз Сомара гузашта равад. Пас ба яке аз шаҳрҳои Сомара омад, ки Сухар ном дошта, дар наздикии қитъаи замине буд, ки Яъқуб ба писари худ Юсуф дода буд. Ва дар он ҷо чоҳи Яъқуб буд. Ва Исо аз сафар монда шуда, бар сари он чоҳ нишаст; тақрибан соат шаш буд. Зане аз сомариён барои об кашидан омад. Исо ба вай гуфт: «Ба Ман об деҳ». Зеро шогирдонаш барои харидани хӯрок ба шаҳр рафта буданд. Зани сомарӣ ба Ӯ гуфт: «Чӣ гуна Ту, ки яҳудӣ ҳастӣ, аз ман об мехоҳӣ, дар ҳоле ки ман зани сомариам?» Зеро яҳудиён бо сомариён рафтуомад надоранд. Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Агар атои Худоро медонистӣ, ва кист, ки ба ту мегӯяд: “Ба Ман об деҳ”, пас худ аз Ӯ хоҳиш мекардӣ, ва Ӯ ба ту оби ҳаёт медод». Зан ба Ӯ гуфт: «Эй Хоҷа! Ту зарфе надорӣ, ки об кашӣ, ва чоҳ чуқур аст, пас, аз куҷо оби ҳаёт дорӣ? Магар Ту аз падари мо Яъқуб бузургтар ҳастӣ, ки ин чоҳро ба мо дод, ва худаш ва фарзандонаш ва чорвояш аз он менӯшиданд?» Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ҳар кӣ аз ин об нӯшад, боз ташна мемонад; лекин ҳар кӣ аз обе ки Ман ба вай медиҳам, нӯшад, то абад ташна намемонад, балки обе ки Ман ба вай медиҳам, дар вай чашмаи обе мегардад, ки то ҳаёти абадӣ меҷӯшад». Зан ба Ӯ гуфт: «Эй Хоҷа! Ба ман аз он об деҳ, то дигар ташна намонам ва ба ин ҷо барои об кашидан наоям». Исо ба вай гуфт: «Рав, ва шавҳаратро ҷеғ зан, ва ба ин ҷо биё». Зан дар ҷавоб гуфт: «Ман шавҳар надорам». Исо ба вай гуфт: «Ту рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ; зеро панҷ шавҳар доштӣ, ва касе ки акнун дорӣ, шавҳари ту нест; он чи гуфтӣ, рост аст». Зан ба Ӯ гуфт: «Эй Хоҷа! Мебинам, ки Ту пайғамбар ҳастӣ; падарони мо дар болои ин кӯҳ парастиш мекарданд, вале шумо мегӯед, ки ҷое ки дар он бояд парастиш кард, дар Уршалим мебошад». Исо ба вай гуфт: «Эй зан! Ба Ман бовар кун, соате мерасад, ки на дар болои ин кӯҳ Падарро парастиш мекунед, ва на дар Уршалим. Шумо он чиро, ки намедонед, парастиш мекунед, вале мо он чиро, ки медонем, парастиш мекунем, зеро наҷот аз яҳудиён аст. Лекин соате мерасад, ва акнун расидааст, ки парастандагони ҳақиқӣ Падарро дар рӯҳ ва ростӣ парастиш мекунанд, зеро Падар ҷӯёи ин гуна парастандагони Худ аст: Худо Рӯҳ аст, ва онҳое ки Ӯро парастиш мекунанд, бояд дар рӯҳ ва ростӣ парастиш кунанд». Зан ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки Масеҳ, яъне Масҳшуда, меояд: чун Ӯ ояд, аз ҳар чиз ба мо хабар медиҳад». Исо ба вай гуфт: «Ман, ки ба ту сухан мегӯям, Ҳамонам». Ҳамин вақт шогирдонаш омада, ҳайрон шуданд, ки Ӯ бо зане гуфтугӯ мекунад. Лекин ҳеҷ кас нагуфт: «Чӣ мехоҳӣ?» ё «Барои чӣ ба вай сухан мегӯӣ?» Зан кӯзаи худро монда, ба шаҳр рафт ва ба одамон гуфт: «Биёед ва Касеро бинед, ки ҳар он чи кардаам, ба ман гуфт; оё Ӯ Масеҳ нест?» Онҳо аз шаҳр берун шуда, назди Ӯ меомаданд. Дар ин миён шогирдон аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Эй Устод! Хӯр!» Ба онҳо гуфт: «Ман ғизое барои хӯрдан дорам, ки шумо онро намедонед». Шогирдон ба якдигар гуфтанд: «Магар касе ба Ӯ хӯрданӣ овардааст?» Исо ба онҳо гуфт: «Ғизои Ман ин аст, ки хости Фиристандаи Худро ба ҷо оварам ва кори Ӯро ба анҷом расонам. Оё шумо намегӯед, ки боз чор моҳ мондааст, ва дарав фаро мерасад? Инак, Ман ба шумо мегӯям: ба атроф нигоҳ карда, киштзорро бинед, ки барои дарав сафед шудааст. Даравгар музди худро мегирад ва маҳсулеро барои ҳаёти абадӣ ҷамъ мекунад, то коранда ва даравгар бо ҳам шодӣ кунанд; зеро дар ин ҷо гуфтае дуруст аст, ки «яке мекорад ва дигаре дарав мекунад». Ман шуморо барои даравидани маҳсуле фиристодаам, ки барои он шумо меҳнат накардаед: дигарон меҳнат кардаанд, ва шумо дар меҳнати онҳо дохил шудаед». Ва аз рӯи сухани он зан, ки шаҳодат дода буд: «Ҳар он чи кардаам, Ӯ ба ман гуфт», аз он шаҳр бисёр сомариён ба Ӯ имон оварданд. Бинобар ин, чун сомариён пеши Ӯ омаданд, аз Ӯ хоҳиш карданд, ки назди онҳо монад; ва Ӯ ду рӯз дар он ҷо монд. Ва боз бисёре аз рӯи сухани Ӯ имон оварданд. Ва ба он зан гуфтанд: «Пас аз ин имони мо аз рӯи сухани ту нест, зеро худ шунидем ва донистем, ки Ӯ ба ростӣ Масеҳ ва Наҷотдиҳандаи ҷаҳон аст». Пас аз ду рӯз Ӯ аз он ҷо берун омада, ба Ҷалил равона шуд; агарчи Худи Исо гувоҳӣ додааст, ки пайғамбар дар ватани худ беқадр аст. Чун Ӯ ба Ҷалил омад, аҳли Ҷалил Ӯро пазируфтанд, зеро ҳар он чи дар Уршалим дар ид карда буд, дида буданд, чунки онҳо низ ба ид рафта буданд. Ва Исо бори дигар ба Қонои Ҷалил омад, ки дар он ҷо обро май гардонда буд. Ва шахсе аз дарбориён буд, ки писараш дар Кафарнаҳум бемор буд. Чун шунид, ки Исо аз Яҳудия ба Ҷалил омадааст, назди Ӯ рафта илтимос кард, ки омада писарашро шифо диҳад, зеро вай дар дами марг буд. Исо ба вай гуфт: «Агар аломатҳо ва муъҷизаҳо набинед, имон намеоваред». Дарборӣ ба Ӯ гуфт: «Эй Хоҷа! Пеш аз он ки фарзандам мурад, биё». Исо ба вай гуфт: «Рав, писарат зинда аст». Он шахс ба сухане ки Исо гуфт, бовар карда, равона шуд. Ва ҳангоме ки мерафт, ғуломонаш вайро пешвоз гирифтанд, ва хабар доданд: «Бачаат зинда аст». Аз онҳо пурсид: «Дар кадом соат аҳволаш беҳтар шуд?» Ба вай гуфтанд: «Дирӯз дар соати ҳафт таб вайро тарк кард». Ва падар донист, ки ин ҳамон соате буд, ки Исо ба вай гуфт: «Писарат зинда аст». Ва худаш ва тамоми аҳли хонааш имон оварданд. Ин муъҷизаи дуюм буд, ки Исо пас аз омаданаш аз Яҳудия ба Ҷалил нишон дод. Пас аз он яҳудиёнро иде буд, ва Исо ба Уршалим омад. Дар Уршалим дар назди дарвозаи Меш ҳавзе ҳаст, ки ба ибронӣ Байт-Ҳасдо мегӯянд, ва он панҷ айвон дорад: Дар он ҷо шумораи зиёди беморон, кӯрон, лангон ва шалон хобида, мунтазири ҳаракати об буданд. Зеро фариштае гоҳ-гоҳ ба ҳавз фуромада, обро ҳаракат медод, ва ҳар кӣ пас аз ҳаракати об аввал ба ҳавз дарояд, аз ҳар беморие ки дошт, шифо меёфт. Ва касе дар он ҷо буд, ки сию ҳашт сол гирифтори беморӣ буд. Чун Исо вайро хобида дид ва донист, ки муддати дарозе бемор аст, ба вай гуфт: «Оё мехоҳӣ шифо ёбӣ?» Бемор ҷавоб дод: «Эй Хоҷа! Касе надорам, ки чун об ба ҳаракат ояд, маро ба ҳавз андозад; пеш аз он ки ман оям, дигаре ба ҳавз мефарояд». Исо ба вай гуфт: «Бархез, бистаратро бардор ва рав». Ҳамон дам бемор шифо ёфт ва бистарашро бардошта, ба роҳ даромад. Он рӯз рӯзи шанбе буд. Яҳудиён ба касе ки шифо ёфта буд, гуфтанд: «Имрӯз шанбе аст, ва раво нест, ки бистари худро бардорӣ». Вай дар ҷавоби онҳо гуфт: «Он Кас, ки маро шифо дод, ба ман гуфт: “Бистаратро бардор ва рав”». Аз вай пурсиданд: «Кист он Кас, ки ба ту гуфт: “Бистаратро бардор ва рав”?» Лекин он ки шифо ёфта буд, намедонист, ки Ӯ кист; зеро он ҷо мардуми бисёре буданд, ва Исо дар байнашон нопадид шуда рафт. Пас аз он Исо вайро дар ибодатгоҳ ёфта, гуфт: «Инак, шифо ёфтаӣ; дигар гуноҳе накун, то ба ҳоли бадтаре дучор нашавӣ». Он шахс рафта, ба яҳудиён хабар дод, ки шифодиҳандаи вай Исо аст. Аз ин сабаб яҳудиён Исоро таъқиб мекарданд ва Ӯро мехостанд кушанд, чунки ин корро дар рӯзи шанбе карда буд. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Падари Ман то кунун кор мекунад, ва Ман низ кор мекунам». Аз ин сабаб бештар қасд карданд, ки Ӯро кушанд, зеро на танҳо шанберо риоя намекард, балки Худоро низ Падари Худ гуфта, Худро бо Худо баробар медонист. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Писар наметавонад аз Худ чизе ба амал оварад, магар он чи бинад, ки Падар ба амал меоварад: зеро он чи Ӯ мекунад, Писар низ мекунад. Зеро Падар Писарро дӯст медорад ва ҳар он чи Худ мекунад, ба Писар нишон медиҳад; ва корҳои бузургтар аз ин ҳам ба Ӯ нишон медиҳад, то шумо ҳайрон шавед. Зеро, ҳамчунон ки Падар мурдагонро бармехезонад ва зинда мегардонад, Писар низ ончунон ҳар киро хоҳад, зинда мегардонад. Зеро Падар ҳеҷ касро доварӣ намекунад, балки тамоми довариро ба Писар супурдааст, то ҳама Писарро эҳтиром кунанд, ончунон ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе ки Писарро эҳтиром накунад, Падарро, ки Фиристандаи Ӯст, эҳтиром накардааст. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ сухани Маро шунавад ва ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти абадӣ дорад ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: соате мерасад, ва акнун расидааст, ки мурдагон овози Писари Худоро мешунаванд, ва ҳар кӣ шунавад, зинда мегардад. Зеро, ҳамчунон ки Падар дар Худ ҳаёт дорад, ба Писар низ ончунон ато кардааст, ки дар Худ ҳаёт дошта бошад; ва ба Ӯ қудрат додааст, ки доварӣ кунад, зеро Ӯ Писари Одам аст». Аз ин ҳайрон нашавед, зеро соате мерасад, ки ҳамаи онҳое ки дар гӯр мебошанд, овози Ӯро мешунаванд, ва берун меоянд — некӯкорон барои растохези ҳаёт ва бадкорон барои растохези доварӣ. Ман аз Худ чизе ба амал оварда наметавонам. Ончунон ки мешунавам, доварӣ мекунам, ва доварии Ман одилона аст, зеро на ҷӯёи хости Худ, балки ҷӯёи хости Падаре ҳастам, ки маро фиристодааст. Агар Ман бар Худ шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман рост нест. Дигаре ҳаст, ки бар Ман шаҳодат медиҳад, ва Ман медонам, ки шаҳодате ки вай бар Ман медиҳад, рост аст. Шумо назди Яҳё фиристодед; вай ба ростӣ шаҳодат дод. Аммо Ман шаҳодати одамро қабул намекунам, вале ин суханонро мегӯям, то шумо наҷот ёбед. Вай чароғе буд, ки месӯхт ва медурахшид; ва шумо хостед, ки соате дар рӯшноии вай шодӣ кунед. Лекин Ман шаҳодате дорам, ки аз шаҳодати Яҳё бузургтар аст: зеро корҳое ки Падар ба Ман супурдааст, то анҷом диҳам, яъне ин корҳое ки Ман мекунам, бар Ман шаҳодат медиҳанд, ки Падар Маро фиристодааст. Ва Худи Падар, ки Маро фиристод, бар Ман шаҳодат додааст. Ва шумо ҳаргиз на овози Ӯро шунидаед ва на сурати Ӯро дидаед, ва каломи Ӯ дар дилҳои шумо ҷой надорад, чунки шумо ба Он ки Ӯ фиристодааст, имон намеоваред. Шумо Китобро тадқиқ мекунед, зеро гумон доред, ки ба воситаи он ҳаёти абадӣ пайдо мекунед, вале он бар Ман шаҳодат медиҳад. Ва шумо намехоҳед назди Ман оед, то ҳаёт ёбед. Эҳтиромро аз одамон қабул намекунам. Лекин шуморо мешиносам: дар дили худ муҳаббати Худоро надоред. Ман ба номи Падари Худ омадаам, ва Маро қабул намекунед, ва агар дигаре ба номи худ биёяд, вайро қабул мекунед. Шумо чӣ гуна метавонед имон оваред, дар ҳоле ки эҳтиромро аз якдигар қабул мекунед, лекин эҳтиромеро, ки аз Худои ягона аст, ҷӯё нестед? Гумон накунед, ки Ман назди Падар шуморо айбдор мекунам: айбдоркунандаи шумо Мусо аст, ки ба вай умед бастаед. Зеро агар ба Мусо бовар медоштед, ба Ман ҳам бовар мекардед, чунки вай дар бораи Ман навиштааст. Аммо агар ба навиштаҳои вай бовар накунед, ба суханони Ман чӣ гуна бовар мекунед?» Пас аз он Исо ба он тарафи кӯли Ҷалил, ё кӯли Табария рафт; ва мардуми бисёре аз паси Ӯ равона шуданд, зеро он муъҷизаҳоеро, ки ба беморон нишон медод, медиданд. Исо ба кӯҳе баромада, бо шогирдони Худ дар он ҷо нишаст. Иди Песаҳи яҳудиён наздик буд. Исо чашм андохта, дид, ки мардуми бисёре назди Ӯ меоянд, ва ба Филиппус гуфт: «Аз куҷо нон харем, то инҳо хӯранд?» Лекин инро барои озмоиш ба вай гуфт; зеро Худ медонист, чӣ кардан мехост. Филиппус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Дусад динор барои онҳо кифоят намекунад, то ҳар яке андаке нон хӯранд». Яке аз шогирдонаш, Андриёс, бародари Шимъуни Петрус, ба Ӯ гуфт: «Ин ҷо бачае ҳаст, ки панҷ нони ҷав ва ду моҳӣ дорад; лекин барои ин қадар одам чӣ мешавад?» Исо гуфт: «Одамонро шинонед». Дар он ҷо сабза бисёр буд, ва мардон, ки қариб панҷ ҳазор буданд, нишастанд. Исо нонҳоро гирифта, шукр гуфт ва пора карда, ба шогирдон дод, ва шогирдон ба нишастагон доданд, ва ҳамчунин аз моҳиҳо низ ба қадре ки хостанд. Ва чун сер шуданд, Исо ба шогирдон гуфт: «Пораҳои боқимондаро ғундоред, то чизе ҳайф нашавад». Ва ғундошта, аз пораҳои панҷ нони ҷав, ки аз хӯрандагон зиёдатӣ монда буд, дувоздаҳ сабадро пур карданд. Ҳангоме ки одамон ин муъҷизаро, ки Исо нишон дод, диданд, гуфтанд: «Ин ба ростӣ он пайғамбар аст, ки бояд ба ҷаҳон ояд». Лекин Исо чун дарёфт, ки мехоҳанд омада, Ӯро ба зӯрӣ баранд ва подшоҳ кунанд, боз танҳо ба кӯҳ баромад. Қадам задани,,,,\ Исо бар кӯл Шомгоҳон шогирдонаш сӯи кӯл фуромаданд. Ва ба киштие савор шуда, ба он тарафи кӯл, сӯи Кафарнаҳум равона шуданд. Ва ҳаво торик шуд, ва Исо назди онҳо наомада буд. Ва боди сахте вазида, кӯл ба талотум омад. Ҳангоме ки ба дурии тақрибан бисту панҷ ё сӣ стадия киштӣ ронда буданд, Исоро диданд, ки бар кӯл қадам зада, ба киштӣ наздик меояд, ва тарсиданд. Лекин Ӯ ба онҳо гуфт: «Ин Манам, натарсед». Онҳо мехостанд Ӯро ба киштӣ дароваранд; ҳамон дам киштӣ ба соҳиле ки сӯи он равона буданд, расид. Фардои он, мардуме ки дар он сӯи кӯл истода буданд, диданд, ки дар он ҷо ҳеҷ киштие набуд, ғайр аз он ки шогирдони Ӯ дохили он шуда буданд, ва Исо бо шогирдони Худ ба он киштӣ надаромада буд, балки шогирдонаш танҳо рафта буданд; лекин киштиҳои дигаре аз Табария наздики ҳамон ҷое ки пас аз шукргузории Худованд нон хӯрда буданд, расиданд; ва чун мардум диданд, ки Исо ва шогирдонаш дар он ҷо нестанд, онҳо низ ба киштиҳо савор шуда, ба ҷустуҷӯи Исо ба Кафарнаҳум омаданд. Ва Ӯро дар он сӯи кӯл ёфта, ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Кай ба ин ҷо омадӣ?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Маро на ба сабаби аломатҳое ки дидед, балки ба он сабаб ҷустуҷӯ мекунед, ки нон хӯрда, сер шудед. На аз барои ғизои гузарон, балки барои ғизое меҳнат кунед, ки то ҳаёти абадӣ боқӣ мемонад, ва Писари Одам онро ба шумо медиҳад; зеро Худои Падар бар Ӯ мӯҳр задааст». Ба Ӯ гуфтанд: «Чӣ бояд кунем, ки корҳои писандидаи Худоро ба ҷо оварда бошем?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Кори писандидаи Худо ин аст, ки ба он Касе ки Ӯ фиристод, имон оваред». Ба Ӯ гуфтанд: «Пас, Ту чӣ муъҷизае нишон медиҳӣ, то дида, ба Ту имон оварем? Чӣ кор мекунӣ? Падарони мо дар биёбон манн хӯрданд, чунон ки навишта шудааст: “Аз осмон ба онҳо нон дод, то хӯранд”». Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: на Мусо нонро ба шумо аз осмон додааст, балки Падари Ман нони ҳақиқиро ба шумо аз осмон медиҳад; зеро нони Худо Он аст, ки аз осмон фуруд омада, ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад». Он гоҳ ба Ӯ гуфтанд: «Эй Хоҷа! Ҳамеша ин нонро ба мо деҳ». Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам; касе ки назди Ман ояд, ҳаргиз гурусна намемонад, ва касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна намемонад. Лекин Ман ба шумо гуфтам, ки Маро дидаед, ва имон намеоваред. Ҳар он чи Падар ба Ман диҳад, назди Ман меояд, ва ҳар кӣ назди Ман ояд, бадар намеронам. Зеро аз осмон фуруд омадаам на аз барои он ки ба хости Худ амал кунам, балки ба хости Фиристандаи Худ. Ва хости Падаре ки Маро фиристод, ин аст, ки аз он чи ба Ман дода шудааст, чизе аз даст надиҳам, балки дар рӯзи вопасин онро бархезонам. Ва хости Фиристандаи Ман ин аст, ки ҳар кӣ Писарро дид ва ба Ӯ имон овард, ҳаёти абадӣ дошта бошад; ва Ман дар рӯзи вопасин вайро бармехезонам». Яҳудиён аз Ӯ шикоят карданд, чунки гуфта буд: «Манам он ноне ки аз осмон фуруд омад». Ва гуфтанд: «Оё ин Исои писари Юсуф нест, ки мо падару модари Ӯро мешиносем? Пас чӣ гуна мегӯяд, ки “Ман аз осмон фуруд омадаам”?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Байни якдигар шикоят накунед. Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад; ва Ман вайро дар рӯзи вопасин бармехезонам. Дар навиштаҳои пайғамбарон омадааст: “Ва ҳама аз Худо таълим хоҳанд ёфт”. Ва ҳар кӣ аз Падар шунида ва таълим гирифта бошад, назди Ман меояд. На ин ки касе Падарро дидааст, магар Он ки аз ҷониби Худост: Ӯ Падарро дидааст. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ҳаёти абадӣ дорад. Ман нони ҳаёт ҳастам. Падарони шумо дар биёбон манн хӯрданд ва мурданд; валекин ин ҷо нонест, ки аз осмон фуруд омад, то ҳар кӣ аз он хӯрад, намурад. Ман ҳастам он нони зинда, ки аз осмон фуруд омад. Касе ки аз ин нон хӯрад, то абад зинда мемонад. Ва ноне ки Ман медиҳам, ҷисми Ман аст, ки онро барои ҳаёти ҷаҳон медиҳам». Яҳудиён бо ҳамдигар баҳс карда, мегуфтанд: «Чӣ гуна ин Шахс метавонад ҷисми Худро диҳад, то мо хӯрем?» Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар ҷисми Писари Одамро нахӯред ва хуни Ӯро нанӯшед, дар худ ҳаёт надоред. Ҳар кӣ ҷисми Маро хӯрад ва хуни Маро нӯшад, ҳаёти абадӣ дорад, ва Ман дар рӯзи вопасин вайро бармехезонам; зеро ҷисми Ман ғизои ҳақиқист, ва хуни Ман нӯшокии ҳақиқӣ. Ҳар кӣ ҷисми Маро хӯрад ва хуни Маро нӯшад, дар Ман мемонад, ва Ман дар вай. Чунон ки Падари Зинда Маро фиристод, ва Ман ба воситаи Падар зинда ҳастам, ҳамчунин касе ки Маро хӯрад, ба воситаи Ман зинда мемонад. Ин аст ноне ки аз осмон фуруд омад; ин монанди он манн нест, ки падарони шумо хӯрданд ва мурданд; ҳар кӣ ин нонро хӯрад, то абад зинда мемонад». Ин суханонро дар куништ гуфт, ҳангоме ки дар Кафарнаҳум таълим медод. Ҷудоӣ дар байни шогирдон Бисёре аз шогирдони Ӯ, инро шунида, гуфтанд: «Ин сухани сахт аст; кӣ метавонад онро шунавад?» Чун Исо дар дили Худ донист, ки шогирдонаш дар ин бора шикоят мекунанд, ба онҳо гуфт: «Оё ин шуморо нороҳат мекунад? Пас, агар Писари Одамро бинед, ки ба ҷои аввалааш боло меравад, чӣ мегӯед? Рӯҳ аст, ки ҳаёт мебахшад, лекин аз ҷисм фоидае нест. Суханоне ки Ман ба шумо мегӯям, рӯҳ ва ҳаётанд; лекин баъзе аз шумо ҳастанд, ки имон надоранд». Зеро Исо аз ибтидо медонист, ки киҳо имон надоранд ва кӣ Ӯро таслим мекунад. Ва гуфт: «Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки ҳеҷ кас наметавонад назди Ман биёяд, магар ин ки Падари Ман инро ба вай ато кунад». Аз он вақт бисёре аз шогирдонаш аз Ӯ дур шуда, дигар Ӯро пайравӣ накарданд. Ва Исо ба он дувоздаҳ гуфт: «Оё шумо ҳам рафтан мехоҳед?» Шимъуни Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Назди кӣ равем? Суханони ҳаёти абадӣ назди Туст, ва мо имон овардаем ва донистаем, ки Ту Масеҳ, Писари Худои зинда ҳастӣ». Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё Ман шумо дувоздаҳро интихоб накардаам? Бо вуҷуди ин яке аз шумо иблис аст». Инро Ӯ дар бораи Яҳудо ибни Шимъуни Исқарютӣ гуфт, зеро вай, ки яке аз дувоздаҳ буд, мехост Ӯро таслим кунад. Пас аз он Исо дар Ҷалил мегашт, зеро намехост дар Яҳудия бошад, чунки яҳудиён қасди куштани Ӯ доштанд. Ва иди яҳудиён, ки иди Хаймаҳо аст, наздик буд. Пас бародаронаш ба Ӯ гуфтанд: «Ин ҷоро тарк карда, ба Яҳудия равона шав, то шогирдонат низ он корҳоеро, ки Ту ба ҷо меоварӣ, бинанд; зеро касе ки мехоҳад машҳур бошад, дар ниҳон амал намекунад. Агар Ту чунин корҳоро ба ҷо меоварӣ, Худро ба ҷаҳон нишон деҳ». Зеро бародаронаш низ ба Ӯ имон наоварда буданд. Исо ба онҳо гуфт: «Вақти Ман ҳанӯз нарасидааст, лекин барои шумо ҳар вақт муносиб аст. Ҷаҳон наметавонад аз шумо нафрат дошта бошад, лекин аз Ман нафрат дорад, чунки Ман бар он гувоҳӣ медиҳам, ки корҳояш бад аст. Шумо ба ин ид равед, аммо Ман ҳоло ба ин ид намеравам, чунки вақти Ман ҳанӯз пур нашудааст». Инро ба онҳо гуфта, дар Ҷалил монд. Пас аз он бародаронаш ба ид рафтанд, Ӯ низ рафт, на ошкоро, балки дар ниҳон. Аммо яҳудиён Ӯро дар ид ҷустуҷӯ намуда, мегуфтанд: «Ӯ куҷост?» Ва дар миёни мардум дар бораи Ӯ гуфтугӯи бисёре буд. Баъзе мегуфтанд: «Ӯ некӯст», аммо дигарон мегуфтанд: «Не, Ӯ мардумро гумроҳ мекунад». Лекин, аз тарси яҳудиён, ҳеҷ кас дар бораи Ӯ ошкоро сухан намегуфт. Чун нисфи ид гузашт, Исо ба ибодатгоҳ рафта, ба таълим додан сар кард. Ва яҳудиён ҳайрон шуда, гуфтанд: «Ин Шахс Китобро чӣ гуна медонад, дар ҳоле ки ҳаргиз таълим наёфтааст?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Таълими Ман аз они Ман нест, балки аз они Фиристандаи Ман аст. Касе ки хости Ӯро ба амал овардан мехоҳад, дар бораи ин таълим хоҳад донист, ки оё он аз Худост, ё ки Ман аз Худ сухан мегӯям. Ҳар кӣ аз худ сухан гӯяд, ҷалоли худро меҷӯяд; вале ҳар кӣ ҷалоли Фиристандаи Худро меҷӯяд, Ӯ ростгӯй аст, ва дар Ӯ норостӣ нест. Оё Мусо ба шумо шариатро надод? Ва касе аз шумо аз рӯи шариат амал намекунад. Чаро мехоҳед Маро кушед?» Мардум дар ҷавоб гуфтанд: «Ту дев дорӣ. Кӣ мехоҳад Туро кушад?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Як кор кардам, ва ҳамаи шумо ҳайрон мондед. Мусо ба шумо хатнаро дод, ки он на аз Мусо, балки аз падарон буд, ва шумо касро дар рӯзи шанбе хатна мекунед. Пас агар кас дар рӯзи шанбе низ хатна мешавад, то шариати Мусо вайрон нашавад, чаро бар Ман хашмгин мешавед, ки дар рӯзи шанбе касеро пурра шифо додаам? Аз рӯи зоҳир доварӣ накунед, балки аз рӯи ростӣ доварӣ кунед». Он гоҳ баъзе аз уршалимиён гуфтанд: «Оё ин ҳамон Касе нест, ки Ӯро мехоҳанд кушанд? Инак, Ӯ ошкоро сухан мегӯяд, ва ба Ӯ чизе намегӯянд: оё сардорон ҳақиқатан донистаанд, ки Ӯ ба ростӣ Масеҳ аст? Лекин мо медонем, ки ин Шахс аз куҷост, аммо чун Масеҳ ояд, касе намедонад, ки Ӯ аз куҷост». Ва Исо ҳангоме ки дар ибодатгоҳ таълим медод, нидо карда, гуфт: «Маро мешиносед, ва низ медонед, ки Ман аз куҷо ҳастам; ва Ман аз Худ наомадаам, вале Фиристандаи Ман ҳақ аст, ки шумо Ӯро намешиносед. Ман Ӯро мешиносам, чунки Ман аз ҷониби Ӯ ҳастам, ва Ӯ Маро фиристодааст». Он гоҳ хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале касе даст бар Ӯ наандохт, чунки ҳанӯз соаташ нарасида буд. Лекин бисёре аз мардум ба Ӯ имон оварданд ва гуфтанд: «Оё чун Масеҳ ояд, аз ин Шахс бештар муъҷизаҳо нишон медиҳад?» Ва фарисиён шуниданд, ки мардум дар бораи Ӯ пинҳонӣ чунин мегӯянд, пас фарисиён ва сардорони коҳинон нигаҳбононро фиристоданд, то Ӯро дастгир кунанд. Ва Исо гуфт: «Боз муддати каме Ман назди шумо ҳастам, пас аз он назди Фиристандаи Худ меравам. Шумо Маро хоҳед ҷуст ва нахоҳед ёфт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, наметавонед биёед». Ва яҳудиён ба якдигар гуфтанд: «Ӯ ба куҷо мехоҳад равад, ки мо Ӯро ёфта наметавонем? Оё мехоҳад назди онҳое равад, ки дар байни юнониён пароканда ҳастанд, ва юнониёнро таълим диҳад? Чист маънои суханоне ки Ӯ гуфт: “Маро хоҳед ҷуст ва нахоҳед ёфт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, наметавонед биёед”?» Ҷудоӣ дар байни мардум Ва дар рӯзи охир, ки рӯзи бузурги ид буд, Исо истода, нидо карда, гуфт: «Ҳар кӣ ташна бошад, назди Ман ояд ва нӯшад. Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, чунон ки дар Китоб гуфта шудааст, аз даруни вай дарёҳои оби ҳаёт ҷорӣ мешаванд». Инро Ӯ дар бораи Рӯҳ гуфт, ки ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, онро меёбад; зеро Рӯҳулқудс ҳанӯз дода нашуда буд, чунки Исо ҳанӯз ҷалол наёфта буд. Бисёре аз мардум ин суханро шунида, гуфтанд: «Ба ростӣ ин Шахс ҳамон пайғамбар аст». Дигарон гуфтанд: «Ин Масеҳ аст». Лекин баъзеи дигар гуфтанд: «Магар Масеҳ аз Ҷалил меояд? Оё дар Китоб гуфта нашудааст, ки Масеҳ аз насли Довуд ва аз Байт-Лаҳм, ки деҳи Довуд буд, бояд ояд?» Инак, дар бораи Ӯ дар байни мардум ҷудоӣ афтод. Баъзе аз онҳо хостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин касе ба Ӯ даст наандохт. Пас нигаҳбонон назди сардорони коҳинон ва фарисиён баргаштанд, ва инҳо ба онон гуфтанд: «Чаро Ӯро наовардед?» Нигаҳбонон ҷавоб доданд: «Касе ҳаргиз монанди ин Шахс сухан нагуфтааст». Фарисиён дар ҷавоб ба онҳо гуфтанд: «Оё шумо низ гумроҳ шудаед? Оё касе аз сардорон ё аз фарисиён ба Ӯ имон овардааст? Аммо ин мардуме ки шариатро намедонанд, лаънатӣ мебошанд». Никӯдимус, ки шабона назди Ӯ омада буд ва яке аз онҳо буд, ба онҳо гуфт: «Оё шариати мо касеро маҳкум менамояд бе он ки аввал суханашро шунаванд ва донанд, ки вай чӣ кор кардааст?» Онҳо дар ҷавоби вай гуфтанд: «Магар ту низ аз Ҷалил ҳастӣ? Таҳқиқ кун ва бин, ки ҳеҷ пайғамбаре аз Ҷалил барнахостааст». Пас ҳар кас ба хонаи худ рафт. Лекин Исо ба кӯҳи Зайтун рафт. Ва саҳарии барвақт боз ба ибодатгоҳ омад, ва тамоми мардум омаданд; ва Ӯ нишаста, онҳоро таълим медод. Дар ин вақт китобдонон ва фарисиён занеро, ки дар амали зино дастгир карда буданд, назди Ӯ оварданд, ва дар миёна ба по ниҳода, барои озмоиш ба Ӯ гуфтанд: «Устод! Ин зан дар ҳолати зино кардан дастгир шуд. Ва Мусо дар шариат ба мо фармудааст, ки чунин занон бояд сангсор шаванд; аммо Ту чӣ мегӯӣ?» Инро барои озмоиш ба Ӯ гуфтанд, то далеле ёфта, Ӯро айбдор кунанд. Лекин Исо хам шуда, бо ангушт бар рӯи замин менавишт ва /ба онҳо/ аҳамият намедод. Чун пурсиданро давом доданд, Ӯ рост шуда, ба онҳо гуфт: «Он ки аз миёни шумо бегуноҳ аст, ба вай санги якумро партояд». Ва боз хам шуда, бар замин навиштан гирифт. Чун шуниданд, виҷдонашон нороҳат шуд, ва аз пирон сар карда, паси якдигар баромада рафтанд; ва Исо танҳо монд, ва зан дар миёна меистод. Исо чун рост шуд ва ғайр аз зан ҳеҷ касро надид, ба вай гуфт: «Он даъвогарони ту куҷо шуданд? Оё касе туро маҳкум накард?» Зан гуфт: «Ҳеҷ касе, эй Хоҷа!» Исо гуфт: «Ман низ туро маҳкум намекунам; рав ва дигар гуноҳ накун». Ва Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам; ҳар кӣ Маро пайравӣ кунад, дар торикӣ роҳ намеравад, балки нури ҳаётро дорад». Он гоҳ фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Ту бар Худ шаҳодат медиҳӣ, шаҳодати Ту рост нест». Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Гарчанде Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, шаҳодати Ман рост аст, зеро Ман медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам; лекин шумо намедонед, ки Ман аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам. Шумо аз рӯи ҷисм доварӣ мекунед, вале Ман ҳеҷ касро доварӣ намекунам. Ва агар Ман доварӣ кунам, доварии Ман рост аст, чунки Ман танҳо нестам, балки Падаре ки Маро фиристод, бо Ман аст. Ва низ дар шариати шумо навишта шудааст, ки шаҳодати ду кас рост аст. Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, ва низ Падаре ки Маро фиристод, бар Ман шаҳодат медиҳад». Ба Ӯ гуфтанд: «Падари Ту куҷост?» Исо ҷавоб дод: «Шумо на Маро мешиносед ва на Падари Маро; агар Маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед». Ин суханонро Исо дар назди ганҷина, ҳангоме ки дар ибодатгоҳ таълим медод, гуфт; ва ҳеҷ кас Ӯро дастгир накард, чунки соати Ӯ ҳанӯз нарасида буд. Боз Исо ба онҳо гуфт: «Ман меравам, ва шумо Маро меҷӯед, ва дар гуноҳҳои худ мемуред; ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед оед». Яҳудиён гуфтанд: «Оё Ӯ мехоҳад Худро кушад, ки мегӯяд: “Ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед оед”?» Ба онҳо гуфт: «Шумо аз поин мебошед, Ман аз боло; шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, лекин Ман аз ин ҷаҳон нестам. Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки дар гуноҳҳои худ мемуред; зеро агар бовар накунед, ки ин Ман ҳастам, дар гуноҳҳои худ мемуред». Ба Ӯ гуфтанд: «Ту кистӣ?» Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамонам, ки аз аввал ҳам ба шумо гуфтам. Ман чизҳои бисёр дорам, ки дар бораи шумо гӯям ва доварӣ кунам; лекин Фиристандаи Ман ҳақ аст, ва Ман ҳар чи аз Ӯ шунидаам, ба ҷаҳон мегӯям». Онҳо нафаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо дар бораи Падар сухан мегӯяд. Исо ба онҳо гуфт: «Ҳангоме ки Писари Одамро баланд бардоштед, мефаҳмед, ки ин Ман ҳастам, ва аз Худ коре намекунам, балки он чиро, ки Падарам ба Ман таълим дод, мегӯям. Фиристандаи Ман бо Ман аст; Падар Маро танҳо нагузоштааст, зеро Ман ҳамеша корҳои писандидаи Ӯро ба ҷо меоварам». Чун инро гуфт, бисёр касон ба Ӯ имон оварданд. Он гоҳ Исо ба яҳудиёне ки ба Ӯ имон оварданд, гуфт: «Агар шумо дар каломи Ман монед, ба ростӣ шогирдони Ман ҳастед, ва ростиро мешиносед, ва ростӣ шуморо озод мекунад». Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Мо аз насли Иброҳим ҳастем ва ҳеҷ гоҳ ғуломи касе набудем; пас чӣ гуна Ту мегӯӣ, ки “озод мешавед”?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст. Лекин ғулом ҳамеша дар хона намемонад; писар ҳамеша мемонад. Пас, агар Писар шуморо озод кунад, ба ростӣ озод мешавед. Медонам, ки аз насли Иброҳим ҳастед; лекин Маро куштан мехоҳед, чунки каломи Ман дар шумо намеғунҷад. Ман он чи назди Падари Худ дидаам, мегӯям; ва шумо он чи назди падари худ дидаед, мекунед». Онҳо дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Падари мо Иброҳим аст». Исо ба онҳо гуфт: «Агар фарзандони Иброҳим мебудед, корҳои Иброҳимро ба ҷо меовардед; валекин ҳоло Маро куштан мехоҳед, ва Ман Шахсе ҳастам, ки ростиро, ончунон ки аз Худо шунидаам, ба шумо мегӯям; Иброҳим чунин коре накардааст. Шумо корҳои падари худро мекунед». Ба Ӯ гуфтанд: «Мо аз фосиқӣ таваллуд нашудаем; мо як Падар дорем — Худо». Исо ба онҳо гуфт: «Агар Худо падари шумо мебуд, Маро дӯст медоштед, чунки Ман аз ҷониби Худо баромада, назди шумо омадаам; зеро Ман ба хости Худ наомадаам, балки Ӯ Маро фиристод. Чаро сухани Маро намефаҳмед? Чунки каломи Маро наметавонед шунавед. Падари шумо иблис аст, ва шумо орзуҳои падари худро ба амал овардан мехоҳед. Вай аз ибтидо одамкуш буд ва дар ростӣ устувор намонд, зеро дар вай ростӣ нест. Ҳангоме ки вай сухани дурӯғ мегӯяд, аз они худро мегӯяд, зеро вай дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст. Лекин азбаски Ман сухани ростро ба шумо мегӯям, ба Ман имон намеоваред. Кист аз шумо, ки Маро ба гуноҳе таъна зада тавонад? Пас агар Ман сухани ростро гӯям, чаро ба Ман имон намеоваред? Касе ки аз Худост, ба суханони Худо гӯш медиҳад; шумо ба он сабаб гӯш намедиҳед, ки аз Худо нестед». Он гоҳ яҳудиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Оё дуруст нагуфтаем, ки Ту сомарӣ ҳастӣ ва дев дорӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ман дев надорам, балки Падари Худро эҳтиром мекунам, вале шумо ба Ман беэҳтиромӣ мекунед. Ман ҷалоли Худро намеҷӯям: Яке ҳаст, ки меҷӯяд ва доварӣ мекунад. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе ки каломи Маро риоя кунад, то абад маргро намебинад». Яҳудиён ба Ӯ гуфтанд: «Акнун донистем, ки Ту дев дорӣ. Иброҳим ва пайғамбарон мурданд, вале Ту мегӯӣ: “Касе ки каломи Маро риоя кунад, то абад маргро намечашад”. Оё Ту аз падари мо Иброҳим, ки мурд, ва аз пайғамбарон, ки низ мурданд, бузургтар ҳастӣ? Ту Худро кӣ медонӣ?» Исо ҷавоб дод: «Агар Ман Худро ҷалол диҳам, ҷалоли Ман ҳеҷ аст; Маро Падари Ман ҷалол медиҳад, ки дар бораи Ӯ шумо мегӯед: “Ӯ Худои мост”. Ва Ӯро нашинохтаед, лекин Ман Ӯро мешиносам; ва агар гӯям, ки Ӯро намешиносам, монанди шумо дурӯғгӯй мешавам. Лекин Ман Ӯро мешиносам ва каломи Ӯро риоя мекунам. Падари шумо Иброҳим шод буд, ки рӯзи Маро бинад; ва дид ва шод гардид». Яҳудиён ба Ӯ гуфтанд: «Ҳанӯз панҷоҳсола ҳам нестӣ, ва Ту Иброҳимро дидаӣ?» Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки Иброҳим бошад, Ман ҳастам». Он гоҳ санг бардоштанд, то Ӯро сангсор кунанд. Лекин Исо пинҳон шуд ва аз миёни онҳо гузашта, аз ибодатгоҳ берун шуд ва рафт. Ва чун мерафт, як кӯри модарзодро дид. Шогирдон аз Ӯ пурсида, гуфтанд: «Эй Устод! Кӣ гуноҳ кард: ин одам ё падару модараш, ки вай кӯр зоида шуд?» Исо ҷавоб дод: «На ин одам гуноҳ кард ва на падару модараш, балки дар вай корҳои Худо бояд ошкор мегардиданд. То вақте ки рӯз аст, Ман бояд корҳои Фиристандаи Худро ба ҷо оварам; шаб ки ояд, ҳеҷ кас наметавонад коре кунад. То вақте ки Ман дар ҷаҳон ҳастам, нури ҷаҳонам». Инро гуфта, оби даҳон бар замин андохт, ва бо он об гил сохт, ва он гилро бар чашмони кӯр молид, ва ба вай гуфт: «Рав ва дар ҳавзи Шилӯаҳ (ки тарҷумааш “фиристода” аст) шустушӯй кун». Вай рафта, шустушӯй кард, ва бино шуда, омад. Ҳамсоягон ва касоне ки пеш аз он вайро дар ҳолати кӯрӣ дида буданд, гуфтанд: «Оё ин ҳамон нест, ки нишаста, гадоӣ мекард?» Баъзе гуфтанд: «Ҳамон аст». Ва дигарон гуфтанд: «Танҳо ба вай монанд аст». Вале худи вай гуфт: «Ман ҳамонам». Ба вай гуфтанд: «Пас чӣ гуна чашмони ту воз шуданд?» Вай дар ҷавоб гуфт: «Касе ки Исо номида мешавад, гил сохта, ба чашмонам молид ва гуфт: “Рав ва дар ҳавзи Шилӯаҳ шустушӯй кун”. Ман рафта, шустушӯй кардам ва бино шудам». Ва ба вай гуфтанд: «Ӯ куҷост?» Гуфт: «Намедонам». Он одамро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд. Ва он рӯзе ки Исо гил сохта, чашмони вайро воз кард, шанбе буд. Фарисиён низ аз вай пурсиданд, ки чӣ гуна бино шуд. Ба онҳо гуфт: «Гил сохта, ба чашмонам гузошт, ва ман шустушӯй карда, бино шудам». Баъзе аз фарисиён гуфтанд: «Он Шахс аз ҷониби Худо нест, чунки шанберо нигоҳ намедорад». Дигарон гуфтанд: «Чӣ гуна як шахси гуноҳкор чунин муъҷизаҳо нишон дода метавонад?» Ва дар байни онҳо ҷудоӣ афтод. Боз ба он кӯр гуфтанд: «Дар бораи Ӯ, ки чашмони туро кушод, чӣ мегӯӣ?» Гуфт: «Пайғамбар аст». Яҳудиён бовар накарданд, ки вай кӯр буду бино шуд, то ин ки падару модари он биношударо даъват намуда, аз онҳо пурсиданд: «Оё ин аст писари шумо, ки мегӯед: кӯр зоида шудааст? Пас чӣ гуна вай акнун бино шудааст?» Падару модари вай дар ҷавоби онҳо гуфтанд: «Мо медонем, ки ин писари мост, ва кӯр зоида шудааст; лекин акнун чӣ гуна бино шудааст, намедонем; ва чашмони вайро кӣ воз кардааст, намедонем. Вай болиғ аст, аз худаш пурсед, то аҳволи худро баён кунад». Падару модараш чунин гуфтанд, чунки аз яҳудиён метарсиданд; зеро яҳудиён пештар забон як карда буданд, ки ҳар кӣ Ӯро Масеҳ донад, аз куништ ронанд. Аз ин сабаб падару модараш гуфтанд, ки «вай болиғ аст, аз худаш пурсед». Он гоҳ бори дигар он одамро, ки кӯр буд, ҷеғ зада, гуфтанд: «Худоро ҷалол деҳ; мо медонем, ки он Шахс гуноҳкор аст». Дар ҷавобашон гуфт: «Гуноҳкор буданашро намедонам; як чизро медонам, ки кӯр будам ва акнун бино ҳастам». Боз ба вай гуфтанд: «Бо ту чӣ кор кард? Чӣ гуна чашмони туро воз кард?» Ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо гуфта будам, ва гӯш надодед; чаро дубора шунидан мехоҳед? Оё шумо низ шогирдони Ӯ шудан мехоҳед?» Вайро дашном дода, гуфтанд: «Ту шогирди Ӯ ҳастӣ, мо шогирдони Мусоем. Мо медонем, ки Худо ба Мусо сухан гуфт; лекин ин Шахсро намедонем аз куҷост». Он одам дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ӯро намедонед, ва ҳол он ки Ӯ чашмони маро воз кард. Мо медонем, ки Худо дуои гуноҳкоронро намешунавад, лекин агар касе худотарс бошаду хости Ӯро ба ҷо оварад, дуояшро мешунавад. Аз азал шунида нашудааст, ки касе чашмони кӯри модарзодро воз карда бошад. Агар Ӯ аз ҷониби Худо намебуд, ҳеҷ кор карда наметавонист». Дар ҷавоби вай гуфтанд: «Ту, ки комилан дар гуноҳ таваллуд шудаӣ, моро таълим медиҳӣ?» Пас вайро бадар ронданд. Исо чун шунид, ки вайро бадар ронданд, вайро ёфта, гуфт: «Оё ту ба Писари Худо имон дорӣ?» Дар ҷавоб гуфт: «Хоҷаам, Ӯ кист, то ба Ӯ имон оварам?» Исо ба вай гуфт: «Ту Ӯро дидаӣ, ва Ӯ ҳамон аст, ки ҳоло бо ту гуфтугӯ мекунад». Гуфт: «Имон дорам, Худовандо!» Ва ба Ӯ саҷда кард. Ва Исо гуфт: «Ман барои доварӣ ба ин ҷаҳон омадаам, то кӯрон бино ва биноён кӯр шаванд». Баъзе аз фарисиён, ки назди Ӯ буданд, чун шуниданд, ба Ӯ гуфтанд: «Оё мо низ кӯр ҳастем?» Исо ба онҳо гуфт: «Агар кӯр мебудед, гуноҳ намедоштед; аммо чун мегӯед, ки бино ҳастед, пас гуноҳи шумо мемонад». «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба оғили гӯсфандон аз дар надарояд, балки аз роҳи дигар дохил шавад, вай дузд ва роҳзан аст. Лекин ҳар кӣ аз дар дарояд, чӯпони гӯсфандон аст. Дарбон дарро барои вай мекушояд, гӯсфандон ба овози вай гӯш медиҳанд, вай гӯсфандони худро ном ба ном ҷеғ мезанад ва берун мебарад. Чун гӯсфандони худро баровард, пешопеши онҳо меравад; ва гӯсфандон аз паси вай мераванд, чунки овозашро мешиносанд. Лекин аз паси бегона намераванд, балки аз вай мегурезанд, чунки овози бегонаро намешиносанд». Ҳамин масалро Исо ба онҳо гуфт. Лекин онҳо нафаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо чӣ гуфт. Боз Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Ман барои гӯсфандон дар ҳастам. Ҳамаи касоне ки омаданд, дузд ва роҳзан ҳастанд; лекин гӯсфандон ба овози онҳо гӯш надоданд. Ман дар ҳастам: ҳар кӣ ба воситаи Ман дарояд, наҷот меёбад, ва ба даруну берун меравад, ва чарогоҳ пайдо мекунад. Дузд меояд, то дуздад, кушад ва нобуд кунад; Ман омадаам, то онҳо ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд. Ман чӯпони некам: чӯпони нек ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунад. Лекин шахси кирошудае ки чӯпон нест, ва гӯсфандон аз они худаш нестанд, чун бинад, ки гург меояд, гӯсфандонро монда мегурезад; ва гург гӯсфандонро мегирад ва пароканда мекунад. Шахси кирошуда мегурезад, чунки кирошуда аст, ва ғами гӯсфандонро намехӯрад. Ман чӯпони некам, ва гӯсфандони Худро мешиносам, ва гӯсфандонам Маро мешиносанд, чунон ки Падар Маро мешиносад ва Ман Падарро мешиносам; ва ҷони Худро барои гӯсфандон фидо мекунам. Ман гӯсфандони дигар низ дорам, ки аз ин оғил нестанд; ва онҳоро низ бояд оварам, онҳо низ овози Маро мешунаванд, ва як рамаву як чӯпон мешаванд. Аз ин сабаб Падар Маро дӯст медорад, ки Ман ҷони Худро фидо мекунам, то онро боз ёбам. Ҳеҷ кас онро аз Ман намегирад, балки Худи Ман онро фидо мекунам. Қудрат дорам, ки онро фидо кунам, ва қудрат дорам, ки онро боз ёбам. Ин фармударо аз Падари Худ гирифтаам». Ба сабаби ин суханон боз дар байни яҳудиён ҷудоӣ афтод. Бисёре аз онҳо гуфтанд: «Ӯ дев дорад ва аз ақл бегона аст; чаро ба суханонаш гӯш медиҳед?» Дигарон гуфтанд: «Ин суханони девзада нест; оё дев метавонад чашми кӯронро воз кунад?» Дар Уршалим иди Таҷдид барпо шуд; ва зимистон буд. Ва Исо дар ибодатгоҳ, дар айвони Сулаймон мегашт. Яҳудиён гирди Ӯро гирифта, ба Ӯ гуфтанд: «То кай моро дар шубҳа мегузорӣ? Агар Ту Масеҳ бошӣ, ошкоро гӯй». Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ман ба шумо гуфтам, ва бовар намекунед. Корҳое ки Ман ба номи Падари Худ ба ҷо меоварам, бар Ман шаҳодат медиҳанд; лекин шумо бовар намекунед, зеро аз гӯсфандони Ман нестед, чунон ки ба шумо гуфтам. Гӯсфандони Ман ба овози Ман гӯш медиҳанд, ва Ман онҳоро мешиносам, ва онҳо Маро пайравӣ мекунанд; ва Ман ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшам, ва онҳо то абад нобуд намешаванд, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Ман кашида гирад. Падаре ки онҳоро ба Ман дод, аз ҳама бузургтар аст, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирад. Ман ва Падар як ҳастем». Боз яҳудиён санг бардоштанд, то Ӯро сангсор кунанд. Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Аз ҷониби Падари Худ ба шумо бисёр корҳои нек нишон додаам; аз барои кадоми онҳо Маро сангсор мекунед?» Яҳудиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Туро барои кори нек сангсор намекунем, балки барои куфр, зеро Ту, ки одам ҳастӣ, Худро Худо мехонӣ». Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё дар шариати шумо навишта нашудааст: “Ман гуфтам: шумо худоён ҳастед”? Агар онҳоеро, ки каломи Худо сӯяшон фуруд омад, худоён номидааст, ва Китоб наметавонад беэътибор шавад, пас ба Касе ки Падар Ӯро муқаддас шуморида, ба ҷаҳон фиристод, чӣ гуна шумо мегӯед, ки “куфр мегӯӣ”, чунки гуфтам: “Писари Худо ҳастам”? Агар корҳои Падари худро ба ҷо наоварам, ба Ман бовар накунед; ва агар ба ҷо оварам, ҳарчанд шумо ба Ман бовар намекунед, пас ба корҳо бовар кунед, то донед ва бовар кунед, ки Падар дар Ман аст, ва Ман дар Ӯ». Он гоҳ бори дигар хостанд Ӯро дастгир кунанд; лекин Ӯ аз дасташон раҳо шуд. Ва боз ба он тарафи Урдун, ба ҳамон ҷое ки пештар Яҳё таъмид медод, рафт ва дар он ҷо монд. Ва бисёр касон назди Ӯ омаданд ва гуфтанд: «Яҳё ҳеҷ муъҷизае нишон надод; лекин ҳар он чи Яҳё дар бораи ин Шахс гуфт, рост буд». Ва бисёр касон дар он ҷо ба Ӯ имон оварданд. Элъозор ном шахсе аз аҳли Байт-Анё, деҳаи Марям ва хоҳараш Марто, бемор буд. Марям ҳамон буд, ки ба Худованд равғани хушбӯй молида, пойҳои Ӯро бо мӯи худ хушконд; бародараш Элъозор бемор буд. Ва хоҳарон ба Ӯ кас фиристода, гуфтанд: «Эй Хоҷа! Инак, он касе ки дӯст медорӣ, бемор аст». Чун Исо шунид, гуфт: «Ин беморӣ барои марг нест, балки барои ҷалоли Худост, то Писари Худо ба воситаи он ҷалол ёбад». Исо Марто ва хоҳараш ва Элъозорро дӯст медошт. Чун шунид, ки вай бемор аст, дар ҷое ки буд, ду рӯз монд. Пас аз он ба шогирдонаш гуфт: «Боз ба Яҳудия равем». Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Бисёр нагузаштааст, ки яҳудиён мехостанд Туро сангсор кунанд, ва Ту мехоҳӣ боз ба он ҷо равӣ?» Исо ҷавоб дод: «Оё рӯз дувоздаҳ соат нест? Касе ки рӯзона роҳ меравад, пешпо намехӯрад, чунки нури ин ҷаҳонро мебинад. Лекин касе ки шабона роҳ меравад, пешпо мехӯрад, чунки дар вай нур нест». Инро ба забон ронд ва пас аз он ба онҳо гуфт: «Дӯсти мо Элъозор хобидааст, лекин Ман меравам, то вайро бедор кунам». Пас шогирдонаш гуфтанд: «Эй Хоҷа! Агар хобида бошад, шифо меёбад». Исо дар бораи вафоти вай сухан меронд, лекин онҳо гумон карданд, ки дар бораи хоби одӣ сухан меронад. Он гоҳ Исо ба онҳо ошкоро гуфт: «Элъозор мурдааст; ва барои шумо шодам, ки дар он ҷо набудам, то имон оваред; вале акнун назди вай равем». Тумо, ки Дугоник номида мешуд, ба шогирдони дигар гуфт: «Биёед мо ҳам равем, то бо Ӯ мурем». Чун Исо омад, фаҳмид, ки чор рӯз аст вай дар қабр мебошад. Байт-Анё дар наздикии Уршалим, дар масофаи тақрибан понздаҳ стадия буд; ва бисёре аз яҳудиён ба касоне ки назди Марто ва Марям буданд, ҳамроҳ шуданд, то онҳоро барои бародарашон тасаллӣ диҳанд. Чун Марто шунид, ки Исо меояд, ба пешвози Ӯ берун рафт; лекин Марям дар хона монд. Марто ба Исо гуфт: «Хоҷаам! Агар Ту дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд. Лекин ҳоло низ медонам, ки ҳар чи аз Худо хоҳиш кунӣ, Худо онро ба Ту медиҳад». Исо ба вай гуфт: «Бародари ту бармехезад». Марто ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки дар растохез, дар рӯзи вопасин бармехезад». Исо ба вай гуфт: «Ман растохез ва ҳаёт ҳастам; ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар мурад ҳам, зинда мешавад; ва ҳар кӣ зинда бошад ва ба Ман имон оварад, то абад намемурад. Оё ба ин бовар мекунӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Ҳа, Хоҷаам! Ман бовар мекунам, ки Ту Масеҳ Писари Худо ҳастӣ, он Шахс, ки ба ҷаҳон меояд». Чун инро гуфт, рафта хоҳари худ Марямро пинҳонӣ ҷеғ зад ва гуфт: «Устод ин ҷост ва туро ҷеғ мезанад». Инро шунида, вай зуд бархест ва назди Ӯ омад. Исо ҳанӯз ба деҳа надаромада буд, балки дар ҳамон ҷое буд, ки Марто Ӯро пешвоз гирифт. Яҳудиёне ки дар хона бо вай буданд ва тасаллӣ медоданд, чун диданд, ки Марям зуд бархеста, берун рафт, аз пайи вай равона шуданд ва мегуфтанд, ки «ба сари қабр меравад, то дар он ҷо гиря кунад». Чун Марям ба он ҷое ки Исо буд, омад, Ӯро дида, ба пойҳои Ӯ афтод ва гуфт: «Хоҷаам, агар дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд». Ҳангоме ки Исо вайро ашкрезон ва яҳудиёни бо вай омадаро низ гирён дид, дар рӯҳ оҳ кашиду ба изтироб афтод, ва гуфт: «Вайро куҷо гузоштаед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Эй Хоҷа! Биё ва бин». Исо гиря кард. Яҳудиён гуфтанд: «Нигаред, чӣ қадар вайро дӯст медошт!» Баъзе аз онҳо гуфтанд: «Оё ин Шахс, ки чашмони кӯрро воз кард, наметавонист коре кунад, то ин ҳам намурад?» Исо, дар ҳолате ки дар худ оҳ мекашид, ба сари қабр омад. Ва он як ғоре буд, ки санге бар даҳанааш гузошта буданд. Исо гуфт: «Сангро бардоред». Марто, хоҳари мурда, ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Акнун бадбӯй шудааст; зеро чор рӯз гузаштааст». Исо ба вай гуфт: «Оё ба ту нагуфтам, ки агар имон оварӣ, ҷалоли Худоро мебинӣ?» Пас сангро аз он ҷое ки мурда гузошта шуда буд, бардоштанд. Исо чашмони Худро сӯи осмон боло карда, гуфт: «Эй Падар! Туро шукр мегӯям, ки сухани Маро шунидӣ. Ва Ман медонистам, ки ҳамеша сухани Маро мешунавӣ; лекин барои мардуме ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то бовар кунанд, ки Ту Маро фиристодаӣ». Чун инро гуфт, бо овози баланд нидо кард: «Эй Элъозор, берун ой!» Ва мурда, ки дастҳо ва пойҳояш ба кафан печида ва рӯяш бо рӯймоле пӯшида буд, берун омад. Исо ба онҳо гуфт: «Вайро воз кунед ва монед, ки равад». Бисёре аз яҳудиён, ки бо Марям омада буданд, чун кори Исоро диданд, ба Ӯ имон оварданд. Лекин баъзе аз онҳо назди фарисиён рафта, он чи Исо карда буд, ба онҳо гуфтанд. Сардорони коҳинон ва фарисиён дар шӯро ҷамъ омаданд ва гуфтанд: «Чӣ бояд кард? Ин Шахс муъҷизаҳои зиёде нишон медиҳад. Агар Ӯро чунин вогузорем, ҳама ба Ӯ имон меоваранд, ва румиён омада, кишвар ва халқи моро мегиранд». Яке аз онҳо, ки Қаёфо ном дошт ва дар он сол саркоҳин буд, ба онҳо гуфт: «Шумо чизе намедонед, ва фикр ҳам намекунед, ки барои мо беҳтар аст агар як кас барои қавм мурад, ва тамоми халқ нобуд нашавад». Лекин вай инро аз худ нагуфт, балки, чун дар он сол саркоҳин буд, пайғамбарӣ кард, ки Исо бояд барои халқ мурад, ва на танҳо барои халқ, балки низ барои он ки фарзандони Худоро, ки пароканда ҳастанд, якҷоя кунад. Аз ҳамон рӯз машварат карданд, ки Ӯро кушанд. Бинобар ин Исо дигар дар миёни яҳудиён ошкоро намегашт, балки аз он ҷо ба ҷое ки наздики биёбон буд, ба шаҳре ки Эфроим ном дошт, равона шуд ва бо шогирдони Худ дар он ҷо монд. Чун Песаҳи яҳудиён наздик шуд, бисёре аз аҳли кишвар пеш аз Песаҳ ба Уршалим омаданд, то худро пок гардонанд. Ва онҳо дар ҷустуҷӯи Исо буданд ва дар ибодатгоҳ истода, ба якдигар мегуфтанд: «Фикри шумо чист? Оё Ӯ ба ид намеояд?» Лекин сардорони коҳинон ва фарисиён фармоне дода буданд, ки агар касе донад Ӯ куҷост, бояд хабар диҳад, то Ӯро дастгир кунанд. Пас шаш рӯз пеш аз Песаҳ Исо ба Байт-Анё омад, ба он ҷое ки Элъозор мезист, ки мурда буд ва Ӯ вайро аз мурдагон бархезонда буд. Дар он ҷо барои Ӯ хӯроки шом тайёр карданд, ва Марто хизмат мекард; ва Элъозор яке аз онҳое буд, ки бо Ӯ бар сари дастархон менишастанд. Он гоҳ Марям паймонае аз равғани хушбӯи сунбули холиси гаронбаҳо гирифта, ба пойҳои Исо молид ва пойҳои Ӯро бо мӯи худ хушконд; ва хона аз бӯи хуши равған пур шуд. Ва яке аз шогирдонаш, Яҳудо ибни Шимъуни Исқарютӣ, ки мехост Ӯро таслим кунад, гуфт: «Чаро ин равғани хушбӯй ба сесад динор фурӯхта нашуд, то ба камбағалон дода шавад?» Ва инро на аз барои он гуфт, ки ғамхори камбағалон буд, балки барои он ки дузд буд: ҳамёни пул дар дасташ буд, ва аз пуле ки дар он меандохтанд, барои худ мегирифт. Пас Исо гуфт: «Вайро ором гузор, вай инро барои рӯзи дафни Ман нигоҳ доштааст; зеро камбағалон ҳамеша назди шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам». Мардуми бисёре аз яҳудиён чун хабар ёфтанд, ки Ӯ дар он ҷост, омаданд, то на танҳо Исоро, балки низ Элъозорро, ки аз мурдагон бархезонда буд, бинанд. Он гоҳ сардорони коҳинон қарор доданд, ки Элъозорро низ кушанд, чунки ба хотири вай бисёре аз яҳудиён ба он ҷо меомаданд ва ба Исо имон меоварданд. Фардои он, мардуми бисёре ки ба ид омада буданд, чун шуниданд, ки Исо ба Уршалим меояд, шохаҳои дарахти хурморо гирифта, ба пешвози Ӯ баромаданд ва фарёд мекарданд: «Ҳӯшионо! Муборак аст Подшоҳи Исроил, Ки ба номи Худованд меояд!» Ва Исо харкуррае ёфта, бар он савор шуд, чунон ки навишта шудааст: «Натарс, эй духтари Сион! Инак, Подшоҳи ту бар куррае савор шуда, меояд». Шогирдонаш аввал ин чизҳоро нафаҳмиданд, лекин чун Исо ҷалол ёфт, он гоҳ ба ёд оварданд, ки ин чизҳо дар бораи Ӯ навишта шуда буд, ва ҳамчунон барои Ӯ ба ҷо оварда шуд. Ва мардуме ки бо Ӯ буданд, шаҳодат доданд, ки Ӯ Элъозорро аз қабр ҷеғ зад ва аз мурдагон бархезонд. Ба ин сабаб низ мардум ба пешвози Ӯ баромаданд, зеро шунида буданд, ки Ӯ ин муъҷизаро нишон додааст. Лекин фарисиён ба якдигар гуфтанд: «Оё мебинед, ки ҳеҷ фоида намебаред? Инак, ҳама ҷаҳон аз пайи Ӯ меравад». Дар байни онҳое ки дар ид барои парастиш омада буданд, баъзе юнониҳо буданд. Онҳо назди Филиппус, ки аз Байт-Сайдои Ҷалил буд, омаданд, ва илтимос намуда, гуфтанд: «Эй хоҷа! Мо мехоҳем Исоро бинем». Филиппус омада, ба Андриёс гуфт; баъд Андриёс бо Филиппус ба Исо гуфтанд. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Соати он расидааст, ки Писари Одам ҷалол ёбад. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар донаи гандум дар хок афтода намурад, он танҳо мемонад; лекин агар мурад, самари фаровон меоварад. Касе ки ҷони худро дӯст медорад, онро барбод медиҳад; ва касе ки аз ҷони худ дар ин ҷаҳон нафрат дорад, то ҳаёти абадӣ онро нигоҳ медорад. Ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, бояд Маро пайравӣ намояд; ва ҳар куҷо ки бошам, хизматгузори Ман низ он ҷо хоҳад буд; ва ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, Падар вайро гиромӣ медорад. Акнун ҷони Ман парешон аст; чӣ гӯям? Эй Падар! Маро аз ин соат раҳо намо! Аммо маҳз барои ҳамин соат Ман омадаам. Эй Падар! Номи Худро ҷалол деҳ!» Дарҳол овозе аз осмон даррасид: «Ҷалол додаам, ва боз ҷалол медиҳам». Пас мардуме ки дар он ҷо истода буданд, инро шунида, гуфтанд: «Тундар буд». Дигарон гуфтанд: «Фариштае бо Ӯ сухан гуфт». Исо дар ҷавоб гуфт: «Ин овоз на аз барои Ман, балки барои шумо омад. Акнун доварӣ бар ин ҷаҳон аст; акнун мири ин ҷаҳон бадар ронда мешавад; ва ҳангоме ки Ман аз замин боло бурда шавам, ҳамаро сӯи Худ мекашам». Инро гуфт, то ишора кунад, ки бо чӣ марг Ӯ бояд мурад. Мардум дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Мо аз Таврот шунидаем, ки Масеҳ то абад мемонад; пас чӣ гуна мегӯӣ, ки Писари Одам бояд боло бурда шавад? Ин Писари Одам кист?» Исо ба онҳо гуфт: «Боз муддати кӯтоҳе нур бо шумост; то даме ки нур бо шумост, роҳ равед, то торикӣ шуморо фаро нагирад. Ва касе ки дар торикӣ роҳ меравад, намедонад куҷо меравад. То даме ки нур бо шумост, ба нур имон оваред, то писарони нур гардед». Ин суханонро гуфта, Исо аз пеши онҳо рафт ва пинҳон шуд. Бо вуҷуди муъҷизаҳои бисёре ки дар пеши назарашон нишон дод, ба Ӯ имон наоварданд, то сухани Ишаъёи пайғамбар ба амал ояд, ки гуфта буд: «Худовандо! Кӣ ба пайғоми мо бовар кард, Ва бозуи Худованд ба кӣ ошкор гардид?» Бинобар ин натавонистанд имон оваранд, чунон ки Ишаъё боз гуфтааст: «Чашмони онҳоро кӯр кардааст Ва дили онҳоро сахт гардондааст, То бо чашмони худ набинанд Ва бо дили худ нафаҳманд Ва рӯ наоваранд Ва Ман онҳоро шифо надиҳам». Чунин гуфт Ишаъё, ҳангоме ки ҷалоли Ӯро дид ва дар бораи Ӯ сухан ронд. Бо вуҷуди ин ҳатто бисёре аз сардорон ба Ӯ имон оварданд, аммо аз тарси фарисиён иқрор накарданд, ки мабодо аз куништ ронда шаванд; зеро эҳтироми одамонро бештар аз эҳтироми Худо дӯст медоштанд. Лекин Исо нидо карда, гуфт: «Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ба Ман не, балки ба Фиристандаи Ман имон овардааст; ва ҳар кӣ маро бинад, Фиристандаи Маро дидааст. Ман нур ҳастам, ки ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад. Ва агар касе суханони Маро шунида, имон наоварад, Ман бар вай доварӣ намекунам; зеро наомадаам, ки бар ҷаҳон доварӣ кунам, балки ҷаҳонро наҷот бахшам. Ҳар кӣ Маро рад карда, суханонамро қабул накунад, доваре бар худ дорад: каломе ки гуфтам, дар рӯзи вопасин бар вай доварӣ мекунад. Зеро Ман аз Худ нагуфтаам, балки Падаре ки Маро фиристод, ба Ман фармудае дод, ки чӣ гӯям ва чӣ гуна сухан ронам; ва Ман медонам, ки фармудаи Ӯ ҳаёти абадист. Пас, он чи Ман мегӯям, ҳамон аст, ки Падар фармудааст, то гӯям». Пеш аз иди Песаҳ, чун Исо медонист, ки соати Ӯ расидааст, то аз ин ҷаҳон назди Падар равад, Ӯ, ки одамони Худро дар ин ҷаҳон дӯст медошт, онҳоро то ба охир дӯст дошт. Ва пас аз хӯроки шом, ки иблис дар дили Яҳудо ибни Шимъуни Исқарютӣ андохта буд, ки Ӯро таслим кунад, ва Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст, ва Ӯ аз ҷониби Худо омада буд ва ба сӯи Худо меравад, аз сари дастархон бархеста, ҷомаи Худро кашид ва дастмоле гирифта, ба камар баст; пас аз он ба тағорае об рехта, ба шустани пойҳои шогирдонаш ва хушкондани онҳо бо дастмоле ки ба камараш баста буд, сар кард. Чун назди Шимъуни Петрус омад, вай гуфт: «Хоҷаам! Магар Ту пойҳои маро мешӯӣ?» Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Он чи Ман мекунам, ҳоло намедонӣ, лекин баъд мефаҳмӣ». Петрус ба Ӯ гуфт: «Пойҳои маро ҳаргиз намешӯӣ». Исо ба вай ҷавоб дод: «Агар нашӯям, туро бо Ман ҳиссае нест». Шимъуни Петрус ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! На танҳо пойҳои маро, балки дастҳо ва сари маро низ шӯй». Исо ба вай гуфт: «Касе ки шустушӯй кардааст, танҳо ба шустани пойҳояш эҳтиёҷ дорад, чунки вай тамоман пок аст; ва шумо пок ҳастед, лекин на ҳама». Зеро таслимкунандаи Худро медонист, бинобар ин гуфт: «На ҳама пок ҳастед». Чун пойҳои онҳоро шуст, ҷомаи Худро пӯшида, боз нишаст ва ба онҳо гуфт: «Оё медонед барои шумо чӣ кардам? Шумо Маро Устод ва Хоҷа мегӯед ва рост мегӯед, зеро Ман чунин ҳастам. Пас агар ман, ки Хоҷа ва Устод ҳастам, пойҳои шуморо шустаам, шумо ҳам бояд пойҳои якдигарро шӯед; зеро ба шумо намунае нишон додам, то, чунон ки Ман ба шумо кардам, шумо низ кунед. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ғулом аз хоҷаи худ бузургтар нест, ва фиристода бузургтар аз фиристандаи худ нест. Ҳар гоҳ инро донистед, хушо шумо, агар инро ба амал оваред. Дар бораи ҳамаи шумо намегӯям; онҳоеро, ки интихоб кардаам, медонам. Лекин ин навишта бояд ба амал ояд: «Он ки бо Ман нон мехӯрд, пошнаи худро бар Ман баланд кардааст». Акнун, пеш аз рӯй додан, ба шумо мегӯям, то ки ҳангоми рӯй доданаш бовар кунед, ки ин Ман ҳастам. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад». Чун Исо инро гуфт, дар рӯҳ ошуфта шуд, ва гувоҳӣ дода, гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо Маро таслим мекунад». Шогирдон ба якдигар нигоҳ карда, ҳайрон шуданд, ки инро дар бораи кӣ мегӯяд. Яке аз шогирдонаш, ки Исо вайро дӯст медошт, дар сандуқи синаи Исо такя зада буд. Шимъуни Петрус ба вай ишора кард, то пурсад: он кист, ки дар борааш чунин гуфт. Вай ҳамчунон бар сандуқи синаи Исо такя зада, пурсид: «Хоҷаам! Он кист?» Исо ҷавоб дод: «Он аст, ки тиккаи нонро ғӯтонда ба вай медиҳам». Ва тиккаро ғӯтонда, ба Яҳудо ибни Шимъуни Исқарютӣ дод. Пас аз он ки тиккаро гирифт, шайтон ба даруни вай рафт. Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Он чи мекунӣ, ба зудӣ кун». Лекин аз нишастагон ҳеҷ кас нафаҳмид, ки чаро ба вай чунин гуфт. Баъзе гумон карданд, ки чун ҳамён дар дасти Яҳудост, Исо ба вай фармуд, ки ҳар чи барои ид ба мо даркор аст, харид кунад ё чизе ба камбағалон диҳад. Вай тиккаро гирифта, дарҳол берун рафт; ва шаб буд. Чун вай берун рафт, Исо гуфт: «Акнун Писари Одам ҷалол ёфт, ва Худо дар Ӯ ҷалол ёфт. Агар Худо дар Ӯ ҷалол ёфт, Худо низ Ӯро дар Худ ҷалол медиҳад, ва ба зудӣ Ӯро ҷалол медиҳад. Эй фарзандон! Боз муддати каме бо шумо ҳастам; баъд Маро ҷустуҷӯ мекунед, ва чунон ки ба яҳудиён гуфтам, акнун ба шумо низ мегӯям: ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед оед. Ба шумо фармудаи наве медиҳам, ки якдигарро дӯст доред; чунон ки Ман шуморо дӯст доштаам, шумо низ якдигарро дӯст доред. Аз рӯи ҳамин ҳама медонанд, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред». Шимъуни Петрус ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Куҷо меравӣ?» Исо ба вай ҷавоб дод: «Ба ҷое ки ман меравам, ҳоло наметавонӣ аз паси Ман биёӣ, лекин дертар аз паси Ман меоӣ». Петрус ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Чаро ҳоло аз паси Ту наметавонам биёям? Ҷони худро барои Ту фидо мекунам». Исо ба вай ҷавоб дод: «Ҷони худро барои Ман фидо мекунӣ? Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор мекунӣ». «Дили шумо парешон нашавад. Ба Худо имон оваред, ба Ман низ имон оваред. Дар хонаи Падари Ман манзил бисёр аст; ва агар чунин намебуд, ба шумо мегуфтам. Меравам, то барои шумо ҷой тайёр кунам. Ва чун равам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз омада, шуморо бо Худ мебарам, то дар он ҷое ки Ман ҳастам, шумо низ бошед. Ҷое ки Ман меравам, шумо медонед, роҳро низ медонед». Тумо ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Намедонем куҷо меравӣ; пас чӣ гуна метавонем роҳро донем?» Исо ба вай гуфт: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба воситаи Ман. Агар маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед; ва аз ҳамин дам Ӯро мешиносед ва Ӯро дидаед». Филиппус ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Падарро ба мо нишон деҳ, ва ин барои мо басанда аст». Исо ба вай гуфт: «Ин қадар вақт Ман бо шумо будам, ва ту Маро нашинохтӣ, Филиппус? Ҳар кӣ Маро бинад, Падарро дидааст; пас чӣ гуна мегӯӣ: “Падарро ба мо нишон деҳ”? Оё бовар намекунӣ, ки Ман дар Падар ҳастам, ва Падар дар Ман? Суханоне ки Ман ба шумо мегӯям, аз Худ намегӯям; ва Падаре ки дар Ман сокин аст, Ӯ ин корҳоро мекунад. Ба Ман бовар кунед, ки Ман дар Падар ҳастам, ва Падар дар Ман; вагарна, ба хотири он корҳо ба Ман бовар кунед. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, корҳоеро, ки Ман мекунам, вай низ мекунад ва ҳатто бузургтар аз он ҳам мекунад, зеро Ман назди Падарам меравам. Ва ҳар чиро, ки ба номи Ман хоҳиш кунед, ба ҷо меоварам, то Падар дар Писар ҷалол ёбад. Агар чизе ба номи Ман аз Ман хоҳиш кунед, онро ба ҷо меоварам. Агар Маро дӯст доред, фармудаҳои Маро риоя кунед. Ва Ман аз Падар илтимос мекунам, ва Ӯ ба шумо Пуштибони дигаре медиҳад, то ҳамеша бо шумо монад, яъне Рӯҳи ростӣ, ки ҷаҳон наметавонад Ӯро қабул кунад, зеро Ӯро намебинад ва намешиносад, лекин шумо Ӯро мешиносед, зеро Ӯ бо шумо мемонад ва дар шумо мешавад. Шуморо ятим намегузорам; назди шумо меоям. Пас аз андак муддате ҷаҳон дигар Маро намебинад; лекин шумо Маро мебинед, ва азбаски Ман зиндаам, шумо низ хоҳед зист. Дар он рӯз шумо мефаҳмед, ки Ман дар Падар ҳастам, ва шумо дар Ман, ва Ман дар шумо. Ҳар кӣ фармудаҳои Маро дорад ва онҳоро риоя кунад, касест, ки Маро дӯст медорад; ва ҳар кӣ Маро дӯст дорад, Падари Ман вайро дӯст медорад, ва Ман вайро дӯст медорам ва Худро ба вай ошкор месозам». Яҳудо, на он Яҳудои Исқарютӣ, ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Ин чист, ки Ту мехоҳӣ Худро ба мо ошкор созӣ ва на ба ҷаҳон?» Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ҳар кӣ Маро дӯст дорад, каломи Маро риоя мекунад; ва Падари Ман вайро дӯст медорад, ва Мо ба пеши вай омада, дар назди вай манзил мегирем. Касе ки Маро дӯст надорад, суханони Маро риоя намекунад; ва каломе ки мешунавед, аз они Ман нест, балки аз они Падарест, ки Маро фиристод». Ин суханонро ба шумо гуфтам, ҳангоме ки бо шумо будам. Лекин Пуштибон, яъне Рӯҳулқудс, ки Падар Ӯро ба номи Ман мефиристад, ҳама чизро ба шумо таълим медиҳад ва ҳар чиро, ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо меоварад. Осоишро ба шумо мегузорам, осоиши Худро ба шумо медиҳам; на ончунон ки ҷаҳон медиҳад, Ман ба шумо медиҳам. Дили шумо парешон нашавад ва ҳаросон набошад. Шунидед, ки ба шумо гуфтам: “Меравам ва назди шумо бармегардам”. Агар Маро дӯст медоштед, шод мешудед, ки гуфтам: “Назди Падар меравам”; зеро Падар аз Ман бузургтар аст. Ва инак, пеш аз рӯй додан ба шумо гуфтам, то ҳангоми рӯй доданаш имон оваред. Пас аз ин ба шумо бисёр гуфтугӯ намекунам, чунки мири ҷаҳон меояд, ва бар Ман қудрате надорад. Лекин то ҷаҳон донад, ки Ман Падарро дӯст медорам, чунон ки Падар ба Ман фармудааст, амал мекунам: бархезед, аз ин ҷо равем. Ман токи ҳақиқӣ ҳастам, ва Падари Ман токдор аст. Ҳар навдаеро, ки дар Ман мева намеоварад, Ӯ мебурад; ва онро, ки мева меоварад, пок месозад, то бештар мева оварад. Шумо аллакай ба воситаи каломе ки ба шумо гуфтам, пок ҳастед. Дар Ман монед, ва Ман дар шумо мемонам. Чунон ки навда наметавонад худ аз худ мева диҳад, агар дар ток намонад, ҳамчунин шумо низ, агар дар Ман намонед. Ман ток ҳастам, ва шумо навдаҳо. Касе ки дар Ман монад, ва Ман дар вай, меваи фаровон меоварад; зеро бе Ман ҳеҷ коре наметавонед кунед. Касе ки дар Ман намонад, чун навдае бурида мешавад ва мехушкад; ва чунин навдаҳоро ҷамъ карда, ба оташ мепартоянд, ва онҳо месӯзанд. Агар дар ман монед, ва суханони Ман дар шумо монанд, ҳар чи мехоҳед, хоҳиш мекунед, ва он ба шумо дода мешавад. Ҷалоли Падари Ман дар ин аст, ки шумо меваи фаровон оваред ва шогирдони Ман шавед. Чунон ки Падар Маро дӯст доштааст, Ман низ шуморо дӯст медорам; дар муҳаббати Ман монед. Агар фармудаҳои Маро риоя кунед, дар муҳаббати Ман мемонед, чунон ки Ман фармудаҳои Падари худро риоя кардаам, ва дар муҳаббати Ӯ мемонам. Инро ба шумо гуфтам, то шодии Ман дар шумо монад ва шодии шумо комил бошад. Фармудаи Ман ин аст, ки якдигарро дӯст доред, чунон ки Ман шуморо дӯст доштаам. Касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад, ки ҷони худро барои дӯстони худ фидо кунад. Шумо дӯстони Ман ҳастед, агар фармудаҳои Маро ба ҷо оваред. Дигар шуморо банда намегӯям, зеро банда намедонад, ки хоҷааш чӣ мекунад; лекин шуморо дӯст гуфтаам, чунки ҳар чи аз Падар шунидаам, ба шумо баён кардаам. На шумо Маро интихоб кардаед, балки Ман шуморо интихоб кардаам ва шуморо таъйин кардаам, ки шумо равед ва мева оваред, ва меваи шумо монад, то ҳар чи аз Падар ба номи Ман хоҳиш кунед, ба шумо диҳад. Ин чизҳоро ба шумо мефармоям, то якдигарро дӯст доред. Агар ҷаҳон аз шумо нафрат дошта бошад, донед, ки пеш аз шумо аз Ман нафрат доштааст. Агар шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон аз они худро дӯст медошт; лекин шумо аз ҷаҳон нестед, балки Ман шуморо аз ҷаҳон интихоб кардаам, аз ин сабаб ҷаҳон аз шумо нафрат дорад. Каломеро, ки ба шумо гуфтам, дар хотир нигоҳ доред: “Ғулом бузургтар аз хоҷаи худ нест”. Агар Маро таъқиб карданд, шуморо низ таъқиб мекунанд; агар каломи Маро риоя карданд, каломи шуморо низ риоя мекунанд. Лекин ҳамаи инро барои номи Ман ба шумо мекунанд, чунки Фиристандаи Маро намешиносанд. Агар Ман намеомадам ва ба онҳо сухан намегуфтам, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун барои гуноҳи худ узре надоранд. Ҳар кӣ аз Ман нафрат дошта бошад, аз Падари Ман низ нафрат дорад. Агар дар миёни онҳо корҳоеро намекардам, ки дигаре ҳаргиз накардааст, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун он корҳоро дида, ҳам аз Ман ва ҳам аз Падари Ман нафрат доранд, то ба амал ояд сухане ки дар Тавроташон навишта шудааст: “Бе сабаб аз Ман нафрат доранд”. Лекин чун Пуштибон, ки Ӯро аз ҷониби Падар назди шумо мефиристам, ояд, яъне Рӯҳи ростӣ, ки аз Падар мебарояд, Ӯ бар Ман шаҳодат медиҳад; ва шумо низ шаҳодат медиҳед, зеро аз ибтидо бо Ман будаед. Инро ба шумо гуфтам, то ба васваса наафтед. Шуморо аз куништҳо хоҳанд ронд; ва ҳатто соате мерасад, ки ҳар кӣ шуморо кушад, гумон мекунад, ки хизмате ба Худо мекунад. Ва ин корҳоро мекунанд, чунки на Падарро шинохтаанд ва на Маро. Лекин инро ба шумо барои он гуфтам, ки ҳангоми расидани он соат ба ёд оваред, ки Ман ба шумо гуфтаам. Ва инро аз ибтидо ба шумо нагуфтам, зеро бо шумо будам. Аммо акнун Ман назди Фиристандаи Худ меравам, ва касе аз байни шумо аз Ман намепурсад: “Куҷо меравӣ?” Вале чун инро ба шумо гуфтам, дили шумо пур аз ғам шуд. Лекин ба шумо рост мегӯям: рафтани Ман барои шумо беҳтар аст; зеро агар Ман наравам, Пуштибон назди шумо намеояд; ва агар равам, Ӯро назди шумо мефиристам. Ва чун Ӯ ояд, хатои ҷаҳонро бар гуноҳ ва бар ростӣ ва бар доварӣ исбот мекунад. Бар гуноҳ, зеро ба Ман имон намеоваранд; бар ростӣ, зеро назди Падари Худ меравам, ва дигар Маро намебинед; бар доварӣ, зеро мири ин ҷаҳон маҳкум шудааст. Боз бисёр чизҳои дигар дорам, ки ба шумо гӯям, лекин шумо ҳоло онҳоро наметавонед бардоред. Лекин чун Ӯ, яъне Рӯҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ мекунад; зеро аз худ намегӯяд, балки ҳар чи мешунавад, онро мегӯяд, ва аз рӯйдодҳои оянда ба шумо хабар медиҳад. Он гоҳ Ӯ Маро ҷалол медиҳад, чунки аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шумо хабар медиҳад. Ҳар он чи Падар дорад, аз они Ман аст; бинобар ин гуфтам, ки аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шумо хабар медиҳад. Дере нагузашта Маро намебинед, ва боз дере нагузашта Маро мебинед; зеро Ман назди Падар меравам». Ғаму шодии шогирдон Баъзе аз шогирдонаш ба якдигар гуфтанд: «Чист, ки Ӯ ба мо мегӯяд: “Дере нагузашта Маро намебинед, ва боз дере нагузашта Маро мебинед” ва: “Ман назди Падар меравам”?» Ва онҳо гуфтанд: «Ин чист, ки Ӯ мегӯяд: “Дере нагузашта”? Намедонем, чӣ мегӯяд». Исо чун донист, ки мехоҳанд аз Ӯ пурсанд, ба онҳо гуфт: «Оё ба якдигар дар ин бора баҳс мекунед, ки Ман гуфтам: “Дере нагузашта Маро намебинед, ва боз дере нагузашта маро мебинед”? Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: он гоҳ шумо гиря ва нола мекунед, лекин ҷаҳон шод мешавад; шумо ғамгин мешавед, лекин ғами шумо ба шодӣ табдил меёбад. Зан ҳангоми зоидан ғамгин аст, чунки соати вай расидааст; лекин чун кӯдакро зоид, ғамашро фаромӯш мекунад ба сабаби шодии он ки одаме дар ҷаҳон таваллуд шуд. Шумо низ акнун ғамгин ҳастед; лекин боз шуморо мебинам, ва дили шумо шод мешавад, ва ҳеҷ кас наметавонад он шодиро аз шумо гирад. Ва дар он рӯз аз Ман чизе намепурсед. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар он чи аз Падар ба номи Ман хоҳиш кунед, ба шумо медиҳад. То кунун ба номи ман чизе хоҳиш накардаед; хоҳиш кунед, то гиред ва шодии шумо комил гардад. Ин чизҳоро бо масалҳо ба шумо гуфтам; лекин соате мерасад, ки дигар ба шумо бо масалҳо ҳарф намезанам, балки аз Падар ба шумо кушоду равшан хабар медиҳам. Дар он рӯз ба номи Ман хоҳиш мекунед, ва Ман ба шумо намегӯям, ки аз Падар барои шумо илтимос мекунам; зеро Худи Падар шуморо дӯст медорад, чунки шумо Маро дӯст доштаед, ва шумо бовар кардаед, ки Ман аз ҷониби Худо омадаам. Ман аз ҷониби Падар омадам ва ба ҷаҳон ворид шудам; боз ҷаҳонро тарк мекунам ва назди Падар меравам». Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Инак, акнун кушоду равшан сухан мегӯӣ, на бо масалҳо; акнун медонем, ки Ту ҳама чизро медонӣ, ва эҳтиёҷ надорӣ, ки касе аз Ту чизе пурсад; аз ин рӯ бовар мекунем, ки Ту аз ҷониби Худо омадаӣ». Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Акнун бовар мекунед? Инак, соате мерасад, ва акнун расидааст, ки шумо пароканда шуда, ҳар яке сӯи хонаи худ меравед ва Маро танҳо мегузоред; лекин Ман танҳо нестам, зеро Падар бо Ман аст. Ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то дар Ман осоиш дошта бошед. Дар ҷаҳон ранҷ мекашед, лекин хотирҷамъ бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам». Исо, чун инро гуфт, чашмони Худро сӯи осмон боло карда, гуфт: «Эй Падар! Соат расидааст; Писари Худро ҷалол деҳ, то Писарат низ Туро ҷалол диҳад. Зеро Ӯро бар тамоми башарият қудрат додаӣ, то ба ҳар кӣ Ту ба Ӯ бахшидаӣ, ҳаёти абадӣ диҳад. Ва ҳаёти абадӣ ин аст, ки Туро, ки ягона Худои ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодаӣ, шиносанд. Ман Туро дар рӯи замин ҷалол додам ва кореро, ки ба Ман супурда будӣ, то кунам, ба анҷом расондам. Ва акнун Ту, эй Падар, Маро назди Худ ҷалол деҳ ба ҳамон ҷалоле ки пеш аз ҳастии ҷаҳон назди Ту доштам. Номи Туро ба одамоне ки аз ҷаҳон ба Ман додӣ, шиносондам. Онҳо аз они Ту буданд, ва Ту онҳоро ба Ман додӣ, ва онҳо каломи Туро нигоҳ доштаанд. Ва акнун донистанд, ки ҳар он чи ба Ман додаӣ, аз ҷониби Туст; зеро суханонеро, ки ба Ман додӣ, ба онҳо супурдам, ва онҳо қабул карданд ва ба ростӣ донистанд, ки Ман аз ҷониби Ту омадаам, ва бовар карданд, ки Ту Маро фиристодаӣ. Ман барои онҳо илтимос мекунам: на барои ҷаҳон, балки барои онҳое ки Ту ба Ман додаӣ, зеро онҳо аз они Ту мебошанд; ва он чи аз они Ман аст, аз они Туст, ва он чи аз они Туст, аз они Ман аст; ва Ман дар онҳо ҷалол ёфтаам. Ман дигар дар ҷаҳон нестам, лекин онҳо дар ҷаҳон ҳастанд, ва Ман назди Ту меоям. Эй Падари Қуддус! Инҳоро, ки ба Ман додаӣ, ба номи Худ нигоҳ дор, то як бошанд, чунон ки Мо ҳастем. Ҳангоме ки бо онҳо дар ҷаҳон будам, онҳоро ба номи Ту нигоҳ доштам; онҳоеро, ки Ту ба Ман додӣ, нигаҳбонӣ кардам, ва ҳеҷ яке аз онҳо ҳалок нашуд, ғайр аз писари ҳалокат, то /гуфтаҳои/ Китоб ба амал оянд. Вале акнун назди Ту меоям, ва инро дар ҷаҳон мегӯям, то шодии Ман дар онҳо комил бошад. Ман каломи Туро ба онҳо супурдам, ва ҷаҳон аз онҳо нафрат дорад, чунки онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам. Илтимос намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон барӣ, балки онҳоро аз шарир нигоҳ дорӣ. Онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам. Онҳоро бо ростии Худ муқаддас гардон: каломи Ту ростист. Чунон ки Ту Маро ба ҷаҳон фиристодӣ, Ман низ онҳоро ба ҷаҳон фиристодам; ва Худро барои онҳо муқаддас мегардонам, то онҳо низ бо ростӣ муқаддас гардонда шаванд. Танҳо барои онҳо илтимос намекунам, балки низ барои касоне ки ба воситаи сухани онҳо ба Ман имон меоваранд, то ҳама як бошанд; чунон ки Ту, эй Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту, онҳо низ дар Мо як бошанд, то ҷаҳон бовар кунад, ки Ту Маро фиристодӣ. Ва Ман ҷалолеро, ки ба Ман додаӣ, ба онҳо додаам, то як бошанд, чунон ки Мо як ҳастем. Ман дар онҳо ҳастам, ва Ту дар Ман; то онҳо дар ягонагӣ комил бошанд, ва ҷаҳон донад, ки Ту Маро фиристодӣ ва онҳоро дӯст медорӣ, чунон ки Маро дӯст медорӣ. Эй Падар! Мехоҳам онҳое ки ба Ман додаӣ, дар он ҷое ки мебошам, бо Ман бошанд, то ҷалоли Маро ки ба Ман додаӣ, бинанд, чунки Маро пеш аз бунёдшавии ҷаҳон дӯст доштӣ. Эй Падари росткор! Ҷаҳон Туро намешиносад; лекин Ман Туро мешиносам, ва инҳо медонанд, ки Ту Маро фиристодӣ. Ва Ман ба онҳо номи Туро шиносондам ва боз ҳам мешиносонам, то он муҳаббате ки Ту ба Ман дорӣ, дар онҳо бошад, ва Ман низ дар онҳо бошам». Чун Исо инро гуфт, бо шогирдони Худ ба он тарафи дараи Қидрӯн рафт; дар он ҷо боғе буд, ки Ӯ ва шогирдонаш ба он даромаданд. Ва Яҳудои таслимкунандаи Ӯ низ он ҷойро медонист, чунки Исо бо шогирдонаш борҳо дар он ҷо ҷамъ омада буд. Пас Яҳудо як даста сарбозон ва нигаҳбононро аз сардорони коҳинон ва фарисиён гирифта, бо чароғҳо ва машъалҳо ва аслиҳа ба он ҷо омад. Исо, ки огоҳ буд аз он чи бояд ба Ӯ рӯй диҳад, берун омада, ба онҳо гуфт: «Киро ҷустуҷӯ мекунед?» Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Исои Носириро». Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳастам». Яҳудои таслимкунандаи Ӯ низ бо онҳо истода буд. Чун Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳастам», — онҳо пас рафта, ба замин афтоданд. Боз аз онҳо пурсид: «Киро ҷустуҷӯ мекунед?» Гуфтанд: «Исои Носириро». Исо ҷавоб дод: «Ман ба шумо гуфтам, ки Ман ҳастам; пас, агар маро ҷустуҷӯ мекунед, инҳоро монед раванд», — то он сухане ки Ӯ гуфта буд, ба амал ояд: «Аз онҳое ки ба Ман додаӣ, якеро аз даст надодаам». Он гоҳ Шимъуни Петрус, ки шамшер дошт, онро кашида, ба ғуломи саркоҳин, ки Малик ном дошт, зад, ва гӯши рости вайро бурид. Исо ба Петрус гуфт: «Шамшери худро ғилоф кун. Оё он косаеро, ки Падар ба Ман додааст, нанӯшам?» Он гоҳ дастаи сарбозон бо мириҳазори худ ва нигаҳбонони яҳудӣ Исоро дастгир карда, бастанд, ва аввал Ӯро назди Ҳонон бурданд, зеро вай падарарӯси Қаёфо, саркоҳини ҳамон сол, буд. Ва ин ҳамон Қаёфо буд, ки ба яҳудиён тавсия дода буд, ки беҳтар аст як кас барои мардум мурад. Шимъуни Петрус ва як шогирди дигар аз паси Исо рафтанд. Азбаски он шогирд ба саркоҳин шинос буд, бо Исо ба даруни ҳавлии саркоҳин даромад. Аммо Петрус дар берун, назди дар истод. Баъд он шогирди дигар, ки ба саркоҳин шинос буд, берун омада, ба дарбон чизе гуфт ва Петрусро ба дарун бурд. Он канизе ки дарбон буд, ба Петрус гуфт: «Оё ту низ аз шогирдони ин Шахс нестӣ?» Вай гуфт: «Нестам». Дар ин миён ғуломон ва нигаҳбонон бо ангишт оташ афрӯхта буданд, чунки ҳаво хунук буд, ва гирди он истода, худро гарм мекарданд; Петрус низ бо онҳо истода, худро гарм мекард. Саркоҳин аз Исо дар бораи шогирдонаш ва таълимаш пурсид. Исо ба вай ҷавоб дод: «Ман ба ҷаҳон ошкоро сухан гуфтаам; Ман ҳар вақт дар куништ ва дар ибодатгоҳ, ки дар он ҷо яҳудиён ҳамеша ҷамъ меомаданд, таълим додаам ва пинҳонӣ чизе нагуфтаам; чаро аз Ман мепурсӣ? Аз онҳое ки шунидаанд, пурс, ки Ман ба онҳо чӣ гуфтаам; инак, онҳо медонанд, ки Ман чӣ гуфтаам». Ҳангоме ки инро гуфт, яке аз нигаҳбонон, ки дар он ҷо истода буд, Исоро як торсакӣ зада, гуфт: «Ба саркоҳин ин гуна ҷавоб медиҳӣ?» Исо ба вай ҷавоб дод: «Агар бад гуфтам, ба бадӣ гувоҳӣ деҳ; ва агар хуб гуфтам, барои чӣ Маро мезанӣ?» Ҳонон Ӯро дастбаста назди Қаёфои саркоҳин фиристода буд. Ва Шимъуни Петрус истода, худро гарм мекард. Ба вай гуфтанд: «Оё ту низ аз шогирдони Ӯ нестӣ?» Вай инкор карда, гуфт: «Нестам». Яке аз ғуломони саркоҳин, хеши он касе ки Петрус гӯшашро бурида буд, гуфт: «Магар ман туро дар боғ бо Ӯ надидам?» Петрус боз инкор кард; ва ҳамон дам хурӯс бонг зад. Аз ҳавлии Қаёфо Исоро ба қасри ҳоким бурданд. Ва саҳарии барвақт буд; ва онҳо ба қасри ҳоким надаромаданд, то нопок нашаванд ва Песаҳро хӯранд. Пилотус назди онҳо баромада, гуфт: «Чӣ даъвое бар ин Шахс доред?» Онҳо дар ҷавоби вай гуфтанд: «Агар Ӯ бадкор намебуд, ба ту таслим намекардем». Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо Ӯро гиред ва мувофиқи шариати худ бар Ӯ доварӣ кунед». Яҳудиён ба вай гуфтанд: «Ба мо раво нест, ки касеро кушем», — то он сухани Исо ба амал ояд, ки Ӯ дар бораи чигунагии мурдани Худ ишора карда гуфта буд. Он гоҳ Пилотус боз ба қасри ҳоким даромада, Исоро хонд ва ба Ӯ гуфт: «Оё Ту Подшоҳи яҳудиён ҳастӣ?» Исо ба вай ҷавоб дод: «Оё ту инро аз худ мегӯӣ, ё ки дигарон дар бораи Ман ба ту гуфтаанд?» Пилотус ҷавоб дод: «Магар ман яҳудӣ ҳастам? Халқи Ту ва сардорони коҳинон Туро ба ман таслим кардаанд; чӣ кор кардаӣ?» Исо ҷавоб дод: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест; агар Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон мебуд, навкарони Ман меҷангиданд, то Ман ба яҳудиён таслим карда нашавам; лекин ҳоло Подшоҳии Ман аз ин ҷо нест». Пилотус ба Ӯ гуфт: «Пас, Ту подшоҳ ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ту худ мегӯӣ, ки Ман подшоҳ ҳастам. Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростӣ шаҳодат диҳам; ва ҳар кӣ аз ростист, овози Маро мешунавад». Пилотус ба Ӯ гуфт: «Ростӣ чист?» Чун инро гуфт, боз назди яҳудиён баромада, ба онҳо гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айбе намеёбам»; лекин шумо одате доред, ки бандиеро дар Песаҳ барои шумо озод кунам; оё мехоҳед, ки Подшоҳи яҳудиёнро барои шумо озод кунам?» Боз ҳама фарёд зада, гуфтанд: «Ӯро не, балки Барабборо». Бараббо як роҳзан буд. Он гоҳ Пилотус Исоро гирифта, фармуд тозиёнааш зананд. Ва сарбозон тоҷе аз хор бофта, бар сараш гузоштанд, ва ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд, ва гуфтанд: «Салом, эй Подшоҳи яҳудиён!» Ва Ӯро торсакӣ мезаданд. Боз Пилотус баромада, ба онҳо гуфт: «Инак, Ӯро пеши шумо мебарорам, то донед, ки ман дар Ӯ ҳеҷ айбе намеёбам». Ва Исо, тоҷи аз хор бофтае бар сар ва ҷомаи арғувон дар бар, берун омад. Ва Пилотус ба онҳо гуфт: «Инак он Одам!» Чун сардорони коҳинон ва нигаҳбонон Ӯро диданд, фарёд зада, гуфтанд: «Ӯро ба салиб каш, ба салиб каш!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо Ӯро гирифта, ба салиб кашед, чунки ман дар Ӯ айбе намеёбам». Яҳудиён ба вай ҷавоб доданд: «Мо шариате дорем, ва мувофиқи шариати мо Ӯ бояд мурад, чунки Худро Писари Худо кардааст». Чун Пилотус ин суханро шунид, зиёдтар тарсид. Ва боз ба қаср даромада, ба Исо гуфт: «Ту аз куҷоӣ?» Лекин Исо ба вай ҷавоб надод. Пилотус ба Ӯ гуфт: «Ба ман сухан намегӯӣ? Магар намедонӣ, ки қудрат дорам Туро ба салиб кашам ва қудрат дорам Туро озод кунам?» Исо ҷавоб дод: «Ҳеҷ қудрате бар Ман намедоштӣ, агар аз боло дода намешуд; аз ин рӯ он касе ки Маро ба ту таслим кард, гуноҳи бештаре дорад». Ва аз он вақт Пилотус кӯшиш дошт Ӯро озод кунад. Лекин яҳудиён фарёд зада, гуфтанд: «Агар Ӯро озод кунӣ, дӯсти қайсар нестӣ; ҳар кӣ даъвои подшоҳӣ кунад, зидди қайсар сухан мегӯяд». Чун Пилотус инро шунид, Исоро берун овард ва дар он ҷое ки Сангфарш ва ба ибронӣ Ҷабто номида мешуд, бар курсии доварӣ нишаст. Рӯзи тайёрии Песаҳ буд, ки тақрибан дар соати шаш ба яҳудиён гуфт: «Инак Подшоҳи шумо!» Лекин онҳо фарёд заданд: «Ӯро нест кун, нест кун, ба салиб каш!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Оё Подшоҳи шуморо ба салиб кашам?» Сардорони коҳинон ҷавоб доданд: «Ғайр аз қайсар подшоҳе надорем». Ниҳоят, Ӯро ба дасти онҳо супурд, то ба салиб кашанд. Ва онҳо Исоро гирифта бурданд. Ва Ӯ салиби Худро бардошта, ба маҳалле ки “Ҷои косахонаи сар” ва ба ибронӣ Ҷолҷолто ном дошт, равона шуд; ва дар он ҷо Ӯро ба салиб кашиданд ва бо Ӯ ду каси дигарро: яке аз ин тараф ва дигаре аз он тараф, ва Исо дар миёна. Пилотус айбномае навишта, бар салиб овехт, ки чунин навишта шуда буд: «Исои Носирӣ, Подшоҳи яҳудиён». Бисёре аз яҳудиён он айбномаро хонданд, зеро ҷое ки Исо ба салиб кашида шуд, ба шаҳр наздик буд, ва айбномаро ба забонҳои ибронӣ, юнонӣ ва румӣ навишта буданд. Сардорони коҳинони яҳудӣ ба Пилотус гуфтанд: «Нанавис: “Подшоҳи яҳудиён”, балки навис: “Ӯ мегуфт, ки Манам Подшоҳи яҳудиён”». Пилотус ҷавоб дод: «Он чи навиштам, навиштам». Ва сарбозон, чун Исоро ба салиб кашиданд, либоси Ӯро гирифта, ба чор ҳисса тақсим карданд, ба ҳар сарбоз як ҳисса; ва пероҳанро низ гирифтанд. Лекин пероҳан дарз надошт, балки аз боло то поён бофта шуда буд. Пас онҳо ба якдигар гуфтанд: «Онро пора накунем, балки қуръа бар он партофта бинем, ки аз они кӣ мешавад», то /гуфтаи/ Китоб ба амал ояд, ки мегӯяд: “Сару либоси Маро дар миёни худ тақсим карданд ва бар пероҳани Ман қуръа партофтанд”. Ва сарбозон чунин карданд. Дар назди салиби Исо модари Ӯ, хоҳари модараш, Марями зани Клӯпо ва Марями Маҷдалия истода буданд. Чун Исо модари Худ ва он шогирдеро, ки вайро дӯст медошт, дар он ҷо истода дид, ба модари Худ гуфт: «Эй зан, инак писари ту!» Сипас ба шогирди Худ гуфт: «Инак модари ту!» Аз ҳамон соат он шогирд вайро ба хонаи худ бурд. Пас аз он Исо чун дид, ки ҳама чиз ба анҷом расидааст, то /гуфтаи/ Китоб ба амал ояд, гуфт: «Ташнаам». Дар он ҷо зарфе пур аз сирко истода буд. Пас исфанҷеро аз сирко пур карда, бар сари зуфо гузоштанд ва наздики даҳони Ӯ бурданд. Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд». Ва сар фурӯ оварда, ҷон дод. Азбаски рӯзи тайёрии ид буд, — зеро он шанбе иди бузург буд, — яҳудиён аз Пилотус хоҳиш карданд, ки соқи пойҳои онҳоро шикананд ва поён фуроваранд, то ки ҷасадҳоро бар салиб дар рӯзи шанбе намонанд. Сарбозон омада, соқи пойҳои нафари якум ва нафари дигарро, ки бо Ӯ ба салиб кашида шуда буданд, шикастанд. Чун назди Исо омаданд ва диданд, ки аллакай мурдааст, соқи пойҳои Ӯро нашикастанд, балки яке аз сарбозон ба паҳлуи Ӯ найза зад, ва ҳамон дам хун ва об ҷорӣ шуд. Ва он касе ки дид, шаҳодат дод, ва шаҳодати вай рост аст; вай медонад, ки рост мегӯяд, то шумо низ имон оваред. Зеро ин рӯй дод, то /гуфтаи/ Китоб ба амал ояд, ки мегӯяд: “Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста намешавад”. Ва Китоб боз дар ҷои дигар мегӯяд: “Ба он Касе ки найза задаанд, хоҳанд нигарист”. Қабри,,,,\ Исо Пас аз он Юсуф, ки аз аҳли Ромо ва аз тарси яҳудиён шогирди ниҳонии Исо буд, аз Пилотус хоҳиш кард, ки ҷасади Исоро гирад. Ва Пилотус ба вай иҷозат дод. Вай омада, ҷасади Исоро гирифт. Ва Никӯдимус, ки пештар шабона назди Исо омада буд, низ омад ва тақрибан сад паймона мурр ва уди омехта овард. Онҳо ҷасади Исоро гирифтанд ва мувофиқи одати дафни яҳудиён, хушбӯиҳо пошида, ба кафан печонданд. Дар он ҷое ки Ӯ ба салиб кашида шуд, боғе буд, ва дар боғ қабри наве ки дар он ҳанӯз ҳеҷ кас гузошта нашуда буд. Дар он ҷо Исоро гузоштанд, чунки рӯзи тайёрии иди яҳудиён буд, ва он қабр наздик буд. Дар рӯзи якуми ҳафта, саҳарии барвақт, ки ҳаво ҳанӯз торик буд, Марями Маҷдалия ба сари қабр омад ва дид, ки санг аз қабр бардошта шудааст. Вай давида назди Шимъуни Петрус ва он шогирди дигаре ки Исо ӯро дӯст медошт, омада, ба онҳо гуфт: «Хоҷаамонро аз қабр бурдаанд, ва намедонем, ки Ӯро куҷо гузоштаанд». Дарҳол Шимъуни Петрус ва он шогирди дигар берун омада, сӯи қабр рафтанд. Ҳар ду бо ҳам медавиданд, вале он шогирди дигар зудтар давида, аз Петрус пеш гузашт ва аввал ба сари қабр омад, ва хам шуда, кафани гузоштаро дид; лекин ба дарун надаромад. Баъд Шимъуни Петрус аз пайи вай омада, ба қабр даромад ва кафани гузоштаро дид ва рӯймолеро, ки бар сари Ӯ буд, на бо кафан, балки дар гӯшае алоҳида печида дид. Пас он шогирди дигар, ки аввал ба сари қабр омада буд, низ ба дарун даромад, ва дид, ва бовар кард. Зеро онҳо ҳанӯз Китобро нафаҳмида буданд, ки Ӯ бояд аз мурдагон бархезад. Ва шогирдон ба хонаи худ баргаштанд. Аммо Марям дар беруни қабр истода, гиря мекард. Ва чун мегирист, хам шуда, ба даруни қабр нигоҳ кард. Ва ду фариштаи сафедпӯшро дид, ки дар он ҷое ки ҷасади Исо гузошта шуда буд, яке назди сар ва дигаре назди пой нишаста буданд. Онҳо ба вай гуфтанд: «Эй зан! Чаро гиря мекунӣ?» Ба онҳо гуфт: «Хоҷаи маро бурдаанд, ва намедонам, ки Ӯро куҷо гузоштаанд». Чун инро гуфт, ба пас рӯ овард ва Исоро истода дид; вале надонист, ки ин Исо аст. Исо ба вай гуфт: «Эй зан! Чаро гиря мекунӣ? Киро ҷустуҷӯ мекунӣ?» Вай ба гумони он ки ин боғбон аст, ба Ӯ гуфт: «Эй хоҷа! Агар ту Ӯро бурда бошӣ, ба ман гӯй, ки Ӯро куҷо гузоштаӣ, то ман Ӯро гирифта барам». Исо ба вай гуфт: «Эй Марям!» Вай рӯ оварда, ба Ӯ гуфт: «Раббунӣ!», яъне: «Устод!» Исо ба вай гуфт: «Ба Ман даст нарасон, чунки ҳанӯз назди Падари Худ боло нарафтаам. Лекин назди бародарони Ман рафта, ба онҳо гӯй: Ман назди Падари Худ ва Падари шумо, назди Худои Худ ва Худои шумо боло меравам». Марями Маҷдалия омада, ба шогирдон хабар дод, ки Худовандро дидааст, ва Ӯ ба вай чунин гуфтааст. Бегоҳии худи ҳамон рӯзи якуми ҳафта, ҳангоме ки шогирдон дар хонае гирд омада, аз тарси яҳудиён дарҳои онро баста буданд, Исо омада, дар миёни онҳо истод ва ба онҳо гуфт: «Салом ба шумо!» Инро гуфта, дастҳо ва паҳлуи Худро ба онҳо нишон дод. Шогирдон Худовандро дида, шод гардиданд. Боз Исо ба онҳо гуфт: «Салом ба шумо! Чунон ки Падар Маро фиристод, Ман низ шуморо мефиристам». Чун инро гуфт, бар онҳо дамид ва гуфт: «Рӯҳулқудсро қабул кунед. Гуноҳҳои касеро, ки бахшед, бахшида мешаванд; ва гуноҳҳои касеро, ки набахшида нигоҳ доред, набахшида мемонанд». Лекин Тумо, ки яке аз он дувоздаҳ буд ва Дугоник номида мешуд, ҳангоме ки Исо омад, бо онҳо набуд. Шогирдони дигар ба вай гуфтанд: «Мо Худовандро дидаем». Вай ба онҳо гуфт: «То дар дастҳои Ӯ ҷои мехҳоро набинам, ва ангушти худро дар ҷои мехҳо нагузорам, ва дасти худро дар паҳлуи Ӯ намонам, бовар намекунам». Пас аз ҳашт рӯз боз шогирдони Ӯ дар хона буданд, ва Тумо низ бо онҳо буд, ва дарҳо баста. Агарчи дарҳо баста буданд, Исо омада, дар миёни онҳо истод ва гуфт: «Салом ба шумо!» Пас аз он ба Тумо гуфт: «Ангушти худро ин ҷо биёр ва дастҳои Маро бин; ва дасти худро биёр ва дар паҳлуи Ман гузор; ва беимон набош, балки имон дошта бош». Тумо дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Худованди ман ва эй Худои ман!» Исо ба вай гуфт: «Ба хотири он ки Маро дидаӣ, имон овардӣ; хушо касоне ки надида, имон меоваранд». Боз бисёр муъҷизаҳои дигаре Исо дар назди шогирдонаш нишон дод, ки дар ин китоб навишта нашуданд. Аммо ин қадараш навишта шуд, то шумо имон оваред, ки Исо Масеҳ ва Писари Худост; ва имон оварда, ба номи Ӯ ҳаёт ёбед. Пас аз он боз Исо дар соҳили кӯли Табария ба шогирдон намоён шуд. Намоён шуданаш чунин буд: Шимъуни Петрус, Тумо, ки Дугоник номида мешуд, Натанъил, ки аз Қонои Ҷалил буд, писарони Забдой ва ду нафари дигар аз шогирдони Ӯ бо ҳам буданд. Шимъуни Петрус ба онҳо гуфт: «Ман ба моҳигирӣ меравам». Ба вай гуфтанд: «Мо низ ҳамроҳи ту меравем». Дарҳол рафта, ба киштӣ савор шуданд, ва он шаб чизе сайд накарданд. Ҳангоме ки субҳ шуд, Исо дар соҳил истода буд, лекин шогирдон надонистанд, ки ин Исо аст. Исо ба онҳо гуфт: «Эй бачаҳо! Оё хӯроке надоред?» Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Не». Ӯ ба онҳо гуфт: «Тӯрро ба тарафи рости киштӣ андозед, ва меёбед». Онҳо андохтанд, ва аз бисёрии моҳӣ онро кашида натавонистанд. Он шогирде ки Исо вайро дӯст медошт, ба Петрус гуфт: «Ин Худованд аст». Чун Шимъуни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, ҷомаашро ба худ печонд, чунки бараҳна буд, ва худро дар кӯл андохт. Ва шогирдони дигар бо киштӣ омаданд, зеро аз соҳил дур набуданд, балки қариб ба дусад оринҷ, ва тӯри пур аз моҳиро мекашиданд. Ва чун ба хушкӣ баромаданд, оташи бо ангишт афрӯхта ва моҳии бар он гузошта ва нонро диданд. Исо ба онҳо гуфт: «Аз он моҳие ки ҳоло гирифтед, биёред». Шимъуни Петрус рафта, тӯрро пур аз моҳиёни калон, ки саду панҷоҳу се адад буданд, ба хушкӣ кашид, ва бо вуҷуди бисёрии моҳӣ тӯр надарид. Исо ба онҳо гуфт: «Биёед, ноништа кунед». Лекин аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ пурсад: «Ту кистӣ?» Зеро медонистанд, ки Худованд аст. Ва Исо пеш омада, нонро гирифт ва ба онҳо дод, ва ҳамчунин моҳиро. Ин бори сеюм буд, ки Исо, пас аз бархестанаш аз мурдагон, ба шогирдони Худ намоён шуд. Пас аз ноништа карданашон Исо ба Шимъуни Петрус гуфт: «Эй Шимъун ибни Юнус! Оё Маро бештар аз инҳо дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Ҳа, Хоҷаам! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Барраҳои Маро чарон». Боз бори дигар ба вай гуфт: «Эй Шимъун ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Ҳа, Хоҷаам! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Гӯсфандони Маро чӯпонӣ намо». Ва бори сеюм ба вай гуфт: «Эй Шимъун ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки бори сеюм аз вай пурсид: «Оё Маро дӯст медорӣ?» ва ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Ту аз ҳама чиз бохабар ҳастӣ; Ту медонӣ ки Туро дӯст медорам». Исо ба вай гуфт: «Гӯсфандони Маро чарон. Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: ҳангоме ки ҷавон будӣ, камаратро худат мебастӣ, ва ба ҳар ҷое ки мехостӣ, мерафтӣ; лекин ҳангоме ки пир шавӣ, дастҳоятро дароз мекунӣ, ва дигаре туро баста, ба он ҷое ки намехоҳӣ, мебарад». Чунин гуфт, то ишора кунад, ки бо чӣ гуна марг вай бояд Худоро ҷалол диҳад. Ва чун инро гуфт, ба вай фармуд: «Аз пайи Ман биё». Петрус ба атроф нигоҳ карда, дид, ки он шогирде ки Исо ӯро дӯст медошт, аз паси онҳо меояд, ва ин ҳамон буд, ки ҳангоми хӯроки шом ба сандуқи синаи Ӯ такя зада, гуфта буд: «Хоҷаам! Кист он ки Туро таслим мекунад?» Чун Петрус вайро дид, ба Исо гуфт: «Хоҷаам! Пас вай чӣ мешавад?» Исо ба вай гуфт: «Агар хости Ман бошад, ки то вақти омаданам вай монад, ин ба ту чӣ дахл дорад? Аз пайи Ман биё». Бинобар ин дар миёни бародарон чунин сухан паҳн шуд, ки он шогирд намемурад. Лекин Исо ба вай нагуфт, ки вай намемурад, балки: «Агар хости Ман ин бошад, ки то вақти омаданам вай монад, ин ба ту чӣ дахл дорад?» Ва ин шогирдест, ки ба ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва инҳоро навишт; ва мо медонем, ки шаҳодати вай рост аст. Боз бисёр корҳои дигаре Исо ба ҷо овард, ки агар як ба як навишта шавад, ба гумонам, тамоми ҷаҳон ҳам он китобҳои навишташударо ғунҷоиш дода наметавонист. Омин.  Китоби якумро навиштам, эй Теофилус, дар бораи ҳар он чи Исо ба амал овард ва таълим дод аз ибтидо то ҳамон рӯзе ки ба воситаи Рӯҳулқудс ба расулони интихобшудаи Худ дастурҳо дод ва ба осмон бурда шуд; ба онҳо низ, баъд аз азобаш, бо далелҳои бисёр Худро зинда нишон дод ва дар давоми чил рӯз ба онҳо намоён шуда, дар бораи Подшоҳии Худо сухан гуфт, ва онҳоро ҷамъ карда, чунин фармуд: «Уршалимро тарк накунед, балки мунтазири он ваъдаи Падар бошед, ки аз Ман шунидаед; зеро Яҳё бо об таъмид медод, лекин шумо пас аз чанд рӯз бо Рӯҳулқудс таъмид мегиред». Пас, онҳое ки ҷамъ шуда буданд, аз Ӯ пурсида, гуфтанд: «Худовандо, оё дар ҳамин вақт подшоҳиро бар Исроил аз нав барпо мекунӣ?» Ба онҳо гуфт: «Кори шумо нест, ки замонҳо ва мӯҳлатҳоеро, ки Падар бо қудрати Худ муқаррар намудааст, донед; аммо вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо фуруд ояд, қувват меёбед ва дар Уршалим ва дар тамоми Яҳудия ва Сомара ва то канори ҷаҳон шоҳидони Ман мешавед». Ҳамин ки инро гуфт, боло бурда шуд, ва онҳо менигаристанд, ва абре Ӯро аз пеши чашмони онҳо гирифта бурд. Чун Ӯ боло мебаромад, ва онҳо ба осмон менигаристанд, ногоҳ ду марди сафедпӯш назди онҳо пайдо шуданд ва гуфтанд: «Эй мардони Ҷалил! Чаро ин ҷо истода, сӯи осмон менигаред? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо ба осмон боло бурда шуд, чунон ки Ӯро сӯи осмон равона дидед, ончунон бармегардад». Он гоҳ онҳо аз кӯҳе ки кӯҳи Зайтун ном дорад, сӯи Уршалим баргаштанд. Ин кӯҳ дар наздикии Уршалим ба масофаи роҳравии рӯзи шанбе аст. Чун расиданд, ба болохонае баромаданд, ки дар он ҷо Петрус ва Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс, Филиппус ва Тумо, Барталмо ва Матто, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъуни Ғаюр ва Яҳудо ибни Яъқуб истиқомат доштанд. Ҳамаи онҳо якдилона ба дуо ва ниёиш машғул буданд, ва ҳамроҳашон занон ва Марям модари Исо ва бародарони Ӯ низ буданд. Дар он рӯзҳо Петрус дар миёни шогирдон, ки дар ҷамъомад тақрибан саду бист нафар буданд, бархеста, гуфт: «Эй мардон, бародарон! Бояд он навишта иҷро мешуд, ки Рӯҳулқудс бо забони Довуд дар бораи Яҳудо пешгӯӣ кард, ки вай роҳнамо буд ба онҳое ки Исоро дастгир карданд. Вай аз мо шумурда шуда, насибе дар хизмат ёфт. Вай ба музди бадкирдории худ киштзоре харид ва бар он ба рӯй афтода, шикамаш кафид, ва тамоми рӯдаҳояш берун шуданд. Хабари ин ба гӯши ҳамаи сокинони Уршалим расид, ва он киштзор ба забони онҳо Ҳақал-Дамо, яъне «Киштзори хунин» номида шудааст. Зеро дар китоби Забур навишта шудааст: «Манзили вай хароб гардад Ва касе дар он сокин нашавад»; ва: «Мансаби вайро дигаре гирад». Бинобар ин аз касоне ки ҳамроҳи мо буданд дар тамоми он муддате ки Худованд Исо бо мо рафтуомад дошт, яъне аз вақти таъмиди Яҳё то рӯзе ки Ӯ аз пеши мо боло бурда шуд, яке аз онҳо бояд бо мо шоҳиди растохези Ӯ шавад». Ва ду нафарро пешниҳод карданд: Юсуфро, ки Бар-Саббо ном дошта, лақабаш Юстус буд, ва Матёсро. Ва дуо карда, гуфтанд: «Ту, эй Худованд, эй дилогоҳи ҳама, нишон деҳ якеро, ки аз ин ду интихоб кардаӣ, то ки вай насиби ин хизмати расулиро пайдо кунад, ки Яҳудо аз он маҳрум шуда, ба макони худ рафтааст». Қуръае барои онҳо партофтанд, ва қуръа ба номи Матёс баромад, ва ӯ ба ёздаҳ расул илова шуд. Вақте ки рӯзи Пантикост фаро расид, ҳамаашон якдилона дар як ҷо ҷамъ омаданд. Ногоҳ ғулғулае, монанди садои тундбод, аз осмон баромад ва тамоми хонаро пур кард. Ва забонаҳои аз ҳам ҷудое, монанди забонаҳои оташ, ба онҳо падид омада, якто-якто бар ҳар яке аз онҳо нишаст. Ҳамаашон аз Рӯҳулқудс пур шуданд, ва чун Рӯҳ ба онҳо қудрати гап задан бахшид, ба забонҳои дигар-дигар ба сухан гуфтан сар карданд. Дар Уршалим яҳудиён, мардони худотарсе ки аз ҳар халқи зери осмон буданд, сокин буданд. Ҳангоме ки он ғулғула бархест, мардуми бисёре ҷамъ омада, ҳайрон шуданд, зеро ҳар кас ба забони худ сухани онҳоро мешунид. Ва ҳама дар ҳайрату тааҷҷуб шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Оё ҳамаи инҳо, ки гап мезананд, ҷалилӣ нестанд? Пас чӣ гуна ҳар яке аз мо суханони онҳоро ба забони зодгоҳи худ мешунавем? Мо, ки портиҳо ва модиҳо ва эломиҳо, ва сокинони Байнаннаҳрайн, Яҳудия ва Каппадукия, Понтус ва вилояти Осиё, Фриҷия ва Памфилия, Миср ва ноҳияҳои Либия дар наздикии Қайровон ва зиёратгарони румӣ, ҳам яҳудиён ва ҳам онҳое ки чанде пеш дини яҳудиро қабул кардаанд, ва аҳли Крит ва Арабистон ҳастем, суханони инҳоро аз бузургии Худо ба забонҳои худ мешунавем». Ҳама дар ҳайрату тааҷҷуб шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ маъно дорад?» Вале баъзе касон масхаракунон мегуфтанд: «Инҳо май хӯрда, маст шудаанд». Он гоҳ Петрус бо он ёздаҳ нафар бархеста ва овози худро баланд карда, ба онҳо гуфт: «Эй мардони Яҳудия ва ҳамаи сокинони Уршалим! Инро донед, ва суханони маро гӯш кунед: Инҳо маст нестанд, чунон ки шумо гумон мекунед, зеро ҳоло соат сеи рӯз аст, балки ин ҳамон чиз аст, ки Юили пайғамбар гуфтааст: “Ва дар рӯзҳои охирин, мегӯяд Худо, чунин мешавад: Рӯҳи Худро бар тамоми башарият мерезам, Ва писарону духтарони шумо пайғамбарӣ мекунанд, Ва ҷавонони шумо рӯъёҳо мебинанд Ва пирони шумо хобҳо; Ва ҳатто бар ғуломону канизони Худ Дар он рӯзҳо Рӯҳи Худро мерезам, Ва онҳо пайғамбарӣ мекунанд; Ва аз боло дар осмон муъҷизаҳо Ва аз поён дар замин аломатҳо медиҳам: Хун ва оташ ва бухори дуд; Пеш аз он ки рӯзи азиму пуршукӯҳи Худованд фаро расад, Офтоб ба торикӣ ва моҳ ба хун табдил меёбад; Ва он гоҳ ҳар кӣ номи Худовандро хонад, наҷот меёбад”. Эй мардони Исроил! Ба ин суханон гӯш диҳед: Исои Носирӣ марде буд, ки назди шумо аз ҷониби Худо бо қувваҳо ва муъҷизаҳо ва аломатҳое ки Худо дар миёни шумо ба воситаи Ӯ ба ҷо овард, исбот шуд, чунон ки худатон низ медонед; Ӯро, ки аз рӯи нақшаи муайян ва пешдонии Худо таслим карда шуд, гирифта, бо дасти бадкирдорон бар салиб мехкӯб карда, куштед; вале Худо Ӯро аз дардҳои марг раҳонда, бархезонд, зеро ғайриимкон буд, ки марг Ӯро нигоҳ дорад. Зеро Довуд дар бораи Ӯ мегӯяд: “Худовандро ҳамеша пеши рӯи худ медидам, Чунки Ӯ аз дасти рости ман аст, то фурӯ нағалтам. Ба ин сабаб дилам шод аст, ва забонам хурсанд; Ва ҷисмам низ дар умед сокин мешавад. Зеро ҷони маро дар дунёи мурдагон намемонӣ, Ва намегузорӣ, ки Қуддуси Ту нобудшавиро бинад. Роҳи зиндагиро ба ман омӯхтаӣ Ва пеши рӯи Худ маро аз шодӣ пур мекунӣ”. Эй мардон, бародарон! Иҷозат диҳед, ки ҷуръат намуда, ба шумо дар бораи падари мо Довуд гӯям, ки ӯ вафот ёфта, гӯронда шудааст, ва қабраш то имрӯз дар миёни мост. Азбаски ӯ пайғамбар буд ва медонист, ки Худо барои ӯ савганд ёд кардааст, ки Масеҳро ҷисман аз камари ӯ рӯёнда, бар тахти ӯ мешинонад, бинобар ин дар бораи растохези Масеҳ пешбинӣ карда, гуфт, ки ҷони Ӯ дар дунёи мурдагон намонд ва ҷисми Ӯ нобудшавиро надид». Ҳамин Исоро Худо бархезонд, ва ҳамаи мо шоҳидони он ҳастем. Акнун, ки Ӯ ба дасти рости Худо боло бурда шудааст, ваъдаи Рӯҳулқудсро аз Падар ёфта, он чиро, ки шумо дида ва шунида истодаед, фурӯ рехтааст. Зеро Довуд ба осмон боло нарафт, балки худаш мегӯяд: “Худованд ба Худованди ман гуфт: Аз дасти рости Ман шин, То даме ки душманонатро пойандози Ту созам”. Пас, тамоми хонадони Исроил ба дурустӣ донад, ки Худо ҳамин Исоро, ки шумо ба салиб кашидед, Худованд ва Масеҳ гардондааст». Ҷамоати аввалин Чун шуниданд, дилреш шуда, ба Петрус ва расулони дигар гуфтанд: «Эй мардон, бародарон, чӣ кунем?» Петрус ба онҳо гуфт: «Тавба кунед, ва ҳар яке аз шумо ба номи Исои Масеҳ барои бахшоиши гуноҳҳоятон таъмид гиред, ва атои Рӯҳулқудсро меёбед; зеро ин ваъда барои шумо ва фарзандони шумо ва барои ҳамаи онҳоест, ки дур ҳастанд, яъне барои ҳар касе ки Худованд Худои мо ӯро даъват кунад». Ӯ бо бисёр суханони дигар ба онҳо шаҳодат медод ва панд дода, мегуфт: «Худро аз ин насли каҷрав раҳо кунед!» Пас онҳое ки каломи ӯро бо хушнудӣ қабул карданд, таъмид гирифтанд, ва дар ҳамон рӯз тақрибан се ҳазор нафар ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Онҳо ҳамеша бо шунидани таълими расулон, бо ҳамнишинӣ, бо пора кардани нон ва бо дуо машғул буданд. Ҳама саросар тарсида буданд, ва бисёр муъҷизаҳо ва аломатҳо аз дасти расулон рӯй доданд. Ҳамаи имондорон бо ҳам буданд ва дар ҳама чиз шарик буданд: молу мулки худро мефурӯхтанд ва ба ҳама мувофиқи эҳтиёҷи ҳар кас тақсим мекарданд; ҳар рӯз якдилона дар ибодатгоҳ ҷамъ мешуданд ва дар хонаҳои худ нон пора карда, бо хушӣ ва дилсофӣ бо ҳам хӯрок мехӯрданд, Худоро ситоиш мекарданд ва дар миёни тамоми мардум эътибор пайдо менамуданд, ва Худованд ҳар рӯз касонеро, ки наҷот меёфтанд, ба ҷамоат меафзуд. Рӯзе дар соати нӯҳи вақти дуо Петрус ва Юҳанно ба ибодатгоҳ мерафтанд. Марди ланги модарзоде буд, ки ҳар рӯз ӯро бардошта оварда, назди он дарвозаи ибодатгоҳ, ки Зебо ном дошт, мегузоштанд, то аз касоне ки ба ибодатгоҳ меомаданд, садақа пурсад. Вақте ки ӯ Петрус ва Юҳанноро назди даромадгоҳи ибодатгоҳ дид, аз онҳо садақа пурсид. Петрус, ки бо Юҳанно буд, ба ӯ нигариста, гуфт: «Ба мо нигоҳ кун». Ӯ ба онҳо назар дӯхт, ба умеди он ки аз онҳо чизе гирад. Аммо Петрус гуфт: «Ман нуқра ва тилло надорам; лекин он чи дорам, ба ту медиҳам: ба номи Исои Масеҳи Носирӣ бархезу роҳ рав». Аз дасти росташ гирифта, ӯро ба по хезонд; ногоҳ пойҳо ва буҷулакҳои ӯ қувват гирифтанд, ва аз ҷои худ ҷаста хеста, ба роҳравӣ даромад ва роҳравону ҷастухезкунон ва Худоро ситоишкунон ҳамроҳи онҳо вориди ибодатгоҳ шуд. Тамоми мардум ӯро диданд, ки роҳ мерафт ва Худоро ситоиш мекард, ва ӯро шинохтанд, ки ҳамон касест, ки назди дарвозаи Зебои ибодатгоҳ нишаста, садақа мехост, ва аз он чи ба ӯ рӯй дода буд, ғарқи тааҷҷуб ва ҳайрат шуданд. Азбаски ланги шифоёфта ба Петрус ва Юҳанно часпида буд, тамоми мардум дар айвоне ки айвони Сулаймон ном дорад, бо ҳайрат сӯи онҳо шитофтанд. Петрус, чун дид, ба он мардум рӯ оварда, гуфт: «Эй мардони Исроил! Чаро аз дидани ин ҳайрон шудаед ва чаро ба мо чашм дӯхтаед, гӯё мо бо қувват ё худотарсии худ сабаби роҳ рафтани ин шахс шуда бошем? Худои Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб, Худои падарони мо, Бандаи Худ Исоро ҷалол дод. Шумо Ӯро таслим кардед ва дар пеши Пилотус, ки мехост Ӯро озод кунад, Ӯро рад намудед; лекин шумо он Қуддус ва Росткорро рад намуда, хоҳиш кардед, ки як марди одамкуш ба шумо дода шавад, вале Сарвари ҳаётро куштед, вале Худо Ӯро аз мурдагон бархезонд, ва мо шоҳидони он ҳастем. Ба хотири имон ба номи Ӯ, ин шахсро, ки мебинед ва мешиносед, номи Ӯ қувват додааст, бале, имоне ки дар мо аз Ӯст, пеши ҳамаи шумо ба вай ин шифоро бахшидааст. Лекин, эй бародарон, медонам, ки шумо, монанди сардорони худ, ин корро аз рӯи нодонӣ кардаед; аммо Худо он чиро, ки бо забони тамоми пайғамбаронаш пешакӣ гуфта буд, ки Масеҳ бояд азоб кашад, ҳамин гуна ба ҷо овард. Пас, тавба кунед ва /ба Худо/ рӯ оваред, то гуноҳҳои шумо нобуд гарданд ва айёми истироҳат аз ҷониби Худованд фаро расад ва Ӯ Исои Масеҳро, ки бароятон аз пеш таъйин шуда буд, фиристад, ки бояд осмон Ӯро қабул мекард то айёми нав кардани ҳама чиз мувофиқи он чи Худо бо забони ҳамаи пайғамбарони муқаддаси Худ аз қадим гуфтааст. Зеро Мусо ба падарон гуфта буд: “Худованд Худои мо Пайғамбаре монанди ман барои шумо аз миёни бародарони шумо ба миён меоварад; бояд ба он чи Ӯ ба шумо мегӯяд, гӯш диҳед, ва ҳар кӣ ба суханони он Пайғамбар гӯш надиҳад, бояд аз байни қавм решакан шавад”. Ҳамчунин тамоми пайғамбарон, аз Самуил то онҳое ки пас аз ӯ пайғамбарӣ кардаанд, ҳамаашон ин рӯзҳоро пешгӯӣ кардаанд. Шумо ворисони он пайғамбарон ва он аҳде ҳастед, ки Худо бо падарони мо баст, чунон ки Ӯ ба Иброҳим гуфтааст: «Ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат меёбанд». Худо Бандаи Худ Исоро бархезонда, аввал назди шумо фиристод, то ки Ӯ ҳар якеро аз роҳҳои бади шумо баргардонда, шуморо баракат диҳад». Ҳангоме ки онҳо ба мардум сухан мегуфтанд, коҳинон ва сардори посбонони ибодатгоҳ ва саддуқиён бар сари онҳо омаданд, зеро хеле нороҳат шуданд аз ин ки онҳо мардумро таълим медоданд ва дар шахси Исо растохези мурдагонро мавъиза мекарданд. Ва ба онҳо дастдарозӣ карда, то фардо ба ҳабс гирифтанд, зеро аллакай бегоҳ буд. Аммо бисёре аз шунавандагони калом имон оварданд, ва шумораи онҳо тақрибан панҷ ҳазор мард буд. Фардои он, сардорон ва пирон ва китобдонони онҳо дар Уршалим ҷамъомаде барпо карданд, ва Ҳонони саркоҳин ва Қаёфо ва Юҳанно ва Искандар ва тамоми хонаводаи саркоҳин ҳозир буданд, ва онҳоро дар миёнаҷо ба по хезонда, пурсиданд: «Ба кадом қувват ё ба кадом ном ин корро кардаед?» Петрус аз Рӯҳулқудс пур шуда, ба онҳо гуфт: «Эй сардорони қавм ва пирони Исроил! Агар имрӯз барои некие ки ба марди нотавоне кардаем, моро тафтиш менамоед, ки вай чӣ гуна шифо ёфтааст, пас ба ҳамаи шумо ва ба тамоми қавми Исроил маълум бод, ки ин одам ба номи Исои Масеҳи Носирӣ пеши шумо тандуруст истодааст, ба номи Ҳамон ки шумо ба салиб кашидед ва Худо Ӯро аз мурдагон бархезонд. Ӯ ҳамон сангест, ки шумо, бинокорон, онро рад кардед, вале он сари гӯшаи бино гардид. Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва ҳеҷ номи дигаре ба одамон дода нашудааст, то ба воситаи он наҷот ёбем». Вақте ки далерии Петрус ва Юҳанноро диданд ва пай бурданд, ки одамони нахонда ва одӣ ҳастанд, ҳайрон шуданд ва онҳоро шинохтанд, ки аз ҳамроҳони Исо буданд. Чун шахси шифоёфтаро диданд, ки назди онҳо истода буд, чизе ба муқобили онҳо гуфта натавонистанд. Ба онҳо фармуданд, ки аз шӯро берун раванд; пас аз он бо якдигар машварат карданд, ва гуфтанд: «Бо ин одамон чӣ кунем? Инак, ба ҳамаи сокинони Уршалим маълум шудааст, ки онҳо муъҷизаи ошкоре ба амал овардаанд, ва мо онро наметавонем инкор кунем; аммо барои он ки беш аз ин дар миёни мардум овоза нашавад, бояд онҳоро сахт таҳдид кунем, ки дигар ба ҳеҷ кас дар бораи ин ном гап назананд». Онҳоро даъват намуда, фармон доданд, ки ҳаргиз номи Исоро ба забон наоваранд ва таълим надиҳанд. Вале Петрус ва Юҳанно дар ҷавоби онҳо гуфтанд: «Худ ҳукм кунед, оё пеши Худо дуруст аст, ки шуморо бештар аз Худо гӯш кунем?» Мо наметавонем аз гуфтани он чи дидаем ва шунидаем, даст кашем». Онҳоро боз ҳам зиёдтар таҳдид намуда, раҳо карданд, чунки ба сабаби мардум имконият наёфтанд ба онҳо ҷазо диҳанд, зеро ҳама Худоро барои он чи шуда буд, ҳамду сано мегуфтанд. Шахсе ки ин муъҷизаи шифо бо вай рӯй дод, бештар аз чилсола буд. Пас аз раҳо шуданашон назди ёрони худ омаданд ва он чиро, ки сардорони коҳинон ва пирон гуфта буданд, ба онҳо нақл карданд. Чун инро шуниданд, овози худро якдилона сӯи Худо баланд карда, гуфтанд: «Эй Фармонраво, Ту он Худо ҳастӣ, ки осмон ва замин ва баҳр ва ҳар он чи дар онҳост, офаридаӣ! Ту бо забони бандаи Худ Довуд гуфтаӣ: “Чаро халқҳо ба шӯр меоянд Ва қавмҳо беҳуда қасд мекунанд? Подшоҳони замин бармехезанд, Ва мирон ҷамъ мешаванд Бар зидди Худованд Ва бар зидди Масеҳи Ӯ”. Ба ростӣ, бар зидди Бандаи муқаддаси Ту Исо, ки Ӯро масҳ кардаӣ, Ҳиродус ва Понтиюс Пилотус бо ғайрияҳудиён ва қавми Исроил ҷамъ шуданд, то он чиро, ки дасти Ту ва нақшаи Ту пешакӣ муқаррар карда буд, ба ҷо оваранд. Ва акнун, эй Худованд, ба таҳдидҳои онҳо назар андоз ва ба бандагони Худ ато кун, то бо далерии комил сухани Туро баён кунанд, дар ҳоле ки Ту дасти Худро дароз кунӣ, то шифо ва аломатҳову муъҷизаҳо ба номи Бандаи муқаддаси Ту Исо рӯй диҳанд». Чун дуояшон ба охир расид, маконе ки дар он ҷамъ шуда буданд, ба ҷунбиш омад, ва ҳама аз Рӯҳулқудс пур шуданд ва каломи Худоро далерона мегуфтанд. Ҳамаи имондорон як дилу як ҷон буданд, ва ҳеҷ касе молу мулки худро аз они худ намедонист, балки ҳама чизи онҳо умумӣ буд. Расулон бо қувваи бузурге ба растохези Худованд Исо шаҳодат медоданд, ва файзи бузурге бар ҳамаи онҳо буд. Ҳеҷ мӯҳтоҷе дар байнашон набуд, зеро ҳар касе ки замин ё хонае дошт, онро мефурӯхт ва пулашро оварда, пеши пои расулон мегузошт, ва ба ҳар кас аз рӯи эҳтиёҷаш дода мешуд. Юсӣ, ки расулон ба ӯ лақаби Барнаббо, яъне «писари тасаллӣ»-ро дода буданд, ва ӯ аз қабилаи Левӣ, аз аҳли Қиприс буд, замине дошт, ва онро фурӯхта ва пулашро оварда, пеши пои расулон гузошт. Аммо Ҳанониё ном шахсе, бо ҳамсараш Сафира, мулки худро фурӯхт ва як қисми пули онро, бо огоҳии ҳамсараш, гирифта нигоҳ дошт ва боқии онро оварда, пеши пои расулон гузошт. Петрус гуфт: «Эй Ҳанониё! Чаро ин гуна ба дилат шайтон роҳ ёфтааст, то туро водор намояд, ки ба Рӯҳулқудс дурӯғ гӯӣ ва як қисми пули заминро пинҳон кунӣ? Оё он чи доштӣ, аз они ту набуд? Оё он чи пас аз фурӯхтан пайдо кардӣ, дар ихтиёри ту набуд? Чаро чунин фикрро дар дили худ ҷо додӣ? Ту на ба одамизод, балки ба Худо дурӯғ гуфтӣ». Ҳамин ки Ҳанониё ин суханонро шунид, ба замин афтод ва ҷон дод; ва ҳамаи онҳоеро, ки инро шуниданд, тарси бузурге фаро гирифт. Ҷавонон бархеста, ӯро дар кафан печонданд ва берун бурда, ба хок супурданд. Тахминан пас аз гузаштани се соат ҳамсараш омад, ки аз ин рӯйдод бехабар буд. Петрус аз вай пурсид: «Ба ман гӯй, ки оё заминро ба ҳамин маблағ фурӯхтед?» Зан гуфт: «Оре, ба ҳамин маблағ». Петрус ба вай гуфт: «Чаро ҳар ду забон як кардед, ки Рӯҳи Худовандро озмоед? Инак, пойҳои онҳое ки шавҳаратро гӯронданд, бар остонаи дар ҳастанд; туро низ мебаранд». Ҳамон дам вай пеши пои ӯ афтода, ҷон дод; ва чун ҷавонон даромаданд, вайро мурда ёфтанд ва берун бурда, дар паҳлуи шавҳараш ба хок супурданд. Тамоми ҷамоат ва ҳамаи онҳоеро, ки инро шуниданд, тарси бузурге фаро гирифт. Аломатҳо ва муъҷизаҳои бисёре бо дасти расулон дар миёни қавм ба амал меомаданд; ва ҳама якдилона дар айвони Сулаймон ҷамъ мешуданд. Ҳеҷ каси бегона ҷуръат намекард бо онҳо ҳамнишин шавад, ҳарчанд мардум онҳоро ситоиш мекарданд. Мардону занони бисёре ба Худованд имон оварда, торафт бештар ба онҳо ҳамроҳ мешуданд; кор ба ҷое расид, ки беморонро ба кӯчаҳо бароварда, болои бистарҳо ва катҳо мегузоштанд, то ки ҳангоми гузашта рафтани Петрус ҳеҷ набошад сояи ӯ бар баъзеи онҳо афтад. Ҳамчунин бисёр касон аз шаҳрҳои атроф дар Уршалим ҷамъ шуда, беморон ва гирифторони рӯҳҳои нопокро меоварданд, ва ҳамаи онҳо шифо меёфтанд. Аммо саркоҳин ва бо вай ҳамаи онҳое ки аз ҳизби саддуқиён буданд, аз ҳасад пур шуда, бархестанд ва ба расулон дастдарозӣ карда, онҳоро дар зиндони умумӣ андохтанд. Вале ҳамон шаб фариштаи Худованд дарҳои зиндонро кушода ва онҳоро берун оварда, гуфт: «Равед ва дар ибодатгоҳ истода, ҳамаи суханони ин ҳаётро ба қавм гӯед». Чун инро шуниданд, бомдодон ба ибодатгоҳ омаданд ва ба таълим додан сар карданд. Дар ин миён саркоҳин ва онҳое ки бо вай буданд, шӯро ва ҳамаи пирони банӣ-Исроилро даъват карданд ва ба зиндон кас фиристоданд, то онҳоро биёранд. Аммо нигаҳбонон рафта, онҳоро дар зиндон наёфтанд ва баргашта, хабар доданд ва гуфтанд: «Зиндонро бо эҳтиёти тамом баста дидем, ва посбонон пеши дар истода буданд, вале вақте ки дарро кушодем, ҳеҷ касро дар он наёфтем». Чун саркоҳин ва фармондеҳи ибодатгоҳ ва сардорони коҳинон ин суханонро шуниданд, ҳайрон шуданд, ки ин чӣ оқибате дошта бошад. Дар ҳамин вақт касе омад ва ба онҳо хабар дод: «Инак, он шахсоне ки дар зиндон андохта будед, дар ибодатгоҳ истода, мардумро таълим медиҳанд». Он гоҳ фармондеҳ бо нигаҳбононаш рафта, онҳоро овард, лекин на бо зӯрӣ, зеро аз қавм тарсиданд, ки мабодо онҳоро сангсор кунанд. Чун онҳоро оварда, назди шӯро ба по хезонданд, саркоҳин ба онҳо савол дода, гуфт: «Оё шуморо бо ҷиддият нафармудаем, ки ба ин ном таълим надиҳед? Ва инак, шумо Уршалимро бо таълимоти худ пур кардаед ва мехоҳед хуни он Одамро ба гардани мо бор кунед». Петрус ва расулон дар ҷавоб гуфтанд: «Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод; Худои падарони мо Исоро, ки шумо ба дор овехта, кушта будед, бархезонд. Худо Ӯро ба тарафи рости Худ боло бардошта, Сарвар ва Наҷотдиҳанда гардонд, то ба Исроил тавба ва бахшоиши гуноҳҳоро диҳад. Мо шоҳидони Ӯ бар ин корҳо ҳастем ва ҳамчунин Рӯҳулқудс аст, ки онро Худо ба фармонбардорони Худ додааст». Чун шуниданд, хашмгин шуданд ва қасд карданд онҳоро кушанд. Аммо Ҷамлиил ном фарисӣ, ки муаллими шариат ва пеши тамоми қавм муҳтарам буд, дар шӯро бархеста, фармуд, ки расулонро ба муддати кӯтоҳе берун баранд; ва ба ҳозирон гуфт: «Эй мардони Исроил! Аз он чи бо ин одамон кардан мехоҳед, эҳтиёт бошед. Зеро пеш аз ин рӯзҳо Тавдо бархеста, худро чун шахси бузурге вонамуд кард, ва тақрибан чорсад нафар бо вай ҳамроҳ шуданд; вай кушта шуд, ва ҳамаи пайравонаш пароканда ва нест шуданд. Пас аз вай Яҳудои Ҷалилӣ дар айёми номнависӣ бархест ва мардуми бисёреро аз пайи худ кашид; вай низ кушта шуд, ва ҳамаи пайравонаш пароканда шуданд. Ва акнун ба шумо мегӯям, ки аз ин одамон даст кашед ва онҳоро ба ҳоли худ гузоред, зеро агар ин нақша ва кор аз одамизод бошад, худ аз худ барҳам мехӯрад, вале агар аз Худо бошад, шумо онро наметавонед барҳам диҳед, мабодо маълум шавад, ки бо Худо ситеза мекунед». Ба гапи вай даромаданд ва расулонро ҷеғ зада оварда, заданд ва фармуданд, ки ба номи Исо сухан нагӯянд, ва онҳоро озод намуданд. Онҳо шодикунон аз шӯро баромаданд, чунки ба хотири номи Исо сазовори беҳурматӣ гардида буданд. Ва ҳеҷ рӯзе дар ибодатгоҳ ва хонаҳо аз таълим ва башорат додан дар бораи Исои Масеҳ даст накашиданд. Дар он рӯзҳо, ки шогирдон зиёд мешуданд, яҳудиёни юнонизабон аз яҳудиёни ибронизабон шикоят карданд, ки бевазанони онҳо дар тақсими ризқи ҳаррӯза бе баҳра мемонанд. Он дувоздаҳ нафар ҷамъи шогирдонро даъват намуда, гуфтанд: «Шоиста нест, ки мо каломи Худоро тарк карда, бо хизмати мизбонӣ машғул шавем. Пас, эй бародарон, ҳафт марди некном ва пур аз Рӯҳулқудс ва ҳикматро аз миёни худ интихоб намоед, то онҳоро ба ин кор таъйин кунем; ва мо ҳамеша бо дуо ва бо хизмати каломи Худо машғул мешавем». Ин сухан ба тамоми ҷамъомад писанд омад, ва Истефанусро, ки шахси пур аз имону Рӯҳулқудс буд, ва Филиппус ва Прӯхурус ва Никонӯр ва Тимӯн ва Парминос ва Никӯлоусро, ки яҳудишудае аз Антокия буд, интихоб карданд. Инҳоро дар назди расулон ба по хезонданд, ва даст бар сарашон монда, дуо карданд. Каломи Худо паҳн мешуд, шумораи шогирдон дар Уршалим хеле меафзуд, ва бисёре аз коҳинон низ фармонбардори имон мешуданд. Истефанус, ки пур аз имон ва қувват буд, дар миёни қавм аломатҳову муъҷизаҳои бузурге ба амал меовард. Баъзе касон аз куништи ба ном либартиниён, қайравониён ва искандариён ва аз аҳли Киликия ва Осиё бархеста, бо Истефанус баҳс карданд. Лекин бар зидди он ҳикмат ва Рӯҳе ки ӯ сухан мегуфт, истодагарӣ карда наметавонистанд. Бинобар ин чанд касро водор карданд, ки гӯянд: «Мо шунидем, ки ӯ дар бораи Мусо ва Худо суханони куфромез мегуфт». Дар миёни қавм ва пирон ва китобдонон шӯр ангехта, ба ӯ ҳуҷум оварданд ва ӯро дастгир карда, ба шӯро бурданд. Шоҳидони дурӯғинро пеш оварданд, ва онҳо гуфтанд: «Ин шахс зидди макони муқаддас ва зидди Таврот суханони куфромез гуфтанро бас намекунад; зеро шунидем, ки ӯ мегуфт: “Исои Носирӣ ин маконро хароб мекунад ва урфу одатҳоеро, ки Мусо ба мо супурдааст, дигаргун менамояд”». Ҳамаи касоне ки дар шӯро нишаста буданд, бар ӯ нигариста, диданд, ки чеҳраи ӯ монанди чеҳраи фаришта буд. Он гоҳ саркоҳин пурсид: «Оё инҳо рост мегӯянд?» Гуфт: «Эй мардон, бародарон ва падарон, гӯш кунед! Худои ҷалол ба падари мо Иброҳим, вақте ки ӯ дар Байнаннаҳрайн буд, пеш аз он ки дар Ҳорон сокин шавад, зоҳир шуд ва ба ӯ гуфт: «Аз замини худ ва хешу табори худ берун шав ва сӯи замине ки ба ту нишон медиҳам, рав». Аз замини калдониён берун омада, дар Ҳорон сокин шуд; пас аз вафоти падараш, Худо ӯро аз он ҷо ба замине ки шумо дар он сокин ҳастед, кӯчонд. Ва аз он ба андозаи як кафи пой ҳам мерос набахшид, вале дар ҳамон вақте ки ӯ ҳанӯз фарзанде надошт, ваъда кард, ки ӯро ва пас аз ӯ наслашро соҳиби он гардонад. Ва Худо ба ӯ гуфт, ки насли ӯ дар замини бегона монанди ғариб зиндагӣ мекунад, ва муддати чорсад сол онҳоро дар ғуломӣ нигоҳ дошта, азоб медиҳанд. “Аммо Ман, — гуфт Худо, — бар он халқе ки онҳоро дар ғуломӣ нигоҳ дорад, доварӣ мекунам, ва пас аз он онҳо берун омада, дар ин макон Маро ибодат мекунанд”. Ва аҳди хатнаро ба ӯ дод. Пас аз ин Иброҳим Исҳоқро ба дунё оварда, дар рӯзи ҳаштум ӯро хатна кард; ва Исҳоқ Яъқубро ва Яъқуб дувоздаҳ нахустпадарро ба дунё овард. Нахустпадарон ба Юсуф ҳасад бурда, ӯро ба Миср фурӯхтанд. Лекин Худо бо ӯ буд ва ӯро аз ҳамаи бадбахтиҳояш халосӣ дод, ва пеши фиръавн подшоҳи Миср ба ӯ файз ва ҳикмат дод, то ӯро бар Миср ва бар тамоми хонаи худ фармонфармо таъйин кард. Дар тамоми замини Миср ва Канъон гуруснагӣ, мусибати бузурге рӯй дод, ва падарони мо хӯрдание наёфтанд. Чун Яъқуб шунид, ки дар Миср ғалла ёфт мешавад, бори аввал падарони моро ба он ҷо фиристод. Дар сафари дуюм Юсуф худро ба бародаронаш шиносонд, ва аслу насаби Юсуф ба фиръавн маълум шуд. Юсуф кас фиристода, падари худ Яъқуб ва тамоми хешу таборашро, ки ҳафтоду панҷ нафар буданд, даъват намуд. Яъқуб ба Миср омад, ва худаш ва падарони мо вафот ёфтанд; онҳоро ба Шакем бурда, дар қабре ки Иброҳим аз банӣ-Ҳамӯри падари Шакем ба нуқраи худ харида буд, гузоштанд. Баробари наздик омадани вақти ваъдае ки Худо дар бораи он ба Иброҳим савганд ёд карда буд, қавм дар Миср нашъунамо мекард ва зиёд мешуд, то даме ки подшоҳи дигаре ба тахт нишаст, ки Юсуфро намешинохт. Ӯ бар зидди нажоди мо найрангбозӣ карда, падарони моро ба танг овард ва фармуд, ки кӯдакони навзоди худро бароварда партоянд, то ки зинда намонанд. Дар он вақт Мусо таваллуд шуд, ки дар назди Худо зебо буд, ва муддати се моҳ дар хонаи падари худ парвариш ёфт. Ҳангоме ки ӯро бароварда партофтанд, духтари фиръавн ӯро гирифта, ҳамчун фарзанди худ калон кард. Мусо тамоми ҳикмати Мисрро таълим гирифта, дар сухан ва амал тавоно шуд. Вақте ки ӯ чилсола шуд, ба дилаш омад, ки ба дидани бародарони худ, банӣ-Исроил равад. Чун якеро ситамкашида дид, ӯро ҳимоят кард ва ба доди он зулмдида расида, мисриро кушт. Ӯ гумон мекард, ки бародаронаш мефаҳманд, ки Худо ба воситаи ӯ онҳоро наҷот медиҳад, аммо онҳо нафаҳмиданд. Рӯзи дигар, чун назди онҳо омад, хархаша мекарданд, ва ӯ онҳоро оштӣ доданӣ шуда, гуфт: «Эй мардон, шумо бародар ҳастед, чаро ба якдигар ситам мекунед?» Вале он касе ки ба ёри худ ситам мекард, ӯро тела дода, гуфт: «Кӣ туро бар мо сардор ва довар таъйин кардааст? Оё маро куштан мехоҳӣ, чунон ки дирӯз он мисриро куштӣ?» Мусо, ҳамин ки ин суханонро шунид, гурехта рафт ва дар замини Мидён ғариб шуд, ва дар он ҷо аз ӯ ду писар таваллуд шуданд. Чун чил сол гузашт, дар биёбони атрофи кӯҳи Сино фариштаи Худованд дар алангаи оташи бутта ба ӯ намудор шуд. Чун Мусо дид, аз дидааш ҳайрон шуд, ва ҳангоме ки наздик меомад, то ки нигарад, овози Худованд ба ӯ расид: “Ман Худои падаронат ҳастам, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб”. Мусо ба ларза даромада, ҷуръат накард, ки нигоҳ кунад. Худованд ба ӯ гуфт: “Кафшҳоятро аз пойҳоят каш, зеро ҷое ки дар он истодаӣ, замини муқаддас аст. Ситамеро, ки қавми Ман дар Миср мекашад, дидаам ва нолаи онҳоро шунидаам ва барои халос кардани онҳо фуромадаам. Акнун биё, то ки туро ба Миср фиристам”. Ҳамон Мусоро, ки рад карда, гуфта буданд: “Кӣ туро сардор ва довар таъйин кардааст?”, Худо ба воситаи фариштае ки дар бутта ба ӯ намудор шуд, сардор ва раҳокунанда таъйин намуда, фиристод. Ӯ онҳоро берун оварда, дар давоми чил сол дар замини Миср ва дар баҳри Сурх ва дар биёбон муъҷизаҳову аломатҳо ба амал овард. Ин ҳамон Мусост, ки ба банӣ-Исроил гуфт: “Худованд Худои мо Пайғамбаре монанди ман барои шумо аз байни бародарони шумо ба миён меоварад”. Ин ҳамон аст, ки дар ҷамоат дар биёбон буд, бо фариштае ки дар кӯҳи Сино ба ӯ сухан гуфт, ва бо падарони мо; ва калимаҳои зиндаро қабул кард, то ба мо расонад; вале падарони мо нахостанд ба ӯ итоат намоянд, балки ӯро рад карданд, ва дилҳои онҳо сӯи Миср моил шуданд ва ба Ҳорун гуфтанд: “Барои мо худоёне соз, ки пешопеши мо равона бошанд, зеро намедонем, бар сари ин Мусо, ки моро аз замини Миср берун овард, чӣ омадааст”. Дар он рӯзҳо гӯсолае сохтанд ва ба он бут қурбонӣ карданд ва аз корҳои дастҳои худ хеле шод гаштанд. Аммо Худо аз онҳо рӯй гардонда, вогузошт, ки лашкари осмонро ибодат намоянд, чунон ки дар китоби пайғамбарон навишта шудааст: «Эй хонадони Исроил! Оё дар давоми чил сол дар биёбон Барои Ман қурбониҳо ва ҳадияҳо тақдим кардед? Хаймаи Маликро бардошта мегаштед, Ва ситораи худои худ Рифонро; Ин бутҳоро барои парастиш сохта будед; Пас, шуморо ба он тарафи Бобил мекӯчонам». Падарони мо дар биёбон хаймаи шаҳодат доштанд, чунон ки Худо ба Мусо фармуда гуфта буд, ки онро мувофиқи намунае ки дидааст, созад. Онро падарони мо гирифта, ҳамроҳи Юшаъ ба мулки халқҳо оварданд, вақте ки Худо онҳоро аз пеши рӯи падарони мо бадар ронд, ва хайма то айёми Довуд дар он ҷо монд, ки ӯ пеши Худо илтифот ёфт ва дархост намуд, ки маскане барои Худои Яъқуб омода кунад. Вале Сулаймон барои Ӯ хонае сохт. Аммо Ҳаққи Таоло дар ибодатхонаҳои дастисохт сокин нест, чунон ки пайғамбар гуфтааст: “Осмон, — мегӯяд Худованд, — курсии Ман аст, Ва замин пойандози Ман; Чӣ гуна хонае барои Ман месозед, Чӣ гуна ҷойе барои оромиши Ман? Магар ҳамаи ин чизҳоро дасти Ман наофаридааст?” Эй гарданкашон! Эй соҳибони дилҳо ва гӯшҳои бехатна! Шумо ҳамеша ба Рӯҳулқудс муқобилат мекунед, шумо низ монанди падарони худ ҳастед. Кист аз пайғамбарон, ки падарони шумо ӯро таъқиб накарда бошанд? Онҳо касонеро, ки аз омадани он Росткор пешакӣ хабар дода буданд, куштанд, ва акнун шумо таслимкунанда ва кушандаи Худи Ӯ шудаед; шумо Тавротро ба воситаи фариштаҳо қабул кардед, вале онро риоя накардед». Инро шунида, хашмгин шуданд, ва дандонҳои худро ба ҳам месоиданд. Аммо ӯ, ки пур аз Рӯҳулқудс буд, сӯи осмон нигариста, ҷалоли Худо ва Исоро, ки ба дасти рости Худо истода буд, дид ва гуфт: «Инак, осмонро кушода ва Писари Одамро ба дасти рости Худо истода мебинам». Вале онҳо бо овози баланд фарёд зада ва гӯшҳои худро маҳкам карда, якдилона ба ӯ ҳамла оварданд, ва аз шаҳр берун бароварда, сангсор карданд; ва шоҳидон ҷомаҳои худро назди пойҳои ҷавоне ки Шоул ном дошт, гузоштанд. Ва Истефанусро сангсор мекарданд, ӯ бошад дуо мекарду мегуфт: «Эй Худованд Исо! Рӯҳи маро қабул кун». Сипас зону зада, бо овози баланд нидо кард: «Худовандо! Ин гуноҳро ба ҳисоби онҳо дохил накун». Инро гуфту ба хоби /марг/ рафт. Шоул низ ба куштани ӯ розӣ буд. Мардони худотарс Истефанусро ба хок супурда, барои ӯ мотами бузурге гирифтанд. Аммо Шоул ҷамоатро азоб медод ва хона ба хона гашта, мардон ва занонро кашола карда мебурду ба зиндон меандохт. Дар ин миён онҳое ки пароканда шуда буданд, ҳар ҷое ки мерафтанд, каломро башорат медоданд. Филиппус низ ба як шаҳри Сомара омада, ба онҳо Масеҳро мавъиза мекард. Чун мардум суханони Филиппусро мешуниданд ва муъҷизаҳоеро, ки ба амал меовард, медиданд, якдилона ба он чи мегуфт, диққат медоданд; зеро рӯҳҳои нопок аз бисёр девзадагон наъра зада берун мешуданд, ва лангону шалони бисёре шифо меёфтанд; ва шодии бузурге дар он шаҳр буд. Шимъун ном марде дар он шаҳр буд, ки пештар ҷодугарӣ мекард ва халқи Сомараро дар ҳайрат меандохт ва худро шахси бузурге вонамуд месохт. Аз хурд то калон, ба ӯ гӯш андохта, мегуфтанд: «Ин шахс қуввати бузурги Худост». Аз он сабаб ба ӯ гӯш меандохтанд, ки ӯ муддати дарозе онҳоро бо ҷодугарии худ ба ҳайрат меовард. Лекин вақте ки ба башорати Филиппус дар бораи Подшоҳии Худо ва номи Исои Масеҳ бовар карданд, мардон ва занон таъмид гирифтанд. Худи Шимъун низ бовар кард ва таъмид гирифт ва ҳамеша ҳамроҳи Филиппус буд; ва аз дидани аломатҳо ва муъҷизаҳое ки ба амал меомаданд, ҳайрон мешуд. Расулоне ки дар Уршалим буданд, чун шуниданд, ки аҳли Сомара каломи Худоро қабул кардаанд, Петрус ва Юҳанноро назди онҳо фиристоданд; ва чун омаданд, барои онҳо дуо гуфтанд, то Рӯҳулқудсро қабул кунанд; зеро Рӯҳ ҳанӯз бар ҳеҷ кадоме аз онҳо фуруд наомада буд, балки танҳо ба номи Масеҳ Исо таъмид ёфта буданд. Пас, дастҳои худро бар сари онҳо гузоштанд, ва онҳо Рӯҳулқудсро қабул карданд. Шимъун чун дид, ки бо дастгузории расулон Рӯҳулқудс дода мешавад, ба онҳо пул овард ва гуфт: «Ин қудратро ба ман низ диҳед, то ҳар касе ки ба ӯ даст гузорам, Рӯҳулқудсро қабул кунад». Аммо Петрус ба вай гуфт: «Бигзор пулат бо ту нест шавад, чунки ту гумон кардаӣ, ки атои Худоро бо пул харӣ. Туро аз ин чиз насибе ва баҳрае нест, зеро дилат дар ҳузури Худо рост нест. Акнун аз ин бадии худ тавба кун ва ба Худо дуо гӯй: шояд, ин қасди дилат бахшида шавад; зеро мебинам, ки пур аз заҳраи талх ва гирифтори бандҳои бадкирдорӣ ҳастӣ». Шимъун дар ҷавоб гуфт: «Шумо барои ман ба Худованд дуо гӯед, то чизе аз он чи гуфтед, ба ман рӯй надиҳад». Онҳо, пас аз шаҳодат додан ва гуфтани каломи Худованд ба Уршалим баргаштанд ва дар бисёре аз деҳоти Сомара башорат доданд. Фариштаи Худованд ба Филиппус гуфт: «Бархез ва ба тарафи ҷануб, ба роҳе ки аз Уршалим сӯи Ғазза меравад, ва роҳи биёбон аст, равона шав». Бархост ва равона шуд. Ва инак, шахси ҳабашӣ, хоҷасаро ва аз бузургони Кандока маликаи Ҳабаш, нигаҳбони тамоми хазинаи вай, ки ба Уршалим барои парастиш омада буд, ба ватан бармегашт ва бар аробаи худ нишаста, китоби Ишаъёи пайғамбарро мехонд. Рӯҳ ба Филиппус гуфт: «Наздик биё ва ба он ароба ҳамроҳ шав». Филиппус ба он ҷо давида, шунид, ки китоби Ишаъёи пайғамбарро мехонад. Гуфт: «Оё он чи мехонӣ, мефаҳмӣ?» Гуфт: «Чӣ гуна фаҳмида метавонам, агар касе ба ман роҳнамоӣ накунад?» Ва аз Филиппус хоҳиш кард, ки ба ароба савор шуда, бо ӯ шинад. Порчае ки аз Китоб мехонд, ин буд: “Монанди гӯсфанде Ӯро ба куштан бурданд, Ва монанди баррае ки назди пашмтарошаш безабон аст, Ӯ ҳамчунон даҳони Худро воз накард. Дар хории Ӯ адолатро аз Ӯ дареғ доштанд; Ва насли Ӯро кӣ шарҳ медиҳад? Зеро ҳаёти Ӯ дар замин қатъ карда шуд”. Он хоҷасаро ба Филиппус гуфт: «Аз ту саволе дорам, ки пайғамбар инро дар бораи кӣ мегӯяд? Оё дар бораи худ ё дар бораи дигаре?» Он гоҳ Филиппус даҳони худро кушод ва аз ҳамон навишта сар карда, дар бораи Исо ба ӯ башорат дод. Дар ин миён, дар роҳ, онҳо ба обе расиданд, ва хоҷасаро гуфт: «Инак об; аз таъмид гирифтан чӣ чиз маро бозмедорад?» *** Пас фармон дод, ки аробаро нигоҳ доранд, ва ҳар ду, Филиппус ва хоҷасаро, ба об фуромаданд, ва ӯро таъмид дод. Вақте ки аз об баромаданд, Рӯҳи Худованд Филиппусро бурд, ва хоҷасаро дигар ӯро надида, роҳи худро бо хурсандӣ давом дод. Аммо Филиппус дар Ашдӯд пайдо шуд ва дар ҳамаи шаҳрҳо гашта, башорат медод, то даме ки ба Қайсария расид. Шоул, ки ҳанӯз таҳдид ва куштор бар шогирдони Худованд меангехт, назди саркоҳин рафт ва аз ӯ номаҳо барои куништҳои Димишқ хост, то ки агар марде ё занеро аз аҳли Тариқат ёбад, бандӣ карда ба Уршалим оварад. Дар аснои роҳ, вақте ки ба Димишқ наздик омад, ногоҳ нуре аз осмон гирди ӯ дурахшид; ӯ бар замин афтод ва овозе шунид, ки мегуфт: «Шоул, Шоул! Барои чӣ маро таъқиб мекунӣ?» Гуфт: «Худовандо, Ту кистӣ?» Худованд гуфт: «Ман он Исо ҳастам, ки ту таъқибаш мекунӣ. Аммо бархез ва ба шаҳр рав, ва дар он ҷо ба ту гуфта мешавад, ки чӣ бояд кунӣ». Ҳамсафарони ӯ хомӯш меистоданд, зеро он садоро шуниданд, лекин ҳеҷ касро надиданд. Шоул аз замин бархест, ва агарчи чашмонаш кушода буданд, ҳеҷ касро намедид. Аз дасташ гирифта, ӯро ба Димишқ бурданд. Ӯ се рӯз нобино буд, ва чизе намехӯрд ва наменӯшид. Дар Димишқ Ҳанониё ном шогирде буд. Худованд дар рӯъё ба ӯ гуфт: «Эй Ҳанониё!» Ҷавоб дод: «Лаббай, Худовандо!» Худованд ба ӯ гуфт: «Бархез ва ба кӯчае ки Рост ном дорад, рав ва Шоул ном тарсусиро дар хонаи Яҳудо пурс, ки ӯ ҳоло бо дуо машғул аст. Ва Ҳанониё ном шахсеро дар рӯъё дидааст, ки омада, бар ӯ даст гузоштааст, то ки бино шавад». Ҳанониё ҷавоб дод: «Худовандо! Дар бораи ин одам аз бисёр касон шунидаам, ки дар Уршалим ба муқаддасони Ту чӣ қадар бадиҳо кардааст. Дар ин ҷо низ аз сардорони коҳинон иҷозат дорад, ки ҳамаи касонеро, ки номи Туро мехонанд, бандӣ кунад». Аммо Худованд ба вай гуфт: «Рав, зеро ӯ зарфи интихобшудаи Ман аст, то номи Маро пеши халқҳо ва подшоҳон ва банӣ-Исроил барад. Ман ба ӯ нишон медиҳам, ки барои номи Ман ӯ чӣ қадар бояд азоб кашад». Ҳанониё рафта, ба он хона даромад ва даст бар ӯ гузошта, гуфт: «Эй бародар Шоул! Худованд, ки дар роҳе ки меомадӣ, бар ту зоҳир шуд, маро фиристод, то боз бино гардӣ ва аз Рӯҳулқудс пур шавӣ». Дарҳол аз чашмони ӯ чизе монанди пулакча афтода, бино шуд, ва бархест, таъмид гирифт. Ва хӯрок хӯрда, қувват гирифт. Шоул дар Димишқ ва Уршалим Шоул якчанд рӯз бо шогирдон дар Димишқ монд. Дарҳол дар куништҳо Масеҳро мавъиза мекард, ки ҳамин Шахс Писари Худост. Ҳар кӣ суханонашро мешунид, ҳайрон шуда, мегуфт: «Магар ин ҳамон нест, ки дар Уршалим касонеро, ки ин номро мехонданд, несту нобуд мекард? Оё ба ин ҷо низ ӯ барои он наомадааст, ки онҳоро бандӣ карда, назди сардорони коҳинон барад?» Аммо Шоул бештар қувват мегирифт ва яҳудиёни сокини Димишқро ҳайрон карда, исбот мекард, ки ҳамин Шахс Масеҳ аст. Пас аз гузаштани рӯзҳои бисёре яҳудиён қасд карданд, ки ӯро кушанд. Шоул аз қасди онҳо хабардор шуд. Онҳо рӯзу шаб назди дарвозаҳои шаҳр поида меистоданд, то ӯро кушанд. Аммо шогирдон ӯро шабона гирифта, дар сабаде гузоштанд ва аз девори шаҳр поён фуроварданд. Вақте ки Шоул ба Уршалим расид, хост ба шогирдон ҳамроҳ шавад, лекин ҳама аз ӯ метарсиданд ва бовар намекарданд, ки ӯ шогирд аст. Он гоҳ Барнаббо ӯро гирифта, назди расулон овард ва ба онҳо нақл кард, ки чӣ гуна Худовандро дар роҳ дидааст, ва Худованд ба ӯ сухан гуфтааст, ва чӣ гуна ӯ дар Димишқ ба номи Исо далерона мавъиза кардааст. Пас аз он ӯ ба Уршалим бо онҳо мерафт ва ба номи Худованд Исо далерона мавъиза мекард. Бо яҳудиёни юнонизабон низ гуфтугӯ ва баҳс мекард, ва онҳо қасд карданд, ки ӯро кушанд. Чун бародарон аз ин хабардор шуданд, ӯро ба Қайсария бурданд ва аз он ҷо ба Тарсус равона карданд. Он вақт ҷамоатҳо дар сар то сари Яҳудия, Ҷалил ва Сомара дар осоиш буда, обод мешуданд ва дар тарси Худованд рафтор карда, бо дастгирии Рӯҳулқудс меафзуданд. Ва чунин шуд, ки Петрус назди ҳама рафта, пеши муқаддасони сокини Лудда низ омад. Дар он ҷо Аниёс ном шахсеро дид, ки шал шуда, ҳашт сол боз дар бистар хобида буд. Петрус ба ӯ гуфт: «Эй Аниёс! Исои Масеҳ туро шифо медиҳад; бархез ва бистари худро ҷамъ кун». Ӯ дарҳол бархест. Ва ҳамаи сокинони Лудда ва Шорӯн ӯро дида, ба Худованд рӯй оварданд. Дар Ёфо шогирде буд, зане Тобито ном, ки маънояш Ғизол аст, ва ӯ хеле некӯкор буд ва садақаҳои бисёре медод. Ва чунин шуд дар он рӯзҳо, ки ӯ бемор шуда, мурд; ва ӯро шуста, дар болохонае гузоштанд. Азбаски Лудда ба Ёфо наздик буд, ва шогирдон шунида буданд, ки Петрус дар он ҷост, назди ӯ кас фиристода, хоҳиш карданд, ки бе даранг назди онҳо биёяд. Петрус бархеста, бо онҳо рафт. Чун расид, ӯро ба он болохона бурданд, ва ҳамаи бевазанон гирякунон назди ӯ меистоданд ва ба ӯ куртаву ҷомаҳоеро нишон медоданд, ки Ғизол ҳангоми зинда буданаш дӯхта буд. Петрус ҳамаро берун карда, зону зад ва дуо гуфт ва ба ҷасад рӯй оварда, гуфт: «Эй Тобито! Бархез!» Ва ӯ чашмонашро кушод ва Петрусро дида, нишаст. Аз дасташ гирифта, ба по хезонд ва муқаддасону бевазанонро даъват намуда, ӯро ба онҳо зинда супурд. Ин ҳодиса дар тамоми Ёфо овоза шуд, ва бисёр касон ба Худованд имон оварданд. Чандин рӯз ӯ дар Ёфо назди Шимъун ном чармгаре монд. Дар Қайсария Корнилюс ном марде мирисад аз фавҷи ба ном Италиявӣ буд ва бо тамоми аҳли хонааш парҳезгор ва худотарс буда, ба қавм садақаҳои бисёре медод ва ҳамеша назди Худо дуо мегуфт. Боре, тақрибан соати нӯҳи рӯз, ӯ фариштаи Худоро ошкоро дар рӯъё дид, ки назди ӯ омада, гуфт: «Эй Корнилиюс!» Ӯ ба вай нигариста ва ба ҳарос афтода, гуфт: «Хоҷаам, чӣ мефармоӣ?» Ба ӯ гуфт: «Дуоҳо ва садақаҳои ту назди Худо баромадаанд, ва Ӯ онҳоро ба ёд овардааст. Акнун ба Ёфо кас фиристода, Шимъунро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо. Ӯ назди Шимъун ном чармгаре ки хонааш дар соҳили баҳр аст, меҳмон аст». Чун он фариштае ки бо Корнилиюс сухан гуфт, рафт, ӯ ду нафар аз ғуломони худ ва як сарбози худотарсро аз онҳое ки ҳамеша наздаш буданд, ҷеғ зад ва тамоми ҳодисаро ба онҳо нақл карда, онҳоро ба Ёфо равона кард. Фардои он, ки онҳо роҳ паймуда, ба шаҳр наздик мешуданд, Петрус тақрибан соати шаш ба боми хона баромад, то ки дуо гӯяд. Дар он ҷо гурусна монда, хост чизе хӯрад. Ва ҳангоме ки барои ӯ тайёр мекарданд, ҳолати бехудӣ ӯро фаро гирифт, ва осмонро кушода дид, ва инак зарфе сӯи ӯ фуруд меомад, монанди матои калони аз чор гӯшааш овезон, ки ба замин мефуромада бошад; дар даруни он ҳар гуна чорпоёни замин, ҳайвоноти ваҳшӣ, хазандагон ва парандагони осмон буданд. Овозе ба ӯ расид: «Эй Петрус, бархез ва кушта хӯр!» Аммо Петрус гуфт: «Ҳеҷ гоҳ, Худовандо, зеро ҳаргиз чизе ҳаром ё нопок нахӯрдаам». Бори дигар овозе ба ӯ расид: «Он чи Худо пок кардааст, ту ҳаром нашумор». Ин се бор такрор ёфт, ва он зарф боз ба осмон боло бурда шуд. Чун Петрус бисёр ҳайрон шуда, фикр мекард, ки рӯъёи дидааш чӣ маъно дошта бошад, инак, фиристодагони Корнилиюс, ки хонаи Шимъунро пурсида буданд, назди дарвозаи он истоданд. Ва нидо карда, пурсиданд: «Оё Шимъуне ки лақабаш Петрус аст, дар ин ҷост?» Петрус ҳанӯз дар бораи рӯъё андеша мекард, ки Рӯҳ ба ӯ гуфт: «Инак, мардон туро меҷӯянд. Пас, бархеста, фуруд ой ва ҳеҷ шубҳа накарда, ҳамроҳи онҳо рав, зеро Ман онҳоро фиристодаам». Петрус назди мардон фуромада, гуфт: «Манам он касе ки меҷӯед. Ба чӣ кор омадаед?» Гуфтанд: «Корнилиюси мирисад, ки марди росткор ва худотарс ва назди тамоми халқи яҳудӣ некном аст, аз фариштаи муқаддас фармон гирифтааст, ки туро ба хонаи худ даъват намояд ва суханонатро шунавад». Онҳоро ба дарун даъват карда, меҳмондорӣ кард. Ва рӯзи дигар Петрус ҳамроҳашон равона шуд, ва чанд нафар бародарон аз Ёфо бо ӯ рафтанд. Фардои он ба Қайсария расиданд. Корнилиюс, ки хешу табор ва дӯстони наздикашро даъват карда буд, ба онҳо интизорӣ дошт. Вақте ки Петрус ба хона медаромад, Корнилиюс ӯро пешвоз гирифт ва бар пойҳояш афтода, таъзим кард. Аммо Петрус ӯро ба по хезонда, гуфт: «Бархез, зеро ман низ инсон ҳастам». Бо ӯ сӯҳбаткунон ба хона даромада, дид, ки мардуми бисёре ҷамъ омадаанд. Ба онҳо гуфт: «Шумо медонед, ки бо ғайрияҳудӣ рафтуомад кардан ё наздик шудани яҳудӣ манъ аст, вале Худо ба ман нишон дод, ки ҳеҷ касро ҳаром ё нопок надонам. Бинобар ин, вақте ки даъват шудам, бечуну чаро омадам. Ва акнун мепурсам: барои чӣ маро даъват намудаед?» Корнилиюс гуфт: «Чор рӯз пеш аз ин ман то ҳамин соат рӯза доштам ва дар соати нӯҳ дар хонаи худ дуо мегуфтам, ки ногоҳ шахсе бо либоси дурахшон пеши ман пайдо шуд ва гуфт: “Эй Корнилюс! Дуои ту шунида шуд ва садақаҳои ту назди Худо ба ёд оварда шуданд. Акнун ба Ёфо кас фиристода, Шимъунро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо; ӯ дар хонаи Шимъун ном чармгаре дар соҳили баҳр меҳмон аст; ӯ чун биёяд, ба ту сухан меронад”. Дарҳол назди ту кас фиристодам, ва ту хуб кардӣ, ки омадӣ. Акнун ҳамаамон пеши Худо ҳозирем, то ҳар он чиро, ки Худо ба ту фармудааст, шунавем». Петрус даҳон кушода, гуфт: «Акнун ба ростӣ донистам, ки Худо рӯйбинӣ надорад, балки аз ҳар халқ ҳар кӣ аз Ӯ тарсад ва аз рӯи ростӣ рафтор кунад, писандидаи Ӯст. Ӯ каломи Худро ба банӣ-Исроил фиристода, ба воситаи Исои Масеҳ, ки Худованди ҳама аст, башорати осоиш дод. Шумо аз он чи дар сар то сари Яҳудия рӯй дод, хабардор ҳастед, ки он пас аз таъмиде ки Яҳё мавъиза кард, аз Ҷалил оғоз шуда буд: Исои Носириро Худо бо Рӯҳулқудс ва қуввати Худ масҳ кард, ва Ӯ ба ҳама ҷо рафта, корҳои нек мекард ва ба ҳамаи онҳое ки дар банди иблис буданд, шифо мебахшид, зеро Худо бо Ӯ буд. Мо шоҳидони ҳамаи он корҳое ҳастем, ки Ӯ дар кишвари яҳудиён ва дар Уршалим ба ҷо овард, ва низ онҳо Ӯро ба дор овехта, куштанд. Худо Ӯро дар рӯзи сеюм бархезонд, ва Ӯро намоён кард. Аммо на ба тамоми қавм, балки ба шоҳидоне ки Худо пешакӣ интихоб карда буд, яъне ба мо, ки пас аз бархестанаш аз мурдагон, бо Ӯ хӯрдаем ва нӯшидаем. Ва ӯ ба мо фармуд, ки ба мардум мавъиза кунем ва шаҳодат диҳем, ки Худо Ӯро Довари зиндагон ва мурдагон таъйин кардааст. Ҳамаи пайғамбарон бар Ӯ шаҳодат медиҳанд, ки ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ба воситаи номи Ӯ гуноҳҳояш бахшида мешаванд». Ин суханон ҳанӯз бар забони Петрус буд, ки Рӯҳулқудс бар ҳамаи шунавандагони калом фуруд омад. Ва ҳамаи имондорони аҳли хатна, ки ҳамроҳи Петрус омада буданд, ҳайрон шуданд, ки атои Рӯҳулқудс ба ғайрияҳудиён низ фурӯ рехтааст, зеро шуниданд, ки онҳо ба забонҳо сухан ронда, Худоро меситоянд. Он гоҳ Петрус гуфт: «Оё касе метавонад ба онҳое ки Рӯҳулқудсро монанди мо ёфтаанд, бо об таъмид гирифтанро манъ кунад?» Ва фармуд, ки онҳоро ба номи Худованд таъмид диҳанд. Ва аз ӯ хоҳиш карданд, ки якчанд рӯз назди онҳо монад. Расулон ва бародароне ки дар Яҳудия буданд, шуниданд, ки ғайрияҳудиён низ каломи Худоро қабул кардаанд. Вақте ки Петрус ба Уршалим омад, аҳли хатна бар вай таъна зада, гуфтанд: «Назди мардони бехатна рафта, бо онҳо хӯрок хӯрдаӣ». Вале Петрус ба ҳикояти муфассали ҳар он чи рӯй дода буд, сар карда, гуфт: «Ман дар шаҳри Ёфо дуо мегуфтам ва дар ҳолати бехудӣ рӯъёе дидам: зарфе фуруд меомад, монанди матои калоне ки аз чор гӯшааш овезон аз осмон мефуромада бошад, ва назди ман расид. Чун ба он нигариста, аз назар гузарондам, чорпоёни замин, ҳайвоноти ваҳшӣ, хазандагон ва парандагони осмонро дидам. Ва овозе шунидам, ки ба ман мегуфт: “Эй Петрус, бархез ва кушта хӯр”. Гуфтам: “Ҳеҷ гоҳ, Худовандо, зеро ҳаргиз чизе ҳаром ё нопок ба даҳон набурдаам”. Бори дигар овозе аз осмон ба ман ҷавоб дод: “Он чи Худо пок кардааст, ту ҳаром нашумор”. Ин се бор такрор ёфт, ва ҳама чиз боз ба осмон боло бурда шуд. Ва инак, дар ҳамон лаҳза се марде ки аз Қайсария назди ман фиристода шуда буданд, назди хонае ки будам, истоданд. Ва Рӯҳ ба ман гуфт, ки ҳеҷ шубҳа накарда, бо онҳо равам. Ин шаш бародар низ ҳамроҳи ман рафтанд, ва мо ба хонаи он шахс даромадем. Вай ба мо нақл кард, ки чӣ гуна дар хонаи худ фариштаро дидааст, ки истода ба вай гуфтааст: “Ба Ёфо кас фиристода, Шимъунро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо, ва ӯ ба ту суханоне мегӯяд, ки боиси наҷоти ту ва тамоми хонадони ту мешавад”. Вақте ки ба сухан сар кардам, Рӯҳулқудс ба онҳо фуруд омад, монанди он ки дар ибтидо ба мо фуруд омада буд. Он гоҳ сухани Худовандро ба ёд овардам, ки Ӯ гуфта буд: “Яҳё бо об таъмид медод, лекин шумо бо Рӯҳулқудс таъмид меёбед”. Пас, агар Худо ба онҳо ҳамон аторо додааст, ки ба мо дод, вақте ба Худованд Исои Масеҳ имон овардем, ман кистам, ки тавонам ба Худо монеъ шавам?». Вақте ки инро шуниданд, ором шуданд ва Худоро ҳамду сано хонда, гуфтанд: «Ба ростӣ Худо ба ғайрияҳудиён низ тавбаи ҳаётбахшро додааст». Ҷамоат дар,,,,\ Антокия Дар ин миён касоне ки ба сабаби таъқиботи аз боиси Истефанус рӯйдода пароканда шуда буданд, то Финиқия ва Қиприс ва Антокия расиданд, ва онҳо каломро ба ҳеҷ кас, ғайр аз яҳудиён, намегуфтанд. Лекин баъзе аз онҳо, ки аз аҳли Қиприс ва Қайровон буданд, ба Антокия расида, бо юнониён гуфтугӯ карданд ва аз Худованд Исо башорат доданд. Ва дасти Худованд бо онҳо буд, ва шумораи бузурге имон оварда, ба Худованд рӯ оварданд. Вақте ки овозаи ин ба гӯши ҷамоати Уршалим расид, Барнабборо ба Антокия фиристоданд. Чун расид, файзи Худоро дида, шод шуд, ва ҳамаро насиҳат кард, ки аз самими дил ба Худованд часпанд; зеро ӯ марди нек ва пур аз Рӯҳулқудс ва имон буд; ва мардуми бисёре ба Худованд пайвастанд. Пас Барнаббо ба ҷустуҷӯи Шоул ба Тарсус рафт ва ӯро ёфта, ба Антокия овард. Тамоми сол онҳо бо ҷамоат ҷамъ мешуданд ва мардуми бисёрро таълим медоданд, ва шогирдон аввалин бор дар Антокия масеҳӣ номида шуданд. Ва дар он рӯзҳо якчанд пайғамбарон аз Уршалим ба Антокия омаданд. Яке аз онҳо, ки Оғобус ном дошт, бархеста аз Рӯҳ илҳом ёфта, пешгӯӣ кард, ки дар тамоми ҷаҳон гуруснагии сахте рӯй медиҳад; он дар замони қайсар Клавдиюс рӯй дод. Он гоҳ шогирдон қарор доданд ки ҳар яке ба андозаи дороии худ ёрдаме барои бародарони Яҳудия равона кунад; ҳамин тавр ҳам карданд, ва онро ба воситаи Барнаббо ва Шоул ба пирон фиристоданд. Дар он замон подшоҳ Ҳиродус бар баъзе аз ҷамоат дастдарозӣ кард, то онҳоро азоб диҳад. Ва Яъқуб, бародари Юҳанноро ба шамшер кушт. Чун дид, ки ин ба яҳудиён писанд афтод, Петрусро низ дастгир кард, ки ин дар рӯзҳои Фатир буд, ва ӯро гирифта, ба зиндон партофт ва ба чор дастаи чоргонаи сарбозон супурд, ки ӯро посбонӣ кунанд, зеро ният дошт, ки пас аз Песаҳ ӯро назди қавм берун оварад. Пас, Петрусро дар зиндон нигоҳ медоштанд, аммо ҷамоат барои ӯ назди Худо пайваста дуо мегуфт. Дар ҳамон шабе ки Ҳиродус ӯро берун оварданӣ буд, Петрус, бастаи ду занҷир, дар миёни ду сарбоз хобида буд, ва дарбонон зиндонро посбонӣ мекарданд. Ва инак, фариштаи Худованд назди ӯ ҳозир шуд, ва рӯшноӣ дар он хона дурахшид; ба паҳлуи Петрус зада, ӯро бедор кард ва гуфт: «Зуд бархез». Дарҳол занҷирҳо аз дастҳояш афтоданд. Фаришта ба ӯ гуфт: «Камари худро банд ва пойафзол бар пой кун». Ва чунин кард. Сипас ба ӯ гуфт: «Ҷомаи худро пӯш ва аз пайи ман биё». Берун омада, аз пайи вай равона шуд, ва надонист, ки он чи аз фаришта содир шуд, воқеист, балки гумон мекард, ки ин рӯъё аст. Аз пеши посбонони якум ва дуюм гузашта, ба дарвозаи оҳанине ки сӯи шаҳр мебурд, расиданд, ва он худ аз худ пеши онҳо кушода шуд; онҳо берун рафта, аз як кӯча гузаштанд, ки ногаҳон фаришта аз пеши ӯ нопадид шуд. Петрус ба худ омада, гуфт: «Акнун ба ростӣ донистам, ки Худованд фариштаи Худро фиристода, маро аз дасти Ҳиродус ва аз ҳамаи он чи қавми яҳудӣ интизор буд, раҳо кард». Инро пай бурда, ба хонаи Марям, модари Юҳанное ки лақабаш Марқус буд, омад, ки дар он ҷо касони бисёре ҷамъ шуда, дуо мегуфтанд. Вақте ки Петрус дарвозаро кӯфт, Рудо ном канизе баромад, то воз кунад. Ва овози Петрусро шинохта, ба ҷои он ки дарвозаро кушояд, аз шодӣ ба хона давида даромад ва хабар дод, ки Петрус назди дарвоза истодааст. Ба вай гуфтанд: «Магар девона шудаӣ?» Аммо вай ба гапаш исрор кард. Гуфтанд: «Ин фариштаи ӯст». Дар ин миён Петрус пайваста тақ-тақ мекард; вақте ки кушоданд, ӯро дида, ҳайрон шуданд. Ӯ бо дасташ ишора кард, ки хомӯш бошанд, ва ба онҳо нақл кард, ки чӣ гуна Худованд ӯро аз зиндон берун овард; ва гуфт: «Инро ба Яъқуб ва ба бародарон хабар диҳед». Сипас берун баромада, ба ҷои дигар рафт. Чун рӯз шуд, изтироби бузурге дар байни сарбозон афтод, ки Петрусро чӣ шуд. Ва Ҳиродус, чун ӯро ҷуста наёфт, посбононро бозпурсӣ карда, фармуд, ки онҳоро кушанд, ва худаш аз Яҳудия ба Қайсария рафта, дар он ҷо монд. Ҳиродус бар аҳли Сур ва Сидун хашмгин буд. Ва онҳо якдилона назди ӯ омаданд ва Балостусро, ки нозири хобгоҳи подшоҳ буд, ба тарафи худ кашида, сулҳ хостанд, чунки диёрашон аз кишвари подшоҳ бо хӯрокворӣ таъмин мешуд. Дар рӯзи таъйиншуда Ҳиродус либоси шоҳона дар бар кард ва бар тахт нишаста, ба онҳо сухан ронд. Ва мардум нидо карданд, ки ин овози худоест, на овози инсон. Ногоҳ фариштаи Худованд ӯро зад, чунки ӯ Худоро ҷалол надод; ва кирмҳо ӯро хӯрданд, ва ӯ ҷон дод. Аммо каломи Худо пеш мерафт ва паҳн мешуд. Барнаббо ва Шоул, пас аз иҷрои хизматашон, аз Уршалим баргаштанд, ва Юҳанноро, ки лақабаш Марқус буд, ҳамроҳи худ оварданд. Дар ҷамоати Антокия якчанд пайғамбарон ва муаллимон буданд, чунончи: Барнаббо ва Шимъун, ки лақабаш Нигер буд, ва Лукюси Қайровонӣ ва Маноҳим, ки бо тетрарх Ҳиродус дар як ҷо тарбия ёфта буд, ва Шоул. Вақте ки онҳо бо ибодати Худованд ва рӯзадорӣ машғул буданд, Рӯҳулқудс гуфт: «Барнаббо ва Шоулро баҳри коре ки барояш онҳоро даъват намудаам, барои Ман ҷудо кунед». Пас аз рӯза гирифтан ва дуо гуфтан даст бар сари онҳо гузоштанд ва онҳоро равона карданд. Онҳо, ки фиристодагони Рӯҳулқудс буданд, ба Салукия омаданд ва аз он ҷо бо киштӣ ба Қиприс рафтанд. Ва вориди Саломис шуда, дар куништҳои яҳудиён каломи Худоро мавъиза карданд. Ва Юҳанно ходими онҳо буд. Чун ҷазираро то ба Пофус тай карданд, як ҷодугари яҳудиро ёфтанд, ки пайғамбари дурӯғин буд ва Барюшаъ ном дошт; ӯ бо волӣ Сарҷиюс Павлус ҳамнишин буд. Волӣ, ки марди бофаҳм буд, Барнаббо ва Шоулро даъват намуда, хост каломи Худоро шунавад. Аммо Алимои ҷодугар, ки тарҷумаи номаш чунин аст, ба онҳо зиддият карда, хост волиро аз имон овардан боздорад. Вале Шоул, ки Павлус низ ном дошт, аз Рӯҳулқудс пур шуда, ба ӯ назар дӯхт ва гуфт: «Эй пур аз ҳар фиребу бадӣ, эй писари иблис ва душмани ҳама гуна ростӣ! Оё каҷ кардани роҳи рости Худовандро бас мекунӣ? Акнун дасти Худованд туро мезанад, ва нобино гашта, рӯшноии офтобро то муддате намебинӣ». Ногаҳон дунё дар назараш тираву тор шуд, ва ӯ ба ҳар сӯ рӯ оварда, асокаше меҷуст. Чун волӣ ин ҳодисаро дид, аз таълими Худованд ҳайрон шуда, имон овард. Павлус ва ҳамроҳонаш Пофусро тарк карда, бо киштӣ ба Пирҷаи Памфилия омаданд, аммо Юҳанно аз онҳо ҷудо шуда, ба Уршалим баргашт. Онҳо аз Пирҷа гузашта, ба Антокияи Писидия расиданд ва рӯзи шанбе ба куништ даромада, нишастанд. Пас аз хондани Таврот ва навиштаҳои пайғамбарон, сардорони куништ назди онҳо кас фиристода, гуфтанд: «Эй мардон, бародарон! Агар сухани насиҳатомезе барои қавм дошта бошед, гӯед». Павлус бархеста ва бо дасташ ишора карда, гуфт: «Эй мардони исроилӣ ва худотарсон! Гӯш диҳед: Худои ин қавм падарони моро интихоб кард ва ин қавмро, ҳангоме ки дар ғарибии замини Миср буданд, сарафроз кард, ва онҳоро бо бозуи зӯрманд аз он ҷо берун овард; қариб чил сол ба рафторашон дар биёбон тоқат кард; ҳафт халқро дар замини Канъон нест карда, заминашонро ҳамчун мерос ба онҳо дод. Пас аз он, дар давоми тақрибан чорсаду панҷоҳ сол, то замони Самуили пайғамбар доваронро ба онҳо дод. Сипас барои худ подшоҳ хостанд, ва Худо Шоул писари Қишро аз қабилаи Бинёмин ба онҳо ба муддати чил сол дод. Пас ӯро аз миён бардошта, Довудро бар онҳо подшоҳ таъйин кард, ва дар бораи ӯ шаҳодат дода, гуфт: “Довуд писари Ишойро марде мувофиқи дили Худ ёфтам, ки ҳар чи хоҳам, ӯ ба ҷо меоварад”. Ин ҳамон касест, ки Худо аз насли ӯ, мувофиқи ваъдаи Худ, барои Исроил наҷотро ба миён овард; пеш аз омадани Ӯ Яҳё ба Исроил таъмиди тавбаро мавъиза кард. Чун Яҳё хизмати худро анҷом дод, гуфт: “Ман он касе ки шумо гумон мекунед, нестам; лекин пас аз ман Касе меояд, ки ман сазовори воз кардани банди пойафзоли Ӯ нестам”. Эй мардон, бародарон, писарони насли Иброҳим ва касоне ки аз байни шумо худотарс ҳастанд! Каломи ин наҷот ба шумо фиристода шудааст. Зеро сокинони Уршалим ва сардорони онҳо Ӯро нашинохта ва маҳкум карда, гуфтаҳои пайғамбаронро, ки ҳар рӯзи шанбе хонда мешаванд, ба иҷро расонданд. Ва гарчанде ки аз Ӯ ҳеҷ айбе сазовори марг наёфта буданд, аз Пилотус хоҳиш карданд, ки Ӯро кушад. Пас аз он ки ҳар чизи дар бораи Ӯ навишташударо ба иҷро расонданд, Ӯро аз дор фуроварда, ба қабр супурданд. Лекин Худо Ӯро аз мурдагон бархезонд, ва Ӯ рӯзҳои бисёре ба касоне зоҳир шуд, ки ҳамроҳи Ӯ аз Ҷалил ба Уршалим омада буданд ва акнун дар пеши қавм шоҳидони Ӯ мебошанд. Мо ба шумо башорат медиҳем, ки Худо ваъдаеро, ки ба падарони мо дода буд, барои мо, фарзандони онҳо, ба иҷро расонда, Исоро зинда кард, чунон ки дар таронаи дуюми Забур навишта шудааст: “Ту Писари Ман ҳастӣ, Ман имрӯз Туро ба дунё овардаам”. Дар бораи он ки Ӯро аз мурдагон бархезонд, то дигар ба нобудшавӣ дучор нашавад, чунин гуфт: “Марҳаматҳои муқаддасу боварибахши Довудро ба шумо медиҳам”. Бинобар ин дар ҷои дигар низ мегӯяд: “Намегузорӣ, ки Қуддуси Ту нобудшавиро бинад”. Довуд дар замони худ бо хости Худо хизмат карда, ба хоби /марг/ рафт ва ба падарони худ пайваст ва нобудшавиро дид. Аммо он Касе ки Худо Ӯро бархезонд, нобудшавиро надид. Пас, эй мардон, бародарон, ба шумо маълум бод, ки ба воситаи Ӯ ба шумо бахшоиши гуноҳҳо эълон мешавад, ва аз ҳар чизе ки ба воситаи шариати Мусо сафед шуда натавонистед, ҳар имондор ба воситаи Ӯ сафед мешавад. Пас эҳтиёт бошед, мабодо он чи дар навиштаҳои пайғамбарон гуфта шудааст, ба шумо рӯй надиҳад: “Нигаред, эй истеҳзогарон, Ҳайрон шавед ва нобуд гардед, Зеро Ман кореро дар айёми шумо мекунам, Ки агар касе онро ба шумо нақл мекард, Бовар намекардед”». Вақте ки яҳудиён аз куништ баромаданд, ғайрияҳудиён хоҳиш карданд, ки рӯзи шанбеи оянда низ ин суханонро ба онҳо гӯянд. Чун аҳли куништ пароканда шуданд, бисёре аз яҳудиён ва онҳое ки чанде пеш дини яҳудиро қабул карда буданд, аз пайи Павлус ва Барнаббо рафтанд, ва ин ду нафар ба онҳо сухан гуфта, насиҳат медоданд, ки дар файзи Худо устувор бошанд. Рӯзи шанбеи дигар қариб тамоми аҳли шаҳр ҷамъ омаданд, то каломи Худоро шунаванд. Вале чун яҳудиён тӯдаи мардумро диданд, аз ҳасад пур гаштанд ва куфр гуфта, ба суханони Павлус зиддият карданд. Он гоҳ Павлус ва Барнаббо далер шуда, гуфтанд: «Каломи Худо бояд аввал ба шумо гуфта мешуд, лекин азбаски шумо онро рад кардед ва худро шоистаи ҳаёти абадӣ надонистед, бинобар ин мо ба ғайрияҳудиён рӯ меоварем; зеро Худованд ба мо чунин фармудааст: “Туро нури халқҳо гардондам, Ки то канори замин наҷот бошӣ”». Вақте ки ғайрияҳудиён инро шуниданд, шод шуда, каломи Худовандро ҳамду сано хонданд, ва ҳамаи онҳое ки барои ҳаёти абадӣ таъйин шуда буданд, имон оварданд. Ва каломи Худованд дар тамоми он сарзамин паҳн шуд. Яҳудиён занони диндору иззатманд ва бузургони шаҳрро ба шӯр оварда, барои таъқиб кардани Павлус ва Барнаббо барангехтанд ва онҳоро аз ҳудуди худ ронданд. Ва ин ду нафар чанги пойҳои худро бар онҳо афшонда, ба Қуния равона шуданд. Ва шогирдон аз шодӣ ва Рӯҳулқудс пур шуданд. Дар Қуния низ бо ҳам ба куништи яҳудиён даромада, тавре сухан гуфтанд, ки шумораи зиёде аз яҳудиён ва юнониён имон оварданд. Аммо яҳудиёне ки имон наоварда буданд, дилҳои ғайрияҳудиёнро шӯронда, ба муқобили бародарон барангехтанд. Пас, муддати дарозе дар он ҷо монда, бо таваккал ба Худованд далерона сухан мегуфтанд, ва Ӯ ба каломи файзи Худ шаҳодат дода, ба воситаи онҳо аломатҳову муъҷизаҳо ато мекард. Дар ин миён байни мардуми шаҳр ҷудоӣ афтод, ки баъзе тарафдори яҳудиён ва дигарон тарафдори расулон буданд. Вақте ки ғайрияҳудиён ва яҳудиён бо сардорони худ ба онҳо ҳуҷум оварданд, то онҳоро таҳқир ва сангсор кунанд, онҳо огоҳӣ ёфта, ба Лустра ва Дарба, шаҳрҳои Лекоуния ва атрофи он гурехтанд, ва дар он ҷо башорат медоданд. Дар Лустра марде нишаста буд, ки пойҳояш беҳаракат буданд ва ланги модарзод буда, ҳаргиз роҳ нарафта буд. Вай сухани Павлусро мешунид; Павлус ба вай нигарист ва чун дид, ки барои шифо ёфтан имон дорад, бо овози баланд ба вай гуфт: «Бар пойҳои худ рост ист». Вай дарҳол ҷаста хест ва ба роҳ рафтан даромад. Вақте ки мардум ин амали Павлусро диданд, овози худро баланд карда, бо забони лекоунӣ гуфтанд: «Худоён ба сурати инсон назди мо фуромадаанд». Барнабборо Зевс ва Павлусро Ҳермис номиданд, чунки ӯ сухангӯи асосӣ буд. Коҳини ибодатгоҳи Зевс, ки дар беруни шаҳрашон буд, нарговон ва тоҷҳои гул назди дарвозаи шаҳр овард ва мехост бо якҷоягии мардум қурбонӣ кунад. Ҳамин ки расулон Барнаббо ва Павлус инро шуниданд, либосҳои худро даронда, ба миёни мардум давида даромаданд ва фарёд зада гуфтанд: «Эй мардон! Чаро чунин мекунед? Мо низ монанди шумо одамони хокӣ ҳастем ва ба шумо башорат медиҳем, ки аз ин бутҳо гашта, ба Худои зинда рӯ оваред, ки Ӯ осмон ва замин ва баҳр ва он чиро, ки дар онҳост, офаридааст, ва дар наслҳои пешина ҳамаи халқҳоро гузоштааст, ки ба роҳи худ раванд, гарчанде ки Худро бе шаҳодат нагузоштааст; некӣ карда, ба шумо аз осмон борон меборонид, фаслҳои боровар мебахшид, ба мо хӯрок медод ва дилҳои моро аз шодмонӣ пур мекард». Бо ин суханон мардумро аз қурбонӣ кардан барояшон базӯр боздоштанд. Дар ин миён аз Антокия ва Қуния яҳудиён расида омаданд ва мардумро барангехта, Павлусро сангсор карданд ва ба гумони он ки мурдааст, аз шаҳр берун кашиданд. Аммо чун шогирдон дар гирди ӯ ҷамъ омаданд, бархеста, ба шаҳр даромад ва фардои он бо Барнаббо сӯи Дарба равона шуд. Дар ин шаҳр низ башорат дода, шогирдони зиёде пайдо карданд ва ба Лустра, Қуния ва Антокия баргаштанд. Ва дилҳои шогирдонро қувват дода, панд мегуфтанд, ки “дар имон устувор бошед, чунки мо бояд бо мусибатҳои бисёр ба Подшоҳии Худо дароем”. Дар ҳар ҷамоат барои онҳо пирон таъйин карданд ва бо дуо ва рӯза онҳоро ба Худованде ки ба Ӯ имон оварда буданд, супурданд. Аз Писидия гузашта, ба Памфилия омаданд. Ва дар Пирҷа каломро мавъиза карда, ба Аттолия фуромаданд; ва аз он ҷо ба киштӣ савор шуда, ба Антокия омаданд, ки дар он ҷо онҳо баҳри хизмате ки ба ҷо оварданд, ба файзи Худо супурда шуда буданд. Чун расиданд, ҷамоатро ҷамъ карда, нақл карданд, ки Худо бо онҳо чиҳо кард ва чӣ гуна Ӯ дари имонро ба ғайрияҳудиён кушод. Ва муддати дарозе дар он ҷо бо шогирдон монданд. Баъзе касон аз Яҳудия омада, бародаронро таълим медоданд, ки «агар мувофиқи одати Мусо хатна нашавед, наҷот ёфта наметавонед». Пас аз он ки Павлус ва Барнаббо бо онҳо мунозира ва баҳси бисёре карданд, қарор дода шуд, ки Павлус ва Барнаббо ва чанд нафари дигар аз онҳо барои ҳалли ин масъала назди расулон ва пирон ба Уршалим раванд. Пас, ҷамоат онҳоро гуселонд; ва ҳангоме ки онҳо аз Финиқия ва Сомара мегузаштанд, имон овардани ғайрияҳудиёнро ҳикоят карда, ҳамаи бародаронро хеле шод гардонданд. Чун ба Уршалим расиданд, ҷамоат, расулон ва пирон онҳоро пазироӣ карданд, ва онҳо нақл карданд, ки Худо бо онҳо чиҳо кард. Он гоҳ баъзе касон аз ҳизби фарисиён, ки имон оварда буданд, бархеста, гуфтанд, ки онҳоро бояд хатна карда, фармоянд, ки шариати Мусоро риоя кунанд. Расулон ва пирон ҷамъ шуданд, то ин масъаларо муҳокима намоянд. Пас аз баҳси бисёр Петрус бархеста, ба онҳо гуфт: «Эй мардон, бародарон! Шумо медонед, ки дар рӯзҳои аввал Худо аз миёни мо маро баргузид, то ғайрияҳудиён каломи Инҷилро аз забони ман шунаванд ва имон оваранд. Худои дилогоҳ ба онҳо ба чунин восита шаҳодат дод, ки Рӯҳулқудсро ба онҳо низ бахшид, чунон ки ба мо бахшидааст; ва дилҳои онҳоро бо имон пок сохта, дар байни мо ва онҳо ҳеҷ фарқе нагузошт. Пас чаро акнун Худоро озмуда, бар гардани шогирдон юғе меандозед, ки онро ҳам падарони мо ва ҳам мо бардошта натавонистем? Лекин мо бовар мекунем, ки бо файзи Худованд Исо наҷот меёбем, ҳамчунон ки онҳо низ». Он гоҳ тамоми аҳли маҷлис хомӯш шуда, ба ҳикояти Барнаббо ва Павлус дар бораи аломатҳову муъҷизаҳое ки Худо дар миёни ғайрияҳудиён ба воситаи онҳо ба амал оварда буд, гӯш доданд. Ҳамин ки сухани онҳо ба охир расид, Яъқуб ба сухан оғоз карда, гуфт: «Эй мардон, бародарон! Ба ман гӯш диҳед: Шимъун фаҳмонд, ки чӣ гуна Худо бори якум ба ғайрияҳудиён назар андохт, то аз миёни онҳо қавме ба номи Худ гирад. Гуфтаҳои пайғамбарон низ ба ин мувофиқ аст, чунон ки навишта шудааст: “Пас аз ин баргашта, Хаймаи Довудро, ки фурӯ ғалтидааст, аз нав барқарор мекунам Ва харобаҳои онро обод мегардонам Ва барпо менамоям, То бақияи одамон Ва ҳамаи халқҳое ки номи Ман бар онҳо хонда мешавад, Худовандро ҷӯянд, Мегӯяд Худованде ки ҳамаи инро ба амал меоварад”. Ба Худо ҳамаи корҳояш аз азал маълуманд. Пас, фикри ман ин аст, ки касонеро, ки аз миёни халқҳо ба Худо рӯ меоваранд, ба душворӣ наандозем, балки ба онҳо фақат нависем, ки аз нопокии бутҳо, аз фосиқӣ, аз гӯшти ҳайвоноти гулӯгиркардашуда ва аз хун парҳез кунанд. Зеро шариати Мусо аз наслҳои қадим дар ҳамаи шаҳрҳо касоне дорад, ки онро мавъиза мекунанд, чунки он дар куништҳо ҳар рӯзи шанбе хонда мешавад». Он гоҳ расулон ва пирон ва тамоми ҷамоат ба қароре омаданд, ки чанд касро аз миёни худ интихоб карда, ҳамроҳи Павлус ва Барнаббо ба Антокия фиристанд. Онҳо Яҳудоро, ки лақабаш Барсаббо буд, ва Силоро интихоб карданд, ки ин мардон аз пешвоёни бародарон буданд. Ва ин номаро ба воситаи онҳо фиристоданд: «Расулон ва пирон ва бародарон ба бародароне ки аз ғайрияҳудиён дар Антокия, Сурия ва Киликия ҳастанд, салом мерасонанд. Чун шунидем, ки аз миёни мо баъзе касон шуморо бо суханони худ саргаранг сохтаанд ва дилҳои шуморо ба шубҳа андохтаанд ва гуфтаанд, ки “бояд хатна кунед ва шариатро риоя намоед”, ва ҳол он ки мо ба онҳо чунин дастуре надодаем, бинобар ин мо якдилона ба қароре омадем, ки чанд нафарро интихоб намуда, назди шумо равона кунем, ҳамроҳи азизони худ Барнаббо ва Павлус, мардоне ки ҳаёти худро барои номи Худованди мо Исои Масеҳ бахшидаанд. Пас, Яҳудо ва Силоро фиристодаем, ки онҳо низ ҳамин чизҳоро ба шумо даҳанакӣ баён кунанд. Зеро Рӯҳулқудс ва мо онро писандидем, ки бар шумо боре нагузорем, ғайр аз ин чизҳои даркорӣ: аз қурбониҳои бутҳо, аз хун, аз гӯшти ҳайвоноти хафашуда ва аз фосиқӣ парҳез кунед; агар аз ин чизҳо худро нигоҳ доред, кори хубе мекунед. Саломат бошед». Вақте ки фиристодагон ба Антокия омаданд, мардумро ҷамъ карда, номаро супурданд. Онро хонда, аз мазмуни тасаллибахшаш шодмон шуданд. Яҳудо ва Сило, ки низ пайғамбар буданд, бародаронро бо суханони бисёр насиҳат доданд ва устувор намуданд. Пас аз он ки муддате дар он ҷо монданд, бародарон онҳоро бо осоиш назди расулон равона карданд. *** Павлус ва Барнаббо дар Антокия истода, бо ҳамроҳии бисёр касони дигар каломи Худовандро таълим ва башорат медоданд. Чун якчанд рӯз гузашт, Павлус ба Барнаббо гуфт: «Акнун гашта равем ва дар ҳар шаҳре ки каломи Худовандро мавъиза карда будем, бародарони худро бинем, ки аҳволашон чӣ гуна аст». Барнаббо мехост Юҳанноро, ки лақабаш Марқус буд, ҳамроҳашон баранд, аммо Павлус бо худ бурдани шахсеро, ки дар Памфилия аз онҳо ҷудо шуда, дар корашон то ба охир ҳамроҳӣ накарда буд, нодуруст меҳисобид. Ба ин сабаб ихтилофе ба миён омада, то ба ҳадде расид, ки онҳо аз якдигар ҷудо шуданд, ва Барнаббо Марқусро ҳамроҳи худ гирифта, бо киштӣ ба Қиприс рафт, ва Павлус барои Худ Силоро интихоб кард, ва ҳамин ки бародарон ӯро ба файзи Худо супурданд, рӯ ба сафар ниҳод, ва ба Сурия ва Киликия гузашта, ҷамоатҳоро устувор менамуд. Ба Дарба ва Лустра омад. Ва инак, Тимотиюс ном шогирде дар он ҷо буд, ки модараш яҳудизани имондор, лекин падараш юнонӣ буд, ва бародарон дар Лустра ва Қуния дар бораи ӯ шаҳодати нек медоданд. Павлус хост ӯро ҳамроҳи худ барад, ва ӯро гирифта, ба хотири яҳудиёне ки дар он ҷойҳо буданд, хатна кард, зеро ҳама падарашро мешинохтанд, ки вай юнонӣ буд. Дар ҳар шаҳре ки мегаштанд, дастурҳоеро, ки расулону пирон дар Уршалим қарор дода буданд, ба онҳо месупурданд, то аз рӯи он дастурҳо амал кунанд. Пас, ҷамоатҳо дар имон устувор мешуданд, ва шумораашон рӯз ба рӯз меафзуд. Вақте ки аз Фриҷия ва кишвари Ғалотия мегузаштанд, Рӯҳулқудс онҳоро нагузошт, ки каломро дар вилояти Осиё мавъиза кунанд. Ба Мисия расида, аз он ҷо ба Битуния рафтанӣ шуданд, лекин Рӯҳ ба онҳо иҷозат надод. Он гоҳ аз Мисия гузашта, ба Трӯос фуромаданд. Шабона ба Павлус рӯъёе аён шуд, ки инак марде мақдунӣ назди ӯ истода буд ва илтимос карда, мегуфт: «Ба Мақдуния омада, ба мо ёрӣ расон». Ҳамин ки ӯ ин рӯъёро дид, мо дарҳол ба Мақдуния рафтанӣ шудем, зеро хулоса баровардем, ки Худованд моро даъват намудааст, то дар он ҷо башорат диҳем. Аз Трӯос бо киштӣ рафта, рост ба Сомӯтрокӣ расидем ва рӯзи дигар ба Ниёпулис равона шудем; аз он ҷо ба Филиппӣ рафтем, ки шаҳри аввали он қисми Мақдуния, шаҳри муҳоҷирони румӣ буд. Дар он шаҳр якчанд рӯз истодем. Рӯзи шанбе аз шаҳр берун шуда, дар соҳили дарё, ки дар он ҷо одатан дуо мегуфтанд, нишастем ва ба заноне ки ҷамъ омада буданд, мавъиза кардем. Лидия ном зани худотарси арғувонфурӯш, ки аз шаҳри Тиётиро буд, гӯш мекард; Худованд дили ӯро кушода буд, то ба суханони Павлус диққат диҳад. Вақте ки ӯ ва аҳли хонааш таъмид гирифтанд, хоҳиш карда, гуфт: «Агар дилпур бошед, ки ман ба Худованд имон овардаам, ба хонаи ман омада, истед». Ӯ исрор кард ва мо розӣ шудем. Як рӯз, ки мо сӯи ҷои дуо мерафтем, ба мо канизе вохӯрд, ки рӯҳи ғайбгӯй дошт ва аз ғайбгӯӣ ба хоҷагони худ даромади калоне меовард. Вай аз пайи Павлус ва мо омад, ва фарёд зада, гуфт: «Ин одамон бандагони Худои Таолоянд ва роҳи наҷотро ба мо хабар медиҳанд». Азбаски чандин рӯз вай ҳамин гуна рафтор кард, Павлус сабрро аз даст дод ва ба вай рӯ гардонда, ба он рӯҳ гуфт: «Ба номи Исои Масеҳ туро мефармоям, ки аз вай берун баро». Ва дарҳол аз вай берун омад. Чун хоҷагони вай диданд, ки умеди даромадашон аз даст рафт, Павлус ва Силоро дастгир карда, ба майдони шаҳр назди сардорон кашида бурданд; вақте ки онҳоро назди волиён оварданд, гуфтанд: «Ин одамон, ки яҳудӣ ҳастанд, шаҳри моро ба шӯр овардаанд ва урфу одатҳоеро мавъиза мекунанд, ки қабул кардан ва ба ҷо овардани он ба мо, румиён, раво нест». Мардум низ бар онҳо бархестанд, ва волиён либосҳои онҳоро канда партофта, фармуданд, ки онҳоро калтаккорӣ кунанд. Пас аз задани зарбаи бисёр, онҳоро ба зиндон партофтанд ва ба зиндонбон фармуданд, ки онҳоро бо диққат нигоҳбонӣ кунад. Чун вай ин гуна фармоне гирифт, онҳоро ба зиндони дохилӣ партофт ва ба пойҳошон кунда зад. Наздики ними шаб Павлус ва Сило дуо гуфта, Худоро бо суруд ситоиш мекарданд, ва бандиён онҳоро гӯш мекарданд. Ногаҳон заминҷунбии азиме рӯй дод, то ба ҳадде ки таҳкурсии зиндон ба ларза даромад; дарҳол ҳамаи дарҳо кушода шуданд, ва занҷирҳои ҳама ғалтиданд. Зиндонбон бедор шуда, дарҳои зиндонро кушода дид ва шамшери худро кашида, мехост худро кушад, ба гумони он ки бандиён гурехта рафтаанд. Аммо Павлус бо овози баланд нидо карда, гуфт: «Ба худ осебе нарасон, зеро ҳамаи мо дар ин ҷо ҳастем». Зиндонбон чароғе талаб карда, ба дарун давида даромад ва ларзон шуда, пеши пои Павлус ва Сило афтод. Баъд онҳоро берун оварда, гуфт: «Эй хоҷагон! Чӣ бояд кунам, то наҷот ёбам?» Гуфтанд: «Ба Худованд Исои Масеҳ имон овар, ва ту бо аҳли хонаи худ наҷот меёбӣ». Он гоҳ каломи Худовандро ба вай ва тамоми аҳли хонааш баён карданд. Дар ҳамон соати шаб зиндонбон онҳоро бурда, захмҳошонро шуст, ва фавран худаш ва тамоми аҳли хонааш таъмид гирифтанд. Ва онҳоро ба хонаи худ оварда, дар пешашон хӯрок монд. Ӯ ва тамоми аҳли хонааш шод шуданд, ки ба Худо имон оварданд. Чун рӯз шуд, волиён навкаронро фиристоданд, ки гӯянд: «Он шахсонро озод кун». Зиндонбон инро ба Павлус хабар дод: «Волиён кас фиристодаанд, ки шуморо озод кунам; пас, берун омада, бо осоиш равед». Вале Павлус ба онҳо гуфт: «Моро, ки шаҳрвандони румӣ ҳастем, бе муҳокима дар пеши мардум калтаккорӣ карда, ба зиндон партофтанд, ва акнун моро пинҳонӣ озод мекунанд? Не, бигзор худашон омада, моро берун оваранд». Навкарон ин суханонро ба волиён расонданд, ва чун шуниданд, ки румӣ ҳастанд, тарсиданд. Ва омада, аз онҳо узр хостанд ва берун оварда, хоҳиш карданд, ки аз шаҳр раванд. Онҳо аз зиндон берун омада, ба хонаи Лидия рафтанд ва бо бародарон вохӯрда ва онҳоро насиҳат карда, равона шуданд. Аз Амфипулис ва Апуллуния гузашта, ба Тасолуникӣ омаданд, ки дар он ҷо куништи яҳудиён буд. Павлус, аз рӯи одати худ, назди онҳо даромад, ва се рӯзи шанбе бо онҳо аз Китоб гуфтугӯ мекард, ва ошкор намуда, исбот мекард, ки даркор буд Масеҳ азоб кашад ва аз мурдагон бархезад, ва мегуфт: «Ҳамин Исо, ки ман Ӯро ба шумо мавъиза мекунам, Масеҳ аст». Баъзе аз онҳо ва ҳамчунин шумораи зиёде аз юнониҳои худотарс ва бисёре аз занони ашроф бовар карданд ва ба Павлус ва Сило ҳамроҳ шуданд. Аммо яҳудиёне ки бовар накарда буданд, чанд нафар нобакоронро аз кӯча гирифта, тӯдае ҷамъ карданд ва шаҳрро ба шӯр оварданд ва ба хонаи Ёсун тохта, хостанд онҳоро назди халқ оваранд. Чун онҳоро наёфтанд, Ёсун ва чанд бародаронро назди сардорони шаҳр кашиданд ва дод зада мегуфтанд, ки онҳое ки тамоми ҷаҳонро ба ошӯб оварданд, ба ин ҷо низ омадаанд, ва Ёсун онҳоро пазироӣ кардааст, ва ҳамаи онҳо бар хилофи фармонҳои қайсар амал мекунанд ва Шахси дигарро, ки Исо ном дорад, подшоҳ медонанд. Аз шунидани ин суханон мардум ва сардорони шаҳр ба ташвиш афтоданд, ва аз Ёсун ва дигарон кафолат гирифта, онҳоро сар доданд. Бародарон фавран Павлус ва Силоро шабона ба Бирия равона карданд, ва онҳо ба он ҷо расида, ба куништи яҳудиён даромаданд. Аҳли он ҷо назар ба аҳли Тасолуникӣ равшанфикртар буданд: бо тамоми шавқ каломро қабул мекарданд ва ҳар рӯз Китобро таҳлил мекарданд, ки оё чунин аст. Бисёре аз онҳо, ва низ миқдори зиёде аз занону мардони ашрофи юнонӣ имон оварданд. Лекин чун яҳудиёни Тасолуникӣ фаҳмиданд, ки Павлус дар Бирия низ каломи Худоро мавъиза кардааст, ба он ҷо омада, мардумро ба шӯр оварданд. Дарҳол бародарон Павлусро сӯи баҳр равона карданд, вале Сило ва Тимотиюс дар он ҷо монданд. Ҳамроҳони Павлус ӯро то Атино гуселонданд; ва ӯ ба онҳо фармуд, ки ҳарчи зудтар Сило ва Тимотиюсро назди ӯ равона кунанд. Баъд онҳо гашта рафтанд. Ҳангоме ки Павлус дар Атино ба онҳо интизорӣ дошт, чун дид, ки ин шаҳр аз бутҳо пур аст, рӯҳаш дар дарунаш ба шӯр омад. Бинобар ин дар куништ бо яҳудиён ва худотарсон ва дар бозор ҳар рӯз бо ҳар кӣ вомехӯрд, гуфтугӯ мекард. Баъзе аз файласуфони эпикурӣ ва равоқӣ низ бо ӯ мунозира мекарданд; баъзеашон мегуфтанд: «Ин беҳудагӯй чӣ мехоҳад гӯяд?»; дигарҳо мегуфтанд: «Чунин метобад, ки ӯ воизи худоҳои бегона аст»; зеро ӯ ба онҳо аз Исо ва растохез башорат медод. Ӯро дастгир карда, ба Арюпог оварданд ва гуфтанд: «Оё мумкин аст мо донем, ки ин таълими наве ки ту медиҳӣ, чист? Азбаски суханонат ба гӯши мо бегона мерасанд, мехоҳем донем, ки онҳо чӣ маъно доранд». Зеро тамоми аҳли Атино ва бегонагони сокини он ҷо вақти худро аз ҳама зиёдтар дар гуфтану шунидани ягон гапи нав мегузаронданд. Он гоҳ Павлус дар миёнҷои Арюпог истода, гуфт: «Эй мардони Атино! Шуморо аз ҳар ҷиҳат бисёр диндор ёфтаам; зеро, чун гаштугузор карда, ибодатгоҳҳои шуморо аз назар мегузарондам, қурбонгоҳе дидам, ки бар он навишта шудааст: “Ба Худои ношинос”. Пас, ҳамонро, ки шумо мепарастед, вале намешиносед, ман ба шумо мавъиза мекунам: Худое ки олам ва тамоми мавҷудоти онро офаридааст, Худованди осмону замин аст ва дар ибодатхонаҳои сохтаи дасти инсон нест ва ба хизмати дастҳои одамон эҳтиёҷ надорад, зеро Худаш ҳаёт ва нафас ва ҳар чизро ба ҳама мебахшад. Ҳамаи халқҳои одамизодро Ӯ аз як хун ба вуҷуд овардааст, то бар тамоми рӯи замин сокин шаванд, ва мӯҳлатҳо ва ҳудуди муайяни сокиншавии онҳоро пешакӣ муқаррар кардааст, то онҳо Худовандро ҷустуҷӯ кунанд ва, шояд даст-даст карда, Ӯро ёбанд, гарчанде ки Ӯ аз ҳеҷ яке аз мо дур нест; зеро “мо дар Ӯ зиндагӣ ва ҳаракат ва вуҷуд дорем”, чунон ки баъзе аз шоирони шумо низ гуфтаанд: “Мо аз насли Ӯ ҳастем”. Пас, азбаски мо аз насли Худо ҳастем, набояд гумон кунем, ки Илоҳият монанд аст ба тилло ё нуқра ё санге ки аз санъат ва хаёли инсон сурате гирифтааст. Хуллас, Худо аз замонҳои нодонӣ сарфи назар карда, акнун дар ҳар ҷо ба ҳамаи одамон мефармояд, ки тавба кунанд; зеро Ӯ рӯзеро муқаррар намудааст, ки аҳли ҷаҳонро ба воситаи Марде ки интихобшудаи Ӯст, аз рӯи инсоф доварӣ кунад, ва барои он ки инро ба ҳама исбот намояд, Ӯро аз мурдагон бархезонд». Вақте ки растохези мурдагонро шуниданд, баъзе масхара карданд, вале дигарон гуфтанд: «Дар ин бора дафъаи дигар аз ту шунидан мехоҳем». Бо ҳамин, Павлус аз миёни онҳо берун омад. Вале якчанд кас ба ӯ ҳамроҳ шуда, имон оварданд; дар байни онҳо Диёнисиюси арюпогӣ ва Домарис ном зане ва дигарон бо онҳо буданд. Пас аз ин Павлус Атиноро тарк карда, ба Қуринтус омад. Дар он ҷо Акило ном яҳудиро ёфт, ки зодгоҳаш Понтус буда, ба қарибӣ бо ҳамсараш Прискила аз Италия омада буд, зеро Клавдиюс фармон дода буд, ки ҳамаи яҳудиён аз Рум раванд; ва Павлус назди онҳо омад, ва азбаски монанди онҳо ҳунари хаймадӯзӣ дошт, назди онҳо монда, ба кор машғул шуд. Ҳар рӯзи шанбе ӯ дар куништ гуфтугӯ карда, яҳудиён ва юнониёнро бовар мекунонд. Вақте ки Сило ва Тимотиюс аз Мақдуния омаданд, Павлус аз Рӯҳ илҳом ёфта, ба яҳудиён шаҳодат додан гирифт, ки Исо Масеҳ аст. Аммо азбаски онҳо зиддият ва бадзабонӣ мекарданд, домани худро бар онҳо афшонда, гуфт: «Хунатон ба гардани худатон; ман аз он пок ҳастам; минбаъд назди ғайрияҳудиён меравам». Аз он ҷо рафта, назди Юстус ном шахси худотарсе омад, ки хонаи вай бо куништ пайваст буд. Криспус, ки сардори куништ буд, бо тамоми аҳли хонааш ба Худованд имон овард, ва бисёре аз қуринтиён, чун шуниданд, имон оварданд ва таъмид гирифтанд. Худованд як шаб дар рӯъё ба Павлус гуфт: «Натарс, балки сухан гӯй ва хомӯш набош, зеро Ман бо ту ҳастам, ва ҳеҷ кас ба ту осебе намерасонад; чунки Ман дар ин шаҳр мардуми бисёре дорам». Ба ин сабаб ӯ як солу шаш моҳ дар он ҷо монда, каломи Худоро ба онҳо таълим медод. Дар ин миён, вақте ки Ғолиюн волии Охоия буд, яҳудиён якдил шуда, ба Павлус ҳуҷум карданд ва ӯро ба додгоҳ кашида оварданд ва гуфтанд: «Ин шахс мардумро иғво медиҳад, ки ибодати Худоро бар хилофи шариат ба ҷо оваранд». Павлус ҳанӯз ҳарфе назада буд, ки Ғолиюн ба яҳудиён гуфт: «Эй яҳудиён! Агар ҷинояте ё кирдори баде рӯй медод, барои ман асосе мебуд, ки арзи шуморо шунавам; вале агар сухан дар бораи калимаҳо ва номҳо ва шариати шумо равад, худатон бояд онро ҳал кунед: ман дар ин кор довар будан намехоҳам». Ва онҳоро аз додгоҳ ронд. Ҳамаи юнониён сардори куништ Сӯстинисро дастгир карда, дар назди додгоҳ заданд, ва Ғолиюн ба ин ҳеҷ парво накард. Павлус боз чандин рӯз дар он ҷо истод, баъд бо бародарон хайру хуш кард ва бо киштӣ ба Сурия равона шуд. Прискила ва Акило ҳамроҳаш буданд. Ӯ дар Канхария сарашро тарошид, чунки назр карда буд. Вақте ки ба Эфесус расид, онҳоро дар он ҷо монда, худаш ба куништ даромад ва бо яҳудиён гуфтугӯ кард. Аз ӯ хоҳиш карданд, ки муддате бо онҳо монад, лекин ӯ розӣ нашуд. Ва бо онҳо хайру хуш карда, гуфт: «Ман бояд иди меомадаро ҳатман дар Уршалим гузаронам; пас аз он, Худо хоҳад, боз назди шумо бармегардам». Ва Эфесусро бо киштӣ тарк кард. Ба Қайсария расида, ба Уршалим рафт ва бо ҷамоат салому аҳволпурсӣ карда, ба Антокия равона шуд. Муддате дар он ҷо истода, боз ба сафар рафт ва дар кишвари Ғалотия ва Фриҷия гашта, ҳамаи шогирдонро устувор менамуд. Апуллус ном яҳудие аз аҳли Искандария, ки шахси суханвар ва аз Китоб хабардор буд, ба Эфесус расид. Ӯ дар роҳи Худованд тарбия ёфта буд ва бо ҷӯшу хурӯши Рӯҳ сухан ронда, дар бораи Худованд ба хубӣ таълим медод, гарчанде ки танҳо аз таъмиди Яҳё огоҳӣ дошт. Ӯ дар куништ далерона сухан рондан гирифт. Чун Акило ва Прискила суханонашро шуниданд, ӯро назди худ оварданд ва роҳи Худовандро ба ӯ дақиқтар фаҳмонданд. Вақте ки ӯ ба Охоия рафтан хост, бародарон насиҳаткунон ба шогирдон навиштанд, ки ӯро пазироӣ кунанд. Чун ба он ҷо расид, ба касоне ки бо файзи Худо имон оварда буданд, ёрдами бисёр дод. Зеро бо қуввати тамом дар пеши ҳама бо яҳудиён баҳс карда, аз рӯи Китоб исбот менамуд, ки Исо Масеҳ аст. Дар он замоне ки Апуллус дар Қуринтус буд, Павлус дар ноҳияҳои баланд гардиш карда, ба Эфесус расид ва дар он ҷо шогирдонро ёфта, ба онҳо гуфт: «Оё вақте ки имон овардед, Рӯҳулқудсро қабул кардед?» Ба ӯ гуфтанд: «Ҳатто нашунидаем, ки Рӯҳулқудс ҳаст». Ба онҳо гуфт: «Пас чӣ таъмиде гирифтед?» Гуфтанд: «Таъмиди Яҳё». Павлус гуфт: «Таъмиде ки Яҳё медод, таъмиди тавба буд, ва ӯ ба қавм мегуфт: “Ба он Касе ки пас аз ман меояд, яъне ба Масеҳ Исо имон оваред”». Чун инро шуниданд, ба номи Худованд Исо таъмид гирифтанд, ва ҳангоме ки Павлус дастҳои худро бар сари онҳо гузошт, Рӯҳулқудс бар онҳо омад, ва ба забонҳо сухан ронда, пайғамбарӣ карданд. Онҳо ҳамагӣ тақрибан дувоздаҳ мард буданд. Муддати се моҳ ӯ ба куништ даромада, далерона мавъиза мекард ва дар бораи Подшоҳии Худо гуфтугӯ мекард ва далелҳо меовард. Вале азбаски баъзе касон сахтдил буданд ва имон намеоварданд ва дар ҳаққи Тариқат пеши мардум бадзабонӣ мекарданд, бинобар ин аз онҳо худро канор гирифта, шогирдонро ҷудо кард ва ҳар рӯз дар омӯзишгоҳи Тиронус ном шахсе гуфтугӯ мекард. Ду сол ин давом кард, ба тавре ки ҳамаи сокинони вилояти Осиё, ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, каломи Худованд Исоро шуниданд. Худо ба воситаи дастони Павлус муъҷизаҳои ғайриодие ба амал меовард, то ба ҳадде ки дастмолҳо ва пешбандҳои ба бадани ӯ расидаро бурда, бар беморҳо мегузоштанд, ва бемории онҳо нест мешуд, ва рӯҳҳои бад аз онҳо берун мерафтанд. Ҳатто баъзе аз азоимхонҳои оворагарди яҳудӣ ҳам бар онҳое ки гирифтори рӯҳи бад буданд, номи Худованд Исоро зикр карда, мегуфтанд: «Шуморо ба Исое ки Павлус мавъиза мекунад, қасам медиҳем». Ҳафт нафар писарони Искиво ном шахсе ки яке аз саркоҳинони яҳудӣ буд, ҳамин гуна амал мекарданд. Аммо рӯҳи бад дар ҷавоб гуфт: «Исоро мешиносам, Павлусро низ медонам, лекин шумо кистед?» Шахсе ки рӯҳи бад дошт, бо чунон қуввате ба онҳо дарафтод, ки мағлуб шуданд ва бараҳна ва захмдор аз он хона гурехтанд. Ин рӯйдод ба гӯши ҳамаи яҳудиён ва юнониёни сокини Эфесус расида, ҳамаро ба ҳарос андохт, ва номи Худованд Исоро иззату икром мекарданд. Бисёре аз имондорон омада, корҳои худро иқрор ва ошкор мекарданд. Бисёре аз онҳое ки ба ҷодугарӣ машғул буданд, китобҳои худро оварда, дар пеши ҳама сӯзонданд; вақте ки арзиши онҳоро ҳисоб карданд, маълум шуд, ки баробари панҷоҳ ҳазор дирҳам аст. Каломи Худованд ҳамин гуна қувват мегирифт ва паҳн мешуд. Пас аз анҷоми ин чизҳо, Павлус дар Рӯҳ ният кард, ки аз Мақдуния ва Охоия гузашта, ба Уршалим равад, ва гуфт: «Пас аз рафтанам ба он ҷо, Румро низ бояд бинам». Аз дастёронаш ду нафарро, яъне Тимотиюс ва Арастусро, ба Мақдуния равона карда, худаш муддате дар вилояти Осиё монд. Дар он замон шӯру ғавғои азиме ба сабаби Тариқат рӯй дод; зеро Димитриюс ном нуқрагаре ки нусхаҳои нуқрагини ибодатхонаи Артамисро месохт ва ба ин восита ба санъатгарон фоидаи калоне мерасонд, онҳоро ва ҳунармандони дигарро ҷамъ оварда, гуфт: «Эй мардон! Шумо медонед, ки некӯаҳволии мо аз ҳамин ҳунар аст, ва шумо дида ва шунида истодаед, ки на танҳо дар Эфесус, балки қариб дар тамоми вилояти Осиё ин Павлус мардуми бисёрро барангехта, гумроҳ кардааст, ва мегӯяд: “Чизҳои сохтаи дасти инсон худо нестанд”. Пас, хатари он аст, ки на танҳо ҳунари мо беқадр шавад, балки ин ибодатгоҳи олиҳаи бузурги мо Артамис низ беэътибор шавад, ва ҳашамати вай, ки тамоми вилояти Осиё ва ҷаҳон парастишаш мекунанд, барҳам хӯрад». Вақте ки инро шуниданд, хеле ба хашм омада, фарёд заданд: «Бузург аст Артамиси эфесусиён!» Тамоми шаҳр ба шӯр омада, ҳама якдилона сӯи тамошохона тохтанд ва Ғоюс ва Аристархусро, ки аз аҳли Мақдуния ва ҳамроҳони Павлус буданд, бо худ кашида бурданд. Павлус мехост ба миёни мардум дарояд, аммо шогирдон ӯро намонданд. Ҳамчунин баъзе аз сардорони вилояти Осиё, ки дӯстонаш буданд, назди ӯ кас фиристода, таъкид карданд, ки ба тамошохона набиёяд. Дар ин миён баъзе касон дод зада, чизе мегуфтанд, дигарон чизи дигаре; зеро ҷамоат ошуфта буд ва бисёрии онҳо намедонистанд барои чӣ ҷамъ шудаанд. Аз миёни тӯда Искандарро кашида бароварданд, чунки яҳудиён ӯро пеш андохта буданд, ва Искандар бо дасташ ишора намуда, хост барои муҳофизати худ ба мардум сухане гӯяд. Аммо, чун яҳудӣ буданашро фаҳмиданд, ҳама бо як овоз дод заданд ва қариб ду соат нидо мекарданд: «Бузург аст Артамиси эфесусиён!» Котиби шаҳр мардумро ором карда, гуфт: «Эй мардони Эфесус! Кӣ намедонад, ки шаҳри Эфесус нигаҳбони ибодатхонаи олиҳаи бузург Артамис ва ҳайкали аз осмон фуромадаи вай мебошад? Азбаски ин баҳснопазир аст, шумо бояд ором бошед ва рафтори бемулоҳизае накунед; зеро ин шахсоне ки шумо овардаед, на ғораткунандагони ибодатгоҳанд ва на дар бораи олиҳаи шумо куфр гуфтаанд. Агар Димитриюс ва ҳунармандони ҳамкораш даъвое бар касе дошта бошанд, инак рӯзҳои доварӣ муқаррар шудаанд, волиён низ ҳастанд: бигзор ба онҳо шикоятҳои худро оварда супоранд. Вале агар дархости дигаре дошта бошед, он бояд дар ҷамоати қонунӣ ҳал шавад; зеро хатари он аст, ки мо барои рафтори имрӯза ба шӯриш айбдор шавем, ва мо ҳеҷ далеле надорем, ки барои чунин издиҳом онро сабаб нишон диҳем». Инро гуфта, ҷамоатро пароканда кард. Чун шӯру ғавғо фурӯ нишаст, Павлус шогирдонро даъват намуда, хайру хуш кард ва ба Мақдуния равона шуд. Дар он ноҳияҳо гашта, бисёр насиҳат дод ва ба Юнон омад. Дар он ҷо се моҳ истод; ӯ хост бо киштӣ ба Сурия равад, аммо азбаски яҳудиён ба муқобили ӯ забон як карда буданд, ба фикре омад, ки бо роҳи Мақдуния гашта равад. То ба вилояти Осиё ҳамроҳи ӯ инҳо рафтанд: Супотрус аз аҳли Бирия, тасолуникиён Аристархус ва Секундус, Ғоюс аз аҳли Дарба, Тимотиюс ва осиёиҳо Тихиқус ва Труфимус. Инҳо аз мо пештар рафта, дар Трӯос мунтазири мо шуданд. Лекин мо пас аз рӯзҳои иди Фатир аз Филиппӣ бо киштӣ рафтем ва пас аз панҷ рӯз ба Трӯос назди онҳо расидем ва дар он ҷо ҳафт рӯз истодем. Рӯзи якуми ҳафта, вақте ки шогирдон барои пора кардани нон ҷамъ шуданд, Павлус, ки фардояш аз он ҷо рафтанӣ буд, бо онҳо гуфтугӯ кард, ва суханаш то нисфи шаб давом намуд. Дар болохонае ки мо ҷамъ шуда будем, чароғҳои бисёре месӯхтанд. Эфтихус ном ҷавоне ки дар тиреза нишаста буд, ба пинак рафт, ва ҳангоме ки сухани Павлус тӯл кашид, хоби сахташ бурда, ногоҳ аз ошёнаи сеюм ба зер афтод, ва чун ӯро бардоштанд, мурда буд. Павлус поён фуромада, худро болои ӯ партофт ва ӯро оғӯш гирифта, гуфт: «Хавотир нашавед, зеро ҷони ӯ дар ӯст». Пас боло баромад ва нонро пора карда, хӯрд ва то бомдод гуфтугӯи бисёре карда, ба роҳи худ равона шуд. Дар ин миён он ҷавонро зинда оварданд, ва хотирашон хеле осуда шуд. Мо зуд ба киштӣ савор шуда, ба Асус рафтем, то ки аз он ҷо Павлусро ҳамроҳи худ гирем, зеро чунин фармуда буд, ва ӯ хост пиёда равад. Вақте ки дар Асус бо мо вохӯрд, ӯро ҳамроҳи худ гирифта, ба Митилинӣ омадем. Аз он ҷо бо киштӣ равона шуда, рӯзи дигар дар рӯ ба рӯи Хиюс бозистодем; як рӯз пас ба Сомус расидем ва дар Труҷилиюн истода, фардои он вориди Милитус шудем, зеро Павлус ният дошт аз паҳлуи Эфесус гузашта равад, то дар вилояти Осиё дер наистад, чунки ӯ мешитобид, ки ба қадри имкон дар рӯзи Пантикост дар Уршалим бошад. Аз Милитус ба Эфесус кас фиристода, пирони ҷамоатро даъват намуд, ва ҳангоме ки назди ӯ омаданд, ба онҳо гуфт: «Шумо медонед, ки аз рӯзи аввали ба Осиё қадам монданам, дар тамоми вақте ки бо шумо будам, ман чӣ гуна рафтор кардам, яъне бо камоли фурӯтанӣ, бо ашкҳои бисёр ва бо озмоишҳое ки ба воситаи қасдҳои бади яҳудиён ба сарам меомад, Худовандро бандагӣ намудам, ва чӣ гуна ман ҳар чизеро, ки фоиданок буд, аз шумо дареғ надоштам, балки дар пеши тамоми мардум ва хона ба хона гашта, ба шумо мавъиза кардам ва таълим додам. Ва ба яҳудиён ва юнониён шаҳодат медодам, ки назди Худо тавба кунанд ва ба Худованди мо Исо имон оваранд. Ва инак, акнун дар бандагии Рӯҳ ба Уршалим меравам ва аз он чи дар он ҷо ба сарам меояд, чизе намедонам, ғайр аз ин ки Рӯҳулқудс дар ҳар шаҳр шаҳодат дода, мегӯяд, ки занҷирҳо ва азобҳо маро интизоранд. Лекин ба ин чизҳо нигоҳ намекунам ва ҷони худро азиз намедорам, балки танҳо мехоҳам вазифаи худро ва он хизматеро, ки Худованд Исо ба ман супурдааст, яъне шаҳодати Инҷили файзи Худоро бо хушӣ анҷом диҳам. Ва акнун инро медонам, ки ҳамаи шумо, ки дар байнатон гашта, Подшоҳии Худоро мавъиза кардаам, дигар рӯи маро намебинед. Бинобар ин имрӯз ба шумо шаҳодат медиҳам, ки ман аз хуни ҳамаатон пок ҳастам, зеро кӯтоҳбаёнӣ накардаам, балки ба шумо тамоми нақшаи Худоро фаҳмондам. Пас, худатон ва тамоми он рамаеро назорат кунед, ки Рӯҳулқудс шуморо нигаҳбони он вогузоштааст, то ҷамоати Худованд Худоро, ки Ӯ бо хуни Худ харидааст, чӯпонӣ кунед. Зеро ман медонам, ки пас аз рафтани ман гургҳои даранда ба миёни шумо меоянд, ки ба рама раҳме намекунанд; аз миёни худатон низ шахсоне пайдо мешаванд, ки суханони каҷ мегӯянд, то шогирдонро аз пайи худ кашанд. Бинобар ин ҳушёр бошед ва дар хотир нигоҳ доред, ки ман дар давоми се сол, рӯзонаву шабона ашк рехта, ҳар яке аз шуморо насиҳат додам. Акнун, эй бародарон, шуморо ба Худо ва ба каломи файзи Ӯ месупорам, ки қодир аст шуморо обод гардонад ва дар миёни ҳамаи муқаддасон ба шумо меросе бахшад. Ман ба нуқра ё тилло ё либоси касе чашм надӯхтаам; худатон медонед, ки ҳамин дастҳо барои эҳтиёҷҳои худам ва ҳамроҳонам хизмат кардаанд. Бо тамоми рафтори худ ба шумо нишон додаам, ки чунин меҳнат карда, нотавононро дастгирӣ намудан ва суханони Худованд Исоро дар ёд нигоҳ доштан даркор аст, ки Ӯ гуфтааст: “Додан аз гирифтан беҳтар аст”». Баъд аз гуфтани ин зону зада, бо ҳамаашон дуо гуфт. Ҳама гиряи бисёр карданд ва Павлусро ба оғӯш кашида, мебӯсиданд. Беш аз ҳама чунин сухани ӯ онҳоро хеле ғамгин кард, ки гуфта буд: «Рӯи маро дигар намебинед». Ва ӯро то киштӣ гуселонданд. Бо онҳо хайру хуш карда, бо киштӣ равона шудем ва рост ба Кос омадем; рӯзи дигар ба Рудус ва аз он ҷо ба Потаро расидем. Дар он ҷо киштие ёфтем, ки ба Финиқия рафтанӣ буд, ва ба он савор шуда, ҳаракат кардем. Қиприсро, ки аз дур намоён шуд, ба тарафи чап монда, сӯи Сурия равона шудем ва дар Сур лангар андохтем, зеро дар он ҷо бояд бори киштиро мефуроварданд. Дар он ҷо шогирдонро пайдо карда, ҳафт рӯз истодем; онҳо бо илҳоми Рӯҳ ба Павлус гуфтанд, ки ба Уршалим наравад. Чун вақти мо ба охир расид, боз ба роҳ даромадем, ва ҳама бо занону бачаҳошон моро то беруни шаҳр гусел карданд; мо дар соҳили баҳр зону зада, дуо гуфтем; ва бо ҳамдигар хайру хуш карда, ба киштӣ даромадем, ва онҳо ба хонаҳои худ баргаштанд. Сафари худро бо киштӣ анҷом дода, аз Сур ба Патуламоис расидем ва бо бародарон вохӯрда, як рӯз дар наздашон истодем. Рӯзи дигар Павлус ва мо, ки ҳамроҳаш будем, он ҷоро тарк карда, ба Қайсария омадем ва ба хонаи Филлипуси башоратдиҳанда, ки яке аз ҳафт нафар буд, даромада, назди ӯ мондем. Ӯ чор духтари бокира дошт, ки пайғамбарӣ мекарданд. Пас аз чандин рӯзе ки дар он ҷо будем, Оғобус ном пайғамбаре аз Яҳудия омад. Ва назди мо даромада, камарбанди Павлусро гирифт ва дастҳову пойҳои худро баст ва гуфт: «Рӯҳулқудс мегӯяд, ки яҳудиён дар Уршалим соҳиби ин камарбандро ҳамин тавр баста, ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд». Вақте ки инро шунидем, мо ва аҳли он ҷо илтимос кардем, ки ӯ ба Уршалим наравад. Аммо Павлус ҷавоб дод: «Ин чӣ корест, ки шумо мекунед? Чаро бо гиряи худ дили маро мешиканед? Ман тайёрам на танҳо бандӣ шавам, балки дар Уршалим барои номи Худованд Исо мурам». Чун ба гапи мо надаромад, ором шуда, гуфтем: «Он чи хости Худованд аст, шавад!» Пас аз он рӯзҳо мо тайёрии сафарро дида, сӯи Уршалим равона шудем. Баъзе аз шогирдони Қайсария низ моро ҳамроҳӣ карда, ба хонаи Маносун ном шахсе ки аз аҳли Қиприс ва шогирди дерина буд, оварданд, то назди ӯ меҳмон шавем. Вақте ки вориди Уршалим шудем, бародарон моро бо хурсандӣ қабул карданд. Рӯзи дигар Павлус ҳамроҳи мо назди Яъқуб рафт; ҳамаи пирон низ ҳозир шуданд. Пас аз салому аҳволпурсӣ он чиро, ки Худо ба воситаи хизмати ӯ дар миёни ғайрияҳудиён ба амал оварда буд, муфассал нақл кард. Чун шуниданд, Худовандро ҳамду сано хонданд ва ба ӯ гуфтанд: «Эй бародар, чунон ки мебинӣ, чандин ҳазор яҳудиён имон овардаанд ва ҳамаашон ғайратмандони шариат мебошанд. Онҳо дар бораи ту шунидаанд, ки ба ҳамаи яҳудиёне ки дар миёни халқҳо умр ба сар мебаранд, таълим медиҳӣ, ки аз Мусо дур шаванд, ва мегӯӣ, ки писарони худро хатна накунанд ва аз рӯи урфу одат рафтор накунанд. Пас, чӣ бояд кард? Албатта мардум ҷамъ мешаванд, зеро аз омаданат хабар меёбанд. Бинобар ин он чи ба ту мегӯем, ба ҷо овар: назди мо чор одам ҳастанд, ки назре кардаанд; онҳоро бо худ гирифта, ҳамроҳашон таҳорат намо ва харҷашонро ба гарданат гир, то онҳо сари худро тарошанд, ва ҳама мефаҳманд, ки он чи дар бораи ту шунидаанд, асосе надорад, балки худат ҳам мувофиқи шариат рафтор мекунӣ. Лекин дар хусуси онҳое ки аз байни ғайрияҳудиён имон овардаанд, мо навишта ва фармуда будем, ки чизеро риоя накунанд, балки танҳо аз қурбониҳои бутҳо, аз хун, аз ҳайвонҳои хафашуда ва аз фосиқӣ парҳез намоянд». Павлус он одамонро бо худ гирифта, ҳамроҳашон таҳорат намуд ва рӯзи дигар ба ибодатгоҳ даромад ва анҷоми рӯзҳои таҳоратро, ки бояд барои ҳар яке аз онҳо қурбоние тақдим карда шавад, эълон кард. Вақте ки ҳафт рӯз ба охир мерасид, яҳудиёни аҳли вилояти Осиё ӯро дар ибодатгоҳ дида, тамоми мардумро ба шӯр оварданд ва ба ӯ дастдарозӣ карданд ва фарёд заданд: «Эй мардони Исроил, ёрӣ диҳед! Ин ҳамон касест, ки ҳамаро дар ҳар ҷо зидди қавм ва шариат ва ин макон таълим медиҳад, дар айни ҳол юнониҳоро низ ба ибодатгоҳ дароварда, ин макони муқаддасро ҳаром кардааст». Зеро Труфимуси эфесусиро бо ӯ дар шаҳр дида буданд ва гумон карданд, ки Павлус вайро ба ибодатгоҳ овардааст. Тамоми шаҳр ба ҷунбиш омад, мардуми бисёре ҷамъ шуданд ва Павлусро дастгир карда, аз ибодатгоҳ берун бароварданд ва дарҳол дарҳоро бастанд. Вақте ки кӯшиш карданд ӯро кушанд, ба мириҳазори сипоҳ хабар расид, ки тамоми Уршалим ба ошӯб омадааст; вай дарҳол сарбозон ва мирисадҳоро бо худ гирифта, сӯи онҳо шитофт, ва ҳангоме ки мириҳазор ва сарбозонро диданд, аз задани Павлус даст кашиданд. Мириҳазор наздик омада, ӯро дастгир кард ва фармуд, ки ӯро бо ду занҷир банданд, ва пурсид, ки ин кист ва чӣ гуноҳе кардааст? Аз байни тӯда дод зада, баъзеҳо як чиз ва баъзеҳо чизи дигар мегуфтанд, ва азбаски вай аз боиси шӯру ғавғо ҳақиқати ҳолро фаҳмида натавонист, фармон дод, ки ӯро ба қалъа баранд. Вақте ки ӯ ба зинапоя расид, сарбозон ба сабаби хашми мардум маҷбур шуданд ӯро бардошта баранд. Зеро мардуми бисёре аз қафо омада, фарёд мезаданд, ки “ӯро кушед!” Пеш аз он ки вориди қалъа шаванд, Павлус ба мириҳазор гуфт: «Оё иҷозат медиҳӣ ба ту гап занам?» Гуфт: «Оё забони юнониро медонӣ? Оё ту ҳамон мисрие нестӣ, ки якчанд рӯз пеш аз ин, шӯрише барангехта, чор ҳазор одамкушро бо худ ба биёбон бурд?» Павлус гуфт: «Ман шахси яҳудӣ аз Тарсус ҳастам, шаҳрванди шаҳри машҳури Киликия; хоҳишмандам иҷозат деҳ, то ба мардум сухане гӯям». Вақте ки иҷозат дод, Павлус дар болои зина истода, бо дасташ ба мардум ишора кард, ва чун хомӯшии том фаро расид, ба забони ибронӣ ба онҳо гуфт: «Эй мардон, бародарон ва падарон! Он чиро, ки пеши шумо барои муҳофизати худ мегӯям, гӯш кунед». Чун шуниданд, ки ба онҳо ба забони ибронӣ сухан мекунад, боз зиёдтар хомӯш шуданд. Ӯ гуфт: «Ман марди яҳудӣ ҳастам, дар Тарсуси Киликия таваллуд шудаам, вале дар ин шаҳр дар хизмати Ҷамлиил тарбият ёфтаам ва шариати падаронро бо диққат омӯхтаам ва барои Худо ғайратманд будам, чунон ки ҳамаи шумо имрӯз ҳастед. Ва аҳли Тариқатро то ба дараҷаи марг таъқиб менамудам ва мардону занонро баста, дар зиндон меандохтам; дар бораи ман саркоҳин ва ҳамаи пирон низ гувоҳӣ медиҳанд, ки ман аз онҳо номаҳо гирифта, ба Димишқ назди бародарон рафта будам, то онҳоеро ки дар он ҷо бошанд, бандӣ карда, барои ҷазо ба Уршалим биёрам. Аммо дар аснои роҳ, вақте ки ба Димишқ наздик меомадам, тахминан нисфирӯзӣ ногоҳ нури бузурге аз осмон гирди ман дурахшид. Бар замин афтодам ва овозе шунидам, ки ба ман мегуфт: “Шоул, Шоул! Барои чӣ Маро таъқиб мекунӣ?” Ҷавоб додам: “Худовандо, Ту кистӣ?” Ӯ ба ман гуфт: “Ман он Исои Носирӣ ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ”. Онҳое ки ҳамроҳи ман буданд, нурро дида, ҳаросон шуданд, вале овози он Касеро, ки ба ман сухан мегуфт, намешуниданд. Он гоҳ ман гуфтам: “Худовандо! Чӣ кунам?” Худованд ба ман гуфт: “Бархез ва ба Димишқ рав, ва дар он ҷо ҳар коре ки бояд кунӣ, ба ту гуфта мешавад”. Азбаски ман аз дурахши он нур нобино шуда будам, ҳамроҳонам аз дастам гирифта, ба Димишқ бурданд. Ҳанониё ном марди худотарс аз рӯи шариат, ки дар миёни ҳамаи яҳудиёни сокини Димишқ некном буд, назди ман омада, истоду ба ман гуфт: “Эй бародар Шоул! Бино шав”. Ҳамон дам ман ӯро дидам. Ӯ гуфт: “Худои падарони мо туро аз пеш таъйин кардааст, то хости Ӯро донӣ ва он Росткорро бинӣ ва аз забонаш сухане шунавӣ, чунки аз он чи дидаӣ ва шунидаӣ, пеши ҳамаи мардум шоҳиди Ӯ мешавӣ. Пас, чаро интизор ҳастӣ? Бархез ва таъмид гир ва номи Худовандро хонда, аз гуноҳҳои худ пок шав”. Вақте ки ба Уршалим баргашта, дар ибодатгоҳ дуо мегуфтам, дар ҳолати бехудӣ афтодам ва Ӯро дидам, ки мегуфт: “Шитоб намо ва аз Уршалим зуд равона шав, чунки шаҳодати туро дар бораи Ман қабул намекунанд”. Гуфтам: “Худовандо! Онҳо медонанд, ки ман имондорони Туро ба зиндон мепартофтам ва дар куништҳо мезадам, ва ҳангоме ки хуни шоҳиди Ту Истефанусро мерехтанд, ман дар он ҷо истода, ба куштори ӯ розӣ будам ва либосҳои кушандагони ӯро посбонӣ мекардам”. Аммо Ӯ ба ман гуфт: “Равона шав, зеро Ман туро ба ҷойҳои дур сӯи ғайрияҳудиён мефиристам”». То ҳамин суханаш ба ӯ гӯш доданд; баъд фарёд зада, гуфтанд: «Чунин шахсро аз рӯи замин нобуд кунед! Зеро набояд ӯ зинда монад». Вақте ки онҳо дод мезаданд, ҷомаҳои худро мепартофтанд ва чанг ба ҳаво бармеафшонданд, мириҳазор фармуд, ки ӯро ба қалъа дароварда, тозиёна зананд, то фаҳманд, ки аз чӣ сабаб бар ӯ ин қадар фарёд мезананд. Вақте ки ӯро бо тасмаҳо мебастанд, Павлус ба мирисаде ки наздаш истода буд, гуфт: «Оё шумо иҷозат доред, ки шаҳрванди Румро, бе он ки маҳкум шуда бошад, тозиёна занед?» Чун мирисад инро шунид, назди мириҳазор рафта, хабар дод ва гуфт: «Оё медонӣ, чӣ карданӣ ҳастӣ? Ин шахс шаҳрванди Рум аст». Мириҳазор назди ӯ омада, пурсид: «Ба ман гӯй, ки оё ту шаҳрванди Рум ҳастӣ?» Гуфт: «Оре». Мириҳазор гуфт: «Ман ин шаҳрвандиро бо маблағи калоне ба даст овардаам». Павлус гуфт: «Аммо ман бо он ба дунё омадаам». Дарҳол онҳое ки ӯро шиканҷа карданӣ буданд, аз ӯ даст кашиданд; мириҳазор низ румӣ будани ӯро фаҳмида, ҳаросон шуд, ки ӯро занҷирбанд карда буд. Рӯзи дигар, бо мақсади аниқ донистани он ки барои чӣ яҳудиён ӯро айбдор мекунанд, ӯро аз занҷир озод кард ва фармуд, ки сардорони коҳинон ва тамоми шӯро ҷамъ шаванд, ва Павлусро бароварда, назди онҳо ба по хезонд. Павлус ба шӯро назар дӯхта, гуфт: «Эй мардон, бародарон! Ман то имрӯз дар ҳузури Худо бо виҷдони пок рафтор кардаам». Саркоҳин Ҳанониё ба онҳое ки назди ӯ истода буданд, фармуд, ки ба даҳонаш як торсакӣ зананд. Павлус ба вай гуфт: «Худо туро мезанад, эй девори сафедшуда! Ту нишастаӣ, ки маро аз рӯи шариат доварӣ кунӣ, вале бар хилофи шариат мефармоӣ, ки маро зананд». Онҳое ки назди ӯ истода буданд, гуфтанд: «Саркоҳини Худоро дашном медиҳӣ?» Павлус гуфт: «Эй бародарон, ман надонистам, ки вай саркоҳин аст; зеро навишта шудааст: “Ба пешвои қавми худ носазо нагӯй”». Вақте ки Павлус фаҳмид, ки як қисми онҳо саддуқиён ва қисми дигарашон фарисиён мебошанд, дар шӯро нидо кард: «Эй мардон, бародарон! Ман фарисӣ ва писари фарисӣ ҳастам, ва барои умеди растохези мурдагон доварӣ карда мешавам». Ҳамин ки инро гуфт, дар миёни фарисиён баҳс шуд; ва аҳли ҷамъомад ду тақсим шуданд, зеро саддуқиён мегӯянд, ки на растохез вуҷуд дорад, на фаришта ё рӯҳ, аммо фарисиён ин ҳар дуро эътироф менамоянд. Ғавғои азиме ба амал омад, ва китобдонони равияи фарисиён бархеста, баҳскунон гуфтанд: «Мо дар ин шахс ҳеҷ бадӣ намебинем; ва агар рӯҳе ё фариштае ба вай сухан гуфта бошад, ба Худо муқобилат намекунем». Аммо азбаски кашмакаш қувват гирифт, мириҳазор аз тарси он ки Павлусро тиккаву пора кунанд, ба сарбозон фармуд, ки поён раванд ва ӯро аз миёни онҳо гирифта, ба қалъа баранд. Ҳамон шаб Худованд назди ӯ омада, гуфт: «Хотирҷамъ бош, Павлус, ва чунон ки дар Уршалим дар ҳаққи Ман шаҳодат додӣ, дар Рум низ бояд ончунон шаҳодат диҳӣ». Чун рӯз шуд, баъзе аз яҳудиён забон як карда, қасам хӯрданд, ки то Павлусро накушанд, чизе нахӯранд ва нанӯшанд. Онҳое ки чунин қасам хӯрда буданд, бештар аз чил нафар буданд. Онҳо назди сардорони коҳинон ва пирон рафта, гуфтанд: «Мо савганд ёд кардем, ки то Павлусро накушем, чизе начашем. Акнун шумо ва шӯро ба мириҳазор хабар диҳед, ки фардо ӯро назди шумо бароварад, гӯё ки мехоҳед кори ӯро аниқтар дида бароед; ва мо тайёр ҳастем ӯро пеш аз наздик омаданаш кушем». Аммо хоҳарзодаи Павлус аз суиқасди онҳо бохабар шуд ва рафта, ба қалъа даромад ва Павлусро огоҳ кард. Павлус яке аз мирисадҳоро даъват намуда, гуфт: «Ин ҷавонро назди мириҳазор бар, зеро чизе дорад, ки ба ӯ гӯяд». Вайро гирифта, назди мириҳазор бурд ва гуфт: «Павлуси бандӣ маро даъват намуда, хоҳиш кард, ки ин ҷавонро назди ту биёрам, зеро чизе дорад, ки ба ту гӯяд». Мириҳазор дасти вайро гирифта, ба хилватгоҳе бурд, ва пурсид: «Чӣ чиз аст, ки мехоҳӣ ба ман гӯӣ?» Гуфт: «Яҳудиён забон як кардаанд, ки аз ту хоҳиш кунанд, то Павлусро фардо назди шӯро барорӣ, гӯё мехоҳанд кори ӯро аниқтар тафтиш намоянд. Аммо ту ба онҳо гӯш надеҳ, зеро бештар аз чил нафарашон дар сари роҳи ӯ камин сохтаанд ва савганд ёд кардаанд, ки то ӯро накушанд, чизе нахӯранд ва нанӯшанд; ва акнун тайёр шуда, мунтазири иҷозати ту истодаанд». Мириҳазор ҷавонро рухсати рафтан дода, гуфт: «Ба ҳеҷ кас нагӯ, ки ин хабарро ба ман расондаӣ». Сипас ду мирисадро даъват намуда, гуфт: «Дусад сарбоз ва ҳафтод савора ва дусад найзадорро омода кунед, то ки имшаб дар соати се ба Қайсария раванд. Инчунин маркабҳо омода кунед, то Павлусро савор карда, ба саломатӣ назди Феликси ҳоким равона намоед». Ӯ номае ба ин мазмун навишт: «Клавдиюс Лисиёс ба муҳтарам Феликси ҳоким салом мерасонад. Ин мардро яҳудиён дастгир карда, куштанӣ буданд; чун фаҳмидам, ки шаҳрванди Рум аст, бо сарбозон рафта, аз дасташон раҳондам. Азбаски хостам донам, ки бар ӯ чӣ даъво доранд, ӯро ба шӯрои онҳо овардам; ва дарёфтам, ки ӯро дар ақидаҳои баҳсноки оид ба шариаташон айбдор мекунанд, вале ӯ ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад. Чун ба гӯшам расид, ки яҳудиён қасди ҷони ин мард доранд, фавран ӯро назди ту фиристодам ва ба даъвогаронаш низ фармудам, ки даъвоҳои худро дар ҳаққи ӯ пеши ту баён кунанд; вассалом». Сарбозон мувофиқи дастуре ки ба онҳо дода шуд, Павлусро гирифта, шабона ба Антипотрис бурданд. Ва рӯзи дигар ба саворон вогузор карданд, ки бо ӯ раванд, ва худашон ба қалъа баргаштанд. Ҳамин ки онҳо ба Қайсария расиданд, номаро ба дасти ҳоким супурда, Павлусро низ назди ӯ ҳозир сохтанд. Ҳоким номаро хонда, пурсид, ки ӯ аз кадом вилоят аст, ва чун фаҳмид, ки аз Киликия аст, гуфт: «Вақте ки даъвогарони ту ҳозир шаванд, сухани туро мешунавам». Ва фармуд, ки ӯро дар қасри Ҳиродус нигоҳ доранд. Пас аз панҷ рӯз саркоҳин Ҳанониё бо пирон ва Тартуллус ном ҳуқуқшиносе омад, ва онҳо шикояти худро дар ҳаққи Павлус ба ҳоким супурданд. Вақте ки Павлусро даъват карданд, Тартуллус ба айбдор кардани ӯ сар карда, гуфт: «Эй Феликси муҳтарам, мо ҳамеша ва дар ҳама ҷо бо камоли миннатдорӣ эътироф менамоем, ки дар сояи ту осоиши комил дорем, ва ба туфайли дурандешии ту ин халқ ба некӯаҳволӣ расидааст; вале, барои он ки туро бисёр заҳмат надиҳам, аз ту хоҳишмандам, ки аз рӯи меҳрубонӣ мухтасаран арзи моро шунавӣ. Зеро ин мардро вайронкор ёфтаем, ки ӯ ҳамаи яҳудиёни рӯи оламро ба шӯр меандозад ва сардастаи бидъати носирӣ мебошад. Ӯ ҳатто кӯшиш намудааст, ки ибодатгоҳро ҳаром гардонад; ва мо ӯро дастгир кардем; *** худат метавонӣ тафтиш намуда, ҳар он чиро, ки мо бар ӯ даъво дорем, аз ӯ фаҳмӣ». Яҳудиён айби /Павлусро/ тасдиқ карда, гуфтанд, ки чунин аст. Чун ҳоким ба Павлус ишора кард, ки сухан гӯяд, ӯ чунин ҷавоб дод: «Азбаски медонам, ки ту чандин сол боз довари ин халқ ҳастӣ, ман кори худро дилпурона муҳофизат менамоям; ту метавонӣ фаҳмӣ, ки дувоздаҳ рӯз зиёд нагузаштааст, ки ман барои парастиш ба Уршалим рафта будам; ва маро ҳеҷ кас надидааст, ки дар ибодатгоҳ, ё куништҳо ва ё дар шаҳр бо касе баҳс карда бошам ё ки мардумро ба шӯр андохта бошам; низ он чиро, ки акнун бар ман даъво менамоянд, исбот карда наметавонанд; лекин инро назди ту эътироф мекунам, ки аз рӯи Тариқате ки онҳо бидъат меноманд, ман ба Худои падарон чунин ибодат менамоям, ки ба ҳар чи дар Таврот ва дар китобҳои пайғамбарон навишта шудааст, бовар мекунам. Ва аз Худо умед дорам, чунон ки инҳо низ интизорӣ доранд, ки ҳам барои росткорон ва ҳам барои бадкорон растохези мурдагон дар пеш аст; бинобар ин худам низ саъю кӯшиш менамоям, ки виҷдонам назди Худо ва одамон ҳамеша пок бошад. Пас аз чандин сол ман омадам, то ба халқи худ садақаҳо биёрам ва қурбонӣ тақдим кунам, ва дар ҳолате ки таҳорат ёфта будам, ва дар гирду пешам на мардуме буд, на ғавғое, маро дар ибодатгоҳ чанд нафар яҳудиёни вилояти Осиё диданд, ки онҳо низ бояд дар ин ҷо назди ту меистоданд ва, агар чизе зидди ман дошта бошанд, даъво мекарданд; ё худи инҳо гӯянд, ки вақте ки назди шӯро истода будам, чӣ хатое дар ман ёфтаанд, ғайр аз он як сухан, ки ман дар миёни онҳо истода, бо овози баланд гуфтам, ки аз барои растохези мурдагон имрӯз пеши шумо муҳокима карда мешавам». Инро шунида, Феликс, ки аз Тариқат ба хубӣ огоҳӣ дошт, муҳокимаро ба вақти дигар мононда, гуфт: «Вақте ки Лисиёси мириҳазор биёяд, кори шуморо тафтиш мекунам». Ва ба мирисад фармуд, ки Павлусро дар бандихона нигоҳ дорад, лекин ба ӯ сабукӣ диҳад ва ба ҳеҷ касе аз наздиконаш, ки барои хизмат ё дидорбинии ӯ меоянд, монеъ нашавад. Пас аз чанд рӯз Феликс бо зани худ Друсилла, ки яҳудӣ буд, омад ва Павлусро даъват намуда, суханони ӯро дар бораи имон ба Масеҳ гӯш кард. Аммо вақте ки ӯ дар бораи росткорӣ, парҳезгорӣ ва доварии оянда сухан меронд, Феликс ба ҳарос афтода, ҷавоб дод: «Алҳол рав, ва ҳар гоҳ фурсат ёбам, боз туро даъват мекунам». Дар айни ҳол вай умедвор буд, ки Павлус ба вай пул медиҳад, то ӯро озод кунад; бинобар ин ӯро дам ба дам даъват намуда, бо ӯ гуфтугӯ мекард. Лекин пас аз гузаштани ду сол Поркиюс Фестус ба ҷои Феликс таъйин шуд, ва Феликс, ки мехост яҳудиёнро аз худ миннатдор кунад, Павлусро дар зиндон нигоҳ дошт. Чун Фестус ба вилоят омад, пас аз се рӯз аз Қайсария ба Уршалим рафт. Саркоҳин ва бузургони яҳудиён даъвои худро зидди Павлус ба вай гуфтанд ва илтимос карданд. Ва хоҳиш карданд, ки ба онҳо меҳрубонӣ намуда, ӯро ба Уршалим биёрад; онҳо қасд доштанд, ки ӯро дар роҳ кушанд. Аммо Фестус ҷавоб дод, ки Павлус дар Қайсария маҳбус аст, ва худи вай ба қарибӣ ба он ҷо бармегардад. «Бинобар ин, — гуфт вай, — онҳое аз шумо, ки метавонанд, ҳамроҳи ман биёянд, ва агар ин шахс айбе дошта бошад, бар ӯ даъво кунанд». Дар миёни онҳо аз даҳ рӯз зиёд монда, ба Қайсария баргашт, ва рӯзи дигар бар курсии доварӣ нишаста, фармуд, ки Павлусро биёранд. Вақте ки ӯ ҳозир шуд, яҳудиёне ки аз Уршалим омада буданд, даври ӯро гирифта, бисёр айбҳои гаронро ба гардани ӯ бор карданд, ки онҳоро исбот карда наметавонистанд. Вале ӯ худро муҳофизат намуда, гуфт: «Ман на зидди шариати яҳудиён ҷинояте кардаам, на зидди ибодатгоҳ ва на зидди қайсар». Фестус, ки мехост яҳудиёнро аз худ миннатдор кунад, дар ҷавоби Павлус гуфт: «Оё мехоҳӣ ба Уршалим равӣ, то ман туро дар он ҷо дар ин бора доварӣ намоям?» Павлус гуфт: «Ман дар додгоҳи қайсар истодаам, ва муҳокимаи ман бояд дар ҳамин ҷо ба амал ояд. Ман ба яҳудиён ҳеҷ бадӣ накардаам, чунон ки худат ҳам инро ба хубӣ медонӣ. Агар бадие ё ягон кори сазовори марг карда бошам, аз мурдан дареғ надорам; лекин агар аз он айбҳое ки инҳо ба гардани ман мемонанд, дар ман ҳеҷ чизе набошад, касе ҳақ надорад маро ба дасти онҳо супорад. Ман доварии қайсарро талаб мекунам». Фестус бо мушовиронаш гуфтугӯ карда, ба ӯ ҷавоб дод: «Доварии қайсарро талаб мекунӣ, пас назди қайсар меравӣ». Пас аз чанд рӯз подшоҳ Агрипос ва Берникӣ ба Қайсария омаданд, то Фестусро муборакбод кунанд. Чун рӯзҳои зиёде дар он ҷо истод, Фестус ба подшоҳ кори Павлусро ҳикоят карда, гуфт: «Шахсе ҳаст, ки Феликс ӯро дар зиндон нигоҳ доштааст, ва ҳангоме ки дар Уршалим будам, сардорони коҳинон ва пирони яҳудӣ дар бораи ӯ ба ман гап заданд ва маҳкум намудани ӯро талаб карданд. Дар ҷавоби онҳо гуфтам, ки одати румиён ин нест, ки касеро ба марг таслим кунанд, бе он ки айбдорро бо даъвогаронаш рӯ ба рӯ карда, ба вай имконият диҳанд, ки худро аз айбҳо сафед кунад. Бинобар ин, вақте ки онҳо ба ин ҷо омаданд, ман бе таъхир, фардои он, бар курсии доварӣ нишастам ва фармудам, ки он шахсро биёранд. Аммо даъвогарон бархеста, аз он чи ман гумон доштам, ҳеҷ айберо бар гардани ӯ намонданд, балки бо ӯ танҳо дар бораи дини худ ва дар бораи Исо ном Шахсе ки мурдааст, вале Павлус мегуфт, ки Ӯ зинда аст, масъалаҳои баҳснок доштанд. Чун ман дар ҳалли ин масъала душворӣ кашидам, пурсидам, ки оё ӯ мехоҳад ба Уршалим равад, то муҳокимаи ӯ дар он ҷо ба амал ояд. Аммо Павлус талаб кард, ки ӯро барои доварии Августус нигоҳ дорам, бинобар ин ман фармудам, ки то вақте ки ӯро назди қайсар фиристам, ӯ дар ҳабс нигоҳ дошта шавад». Агрипос ба Фестус гуфт: «Ман низ мехоҳам суханони ин шахсро шунавам». Гуфт: «Фардо мешунавӣ». Рӯзи дигар, вақте ки Агрипос ва Берникӣ бо ҳашамати бузурге омада, бо мириҳазорон ва бузургони шаҳр ба додгоҳ дохил шуданд, бо фармони Фестус Павлусро оварданд. Фестус гуфт: «Эй подшоҳ Агрипос ва эй ҳамаи мардоне ки дар ин ҷо ҳузур доред! Инак, шумо ҳамон шахсеро мебинед, ки тамоми мардуми яҳудӣ, чи дар Уршалим ва чи дар ин ҷо, ба ман аз ӯ шикоят кардаанд ва фарёд зада гуфтаанд, ки ӯ набояд дигар зинда монад. Лекин ман, чун дидам, ки ӯ ҳеҷ кори сазовори марг накардааст ва худаш низ доварии Августусро талаб намуд, ба ин сабаб қарор додам, ки ӯро ба он ҷо фиристам. Азбаски ҳеҷ чизи дурусте надорам, ки дар ҳаққи ӯ ба сарвар нависам, бинобар ин ӯро назди шумо ва хусусан назди ту, эй подшоҳ Агрипос, овардам, то дар натиҷаи таҳқиқ чизе барои навиштанам пайдо кунам; зеро ба назарам хилофи ақл менамояд, ки бандиеро фиристонаму айбҳои ба гарданаш мондашударо нишон надиҳам». Агрипос ба Павлус гуфт: «Ба ту иҷозат дода мешавад, ки барои ҳимояти худ сухан гӯӣ». Он гоҳ Павлус дасти худро дароз карда, барои муҳофизати худ гуфт: «Эй подшоҳ Агрипос! Барои худ камоли хушбахтӣ медонам, ки имрӯз имконият дорам дар пеши ту худро аз ҳамаи айбҳое ки яҳудиён ба гардани ман бастаанд, муҳофизат намоям, хусусан ки ту аз ҳамаи одатҳо ва ихтилофоти байни яҳудиён ба хубӣ бохабар ҳастӣ. Бинобар ин аз ту хоҳишмандам пурсаброна суханони маро шунавӣ. Зиндагии маро, ки аз аввали ҷавониам онро дар миёни халқи худ ва дар Уршалим гузарондаам, ҳамаи яҳудиён медонанд; онҳо аз рӯзҳои аввал маро мешиносанд ва, агар хоҳанд, метавонанд гувоҳӣ диҳанд, ки ман мувофиқи сахтгиртарин ҳизби дини мо чун фарисӣ зиндагӣ мекардам. Ва акнун барои умед ба он ваъдае ки Худо ба падарони мо додааст, ман муҳокима карда мешавам, дар ҳоле ки дувоздаҳ қабилаи мо шабу рӯз бо ҷидду ҷаҳд ибодат мекунанд ба умеди он ки иҷрои ҳамон ваъдаро бинанд: барои ҳамин умед, эй подшоҳ Агрипос, яҳудиён маро айбдор мекунанд. Чаро ба назари шумо аз ақл берун менамояд, ки Худо мурдагонро бармехезонад? Оре, ман ҳам пештар барои худ зарур медонистам, ки зидди номи Исои Носирӣ ҳар чи бештар амал кунам, чунон ки дар Уршалим мекардам: аз сардорони коҳинон иҷозат гирифта, бисёр муқаддасонро дар зиндон ҳабс мекардам, ва ҳангоме ки онҳоро мекуштанд, бар зиддашон овоз медодам; дар ҳамаи куништҳо ҳар дам онҳоро азоб медодам ва маҷбур мекардам, ки куфр гӯянд, ва азбаски хашму ғазабам нисбат ба онҳо пурзӯр буд, ҳатто дар шаҳрҳои бегона онҳоро таъқиб менамудам. Боре барои чунин амал бо иҷозат ва супориши сардорони коҳинон ба Димишқ мерафтам; ва инак, эй подшоҳ, дар нисфи рӯз дар роҳ нуреро аз осмон дидам, ки равшантар аз офтоб буд, ва гирди ман ва ҳамроҳонам дурахшид. Ҳамаамон бар замин афтодем, ва ман овозеро шунидам, ки ба забони ибронӣ ба ман мегуфт: “Шоул, Шоул! Барои чӣ Маро таъқиб мекунӣ? Лагад заданат ба сихак душвор аст”. Ман гуфтам: “Худовандо, Ту кистӣ? ” Гуфт: “Ман он Исо ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ; аммо бархез ва бар пои худ ист; зеро барои он ба ту зоҳир шудаам, ки туро ходим ва шоҳид таъйин намоям бар он чи дидаӣ ва бар он чи ба ту ошкор мекунам; ва туро раҳоӣ медиҳам аз дасти ин қавм ва аз дасти халқҳое ки туро назди онҳо мефиристам, то чашмони онҳоро воз кунӣ, ва онҳо аз торикӣ ба рӯшноӣ, ва аз қудрати шайтон ба сӯи Худо рӯ оваранд ва ба воситаи имоне ки ба Ман меоваранд, бахшоиши гуноҳҳо ва насибе дар миёни муқаддасон пайдо кунанд”. Бинобар ин, эй подшоҳ Агрипос, ба рӯъёи осмонӣ беитоатӣ накардам, балки дар навбати аввал ба сокинони Димишқ ва Уршалим ва баъд ба тамоми сарзамини Яҳудия ва низ ғайрияҳудиён мавъиза мекардам, ки тавба карда, ба Худо рӯ оваранд ва корҳое кунанд, ки сазовори тавба бошанд. Аз барои ҳамин маро яҳудиён дар ибодатгоҳ дастгир карданд ва куштанӣ шуданд. Аммо Худо ба ман ёр шуд, ва ман то имрӯз зинда мондаам ва ба хурду калон шаҳодат медиҳам ва гапе намезанам ғайр аз он чи пайғамбарон ва Мусо гуфтаанд, ки бояд рӯй диҳад, яъне Масеҳ бояд азоб кашад ва аввалин Касе бошад, ки аз мурдагон бархеста, ба ин қавм ва ба халқҳо аз нур хабар расонад». Чун ӯ бо ин худро муҳофизат мекард, Фестус бо овози баланд гуфт: «Эй Павлус, ту аз ақл бегона шудаӣ! Дониши бисёр туро девона кардааст». Гуфт: «Эй Фестуси муҳтарам, ман аз ақл бегона нашудаам, балки суханони ҳақиқатро бо ақли солим баён менамоям. Зеро подшоҳе ки ба ӯ далерона сухан меронам, аз ин бохабар аст; ман боварӣ дорам, ки чизе дар ин бора аз ӯ пӯшида нест, зеро ин дар ҷои ниҳон рӯй надодааст. Эй подшоҳ Агрипос, оё ба пайғамбарон бовар мекунӣ? Медонам, ки бовар мекунӣ». Агрипос ба Павлус гуфт: «Кам мондааст маро бовар кунонӣ, ки масеҳӣ шавам». Павлус гуфт: «Аз Худо мехостам, ки дер ё зуд на танҳо ту, балки ҳамаи онҳое ки суханони маро мешунаванд, монанди ман гарданд, ғайр аз ин занҷирҳо». Чун инро гуфт, подшоҳ ва ҳоким, Берникӣ ва дигар касоне ки бо онҳо нишаста буданд, бархестанд. Ва берун рафта, ба якдигар гуфтанд: «Ин одам ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад». Агрипос ба Фестус гуфт: «Агар ин одам доварии қайсарро талаб намекард, метавонист озод шавад». Чун қарор доданд, ки бо киштӣ ба Италия равем, Павлус ва чанд бандии дигарро ба мирисади сипоҳи Августус, ки Юлиус ном дошт, супурданд. Ба киштии Адрамитиюн савор шуда, ба роҳ даромадем, ки он ба бандарҳои вилояти Осиё мерафт; Аристархуси мақдунӣ аз аҳли Тасолуникӣ ҳамроҳи мо буд. Рӯзи дигар ба Сидун расидем; Юлиус бо Павлус меҳрубонона рафтор намуда, иҷозат дод, ки назди дӯстони худ рафта, аз ғамхории онҳо истифода барад. Аз он ҷо равона шуда, аз наздикии Қиприс гузаштем, зеро боди мухолиф мевазид. Баҳрро дар рӯ ба рӯи Киликия ва Памфилия тай намуда, ба Мирои Ликия расидем. Дар он ҷо мирисад киштии Искандарияро, ки ба Италия мерафт, пайдо карда, моро бар он савор кард. Чандин рӯз оҳиста-оҳиста шино карда, базӯр ба Қнидус наздик омадем, вале азбаски боди номусоид мевазид, аз наздикии Крит гузашта ба сӯи соҳили Салмӯнӣ рондем. Ва бо душворӣ аз пеши он гузашта, ба ҷое расидем, ки Бандарҳои Нек ном дошт ва ба шаҳри Ласия наздик буд. Пас аз гузаштани муддати зиёд, ки сафари баҳр акнун хатарнок шуда буд, зеро рӯза ҳам гузашта буд, Павлус онҳоро огоҳӣ дода, гуфт: «Эй мардон! Мебинам, ки ин сафари мо на танҳо барои бор ва киштӣ, балки барои ҷони мо низ душвор ва хеле зарарнок мешавад». Аммо мирисад аз суханони Павлус дида, ба гапи суккондор ва соҳиби киштӣ бештар бовар мекард. Азбаски он бандар барои зимистонгузаронӣ мувофиқ набуд, бисёр касон маслиҳат доданд, ки аз он ҷо раванд, то ки, шояд, ба Финикс расида, зимистонро дар ин бандари Крит, ки рӯ ба тарафи ҷануби ғарбӣ ва шимоли ғарбӣ аст, гузаронанд. Чун боди мулоими ҷанубӣ вазидан гирифт, ба гумони он ки ба мақсадашон расиданд, лангар бардошта, дар наздикии соҳили Крит равона шуданд. Вале дере нагузашта, тундбоде аз тарафи Крит бархест, ки Авруклидӯн ном дорад, ва чунон бо шиддат ба киштӣ омада зад, ки он ба муқобили бод истода натавонист, ва мо идораи киштиро аз даст дода, беихтиёр ба ҷараёни об ронда шудем. Ва дар паноҳи ҷазирачае ки Клавдо ном дорад, гузашта, қаиқи киштиро базӯр нигоҳ дошта тавонистем. Онро кашида бароварда, камари киштиро бо танобҳо маҳкам бастанд ва, аз тарси он ки дар пастоби Сиртис фурӯ монанд, бодбонро фуроварданд, ва ҳамчунон ба ҷараёни об ронда мешуданд. Рӯзи дигар, ба сабаби пурзӯр шудани тӯфон, бори киштиро ба об партофтан гирифтанд. Дар рӯзи сеюм мо бо дастҳои худ асбобу анҷоми киштиро бароварда партофтем. Чандин рӯз на офтоб аён мешуд, на ситорагон; тӯфони шадид давом мекард, ва дигар ҳеҷ умеде барои халосии мо набуд. Азбаски муддати дуру дароз чизе нахӯрда буданд, Павлус дар миёни онҳо истода, гуфт: «Эй мардон! Кошки ба суханони ман даромада, аз Крит намебаромадед, ва ин душвориҳо ва зарарро намедидед. Акнун низ шуморо насиҳат медиҳам, ки хотирҷамъ бошед, чунки ҳеҷ осебе ба ҷони ҳеҷ яке аз шумо намерасад, танҳо киштӣ нобуд мешавад; зеро имшаб фариштаи Худое ки ман аз они Ӯ ҳастам ва ба Ӯ ибодат мекунам, назди ман омад ва гуфт: “Эй Павлус, натарс! Ту бояд пеши қайсар ҳозир шавӣ, ва инак, Худо ҷони ҳамаи ҳамсафаронатро ба ту бахшидааст”. Бинобар ин, эй мардон, хотирҷамъ бошед, зеро ман ба Худо бовар мекунам, ки чунон ки ба ман гуфтааст, мешавад. Лекин бар яке аз ҷазираҳо меафтем». Чун шаби чордаҳум фаро расид, ва мо ҳанӯз дар баҳри Адриё ба ҳар сӯ ронда мешудем, ними шаб киштиронон пай бурданд, ки хушкие наздик аст. Ва чуқурии обро чен карданд, бист қомат баромад; андаке пеш рафта, боз чен карданд, понздаҳ қомат баромад. Аз тарси он ки ба санглохе бархӯранд, аз думи киштӣ чор лангар андохтанд ва хоҳони он буданд, ки зудтар рӯз шавад. Киштиронон мехостанд киштиро тарк кунанд, ва бо ин мақсад қаиқро ба об мефуроварданд, ба баҳонаи он ки гӯё мехоҳанд лангарҳоро аз бинии киштӣ андозанд, аммо Павлус ба мирисад ва сарбозон гуфт: «Агар инҳо дар киштӣ намонанд, шумо наҷот намеёбед». Он гоҳ сарбозон танобҳои қаиқро буриданд, ва он афтод. Пеш аз фаро расидани рӯз Павлус аз ҳама хоҳиш кард, ки чизе хӯранд; ӯ гуфт: «Имрӯз рӯзи чордаҳум аст, ки шумо интизорӣ кашида, чизе нахӯрдаед ва гурусна ҳастед. Бинобар ин шуморо даъват менамоям, ки чизе хӯред, зеро зинда мондани шумо ба ин вобаста аст; мӯе аз сари ҳеҷ яке аз шумо намеафтад». Бо ин суханон нонро гирифта, пеши ҳама Худоро шукргузорӣ кард ва онро шикаста, ба хӯрдан сар кард. Он гоҳ ҳама хотирҷамъ шуданд, ва онҳо низ нон хӯрданд. Мо дар киштӣ ҷамъ дусаду ҳафтоду шаш нафар будем. Чун аз хӯрок сер шуданд, гандумро ба об партофта, киштиро сабук карданд. Вақте ки рӯз равшан шуд, заминро нашинохтанд, лекин халиҷе диданд, ки соҳили паст дошт, ва қарор доданд, ки агар мумкин шавад, киштиро сӯи он ронанд. Лангарҳоро бурида, дар баҳр гузоштанд, бандҳои сукконро низ кушоданд ва бодбонро ба ҷараёни бод боло кашида, роҳи соҳилро пеш гирифтанд. Ба пастобе дакка хӯрданд, ва киштӣ фурӯ монд; бинии он дармонда беҳаракат истод, лекин думаш аз шиддати мавҷҳо дарҳам шикаст. Сарбозон қасди куштани бандиён карданд, ки мабодо касе шинокунон гурехта равад. Лекин мирисад, ки мехост Павлусро раҳо кунад, ба ин қасди онҳо монеъ шуд ва фармуд, ки аввал касоне ки шино карда метавонанд, худро ба об партофта, ба соҳил расанд, ва дигарон, баъзе бар тахтаҳо ва баъзе бар шикастапораҳои киштӣ аз дунболи онҳо раванд. Ба ҳамин тарз ҳамаашон ба саломатӣ ба хушкӣ расиданд. Вақте ки раҳо шуданд, фаҳмиданд, ки он ҷазира Малита ном дорад. Сокинони ҷазира ба мо хеле меҳрубонӣ намуданд: азбаски борон меборид ва ҳаво хунук буд, онҳо оташ афрӯхта, ҳамаамонро пазироӣ карданд. Павлус як миқдор ҳезум ҷамъ карда буд, ва ҳангоме ки онро дар оташ меандохт, ба сабаби гармии оташ мори афъие берун омада, ба дасташ часпид. Ҳамин ки сокинони ҷазира ҷонварро бар дасти ӯ овезон диданд, ба якдигар гуфтанд: «Бешубҳа, ин шахс одамкуш аст, ки бо вуҷуди аз баҳр раҳо шуданаш адолат намегузорад, ки ӯ зинда монад». Аммо ӯ ҷонварро ба оташ афканд ва ҳеҷ осебе надид. Онҳо мунтазир буданд, ки баданаш варам мекунад ё ки ӯ ногоҳ афтода ҷон медиҳад; вале чун бисёр интизорӣ кашиданд ва диданд, ки ҳеҷ офате ба ӯ нарасид, фикрашон дигаргун шуд, ва гуфтанд, ки ӯ худоест. Дар наздикиҳои он ҷой заминҳои сардори ҷазира буданд, ки ӯ Публиюс ном дошт; ӯ моро ба хонаи худ оварда, се рӯз бо меҳрубонӣ пазироӣ намуд. Падари Публиюс гирифтори таб ва дарунрав шуда хобида буд. Павлус назди вай рафт ва дуо карда, даст бар вай гузошт ва шифояш дод. Пас аз ин рӯйдод дигар беморони ҷазира низ омада, шифо ёфтанд; ва моро хеле иззат карданд, ва ҳангоме ки аз он ҷо мерафтем, моро бо лавозимоти сафар таъмин намуданд. Пас аз се моҳ бо киштии Искандария, ки аломати Ҷавзо дошт ва зимистонро дар ҷазира гузаронда буд, равона шудем. Ва ба Сирокуз расида, дар он ҷо се рӯз мондем. Аз он ҷо равона шуда, ба Ригюн омадем; азбаски пас аз як рӯз боди ҷанубӣ вазид, рӯзи дуюм вориди Путюлӣ шудем. Дар он ҷо бародаронро ёфта, мувофиқи хоҳишашон ҳафт рӯз назди онҳо мондем ва пас роҳи Румро пеш гирифтем. Бародарони он ҷо, чун аз омадани мо хабардор шуданд, то бозоргоҳи Опиюс ва меҳмонсарои “Се майхона”, ба пешвози мо омаданд; ва Павлус онҳоро дида, Худоро шукргузорӣ кард ва рӯҳбаланд шуд. Вақте ки ба Рум расидем, мирисад бандиёнро ба сипаҳсолор супурд, аммо ба Павлус иҷозат шуд, ки бо як сарбоз, ки ӯро посбонӣ мекард, дар хонаи ҷудогонае истиқомат кунад. Пас аз се рӯз Павлус бузургони яҳудиёнро даъват намуд, ва ҳангоме ки онҳо ҷамъ омаданд, ба онҳо гуфт: «Эй мардон, бародарон! Гарчанде ки ман ҳеҷ амале бар зидди қавм ва урфу одати падарон накардаам, маро дар Уршалим бандӣ карда, ба дасти румиён супурданд. Онҳо пас аз тафтиш мехостанд маро озод кунанд, чунки ман ҳеҷ гуноҳе накардаам, ки сазовори марг бошам. Аммо азбаски яҳудиён зиддият карданд, ман маҷбур шудам доварии қайсарро талаб намоям, вале на ба хотири он ки аз халқи худ шикояте кунам. Ба ин сабаб ман шуморо даъват намудам, то бо шумо вохӯрда гуфтугӯ кунам, зеро ба хотири умеди Исроил бо ин занҷир баста шудаам». Ба ӯ гуфтанд: «Мо ҳеҷ номае дар ҳаққи ту аз Яҳудия нагирифтаем, ва аз бародароне ки ба ин ҷо омада буданд, ҳеҷ кас аз ту чизе хабар надодааст ва ё сухани баде нагуфтааст; лекин хоҳишмандем, ки фикри туро аз худат шунавем, зеро ба мо маълум аст, ки зидди ин ҳизб дар ҳама ҷо гап мезананд». Рӯзеро барои ӯ муқаррар карданд, ва мардуми бисёре назди ӯ ба манзилаш омаданд, ва ӯ аз субҳ то шом ба онҳо аз Подшоҳии Худо шаҳодат ва шарҳ медод ва аз Тавроти Мусо ва китобҳои пайғамбарон далелҳо дар бораи Исо меовард. Баъзе аз онҳо ба суханонаш бовар карданд, вале дигарон бовар накарданд. Азбаски бо якдигар зиддият доштанд, Павлус пеш аз рафтани онҳо чунин сухане гуфт: «Рӯҳулқудс ба воситаи Ишаъёи пайғамбар ба падарони мо чӣ хуб гуфтааст: “Назди ин қавм рав ва гӯй: Бо гӯш мешунавед, вале намефаҳмед; Бо чашм менигаред, вале намебинед; Зеро дили ин қавм сахт шудааст Ва бо гӯшҳои вазнин мешунаванд Ва чашмони худро бастаанд, Мабодо бо чашмон бинанд Ва бо гӯшҳо шунаванд Ва бо дил фаҳманд Ва рӯ оваранд Ва Ман онҳоро шифо диҳам”. Павлус, бандаи Исои Масеҳ, расули даъватшуда ва барои Инҷили Худо ҷудо кардашуда, ки онро Худо пештар, ба воситаи пайғамбарони Худ, дар Китоби Муқаддас ваъда карда буд, яъне Инҷил дар бораи Писари Худ, ки аз ҷиҳати ҷисм аз насли Довуд ба дунё омадааст, ва аз ҷиҳати рӯҳи қудсият, ба воситаи бархестанаш аз мурдагон, чун Писари Худо бо қувват маълум шудааст, яъне дар бораи Худованди мо Исои Масеҳ, ки ба воситаи Ӯ мо файз ва вазифаи расулиро пайдо кардаем, то ба хотири номи Ӯ ҳамаи халқҳоро ба итоати имон дароварем, ки дар миёни онҳо шумо низ даъватшудагони Исои Масеҳ ҳастед, — ба ҳамаи дӯстдоштагони Худо, муқаддасони даъватшуда, ки дар Рум ҳастанд, аз ҷониби Падари мо Худо ва Худованд Исои Масеҳ файз ва осоиш бар шумо бод. Пеш аз ҳама ба Худои худ ба воситаи Исои Масеҳ барои ҳамаи шумо шукр мегӯям, ки имони шумо дар тамоми ҷаҳон шӯҳрат ёфтааст. Худое ки Ӯро дар башорати Писараш бо рӯҳи худ ибодат мекунам, маро шоҳид аст, ки чӣ гуна пайваста шуморо ба ёд меоварам ва ҳамеша дар дуоҳои худ илтимос мекунам, ки хости Худо ягон вақт ба ман мусоидат намояд, ки назди шумо биёям. Зеро хеле орзуманди дидани шумо мебошам, то як атои рӯҳоние барои устувор шуданатон ба шумо тақдим намоям, яъне бо якҷоягии шумо аз имони умумиамон, аз имони шумо ва худам, тасаллӣ ёбам. Эй бародарон, намехоҳам бехабар бошед ки борҳо ният доштам назди шумо биёям, — лекин то кунун чизе ба ман монеъ мешуд, — то дар миёни шумо низ, чун дар халқҳои дигар, самаре ҳосил кунам. Ман нисбат ба юнониён ва барбариён, нисбат ба хирадмандон ва нодонон, қарзе ба гардан дорам; пас, хоҳони онам, ки ба шумо низ, ки дар Рум ҳастед, башорат диҳам. Зеро аз Инҷили Масеҳ шармсор нестам, чунки он қуввати Худост барои наҷоти ҳар касе ки имон оварад: ҳам, аввалан, яҳудӣ ва ҳам юнонӣ. Зеро росткории Худо дар он аз имон ба имон ошкор мешавад, чунон ки навишта шудааст: “Вале росткор бо имон зиндагӣ мекунад”. Зеро ғазаби Худо аз осмон зоҳир мешавад бар ҳар гуна худонотарсӣ ва бадкирдории одамоне ки ростиро бо бадкирдорӣ поймол мекунанд. Зеро ки он чи дар бораи Худо донистан мумкин аст, ба онҳо маълум аст, чунки Худо ба онҳо маълум кардааст; зеро моҳияти нонамоёни Ӯ, яъне қуввати абадӣ ва илоҳияти Ӯ, аз офариниши ҷаҳон ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст, бинобар ин онҳо ҳеҷ узре надоранд. Агарчи онҳо Худоро шинохтанд, Ӯро чун Худо ситоиш накарданд ва шукр нагуфтанд, балки хаёлоти онҳо ҳеҷ гардиданд, ва дили бефаросати онҳо тира шуд. Худро хирадманд номида, аҳмақ шуданд, ва ҷалоли Худои нобуднашавандаро ба сурате табдил доданд, ки ба одами нобудшаванда, ба парандагон, чорпоён ва хазандагон монанд аст. Бинобар ин Худо онҳоро бо шаҳватҳои дилашон ба нопокӣ гирифтор кард, ба тавре ки онҳо баданҳои худро бо ҳамдигар нангин карданд; онҳо ростии Худоро ба дурӯғ иваз карданд ва парастишу ибодат карданд офаридаро ба ҷои Офаридгоре ки то абад муборак аст, омин. Аз ин сабаб Худо онҳоро ба ҳавасҳои нангин гирифтор кард: занони онҳо алоқаи табииро ба алоқаи ғайритабиӣ иваз карданд; ҳамчунин мардон алоқаи табииро бо занон тарк карда, оташи шаҳваташон ба якдигар баланд шуд, ва мард бо мард ба кирдори нангин машғул шуда, сазои гумроҳии худро дар худашон диданд. Ва азбаски Худоро бо ақли худ шинохтан нахостанд, Худо онҳоро ба фикрҳои ношоиста вогузошт, то ки корҳои носазо кунанд, бинобар ин онҳо аз ҳар гуна норостӣ, фосиқӣ, бадӣ, тамаъ ва кина, ҳамчунин аз ҳасад, куштор, ҷанҷол, фиреб ва бадхӯӣ пур ҳастанд, бадгап, тӯҳматчӣ, худобадбин, дилозор, мағрур, худсито ва бадандеш ҳастанд, ба падару модарон итоат намекунанд, бефаҳм, аҳдшикан, номеҳрубон, оштинопазир ва бераҳманд. Агарчи доварии Худоро медонанд, ки кунандагони чунин корҳо сазовори марганд, на фақат худашон ин корҳоро мекунанд, балки аз кунандагони дигар низ хуш ҳастанд. Бинобар ин ту, эй одами ҳукмкунанда, ҳар кӣ бошӣ, узре надорӣ, чунки бо он чи дигареро ҳукм мекунӣ, худатро маҳкум менамоӣ, зеро ту, ки ҳукм мекунӣ, худи ҳамон корҳоро мекунӣ. Лекин мо медонем, ки доварии Худо бар кунандагони чунин корҳо барҳақ аст. Наход ки ту, эй одамизод, гумон мекунӣ, ки бо ҳукм кардани кунандагони чунин корҳо аз доварии Худо халос мешавӣ, дар ҳоле ки худат ҳамон корҳоро мекунӣ? Ё ту фаровонии меҳрубонӣ, тоқат ва пурсабрии Ӯро хор мешуморӣ, бехабар аз он ки меҳрубонии Худо туро ба тавба роҳнамоӣ мекунад? Аммо, аз боиси саркашӣ ва дили тавбанопазири худ, ту ғазабро барои худ дар рӯзи ғазаб ва ошкоршавӣ ва доварии одилонаи Худо зиёд мегардонӣ, ки Ӯ ба ҳар кас мувофиқи корҳояш сазо медиҳад: ба онҳое ки доим кори нек карда, ҷалол, иззат ва бефаноӣ меҷӯянд, ҳаёти абадӣ медиҳад; вале онҳоеро, ки худхоҳ буда, ба ростӣ итоат намекунанд, ва ба норостӣ итоат мекунанд, ба хашму ғазаб гирифтор мекунад. Мусибату тангӣ ояд бар ҷони ҳар одаме ки кори бад мекунад: ҳам, аввалан, бар яҳудӣ ва ҳам бар юнонӣ! Лекин ҷалол, иззат ва осоиш ояд ба ҳар касе ки кори нек мекунад: ҳам, аввалан, ба яҳудӣ ва ҳам ба юнонӣ! Зеро ки Худо рӯйбинӣ надорад. Онҳое ки бе шариат буда, гуноҳ кардаанд, берун аз шариат низ ҳалок мешаванд; вале онҳое ки зери шариат буда, гуноҳ кардаанд, ба воситаи шариат маҳкум мешаванд, чунки на шунавандагони шариат пеши Худо росткоранд, балки иҷрокунандагони шариат сафед карда мешаванд. Зеро, вақте халқҳое ки шариат надоранд, табиатан фармудаҳои шариатро ба ҷо меоваранд, шариат надошта бошанд ҳам, худашон барои худ шариат ҳастанд; рафторашон нишон медиҳад, ки амали шариат дар дилашон навишта шудааст; виҷдон ва фикрҳояшон низ, ки якдигарро гоҳе айбдор ва гоҳе сафед мекунанд, дар ин бора гувоҳӣ медиҳанд, — дар ҳамон рӯзе ки Худо, мувофиқи Инҷили ман, сирри одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ мекунад. Инак, ту яҳудӣ ном дорӣ, ва ба шариат такя мекунӣ, ва аз шинохтани Худо фахр мекунӣ, ва хости Ӯро медонӣ, ва азбаски шариатро омӯхтаӣ, фарқи неку бадро мефаҳмӣ; ва дилпур ҳастӣ, ки ту роҳнамои кӯрон, нуре барои бошандагони торикӣ, тарбиятгари нодонон ва муаллими кӯдакон ҳастӣ, ва дар шариат намунаи дониш ва ростиро дорӣ. Пас, ту, ки дигаронро таълим медиҳӣ, оё худатро таълим намедиҳӣ? Ту, ки бар зидди дуздӣ мавъиза мекунӣ, оё худат дуздӣ мекунӣ? Ту, ки мегӯӣ, зино набояд кард, оё худат зино мекунӣ? Ту, ки аз бутҳо нафрат дорӣ, оё ибодатхонаҳоро ғорат мекунӣ? Ту, ки бо шариат фахр мекунӣ, оё шариатро вайрон карда, ба Худо беҳурматӣ мекунӣ? Зеро ба воситаи шумо, чунон ки навишта шудааст, дар миёни халқҳо номи Худоро хор медоранд. Хатна фоиданок аст, ба шарте ки шариатро риоя кунӣ; аммо агар шариатро вайрон кунӣ, хатнаи ту бехатнагӣ шуд. Пас, агар бехатнае фармудаҳои шариатро риоя кунад, оё бехатнагии вай хатна шумурда намешавад? Ва бехатнаи табиӣ, ки шариатро ба ҷо меоварад, оё туро ҳукм намекунад, ки дорои Китоб ва хатна ҳастию шариатро вайрон мекунӣ? Зеро яҳудӣ на он кас аст, ки зоҳиран чунин бошад, ва хатна на он чиз аст, ки бар ҷисм намоён бошад, балки яҳудӣ он кас аст, ки дар ботин чунин бошад, ва хатна он чиз аст, ки дар дил мувофиқи рӯҳ, на мувофиқи ҳарф, ҷо дошта бошад; ва ситоиши чунин одам на аз ҷониби одамон, балки аз ҷониби Худост. Пас, яҳудӣ чӣ бартарӣ дорад, ё ки хатна чӣ фоида дорад? Бартарии бузурге аз ҳар ҷиҳат, ва пеш аз ҳама аз он ҷиҳат, ки ба дасташон суханони Худо супурда шудаанд. Зеро чӣ гӯем? Агар баъзеашон бевафо бошанд, оё бевафоии онҳо вафои Худоро ҳеҷ мекунад? Ҳеҷ гоҳ. Балки Худо барҳақ аст, агарчи ҳар одам дурӯғгӯй бошад, чунон ки навишта шудааст: “То ки Ту дар суханони Худ ҳақ бароӣ Ва дар мурофиа ғолиб оӣ”. Лекин агар бадкирдории мо росткории Худоро ошкор мекарда бошад, чӣ гӯем? Оё Худо, ҳангоме ки ба ғазаб меояд, ноҳақ аст? — Инро ба таври одамӣ мегӯям. Ҳеҷ гоҳ. Вагарна Худо чӣ гуна метавонад ҷаҳонро доварӣ кунад? Зеро агар ба воситаи дурӯғи ман ростии Худо барои ҷалоли Ӯ афзун мешуда бошад, пас чаро ман боз ҳамчун гуноҳкоре ҳукм мешавам? Ва магар чунон кунем, ки баъзеҳо ба мо тӯҳмат карда, даъво менамоянд, гӯё мо мегуфта бошем: “Биёед бадӣ кунем, то некӣ ҳосил шавад”? Маҳкумияти чунин касон одилона аст. Пас чӣ гӯем? Оё мо бартарӣ дорем? Не, надорем, зеро пеш аз ин даъво кардаем, ки ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, ҳама зери ҳукми гуноҳ ҳастанд, чунон ки навишта шудааст: “Касе росткор нест, як нафар ҳам нест; Касе бофаҳм нест; касе худоҷӯй нест; Ҳама гумроҳ шудаанд, аз як сар ношояманд: Некӯкоре нест, як нафар ҳам нест. Гулӯяшон қабри кушода аст; Бо забонашон фиреб медиҳанд; Зери лабонашон заҳри мори афъӣ аст; Даҳонашон пур аз дашном ва талхист; Пойҳошон барои хунрезӣ шитобон ҳастанд; Вайронӣ ва бадбахтӣ дар роҳҳои онҳост; Онҳо роҳи осоишро намедонанд. Дар пеши чашмашон тарси Худо нест”. Лекин мо медонем, ки ҳар чи шариат мегӯяд, ба аҳли шариат мегӯяд, то ҳар даҳоне баста шавад ва тамоми ҷаҳон пеши Худо айбдор гардад, чунки бо корҳои шариат ҳеҷ башаре пеши Ӯ сафед намешавад; зеро гуноҳ ба воситаи шариат дониста мешавад. Аммо акнун, берун аз шариат, росткории Худо ошкор шудааст, ки Таврот ва пайғамбарон бар он гувоҳӣ медиҳанд, — росткории Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳама кас ва бар ҳамаи имондорон; зеро ҳеҷ фарқе нест, чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли илоҳӣ маҳрум шудаанд ва муфт, бо файзи Ӯ, ба воситаи раҳоие ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешаванд, ки Ӯро Худо пешниҳод кард, то ки дар хуни Ӯ ба воситаи имон кафорате бошад, барои нишон додани адолати Ӯ дар нодида гирифтани гуноҳҳои пештара дар замони пурсабрии Худо, ва барои нишон додани адолати Ӯ дар замони ҳозира, то ки Ӯ одил бошад ва ҳар киро, ки ба Исо имон меоварад, сафед кунад. Пас, чӣ ҷои фахр аст? Он аз байн рафтааст. Бо кадом шариат? Оё бо шариати амалҳо? Не, балки бо шариати имон. Пас, чунин меҳисобем, ки одамизод, бе корҳои шариат, ба воситаи имон сафед мешавад. Ё Худо фақат Худои яҳудиён аст? Магар Худои халқҳо ҳам нест? Албатта, Ӯ Худои халқҳо ҳам ҳаст; чунки Худо ягона аст, ва Ӯ аҳли хатнаро аз рӯи имон ва бехатнагонро ба воситаи имон сафед мекунад. Пас, оё мо шариатро ба воситаи имон ҳеҷ мегардонем? Ҳеҷ гоҳ, балки шариатро устувор мегардонем. Пас, чӣ гӯем, ки падари мо Иброҳим аз ҷиҳати ҷисм чӣ чизе пайдо кард? Агар Иброҳим бо корҳо сафед шуда бошад, метавонист фахр кунад, аммо пеши Худо чунин нест. Зеро Китоб чӣ мегӯяд: “Ва Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ росткорӣ ҳисобида шуд”. Барои касе ки кор мекунад, муздаш на аз рӯи файз, балки аз рӯи ӯҳдадорӣ ҳисоб карда мешавад; лекин барои касе ки кор намекунад, балки имон меоварад ба Он ки худонотарсонро сафед мекунад, имонаш росткорӣ ҳисобида мешавад. Чунон ки Довуд низ одамеро хушбахт меномад, ки Худо ба вай росткориро новобаста ба корҳояш ба ҳисоб мегирад: “Хушо касоне ки хатоҳошон бахшида шудаанд ва гуноҳҳошон пӯшонда шудаанд; хушо касе ки Худованд гуноҳи вайро ба ҳисоб намеоварад”. Оё ин хушбахтӣ барои аҳли хатна аст ё барои бехатнагон низ? Зеро гуфтем, ки барои Иброҳим имонаш росткорӣ ҳисобида шуд. Кай ҳисобида шуд? Пас аз хатна ё пеш аз хатна? Пас аз хатна не, балки пеш аз хатна буд. Ва аломати хатнаро ӯ, ҳамчун мӯҳри росткорӣ мувофиқи имоне ки дар ҳолати бехатнагии худ дошт, пайдо кард, бинобар ин ӯ падари ҳамаи имондорони бехатна шуд, то барои онҳо низ росткорӣ ҳисобида шавад; ва ҳамчунин падари аҳли хатна шуд, ки онҳо на танҳо аз аҳли хатнаанд, балки низ имонеро, ки Иброҳим дар ҳолати бехатнагӣ дошт, пайравӣ мекунанд. Зеро ба Иброҳим, ё ба наслаш, ваъдаи он ки ӯ вориси ҷаҳон мешавад, ба воситаи шариат не, балки ба воситаи росткории имон дода шудааст. Зеро агар аҳли шариат ворис бошанд, дар он ҳол имон ҳеҷ асту ваъда пуч; чунки шариат сабаби ғазаб мешавад, зеро дар ҷое ки шариат нест, вайронкунии он ҳам нест. Бинобар ин мувофиқи имон аст, то аз рӯи файз бошад, то ки ваъда ба тамоми насл таъмин шавад, на танҳо ба аҳли шариат, балки низ ба аҳли имони Иброҳим, ки ӯ падари ҳамаи мост, чунон ки навишта шудааст: “Ман туро падари халқҳои бисёр гардондам”, пеши Худое ки Иброҳим ба Ӯ имон овард, пеши Худое ки мурдагонро зинда мекунад ва номавҷудро ҳамчун мавҷуд мехонад. Дар ҳоле ки ҳеҷ умеде набуд, Иброҳим умедвор шуда, имон овард, то падари халқҳои бисёр шавад, аз рӯи он чи гуфта шудааст: “Насли ту чунин мешавад”. Ва дар имон суст нашуда, ба он нигоҳ накард, ки бадани ӯ дар синни қариб садсолагӣ аллакай мурдааст, ва бачадони Соро низ мурдааст; ва ба ваъдаи Худо аз беимонӣ шубҳа накард, балки дар имонаш устувор истода, Худоро ҳамду сано хонд, ва боварии комил дошт, ки Ӯ ба иҷрои ваъдаи Худ низ қодир аст. Аз ҳамин сабаб барои ӯ росткорӣ ҳисобида шуд. Аммо на танҳо дар ҳаққи ӯ навишта шудааст, ки барои ӯ ҳисобида шуд, балки дар ҳаққи мо низ: барои мо низ ҳисобида мешавад, ки имон дорем ба Он ки Худованди мо Исоро аз мурдагон бархезонд, ки Ӯ ба сабаби хатоҳои мо таслим гардид ва барои сафед кардани мо бархезонда шуд. Пас, мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ осоиш дорем, ки ба воситаи Ӯ мо бо имон сӯи ин файзе роҳ ёфтаем, ки дар он истодаем ва бо умеди ҷалоли илоҳӣ фахр мекунем. Ва на танҳо бо ин, балки бо азобҳо низ фахр мекунем, зеро медонем, ки азоб сабрро ба вуҷуд меоварад, ва сабр — ботаҷрибагиро, ва ботаҷрибагӣ — умедро, ва умед шарманда намекунад, чунки муҳаббати Худо дар дилҳои мо ба воситаи Рӯҳулқудс, ки ба мо дода шуд, ҷорӣ шудааст. Зеро Масеҳ, ҳангоме ки мо ҳанӯз нотавон будем, дар вақти муқарраршуда барои худонотарсон мурд. Зеро гумон намеравад, ки касе барои росткоре мурад, вале эҳтимол дорад, ки барои ягон некӯкоре касе ба мурдан ҷуръат кунад. Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд. Пас, хусусан акнун, ки бо Хуни Ӯ сафед шудаем, ба воситаи Ӯ аз ғазаб наҷот меёбем. Зеро агар бо Худо, ҳангоми душман будани худ, ба воситаи марги Писари Ӯ оштӣ карда бошем, пас, хусусан баъд аз оштӣ кардан, мо ба воситаи ҳаёти Ӯ наҷот меёбем. Ва на танҳо ин, балки низ бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ фахр мекунем, ки ба воситаи Ӯ акнун оштӣ ба даст овардаем. Ҳаёт бо,,,,\ Масеҳ ва марг бо Одам Пас, чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ марг омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд. Зеро пеш аз шариат ҳам гуноҳ дар ҷаҳон буд, лекин ҳангоме ки шариат нест, гуноҳ ҳисобида намешавад. Бо ин ҳама, аз Одам то Мусо марг бар онҳое низ ҳукмрон буд, ки хатое монанди гуноҳи Одам накарда буданд, ки ӯ намунаи Шахси оянда аст. Лекин атои файз ба хато монанд нест. Зеро агар бо хатои як кас бисёр касон гирифтори марг шуда бошанд, пас, хусусан файзи Худо ва тӯҳфаи он барои бисёр касон ба воситаи файзи як Одам, яъне Исои Масеҳ, фаровон мегардад. Ва тӯҳфа ба он чи ба воситаи як гуноҳкор омад, монанд нест; зеро доварӣ пас аз як хато сабаби маҳкумият мешавад, лекин атои файз пас аз хатоҳои бисёр сафед мекунад. Зеро агар бо хатои як кас марг ба воситаи ҳамин як кас ҳукмрон шуда бошад, пас, хусусан онҳое ки фаровонии файз ва тӯҳфаи росткориро қабул мекунанд, дар ҳаёт ба воситаи Исои Масеҳи ягона ҳукмрон мешаванд. Бинобар ин, чунон ки ба воситаи хатои як кас ҳамаи одамон маҳкум шуданд, ончунон ба воситаи росткории як Кас ҳамаи одамон барои ҳаёт сафед шуданд. Зеро, чунон ки ба воситаи беитоатии як кас бисёр касон гуноҳкор шуданд, ончунон ба воситаи итоати як Кас бисёр касон росткор мешаванд. Аммо шариат баъд ба майдон омад, то хато зиёд шавад; ва ҳангоме ки гуноҳ зиёд шуд, файз хеле фаровон гардид, то ки, чунон ки гуноҳ ба воситаи марг ҳукмрон шуд, ончунон файз ҳам ба воситаи росткорӣ барои ҳаёти абадӣ ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ ҳукмрон шавад. Пас чӣ гӯем? Оё дар гуноҳ монем, то файз зиёд шавад? Ҳеҷ гоҳ. Мо, ки нисбат ба гуноҳ мурдаем, чӣ гуна метавонем дар он боз зиндагӣ кунем? Оё намедонед, ки ҳамаи мо, ки дар Масеҳ Исо таъмид ёфтаем, дар марги Ӯ таъмид ёфтаем? Пас мо, дар маргаш таъмид ёфта, бо Ӯ гӯронда шудаем, то ки, чунон ки Масеҳ бо ҷалоли Падар аз мурдагон бархезонда шуд, ончунон мо низ дар ҳаёти нав қадамгузор шавем. Зеро агар мо дар монандии марги Ӯ бо Ӯ пайванд шуда бошем, дар монандии растохези Ӯ низ пайванд мешавем. Зеро медонем, ки инсони кӯҳнаи мо бо Ӯ ба салиб кашида шудааст, то бадани пургуноҳ ҳеҷ гардад, ва мо дигар бандагони гуноҳ набошем; чунки мурда аз гуноҳ озод аст. Агар мо бо Масеҳ мурда бошем, боварӣ дорем, ки бо Ӯ зиндагӣ низ мекунем. Зеро медонем, чун Масеҳ аз мурдагон бархезонда шуд, дигар намемурад: марг дигар бар Ӯ ҳукмронӣ намекунад. Зеро, ин ки Ӯ мурд, як бор барои ҳамеша нисбат ба гуноҳ мурд, аммо ин ки зинда аст, барои Худо зинда аст. Ҳамин тавр шумо низ худро нисбат ба гуноҳ мурда, аммо барои Худо дар Худованди мо Масеҳ Исо зинда ҳисоб кунед. Пас, бигзор гуноҳ дар бадани мирандаи шумо подшоҳӣ накунад, то ба он дар ҳавасҳои бадан итоат накунед; ва узвҳои худро чун асбоби бадкирдорӣ ба гуноҳ насупоред, балки худро, ҳамчун касони аз мурдагон зиндашуда, ба Худо супоред ва узвҳои худро чун асбоби росткорӣ дар ихтиёри Худо вогузор намоед. Зеро гуноҳ бар шумо ҳукмронӣ намекунад, чунки на зери шариат, балки зери файз ҳастед. Пас чӣ кунем? Оё гуноҳ кунем, зеро на зери шариат, балки зери файз ҳастем? Ҳеҷ гоҳ. Оё намедонед, ки ба ҳар кӣ худро чун бандагон барои итоат супоред, бандагони ҳамон кас ҳастед, ки ба вай итоат мекунед, хоҳ гуноҳе барои марг бошад, хоҳ итоате барои росткорӣ? Аммо, Худоро шукр, ки агарчи бандагони гуноҳ будед, аз таҳти дил ба ҳамон тарзи таълим фармонбардор шудаед, ки ба он супорида шудаед. Ва аз гуноҳ озод шуда, бандагони росткорӣ гардидаед. Ба хотири нотавонии ҷисматон, ба таври одамӣ мегӯям: чунон ки шумо узвҳои худро ба бандагии нопокӣ ва бадкорӣ супорида, ба бадкорӣ афтода будед, ончунон акнун узвҳои худро ба бандагии росткорӣ барои муқаддасшавӣ вогузор намоед. Зеро вақте ки бандагони гуноҳ будед, аз росткорӣ озод будед. Пас он вақт чӣ самаре доштед? Корҳое мекардед, ки акнун аз онҳо шарм медоред, чунки анҷоми онҳо марг аст. Лекин акнун, ки аз гуноҳ озод шуда, бандагони Худо гардидаед, самари шумо муқаддасшавист, ва анҷоми кор ҳаёти абадист. Зеро музди гуноҳ марг аст, аммо атои Худо ҳаёти абадист дар Худованди мо Масеҳ Исо. Эй бародарон, магар намедонед, — зеро ба донандагони шариат сухан мегӯям, — ки шариат бар одамизод дар вақти зиндагии вай ҳукмронӣ мекунад? Зеро зани шавҳардор мувофиқи шариат ба шавҳари зинда вобаста аст, ва агар шавҳараш мурад, вай аз шариати шавҳардорӣ озод мешавад. Бинобар ин агар вай дар вақти зиндагии шавҳараш аз марди дигаре шавад, зинокор номида мешавад; лекин агар шавҳараш мурад, вай аз шариат озод мешавад ва ҳар гоҳ аз марди дигар шавад, зинокор ҳисоб намеёбад. Шумо низ, эй бародарони ман, ба воситаи бадани Масеҳ нисбат ба шариат ба марг супурда шудаед, то аз они Дигаре бошед, яъне аз они Ӯ, ки аз мурдагон бархезонда шуд, то барои Худо самаре оварем. Зеро, ҳангоме ки дар ҷисм будем, ҳавасҳои гуноҳҳое ки ба воситаи шариат барангехта мешуданд, дар узвҳои мо амал мекарданд, то барои марг самаре оварем. Лекин акнун нисбат ба шариате ки моро баста буд, мурда, аз он озод шудаем, то бо Рӯҳи нав бандагӣ намоем, на бо ҳарфи кӯҳна. Пас чӣ гӯем? Оё шариат гуноҳ аст? Ҳеҷ гоҳ. Лекин агар шариат намебуд, гуноҳро намешинохтам. Зеро агар шариат намегуфт, ки “тамаъ накун”, ман намедонистам, ки тамаъ чист. Аммо гуноҳ, аз фармуда фурсат ёфта, дар ман ҳар гуна тамаъро ба вуҷуд овард, зеро бе шариат гуноҳ мурда аст. Ман замоне бе шариат зинда будам, аммо вақте ки фармуда ба майдон омад, гуноҳ зинда шуд, ва ман мурдам, ва он фармудае ки барои ҳаёт дода шуда буд, сабаби марги ман шуд; чунки гуноҳ, аз фармуда фурсат ёфта, маро фирефта кард ва ба воситаи он кушт. Бинобар ин шариат муқаддас аст, фармуда муқаддас, одилона ва нек. Пас, оё чизи нек барои ман сабаби марг шуд? Ҳеҷ гоҳ. Балки гуноҳ ба воситаи чизи нек ба ман марг овард, то ҳамчун гуноҳ ошкор шавад ва бадии беандозаи гуноҳ ба воситаи фармуда маълум гардад. Зеро мо медонем, ки шариат рӯҳонӣ мебошад, вале ман ҷисмонӣ ҳастам ва ба гуноҳ фурӯхта шудаам. Зеро он чи мекунам, намефаҳмам; чунки он чи мехоҳам, намекунам, балки он чи бад мебинам, ба ҷо меоварам. Аммо агар он чи намехоҳам, ба ҷо меоварам, бо ҳамин қабул мекунам, ки шариат нек аст. Ва акнун кунандаи он ман нестам, балки гуноҳест, ки дар ман сокин аст. Зеро медонам, ки дар ман, яъне дар ҷисми ман, чизи нек сокин нест; чунки ҳарчанд майли кардани кори нек дар ман ҳаст, онро карда наметавонам. Зеро он кори неке ки мехоҳам, ба ҷо намеоварам, лекин кори баде ки намехоҳам, мекунам. Аммо агар он чи намехоҳам, ба ҷо меоварам, акнун кунандаи он ман нестам, балки гуноҳест, ки дар ман сокин аст. Пас чунин қонун пайдо мекунам, ки ҳангоме ман мехоҳам кори нек кунам, аз ман кори бад сар мезанад. Зеро ботинан аз шариати Худо лаззат мебарам, лекин дар узвҳои худ қонуни дигаре мебинам, ки ба муқобили қонуни хиради ман меҷангад ва маро асири қонуни гуноҳ мегардонад, ки дар узвҳои ман аст. Вой бар ман, ки шахси бечора ҳастам! Кӣ маро аз ин бадани гирифтори марг раҳоӣ медиҳад? Худоро ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ шукр мегӯям. Пас ман бо ақли худ шариати Худоро бандагӣ менамоям, вале бо ҷисми худ қонуни гуноҳро. Пас ҳеҷ маҳкумияте нест барои онҳое ки дар Масеҳ Исо ҳастанд ва на аз рӯи ҷисм, балки аз рӯи Рӯҳ рафтор мекунанд, чунки қонуни Рӯҳи ҳаёт дар Масеҳ Исо маро аз қонуни гуноҳ ва марг озод кардааст. Зеро, азбаски шариат бо айби ҷисм нотавон шуда, ноилоҷ монда буд, Худо Писари Худро ба сурати ҷисми пургуноҳ ва барои гуноҳ фиристода, гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард, то ки фармудаҳои одилонаи шариат дар мо, ки на аз рӯи ҷисм, балки аз рӯи Рӯҳ рафтор мекунем, ба амал оянд. Зеро онҳое ки ҷисмонианд, дар фикри чизҳои ҷисмонӣ ҳастанд, вале онҳое ки рӯҳонианд, дар фикри чизҳои рӯҳонӣ. Фикрҳои ҷисмонӣ марг аст, аммо фикрҳои рӯҳонӣ ҳаёт ва осоиш, чунки фикрҳои ҷисмонӣ душманӣ ба Худост, зеро ба шариати Худо фармонбардор нест ва буда ҳам наметавонад. Бинобар ин онҳое ки дар ҷисманд, ба Худо писанд афтода наметавонанд. Лекин шумо на дар ҷисм, балки дар Рӯҳ ҳастед, агар ҳақиқатан Рӯҳи Худо дар шумо сокин бошад. Аммо агар касе дорои Рӯҳи Масеҳ набошад, вай аз они Ӯ нест. Ва агар Масеҳ дар шумо бошад, бадан ба воситаи гуноҳ мурда аст, вале рӯҳ ба воситаи росткорӣ зинда аст. Ва агар Рӯҳи Он ки Исоро аз мурдагон бархезонд, дар шумо сокин бошад, Он ки Масеҳро аз мурдагон бархезонд, баданҳои мирандаи шуморо низ бо Рӯҳи Худ, ки дар шумо сокин аст, зинда мекунад. Пас, эй бародарон, мо ӯҳдадори ҷисм нестем, то аз рӯи ҷисм зиндагӣ кунем; зеро агар аз рӯи ҷисм зиндагӣ кунед, мемуред; аммо агар амалҳои баданро ба воситаи Рӯҳ кушед, зинда мемонед. Зеро ҳамаи онҳое ки роҳнамояшон Рӯҳи Худост, писарони Худо ҳастанд; чунки шумо рӯҳи бандагиро қабул накардаед, ки боз тарсон бошед, балки Рӯҳи писархондагиро қабул кардаед, ки бо Ӯ мо нидо мекунем: “Эй Або, эй Падар! ” Ҳамон Рӯҳ бо рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем. Ва агар фарзандон бошем, ворисон низ ҳастем: ворисони Худо ва ҳамроҳи Масеҳ ворисонем, агар ҳақиқатан бо Ӯ азоб кашем, то низ бо Ӯ ҷалол ёбем. Зеро ман дилпурам, ки азобҳои замони ҳозира дар муқоиса бо он ҷалоле ки дар мо ошкор мешавад, ҳеҷ аст. Зеро офариниш бо майли том мунтазири ошкоршавии писарони Худо аст, чунки офариниш на бо ихтиёри худ, балки бо хости фармонравои худ фармонбардори нестшавӣ шудааст, ба умеди он ки худи офариниш ҳам аз бандагии нобудшавӣ халосӣ ёфта, ба озодии ҷалоли фарзандони Худо шарик шавад. Зеро медонем, ки тамоми офариниш бо ҳам то ҳол менолад ва дарди зоиш мекашад; ва на танҳо он, балки худи мо низ, ки соҳиби навбари Рӯҳ ҳастем, дар даруни худ менолем ва мунтазири писархондагӣ ва раҳоии бадани худ мебошем. Зеро бо умед наҷот ёфтаем. Аммо умед, вақте ки онро мебинанд, дигар умед нест; зеро кас агар чизеро бинад, чаро боз дар умеди он бошад? Аммо агар мо дар умеди чизе бошем, ки онро намебинем, бо сабр мунтазираш мешавем. Ва ҳамчунин Рӯҳ низ дар нотавониҳои мо ёрӣ медиҳад; зеро намедонем дар чӣ хусус ба таври бояду шояд дуо гӯем, лекин Худи Рӯҳ барои мо бо нолаҳои баённошуданӣ шафоат мекунад. Санҷандаи дилҳо аз фикри Рӯҳ огоҳ аст, чунки Ӯ барои муқаддасон мувофиқи хости Худо шафоат мекунад. Ва мо медонем, ки ба дӯстдорони Худо, ки мувофиқи нақшаи Ӯ даъват шудаанд, ҳама чиз барои некӣ хизмат мекунад; зеро онҳоеро, ки пешакӣ шинохтааст, низ пешакӣ муайян кардааст, ки ба сурати Писараш монанд шаванд, то Ӯ дар миёни бародарони бисёр нахустзода бошад; ва онҳоеро, ки пешакӣ муайян кардааст, низ даъват намудааст; ва онҳоеро, ки даъват намудааст, низ сафед кардааст; ва онҳоеро, ки сафед кардааст, низ ҷалол додааст. Пас мо ба ин чӣ гӯем? Агар Худо бо мост, кӣ метавонад зидди мо бошад? Он ки Писари Худро дареғ надоштааст, балки Ӯро барои ҳамаи мо фидо кардааст, чӣ гуна ҳамроҳи Ӯ ҳама чизро ба мо намебахшад? Кӣ интихобшудагони Худоро айбдор мекунад? Худост, ки сафед мекунад. Кист, ки маҳкум мекунад? Масеҳ аст, ки мурдааст, вале низ бархезонда шудааст, ва низ ба дасти рости Худост, ва дар ҳаққи мо шафоат низ мекунад. Кӣ моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо мекунад? Оё мусибат, ё тангӣ, ё таъқибот, ё гуруснагӣ, ё бараҳнагӣ, ё хатар, ё шамшер? Чунон ки навишта шудааст: “Ба хотири Ту мо ҳар рӯз кушта мешавем, чун гӯсфандони куштанӣ ба шумор меравем”. Аммо бар ҳамаи ин мо ба воситаи Оне ки моро дӯст доштааст, пурра ғолиб меоем. Зеро ман дилпурам, ки на марг, на ҳаёт, на фариштаҳо, на сарвариҳо, на қувваҳо, на ҳозира, на оянда, на баландӣ, на пастӣ, на ҳар гуна офаридаи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар Худованди мо Масеҳ Исо аст, ҷудо карда наметавонад. Дар Масеҳ рост мегӯям, дурӯғ намегӯям, виҷдонам дар Рӯҳулқудс б ман шаҳодат медиҳад, ки ғуссаи бузургест барои ман, ва сӯзи дили ман поён надорад. Зеро мехостам ба хотири бародаронам, ки аз ҷиҳати ҷисм хешони мананд, худам аз Масеҳ маҳрум шавам. Онҳо исроилиёнанд; писархондагӣ ва ҷалол, аҳдҳо ва шариат, ибодат ва ваъдаҳо аз они онҳост; ва падарон аз онҳоянд, ва Масеҳ аз ҷиҳати ҷисм аз онҳост, ки Ӯ бар ҳама то абад Худои муборак аст, мин. Аммо чунин нест, ки каломи Худо нопойдор шуда бошад. Зеро на ҳама исроилиянд, ки аз Исроил бошанд, ва на ҳама фарзандони Иброҳиманд, ки наслаш ҳастанд; балки “насли ту аз Исҳоқ хонда мешавад”. Яъне на фарзандони ҷисм фарзандони Худо ҳастанд, балки фарзандони ваъда насл ҳисоб меёбанд. Зеро каломи ваъда чунин аст: “Дар ҳамин вақт меоям, ва Соро писардор мешавад”. Ва на танҳо ин, балки Ривқо низ аз яке, яъне аз падарамон Исҳоқ ҳомила буд. Зеро пеш аз таваллуди кӯдакон, ки ҳанӯз ҳеҷ кори неке ё баде накарда буданд, барои он ки нақшаи Худо дар интихобашон на аз корҳо, балки аз Даъваткунанда устувор монад, ба вай гуфта шуд: “Калонӣ бандаи хурдӣ мешавад”. Чунон ки навишта шудааст: “Яъқубро дӯст доштам, аммо Эсавро бад дидам”. Пас чӣ гӯем? Магар назди Худо беинсофӣ ҳаст? Ҳеҷ гоҳ. Зеро Ӯ ба Мусо мегӯяд: “Ҳар киро марҳамат кардан хоҳам, марҳамат мекунам, ва ба ҳар кӣ меҳрубонӣ кардан хоҳам, меҳрубонӣ мекунам”. Пас, гап на дар он кас аст, ки майл дорад ва саъю кӯшиш мекунад, балки дар Худост, ки марҳамат мекунад. Зеро Китоб ба фиръавн мегӯяд: “Барои он туро ба по гузоштаам, ки қуввати Худро дар ту нишон диҳам ва номи Ман дар тамоми рӯи замин шӯҳрат ёбад”. Пас, Ӯ ба ҳар кӣ хоҳад, марҳамат мекунад, ва ҳар киро хоҳад, сангдил мегардонад. Пас ба ман мегӯӣ: “Чаро Ӯ боз сарзаниш мекунад? Зеро кист, ки ба хости Ӯ муқобилат карда тавонад?” Аммо ту кистӣ, эй одамизод, ки бо Худо баҳс мекунӣ? Оё сохташуда ба созанда мегӯяд: “Чаро маро чунин сохтӣ? ” Оё кӯзагар бар гил ихтиёр надорад, ки аз ҳамон як хамира зарфе иззатнок ва зарфе беиззат созад? Пас, чӣ ҷои баҳс аст, ки агар Худо, бо мақсади нишон додани ғазаби Худ ва ошкор сохтани тавоноии Худ, зарфҳои ғазабро, ки барои ҳалокат муҳайё шудаанд, бо пурсабрии бузурге бардошт карда бошад, то фаровонии ҷалоли Худро бар зарфҳои марҳамат, ки Ӯ пешакӣ онҳоро барои ҷалол омода кардааст, ошкор созад. Ва он зарфҳои марҳамат моем, ки Ӯ моро на танҳо аз байни яҳудиён, балки аз байни халқҳо низ даъват намудааст, чунон ки дар китоби Ҳушаъ низ мегӯяд: «Онҳоеро, ки қавми Ман нестанд, қавми Худ хоҳам хонд, ва онро, ки маҳбуба нест, маҳбуба хоҳам хонд; ва дар он ҷое ки ба онҳо гуфта шудааст: “Шумо қавми Ман нестед”, онҳо писарони Худои зинда номида хоҳанд шуд». Ва Ишаъё дар бораи Исроил нидо мекунад: “Шумораи банӣ-Исроил чун реги баҳр бошад ҳам, бақияе наҷот хоҳад ёфт; зеро Худованд коре ба анҷом мерасонад ва ба зудӣ аз рӯи адолат ҳал мекунад, кори қатъие бар замин мекунад”. Ва чунон ки Ишаъё пешгӯӣ кардааст: “Агар Худованди лашкарҳо барои мо насле боқӣ намегузошт, мо чун Садӯм мешудем ва ба Амуро монандӣ медоштем”. Пас чӣ гӯем? Халқҳое ки дар пайи росткорӣ набуданд, росткорӣ ба даст оварданд: росткорие ки аз имон аст; аммо Исроил, ки дар пайи шариати росткорӣ буд, ба шариати росткорӣ нарасид. Чаро? Чунки на аз роҳи имон, балки бо корҳои шариат дар пайи он буданд. Зеро онҳо ба санги пешпое пешпо хӯрданд, чунон ки навишта шудааст: “Инак, дар Сион санги пешпо ва харсанги монеа мегузорам, ва ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, шарманда намешавад”. Эй бародарон! Орзуи дили ман ва зории ман аз Худо барои Исроил ин аст, ки онҳо наҷот ёбанд. Зеро дар бораи онҳо шаҳодат медиҳам, ки ғайрат барои Худо доранд, аммо на аз рӯи фаҳм. Зеро ба росткории Худо сарфаҳм нарафта, росткории худашонро барпо карданӣ шуданд ва ба ин сабаб ба росткории Худо фармонбардор нашуданд; чунки Масеҳ анҷоми шариат аст барои росткории ҳар касе ки имон меоварад. Мусо дар бораи росткорие ки аз рӯи шариат аст, чунин менависад: “Одам онҳоро ба ҷо оварда, бо онҳо зинда мемонад”. Аммо росткорие ки аз рӯи имон аст, чунин мегӯяд: «Дар дили худ нагӯ: “Кӣ ба осмон боло меравад?”» — яъне то Масеҳро поён фурорад. Ё: “Кӣ ба ҷаҳони зерин поён меравад? ” — яъне то Масеҳро аз мурдагон боло барорад. Аммо он чӣ мегӯяд? “Калом наздики туст, дар даҳони ту ва дар дили туст”, яъне каломи имон, ки мо онро мавъиза мекунем. Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исо Худованд аст, ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ӯро аз мурдагон бархезонд, наҷот меёбӣ; чунки одам бо дили худ имон меоварад, то росткор шавад, ва бо даҳони худ эътироф мекунад, то наҷот ёбад. Зеро Китоб мегӯяд: “Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, шарманда намешавад”. Ва ҳеҷ фарқе миёни яҳудӣ ва юнонӣ нест, зеро ҳама ҳамон Худовандро доранд, ки барои ҳамаи онҳое ки Ӯро мехонанд, сарватманд аст. Зеро “ҳар кӣ номи Худовандро хонад, наҷот меёбад”. Аммо чӣ гуна онҳо хонанд Касеро, ки ба Ӯ имон наовардаанд? Чӣ гуна имон оваранд ба Касе ки дар бораи Ӯ чизе нашунидаанд? Чӣ гуна бе воиз чизе шунаванд? Ва чӣ гуна мавъиза кунанд бе он ки фиристода шаванд? Чунон ки навишта шудааст: “Чӣ зебоянд пойҳои онҳое ки аз осоиш башорат медиҳанд, аз некӣ башорат медиҳанд!” Лекин на ҳама башоратро гӯш карданд. Зеро Ишаъё мегӯяд: “Худовандо! Кӣ ба паёми мо бовар кардааст?” Пас, имон аз шунидани паём аст ва шунидани паём ба воситаи каломи Худост. Аммо мегӯям: оё онҳо нашунидаанд? Баръакс: “Овози онҳо дар тамоми замин паҳн шуд, Ва суханонашон то канорҳои дунё расид”. Аммо мегӯям: оё Исроил намедонист? Аввал Мусо мегӯяд: “Ман ба воситаи он чи халқ нест, рашки шуморо ба вуҷуд меоварам, Ба воситаи халқи бефаҳм шуморо ба хашм меоварам”. Ва Ишаъё далерона мегӯяд: “Касоне ки Маро намеҷустанд, Маро ёфтанд, Ба касоне ки Маро пурсуҷӯй накарданд, Худро ошкор сохтам”. Аммо дар бораи Исроил Ӯ мегӯяд: “Тамоми рӯз дастҳои Худро сӯи қавми беитоат ва гарданкаш дароз кардам”. Пас мегӯям: магар Худо қавми Худро рад кардааст? Ҳеҷ гоҳ. Зеро ман низ исроилӣ, аз насли Иброҳим, аз қабилаи Бинёмин ҳастам. Худо қавми Худро, ки пешакӣ шинохта буд, рад накардааст. Оё намедонед, ки Китоб дар ҳикояти Илёс чӣ мегӯяд? Чӣ гуна ӯ ба Худо аз Исроил шикоят карда, мегӯяд: “Худовандо! Пайғамбарони Туро куштанд, ва қурбонгоҳҳои Туро вайрон карданд; ва танҳо ман мондаам, дар қасди ҷони ман низ мебошанд”. Аммо ҷавоби Худо ба ӯ чӣ буд? “Ҳафт ҳазор мардро, ки назди Баал зону назадаанд, барои Худ нигоҳ доштаам”. Ҳамчунин дар замони ҳозира низ, мувофиқи интихоби файз, бақияе мондааст. Аммо агар ин мувофиқи файз бошад, пас мувофиқи амалҳо нест, вагарна файз дигар файз нест. Ва агар мувофиқи амалҳо бошад, пас ин дигар файз нест, вагарна амал дигар амал нест. Пас чӣ гӯем? Исроил он чиро, ки меҷуст, ба даст наовард. Аммо интихобшудагон ба даст оварданд, ва касони боқӣ сангдил шуданд, чунон ки навишта шудааст: “Худо ба онҳо рӯҳи хоби гарон дод, Ва чашмоне ки намебинанд, Ва гӯшҳое ки то имрӯз намешунаванд”. Довуд низ мегӯяд: “Бигзор дастархони онҳо барояшон банде ва доме ва қапқоне ва сазое гардад; Бигзор чашмони онҳо торик шаванд, то набинанд, Ва тахтапушти онҳоро ҳамеша хам гардон”. Пас, ман мегӯям: оё онҳо пешпо хӯрдаанд, ки фурӯ ғалтанд? Ҳеҷ гоҳ. Аммо аз пешпохӯрии онҳо ба халқҳо наҷот омад, то рашки онҳоро ба вуҷуд оварад. Ва агар пешпохӯрии онҳо сарвати ҷаҳон ва шикасти онҳо сарвати халқҳо бошад, камоли онҳо чанд маротиба зиёдтар фоидабахш мешавад. Зеро ба шумо, эй халқҳо, мегӯям: ҳамчун расули халқҳо ман хизмати худро ситоиш мекунам: ба умеди он ки рашки ҳамқавмони худро ба вуҷуд оварам ва баъзеи онҳоро наҷот диҳам. Зеро, агар радшавии онҳо оштии ҷаҳон шуда бошад, пас қабулшавии онҳо, ғайр аз ҳаёт аз мурдагон, чӣ мешавад? Агар навбар муқаддас бошад, хамир низ муқаддас аст; ва агар реша муқаддас бошад, шохаҳо низ муқаддасанд. Аммо агар баъзе аз шохаҳо шикаста ҷудо шуда бошанд, ва ту, ки зайтуни ёбоӣ будӣ, байни онҳо пайванд гашта, ба реша ва шираи зайтун шарик шуда бошӣ, пас назди он шохаҳо ҳавобаланд машав; ва агар ҳавобаланд шавӣ, дон, ки ту решаро нигоҳ намедорӣ, балки реша туро нигоҳ медорад. Шояд гӯӣ: “Шохаҳо шикаста ҷудо шудаанд, то ман пайванд шавам”. Бале. Ба сабаби беимонӣ шикаста ҷудо шудаанд, аммо ту ба воситаи имон истодагӣ мекунӣ: ҳавобаландӣ макун, балки битарс. Зеро ки агар Худо шохаҳои табииро амон надода бошад, туро низ амон намедиҳад. Пас, некӯӣ ва сахтгирии Худоро бин: Ӯ сахтгир аст ба онҳое ки афтода ҷудо шудаанд, ва некӯ аст ба ту, агар дар некӯии Ӯ монӣ; вагарна ту низ бурида мешавӣ. Лекин онҳо низ, агар дар беимонӣ намонанд, пайванд мешаванд, зеро Худо қодир аст онҳоро боз пайванд кунад. Зеро, агар ту аз зайтуни табиатан ёбоӣ бурида шуда, бар хилофи табиат ба зайтуни хуб пайванд шуда бошӣ, пас инҳо, ки шохаҳои табиӣ ҳастанд, чӣ қадар осонтар ба зайтуни худ пайванд мешаванд. Зеро, эй бародарон, ман намехоҳам, ки шумо худро доно пиндошта, аз чунин сир бехабар монед, ки як қисми Исроил ба сангдилӣ гирифтор шудааст то вақте ки шумораи пурраи ғайрияҳудиён дохил шаванд. Ва он гоҳ тамоми Исроил наҷот меёбад, чунон ки навишта шудааст: “Аз Сион Раҳонанда меояд Ва худонотарсиро аз Яъқуб дур мекунад; Ва ин аст аҳди Ман бо онҳо Дар замоне ки гуноҳҳошонро аз миён бардорам”. Ба сабаби Инҷил, онҳо душманонанд ба хотири шумо, лекин ба сабаби интихоб, онҳо дӯстдоштагонанд ба хотири падарон; зеро атоҳо ва даъвати Худо тағйирнопазиранд. Зеро, чунон ки шумо низ як вақте ба Худо итоат накардед, вале акнун, ба сабаби беитоатии онҳо, марҳамат ёфтаед, ҳамчунин онҳо низ акнун итоат накарданд, то худашон низ ба воситаи ҳамон марҳамате ки шумо ёфтаед, марҳамат ёбанд. Зеро Худо ҳамаро дар банди беитоатӣ ниҳодааст, то ба ҳама марҳамат кунад. Ваҳ чӣ амиқ аст сарвати ҳикмат ва дониши Худо! Чӣ ақлнорас аст довариҳои Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ! Зеро кӣ фикри Худовандро донистааст? Ё кӣ мушовири Ӯ шудааст? Ё кӣ ба Ӯ пешакӣ чизе додааст, То подошашро ба вай баргардонад? Зеро ҳама чиз аз Ӯст, ба воситаи Ӯст ва барои Ӯст. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин. Пас шуморо, эй бародарон, дар партави марҳамати Худо даъват менамоям, ки баданҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин аст; ва худро ба ин дунё ҳамшакл насозед, балки бо нав шудани фикратон дигаргун шавед, то дарёбед, ки хости нек, писандида ва комили Худо чист. Зеро бо файзе ки ба ман дода шудааст, ба ҳар яки шумо мегӯям: дар ҳаққи худ бештар аз он чи шоён аст, фикр накунед, балки хоксорона, ба андозаи имоне ки Худо ба ҳар кас насиб кардааст, фикр кунед. Зеро, чунон ки дар як бадан узвҳои бисёре дорем, лекин на ҳамаи узвҳо ҳамон як корро ба ҷо меоваранд, ҳамчунин мо, ки бисёрем, як бадан дар Масеҳ ҳастем, аммо ҳар яке ба танҳоӣ узвҳои якдигарем; ва мувофиқи файзе ки ба мо дода шудааст, атоҳои гуногун дорем; агар атои касе пайғамбарӣ бошад, ба андозаи имон ба кор барад; агар хизмат бошад, хизмат кунад; агар касе муаллим бошад, таълим диҳад; агар насиҳатгӯй бошад, насиҳат диҳад; агар бахшанда бошад, бо саховат чунин кунад; агар сардор бошад, бо ҷидду ҷаҳд сардорӣ кунад; агар меҳрубон бошад, хурсандона чунин кунад. Муҳаббат бе дурӯягӣ бошад; аз бадӣ нафрат кунед, ба некӣ часпед; якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред; ҳар яке дигареро бештар аз худ эҳтиром кунед. Ғайрати шумо суст нашавад, рӯҳи пурҳарорат дошта бошед; Худовандро бандагӣ намоед. Дар умед шодмон бошед; дар азоб пуртоқат бошед; ҳамеша дуо гӯед. Дар рафъи эҳтиёҷоти муқаддасон иштирок кунед; дар меҳмоннавозӣ кӯшиш кунед. Баракат хоҳед барои онҳое ки шуморо таъқиб мекунанд; баракат хоҳед, вале лаънат нагӯед. Бо шодикунандагон шодӣ кунед ва бо гирякунандагон гиря кунед. Бо якдигар ҳамфикр бошед; ҳавобаландӣ накунед, балки фурӯтан бошед; худро доно мапиндоред. Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ бадӣ накунед; пеши ҳамаи одамон дар пайи некӣ бошед. Ба қадри имкон, то ҳадде ки ба шумо вобаста аст, бо ҳамаи одамон дар осоиш зиндагӣ кунед. Эй азизон, қасоси худро нагиред, балки ба ғазаби Худо вогузор кунед; зеро навишта шудааст: “Қасос аз ҷониби Ман аст, Ман сазо медиҳам, мегӯяд Худованд”. “Пас, агар душманат гурусна бошад, ба ӯ хӯрок деҳ; агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ; зеро бо чунин рафторат бар сари ӯ оташпораҳо фурӯ мерезӣ”. Ба бадӣ мағлуб нашав, балки бадиро бо некӣ мағлуб кун. Ҳар шахс бояд ба ҳокимиятҳои боло фармонбардор бошад; зеро ҳеҷ ҳокимияте нест, ки аз Худо набошад, ва ҳокимиятҳои мавҷуда аз ҷониби Худо барпо шудаанд. Бинобар ин ҳар кӣ ба ҳокимият муқобилат кунад, бар зидди тартиби Худо исён кардааст; ва исёнгарон гирифтори маҳкумият мешаванд. Зеро ҳокимон на барои некӯкорон, балки барои бадкорон хавфноканд. Оё мехоҳӣ аз ҳокимият тарсе надошта бошӣ? Корҳои нек кун, ва аз он таҳсин мешунавӣ; чунки вай хизматгузори Худост ба фоидаи ту. Аммо агар корҳои бад кунӣ, битарс; зеро вай шамшерро беҳуда бардошта нагаштааст; вай хизматгузори Худост ва бо ғазаб аз бадкорон қасос мегирад. Бинобар ин на танҳо аз тарси ҷазо, балки низ аз рӯи виҷдон фармонбардор будан даркор аст. Ба ҳамин сабаб шумо андоз ҳам медиҳед; зеро онҳо ходимони Худо ҳастанд, ки доим бо ин кор машғуланд. Пас, ба ҳар кас он чиро, ки ҳаққи ӯст, диҳед: андозро — ба касе ки андоз меситонад; боҷро — ба касе ки боҷ мегирад; тарсро — ба касе ки сазовори тарс аст; иззатро — ба касе ки шоистаи иззат аст. Аз касе чизе қарздор нашавед, ғайр аз қарзи муҳаббат ба якдигар; зеро ҳар кӣ каси дигарро дӯст медорад, шариатро ба ҷо овардааст. Зеро /фармудаҳои/ “зино накун”, “накуш”, “дуздӣ накун”, “тамаъ накун” ва ҳар фармудаи дигар дар ин калом ҷамъбаст шудааст: “Ёратро монанди худат дӯст дор”. Муҳаббат ба ёр бадӣ намекунад; пас, муҳаббат иҷрои пурраи шариат аст. Дар айни ҳол вақтро медонем, ки аллакай соати аз хоб бедор шуданамон расидааст; зеро акнун наҷоти мо назар ба он вақте ки имон овардем, наздиктар аст. Шаб гузашту рӯз наздик омад, пас, биёед, амалҳои торикиро бадар кунем ва аслиҳаи нурро дар бар кунем. Монанди он ки рӯзона бошад, боодобона рафтор кунем: на бо базмҳо ва мастигарӣ, на бо шаҳватпарастӣ ва бадахлоқӣ, на бо ҷанҷол ва ҳасад; балки Худованд Исои Масеҳро дар бар кунед ва дар бораи ҳавасҳои ҷисм ғамхорӣ накунед. Касеро, ки дар имон суст аст, қабул кунед бе он ки дар бораи ақидаҳо баҳс намоед. Яке боварӣ дорад, ки хӯрдани ҳама чиз раво аст, вале он ки суст аст, танҳо сабзавот мехӯрад. Касе ки мехӯрад, набояд он касро, ки намехӯрад, хор шуморад; ва касе ки намехӯрад, набояд он касро, ки мехӯрад, ҳукм кунад: чунки Худо ӯро қабул кардааст. Ту кистӣ, ки бандаи Каси дигарро ҳукм мекунӣ? Ӯ пеши хоҷаи худ меистад ё меафтад; аммо ба по меистад, зеро Худо қодир аст ӯро ба по истонад. Як кас як рӯзро аз рӯзи дигар муҳимтар меҳисобад; лекин каси дигар ҳамаи рӯзҳоро баробар меҳисобад. Бигзор ҳар яке дар ақидаи худ устувор бошад. Он ки рӯзеро муҳимтар меҳисобад, барои Худованд муҳимтар меҳисобад; ва он ки рӯзеро муҳимтар намеҳисобад, барои Худованд муҳимтар намеҳисобад. Он ки мехӯрад, барои Худованд мехӯрад, зеро Худоро шукр мегӯяд. Ва он ки намехӯрад, барои Худованд намехӯрад ва Худоро шукр мегӯяд. Зеро ҳеҷ яке аз мо барои худ зиндагӣ намекунад, ва ҳеҷ яке барои худ намемурад. Зеро агар зиндагӣ кунем, барои Худованд зиндагӣ мекунем, ва агар мурем, барои Худованд мемурем. Бинобар ин, хоҳ зиндагӣ кунем, хоҳ мурем, аз они Худованд ҳастем. Зеро Масеҳ барои он мурд ва бархест ва аз нав зиндагӣ кард, ки ҳам бар мурдагон ва ҳам бар зиндагон Худованд бошад. Пас чаро ту бародаратро ҳукм мекунӣ? Ё низ ту чаро бародаратро хор мешуморӣ? Ҳамаи мо пеши курсии доварии Масеҳ ҳозир мешавем. Зеро навишта шудааст: “Қасам ба ҳаёти Худам, мегӯяд Худованд, Пеши Ман ҳар зонуе хам хоҳад шуд, Ва ҳар забоне Худоро эътироф хоҳад кард”. Пас, ҳар яке аз мо дар бораи худ ба Худо ҳисобот хоҳад дод. Пас якдигарро дигар ҳукм накунем; балки беҳтар аст дар он хусус муҳокима кунед, ки дар роҳи бародар пешпое ё васвасае нагузоред. Ман медонам ва дар Худованд Исо дилпур ҳастам, ки ҳеҷ чизе дар худ ҳаром нест; танҳо барои касе ки чизеро ҳаром мешуморад, он ҳаром аст. Ва агар бародарат барои хӯрокат озурда шавад, ту дигар аз рӯи муҳаббат рафтор намекунӣ; бо хӯроки худ он касро, ки Масеҳ барои ӯ мурдааст, нобуд накун. Пас эҳтиёт бошед, ки аз кори неки шумо бадгӯӣ накунанд. Зеро Подшоҳии Худо аз хӯрдан ва нӯшидан иборат нест, балки росткорӣ, осоиш ва шодмонӣ дар Рӯҳулқудс аст. Ва ҳар кӣ бо ин чизҳо Масеҳро бандагӣ менамояд, писандидаи Худо ва пазируфтаи одамон аст. Пас дар роҳи осоиш ва ободии якдигар кӯшиш кунем. Барои хӯрок кори Худоро вайрон накун. Ҳама чиз пок аст, лекин агар ба сабаби хӯрдан касе пешпо хӯрад, ин кор дуруст нест. Беҳтар аст, ки гӯшт нахӯрӣ, май нанӯшӣ ва коре накунӣ, ки боиси пешпо хӯрдан, ё ба васваса афтодан ё суст шудани бародарат гардад. Ту имон дорӣ? Онро барои худ, пеши Худо дошта бош. Хушо касе ки худро барои он чи дуруст меҳисобад, маҳкум накунад. Аммо он ки шубҳа дорад, агар хӯрад, маҳкум мегардад, чунки ин корро аз рӯи имон накард; ва ҳар коре ки мувофиқи имон нест, гуноҳ аст. Ба Ӯ, ки қодир аст шуморо устувор гардонад ва аз рӯи Инҷили ман ва мавъиза дар бораи Исои Масеҳ, аз рӯи ошкоршавии он сирре ки аз замонҳои азал ниҳон буд, вале акнун ошкор шуда, ба воситаи Китоби пайғамбарон, бо амри Худои абадӣ ба ҳамаи халқҳо маълум шудааст, то ба итоати имон дароянд, ба Худои хирадманди якто, ба воситаи Исои Масеҳ, то абад ҷалол бод. Омин. Ва мо, ки тавоно ҳастем, бояд сустиҳои нотавононро бардорем ва дар пайи хушнудии худ набошем: ҳар яке аз мо бигзор дар пайи хушнудии ёри худ бошад дар он чи ба фоидаи вай ва барои ободии вай аст. Зеро Масеҳ низ дар пайи хушнудии Худ набуд, балки чунон ки навишта шудааст: “Бадгӯиҳои бадгӯёни Ту бар Ман афтодаанд”. Зеро ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо пештар навишта шудааст, то аз Китоб сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умед дошта бошем. Ва Худои сабру тасаллӣ бигзор ба шумо ато кунад, ки бо ҳамдигар мувофиқи Масеҳ Исо ҳамфикр бошед, то якдилона, бо як забон Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳро ҳамду сано гӯед. Пас якдигарро қабул кунед, чунон ки Масеҳ низ шуморо барои ҷалоли Худо қабул кардааст. Ва ман мегӯям, ки Масеҳ Исо ба хотири ростии Худо барои аҳли хатна хизматгузор шуд, то ваъдаҳои ба падарон додашударо тасдиқ кунад, ва барои он ки халқҳо Худоро ба хотири марҳамати Ӯ ҳамду сано гӯянд, чунон ки навишта шудааст: “Бинобар ин Туро дар миёни халқҳо сипос хоҳам гуфт Ва номи Туро хоҳам сароид”. Ва боз гуфта шудааст: “Эй халқҳо, бо қавми Ӯ шод бошед”. Ва боз: “Худовандро ситоиш кунед, эй ҳамаи халқҳо, Ва Ӯро сипос гӯед, эй ҳамаи қавмҳо”. Ишаъё низ мегӯяд: “Решаи Ишой хоҳад омад, Ва Ӯ барои ҳукмронӣ кардани халқҳо хоҳад бархест; Халқҳо ба Ӯ умед хоҳанд баст”. Пас, Худои умед бигзор шуморо дар имон аз ҳар гуна шодӣ ва осоиш пур кунад, то бо қуввати Рӯҳулқудс умедатон афзун гардад. Худи ман ҳам, эй бародарон, дар бораи шумо дилпур ҳастам, ки шумо низ пур аз некӯӣ ва саршор аз ҳар гуна дониш мебошед ва дигаронро насиҳат карда метавонед. Лекин ман каме ҷуръат намуда, ба шумо, эй бародарон, навиштам, то баъзе чизҳоро хотиррасон кунам, мувофиқи файзе ки Худо ба ман додааст, то ки барои халқҳо ходими Исои Масеҳ бошам ва коҳинии Инҷили Худоро ба ҷо оварам, то ҳадияи халқҳо аз Рӯҳулқудс муқаддас гардида, ба Худо писанд афтад. Пас ман метавонам дар Масеҳ Исо пеши Худо фахр намоям; зеро ҷуръат намекунам чизе гӯям, ғайр аз он чи Масеҳ ба воситаи ман барои фармонбардор кардани халқҳо бо сухан ва амал, бо қуввати аломатҳову муъҷизаҳо, бо қуввати Рӯҳи Худо ба ҷо овардааст, ба тавре ки ман аз Уршалим ва атрофаш то Илурикӯн Инҷили Масеҳро паҳн кардаам. Дар айни ҳол ман саъю кӯшиш намудаам на дар он ҷойҳое ки номи Масеҳ машҳур аст, башорат диҳам, то бар бунёде ки дигарон ниҳоданд, бино накунам, балки, чунон ки навишта шудааст: “Онҳое ки аз Ӯ бехабар буданд, хоҳанд дид, Онҳое ки нашунида буданд, хоҳанд фаҳмид”. Ба ҳамин сабаб борҳо аз омадан назди шумо боздошта шудаам. Лекин акнун, ки маро дар ин кишварҳо дигар коре нест, ва чандин сол боз орзумандам назди шумо биёям, ҳамин ки ба сафари Испания равам, назди шумо меоям. Зеро умедворам, ки ҳангоми гузашта рафтанам шуморо бинам, ва шумо маро, пас аз он ки аз дидоратон андаке сер шавам, ба он ҷо гусел намоед. Аммо акнун ба Уршалим меравам, то ба муқаддасон хизмат кунам, зеро ба аҳли Мақдуния ва Охоия писанд омад, ки барои камбағалони муқаддасони Уршалим ёрии молӣ фиристанд. Инро писандиданд, ва ба онҳо ӯҳдадор ҳам ҳастанд; зеро, модоме ки халқҳо ба онҳо дар чизҳои рӯҳонӣ шарик шудаанд, бояд ҳамчунин ба онҳо дар чизҳои ҷисмонӣ хизмат кунанд. Пас ин корро анҷом дода ва ин самарро барои онҳо мӯҳр зада, ман бо роҳи кишвари шумо ба Испания меравам. Ва дилпур ҳастам, ки чун назди шумо биёям, бо баракати пурраи Инҷили Масеҳ меоям. Пас, эй бародарон, ба хотири Худованди мо Исои Масеҳ ва ба хотири муҳаббати Рӯҳ аз шумо илтимос дорам, ки ҳамроҳи ман дар дуоҳо барои ман назди Худо ҷидду ҷаҳд намоед, то аз беимонони Яҳудия раҳо шавам, ва хизмати ман барои Уршалим ба муқаддасон хуш ояд, ва ман, бо хости Худо, бо шодмонӣ назди шумо биёям ва бо шумо ором ёбам. Ва Худои осоиш бо ҳамаи шумо бод. Омин. Хоҳари мо Фибиро, ки хизматгузори ҷамоати Канхария аст, ба шумо мешиносонам, то вайро дар Худованд ба таври шоистаи муқаддасон қабул кунед ва дар ҳар чизе ки ба шумо мӯҳтоҷ бошад, ба вай мадад расонед; зеро вай низ ба бисёр касон ва ба худи ман мададгор буд. Ба Приска ва Акило, ҳамкорони ман дар Масеҳ Исо, салом гӯед; онҳо ҷони худро барои ман ба хатар андохтаанд, ва аз онҳо на танҳо ман, балки ҳамаи ҷамоатҳои халқҳо низ миннатдоранд; ҳамчунин ба аҳли ҷамоате ки дар хонаи онҳо ҷамъ мешаванд, салом гӯед. Ба азизи ман Апайнитус, ки барои Масеҳ навбари Охоия аст, салом гӯед. Ба Марям, ки барои мо бисёр меҳнат кардааст, салом гӯед. Ба хешони ман Андрониқус ва Юниёс, ки бо ман бандӣ буданд, салом гӯед; онҳо дар миёни расулон машҳуранд ва аз ман пештар дар Масеҳ буданд. Ба Амплиёс, ки дар Худованд азизи ман аст, салом гӯед. Ба Урбонус, ки дар Масеҳ ҳамкори мост, ва ба Истохис, ки азизи ман аст, салом гӯед. Ба Апиллис, ки дар Масеҳ озмуда шудааст, салом гӯед. Ба аҳли хонаи Аристобулус салом гӯед. Ба хеши ман Ҳиродиюн салом гӯед. Ба онҳое ки аз аҳли хонаи Наркисус дар Худованд ҳастанд, салом гӯед. Ба Трифайно ва Трифусо, ки дар Худованд меҳнат мекунанд, салом гӯед. Ба Парсиси азиз, ки дар Худованд бисёр меҳнат мекунад, салом гӯед. Ба Руфус, интихобшуда дар Худованд, ва ба модари ӯ, ки барои ман низ модар аст, салом гӯед. Ба Асинкритус, Флигӯн, Ҳермос, Патрубос, Ҳермис ва бародароне ки бо онҳоянд, салом гӯед. Ба Филӯлӯгус ва Юлиё, Нириёс ва хоҳараш, ва Улимпос, ва ҳамаи муқаддасоне ки бо онҳоянд, салом гӯед. Ба якдигар бо бӯсаи муқаддас салом гӯед. Ҷамоатҳои Масеҳ ба шумо салом мегӯянд. Шуморо, эй бародарон, даъват менамоям, ки аз касоне ки бар хилофи таълими омӯхтаатон ҷудоӣ ва васваса меандозанд, эҳтиёт бошед ва аз онҳо канорагирӣ кунед; зеро онҳо на бандаи Худованди мо Исои Масеҳ, балки бандаи шиками худ ҳастанд ва бо хушомадгӯӣ ва суханороӣ дилҳои содалавҳонро фиреб медиҳанд. Итоати шумо ба ҳама маълум аст; ва ман низ аз шумо хурсандам, лекин орзумандам, ки шумо дар некӣ хирадманд ва дар бадӣ содадил бошед. Ва Худои осоиш ба зудӣ шайтонро зери пойҳои шумо сарнагун мекунад. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод! Омин! Ҳамкорам Тимотиюс ва хешонам Лукюс, Ёсун ва Сӯсипатрус ба шумо салом мегӯянд. Ман, Тартиюс, ки ин номаро навиштаам, ба шумо дар Худованд салом мегӯям. Ғоюс, ки мизбони ман ва тамоми аҳли ҷамоат мебошад, ба шумо салом мегӯяд. Хазинадори шаҳр Арастус ва бародар Квартус ба шумо салом мегӯянд. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.  Павлус, ки бо хости Худо расули даъватшудаи Исои Масеҳ аст, ва бародар Сӯстинис, ба ҷамоати Худо, ки дар Қуринтус аст, ба муқаддасони даъватшуда, ки дар Масеҳ Исо муқаддас гардидаанд, бо ҳамаи онҳое ки дар ҳар ҷо номи Худованди мо Исои Масеҳро мехонанд, ки Ӯ Худованди онҳо ва Худованди мост, файз ва осоиш аз ҷониби Падари мо Худо ва Худованд Исои Масеҳ бар шумо бод. Худои худро ҳамеша барои шумо шукр мегӯям, барои файзи Худо, ки ба шумо дар Масеҳ Исо ато шудааст, чунки дар Ӯ шумо аз ҳар чиз: аз ҳар сухан ва аз ҳар дониш бой шудаед, зеро шаҳодати Масеҳ дар шумо устувор гардидааст, ба тавре ки шумо аз ҳеҷ ато норасоӣ надоред, модоме ки мунтазири ошкор шудани Худованди мо Исои Масеҳ мебошед, ки Ӯ низ шуморо то ба охир устувор мекунад, то дар рӯзи Худованди мо Исои Масеҳ беайб бошед. Бовафо аст Худое ки шуморо ба мушоракати Писари Худ Исои Масеҳи Худованди мо даъват намудааст. Ҷудоиҳо ва ҳикмати одамон Аз шумо, эй бародарон, ба номи Худованди мо Исои Масеҳ илтимос мекунам, ки ҳамаатон айни як суханро гӯед, ва дар байни шумо ҷудоие набошад, балки шумо дар як рӯҳ ва дар як фикр муттаҳид бошед. Зеро аз аҳли хонаи Хлӯӣ ба ман дар бораи шумо, эй бародаронам, маълум шудааст, ки дар байнатон ҷанҷол ҳаст. Ман онро дар назар дорам, ки ҳар яке аз шумо мегӯяд: “Ман аз они Павлус ҳастам”; “Ман аз они Апуллус”; “Ман аз они Кифо”; “Ман аз они Масеҳ”. Оё Масеҳ ҷудо шудааст? Оё Павлус барои шумо ба салиб кашида шудааст? Ё ки шумо ба номи Павлус таъмид ёфтаед? Худоро шукр мегӯям, ки ман ҳеҷ яке аз шуморо, ғайр аз Криспус ва Ғоюс, таъмид надодаам, то касе нагӯяд, ки ман ӯро ба номи худ таъмид додаам. Ман ҳамчунин аҳли хонаи Истефанусро таъмид додаам; ғайр аз инҳо дар ёд надорам, ки каси дигареро таъмид дода бошам. Зеро Масеҳ маро нафиристодааст, ки таъмид диҳам, балки башорат диҳам, на дар ҳикмати суханварӣ, то салиби Масеҳ бетаъсир нашавад. Зеро паёми салиб барои гирифторони ҳалокат беақлӣ аст, вале барои мо, ки дар роҳи наҷот ҳастем, қуввати Худост. Зеро навишта шудааст: “Ҳикмати хирадмандонро ҳеҷ мегардонам Ва фаҳми бофаҳмонро нопадид мекунам”. Куҷост хирадманд? Куҷост китобдон? Куҷост файласуфи ин давра? Оё Худо ҳикмати ин ҷаҳонро ба беақлӣ табдил надодааст? Зеро, дар ҳикмати Худо, модоме ки ҷаҳон бо ҳикмати худ Худоро нашинохт, Худо чунин писандид, ки ба воситаи беақлии мавъиза имондоронро наҷот диҳад, зеро яҳудиён муъҷизаҳо металабанд, ва юнониён ҳикмат меҷӯянд; лекин мо Масеҳро, ки ба салиб кашида шудааст, мавъиза мекунем, ки барои яҳудиён сабаби норозигӣ ва барои юнониён беақлӣ аст. Аммо барои худи даъватшудагон, чи яҳудиён, чи юнониён, Масеҳро мавъиза мекунем, ки Ӯ қуввати Худо ва ҳикмати Худост; чунки беақлии Худо аз ҳикмати одамон пурҳикматтар аст, ва нотавонии Худо аз қуввати одамон тавонотар аст. Зеро, эй бародарон, нигаред, ки шумо, ҳангоме ки даъват шудед, чӣ будед: бисёре аз ҷиҳати ҷисм хирадманд нестед, бисёре тавоно нестед, бисёре ашрофзода нестед; лекин Худо нодонони ҷаҳонро интихоб кард, то хирадмандонро шарманда кунад, ва нотавонони ҷаҳонро интихоб кард, то тавонгаронро шарманда кунад; ва Худо он чиро, ки барои ҷаҳон паст ва ҳақир ва ҳеҷ аст, интихоб кард, то он чиро, ки ҳаст, ҳеҷ гардонад, — то ҳеҷ ҷисме дар пеши Худо фахр накунад. Ва аз Ӯ шумо дар Исои Масеҳ ҳастед, ки барои мо ҳикмате аз ҷониби Худо, яъне росткорӣ ва муқаддасшавӣ ва раҳоӣ шудааст, то, чунон ки навишта шудааст, “фахркунанда бигзор ба Худованд фахр кунад”. Ва ҳангоме ки ман, эй бародарон, назди шумо омадам, на бо суханпардозӣ ё ҳикмат омадам, то шаҳодати Худоро ба шумо эълон намоям, зеро ман қарор додам, ки дар миёни шумо, ғайр аз Исои Масеҳ, Он ҳам ба салиб кашидашуда, чизе надонам; ва ман дар нотавонӣ ва дар тарсу ларзи бузурге назди шумо будам, ва сухану мавъизаи ман на дар суханони исботкоронаи ҳикмати инсонӣ, балки дар далели Рӯҳ ва қувват буд, то имони шумо на бар ҳикмати инсон, балки бар қуввати Худо қарор ёбад. Аммо дар бораи ҳикмат мо дар миёни комилон сухан меронем, вале на дар бораи ҳикмати ин давра ва мирони ин давра, ки гузарон ҳастанд, балки дар бораи ҳикмати Худо дар сирре сухан меронем, дар бораи ҳикмати ниҳоние ки Худо пеш аз давраҳои ҷаҳон барои ҷалоли мо муқаррар кардааст, ки онро ҳеҷ яке аз мирони ин давра надонист; зеро, агар медонистанд, Худованди ҷалолро ба салиб намекашиданд. Аммо, чунон ки навишта шудааст: “Он чиро, ки чашме надидааст, Гӯше нашунидааст ва ба дили инсон наомадааст, Худо барои дӯстдорони Худ омода кардааст”. Вале ба мо Худо онро ба воситаи Рӯҳи Худ ошкор сохтааст; зеро Рӯҳ ҳама чизро, ҳатто умқҳои Худоро тадқиқ мекунад. Зеро кист аз одамон, ки фикрҳои инсонро донад, ғайр аз рӯҳи инсон, ки дар ӯст? Ҳамчунин фикрҳои Худоро ҳеҷ кас намедонад, ғайр аз Рӯҳи Худо. Лекин мо на рӯҳи ҷаҳонро, балки Рӯҳеро қабул кардаем, ки аз Худост, то он чиро, ки Худо ба мо ато кардааст, донем; ва инро на бо суханоне ки ҳикмати инсон таълим додааст, балки бо суханоне ки Рӯҳулқудс таълим додааст, мегӯем ва чизи рӯҳониро ба таври рӯҳонӣ баён мекунем. Аммо одами нафсонӣ он чиро, ки аз Рӯҳи Худост, қабул намекунад, чунки он дар назари ӯ нодонӣ аст; ва онро фаҳмида наметавонад, чунки он ҳукми рӯҳониро металабад. Лекин одами рӯҳонӣ дар бораи ҳама чиз ҳукм мекунад, вале касе наметавонад дар бораи ӯ дуруст ҳукм кунад. Зеро “кист, ки фикри Худовандро дониста бошад, то Ӯро таълим диҳад?” Лекин мо фикри Масеҳро дорем. Ва ман, эй бародарон, натавонистам ба шумо чун ба касони рӯҳонӣ сухан ронам, балки чун ба касони ҷисмонӣ, ё кӯдакон дар Масеҳ. Шуморо шир хӯрондам, на ғизои сахт, зеро шумо ҳанӯз омодагӣ барои он надоштед ва ҳоло низ надоред, чунки шумо ҳанӯз ҷисмонӣ ҳастед. Зеро, модоме ки дар миёни шумо ҳасад, ҷанҷол ва ҷудоиҳо ҳаст, оё шумо ҷисмонӣ нестед ва оё ба таври инсонӣ рафтор намекунед? Зеро, вақте ки яке: “Ман аз они Павлус ҳастам” ва дигаре: “Ман аз они Апуллус” мегӯяд, — оё шумо ҷисмонӣ нестед? Пас, Павлус кист? Ва Апуллус кист? Онҳо танҳо хизматгузороне ҳастанд, ки ба воситаи онҳо шумо имон овардаед; ва ҳар яке чунон ки Худованд ба вай ато кардааст, хизмат мекунад. Ман кишт кардам, Апуллус об дод, лекин Худо сабзонд. Бинобар ин на кишткунанда аҳамият дорад, на обдиҳанда, балки Худои сабзонанда. Кишткунанда ва обдиҳанда баробаранд, лекин ҳар яке музди худро мувофиқи меҳнати худ мегирад. Зеро ки мо ҳамкорони Худо ҳастем; шумо киштзори Худо, иморати Худо ҳастед. Аз рӯи файзи Худо, ки ба ман ато шудааст, ман, чун меъмори доно, таҳкурсӣ ниҳодам, ва дигаре бар он иморат месозад; лекин ҳар кас бохабар бошад, ки чӣ гуна месозад. Зеро ҳеҷ кас таҳкурсии дигаре ниҳода наметавонад, ғайр аз он ки ниҳода шудааст, ки он Исои Масеҳ аст. Ва агар касе бар ин таҳкурсӣ иморате аз тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо, ё чӯб, хасбеда, коҳ бино кунад, кори ҳар кас аён мешавад; зеро он рӯз нишон медиҳад, чунки дар оташ ошкор мешавад, ва оташ кори ҳар касро озмоиш мекунад, ки он чӣ гуна аст. Агар кори касе ки бар он сохтааст, пойдор монад, вай музд мегирад. Ва агар кори касе сӯзад, вай зиён мебинад; валекин худаш наҷот меёбад, аммо тавре ки гӯё аз даруни оташ гузашта бошад. Оё намедонед, ки ибодатхонаи Худо ҳастед, ва Рӯҳи Худо дар шумо сокин аст? Агар касе ибодатхонаи Худоро вайрон кунад, Худо ӯро хонавайрон мекунад, зеро хонаи Худо муқаддас аст, ва он шумо ҳастед. Касе худро фиреб накунад: агар касе аз шумо худро дар ин давра хирадманд медониста бошад, бигзор нодон шавад, то хирадманд гардад. Зеро ки ҳикмати ин ҷаҳон пеши Худо нодонӣ аст, чунки навишта шудааст: “хирадмандонро ба макри худашон гирифтор мекунад”. Ва боз: “Худованд фикрҳои хирадмандонро медонад, ки ҳеҷ аст”. Хуллас, ҳеҷ кас бо одамон фахр накунад, зеро ҳамааш аз они шумост: хоҳ Павлус, хоҳ Апуллус, хоҳ Кифо, хоҳ ҷаҳон, хоҳ ҳаёт, хоҳ марг, хоҳ ҳозира, хоҳ оянда — ҳамааш аз они шумост; ва шумо аз они Масеҳ ҳастед, ва Масеҳ аз они Худост. Пас, ҳар кас бояд моро ходимони Масеҳ ва вакилони сирҳои Худо ҳисоб кунад; ва аз вакилон талаб карда мешавад, ки ҳар яке боваринок бошад. Барои ман хеле кам аҳамият дорад, ки шумо, ё одамони дигар, дар ҳаққи ман ҳукм мекунед; худи ман ҳам ҳукме дар ҳаққи худ намекунам. Зеро дар худ айбе намебинам, лекин бо ин сафед нестам; ҳукмкунандаи ман Худованд аст. Бинобар ин ба чизе пеш аз вақт, яъне то даме ки Худованд биёяд, ҳукм накунед, ки маҳз Ӯ чизҳои дар торикӣ пинҳонро равшан ва ниятҳои дилҳоро ошкор мекунад, ва он гоҳ ҳар кас аз ҷониби Худо таҳсин меёбад. Ва инро, эй бародарон, ман ба хотири шумо ба худам ва ба Апуллус нисбат додам, то шумо аз мо ёд гиред, ки дар фикр аз он чи навишта шудааст, берун наравед, ва ҳеҷ як аз шумо бо яке ба муқобили дигаре наболад. Зеро кист, ки туро бартарӣ додааст? Ва чӣ дорӣ, ки ба ту дода нашуда бошад? Ва агар ба ту дода шудааст, чаро фахр мекунӣ, ки гӯё ба ту дода нашуда бошад? Шумо аллакай сер шудаед, аллакай сарватманд шудаед ва бе мо подшоҳӣ мекунед. Кошки подшоҳӣ мекардед, то мо низ бо шумо подшоҳӣ кунем! Зеро гумон мекунам, ки Худо мо, расулонро монанди касони охири саф, ки ба марг маҳкум шудаанд, намоён кардааст, чунки мо барои ҷаҳон, ҳам барои фариштаҳо ва ҳам барои одамон, тамошогоҳе шудаем. Мо ба хотири Масеҳ нодон ҳастем, лекин шумо дар Масеҳ доно ҳастед; мо нотавонем, лекин шумо тавоно; шумо муҳтарам, лекин мо хор. То ҳамин соат гурусна ва ташнаем, бараҳнаем, лату кӯб мешавем, овора ҳастем, ва заҳмат кашида, бо дастҳои худ кор мекунем. Дашном шунида, баракат мехоҳем; таъқиб шуда, тоқат мекунем; гирифтори тӯҳмат шуда, бо меҳрубонӣ ҷавоб медиҳем; мо то ҳамин вақт чун хасрӯбаи ҷаҳон ва ахлоти ҳама шудаем. Ин суханонро на аз барои он навиштаам, ки шуморо хиҷил кунам, балки шуморо чун фарзандони азизи худ насиҳат медиҳам. Зеро, агарчи шумо даҳ ҳазор муаллим дар Масеҳ доред, лекин падарони бисёр надоред: ман шуморо дар Масеҳ Исо ба воситаи Инҷил ба дунё овардаам. Бинобар ин аз шумо илтимос мекунам: ба ман тақлид намоед. Барои ҳамин ман Тимотиюсро назди шумо фиристодам, ки ӯ фарзанди азиз ва бовариноки ман дар Худованд аст; ва ӯ роҳҳои маро дар Масеҳ ба ёди шумо меоварад, чунон ки ман дар ҳама ҷо дар ҳар ҷамоат таълим медиҳам. Баъзе касон ҳавобаланд шудаанд, ба гумони он ки ман назди шумо намеоям; аммо ба қарибӣ, агар Худованд хоҳад, назди шумо меоям, ва на сухани ҳавобаландонро, балки қуввати онҳоро мефаҳмам, зеро Подшоҳии Худо на дар сухан, балки дар қувват аст. Чӣ мехоҳед? Оё бо калтак назди шумо биёям, ё бо муҳаббат ва рӯҳи мулоимат? Овозае ба гӯш мерасад, ки дар байни шумо фосиқӣ ҳаст, он ҳам чунон фосиқӣ, ки ҳатто дар байни бутпарастон шунида нашудааст, яъне шахсе зани падари худро гирифтааст. Ва шумо ҳавобаланд шудаед, ба ҷои он ки мотам гиред, то касе ки чунин коре кардааст, аз миёни шумо бадар шавад. Зеро ман, агарчи ҷисман ғоибам, лекин рӯҳан ҳозирам, аллакай, гӯё ки ҳозирам, дар ҳаққи шахсе ки чунин коре кардааст, ҳукм намудам: ба номи Худованди мо Исои Масеҳ, ҳангоме ки шумо бо рӯҳи ман ва бо қуввати Худованди мо Исои Масеҳ ҷамъ шавед, он шахс барои ҳалокати ҷисм ба шайтон супурда шавад, то рӯҳ дар рӯзи Худованд Исо наҷот ёбад. Фахри шумо хуб нест. Оё намедонед, ки андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонад? Пас, худро аз хамиртуруши кӯҳна тоза кунед, то хамири нав бошед, чунки бе хамиртуруш ҳастед. Зеро /барраи/ Песаҳи мо, Масеҳ, барои мо кушта шудааст. Бинобар ин идро на бо хамиртуруши кӯҳна, на бо хамиртуруши кина ва бадӣ, балки бо фатири покӣ ва ростӣ ба ҷо меоварем. Ба шумо дар нома навиштаам, ки бо фосиқон рафтуомад накунед; лекин на умуман бо фосиқони ин ҷаҳон, ё бо тамаъкорон, ё бо ғоратгарон, ё бо бутпарастон, зеро дар ин сурат бояд аз ҷаҳон берун мешудед; балки ба шумо акнун навиштаам, ки бо касе рафтуомад накунед, ки худро бародар номида, фосиқ, ё тамаъкор, ё бутпараст, ё бадзабон, ё бадмаст, ё ғоратгар бошад; бо чунин одам якҷоя хӯрок ҳам нахӯред. Зеро чаро ман дар бораи онҳое ки берун /аз ҷамоатанд/, доварӣ кунам? Оё шумо дар бораи онҳое ки дар дохиланд, доварӣ намекунед? Дар бораи онҳое ки дар берунанд, Худо доварӣ мекунад. Пас шумо бадкорро аз миёни худ бадар кунед. Касе аз шумо, ки ба дигаре даъво дорад, чӣ гуна ҷуръат мекунад мурофиаи худро назди беинсофон барад, на назди муқаддасон? Магар намедонед, ки муқаддасон ҷаҳонро доварӣ хоҳанд кард? Ва агар шумо ҷаҳонро доварӣ мекарда бошед, оё сазовори он нестед, ки корҳои хурдтарро доварӣ кунед? Магар намедонед, ки мо фариштаҳоро доварӣ хоҳем кард? Пас чӣ қадар бештар корҳои ин зиндагиро! Лекин шумо, ҳангоме ки оид ба ин зиндагӣ мурофиа доред, онҳоеро, ки дар ҷамоат эътиборе надоранд, ба доварӣ мешинонед. Барои шарм доштанатон мегӯям: оё дар байни шумо як бохирад ҳам нест, ки дар миёни бародарони худ доварӣ карда тавонад? Аммо бародар бо бародар мурофиа мекунад, он ҳам дар пеши беимонон. Худи ҳамин ҳам барои шумо айб аст, ки байни худ мурофиа доред. Чаро ба беинсофӣ дучор шуданро беҳтар намеҳисобед? Чаро зарар диданро беҳтар намеҳисобед? Балки худатон беинсофӣ мекунед ва зарар мерасонед, он ҳам ба бародарони худ. Оё намедонед, ки беинсофон вориси Подшоҳии Худо намешаванд? Фирефта нашавед: фосиқон, бутпарастон, зинокорон, шаҳватпарастон, бачабозон, дуздон, тамаъкорон, бадмастон, бадзабонон, ғоратгарон вориси Подшоҳии Худо намешаванд. Ва баъзе аз шумо чунин будед; аммо шуста шудед, муқаддас гардидед, сафед шудед дар номи Худованд Исо ва дар Рӯҳи Худои мо. Ҳама чиз барои ман равост, лекин на ҳар чиз фоиданок аст. Ҳама чиз барои ман равост, лекин набояд чизе маро бандаи худ гардонад. Хӯрок барои шикам аст, ва шикам барои хӯрок; аммо Худо инро ва онро нест мекунад. Лекин бадан на барои фосиқӣ, балки барои Худованд аст, ва Худованд барои бадан аст. Ва Худо бо қуввати Худ ҳам Худовандро бархезонд ва ҳам моро бармехезонад. Магар намедонед, ки баданҳои шумо узвҳои Масеҳанд? Пас оё узвҳои Масеҳро мегирам, то онҳоро узвҳои фоҳиша гардонам? Ҳеҷ гоҳ! Оё намедонед, ки ҳар кӣ бо фоҳиша пайвандад, бо вай як тан мешавад? Зеро гуфта шудааст: “Ҳар ду як тан мешаванд”. Аммо ҳар кӣ бо Худованд пайвандад, бо Ӯ як рӯҳ аст. Аз фосиқӣ гурезед. Ҳар гуноҳе ки инсон мекунад, аз бадан берун аст, лекин фосиқ ба бадани худ гуноҳ мекунад. Оё намедонед, ки бадани шумо ибодатхонаи Рӯҳулқудс аст, ки дар шумост ва Онро аз Худо ёфтаед, ва аз они худ нестед? Зеро ба нархи гарон харида шудаед. Пас, дар бадани худ ва дар рӯҳи худ Худоро ҷалол диҳед, ки онҳо аз они Худоянд. Дар бораи он чи ба ман навишта будед: барои одам хуб аст, ки ба зан даст нарасонад. Аммо, барои пешгирии фосиқӣ, бигзор ҳар мард зани худро ва ҳар зан шавҳари худро дошта бошад. Бигзор шавҳар ба зани худ таваҷҷӯҳи даркорӣ намояд; ҳамчунин зан ба шавҳари худ. Зан бар бадани худ ихтиёрдор нест, балки аз они шавҳар аст; ҳамчунин шавҳар бар бадани худ ихтиёрдор нест, балки аз они зан аст. Аз якдигар канорагирӣ накунед, магар ба муддате, бо ризоии ҳар ду, то бо рӯзаву дуо машғул бошед ва аз нав якҷоя шавед, то шайтон шуморо, ба сабаби худдорӣ накарданатон, ба васваса наандозад. Лекин инро чун иҷозат мегӯям, на чун фармон. Зеро мехоҳам, ки ҳамаи одамон чун ман бошанд; аммо ҳар кас аз Худо атои худро дорад, яке ин гуна, дигаре он гуна. Лекин ба муҷаррадон ва бевазанон мегӯям: барои онҳо хуб аст, ки чун ман монанд. Аммо агар худдорӣ карда натавонанд, бигзор оиладор шаванд; зеро оиладор шудан аз сӯхтан дар оташи шаҳват беҳтар аст. Ба онҳое ки оиладор шуданд, на ман мефармоям, балки Худованд: зан аз шавҳар ҷудо нашавад, — ва агар ҷудо шуда бошад, бояд танҳо монад, ё бо шавҳар оштӣ шавад, — ва шавҳар занашро талоқ надиҳад. Ба дигарон ман мегӯям, на Худованд: агар бародаре зани беимон дорад, ва он зан розӣ аст бо ӯ зиндагӣ кунад, ӯ набояд ба вай талоқ диҳад. Ва зане ки шавҳари беимон дорад, ва он шавҳар розӣ аст бо вай зиндагӣ кунад, вай набояд аз ӯ ҷудо шавад. Зеро шавҳари беимон ба воситаи зани имондораш муқаддас аст, ва зани беимон ба воситаи шавҳари имондораш муқаддас аст; вагарна фарзандони шумо нопок мебуданд, ҳол он ки онҳо муқаддасанд. Аммо агар беимон ҷудо шудан хоҳад, бигзор ҷудо шавад. Дар чунин вазъият бародар ё хоҳар вобаста нест; Худо моро ба осоиш даъват намудааст. Зеро ту чӣ донӣ, эй зан, ки шавҳаратро наҷот дода метавонӣ? Ё ту чӣ донӣ, эй шавҳар, ки занатро наҷот дода метавонӣ? Ҳолатҳои гуногуни даъватшудагон Ба ҳар ҳол ҳар кас чунон ки Худо насиб кардааст, ва ҳар кас чунон ки Худованд даъват намудааст, он гуна рафтор кунад. Дар ҳамаи ҷамоатҳо ман чунин дастур медиҳам. Агар шахси хатнашудае даъват шуда бошад, бехатна нашавад; ва агар бехатнае даъват шуда бошад, хатна накунад. Хатна ҳеҷ аст, бехатнагӣ ҳам ҳеҷ аст, балки аз ҳама муҳимтар риояи фармудаҳои Худост. Ҳар кас дар ҳар ҳолате ки даъват шудааст, дар ҳамон монад. Агар дар ҳолати ғуломӣ даъват шуда бошӣ, нороҳат нашав; лекин агар озод шуда тавонӣ ҳам, аз фурсат истифода бар. Зеро ғуломе ки дар Худованд даъват шудааст, озоди Худованд аст; ҳамчунин шахси озоде ки даъват шудааст, ғуломи Масеҳ аст. Шумо ба нархи гарон харида шудаед; ғуломи одамон нагардед. Ҳар кас дар ҳар ҳолате ки даъват шудааст, эй бародарон, дар ҳамон назди Худо монад. Дар хусуси бокираҳо аз Худованд фармоне надорам, лекин ҳамчун шахсе ки ба воситаи марҳамати Худованд бовафост, ақидаи худро баён мекунам. Пас ба сабаби тангии вазъияти ҳозира беҳтар меҳисобам, ки барои одам хуб аст чунон ки ҳаст, монад. Агар бо зан баста шудаӣ, ҷудоӣ наҷӯй. Агар аз зан озодӣ, зан наҷӯй. Аммо агар оиладор ҳам шавӣ, гуноҳе намекунӣ; ва агар бокирае оиладор шавад, гуноҳе намекунад. Лекин чунин касон дар ҷисм азоб мекашанд, ва ман инро бароятон намехоҳам. Эй бародарон, инро мегӯям: вақт танг аст. Пас зандорон бояд чун безанон бошанд; ва гирёнон чунон ки гирён набошанд; ва шодмонон чунон ки шод набошанд; ва харидорон чунон ки хариде накарда бошанд; ва онҳое ки аз ин ҷаҳон фоида мебаранд, чунон ки фоидабар набошанд; зеро сурати ин ҷаҳон гузарон аст. Ман хоҳиш дорам, ки шумо беғам бошед. Марди безан дар бораи он чи ба Худованд оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба Худованд писанд афтад; аммо марди зандор дар бораи он чи ба ҷаҳон оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба занаш писанд афтад. Дар миёни зани шавҳардор ва бокира фарқе ҳаст. Зани бешавҳар дар бораи он чи ба Худованд оид аст, ғамхорӣ мекунад, то ҳам дар бадан ва ҳам дар рӯҳ муқаддас бошад; аммо зани шавҳардор дар бораи он чи ба ҷаҳон оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба шавҳараш писанд афтад. Инро ман ба фоидаи шумо мегӯям, на аз барои он ки банду боре бар шумо андозам, балки барои он ки шумо боодобона ва пайдарҳам дар ибодати Худованд бошед, бе он ки чизе ба ин монеъ шавад. Лекин агар касе рафторашро ба бокираи худ номуносиб донад, ки вай ба синни балоғат расидааст, ва ӯ ночор мемонад, бигзор он чи мехоҳад, кунад, — гуноҳе намекунад; бигзор онҳо оиладор шаванд. Аммо касе ки дар дили худ устувор аст ва эҳтиёҷе надорад, балки иродаи қавӣ дошта, дар дили худ қарор додааст, ки бокираи худро нигоҳ дорад, ӯ кори хуб мекунад. Бинобар ин, касе ки ба шавҳар медиҳад, кори хуб мекунад, ва касе ки ба шавҳар намедиҳад, кори хубтар мекунад. Зан, мувофиқи шариат, то даме ки шавҳараш зинда аст, ба ӯ баста аст; пас аз он ки шавҳараш ба хоби /марг/ меравад, вай озод аст ба ҳар касе ки хоҳад, оиладор шавад, фақат дар Худованд бошад. Лекин, ба фикри ман, агар чунин монад, хушбахттар аст; ва ба гумонам, ман низ Рӯҳи Худоро дорам. Дар бораи қурбониҳои бутҳо, мо медонем, ки ҳамаамон соҳиби дониш ҳастем. Дониш ҳавобаланд мегардонад, аммо муҳаббат обод мекунад. Агар касе гумон кунад, ки чизе медонад, ҳанӯз чунон ки донистан даркор аст, намедонад; аммо касе ки Худоро дӯст медорад, назди Ӯ шинохта шудааст. Пас, дар бораи хӯрдани қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки бут дар ҷаҳон ҳеҷ аст, ва ғайр аз Худои Ягона худои дигаре нест. Зеро, ҳарчанд ба ном худоён чи дар осмон, чи дар замин ҳастанд, — чунки худоёни бисёр ва худовандони бисёр ҳастанд, — мо як Худо дорем, яъне Падар, ки ҳама чиз аз ӯст, ва мо барои ӯ ҳастем, ва як Худованд дорем, яъне Исои Масеҳ, ки ҳама чиз ба воситаи Ӯст, ва мо ба воситаи Ӯ ҳастем. Аммо ҳама дорои ин дониш нестанд: баъзе касон то ҳол ба будани бут эътимод дошта, ин хӯрокро чун қурбонии бут мехӯранд, ва виҷдони онҳо, ки нотавон аст, нопок мешавад. Хӯрок моро ба Худо наздик намекунад, зеро на бо хӯрдан беҳтар мешавем, на бо нахӯрдан бадтар. Аммо бохабар бошед, ки ин озодии шумо сабаби пешпо хӯрдани нотавонон нашавад. Зеро, агар касе туро, ки соҳиби дониш ҳастӣ, бинад, ки дар сари дастархони бутхона нишастаӣ, оё виҷдони ӯ, ки нотавон аст, ӯро ба хӯрдани қурбониҳои бутҳо моил намекунад? Ва аз дониши ту он бародари нотавон, ки Масеҳ барои ӯ мурд, нобуд мешавад. Ва ҳамин тавр зидди бародарон гуноҳ карда ва ба виҷдони нотавони онҳо осеб расонда, шумо зидди Масеҳ гуноҳ мекунед. Бинобар ин, агар хӯрок бародари маро ба васваса меандохта бошад, ҳаргиз гӯшт намехӯрам, то бародари худро ба васваса наандозам. Оё ман расул нестам? Оё ман озод нестам? Оё ман Худованди мо Исои Масеҳро надидаам? Оё шумо амали ман дар Худованд нестед? Агар барои дигарон расул набошам, барои шумо ҳастам, зеро мӯҳри расулии ман дар Худованд шумо ҳастед. Ҷавоби ман ба онҳое ки маро сарзаниш мекунанд, ҳамин аст. Оё мо ҳаққи хӯрдан ва нӯшидан надорем? Оё ҳақ надорем чун расулони дигар ва бародарони Худованд ва Кифо хоҳареро ба занӣ гирифта, ҳамроҳи худ барем? Оё танҳо ман ва Барнаббо ҳақ надорем кор накунем? Кист, ки ягон вақт хизмати сарбозиро бо харҷи худ ба ҷо оварда бошад? Кист, ки ток шинонда, аз ангураш намехӯрда бошад? Ё кист, ки рамаро чаронда, аз шири рама намехӯрда бошад? Оё инро фақат ба таври инсонӣ мегӯям? Оё шариат низ инро намегӯяд? Зеро дар Тавроти Мусо навишта шудааст: “Вақте ки барзагов хирман мекӯбад, даҳонашро набанд”. Оё Худо дар фикри барзаговон аст? Ё албатта барои мо гуфта шудааст? Оре, ин барои мо навишта шудааст, ки шудгоркунанда бояд бо умед шудгор кунад, ва хирманкӯб бо умеди гирифтани ҳиссаи худ хирман кӯбад. Модоме ки мо дар миёни шумо чизҳои рӯҳониро коштаем, оё ин як кори бузург аст, ки назди шумо чизҳои ҷисмониро дарав кунем? Агар дигарон назди шумо ҳақ дошта бошанд, оё ҳаққи мо зиёдтар нест? Лекин мо аз ин ҳақ истифода набурдем, балки ба ҳар чиз тоб меоварем, то ба Инҷили Масеҳ монеае нагузорем. Магар намедонед, ки онҳое ки дар ибодатгоҳ кор мекунанд, аз ибодатгоҳ мехӯранд? Ва онҳое ки хизмати қурбонгоҳро мекунанд, аз қурбонгоҳ ҳиссае мегиранд? Ҳамчунин Худованд фармудааст, ки онҳое ки Инҷилро мавъиза мекунанд, аз Инҷил зиндагӣ кунанд. Лекин ман аз инҳо ҳеҷ якеро истифода накардаам. Ва инро на аз барои он навиштаам, ки барои ман ҳамин тавр бошад; зеро барои ман мурдан беҳтар аст аз он ки касе ин фахри маро нест кунад. Зеро, агар башорат диҳам, ин барои ман сабаби фахр нест, чунки ин барои ман як кори зарурӣ аст: вой бар ман, агар башорат надиҳам! Зеро, агар инро ихтиёрӣ ба ҷо оварам, подош мегирам; лекин агар ғайриихтиёрӣ бошад, ин як вазифаи маъмуриест, ки бар ман гузошта шудааст. Пас подоши ман чист? Он аст, ки Инҷилро мавъиза намуда, дар бораи Масеҳ бемузд башорат медиҳам ва аз ҳаққи башоратдиҳандагии худ истифода намебарам. Зеро, агарчи аз ҳама озодам, худро ғуломи ҳама гардондам, то шумораи бештари одамонро ба Масеҳ ҷалб намоям. Барои яҳудиён чун яҳудӣ шудам, то яҳудиёнро ҷалб намоям; барои аҳли шариат чун аҳли шариат шудам, то аҳли шариатро ҷалб намоям; барои бешариатон чун бешариат шудам, — ҳарчанд ки пеши Худо бешариат нестам, балки аз аҳли шариати Масеҳам, — то бешариатонро ҷалб намоям. Барои нотавонон чун нотавон шудам, то ки нотавононро ҷалб намоям. Барои ҳама кас ҳама чиз шудам, то бо ҳар роҳ баъзе касонро наҷот диҳам. Инро барои Инҷил мекунам, то шарики он бошам. Оё намедонед, ки давандагони майдони мусобиқа ҳама медаванд, аммо танҳо як нафар мукофот мегирад? Чунон давед, ки соҳиби он гардед. Ҳамаи варзишгарон аз ҳар чиз худдорӣ мекунанд: онҳо барои гирифтани тоҷи нобудшаванда, лекин мо барои гирифтани тоҷи нобуднашаванда. Бинобар ин ман медавам на он тавре ки беҳуда бошад; мушт мезанам на он тавре ки фақат барои задани ҳаво бошад; балки бадани худро азоб медиҳам ва ғулом мегардонам, то ба дигарон мавъиза намуда, худам маҳрум набошам. Намехоҳам, эй бародарон, ки шумо бехабар бошед аз он ки падарони мо ҳама дар зери абр буданд, ва ҳама аз баҳр гузаштанд; ва ҳама дар абр ва дар баҳр ба Мусо таъмид ёфтанд; ва ҳама аз як хӯроки рӯҳонӣ мехӯрданд, ва ҳама аз як нӯшокии рӯҳонӣ менӯшиданд; зеро аз кӯҳпораи рӯҳоние менӯшиданд, ки аз пасашон меомад; ва он кӯҳпора Масеҳ буд. Лекин аз аксари онҳо Худо хушнуд набуд; зеро онҳо дар биёбон ба ҳалокат расиданд. Ва инҳо барои мо намунае буданд, то мо бадиро орзу накунем, чунон ки онҳо орзу мекарданд. Ҳамчунин, монанди баъзеи онҳо, бутпараст набошед, чунон ки навишта шудааст: “Қавм ба хӯрдану нӯшидан нишастанд, ва барои рақсу бозӣ бархестанд”. Фосиқӣ накунем, чунон ки баъзеи онҳо фосиқӣ карданд, ва дар як рӯз бисту се ҳазор нафарашон ба ҳалокат расиданд. Масеҳро наозмоем, чунон ки баъзеи онҳо озмуданд ва аз морҳо нобуд шуданд. Шикоят накунед, чунон ки баъзеи онҳо шикоят карданд ва аз дасти ҳалоккунанда нобуд шуданд. Ҳамаи ин ба онҳо чун намунае рӯй дод, ва барои огоҳии мо навишта шуд, ки охири давраҳо насиби мо гардидааст. Бинобар ин ҳар ки гумон мекунад, ки рост истодааст, эҳтиёт кунад, ки наафтад. Озмоише ки ба сари шумо омадааст, ғайр аз озмоиши одии инсонӣ чизи дигаре нест; ва Худо бовафо аст, ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то тоб оварда тавонед. Хуллас, эй азизонам, аз бутпарастӣ гурезед. Ба касони бохирад сухан мегӯям; дар бораи он чи мегӯям, худатон ҳукм кунед. Oё косаи баракат, ки онро баракат медиҳем, шарик шудан ба хуни Масеҳ нест? Оё ноне ки пора мекунем, шарик шудан ба бадани Масеҳ нест? Чунон ки нон яктост, мо низ, ки бисёрем, як тан ҳастем, зеро ҳамаамон аз як нон ҳиссае мегирем. Ба Исроил аз рӯи ҷисм нигоҳ кунед: оё онҳое ки қурбониҳоро мехӯранд, шарики қурбонгоҳ нестанд? Пас чӣ гӯям? Оё бут ё қурбонии бут чизе ҳаст? Не, балки он чи халқҳо қурбонӣ мекунанд, ба девҳо қурбонӣ мекунанд, на ба Худо; лекин ман намехоҳам шумо бо девҳо шарик бошед. Шумо наметавонед ҳам косаи Худовандро нӯшед, ҳам косаи девҳоро; наметавонед ҳам аз дастархони Худованд ҳиссае гиред, ҳам аз дастархони девҳо. Оё мехоҳем рашки Худовандро барангезем? Оё аз Ӯ пурзӯртарем? Ҳама чиз барои ман равост, лекин на ҳар чиз фоиданок аст; ҳама чиз барои ман равост, лекин на ҳар чиз обод мекунад. Ҳеҷ кас дар пайи фоидаи худ набошад, балки фоидаи дигарон. Ҳар он чи дар бозор фурӯхта мешавад, хӯред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед; зеро “замин ва ҳар он чи дар он аст, аз они Худованд аст”. Агар касе аз беимонон шуморо даъват намояд ва шумо рафтан хоҳед, — аз ҳар чизе ки пешатон мемонанд, хӯред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед. Лекин агар касе ба шумо гӯяд, ки “ин қурбонии бут аст”, ба хотири касе ки хабар дод, ва ба хотири виҷдон нахӯред; зеро “замин ва ҳар чи дар он аст, аз они Худованд аст”. Аммо на дар бораи виҷдони худ, балки виҷдони он каси дигар мегӯям; зеро чаро виҷдони каси дигар бар озодии ман доварӣ кунад? Агар ман бо шукргузорӣ мехӯрда бошам, чаро бар ман барои он чизе ки барояш шукргузорӣ мекунам, бадгӯӣ кунанд? Хуллас, хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамааашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред. На яҳудиёнро ранҷонед, на юнониёнро, на ҷамоати Худоро, чунон ки ман низ аз ҳар ҷиҳат дили ҳамаро меёбам, ва дар пайи фоидаи худ не, балки фоидаи касони бисёр ҳастам, то онҳо наҷот ёбанд. Ба ман тақлид кунед, чунон ки ман ба Масеҳ тақлид мекунам. Шуморо, эй бародарон, барои он таҳсин менамоям, ки дар ҳар хусус маро дар хотир доред ва ривоятҳоро, ончунон ки ба шумо супурдаам, нигоҳ медоред. Ҳамчунин мехоҳам донед, ки сари ҳар мард Масеҳ аст, сари зан мард аст, ва сари Масеҳ Худост. Ҳар марде ки сари пӯшида дуо гӯяд ё пайғамбарӣ кунад, сари худро расво мекунад; ва ҳар зане ки сари нопӯшида дуо гӯяд ё пайғамбарӣ кунад, сари худро расво мекунад, зеро ин монанди он аст, ки сараш тарошида бошад; зеро агар зан сари худро напӯшонад, бигзор мӯяшро низ қайчӣ кунад; ва агар барои зан қайчӣ кардан ё тарошидани мӯяш шармовар бошад, бигзор сари худро пӯшонад. Хуллас, мард набояд сари худро пӯшонад, чунки ӯ сурат ва ҷалоли Худост; аммо зан ҷалоли мард аст. Зеро на мард аз зан аст, балки зан аз мард; ва на мард барои зан офарида шудааст, балки зан барои мард. Бинобар ин зан бояд бар сараш /нишонаи/ ихтиёрро ба хотири фариштаҳо дошта бошад. Лекин дар Худованд на мард бе зан аст, на зан бе мард. Зеро чунон ки зан аз мард аст, ончунон мард низ ба воситаи зан аст; ва ҳамаи ин аз Худост. Худатон фикр кунед, оё аз рӯи одоб аст, ки зан сари нопӯшида ба Худо дуо гӯяд? Оё худи табиат шуморо таълим намедиҳад, ки агар мард мӯи дароз дошта бошад, ин барои ӯ нанг аст, аммо агар зан мӯи дароз дошта бошад, барои вай ҷалол аст, чунки мӯй /ба вай/ ба ҷои ҳиҷоб дода шудааст? Ва агар касе мунозира карданӣ бошад, мо ва ҷамоатҳои Худо чунин одат надорем. Лекин ин дастурро дода, шуморо таҳсин намекунам, зеро ҷамъомадҳои шумо на беҳтар, балки бадтар мешаванд. Зеро, аввалан, шунидам, ки ҳангоме дар ҷамоат ҷамъ мешавед, дар миёни шумо ҷудоиҳо рӯй медиҳанд, ки ба ин то андозае бовар мекунам. Зеро ночор дар миёни шумо гуногунии ақидаҳо +ҳизбҳо низ бояд бошад, то корозмудагон дар миёни шумо аён шаванд. Сипас дар як ҷо ҷамъ шуданатон барои хӯрдани хӯроки шоми Худованд нест; зеро ҳар кас хӯроки худро пештар гирифта мехӯрад, ва яке гурусна мемонад, дигаре маст мешавад. Магар шумо хона надоред, ки дар он хӯред ва нӯшед? Ё ҷамоати Худоро хор мешуморед ва нодоронро хиҷолат медиҳед? Ба шумо чӣ гӯям? Оё барои ин шуморо таҳсин кунам? Таҳсин намекунам. Зеро ман аз Худованд чунин қабул кардам ва ба шумо низ супурдам, ки Худованд Исо дар он шабе ки ӯро таслим карданд, нонро гирифт ва шукргузорӣ намуда, пора кард ва гуфт: “Гиред, хӯред, ин бадани Ман аст, ки барои шумо пора карда мешавад; инро барои ёдоварии Ман ба ҷо оваред”. Ҳамчунин косаро пас аз хӯроки шом гирифта, гуфт: “Ин коса аҳди нав аст дар хуни Ман; инро, ҳар боре ки менӯшед, барои ёдоварии Ман ба ҷо оваред”. Зеро ҳар боре ки ин нонро мехӯред ва ин косаро менӯшед, марги Худовандро эълон мекунед, то даме ки Ӯ биёяд. Бинобар ин ҳар кӣ ба таври ношоиста ин нонро хӯрад ё косаи Худовандро нӯшад, нисбат ба бадани Худованд ва хуни Худованд айбдор мешавад. Пас, одамизод бояд худро санҷад, ва ҳамин гуна аз он нон хӯрад ва аз он коса нӯшад. Зеро, кас агар дар бораи бадани Худованд мулоҳиза накарда, ба таври ношоиста хӯрад ва нӯшад, вай ба маҳкумияти худ мехӯрад ва менӯшад. Ба ҳамин сабаб бисёре аз шумо беқувват ва бемор ҳастанд, ва бисёре ба хоби /марг/ рафтаанд. Зеро, агар худамонро доварӣ мекардем, ба доварӣ дучор намешудем. Модоме ки ба доварӣ дучор шудаем, аз ҷониби Худованд ҷазо мебинем, то бо аҳли ҷаҳон маҳкум нагардем. Бинобар ин, эй бародаронам, ҳангоме ки барои хӯрдан ҷамъ мешавед, мунтазири якдигар бошед. Ва агар касе гурусна бошад, дар хонааш хӯрад, то ки ҷамъ шуданатон сабаби маҳкумияти шумо нагардад. Чизҳои дигарро пас аз омаданам дуруст мекунам. Аммо дар хусуси чизҳои рӯҳонӣ, эй бародарон, намехоҳам бехабар монед. Медонед, ки шумо, вақте ки /аз ҷумлаи/ халқҳо будед, назди бутҳои безабон тавре мерафтед, ки гӯё шуморо кашида мебурданд. Бинобар ин шуморо огоҳ менамоям, ки ҳеҷ кас, ки дар Рӯҳи Худо сухан мегӯяд, наметавонад лаънат бар Исо гӯяд, ва ҳеҷ кас наметавонад Исоро Худованд хонад, магар дар Рӯҳулқудс. Атоҳо гуногунанд, лекин Рӯҳ ҳамон як аст; ва хизматҳо гуногунанд, аммо Худованд ҳамон як аст; ва амалҳо гуногунанд, аммо Худо ҳамон як аст, ки ҳама чизро дар ҳама ба амал меоварад. Лекин ба ҳар кас зоҳир шудани Рӯҳ барои манфиати ҳамагон бахшида мешавад: зеро ба яке ба воситаи Рӯҳ каломи ҳикмат бахшида мешавад, ба дигаре каломи дониш, мувофиқи ҳамон Рӯҳ; ба яке имон, дар ҳамон Рӯҳ; ба дигаре атоҳои шифо додан, дар ҳамон Рӯҳ; ба дигаре муъҷизанамоӣ, ба дигаре пайғамбарӣ, ба дигаре фарқ кардани рӯҳҳо; ба яке забонҳои гуногун ва ба дигаре тарҷумаи забонҳо. Ҳамаи инро ҳамон як Рӯҳ ба амал меоварад, ки шахсан ба ҳар кас мувофиқи хости Худ тақсим мекунад. Зеро, чунон ки бадан як аст, лекин узвҳои бисёр дорад, ва ҳамаи узвҳои як бадан, агарчи бисёранд, як тан мебошанд, ончунон Масеҳ низ. Зеро ҳамаи мо, хоҳ яҳудиён, хоҳ юнониён, хоҳ ғуломон, хоҳ озодон, дар як Рӯҳ ба як бадан таъмид ёфтаем, ва ҳама ба як Рӯҳ нӯшонида шудаем. Зеро бадан на аз як узв, балки аз узвҳои бисёр иборат аст. Агар по гӯяд: “Азбаски даст нестам, аз бадан намебошам”, оё ба ин сабаб аз бадан нест? Ва агар гӯш гӯяд: “Азбаски чашм нестам, аз бадан намебошам”, оё ба ин сабаб аз бадан нест? Агар тамоми бадан чашм бошад, шунавоӣ куҷост? Агар ҳамааш шунавоӣ бошад, бӯидан куҷост? Аммо акнун Худо ба узвҳо, ба ҳар яке аз онҳо, дар бадан, мувофиқи хости Худ ҷой додааст. Ва агар ҳама як узв мебуданд, бадан куҷост? Ва инак узвҳо бисёранд, лекин бадан як аст. Чашм наметавонад ба даст гӯяд: “Ба ман даркор нестӣ”; ё сар низ ба пойҳо гӯяд: “Ба ман даркор нестед”. Баръакс, он узвҳои бадан, ки ба назар заифтар менамоянд, заруранд, ва узвҳоеро, ки эҳтиромашон дар бадан ба назари мо камтар аст, бештар ҳурмат мекунем; ва узвҳои бадсурати мо зеботар пӯшонда мешаванд; вале узвҳои хушсурати мо ба ин эҳтиёҷ надоранд. Лекин Худо баданро тавре ба соз овардааст, ки ба узви номукаммалтар ҳурмати бештаре додааст, то дар бадан носозӣ пайдо нашавад, балки узвҳо ба якдигар як хел ғамхорӣ кунанд. Ва агар як узв дардманд шавад, ҳамаи узвҳо бо он ҳамдард мешаванд; ва агар як узв сазовори таҳсин гардад, бо он ҳамаи узвҳо хурсанд мешаванд. Шумо бадани Масеҳ ҳастед, вале ҷудо-ҷудо узвҳои Ӯ мебошед. Ва Худо баъзеро дар ҷамоат аввалан расул, дуюм пайғамбар, сеюм муаллим таъйин кардааст; сипас қувваҳои муъҷизакор, ҳамчунин атоҳои шифо додан, мадад расондан, идора кардан ва забонҳои гуногунро бахшидааст. Оё ҳама расуланд? Оё ҳама пайғамбаранд? Оё ҳама муаллиманд? Оё ҳама муъҷизакоранд? Оё ҳама атоҳои шифодиҳӣ доранд? Оё ҳама бо забонҳо сухан мегӯянд? Оё ҳама тарҷума мекунанд? Хоҳони атоҳои беҳтар бошед, ва ман ба шумо роҳи боз ҳам хубтарро нишон медиҳам. Агар ба забонҳои одамон ва фариштаҳо сухан гӯям, лекин муҳаббат надошта бошам, ман миси ҷарангосзанандае ё санҷи садодиҳандае гардидаам. Ва агар пайғамбарӣ дошта бошам, ва тамоми сирҳо ва ҳар гуна донишро донам, ва агар дорои тамоми имон бошам, ба тавре ки кӯҳҳоро кӯчонда тавонам, лекин муҳаббат надошта бошам, ман ҳеҷ ҳастам. Ва агар тамоми дороии худро тақсим кунам ва бадани худро ба сӯхтан диҳам, лекин муҳаббат надошта бошам, ҳеҷ фоида намебинам. Муҳаббат пурсабр ва меҳрубон аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат худситоӣ намекунад, ҳавобаланд намешавад, рафтори ношоиста намекунад, фоидаи худро намеҷӯяд, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад, аз беинсофӣ шод намешавад, балки аз ростӣ хурсанд мешавад; ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз бовар мекунад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад. Муҳаббат ҳаргиз поён намеёбад, агарчи пайғамбариҳо аз байн мераванд, забонҳо хомӯш мешаванд ва дониш аз байн меравад. Зеро қисман медонем ва қисман пайғамбарӣ мекунем; аммо ҳангоме ки камол меояд, он чи қисман вуҷуд дошт, аз байн меравад. Вақте ки кӯдак будам, кӯдаквор гап мезадам, кӯдаквор фикр мекардам, кӯдаквор далел меовардам; аммо вақте ки мард шудам, кӯдакиро тарк кардам. Зеро ҳоло дар оина, ба таври муаммо мебинем, лекин он вақт рӯ ба рӯ мебинем; ҳоло қисман медонам, лекин он вақт медонам ба монанди он ки худам низ дониста шудаам. Аммо ҳоло ин се чиз боқӣ мемонад: имон, умед, муҳаббат; вале муҳаббат калонтарини онҳост. Дар пайи муҳаббат бошед; хоҳони атоҳои рӯҳонӣ низ бошед, хусусан пайғамбарӣ. Зеро касе ки ба забоне сухан мегӯяд, вай на ба одамон, балки ба Худо сухан мегӯяд, чунки ҳеҷ кас намефаҳмад: вай дар рӯҳ сирҳоро ба забон меоварад. Аммо касе ки пайғамбарӣ мекунад, ба одамон барои обод кардан ва насиҳату тасаллӣ додан сухан мегӯяд. Касе ки ба забоне сухан мегӯяд, худро обод мекунад; аммо касе ки пайғамбарӣ мекунад, ҷамоатро обод мекунад. Мехоҳам, ки ҳамаатон ба забонҳо сухан гӯед; лекин беҳтар аст, ки пайғамбарӣ кунед, зеро он ки пайғамбарӣ мекунад, бузургтар аст аз он ки ба забонҳо сухан мегӯяд, магар ин ки тарҷума ҳам кунад, то ҷамоат обод шавад. Ва акнун, эй бародарон, агар назди шумо биёям ва ба забонҳо сухан гӯям, чӣ фоидае ба шумо мерасонам, магар ин ки бо ваҳйе, ё донише, ё пайғамбарие, ё таълиме ба шумо сухан гӯям? Аммо агар асбоби беҷони садодиҳанда, най ё чанг, садоҳои аз ҳам ҷудо набарорад, кас чӣ гуна мефаҳмад, ки бо най ё чанг чӣ оҳанге менавозанд? Ва агар карнай садои номуайяне барорад, кӣ ба ҳарбу зарб омода мешавад? Ҳамчунин агар шумо суханони норавшане ба забон ронед, чӣ гуна мефаҳманд, ки шумо чӣ мегӯед? Шумо ба ҳаво сухан мегӯед. Масалан, дар дунё чӣ қадар овозҳои гуногун ҳастанд, ва ҳеҷ яке аз онҳо бе садои махсусаш нест; аммо, агар маънои овозҳоро надонам, барои гӯянда хориҷӣ ҳастам, ва гӯянда барои ман хориҷист. Ҳамчунин шумо, ки хоҳони атоҳои рӯҳонӣ ҳастед, саъю кӯшиш кунед, ки барои ободии ҷамоат онҳоро ба фаровонӣ дошта бошед. Бинобар ин касе ки ба забоне сухан мегӯяд, бигзор дар бораи тарҷумаи он дуо кунад. Зеро, ҳангоме ки ба забоне дуо мегӯям, рӯҳам дуо мегӯяд, лекин маро намефаҳманд. Пас чӣ бояд кард? Бо рӯҳ дуо мегӯям, ва низ фаҳмо дуо мегӯям; бо рӯҳ суруд мехонам, ва низ фаҳмо суруд мехонам. Зеро, агар ту бо рӯҳ ситоиш кунӣ, бехабаре ки дар он ҷо истода бошад, дар вақти шукргузории ту чӣ гуна “омин” гӯяд? Зеро ӯ он чиро, ки ту мегӯӣ, намедонад. Ту нағз шукргузорӣ мекунӣ, лекин каси дигар обод намешавад. Худоямро шукр мегӯям, ки ман беш аз ҳамаи шумо бо забонҳо сухан мегӯям. Лекин дар ҷамоат фаҳмо гуфтани панҷ калимаро, то дигаронро низ насиҳат кунам, беҳтар меҳисобам аз он ки даҳ ҳазор калимаро ба забоне гӯям. Эй бародарон! Дар фаҳм кӯдак набошед, балки нисбат ба бадӣ кӯдак бошед, ва дар фаҳм калонсол бошед. Дар Таврот навишта шудааст: “Бо забонҳои дигар ва бо лабҳои дигар ба ин қавм сухан хоҳам гуфт, Лекин дар он вақт ҳам Маро гӯш намекунанд, мегӯяд Худованд”. Пас забонҳо аломатанд на барои имондорон, балки барои беимонон; аммо пайғамбарӣ на барои беимонон, балки барои имондорон аст. Агар тамоми ҷамоат дар як ҷо ҷамъ шавад, ва ҳама ба забонҳо сухан гӯянд, ва бехабарон ё беимонон дароянд, оё онҳо намегӯянд, ки шумо девона шудаед? Аммо вақте ки ҳама пайғамбарӣ мекунанд, ва каси беимоне ё бехабаре медарояд, вай ба воситаи ҳама маҳкум мешавад, ба воситаи ҳама доварӣ карда мешавад. Ва ҳамин тавр сирҳои дилаш ошкор мегардад; бинобар ин ӯ рӯй ба замин ниҳода, ба Худо саҷда мекунаду нидо мекунад: “Ҳақиқатан Худо дар миёни шумост”. Пас, эй бародарон, чӣ бояд кард? Вақте ки ҷамъ мешавед, ҳар яке аз шумо таронае аз Забур, ё таълиме, ё забоне, ё ваҳйе, ё тарҷумае дорад; бигзор ҳамааш барои обод кардан бошад. Агар касе ба забоне сухан мегуфта бошад, ду нафар, ё бисёраш се нафар, он ҳам ҷудо-ҷудо, сухан гӯед, ва касе тарҷума кунад. Ва агар тарҷумон набошад, бигзор дар ҷамоат хомӯш монад, ё ба худ ва ба Худо сухан гӯяд. Ва аз пайғамбарон бигзор ду ё се нафар сухан гӯянд, ва дигарон муҳокима кунанд. Аммо агар ба шахси дигаре аз нишастагон ваҳй ояд, бигзор шахси аввал хомӯш шавад. Зеро ҳама пайи ҳам метавонед пайғамбарӣ кунед, то ҳама таълим гиранд ва ҳама тасаллӣ ёбанд. Ва рӯҳҳои пайғамбарон дар итоати пайғамбарон мебошанд, чунки Худо Худои бетартибӣ нест, балки Худои осоиш аст. Чунон ки дар ҳамаи ҷамоатҳои муқаддасон аст, бигзор занони шумо низ дар ҷамоатҳо хомӯш бошанд; зеро раво нест, ки сухан гӯянд, балки бояд фармонбардор бошанд, чунон ки Таврот низ мегӯяд. Лекин агар онҳо хоҳанд чизе ёд гиранд, бигзор дар хона аз шавҳари худ пурсанд; зеро дар ҷамоатҳо сухан гуфтани зан шармовар аст. Магар каломи Худо аз шумо баромадааст? Ё он танҳо ба шумо расидааст? Агар касе худро пайғамбар ё рӯҳонӣ ҳисоб кунад, бигзор фаҳмад, ки он чи ман ба шумо менависам, фармудаҳои Худованд аст; ва агар касе нафаҳмад, бигзор нафаҳмад. Хуллас, эй бародарон, хоҳони он бошед, ки пайғамбарӣ кунед, ва ба забонҳо сухан гуфтанро манъ накунед. Ҳамааш бояд бо тартибу интизом ба амал ояд. Ва ман, эй бародарон, ба шумо Инҷилро хотиррасон мекунам, ки онро ба шумо башорат додаам, ва шумо онро қабул кардаед, ва дар он устувор ҳастед, ва дар он наҷот меёбед, ба шарте ки он чиро, ки ба шумо башорат додаам, риоя кунед, ба шарте ки имонатон беҳуда набошад. Зеро дар аввал он чиро, ки низ қабул кардаам, ба шумо супурдаам, ки яъне Масеҳ, мувофиқи Китоб, барои гуноҳҳои мо мурд, Ва Ӯ гӯронида шуд Ва, мувофиқи Китоб, дар рӯзи сеюм бархест, Ва ба Кифо ва баъд ба он дувоздаҳ нафар зоҳир шуд. Пас аз он ба зиёда аз панҷсад бародар дар як вақт зоҳир шуд, ки қисми зиёди онҳо то ҳол зиндаанд, вале баъзе ба хоби /марг/ рафтаанд. Пас аз он ба Яъқуб, ва баъд ба ҳамаи расулон зоҳир шуд; ва пас аз ҳама ба ман низ, ки гӯё тифли норасид будам, зоҳир шуд. Зеро ман хурдтарини расулонам, ва сазовори он нестам, ки расул номида шавам, чунки ҷамоати Худовандро таъқиб мекардам. Аммо бо файзи Худо он чи ҳастам, ҳастам; ва файзи Ӯ бар ман беҳуда набуд, балки ман аз ҳамаи онҳо зиёдтар меҳнат кардам; аммо на ман, балки файзи Худо, ки бо ман аст. Ба ҳар ҳол, хоҳ ман ва хоҳ онҳо, ҳамин тавр мавъиза мекунем, ва шумо ҳамин тавр имон овардед. Лекин агар дар бораи Масеҳ мавъиза карда мешавад, ки Ӯ аз мурдагон бархест, пас чӣ тавр баъзе аз шумо мегӯянд, ки растохези мурдагон нест? Агар растохези мурдагон набошад, Масеҳ низ барнахестааст. Ва агар Масеҳ барнахеста бошад, мавъизаи мо низ беҳуда аст, имони шумо низ беҳуда аст. Дар айни ҳол мо низ шоҳидони дурӯғин дар бораи Худо мебудем, чунки дар бораи Худо шаҳодат медодем, ки Ӯ Масеҳро бархезондааст, ва ҳол он ки, агар ҳақиқатан мурдагон барнахезанд, Ӯро барнахезондааст. Зеро, агар мурдагон барнахезанд, Масеҳ низ барнахестааст. Ва агар Масеҳ барнахеста бошад, имони шумо беҳуда аст; шумо ҳанӯз дар гуноҳҳои худ мебошед; бинобар ин онҳое ҳам, ки дар Масеҳ ба хоби /марг/ рафтаанд, нобуд шудаанд. Ва агар танҳо дар ҳамин зиндагӣ ба Масеҳ умедворем, мо аз ҳамаи одамон бадбахттарем. Аммо Масеҳ аз мурдагон бархеста, навбари онҳое гардид, ки ба хоби /марг/ рафтаанд. Зеро, чунон ки марг ба воситаи инсон омад, растохези мурдагон низ ба воситаи инсон омад. Чунон ки дар Одам ҳама мемуранд, ончунон дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд. Ҳар яке бо навбати худ: Масеҳ, ки навбар аст; баъд онҳое ки аз они Масеҳанд дар вақти омадани Ӯ; баъд охират, ки он вақт Ӯ Подшоҳиро ба Худои Падар месупорад ва ҳар гуна сарварӣ ва ҳар гуна қудрат ва қувватро барҳам медиҳад. Зеро Ӯ бояд подшоҳӣ кунад то даме ки ҳамаи душманонро зери пойҳои Худ сарнагун созад. Душмани охирине ки нобуд карда мешавад, марг аст, чунки “ҳама чизро зери пойҳои Ӯ мутеъ кардааст”. Вақте ки мегӯяд: ҳама чиз ба Ӯ мутеъ карда шуд, равшан аст, ки ин ба истиснои он Кас аст, ки ҳама чизро ба Ӯ мутеъ кардааст. Ҳангоме ки ҳама чиз ба Ӯ мутеъ карда шуд, он гоҳ Худи Писар низ ба он Кас ки ҳама чизро ба Ӯ мутеъ кард, мутеъ мешавад, то Худо ҳама дар ҳама бошад. Вагарна, онҳое ки барои мурдагон таъмид мегиранд, чӣ мекунанд? Агар мурдагон тамоман барнахезанд, чаро барои мурдагон таъмид мегиранд? Чаро мо низ ҳар соат ҷони худро ба хатар меандозем? Бо фахре ки дар Худованди мо Масеҳ Исо аз шумо дорам, қасам: ҳар рӯз бо марг рӯ ба рӯ мешавам. Агар дар Эфесус бо ҳайвоноти даранда ба таври инсонӣ ҷанг карда бошам, ба ман чӣ фоида, агар мурдагон барнахезанд? “Биёед хӯрем ва нӯшем, зеро фардо мемурем!” Фирефта нашавед: ёрони бад ахлоқи некро фосид мекунанд. Ба таври бояду шояд ҳушёр шавед ва гуноҳ накунед; зеро, барои хиҷил шуданатон мегӯям, ки баъзеҳо Худоро намешиносанд. Лекин шояд касе гӯяд: “Мурдагон чӣ гуна бармехезанд? Ва дар чӣ гуна ҷисм меоянд?” Эй беақл! Он чи ту мекорӣ, агар намурад, зинда намешавад; ва ҳангоме ки мекорӣ, на ҷисми ояндаро мекорӣ, балки донаи лучи гандум ё ягон гиёҳи дигарро. Лекин Худо ба он, аз рӯи хости Худ, ҷисм медиҳад, ва ба ҳар як тухм ҷисми ба он хосе. Ҳамаи ҷисмҳо як нестанд, балки ҷисми одамон дигар аст, ҷисми чорпоён дигар, /ҷисми/ моҳиён дигар, /ҷисми/ парандагон дигар. Ҷисмҳои осмонӣ ва ҷисмҳои заминӣ ҳаст, лекин ҷалоли ҷисмҳои осмонӣ дигар аст, ҷалоли ҷисмҳои заминӣ дигар, ҷалоли офтоб дигар, ҷалоли моҳ дигар, ҷалоли ситораҳо дигар; ва ситора аз ситора дар ҷалолаш фарқ дорад. Дар растохези мурдагон низ ҳамин тавр аст: дар вайроншавандагӣ кошта мешавад, дар вайроннашавандагӣ бармехезад; дар хорӣ кошта мешавад, дар ҷалол бармехезад; дар нотавонӣ кошта мешавад, дар қувват бармехезад; ҷисми нафсонӣ кошта мешавад, ҷисми рӯҳонӣ бармехезад. Ҷисми нафсонӣ ҳаст, ҷисми рӯҳонӣ ҳаст. Низ чунин навишта шудааст: “Одами аввалин, яъне Одам, ҷони зинда гашт”. Одами охирин рӯҳи ҳаётбахш шуд. Лекин рӯҳонӣ пештар нест, балки нафсонӣ ва баъд рӯҳонӣ. Одами якум аз замин аст, яъне хокист; одами дуюм Худованд аст аз осмон. Хокӣ чӣ гунае ки бошад, хокиён ҳамон гунаанд; Осмонӣ чӣ гунае ки бошад, осмониён ҳамон гунаанд; ва чӣ гунае ки мо сурати одами хокиро ба худ гирифтаем, сурати Одами осмониро низ ба худ бояд гирем. Лекин, эй бародарон, ҳаминро мегӯям, ки ҷисму хун наметавонад вориси Подшоҳии Худо шавад, ва вайроншаванда вориси вайроннашавандагӣ намешавад. Инак, ба шумо сирре мегӯям: ҳамаи мо ба хоби /марг/ намеравем, балки ҳама дигаргун мешавем, баногоҳ, дар як мижа задан, баробари садои карнайи охирин; зеро карнай садо медиҳад, ва мурдагон дар вайроннашавандагӣ бармехезанд, ва мо дигаргун мешавем. Зеро бояд он чи вайроншаванда аст, либоси вайроннашавандагӣ пӯшад, ва он чи миранда аст, либоси намирандагӣ пӯшад. Ва чун ин вайроншаванда либоси вайроннашавандагӣ пӯшад, ва ин миранда либоси намирандагӣ пӯшад, он гоҳ ин каломе ки навишта шудааст, ба амал меояд: “Ғалаба маргро фурӯ бурд”. “Эй марг! Неши ту куҷост? Эй дунёи мурдагон! Ғалабаи ту куҷост?” Неши марг гуноҳ аст, ва қуввати гуноҳ шариат аст. Худоро шукр, ки Ӯ ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ ба мо ғалаба бахшидааст! Хуллас, эй бародарони азизи ман, пойдору устувор бошед, ҳамеша дар кори Худованд машғул бошед, ва донед, ки меҳнати шумо дар Худованд беҳуда нест. Дар хусуси ҷамъ кардани пул барои муқаддасон, чунон ки ба ҷамоатҳои Ғалотия дастур додаам, ҳамон тавр амал кунед: Дар рӯзи якуми ҳафта бигзор ҳар яке аз шумо, мувофиқи даромадаш, назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад, то ки ҳангоми омаданам эҳтиёҷе ба ҷамъ кардан набошад. Ва ҳангоме ки биёям, онҳоеро, ки шумо муносиб донед, бо мактубҳо мефиристам, то хайроти шуморо ба Уршалим баранд. Ва агар рафтани ман ҳам зарур бошад, онҳо ҳамроҳи ман мераванд. Пас аз он ки аз Мақдуния гузарам, назди шумо меоям, зеро аз Мақдуния мегузарам. Лекин эҳтимол дорад, ки муддате назди шумо бошам ё ҳатто зимистонро гузаронам, то ба ҳар ҷое ки равам, шумо маро гусел намоед. Зеро намехоҳам акнун бо шумо фақат дар байни роҳ дидорбинӣ кунам, балки умедворам, ки агар Худованд иҷозат диҳад, якчанд вақт назди шумо монам. Аммо то иди пантикост ман дар Эфесус мемонам, зеро дари бузургу корсозе барои ман кушода шуд, ва мухолифон бисёранд. Агар Тимотиюс ояд, бохабар бошед, ки ӯ назди шумо аз чизе тарс надошта бошад, зеро ӯ кори Худовандро ба ҷо меоварад, чунон ки ман низ. Бинобар ин ҳеҷ кас ӯро хор нашуморад, балки ӯро бо осоиш гусел кунед, то назди ман биёяд, зеро ӯро бо бародарон мунтазирам. Дар хусуси бародари мо Апуллус бошад, ман аз ӯ бисёр хоҳиш кардам, ки бо бародарон назди шумо биёяд, вале ӯ ҳеҷ розигӣ надод, ки акнун биёяд, балки ҳар гоҳ фурсат ёбад, меояд. Ҳушёр бошед, дар имон устувор бошед, мард ва устувор бошед. Бигзор ҳамаи корҳои шумо бо муҳаббат ба ҷо оварда шавад. Аз шумо, эй бародарон, илтимос дорам: шумо хонаводаи Истефанусро мешиносед, ки навбари Охоия ҳастанд ва худро ба хизмати муқаддасон супурдаанд; шумо низ ба ин гуна шахсон ва ба ҳар касе ки ҳамкорӣ мекунад ва меҳнат менамояд, фармонбардор бошед. Аз омадани Истефанус, Фортунатус ва Охойқус хурсандам, чунки онҳо ҷои холии шуморо пур карданд; зеро ба рӯҳи ману шумо қувват бахшиданд. Чунин одамонро шиносед. Ҷамоатҳои вилояти Осиё ба шумо салом мерасонанд. Акило ва Прискила бо ҷамоате ки дар хонаи онҳост, ба шумо саломи бисёре дар Худованд мерасонанд. Ҳамаи бародарон ба шумо салом мерасонанд. Ба якдигар бо бӯсаи муқаддас салом расонед. Ман, Павлус, бо хати худ салом мерасонам. Ҳар кӣ Худованд Исои Масеҳро дӯст надорад, лаънатӣ бод; мороното. Файзи Худованд Исои Масеҳ бо шумо бод. Муҳаббати ман бо ҳамаи шумо дар Масеҳ Исо аст. Омин.  Павлус, ки бо хости Худо расули Исои Масеҳ аст, ва бародар Тимотиюс ба ҷамоати Худо, ки дар Қуринтус аст, бо ҳамаи муқаддасоне ки дар тамоми Охоия мебошанд: файз ва осоиш аз ҷониби Падари мо Худо ва Худованд Исои Масеҳ бар шумо бод. Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, Падари марҳамат ва Худои ҳар тасаллӣ, ки моро дар ҳар андӯҳи мо тасаллӣ медиҳад, то мо бо ҳамон тасаллие ки худамон аз Худо меёбем, андӯҳгинонро дар ҳар андӯҳашон тасаллӣ дода тавонем. Зеро ба андозае ки азобҳои Масеҳ дар мо зиёд мешавад, тасаллии мо низ ба воситаи Масеҳ меафзояд. Агар андӯҳгин шавем, ин барои тасаллӣ ва наҷоти шумост, ки он ба воситаи тоқат кардан ба ҳамон азобҳое ба амал меояд, ки мо ҳам онҳоро аз сар мегузаронем; агар тасаллӣ ёбем, ин барои тасаллӣ ва наҷоти шумост; ва умеди мо дар бораи шумо устувор аст, зеро медонем, ки ҳам дар азобҳо ва ҳам дар тасаллӣ шумо шарик ҳастед. Зеро намехоҳем, ки шумо, эй бародарон, аз андӯҳе ки дар вилояти Осиё ба сари мо афтод, бехабар бошед, ки он бар мо аз ҳад зиёд, ба андозаи аз қувват берун гарон омад, ба тавре ки аз зиндагӣ ҳам умеди худро кандем; ва мо дар дили худ ҳукмномаи маргро доштем, то ба худ боварӣ накунем, балки ба Худо, ки мурдагонро бармехезонад. Ӯ моро аз чунин марг халос кард ва /ҳанӯз/ халос мекунад, ва ба Ӯ умед мебандем, ки боз ҳам халос хоҳад кард, бо ёрии дуое ки шумо низ барои мо мегӯед, то барои он чи бо дуои касони бисёр ба мо ато шудааст, бисёриҳо барои шумо шукргузор бошанд. Зеро фахри мо ин аст, ки виҷдони мо гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҷаҳон, хусусан нисбат ба шумо дар покӣ ва самимияти илоҳӣ рафтор кардаем, ва ин ба воситаи ҳикмати ҷисмонӣ набуд, балки аз файзи Худо буд. Зеро чизе ба шумо наменависем, магар он чи шумо мехонед ва мефаҳмед, ва умедворам, ки то ба охир мефаҳмед, ҳамон тавре ки ҳоло қисман фаҳмидаед, ки барои шумо боиси фахр мешавем, чунон ки шумо низ барои мо дар рӯзи Худованд Исо. Ва бо ҳамин эътимод ният доштам аввал назди шумо биёям, то дубора файз ёбед, ва аз маҳалли шумо гузашта ба Мақдуния равам ва боз аз Мақдуния назди шумо биёям, ва шумо маро ба Яҳудия гусел кунед. Пас, ҳангоме ки чунин ният кардам, оё сабукфикрона рафтор намудам? Ё он чи ман ният менамоям, оё ҷисмонӣ ният менамоям, ба тавре ки аз ман дар як вақт “ҳа, ҳа” ва “не, не” мешавад? Худо вафодор аст, ки сухани мо ба шумо дар як вақт “ҳа” ва “не” набуд. Зеро Писари Худо Исои Масеҳ, ки мо, яъне ман ва Силвонус ва Тимотиюс, дар миёни шумо Ӯро мавъиза намудаем, “ҳа” ва “не” набуд, балки дар Ӯ танҳо “ҳа” буд, Зеро ҳамаи ваъдаҳои Худо дар Ӯ “ҳа” буд ва дар Ӯ “омин” буд, — барои ҷалоли Худо, ба воситаи мо. Ва Он ки мову шуморо дар Масеҳ устувор мегардонад ва моро масҳ кардааст, Худост, ки Ӯ низ моро мӯҳр задааст ва гарави Рӯҳро дар дилҳои мо андохтааст. Ман Худоро ба шоҳидӣ бар ҷони худ даъват менамоям, ки ба шумо раҳм карда, то ҳол ба Қуринтус наомадаам. На ин ки бар имони шумо ҳукмфармо мешуда бошем, балки барои шодмонии шумо ҳамкорем; зеро дар имон пойдор ҳастед. Ва ман дар дили худ қарор додам, ки назди шумо боз дар ғам наоям. Зеро, агар ман шуморо ғамгин гардонам, кист, ки маро шод мекарда бошад, ғайр аз касе ки аз дасти ман ғамгин шудааст? Ва ҳаминро ба шумо навишта будам, ки мабодо дар омаданам ғамгин шавам аз онҳое ки бояд боиси шодии ман бошанд; зеро бар ҳамаатон эътимод дорам, ки шодии ман шодии ҳамаи шумост. Зеро аз бисёрии андӯҳ ва дилтангӣ ба шумо бо ашки фаровон навишта будам, на аз барои он ки шуморо ғамгин гардонам, балки барои он ки муҳаббати зиёдеро, ки ба шумо дорам, фаҳмед. Ва агар касе сабаби ғамгинӣ шуда бошад, маро ғамгин накардааст, балки қисман, — то сухан бисёр нашавад, — ҳамаи шуморо ғамгин кардааст. Барои чунин шахс ин танбеҳе ки аз касони бисёр дидааст, басанда аст, ва акнун, баръакс, шумо ӯро бахшед ва дилбардорӣ кунед, то ки ғами аз ҳад зиёд ӯро фурӯ набарад; бинобар ин аз шумо хоҳишмандам, ки ба ӯ муҳаббати худро нишон диҳед. Зеро барои ҳамин низ навишта будам, то дар амал донам, ки оё шумо дар ҳар ҷиҳат фармонбардор ҳастед. Ва касеро шумо бахшед, ман низ ӯро мебахшам; зеро ман низ, агар касеро дар чизе бахшида бошам, ба хотири шумо пеши рӯи Масеҳ бахшидаам, то шайтон моро фирефта накунад; зеро аз ниятҳои вай бехабар нестем. Ва ҳангоме ки барои башорати Инҷили Масеҳ ба Трӯос омадам, агарчи даре барои ман дар Худованд воз шуда буд, барои рӯҳи худ оромӣ надоштам, чунки бародари худ Титусро наёфтам; ва бо онҳо хайрухуш карда, ба Мақдуния равона шудам. Аммо Худоро шукр, ки Ӯ ҳамеша ба мо дар Масеҳ пирӯзӣ мебахшад ва бӯи хуши дониши Худро ба воситаи мо дар ҳар ҷо паҳн мекунад. Зеро мо барои Худо бӯи хуши Масеҳ ҳастем, ҳам дар миёни наҷотёбандагон ва ҳам дар миёни нобудшавандагон: он барои баъзе касон бӯи марг аст, ки марг меоварад, ва барои касони дигар бӯи ҳаёт аст, ки ҳаёт меоварад. Ва кист, ки ба ин қобил бошад? Зеро мо чун дигарон нестем, ки каломи Худоро харидуфурӯш мекунанд, балки аз самими дил ва аз ҷониби Худо, дар ҳузури Худо, дар Масеҳ сухан мегӯем. Оё боз худро тавсия намоем? Оё чун баъзеҳо, ба тавсияномаҳо ба шумо ё тавсияномаҳо аз шумо эҳтиёҷ дорем? Шумо номаи мо ҳастед, ки он дар дили мо навишта шудааст, ва онро ҳамаи одамон мешиносанд ва мехонанд; зеро ба ҳама маълум аст, ки шумо номаи Масеҳ ҳастед, ки он ба воситаи хизмати мо на бо сиёҳӣ, балки бо Рӯҳи Худои зинда, на бар лавҳаҳои сангин, балки бар лавҳаҳои гӯшти дил навишта шудааст. Чунин аст эътимоди мо ба Худо ба воситаи Масеҳ, на ба он сабаб ки мо қобилият дорем чизеро аз худ фикр кунем, ки он гӯё аз мо бошад, балки қобилияти мо аз Худост, ки Ӯ ба мо қобилият додааст, то хизматгузорони Аҳди Нав бошем, на аз рӯи ҳарф, балки аз рӯи Рӯҳ, зеро ҳарф мекушад, аммо Рӯҳ зинда мекунад. Лекин агар хизмати марг, ки дар ҳарфҳо бар санг нақш баста буд, он қадар ҷалол дошта бошад, ки банӣ-Исроил наметавонистанд ба рӯи Мусо нигоҳ кунанд, ба сабаби ҷалоли рӯи ӯ, ки гузарон буд, пас оё хизмати Рӯҳ ҷалоли зиёдтаре надорад? Зеро, агар хизмати маҳкумкунӣ ҷалол дошта бошад, пас хизмати сафедкунӣ хеле зиёдтар ҷалол дорад. Зеро ҳатто он чи соҳиби ҷалол шудааст, дар муқоиса бо ин ҷалоли беандоза, ҷалоле надорад. Зеро, агар чизи гузарон ҷалол дошта бошад, пас чизи бобақо хеле зиёдтар дар ҷалол аст. Бинобар ин мо, ки чунин умед дорем, бо камоли ҷасорат амал мекунем, ва на монанди Мусо, ки ба рӯи худ парда мепӯшид, то банӣ-Исроил ба анҷоми чизи гузарон назар наандозанд. Аммо зеҳни онҳо кунд шудааст: зеро то имрӯз ҳангоми хондани Аҳди Қадим ҳамон парда боқӣ мондааст ва бардошта нашудааст, чунки он дар Масеҳ бартараф мешавад. Лекин то имрӯз, ҳангоме ки онҳо Мусоро мехонанд, парда бар дилашон гузошта шудааст; аммо ҳангоме ки ба Худованд рӯ меоваранд, парда бардошта мешавад. Худованд Рӯҳ аст, ва ҳар куҷо Рӯҳи Худованд аст, он ҷо озодист. Аммо ҳамаи мо, бо рӯи кушода, монанди он ки дар оина бошад, ба ҷалоли Худованд нигариста, ба ҳамон сурат аз ҷалол ба ҷалол табдил меёбем, ва ин аз Худованд, яъне аз Рӯҳ аст. Бинобар ин мо, ки дорои чунин хизмат ҳастем, ки он аз рӯи марҳамат ба мо ато шудааст, ноумед намешавем; аммо корҳои пинҳонии нангинро рад карда, ҳиларо ба кор намебарем ва каломи Худоро таҳриф намекунем, балки ростиро ошкор карда, худро ба виҷдони ҳар кас пеши рӯи Худо вогузор менамоем. Вале, ҳатто агар Инҷили мо пӯшида бошад, он барои нобудшавандагон пӯшида аст, барои беимонҳое ки худои ин дунё зеҳнашонро кунд кардааст, то нури Инҷили ҷалоли Масеҳ, ки Ӯ сурати Худост, барои онҳо надурахшад. Зеро мо на худро, балки Масеҳ Исоро мавъиза менамоем, ки Ӯ Худованд аст, ва мо ғуломони шумоем ба хотири Исо. Зеро Худое ки гуфт: “Аз торикӣ нур дурахшад”, Ҳамон аст, ки дар дилҳои мо дурахшид, то бо дониши ҷалоли Худо дар шахси Исои Масеҳ моро пурнур созад. Лекин мо ин ганҷро дар зарфҳои хокӣ дорем, то бартарии қувват аз они Худо бошад, на аз ҷониби мо. Мо аз ҳар ҷиҳат ба фишор дучор мешавем, вале дар тангӣ нестем; ҳайронем, вале рӯҳафтода намешавем; гирифтори таъқиботем, вале партофта нашудаем; сарнагун гардидаем, вале нобуд нашудаем; ҳамеша марги Худованд Исоро дар бадани худ бардошта мегардем, то ҳаёти Исо низ дар бадани мо зоҳир шавад. Зеро мо, зиндаҳо, доимо ба хотири Исо ба марг супурда мешавем, то ҳаёти Исо низ дар ҷисми мирандаи мо зоҳир шавад. Бинобар ин марг дар мо амал мекунад, вале ҳаёт дар шумо. Аммо азбаски ҳамон рӯҳи имонро дорем, чунон ки навишта шудааст: “Имон доштам, бинобар ин мегуфтам”, мо низ имон дорем, бинобар ин мегӯем, чун медонем, ки Бархезонандаи Худованд Исо моро низ ба воситаи Исо бархезонда, бо шумо ба по хоҳад хезонд. Зеро ҳама чиз барои шумост, то файзе ки дар бисёр касон фаровон шудааст, шукргузории боз ҳам зиёдтарро барои ҷалоли Худо ба амал оварад. Бинобар ин ноумед намешавем, ва ҳарчанд одами зоҳирии мо фарсуда мешавад, одами ботинӣ рӯз ба рӯз нав мешавад. Зеро азоби сабуки мо, ки кӯтоҳмуддат аст, ҷалоли абадиро барои мо ба фаровонии беандоза ба вуҷуд меоварад, ҳангоме ки мо на ба чизҳои намоён, балки ба чизҳои нонамоён нигоҳ мекунем; зеро он чи намоён аст, муваққатист, аммо он чи нонамоён аст, абадист. Зеро медонем, ки агар хонаи заминии мо, ин хайма, хароб шавад, мо иморате аз ҷониби Худо дорем, хонаи бо даст сохтанашудаи абадӣ, ки дар осмон аст. Аз ин рӯ мо оҳ мекашем, дар орзуи он ки хонаи худро, ки дар осмон аст, дар бар кунем: то ки мо, либосе дар бар дошта, бараҳна ёфт нашавем. Зеро мо, ки дар ин хайма мебошем, дар таҳти боре оҳ мекашем, чунки намехоҳем либос кашем, балки дар бар кунем, то ки чизи миранда ба воситаи ҳаёт фурӯ бурда шавад. Худо моро маҳз барои ҳамин ба вуҷуд оварда, ба мо гарави Рӯҳро низ додааст. Бинобар ин мо ҳамеша зиндадил ҳастем ва медонем, ки то даме ки дар бадан ҷой гирифтаем, мо аз Худованд дур мебошем, зеро бо имон рафтор мекунем, на бо дидор. Пас зиндадил ҳастем ва беҳтар меҳисобем, ки аз бадан берун рафта, назди Худованд ҷой гирем; ва ба ин сабаб саъю кӯшиш менамоем, ки хоҳ дар ин ҷой бошем ва хоҳ набошем, ба Ӯ писанд афтем. Зеро ҳамаи мо бояд пеши курсии доварии Масеҳ ҳозир шавем, то ҳар яке сазои амалҳоеро, ки дар бадан кардааст, гирад, хоҳ нек бошад ва хоҳ бад. Пас, мо, ки тарси Худовандро медонем, ба мардум насиҳат медиҳем; мо ба Худо ошкор ҳастем, ва умедворам, ки ба виҷдонҳои шумо низ ошкорам. Зеро худро ба шумо аз нав тавсия намекунем, балки ба шумо асосе медиҳем барои он ки аз мо фахр намоед, то ҷавобе дошта бошед барои онҳое ки бо чизи зоҳирӣ фахр менамоянд, на бо он чи дар дил аст. Зеро, агар мо бехуд шуда бошем, ин барои Худост; ва агар солимфикр бошем, ин барои шумост. Зеро муҳаббати Масеҳ моро водор менамояд, ки чунин муҳокима ронем: агар яке барои ҳама мурда бошад, пас ҳама мурданд. Ва Ӯ барои ҳама мурд, то зиндаҳо акнун на барои худ зиндагӣ кунанд, балки барои Ӯ, ки ба хотири онҳо мурд ва бархест. Бинобар ин мо минбаъд ҳеҷ касро аз рӯи ҷисм намешиносем. Ва агар Масеҳро аз рӯи ҷисм шинохта бошем, акнун дигар намешиносем. Пас, касе ки дар Масеҳ аст, офаридаи навест; чизҳои қадима гузаштанд, инак ҳама чиз нав шудааст. Ва ҳама чиз аз ҷониби Худост, ки моро ба воситаи Исои Масеҳ бо Худ оштӣ дод ва хизмати оштиро ба мо супурд, чунки Худо дар Масеҳ буда, аҳли ҷаҳонро бо Худ оштӣ дод, хатоҳои онҳоро ба ҳисобашон надаровард ва каломи оштиро ба мо супурд. Пас, мо сафирони Масеҳ ҳастем, гӯё ки Худо ба воситаи мо хоҳиш мекунад. Мо аз тарафи Масеҳ илтимос мекунем: бо Худо оштӣ намоед. Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо гуноҳ сохт, то мо дар Ӯ росткории Худо шавем. Мо, ки ҳамкорони Ӯ ҳастем, аз шумо хоҳиш мекунем, ки файзи Худоро бефоида қабул накунед. Зеро Ӯ мегӯяд: “Дар вақти муносиб туро шунидам Ва дар рӯзи наҷот ба ту мадад кардам”. Инак, акнун вақти муносиб аст, инак, акнун рӯзи наҷот аст. Ҳеҷ касро намеранҷонем, то хизмати мо ба таъна дучор нашавад, балки дар ҳар чиз худро ҳамчун хизматгузорони Худо нишон медиҳем: дар сабри бисёр, дар сахтиҳо, дар мӯҳтоҷиҳо, дар тангиҳо, дар зери зарбаҳо, дар зиндонҳо, дар ошӯбҳо, дар меҳнатҳо, дар бехобиҳо, дар рӯзадориҳо, дар покӣ, дар дониш, дар бурдборӣ, дар меҳрубонӣ, дар Рӯҳулқудс, дар муҳаббати бе дурӯягӣ, дар каломи ростӣ, дар қуввати Худо, бо аслиҳаи росткорӣ дар дасти рост ва чап, дар шараф ва бешарафӣ, дар бадномӣ ва некномӣ; моро фиребгар мешуморанд, лекин мо ростгӯ ҳастем; гӯё гумномем, лекин мо шинохта ҳастем; гӯё мирандагонем, вале инак, мо зинда ҳастем; ҷазо мебинем, лекин мо намемурем; гӯё ғамгинем, лекин мо ҳамеша шодӣ мекунем; гӯё бенавоем, вале мо бисёр касонро сарватманд мегардонем; гӯё чизе надорем, лекин мо дорои ҳама чиз ҳастем. Даҳони мо, эй қуринтиён, сӯи шумо кушода ва дили мо фарох шудааст. Барои шумо дар мо ҷой танг нест, лекин андаруни худатон ҷой танг аст. Дар ивази ин, — чун ба фарзандони худ мегӯям, — шумо низ бояд фарохдил бошед. Зери юғи бегона бо беимонон сар хам накунед. Зеро росткорӣ бо бадкорӣ чӣ пайванде дорад? Ва нур бо торикӣ чӣ умумияте дорад? Масеҳ бо балиол чӣ созгорӣ дорад? Ё имондор бо беимон чӣ монандие дорад? Ва ибодатхонаи Худо бо бутҳо чӣ мувофиқат дорад? Зеро шумо ибодатхонаи Худои зинда ҳастед, чунон ки Худо гуфтааст: “Андаруни онҳо сокин шуда, Дар миёни онҳо роҳ хоҳам рафт; Ва Худои онҳо хоҳам буд, Ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд”. “Бинобар ин аз миёни онҳо берун оед Ва ҷудо шавед, —мегӯяд Худованд, — Ва ба чизи нопок нарасед, Ва Ман шуморо қабул хоҳам кард”; “Ва Падари шумо хоҳам буд, Ва шумо писарон ва духтарони Ман хоҳед буд”, —мегӯяд Худованди Қодири Мутлақ. Пас, эй азизон, дар ҳоле ки чунин ваъдаҳо дорем, худро аз ҳар нопокии ҷисм ва рӯҳ тоза карда, муқаддасии худро дар тарси Худо мукаммал намоем. /Дар дилҳои худ/ ба мо ҷой диҳед: мо ба касе беинсофӣ накардаем, ба касе осеб нарасондаем, аз касе истифода набурдаем. На аз барои таъна мегӯям: зеро пештар гуфта будам, ки шумо дар дили мо ҳастед, то бо ҳам мурем ва бо ҳам зист кунем. Умеди ман аз шумо бисёр аст, фахри ман аз шумо бузург аст; бо вуҷуди тамоми азобҳоямон, пур аз тасаллӣ ҳастам ва шодии фаровон дорам. Зеро, вақте ки ба Мақдуния омадем, ҷисми мо оромӣ надошт, балки аз ҳар сӯ ба фишор дучор шудем: аз берун кашмакашҳо, аз дарун тарсҳо буданд. Аммо Худое ки ба фурӯтанон тасаллӣ мебахшад, бо омадани Титус моро тасаллӣ дод, ва на танҳо бо омадани ӯ, балки бо он тасаллие низ, ки ӯ дар шумо ёфта буд, вақте ки аз пазмонии шумо, аз гиряи шумо ва аз ғайрате ки дар ҳаққи ман доред, ба мо нақл кард, ки ин маро бештар шод кард. Бинобар ин, ҳарчанд шуморо бо нома ғамгин кардаам, пушаймон нестам, гарчи пушаймон ҳам будам; зеро мебинам, ки он нома шуморо соате бошад ҳам, ғамгин кард. Акнун шодам на аз он ки ғамгин шудаед, балки аз он ки ғами шумо боиси тавба гардидааст, зеро ғами шумо мувофиқи /хости/ Худо буд, то аз мо ҳеҷ зиёне набинед. Зеро ғаме ки мувофиқи /хости/ Худост, тавбаро дар роҳи наҷот ба амал меоварад, ки аз он пушаймонӣ нест, лекин ғами дунё маргро ба амал меоварад. Зеро бинед, ғаме ки мувофиқи /хости/ Худост, чӣ гуна ҷидду ҷаҳдро, чӣ гуна узрро, чӣ гуна норизоиро, чӣ гуна тарсро, чӣ гуна пазмониро, чӣ гуна ғайратро, чӣ гуна сазодиҳиро дар шумо ба амал овард! Ва дар ҳамааш шумо нишон додед, ки дар ин кор пок ҳастед. Хуллас, агарчи ба шумо навишта будам, ин на ба хотири бадкор ва на ба хотири касе ки бадӣ дидааст, балки барои он буд, ки ҷидду ҷаҳди мо дар ҳаққи шумо пеши рӯи Худо ба шумо ошкор гардад. Ба ин сабаб мо аз тасаллии шумо тасаллӣ ёфтем; лекин боз ҳам зиёдтар мо аз шодии Титус шод шудем, чунки рӯҳи ӯ ба воситаи ҳамаатон ором шудааст. Зеро, агар ман дар бораи шумо пеши ӯ аз чизе фахр карда бошам, хиҷил нашудам, балки, чунон ки мо ҳар гапро дар хусуси шумо ба ростӣ гуфта будем, фахри мо низ ончунон пеши Титус рост баромад. Ва дили ӯ боз ҳам зиёдтар сӯи шумо моил мешавад, ҳангоме ки итоаткории ҳамаатонро ба ёд меоварад, ки чӣ гуна шумо ӯро бо тарсу ларз пазироӣ намудаед. Пас шодмонам, ки дар ҳар чиз метавонам аз шумо дилпур бошам. Шуморо, эй бародарон, дар бораи файзи Худо, ки ба ҷамоатҳои Мақдуния ато шудааст, огоҳ менамоем; зеро дар миёни имтиҳони бузурги сахтиҳо фаровонии шодии онҳо ва бенавоии сахти онҳо дар саховати беканорашон пурра аён шуд; зеро ман шоҳиди онам, ки онҳо ба андозаи қувваташон ва берун аз қувваташон сахӣ буданд: онҳо бо исрори зиёд аз мо илтимос карданд, ки дар кори хайр ба мадади муқаддасон шарики мо бошанд; ва на танҳо ба тавре ки умед доштем, балки худро пешкаш карданд, аввалан ба Худованд ва баъд ба мо, мувофиқи хости Худо; бинобар ин мо аз Титус хоҳиш намудем, ки ӯ, чунон ки сар карда буд, ончунон ин кори хайрро дар миёни шумо низ ба анҷом расонад. Аммо, чунон ки шумо дар ҳар чиз: дар имон ва калом, дар дониш ва ҳар гуна ҷидду ҷаҳд ва дар муҳаббати худ нисбат ба мо афзун ҳастед, ончунон дар ин кори хайр ҳам афзун бошед. Инро ба таври фармон намегӯям, балки ба воситаи ҷидду ҷаҳди дигарон самимияти муҳаббати шуморо низ меозмоям. Зеро файзи Худованди мо Исои Масеҳро медонед, ки Ӯ сарватманд буда, барои шумо бенаво шуд, то шумо ба воситаи бенавоии Ӯ сарватманд шавед. Дар ин хусус ман фикри худро баён мекунам; зеро ин ба шумо фоиданок аст, чунки соли гузашта на танҳо ин корро сар кардед, балки онро орзу ҳам карда будед. Ва акнун корро ба охир низ расонед, то он чи бо дилгармӣ орзу мекардед, мувофиқи дороиятон анҷом ёбад. Зеро, кас агар дилгармӣ дошта бошад, аз рӯи он чи ӯ дорад, писанд меояд, на аз рӯи он чи ӯ надорад. На он тавр, ки ба дигарон сабук ва ба шумо гарон афтад, балки ба таври баробарӣ: акнун зиёдатии шумо камии онҳоро пур мекунад, то ки /баъд/ зиёдатии онҳо низ камии шуморо пур кунад, ва баробарӣ ба амал ояд, чунон ки навишта шудааст: “Касе ки бисёр ҷамъ карда буд, зиёдатӣ надошт, ва касе ки кам ҷамъ карда буд, камӣ надошт”. Худоро шукр, ки чунин ҷидду ҷаҳдро нисбат ба шумо дар дили Титус ҷо кардааст, зеро ӯ ба илтимоси мо гӯш андохт ва, азбаски ҷидду ҷаҳди зиёде дошт, бо ихтиёри худ сӯи шумо равона шуд. Бо ӯ мо бародареро равона кардем, ки дар ҳамаи ҷамоатҳо барои башорат сазовори таҳсин гардидааст, ва ғайр аз ин, аз ҷамоатҳо интихоб шудааст, ки дар ин кори хайр ба мо ҳамроҳ шавад, ки хизмати онро мо барои ҷалоли Худованд ва исботи дилгармии шумо ба ҷо меоварем, ва эҳтиёт мекунем, ки касе дар ҳаққи мо тӯҳмате нагӯяд, оид ба ин ҳадияи фаровоне ки бо хизмати мо ба даст оварда мешавад; зеро кӯшиш мекунем кори некро на танҳо пеши Худованд, балки пеши одамон низ ба ҷо оварем. Бо онҳо бародари худро низ фиристодем, ки ҷидду ҷаҳди ӯро дар бисёр чизҳо борҳо санҷидаем, ва акнун аз боиси эътимоди бузурге ки ӯ ба шумо дорад, ҷидду ҷаҳдаш боз ҳам зиёд шудааст. Дар бораи Титус бояд гӯям, ки ӯ рафиқ ва ҳамкори ман аст назди шумо; дар бораи бародаронамон бояд гӯям, ки онҳо фиристодагони ҷамоатҳо ва ҷалоли Масеҳанд. Пас, муҳаббати худро, ва он фахреро, ки мо аз шумо дорем, пеши ҷамоатҳо ба онҳо исбот кунед. Дар бораи хизмате ки ба мадади муқаддасон аст, ба шумо навиштанам зиёдатист, зеро дилгармии шуморо медонам ва аз шумо пеши аҳли Мақдуния фахр менамоям, ки Охоия аз соли гузашта тайёр шудааст; ва ғайрати шумо аксариятро барангехтааст. Бародаронро барои он фиристодам, ки фахри мо аз шумо беҳуда набошад, то шумо, чунон ки гуфтаам, тайёр бошед, то ки, агар аз аҳли Мақдуния бо ман омада, шуморо тайёр наёбанд, мо, — намегӯем, ки “шумо”, — аз чунин эътимоде ки бо он фахр кардаем, хиҷил нашавем. Бинобар ин лозим донистам аз бародарон илтимос кунам, ки аз ман пештар назди шумо рафта, ин хайроти ваъдагии шуморо пешакӣ муҳайё кунанд, то он ҳамчун хайроте тайёр бошад, на ҳамчун хироҷе. Хуллас, касе ки кам мекорад, кам дарав мекунад, ва касе ки фаровон мекорад, фаровон дарав мекунад. Бигзор ҳар кас мувофиқи хости дилаш диҳад, на бо ғамгинӣ ва на ба таври маҷбурӣ; зеро Худо он касро дӯст медорад, ки бо хушӣ медиҳад. Ва Худо қодир аст ҳар гуна файзро барои шумо афзун кунад, то ҳамеша аз ҳар ҷиҳат ба қадри кофӣ қонеъ буда, барои ҳар кори хайр афзун бошед, чунон ки навишта шудааст: “Тақсим кардааст: ба бенавоён додааст; росткории Ӯ то абад пойдор аст”. Ва бигзор Он ки ба коранда тухм ва барои хӯрдан нон омода менамояд, кишти шуморо омода ва фаровон кунад ва самарҳои росткории шуморо рӯёнад, то дар ҳар чиз барои ҳар гуна саховат сарватманд гардед, ки он ба воситаи мо шукри Худоро ба амал меоварад. Зеро ба ҷо овардани ин хизмат, на танҳо норасоии муқаддасонро пур мекунад, балки шукри Худоро низ беандоза афзун мегардонад; зеро дар натиҷаи ин хизмат онҳо Худоро ҳамду сано мехонанд барои фармонбардории шумо ба Инҷили Масеҳ, ки эътироф менамоед, ва барои саховати кӯмаки шумо ба онҳо ва ба ҳама, ва онҳо бо дуо дар ҳаққи шумо, ба хотири файзи Худо, ки дар шумо фаровон аст, хоҳони дидори шумоянд. Ва Худоро шукр барои атои васфнопазираш! Лекин ман, Павлус, ки ба ҳузури шумо хоксорам, вале ғоибона бар шумо ҷасорат дорам, шуморо бо нармдилӣ ва меҳрубонии Масеҳ насиҳат медиҳам; ва илтимос мекунам, ки маро маҷбур насозед дар омадани худ он ҷасорати қатъиро ба кор барам, ки ният дорам ба муқобили баъзе касоне нишон диҳам, ки ба гумонашон мо аз рӯи ҷисм рафтор менамоем. Зеро, агарчи дар ҷисм рафтор мекунем, аз рӯи ҷисм намеҷангем; зеро аслиҳаи ҷанги мо ҷисмонӣ нест, балки назди Худо тавоност барои хароб кардани қалъаҳо; мо ақидаҳо ва ҳар баландгириро, ки зидди дониши Худо бармехезад, сарнагун месозем ва ҳар фикрро ба итоати Масеҳ асир мекунем, ва тайёр ҳастем ҳар беитоатиро ҷазо диҳем, вақте ки итоати шумо комил гардад. Оё ба намуди зоҳирӣ менигаред? Агар касе ба худ эътимод дорад, ки ӯ аз они Масеҳ аст, бигзор низ аз худ хулоса барорад, ки чунон ки вай аз они Масеҳ аст, ончунон мо низ аз они Масеҳ ҳастем. Зеро бо қудрате ки Худованд барои ободӣ, на барои харобии шумо, ба мо додааст, андаке бештар фахр намоям ҳам, хиҷил намешавам, вале ба назар чунин натобад, ки гӯё ман шуморо бо номаҳо тарсонда истодаам, чунки мегӯянд: “Номаҳо гарон ва пурзӯранд, аммо ҳузури шахсии ӯ суст, ва суханаш ночиз аст”. Чунин шахс донад, ки мо дар каломи номаҳои ғоибона чӣ гунае ки бошем, амалан дар ҳузури шахсӣ низ ҳамон гунаем. Зеро ҷуръат намекунем худро бо касони худсито баробар кунем ё муқоиса намоем: онҳое ки худро бо худ андоза мекунанд ва худро бо худ муқоиса менамоянд, хирад надоранд. Лекин мо берун аз андоза фахр намекунем, балки ба андозаи он ҳудуди кор, ки Худо ҳамчун андоза барои мо муайян кардааст, то ба шумо ҳам расем. Мо аз ҳадди худ намегузарем, ки гӯё ба шумо нарасида бошем, зеро бо Инҷили Масеҳ ба шумо ҳам расидаем. Мо берун аз андоза бо меҳнатҳои дигарон фахр намекунем, лекин умед дорем, ки ҳар қадар имонатон зиёдтар шавад, ҳудуди кори мо низ дар миёни шумо афзоиш меёбад, то дар ҷойҳои аз шумо дуртар ҳам Инҷилро мавъиза намоем ва бо он чи дар ҳудуди кори дигарон муҳайё шудааст, фахр накунем. “Ва ҳар кӣ фахр мекунад, бигзор бо Худованд фахр кунад”. Зеро на он кас арзанда аст, ки худро ситоиш мекунад, балки он кас, ки Худованд ӯро ситоиш мекунад. Кошки беақлии маро андаке бардошт кунед! Лекин маро бардошт ҳам мекунед. Зеро ман дар ҳаққи шумо бо рашки Худо рашк менамоям, чунки шуморо ба Марди ягонае номзад сохтаам, то чун бокираи поке ба Масеҳ пешниҳод намоям. Аммо тарси он дорам, ки чунон ки мор бо макри худ Ҳавворо фирефта намуд, ончунон фикри шумо низ вайрон шуда, аз самимияте ки ба Масеҳ аст, рӯ тобад. Зеро, агар касе омада, Исои дигареро мавъиза намояд, ғайр аз Он, ки мо Ӯро мавъиза кардем, ё шумо рӯҳи дигаре гиред, ғайр аз Он, ки гирифтед, ё Инҷили дигаре, ғайр аз он чи қабул кардед, шумо онро ба хубӣ бардошт менамоед. Аммо ман гумон мекунам, ки аз он “расулони олӣ” ҳеҷ камӣ надорам. Агарчи дар сухан моҳир нестам, аммо на дар дониш. Лекин мо аз ҳар хусус ба шумо комилан маълум ҳастем. Оё ман гуноҳ кардам, ки худро хор кардам, то шуморо сарбаланд гардонам, чунки Инҷили Худоро ба шумо бемузд мавъиза намудам? Ҷамоатҳои дигарро бо гирифтани музд ғорат кардам, то хизмати шуморо ба ҷо оварам. Ва ҳангоме ки назди шумо буда, мӯҳтоҷӣ кашидам, ба касе гаронӣ накардам, зеро бародароне ки аз Мақдуния омаданд, норасоии маро пур карданд; худам низ худдорӣ намудам ва хоҳам намуд, то дар ҳеҷ чиз ба шумо гаронӣ накунам. Бо ростии Масеҳ, ки дар ман аст, /мегӯям/: ин фахр дар кишварҳои Охоия аз ман кашида гирифта намешавад. Аз чӣ сабаб? Оё аз он сабаб ки ман шуморо дӯст намедорам? Худо медонад! Аммо он чи мекунам, боз ҳам хоҳам кард, то фурсати онҳоеро беасос кунам, ки фурсат меҷӯянд, то дар он чи фахр мекунанд, худро бо мо баробар созанд. Зеро онҳо расулони дурӯғин ва коргузорони фиребгар ҳастанд, ки шакли расулони Масеҳро мегиранд. Ва ин аҷиб нест, зеро худи шайтон шакли фариштаи нурро мегирад. Бинобар ин кори бузург нест, ки агар хизматгузорони вай низ шакли хизматгузорони ростиро гиранд; лекин оқибаташон аз рӯи корҳояшон мешавад. Боз мегӯям: касе маро беақл наҳисобад; ва агар чунин набошад, маро ақаллан ҳамчун беақле қабул кунед, то ман ҳам андаке фахр намоям. Он чи мегӯям, на аз ҷониби Худованд мегӯям, балки гӯё аз рӯи беақлӣ, бо чунин эътимоде ки дар фахр аст. Азбаски бисёр касон ҷисмонӣ фахр мекунанд, ман низ фахр мекунам. Зеро шумо, ки боақл ҳастед, беақлонро бо майли тамом бардошт менамоед. Зеро, агар касе шуморо ғулом гардонад, агар касе ҳаққи шуморо хӯрад, агар касе шуморо ғорат кунад, агар касе худро баланд гирад, агар касе шуморо торсакӣ занад, шумо ӯро бардошт менамоед. Бо хиҷолат мегӯям, ки гӯё қуввати мо ба ин корҳо нарасидааст. Лекин агар касе дар чизе ҷуръат дошта бошад, аз рӯи беақлӣ мегӯям, ки ман низ ҷуръат дорам. Онҳо ибронӣ ҳастанд? Ман низ ҳастам. Исроилӣ ҳастанд? Ман низ ҳастам. Насли Иброҳим ҳастанд? Ман низ ҳастам. Хизматгузорони Масеҳ ҳастанд? Чун касе ки ақлашро гум кардааст, мегӯям, ки ман боз ҳам бештар ҳастам: дар заҳматҳо бештар, дар зери зарбаҳо аз андоза берун, дар зиндонҳо бештар, дар чанголи марг борҳо. Панҷ бор аз яҳудиён як кам чил тозиёна хӯрдам; се бор маро калтаккорӣ карданд, як бор сангсор карданд, се бор киштии ман ғарқ шуд, як шабонарӯзро дар баҳр гузарондам; борҳо дар сафарҳо будам, дар хатарҳои дарёҳо, дар хатарҳои роҳзанон, дар хатарҳо аз ҷониби қавми худ, дар хатарҳо аз ҷониби халқҳо, дар хатарҳо дар шаҳр, дар хатарҳо дар биёбон, дар хатарҳо дар баҳр, дар хатарҳо дар миёни бародарони дурӯғин, дар меҳнат ва дар заҳмат, борҳо бе хоб, дар гуруснагӣ ва ташнагӣ, борҳо дар рӯзадорӣ, дар сармо ва дар бараҳнагӣ. Ғайр аз чизҳои дигар, ҳар рӯз ғамхорӣ дар бораи ҳамаи ҷамоатҳо бар дӯши ман аст. Касе беҳол шавад, оё ман беҳол намешавам? Касе ба васваса афтад, оё ман намесӯзам? Агар фахр кардан лозим бошад, аз нотавонии худ фахр мекунам. Худо ва Падари Худованд Исои Масеҳ, ки то абад муборак аст, медонад, ки дурӯғ намегӯям. Дар Димишқ волии подшоҳ Ҳорис шаҳри димишқиёнро посбонӣ карда, мехост маро дастгир намояд; ва маро аз тиреза дар сабад аз девори шаҳр фуроварданд, ва ман аз дасти вай халос шудам. Агарчи фахр карданам фоида надорад, ба рӯъёҳо ва ваҳйҳои Худованд мегузарам. Шахсеро дар Масеҳ мешиносам, ки чордаҳ сол пеш то осмони сеюм бурда шуд, — намедонам, оё дар бадан буд ё берун аз бадан, Худо медонад. Ва ин шахсро мешиносам, — намедонам, оё дар бадан буд ё берун аз бадан, Худо медонад, — ки ба биҳишт бурда шуд ва суханони баённашаванда шунид, ки ба одамизод раво нест онҳоро ба забон оварад. Аз чунин шахс фахр мекунам; лекин аз худам, ғайр аз нотавониҳоям, фахр намекунам. Агар фахр кардан хоҳам ҳам, беақл намешавам, чунки рости гапро мегӯям; лекин худдорӣ менамоям, то касе дар ҳаққи ман аз он чи дар ман мебинад ё аз ман мешунавад, зиёдтар гумон накунад. Ва барои он ки ман ба сабаби фавқулодагии ин ваҳйҳо худро баланд нагирам, неше дар ҷисми ман ҷой дода шудааст, яъне қосиди шайтон барои задани ман, то ки худро баланд нагирам. Се бор ман аз Худованд илтимос намудам, ки он аз ман дур шавад, вале ба ман гуфт: “Барои ту файзи Ман басанда аст, зеро қуввати Ман дар нотавонӣ комил мешавад”. Ба ин сабаб ман бо майли бештар аз нотавониҳои худ фахр менамоям, то қуввати Масеҳ дар ман сокин гардад. Бинобар ин ман аз нотавониҳо, озорҳо, мӯҳтоҷиҳо, таъқибот ва ситамҳое ки ба хотири Масеҳ мебинам, хушнудам, зеро вақте ки нотавонам, он гоҳ боқувватам. Бо фахр карданам то ба дараҷаи беақлӣ расидаам; шумо маро маҷбур сохтед. Шумо бояд маро ситоиш менамудед, зеро ман аз он “расулони олӣ” аз ҳеҷ ҷиҳат камӣ надорам, гарчанде ки ҳеҷам. Нишонаҳои расул дар миёни шумо бо камоли сабр дар аломатҳо, муъҷизаҳо ва қувваҳо ба амал оварда шуданд. Зеро дар чӣ шумо аз ҷамоатҳои дигар камӣ доред? Магар танҳо дар он ки ман ба шумо гаронӣ накардаам. Ин беинсофии маро бахшед! Инак, бори сеюм аст, ки ман тайёрам назди шумо биёям, ва ба шумо гаронӣ нахоҳам кард, чунки на чизу чораи шуморо, балки худатонро меҷӯям. Зеро на фарзандон бояд барои падарону модарони худ захира кунанд, балки падарону модарон барои фарзандон. Ман бо майли тамом барои ҷонҳои шумо моли худро сарф намуда, ҷони худро медиҳам, агарчи дар ивази муҳаббати зиёде ки ба шумо дорам, аз ҷониби шумо ба худам муҳаббати камтаре мебинам. Мегӯед, ки ман ба шумо гаронӣ накардаам, лекин, ҳамчун шахси ҳилагар, шуморо бо фиреб ба дом даровардаам. Оё ба воситаи яке аз онҳое ки назди шумо фиристодам, фоидае аз шумо ба даст овардам? Аз Титус илтимос намуда, бародареро бо ӯ равона кардам; магар Титус аз шумо фоидае ба даст овард? Оё мо дар як рӯҳ ва як равиш рафтор накардем? Оё боз ҳам гумон доред, ки мо худро пеши шумо сафед карда истодаем? Мо пеши рӯи Худо, дар Масеҳ сухан меронем, ва ҳамаи ин, эй азизон, барои обод кардани шумост. Зеро метарсам, ки дар омаданам шуморо, ончунон ки мехоҳам, наёбам, ва шумо низ маро, ончунон ки мехоҳед, наёбед; /метарсам/, ки байни шумо ҷанҷол, ҳасад, хашм, худхоҳӣ, тӯҳмат, ғайбат, ҳавобаландӣ ва бетартибӣ бошад; /метарсам/, ки боз, ҳангоме оям, Худои ман маро назди шумо хор созад, ва ман азо гирам барои бисёр касоне ки пештар гуноҳ кардаанд ва аз нопокӣ, фосиқӣ ва бадахлоқие ки ба амал овардаанд, тавба накардаанд. Бори сеюм аст, ки назди шумо меоям. “Бо гувоҳии ду ё се шоҳид ҳар сухан исбот мешавад”. Онҳоеро, ки пештар гуноҳ кардаанд, ва ҳамаи дигаронро, — ҳам он вақте ки бори дуюм омада будам, ва ҳам ҳоло ки ғоиб ҳастам, — таъкид намудаам ва бо навиштан таъкид менамоям, ки агар боз оям, амон намедиҳам. Шумо далели онро меҷӯед, ки оё Масеҳ дар ман сухан меронад: Ӯ барои шумо нотавон нест, балки дар миёни шумо тавоност. Зеро, агарчи Ӯ дар ҳолати нотавонӣ ба салиб кашида шуд, лекин бо қуввати Худо зинда аст; мо низ дар Ӯ нотавон ҳастем, лекин ҳамроҳи Ӯ бо қуввати Худо, ки дар шумост, зиндагӣ мекунем. Худро тафтиш намоед, ки оё дар имон ҳастед? Худро санҷед. Ё худро намешиносед, ки Исои Масеҳ дар шумост? Магар ин ки шумо на ончунон ҳастед, ки бояд бошед. Дар хусуси мо, умедворам, шумо хоҳед донист, ки мо ончунон ҳастем, ки бояд бошем. Ва ба Худо дуо мекунам, ки шумо ҳеҷ бадӣ накунед; на ба хотири он ки мо худро ончунон нишон диҳем, ки бояд бошем; балки ба хотири он ки шумо некӣ кунед, агарчи мо на ончунон ба назар намоем, ки бояд бошем. Зеро мо на бар зидди ростӣ, балки /танҳо/ барои ростӣ қувват дорем. Зеро шодӣ мекунем, ҳангоме ки мо нотавон ҳастем, вале шумо боқувват; ва барои ҳамин, яъне дар хусуси комил шуданатон, мо дуо мегӯем. Аз он сабаб ман инро дар вақти набуданам менависам, ки дар омаданам сахтгирӣ накунам аз рӯи он ихтиёре ки Худованд ба ман, на барои харобкорӣ, балки барои бунёдкорӣ додааст. Хуллас, эй бародарон, шод бошед! Комил шавед, тасаллӣ ёбед, якдил бошед, осоишро нигоҳ доред, ва Худои муҳаббат ва осоиш бо шумо хоҳад буд. Ба якдигар бо бӯсаи муқаддас салом расонед. Ҳамаи муқаддасон ба шумо салом мерасонанд. Файзи Худованд Исои Масеҳ ва муҳаббати Худо ва мушоракати Рӯҳулқудс бо ҳамаатон бод. Омин.  Павлус, ки на аз ҷониби одамон ва на ба воситаи одамизод расул аст, балки ба воситаи Исои Масеҳ ва Худои Падар, ки Ӯро аз мурдагон бархезондааст, ва ҳамаи бародароне ки бо мананд, ба ҷамоатҳои Ғалотия: файз ва осоиш аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Исои Масеҳ бар шумо бод, ки Худро барои гуноҳҳои мо дод, то моро аз давраи бади ҳозира, мувофиқи хости Худо, Падари мо, халос кунад, ки Ӯро то абад ҷалол бод, омин. Ҳайронам, ки ба ин зудӣ шумо аз Он ки шуморо ба воситаи файзи Масеҳ даъват намудааст, баргашта, ба Инҷили дигаре мегузаред, ки он на дигарест, балки фақат баъзе касон ҳастанд, ки шуморо саргаранг мекунанд ва Инҷили Масеҳро таҳриф кардан мехоҳанд. Лекин агар ҳатто мо ё фариштае аз осмон Инҷиле бар хилофи он чи мо ба шумо башорат додаем, ба шумо мавъиза кунад, лаънатӣ бод. Чунон ки мо пештар гуфта будем, акнун низ боз мегӯям: агар касе Инҷиле бар хилофи он чи қабул кардаед, ба шумо мавъиза кунад, лаънатӣ бод. Оё ман акнун ризоияти одамонро меҷӯям, ё ризоияти Худоро? Оё кӯшиш менамоям ба одамон писанд оям? Агар ман ҳанӯз ба одамон писанд омадан мехостам, бандаи Масеҳ намебудам. Ба шумо, эй бародарон, эълон мекунам: Инҷиле ки ман башорат додаам, аз они одамизод нест; зеро ман онро на аз одамизод қабул кардаам ё таълим гирифтаам, балки ба воситаи ваҳйи Исои Масеҳ. Зеро шумо дар бораи рафтори пештараи ман дар яҳудият шунидаед, ки ман ҷамоати Худоро бениҳоят таъқиб менамудам, ва онро несту нобуд мекардам, ва дар яҳудият дар қавми худ назар ба бисёр ҳамсолонам бештар комёб будам, дар ҳолате ки барои ривоятҳои падаронам бениҳоят ғайратманд будам. Аммо ҳангоме Худо, ки маро аз шиками модарам ҷудо карда, бо файзи Худ даъват намудааст, хушнуд шуд, ки Писари Худро дар ман ошкор созад, то Ӯро дар миёни халқҳо башорат диҳам, ман он вақт бо ҷисму хун машварат накардам, ва ба Уршалим назди онҳое ки пеш аз ман расул буданд, нарафтам, балки ба Арабистон равона шудам ва боз ба Димишқ баргаштам. Баъд, пас аз се сол, ба Уршалим барои дидани Петрус рафтам ва понздаҳ рӯз назди ӯ истодам. Аз расулон, ғайр аз Яъқуби бародари Худованд, каси дигарро надидаам. Ва он чи ба шумо менависам, инак, пеши рӯи Худо, дурӯғ намегӯям. Пас аз он ман ба кишварҳои Сурия ва Киликия равона шудам. Аммо ҷамоатҳои Яҳудия, ки дар Масеҳ ҳастанд, маро шахсан намешинохтанд, балки фақат шунида буданд, ки “ҳамон шахсе ки як вақте моро таъқиб менамуд, акнун имонеро башорат медиҳад, ки пештар онро нобуд мекард”. Ва Худоро ба хотири ман ситоиш мекарданд. Баъд ман пас аз чордаҳ сол бо Барнаббо боз ба Уршалим рафтам, Титусро низ бо худ бурдам. Ба он ҷо аз рӯи ваҳй равона шудам ва ба онҳо ва алоҳида ба шахсоне ки соҳибэътибор буданд, он Инҷилро, ки дар миёни халқҳо мавъиза мекунам, баён кардам: мабодо беҳуда давам ё давида бошам. Аммо Титус низ, ки ҳамроҳи ман буд, бо вуҷуди юнонӣ буданаш, маҷбур нашуд, ки хатна карда шавад, агарчи бародарони дурӯғин ба миёни мо сар дароварда, барои дидани озодие ки мо дар Масеҳ Исо дорем, ба таври пинҳонӣ омада буданд, то моро ғулом гардонанд: Мо ба онҳо як соат ҳам гузашт накардем ва фармонбардор нашудем, то ростии Инҷил назди шумо монад. Ва онҳое ки соҳибэътибор буданд, — барои ман фарқе надорад, ки онҳо чӣ касоне буданд: Худо ба рӯи кас нигоҳ намекунад, — ин соҳибэътиборон ба зиммаи ман ҳеҷ чизе нагузоштанд; балки, баръакс, чун диданд, ки башорат барои бехатнагон ба ман супурда шудааст, чунон ки барои аҳли хатна ба Петрус, — зеро Он ки ба Петрус дар вазифаи расулӣ назди аҳли хатна мадад карда буд, ба ман низ назди халқҳо мадад кардааст, — ва чун Яъқуб ва Кифо ва Юҳанно, ки ҳамчун сутунҳои /ҷамоат/ эътибор доштанд, аз файзе ки ба ман ато шудааст, огоҳӣ ёфтанд, дасти ширкат ба ман ва Барнаббо доданд, то мо назди халқҳо равем, ва онҳо назди аҳли хатна; фақат ин ки мо бенавоёнро дар хотир нигоҳ дорем, ва ман ғайрат кардам, ки маҳз ҳаминро ба ҷо оварам. Аммо ҳангоме ки Петрус ба Антокия омад, ман шахсан ба ӯ мухолифат кардам, чунки ӯ айбдор буд. Зеро, пеш аз он ки баъзе касон аз ҷониби Яъқуб биёянд, ӯ бо ғайрияҳудиён хӯрок мехӯрд; лекин вақте ки онҳо омаданд, аз тарси аҳли хатна худро дур кашид ва канорагирӣ кард. Бо ӯ яҳудиёни дигар ҳам дурӯягӣ карданд, ба тавре ки Барнаббо низ гирифтори дурӯягии онҳо шуд. Аммо чун дидам, ки онҳо мувофиқи ростии Инҷил рафтори рост намекунанд, дар назди ҳама ба Петрус гуфтам: “Агар ту, ки яҳудӣ ҳастӣ, чун ғайрияҳудиён ва на чун яҳудиён зиндагӣ мекунӣ, чаро ғайрияҳудиёнро маҷбур менамоӣ, ки чун яҳудиён рафтор кунанд? Мо табиатан яҳудӣ ҳастем ва на гуноҳкорони ғайрияҳудӣ; лекин, чун донистем, ки одамизод на бо корҳои шариат сафед мешавад, балки бо имон ба Исои Масеҳ, мо низ ба Масеҳ Исо имон овардем, то бо имон ба Масеҳ сафед шавем ва на бо корҳои шариат; зеро бо корҳои шариат ҳеҷ ҷисме сафед намешавад. Аммо агар дар Масеҳ сафед шудан хоста, худамон ҳам гуноҳкор бароем, — наход ки Масеҳ хизматгузори гуноҳ бошад? Ҳеҷ гоҳ! Зеро, агар он чиро, ки хароб кардаам, аз нав бино кунам, худро хатокор мегардонам. Зеро ман ба воситаи шариат барои шариат мурдаам, то барои Худо зиндагӣ кунам. Бо Масеҳ ба салиб кашида шудаам; вале зиндагӣ мекунам, ва акнун на ман, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад. Ва зиндагие ки акнун дар ҷисм мекунам, бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки Ӯ маро дӯст дошт ва Худро барои ман дод. Файзи Худоро инкор намекунам; зеро, агар росткорӣ ба воситаи шариат бошад, Масеҳ беҳуда мурдааст”. Эй ғалотиёни бефаҳм! Кӣ шуморо афсун кард, то аз ростӣ сар тобед, дар ҳоле ки пеши чашмони шумо Исои Масеҳи ба салиб кашидашуда тасвир ёфтааст? Танҳо инро аз шумо фаҳмидан мехоҳам: оё Рӯҳро аз корҳои шариат қабул кардаед, ё аз мавъизаи имон? Оё он қадар нофаҳм ҳастед, ки бо Рӯҳ сар карда, акнун бо ҷисм анҷом медиҳед? Оё беҳуда ин қадар заҳмат кашидаед? Магар ин ки ба ростӣ беҳуда бошад! Пас, Он ки Рӯҳро ба шумо мебахшад ва дар миёни шумо муъҷизаҳо ба амал меоварад, оё инро ба воситаи корҳои шариат мекунад ё ба воситаи мавъизаи имон? Чунончи, Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ росткорӣ ҳисобида шуд. Пас донед, ки аҳли имон писарони Иброҳиманд. Ва Китоб чун пештар дид, ки Худо халқҳоро ба воситаи имон сафед мекунад, пешакӣ ба Иброҳим башорат дода, гуфт: “Дар ту ҳамаи халқҳо баракат меёбанд”. Бинобар ин аҳли имон бо Иброҳими имондор баракат меёбанд. Лекин тамоми аҳли корҳои шариат зери лаънат мебошанд; зеро навишта шудааст: “Лаънатӣ аст ҳар касе ки ҳар чизи дар китоби шариат навишташударо ҳамеша ба ҷо намеоварад”. Ва равшан аст, ки ҳеҷ кас ба воситаи шариат назди Худо сафед намешавад, чунки “росткор бо имон зиндагӣ мекунад”. Аммо шариат аз имон нест, балки “одам онҳоро ба ҷо оварда, бо онҳо зиндагӣ мекунад”. Масеҳ моро аз лаънати шариат бозхарида, барои мо лаънат гардид, — зеро навишта шудааст: “Лаънатӣ аст ҳар кӣ ба дор овехта шудааст”, — то баракати Иброҳим ба воситаи Масеҳ Исо ба халқҳо насиб шавад, то ваъдаи Рӯҳро ба воситаи имон пайдо кунем. Эй бародарон! Ба таври одамӣ сухан мегӯям: ҳатто васиятеро, ки одамизод тартиб дода бошад, ҳеҷ кас аз эътибор берун намекунад ва чизе ба он илова наменамояд. Лекин ваъдаҳо ба Иброҳим ва ба насли ӯ дода шудаанд. Нагуфтааст: “ва ба наслҳо”, гӯё дар бораи бисёре, балки дар бораи яке: “ва ба Насли ту”, ки он Масеҳ аст. Ва ман чунин мегӯям: аҳдеро, ки Худо пештар дар бораи Масеҳ бастааст, шариат, ки пас аз чорсаду сӣ соли он пайдо шуд, аз эътибор берун намекунад, ба тавре ки ваъда аз байн равад. Зеро, агар мерос аз рӯи шариат бошад, он дигар аз рӯи ваъда нест; аммо Худо онро аз рӯи ваъда ба Иброҳим ато намудааст. Пас, шариат барои чист? Он баъдтар аз сабаби хатокориҳо дода шудааст, то вақти омадани Насле ки ваъда ба Ӯ дахл дорад, ва он ба воситаи фариштаҳо бо дасти миёнарав фармуда шудааст. Аммо миёнарав барои як кас намешавад, вале Худо як аст. Пас, оё шариат ба ваъдаҳои Худо мухолиф аст? Ҳеҷ гоҳ! Зеро, агар шариате дода мешуд, ки ҳаёт бахшида тавонад, росткорӣ ҳақиқатан аз шариат мебуд. Аммо Китоб ҳама чизро зери банди гуноҳ донистааст, то ба воситаи имон ба Исои Масеҳ ваъда ба имондорон ато шавад. Аммо пеш аз омадани имон зери посбонии шариат нигоҳ дошта мешудем, то даме ки имон бояд ошкор мешуд. Пас, шариат тарбиятгари мо гардид, то моро ба Масеҳ расонад, то ба воситаи имон сафед шавем. ммо ҳангоме ки имон омад, мо дигар зери дасти тарбиятгар нестем. Зеро ҳамаи шумо ба воситаи имон дар Масеҳ Исо писарони Худоед; зеро ҳамаи шумо, ки дар Масеҳ таъмид ёфтаед, Масеҳро дар бар кардаед. Дигар на яҳудӣ ҳаст, на юнонӣ; на ғулом ҳаст, на озод; на мард ҳаст, на зан; зеро ҳамаи шумо дар Масеҳ Исо як ҳастед. Ва агар шумо аз они Масеҳ бошед, пас насли Иброҳим ҳастед, ва мувофиқи ваъда ворисонед. Аммо мегӯям: то даме ки ворис кӯдак аст, аз ғулом ҳеҷ фарқ надорад, гарчанде ки хоҷаи ҳама чиз аст; балки зери дасти парасторон ва вакилон аст, то мӯҳлате ки падараш муайян намудааст. Ҳамчунин мо, то даме ки кӯдак будем, ғуломи қоидаҳои ҷаҳон будем; вале ҳамин ки пуррагии замон даррасид, Худо Писари Худро фиристод, ки Ӯ аз зан таваллуд ёфта, зери шариат буд, то онҳоеро, ки зери шариат буданд, бозхарад, то ба писарӣ қабул шавем. Ва азбаски шумо писарон ҳастед, Худо ба дилҳои шумо Рӯҳи Писари Худро фиристодааст, ки нидо мекунад: “Або, Падар!” Бинобар ин ту дигар ғулом нестӣ, балки писарӣ; ва агар писар бошӣ, ба воситаи Масеҳ вориси Худо низ ҳастӣ. Лекин дар он замон, ки Худоро намешинохтед, бандаи онҳое будед, ки аслан худоён набуданд; аммо акнун, ки Худоро мешиносед, ё беҳтар гӯем, Худо шуморо мешиносад, чӣ гуна боз сӯи он қоидаҳои нотавону беарзиш баргашта, аз нав бандаи онҳо будан мехоҳед? Рӯзҳо, моҳҳо, фаслҳо ва солҳоро риоя мекунед. Барои шумо хавотир дорам, ки мабодо дар миёни шумо беҳуда меҳнат карда бошам. Эй бародарон, аз шумо хоҳишмандам, ки монанди ман бошед, чунки ман ҳам монанди шумо ҳастам; шумо маро ҳеҷ озор надодаед. Шумо медонед, ки ман бори аввал дар сустии ҷисм ба шумо башорат додам; ва шумо озмоиши маро дар ҷисмам хор нашумурдед ва аз он нафрат накардед, балки маро чунон пазироӣ намудед, ки фариштаи Худо ё Масеҳ Исо бошам. Пас чӣ буд он хушбахтии шумо? Зеро ба шумо гувоҳӣ медиҳам, ки агар имконпазир мебуд, чашмони худро канда гирифта, ба ман медодед. Оё акнун, чун ҳақиқатро ба шумо мегӯям, душманатон шудаам? Онҳо барои шумо ба некӣ ғайрат намекунанд, балки шуморо /аз мо/ ҷудо кардан мехоҳанд, то шумо барои онҳо ғайрат кунед. Дар кори хайр ҳамеша ғайрат кардан хуб аст, на танҳо вақте ки ман назди шумо бошам. Эй фарзандони ман, ки барои таваллудатон ман аз нав азоб мекашам, то даме ки дар шумо Масеҳ сурат бандад! Хоҳиш доштам, ки акнун назди шумо бошам ва овози худро тағйир диҳам, зеро аз шумо ҳайрон мондаам. Шумо, ки мехоҳед зери шариат бошед, ба ман гӯед, ки оё ба шариат гӯш намеандозед? Зеро навишта шудааст, ки Иброҳим ду писар дошт, яке аз каниз ва дигаре аз зани озод. Лекин он ки аз каниз буд, аз рӯи ҷисм таваллуд шудааст, ва он ки аз зани озод буд, мувофиқи ваъда. Ин маҷоз аст, зеро ин ду аҳд аст: яке аз кӯҳи Сино, ки барои ғуломӣ мезояд, ва ин Ҳоҷар аст, зеро Ҳоҷар кӯҳи Сино дар Арабистон аст ва ба Уршалими ҳозира мувофиқ меояд, ва он бо фарзандони худ дар ғуломӣ мебошад; аммо Уршалими боло озод аст, ки он модари ҳамаи мост; зеро навишта шудааст: “Шод бош, эй нозой, ки намезоӣ; Хурсандӣ ва нидо кун, ки дарди зоиш намекашӣ; Зеро фарзандони зани бекас назар ба шавҳардор бештаранд”. Вале мо, эй бародарон, монанди Исҳоқ, фарзандони ваъда ҳастем. Аммо чунон ки он вақт аз рӯи ҷисм таваллудшуда аз рӯи Рӯҳ таваллудшударо таъқиб мекард, акнун низ чунин аст. Аммо Китоб чӣ мегӯяд? “Каниз ва писари ӯро пеш кун, зеро писари каниз бо писари зани озод мерос намегирад”. Пас, эй бародарон, мо фарзандони каниз нестем, балки фарзандони зани озодем. Пас, дар озодие ки Масеҳ моро барои он озод кардааст, устувор истед ва аз нав гирифтори юғи ғуломӣ нашавед. Инак, ман, Павлус, ба шумо мегӯям: агар хатна мешуда бошед, Масеҳ ба шумо ҳеҷ фоида намебахшад. Ва ман боз ба ҳар каси хатнашаванда гувоҳӣ медиҳам, ки ӯ бояд тамоми шариатро ба ҷо оварад. Шумо, ки худро бо шариат сафед мекунед, аз Масеҳ ҷудо шудаед, аз файз маҳрум гардидаед. Зеро мо дар Рӯҳ аз имон мунтазири умеди росткорӣ ҳастем. Зеро дар Масеҳ Исо на хатна аҳамият дорад ва на бехатнагӣ, балки имоне ки бо муҳаббат амал мекунад. Нағз медавидед: кӣ шуморо аз итоати ростӣ боздошт? Ин таъсир аз ҷониби Даъваткунандаи шумо нест. Андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонад. Ман ба шумо дар Худованд эътимод дорам, ки ҳеҷ фикри дигаре надоред, ва касе ки шуморо саргаранг мекунад, ҳар кӣ бошад ҳам, маҳкум мешавад. Валекин, эй бародарон, агар ман ҳанӯз хатнаро мавъиза мекарда бошам, чаро то ҳол гирифтори таъқибот мешавам? Он гоҳ норозигӣ аз салиб дигар намебуд! Кошки онҳое ки шуморо саргаранг мекунанд, ахта мешуданд! Зеро шумо, эй бародарон, ба озодӣ даъват шудаед, аммо озодӣ баҳонае барои /ҳавасҳои/ ҷисм нашавад, балки бо муҳаббат бандаи якдигар бошед. Зеро тамоми шариат аз як сухан иборат аст, яъне: “Ёратро монанди худат дӯст дор”. Аммо агар шумо якдигарро газида, мехӯрда бошед, эҳтиёт шавед, ки мабодо аз дасти якдигар несту нобуд гардед. Вале ман мегӯям: дар Рӯҳ рафтор кунед, ва шумо ҳавасҳои ҷисмро ба амал намеоваред. Зеро ҷисм хилофи Рӯҳро хоҳон аст, ва Рӯҳ хилофи ҷисмро: онҳо зидди якдигаранд, ба тавре ки шумо он чи мехостед, намекунед. Лекин агар роҳнамоятон Рӯҳ бошад, зери шариат нестед. Корҳои ҷисм маълуманд, ки инҳоянд: зино, фосиқӣ, нопокӣ, бадахлоқӣ, бутпарастӣ, ҷодугарӣ, душманӣ, ҷанҷол, рашк, хашм, худхоҳӣ, ихтилофот, бидъатҳо, ҳасад, одамкушӣ, бадмастӣ, айшу ишрат ва монанди ин; шуморо пешакӣ огоҳ менамоям, чунон ки пештар ҳам огоҳ намудаам, ки кунандагони чунин корҳо Подшоҳии Худоро мерос намегиранд. Аммо самари Рӯҳ инҳост: муҳаббат, шодӣ, осоиш, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, некӯӣ, вафодорӣ, ҳалимӣ, худдорӣ. Ба инҳо ҳеҷ шариате муқобил нест. Лекин онҳое ки аз они Масеҳ мебошанд, ҷисмро бо ҳирсҳо ва ҳавасҳояш ба салиб кашидаанд. Агар мо дар Рӯҳ зиндагӣ мекарда бошем, бояд дар Рӯҳ рафтор ҳам кунем: Ҳавобаланд нашавем, якдигарро асабӣ накунем, ба якдигар ҳасад набарем. Эй бародарон, агар касе гирифтори хатое шавад, шумо, рӯҳониён, ӯро дар рӯҳи ҳалимӣ ислоҳ кунед; ва аз худ бохабар бош, ки мабодо ба озмоиш дучор шавӣ. Борҳои якдигарро бардоред, ва ҳамин тавр шариати Масеҳро ба ҷо оваред. Зеро агар касе худро чизе ҳисоб кунад, дар ҳоле ки ҳеҷ бошад, худро фиреб медиҳад. Бигзор ҳар кас амали худро имтиҳон намояд, ва он гоҳ танҳо дар худ фахр дорад, на дар дигаре; зеро ҳар кас бори худро мебардорад. Он ки дар калом таълим меёбад, бигзор муаллими худро дар ҳамаи чизҳои хуб шарик созад. Фирефта нашавед: Худо намегузорад, ки Ӯро масхара кунанд. Зеро он чи одамизод мекорад, ҳамонро медаравад. Касе ки барои ҷисми худ мекорад, аз ҷисм фасодро медаравад, ва касе ки барои Рӯҳ мекорад, аз Рӯҳ ҳаёти абадиро медаравад. Ва аз некӣ кардан хаста нашавем; зеро дар вақташ медаравем, агар сустӣ накунем. Аз ин рӯ, то даме ки фурсат дорем, ба ҳама некӣ кунем, хусусан ба аҳли байти имон. Бинед, бо чӣ гуна ҳарфҳои калон ба шумо бо дасти худ навиштаам. Онҳое ки дар ҷисм фахр кардан мехоҳанд, шуморо ба хатна шудан водор менамоянд, танҳо барои он ки аз боиси салиби Масеҳ ба таъқибот гирифтор нашаванд. Зеро худи хатнакунандагон низ шариатро риоя намекунанд, лекин мехоҳанд, ки шумо хатна шавед, то бо ҷисми шумо фахр кунанд. Ва чунин мабод, ки ман фахр кунам, ҷуз бо салиби Худованди мо Исои Масеҳ, ки ба воситаи он ҷаҳон барои ман ба салиб кашида шудааст, ва ман барои ҷаҳон. Зеро дар Масеҳ Исо на хатна аҳамияте дорад ва на бехатнагӣ, балки офариниши нав. Ва онҳое ки мувофиқи ҳамин қоида рафтор мекунанд, осоиш ва марҳамат бар онҳо бод, ва бар Исроили Худо! Минбаъд бигзор ҳеҷ кас маро азоб надиҳад, зеро ман дар бадани худ доғҳои Худованд Исоро дорам. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бод, эй бародарон. Омин.  Павлус, ки бо хости Худо расули Исои Масеҳ аст, ба муқаддасоне ки дар Эфесус мебошанд ва дар Масеҳ Исо вафодоранд: файз ва осоиш аз ҷониби Худо, Падари мо, ва Худованд Исои Масеҳ бар шумо бод. Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки моро бо ҳар баракати рӯҳоние ки дар /ҷойҳои/ осмонӣ аст, дар Масеҳ баракат додааст, чунон ки моро пеш аз бунёдшавии ҷаҳон дар Ӯ интихоб кардааст, то пеши рӯи Ӯ дар муҳаббат муқаддас ва беайб бошем. Моро пешакӣ муайян намудааст, ки ба воситаи Исои Масеҳ барои Худ, аз рӯи хушнудии хости Худ ба писарӣ қабул кунад, барои ситоиши ҷалоли файзи Худ, ки бо он моро дар Дӯстдошта бахшидааст. Дар Ӯ мо бо хуни Ӯ раҳоӣ ва бахшоиши хатоҳоро мувофиқи сарвати файзи Ӯ пайдо кардаем, ки онро Ӯ ба мо ба фаровонӣ ато намуда, ҳамроҳи ҳар ҳикмату хирад сирри хости Худро, ки пештар аз рӯи хушнудии Худ дар Худ муқаррар намуд, ба мо маълум кардааст. Ҳангоме ки идораи пуррагии замонҳо /муяссар гардад, Худо/ ҳама чизро, хоҳ дар осмон бошад, хоҳ дар замин, зери сардории Масеҳ, яъне дар Ӯ ҷамъ мекунад. Мо низ дар Ӯ, ки ҳама чизро мувофиқи нақшаи хости Худ ба амал меоварад, аз рӯи таъйиноти Ӯ пешакӣ муайян шуда, меросро ба даст овардаем, то мо, ки пештар ба Масеҳ умед бастаем, барои ситоиши ҷалоли Ӯ бошем. Шумо низ дар Ӯ ҳастед, чун каломи ростӣ, яъне башорати наҷоти худро шунидаед; дар Ӯ низ, чун имон овардаед, бо Рӯҳулқудси ваъдашуда мӯҳр зада шудаед, ки гарави мероси мост то замоне ки мулки /Худо/ бозхарида шавад, барои ситоиши ҷалоли Ӯ. Бинобар ин ман низ, ҳангоме ки аз имони шумо ба Худованд Исо ва аз муҳаббати шумо ба ҳамаи муқаддасон хабардор шудам, шукргузориро барои шумо бас намекунам ва шуморо дар дуоҳои худ ёд мекунам, то Худои Худованди мо Исои Масеҳ, Падари ҷалол, рӯҳи ҳикмат ва ваҳйро дар шинохтани Худ ба шумо ато намояд, ва чашмони дили шуморо равшан созад, то шумо донед, ки умеди даъвати Ӯ аз чӣ иборат аст, ва сарвати ҷалоли мероси Ӯ дар муқаддасон чӣ гуна аст, ва бузургии қуввати Ӯ дар мо, ки имон дорем, чӣ гуна аз ҳад берун аст. /Он қувват/ аз рӯи амали тавоноии қудрати Ӯст, ки дар Масеҳ амал кардааст, ҳангоме ки Ӯро аз мурдагон бархезонд ва аз дасти рости Худ дар ҷойҳои осмонӣ шинонд, болотар аз ҳар сарварӣ ва ҳукуматдорӣ ва қудрат ва ҳукмронӣ ва ҳар номе ки на танҳо дар ин давра, балки дар давраи оянда низ хонда мешавад; ва ҳама чизро зери пойҳои Ӯ тобеъ намуд, ва Ӯро чун сари ҳама чиз ба ҷамоат дод, ки он бадани Ӯст, пуррагии Ӯст, ки ҳама чизро дар ҳама пур мекунад. Шуморо низ, ки дар хатоҳо ва гуноҳҳо мурда будед, /зинда гардонд/. Дар онҳо шумо як вақте мувофиқи давраи ин дунё рафтор мекардед, аз рӯи /хости/ мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе ки ҳоло дар писарони саркашӣ амал мекунад. Дар миёни онҳо ҳамаи мо низ як вақте аз рӯи ҳавасҳои ҷисми худ зиндагӣ карда, хоҳишҳои ҷисм ва хаёлотро ба ҷо меовардем ва табиатан чун дигарон фарзандони ғазаб будем. Аммо Худо, ки аз марҳамат давлатманд аст, ба хотири муҳаббати бузурги Худ, ки ба мо дошт, моро, агарчи дар хатоҳо мурда будем, бо Масеҳ зинда кард, — бо файз наҷот ёфтаед, — ва бо Ӯ моро бархезонд ва дар ҷойҳои осмонӣ дар Масеҳ Исо шинонд, то дар давраҳои оянда сарвати беҳадди файзи Худро дар некӯие ки ба мо дар Масеҳ Исо дорад, нишон диҳад. Зеро шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, /балки/ атои Худост, /ва/ аз амалҳо нест, то ҳеҷ кас фахр накунад. Зеро мо сохтаи дасти Ӯ ҳастем ва дар Масеҳ Исо барои корҳои нек офарида шудаем, — /корҳое/ ки Худо пешакӣ омода намудааст, то дар онҳо қадамгузор бошем. Пас дар ёд дошта бошед, ки як вақте аз рӯи ҷисм шумо халқҳо будед, ва касоне ки аҳли хатна номида мешаванд, шуморо бехатна меномиданд, вале хатнаи онҳо бо дасти инсон дар ҷисм ба амал оварда мешавад; дар он замон шумо бе Масеҳ, аз шаҳрвандии Исроил ҷудо ва нисбат ба аҳдҳои ваъда бегона будед, дар ҷаҳон бе умед ва бе Худо будед. Аммо акнун, дар Масеҳ Исо, шумо, ки як вақте дур будед, бо хуни Масеҳ наздик шудаед. Зеро Ӯ осоиши мост, ки ҳар дуро як гардонд ва девори ҷудоиро, яъне душманиро дар ҷисми Худ хароб кард, ва шариати фармудаҳоро, /ки/ аз фаризаҳо /иборат буд/, бартараф намуд, то дар Худ аз ҳар ду як одами навро офарида, осоиш барпо кунад, ва ба воситаи салиб душманиро кушта, дар як бадан ҳар дуро бо Худо оштӣ диҳад. Ӯ ба шумо, ки дур будед, ва ба онҳое ки наздик буданд, омад, ва осоишро башорат дод, зеро ба воситаи Ӯ ҳар дуи мо иҷозат дорем дар як Рӯҳ ба Падар наздик шавем. Пас шумо акнун на ғайр ҳастед ва на бегона, балки ҳамватани муқаддасонед ва аҳли хонаи Худо, ва бар таҳкурсии расулон ва пайғамбарон бино шудаед, ки Худи Исои Масеҳ санги гӯша аст. Дар Ӯ тамоми бино пайваст шуда, ба ибодатхонаи муқаддасе дар Худованд нашъунамо мекунад, ва дар Ӯ шумо низ бино мешавед, то дар Рӯҳ маскани Худо бошед. Аз ин сабаб ман, Павлус, ба хотири шумо, халқҳо, бандии Исои Масеҳ ҳастам. Албатта шумо дар бораи коргузории файзи Худо, ки ба ман барои шумо ато шудааст, шунидаед, ки ба воситаи ваҳй сирре ба ман маълум шудааст, чунон ки дар бораи он мухтасаран дар боло навиштаам, ва онро хонда, метавонед фаҳми маро дар сирри Масеҳ пай баред. Он дар наслҳои пешина ба банӣ-одам маълум нашуда буд, чунон ки ҳоло ба расулони муқаддаси Ӯ ва ба пайғамбарон ба воситаи Рӯҳ ошкор шудааст, ки халқҳо дар Масеҳ ба воситаи Инҷил дар мерос ва дар бадан ва дар баҳрамандӣ аз ваъдаи Ӯ шариканд. Ман мувофиқи атои файзи Худо, ки бо амали қуввати Ӯ ба ман дода шудааст, хизматгузори он гардидаам. Ба ман, ки хурдтарини ҳамаи муқаддасонам, ин файз дода шудааст, ки сарвати таҳқиқнопазири Масеҳро дар миёни халқҳо башорат диҳам ва ба ҳама равшан намоям, ки чист коргузории сирре ки аз азал ниҳон буд дар Худое ки ҳама чизро ба воситаи Исои Масеҳ офарид, то ки акнун ба воситаи ҷамоат ба сарвариҳо ва қудратҳои ҷойҳои осмонӣ ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад, мувофиқи нақшаи абадӣ, ки онро Ӯ дар Худованди мо Масеҳ Исо кашидааст, ки дар Ӯ ва ба воситаи имон ба Ӯ иҷозат дорем бо ҷасорату дилпурӣ наздик шавем. Ба ин сабаб хоҳишмандам, ки аз боиси азобе ки ман ба хотири шумо дорам, ноумед нашавед, ки он фахри шумост. Бинобар ин назди Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки аз Ӯ ҳар хонавода дар осмон ва бар замин ном мегирад, зону мезанам, ки Ӯ мувофиқи сарвати ҷалоли Худ ато фармояд, ки шумо бо Рӯҳи Ӯ дар одами ботин боқувват ва зӯрманд шавед, ва Масеҳ ба воситаи имон дар дилҳои шумо сокин гардад, то дар муҳаббат реша давонда ва пойдор шуда, бо ҳамаи муқаддасон дарёфта тавонед, ки чист фарохию дарозӣ ва пастию баландӣ, ва муҳаббати Масеҳро, ки аз дониш болотар аст, донед, то бо тамоми пуррагии Худо пур шавед. Ӯро, ки метавонад бо қуввате ки дар мо фаъол аст, беандоза зиёдтар аз ҳар он чи мо мехоҳем ё фикр мекунем, амал кунад, Ӯро дар ҷамоат ва дар Масеҳ Исо аз насл ба насл то абад ҷалол бод, омин. Пас ман, ки дар Худованд бандӣ ҳастам, аз шумо хоҳишмандам, ки шоистаи даъвате ки ба он хонда шудаед, рафтор кунед, бо тамоми фурӯтанӣ ва ҳалимӣ ва бо пурсабрӣ якдигарро дар муҳаббат бардошт намоед, ва саъю кӯшиш кунед, ки ягонагии Рӯҳро бо банди осоиш нигоҳ доред: Як бадан ҳаст ва як Рӯҳ, чунон ки низ ба як умеди даъвати худ хонда шудаед; як Худованд ҳаст, як имон, як таъмид, як Худо ва Падари ҳама, ки Ӯ бар болои ҳама ва ба воситаи ҳама ва дар ҳамаи мо мебошад. Аммо ба ҳар яке аз мо файз ба андозаи атои Масеҳ бахшида шудааст. Бинобар ин гуфта шудааст: “Ба афроз боло рафта, Асиронро ба асирӣ бурд Ва ба одамон атоҳо дод”. Ва “боло рафт” /гуфтан/ чист, ғайр аз ин ки Ӯ пештар ба ҷойҳои пасттари замин фуруд ҳам омада буд? Он ки фуруд омада буд, Ҳамон аст, ки болотар аз тамоми осмонҳо боло ҳам рафт, то ҳама чизро пур кунад. Ӯ баъзеро чун расул, баъзеро чун пайғамбар, баъзеро чун башоратдиҳанда, баъзеро чун шубон ва муаллим дод, барои такмили муқаддасон, ба кори хизмат, барои обод намудани бадани Масеҳ, то даме ки ҳамаамон ба ягонагии имон ва шиносоии Писари Худо, ба /дараҷаи/ марди комил, ба андозаи бузургии пурраи Масеҳ расем, то мо дигар кӯдаконе набошем, ки бо боди ҳар таълим калавонда ва ронда мешаванд, аз найрангбозии одамоне ки бо фиреби ҳила гумроҳ мекунанд, балки дар муҳаббат ростиро баён намуда, мо дар ҳар чиз сӯи Он ки Сар аст, яъне сӯи Масеҳ нашъунамо кунем. Аз Ӯ тамоми бадан ба воситаи ҳар гуна пайвандҳои нигоҳдоранда мустаҳкам ва пайваст шуда, ба андозаи амали ҳар як узв нашъунамо меёбад, то худро дар муҳаббат обод кунад. Пас инро мегӯям ва дар Худованд гувоҳӣ медиҳам, ки шумо акнун он гуна рафтор накунед, ки халқҳои дигар аз рӯи хаёлоти ҳеҷу пучи худ рафтор мекунанд. Ба сабаби нодонӣ ва дилсахтие ки ба онҳо хос аст, ақлашон тира гардида, онҳо аз ҳаёти Худо бегона шудаанд. Онҳо беҳис шуда, ба бадахлоқӣ дода шудаанд, ба тавре ки ҳар кори нопокро ҳарисона ба ҷо меоваранд. Вале шумо Масеҳро ин тавр ёд нагирифтаед, дар ҳоле ки Ӯро шунидаед ва дар Ӯ таълим гирифтаед, аз рӯи ростие ки дар Исо аст, пас, аз ҷиҳати рафтори пештара одами кӯҳнаро, ки дар майлҳои дилфиреб вайрон мешавад, аз худ бадар кунед, ва дар рӯҳи хиради худ нав шавед, ва одами навро, ки ба сурати Худо дар росткорӣ ва муқаддасии ҳақиқӣ офарида шудааст, дар бар кунед. Бинобар ин, дурӯғро аз худ бадар карда, “ҳар яке ба ёри худ рост гӯед”, чунки мо узвҳои якдигарем. Агар хашмгин шуда бошед, гуноҳ накунед ва нагузоред, ки хашми шумо то ғуруби офтоб боқӣ монад; ва ба иблис ҷой надиҳед. Касе ки дуздӣ кардааст, дигар дуздӣ накунад, балки меҳнат карда, бо дастҳои худ кори фоиданоке ба ҷо оварад, то чизе дошта бошад, ки ба эҳтиёҷманде бахшад. Ҳеҷ як сухани бад аз даҳонатон набарояд, балки танҳо сухани нек, ки дар вақти эҳтиёҷ барои обод кардан бошад, то ба шунавандагонаш файз бахшад. Ва Рӯҳулқудси Худоро, ки бо Он ба /интизори/ рӯзи халосӣ мӯҳр зада шудаед, андӯҳгин накунед. Ҳар гуна талхӣ ва хашм ва ғазаб ва фарёд ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар гуна бадӣ дур шавад; балки ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро бахшед, чунон ки Худо низ шуморо дар Масеҳ бахшидааст. Пас чун фарзандони дӯстдошта ба Худо тақлид намоед, ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо ҳамчун ҳадия ва қурбонӣ ба Худо, ҳамчун бӯи хуш дод. Лекин фосиқӣ ва ҳар гуна нопокӣ ё тамаъкорӣ набояд дар байни шумо ҳатто зикр ёбад, чунон ки ба муқаддасон муносиб аст; ҳамчунин /гуфтори/ зишт ва беҳудагӯӣ ё шӯхии бемаънӣ, ки аз рӯи одоб нест, набояд бошад, балки шукргузорӣ бояд кард. Зеро инро медонед, ки ҳеҷ як фосиқ, ё нопок, ё тамаъкор, ки вай бутпараст аст, дар Подшоҳии Масеҳ ва Худо мерос надорад. Бигзор ҳеҷ кас шуморо бо гапҳои беҳуда фирефта накунад, зеро барои ин ғазаби Худо бар писарони саркашӣ меояд. Пас, шарики онҳо нашавед. Зеро замоне торикӣ будед, вале акнун нуре дар Худованд ҳастед: чун фарзандони нур рафтор кунед, чунки самари Рӯҳ аз ҳар некӯӣ, росткорӣ ва ҳақиқат иборат аст; ва таҳқиқ кунед, ки он чи Худованд меписандад, чист. Ва дар амалҳои бесамари торикӣ иштирок накунед, балки онҳоро фош намоед. Зеро дар бораи корҳое ки онҳо пинҳонӣ мекунанд, гап задан ҳам нанговар аст. Аммо ҳамаи ин фош гардида, дар нур намоён мешавад, зеро ҳар он чи намоён мешавад, нур аст. Бинобар ин гуфта шудааст: “Эй ту, ки дар хобӣ, бедор шав Ва аз мурдагон бархез, То Масеҳ бар ту дурахшад”. Пас, нигоҳ кунед, ки чӣ гуна бо диққат рафтор менамоед, на чун бехирадон, балки чун хирадмандон, ва фурсатро ғанимат донед, чунки ин рӯзҳо бад мебошанд. Бинобар ин нодон набошед, балки фаҳмед, ки хости Худо чист. Ва масти май нашавед, ки аз он бадахлоқӣ ба амал меояд; балки аз Рӯҳ пур шавед, ва ба якдигар бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ сухан гӯед ва дар дилҳои худ барои Худованд сароед ва тарона хонед, ҳамеша барои ҳама чиз Худои Падарро ба номи Худованди мо Исои Масеҳ шукр гӯед, дар тарси Худо фармонбардори якдигар шавед. Эй занон, фармобардори шавҳарони худ шавед, монанди он ки ба Худованд бошад, чунки шавҳар сари зан аст, чунон ки Масеҳ сари ҷамоат аст; ва Ӯ Наҷотдиҳандаи бадан аст. Аммо, чунон ки ҷамоат ба Масеҳ фармонбардор аст, занон низ бояд аз ҳар ҷиҳат ба шавҳарони худ фармонбардор бошанд. Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ҷамоатро дӯст дошт ва Худро барои он дод, то онро бо шустушӯи об пок карда, ба воситаи калом муқаддас гардонад, ва назди Худ ҷамоатро дар шукӯҳе ҳозир созад, ки на доғе дошта бошад, на нуқсоне, на чизе монанди ин, балки муқаддас ва беайб бошад. Ҳамин гуна бояд шавҳарон занони худро ҳамчун бадани худ дӯст доранд: он ки зани худро дӯст дорад, худро дӯст медорад. Зеро ҳеҷ кас ҳаргиз ҷисми худро бад намебинад, балки онро ғизо медиҳад ва гарм мекунад, чунон ки Худованд низ ҷамоатро; чунки мо узвҳои бадани Ӯ ҳастем, аз ҷисми Ӯ ва аз устухонҳои Ӯ. “Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад, ва ҳар ду як тан мешаванд”. Ин сир бузург аст, вале ман нисбат ба Масеҳ ва ҷамоат сухан мегӯям. Пас бигзор ҳар яке аз шумо зани худро монанди худ дӯст дорад, ва зан аз шавҳари худ тарсад. Эй фарзандон, ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ин аз рӯи инсоф аст. “Падару модари худро эҳтиром намо”, ин аст фармудаи аввалин бо ваъда: “то некӯаҳвол бошӣ ва бар замин умри дароз бинӣ”. Ва шумо, эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, балки онҳоро бо таълимот ва тарбияти Худованд калон кунед. Ғуломон ва хоҷагон Эй ғуломон, ба хоҷагони заминии худ бо тарсу ларз ва бо содадилӣ, монанди он ки ба Масеҳ бошад, итоат намоед, на бо хизмати зоҳирӣ, ҳамчун одампарастон, балки ҳамчун ғуломони Масеҳ, ки хости Худоро аз таҳти дил ба ҷо меоваранд. Ғайратмандона бандагӣ намоед, монанди он ки ба Худованд бошад, на ба одамон, зеро медонед, ки ҳар кас, хоҳ ғулом бошад, хоҳ озод, ба андозаи кори неке ки кардааст, аз Худованд подош мегирад. Ва шумо, эй хоҷагон, ба онҳо низ ҳамин гуна амал кунед, ва аз таҳдид даст кашед, ва донед, ки бар сари шумо ҳам дар осмон Хоҷае ҳаст, ва Ӯ рӯйбинӣ надорад. Ниҳоят, эй бародаронам, дар Худованд ва дар тавоноии қудрати Ӯ устувор шавед. Аслиҳаи томи Худоро дар бар кунед, то бар зидди ҳилаҳои иблис истодагарӣ намуда тавонед. Чунки муборизаи мо на бар зидди хун ва ҷисм аст, балки бар зидди сарвариҳо, бар зидди қудратҳо, бар зидди ҷаҳондорони ин давраи торик аст, бар зидди қувваҳои рӯҳонии бадӣ дар ҷойҳои осмонӣ. Бинобар ин, аслиҳаи томи Худоро гиред, то дар рӯзи бад муқобилат намуда ва ҳама корҳоро анҷом дода, истодагарӣ карда тавонед. Пас, бо ҳақиқат камар баста ва ҷавшани росткориро дар бар карда, истед, ва пойафзоли омодагиро барои расондани Инҷили осоиш ба пои худ пӯшед, дар айни ҳол сипари имонро гиред, ки бо он ҳамаи тирҳои тафсони шарирро хомӯш карда метавонед; ва хӯди наҷотро гиред, ва шамшери Рӯҳро, ки каломи Худост; дар ҳар вақт дар Рӯҳ бо ҳар дуо ва илтимос дуо гӯед, ва барои ҳамин бедор бошед, бо ҳар пойдорӣ ва илтимос барои ҳамаи муқаддасон, барои ман низ /дуо гӯед/, то ба ман калом ато шавад, ки даҳон кушода, сирри Инҷилро бо ҷуръат баён намоям, ки барои он ман дар занҷирҳо вазифаи сафирро ба ҷо меоварам, то далерона ва ба таври даркорӣ сухан гӯям. Ва барои он ки шумо низ аз вазъиятам ва корҳоям огоҳ шавед, Тихиқус, ки бародари азиз ва хизматгузори бовафо дар Худованд аст, шуморо аз ҳар хусус хабардор мекунад, ки ӯро барои ҳамин назди шумо фиристодам, то аз вазъияти мо огоҳ бошед, ва ӯ дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад. Бародаронро осоиш ва муҳаббат бо имон аз ҷониби Худои Падар ва Худованд Исои Масеҳ бод. Бо ҳамаи онҳое ки ба Худованди мо Исои Масеҳ муҳаббати намиранда доранд, файз бод, омин.  Павлус ва Тимотиюс, бандагони Исои Масеҳ, ба ҳамаи муқаддасон дар Масеҳ Исо, ки дар Филиппӣ мебошанд, бо нигаҳбонон ва хизматгузорон: Файз ва осоиш аз ҷониби Худо, Падари мо, ва Худованд Исои Масеҳ бар шумо бод. Ҳар боре ки шуморо ёд мекунам, Худои худро шукр мегӯям ва ҳамеша дар ҳар дуои худ барои ҳамаи шумо бо шодӣ дуо мегӯям, барои иштироки шумо дар башорат аз рӯзи аввал то ҳол, ва дилпурам, ки Ӯ ки дар шумо кори хайрро сар кардааст, онро то рӯзи Исои Масеҳ ба анҷом мерасонад; чунон ки маро сазовор аст дар бораи ҳамаи шумо ҳамин гуна фикр кунам, чунки шумо дар дили ман ҷойгир шудаед, ки ҳам дар занҷирҳоям ва ҳам дар муҳофизату исботи Инҷил ҳамаатон шарики ман дар файз ҳастед. Худо маро шоҳид аст, ки ман бо меҳри Исои Масеҳ пазмони ҳамаи шумо ҳастам. Ва дар он хусус дуо мегӯям, ки муҳаббати шумо дар дониш ва камоли фаҳм торафт афзунтар гардад, то дарёбед, ки чӣ беҳтар аст. Он гоҳ дар рӯзи Масеҳ пок ва беайб мешавед, ва аз самарҳои росткорӣ пур мешавед, ки онҳо ба воситаи Исои Масеҳ барои ҷалол ва ситоиши Худоянд. Эй бародарон, мехоҳам донед, ки он чи бо ман рӯй дод, боиси пешрафти зиёдтари башорат гардидааст. Занҷирҳои ман ба хотири Масеҳ ба тамоми сарбозхона ва ба ҳамаи дигарон маълум шудааст, ва аксари бародарон дар Худованд аз занҷирҳои ман устувор гардида, бештар ҷуръат мекунанд, ки каломи Худоро бе тарс гӯянд. Дуруст аст, ки баъзе аз ҳасад ва рақобат, ва баъзеи дигар аз хайрхоҳӣ Масеҳро мавъиза менамоянд. Баъзеҳо аз худхоҳӣ, на бо дили соф Масеҳро мавъиза менамоянд, ба гумони он ки гаронии занҷирҳои маро афзун мекунанд, вале дигарон аз муҳаббат, чун медонанд, ки ман барои муҳофизати Инҷил /дар ин ҷо/ гузошта шудаам. Хайр, чӣ мешавад? Масеҳро ба ҳар тарз, риёкорона ё самимона, мавъиза намоянд ҳам, ман аз ин шодам, ва шодӣ хоҳам кард, зеро медонам, ки ин боиси халосии ман мешавад, ба воситаи дуои шумо ва бо ёрии Рӯҳи Исои Масеҳ, ва бо майли том мунтазир ва умедворам, ки дар ҳеҷ хусус шарманда намешавам, балки бо камоли ҷуръат акнун ҳам, чунон ки ҳамеша буд, Масеҳ дар баданам бузургӣ меёбад, хоҳ дар зиндагӣ, хоҳ дар марг. Зеро барои ман зиндагӣ Масеҳ аст, ва марг — фоида. Аммо агар дар ҷисм зистанам ба кори ман самаре мебахшида бошад, пас намедонам кадомашро интихоб намоям. Ҳар дуяш ҳам маро ҷалб мекунад: орзу дорам, ки равам ва ҳамроҳи Масеҳ бошам, чунки ин беандоза беҳтар аст; валекин дар ҷисм монданам барои шумо заруртар аст. Ва ман аз ин дилпур буда, медонам, ки мемонам ва барои пешрафт ва шодии имони шумо бо ҳамаи шумо меистам, то фахри шумо дар Масеҳ Исо ба воситаи ман афзунтар шавад, чун бори дигар назди шумо биёям. Фақат ин ки шоистаи Инҷили Масеҳ умр гузаронед, то ман — хоҳ омада шуморо бинам, хоҳ аз шумо дур бошам — дар бораи шумо шунавам, ки шумо дар як рӯҳ пойдор буда, якдилона барои имони Инҷил ҷидду ҷаҳд менамоед, ва дар ҳеҷ хусус аз душманон наметарсед, ки ин барои онҳо аломати ҳалокат аст, вале барои шумо аломати наҷот аст, ва ин аз ҷониби Худост. Зеро ба шумо ба хотири Масеҳ ато шудааст, ки ба Ӯ на танҳо имон оваред, балки барои Ӯ азоб ҳам кашед, бо ҳамон ҷидду ҷаҳде ки шумо дар ман дидаед ва акнун дар бораи ман мешунавед. Пас агар тасаллие дар Масеҳ бошад, агар хушнудии муҳаббат бошад, агар мушоракати Рӯҳ бошад, агар дилсӯзӣ ва марҳамат бошад, пас шодии маро бо он пурра кунед, ки дорои як фикр бошед, дорои як муҳаббат буда, якдил ва ҳамфикр бошед; аз рӯи худхоҳӣ ё шӯҳратпарастӣ ҳеҷ коре накунед, балки бо фурӯтанӣ якдигарро аз худ беҳтар донед; ҳар яке на танҳо дар бораи кори худ, балки дар бораи кори дигарон низ ғамхорӣ намояд. Зеро дар шумо низ бояд ҳамон фикр бошад, ки дар Масеҳ Исо буд, ки Ӯ, агарчи дар сурати Худо буд, Бо Худо баробар буданро Ғанимат нашумурд, Балки аз он даст кашида, Ба сурати ғулом даромад Ва ба одамон монанд гардид; Ва дар симо чун одамизод шуда, Худро хор сохт Ва то ба марг, то ба марги салиб Ба Худо фармонбардор гардид. Бинобар ин Худо низ Ӯро бисёр сарафроз кард Ва ба Ӯ номе дод, Ки аз ҳар ном болотар аст, То ба номи Исо Ҳар зонуе, Ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, хам шавад, Ва ҳар забон эътироф намояд, Ки Исои Масеҳ Худованд аст, Барои ҷалоли Худои Падар. Пас, эй азизонам, чунон ки ҳамеша фармонбардор будед, — на танҳо дар будани ман, балки боз ҳам зиёдтар акнун дар набудани ман, — бо тарсу ларз наҷоти худро ба амал оваред, зеро Худост, ки дар шумо барои хушнудии Худ ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад. Ҳар корро бе шикоят ва шубҳа ба ҷо оваред, то бенуқсон ва пок, фарзандони беайби Худо бошед, дар миёни насли саркаш ва фосид, ки дар он шумо монанди ситорагон дар ҷаҳон медурахшед. Каломи ҳаётро нигоҳ доред, то ман дар рӯзи Масеҳ фахр намоям, ки беҳуда даводавӣ накардаам ва беҳуда меҳнат накардаам. Лекин, агар ман қурбонии рехтание бар қурбонӣ ва ибодати имони шумо шавам ҳам, аз ин шодам ва бо ҳамаи шумо шодӣ мекунам; шумо низ аз ин шод бошед ва бо ман шодӣ кунед. Ва дар Худованд Исо умедворам, ки Тимотиюсро ба зудӣ назди шумо фиристонам, то ман низ аз аҳволатон хабар ёфта, рӯҳбаланд шавам. Зеро каси дигаре монанди ӯ надорам, ки дар бораи аҳволи шумо аз таҳти дил ғамхорӣ мекарда бошад; чунки ҳама дар пайи корҳои худ ҳастанд, на корҳои Масеҳ Исо. Вале шумо бовафоии ӯро медонед, чунки ӯ бо ман, монанди фарзанд ба падар, дар башорат бандагӣ намудааст. Пас, умедворам, ки ӯро дарҳол равона кунам, чун бинам, ки аҳволи ман чӣ мешавад. Вале дар Худованд боварӣ дорам, ки худам низ ба зудӣ меоям. Аммо лозим донистам, ки Эпафрудитусро назди шумо равона кунам. Ӯ бародар ва ҳамкор ва ҳамсафи ман аст, ки шумо ӯро чун ходим дар мӯҳтоҷиям фиристода будед. Чунки ӯ пазмони ҳамаи шумо буд ва бисёр андӯҳгин шуд аз он ки овозаи бемории ӯ ба гӯши шумо расидааст. Ҳақиқатан бемор ва дар остонаи марг буд; лекин Худо ба ӯ марҳамат кард, ва на танҳо ба ӯ, балки ба ман низ, то бар ғуссаи ман ғуссае илова нашавад. Бинобар ин ба фиристодани ӯ шитоб намудам, то шумо ӯро аз нав дида, хурсанд шавед, ва ғуссаи ман низ сабук гардад. Пас ӯро дар Худованд бо камоли хурсандӣ пазироӣ намоед, ва чунин шахсонро қадрдонӣ кунед. Зеро ӯ барои кори Масеҳ ба мурдан наздик буд ва ҷонашро дареғ надошт, то камии хизмати шуморо барои ман пур кунад. Пас, эй бародаронам, дар Худованд шод бошед. Ҳамон чизҳоро /такроран/ ба шумо навиштан барои ман гарон нест, лекин барои бехатарии шумост. Аз \сагон\ эҳтиёт шавед, аз бадкирдорон эҳтиёт шавед, аз аҳли хатнаи бардурӯғ эҳтиёт шавед; зеро аҳли хатна моем, ки дар Рӯҳи Худо ибодат менамоем, ва бо Исои Масеҳ фахр мекунем, ва ба ҷисм эътимод надорем, гарчанде ки маро асосе ҳаст ба ҷисм ҳам эътимод дошта бошам. Агар каси дигар гумон кунад, ки метавонад ба ҷисм эътимод дошта бошад, ман — бештар, ки ман дар рӯзи ҳаштум хатна шудам, аз насли Исроил ҳастам, аз қабилаи Бинёмин, ибронӣ аз иброниён, аз ҷиҳати шариат фарисӣ, аз ҷиҳати ғайрат таъқибкунандаи ҷамоат, аз ҷиҳати росткории шариатӣ беайб. Лекин он чиро барои ман фоида буд, ба хотири Масеҳ зиён донистам. Ва ҳанӯз ҳамаашро ба хотири бартарии дониши Худованди ман Масеҳ Исо зиён медонам, ки барои Ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам ва дар Ӯ пайдо шавам, на бо росткории худ, ки аз шариат аст, балки бо он чи ба воситаи имон ба Масеҳ аст, яъне бо росткорие ки аз Худо дар асоси имон аст. Мехоҳам Ӯро, ва қуввати растохези Ӯро, ва иштирок дар азобҳои Ӯро фаҳмам ва дар марги Ӯ ба Ӯ монанд шавам, ба умеди он ки ба растохез аз мурдагон расам. На ин ки аллакай ба даст оварда бошам, ё комил шуда бошам, балки аз пайи он медавам, ки шояд ман низ онро ба даст оварам, ки барои он Масеҳ Исо маро ба даст овардааст. Эй бародарон, гумон намекунам, ки ман ба даст оварда бошам, балки /танҳо/ як корро /мекунам/: он чиро, ки дар қафост, аз ёд бароварда ва сӯи он чи дар пеш аст, ҳаракат карда, ман сӯи мақсаде медавам, сӯи мукофоти даъвати осмонии Худо, /ки/ дар Масеҳ Исо /аст/. Пас, ҳар касе аз мо, ки комил бошад, бояд ҳамин гуна фикр ронад; вале агар шумо фикри дигаре дошта бошед, Худо инро ҳам ба шумо ошкор месозад. Аммо ба ҳар чи мо расидаем, бояд аз рӯи ҳамон қоида рафтор намоем ва ҳамон гуна фикр кунем. Эй бародарон, ба ман тақлид намоед ва ба касоне нигоҳ кунед, ки мувофиқи намунае ки дар мо доред, рафтор мекунанд. Зеро бисёр касон, ки дар бораи онҳо ба шумо борҳо гуфтаам, ва акнун низ бо гиря мегӯям, ҳамчун душманони салиби Масеҳ рафтор мекунанд; оқибати онҳо ҳалокат аст, худои онҳо шикам аст, ва ҷалоли онҳо дар нанг аст: онҳо дар бораи чизҳои заминӣ фикр мекунанд. Лекин шаҳрвандии мо дар осмон аст, ки аз он ҷо Худованд Исои Масеҳро, ҳамчун Наҷотдиҳанда, интизор ҳастем. Ӯ бадани ночизи моро ба монандии бадани пурҷалоли Ӯ бо амали ҳамон қуввате дигаргун хоҳад кард, ки бо он Ӯ ҳама чизро ба Худ тобеъ намуда метавонад. Пас, эй бародарони азиз ва дилхоҳи ман, эй шодмонӣ ва тоҷи сари ман, дар Худованд ҳамин гуна истодагарӣ намоед, эй азизон. Аз Авудия илтимос мекунам ва аз Синтихӣ илтимос мекунам, ки дар Худованд ҳамфикр бошанд. Ва аз ту низ, эй ҳамкори самимӣ, хоҳишмандам, ки ба ин занон кӯмак расонӣ. Онҳо барои башорат бо ман ва бо Климентус ва бо ҳамкорони дигарам, ки номашон дар дафтари ҳаёт аст, ҷидду ҷаҳд кардаанд. Ҳамеша дар Худованд шод бошед; боз мегӯям: шод бошед. Бигзор нармдилии шумо ба ҳамаи одамон маълум гардад; Худованд наздик аст. Ҳеҷ ғам нахӯред, балки дар ҳар чиз бо дуо ва илтимос ҳамроҳи шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед, — ва осоиши Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Масеҳ Исо нигоҳ медорад. Хулоса, эй бародарон, ҳар он чи рост аст, ва шоиста аст, ва боинсоф аст, ва пок аст, ва хушоянд аст, ва некном аст, ва ҳар он чи некӯ ва шоёни ситоиш аст, дар бораи онҳо фикр кунед. Он чи шумо дар ман омӯхтаед, ва қабул кардаед, ва шунидаед, ва дидаед, онҳоро ба ҷо оваред, ва Худои осоиш бо шумо мешавад. Ва ман дар Худованд хеле шод шудам, ки акнун шумо ғамхории худро дар ҳаққи ман аз нав ривоҷ додаед; пештар ҳам ғамхорӣ менамудед, вале фурсат надоштед. Инро на ба сабаби мӯҳтоҷӣ мегӯям; зеро ман ёд гирифтаам, ки дар ҳар ҳолате ки бошам, қаноат намоям: Дар камбағалӣ ҳам зиста метавонам, дар фаровонӣ ҳам; ба ҳар чиз ва ба ҳама чиз, ба серӣ ва гуруснагӣ, фаровонӣ ва камӣ омӯхта шудаам; ҳамааш аз дастам меояд, бо /ёрии/ Масеҳ, ки маро қувват мебахшад. Лекин хуб кардед, ки дар душвориҳои ман шарик шудед. Ва шумо, эй филиппиён, ҳамчунин медонед, ки дар ибтидои башорат, ҳангоме ки аз Мақдуния баромадам, ҳеҷ як ҷамоат дар кори додану гирифтан бо ман шарикӣ накард, ба ғайр аз шумо; ҳатто ба Тасолуникӣ як-ду дафъа барои эҳтиёҷоти ман чиз фиристодед. На ин ки ман хоҳони ҳадия бошам, балки хоҳони самаре ҳастам, ки ба фоидаи шумо афзояд. Ман ҳамаашро гирифтам ва ба қадри барзиёд дорам; ва ман аз ҳар чиз пур гаштам, ҳангоме ки /ҳадияи/ фиристодаи шуморо, ҳамчун бӯи хуш, ҳамчун қурбонии мақбули писандидаи Худо, аз дасти Эпафрудитус гирифтам. Ва Худои ман ҳар эҳтиёҷи шуморо аз рӯи сарвати ҷалоли Худ дар Масеҳ Исо пур мекунад. Худо, Падари моро то абад ҷалол бод, омин. Ба ҳар як муқаддас дар Масеҳ Исо салом гӯед. Бародароне ки бо ман мебошанд, ба шумо салом мегӯянд. Ҳамаи муқаддасон, хусусан онҳое ки аз хонадони қайсар ҳастанд, ба шумо салом мегӯянд. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод, омин.  Павлус, ки бо хости Худо расули Исои Масеҳ аст, ва бародар Тимотиюс ба муқаддасон ва бародарони бовафо дар Масеҳ, ки дар Кулассо мебошанд: файз ва осоиш аз ҷониби Худо, Падари мо, ва Худованд Исои Масеҳ бар шумо бод. Мо ҳамеша ҳангоми дуо барои шумо Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳро шукр мегӯем, пас аз шунидани овозаи он имоне ки шумо ба Масеҳ Исо ва он муҳаббате ки ба ҳамаи муқаддасон доред, ба хотири умеде ки бароятон дар осмон нигоҳ дошта мешавад, ки дар бораи он шумо пештар дар каломи ростӣ, яъне дар Инҷил шунидаед, ки он ба шумо, чунон ки ба тамоми ҷаҳон низ расидааст, ва он самар мебахшад ва афзоиш меёбад, чунон ки дар миёни шумо низ аз он рӯзе ки файзи Худоро шунидаед ва дар ростӣ донистаед, чунон ки аз Эпафрос таълим гирифтаед, ки ӯ ҳамкори азизи мо ва хизматгузори бовафои Масеҳ барои шумост, ва ӯ моро аз муҳаббати шумо, ки дар Рӯҳ аст, огоҳ кардааст. Бинобар ин мо низ аз он рӯзе ки инро шунидаем, барои шумо дуо ва илтимосро бас намекунем, то шумо аз дониши хости Ӯ дар ҳар ҳикмат ва фаҳми рӯҳонӣ пур шавед, ба тавре ки шоистаи Худованд рафтор намуда, аз ҳар ҷиҳат ба Ӯ писанд оед, ва дар ҳар кори нек самар диҳед, ва дар дониши Худо нашъунамо ёбед, ва мувофиқи қудрати ҷалоли Ӯ бо тамоми қувват пурзӯр шавед, то бо шодӣ дорои ҳар сабр ва тоқат бошед, ва Падарро шукргузорӣ намоед, ки Ӯ моро ба мероси муқаддасон дар нур шарик гардондааст, ва Ӯ моро аз қудрати торикӣ халосӣ дода, ба Подшоҳии Писари дӯстдоштаи Худ гузарондааст, ки дар Ӯ мо бозхарид шудаем, яъне бахшоиши гуноҳҳоро пайдо кардаем. Ӯ сурати Худои нонамоён ва нахустзода бар тамоми офариниш аст, чунки ҳама чиз дар осмон ва бар замин, ҳар чизи намоён ва нонамоён, дар Ӯ офарида шудааст: хоҳ тахтҳо, хоҳ фармонравоиҳо, хоҳ сарвариҳо ва хоҳ қудратҳо, ҳамааш ба воситаи Ӯ ва барои Ӯ ба вуҷуд оварда шудааст; ва Ӯ пеш аз ҳама чиз аст, ва ҳама чиз дар Ӯ вуҷуд дорад. Ва Ӯ сари бадан, яъне /сари/ ҷамоат аст; Ӯ ибтидо ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз Ӯ аввалин бошад; зеро хушнудии /Худо/ дар ин буд, ки бо ҳамаи пуррагии Худ дар Ӯ сокин бошад, ва ба воситаи Ӯ ҳама чизро бо Худ оштӣ дода, бо хуни салиби Ӯ осоишро падид оварад, яъне он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст, ба воситаи Ӯ /оштӣ диҳад/. Ва шуморо, ки замоне ба сабаби майл ба корҳои бад бегона ва душман будед, ҳоло дар бадани ҷисмонии Ӯ ба воситаи марги Ӯ оштӣ додааст, то шуморо назди Худ муқаддас ва бе айбу нуқсон ҳозир кунад, фақат ба шарте ки шумо дар имон пойдор ва устувор бошед ва аз умеди Инҷил, ки шунидаед, ҷудо нашавед, ки он ба тамоми офаридаҳои зери осмон мавъиза карда шудааст, ва ман, Павлус, хизматгузори он гардидаам. Акнун дар азобҳои худ барои шумо шодмонам ва камии душвориҳои Масеҳро дар ҷисми худ барои бадани Ӯ, ки ҷамоат аст, пур мекунам, ки ман хизматгузори он гардидаам мувофиқи коргузории Худо, ки барои шумо ба ман ато шудааст, то мавъизаи каломи Худоро ба ҷо оварам, яъне он сирро, ки асрҳои аср аз наслҳо ниҳон буд ва ҳоло ба муқаддасони Ӯ ошкор шудааст. Худо хост ба онҳо шиносонад, ки чист сарвати ҷалоли ин сир дар миёни халқҳо, ки он Масеҳ дар шумо ва умеди ҷалол аст; ва Ӯро мо мавъиза намуда, ба ҳар кас насиҳат медиҳем ва ба ҳар кас бо ҳар ҳикмат ёд медиҳем, то ҳар касро дар Масеҳ Исо комил гардонда ҳозир кунем; барои ҳамин ҳам ман меҳнат мекунам ва бо таъсири /қуввати/ Ӯ, ки дар ман бо қудрат амал мекунад, ҷидду ҷаҳд менамоям. Зеро мехоҳам донед, ки ман чӣ гуна барои шумо ва барои касоне ки дар Лоудикия мебошанд, ва барои ҳамаи онҳое ки рӯи маро ҷисман надидаанд, ҷидду ҷаҳд мекунам, то дилҳои онҳо тасаллӣ ёфта, барои ҳар сарвати фаҳми дилпурона дар муҳаббат пайванд шаванд, то сирри Худои Падар ва Масеҳро донанд, ки дар Ӯ ҳамаи ганҷҳои ҳикмат ва дониш ниҳон мебошанд. Ва инро ман барои он мегӯям, ки ҳеҷ кас шуморо бо суханони дилфиреб гумроҳ накунад. Зеро, агарчи ҷисман ғоибам, рӯҳан бо шумо мебошам, ва тартиби шумо ва имони пойдори шуморо дар Масеҳ дида, шодӣ мекунам. Пас, ҳамон тавре ки Масеҳ Исои Худовандро қабул кардаед, дар Ӯ рафтор намоед, ки дар Ӯ реша давонда ва бино ёфта, дар имон мустаҳкам шудаед, чунон ки таълим гирифтаед ва шукри зиёде дар он мегӯед. Бохабар бошед, ки касе шуморо бо фалсафа ва фиреби пуч, ки мувофиқи ривояти инсонӣ, мувофиқи қоидаҳои ҷаҳон, на мувофиқи Масеҳ аст, асир накунад. Зеро дар Ӯ тамоми пуррагии Илоҳият ҷисман сокин аст, ва шумо дар Ӯ пуррагӣ доред, ки Ӯ сари ҳар сарварӣ ва қудрат аст; ва дар Ӯ шумо хатна шудаед, /вале/ на ба хатнае ки бо дасти одамизод карда шудааст, /балки/ ба хатнаи Масеҳ, ки бадани гуноҳолуди ҷисмониро канор мегузорад, ки бо Ӯ дар таъмид гӯронда шудаед ва дар Ӯ бархезонда шудаед ба воситаи имон ба қуввати Худо, ки Ӯро аз мурдагон бархезонд. Ва шуморо, ки дар хатоҳо ва дар бехатнагии ҷисми худ мурда будед, бо Ӯ зинда кард, чунки ҳамаи хатоҳотонро бахшид; ва он айбномаро, ки бо фаризаҳо моро маҳкум менамуд ва бар зидди мо буд, Ӯ хат зад ва онро бар салиб мехкӯб карда, аз миён бардошт; ва сарвариҳо ва қудратҳоро аз қувват маҳрум сохта, гирифтори шармандагӣ кард ва дар салиб бар онҳо дастболо шуд. Пас, бигзор касе шуморо барои хӯрок ё нӯшокӣ, ё барои риояи ид, ё навмоҳ, ё шанбе ҳукм накунад: инҳо сояи чизҳои оянда мебошанд, аммо бадан аз они Масеҳ аст. Касе шуморо бо шавқ ба хоксорӣ ва парастиши фариштаҳо аз мукофот маҳрум накунад, дар ҳоле ки вай ба чизҳои надидааш мудохила менамояд ва аз фикри ҷисмониаш беҳуда мағрур аст, ва робитаи худро аз сари /бадан/ буридааст, /аз саре/ ки тамоми бадан ба воситаи пайвандҳо ва бандҳо қувват гирифта ва пайваст гардида, нашъунамо меёбад ба нашъунамое ки аз Худост. Агар шумо бо Масеҳ нисбат ба қоидаҳои ҷаҳон мурда бошед, чаро, монанди онҳое ки дар ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, фаризаҳои: “нарас”, “начаш”, “даст назан”-ро пайравӣ менамоед, дар ҳоле ки ҳамаи инҳо ба чизҳое дахл доранд, ки бо истифода аз байн мераванд, зеро бар фармудаҳо ва таълимотҳои инсонӣ бино шудаанд? Инҳо дар ибодати худсарона, хоксорӣ ва озори бадан ҳамчун ҳикмат менамоянд, лекин фоида надоранд ва /фақат/ барои қонеъ гардондани ҷисм мебошанд. Пас, чун бо Масеҳ бархезонда шудаед, он чиро, ки дар болост, биҷӯед, ки он ҷо Масеҳ аз дасти рости Худо нишастааст. Дар бораи он чи дар болост, фикр кунед, на дар бораи он чи бар замин аст. Зеро мурдаед, ва зиндагии шумо бо Масеҳ дар Худо ниҳон аст. Ҳангоме Масеҳ, ки зиндагии мост, аён шавад, шумо низ бо Ӯ дар ҷалол аён мешавед. Пас, узвҳои заминии худро: фосиқӣ, нопокӣ, ҳавою ҳавас, майли бад ва тамаъро, ки он бутпарастист, кушед, ки барои онҳо ғазаби Худо бар мардуми беитоат меояд, ки шумо низ як вақте дар онҳо рафтор мекардед, ҳангоме ки дар миёни онҳо мезистед. Аммо акнун шумо ҳамаи инҳоро: ғазаб, хашм, кина, бадгӯӣ ва суханони зишти даҳонатонро тарк намоед. Ба якдигар дурӯғ нагӯед, зеро одами кӯҳнаро бо амалҳои вай аз худ бадар кардаед ва одами навро дар бар кардаед, ки вай дар дониш ба сурати Офарандаи худ нав мешавад, ки дар он ҷо на юнонӣ ҳаст, на яҳудӣ, на хатна, на бехатнагӣ, на барбар, на сакоӣ, на ғулом ва на озод, балки Масеҳ ҳама чиз ва дар ҳама чиз аст. Пас, ҳамчун интихобшудагони муқаддас ва дӯстдоштаи Худо, дилсӯзӣ, меҳрубонӣ, фурӯтанӣ, нармдилӣ ва пурсабриро дар бар кунед, ва ба ҳамдигар тоқат кунед ва якдигарро бахшед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чунон ки Масеҳ шуморо бахшидааст, шумо низ чунин /кунед/. Ва ба болои ҳамаи ин муҳаббатро дар бар кунед, ки он камарбанди камол аст. Ва осоиши Худо дар дилҳои шумо ҳукмфармо бошад, ки ба он дар як бадан даъват шудаед; ва шукргузор бошед. Каломи Масеҳ андаруни шумо ба фаровонӣ ва ба ҳамаи ҳикмат сокин шавад, ва якдигарро бо таронаҳои Забур, сурудҳои ситоишӣ ва рӯҳонӣ таълим диҳед ва насиҳат кунед, ва бо сипосгузорӣ дар дилҳои худ барои Худованд сароед. Ва ҳар он чи дар гуфтор ё кирдор мекунед, ҳамаашро ба номи Худованд Исо ба ҷо оваред ва ба воситаи Ӯ Худои Падарро шукр гӯед. Эй занон, ба шавҳарони худ фармонбардор бошед, чунон ки дар Худованд шоиста аст. Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред ва ба онҳо тундӣ накунед. Эй фарзандон, ба падару модарони худ дар ҳама чиз итоат намоед, зеро ин писандидаи Худованд аст. Эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, ки мабодо дилхунук шаванд. Эй ғуломон, ба хоҷаҳои заминии худ дар ҳама чиз итоат намоед, на бо хизматгузории зоҳирӣ, ҳамчун одампарастон, балки бо содадилӣ ва бо тарси Худо. Ва ҳар он чи мекунед, аз ҷону дил ба ҷо оваред, монанди он ки барои Худованд бошад, на барои одамон, чун медонед, ки аз Худованд меросро подош мегиред, зеро Масеҳи Худовандро бандагӣ менамоед. Ва ҳар кӣ ноинсофӣ мекунад, мувофиқи ноинсофии худ сазо мегирад; ва рӯйбинӣ нест. Эй хоҷагон, ба ғуломони худ одилона ва боинсофона рафтор кунед, ва донед, ки шумо низ Хоҷае дар осмон доред. Доимо бо дуо машғул бошед ва дар он бо шукргузорӣ бедор бошед; барои мо ҳамчунин дуо гӯед, то Худо дари каломро ба мо воз кунад, ки сирри Масеҳро, ки ман барояш бандӣ ҳастам, баён намоем, то онро ончунон аён созам, ки баён карданам лозим аст. Фурсатро ғанимат дониста, бо онҳое ки берун /аз ҷамоатанд/, бо ҳикмат рафтор кунед. Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то донед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед. Аз тамоми саргузашти ман шуморо Тихиқус хабардор хоҳад кард. Ӯ бародари азиз ва хизматгузори бовафо ва ҳамкори ман дар Худованд аст. Ва ӯро маҳз барои он назди шумо фиристодам, ки аз аҳволатон хабар гирад ва дилҳоятонро тасаллӣ диҳад. Ӯ ҳамроҳи бародари бовафо ва азиз Онисимус аст, ки аз байни шумост. Онҳо шуморо аз ҳамаи корҳои ин ҷо хабардор хоҳанд кард. ристархус, ки ҳамроҳи ман дар ҳабс аст, ба шумо салом мерасонад, ва Марқус, амакбачаи Барнаббо, — ки шумо дар бораи ӯ фармудаҳо гирифтаед: агар наздатон биёяд, ӯро пазироӣ кунед, — ҳамчунин Исо, ки лақабаш Юстус аст; танҳо онҳо ҳамкоронанд барои Подшоҳии Худо аз аҳли хатна; онҳо сабаби тасаллии ман шудаанд. Эпафрос ба шумо салом мерасонад, ки ӯ аз байни шумо ва бандаи Масеҳ аст, ва ҳамеша барои шумо дар дуоҳои худ ҷидду ҷаҳд менамояд, то шумо комил буда ва аз тамоми хости Худо дилпур шуда, истодагарӣ кунед. Ва ман дар бораи ӯ гувоҳӣ медиҳам, ки ӯ барои шумо ва барои онҳое ки дар Лоудикия ва дар Ҳиропулис мебошанд, бисёр меҳнат мекунад. Луқо, табиби маҳбуб, ва Димос ба шумо салом мерасонанд. Ба бародарон дар Лоудикия, ба Нимфос ва ба ҷамоате ки дар хонаи ӯст, салом расонед. Пас аз он ки ин нома дар миёни шумо хонда шуд, коре кунед, ки он дар ҷамоати Лоудикия низ хонда шавад; ва номаеро, ки аз Лоудикия аст, шумо низ хонед. Ба Архипус гӯед: “Бохабар бош, то он хизматеро, ки дар Худованд ба ӯҳдаи худ гирифтаӣ, ба ҷо оварӣ”. Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам. Занҷирҳои маро дар хотир дошта бошед. Файз бо шумо бод, омин.  Павлус ва Силвонус ва Тимотиюс ба ҷамоати тасолуникиён, ки дар Худои Падар ва Худованд Исои Масеҳ аст: файз ва осоиш аз ҷониби Худо, Падари мо, ва Худованд Исои Масеҳ бар шумо бод. Ҳамеша Худоро барои ҳамаи шумо шукргузорӣ намуда, дар дуоҳои худ шуморо зикр мекунем, ва доимо кори имон ва меҳнати муҳаббат ва сабри умеди шуморо, ки ба Худованди мо Исои Масеҳ доред, ба ҳузури Худо ва Падари мо ба ёд меоварем, чун медонем, ки шумо, эй бародарон ва эй дӯстдоштагони Худо, интихоб шудаед; зеро Инҷили мо ба шумо на танҳо дар сухан, балки низ дар қувват ва дар Рӯҳулқудс ва дар эътимоди бузурге расид; ва медонед, ки мо дар миёни шумо бароятон чӣ гуна будем. Ва шумо тақлидкунандагони мо ва Худованд гардида, каломеро дар ранҷи бисёр бо шодии Рӯҳулқудс қабул кардед, ба тавре ки барои ҳамаи имондорони Мақдуния ва Охоия намунаи ибрат шудед. Зеро аз шумо каломи Худованд на танҳо дар Мақдуния ва Охоия шунида шуд, балки имоне ки шумо ба Худо доред, дар ҳама ҷо овоза шуд, ба дараҷае ки ҳоҷат нест чизе гӯем. Зеро худи онҳо дар бораи мо ҳикоят мекунанд, ки чӣ гуна мо ба миёни шумо дохил шудем, ва чӣ гуна шумо аз бутҳо гашта ба Худо рӯ овардед, то Худои зинда ва ҳақиқиро бандагӣ кунед ва Писари Ӯро аз осмон мунтазир шавед, ки /Худо/ Ӯро аз мурдагон бархезонд, яъне Исоро, ки моро аз ғазаби оянда халосӣ медиҳад. Зеро худи шумо, эй бародарон, медонед, ки ба миёни шумо дохил шудани мо бе натиҷа набуд; мо пеш аз он дар Филиппӣ, чунон ки медонед, азоб кашида, гирифтори таҳқир шуда будем, вале дар Худои худ далер гардидем, то бо ҷидду ҷаҳди зиёд Инҷили Худоро ба шумо мавъиза намоем. Зеро мавъизаи мо аз гумроҳӣ ё аз нопокӣ ё бо фиреб нест, балки, чунон ки Худо моро сазовор донист, то Инҷил ба мо супурда шавад, ҳамчунин сухан мегӯем ва хоҳони он нестем, ки ба одамон писанд оем, балки ба Худое ки дилҳои моро имтиҳон мекунад. Зеро, чунон ки медонед, мо ҳаргиз хушомадгӯӣ накардаем ва бо баҳона тамаъ надоштаем — Худо шоҳид аст! — ва эҳтиромро аз одамизод наҷустаем, на аз шумо ва на аз дигарон. Мо, ҳамчун расулони Масеҳ, метавонистем бо ихтиёру қудрат рафтор кунем, аммо дар миёни шумо мулоим будем, монанди модари ширдеҳ, ки кӯдакони худро навозиш мекунад. Мо чунон ба шумо дил бастем, ки хостем ба шумо на танҳо Инҷили Худоро расонем, балки ҷонҳои худро низ барои шумо фидо созем, чунки шумо ба мо азиз шудед. Зеро шумо, эй бародарон, заҳмат ва ранҷи моро дар хотир доред: шабу рӯз кор кардем, бе он ки ба касе аз шумо гаронӣ кунем, мо Инҷили Худоро ба шумо мавъиза менамудем. Шумо шоҳид ҳастед ва Худо /низ/, ки чӣ гуна бо шумо, имондорон, мо муқаддасона ва росткорона ва беайб рафтор кардем, ва шумо медонед, ки чӣ гуна ҳар яке аз шуморо, чун падар фарзандони худро, насиҳат медодем, дилдорӣ мекардем ва вазифадор менамудем, ки шоистаи Худо, ки шуморо ба Подшоҳӣ ва ҷалоли Худ даъват менамояд, рафтор кунед. Ба ин сабаб мо низ пайваста Худоро шукргузорӣ мекунем, ки чун шумо каломи Худоро аз мо шунида қабул кардед, онро на ҳамчун каломи одамизод қабул кардед, балки ҳамчун каломи Худо, ки он дар ҳақиқат чунин аст ва он дар шумо, имондорон, амал мекунад. Зеро шумо, эй бародарон, ба ҷамоатҳои Худо, ки дар Яҳудия дар Масеҳ Исо мебошанд, тақлид намудед, чунки шумо аз дасти ҳамватанони худ ҳамон азобро дидаед, ки онҳо низ аз дасти яҳудиён дидаанд, ки Худованд Исо ва пайғамбарони худро куштанд, ва моро гирифтори таъқибот карданд, ва ба Худо писанд намеоянд, ва ба ҳамаи одамон муқобиланд, ва ба мо монеъ мешаванд ба халқҳо сухан гӯем, то наҷот ёбанд, ва ба ин восита ҳамеша зарфи гуноҳҳои худро лабрез мекунанд; аммо, ниҳоят, ба ғазаб гирифтор шуданд. Лекин мо, эй бародарон, баъд аз он ки ба муддати кӯтоҳе ҷисман, на қалбан, аз шумо ҷудо шудем, бо хоҳиши бештар кӯшиш намудем, ки рӯи шуморо бинем. Ба ин сабаб мо, — яъне ман, Павлус, — як-ду бор хостем назди шумо биёем, вале шайтон ба мо монеъ шуд. Зеро кист умеди мо, ё шодмонии мо, ё тоҷи фахри мо дар ҳузури Худованди мо Исо ҳангоми омадани Ӯ? Магар шумо нестед? Оре, шумо ҷалол ва шодмонии мо ҳастед. Бинобар ин мо дигар сабр карда натавонистем ва розӣ шудем дар Атино танҳо монем, ва Тимотиюсро, ки бародари мо ва хизматгузори Худо ва ҳамкори мо дар Инҷили Масеҳ аст, фиристодем, то шуморо дар имонатон устувор гардонад ва тасаллӣ диҳад, то ҳеҷ кас дар ин азобҳо дудила нашавад, зеро худи шумо медонед, ки чунин аст насиби мо. Зеро мо ҳамон вақт ҳам, ки назди шумо будем, ба шумо пешгӯӣ кардем, ки моро азоб дар пеш аст, чунон ки низ рӯй дод, ва шумо медонед. Аз ин рӯ ман ҳам дигар сабр карда натавонистам ва ӯро фиристодам, ки имони шуморо фаҳмам, ки мабодо озмоянда шуморо озмуда бошад ва меҳнати мо бенатиҷа шуда бошад. Аммо акнун Тимотиюс аз пеши шумо назди мо омад ва хушхабари имон ва муҳаббати шуморо ба мо расонд; ва /хабар дод/, ки шумо ҳамеша моро ба некӣ ёд мекунед ва хоҳони дидори мо ҳастед, чунон ки мо низ /хоҳони дидори шумо/ ҳастем. Пас мо, эй бародарон, бо вуҷуди тамоми андӯҳ ва азоби худ, дар хусуси шумо ба сабаби имонатон тасаллӣ ёфтем; чунки акнун мо зинда ҳастем, модоме ки шумо дар Худованд пойдор мебошед. Зеро чӣ гуна мо метавонем ба Худо барои шумо, барои тамоми шодмоние ки дар бораи шумо ба ҳузури Худои мо дорем, шукргузорӣ кунем? Шабу рӯз бо тамоми ҷидду ҷаҳд дуо мегӯем, ки бо шумо рӯ ба рӯ шавем ва камии имони шуморо пур кунем. Худи Худо, Падари мо, ва Худованди мо Исои Масеҳ роҳи моро сӯи шумо рост оварад. Ва Худованд муҳаббати шуморо ба якдигар ва ба ҳар кас афзун ва фаровон гардонад, — чунон ки мо низ ба шумо /муҳаббат/ дорем, — то ки ҳангоми омадани Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи муқаддасони Худ дилҳои шумо дар муқаддасӣ назди Худо ва Падари мо устувор ва беайб бошанд. Омин. Ва акнун, эй бародарон, аз шумо дар Худованд Исо хоҳиш ва илтимос мекунем, ки чунон ки аз мо пазируфтаед, ки чӣ гуна бояд рафтор кунед ва ба Худо писанд оед, боз ҳам зиёдтар кӯшиш кунед; зеро медонед, ки аз ҷониби Худованд Исо ба шумо чӣ гуна фармудаҳое додаем. Зеро хости Худост, ки шумо муқаддас бошед ва аз фосиқӣ парҳез кунед; ва ҳар яке аз шумо донад чӣ гуна бадани худро дар муқаддасӣ ва шараф нигоҳ дорад, на дар оташи шаҳват, монанди халқҳое ки Худоро намешиносанд; ва ҳеҷ кас дар ин кор ба бародари худ дасти таҷовуз ё тамаъ дароз накунад, чунки Худованд барои ҳамаи ин корҳо қасос мегирад, чунон ки пештар низ ба шумо гуфтем ва шаҳодат додем. Зеро Худо моро на ба нопокӣ, балки ба муқаддасӣ даъват кардааст. Бинобар ин, ҳар кӣ саркашӣ мекунад, на ба одамизод, балки ба Худо саркашӣ мекунад, ки Ӯ Рӯҳулқудси Худро ба шумо ато намудааст. Аммо дар бораи бародардӯстӣ ба шумо навиштан ҳоҷат надорад, зеро худи шумо аз Худо омӯхтаед, ки ба якдигар муҳаббат дошта бошед; ва шумо бо ҳамаи бародарон дар ҳамаи Мақдуния ҳамин тавр рафтор мекунед. Лекин мо, эй бародарон, шуморо даъват мекунем, ки боз ҳам зиёдтар чунин кунед ва саъю кӯшиш намоед, ки оромона зиндагӣ кунед ва кори худро ба ҷо оваред ва бо дастҳои худ кор кунед, чунон ки ба шумо дастур додаем, то назди онҳое ки берун /аз ҷамоатанд/, боодобона рафтор кунед ва ба ҳеҷ кас мӯҳтоҷ набошед. Лекин мо, эй бародарон, намехоҳем, ки шумо дар бораи ба хоби /марг/ рафтагон бехабар бошед, то мабодо чун дигарон, ки умед надоранд, андӯҳгин шавед. Зеро, агар мо бовар кунем, ки Исо мурд ва бархест, ба ҳамин тарз низ Худо онҳоеро, ки дар Исо ба хоби /марг/ рафтаанд, бо Ӯ меоварад, зеро инро ба шумо бо каломи Худованд мегӯем, ки мо, зиндаҳо, ки то омадани Худованд боқӣ мондаем, аз онҳое ки ба хоби /марг/ рафтаанд, пешдастӣ намекунем, чунки Худи Худованд бо фармони баландовоз, бо овози сардори фариштагон ва /садои/ карнайи Худо, аз осмон фуруд меояд, ва онҳое ки дар Масеҳ мурдаанд, аввал бармехезанд. Сипас мо, зиндаҳо, ки боқӣ мондаем, ҳамроҳи онҳо дар абрҳо бурда мешавем, то Худовандро дар ҳаво пешвоз гирем, ва ҳамин тавр ҳамеша бо Худованд мешавем. Пас ҳамдигарро бо ин суханон дилбардорӣ кунед. Аммо дар бораи замонҳо ва мӯҳлатҳо ба шумо, эй бародарон, навиштан ҳоҷат надорад, зеро худи шумо хуб медонед, ки рӯзи Худованд чун дузде ки шаб меояд, фаро мерасад. Чун гӯянд: “Осоиш ва амният”, он гоҳ ногаҳон ба ҳалокат дучор мешаванд, чунон ки зани ҳомиладор ба дарди зоиш дучор мешавад, ва гурехта наметавонанд. Лекин шумо, эй бародарон, дар торикӣ нестед, ки он рӯз бар шумо чун дузд ояд; ҳамаи шумо писарони нур ва писарони рӯз ҳастед. Мо ба шаб ва ба торикӣ тааллуқ надорем. Пас, набояд монанди дигарон дар хоб бошем, балки бедор ва ҳушёр бошем. Зеро хобидагон шабона мехобанд, ва мастон шабона маст мебошанд; вале мо, ки ба рӯз тааллуқ дорем, бояд ҳушёр бошем ва зиреҳи имону муҳаббат ва хӯди умеди наҷотро дар бар кунем, чунки Худо моро на барои ғазаб таъйин кардааст, балки барои ёфтани наҷот ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ, ки барои мо мурд, то мо, хоҳ бедор бошем, хоҳ хобида, бо якҷоягии Ӯ зист кунем. Бинобар ин ҳамдигарро рӯҳбаланд кунед ва якдигарро обод намоед, чунон ки низ мекунед. Аммо аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки он касонро қадрдонӣ намоед, ки дар миёни шумо меҳнат мекунанд, ва сарварони шумо дар Худованд буда, шуморо насиҳат медиҳанд, ва онҳоро барои фаъолияташон бо камоли муҳаббат иззат кунед; бо якдигар дар сулҳ зист кунед. Инчунин аз шумо, эй бародарон, хоҳишмандем, ки танбалонро насиҳат кунед, беҷуръатонро дилдорӣ намоед, нотавононро дастгирӣ кунед, бо ҳар кас пурсабр бошед. Бохабар бошед, ки касе ба касе дар ивази бадӣ бадӣ накунад, балки ҳамеша барои якдигар ва барои ҳама дар пайи некӣ бошед. Ҳамеша шод бошед. Пайваста дуо гӯед. Дар ҳама ҳолат шукр гӯед, зеро чунин аст хости Худо дар ҳаққи шумо дар Масеҳ Исо. Рӯҳро хомӯш накунед. Пайғамбариҳоро хор нашуморед. Ҳама чизро озмоиш кунед, чизи хубро нигоҳ доред. Аз ҳар гуна бадӣ худдорӣ кунед. Худи Худои осоиш шуморо комилан муқаддас гардонад ва рӯҳу ҷону тани шумо ҳангоми омадани Худованди мо Исои Масеҳ пурра беайб нигоҳ дошта шавад. Даъваткунандаи шумо бовафо аст ва инро ба амал меоварад. Эй бародарон, барои мо дуо гӯед. Ба ҳамаи бародарон бо бӯсаи муқаддас салом расонед. Шуморо ба ҳузури Худованд қасам медиҳам, ки ин номаро ба ҳамаи бародарони муқаддас хонед. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод. Омин.  Павлус ва Силвонус ва Тимотиюс ба ҷамоати тасолуникиён, ки дар Худо, Падари мо, ва Худованд Исои Масеҳ аст: файз ва осоиш аз ҷониби Худо, Падари мо, ва Худованд Исои Масеҳ бар шумо бод. Эй бародарон, мо бояд ҳамеша Худоро барои шумо, чунон ки сазовор аст, шукргузорӣ намоем, чунки имони шумо беандоза афзоиш меёбад ва дар миёни ҳамаи шумо муҳаббати ҳар яке ба ҳамдигар зиёд мешавад. Аз ин рӯ худи мо дар ҷамоатҳои Худо аз шумо фахр мекунем, дар хусуси сабр ва имони шумо дар ҳамаи таъқибот ва азобҳое ки аз сар мегузаронед. Ин гувоҳиест бар доварии одилонаи Худо, то шумо сазовори Подшоҳии Худо ҳисоб ёбед, ки барои он низ ранҷ мекашед. Зеро ба назари Худо одилона аст, ки азобдиҳандагони шуморо азоб диҳад, ва шуморо, ки азоб мекашед, бо мо оромӣ бахшад, ҳангоме ки Худованд Исо аз осмон бо фариштаҳои қудрати Худ дар оташи фурӯзон зоҳир шуда, аз онҳое ки Худоро намешиносанд ва ба Инҷили Худованди мо Исои Масеҳ итоат намекунанд, қасос мегирад. Ҷазои онҳо ҳалокати абадӣ, дурӣ аз ҳузури Худованд ва маҳрумият аз ҷалоли қуввати Ӯ мешавад, дар он рӯзе ки Ӯ омада, дар муқаддасони Худ ҷалол меёбад ва дар ҳамаи имондорон ба ҳайрат меоварад, чунки шумо ба шаҳодати мо бовар кардед. Барои ҳамин ҳам мо ҳамеша барои шумо дуо мегӯем, то ки Худои мо шуморо сазовори даъваташ гардонад ва ҳар писандидаи нек ва кори имони /шуморо/ бо қуввати /Худ/ ба амал оварад, то номи Худованди мо Исо дар шумо ҷалол ёбад, ва шумо дар Ӯ /ҷалол ёбед/, мувофиқи файзи Худои мо ва Худованд Исои Масеҳ. Валекин аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки дар хусуси омадани Худованди мо Исои Масеҳ ва пайвастани мо бо Ӯ дар фикр зуд ба шубҳа наафтед ва аз /пайғамбарии/ рӯҳ, аз сухан ва аз номае ки гӯё мо фиристода бошем, ҳаросон нашавед, ки гӯё рӯзи Масеҳ фаро расидааст. Ҳеҷ кас ба ҳеҷ тариқе набояд шуморо фирефта кунад, зеро ҳатман аввал бояд аз имон гаштан рӯй диҳад ва марди гуноҳ, яъне писари ҳалокат ошкор шавад. Вай ба ҳар чизе ки Худо ном дорад ё парастиш мешавад, муқобилат менамояд ва худро аз он баланд мегирад, ба тавре ки чун Худо дар ибодатхонаи Худо нишаста, худро Худо эълон мекунад. Оё дар хотир надоред, ки ҳангоме ки ҳанӯз назди шумо будам, инро ба шумо мегуфтам? Ва акнун шумо медонед он чист, ки ба вай монеъ мешавад, то дар вақти муайян ошкор гардад. Зеро сирри бадӣ аллакай амал мекунад, фақат то даме ки он ки ҳоло монеъ мешавад, аз миён бардошта шавад, — он гоҳ бадкор ошкор мегардад, ҳамон ки Худованд ӯро бо нафаси даҳонаш мекушад ва бо зуҳури омадани Худ нобуд мекунад. Омадани ин /бадкор/ бо ҳар гуна қувват ва аломатҳо ва муъҷизаҳои дурӯғин аз рӯи амали шайтон аст, ва бо ҳар гуна фиреби беинсофӣ барои нобудшавандагон, чунки муҳаббати ростиро қабул накарданд, то наҷот ёбанд. Ва ба ин сабаб Худо ба онҳо неруи гумроҳкунандаро мефиристад, то ба дурӯғ бовар кунанд, то ҳамаи онҳое ки ба ростӣ бовар накарданд, балки беинсофиро писандиданд, маҳкум гарданд. Валекин мо бояд ҳамеша Худоро барои шумо, эй бародарони дӯстдоштаи Худованд, шукргузорӣ намоем, ки Худо аз ибтидо, ба воситаи муқаддас гардидан аз Рӯҳ ва имон овардан ба ростӣ, шуморо барои наҷот интихоб кардааст. Ӯ шуморо ба он ба воситаи Инҷили мо даъват намудааст, то ҷалоли Худованди мо Исои Масеҳро ба даст оваред. Пас, эй бародарон, истодагарӣ кунед ва ривоятҳоеро, ки ё аз сухан, ё аз номаи мо омӯхтаед, нигоҳ доред. Валекин Худи Худованди мо Исои Масеҳ ва Худо, Падари мо, ки моро дӯст доштааст ва тасаллии абадӣ ва умеди некро бо файз ато намудааст, бигзор дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад ва шуморо дар ҳар сухан ва кори нек устувор гардонад. Дигар ин ки, эй бародарон, дар ҳаққи мо дуо гӯед, то каломи Худованд паҳн шавад ва ҷалол ёбад, чунон ки дар миёни шумо шудааст, ва барои он ки мо аз одамони гумроҳ ва бад халос шавем; зеро на ҳар кас имон дорад. Лекин Худованд бовафо аст, ки шуморо устувор гардонад ва аз шарир нигоҳ дорад. Ва мо ба шумо дар Худованд эътимод дорем, ки он чи ба шумо фармоем, ба ҷо меоваред ва низ ба ҷо хоҳед овард. Ва Худованд дилҳои шуморо ба муҳаббати Худо ва ба сабри Масеҳ роҳнамоӣ кунад. Ҷамоат ва касони бекоргард Валекин ба шумо, эй бародарон, ба номи Худованди мо Исои Масеҳ дастур медиҳем, ки аз ҳар бародаре ки бекоргардӣ мекунад ва мувофиқи ривояте ки аз мо қабул кардаед, рафтор намекунад, дур шавед, зеро худатон медонед, ки чӣ гуна бояд ба мо тақлид намоед; зеро дар миёни шумо бекоргард набудем ва нони касеро муфт нахӯрдем, балки шабу рӯз ба меҳнат ва кор машғул шудем, то ба касе аз шумо гаронӣ накунем, — на аз он сабаб ки ҳақ надоштем, балки барои он ки худамонро ба шумо намунаи ибрат гардонем, то ба мо тақлид намоед. Зеро, ҳангоме ки назди шумо будем, ба шумо чунин дастур додем: агар касе нахоҳад кор кунад, хӯрок ҳам нахӯрад. Зеро шунидем, ки баъзе касон дар миёни шумо бекоргардӣ мекунанд, яъне ҳеҷ коре накарда, давуғеҷи барзиёд мекунанд. Ба чунин шахсон ба номи Худованди мо Исои Масеҳ мефармоем ва насиҳат медиҳем, ки оромона кор карда, нони худро хӯранд. Валекин шумо, эй бародарон, аз некӯкорӣ монда нашавед. Ва агар касе ба суханони мо дар ин нома гӯш надиҳад, ӯро дар хотир гиред ва бо ӯ рафтуомад накунед, то шарм дорад; аммо ӯро душман ҳисоб накунед, балки ҳамчун бародар насиҳат диҳед. Валекин Худи Худованди осоиш ҳамеша дар ҳама чиз осоиш ба шумо ато намояд. Худованд бо ҳамаи шумо бод! Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам, ки ин аломате дар ҳар нома аст; ман чунин менависам: Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.  Павлус, расули Исои Масеҳ бо фармони Худое ки Наҷотдиҳандаи мост, ва Худованд Исои Масеҳ, ки умеди мост, ба Тимотиюс, ки фарзанди ҳақиқӣ дар имон аст: файз, марҳамат ва осоиш аз ҷониби Падари мо Худо ва Худованди мо Масеҳ Исо бод. Вақте ки ба Мақдуния равона шудам, аз ту хоҳиш кардам, ки дар Эфесус монӣ, то баъзе касонро фармоӣ, ки таълимоти дигарро паҳн накунанд ва бо қиссаҳо ва насабномаҳои бепоён машғул нашаванд, ки ин чизҳо на ба ободии хонаи Худо, ки дар имон аст, балки бештар ба баҳсҳо оварда мерасонад. Мақсади ин фармуда муҳаббат аст, ки аз дили соф ва виҷдони нек ва имони бе дурӯягӣ падид меояд, ки баъзе касон аз он дур шуда, ба беҳудагӯӣ моил шудаанд, дар ҳоле ки мехоҳанд муаллимони шариат бошанд, аммо он чи мегӯянд ва он чи даъво мекунанд, намефаҳманд. Лекин мо медонем, ки шариат нек аст, кас агар онро ба дурустӣ ба кор барад, ва инро донад, ки шариат на барои росткор дар миён гузошта шудааст, балки барои бадкорон ва саркашон, худонотарсон ва гуноҳкорон, нопокон ва худобехабарон, барои таҳқиркунандагони падар ва модар, барои одамкушон, барои фосиқон, бачабозон, одамдуздон, дурӯғгӯён, савгандшиканон ва барои ҳар амале ки бар хилофи таълимоти солим аст, аз рӯи Инҷили ҷалоли Худои муборак, ки ба ман супурда шудааст. Пас Худовандамон Масеҳ Исоро шукргузорӣ мекунам, ки Ӯ ба ман қувват бахшид ва маро боваринок дониста, ба хизматгузорӣ таъйин намуд, — маро, ки пештар куфргӯ ва таъқибкунанда ва озордеҳ будам, лекин ба ман марҳамат карда шуд, чунки аз рӯи нодонӣ дар беимонӣ амал мекардам. Ва файзи Худованди мо бо имон ва муҳаббате ки дар Масеҳ Исо аст, беандоза зиёд шуд. Ин сухан боварибахш аст ва сазовори қабули комил, ки Масеҳ Исо ба дунё омад, то гуноҳкоронро наҷот диҳад, ва ман бадтарини онҳо ҳастам. Лекин ба ман барои он марҳамат карда шуд, ки Исои Масеҳ тамоми пурсабриро аввал дар ман нишон диҳад, то ба онҳое ки барои ҳаёти абадӣ ба Ӯ имон меоваранд, намунаи ибрат бошам. Ба Подшоҳи абадӣ, ба Худои нобуднашаванда, нонамоён ва хирадманди якто то абад иззат ва ҷалол бод. Омин. Ба ту, эй фарзандам Тимотиюс, мувофиқи пайғамбариҳое ки пештар дар ҳаққи ту шуданд, ин фармударо месупорам, то аз рӯи онҳо дар набарди нек ҷанг кунӣ, ва имон ва виҷдони некро нигоҳ дорӣ, ки баъзе касон онро рад карданд, ва киштии имонашон ғарқ шуд; аз он ҷумла Ҳименоюс ва Искандар, ки онҳоро ба шайтон супурдам, то ибрат гирифта, /дигар/ куфр нагӯянд. Пас, дар навбати аввал хоҳишмандам, ки илтимосҳо, дуоҳо, шафоатҳо ва шукронаҳо барои ҳамаи одамон ба ҷо оварем, /аз он ҷумла/ барои подшоҳон ва барои ҳамаи ҳукуматдорон, то ки ором ва осуда, бо камоли худотарсӣ ва сарбаландӣ умр гузаронем. Зеро ин ба Худо, ки Наҷотдиҳандаи мост, хуб ва писандида аст, ки Ӯ мехоҳад ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ расанд. Зеро Худо яктост, ва Миёнарав байни Худо ва одамон /низ/ яктост, ки Масеҳ Исои одамизод аст, ки Худро чун фидияе барои ҳама дод. Ин шаҳодатест, ки дар замони муайян дода шудааст, ва барои ин ман воиз ва расул ва муаллими халқҳо дар имон ва ростӣ таъйин шудаам, — дар Масеҳ рост мегӯям, дурӯғ не. Пас хоҳиш дорам, ки мардон дастҳои муқаддасро бе ғазаб ва шубҳа боло бардошта, дар ҳар ҷо дуо гӯянд; ва занон низ дар сару либоси шоиста шармгин ва покдоман бошанд ва худро на бо мӯйбофӣ, на бо тилло, на бо марворид ва на бо либосҳои гаронбаҳо оро диҳанд, балки бо корҳои нек, чунон ки ба заноне ки даъвои худотарсӣ мекунанд, муносиб аст. Бигзор зан дар хомӯшӣ бо камоли фармонбардорӣ таълим гирад; ва ба зан иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳад ва ба мард ҳукмрон шавад, балки хомӯш бошад. Зеро аввал Одам сиришта шудааст, ва баъд Ҳавво; ва Одам фирефта нашудааст, балки зан фирефта гардида, ба хато дучор шудааст; лекин /зан/ бо зоидани фарзанд нигоҳ дошта мешавад, агар дар имон ва муҳаббат ва муқаддасӣ бо покдоманӣ устувор монад. Ин сухан боварибахш аст, ки агар касе нигаҳбони /ҷамоат/ будан хоҳад, кори хубе орзу мекунад. Аммо нигаҳбон бояд беайб, шавҳари як зан, ҳушёр, боандеша, боодоб, меҳмоннавоз ва омӯзгор бошад; на майпараст, на ҷангара, на тамаъкор, балки нармдил ва на ситезаҷӯ, на пулпараст; аҳли хонаи худро ба хубӣ идора кунад, фарзандонашро бо камоли эҳтиром дар фармонбардорӣ нигоҳ дорад; зеро агар кас надонад чӣ гуна аҳли хонаи худро идора кунад, чӣ гуна вай дар бораи ҷамоати Худо ғамхорӣ карда метавонад? Навимон набошад, мабодо ҳавобаланд шуда, зери ҳукми иблис афтад. Ва ҳамчунин назди онҳое ки берун /аз ҷамоатанд/, ӯ бояд некном бошад, то ба расвоӣ ва доми иблис гирифтор нашавад. Хизматгузорон низ соҳибэҳтиром бошанд, на дузабон, на моили шаробнӯшии зиёд, на тамаъкор, /балки/ сирри имонро дар виҷдони пок нигоҳ доранд. Валекин онҳо бигзор аввал озмуда шаванд ва баъд, агар беайб бошанд, хизмат кунанд. Ҳамчунин занонашон бояд соҳибэҳтиром бошанд, на ғайбаткунанда, балки ҳушёр ва аз ҳар ҷиҳат боваринок. Хизматгузорон бояд шавҳари як зан бошанд, фарзандон ва аҳли хонаи худро ба хубӣ идора кунанд; зеро онҳое ки нағз хизмат кардаанд, барои худ мартабаи олӣ ва ҷуръати азим дар имоне ки дар Масеҳ Исо аст, муҳайё мекунанд. Инро ба ту менависам ба умеди он ки ба қарибӣ назди ту биёям. Аммо агар дер монам, туро лозим аст донӣ, ки чӣ гуна дар хонаи Худо рафтор бояд кард, ки он ҷамоати Худои зинда, сутун ва бунёди ростист. Ва бечуну чаро бузург аст сирри худотарсӣ: Худо дар ҷисм зоҳир шуд, Дар Рӯҳ тасдиқ гардид, Ба фариштаҳо намоён шуд, Дар миёни халқҳо мавъиза шуд, Дар ҷаҳон бо имон пазируфта шуд, Дар ҷалол боло бурда шуд. Аммо Рӯҳ кушоду равшан мегӯяд, ки дар замонҳои оянда баъзе касон аз имон гашта, ба рӯҳҳои фиребанда ва таълимотҳои девҳо рӯ меоваранд, ба воситаи дурӯягии дурӯғгӯёне ки виҷдонашон гӯё бо доғе беҳис шудааст, никоҳро манъ мекунанд ва аз хӯрокҳое парҳез /мефармоянд/, ки онҳоро Худо офаридааст, то имондорон ва донандагони ростӣ бо шукргузорӣ истеъмол кунанд. Зеро ҳар офаридаи Худо хуб аст, ва ҳеҷ чиз набояд рад карда шавад, агар онро бо шукргузорӣ истеъмол кунанд, чунки он бо каломи Худо ва бо дуо муқаддас мегардад. Агар инро ба бародарон ёдовар шавӣ, хизматгузори неки Исои Масеҳ мешавӣ, ки аз суханони имон ва таълимоти неке ки пайравӣ кардаӣ, ғизо мегирад. Аммо аз афсонаҳои худобехабаронаи пиразанҳо рӯй гардон, балки худро дар худотарсӣ машқ деҳ; зеро машқи ҷисмонӣ кам фоида дорад, вале худотарсӣ барои ҳама чиз фоиданок аст, ки ваъдаи ҳаёти ҳозира ва ояндаро дорад. Ин сухан боварибахш аст ва сазовори қабули комил. Зеро барои ҳамин ҳам мо меҳнат мекунем ва хорӣ мебинем, ки ба Худои зинда умед бастаем, ки Ӯ Нигаҳдорандаи ҳамаи одамон, хусусан имондорон аст. Ҳаминро фармо ва таълим деҳ. Бигзор ҳеҷ кас туро ба сабаби ҷавонӣ хор нашуморад; балки барои имондорон дар сухан, дар рафтор, дар муҳаббат, дар рӯҳ, дар имон, дар покӣ намунаи ибрат бош. То омаданам бо китобхонӣ, насиҳат ва таълим машғул шав. Ба атое ки дар туст, беаҳамиятӣ накун, ки он ба ту ба воситаи пайғамбарӣ бо гузоштани дастҳои пирон дода шудааст. Ба ин чизҳо ғамхорӣ намо, худро ба онҳо бахш, то ки пешрафти ту ба ҳама намоён шавад. Ба худ ва ба таълим диққат деҳ, ҳамеша бо онҳо машғул бош; зеро, агар чунин кунӣ, ҳам худро нигоҳ медорӣ ва ҳам шунавандагонатро. Пирамардро сарзаниш накун, балки чун падар насиҳат деҳ; ҷавононро чун бародарон; пиразанонро чун модарон; ҷавонзанонро чун хоҳарон, бо камоли покӣ. Бевазанонро, ки ҳақиқатан бевазанон бошанд, эҳтиром намо. Вале агар бевазане соҳиби фарзандон ва ё набераҳо бошад, онҳо аввал нисбат ба оилаи худ худотарс буданро ёд гиранд ва падару модаронро қадрдонӣ кунанд, зеро ин писандидаи Худост. Бевазани ҳақиқӣ ва бекас ба Худо умед мебандад ва шабу рӯз ба зорӣ ва дуо машғул аст, лекин бевазане ки дар айшу нӯш умр мегузаронад, зинда ба зинда мурда аст. Ҳаминро ба онҳо фармо, то беайб бошанд. Аммо агар касе ба хешу табораш ва хусусан ба аҳли хонааш ғамхорӣ накунад, вай тарки имон кардааст ва аз беимон бадтар аст. Ба рӯйхат номи бевазане сабт шавад, ки синну солаш аз шаст кам набошад ва як шавҳар карда бошад ва дар бораи корҳои некаш шаҳодате дошта бошад: фарзандонро тарбия дода, ғарибонро меҳмондорӣ карда, пойҳои муқаддасонро шуста, аламзадагонро дастгирӣ намуда ва ҳар кори некро пайравӣ карда бошад. Лекин бевазанони ҷавонтарро рад кун, зеро вақте ки шаҳват онҳоро аз Масеҳ дур месозад, шавҳар кардан мехоҳанд; бинобар ин маҳкум мешаванд, чунки имони пештараро рад кардаанд. Ва илова бар ин, хона ба хона гашта, омӯхта мешаванд, ки бекор бошанд, ва на танҳо бекор, балки низ сергап ва кунҷков, ки суханони ношоиста мегӯянд. Пас, хоҳиши ман ин аст, ки ҷавонзанон шавҳар кунанд, бача зоянд, бо рӯзгори хона машғул шаванд ва ба душман ҳеҷ асосе надиҳанд, ки бадгӯӣ кунад; зеро аллакай баъзеи онҳо аз пайи шайтон рафта, гумроҳ шудаанд. Агар мард ё зани имондоре бевазанон дошта бошад, бигзор ба онҳо мадад расонад ва бар ҷамоат гаронӣ накунад, то ҷамоат ба бевазанони ҳақиқӣ мадад расонда тавонад. Пироне ки нағз сардорӣ мекунанд, эҳтироми дучандро сазоворанд, хусусан онҳое ки дар калом ва таълим меҳнат мекунанд, зеро Китоб мегӯяд: “Даҳони барзаговеро, ки хирман мекӯбад, набанд”; ва: “Меҳнаткаш сазовори музди худ аст”. Шикоятро дар ҳаққи пире, бе он ки ду ё се шоҳид бошад, қабул накун. Онҳоеро, ки гуноҳ мекунанд, дар ҳузури ҳама сарзаниш кун, то дигарон низ тарсанд. Дар пеши Худо ва Худованд Исои Масеҳ ва фариштаҳои интихобшуда туро қасам медиҳам, ки инро бе пешдоварӣ риоя намоӣ ва ҳеҷ кореро бо рӯйбинӣ накунӣ. Дастҳоро бар ҳеҷ кас шитобкорона нагузор ва ба гуноҳҳои дигарон шарик нашав; худро пок нигоҳ дор. Дигар фақат об нанӯш, балки барои меъдаат ва нотобиҳои зиёди худ каме май ба кор бар. Гуноҳҳои баъзе касон ошкоранд ва рост сӯи маҳкумият мебаранд, лекин гуноҳҳои дигарон баъдтар ошкор мешаванд. Ҳамчунин корҳои нек ошкоранд, ва агар ин тавр набошанд ҳам, пинҳон монда наметавонанд. Ҳамаи онҳое ки зери юғи ғуломӣ ҳастанд, бояд хоҷагони худро сазовори эҳтироми комил донанд, то ҳеҷ кас номи Худо ва таълимотро бадгӯӣ накунад. Вале онҳое ки хоҷагони имондор доранд, набояд онҳоро ба сабаби бародар буданашон хор шуморанд; балки бояд зиёдтар бандагӣ намоянд, зеро онҳое ки баҳра мебинанд, имондор ва дӯстдоштаанд. Инро таълим деҳ ва насиҳат намо. Агар касе таълимоти дигарро паҳн кунад ва ба суханони солими Худованди мо Исои Масеҳ ва ба таълимоти худотарсӣ пайравӣ накунад, — вай ҳавобаланд аст ва ҳеҷ чизро намедонад, балки ба бемории ҷидолҳо ва баҳсҳо дучор шудааст, ки аз онҳо ҳасад, ҷанҷол, бадзабониҳо, гумонҳои бад ва кашмакашҳои доимӣ дар миёни шахсони фикрашон фосид ва аз ҳақиқат дур ба амал меоянд, ки гумон мекунанд худотарсӣ манбаи фоида аст. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо. Аммо худотарсӣ бо қаноатмандӣ манфиати зиёде дорад. Зеро мо ба дунё чизе наовардаем, ва равшан аст, ки чизе аз он бурдан ҳам наметавонем. Пас, агар хӯрок ва либос дошта бошем, бояд аз он қонеъ шавем. Лекин онҳое ки мехоҳанд сарватманд шаванд, гирифтори озмоиш ва дом ва бисёр ҳавасҳои беақлона ва зарарнок мешаванд, ки онҳо одамонро дар хонавайронӣ ва ҳалокат меғӯтонанд. Зеро ки решаи ҳамаи бадиҳо пулпарастист, ки баъзе касон ба он орзуманд шуда, аз имон гаштаанд ва худро гирифтори дардҳои зиёде кардаанд. Аммо ту, эй одами Худо, аз ин гурез ва аз пайи росткорӣ, худотарсӣ, имон, муҳаббат, сабр ва нармдилӣ рав. Дар роҳи неки имон талош намо, ҳаёти абадиро ба даст овар, ки барои он даъват гардидаӣ ва дар пеши шоҳидони бисёр эътирофи нек кардаӣ. Ба ҳузури Худое ки ҳамаро ҷон мебахшад, ва ба ҳузури Масеҳ Исо, ки дар пеши Понтиюс Пилотус эътирофи нек кардааст, ба ту мефармоям, ки фармударо то вақти зоҳир шудани Худованди мо Исои Масеҳ бенуқсон ва беайб риоя намоӣ, ки онро дар вақти худ нишон медиҳад: Фармонгузори муборак ва ягона, Подшоҳи подшоҳон Ва Худованди худовандон, Ки танҳо Ӯ намиранда буда, Дар нури дастнорас сокин аст, Ва Ӯро ҳеҷ кас надидааст Ва дида наметавонад. Ӯро то абад иззат ва қудрат бод! Омин. Сарватдорони давраи ҳозираро фармо, ки ҳавобаландӣ накунанд ва на ба сарвати бебақо, балки ба Худои зинда умед банданд, ки ҳама чизро барои лаззати мо ба фаровонӣ ато мекунад; бигзор онҳо некӣ кунанд ва аз корҳои нек сарватманд шаванд, саховатманд ва дасткушод бошанд, то барои худ /ганҷе/ ғун кунанд, ки барои оянда асоси нек гардад, ва ҳаёти абадиро ба даст оваранд. Эй Тимотиюс! Он чиро, ки ба ту амонат гузошта шудааст, муҳофизат намо ва аз беҳудагӯии худобехабарона ва ақидаҳои мухолиф, ки бардурӯғ дониш номида мешаванд, рӯй гардон, ки баъзе касон онро пайравӣ карда, аз имон гаштаанд. Файз бо ту бод. Омин.  Павлус, расули Исои Масеҳ бо хости Худо, аз рӯи ваъдаи ҳаёт, ки дар Масеҳ Исо аст, ба Тимотиюс, фарзанди азизам: файз, марҳамат ва осоиш аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Масеҳ Исо бод. Шукргузорӣ менамоям Худоеро, ки аз аҷдоди худ бо виҷдони пок Ӯро ибодат мекунам, ҳангоме ки туро шабу рӯз пайваста дар дуоҳоям ба ёд меоварам. Пазмони дидори ту ҳастам, — дар ҳолате ки ашкҳои туро дар ёд дорам, — то аз шодӣ пур шавам, зеро имони бериёи туро, ки пештар дар бибият Лӯис ва модарат Авнико сокин буд, ба ёд меоварам ва дилпур ҳастам, ки он дар ту низ /сокин аст/. Аз ин сабаб ба ёди ту меоварам, ки он атои Худоро, ки ба воситаи гузоштани дастҳои ман дар туст, барафрӯзӣ; зеро Худо ба мо на рӯҳи тарсро, балки рӯҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезгориро додааст. Пас, аз шаҳодат додан дар бораи Худованди мо ва аз ман, ки бандии Ӯ ҳастам, шарм накун, балки барои Инҷил дар қуввати Худо бо мо азоб каш, ки Ӯ моро наҷот додааст ва бо даъвати муқаддас хондааст, на мувофиқи амалҳои мо, балки аз рӯи нақшаи Худ ва он файзе ки ба мо аз замонҳои азал дар Масеҳ Исо ато шудааст, вале акнун ба воситаи зоҳир шудани Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ ошкор гардидааст, ки Ӯ маргро ҳеҷ кард ва ҳаёт ва бефаноиро ба воситаи Инҷил дурахшон намуд, ки барои он ман воиз ва расул ва муаллими халқҳо таъйин шудаам. Ва ба ин сабаб ман чунин азоб мекашам, лекин хиҷил намешавам, зеро медонам ба Кӣ имон овардаам, ва ман дилпур ҳастам, ки Ӯ қодир аст амонати маро то он рӯз нигоҳ дорад. Намунаи суханони солимро, ки аз ман шунидаӣ, бо имон ва муҳаббате ки дар Масеҳ Исо аст, пайравӣ намо. Он амонати некро ба воситаи Рӯҳулқудсе ки дар мо сокин аст, нигоҳ дор. Ту медонӣ, ки ҳамаи онҳое ки дар вилояти Осиё ҳастанд, маро тарк кардаанд; аз он ҷумла Фиҷелус ва Ҳармуҷанис. Худованд ба аҳли хонаи Анисифурус марҳамат намояд барои он ки ӯ чандин бор маро роҳат бахшид ва аз занҷирҳоям хиҷил нашуд, балки, ҳангоме ба Рум омад, бисёр маро ҷустуҷӯ намуда, ёфт. Худованд ба ӯ ато кунад, ки аз Худованд дар он рӯз марҳамат ёбад. Ва хизмати бисёреро, ки ӯ дар Эфесус кардааст, ту хубтар медонӣ. Пас ту, эй фарзандам, бо файзе ки дар Масеҳ Исо аст, зӯрманд бош. Ва он чиро, ки аз ман дар ҳузури шоҳидони бисёр шунидаӣ, ба одамони бовариноке супор, ки аз ӯҳдаи таълим додани дигарон низ бароянд. Пас ту чун сарбози неки Исои Масеҳ ба азобҳо тоб овар. Ҳеҷ сарбоз худро бо корҳои рӯзгор банд намекунад, то ба фармондеҳ писанд афтад. Ва агар касе паҳлавонӣ кунад ҳам, соҳиби тоҷ намешавад, агар аз рӯи қоида паҳлавонӣ накарда бошад. Зироаткори меҳнаткаш бояд аввалин шахс бошад, ки аз ҳосил баҳра мебарад. Дар бораи он чи мегӯям, фикр кун, ва Худованд дар ҳама чиз ба ту фаҳм диҳад. Исои Масеҳро дар ёд нигоҳ дор, ки аз насли Довуд буд, ва аз мурдагон бархест; ин аст Инҷили ман, ки барои он, чун бадкоре, то ба ҳадди занҷир азоб мекашам, аммо каломи Худо занҷирбанд нест. Бинобар ин ман ба ҳар чиз ба хотири интихобшудагон тоб меоварам, то онҳо низ наҷотеро, ки дар Масеҳ Исо аст, бо ҷалоли абадӣ ба даст оваранд. Ин сухан боварибахш аст: Агар бо Ӯ мурдаем, Бо Ӯ зиндагӣ ҳам хоҳем кард; Агар тоб оварем, Бо Ӯ ҳукмронӣ ҳам хоҳем кард; Агар инкор кунем, Ӯ низ моро инкор хоҳад кард; Агар мо бевафо бошем, Ӯ вафодор мемонад; Худро инкор карда наметавонад. Ҳаминро хотиррасон карда, ба ҳузури Худованд онҳоро қасам деҳ, ки дар бораи калимаҳо мунозира накунанд, ки он ҳеҷ фоида намебахшад, балки шунавандагонро гумроҳ месозад. Саъю кӯшиш намо, ки худро ба Худо муносиб нишон диҳӣ, ҳамчун коркуне ки аз кор хиҷил намешавад ва каломи ростиро дуруст таълим медиҳад. Вале аз беҳудагӯии худобехабарона канорагирӣ намо; зеро ин кор мардумро боз ҳам зиёдтар аз Худо дур мекунад, ва суханашон чун мараз паҳн мешавад. Дар миёни онҳо Ҳименоюс ва Филитус ҳастанд, ки аз ростӣ дур шуда, мегӯянд, ки “растохез аллакай воқеъ шудааст”, ва имони баъзе касонро хароб мекунанд. Аммо бунёди мустаҳками Худо пойдор аст ва чунин мӯҳре дорад: “Худованд касони Худро мешиносад”; ва “Ҳар кӣ номи Худовандро хонад, аз беинсофӣ канорагирӣ намояд”. Вале дар хонаи калон на танҳо зарфҳои тилло ва нуқра, балки чӯбин ва гилин ҳам ҳастанд: баъзе барои истифодаи иззатнок, ва баъзе барои истифодаи одӣ. Пас, агар касе худро аз инҳо пок кунад, зарфе барои истифодаи иззатнок мешавад: муқаддас ва фоиданок барои соҳибаш, тайёр ба ҳар кори нек. Аз майлҳои ҷавонӣ гурез ва бо онҳое ки Худовандро бо дили пок мехонанд, аз пайи росткорӣ, имон, муҳаббат ва осоиш рав. Аз баҳсҳои аблаҳона ва бехирадона канорагирӣ намо, чун медонӣ, ки онҳо ҷанҷолҳоро ба вуҷуд меоваранд; лекин бандаи Худованд набояд ҷанҷол кунад, балки бо ҳама меҳрубон, омӯзгор ва пуртоқат бошад, бо нармдилӣ мухолифонро насиҳат диҳад, ки шояд Худо ато кунад, ки онҳо тавба карда, ба дониши ростӣ расанд, ва аз доми иблис, ки онҳоро асири хости худ гардондааст, раҳоӣ ёбанд. Ва инро бидон, ки дар рӯзҳои охирин замонҳои сахт фаро мерасанд. Зеро одамон худпараст мешаванд, пулпараст, лофзан, мағрур, бадзабон, беитоат ба падару модарон, кӯрнамак, нопок, бемеҳр, номуросо, ғайбатгар, бепарҳез, бераҳм, душмани некӣ, хиёнаткор, берӯй, ҳавобаланд, ки дилхуширо бештар аз Худо дӯст медоранд ва намуди зоҳирии худотарсиро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо. Зеро ба онҳо касоне тааллуқ доранд, ки бо ҳила ба хонаҳо даромада, занони сабукфикреро фирефта мекунанд, ки дар гуноҳҳо ғӯтидаанд, ба ҳавасҳои гуногун моил шудаанд. Ин занон ҳамеша таълим мегиранд, вале ҳаргиз ба дониши ростӣ расида наметавонанд. Чунон ки Янис ва Ямбрис ба муқобили Мусо бархеста буданд, онҳо низ, ки мардуми олудафикр ва дар имон ноком мебошанд, ба муқобили ростӣ бармехезанд. Аммо бисёр комёб намешаванд, зеро аблаҳии онҳо ба ҳама ошкор мешавад, чунон ки бо он /ду/ низ шуда буд. Лекин ту таълим, рафтор, мақсад, имон, тоқат, муҳаббат ва сабри маро медонӣ, /ҳамчунин/ таъқибот ва азобҳоеро, ки дар Антокия, Қуния ва Листра ба сари ман омаданд. Чунин таъқиботро ман аз сар гузарондам, ва Худованд маро аз ҳамаи инҳо халосӣ дод. Ва ҳамаи онҳое ки мехоҳанд бо худотарсӣ дар Масеҳ Исо зиндагӣ кунанд, ба таъқибот дучор мешаванд. Вале одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар гардида, гумроҳ мекунанд ва гумроҳ мешаванд. Лекин ту дар он чи омӯхтаӣ ва аз он дилпур ҳастӣ, пойдор бош, чун медонӣ аз кӣ онро омӯхтаӣ ва аз кӯдакӣ Китоби Муқаддасро медонӣ, ки метавонад туро ҳикмат омӯзад барои наҷот ба воситаи имоне ки дар Масеҳ Исо аст. Тамоми Китоб аз рӯи илҳоми Худост ва барои омӯзиш, барои сарзаниш, барои ислоҳ, барои тарбия дар росткорӣ фоиданок аст, то одами Худо комил гардида, ба ҳар кори нек муҳайё шавад. Пас, туро дар ҳузури Худо ва Худованд Исои Масеҳ, ки зиндагон ва мурдагонро доварӣ мекунад, ба хотири зоҳир шудани Ӯ ва Подшоҳии Ӯ қасам медиҳам, ки каломро мавъиза кунӣ ва дар вақти муносиб ё номуносиб омода бошӣ, бо тамоми пурсабрӣ ва омӯзгорӣ сарзаниш, танбеҳ ва насиҳат кунӣ. Зеро замоне фаро мерасад, ки таълимоти солимро бардошт намекунанд, балки аз рӯи ҳавасҳои худ барои худ муаллимоне гирд меоваранд, ки суханонашон ба гӯшҳо хуш оянд; ва гӯшҳои худро аз ростӣ гардонда, ба афсонаҳо рӯ меоваранд. Аммо ту дар ҳама чиз ҳушёр бош, ба азоб тоб овар, кори башоратдиҳандаро ба ҷо овар ва хизмати худро иҷро намо. Зеро ман акнун қурбонии рехтанӣ мешавам, ва замони даргузаштанам фаро расидааст. Дар кашмакаши неке талош кардам, давишро анҷом додам, имонро нигоҳ доштам; ва акнун барои ман тоҷи росткорӣ омода гардидааст, ки онро Худованд, Довари одил, дар он рӯз ба ман медиҳад; ва на танҳо ба ман, балки низ ба ҳамаи онҳое ки зоҳир шудани Ӯро дӯст доштаанд. Саъю кӯшиш намо, ки ба зудӣ назди ман биёӣ. Зеро Димос давраи ҳозираро дӯст дошта, маро тарк кард ва ба Тасолуникӣ равона шуд; Крискис ба Ғалотия /рафт/, ва Титус ба Далмотия; танҳо Луқо бо ман аст. Марқусро гирифта бо худ биёр, зеро ба ман барои хизматам фоиданок аст. Ман Тихиқусро ба Эфесус фиристодам. Ҳангоми омаданат ҷомаеро, ки ман дар Трӯос назди Карпус мондаам, биёр, китобҳоро низ, хусусан навиштаҳои пӯстиро. Искандари мисгар ба ман бисёр бадӣ кард. Худованд сазои корҳояшро диҳад. Ту низ аз ӯ эҳтиёт шав, зеро ӯ ба суханони мо сахт муқобилат кард. Ҳангоми ҳимояи аввалинам ҳеҷ кас тарафи маро нагирифт, балки ҳама маро тарк карданд. Бигзор ин барояшон гуноҳ ҳисоб нашавад! Аммо Худованд ёри ман буд ва ба ман қувват дод, то ба воситаи ман мавъиза ба анҷом расад ва ҳамаи халқҳо онро шунаванд; ва ман аз даҳони шер раҳо шудам. Ва Худованд маро аз ҳар кори бад халосӣ дода, барои Подшоҳии Осмонии Худ нигоҳ медорад. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин. Ба Приска ва Акило ва аҳли хонаи Анисифурус салом расон. Арастус дар Қуринтус монд; ва Труфимусро дар Милитус бемор вогузоштам. Саъю кӯшиш намо, ки пеш аз зимистон биёӣ. Авбулус ва Пудис ва Линус ва Клавдия ва ҳамаи бародарон ба ту салом мерасонанд. Худованд Исои Масеҳ бо рӯҳи ту бод. Файз бо шумо бод. Омин.  Павлус, бандаи Худо ва расули Исои Масеҳ, дар хизмати имони интихобшудагони Худо ва дониши ростие ки дар худотарсист, ба умеди ҳаёти абадӣ, ки Худо, ки наметавонад дурӯғ гӯяд, онро аз азал ваъда кардааст, ва дар замони муайян каломи Худро дар мавъизае ошкор намудааст, ки он бо фармони Наҷотдиҳандаи мо Худо ба ман супурда шудааст, — ба Титус, фарзанди ҳақиқиам, ки ҳар дуи мо дар як имон шарикем, файз, марҳамат ва осоиш аз ҷониби Худои Падар ва Наҷотдиҳандаи мо Худованд Исои Масеҳ бод. Барои он туро дар Крит мондаам, ки корҳои нотамомро ба анҷом расонӣ ва дар ҳар шаҳр пиронро таъйин намоӣ, чунон ки ба ту фармудаам: агар касе беайб ва шавҳари як зан буда, фарзандони имондоре дошта бошад, ки дар бадахлоқӣ ё саркашӣ сарзаниш намешаванд. Зеро нигаҳбони /ҷамоат/ бояд, чун масъули кори Худо, беайб бошад, на худсар, на зудхашм, на майпараст, на ҷангара, на тамаъкор, балки меҳмоннавоз, хайрхоҳ, боандеша, росткор, муқаддас, худдор. Ӯ бояд дар каломи боварибахш, ки мувофиқи таълимот аст, пойдор бошад, то тавонад бо таълимоти солим насиҳат диҳад ва мухолифонро сарзаниш кунад. Зеро беҳудагӯён ва фиребгарон бисёр ва саркаш мебошанд, хусусан онҳое ки аз аҳли хатна ҳастанд. Даҳонашонро бояд баст, чунки онҳо аз сабаби фоидаи нангин чизҳои ношоистаро таълим дода, хонаводаҳоро ба пуррагӣ хароб мекунанд. Яке аз онҳо, ки пайғамбари худи онҳост, гуфтааст: “Критиён ҳамеша дурӯғгӯ ҳастанд, ва дарандагони бадкин, ва шикампарастони танбал”. Ин шаҳодат дуруст аст. Ба ин сабаб онҳоро сахт сарзаниш намо, то дар имон солим бошанд, ва ба афсонаҳои яҳудиён ва ба фармудаҳои одамоне ки аз ростӣ рӯй мегардонанд, гӯш наандозанд. Барои покон ҳама чиз пок аст; вале барои олудагон ва беимонон ҳеҷ чиз пок нест, балки ҳам хиради онҳо ва ҳам виҷдонашон олуда гардидааст. Онҳо мегӯянд, ки Худоро мешиносанд, лекин бо корҳояшон Ӯро инкор менамоянд, дар ҳолате ки зишткор ва беитоат буда, ба ҳеҷ кори нек қобил нестанд. Аммо ту он чиро, ки ба таълимоти солим мувофиқ аст, гӯй. /Ба/ пирамардон /гӯй/, ки ҳушёр, соҳибэҳтиром ва боандеша буда, дар имон, муҳаббат ва сабр солим бошанд; монанди ҳамин, пиразанон тавре рафтор кунанд, ки ба муқаддасон муносиб аст, на ғайбаткунанда, на бандагони шаробнӯшии зиёд, балки муаллимаҳои некӣ /бошанд/, то ба ҷавонзанон ёд диҳанд, ки шавҳарон ва кӯдакони худро дӯст доранд, боандеша, пок, ғамхори хона, меҳрубон ва ба шавҳарон фармонбардор бошанд, мабодо дар ҳаққи каломи Худо бадгӯӣ карда шавад. Монанди ҳамин, ҷавононро насиҳат намо, ки боандеша бошанд. Худ дар ҳама чиз намунаи корҳои нек бош. Дар таълим додан садоқат, ҷиддият, самимият ва гуфтори солим ва беайбро /кор фармо/, то душман ҳеҷ чизи баде дар ҳаққи мо гуфта натавонад ва шарманда шавад. Ғуломонро /насиҳат намо/, ки ба хоҷагони худ фармонбардор бошанд, дар ҳар хусус дили онҳоро ёбанд, эътироз накунанд, дуздӣ накунанд, балки камоли вафои некро нишон диҳанд, то таълимоти Наҷотдиҳандаи мо Худоро аз ҳар ҷиҳат ороиш диҳанд. Зеро файзи Худо, ки барои ҳамаи одамон наҷотбахш аст, зоҳир шудааст ва моро таълим медиҳад, ки худонотарсӣ ва майлҳои дунявиро рад намуда, дар давраи ҳозира андешамандона, росткорона ва худотарсона зиндагӣ кунем, ва мунтазири умеди муборак ва зоҳиршавии ҷалоли Худои бузург ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ бошем, ки Худро барои мо фидо кард, то моро аз ҳар бадӣ халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар корҳои нек ғайратманд аст, пок намояд. Инро гӯй ва насиҳат деҳ ва бо тамоми қудрат сарзаниш кун. Ҳеҷ кас туро хор нашуморад. Ба онҳо ёдрас кун, ки ба сарварон ва ҳукуматдорон фармонбардорӣ ва итоат намоянд, барои ҳар кори нек тайёр бошанд, дар ҳаққи ҳеҷ кас бадгӯӣ накунанд, ҷангара набошанд, /балки/ меҳрубон буда, ба ҳамаи одамон бо камоли нармдилӣ рафтор намоянд. Зеро мо низ як вақте бефаҳм, беитоат, гумроҳ ва бандагони ҳавасҳо ва ҳаловатҳои гуногун будем, бо кина ва ҳасад умр ба сар мебурдем ва нафратзадаи дигарон буда, аз якдигар нафрат доштем. Аммо ҳангоме ки меҳрубонӣ ва инсондӯстии Наҷотдиҳандаи мо Худо зоҳир шуд, Ӯ моро на мувофиқи амалҳои росткоронае ки мо мекардем, балки аз рӯи марҳамати Худ наҷот дод, ба воситаи шустушӯи таваллуди дубора ва навшавие ки аз Рӯҳулқудс аст, ки Ӯро бар мо ба воситаи Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ ба фаровонӣ рехт, то ки мо, бо файзи Ӯ сафед шуда, аз рӯи умед ворисони ҳаёти абадӣ гардем. Ин сухан боварибахш аст, ва ман мехоҳам, ки ту ин чизҳоро таъкид кунӣ, то онҳое ки ба Худо имон овардаанд, дар фикри он бошанд, ки корҳои нек кунанд: ин барои одамон хуб ва фоиданок аст. Аммо аз баҳсҳои аблаҳона ва насабномаҳо ва ҷанҷол ва мунозираҳо оид ба шариат рӯй гардон, зеро онҳо бефоида ва ҳеҷу пуч мебошанд. Аз шахси ҷудоиандоз, пас аз он ки як-ду бор насиҳат додаӣ, канорагирӣ намо, чун медонӣ, ки чунин шахс гумроҳ шудааст ва гуноҳ карда, худро маҳкум менамояд. Вақте ки Артемос ё Тихиқусро назди ту равона кунам, саъю кӯшиш намо, ки ба Никӯпулис назди ман биёӣ, зеро қарор додаам зимистонро дар он ҷо гузаронам. Зеноси қонундон ва Апуллусро бо ғамхорӣ ба сафар тайёр намо, то ки аз ҳеҷ чиз камӣ надошта бошанд. Ва бигзор одамони мо низ ёд гиранд, ки машғули корҳои нек бошанд, то эҳтиёҷоти заруриро қонеъ намоянд ва бесамар набошанд. Ҳамаи онҳое ки бо мананд, ба ту салом мерасонанд. Ба онҳое ки моро дар имон дӯст медоранд, салом расон. Файз бо ҳамаи шумо бод. Омин.  Павлус, бандии Масеҳ Исо, ва Тимотиюси бародар, ба Филемӯни азиз ва ҳамкори мо, ва ба Апфияи азиз, ва ба Архипуси ҳамсафи мо, ва ба ҷамоате ки дар хонаи туст: Файз ва осоиш аз ҷониби Худо, Падари мо, ва Худованд Исои Масеҳ бар шумо бод. Худои худро шукргузорӣ менамоям ва ҳамеша туро дар дуоҳои худ зикр мекунам, чунки дар бораи муҳаббати ту ба ҳамаи муқаддасон ва имоне ки ба Худованд Исо дорӣ, мешунавам, /— дуои ман ин аст,/ ки муоширати имони ту чунон таъсирбахш бошад, ки донанд ҳар некие ки дар мо барои Масеҳ Исо мебошад, чист. Зеро мо аз муҳаббати ту шукргузор шудаем ва тасаллии бузурге пайдо кардаем, чунки ба туфайли ту, эй бародар, дилҳои муқаддасон осуда шудаанд. Бинобар ин, агарчи дар Масеҳ ҷуръати зиёде дорам ба ту фармоям, /ки/ он чи шоиста аст, /ба ҷо оварӣ,/ аммо бештар аз рӯи муҳаббат хоҳиш менамоям, гарчанде ман Павлуси пиронсол ва акнун бандии Исои Масеҳ низ ҳастам. Аз ту дар хусуси фарзанди худ Онисимус хоҳиш менамоям, ки ӯро ҳангоми дар занҷирҳо буданам, ба дунё овардаам, ки як вақте ӯ барои ту фоиданок набуд, вале акнун ҳам барои ту фоиданок аст, ҳам барои ман; ӯро назди ту бармегардонам, ва ту ӯро, ки дили ман аст, қабул кун. Мехостам ӯро назди худ нигоҳ дорам, то ба ҷои ту ба ман, ки дар занҷирҳои Инҷил ҳастам, хизмат кунад. Лекин бе розигии ту нахостам коре кунам, то кори неки ту на ҳамчун маҷбурӣ, балки ихтиёрӣ бошад. Зеро, шояд, ӯ барои он муваққатан аз ту ҷудо шуда бошад, ки ту ӯро барои ҳамеша қабул кунӣ, ва акнун на ҳамчун ғуломе, балки аз ғулом болотар, чун бародари азизе. Ӯ бароям хеле /азиз аст/, аммо барои ту боз ҳам азизтар аст, хоҳ чун як инсон ва хоҳ /чун як бародар/ дар Худованд. Пас, агар ту маро шарики худ донӣ, ӯро қабул кун, чунон ки маро /қабул мекунӣ/. Аммо агар ӯ зараре ба ту расонда бошад, ва ё чизе ба гарданаш қарз бошад, онро ба ман ҳисоб кун. Ман, ки Павлус ҳастам, бо дасти худ менависам: худам бармегардонам; ҳоло онро ба ту намегӯям, ки ту /ҷони/ худро низ аз ман қарздор ҳастӣ. Бале, эй бародар, бигзор аз ту дар Худованд хурсанд шавам: дили маро дар Худованд осуда намо. Азбаски аз итоати ту дилпур ҳастам, ба ту менависам, зеро медонам, ки аз гуфтаи ман зиёдтар ҳам мекунӣ. Дар баробари ин барои ман ҳуҷрае низ тайёр кун, зеро умедворам, ки аз рӯи дуоҳоятон ба шумо ато мешавам. Эпафрос, ки бо ман ба хотири Масеҳ Исо бандӣ мебошад, ва Марқус, ристархус, Димос, Луқо, ки ҳамкорони мананд, ба ту салом мерасонанд. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бод. Омин.  Худо, ки аз қадимулаём борҳо ва ба тарзи гуногун ба падарони /мо/ ба воситаи пайғамбарон сухан гуфтааст, дар ин рӯзҳои охирин ба мо ба воситаи Писараш сухан гуфт, ки Ӯро вориси ҳама чиз таъйин намуд Ва оламҳоро низ ба воситаи Ӯ ба вуҷуд овард. /Писараш/, ки дурахши ҷалол ва инъикоси моҳияти Ӯ буда, Ҳама чизро бо каломи қуввати Худ нигоҳ доштааст, Моро аз гуноҳҳо пок карда, Аз дасти рости Кибриё дар афроз нишаст. Ва ба ҳамон андоза ки аз фариштаҳо бартарӣ пайдо кард, аз онҳо номи аълотаре низ мерос гирифтааст. Зеро ба кадоме аз фариштаҳо /Худо/ ягон вақт гуфтааст: “Ту Писари Ман ҳастӣ; Ман имрӯз Туро ба дунё овардаам”? Ва боз: “Ман ба Ӯ Падар мешавам, Ва Ӯ ба Ман Писар мешавад”? Ва боз ҳангоме ки нахустзодаро ба ҷаҳон дохил мекунад, мегӯяд: “Ва бигзор ҳамаи фариштаҳои Худо Ӯро парастиш кунанд”. Ва дар бораи фариштаҳо мегӯяд: “Фариштаҳои Худро бодҳо мегардонад Ва ходимони Худро — алангаи оташ”. Аммо дар бораи Писараш /мегӯяд/: “Тахти Ту, эй Худо, то абад аст, Асои адолат асои подшоҳии Туст. Росткориро дӯст дошта, Аз бадкорӣ нафрат доштаӣ. Бинобар ин Худо, Худои Ту, Туро бештар аз рафиқонат Бо равғани шодмонӣ масҳ кардааст”. Ва: “Ту, эй Худованд, дар ибтидо заминро бунёд кардаӣ, Ва осмон амали дастҳои Туст. Онҳо аз байн мераванд, аммо Ту пойдор мемонӣ; Ва ҳамаашон чун либосе кӯҳна мешаванд, Ва чун ҷомае онҳоро мепечонӣ, Ва онҳо дигаргун мешаванд. Аммо Ту ҳамон ҳастӣ, Ва солҳои Ту тамом намешаванд”. Ва ба кадоме аз фариштаҳо /Худо/ ягон вақт гуфтааст: “Аз дасти рости Ман нишин, То душманони Туро пойандози Ту созам”? Оё ҳамаи онҳо рӯҳҳои хизматгузор нестанд, ки барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки ворисони наҷот мешаванд? Бинобар ин мо бояд ба он чи шунидаем, махсусан бодиққат бошем, то аз он дур нашавем. Зеро, агар каломе ки ба воситаи фариштаҳо гуфта шудааст, устувор буда, ҳар хато ва беитоатӣ сазои одилона меёфта бошад, чӣ гуна мо мегурезем, агар ба чунин наҷоти бузург бепарвоӣ кунем, ки онро аввал Худованд мавъиза намуд ва баъд онҳое ки аз Ӯ шуниданд, ба мо тасдиқ карданд, ва Худо низ ба воситаи аломатҳо ва муъҷизаҳо ва ҳар гуна қувваҳо ва атоҳои Рӯҳулқудс аз рӯи хости Худ ба он шаҳодат дод? Зеро ҷаҳони ояндаро, ки дар бораи он сухан мегӯем, /Худо/ ба фариштаҳо мутеъ накардааст, балки касе дар ҷое шаҳодат дода, гуфтааст: “Чист инсон, ки ӯро ба ёд оварӣ, Ё писари одам, ки ба дидори ӯ оӣ? Ӯро аз фариштаҳо андак кам кардаӣ; Тоҷи ҷалол ва иззат бар сари ӯ гузоштаӣ; Ва ӯро бар амалҳои дастҳои Худ ҳукмфармо кардаӣ; Ҳама чизро зери пои ӯ гузоштаӣ”. Модоме ки ҳама чизро ба ӯ мутеъ кардааст, ҳеҷ чизе намондааст, ки мутеи ӯ набошад. Вале ҳоло ҳанӯз намебинем, ки ҳама чиз мутеи ӯ бошад; балки Исоро мебинем, ки ба сабаби азоби марг аз фариштаҳо андак кам карда шуд ва /акнун/ тоҷи ҷалол ва иззат бар сар дорад; Ӯ бояд аз рӯи файзи Худо маргро барои ҳама мечашид. Зеро лозим буд Ӯ, ки ҳама чиз барои Ӯст ва ҳама чиз аз Ӯст, барои ба ҷалол расондани писарони бисёр, Пешвои наҷоти онҳоро ба воситаи азобҳо комил гардонад. Зеро ҳам Муқаддаскунанда ва ҳам муқаддасшавандагон, ҳама аз Ягона ҳастанд; ба ин сабаб Ӯ ор намекунад, ки онҳоро бародар хонад, ва мегӯяд: “Номи Туро ба бародаронам маълум менамоям, Дар миёни ҷамоат Туро бо суруд ситоиш мекунам”. Ва боз: “Ман ба Ӯ боварӣ мекунам”. Ва боз: “Инак, Ман ва фарзандоне ки Худо ба Ман додааст”. Ва азбаски фарзандон дар ҷисм ва хун шарик ҳастанд, Ӯ низ ҳамчунин шарики инҳо гардид, то ба воситаи марг соҳиби қудрати маргро, яъне иблисро нобуд намояд ва онҳоеро, ки аз тарси марг тамоми умр гирифтори ғуломӣ буданд, халосӣ диҳад. Зеро Ӯ дар ҳақиқат на фариштаҳоро дастгирӣ кардааст, балки насли Иброҳимро дастгирӣ кардааст. Бинобар ин Ӯ бояд аз ҳар ҷиҳат ба бародарони Худ монанд мешуд, то Саркоҳини марҳаматкунанда ва бовафое дар корҳои Худо бошад, то гуноҳҳои қавмро кафорат кунад, зеро, чӣ тавре ки Худи Ӯ аз озмоиш гузашта, азоб кашидааст, ба озмудашудагон низ метавонад ёрӣ расонад. Пас, эй бародарони муқаддас, ки дар даъвати осмонӣ шарик ҳастед, ба Расул ва Саркоҳини эътирофи мо Масеҳ Исо чашм дӯзед, ки Ӯ ба Он ки Ӯро таъйин намуд, бовафо аст, чунон ки Мусо низ дар тамоми хонаи Ӯ /бовафо/ буд. Зеро Ӯ нисбат ба Мусо сазовори ҷалоли бештаре гардид, чунки созандаи хона назар ба худи хона эҳтироми бештаре дорад. Зеро ҳар хона созандаи худро дорад, валекин созандаи ҳама чиз Худост. Ва Мусо дар тамоми хонаи Ӯ чун хизматгузор бовафо буд, то дар бораи чизҳое ки дар оянда бояд гуфта шаванд, шаҳодат диҳад. Аммо Масеҳ бар хонаи Ӯ чун Писар аст; ва хонаи Ӯ мо ҳастем, ба шарте ки ҷуръат ва фахри умедро то охир маҳкам нигоҳ дорем. Бинобар ин, чунон ки Рӯҳулқудс мегӯяд: “Имрӯз агар овози Ӯро шунавед, Дилҳои худро сахт накунед, Чун дар /замони/ ошӯб, Чун дар рӯзи озмоиш дар биёбон, Ки дар он ҷо падарони шумо Маро озмуданд; Маро имтиҳон карданд, Агарчи амалҳои Маро чил сол дида буданд. Ба ин сабаб бар ин насл дарғазаб шудам Ва гуфтам: ҳамеша дилашон гумроҳ мешавад, Ва роҳҳои Маро нафаҳмидаанд; Ва Ман дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, Ки онҳо ба оромии Ман роҳ намеёбанд”. Эй бародарон, бохабар бошед, ки касе аз шумо дили бад ва беимоне ки аз Худои зинда рӯй мегардонад, надошта бошад, балки якдигарро ҳар рӯз насиҳат диҳед, то даме ки “имрӯз” гуфта мешавад, ки касе аз шумо ба фиреби гуноҳ /афтода/, сахтдил нашавад. Зеро мо шарикони Масеҳ гардидаем, ба шарте ки боварии аввалаи худро то охир маҳкам нигоҳ дорем, чунон ки гуфта мешавад: “Имрӯз, агар овози Ӯро шунавед, Дилҳои худро сахт накунед, Чун дар /замони/ ошӯб”. Зеро онҳое ки шунида, ошӯб бардоштанд, киҳо буданд? Оё на ҳамаи онҳое ки ба воситаи Мусо аз Миср берун омада буданд? Ва бар киҳо Ӯ чил сол дарғазаб шуд? Оё на бар гуноҳкороне ки ҷасадҳошон дар биёбон ғалтиданд? Ва дар ҳаққи киҳо Ӯ қасам хӯрд, ки ба оромии Ӯ роҳ намеёбанд? Оё на дар ҳаққи онҳое ки беитоатӣ карданд? Ва мо мебинем, ки онҳо аз сабаби беимонӣ роҳ ёфтан натавонистанд. Пас, модоме ки ваъдаи роҳ ёфтан ба оромии Ӯ боқист, биёед тарс дошта бошем, мабодо маълум гардад, ки касе аз шумо ноком шудааст. Зеро хушхабар ба мо низ, чунон ки ба онҳо, мавъиза карда шуд; аммо каломи мавъиза ба онҳо фоидае набахшид, чунки бо имони шунавандагон напайваст. Зеро мо, ки имон овардаем, ба он оромӣ роҳ меёбем, чунон ки Ӯ гуфтааст: “Ман дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, Ки онҳо ба оромии Ман роҳ намеёбанд”, агарчи корҳои Ӯ аз вақти бунёдшавии ҷаҳон анҷом ёфта буданд. Зеро дар ҷое дар бораи рӯзи ҳафтум чунин гуфтааст: “Ва Худо дар рӯзи ҳафтум аз ҳамаи корҳои Худ ором гирифт”. Ва боз дар ин ҷо: “Онҳо ба оромии Ман роҳ намеёбанд”. Пас, азбаски баъзе касон имконият доранд ба он роҳ ёбанд, ва онҳое ки хушхабар барояшон пештар мавъиза карда шуд, аз сабаби беитоатӣ роҳ наёфтанд, боз Ӯ рӯзеро муайян намуда, баъд аз муддати дуру дарозе ба воситаи Довуд “имрӯз” мегӯяд, чунон ки гуфта шудааст: “Имрӯз, агар овози Ӯро шунавед, дилҳои худро сахт накунед”. Зеро, агар Юшаъ ба онҳо оромӣ медод, баъд аз ин дар бораи рӯзи дигар сухан гуфта намешуд. Пас, барои қавми Худо боз оромии шанбе боқӣ мемонад. Зеро, касе ки ба оромии Ӯ роҳ ёфтааст, худаш низ аз корҳои худ ором гирифтааст, чунон ки Худо аз корҳои Худ. Пас, саъю кӯшиш намоем, ки ба он оромӣ роҳ ёбем, мабодо касе аз он беитоатӣ ибрат гирифта, фурӯ ғалтад. Зеро каломи Худо зинда ва таъсирбахш ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст, ва то ба ҳадди ҷудо кардани ҷон ва рӯҳ, пайвандҳо ва мағзи устухон рафта мерасад, ва андеша ва ниятҳои дилро месанҷад. Ва ҳеҷ офаридае нест, ки аз Ӯ ниҳон бошад, балки ҳама чиз пеши чашмони Ӯ бараҳна ва ошкор аст: ба Ӯ ҳисобот медиҳем. Пас, азбаски Саркоҳини бузурге дорем, ки аз осмонҳо гузаштааст, яъне Исои Писари Худо, биёед эътирофи худро устувор нигоҳ дорем. Зеро мо чунон саркоҳин надорем, ки дар сустиҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд, балки Ӯ монанди мо дар ҳама чиз озмуда шуд, ғайр аз гуноҳ. Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то марҳамат ба даст оварем ва барои ёрии саривақтӣ файз ёбем. Зеро ҳар саркоҳине ки аз миёни одамон интихоб шудааст, барои одамон ба хизмати Худо гузошта мешавад, то барои гуноҳҳо ҳадияҳо ва қурбониҳо тақдим кунад, ки вай метавонад ба нодонон ва гумроҳон ғамхорӣ намояд, чунки худаш низ гирифтори сустӣ аст, ва ба ин сабаб бояд ҳам барои қавм ва ҳам барои худаш қурбонии гуноҳҳоро тақдим кунад. Ва ҳеҷ кас худаш ин мартабаро соҳиб намешавад, балки аз ҷониби Худо даъват мешавад, чунон ки Ҳорун низ. Ҳамчунин Масеҳ низ ҷалоли Саркоҳинро Худаш аз они Худ накардааст, балки Он ки ба Ӯ гуфтааст: “Ту Писари Ман ҳастӣ; Ман имрӯз Туро ба дунё овардаам”; чунон ки дар ҷои дигар низ мегӯяд: “Ту коҳин ҳастӣ то абад, аз рӯи мартабаи Малкисадақ”. Дар айёме ки Ӯ дар ҷисм буд, ба Он ки метавонист Ӯро аз марг наҷот диҳад, бо фиғони пурзӯр ва бо ашкрезӣ дуо ва зорӣ намуд, ва ба хотири худоҷӯии Ӯ /дуояш/ шунида шуд. Агарчи Писар буд, бо азобе ки кашид, итоатро омӯхт, ва камол ёфта, барои ҳамаи фармонбардорони Худ сабабгори наҷоти абадӣ гардид, ва Худо Ӯро Саркоҳине аз рӯи мартабаи Малкисадақ ном гузошт. Дар ин бора суханони бисёр дорем, лекин фаҳмондани онҳо душвор аст, чунки гӯшҳои шумо вазнин шудаанд. Зеро дар давоми ин вақт бояд муаллим мешудед, лекин аз нав ба шумо асосҳои аввалини каломи Худоро таълим додан лозим меояд, ва барои шумо шир даркор аст, на ғизои сахт. Зеро ҳар кӣ ширхӯр аст, аз каломи росткорӣ бехабар аст, чунки кӯдак аст; вале ғизои сахт барои калонсолон аст, ки ҳисҳояшон ба воситаи машқ ба фарқ кардани неку бад омӯхта шудаанд. Бинобар ин, каломи ибтидоии Масеҳро монда, сӯи камол пеш равем ва аз нав асос нагузорем бо тавба аз амалҳои беҷон ва бо имон ба Худо, бо таълимот оид ба шустушӯйҳо, оид ба гузоштани дастҳо, оид ба растохези мурдагон ва оид ба доварии абадӣ. Ва инро ба ҷо оварем, агар Худо иҷозат диҳад. Зеро касоне ки боре /фикрашон/ равшан шудааст, ва атои осмониро чашидаанд, ва аз Рӯҳулқудс баҳраманд гардидаанд, ва каломи неки Худо ва қувваҳои давраи ояндаро чашидаанд, ва ҷудо шуда афтодаанд, — онҳоро аз нав ба роҳи тавба андохтан имконнопазир аст, зеро онҳо Писари Худоро ба зарари худашон боз ба салиб мекашанд ва беобрӯ месозанд. Зеро замине ки борҳо борони бар он меборидаро мехӯрад ва барои онҳое ки онро кор мекунанд, растании фоиданоке мерӯёнад, аз Худо баракат меёбад; вале замине ки хору хас мерӯёнад, нобоб буда, ба лаънат наздик аст, ва оқибати он сӯхтан аст. Аммо дар хусуси шумо, эй азизон, мо дилпур ҳастем, ки дар ҳолати беҳтар ва ба наҷот пайваст мебошед, гарчанде ки ин гуна сухан мегӯем. Зеро Худо беинсоф нест, ки кори шуморо, ва он меҳнати муҳаббатеро, ки ба номи Ӯ нишон дода, ба муқаддасон хизмат кардаед ва мекунед, фаромӯш кунад. Лекин орзумандем, ки ҳар яке аз шумо ҳамин ғайратро то ба охир нишон диҳед, то умедатон комилан ҳосил шавад; ва танбал нашавед, балки ба касоне тақлид кунед, ки ба воситаи имон ва пурсабрӣ вориси ваъдаҳо мегарданд. Зеро ҳангоме ки Худо ба Иброҳим ваъда дод, азбаски ба каси бузургтаре наметавонист қасам ёд кунад, ба Зоти Худ қасам ёд кард ва гуфт: “Ҳақиқатан туро бисёр баракат медиҳам ва туро хеле афзун мекунам”. Ва ҳамин тавр /Иброҳим/ пас аз он ки пурсаброна интизорӣ кашид, иҷрои ваъдаро дид. Зеро одамон бо он ки бузургтар аст, қасам ёд мекунанд, ва қасам исботи он аст, ки ҳама баҳси онҳо хотима ёфтааст. Бинобар ин Худо, ки мехост тағйирнопазирии хости Худро ба ворисони ваъда пурратар нишон диҳад, қасамро ба кор бурд, то бо ду чизи тағйирнопазир, ки дар онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест, барои мо, ки паноҳ ёфтаем ва ба умеди пешниҳодшуда часпидаем, тасаллии пурзӯре бошад. Он /умед/ барои ҷони мо мисли лангари боэътимод ва мустаҳкам аст, ва ба андаруни паси парда роҳ меёбад, ки ба он ҷо Пешгузаштаи мо Исо роҳ ёфта, то абад аз рӯи мартабаи Малкисадақ Саркоҳин гардид. Зеро Малкисадақ подшоҳи Салим, коҳини Худои Таоло, ҳамон касест, ки ба пешвози Иброҳим баромад ва ӯро баракат дод, ҳангоме ки ӯ пас аз шикаст додани подшоҳон бармегашт. Ва Иброҳим ба вай аз ҳар чиз даҳяк дод. Вай, аввалан, мувофиқи маънои номаш подшоҳи росткорӣ аст ва баъд подшоҳи Салим низ, яъне подшоҳи осоиш, бе падар, бе модар, бе насабнома, дар ҳолате ки на ибтидои айём дорад, на поёни зиндагӣ, балки ба Писари Худо монанд буда, ҳамеша коҳин боқӣ мемонад. Пас бинед, чӣ гуна бузург аст он кас, ки ҳатто Иброҳими нахустпадар ба вай аз ғанимати худ даҳяк дод. Онҳое ки аз миёни банӣ-Левӣ коҳинӣ пайдо мекунанд, низ фармуда доранд, ки мувофиқи шариат аз қавм, аз бародарони худ даҳяк ситонанд, гарчанде ки онҳо аз камари Иброҳим ба вуҷуд омадаанд. Аммо ин кас, ки аз насли /Левӣ/ набуд, аз Иброҳим даҳяк гирифт ва соҳиби ваъдаҳоро баракат дод. Ва тамоман баҳснопазир аст, ки хурд аз ҷониби бузург баракат дода мешавад. Ва дар ин ҷо одамони миранда даҳяк меситонанд, лекин дар он ҷо — он ки дар ҳаққи вай шаҳодат дорад, ки ӯ зинда аст. Ва гуфтан мумкин аст, худи Левӣ, ки даҳяк меситонад, ба воситаи Иброҳим даҳяк дод: зеро ӯ ҳанӯз дар камари падар буд, вақте ки Малкисадақ ба пешвози Иброҳим баромад. Пас, агар камол ба воситаи коҳинии Левӣ /муяссар/ мешуд, — зеро шариат дар он /айём/ ба қавм расид, — боз чӣ ҳоҷат буд, ки коҳини дигаре аз рӯи мартабаи Малкисадақ ба майдон ояд, ва аз рӯи мартабаи Ҳорун номида нашавад? Зеро дар баробари дигаргунии коҳинӣ дигаргунии шариат низ зарур мешавад. Зеро Он ки дар ҳаққи Ӯ ин сухан гуфта мешавад, аз қабилаи дигаре аст, ки аз он ҳеҷ кас хизмати қурбонгоҳро ба ҷо наовардааст; зеро маълум аст, ки Худованди мо аз қабилаи Яҳудо аст, ки Мусо дар бораи он оид ба коҳинӣ чизе нагуфтааст. Ва ин боз ҳам равшантар дида мешавад, ки агар ба монанди Малкисадақ коҳини дигаре ба майдон ояд, ки вай на мувофиқи қонуни як фармудаи ҷисмонӣ, балки аз рӯи қуввати як ҳаёти бепоён чунин шуда бошад. Зеро шаҳодат дода шудааст: “Ту коҳин ҳастӣ то абад, аз рӯи мартабаи Малкисадақ”. Зеро фармудаи пештара, ба сабаби сустӣ ва бефоидагии он, бекор карда мешавад, чунки шариат ҳеҷ чизро ба камол нарасондааст; лекин умеди беҳтаре ҷои онро гирифт, ки ба воситаи он мо ба Худо наздик меоем. Ва ин /умед/ бе қасам нест, — зеро ки онҳо бе қасам коҳин шудаанд, аммо Ӯ бо қасам, чунки дар ҳаққи Ӯ гуфта шудааст: “Худованд қасам хӯрдааст, ва афсӯс намехӯрад: Ту коҳин ҳастӣ то абад, аз рӯи мартабаи Малкисадақ”, — бинобар ин ба аҳди беҳтаре Исо зомин шуд. Ва он коҳинон бисёр буданд, чунки марг намегузошт, ки боқӣ монанд; аммо Ӯ, ки то абад боқист, коҳинии бепоён дорад. Ба ин сабаб низ метавонад пурра онҳоеро, ки ба воситаи Ӯ сӯи Худо меоянд, наҷот диҳад, зеро ҳамеша зинда аст, то барои онҳо шафоат кунад. Зеро мо ба чунин Саркоҳин эҳтиёҷ доштем: қуддус, аз бадӣ дур, беайб, аз гуноҳкорон ҷудо ва аз осмонҳо болотаршуда, ки эҳтиёҷ надорад ҳар рӯз, монанди он саркоҳинон, аввал барои гуноҳҳои худ, баъд барои гуноҳҳои қавм қурбониҳо тақдим кунад, зеро инро Ӯ як бор ба амал овард, ҳангоме ки Худро қурбонӣ кард. Зеро шариат одамонеро, ки сустӣ доранд, коҳин таъйин мекунад, вале каломи қасам, ки пас аз шариат омад, Писареро, ки то абад комил аст, /таъйин кард/. Пас, дар он чи гуфта шуд, чизи асосӣ /ин аст/: мо чунон Саркоҳине дорем, ки Ӯ аз дасти рости тахти Кибриё дар осмон нишастааст, /ва/ ходими макони муқаддас, яъне хаймаи ҳақиқӣ, /мебошад/, ки онро Худованд барпо кардааст, ва на одамизод. Зеро ҳар саркоҳин барои тақдим кардани ҳадия ва қурбониҳо таъйин мешавад; бинобар ин лозим буд, ки Ӯ низ чизе барои тақдим кардан дошта бошад. Пас, агар Ӯ бар замин мебуд, коҳин ҳам намебуд, чунки дар ин ҷо коҳиноне ҳастанд, ки аз рӯи шариат ҳадияҳо тақдим менамоянд. Онҳо ба сурат ва сояи чизҳои осмонӣ ибодат мекунанд, чунон ки ба Мусо аз ҷониби Худо гуфта шуда буд, ҳангоме ки ӯ мехост хаймаро созад: “Бохабар бош”, гуфта шудааст, “то ҳама чизро мувофиқи намунае ки дар болои кӯҳ ба ту нишон дода шуд, ба амал оварӣ”. Аммо акнун Ӯ хизмати аълотаре пайдо кардааст ба андозае ки Ӯ Миёнарави аҳди беҳтаре мебошад, ки он бар ваъдаҳои беҳтар барқарор гардидааст. Зеро, агар он /аҳди/ якум бенуқсон мебуд, ҷое барои дигараш намеҷустанд. Зеро /Худо/ нуқсон ёфта, ба онҳо мегӯяд: “Инак, айёме мерасад, мегӯяд Худованд, Ки Ман бо хонадони Исроил Ва бо хонадони Яҳудо аҳди нав мебандам, На чунон аҳде ки бо падарони онҳо баста будам Дар рӯзе ки дасташонро гирифтам, То онҳоро аз замини Миср берун оварам; Чунки онҳо дар аҳди Ман пойдор набуданд, Ва Ман аз онҳо рӯ гардондам, мегӯяд Худованд. Зеро ин аст аҳде ки бо хонадони Исроил Пас аз он айём мебандам, мегӯяд Худованд: Қонунҳои Худро дар фикри онҳо мегузорам Ва дар дилҳои онҳо менависам, Ва Худои онҳо мешавам, Ва онҳо қавми Ман мешаванд. Ва касе ҳамшаҳрии худро, ва касе бародари худро Дигар таълим намедиҳад Ва намегӯяд: Худовандро бишинос; Чунки ҳама, аз хурд то калон, Маро мешиносанд; Чунки ба ноинсофиҳои онҳо раҳм мекунам Ва гуноҳҳо ва бадиҳои онҳоро дигар ба ёд намеоварам”. Бо гуфтани “аҳди нав” Ӯ кӯҳна шудани /аҳди/ якумро нишон дод; ва он чи кӯҳна ва қадим аст, ба нестшавӣ наздик аст. Пас, /аҳди/ якум дастурҳо оид ба ибодати /Худо/ дошт, ва низ макони муқаддаси заминӣ /дошт/; зеро /қисми/ якуми хайма барпо шуда буд, ки дар он чароғдон ва миз ва нони тақдим буд, ва он “қудс” номида мешавад. Ва дар паси пардаи дуюм /қисми/ хайма буд, ки “қудси қудсҳо” номида мешавад, ки қурбонгоҳи тиллоӣ ва сандуқи аҳд дошт, ки ҳама ҷояш бо тилло пӯшида шуда буд, ва дар он зарфи тиллое пур аз манн, асои шукуфтаи Ҳорун ва тахтасангҳои аҳд буданд, ва ба болои он каррубиёни ҷалол буданд, ки бар кафоратгоҳ соя меафканданд; дар ин хусус ҳоло муфассал гап задан лозим нест. Дар чунин шароит, коҳинон ба /қисми/ якуми хайма ҳамеша медароянд, то ибодати /Худоро/ ба ҷо оваранд; аммо ба /қисми/ дуюми хайма соле як бор фақат саркоҳин медарояд, /он ҳам/ бе хун не, ки онро барои худаш ва барои хатокориҳои қавм тақдим мекунад. Рӯҳулқудс бо ин нишон медиҳад, ки то даме ки /қисми/ якуми хайма вуҷуд дорад, ҳанӯз роҳ ба макони муқаддас ошкор нашудааст. Он ба монанди замони ҳозира аст, ки дар он ҳадияҳо ва қурбониҳое тақдим мешаванд, ки наметавонанд виҷдони ибодаткунандаро осуда гардонанд, ва онҳо, бо чизҳои хӯрданӣ ва нӯшиданӣ ва бо ҳар гуна шустушӯйҳо, фақат дастурҳо оид ба ҷисм буда, то замони ислоҳ муқаррар карда шудаанд. Қурбонии ягонаи,,,,\ Масеҳ Аммо Масеҳ ҳамчун Саркоҳини некиҳои оянда омада, ба воситаи хаймаи бузургтар ва комилтаре ки бо дасти /одам/ сохта нашудааст, яъне аз ин офариниш нест, ва на ба воситаи хуни нарбузҳо ва гӯсолаҳо, балки ба воситаи Хуни Худ як бор ба макони муқаддас дохил шуда, халосии абадӣ пайдо кард. Зеро, агар хуни нарговҳо ва нарбузҳо ва говҳо ва хокистари модагов, ки ба нопокон пошида мешавад, онҳоро бо покшавии ҷисм муқаддас мекарда бошад, чӣ қадар бештар хуни Масеҳ, ки ба воситаи Рӯҳи абадӣ Худро беайб ба Худо қурбонӣ намуд, виҷдони шуморо аз амалҳои беҷон пок мекунад, то Худои зиндаро ибодат намоед! Бинобар ин Ӯ Миёнарави аҳди нав аст, то пас аз марги Ӯ, ки он барои раҳоӣ аз хатоҳои замони аҳди якум воқеъ шудааст, даъватшудагон мероси абадии ваъдашударо пайдо кунанд. Зеро, дар /ҳар/ ҷое ки васияте ҳаст, бояд собит шавад, ки васияткунанда мурдааст, чунки васият пас аз мурдан эътиборнок аст; он, то даме ки васияткунанда зинда аст, ҳеҷ эътиборе надорад. Бинобар ин /аҳди/ якум низ бе хун барпо нашудааст. Зеро, пас аз он ки Мусо ҳамаи фармудаҳоро мувофиқи шариат ба тамоми қавм расонд, хуни гӯсолаҳо ва нарбузҳоро бо об ва пашми қирмизӣ ва зуфо гирифта, ҳам бар худи китоб пошид, ҳам бар тамоми қавм, ва гуфт: “Ин аст хуни аҳде ки Худо ба шумо фармудааст”. Ва низ бар хайма ва тамоми ашёи ибодат ҳамин тавр хун пошид. Қариб ҳама чиз мувофиқи шариат ба воситаи хун пок мешавад, ва бе рехтани хун бахшоиш нест. Пас, нусхаи чизҳои осмонӣ бояд бо ин воситаҳо пок мешуд, аммо худи чизҳои осмонӣ — бо қурбониҳои хубтар аз инҳо. Зеро Масеҳ на ба макони муқаддаси бо дасти /одам/ сохташуда, ки нусхаи /макони муқаддаси/ ҳақиқист, балки ба худи осмон даромадааст, то ки ҳоло барои мо назди Худо ҳозир шавад, на барои он ки борҳо Худро қурбонӣ кунад, чунон ки саркоҳин ҳар сол ба макони муқаддас бо хуни дигаре медарояд; вагарна Ӯ бояд аз вақти бунёдшавии ҷаҳон борҳо азоб мекашид. Аммо Ӯ акнун, дар охири давраҳо, як бор зоҳир шуд, то бо қурбонии Худ гуноҳро нест кунад. Ва чунон ки одамонро насиб гардидааст, ки як бор муранд ва пас аз он ба доварӣ дучор шаванд, ончунон Масеҳ як бор Худро барои бардоштани гуноҳҳои бисёр касон қурбонӣ намуда, бори дуюм на барои /бартараф кардани/ гуноҳ зоҳир мешавад, балки барои наҷоти онҳое ки Ӯро интизор доранд. Зеро шариате ки сояи некиҳои оянда аст ва сурати воқеии онҳо нест, ҳаргиз наметавонад ба воситаи ҳамон қурбониҳое ки ҳамеша, сол ба сол тақдим карда мешаванд, тақдимкунандагонро комил гардонад. Вагарна, тақдим кардани онҳоро бас мекарданд, чунки ибодаткунандагон як бор пок шуда, дигар ҳеҷ ҳисси гуноҳҳоро намедоштанд. Лекин ба воситаи ин қурбониҳо сол ба сол дар бораи гуноҳҳо хотиррасон карда мешавад; зеро аз имкон берун аст, ки хуни нарговҳо ва нарбузҳо гуноҳҳоро аз байн барад. Бинобар ин /Масеҳ/ ба ҷаҳон омада, мегӯяд: “Қурбонӣ ва ҳадияро Ту нахостӣ, Балки бадане барои Ман муҳайё намудӣ; Қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои гуноҳ барои Ту писандида набуданд. Он гоҳ гуфтам: «Инак, меоям, — Чунон ки дар лӯлаи китоб дар бораи Ман навишта шудааст, — То хости Туро, эй Худо, ба ҷо оварам»”. Аввал мегӯяд: “Қурбонӣ ва ҳадия ва қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои гуноҳро, — ки мувофиқи шариат тақдим карда мешаванд, — Ту нахостӣ, ва онҳо барои Ту писандида набуданд”; баъд гуфтааст: “Инак, меоям, то хости Туро, эй Худо, ба ҷо оварам”. Ӯ якумро бекор мекунад, то ки дуюмро барқарор намояд. Аз рӯи ҳамин хост мо ба воситаи қурбонии якбораи бадани Исои Масеҳ муқаддас шудаем. Ва ҳар коҳин ҳар рӯз дар ибодат меистад ва ҳамон қурбониҳоро борҳо тақдим менамояд, ки онҳо ҳаргиз наметавонанд гуноҳҳоро аз байн баранд. Аммо Ӯ барои ҳамеша як қурбониро барои гуноҳҳо тақдим намуда, аз дасти рости Худо нишаст, ва пас аз ин мунтазир аст, то даме ки душманонаш пойандози Ӯ шаванд. Зеро Ӯ ба воситаи як қурбонӣ муқаддасшавандагонро барои ҳамеша комил гардондааст. Рӯҳулқудс низ ба мо шаҳодат медиҳад, зеро баъд аз он ки гуфта буд: “Ин аст аҳде ки бо онҳо баъд аз он айём мебандам, Мегӯяд Худованд: Қонунҳои Худро дар дилҳои онҳо мегузорам Ва дар фикри онҳо менависам”, боз /мегӯяд:/ “Гуноҳҳо ва бадиҳои онҳоро Дигар ба ёд намеоварам”. Ва дар он ҷое ки бахшоиши онҳо бошад, қурбонӣ барои гуноҳ дигар лозим нест. Пас, эй бародарон, азбаски мо ҷуръат дорем ба макони муқаддас ба воситаи хуни Исо, бо роҳи нав ва зинда дохил шавем, ки онро Ӯ барои мо ба воситаи пардае, яъне ҷисми Худ, аз нав кушодааст, ва азбаски мо Коҳини бузурге бар хонаи Худо дорем, пас бо дили соф ва бо имони комил, дилҳои худро ба воситаи пошидани /хун/ аз виҷдони бад пок намуда ва бадани худро бо оби пок шуста, /ба ҳузури Худо/ наздик оем. Биёед эътирофи умедро собитқадамона нигоҳ дорем, зеро Ваъдадиҳанда бовафо аст; ва дар фикри он бошем, ки якдигарро ба муҳаббат ва корҳои нек барангезонем, ва ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе касонро одат шудааст, балки якдигарро насиҳат диҳем, ва бештар ба андозаи он ки наздик шудани он рӯзро мебинед. Зеро, агар мо, пас аз пайдо кардани дониши ростӣ, дидаву дониста гуноҳ кунем, дигар қурбоние барои гуноҳҳо боқӣ намемонад, балки кадом як интизории пурдаҳшати доварӣ ва шиддати оташе ки душманони /Худоро/ ба коми худ мекашад. Агар касе шариати Мусоро рад мекард, дар асоси /баёноти/ ду ё се шоҳид бе марҳамат кушта мешуд, /пас,/ ба гумонатон, сазовори чӣ қадар ҷазои сахттар мешавад шахсе ки Писари Худоро поймол мекунад ва хуни аҳдро, ки аз он муқаддас шудааст, ҳаром мешуморад ва Рӯҳи файзро таҳқир менамояд? Зеро мо Ӯро мешиносем, ки гуфтааст: “Қасос аз они Ман аст, Ман сазо медиҳам, мегӯяд Худованд”. Ва боз: “Худованд қавми Худро доварӣ мекунад”. Ба дасти Худои зинда афтодан даҳшатангез аст! Ва рӯзҳои пештараро ба хотир оваред, ки шумо, пас аз равшан шудани /фикратон/, дар муборизаҳои азим ба азобҳо тоқат кардед, дар ҳолате ки гоҳ худатон дар миёни хориҳо ва душвориҳо ба тамошогоҳе барои дигарон табдил меёфтед, гоҳ шарики онҳое мегардидед, ки ба чунин аҳвол дучор шуда буданд. Зеро ба ман дар занҷирҳоям ҳамдардӣ изҳор мекардед, ва низ тороҷи молҳои худро бо шодӣ қабул мекардед, чун медонистед, ки дар осмон молу мулки беҳтар ва поянда доред. Пас умеди худро напартоед, ки мукофоти бузурге дорад. Зеро ба шумо сабр лозим аст, то хости Худоро ба ҷо оварда, иҷрои ваъдаро бинед. Зеро пас аз андаке Он Меомада меояд ва дер намекунад. “Вале росткор бо имон зиндагӣ мекунад”; ва: “Агар касе рӯй гардонад, ҷони Ман аз вай хушнуд намешавад”. Вале мо аз касоне нестем, ки рӯй мегардонанд ва ба ҳалокат мерасанд, балки аз онҳое ҳастем, ки имон доранд ва ҳаёт меёбанд. Пас, имон дилпурӣ ба чизҳоест, ки мо ба онҳо умед мебандем, ва боварӣ ба чизҳоест, ки намоён нестанд. Зеро ба воситаи он қадимиён шаҳодати /нек/ пайдо кардаанд. Бо имон мефаҳмем, ки оламҳо бо каломи Худо тартиб ёфтаанд, ба тавре ки аз чизҳои нонамоён чизҳои намоён ба вуҷуд омадаанд. Бо имон Ҳобил қурбоние беҳтар аз /қурбонии/ Қоин ба Худо тақдим намуд; бо он ӯ шаҳодат пайдо кард, ки ӯ росткор аст, чунки Худо дар бораи ҳадияҳои ӯ шаҳодат дод; ва бо он ӯ ҳанӯз ҳам гап мезанад, ҳарчанд мурдааст. Бо имон Ҳанӯх тавре бурда шуд, ки маргро надид; ва ӯ дигар ёфт нашуд, чунки Худо ӯро бурд. Зеро пеш аз бурда шуданаш шаҳодат пайдо кард, ки ба Худо писанд омадааст. Аммо бе имон ба /Худо/ писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба ҷӯяндагони Худ мукофот медиҳад. Бо имон Нӯҳ дар хусуси чизҳое ки ҳанӯз намоён набуданд, паёми илоҳӣ ёфта, бо худотарсӣ барои наҷоти хонаводаи худ киштие сохт; бо он ӯ ҷаҳонро маҳкум намуд ва вориси росткорие гардид, ки аз имон аст. Бо имон Иброҳим итоат намуд ба даъвате дар бораи рафтан ба ҷое ки бояд мерос мегирифт, ва ӯ рафт, ва намедонист ба куҷо меравад. Бо имон ӯ дар замини ваъдашуда, чун дар замини бегона, ғарибона сокин шуд, ва бо Исҳоқ ва Яъқуб, ки бо ӯ вориси ҳамон ваъда буданд, дар хаймаҳо зиндагӣ кард; зеро ӯ мунтазири шаҳре буд, ки таҳкурсии мустаҳкаме дорад, ва меъмору созандаи он Худост. Бо имон худи Соро низ барои ҳомила шудан қувват пайдо кард ва агарчи синнаш гузашта буд, зоид; зеро Ваъдадиҳандаро бовафо донист. Бинобар ин аз як нафар, он ҳам /тақрибан/ мурда, он қадар бисёр зоида шуданд, чунон ки ситораҳои осмон бисёранд, ва чунон ки реги лаби баҳр бешумор аст. Ҳамаи инҳо дар имон мурданд ва иҷрои ваъдаҳоро надиданд, балки фақат аз дур онҳоро дида, шод шуданд ва эътироф карданд, ки бар замин ғарибу мусофиранд; зеро онҳое ки чунин мегӯянд, нишон медиҳанд, ки дар ҷустуҷӯи ватане ҳастанд. Ва агар /ватанеро/, ки аз он берун омада буданд, ба ёд меоварданд, фурсат доштанд, ки баргарданд; аммо хоҳони /ватани/ беҳтаре буданд, ки он дар осмон аст. Бинобар ин Худо ор намедонад, ки Худои онҳо хонда шавад; зеро Ӯ барои онҳо шаҳре муҳайё кардааст. Бо имон Иброҳим, ҳангоме ки озмуда шуд, Исҳоқро барои қурбонӣ тақдим намуд ва, бо вуҷуди он ки ваъдаҳо гирифта буд, писари ягонаи худро тақдим намуд, ки дар ҳаққи вай гуфта шуда буд: “Насли ту аз Исҳоқ хонда мешавад”; зеро ӯ фикр мекард, ки Худо қодир аст ҳатто аз мурдагон бархезонад; ва /Исҳоқ/ ба таври рамзӣ аз мурдагон ба ӯ баргардонда шуд. Бо имон Исҳоқ Яъқуб ва Эсавро барои оянда баракат дод. Бо имон Яъқуб, пеш аз мурданаш, ҳар писари Юсуфро баракат дод ва бар сари асои худ такя намуда, саҷда кард. Бо имон Юсуф, дар вақти вафоташ, берун шудани банӣ-Исроилро зикр намуд ва дар бораи устухонҳои худ васият кард. Бо имон падару модари Мусо ӯро, чун таваллуд шуд, се моҳ пинҳон доштанд, зеро диданд, ки кӯдаки зебост, ва аз амри подшоҳ натарсиданд. Бо имон Мусо, чун калонсол шуд, нахост, ки писари духтари фиръавн хонда шавад, ва бо қавми Худо азоб кашиданро афзал донист аз он ки аз гуноҳ ҳаловати муваққатӣ дошта бошад, ва хории Масеҳро сарвати бузургтар аз ганҷҳои Миср ҳисоб кард; зеро ба мукофот назар медӯхт. Бо имон ӯ Мисрро тарк кард ва аз ғазаби подшоҳ натарсид; зеро ӯ, мисли он ки Нонамоёнро дида бошад, устувор буд. Бо имон ӯ Песаҳ ва пошидани хунро ба ҷо овард, то несткунандаи нахустзодагон ба онҳо даст нарасонад. Бо имон онҳо аз баҳри Сурх чун аз хушкӣ гузаштанд, вале ҳангоме ки мисриён ба гузаштан ҳаракат карданд, ғарқ шуданд. Бо имон деворҳои Ариҳо пас аз даврзании ҳафтрӯза фурӯ ғалтиданд. Бо имон Роҳоби фоҳиша, ки ҷосусонро бо осоиш қабул карда буд, бо беимонон ҳалок нашуд. Ва боз чӣ гӯям? Зеро вақтам кифоя намекунад барои он ки дар бораи Ҷидъун ва Бороқ ва Шимшун ва Ифтоҳ ва Довуд ва Самуил ва пайғамбарон ҳикоят намоям, ки онҳо бо имон мамлакатҳоро мағлуб карданд, ростиро ба амал оварданд, иҷрои ваъдаҳоро диданд, даҳони шеронро бастанд, қуввати оташро хомӯш карданд, аз дами шамшер халосӣ ёфтанд, аз сустӣ боқувват шуданд, дар ҷанг пурзӯр гардиданд, лашкарҳои бегонаҳоро торумор карданд. Занон мурдаҳои худро бархеста ёфтанд; вале дигарон шиканҷа карда шуданд ва озодиро қабул накарданд, то ба растохези беҳтаре расанд; ва баъзеи дигар масхара шуданд ва тозиёна хӯрданд, ҳамчунин занҷирҳо ва зиндонро аз сар гузаронданд. Сангсор шуданд, бо арра дупора гардиданд, ба шиканҷа гирифтор шуданд, аз дами шамшер мурданд; пӯстҳои гӯсфанду буз дар тан саргардон шуда, мӯҳтоҷӣ, тангӣ ва азоб кашиданд; онҳое ки ҷаҳон лоиқашон набуд, дар биёбонҳо ва кӯҳҳо, дар ғорҳо ва шикофҳои замин овора шуда гаштанд. Ва ҳамаи онҳо, ки ба воситаи имон шаҳодати нек пайдо карда буданд, иҷрои ваъдаро надиданд, чунки Худо барои мо чизи беҳтаре пешбинӣ намуда буд, то онҳо бе мо комил нагарданд. Бинобар ин мо низ, ки дар гирди худ чунин абри шоҳидонро дорем, ҳар бори гарон ва гуноҳро, ки моро фаро мегирад, аз худ дур андохта, майдони дар пеши мо бударо бо сабр давон-давон тай кунем ва ба Сарвар ва Комилкунандаи имони /мо/, яъне Исо, назар дӯзем, ки Ӯ барои шодие ки Ӯро дар пеш буд, хориро ночиз шумурда, ба салиб тоб овард ва ба тарафи рости тахти Худо нишаст. Пас, дар бораи Ӯ фикр кунед, ки аз дасти гуноҳкорон ба чунин зиддият тоб овард, то дилхунук ва хаста нашавед. Дар талоши зидди гуноҳ шумо ҳанӯз то ба дараҷаи рехтани хун муқобилат накардаед ва он насиҳатро, ки ба шумо, ҳамчун ба писарон гуфта шудааст, фаромӯш кардед: “Эй писарам! Ҷазои Худовандро хор нашумор, Ва ҳангоме ки Ӯ туро сарзаниш менамояд, дилхунук нашав; Зеро Худованд ҳар киро дӯст дорад, ҷазо медиҳад; Ҳар писарро, ки қабул мекунад, мезанад”. Сахтиҳое ки аз сар мегузаронед, барои ҷазо мебошанд; Худо бо шумо чун бо писарон рафтор мекунад. Зеро оё писаре ҳаст, ки падараш ӯро ҷазо надиҳад? Аммо агар шумо бе ҷазо монед, ки он насиби ҳама аст, пас шумо ҳаромзодагонед, на писарон. Илова бар ин, барои мо, ки аз падарони ҷисмонӣ ҷазо ёфта, аз онҳо метарсем, оё лозим нест, ки ба Падари рӯҳҳо хеле зиёдтар фармонбардор бошем, то ки зиндагӣ кунем? Зеро онҳо моро ба салоҳдиди худ барои айёми андак ҷазо медоданд, аммо Ӯ ин корро ба манфиати мо анҷом медиҳад, то дар қудсияти Ӯ шарик бошем. Ва ҳар ҷазо ҳозир /ба назари кас/ на шодӣ, балки андӯҳ менамояд; лекин оқибат ба онҳое ки ба воситаи он таълим ёфтаанд, самари осоиштаи росткориро меоварад. Пас, “дастҳои беқувват ва зонуҳои сустро боз устувор намоед” ва “барои пойҳои худ роҳҳои рост кушоед”, то он чи мелангад, бероҳа нагардад, балки бештар шифо ёбад. Дар пайи осоиш бо ҳама бошед ва муқаддасиро хоҳон бошед, ки бе он ҳеҷ кас Худовандро намебинад; ва бохабар бошед, ки мабодо касе аз файзи Худо маҳрум шавад; мабодо решаи талхе ба вуҷуд омада, зарар расонад, ва бисёр касон аз он палид шаванд; мабодо фосиқе ё чун Эсав худобехабаре ёфт шавад, ки барои як хӯрок нахустзодагии худро фурӯхт. Зеро шумо медонед, ки баъд аз он ӯ, чун хост вориси баракат гардад, рад карда шуд: фикри /падарро/ дигаргун карда натавонист, ҳарчанд дар ин хусус ашк рехта илтимос намуд. Зеро шумо наздик наомадаед ба кӯҳе ки ламсшаванда ва бо оташ афрӯхта аст, ба тирагӣ ва торикӣ ва тунбод, ё ба садои карнай ва овози суханон, ки шунавандагонаш илтимос карданд, ки ба онҳо дигар сухане гуфта нашавад, зеро ба он тоб оварда натавонистанд, ки фармуда шуда буд: “Агар ҳайвоне низ ба кӯҳ расад, сангсор шавад”. Ва ин манзара он қадар даҳшатангез буд, ки Мусо гуфт: “Ман тарсону ларзон шудам”. Балки шумо наздик омадаед ба кӯҳи Сион ва ба шаҳри Худои зинда, /яъне/ Уршалими осмонӣ, ва ба анҷумани пуртантанаи ҳазорон ҳазор фариштаҳо ва ба ҷамоати нахустзодагоне ки номҳошон дар осмон навишта шудаанд, ва ба Худое ки Довари ҳама аст, ва ба рӯҳҳои росткороне ки комил шудаанд, ва ба Исо, ки Миёнарави аҳди нав аст, ва ба хуни пошиданӣ, ки назар ба /хуни/ Ҳобил хубтар сухан мегӯяд. Бохабар бошед, ки аз сухангӯ рӯ нагардонед. Зеро агар онҳое ки бар замин ба сухангӯи илоҳӣ гӯш наандохтанд, /аз ҷазо/ раҳо нашудаанд, пас хусусан мо, агар аз Ӯ, ки аз осмон сухан мегӯяд, рӯ гардонем, раҳо намешавем. Дар он вақт овози Ӯ заминро ба ларза андохта буд, ва Ӯ ҳоло ваъда додааст: “Боз як бори дигар на танҳо заминро, балки осмонро низ ба ларза меандозам”. Ибораи “боз як бори дигар” маънои онро дорад, ки чизҳое ки ба ларза меафтанд, ҳамчун чизҳои офаридашуда, дигаргун мешаванд, то чизҳое ки ба ларза намеафтанд, боқӣ монанд. Пас подшоҳиеро, ки ба ларза намеафтад, қабул намуда, файзро нигоҳ дорем; бо он Худоро ба таври писандида бо эҳтиром ва тарс ибодат мекунем, чунки Худои мо оташи фурӯбаранда аст. Бигзор бародардӯстӣ барқарор бошад. Меҳмоннавозиро фаромӯш накунед, зеро ба воситаи он баъзе касон надониста фариштаҳоро меҳмон кардаанд. Бандиёнро ба ёд оваред, гӯё шумо низ бо онҳо бандӣ бошед, ва ситамкашонро, чунон ки худатон бо онҳо як бадан мебошед. Бигзор заношӯӣ дар назари ҳама муҳтарам бошад, ва ҷойхоби он беайб; фосиқон ва зинокоронро Худо доварӣ мекунад. Рафторатон аз пулпарастӣ дур бошад, ва бо он чи доред, қаноат кунед. Зеро Худи Ӯ гуфтааст: “Аз ту даст намекашам ва туро тарк намекунам”. Бинобар ин мо метавонем далерона гӯем: “Худованд мададгори ман аст, пас, наметарсам; Одамизод ба ман чӣ метавонад кунад?” Роҳбарони худро, ки каломи Худоро ба шумо гуфтаанд, ба ёд оваред: ба анҷоми рафтори онҳо назар карда, ба имонашон тақлид намоед. Исои Масеҳ дирӯз ва имрӯз ва то абад ҳамон аст. Бо таълимотҳои гуногун ва бегона аз роҳ берун нашавед; зеро хуб аст, ки дил бо файз устувор гардад, на бо хӯрокҳое ки аз онҳо касоне ки мехӯрданд, фоидае надидаанд. Мо қурбонгоҳе дорем, ки хизматгузорони хайма ҳақ надоранд чизе аз он хӯранд. Зеро ҷасадҳои ҳайвонҳое ки хунашонро саркоҳин ба хотири гуноҳ ба макони муқаддас меоварад, берун аз бошишгоҳ сӯзонда мешаванд. Бинобар ин Исо низ берун аз дарвоза азоб кашид, то қавмро бо хуни Худ муқаддас гардонад. Пас, хории Ӯро бардошта, берун аз бошишгоҳ сӯи Ӯ бароем; зеро дар ин ҷо шаҳри доимие надорем, балки ояндаро ҷустуҷӯ менамоем. Пас, ҳамеша ба воситаи Ӯ қурбонии шукронаро ба Худо тақдим намоем, яъне самари лабҳоеро, ки ба номи Ӯ ҳамду сано мехонанд. Инчунин некӯкорӣ ва кушодадастиро аз хотир набароред, зеро ин гуна қурбониҳо ба Худо писанд меоянд. Ба роҳбарони худ итоаткор ва фармонбардор бошед, зеро онҳо ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд, чунки ба ҳисобот додан вазифадоранд; то ки онҳо ин вазифаро бо шодӣ ба ҷо оваранд, на бо оҳу нола, зеро ин барои шумо фоиданок нест. Дар ҳаққи мо дуо гӯед; зеро дилпур ҳастем, ки виҷдони нек дорем, чунки аз ҳар ҷиҳат мехоҳем сарбаландона рафтор кунем. Ва махсусан ба ҷо овардани инро илтимос менамоям, то ки зудтар назди шумо баргардонда шавам. Ва Худои осоиш, ки Чӯпони бузурги гӯсфандон — Худованди мо Исоро бо хуни аҳди абадӣ аз мурдагон ба по хезонд, бигзор шуморо дар ҳар кори нек барои иҷрои хости Ӯ комил гардонад ва он чи ба Ӯ писандида бошад, дар шумо ба воситаи Исои Масеҳ ба амал оварад, ки Ӯро то абад ҷалол бод! Омин. Аз шумо, эй бародарон, илтимос менамоям, ки ин каломи насиҳатро қабул кунед, зеро ба шумо мухтасар навиштаам. Донед, ки бародар Тимотиюс озод шуд; агар ӯ зуд биёяд, ҳамроҳи ӯ ба дидани шумо меоям. Ба ҳамаи роҳбарони худ ва ба ҳамаи муқаддасон салом расонед. Онҳое ки аз Италия ҳастанд, ба шумо салом мерасонанд. Файз бо ҳамаи шумо бод. Омин.  Яъқуб, ки бандаи Худо ва Исои Масеҳи Худованд аст, ба дувоздаҳ қабилае ки пароканда мебошанд, салом мерасонад. Эй бародарони ман, вақте ки ба озмоишҳои гуногун дучор мешавед, инро барои худ шодии бузург ҳисоб кунед, чун медонед, ки имтиҳони имони шумо сабрро ба вуҷуд меоварад; ва сабр бояд амали комил дошта бошад, то шумо комил ва болиғ буда, ҳеҷ камбудие надошта бошед. Ва агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор дархост кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш медиҳад, ва ба вай дода мешавад. Валекин бигзор бо имон дархост кунад ва ҳеҷ шубҳа надошта бошад, чунки шубҳакунанда ба мавҷи баҳр монанд аст, ки бо вазиши шамол ба ҳар сӯ ронда мешавад. Бигзор чунин кас гумон накунад, ки аз Худованд чизе ба даст меоварад. Шахси дудила дар ҳамаи роҳҳои худ ноустувор аст. Бигзор бародари бечора бо сарбаландии худ фахр намояд, ва сарватманд — бо бечорагии худ, чунки ӯ мисли гули алаф даргузар аст. Офтоб бо гармо баромада, алафро мехушконад, ва гули он рехта, зебоии намуди он нест мешавад; сарватманд низ дар роҳҳои худ ҳамин гуна пажмурда мешавад. Хушо касе ки дар озмоиш устувор мемонад, зеро озмуда шуда, тоҷи ҳаётро ба даст меоварад, ки Худованд ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст. Дар озмоиш бигзор ҳеҷ кас нагӯяд: «Маро Худо меозмояд»; чунки Худо бо бадӣ озмуда намешавад ва Худаш ҳеҷ касро намеозмояд, балки ҳар кас саргарм ва фирефтаи ҳаваси худ гардида, ба озмоиш дучор мешавад; баъд ҳавас ҳомила шуда, гуноҳро мезояд, ва гуноҳ ба камол расида, маргро таваллуд мекунад. Эй бародарони азизи ман, фирефта нашавед. Ҳар як ҳадяи нек ва ҳар як тӯҳфаи комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳо фуруд меояд, ки дар ӯ на тағйиротест ва на сояи дигаргуние. Ӯ, аз рӯи хости Худ, моро ба воситаи каломи ростӣ ба дунё овард, то ки навбаре аз офаридаҳои Ӯ бошем. Пас, эй бародарони азизи ман, бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад; зеро ки хашми одамизод ростии Худоро ба амал намеоварад. Бинобар ин ҳар нопокӣ ва бадии боқимондаро як сӯ гузошта, каломеро, ки дар шумо кошта шудааст, бо фурӯтанӣ қабул кунед, ки он метавонад ҷонҳои шуморо наҷот диҳад. Пас иҷрокунандагони калом бошед, на танҳо шунавандагоне ки худро фиреб медиҳанд, зеро, касе ки каломро мешунаваду иҷро намекунад, ба шахсе монанд аст, ки тарҳи рӯяшро дар оина мебинад. Ба чеҳраи худ нигоҳ карду рафт, ва дарҳол фаромӯш кард, ки он чӣ гуна аст. Аммо касе ки ба шариати комил, ба шариати озодӣ диққат мекунад ва дар он устувор мемонад, дар ҳолате ки на шунавандаи фаромӯшхотир, балки иҷрокунандаи кор мебошад, хушо он кас дар кори худ. Агар касе аз шумо гумон кунад, ки ба Худо ибодат мекунад, ва лаҷоми забони худро накашад, балки дили худро фирефта намояд, ибодати вай бефоида аст. Ибодати пок ва беайб пеши Худо ва Падар ин аст, ки ятимон ва бевазанонро дар душвориҳои онҳо дастгирӣ кунем ва худро аз олудагии ҷаҳон нигоҳ дорем. Эй бародарони ман! Ба Худованди мо Исои Масеҳ, ки Худованди ҷалол аст, бе рӯйбинӣ имон дошта бошед. Зеро, агар ба ҷамъомади шумо касе ангуштарини тилло дар даст ва либоси зебо дар тан биёяд, ва камбағале низ либоси чиркин дар тан биёяд, ва шумо ба соҳиби либоси зебо нигоҳ карда, гӯед: “Ту дар ҷои некӯ шин”, ва ба камбағал гӯед: “Ту он ҷо ист” ё ки: “Ин ҷо, поини пои ман шин”, оё шумо миёни худ фарқ нагузоштаед ва оё доварони соҳиби фикрҳои бад нестед? Гӯш диҳед, эй бародарони азизи ман: оё Худо камбағалони оламро интихоб накардааст, ки дар имон сарватманд ва ворисони Подшоҳие бошанд, ки онро Ӯ ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст? Валекин шумо камбағалро хор шумурдаед. Оё сарватмандон шуморо ба танг намеоваранд, ва оё онҳо шуморо ба маҳкамаҳо намекашанд? Оё онҳо ба номи неке ки бар шумост, куфр намегӯянд? Агар шумо шариати шоҳонаро, мувофиқи навиштаи: “Ёратро монанди худат дӯст дор” ба ҷо меоварда бошед, хуб мекунед; аммо агар рӯйбинӣ мекарда бошед, гуноҳ мекунед, ва шариат шуморо вайронкунанда ҳисоб мекунад. Касе ки тамоми шариатро нигоҳ дошта, валекин дар як чиз хато кунад, нисбат ба ҳама чиз айбдор мешавад. Зеро Он ки “зино накун” гуфтааст, “накуш” ҳам гуфтааст. Бинобар ин, агар ту зино накунӣ, вале одамкушӣ кунӣ, шариатро вайрон кардаӣ. Ҳамчун касоне ки мувофиқи шариати озодӣ доварӣ карда мешаванд, сухан гӯед ва амал кунед, зеро бар касе ки марҳамат накардааст, доварӣ бе марҳамат мешавад; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад. Эй бародарони ман, чӣ фоидае ҳаст, агар касе гӯяд, ки имон дорад, лекин амалҳо надошта бошад? Оё чунин имон метавонад ӯро наҷот диҳад? Агар бародаре ё хоҳаре бе пӯшок буда, хӯроки ҳаррӯза надошта бошад, ва касе аз шумо ба онҳо гӯяд: “Бо осоиш рафта, гарм ва сер шавед”, валекин он чи барои ҷисм даркор аст, ба онҳо надиҳад, чӣ фоидае ҳаст? Ҳамчунин имон низ, агар амалҳо надошта бошад, дар худ мурда аст. Ва касе мегӯяд: “Ту имон дорӣ, вале ман амалҳо дорам. Имони худро бе амалҳо ба ман нишон деҳ, вале ман ба ту имони худро аз амалҳои худ нишон медиҳам”. Ту имон дорӣ, ки Худо ягона аст? Хуб мекунӣ; девҳо низ имон доранд ва меларзанд. Аммо, эй одами бемағз, оё мехоҳӣ донӣ, ки имон бе амалҳо мурда аст? Оё падари мо Иброҳим, ки писари худ Исҳоқро ба қурбонгоҳ гузошта буд, бо амалҳо сафед нашуд? Оё ту мебинӣ, ки имон ба амалҳои ӯ мадад кард, ва имон ба воситаи амалҳо ба камол расид? Ва он навишта иҷро шуд, ки мегӯяд: “Иброҳим ба Худо имон дошт, ва ин барои ӯ росткорӣ ҳисобида шуд”, ва ӯ дӯсти Худо номида шуд. Пас мебинед, ки одамизод ба воситаи амалҳо сафед мешавад, на танҳо ба воситаи имон. Ба ҳамин тарз Роҳоби фоҳиша низ, ки фиристодагонро қабул карда, бо роҳи дигар равона кард, оё ба воситаи амалҳо сафед нашуд? Зеро, чунон ки бадан бе рӯҳ мурда аст, имон низ бе амалҳо мурда аст. Эй бародарони ман! Бисёре аз шумо муаллим нашавед, чун медонед, ки мо ба доварии бештаре дучор мешавем, зеро ки ҳамаи мо бисёр хато мекунем. Касе ки дар сухан хато намекунад, вай марди комил аст, ки метавонад ҷилави тамоми баданро кашад. Инак, мо ба даҳони аспҳо лаҷом меандозем, то ба мо итоат кунанд, ва тамоми бадани онҳоро идора мекунем. Инак, киштиҳо низ, ҳарчанд бузург бошанд ва ҳарчанд бо бодҳои пурзӯр ронда шаванд ҳам, ба воситаи суккони хурде, ба куҷое ки суккондор хоҳад, равона карда мешаванд. Ҳамчунин забон низ узви хурд аст, вале бисёр лоф мезанад. Бубин, оташи хурде чӣ гуна ҷангали бузургро месӯзонад. Забон низ оташ аст, ҷаҳонест аз норостӣ. Забон дар миёни узвҳои мо чунин гузошта шудааст: тамоми баданро палид мекунад ва доираи ҳаётро оташ медиҳад ва худаш аз дӯзах оташ мегирад. Зеро ки ҳама гуна дарандагон ва парандагон, хазандагон ва ҳайвоноти баҳрӣ ба воситаи одамизод ром шудаанд, валекин забонро ҳеҷ кас аз одамон ром карда наметавонад: он бадиест боздоштанашаванда ва пур аз заҳри марговар. Бо он мо Худо ва Падарро ситоиш мекунем, ва бо он мо одамонро, ки ба сурати Худо офарида шудаанд, дашном медиҳем. Аз айни як даҳон ситоиш ва дашном мебарояд. Эй бародарони ман, набояд ин тавр шавад. Оё аз як сӯрохи чашма ҳам оби ширин ва ҳам оби талх ҷорӣ мешавад? Эй бародарони ман, магар дарахти анҷир метавонад зайтун оварад, ё токи ангур анҷир? Ҳамчунин як чашма наметавонад оби шӯр ва ширин диҳад. Ҷангу ҷидол Кист хирадманд ва бофаҳм байни шумо? Бигзор инро дар рафтори неки худ бо фурӯтании хирадмандона дар амал нишон диҳад. Аммо агар шумо дар дили худ ҳасади талх ва худсарӣ доред, фахр накунед ва зидди ростӣ дурӯғ нагӯед. Ин ҳикмате нест, ки аз боло фуруд омада бошад, балки ҳикмати заминӣ, нафсонӣ ва шайтонӣ мебошад; зеро ҳар ҷое ки ҳасад ва худсарӣ бошад, он ҷо носозӣ ва ҳар кори бад ҳувайдост. Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан пок аст, сипас осоишта, меҳрубон, насиҳатпазир, пур аз марҳамат ва самарҳои нек, бе ғараз ва дурӯягӣ мебошад. Ва самари росткорӣ дар осоиш кошта мешавад барои онҳое ки осоишро ба амал меоваранд. Ҷангу ҷидол дар миёни шумо аз куҷост? Оё на аз ҳавасҳои шумост, ки дар узвҳои баданатон меҷанганд? Ҳавас мекунед ва надоред; мекушед ва ҳасад мебаред ва наметавонед ба даст оваред; ҷангу ҷидол мекунед; надоред, чунки илтимос намекунед; илтимос мекунед ва ба даст намеоваред, чунки бо нияти бад илтимос мекунед, то барои ҳавасҳои худ истифода намоед. Эй мардону занони зинокор! Оё намедонед, ки дӯстӣ бо ҷаҳон душманӣ бо Худост? Пас, касе ки мехоҳад дӯсти ҷаҳон бошад, душмани Худо мегардад. Оё шумо гумон мекунед, ки Китоб беҳуда мегӯяд: “Рӯҳе ки дар мо сокин аст, то ба дараҷаи рашк дӯст медорад”? Лекин файзи бештаре мебахшад; барои ҳамин ҳам мегӯяд: “Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, Вале ба фурӯтанон файз мебахшад”. Пас, ба Худо фармонбардор шавед. Ба иблис муқобилат кунед, ва ӯ аз шумо мегурезад. Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик мешавад. Дастҳои худро шӯед, эй гуноҳкорон, ва дилҳои худро пок кунед, эй дудилагон. Андӯҳгин шуда, гиря ва нола кунед. Бигзор хандаи шумо ба гиря ва шодии шумо ба ғусса табдил ёбад. Дар ҳузури Худованд фурӯтан шавед, ва ӯ шуморо сарафроз мекунад. Эй бародарон, дар ҳаққи якдигар бадгӯӣ накунед. Касе ки бародарашро бадгӯӣ кунад ва бародарашро ҳукм намояд, вай шариатро бадгӯӣ мекунад ва шариатро ҳукм менамояд. Ва агар ту шариатро ҳукм намоӣ, пас иҷрокунандаи шариат нестӣ, балки довар ҳастӣ. Шариатгузор якест, ва Ӯ қодир аст наҷот диҳад ва нобуд кунад. Вале ту кистӣ, ки дигареро ҳукм менамоӣ? Ҳавобаландон ва сарватмандон Акнун гӯш кунед шумо, эй касоне ки мегӯед: “Имрӯз ё фардо ба фалон шаҳр рафта, дар он ҷо як солро мегузаронем, ва бо тиҷорат машғул шуда, фоида мекунем”, ва ҳол он ки шумо намедонед, ки фардо чӣ мешавад; зеро чист зиндагии шумо? Буғест, ки ба муддати кӯтоҳе намоён гардида, баъд нест мешавад. Ба ҷои он шумо бояд гӯед: “Агар Худованд хоҳад ва зинда монем, чунин ё чунон мекунем”. Лекин акнун шумо, ба сабаби ҳавобаландии худ, лоф мезанед. Ҳар лофи монанди ин бад аст. Пас, касе ки некӣ карданро медонад ва намекунад, ба вай гуноҳ аст. Акнун гӯш кунед шумо, эй сарватмандон: дар бораи балоҳое ки ба сари шумо меоянд, гиря ва нола кунед. Сарвати шумо пӯсидааст, ва либоси шуморо куя задааст. Тилло ва нуқраи шумо занг задааст, ва занги онҳо исботе ба муқобили шумо гардида, монанди оташ ҷисми шуморо мехӯрад; шумо дар рӯзҳои охирин ганҷ ҷамъ кардаед. Инак, музди коргароне ки саҳроҳои шуморо даравидаанд, ва шумо онро надода нигоҳ доштаед, фиғон мекашад, ва фарёди даравгарон ба гӯши Худованди лашкарҳо расидааст. Шумо дар рӯи замин айшу нӯш менамудед, ва дилҳои худро гӯё барои рӯзи куштан фарбеҳ кардаед. Шумо росткорро маҳкум намуда, куштед; ӯ ба шумо муқобилат намекард. Пас, эй бародарон, то вақти омадани Худованд сабр кунед. Инак, зироаткор самари гаронбаҳои заминро интизор мешавад ва барои ин сабр мекунад, то борони аввалин ва охирин борад. Шумо низ сабр кунед, дилҳои худро устувор гардонед, чунки омадани Худованд наздик аст. Эй бародарон, аз якдигар шикоят накунед, то доварӣ карда нашавед; инак, Довар назди дар истодааст. Эй бародарони ман, аз пурсабрии пайғамбарон дар азоб ибрат гиред, ки онҳо ба номи Худованд сухан меронданд. Инак, мо онҳоеро, ки сабр кардаанд, хушбахт мешуморем. Шумо дар бораи сабри Айюб шунидаед ва анҷоми кори Худовандро дидаед, зеро Худованд бисёр дилсӯз ва раҳмдил аст. Вале пеш аз ҳама, эй бародарони ман, на ба осмон қасам ёд кунед, на ба замин, на ба ягон қасами дигаре; балки бигзор “ҳа”-и шумо “ҳа” бошад ва “не”-и шумо “не”, то ба дурӯягӣ гирифтор нашавед. Оё касе аз шумо азоб мекашад? Бигзор дуо гӯяд. Оё касе шодмон аст? Бигзор таронае аз Забур хонад. Оё касе аз шумо бемор аст? Бигзор пирони ҷамоатро назди худ даъват намояд, ва онҳо ӯро ба номи Худованд равған молида, дар ҳаққи ӯ дуо гӯянд, ва дуои имон беморро шифо медиҳад, ва Худованд ӯро ба по мехезонад; ва агар ӯ гуноҳ карда бошад, бахшида мешавад. Ба хатоҳои худ назди якдигар иқрор шавед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед; дуои самимии шахси росткор қуввати бузурге дорад. Илёс шахсе буд монанди мо, ва дуо гуфт, ки борон наборад, ва се солу шаш моҳ дар сарзамин борон набуд. Ва боз дуо гуфт, ва осмон борон дод, ва замин самари худро рӯёнид. Эй бародарон! Агар касе аз шумо аз роҳи ростӣ барояд, ва касе ӯро баргардонад, бигзор вай донад, ки шахсе ки гуноҳкорро аз роҳи нодуруст гардонад, ҷонеро аз марг наҷот дода, гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш мекунад.  Петрус, расули Исои Масеҳ, ба ғарибоне ки дар вилоятҳои Понтус, Ғалотия, Каппадокия, Осиё ва Битуния пароканда мебошанд ва мувофиқи пешдонии Худои Падар, бо муқаддасгардонии Рӯҳ, барои итоат ва пошидани хуни Исои Масеҳ интихоб шудаанд: файз ва осоиш бар шумо фаровон бод. Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки бо марҳамати бузурги Худ, ба воситаи растохези Исои Масеҳ аз мурдагон, моро таваллуди наве бахшид барои умеди зинда, барои мероси нобуднашаванда, беолоиш ва нопажмурданӣ, ки дар осмон барои шумо маҳфуз аст, ки бо қуввати Худо ба воситаи имон нигоҳ дошта мешавед барои наҷоте ки омода шудааст, то дар замони охир ошкор шавад. Дар ин бора шодӣ мекунед, ҳарчанд акнун, агар даркор шавад, аз озмоишҳои гуногун андаке андӯҳгин мешавед. Имони шумо аз тилло, ки бо вуҷуди дар оташ озмуда шуданаш нобудшаванда мебошад, гаронбаҳотар аст. Ин имон аз имтиҳон мегузарад ва барои ситоиш ва иззат ва ҷалол ҳангоми зоҳир шудани Исои Масеҳ пок ба миён меояд. Шумо Ӯро надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон доред ва бо шодмонии васфнопазир ва пурҷалол шодӣ мекунед, чунки ба мақсади имони худ, яъне ба наҷоти ҷонҳотон мерасед. Тафтишот ва тадқиқоти пайғамбарон ба ҳамин наҷот тааллуқ дошт, ва онҳо файзеро, ки барои шумост, пешгӯӣ кардаанд. Онҳо тадқиқ намудаанд, ки кадом ва чӣ гуна замонро Рӯҳи Масеҳ, ки андаруни онҳо буд, нишон додааст, ҳангоме ки Он аз азобҳои Масеҳ ва аз ҷалоле ки пас аз он фаро мерасад, пешакӣ шаҳодат медод. Ба онҳо ошкор шуд, ки на ба худ, балки ба шумо хизмат кардаанд бо он чи акнун аз он хабар ёфтаед ба воситаи онҳое ки бо Рӯҳулқудси аз осмон фиристодашуда ба шумо башорат додаанд, яъне он чи фариштаҳо мехоҳанд андарунаш назар андозанд. Бинобар ин, камари ақли худро маҳкам баста ва ҳушёр шуда, ба файзе ки ҳангоми зоҳир шудани Исои Масеҳ ба шумо бахшида мешавад, комилан умедвор бошед. Ҳамчун бачаҳои фармонбардор, ба ҳавасҳои пештарае ки дар вақти нодонии худ доштед, мувофиқат накунед, балки, чунон ки даъваткунандаи шумо қуддус аст, худатон низ дар тамоми рафторатон муқаддас бошед, зеро навишта шудааст: “Муқаддас бошед, чунки Ман қуддус ҳастам”. Ва агар шумо Ӯро Падар мехонед, ки бе рӯйбинӣ ҳар касро аз рӯи амалаш доварӣ мекунад, пас замони ғарибии худро бо худотарсӣ гузаронед, зеро медонед, ки шумо на бо чизҳои нобудшаванда чун нуқра ё тилло бозхарида шудаед аз зиндагии ҳеҷу пуч, ки аз падарони худ мерос гирифтаед, балки бо хуни гаронбаҳои Масеҳ, ҳамчун барраи беайб ва бенуқс, ки пеш аз бунёдшавии ҷаҳон пешбинӣ шуда буд, лекин дар замонҳои охир барои шумо зоҳир шудааст, ки ба воситаи Масеҳ шумо ба Худое имон овардаед, ки Масеҳро аз мурдагон бархезонд ва ба Ӯ ҷалол бахшид, то шумо ба Худо имон ва умед дошта бошед. Чун ҷонҳои худро бо итоати ростӣ ба воситаи Рӯҳ барои бародардӯстии бе дурӯягӣ пок кардаед, доимо якдигарро аз таҳти дил дӯст доред, ҳамчун касоне ки аз нав зода шудаед на аз тухми нобудшаванда, балки аз тухми нобуднашаванда, ба воситаи каломи Худо, ки зинда аст ва то абад боқист. Зеро “Ҳар ҷисм чун алаф аст, Ва ҳар ҷалоли одамӣ чун гули алаф; Алаф хушк мешавад, ва гули он мерезад; Аммо каломи Худованд то абад боқист”. Ва ин аст каломе ки ба шумо башорат дода шудааст. Пас, ҳар кина ва ҳар фиребу дурӯягиву ҳасад ва ҳар бадгӯиро аз худ дур карда, чун кӯдакони навзод ташнаи шири поки калом бошед, то ки аз он нашъунамо ёбед, агар ҳақиқатан чашидаед, ки Худованд некӯст. Бо наздик шудан ба Ӯ, яъне ба санги зиндае ки одамон рад кардаанд, вале назди Худо интихобшуда ва гаронбаҳост, худатон низ, ҳамчун сангҳои зинда, чун хонаи рӯҳонӣ, коҳинии муқаддас бино шавед, то қурбониҳои рӯҳонии писандидаи Худоро ба воситаи Исои Масеҳ тақдим кунед, зеро дар Китоб гуфта шудааст: “Инак, Ман дар Сион санги гӯша мегузорам, Ки интихобшуда ва гаронбаҳост; Ва касе ки ба Ӯ имон оварад, шарманда намешавад”. Пас, Ӯ барои шумо, имондорон, гаронбаҳост, аммо барои беитоатон “сангест, ки бинокорон рад кардаанд, лекин он санги гӯшаи бино гардидааст”, ва “санги пешпо ва кӯҳпораи монеа”, зеро онҳо, ба калом итоат накарда, пешпо мехӯранд, ки барои ҳамин муқаррар шудаанд. Лекин шумо насли интихобшуда, коҳинии шоҳона, халқи муқаддас, қавми хоси Худо ҳастед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз торикӣ ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед, шумо, ки як вақте қавм набудед, вале акнун қавми Худо ҳастед; як вақте аз марҳамат маҳрум будед, вале акнун марҳамат ёфтаед. Эй азизон! Аз шумо, ҳамчун ғарибон ва муҳоҷирон, хоҳишмандам, ки аз ҳавасҳои ҷисм, ки бар зидди ҷон бармехезанд, парҳез намоед. Рафторатон дар миёни халқҳо нек бошад, то онҳо ба ҷои он ки дар ҳаққи шумо ҳамчун бадкирдорон бадгӯӣ кунанд, корҳои некатонро дида, Худоро дар рӯзи бозхост ҳамду сано хонанд. Пас, ба хотири Худованд ба ҳар роҳбарияти одамӣ фармонбардор бошед: хоҳ ба подшоҳ, ҳамчун ҳокимияти олӣ, хоҳ ба ҳокимон, ҳамчун касоне ки аз ҷониби вай фиристода мешаванд, то бадкирдоронро ҷазо диҳанд ва некӯкоронро таҳсин кунанд, зеро чунин аст хости Худо, ки бо некӯкории худ нодонии мардуми бефаҳмро хомӯш созед, ҳамчун касони озод, на ҳамчун касоне ки озодиро барои рӯпӯш кардани бадӣ истифода мебаранд, балки ҳамчун бандагони Худо. Ҳамаро ҳурмат кунед, бародариро дӯст доред, аз Худо тарсед, подшоҳро иззат кунед. Эй ғуломон, бо камоли тарс ба хоҷагони худ фармонбардор бошед, на танҳо ба хоҷагони нек ва меҳрубон, балки ба хоҷагони тундхӯ низ. Зеро писандида аст, ки кас аз рӯи виҷдон ба хотири Худо ноҳақ азоб кашида, ба дард тоб оварад. Зеро чӣ фахре ҳаст агар шумо гуноҳ карда, шаллоқ хӯред ва тоқат кунед? Аммо агар некӯӣ карда, азоб кашед ва тоқат кунед, ин писандидаи Худост. Зеро шумо барои ҳамин даъват шудаед, чунки Масеҳ низ барои мо азоб кашида, ба шумо сармашқ гузошт, то аз пайи Ӯ равона шавед. “Ӯ гуноҳе накардааст, Ва дар забонаш фиребе набуд”; Гирифтори бадгӯӣ гардида, Ӯ ҷавобан бадгӯӣ намекард; Азоб кашида, таҳдид намекард, Балки Худро ба Довари одил месупурд; Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар бадани Худ ба дор бардошт, То барои гуноҳҳо мурда, барои росткорӣ зиндагӣ кунем. Шумо аз захмҳои Ӯ шифо ёфтед. Зеро шумо чун гӯсфандони гумшудае будед, лекин акнун сӯи Чӯпон ва Нигаҳбони ҷонҳои худ баргаштаед. Ҳамчунин шумо, эй занон, ба шавҳарони худ фармонбардор бошед, то ки, агар баъзе аз онҳо ба калом итоат накунанд, ба воситаи рафтори занон бе калом ҷалб шаванд, вақте ки рафтори поки худотарсонаи шуморо мушоҳида кунанд. Зебоии шумо на ороиши зоҳирӣ: мӯй бофтан, зевари тилло бастан ё либосҳои зебо пӯшидан, балки одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи мулоиму ороми нобуднашаванда бошад, ки ин пеши Худо гаронбаҳост. Зеро як вақте занони муқаддас низ, ки ба Худо умед доштанд, худро ҳамин гуна оро медоданд ва ба шавҳарони худ фармонбардор буданд, ба монанди Соро, ки ба Иброҳим итоат намуда, ӯро хоҷа меномид. Шумо фарзандони вай шудаед, агар некӣ кунед ва аз ҳеҷ хавфе натарсед. Ҳамчунин шумо, эй шавҳарон, дар зиндагӣ бо занон, ки зарфи сусттар ҳастанд, бомулоҳиза бошед, ва онҳоро муҳтарам доред, чунки бо шумо ворисони файзи ҳаёт мебошанд, то дуоҳои шумо боздошта нашаванд. Ниҳоят, ҳамаатон ҳамфикр, ҳамдард, бародардӯст, дилсӯз ва меҳрубон бошед; дар ивази бадӣ бадӣ накунед, ё дар ивази дашном дашном надиҳед; баръакс, баракат хоҳед, чун медонед, ки шумо барои он даъват шудаед, ки вориси баракат гардед. Зеро “Касе ки ҳаётро дӯст медорад Ва мехоҳад рӯзҳои нек бинад, Бигзор забонашро аз бадӣ нигоҳ дорад Ва лабҳояшро аз гуфтори фиребанда, Аз бадӣ дур шавад ва некӣ кунад, Осоишро ҷӯяд ва дар пайи он бошад, Чунки чашмони Худованд бар росткоронанд, Ва гӯшҳои Ӯ — ба сӯи дуои онҳо, Аммо рӯи Худованд ба муқобили бадкорон аст”. Ва кист, ки ба шумо бадӣ кунад, агар дар пайи некӯкорӣ бошед? Лекин ҳатто агар барои росткорӣ азоб кашед, хушо шумо. “Аз он чи онҳо метарсанд, натарсед ва бим надошта бошед, балки Худованд Худоро дар дили худ муқаддас гардонед”; ва ҳамеша тайёр бошед ба ҳар касе ки аз шумо дар бораи сабаби умедатон пурсад, бо ҳалимӣ ва эҳтиром ҷавоб диҳед. Бигзор виҷдони шумо пок бошад, то онҳое ки рафтори некатонро дар Масеҳ таҳқир мекунанд, бо он чи шуморо бадгӯӣ мекунанд, шарманда шаванд. Зеро, агар хости Худо бошад, барои корҳои нек азоб кашидан беҳтар аст аз он ки кас барои корҳои бад азоб кашад. Чунки Масеҳ низ, барои он ки шуморо сӯи Худо оварад, як бор барои гуноҳҳо азоб кашид, яъне росткор барои бадкорон дар ҷисм кушта шуд, аммо ба воситаи Рӯҳ зинда гардид. Дар ҳамон Рӯҳ Ӯ рафта, ба рӯҳҳо, ки дар зиндонанд, мавъиза намуда буд. Онҳо пештар беитоат буданд, вақте ки Худо дар айёми Нӯҳ пурсаброна интизорӣ мекашид, ҳангоме ки киштӣ сохта мешуд, ки дар он мардуми каме, яъне ҳашт нафар, аз об наҷот ёфтанд. Ва тимсоли он таъмид аст, ки на дур кардани нопокии ҷисм, балки шаҳодати виҷдони пок аст ба ҳузури Худо, ки акнун моро низ ба воситаи растохези Исои Масеҳ наҷот медиҳад, ки Ӯ ба осмон рафта, аз дасти рости Худо /нишастааст/ ва фариштаҳо, қудратҳову қувваҳо фармонбардори Ӯ шудаанд. Пас, чун Масеҳ барои мо дар ҷисм азоб кашидааст, шумо низ бо ҳамон фикр мусаллаҳ шавед; зеро касе ки дар ҷисм азоб кашад, аз гуноҳ рӯ мегардонад, то ки боқии умри ҷисмониро на аз рӯи ҳавасҳои одамӣ, балки мувофиқи хости Худо ба сар барад. Зеро мо дар умри гузашта ба андозаи кофӣ мувофиқи хости халқҳо рафтор кардаем, ба бадахлоқӣ, ҳавасҳо, мастигарӣ, айшу нӯш ва бутпарастии зишт дода шудаем. Ба ҳамин сабаб онҳо ҳайрон мешаванд, ки шумо бо онҳо дар ҳамон бадахлоқӣ иштирок надоред, ва дар ҳаққи шумо бадгӯӣ мекунанд; онҳо ба Оне ки тайёр аст зиндагон ва мурдагонро доварӣ кунад, ҳисобот медиҳанд. Зеро барои ҳамин ба мурдагон низ башорат дода шудааст, то онҳо дар ҷисм мувофиқи одамизод ба доварӣ дучор гарданд, вале дар рӯҳ мувофиқи Худо зиндагӣ кунанд. Аммо поёни ҳама чиз наздик аст. Пас бомулоҳиза ва барои дуо ҳушёр бошед. Ва пеш аз ҳама ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед, чунки муҳаббат гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш мекунад. Якдигарро бе шикоят меҳмоннавозӣ кунед. Ба якдигар, ҳар яке аз рӯи атое ки ёфтаед, ҳамчун коргузорони неки файзи гуногуни Худо хизмат кунед. Касе агар сухан гӯяд, ҳамчун суханони Худо гӯяд; касе агар хизмат кунад, мувофиқи қуввате ки Худо ба вай медиҳад, хизмат кунад, то дар ҳама чиз Худо ба воситаи Исои Масеҳ ҷалол ёбад, ки Ӯро ҷалол ва қудрат то абад бод. Омин. Эй азизон! Аз оташе ки барои имтиҳони шумо дар миёнатон аст, ҳайрон нашавед, ки гӯё воқеаи аҷибе ба шумо рӯй дода бошад, балки аз ин ки шумо дар азобҳои Масеҳ иштирок доред, шодӣ кунед, то дар вақти зоҳир шудани ҷалоли Ӯ низ ба ваҷд омада, хурсандӣ кунед. Агар дар ҳаққи шумо ба хотири номи Масеҳ бадгӯӣ кунанд, хушо шумо, чунки Рӯҳи ҷалол, Рӯҳи Худо бар шумо қарор мегирад; онҳо Ӯро хорӣ медиҳанд, лекин шумо ҷалол медиҳед. Бигзор ҳеҷ яке аз шумо ҳамчун одамкуш, ё дузд, ё бадкирдор, ё дахолаткунанда дар кори дигарон азоб накашад. Аммо агар касе ҳамчун масеҳӣ азоб кашад, шарм надорад, балки барои чунин қисматаш Худоро ҳамду сано хонад. Зеро вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; ва агар аввал аз мо оғоз шавад, пас оқибати онҳое ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ гуна мешавад? Ва агар росткор базӯр наҷот меёфта бошад, пас худонотарс ва гуноҳкор чӣ мекунад? Пас, онҳое ки аз рӯи хости Худо азоб мекашанд, ҷонҳои худро ба Офаридгори бовафо супоранд ва некӣ кунанд. Ман, ки низ пир ва шоҳиди азобҳои Масеҳ ҳастам, ва шарики ҷалоле мешавам, ки бояд зоҳир шавад, аз пирони шумо хоҳишмандам: рамаи Худоро, ки назди шумост, чӯпонӣ ва нигаҳбонӣ кунед, на маҷбурӣ, балки ихтиёрӣ, ва на аз барои фоидаи нангин, балки аз сидқи дил, ва на ҳамчун касоне ки бар насиби худ ҳукмронӣ мекунанд, балки ба рама намунаи ибрат бошед; ва ҳангоме ки Сарчӯпон зоҳир мешавад, тоҷи ҷалолро, ки пажмурда намешавад, меёбед. Ҳамчунин шумо, эй ҷавонон, ба пирон фармонбардор бошед; ва ҳамаатон, ба якдигар фармонбардор буда, фурӯтаниро дар бар кунед, чунки “Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад”. Пас, дар зери дасти пурзӯри Худо фурӯтан бошед, то Ӯ шуморо дар замони Худ сарафроз кунад; ҳамаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор кунед, зеро Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад. Ҳушёр ва бедор бошед: душмани шумо, иблис, чун шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад; ба вай бо имони устувор муқобилат кунед, чун медонед, ки ин гуна азобҳо ба сари бародарони шумо низ, ки дар сар то сари ҷаҳон ҳастанд, меоянд. Ва Худои ҳар файз, ки шуморо ба ҷалоли абадии Худ дар Масеҳ Исо даъват намудааст, пас аз андаке азоб кашиданатон, шуморо комил, устувор, пурзӯр ва пойдор мекунад. Ӯро ҷалол ва қудрат то абад бод. Омин. Ба воситаи Силвонус, ки ба фикри ман бародари боваринок аст, ба шумо мухтасар навиштам, то шуморо насиҳат ва шаҳодат диҳам, ки ҳамин аст файзи ҳақиқии Худо, ки дар он шумо устувор ҳастед. Зани /ман/, ки дар Бобил аст ва монанди шумо интихоб шудааст, ба шумо салом мерасонад, ҳамчунин писарам Марқус. Ба якдигар бо бӯсаи муҳаббат салом гӯед. Бар ҳамаи шумо, ки дар Масеҳ Исо ҳастед, осоиш бод. Омин.  Шимъуни Петрус, банда ва расули Исои Масеҳ, ба онҳое ки имони гаронбаҳоро монанди имони мо ба воситаи росткории Худо ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ қабул кардаанд: файз ва осоиш дар шинохтани Худо ва Исои Худованди мо бар шумо фаровон бод. Азбаски қуввати илоҳии Ӯ ҳамаи чизҳои барои ҳаёт ва худотарсӣ зарурро ба мо бахшидааст, ба воситаи шинохтани Ӯ, ки моро бо ҷалол ва некӯии Худ даъват намудааст, ки бо онҳо ба мо ваъдаҳои бузургтарин ва гаронбаҳо дода шудаанд, то шумо ба воситаи онҳо аз фасоде ки дар натиҷаи ҳавасҳо дар ҷаҳон ҳаст, халос шуда, шарики табиати илоҳӣ гардед, — барои ҳамин ҳам тамоми кӯшишро ба кор бурда, бо имони худ некӯиро пайдо кунед, бо некӯӣ донишро, бо дониш худдориро, бо худдорӣ сабрро, бо сабр худотарсиро, бо худотарсӣ бародардӯстиро ва бо бародардӯстӣ муҳаббатро. Агар ин сифатҳо дар шумо ёфт шаванд ва афзоиш ёбанд, дар шинохтани Худованди мо Исои Масеҳ танбал ва бесамар нестед. Вале дар ҳар кӣ ин сифатҳо ёфт нашаванд, кӯр ва кӯтоҳбин аст, ва фаромӯш кардааст, ки аз гуноҳҳои пештараи худ пок шудааст. Аз ин рӯ, эй бародарон, беш аз пеш кӯшиш намоед, ки даъват ва интихоби худро устувор гардонед ва агар ҳамин тавр кунед, ҳаргиз пешпо намехӯред, зеро бо чунин роҳ даромадгоҳи Подшоҳии абадии Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ барои шумо бемалол кушода мешавад. Барои ҳамин ба ёди шумо овардани инро ҳаргиз бас намекунам, гарчанде ки шумо инро медонед ва дар ин ростӣ устувор ҳастед. Аммо ман дуруст меҳисобам, ки то даме дар ин хайма ҳастам, шуморо бо ёдоварӣ барангезонам, чун медонам, ки ба наздикӣ бояд хаймаи худро тарк кунам, чунон ки Худованди мо Исои Масеҳ маро огоҳ намудааст. Ва саъю кӯшиш мекунам, ки шумо пас аз даргузаштанам низ ҳамеша инро ба ёд оварда тавонед. Зеро, ҳангоме ки қуввати Худованди мо Исои Масеҳ ва омадани Ӯро ба шумо хабар додем, аз пайи афсонаҳои зиракона сохташуда нарафтаем, балки бузургии Ӯро бо чашмони худ дидаем, зеро Ӯ аз Худои Падар иззат ва ҷалол ёфт, вақте ки аз ҷониби ҷалоли бузург сӯи Ӯ чунин овоз расид: “Ин аст Писари дӯстдоштаи Ман, ки аз Ӯ хушнудам”. Ва ин овозро, ки аз осмон омада расид, мо шунидем, ҳангоме ки бо Ӯ дар кӯҳи муқаддас будем. Ва каломи пайғамбарӣ барои мо устувории бештаре дорад; шумо хуб мекунед, ки ба он рӯ меоваред, ҳамчун ба чароғе ки дар ҷои торик медурахшад, то даме ки чашми рӯз кушода шуда, ситораи субҳ дар дилҳои шумо барояд; ва пеш аз ҳама чиз инро донед, ки ҳеҷ як пайғамбарии Китоб аз тафсири худи пайғамбар нест; зеро ҳаргиз пайғамбарӣ бо хости одамизод оварда нашудааст, балки муқаддасони Худо бо ангезиши Рӯҳулқудс сухан гуфтаанд. Аммо дар миёни қавм пайғамбарони дурӯғин низ буданд, чунон ки дар миёни шумо ҳам муаллимони дурӯғин мешаванд, ки пинҳонӣ бидъатҳои ҳалокатоварро меоваранд ва Худовандеро, ки онҳоро харид, инкор намуда, ба зудӣ ба сари худ ҳалокат меоваранд. Ва бисёр касон бадахлоқии онҳоро пайравӣ мекунанд, ва ба воситаи онҳо роҳи ростӣ гирифтори таҳқир мешавад. Ва аз рӯи тамаъ бо суханони фиребанда шуморо суиистифода мекунанд; ҳукми онҳо кайҳо омода аст, ва ҳалокати онҳо пинак нарафтааст. Зеро Худо ба фариштаҳои гуноҳкор амон надод, балки онҳоро ба асфалуссофилин партофта, ба занҷирҳои торикӣ супурд, то ки барои доварӣ нигоҳ дошта шаванд; ва ба дунёи қадим амон надод, балки танҳо ҳашт нафар ва аз он ҷумла Нӯҳро, ки воизи росткорӣ буд, нигоҳ дошта, бар ҷаҳони худонотарсон тӯфон овард; ва шаҳрҳои Садӯм ва Амуроро ба хокистар табдил дода, ҳамчун ибрате барои худонотарсони оянда ба ҳалокат маҳкум намуд, ва Лути росткорро, ки аз рафтори бадахлоқонаи бадкирдорон ба танг омада буд, раҳо кард, — зеро он росткор дар миёни онҳо сокин буда ва корҳои бади онҳоро дида ва шунида, ҷони росткоронаи худро ҳаррӯза ба азоб гирифтор мекард, — пас Худованд медонад, ки чӣ гуна худотарсонро аз озмоиш раҳо кунад ва бадкоронро барои ҷазо то рӯзи доварӣ нигоҳ дорад, хусусан онҳоеро, ки дар ҳавасҳои қабеҳ аз пайи ҷисм мераванд, ва сарваронро хор мешуморанд, ва густохӣ ва худсарӣ мекунанд ва аз бадгӯӣ дар ҳаққи бузургон наметарсанд, ҳол он ки фариштаҳо, ки дар қудрат ва қувват бартарӣ доранд, назди Худованд дар ҳаққи онҳо ҳукми бадгӯёна намекунанд. Аммо онҳо ҳамчун ҳайвоноти безабоне ки табиатан барои шикор ва нобудшавӣ таваллуд шудаанд, ба он чи намефаҳманд, бадгӯӣ карда, дар фасоди худ нобуд мешаванд, ва подоши бадкирдории худро меёбанд. Хушии онҳо айшу нӯш дар рӯзи равшан аст; онҳо доғҳои нангин ҳастанд, бо шумо айшу ишрат карда, аз найрангҳои худ лаззат мебаранд. Чашмони онҳо пур аз зино ва гуноҳи доимист; онҳо ҷонҳои ноустуворро ба худ ҷалб мекунанд; дили онҳо ба тамаъкорӣ омӯхта шудааст; онҳо фарзандони лаънат ҳастанд. Онҳо роҳи ростро тарк карда, гумроҳ шудаанд, аз пайи Билъом ибни Баӯр рафтаанд, ки вай музди ноҳақро дӯст медошт. Аммо дар бадкирдории худ таъна карда шуд: хари безабон бо овози одамӣ гап зада, девонагии пайғамбарро боздошт. Онҳо чашмаҳои беоб ҳастанд, абрҳое ки бо тундбод ронда мешаванд: барои онҳо тирагии торикии абадӣ муқаррар шудааст. Зеро суханони беҳудаи дабдабаноке гуфта, онҳоеро, ки аз гумроҳон халос шудаанд, бо ҳавасҳои ҷисмонии бадахлоқона ҷалб мекунанд; ба онҳо озодиро ваъда медиҳанд, ҳол он ки худ ғуломони фасод ҳастанд; зеро кас ғуломи ҳар он чизест, ки ӯро мағлуб кардааст. Зеро, агар ба воситаи шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳанда Исои Масеҳ аз қабоҳатҳои дунё халосӣ ёфта, аз нав ба доми онҳо афтода мағлуб мешуда бошанд, охирашон бадтар аз аввалашон мешавад. Барои онҳо надонистани роҳи ростӣ беҳтар мебуд аз он ки, пас аз донистани он, аз фармудаи муқаддасе ки ба онҳо супурда шудааст, рӯй гардонанд. Ба онҳо ҳамон чизе рӯй додааст, ки дар ин зарбулмасали дуруст гуфта мешавад: “Саг ба қайи худ баргашт, ва хук пас аз шустушӯй рафт, ки дар лой ғел занад”. Ин акнун номаи дуюм аст, ки ба шумо, эй азизон, менависам; дар онҳо бо ёдоварӣ фикри поки шуморо бармеангезам, то ба хотир оваред суханонеро, ки пештар пайғамбарони муқаддас гуфтаанд, ва фармудаи Худованд ва Наҷотдиҳандаро, ки расулон ба шумо супурдаанд. Пеш аз ҳама донед, ки дар охири айём масхаракунандагоне пайдо мешаванд, ки аз рӯи ҳавасҳои худ рафтор намуда, мегӯянд: “Куҷост ваъдаи омадани Ӯ? Зеро аз замоне ки падарон ба хоби /марг/ рафтаанд, ҳама чиз ончунон ки аз аввали офариниш буд, боқӣ мондааст”. Зеро онҳо намехоҳанд фаҳманд, ки бо каломи Худо осмонҳо аз қадим буданд ва замин аз об ва ба воситаи об шакл гирифт; ва дунёи онвақта маҳз дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расид. Аммо осмон ва замини ҳозира бо каломи Ӯ барои оташ нигоҳ дошта шудаанд ва то рӯзи доварӣ ва ҳалокати одамони худонотарс саришта карда мешаванд. Аммо ҳамин як чиз аз шумо, эй азизон, набояд пӯшида бошад, ки назди Худованд як рӯз монанди ҳазор сол аст, ва ҳазор сол монанди як рӯз. Худованд дар иҷрои ваъда дер намекунад, чунон ки баъзе касон инро дер кардан меҳисобанд; балки бо мо пурсабр аст ва намехоҳад, ки касе нобуд шавад, балки ҳама ба тавба рӯ оваранд. Валекин рӯзи Худованд чун дузд дар шаб меояд, ва он гоҳ осмон бо ғулғулае дармегузарад, ва унсурҳо оташ гирифта, нобуд мешаванд, ва замин ва тамоми корҳое ки дар он ҳастанд, месӯзанд. Агар ҳамаи инҳо чунин нобуд мешуда бошанд, пас шумо дар рафтори муқаддас ва худотарсӣ чӣ гуна бояд бошед, дар ҳоле ки омадани рӯзи Худоро интизор ҳастед ва сӯи он мешитобед, ки ба хотири он рӯз осмон аланга гирифта, несту нобуд мешавад, ва унсурҳо оташ гирифта, мегудозанд? Лекин мо, мувофиқи ваъдаи Ӯ, мунтазири осмони нав ва замини нав ҳастем, ки дар онҳо росткорӣ сокин мешавад. Пас, эй азизон, модоме ки инро интизорӣ доред, саъю кӯшиш намоед, ки назди Ӯ бенуқс ва беайб дар осоиш ёфт шавед; ва пурсабрии Худованди моро наҷот ҳисоб кунед, чунон ки бародари азизи мо Павлус низ, аз рӯи ҳикмате ки ба ӯ дода шудааст, ба шумо навиштааст, ва ҳамчунин дар ҳамаи номаҳои худ ӯ дар ин бора сухан меронад, ки дар онҳо баъзе чизҳо душворфаҳм аст, ки онҳоро нодонон ва ноустуворон чун навиштаҳои дигари Китоб ғалат маънидод мекунанд, ва анҷоми ин кор барои онҳо ҳалокат меоварад. Пас шумо, эй азизон, азбаски пешакӣ огоҳонда шудаед, эҳтиёт шавед, ки гирифтори гумроҳии бадкирдорон нашавед ва пойдории худро аз даст надиҳед, балки дар файз ва шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ нашъунамо кунед, ки Ӯро аз ҳозир то рӯзи абадият ҷалол бод. Омин.  Дар бораи он чи аз ибтидо буд, ва мо онро шунидаем ва бо чашмони худ дидаем ва ба он нигаристаем, ва онро даст-даст кардаем, дар бораи Каломи ҳаёт, — ва ҳаёт зоҳир шуд, ва мо дидаем ва шаҳодат медиҳем ва ба шумо аз ҳаёти абадие хабар медиҳем, ки бо Падар буд ва ба мо зоҳир шуд, — дар бораи он чи дидаем ва шунидаем, ба шумо хабар медиҳем, то шумо низ бо мо мушоракат дошта бошед; ва мушоракати мо бо Падар ва бо Писари Ӯ Исои Масеҳ аст. Ва инро ба шумо менависем, то шодии мо комил бошад. Ва ин аст паёме ки мо аз Ӯ шунидаем ва ба шумо хабар медиҳем: Худо нур аст, ва дар Ӯ ҳеҷ торикие нест. Агар мо гӯем, ки бо Ӯ мушоракат дорем, вале дар торикӣ гардем, мо дурӯғ мегӯем ва аз рӯи ростӣ амал намекунем; аммо агар дар нур мегашта бошем, чунон ки Ӯ дар нур аст, бо якдигар мушоракат дорем, ва хуни Писари Ӯ Исои Масеҳ моро аз ҳар гуноҳ пок менамояд. Агар гӯем, ки мо гуноҳе надорем, худамонро фиреб медиҳем, ва дар мо ростӣ нест. Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ бовафо ва росткор аст, ки гуноҳҳои моро бахшад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд. Агар гӯем, ки мо гуноҳе накардаем, Ӯро дурӯғгӯй месозем, ва каломи Ӯ дар мо нест. Эй фарзандонам! Инро ба шумо менависам, то гуноҳ накунед; ва агар касе гуноҳ кунад, мо назди Падар Шафоатгаре дорем, яъне Исои Масеҳи Росткор. Ва Ӯ кафорат аст барои гуноҳҳои мо, ва на танҳо барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон низ. Аз ин медонем, ки Ӯро мешиносем, агар фармудаҳои Ӯро риоя кунем. Касе ки гӯяд: “Ман Ӯро мешиносам”, аммо фармудаҳои Ӯро риоя накунад, вай дурӯғгӯй аст, ва дар вай ростӣ нест. Валекин касе ки каломи Ӯро риоя мекунад, дар вай ба ростӣ муҳаббати Худо ба камол расидааст. Аз ин медонем, ки мо дар Ӯ ҳастем. Касе гӯяд, ки дар Ӯ мемонад, вай бояд тавре рафтор кунад, ки Ӯ рафтор мекард. Эй бародарон! Ба шумо фармудаи наве наменависам, балки фармудаи қадимие ки шумо аз ибтидо доштед; фармудаи қадимӣ каломест, ки шумо аз ибтидо шунидаед. Лекин дар айни ҳол ба шумо фармудаи наве менависам, ки ростии он ҳам дар Ӯст ва ҳам дар шумост, чунки торикӣ гузарон аст, ва акнун нури ҳақиқӣ медурахшад. Ҳар кӣ гӯяд, ки дар нур аст, валекин аз бародари худ нафрат дошта бошад, ҳанӯз дар торикист. Касе ки бародари худро дӯст медорад, дар нур сокин аст, ва дар вай васвасае нест. Вале касе ки аз бародари худ нафрат дорад, дар торикист, ва дар торикӣ мегардад, ва намедонад, ки куҷо меравад, чунки торикӣ чашмонашро кӯр кардааст. Ҷаҳон ва зиддимасеҳон Ба шумо, эй фарзандон, менависам, чунки гуноҳҳои шумо ба хотири номи Ӯ бахшида шудаанд. Ба шумо, эй падарон, менависам, чунки Ӯро, ки аз ибтидост, шинохтаед. Ба шумо, эй ҷавонон, менависам, чунки бар шарир ғолиб шудаед. Ба шумо, эй бачаҳо, менависам, чунки Падарро шинохтаед. Ба шумо, эй падарон, навиштаам, чунки Ӯро, ки аз ибтидост, шинохтаед. Ба шумо, эй ҷавонон, навиштаам, чунки пурзӯр ҳастед, ва каломи Худо дар шумо сокин аст, ва бар шарир ғолиб шудаед. Ҷаҳонро дӯст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст. Касе ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест; зеро ҳар чи дар ҷаҳон аст: ҳаваси ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ аз Падар нест, балки аз ҷаҳон аст. Ва ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки хости Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист. Эй бачаҳо! Соати охирин аст, ва чунон ки шунидаед, зиддимасеҳ меояд, ва ҳоло зиддимасеҳони зиёде пайдо шудаанд, аз ин рӯ медонем, ки соати охирин аст. Онҳо аз мо берун рафтанд, аммо аз мо набуданд; зеро, агар аз мо мебуданд, бо мо мемонданд; лекин берун рафтанд, то маълум шавад, ки ҳеҷ кадоми онҳо аз мо нестанд. Валекин шумо аз ҷониби Қуддус масҳ ёфтаед ва ҳама чизро медонед. Ман ба шумо на аз он сабаб навиштаам, ки ростиро намедониста бошед, балки аз он сабаб, ки онро медонед, ҳамчунин инро, ки ҳеҷ дурӯғ аз ростӣ нест. Кист дурӯғгӯ, ғайр аз касе ки Масеҳ будани Исоро инкор мекунад? Вай зиддимасеҳ аст, ки Падар ва Писарро инкор мекунад. Ҳар кӣ Писарро инкор мекунад, Падарро низ надорад. Пас, он чи шумо аз ибтидо шунидаед, бигзор дар шумо монад. Агар он чи аз ибтидо шунидаед, дар шумо монад, шумо низ дар Писар ва дар Падар мемонед. Ва ваъдае ки Ӯ ба мо додааст, ҳаёти абадист. Инро ба шумо дар бораи онҳое навиштаам, ки шуморо гумроҳ мекунанд. Валекин масҳе ки шумо аз Ӯ ёфтаед, дар шумо сокин аст, ва шумо эҳтиёҷе надоред, ки касе шуморо таълим диҳад; аммо чунон ки он масҳ ба шумо ҳар чизро таълим медиҳад, ва он рост аст ва дурӯғ нест, ва ҳамон тавре ки шуморо таълим додааст, дар Ӯ мемонед. Пас, эй фарзандон, дар Ӯ монед, то ки ҳангоми зоҳир шудани Ӯ мо ҷуръат дошта бошем ва пеши Ӯ дар вақти омадани Ӯ шарманда нашавем. Агар донистаед, ки Ӯ росткор аст, пас донед, ки ҳар кӣ ростиро ба амал меоварад, аз Ӯ таваллуд ёфтааст. Бинед, ки Падар ба мо чӣ гуна муҳаббате ато намудааст, то мо фарзандони Худо номида шавем. Ҷаҳон шуморо аз он сабаб намешиносад, ки Ӯро нашинохт. Эй азизон! Мо акнун фарзандони Худо ҳастем, ва ҳанӯз маълум нашудааст он чи мешавем. Фақат ҳамин қадарашро медонем, ки ҳангоми зоҳир шуданаш монанди Ӯ мешавем, зеро Ӯро, чунон ки ҳаст, мебинем. Ва ҳар кӣ аз Ӯ чунин умед дорад, худро пок менамояд, чунон ки Ӯ пок аст. Ҳар кӣ гуноҳ мекунад, шариатро мешиканад, ва гуноҳ шикастани шариат аст. Ва шумо медонед, ки Ӯ барои бардоштани гуноҳҳои мо зоҳир шуд, ва дар Ӯ гуноҳе нест. Ҳар кӣ дар Ӯ монад, гуноҳ намекунад; ҳар кӣ гуноҳ мекунад, Ӯро надидааст ва Ӯро нашинохтааст. Эй фарзандон! Бигзор ҳеҷ кас шуморо гумроҳ накунад. Касе ки ростиро ба амал меоварад, росткор аст, чунон ки Ӯ росткор аст. Касе ки гуноҳ мекунад, аз иблис аст, чунки иблис аз ибтидо гуноҳ мекунад. Барои ҳамин ҳам Писари Худо зоҳир шуд, ки корҳои иблисро вайрон кунад. Ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, чунки тухми Ӯ дар вай мемонад; вай гуноҳ карда наметавонад, чунки аз Худо таваллуд ёфтааст. Фарзандони Худо ва фарзандони иблис ин тавр шинохта мешаванд: ҳар кӣ ростиро ба амал намеоварад, аз Худо нест, ҳамчунин касе ки бародари худро дӯст намедорад. Зеро паёме ки шумо аз ибтидо шунидаед, чунин аст, ки мо бояд якдигарро дӯст дорем, на ҳамчун Қобил, ки аз шарир буд ва бародари худро кушт. Ва чаро вайро кушт? Аз барои он ки корҳои худаш бад буданд, вале корҳои бародараш — росткорона. Ҳайрон нашавед, эй бародаронам, агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад. Мо медонем, ки аз марг ба ҳаёт гузаштаем, чунки бародаронро дӯст медорем. Касе ки бародарашро дӯст намедорад, дар марг сокин аст. Ҳар кӣ аз бародари худ нафрат дорад, одамкуш аст; ва шумо медонед, ки ҳеҷ як одамкуш ҳаёти абадие надорад, ки дар вай сокин бошад. Мо муҳаббатро аз он донистем, ки Ӯ ҷони Худро барои мо фидо кард. Мо ҳам бояд ҷонҳои худро барои бародарон фидо кунем. Ва агар касе ки моли дунё дорад ва бародари худро мӯҳтоҷ дида, раҳмдилии худро аз вай дареғ дорад, — чӣ гуна муҳаббати Худо дар ӯ сокин аст? Эй фарзандонам! На бо сухан ва забон, балки бо амал ва ростӣ дӯст дорем. Ва аз ин медонем, ки мо аз ростӣ ҳастем, ва дили худро дар ҳузури Ӯ ором мекунем, дар ҳар чизе ки дил моро маҳкум менамояд, чунки Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳар чизро медонад. Эй азизон! Агар дили мо моро маҳкум накунад, мо назди Худо ҷуръат дорем, ва ҳар чи хоҳиш кунем, аз Ӯ меёбем, чунки фармудаҳои Ӯро риоя мекунем ва он чи пеши Ӯ писандида аст, ба амал меоварем. Ва фармудаи Ӯ ин аст, ки мо ба номи Писари Ӯ Исои Масеҳ имон оварем ва якдигарро дӯст дорем, чунон ки Ӯ фармудааст. Ва касе ки фармудаҳои Ӯро нигоҳ медорад, дар Ӯ сокин аст, ва Ӯ дар вай. Ва аз ин медонем, ки Ӯ дар мо сокин аст, яъне аз он Рӯҳе ки Ӯ ба мо додааст. Эй азизон! Ба ҳар рӯҳ бовар накунед, балки рӯҳҳоро имтиҳон кунед, ки оё аз Худо ҳастанд, чунки бисёр пайғамбарони дурӯғин ба сар то сари дунё рафтаанд. Рӯҳи Худо бо ин шинохта мешавад: ҳар рӯҳе ки Исои Масеҳи дар ҷисм омадаро эътироф кунад, аз Худост; ва ҳар рӯҳе ки Исои Масеҳи дар ҷисм омадаро эътироф накунад, аз Худо нест, балки рӯҳи зиддимасеҳ аст, ки дар бораи он шунидаед, ки он меояд, ва он акнун дар ҷаҳон аст. Шумо, эй фарзандон, аз Худо ҳастед, ва бар онҳо ғолиб шудаед, зеро Ӯ, ки дар шумост, аз он ки дар ҷаҳон аст, бузургтар аст. Онҳо аз ҷаҳон ҳастанд, бинобар ин онҳо ба таври дунёӣ сухан меронанд, ва ҷаҳон ба онҳо гӯш мекунад. Мо аз Худо ҳастем; ҳар кӣ Худоро мешиносад, ба мо гӯш медиҳад; касе ки аз Худо нест, ба мо гӯш намедиҳад. Аз рӯи ҳамин мо рӯҳи ростӣ ва рӯҳи гумроҳиро мешиносем. Эй азизон! Якдигарро дӯст дорем, чунки муҳаббат аз Худост, ва ҳар кӣ дӯст медорад, аз Худо таваллуд ёфтааст ва Худоро мешиносад. Касе ки дӯст намедорад, вай Худоро нашинохтааст, чунки Худо муҳаббат аст. Муҳаббати Худо ба мо дар он ошкор шуд, ки Худо Писари ягонаи Худро ба ҷаҳон фиристод, то ба воситаи Ӯ ҳаёт ёбем. Муҳаббат дар ин аст, ки на мо Худоро дӯст доштаем, балки Ӯ моро дӯст дошт ва Писари Худро барои кафорати гуноҳҳои мо фиристод. Эй азизон! Агар Худо моро ин гуна дӯст дошта бошад, мо низ бояд якдигарро дӯст дорем. Худоро ҳаргиз касе надидааст; агар мо якдигарро дӯст дорем, Худо дар мо сокин аст, ва муҳаббати Ӯ дар мо комил шудааст. Мо медонем, ки дар Ӯ сокин ҳастем ва Ӯ дар мо, зеро Ӯ аз Рӯҳи Худ ба мо додааст. Ва мо дидаем ва шаҳодат медиҳем, ки Падар Писарро фиристод, то Наҷотдиҳандаи ҷаҳон гардад. Ҳар кӣ эътироф мекунад, ки Исо Писари Худост, Худо дар Ӯ сокин аст, ва Ӯ дар Худо. Ва мо муҳаббатеро, ки Худо ба мо дорад, медонем ва ба он бовар мекунем. Худо муҳаббат аст, ва ҳар кӣ дар муҳаббат сокин аст, дар Худо сокин аст ва Худо дар вай. Муҳаббат дар мо чунон ба камол расидааст, ки мо дар рӯзи доварӣ ҷуръат дорем, зеро чунон ки Ӯ ҳаст, ончунон мо низ дар ин ҷаҳон ҳастем. Дар муҳаббат тарсе нест, балки муҳаббати комил тарсро бадар меронад, чунки тарс азоб дорад; ва касе ки метарсад, дар муҳаббат комил нест. Мо Ӯро дӯст медорем, чунки аввал Ӯ моро дӯст дошт. Агар касе гӯяд “ман Худоро дӯст медорам”, вале аз бародари худ нафрат кунад, вай дурӯғгӯй аст; зеро касе ки бародари худро, ки дидааст, дӯст намедорад, чӣ гуна метавонад Худоро, ки надидааст, дӯст дорад? Ва мо аз Ӯ чунин фармудае дорем, ки ҳар кӣ Худоро дӯст медорад, бародари худро низ дӯст дорад. Ҳар кӣ имон дорад, ки Исо Масеҳ аст, аз Худо таваллуд ёфтааст, ва ҳар кӣ Волидро дӯст медорад, аз Ӯ таваллудшударо низ дӯст медорад. Аз ин медонем, ки фарзандони Худоро дӯст медорем, агар Худоро дӯст дорем ва фармудаҳои Ӯро риоя кунем. Зеро муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо фармудаҳои Ӯро риоя кунем; ва фармудаҳои Ӯ вазнин нестанд, зеро ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, бар ҷаҳон ғолиб мешавад; ва ин ғалабае ки бар ҷаҳон ғолиб шудааст, имони мост. Кист, ки бар ҷаҳон ғолиб мешавад, ғайр аз касе ки имон дорад, ки Исо Писари Худост? Ӯ Исои Масеҳ аст, ки бо об ва хун омадааст, на танҳо бо об, балки бо об ва хун; ва Рӯҳ шаҳодат медиҳад, чунки Рӯҳ ростист. Зеро се ҳастанд, ки шаҳодат медиҳанд: Рӯҳ, об ва хун; ва ин се мувофиқат мекунанд. Агар мо шаҳодати одамиро қабул кунем, шаҳодати Худо бузургтар аст, зеро ин шаҳодати Худост, ки Ӯ дар бораи Писари Худ шаҳодат додааст. Касе ки ба Писари Худо имон дорад, дар худ шаҳодат дорад; касе ки ба Худо имон надорад, Ӯро дурӯғгӯ донистааст, зеро ба шаҳодате ки Худо дар бораи Писари Худ додааст, имон наовардааст. Ва ин шаҳодат аз он иборат аст, ки Худо ба мо ҳаёти абадӣ додааст, ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст. Касе ки Писарро дорад, ҳаёт дорад, касе ки Писари Худоро надорад, ҳаёт надорад. Ба шумо, ки ба номи Писари Худо имон доред, инро навиштаам, то донед, ки ҳаёти абадӣ доред, ва то дар имон ба Писари Худо монед. Ва ҷуръате ки мо назди Ӯ дорем, дар он аст, ки агар мо мувофиқи хости Ӯ чизеро хоҳиш кунем, Ӯ моро мешунавад; ва агар донем, ки Ӯ моро дар ҳар он чи хоҳиш кунем, мешунавад, онро низ медонем, ки он чи аз Ӯ хоҳиш кардаем, меёбем. Агар касе бародари худро бинад, ки гуноҳе мекунад, ки анҷомаш марг нест, бигзор дуо гӯяд, ва Худо ӯро зиндагӣ мебахшад, дар бораи онҳое мегӯям, ки анҷоми гуноҳашон марг нест. Гуноҳе ҳаст, ки анҷомаш марг аст; дар бораи чунин гуноҳ намегӯям, ки дуо гӯед. Ҳар ноинсофӣ гуноҳ аст, лекин гуноҳе ҳаст, ки анҷомаш марг нест. Мо медонем, ки ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, балки касе ки аз Худо таваллуд ёфт, худро нигоҳ медорад, ва шарир ба вай даст намерасонад. Мо медонем, ки мо аз Худо ҳастем ва тамоми ҷаҳон зери фармони шарир аст. Валекин мо медонем, ки Писари Худо омада, ба мо хирад бахшид, то Ҳақро шиносем, ва мо дар Ҳақ, дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти абадӣ мебошад. Эй фарзандон! Худро аз бутҳо нигоҳ доред. Омин.  Пир ба бонуи интихобшуда ва фарзандони вай, ки ман онҳоро дар ростӣ дӯст медорам, ва на танҳо ман, балки низ ҳамаи онҳое ки ростиро шинохтаанд, ба хотири ростие ки дар мо сокин аст ва то абад бо мо мешавад: файз, марҳамат ва осоиш аз ҷониби Худои Падар ва Худованд Исои Масеҳ, Писари Падар, дар ростӣ ва муҳаббат бо мо бод. Ман хеле хурсанд шудам, ки аз байни фарзандонат касонеро ёфтам, ки дар ростӣ рафтор мекунанд, аз рӯи фармудае ки мо аз Падар гирифтаем. Ва акнун аз ту, эй бону, хоҳишмандам: на ҳамчун фармудаи наве ба ту менависам, балки ҳамонро, ки мо аз ибтидо доштем, ки якдигарро дӯст дорем. Ва муҳаббат аз он иборат аст, ки мо мувофиқи фармудаҳои Ӯ рафтор кунем. Ин ҳамон фармудаест, ки шумо аз ибтидо шунидаед, то мувофиқи он рафтор кунед. Зеро бисёр фиребгарон дар дунё пайдо шудаанд, ки Исои Масеҳи дар ҷисм омадаро эътироф намекунанд: чунин шахс фиребгар ва зиддимасеҳ аст. Аз худ бохабар бошед, ки мабодо он чиро, ки мо барояш меҳнат кардаем, барбод диҳем, балки подоши комил гирем. Ҳар кӣ аз таълимоти Масеҳ дур мешавад ва дар он пойдор намемонад, Худоро надорад; касе ки дар таълимоти Масеҳ мемонад, ҳам Падарро дорад ва ҳам Писарро. Касе ки назди шумо меояд ва ин таълимотро намеоварад, вайро ба хонаи худ қабул накунед ва ба вай салом нагӯед; зеро касе ки ба вай салом гӯяд, ба корҳои бади вай шарик мешавад. Чизи бисёре дорам, ки ба шумо нависам, аммо намехоҳам ба коғаз бо сиёҳӣ нависам, балки умедворам, ки назди шумо биёям ва даҳонакӣ гӯям, то хурсандии мо комил бошад. Фарзандони хоҳари интихобшудаи ту ба ту салом мерасонанд. Омин.  Пир ба Ғоюси азиз, ки ӯро ман дар ростӣ дӯст медорам. Эй азиз! Дуо мегӯям, ки ту саломат бошӣ ва дар ҳар чиз комёб шавӣ, чунон ки ҷони ту комёб аст. Зеро хеле хурсанд шудам, вақте ки бародарон омада, дар бораи ростии ту шаҳодат доданд, чунон ки ту дар ростӣ рафтор мекунӣ. Барои ман хурсандии бештаре нест аз шунидани он ки фарзандони ман дар ростӣ рафтор мекунанд. Ғоюс,,,,,\ Диютрифис ва Димитриюс Эй азиз! Дар ҳар коре ки барои бародарон, аз ҷумла барои бегонагон мекунӣ, рафтори ту вафодорона аст. Онҳо пеши ҷамоат дар бораи муҳаббати ту шаҳодат додаанд; ва ту хуб мекунӣ, агар онҳоро чунон ки шоистаи Худост, гусел намоӣ, зеро онҳо ба хотири номи Ӯ сафар кардаанд, ва аз халқҳо чизе намегиранд. Пас мо бояд чунин касонро қабул кунем, то дар кори ростӣ шарик шавем. Ман ба ҷамоат навиштам, аммо Диютрифис, ки дар миёни онҳо якум буданро дӯст медорад, моро қабул намекунад. Бинобар ин, агар биёям, корҳоеро, ки ӯ мекунад, ёдрас мекунам: ӯ дар ҳаққи мо бо суханони бад тӯҳмат мекунад, ва бо ин ҳам қонеъ нашуда, худ бародаронро қабул намекунад ва касонеро ки мехоҳанд, бозмедорад ва аз ҷамоат бадар меронад. Эй азиз! Ба бадӣ тақлид накун, балки ба некӣ. Касе ки некӣ мекунад, аз Худост; касе ки бадӣ мекунад, Худоро надидааст. Дар бораи Димитриюс ҳама ва худи ростӣ низ шаҳодати нек додаанд; мо ҳам шаҳодат медиҳем, ва шумо медонед, ки шаҳодати мо рост аст. Чизи бисёре доштам, ки нависам, валекин намехоҳам ба ту бо сиёҳӣ ва қалам нависам, балки умедворам ба наздикӣ туро бинам, ва даҳон ба даҳон гуфтугузор кунем. Осоиш бар ту бод. Дӯстон ба ту салом мерасонанд. Ба дӯстон ном ба ном салом расон.  Яҳудо, бандаи Исои Масеҳ ва бародари Яъқуб, ба даъватшудагоне ки дар Худои Падар муқаддас гардидаанд ва дар Исои Масеҳ нигоҳ дошта шудаанд: марҳамат ва осоиш ва муҳаббат бар шумо фаровон бод. Эй азизон! Азбаски майли комил дорам ба шумо дар бораи наҷоти муштараки мо нависам, зарур донистам насиҳате нависам, то шумо барои имоне ки як бор ба муқаддасон супурда шуд, мубориза баред. Зеро баъзе касон пинҳонӣ даромадаанд, ки кайҳо барои ин маҳкумият муқаррар шуда буданд. Ин худонотарсон файзи Худои моро ба бадахлоқӣ табдил медиҳанд ва Фармонравои ягона, Худо ва Худованди мо Исои Масеҳро инкор мекунанд. Ман он чиро, ки медонед, мехоҳам ба шумо хотиррасон намоям, ки агарчи Худованд қавмро аз замини Миср халос кард, сонӣ беимононро ба ҳалокат расонд, ва фариштаҳоеро, ки мартабаи худро нигоҳ надоштанд, балки манзили худро тарк карданд, дар банди абадӣ, дар торикӣ, барои доварии рӯзи бузург нигоҳ дошт; ҳамчунин Садӯм ва Амуро ва шаҳрҳои атрофашон, ки монанди онҳо ба зино дода шуда, аз пайи шаҳватҳои ғайритабиӣ рафта буданд, гирифтори ҷазои оташи абадӣ гардида, ҳамчун дарси ибрат муқаррар карда шуданд. Бо вуҷуди ин, ҳамин гуна ин гирифторони хобу хаёл низ ҷисмро палид месозанд, сарваронро рад мекунанд ва дар ҳаққи бузургон бадгӯӣ мекунанд. Ҳангоме ки сардори фариштагон Микоил бо иблис гуфтугӯ карда, дар бораи ҷасади Мусо баҳс менамуд, ҷуръат накард, ки ҳукми бадгӯие ба забон ронад, балки гуфт: “Худованд туро ҷазо диҳад”. Валекин инҳо ба ҳар чизе ки намефаҳманд, бадгӯӣ мекунанд, ва бо ҳар чизе ки ҳамчун ҳайвоноти безабон табиатан медонанд, худро фосид мекунанд. Вой бар онҳо, чунки бо роҳи Қоин рафтаанд, ва чун Билъом дар ивази музд ба гумроҳӣ дода шудаанд, ва чун Қӯраҳ дар саркашӣ ба ҳалокат расидаанд. Инҳо олудагие дар зиёфатҳои муҳаббати шумо мебошанд, ҳангоме ки ҳамроҳи шумо бе ҳаросе айшу нӯш карда, шиками худро мепарваранд; инҳо абрҳои беобе ҳастанд, ки бо шамол ронда мешаванд; инҳо дарахтони тирамоҳ ҳастанд, ки бесамар буда, ду бор мурдаанд ва решакан шудаанд; инҳо мавҷҳои пуртуғёни баҳр ҳастанд, ки кафки расвоиҳои худро боло мебароваранд; инҳо ситораҳои оворае ҳастанд, ки барояшон сиёҳии торикӣ то абад нигоҳ дошта шудааст. Ҳанӯх низ, ки пас аз Одам насли ҳафтум буд, дар бораи инҳо пайғамбарӣ карда гуфтааст: “Инак, Худованд бо ҳазорон ҳазор муқаддасони Худ омад. Ӯ бар ҳама доварӣ мекунад ва ҳамаи худонотарсонро байни онҳо маҳкум менамояд ба сабаби тамоми корҳое ки дар худонотарсӣ кардаанд, ва ҳамаи суханони зиште ки дар ҳаққи Ӯ гуноҳкорони худонотарс гуфтаанд”. Инҳо шикояткунандагони аз ҳар чиз норозӣ ҳастанд, ки мувофиқи ҳавасҳои худ рафтор мекунанд, бо даҳони худ суханони дабдабанок мегӯянд ва барои манфиат ба рӯй хушомадгӯӣ менамоянд. Аммо шумо, эй азизон, суханонеро ба хотир оваред, ки пештар расулони Худованди мо Исои Масеҳ гуфтаанд: Онҳо ба шумо гуфтаанд, ки дар замони охир масхаракунандагоне пайдо мешаванд, ки мувофиқи ҳавасҳои худонотарсонаи худ рафтор мекунанд. Инҳо касоне ҳастанд, ки ҷудоиҳо ба миён меоваранд; инҳо касони нафсоние ҳастанд, ки Рӯҳ надоранд. Валекин шумо, эй азизон, худро бо имони муқаддастарини худ обод кунед, ва дар Рӯҳулқудс дуо гӯед; худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред ва марҳамати Худованди мо Исои Масеҳро, ки ҳаёти абадӣ меоварад, мунтазир бошед. Баъзе касонро фарқ карда, ба онҳо раҳмдил бошед; баъзеи дигарро бо эҳтиёт наҷот дода, аз оташ берун оваред; ҳатто аз либосе ки бо ҷисм палид шудааст, нафрат намоед. Худо қодир аст онҳоро аз пешпо хӯрдан нигоҳ дорад ва шуморо беайб бо шодӣ ба ҳузури ҷалоли Худ истонад. Худои хирадманди якто, Наҷотдиҳандаи моро ҷалол ва шукӯҳ, тавоноӣ ва қудрат бод ҳоло ва то абад. Омин.  Ваҳйи Исои Масеҳ, ки Худо ба Ӯ ато намуд, то ба бандагони Худ нишон диҳад, ки чиҳо бояд ба зудӣ рӯй диҳанд. Ва Ӯ онро ба воситаи фариштаи Худ ба бандаи Худ Юҳанно фиристода, ошкор сохт, ки вай ба каломи Худо, ва ба шаҳодати Исои Масеҳ, ва ба ҳар чизе ки дида буд, гувоҳӣ дод. Хушо касе ки суханони ин пайғамбариро мехонад ва касоне ки онҳоро мешунаванд, ва он чи дар он навишта шудааст, риоя мекунанд, зеро вақт наздик аст. Юҳанно ба ҳафт ҷамоате ки дар /вилояти/ Осиё мебошанд: файз ва осоиш бар шумо бод аз ҷониби Худо, ки ҳаст ва буд ва меояд, ва аз ҷониби ҳафт рӯҳе ки дар пеши тахти Ӯ ҳастанд, ва аз ҷониби Исои Масеҳ, ки шоҳиди боваринок, нахустзода аз мурдагон ва фармонфармои подшоҳони замин аст. Ӯро, ки моро дӯст медорад, ва моро аз гуноҳҳоямон бо Хуни Худ шустааст, ва моро назди Худо ва Падари Худ подшоҳон ва коҳинон гардонд, то абад ҷалол ва қудрат бод! Омин. Инак, Ӯ бо абрҳо меояд, Ва Ӯро ҳар чашм мебинад, Ва онҳое /низ/, ки Ӯро найза заданд; Ва ҳамаи қабилаҳои рӯи замин дар ҳаққи Ӯ навҳа мекунанд. Оре, омин. «Ман алфа ва омега ҳастам», мегӯяд Худованд Худо, Он ки ҳаст ва буд ва меояд, он Қодири Мутлақ. Ман, Юҳанно, ки бародари шумо ва шарики душвориҳо ва подшоҳӣ ва сабри Масеҳ Исо ҳастам, аз барои каломи Худо ва шаҳодати Исои Масеҳ дар ҷазираи Патмус будам. Дар рӯзи Худованд дар Рӯҳ будам ва аз қафои худ овози баланде монанди садои карнай шунидам, ки мегуфт: «Он чиро, ки мебинӣ, дар китобе навис ва ба ҳафт ҷамоат фирист: ба Эфесус ва Исмирно ва Паргомус ва Тиётиро ва Сардис ва Филоделфия ва Лоудикия». Ва рӯ баргардондам, то ба /сӯи/ овозе, ки ба ман сухан мегуфт, нигарам; ва чун рӯ баргардондам, ҳафт чароғдони тилло дидам, ва дар миёни ҳафт чароғдон Касеро монанди Писари Одам, ки камзӯли дарозе дар бар дошт ва бар синааш камарбанди тилло баста буд; сари Ӯ ва мӯи Ӯ чун пашм ё барф сафед буд; ва чашмони Ӯ чун шӯълаи оташ; ва пойҳои Ӯ монанди мисе ки дар кӯра сурх шуда бошад; ва овози Ӯ чун шувваси обҳои бисёр; ва Ӯ дар дасти рости Худ ҳафт ситора дошт, ва аз даҳони Ӯ шамшери тези дудама берун меомад; ва рӯи Ӯ чун офтобе буд, ки дар қувваташ медурахшад. Ва ҳангоме ки Ӯро дидам, бар пойҳояш чун мурда афтодам; ва Ӯ дасти рости Худро бар ман гузошта, гуфт: «Натарс; Манам аввалин ва охирин ва Зинда; ва Ман мурда будам, ва инак то абад зинда ҳастам, омин; ва калидҳои дунёи мурдагон ва марг дар дасти Ман аст. Навис он чи дидаӣ, ва он чи ҳаст, ва он чи пас аз ин бояд рӯй диҳад. Сирри ҳафт ситорае ки дар дасти рости Ман дидӣ, ва ҳафт чароғдони тилло /чунин аст/: ҳафт ситора фариштаҳои ҳафт ҷамоат ҳастанд, ва ҳафт чароғдон ҳафт ҷамоат мебошанд. Ба фариштаи ҷамоати Эфесус навис: Ӯ, ки дар дасти рости Худ ҳафт ситора дорад ва дар миёни ҳафт чароғдони тилло мегардад, чунин мегӯяд: “Амалҳои туро медонам, ва меҳнати туро, ва сабри туро, ва ин ки ту ба бадкорон наметавонӣ тоб оварӣ; ва онҳоеро, ки худро расул меноманд, вале чунин нестанд, имтиҳон кардаӣ ва онҳоро дурӯғгӯ ёфтаӣ; ва сабр дорӣ, ва барои номи Ман /бисёр чизҳоро/ аз сар гузарондаӣ, ва хаста нагаштаӣ. Аммо эроде бар ту дорам, ки муҳаббати аввалини худро тарк кардаӣ. Пас ба ёд ор, ки аз куҷо афтодаӣ, ва тавба кун ва амалҳои пештараро ба ҷо овар; вагарна назди ту ба зудӣ меоям ва чароғдонатро аз ҷояш меҷунбонам, агар тавба накунӣ. Лекин фазилати ту ин аст, ки аз амалҳои никулосиён нафрат дорӣ, ки Ман низ аз амалҳои онҳо нафрат дорам. Он ки гӯш дорад, шунавад, ки Рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд. Ҳар кӣ ғолиб ояд, ба вай ато мекунам, ки аз дарахти ҳаёте ки дар биҳишти Худои ман аст, хӯрад”. Ва ба фариштаи ҷамоати Исмирно навис: аввалин ва охирин, ки мурда буд ва зинда шуд, чунин мегӯяд: “Амалҳои туро медонам, ва душвориҳои туро, ва бенавоии туро, — валекин ту сарватманд ҳастӣ, — ва бадгӯии онҳоеро, ки худро яҳудӣ мегӯянд, вале чунин нестанд, балки куништи шайтонанд. Аз азобе ки бояд ба сарат ояд, натарс. Инак, иблис баъзеро аз шумо ба зиндон меандозад, то озмуда шавед, ва даҳ рӯз ранҷ мекашед. То дами марг вафодор бош, ва тоҷи ҳаётро ба ту медиҳам. Он ки гӯш дорад, шунавад, ки Рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд. Ҳар кӣ ғолиб ояд, аз марги дуюм зараре намебинад”. Ва ба фариштаи ҷамоати Паргомус навис: Ӯ, ки шамшери тези дудама дорад, чунин мегӯяд: “Амалҳои туро медонам, ва манзили туро, ки тахти шайтон дар он ҷост; ва ту номи Маро маҳкам нигоҳ медорӣ ва дар айёме ки шоҳиди вафодори Ман Антипос дар миёни шумо, дар ҷое ки шайтон сокин аст, кушта шуд, имони Маро тарк накардаӣ. Аммо эроди каме бар ту дорам, чунки дар он ҷо назди ту пайравони таълимоти Билъом ҳастанд, ки вай Болоқро таълим дода буд, ки дар сари роҳи банӣ-Исроил васваса андозад, то қурбониҳои бутҳоро хӯранд ва фосиқӣ кунанд. Ҳамчунин назди ту пайравони таълимоти никулосиён ҳастанд. Тавба кун, вагарна назди ту ба зудӣ меоям ва бо шамшери даҳони Худ бо онҳо ҷанг мекунам. Он ки гӯш дорад, шунавад, ки Рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд. Ҳар кӣ ғолиб ояд, ба вай аз манни ниҳонӣ медиҳам; ва ба вай санги сафеде медиҳам, ва бар ин санг номи наве навишта шудааст, ки онро ҳеҷ кас намедонад, ғайр аз касе ки онро гирифтааст”. Ва ба фариштаи ҷамоати Тиётиро навис: Писари Худо, ки чашмонаш чун шӯълаи оташ аст, ва пойҳояш чун миси дурахшон аст, чунин мегӯяд: “Амалҳои туро медонам, ва муҳаббати туро, ва хизмати туро, ва имони туро, ва сабри туро, ва ин ки амалҳои охиринат аз аввалинат бештар аст. Аммо эроде бар ту дорам, зеро ба занат Изобал, ки худро пайғамбар меномад, роҳ медиҳӣ; вай бандагони Маро таълим дода, гумроҳ мекунад, то фосиқӣ кунанд ва қурбониҳои бутҳоро хӯранд. Ва ман ба вай фурсат додам, ки аз фосиқии худ тавба кунад, валекин вай тавба кардан намехоҳад. Инак, Ман вайро бар бистаре меандозам, ва онҳоеро, ки бо вай зино мекунанд, гирифтори азоби сахте мегардонам, агар аз амалҳое ки бо вай кардаанд, тавба накунанд. Ва фарзандони вайро ба ҳалокат мерасонам, ва ҳамаи ҷамоатҳо хоҳанд донист, ки Ман санҷандаи гурдаҳо ва дилҳо ҳастам, ва ба ҳар яке аз шумо мувофиқи амалҳояш ато мекунам. Валекин ба шумо, яъне ба касони дигаре ки дар Тиётиро ҳастанд, ҳамаи онҳое ки ин таълимотро надоранд ва, чунон ки мегӯянд, аз сирҳои ниҳони шайтон хабар надоранд, мегӯям: бар шумо бори дигаре намегузорам; фақат он чи доред, маҳкам нигоҳ доред, то даме ки биёям. Ва ҳар кӣ ғолиб ояд ва амалҳои Маро то ба охир риоя кунад, ба вай бар халқҳо қудрат мебахшам, ва онҳоро вай бо асои оҳанин чӯпонӣ мекунад, ва онҳо чун кӯзаи кулол мешикананд, — чунон ки Ман низ аз Падари Худ /қудрат/ ёфтаам. Ва ба вай ситораи субҳро ато мекунам. Он ки гӯш дорад, шунавад, ки Рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд”. Ва ба фариштаи ҷамоати Сардис навис: Ӯ, ки ҳафт рӯҳи Худо ва ҳафт ситора дорад, чунин мегӯяд: “Амалҳои туро медонам: ту ном дорӣ, ки зинда ҳастӣ, валекин мурда ҳастӣ. Бедор бош ва боқимондаеро, ки партофтанӣ будӣ, нигоҳ дор, зеро Ман амалҳои туро дар пеши Худои Худ комил наёфтаам. Акнун ба ёд ор, ки /он чи дорӣ,/ чӣ гуна ёфтаӣ ва чӣ гуна шунидаӣ, ва онро нигоҳдорӣ намо ва тавба кун. Ва агар бедор набошӣ, Ман чун дузд бар сари ту меоям, ва ту намедонӣ, ки дар кадом соат бар сари ту меоям. Валекин назди ту дар Сардис якчанд нафар ҳастанд, ки либоси худро нопок накардаанд ва дар либоси сафед бо Ман мегарданд, чунки онҳо сазовори ин мебошанд. Ҳар кӣ ғолиб ояд, либоси сафед дар бар мекунад; ва Ман номи вайро аз дафтари ҳаёт пок намекунам, ва номи вайро дар ҳузури Падари Худ ва дар ҳузури фариштаҳои Ӯ эътироф мекунам. Он ки гӯш дорад, шунавад, ки Рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд”. Ва ба фариштаи ҷамоати Филоделфия навис: он Қуддус ва Ҳақ, ки калиди Довудро дорад, Он ки мекушояд ва ҳеҷ кас намебандад, ғайр аз Он ки мекушояд, ва ҳеҷ каси /дигар/ намекушояд, чунин мегӯяд: “Амалҳои туро медонам; инак, дари кушодае пеши рӯи ту гузоштаам, ва ҳеҷ кас наметавонад онро бандад; зеро ту қуввати каме дорӣ, ва каломи Маро риоя намудаӣ, ва номи Маро инкор накардаӣ. Инак, Ман тавре амал мекунам, ки аз куништи шайтон, аз онҳое ки худро яҳудӣ мегӯянд, вале чунин нестанд, балки дурӯғ мегӯянд, — инак, тавре амал мекунам, ки онҳо омада, пеши пойҳои ту афтанд ва донанд, ки туро дӯст доштаам. Азбаски ту каломи сабри Маро нигоҳдорӣ намудаӣ, Ман низ туро аз соати озмоиш нигоҳдорӣ мекунам, ки он бар тамоми ҷаҳон меояд, то ки сокинони рӯи заминро имтиҳон кунад. Ба зудӣ меоям; он чи дорӣ,маҳкам нигоҳ дор, то ки касе тоҷи туро нагирад. Ҳар кӣ ғолиб ояд, вайро дар ибодатхонаи Худои Худ сутуне мегардонам, ва дигар берун намеравад; ва номи Худои Худро ва номи шаҳри Худои Худро, яъне Уршалими навро, ки аз осмон аз ҷониби Худои ман фуруд меояд, ва номи нави Худро бар вай менависам. Он ки гӯш дорад, шунавад, ки Рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд”. Ва ба фариштаи ҷамоати Лоудикия навис: он Омин, ки шоҳиди боваринок ва ҳақ, ибтидои офариниши Худост, чунин мегӯяд: “Амалҳои туро медонам: на сард ҳастӣ на гарм. Кошки сард ё гарм мебудӣ! Лекин азбаски ширгарм ҳастӣ, яъне на гарм ва на сард, бинобар ин туро аз даҳони Худ қай мекунам. Зеро мегӯӣ: «Сарватдор ҳастам, сарват ғун кардаам ва ба ҳеҷ чиз эҳтиёҷ надорам»; аммо намедонӣ, ки ту бечора ва бадбахт ва камбағал ва кӯр ва луч ҳастӣ. Ба ту маслиҳат медиҳам, ки аз Ман тиллои дар оташ сурхшударо харӣ, то сарватманд шавӣ; ва либоси сафедро, то пӯшӣ, ва расвоии лучии ту аён нашавад; ва ба чашмони худ марҳамро бимол, то бино шавӣ. Ҳар киро Ман дӯст дорам, сарзаниш мекунам ва ҷазо медиҳам. Пас боғайрат бош ва тавба кун. Инак, назди дар истода, тақ-тақ мекунам: агар касе овози Маро шунида, дарро воз кунад, пас назди ӯ даромада, бо ӯ хӯроки шом мехӯрам, ва ӯ бо Ман. Ҳар кӣ ғолиб ояд, ба вай ато мекунам, ки бо Ман бар тахт нишинад, чунон ки Ман низ ғолиб омада, бо Падари Худ бар тахти Ӯ нишастам. Он ки гӯш дорад, шунавад, ки Рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд”». Пас аз ин нигоҳ кардам, ва инак, дари кушодае дар осмон буд, ва он овози аввал, ки ҳамчун /садои/ карнай шунида будам, ки ба ман сухан меронд, /бори дигар/ гуфт: «Ба ин ҷо боло биё, то он чиро, ки пас аз ин бояд рӯй диҳад, ба ту нишон диҳам». Ва дарҳол ман дар Рӯҳ шудам; ва инак, тахте дар осмон меистод, ва бар тахт Нишинандае буд; ва намуди Ӯ монанди санги алмос ва ақиқи сурх буд, ва рангинкамоне гирдогирди тахт, /ва/ намуди он монанди зумуррад. Ва гирдогирди тахт бисту чор тахт; ва бар тахтҳо бисту чор пир нишаста буданд, ки либоси сафед пӯшида буданд ва бар сарҳошон тоҷҳои тилло /доштанд/. Ва аз тахт чароғакҳо ва тундарҳо ва овозҳо мебаромаданд, ва ҳафт машъали оташин дар пеши тахт фурӯзон буданд, ки ҳафт рӯҳи Худо мебошанд. Ва дар пеши тахт чизе чун баҳре аз шиша буд, монанди булӯр; ва дар миёнаи тахт ва гирдогирди тахт чор мавҷуди зинда, ки аз пеш ва аз пас пур аз чашмон буданд. Ва мавҷуди зиндаи якум — монанди шер, ва мавҷуди зиндаи дуюм — монанди наргов, ва мавҷуди зиндаи сеюм симои одам дошт, ва мавҷуди зиндаи чорум — монанди уқобе ки дар парвоз мебошад. Ва ҳар яке аз он чор мавҷуди зинда шаш бол дошт; онҳо гирдогирд ва аз дарун пур аз чашмонанд, ва рӯзу шаб ором нагирифта, мегӯянд: «Қуддус аст, Қуддус аст, Қуддус аст Худованд Худои Қодири Мутлақ, Он ки буд, ҳаст ва меояд». Ва ҳангоме ки он мавҷудҳои зинда ба Тахтнишин, ки то абад зинда аст, ҷалол ва иззат ва сипос медиҳанд, — он бисту чор пир пеши Тахтнишин афтода, ба Ӯ, ки то абад зинда аст, саҷда мекунанд, ва тоҷҳои худро пеши тахт гузошта, мегӯянд: «Эй Худованд Худои мо, Эй Қуддус, Ту сазовори он ҳастӣ, Ки ҷалол, иззат ва қудрат ёбӣ, Зеро Ту ҳама чизро офаридаӣ, Ва /ҳама чиз/ бо хости Ту вуҷуд дошт ва офарида шудааст». Ва дар дасти рости Тахтнишин китобе дидам, ки аз дарун ва берун навишта ва бо ҳафт мӯҳр баста шуда буд. Ва фариштаи боқуввате дидам, ки бо овози баланд нидо мекард: «Кист сазовори он ки ин китобро воз кунад ва мӯҳрҳои онро бардорад?» Ва ҳеҷ кас дар осмон, дар боло, ва бар замин ва дар зери замин натавонист он китобро воз кунад ва ба он нигоҳ кунад. Ва ман бисёр гиря кардам дар бораи он ки ҳеҷ каси сазоворе ёфт нашуд, ки он китобро воз карда хонад ва ё ба он нигоҳ кунад. Ва яке аз он пирон ба ман гуфт: «Гиря накун; инак, он шер аз қабилаи Яҳудо, ки решаи Довуд аст, ғолиб омад, /ва/ китоб ва ҳафт мӯҳри онро мекушояд». Ва дидам, ки дар миёнаи тахт ва он чор мавҷуди зинда ва дар миёнаи он пирон Баррае, чун кушташуда, истодааст ва ҳафт шох ва ҳафт чашм дошт, ки онҳо ҳафт рӯҳи Худо ҳастанд, ки ба тамоми замин фиристода шудаанд. Ва Ӯ омада, /китобро/ аз дасти рости Тахтнишин гирифт. Ва ҳангоме ки Ӯ китобро гирифт, он чор мавҷуди зинда ва бисту чор пир пеши Барра афтоданд. Ҳар яке чанг ва косаи тилло пур аз бухур дошт, ки он дуоҳои муқаддасон аст. Ва суруди наве хонда, мегӯянд: «Ту сазовори он ҳастӣ, ки китобро гирӣ ва мӯҳрҳои онро кушоӣ; Зеро Ту кушта шудӣ ва бо хуни Худ моро барои Худо Аз ҳар қабила ва забон ва қавм ва халқ харидӣ, Ва онҳоро подшоҳон ва коҳинони Худои мо гардондӣ; Ва бар замин подшоҳӣ хоҳанд кард». Ва дидам, ва овозе чун овози фариштаҳои бисёр шунидам, ки гирдогирди тахт ва /гирдогирди/ он мавҷудҳои зинда ва пирон буданд, ва шумораи онҳо даҳ ҳазорон даҳ ҳазор ва ҳазорон ҳазор буд, ки бо овози баланд мегуфтанд: «Барраи кушташуда сазовори он аст, Ки қудрат ва сарват ва ҳикмат ва қувват Ва иззат ва ҷалол ва ситоиш ёбад». Ва ҳар офаридае ки дар осмон, ва бар замин, ва дар зери замин аст, ва он чи дар баҳр аст, ва ҳар он чи дар онҳост, шунидам, ки мегуфт: «Тахтнишин ва Барраро то абад Ситоиш ва иззат ва ҷалол ва қудрат бод. Омин». Ва он чор мавҷуди зинда гуфтанд: «Омин». Ва он пирон афтода, саҷда карданд. Ва дидам, ки Барра яке аз ҳафт мӯҳрро кушод, нигоҳ кардам ва шунидам, ки яке аз он чор мавҷуди зинда бо овози монанди тундар гуфт: «Биё ва бин». Ва инак, аспи сафед; ва савораш камон дошт, ва ба ӯ тоҷ дода шуд, ва ӯ пирӯзмандона берун омад, то ғалаба кунад. Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри дуюмро кушод, мавҷуди зиндаи дуюмро шунидам, ки гуфт: «Биё». Ва аспи дигари оташгун берун омад, ва ба савораш /ихтиёр/ дода шуд, ки осоишро аз замин гирад, то /одамон/ якдигарро кушанд; ва ба вай шамшери бузурге дода шуд. Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри сеюмро кушод, мавҷуди зиндаи сеюмро шунидам, ки гуфт: «Биё ва бин». Ва инак, аспи сиёҳ; ва савораш тарозуе дар даст дошт. Ва овозе аз миёни он чор мавҷуди зинда шунидам, ки мегуфт: «Як андозаи гандум ба як динор, ва се андозаи ҷав ба як динор; вале ба равғани зайтун ва май зарар нарасон». Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри чорумро кушод, мавҷуди зиндаи чорумро шунидам, ки гуфт: «Биё ва бин». Ва инак, аспи рангпарида; ва номи савораш «марг» буд; ва дунёи мурдагон аз қафояш меомад, ва ба вай ихтиёр бар чоряки замин дода шуд, то бо шамшер ва гуруснагӣ, ва бо вабо ва ҳайвонҳои ваҳшии замин /одамонро/ кушад. Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри панҷумро кушод, дар таги қурбонгоҳ ҷонҳои онҳоеро дидам, ки барои каломи Худо ва шаҳодат дар бораи Барра кушта шуда буданд. Ва онҳо бо овози баланд фарёд зада гуфтанд: «То ба кай, эй Фармонраво, Қуддус ва Ҳақ, доварӣ намекунӣ ва қасоси хуни моро аз сокинони замин намегирӣ?» Ва ба ҳар яке аз онҳо либоси сафед дода шуд, ва ба онҳо гуфта шуд, ки боз муддате ором бошанд, то шумораи ҳамкорон ва бародарони онҳо, ки монанди онҳо кушта мешаванд, пурра шавад. Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри шашумро кушод, нигоҳ кардам, ва инак, заминҷунбии сахте руй дод, ва офтоб чун палоси пашмин сиёҳ шуд, ва моҳ чун хун гашт; ва ситораҳои осмон ба замин афтоданд, монанди дарахти анҷире ки аз шамоли сахт ҷунбида, анҷирҳои хоми худро мепартояд; ва осмон чун китоби лӯлапеч печида, нопадид шуд; ва ҳар кӯҳ ва ҷазира аз ҷои худ ҷунбид; ва подшоҳони замин ва бузургон ва мириҳазорон ва давлатмандон ва қудратмандон ва ҳар ғулому озод дар ғорҳо ва шахҳои кӯҳҳо пинҳон шуданд, ва ба кӯҳҳо ва сангҳо мегуфтанд: «Бар мо афтед ва моро аз пеши рӯи Тахтнишин ва аз ғазаби Барра пинҳон кунед; зеро рӯзи бузурги ғазаби Ӯ омадааст, ва кист, ки тавонад истодагарӣ намояд?» Ва пас аз ин чор фариштаи дар чор гӯшаи замин истодаро дидам, ки чор боди заминро нигоҳ медоштанд, то ба замин, ба баҳр ва ба ҳеҷ дарахте бод навазад. Ва фариштаи дигаре дидам, ки аз ҷониби офтоббаро боло шуд ва мӯҳри Худои зиндаро дошт. Ва бо овози баланд ба чор фариштае ки вазифаашон ба замину баҳр зарар расондан буд, нидо карда, гуфт: «Ба замин, ба баҳр, ба дарахтон зараре нарасонед, то даме ки бар пешонии бандагони Худои мо мӯҳр занем». Ва шумораи мӯҳршудагонро шунидам: 144 000 мӯҳршудагон аз ҳамаи қабилаҳои банӣ-Исроил: аз қабилаи Яҳудо 12 000 мӯҳршудагон; аз қабилаи Реубен 12 000; аз қабилаи Ҷод 12 000; аз қабилаи Ашер 12 000; аз қабилаи Нафтолӣ 12 000; аз қабилаи Менашше 12 000; аз қабилаи Шимъун 12 000; аз қабилаи Левӣ 12 000; аз қабилаи Иссокор 12 000; аз қабилаи Забулун 12 000; аз қабилаи Юсуф 12 000; аз қабилаи Бинёмин 12 000 мӯҳршудагон. Пас аз ин нигоҳ кардам, ва инак, мардуми бисёр, ки /онҳоро/ ҳеҷ кас наметавонист ба шумор оварад, аз ҳамаи халқҳо ва қабилаҳо ва қавмҳо ва забонҳо дар пеши тахт ва дар пеши Барра истода буданд, ки либоси сафед дар тан доштанд ва шохаҳои нахл ба даст. Ва онҳо бо овози баланд нидо карда, гуфтанд: «Наҷот аз они Худои мо, ки бар тахт нишастааст, ва аз они Барра аст!» Ва ҳамаи фариштаҳо гирдогирди тахт ва он пирон ва чор мавҷуди зинда меистоданд, ва пеши тахт бар рӯи худ афтода, ба Худо саҷда карданд, ва гуфтанд: «Омин! Ситоиш ва ҷалол ва ҳикмат ва сипос ва иззат ва қудрат ва қувват то абад аз они Худои мо бод! Омин». Ва яке аз он пирон ба сухан оғоз карда, ба ман гуфт: «Ин сафедпӯшон кистанд, ва аз куҷо омадаанд?» Ба ӯ гуфтам: «Эй хоҷаи ман, ту медонӣ». Ва ӯ ба ман гуфт: «Инҳо касоне ҳастанд, ки аз азоби сахт омадаанд; инҳо либоси худро шуста, бо хуни Барра сафед кардаанд. Бинобар ин дар пеши тахти Худоянд ва рӯзу шаб дар ибодатхонаи Ӯ ба Ӯ ибодат мекунанд, ва Тахтнишин хаймаи Худро бар онҳо барпо мекунад. Онҳо дигар гурусна ва ташна намемонанд, ва онҳоро офтоб ва ҳеҷ гармо намесӯзонад; зеро Баррае ки дар миёнаи тахт аст, онҳоро чӯпонӣ мекунад, ва онҳоро ба чашмаҳои оби ҳаёт мебарад, ва Худо ҳар ашкро аз чашмонашон пок мекунад». Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри ҳафтумро кушод, дар осмон тақрибан ним соат хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. Ва ҳафт фариштаро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва ба онҳо ҳафт карнай дода шуд. Ва фариштаи дигаре омада, назди қурбонгоҳ истод, дар ҳолате ки бухурдони тилло дар дасташ буд; ва ба вай бухури бисёре дода шуд, то онро бо дуоҳои ҳамаи муқаддасон бар қурбонгоҳи тиллои пеши тахт тақдим кунад. Ва дуди бухур бо дуоҳои муқаддсасон аз дасти фаришта ба ҳузури Худо боло шуд. Ва фаришта бухурдонро гирифта, аз оташи қурбонгоҳ пур кард, ва бар замин партофт; ва садоҳо ва тундарҳо ва чароғакҳо ва заминҷунбӣ рӯй доданд. Ва он ҳафт фариштае ки ҳафт карнай доштанд, ба навохтан тайёр шуданд. Якумаш карнай навохт, ва жола ва оташ омехта бо хун ба вуҷуд омад, ва ба замин борид; ва сеяки замин сӯхт, ва сеяки дарахтон сӯхт, ва тамоми алафи сабз сӯхт. Фариштаи дуюм карнай навохт, ва чизе монанди кӯҳи бузурги афрӯхта ба баҳр партофта шуд; ва сеяки баҳр ба хун табдил ёфт, ва сеяки офаридаҳои зиндаи баҳр мурданд, ва сеяки киштиҳо нобуд шуданд. Фариштаи сеюм карнай навохт, ва аз осмон ситораи бузурге афтод, ки монанди машъал фурӯзон буд, ва он бар сеяки дарёҳо ва бар чашмаҳои об афтод. Ва номи ин ситора Явшон буд; ва сеяки обҳо ба явшон табдил ёфт, ва бисёре аз одамон аз обҳо мурданд, чунки /обҳо/ талх шуда буданд. Фариштаи чорум карнай навохт, ва сеяки офтоб ва сеяки моҳ ва сеяки ситораҳо зарар дид, ба тавре ки сеяки онҳо торик шуд, ва сеяки рӯз, — ва ҳамчунин /сеяки/ шаб, — равшан набуд. Ва як уқобро дидам ва шунидам, ки дар миёнаи осмон парвоз карда, бо овози баланд гуфт: «Вой, вой, вой бар ҳоли сокинони замин аз садоҳои дигари карнайҳои се фаришта, ки навохтанӣ ҳастанд!» Фариштаи панҷум карнай навохт, ва ситораи аз осмон ба замин афтодаро дидам, ва ба вай калиди чоҳи асфалуссофилин дода шуд. Вай чоҳи асфалуссофилинро воз кард, ва аз чоҳ дуде мисли дуди кӯрае берун омад; ва офтоб ва ҳаво аз дуди чоҳ торик шуд. Ва аз дуд бар замин малахҳо баромаданд, ва ба онҳо қудрате чун қудрати каждумҳои замин дода шуд. Ва ба онҳо гуфта шуд, ки ба алафи замин, ва ба ҳеҷ сабзае, ва ба ҳеҷ дарахте зарар нарасонанд, балки ба одамоне ки бар пешонии худ мӯҳри Худоро надоранд. Ва ба онҳо /ихтиёр/ дода шуд, ки /одамонро/ накушанд, балки /фақат/ панҷ моҳ азоб диҳанд; ва азоби онҳо монанди азоби /неши/ каждум буд, вақте ки одамро мегазад. Дар он рӯзҳо одамон маргро меҷӯянд, вале онро намеёбанд; мурданро орзу мекунанд, вале марг аз онҳо мегурезад. Намуди он малахҳо чун аспҳое буд, ки барои ҷанг ороста шуда бошанд; бар сарҳошон гӯё тоҷҳои тиллое буданд, ва рухсорҳошон чун рухсорҳои одамон; ва мӯйҳо чун мӯйи занон доштанд, ва дандонҳошон чун дандонҳои шер буданд; ва ҷавшанҳо чун ҷавшанҳои оҳанин доштанд, ва садои болҳошон чун садои аспҳо ва аробаҳои бисёре буд, ки ба ҷанг мераванд; онҳо чун каждумҳо думҳо ва нешҳо доштанд, ва дар думҳошон қудрат доштанд, ки ба одамон панҷ моҳ зарар расонанд. Онҳо бар худ подшоҳе доштанд, ки фариштаи асфалуссофилин аст; номи он ба забони ибрӣ Абаддӯн ва ба забони юнонӣ Апӯллийӯн аст. Як “вой” гузашт; инак, аз қафои он боз ду “вой” меоянд. Фариштаи шашум карнай навохт, ва аз чор шохи қурбонгоҳи тилло, ки дар пеши Худо истода буд, овозе шунидам, ки ба фариштаи шашуми карнайдор мегуфт: «Он чор фариштаро, ки назди дарёи бузурги Фурот баста шудаанд, озод намо». Ва он чор фаришта озод гардиданд, ки барои соат ва рӯз ва моҳ ва соли /муайян/ тайёр шуда буданд, то сеяки одамонро кушанд. Шумораи лашкари савора даҳ ҳазорон даҳ ҳазор буд; ман шумораи онро шунидам. Ҳамин тавр ман дар рӯъё аспон ва саворони онҳоро дидам, ки ҷавшанҳои оташгун ва нилгун ва зарди кибритӣ доштанд; сарҳои аспон чун сарҳои шерон буданд, ва аз даҳони онҳо оташ, дуд ва кибрит мебаромад. Аз ин се чиз, яъне оташ, дуд ва кибрит, ки аз даҳони онҳо мебаромад, сеяки одамон кушта шуданд; зеро қудрати аспон дар даҳонашон ва дар думҳошон буд; ва думҳошон монанди морҳо буда, сар доштанд, ва ба воситаи онҳо /низ/ осеб мерасонданд. Ва боқии одамон, ки аз ин балоҳо кушта нашуданд, аз амалҳои дастҳои худ тавба накарданд, ва парастиши девҳо ва бутҳои тилло, нуқра, мис, санг ва чӯбро, ки ба дидан, шунидан ва роҳ рафтан қодир нестанд, тарк накарданд. Ва онҳо аз одамкушиҳо, ҷодугариҳо, фосиқӣ ва дуздиҳои худ тавба накарданд. Ва фариштаи зӯрманде дидам, ки аз осмон фуруд меомад, ва бо абре фаро гирифта шуда буд, рангинкамоне бар сараш буд ва рухсораш монанди офтоб ва пойҳояш чун сутунҳои оташ; дар дасташ китобчаи кушодае буд. Ва пои росташро бар баҳр гузошт, ва пои чапашро бар замин, ва бо овози баланд нидо кард, чунон ки шер наъра мезанад; ва ҳангоме ки нидо кард, ҳафт тундар бо садоҳои худ сухан гуфтанд. Ва ҳангоме ки ҳафт тундар сухан гуфтанд, мехостам нависам; лекин овозе аз осмон шунидам, ки гуфт: «Он чи ҳафт тундар гуфтанд, мӯҳр зан ва инро нанавис». Ва он фаришта, ки ӯро дидам бар баҳр ва бар замин истода буд, дасти росташро сӯи осмон бардошт, ва ба Ӯ, — ки то абад зинда аст, ва осмон ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва замин ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва баҳр ва ҳар чиро, ки дар он аст, офаридааст, — қасам ёд кард, ки дигар вақт намешавад, балки дар айёме ки садои фариштаи ҳафтум барояд, /яъне/ вақте ки вай карнай навозад, сирри Худо анҷом меёбад, чунон ки Ӯ ба бандагони Худ пайғамбарон башорат додааст. Ва овозе ки аз осмон шунидам, боз ба ман сухан ронда, гуфт: «Рав ва китобчаи кушодаро аз дасти фариштае ки бар баҳр ва бар замин истодааст, гир». Ва назди фаришта рафта, ба вай гуфтам, ки китобчаро ба ман диҳад. Ба ман гуфт: «Онро гир ва хӯр; он шикаматро талх мекунад, аммо дар даҳонат монанди асал ширин мешавад». Ва китобчаро аз дасти фаришта гирифта, хӯрдам; ва он дар даҳонам монанди асал ширин буд; лекин вақте ки онро хӯрдам, шикамам талх шуд. Ва ба ман гуфтанд: «Ту боз дар бораи қавмҳо ва халқҳо ва забонҳо ва подшоҳони бисёр бояд пайғамбарӣ кунӣ». Ва ба ман найе дода шуд, ки монанди асо буд; ва фаришта истода буд, ва гуфт:«Бархез ва ибодатхонаи Худо ва қурбонгоҳро андоза намо ва касонеро, ки дар он парастиш мекунанд, /шумор/; вале бо ҳавлии берунии ибодатхона коре надошта бош ва андоза накун, зеро он ба халқҳо дода шудааст: онҳо шаҳри муқаддасро 42 моҳ поймол мекунанд. Ва ба ду шоҳиди Худ /қудрате/ ато мекунам, ки палос дар бар карда, 1260 рӯз пайғамбарӣ кунанд». Инҳо ду дарахти зайтун ва ду чароғдоне ҳастанд, ки дар пеши Худованди замин истодаанд. Ва агар касе онҳоро озор додан хоҳад, аз даҳонашон оташ баромада, душманони онҳоро мехӯрад; ҳар кӣ онҳоро озор додан хоҳад, ҳамин тавр кушта мешавад. Онҳо қудрат доранд осмонро банданд, то дар рӯзҳои пайғамбариашон борон наборад; ва бар обҳо қудрат доранд, ки онҳоро ба хун табдил диҳанд, ва заминро, ҳар вақте ки хоҳанд, ба ҳар гуна бало гирифтор кунанд. Ва ҳангоме ки шаҳодати худро анҷом диҳанд, ҳайвони ваҳшие ки аз асфалуссофилин мебарояд, бо онҳо ҷангида, бар онҳо ғолиб меояд, ва онҳоро мекушад. Ва ҷасадҳои онҳо дар кӯчаи шаҳри бузург, ки ба маънои маҷозӣ Садӯм ва Миср ном дорад, ва дар он ҷо Худованди онҳо низ ба салиб кашида шудааст, мемонанд. Ва /мардуми зиёде/ аз қавмҳо ва қабилаҳо ва забонҳо ва халқҳо сею ним рӯз ба ҷасадҳои онҳо нигариста, намегузоранд, ки ҷасадҳои онҳоро ба гӯр супоранд. Ва сокинони замин аз ин шод шуда, хурсандӣ мекунанд ва ба якдигар тӯҳфаҳо медиҳанд, чунки ин ду пайғамбар сокинони заминро азоб дода буданд. Валекин пас аз сею ним рӯз рӯҳи ҳаёт аз ҷониби Худо ба онҳо дохил шуд, ва онҳо ба по бархестанд ва касонеро, ки ба онҳо менигаристанд, тарси азиме фаро гирифт. Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки ба онҳо мегуфт: «Ба ин ҷо боло шавед». Ва онҳо дар абр ба осмон боло шуданд; ва душманонашон ба онҳо менигаристанд. Ва дар ҳамон рӯз заминҷунбии сахте рӯй дод, ва даҳяки шаҳр фурӯ ғалтид, ва дар заминҷунбӣ ҳафт ҳазор одам кушта шуданд; ва боқимондагон ба ҳарос афтоданд ва Худои осмонро ҷалол доданд. “Вой”-и дуюм гузашт; инак, “вой”-и сеюм ба зудӣ меояд. Ва фариштаи ҳафтум карнай навохт, ва дар осмон овозҳои баланд баромаданд, ки мегуфтанд: «Подшоҳии ҷаҳон аз они Худованди мо Ва Масеҳи Ӯ шудааст, Ва Ӯ то абад подшоҳӣ мекунад». Ва он бисту чор пир, ки дар пеши тахти Худо бар тахтҳои худ нишастаанд, ба рӯй афтоданд, ва Худоро парастиш карда, гуфтанд: «Туро шукр мегӯем, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ, Эй Он ки ҳастӣ ва будӣ, Зеро қудрати бузурги Худро ба даст гирифта, Подшоҳиро оғоз кардаӣ. Халқҳо хашмгин шуданд; Ва ғазаби Ту омад, Ва вақти он расид, ки мурдагонро доварӣ намоӣ Ва ба бандагони Худ пайғамбарон Ва ба муқаддасон ва касоне ки аз номи Ту метарсанд, Ҳам ба хурдон ва ҳам ба бузургон подош диҳӣ Ва нобудкунандагони заминро нобуд кунӣ». Ва ибодатхонаи Худо дар осмон воз шуд, ва сандуқи аҳди Худованд дар ибодатхонаи Ӯ дида шуд; ва чароғакҳо ва садоҳо ва тундарҳо ва заминҷунбӣ ва жолаи бузурге рӯй доданд. Ва аломати бузурге дар осмон намоён шуд: зане ки либосаш офтоб буд, моҳ дар зери пойҳояш, ва тоҷе иборат аз дувоздаҳ ситора бар сараш. Вай ҳомиладор буд, ва аз дард ва азоби зоиш фарёд мезад. Ва аломати дигаре дар осмон намоён шуд: инак, аждаҳои бузурги оташгун, ки ҳафт сар ва даҳ шох дошт, ва бар сарҳояш ҳафт тоҷ; думи он сеяки ситораҳоро аз осмон кашида, бар замин афканд. Ин аждаҳо пеши зане ки бояд мезоид, истод, то ки ҳангоми зоидани вай фарзанди вайро фурӯ барад. Вай писаре зоид, писарбачае ки бояд ҳамаи халқҳоро бо асои оҳанин чӯпонӣ кунад; ва фарзанди вай сӯи Худо ва тахти Ӯ бурда шуд. Ва он зан ба биёбон гурехт, ки дар он ҷо барои вай аз ҷониби Худо маконе муҳайё гардидааст, то ба вай 1 260 рӯз ғизо дода шавад. Ва дар осмон ҷанг шуд: Микоил ва фариштаҳояш ба муқобили аждаҳо меҷангиданд, ва аждаҳо ва фариштаҳояш меҷангиданд. Аммо /аждаҳо/ натавонист истодагарӣ кунад, ва дар осмон барои вай дигар ҷое ёфт нашуд. Ва аждаҳои бузург сарнагун шуд, яъне он мори қадимӣ, ки иблис ва шайтон ном дорад ва тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад. Вай ба замин партофта шуд, ва фариштаҳояш бо вай партофта шуданд. Ва овози баланде дар осмон шунидам, ки мегуфт: «Акнун наҷот ва қудрат Ва подшоҳии Худои мо Ва ҳукмронии Масеҳи Ӯ фаро расид, Чунки айбдоркунандаи бародарони мо Ки онҳоро рӯзу шаб дар пеши Худои мо айбдор мекард, Сарнагун шуд. Онҳо бар вай ба воситаи хуни Барра Ва каломи шаҳодати худ ғолиб омаданд Ва ҷони худро то ба ҳадди марг гиромӣ надоштанд. Пас, шодӣ кунед, эй осмонҳо Ва сокинони онҳо! Вой бар ҳоли замин ва баҳр, Чунки назди шумо иблис Бо хашми зӯре фуруд омадааст, Чун медонад, ки вақташ кам мондааст!» Ва чун аждаҳо дид, ки бар замин партофта шуд, занеро ки писарбача зоида буд, таъқиб намуд. Ва ба он зан ду боли уқоби бузурге дода шуд, то аз пеши мор ба биёбон ба макони худ парвоз кунад, ва дар он ҷо дар давоми як замон ва ду замон ва нисфи замон ғизо гирад. Ва мор аз даҳонаш аз ақиби зан обе мисли дарё сар дод, то ки дарё вайро барад. Лекин замин ба зан ёрӣ дод, ва замин даҳонашро кушода, он дарёро, ки аждаҳо аз даҳонаш сар дода буд, фурӯ бурд. Ва аждаҳо аз зан дар ғазаб шуда, рафт, то бо боқии насли вай, ки фармудаҳои Худоро риоя мекунанд ва шаҳодати Исоро доранд, ҷанг кунад. Ва бар реги баҳр истодам. Ва ҳайвони ваҳшиеро дидам, ки аз баҳр берун меомад, ва ҳафт сар ва даҳ шох дошт, ва бар шохҳояш даҳ тоҷ, ва бар сарҳояш номҳои куфр. Ҳайвони ваҳшие ки ман дидам, монанди паланг буд, пойҳояш чун пойҳои хирс, ва даҳонаш чун даҳони шер; ва аждаҳо қуввати худ ва тахти худ ва қудрати бузурге ба вай дод. Ва дидам, ки яке аз сарҳои вай гӯё захми марговар бардоштааст, валекин он захми марговар шифо ёфтааст. Ва тамоми аҳли замин аз ҳайвони ваҳшӣ дар ҳайрат афтоданд; ва аждаҳоро, ки ба ҳайвони ваҳшӣ қудрат дода буд, парастиш карданд; ва ба ҳайвони ваҳшӣ саҷда карда, гуфтанд: «Кист, ки ҳамтои ин ҳайвони ваҳшӣ бошад, ва кист, ки тавонад бо вай ҷанг кунад?» Ва ба вай даҳоне дода шуд, ки суханони пурғурур ва куфромез гӯяд, ва ба вай қудрат дода шуд, ки 42 моҳ амал кунад. Ва даҳонашро барои куфри Худо воз кард, то ба номи Ӯ ва хаймаи Ӯ ва сокинони осмон куфр гӯяд. Ва ба вай ато шуд, ки бо муқаддасон ҷангида, бар онҳо ғолиб ояд; ва ба вай қудрат бар ҳар қабила ва қавм ва забон ва халқ дода шуд. Ва ҳамаи сокинони замин вайро парастиш мекунанд, /яъне/ онҳое ки номҳошон дар дафтари ҳаёти Барраи кушташуда аз вақти бунёдшавии ҷаҳон навишта нашудаанд. Ҳар кӣ гӯш дорад, шунавад: Ҳар кӣ ба асирӣ мебарад, /ба асирӣ/ меравад; Ҳар кӣ бо шамшер мекушад, бояд бо шамшер кушта шавад. Ин ҷо сабр ва имони муқаддасон /даркор/ аст. Ва ҳайвони ваҳшии дигаре дидам, ки аз замин берун меомад; вай ду шох дошт монанди /шохҳои/ барра, ва чун аждаҳо сухан мегуфт. Вай дар пеши ҳайвони ваҳшии якум бо тамоми қудраташ амал мекард, ва замин ва сокинони онро водор менамуд, ки ба ҳайвони ваҳшии якум, ки захми марговараш шифо ёфтааст, саҷда кунанд; ва аломатҳои бузурге ба амал меовард, ба тавре ки оташро низ дар пеши одамон аз осмон ба замин фурӯ меовард. Ва бо муъҷизаҳое ки дар пеши ҳайвони ваҳшӣ метавонист нишон диҳад, мардуми маро, ки сокинони заминанд, фиреб дода, ба онҳо гуфт, ки ҳайкали он ҳайвони ваҳширо, ки аз шамшер захмдор шуда, зинда мондааст, созанд. Ва ба вай ато шуд, ки ба он ҳайкали ҳайвони ваҳшӣ ҳаёт бахшад, то ҳайкали ҳайвони ваҳшӣ тавре сухан гӯяд ва амал кунад, ки ҳамаи онҳое ки ба ҳайкали ҳайвони ваҳшӣ саҷда намекарданд, кушта шаванд. Ва тавре рафтор мекард, ки ҳамаи хурдон ва бузургон, сарватмандон ва бенавоён, озодон ва ғуломон бояд бар дасти росташон ё бар пешониашон нишона зананд, ва ҳеҷ кас харидан ё фурӯхтан натавонад, ғайр аз касе ки чунин нишона: номи ҳайвони ваҳшӣ ё шумораи номи онро дошт. Ин ҷо ҳикмат /даркор/ аст. Ҳар кӣ ақл дорад, шумораи ҳайвони ваҳширо ҳисоб кунад, зеро он шумораи одамизод аст; шумораи он 666 мебошад. 144 000 харидашудагон Ва нигоҳ кардам, ва инак, Барра бар кӯҳи Сион истодааст, ва бо Ӯ миқдори саду чилу чор ҳазор нафар, ки бар пешониҳошон номи Ӯ ва номи Падари Ӯ навишта шудааст. Ва овозе аз осмон шунидам, чун шувваси обҳои бисёр ва монанди садои тундари пурзӯр; ва овозе ки шунидам, овози чангнавозоне буд, ки чангҳои худро менавохтанд. Онҳо дар пеши тахт ва дар пеши он чор мавҷуди зинда ва пирон гӯё суруди наве месуруданд; ва ҳеҷ кас натавонист он сурудро ёд гирад, ғайр аз он саду чилу чор ҳазор нафар, ки аз замин харида шуда буданд. Инҳо касоне ҳастанд, ки бо занон нопок нашудаанд, зеро чун бокира /пок/анд; инҳо касоне ҳастанд, ки ҳар куҷо Барра равад, аз ақибаш мераванд. Онҳо аз миёни одамон аз Исо харида шудаанд, то навбар барои Худо ва Барра бошанд; ва дар даҳонашон дурӯғе ёфт нашудааст, зеро беайбанд. Ва фариштае дидам, ки дар миёнаи осмон парвоз мекард ва Инҷили абадӣ дошт, то ба сокинони замин, ба ҳар халқ ва қабила ва забон ва қавм башорат диҳад; ва ӯ бо овози баланд мегуфт: «Аз Худованд тарсед ва Ӯро ҷалол диҳед, зеро соати доварии Ӯ фаро расидааст; ва Ӯро, ки осмон ва замин, ва баҳр ва чашмаҳои обро офаридааст, парастиш кунед». Ва фариштаи дуюм аз ақиби ӯ омада, мегуфт: «Бобили бузург, фурӯ ғалтид, фурӯ ғалтид, чунки ҳамаи халқҳоро аз майи ғазабовари фосиқии худ нӯшонд». Ва фариштаи сеюм аз ақиби онҳо омада, бо овози баланд мегуфт: «Ҳар кӣ ҳайвони ваҳшӣ ва ҳайкали онро парастиш кунад ва бар пешонии худ ё бар дасти худ нишона занад, — вай ҳамчунин аз майи хашми Худо, аз майи холисе ки дар косаи ғазаби Ӯ муҳайё шудааст, менӯшад, ва дар пеши фариштаҳои муқаддас ва дар пеши Барра дар оташ ва кибрит азоб мекашад; ва дуди азоби онҳо то абад баланд мешавад, ва касоне ки ҳайвони ваҳшӣ ва ҳайкали онро парастиш менамоянд ва нишонаи номи онро қабул мекунанд, на рӯз ором мегиранд, на шаб». Ин ҷо сабри муқаддасон /даркор/ аст, ин ҷо онҳое /даркоранд/, ки фармудаҳои Худо ва имон ба Исоро риоя мекунанд. Ва овозе аз осмон шунидам, ки мегуфт: «Навис: хушо мурдагоне ки аз ин пас дар Худованд мемуранд; оре, мегӯяд Рӯҳ, инҳо аз меҳнатҳои худ ором мегиранд, ва амалҳошон аз қафояшон мераванд». Ва нигоҳ кардам, ва инак, абри сафед; ва бар абр Касе монанди Писари Одам нишаста буд, ки бар сараш тоҷи тилло, ва дар дасташ доси тез дошт. Ва фариштаи дигар аз ибодатхона баромад ва бо овози баланд ба нишинандаи абр нидо кард: «Доси Худро ба кор андоз ва дарав кун, чунки вақти дарав расидааст; зеро ҳосили замин пухтааст». Ва нишинандаи абр доси Худро бар замин андохт, ва замин даравида шуд. Ва фариштаи дигар аз ибодатхонае ки дар осмон аст, берун омад, ки ӯ низ доси тез дошт. Ва фариштаи дигар, ки бар оташ қудрат дошт, аз қурбонгоҳ берун омад ва бо овози баланд ба он ки доси тез дошт, нидо карда, гуфт: «Доси тези худро ба кор андоз ва сарҳои ангури заминро бур, чунки ангураш пухтааст». Ва он фаришта доси худро бар замин андохт, ва сарҳои ангури заминро бурид, ва онҳоро ба чархушти бузурги ғазаби Худо афканд, ва чархушт дар беруни шаҳр пойкӯб шуд, ва хун аз чархушт то ба ҷилави аспон, ба масофаи 1 600 стадия ҷорӣ шуд. Ва дар осмон аломати дигаре дидам, ки бузург ва аҷиб буд: ҳафт фаришта, ки ҳафт балои охирин доштанд, чунки хашми Худо бо онҳо анҷом ёфт. Ва гӯё баҳре аз шиша дидам, ки бо оташ омехта буд; ва касоне ки бар ҳайвони ваҳшӣ ва ҳайкали он ва шумораи номи он ғолиб омада буданд, назди ин баҳри шиша истодаанд, ва чангҳое дар даст доштанд, ки Худо ба онҳо дода буд, ва суруди Мусои бандаи Худо ва суруди Барраро хонда, мегуфтанд: «Бузург ва аҷибанд амалҳои Ту, Эй Худованд Худои Қодири Мутлақ! Одилона ва ростанд роҳҳои Ту, Эй Подшоҳи халқҳо! Кист, ки аз Ту, эй Худованд, натарсад Ва номи Туро ҷалол надиҳад? Зеро танҳо Ту қуддус ҳастӣ. Ҳамаи халқҳо омада, Дар пеши Ту саҷда хоҳанд кард, Зеро корҳои одилонаи Ту ошкор шудаанд». Ва пас аз ин нигоҳ кардам, ва ибодатхона, яъне хаймаи шаҳодат дар осмон воз шуд, ва аз ибодатхона ҳафт фаришта баромаданд, ки ҳафт бало доштанд, ва катони тоза ва дурахшон дар бар карда ва то синаашон камарбанди тилло баста буданд. Ва яке аз он чор мавҷуди зинда ба ҳафт фаришта ҳафт косаи тиллои пур аз ғазаби Худоро дод, ки Ӯ то абад зинда аст. Ва ибодатхона аз ҷалоли Худо ва аз қуввати Ӯ пур аз дуд шуд, ва то ҳафт балои ҳафт фаришта анҷом наёфтанд, ҳеҷ кас натавонист ба ибодатхона дарояд. Ва овози баланде аз ибодатхона шунидам, ки ба ҳафт фаришта мегуфт: «Равед ва ҳафт косаи ғазаби Худоро ба замин резед». Якумӣ рафта, косаи худро бар замин рехт, ва бар одамоне ки нишонаи ҳайвони ваҳширо доштанд ва ба ҳайкали он саҷда мекарданд, захми бад ва дарднок пайдо шуд. Фариштаи дуюм косаи худро ба баҳр рехт; ва он ба хуне чун хуни мурда табдил ёфт, ва тамоми ҷондорони баҳр мурданд. Сеюмӣ косаи худро ба дарёҳо ва чашмаҳои об рехт, ва онҳо ба хун табдил ёфтанд. Ва фариштаи обҳоро шунидам, ки мегуфт: «Одилӣ Ту, ки ҳастӣ ва будӣ, Ва қуддус мебошӣ, зеро чунин ҳукм кардаӣ. Азбаски хуни муқаддасон ва пайғамбаронро рехтаанд, Ту ба онҳо хун додӣ, ки нӯшанд: ин сазои онҳост». Ва қурбонгоҳро шунидам, ки гуфт: «Оре, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ, Довариҳои Ту рост ва одилона мебошанд». Фариштаи чорум косаи худро бар офтоб рехт, ва ба он /қудрате/ ато шуд, ки одамонро бо оташ сӯзонад. Ва одамонро гармои зӯре сӯзонд, ва онҳо ба номи Худо, ки бар ин балоҳо ихтиёр дорад, куфр мегуфтанд ва тавба накарданд, то Ӯро ҷалол диҳанд. Панҷумӣ косаи худро бар тахти ҳайвони ваҳшӣ рехт, ва подшоҳии он торик шуд, ва онҳо забонҳои худро аз дард мегазиданд, ва ба Худои осмон аз сабаби дардҳо ва захмҳои худ куфр мегуфтанд, ва аз амалҳои худ тавба накарданд. Шашумӣ косаи худро бар дарёи бузурги Фурот рехт, ва оби он хушк шуд, то барои подшоҳоне ки аз ҷониби офтоббаро ҳастанд, роҳ муҳайё шавад. Ва дидам, ки аз даҳони аждаҳо ва аз даҳони ҳайвони ваҳшӣ ва аз даҳони пайғамбари дурӯғин се рӯҳи нопок монанди қурбоққаҳо баромаданд. Онҳо рӯҳҳои деванд, ки аломатҳо ба амал меоваранд; онҳо ба пеши подшоҳони тамоми ҷаҳон мебароянд, то онҳоро барои ҷанги он рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ ҷамъ оваранд. «Инак, чун дузд меоям. Хушо касе ки ҳушёр аст ва либоси худро нигоҳ медорад, то луч роҳ наравад, ва расвоии ӯро набинанд». Ва онҳоро ба ҷое ҷамъ оварданд, ки ба забони ибрӣ Ҳармаҷидӯн ном дорад. Ҳафтумӣ косаи худро ба ҳаво рехт, ва аз ибодатхонаи осмон аз ҷониби тахт овози баланде баромад, ки мегуфт: «Ба амал омад!» Ва садоҳо, тундарҳо ва чароғакҳо рӯй доданд, ва заминҷунбии сахте ба амал омад, ки мислаш, аз замоне ки одамон бар замин ҳастанд, рӯй надода буд, — он қадар заминҷунбии пурзӯр ва сахт буд! Ва шаҳри бузург ба се қисм аз ҳам ҷудо шуд, ва шаҳрҳои халқҳо фурӯ ғалтиданд, ва Бобили бузург дар пеши Худо зикр ёфт, то косаи майи ғазаби хурӯшони Худро ба он диҳад. Ва ҳар ҷазира гурехт, ва кӯҳҳо нопайдо гаштанд; ва жолаи бузурге ки /донааш/ ба вазни як талант буд, аз осмон бар одамон борид; ва одамон барои балои жола ба Худо куфр гуфтанд, чунки он бало хеле сахт буд. Ва яке аз он ҳафт фаришта, ки ҳафт коса доштанд, омад ва ба ман сухан ронда, гуфт: «Ин ҷо биё, то довариро дар ҳаққи фоҳишаи бузурге ки бар обҳои бисёре нишастааст, ба ту нишон диҳам, ки подшоҳони замин бо вай фосиқӣ кардаанд, ва сокинони замин аз майи фосиқии вай маст шудаанд». Ва маро дар Рӯҳ ба биёбон бурд; ва занеро дидам, ки бар ҳайвони ваҳшии қирмизӣ, ки аз номҳои куфр пур буд, ва ҳафт сар ва даҳ шох дошт, нишаста буд. Ва он зан либоси арғувонӣ ва қирмизӣ дошт, ва бо тилло, сангҳои гаронбаҳо ва марворид зинат ёфта буд, ва дар дасташ косаи тиллое нигоҳ медошт, ки аз зиштиҳо ва нопокии фосиқии вай пур буд; ва бар пешонии вай номи сирре навишта шуда буд: «Бобили бузург, модари фоҳишагон ва зиштиҳои замин». Ва дидам, ки он зан аз хуни муқаддасон, аз хуни шоҳидони Исо маст аст, ва аз дидани вай сахт ҳайрон шудам. Ва фаришта ба ман гуфт: «Чаро ҳайрон шудӣ? Ман сирри ин зан ва он ҳайвони ваҳширо, ки зан бар он савор аст, ва ҳафт сар ва даҳ шох дорад, ба ту мегӯям. Он ҳайвони ваҳшӣ, ки ту дидӣ, буд ва нест; ва аз асфалуссофилин мебарояд ва сӯи ҳалокат меравад; ва он сокинони замин, ки номҳошон аз вақти бунёдшавии ҷаҳон дар дафтари ҳаёт навишта нашудаанд, аз дидани ҳайвони ваҳшие ки буд ва нест ва меояд, дар ҳайрат меафтанд. Ин ҷо ақле даркор аст, ки ҳикмат дорад. Ҳафт сар ҳафт кӯҳест, ки он зан бар онҳо нишастааст, ва инҳо ҳафт подшоҳ ҳастанд, ки панҷ нафарашон фурӯ ғалтидаанд, яке ҳаст, ва дигаре ҳанӯз наомадааст, ва ҳангоме ки меояд, муддати каме бояд монад. Ва он ҳайвони ваҳшӣ, ки буд ва нест, ҳаштум аст, ва аз ҷумлаи ҳафт аст, ва сӯи ҳалокат меравад. Ва он даҳ шох, ки дидӣ, даҳ подшоҳ ҳастанд, ки ҳанӯз ба подшоҳӣ нарасидаанд, лекин барои як соат бо ҳайвони ваҳшӣ қудрати шоҳонро пайдо мекунанд. Онҳо як ният доранд, ва қудрату ҳукмронии худро ба ҳайвони ваҳшӣ медиҳанд. Онҳо бо Барра ҷанг мекунанд, ва Барра бар онҳо ғолиб меояд; зеро Ӯ Худованди худовандон ва Подшоҳи подшоҳон аст ва онҳое ки бо Ӯ ҳастанд, даъватшудагон ва интихобшудагон ва вафодорон мебошанд». Ва /он фаришта/ ба ман гуфт: «Обҳое ки дидӣ, ки он ҷо фоҳиша нишастааст, қавмҳо ва мардумон ва халқҳо ва забонҳо мебошанд. Ва даҳ шох, ки дидӣ, ва ҳайвони ваҳшӣ аз фоҳиша нафрат мекунанд, ва ӯро хонавайрон менамоянд, ва ӯро луч мекунанд, ва ҷисми ӯро мехӯранд, ва ӯро дар оташ месӯзонанд; чунки Худо дар дили онҳо андохтааст, ки хости Ӯро ба ҷо оваранд, ба тавре ки ҳама якдилона подшоҳии худро ба ҳайвони ваҳшӣ диҳанд, то суханони Худо иҷро шаванд. Ва он зане ки дидӣ, шаҳри бузург аст, ки бар подшоҳони замин подшоҳӣ мекунад». Пас аз ин фариштае дидам, ки аз осмон фуруд меомад ва қудрати бузурге дошт; ва замин аз ҷалоли ӯ равшан шуд. Ва ӯ бо овози пурқувват нидо карда, гуфт: «Фурӯ ғалтид, фурӯ ғалтид Бобили бузург! Вай манзили девҳо ва зиндони ҳар рӯҳи нопок ва зиндони ҳар парандаи нопоку нафратовар гардид; зеро ҳамаи халқҳо аз майи ғазабовари фосиқии вай нӯшиданд, ва подшоҳони замин бо вай фосиқӣ карданд, ва тоҷирони замин аз айшу нӯши бузурги вай сарватманд шуданд». Ва овози дигаре аз осмон шунидам, ки гуфт: «Аз вай берун оед, эй қавми Ман, то дар гуноҳҳояш шарик нашавед ва ба балоҳояш дучор нагардед; зеро гуноҳҳои вай то ба осмон расидаанд, ва Худо беинсофиҳои вайро ба хотир овардааст. Сазояшро диҳед, чунон ки вай низ сазо додааст, Ва мувофиқи амалҳои вай сазояшро дучанд диҳед; Дар косае ки вай май тайёр карда буд, барои вай дучанд тайёр кунед. Ҳар қадар вай ҷалол ёфта, айшу нӯш мекард, ҳамон қадар бо азоб ва дард сазояшро диҳед. Зеро дар дили худ мегӯяд: “Малика шуда нишастаам, ва бева нестам, ва дард намебинам”. Бинобар ин дар як рӯз балоҳо, марг ва дард ва гуруснагӣ ба сари вай меоянд. Вай дар оташ месӯзад, зеро пурқувват аст Худо Худованд, ки вайро доварӣ мекунад. Ва подшоҳони замин, ки бо вай фосиқӣ ва айшу нӯш кардаанд, вақте ки дуди сӯхтори вайро бинанд, дар ҳаққи вай гиря карда, мотам мегиранд, ва аз тарси азоби вай дуртар истода, мегӯянд: “Вой, вой бар ҳоли ту, эй шаҳри бузурги Бобил, эй шаҳри мустаҳкам! Зеро дар як соат доварии ту омадааст”. Ва тоҷирони замин дар ҳаққи вай гиря карда, мотам мегиранд, чунки моли онҳоро дигар ҳеҷ кас намехарад: моли тилло ва нуқра ва сангҳои гаронбаҳо ва марворид ва катон ва арғувон ва абрешим ва қирмиз ва ҳар чӯби муаттар ва ҳар зарфи оҷ ва ҳар зарф аз чӯби гаронбаҳо, аз мис ва оҳан ва мармар, ва дорчин ва бухур ва равғани хушбӯй ва лодан ва май ва равғани зайтун ва орд ва гандум ва чорво ва гӯсфандон ва аспҳо ва аробаҳо ва ҷисмҳо ва ҷонҳои одамӣ. Аз меваҳое ки ҷони ту орзу дошт, маҳрум гаштаӣ, Ва ҳар чизи фарбеҳ ва боҳашамати ту барбод рафтааст, Онро дигар намеёбӣ. Тоҷирони ин чизҳо, ки аз ин сарватманд шудаанд, аз тарси азоби вай дуртар истода, гирён ва мотамдор, мегӯянд: “Вой, вой бар ҳоли ин шаҳри бузург, ки катон ва арғувон ва қирмиз дар бар дошт ва бо тилло ва сангҳои гаронбаҳо ва марворид зинат ёфта буд! Зеро дар як соат чунин сарват нобуд шуд”. Ва ҳар суккондор ва ҳамаи киштинишинон ва маллоҳон ва ҳамаи онҳое ки дар баҳр тиҷорат мекунанд, дуртар истода ва дуди сӯхтори вайро дида, фарёдзанон гуфтанд: “Кадом шаҳр монанди ин шаҳри бузург будааст!” Ва ба сарҳошон хок пошиданд ва фарёд зада, бо гиря ва мотам гуфтанд: “Вой бар ҳоли ин шаҳри бузург, ки аз чизҳои гаронбаҳояш ҳамаи онҳое ки дар баҳр киштӣ доштанд, сарватманд шудаанд! Зеро дар як соат вай хароб гардидааст”. Бар вай шодӣ кун, эй осмон, /Шодӣ кунед/, эй муқаддасон, расулон ва пайғамбарон, Зеро Худо қасоси шуморо аз вай гирифтааст». Ва як фариштаи зӯрманд санги бузургеро монанди санги осиё бардошта, ба баҳр партофт ва гуфт: «Бо чунин шиддат шаҳри бузурги Бобил сарнагун мешавад, ва дигар ёфт намешавад. Ва садои чангнавозон ва сарояндагон Ва найнавозон ва карнайнавозон Дар ту дигар шунида намешавад, Ва ҳеҷ як санъатгар аз ҳеҷ як санъат Дар ту дигар ёфт намешавад, Ва садои сангҳои осиё Дар ту дигар шунида намешавад; Ва рӯшноии чароғ Дар ту дигар намедурахшад, Ва овози домод ва арӯс Дар ту дигар шунида намешавад, Зеро тоҷирони ту бузургони рӯи замин буданд, Ва аз ҷодуи ту ҳамаи халқҳо гумроҳ шудаанд. Ва дар вай хуни пайғамбарон ва муқаддасон ва ҳамаи кушташудагони рӯи замин ёфт шудааст». Пас аз ин ман овози баланде чун овози мардуми бисёр дар осмон шунидам, ки мегуфт: «Ҳалелуёҳ! Наҷот ва қудрат ва ҷалол аз они Худои мост, Зеро довариҳои Ӯ рост ва одилона мебошанд! Чунки Ӯ фоҳишаи бузургеро маҳкум намуд, Ки заминро бо фосиқии худ фосид карда буд, Ва хуни бандагони Худро аз дасти вай ситонд». Ва дубора гуфт: «Ҳалелуёҳ! Дуди /Бобил/ то абад баланд мешавад». Ва он бисту чор пир ва чор мавҷуди зинда ба рӯй афтода, Худоеро, ки бар тахт нишастааст, парастиш карданд ва гуфтанд: «Омин! Ҳалелуёҳ!» Ва овозе аз ҷониби тахт баромад, ки мегуфт: «Худои моро ситоиш кунед, Эй ҳамаи бандагони Ӯ Ва тарсгорони Ӯ, Хурдон ва бузургон!» Ва чизе шунидам чун овози мардуми бисёр, чун шувваси обҳои бисёр, чун садои тундарҳои пурзӯр, ки мегуфтанд: «Ҳалелуёҳ! Зеро Худованд Худои мо, он Қодири Мутлақ /акнун/ подшоҳӣ мекунад. Шодӣ кунем ва ба ваҷд оем ва Ӯро ҷалол диҳем, Зеро базми арӯсии Барра фаро расидааст, ва арӯси Ӯ худро тайёр кардааст. Ва ба вай ато шуд, ки катони тоза ва дурахшон дар бар кунад». Зеро он катон росткории муқаддасон аст. Ва ба ман гуфт: «Навис: “Хушо онҳое ки ба базми арӯсии Барра даъват шудаанд”». Ва ба ман гуфт: «Инҳо суханони ҳақиқии Худоянд». Ман назди пойҳояш афтодам, то ба ӯ саҷда кунам; лекин ӯ ба ман гуфт: «Зинҳор, чунин накун; ман бо ту ва бо бародарони ту, ки шаҳодати Исоро доранд, ҳамкор ҳастам. Ба Худо саҷда кун, зеро шаҳодати Исо рӯҳи пайғамбарӣ аст». Ва осмони кушодаро дидам, ва инак, аспи сафед, ва савори он Бовафо ва Ҳақ ном дорад, ва Ӯ аз рӯи адолат доварӣ мекунад ва меҷангад. Чашмони Ӯ чун шӯълаи оташ мебошанд, ва бар сари Ӯ тоҷҳои бисёр; Ӯ номҳои навишта дорад, ва номи навиштае ки онро ғайр аз Худи Ӯ ҳеҷ кас намедонад; ва Ӯ либоси хунолуде дар бар дорад, ва номи Ӯ хонда шудааст: Каломи Худо. Ва лашкарҳои осмон бар аспҳои сафед, катони сафеди тоза дар тан, аз пайи Ӯ мерафтанд. Ва аз даҳони Ӯ шамшери тези дудама берун меояд, то халқҳоро бо он занад. Ӯ онҳоро бо асои оҳанин чӯпонӣ мекунад; Ӯ чархушти майи ғазаби хурӯшони Худои Қодири Мутлақро пойкӯб мекунад. Бар либос ва бар рони Ӯ ин ном навишта шудааст: «Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон». Ва фариштаеро дидам, ки дар офтоб меистод; ва ӯ бо овози баланд нидо карда, ба ҳамаи парандагоне ки дар миёнаи осмон парвоз мекарданд, гуфт: «Биёед, ба зиёфати бузурги Худо ҷамъ шавед, то гӯшти подшоҳон, гӯшти мириҳазорон, гӯшти зӯрмандон, гӯшти аспон ва саворонашон, гӯшти ҳамаи озодон ва ғуломон, хурдон ва бузургонро хӯред». Ва ҳайвони ваҳшӣ ва подшоҳони замин ва лашкарҳошонро дидам, ки ҷамъ шуда буданд, то бо савори асп ва бо лашкари Ӯ ҷанг кунанд. Ва ҳайвони ваҳшӣ ва бо вай он пайғамбари дурӯғин дастгир шуд, ки дар пеши вай муъҷизаҳо ба амал оварда буд, ки ба воситаи онҳо касонеро, ки нишонаи ҳайвони ваҳширо қабул карда, ба ҳайкали он саҷда менамуданд, фиреб мекард: ҳар ду зинда ба кӯли оташ партофта шуданд, ки дар он кибрит месӯхт; ва касони боқимонда бо шамшере ки аз даҳони аспсавор берун омада буд, кушта шуданд; ва ҳамаи парандагон аз гӯшти онҳо сер шуданд. Ва фариштае дидам, ки аз осмон фуруд меомад, ва калиди асфалуссофилин ва занҷири бузурге дар дасташ буд. Ва ӯ аждаҳо, яъне мори қадимиро, ки иблис ва шайтон ва фиребдиҳандаи тамоми дунёст, дастгир карда, ба муддати ҳазор сол занҷирбанд намуд, ва онро ба асфалуссофилин партофт, ва дарро баст, ва бар он мӯҳр зад, то халқҳоро дигар фиреб надиҳад, то даме ки он ҳазорсола анҷом ёбад; пас аз ин вай бояд ба муддати каме озод шавад. Ва тахтҳо дидам, бар онҳо касоне нишаста буданд, ки ихтиёри доварӣ ба онҳо дода шуда буд; ва ҷонҳои касонеро /дидам/, ки барои шаҳодати Исо ва барои каломи Худо сар бурида шуда буданд, ва онҳоеро /дидам/, ки ба ҳайвони ваҳшӣ ва ба ҳайкали он саҷда накарда буданд ва нишонаи /онро/ бар пешонӣ ва дасти худ назада буданд. Онҳо зинда шуданд ва бо Масеҳ дар он ҳазорсола подшоҳӣ карданд; вале боқии мурдагон зинда нашуданд, то даме ки он ҳазорсола анҷом ёбад. Ин растохези якум аст. Хушбахт ва муқаддас аст касе ки дар растохези якум иштирок дорад. Бар онҳо марги дуюм қудрат надорад, балки онҳо коҳинони Худо ва Масеҳ мешаванд ва бо Ӯ ҳазор сол подшоҳӣ мекунанд. Ва ҳангоме ки он ҳазорсола анҷом ёбад, шайтон аз зиндони худ озод мешавад, ва берун меояд, то халқҳоеро, ки дар чор гӯшаи замин ҳастанд, яъне Ҷуҷ ва Моҷуҷро фиреб кунад, ва онҳоро барои ҷанг ҷамъ оварад; шумораи онҳо чун реги баҳр аст. Ва ба паҳнои сарзамин баромаданд ва лашкаргоҳи муқаддасон, шаҳри дӯстдоштаро иҳота карданд. Ва аз ҷониби Худо аз осмон оташ фуромада, онҳоро хӯрд; ва иблис, ки онҳоро фиреб мекард, ба кӯли оташу кибрит партофта шуд, ки он ҷо ҳайвони ваҳшӣ ва пайғамбари дурӯғин ҳастанд, ва онҳо рӯзу шаб то абад азоб мекашанд. Ва тахти бузурги сафед ва нишинандаи онро дидам, ки аз ҳузури Ӯ замину осмон мегурехтанд, ва ҷое барои онҳо ёфт нашуд. Ва мурдагонро, хурдон ва бузургонро дидам, ки дар пеши тахт истодаанд, ва дафтарҳо кушода шуданд; ва дафтари дигаре кушода шуд, ки дафтари ҳаёт аст; ва мурдагон мувофиқи он чи дар дафтарҳо навишта шудааст, яъне аз рӯи амалҳояшон доварӣ карда шуданд. Ва баҳр мурдагонеро, ки дар он буданд, дод, ва марг ва дунёи мурдагон мурдагонеро, ки дар онҳо буданд, доданд; ва ҳар яке аз рӯи амалҳояшон доварӣ карда шуд. Ва марг ва дунёи мурдагон ба кӯли оташ партофта шуданд. Кӯли оташ марги дуюм аст. Ва ҳар кӣ дар дафтари ҳаёт навишта нашудааст, ба кӯли оташ партофта шуд. Ва осмони нав ва замини навро дидам; зеро осмони пештара ва замини пештара гузашта буданд, ва баҳр дигар набуд. Ва шаҳри муқаддас — Уршалими навро дидам, ки аз ҷониби Худо аз осмон фуруд меомад, ва муҳайё шуда буд чун арӯсе ки барои шавҳараш зебу зинат ёфтааст. Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки мегуфт: «Инак, хаймаи Худо бо одамон, Ва Ӯ бо онҳо сокин мешавад; Онҳо қавмҳои Ӯ мешаванд, Ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо мешавад; Ва ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок мекунад, Ва дигар на марг мешавад, на гиря, на фиғон, на дард; Зеро он чи пештар буд, гузашт. Ва тахтнишин гуфт: «Инак, ҳама чизро нав месозам». Ва ба ман гуфт: «Навис, зеро ин суханон рост ва боваринок мебошанд». Ва ба ман гуфт: «Ба амал омад! Ман алфа ва омега, оғоз ва анҷом ҳастам. Ба ташна аз чашмаи оби ҳаёт муфт медиҳам. Касе ки ғолиб ояд, вориси ин чизҳо мешавад, ва Ман барои ӯ Худо мешавам, ва ӯ барои Ман писар мешавад. Валекин тарсончакон ва беимонон ва гуноҳкорон ва палидон ва одамкушон ва фосиқон ва ҷодугарон ва бутпарастон ва ҳамаи дурӯғгӯёнро — насибашон дар кӯлест, ки бо оташ ва кибрит месӯзад; ин марги дуюм аст». Ва яке аз он ҳафт фаришта, ки ҳафт косаи пур аз ҳафт балои охирин доштанд, омад ва ба ман сухан ронда, гуфт: «Биё, то ба ту арӯсро, зани Барраро нишон диҳам». Ва маро дар Рӯҳ ба кӯҳи бузург ва баланде бурд ва шаҳри бузург — Уршалими муқаддасро ба ман нишон дод, ки аз осмон аз ҷониби Худо фуруд меомад, ки вай ҷалоли Худоро дошт. Дурахши вай ба санги хеле гаронбаҳо монанд буд, мисли санги алмосе ки чун булӯр шаффоф аст; вай девори бузург ва баланде дошт, ва дувоздаҳ дарвоза дошт, ва бар онҳо — дувоздаҳ фаришта; бар дарвозаҳо номҳо навишта шудаанд, ки номҳои дувоздаҳ қабилаи банӣ-Исроил мебошанд: аз шарқ се дарвоза, аз шимол се дарвоза, аз ҷануб се дарвоза, аз ғарб се дарвоза. Девори шаҳр дувоздаҳ таҳкурсӣ дошт, ва бар онҳо — дувоздаҳ номи дувоздаҳ расули Барра. Ва он ки ба ман гап мезад, найи андозагирии тиллоӣ дошт, то шаҳр ва дарвозаҳояш ва деворашро андоза кунад. Шаҳр ба шакли чоркунҷа буда, дарозияш баробари фарохияш буд. Ва ӯ шаҳрро бо най андоза карда, 12 000 стадия ёфт; дарозӣ ва фарохӣ ва баландияш баробар буд. Ва деворашро андоза карда, 144 оринҷ ба андозаи одамизод ёфт, ки онро фаришта /истифода мебурд/. Девораш аз алмос сохта шудааст, ва шаҳр зари холис буда, ба шишаи покиза монандӣ дошт. Таҳкурсиҳои девори шаҳр бо ҳар гуна сангҳои гаронбаҳо оро дода шудаанд: таҳкурсии якум — алмос, дуюм — лоҷвард, сеюм — ақиқи сафед, чорум — зумуррад, панҷум — ҷазъи ақиқӣ, шашум — ақиқи сурх, ҳафтум — забарҷад, ҳаштум — ёқути кабуд, нӯҳум — ёқути зард, даҳум — ақиқи сабз, ёздаҳум — фирӯза, дувоздаҳум — лаъли бунафш. Ва дувоздаҳ дарвоза — дувоздаҳ марворид; ҳар дарвоза аз як марворид буд. Ва кӯчаи шаҳр — зари холис, монанди шишаи шаффоф. Ва дар /шаҳр/ ибодатхонае надидам; зеро ибодатхонааш Худованд Худои Қодири Мутлақ ва Барра мебошанд. Ва шаҳр эҳтиёҷ надорад, ки офтоб ва моҳтоб онро равшан кунанд, зеро ҷалоли Худо онро равшан кардааст, ва Барра чароғаш аст. Ва халқҳо дар рӯшноии вай роҳ мераванд, ва подшоҳони замин ҷалолу иззати халқҳоро ба вай меоваранд. Ва дарвозаҳои /шаҳр/ рӯзона баста намешаванд, зеро дар он ҷо шаб намешавад. Ва ҷалолу иззати халқҳоро ба вай меоваранд. Ва ҳеҷ ҳароме, ва ҳеҷ каси зишткор ва дурӯғгӯй вориди он намешавад, балки фақат онҳое ки дар дафтари ҳаёти Барра навишта шудаанд. Ва дарёи покизаи оби ҳаётро ба ман нишон дод, ки чун булӯр дурахшон буда, аз тахти Худо ва Барра ҷорӣ мешуд. Дар миёнаи кӯчаҳои шаҳр, дар ҳар ду канори дарё, дарахти ҳаёт буд, ки дувоздаҳ мева меовард, яъне ҳар моҳ меваи худро медод; ва баргҳои дарахт барои шифои халқҳо буд. Ва дигар ҳеҷ лаънате намешавад; ва тахти Худо ва Барра дар вай мешавад, ва бандагони Ӯ ба Ӯ ибодат мекунанд, ва рӯи Ӯро мебинанд, ва номи Ӯ бар пешониҳошон мешавад. Ва шаб он ҷо намешавад, ва онҳо ба чароғ ва рӯшноии офтоб мӯҳтоҷ намешаванд, зеро Худо Худованд ба онҳо рӯшноӣ мебахшад; ва то абад подшоҳӣ мекунанд. Ва ба ман гуфт: «Ин суханон боваринок ва рост мебошанд; ва Худованд Худои рӯҳҳои пайғамбарон фариштаи Худро фиристод, то он чиро, ки бояд ба зудӣ рӯй диҳад, ба бандагони Худ нишон диҳад». «Инак, ба зудӣ меоям. Хушо касе ки суханони пайғамбарии ин китобро риоя мекунад». Ва ман, Юҳанно, ҳамон касе ҳастам, ки ин чизҳоро дидам ва шунидам. Ва пас аз он ки шунидам ва дидам, пеши пойҳои фариштае ки инҳоро ба ман нишон дода буд, афтодам, то саҷда кунам. Лекин ӯ ба ман гуфт: «Зинҳор, чунин накун; зеро ман бо ту ва бо бародаронат — пайғамбарон ва бо онҳое ки суханони ин китобро риоя мекунанд, ҳамкор ҳастам; ба Худо саҷда кун». Ва ба ман гуфт: «Суханони пайғамбарии ин китобро мӯҳр накун; зеро вақт наздик аст. Бигзор бадкор бадӣ кардан гирад, ва нопок худро нопок сохтан гирад, ва росткор ростӣ кардан гирад, ва муқаддас худро муқаддас кардан гирад. Инак, ба зудӣ меоям, ва подоши Ман бо Ман аст, то ҳар касро мувофиқи амалаш сазо диҳам. Ман алфа ва омега, аввалин ва охирин, оғоз ва анҷом ҳастам». Хушо онҳое ки фармудаҳои Ӯро риоя мекунанд, то ба дарахти ҳаёт ҳуқуқдор шаванд ва ба дарвозаҳои шаҳр дароянд. Вале сагон ва ҷодугарон ва фосиқон ва одамкушон ва бутпарастон ва ҳар касе ки дурӯғро дӯст медорад ва ба амал меоварад, берун /аз он/ ҳастанд. «Ман, Исо, фариштаи Худро фиристодаам, то дар ҷамоатҳо ба шумо аз ин чизҳо шаҳодат диҳад. Ман реша ва насли Довуд, ситораи дурахшони субҳ ҳастам». Ва Рӯҳ ва арӯс мегӯянд: «Биё!» Ва ҳар кӣ мешунавад, гӯяд: «Биё!» Бигзор ташна биёяд, ва ҳар кӣ хоҳад, оби ҳаётро муфт гирад. Ман ба ҳар касе ки суханони пайғамбарии ин китобро мешунавад, шаҳодат медиҳам: агар касе ба онҳо чизе илова намояд, Худо ба ӯ балоҳое илова мекунад, ки дар бораи онҳо дар ин китоб навишта шудааст. Ва агар касе аз суханони ин китоби пайғамбарӣ чизе кам кунад, Худо насиби ӯро аз дарахти ҳаёт ва аз шаҳри муқаддас ва аз ҳар чизе ки дар ин китоб навишта шудааст, кам мекунад. Шаҳодатдиҳандаи ин мегӯяд: «Оре, ба зудӣ меоям!» Омин. Оре, биё, эй Худованд Исо! Файзи Худованд Исои Масеҳ бо ҳамаи муқаддасон бод. Омин.