Аҷдодони Исои Масеҳ, ки аз насли шоҳ Довуд ва аз насли Иброҳим мебошад, инҳоянд: Аз замони Иброҳим то замони шоҳ Довуд инҳо гузаштаанд: Иброҳим, писараш Исҳоқ, писари Исҳоқ Яъқуб, писарони Яъқуб Яҳудо ва бародаронаш, писарони Яҳудо Порасу Зараҳ (модари онҳо Томор буд), писари Форас Ҳесрун, писари Ҳесрун Ром, писари Ром Амминодоб, писари Амминодоб Наҳшун, писари Наҳшун Салмун, писари Салмун Бӯаз (модари ӯ Роҳоб буд), писари Бӯаз Убид (модари ӯ Рут буд), писари Убид Ишой ва писари Ишой шоҳ Довуд. Аз шоҳ Довуд то замони ба шаҳри Бобил асир шуда рафтани халқи Исроил инҳо гузаштаанд: Довуд, писараш Сулаймон (модари Сулаймон пештар зани Уриё буд), писари Сулаймон Раҳабъом, писари Раҳабъом Абиё, писари Абиё Осо, писари Осо Юшофот, писари Юшофот Юром, писари Юром Узиё, писари Узиё Ютом, писари Ютом Оҳоз, писари Оҳоз Ҳизқиё, писари Ҳизқиё Менашше, писари Менашше Омун, писари Омун Юшиё ва писарони Юшиё Якунёву бародаронаш. Дар ин вақт исроилиёнро асир гирифта, ба сарзамини Бобил бурданд. Аз замони ба сарзамини Бобил асир шуда рафтани исроилиён то таваллуди Исо инҳо гузаштаанд: Якунё, писараш Шаалтиил, писари Шаалтиил Зарубобил, писари Зарубобил Абиҳуд, писари Абиҳуд Элёқим, писари Элёқим Озур, писари Озур Содуқ, писари Содуқ Ёкин, писари Ёкин Элиҳуд, писари Элиҳуд Элъозор, писари Элъозор Маттон, писари Маттон Яъқуб ва писари Яъқуб Юсуф, ки шавҳари Марям буд. Аз Марям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо мебошад. Инак, аз Иброҳим то шоҳ Довуд ҳамагӣ чордаҳ насл ва аз шоҳ Довуд то замони ба Бобил асир шуда рафтани исроилиён чордаҳ насл ва аз замони асирӣ то Масеҳ чордаҳ насл гузаштааст. Таваллуди Исои Масеҳ чунин буд: Марям, модари Исо, номзади Юсуф буд, аммо пеш аз хонадоршавӣ дар батни Марям аз қудрати Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо кӯдак пайдо шуд. Азбаски Юсуф некукор буд, нахост, ки Марямро дар пеши мардум шарманда кунад. Барои ҳамин ӯ ба хулоса омад, ки пинҳонӣ аз вай ҷудо шавад. Ҳангоме ки ӯ дар чунин фикр буд, фариштаи Худованд дар хобаш аён шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуф, насли шоҳ Довуд! Аз оиладор шудан бо Марям натарс, чунки ин кӯдак дар батни ӯ аз қудрати Рӯҳулқудс пайдо шудааст. Ӯ Писар таваллуд мекунад ва ту бояд ба Ӯ Исо ном гузорӣ, чунки Ӯ халқи Худро аз гуноҳҳояшон наҷот хоҳад дод». Ҳамаи ин воқеаҳо барои ба амал омадани гуфтаҳои Худованд, ки аллакай ба воситаи пайғамбар пешгӯйӣ шуда буданд, рӯй доданд: «Духтаре ҳомиладор мешавад ва писаре таваллуд мекунад, ки ба Ӯ Имонуил, яъне „Худо ҳамроҳи мо“ ном медиҳанд». Юсуф аз хоб бедор шуда, фармони фариштаи Худовандро ба ҷо овард. Ӯ Марямро ба занӣ гирифт, вале то вақти таваллуд шудани Писар бо Марям ҳамбистар нашуд. Вақте ки Писар таваллуд шуд, Юсуф Ӯро Исо номид. Исо дар замони ҳукмронии подшоҳ Ҳиродус, дар деҳаи Байт-Лаҳми сарзамини Яҳудия ба дунё омад. Баъд аз таваллуди Ӯ якчанд ситорашинос аз сарзамини шарқ ба шаҳри Уршалим омада, пурсиданд: «Куҷост он кӯдаки навзоде, ки Шоҳи Яҳудиён аст? Мо ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, то ки ба Ӯ саҷда кунем». Вақте ки ин сухан ба гӯши шоҳ Ҳиродус расид, ӯ ва тамоми сокинони Уршалим ба ташвиш афтоданд. Ҳиродус ҳамаи коҳинони калон ва устодони шариатро наздаш хонда, аз онҳо пурсид: «Масеҳ дар куҷо бояд таваллуд шавад?» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Дар Байт-Лаҳми сарзамини Яҳудия, чунки дар яке аз китобҳои пайғамбарон чунин навишта шудааст: „Эй Байт-Лаҳм, ки дар сарзамини Яҳудо ҳастӣ, ту аз дигар шаҳрҳои бузурги Яҳудо ҳеҷ камӣ надорӣ, зеро аз ту сарваре мебарояд ва Ӯ халқи Ман – Исроилро чӯпонӣ мекунад“». Сипас, Ҳиродус ситорашиносонро пинҳонӣ даъват намуда, ҳангоми суҳбат аз онҳо вақти аниқи пайдошавии он ситораро пурсида гирифт. Баъд онҳоро ба деҳаи Байт-Лаҳм равона карда гуфт: «Равед ва дар бораи он кӯдак дурустакак пурсуҷӯ кунед. Ҳамин ки Ӯро ёфтед, ба ман хабар диҳед, то ки ман ҳам рафта ба Ӯ саҷда кунам». Баъд аз суҳбат бо шоҳ, ситорашиносон ба роҳ баромаданд. Ситорае, ки онро дар шарқ дида буданд, пешопеши онҳо рафта, дар болои он ҷое, ки кӯдак буд, истод. Онҳо аз дидани ситора беҳад хурсанд шуданд. Ситорашиносон ба хона даромада, кӯдакро ҳамроҳи модараш Марям диданд ва зону зада, саҷда карданд. Онҳо туҳфаҳои пурарзишро, ки аз тилло, хушбӯйӣ барои дуд кардан ва аз атри қиматбаҳои мурри моеъ иборат буд, аз сандуқҳои худ гирифта ба Ӯ ҳадя намуданд. Дар хобашон Худо онҳоро огоҳ кард, ки назди Ҳиродус барнагарданд, аз ин рӯ ситорашиносон бо дигар роҳ ба ватани худ баргаштанд. Баъд аз рафтани ситорашиносон фариштаи Худованд дар хоби Юсуф зоҳир шуда, ба ӯ гуфт: «Бархезу кӯдак ва модарашро гирифта, ба Миср гурез. То вақте ки ба ту баро нагӯям, дар он ҷо исто. Чунки Ҳиродус бо нияти куштан кӯдакро ҷустуҷӯ мекунад». Юсуф аз хоб бедор шуда, зану кӯдакашро гирифта, шабонгоҳ ба Миср раҳсипор шуд. Онҳо дар он ҷо то вафоти Ҳиродус монданд. Худованд пештар ба воситаи пайғамбар гуфта буд, ки «Ман аз Миср Писарамро ҷеғ задам». Барои иҷро шудани ин гуфтаҳои Худованд ҳамаи ин ҳодиса рӯй дод. Вақте ки подшоҳ Ҳиродус фаҳмид, ки ситорашиносон ӯро фиреб додаанд, бисёр хашмгин шуд. Ӯ фармон дод, ки дар Байт-Лаҳм ва атрофи он ҳамаи писаракони то дусоларо кушанд, чунки аз ситорашиносон вақти пайдошавии ситораро дониста буд. Ҳамин тавр пешгӯйии Ирмиё пайғамбар ба амал омад: «Дар шаҳри Ромо овозе ба гӯш мерасад, Ки садои гиряву фиғон аст. Роҳел барои фарзандонаш гиря мекунад ва тасаллӣ ёфта наметавонад, чунки онҳо мурдаанд». Пас аз марги Ҳиродус, фариштаи Худованд дар Миср ба хоби Юсуф даромада гуфт: «Бархез, кӯдак ва модарашро гирифта, ба сарзамини Исроил баргард, зеро касоне, ки Ӯро куштанӣ буданд, мурданд». Инак, Юсуф бархеста, зану кӯдакашро гирифт ва ба сарзамини Исроил баргашт. Лекин ӯ шунид, ки дар сарзамини Яҳудия Аркилоус ба ҷойи падараш Ҳиродус подшоҳӣ мекунад ва тарсид, ки ба он ҷо биравад. Баъд дар хобаш аён шуд, ки он ҷо наравад, бинобар ин онҳо ба вилояти Ҷалил рафтанд. Пайғамбарон аллакай дар бораи Масеҳ пешгӯйӣ карда гуфта буданд, ки «Ӯро Носирӣ хоҳанд номид». Юсуф бо оилааш дар шаҳри Носира сокин шуд ва ҳамин тавр гуфтаҳои пайғамбарон ба амал омад. Пас аз чанд сол марде бо номи Яҳёи Таъмиддиҳанда ба биёбони Яҳудия рафта, мардумро насиҳат карда мегуфт: «Тавба кунед ва аз гуноҳ даст кашед, зеро Подшоҳии Худо наздик аст». Яҳё ҳамонест, ки Ишаъё пайғамбар дар борааш гуфта буд: «Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: „Барои Худованд роҳро тайёр кунед ва онро рост намоед!“» Либоси Яҳё аз пашми шутур, камарбанди ӯ аз чарм ва хӯрокаш малаху асали саҳроӣ буд. Мардум аз шаҳри Уршалиму саросари сарзамини Яҳудия ва аз тамоми гирду атрофи дарёи Урдун назди Яҳё меомаданд. Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро ҳамчун рамзи шуста шудани гуноҳҳо дар оби дарёи Урдун таъмид медод. Инчунин бисёр намояндагони равияҳои фарисӣ ва саддуқӣ барои таъмид гирифтан назди Яҳё омаданд. Яҳё онҳоро дида гуфт: «Эй морзодагон! Кӣ шуморо огоҳ кард, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед?! Ҳатто фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. Пас тавба кунед ва самаре оваред, ки тавбаи шуморо нишон диҳад! Табар аллакай бар решаи дарахтон гузошта шудааст ва ҳар дарахте, ки самари хуб намеоварад, бурида ба оташ партофта мешавад. Ман шуморо ҳамчун шаҳодати он ки тавба кардаед, бо об таъмид медиҳам, аммо Касе, ки баъд аз ман меояд, шуморо бо Рӯҳулқудс ва бо оташ таъмид медиҳад. Ӯ аз ман басо тавонотар аст ва Ман ҳатто сазовори он нестам, пойафзори Ӯро бардорам. Дар дасти Ӯ барои бод додани гандум сешоха тайёр аст. Ӯ хирманашро тоза карда, гандуми Худро ба анбор ҷамъ мекунад, вале каҳро дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад». Дар ин вақт Исо аз вилояти Ҷалил назди дарёи Урдун омад, то ки аз Яҳё таъмид гирад. Лекин Яҳё Ӯро аз ин кор боздоштанӣ шуда гуфт: «Ман бояд аз Ту таъмид бигирам, Ту бошӣ, назди ман омадӣ!» Исо ба вай ҷавоб дод: «Бигзор чунин бошад, зеро мо бояд ҳама корҳои дурустро ба амал биорем». Баъд Яҳё розӣ шуд. Ҳамин ки Исо таъмид гирифта аз об баромад, дарҳол осмон ба Ӯ кушода шуд. Яҳё Рӯҳи Худоро дид, ки мисли кабӯтар фаромада, дар болои Ӯ қарор гирифт ва аз осмон овозе омад: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хеле хушнудам». Баъд аз ин воқеа Рӯҳулқудс Исоро ба биёбон бурд, то ки шайтон Ӯро биозмояд. Давоми чил шабонарӯз Исо рӯза дошт ва ниҳоят сахт гурусна монд. Он гоҳ шайтони васвасакор назди Ӯ омада гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин сангҳо фармон деҳ, ки нон шаванд». Лекин Исо дар ҷавоб гуфт: «Не, зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки инсон на фақат бо хӯрдани нон зинда аст, балки бо ҳар сухане, ки Худо мегӯяд». Сипас, шайтон Исоро ба шаҳри муқаддаси Уршалим бурда, дар ҷойи баландтарини маъбади Худо гузошт ва ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, Худро аз ин ҷо ба пойин парто. Зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Худо ба фариштагони Худ дар бораи Ту фармон хоҳад дод ва онҳо Туро дар болои дастонашон хоҳанд бардошт, то ки поят ба санге назанад“». «Не! – ҷавоб дод Исо, – чунки дар навиштаҷот боз гуфта шудааст, ки „Худованд Худои худро насанҷед“». Баъд аз ин шайтон Исоро ба болои кӯҳи хеле баланд бурд ва ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро бо тамоми шукӯҳу зебоияшон ба Ӯ нишон дода гуфт: «Агар Худро ба замин партофта, ба ман саҷда намоӣ, ҳамаи инро ба Ту медиҳам». Исо ба ӯ гуфт: «Дур шав, эй шайтон! Чунки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „ба Худованд Худои худ саҷда намоед ва танҳо ба Ӯ хизмат кунед“ ». Он гоҳ шайтон аз Исо дур шуд ва фариштагон омада, ба Ӯ хизмат карданд. Дертар Яҳёро дастгир карданд ва ин хабар ба гӯши Исо расид. Сипас, Ӯ ба шаҳри Носираи вилояти Ҷалил баргашт. Баъд Исо барои истиқомат кардан аз шаҳри Носира ба шаҳри Кафарнаҳум рафт. Кафарнаҳум дар назди баҳри Ҷалил ва дар ноҳияҳои Забулуну Нафтолӣ ҷойгир шудааст. Ҳамин тавр пешгӯйии Ишаъё пайғамбар ба амал омад, ки гуфта буд: «Эй ноҳияи Забулун ва Нафтолӣ, ки дар он тарафи дарёи Урдун, дар роҳи канори баҳр ҷойгир ҳастед! Эй ноҳияи Забулун ва Нафтолӣ, ки вилояти Ҷалили ғайрияҳудиён ҳастед! Мардуме, ки дар торикии гуноҳ зиндагӣ мекарданд, нури дурахшонро диданд ва бар онҳое, ки ба маконашон сояи марг афтода буд, нур дурахшид». Аз ҳамин вақт Исо ба эълон кардани пайғоми Худ оғоз намуд: «Тавба кунед ва аз гуноҳҳоятон рӯй гардонед, чунки Подшоҳии Худо наздик аст!» Ҳангоме ки Исо дар соҳили баҳри Ҷалил роҳ мерафт, ду бародареро дид, ки моҳигир буданд. Онҳо ба баҳр тӯр меандохтанд. Номи яке Шимъун, ки ӯро ҳамчунин Петрус меномиданд ва номи дигаре Андриёс буд. Исо ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, то ба ҷойи моҳӣ ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам». Онҳо тӯрҳои худро дарҳол партофта, Ӯро пайравӣ карданд. Исо роҳи Худро давом медод, ки ду бародари дигар, Яъқуб ва Юҳанноро дид. Онҳо бо падарашон Забдой дар қаиқ нишаста, тӯрҳои худро дуруст мекарданд. Исо онҳоро низ даъват кард ва онҳо зуд қаиқ ва падарашонро гузошта, Ӯро пайравӣ карданд. Исо дар саросари вилояти Ҷалил мегашт, дар ҷамоатхонаҳо мардумро таълим медод, дар бораи Подшоҳии Худо хабари хушро эълон мекард ва ҳар дарду бемории одамонро шифо мебахшид. Аз ин сабаб овозаи Ӯ дар тамоми сарзамини Сурия низ паҳн мешуд ва мардум ба наздаш ҳамаи дардмандонро, ки ҳар гуна беморӣ доштанд, меоварданд. Дар байни онҳо ҷинзадагон, гирифторони бемории саръ, яъне онҳое, ки аз ҳуш рафта, шах мешуданд ва шалҳо низ буданд ва Исо онҳоро шифо мебахшид. Бино бар ин, мардуми бисёре аз Ҷалилу Даҳшаҳр, аз Уршалиму Яҳудия ва аз сарзамини он тарафи дарёи Урдун омада, аз пайи Исо мерафтанд. Исо ин тӯдаи одамонро дида, ба болои кӯҳе баромад ва дар ҳамон ҷо нишаст. Ҳангоме ки шогирдонаш дар гирди Ӯ ҷамъ омаданд, Ӯ ба таълим додан оғоз кард: «Хушбахтанд касоне, ки муҳтоҷи Худо буданашонро медонанд, чунки Подшоҳии Худо аз они онҳост! Хушбахтанд касоне, ки ғаму андӯҳ доранд, зеро онҳо тасаллӣ меёбанд! Хушбахтанд касоне, ки хоксор ҳастанд, зеро онҳо дар рӯйи замин ҳукм меронанд! Хушбахтанд касоне, ки гурусна ва ташнаи ростӣ ҳастанд, зеро онҳо сер хоҳанд шуд! Хушбахтанд касоне, ки раҳму шафқат доранд, зеро Худо ба онҳо раҳму шафқат хоҳад кард! Хушбахтанд касоне, ки покдил ҳастанд, зеро онҳо Худоро хоҳанд дид! Хушбахтанд касоне, ки сулҳҷӯ ҳастанд, зеро Худо онҳоро фарзандони Худ хоҳад хонд! Хушбахтанд касоне, ки дар роҳи ростӣ азоб мекашанд, чунки Подшоҳии Худо аз они онҳост! Хушбахтед шумо, вақте ки мардум ба хотири Ман шуморо дашному азоб медиҳанд ва дар ҳаққатон туҳмат карда, ҳар гуна сухани бад мегӯянд. Шоду хуррам бошед, зеро Худо дар осмон бароятон мукофоти калон дорад. Одамон пайғамбаронро низ, ки пеш аз шумо буданд, ҳамин тавр азоб медоданд. Шумо барои одамони ҷаҳон ҳамчун намак ҳастед. Вале агар намак сифаташро гум кунад, магар онро боз шӯр карда мешавад? Не, аз вай дигар фоидае нест. Онро фақат мепартоянд ва он зери по мешавад. Шумо ҳамчун нур барои одамони ҷаҳон намоён ҳастед. Шаҳре, ки дар болои кӯҳ бино шудааст, ноаён буда наметавонад. Инчунин ҳеҷ кас чароғро даргиронда, онро бо зарфе намепӯшонад, баръакс онро ба чароғпоя мемонад, то ба ҳар касе, ки дар хона аст, равшанӣ диҳад. Пас, бигзор нури шумо ҳам ба одамон рӯшноӣ диҳад, то ки онҳо корҳои неки шуморо дида, ба Падаратон, ки дар осмон аст, ҳамду сано гӯянд. Фикр накунед, ки Ман барои вайрон кардани шариати Мусо ва таълимоти пайғамбарон омадаам. Ман на барои вайрон кардан, балки барои иҷро кардани онҳо омадаам. Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳанӯз ки замину осмон ҳаст, то шариат пурра амалӣ нагардад, ягон ҳарф ё нуқтаи он нест намешавад. Инак, ҳар касе, ки хурдтарин фармони шариатро вайрон кунаду ба дигарон низ ҳаминро таълим диҳад, дар Подшоҳии Худо хурдтарин шумурда хоҳад шуд. Ва баръакс, ҳар касе, ки шариатро иҷро кунаду ба дигарон онро таълим диҳад, дар Подшоҳии Худо бузург шумурда хоҳад шуд. Зеро ба шумо мегӯям, ки агар ҳатто аз устодони шариату фарисиён дида бештар росткор набошед, ҳаргиз ба Подшоҳии Худо намедароед. Шумо шунидаед, ки ба гузаштагон гуфта шуда буд, ки „қатл накунанд“, инчунин „ҳар касе, ки қатл мекунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад“. Аммо Ман мегӯям, ки агар шумо ба касе қаҳру ғазаб кунед, ба ҷавобгарӣ кашида мешавед. Агар ба касе „бефаҳм“ гӯед, дар назди додгоҳи болотар ҷавоб медиҳед. Агар „аҳмақ“ гӯед, сазовори оташи дӯзах мегардед. Барои ҳамин вақте ки шумо ба қурбонгоҳ қурбонӣ меореду дар он ҷо ба ёдатон меояд, ки касе аз шумо норозӣ аст, бояд қурбониатонро дар он ҷо гузошта, дарҳол назди ҳамон шахс равед ва бо ӯ оштӣ шавед. Баъд аз ин омада қурбонӣ кунед. Агар касе аз шумо даъво кунад, пеш аз додгоҳ зуд бо вай оштӣ шавед. Чунки агар кор ба додгоҳ рафта расад, даъвогаратон метавонад шуморо ба дасти қозӣ супорад, қозӣ бошад ба дасти сарбоз ва шумо ба зиндон партофта мешавед. Ба ростӣ мегӯям, то охирин тангаатонро надиҳед, аз ҳабс намебароед. Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед „Зино накун“. Аммо Ман мегӯям, ҳар кас ки ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, аллакай дар дили худ чунин гуноҳ мекунад. Пас, агар чашми ростатон шуморо ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда партоед! Назар ба он ки тамоми баданатон ба дӯзах партофта шавад, беҳтар аст, ки аз ягон узви бадан маҳрум шавед. Инчунин агар дасти ростатон шуморо ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда партоед! Назар ба он ки тамоми баданатон ба дӯзах партофта шавад, беҳтар аст, ки аз ягон узви бадан маҳрум шавед. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки „Ҳар марде, ки аз занаш ҷудо мешавад, бояд ба ӯ талоқнома навишта диҳад“. Лекин Ман ба шумо мегӯям, ки агар мард аз зани худ ба ягон сабаб ғайр аз зино ҷудо шаваду занаш ба дигар кас ба шавҳар барояд, ин мард барои зино кардани занаш айбдор мешавад. Марде, ки бо зани ҷудошуда хонадор шудааст, зинокор аст. Шумо боз шунидаед, ки ба гузаштагон гуфта шуда буд, ки „қасами бардурӯғ нахӯранд, аммо ба ҳар он чизе ки дар назди Худованд қасам хӯрдаанд, иҷро намоянд“. Лекин Ман ба шумо мегӯям, ки тамоман қасам нахӯред, на ба осмон, зеро он тахти Худост, на ба замин, чунки он пойандози Ӯст, на ба шаҳри Уршалим, чунки он шаҳри Шоҳи бузург, яъне Худо аст. Ба сари худ ҳам қасам нахӯред, зеро як тори мӯятонро ҳатто сафед ё сиёҳ карда наметавонед. Бигзор „бале“ гуфтани шумо дар ҳақиқат „бале“ бошад ва „не“ гуфтани шумо „не“ бошад, вале он чи зиёдатӣ мегӯед, аз шайтон бармеояд. Шумо шунидаед, ки чунин гуфта шудааст: „Чашм бар ивази чашм медиҳеду дандон бар ивази дандон“. Лекин Ман ба шумо мегӯям, ки ба каси бад муқобилат накунед. Баръакс, агар касе ба тарафи рости рӯятон занад, тарафи чапи рӯятонро ҳам ба ӯ гардонед. Агар касе ба шумо даъво карда, куртаатонро гирифтанӣ бошад, ҷомаатонро ҳам ба ӯ диҳед. Агар касе шуморо маҷбур кунад, ки бо ӯ як километер роҳ равед, ду километер роҳ равед. Ҳар кӣ аз шумо чизе талаб кунад, онро ба ӯ диҳед ва аз шумо қарз гирифтанӣ шавад, не нагӯед. Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед: „Дигаронро дӯст дор ва душманатро бад бин“. Лекин Ман ба шумо мегӯям, ки душманонатонро дӯст бидоред ва барои онҳое, ки шуморо азоб медиҳанд, дуои хайр гӯед, то нишон диҳед, ки фарзандони Падари осмониатон ҳастед. Чунки Ӯ ба офтоб амр медиҳад, ки ҳам ба бадкорон ва ҳам ба некукорон равшанӣ кунад, инчунин боронро ҳам ба некукорон ва ҳам ба бадкорон мефиристад. Пас агар шумо фақат касонеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, чӣ мукофоте хоҳед гирифт? Магар андозгирони беинсоф низ ҳамин тавр рафтор намекунанд? Агар фақат ба дӯстони худ салом диҳед, аз дигарон дида чӣ кори бузургтаре мекунед? Беимонон низ ҳамин тавр рафтор мекунанд. Бинобар ин, ҳамон тавре ки Падари осмониатон беайбу нуқсон аст, шумо низ беайбу нуқсон бошед». Исо суханонашро давом дода гуфт: «Дар назди мардум намоишкорона корҳои нек накунед. Вагарна аз Падари осмониатон мукофот намегиред. Вақте ки садақа медиҳед, ба монанди одамони дурӯя ба ҳама овоза накунед. Онҳо дар ҷамоатхонаҳо ва дар сари кӯчаҳо садақа доданашонро эълон менамоянд, то ки мардум онҳоро таъриф кунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. Аммо, ҳангоме ки шумо садақа медиҳед, бигзор дасти ростатон аз кори дасти чапатон огоҳ нашавад, то ки садақаи шумо пинҳон монад. Он гоҳ Падари шумо, ки чизҳои пинҳониро мебинад, ба шумо мукофот медиҳад. Вақте ки дуо мекунед, ба одамони дурӯя монанд нашавед! Онҳо дар ҷамоатхонаю сари кӯчаҳо истода дуо хонданро дӯст медоранд, то ки ҳама онҳоро бинанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. Аммо ҳангоме ки шумо дуо мехонед, ба хонаатон даромада, дарро пӯшед ва ба Падаратон, ки нонамоён аст, дуо кунед. Он гоҳ Падаратон, ки ҳеҷ чиз аз назари Ӯ пинҳон нест, ба шумо мукофот медиҳад. Дар вақти дуохонӣ низ мисли ғайрияҳудиён рафтор накунед. Онҳо дар дуо бисёр гапҳои беҳуда мегӯянд, чун фикр мекунанд, ки агар дурудароз дуо кунанд, дуояшон шунида мешавад. Ба монанди онҳо дуо нагӯед, зеро Падари шумо эҳтиёҷоти шуморо, пеш аз он ки талаб кунед, медонад. Пас шумо ин тавр дуо кунед: Эй Падари мо, ки дар осмонӣ, Номи Ту муқаддас бод. Бигзор Подшоҳии Ту биёяд. Хости Ту, ки дар осмон иҷро мешавад, дар замин низ иҷро шавад. Ризқу рӯзии имрӯзаамонро ба мо бидеҳ ва корҳои бади моро бубахш, чи тавре ки мо низ онҳоеро, ки ба мо бадӣ мекунанд, мебахшем. Моро ба озмоиш дучор накун, балки аз шайтон раҳоӣ деҳ. Агар шумо одамонеро, ки дар ҳаққатон бадӣ мекунанд, бубахшед, Падари осмониатон ҳам шуморо мебахшад. Вале агар дигаронро набахшед, Падаратон ҳам шуморо намебахшад. Боз вақте ки рӯза мегиред, монанди одамони дурӯя рӯятонро ҷиддӣ вонамуд накунед. Зеро дурӯяҳо намуди зоҳириашонро ғамзада нишон медиҳанд, то дигарон бинанд, ки онҳо рӯзадор ҳастанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. Лекин, вақте ки шумо рӯза мегиред, дасту рӯятонро шуста, мӯйҳоятонро шона кунед, то ба ғайр аз Падаратон, ки нонамоён аст, дигар ҳеҷ кас рӯза гирифтани шуморо нафаҳмад. Он гоҳ Падаратон, ки ниҳонбин аст, ба шумо мукофот хоҳад дод. Дар замин барои худ сарват ҷамъ накунед, ки дар ин ҷо куяву занг мезанад ва дуздон даромада, онро медузданд. Баръакс, дар осмон сарват ҷамъ кунед. Чунин сарватро куяву занг намезанад ва дуздон даромада, онро намедузданд. Зеро ҳар ҷое ки сарват доред, фикру хаёли шумо низ дар он ҷо хоҳад буд. Чашм чароғи бадан аст. Пас агар чашматон солим бошад, тамоми баданатонро равшанӣ пур мекунад, аммо агар чашматон солим набошад, тамоми баданатонро торикӣ пур мекунад. Дар ин сурат, агар равшанӣ дар даруни шумо дар асл торикӣ бошад, пас он чӣ хел торикии зулмот аст! Ҳеҷ кас ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад, чунки ё якеашро дӯст медораду дигарашро бад мебинад ё ба яке вафодор мемонаду дигарашро писанд намекунад. Шумо низ наметавонед ҳам бандаи Худо бошеду ҳам бандаи пул. Бино бар ин, ба шумо мегӯям, ки ғами зиндагиатонро нахӯред, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед ва ғами бадани худро нахӯред, ки чӣ мепӯшед. Магар зиндагӣ фақат аз хӯрок ва бадан аз пӯшок иборат аст? Ба парандаҳо нигоҳ кунед: онҳо на киштукор мекунанду на ҳосил ҷамъ мекунанд ва на дар анборҳо ҳосил захира мекунанд. Лекин Падари осмониатон онҳоро мехӯронад. Магар арзиши шумо аз парандаҳо баландтар нест? Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан умри худро ақаллан як соат дарозтар карда метавонад? Барои сарулибос ҳам чӣ ғам мехӯред? Ба нашъунамои савсанҳои саҳро нигоҳ кунед: онҳо на меҳнат мекунанду на ришта мересанд, лекин ба шумо мегӯям, ки ҳатто шоҳ Сулаймон бо тамоми ҳашамату сарваташ мисли яке аз онҳо либоси зебое напӯшидааст. Пас, агар Худо алаферо, ки имрӯз дар саҳро ҳасту пагоҳ ба танӯр партофта мешавад, чунин пӯшонад, наход шуморо, эй сустимонҳо аз он чанд маротиба беҳтар пӯшонда натавонад?! Барои ҳамин ғам хӯрданро бас кунед ва нагӯед, ки „Мо чӣ мехӯрда бошем?“ „чӣ менӯшида бошем?“ ё „чӣ мепӯшида бошем?“ Чунки халқҳои дигар аз пайи ҳамаи ин чизҳо мебошанд. Падари осмониатон бошад, медонад, ки шумо ба ҳамаи он эҳтиёҷ доред. Шумо аввал Подшоҳии Худо ва ростии Ӯро ҷӯед ва Ӯ ҳамаи ин чизҳоро низ ба шумо медиҳад. Аз ин рӯ, ғами рӯзи ояндаро нахӯред, фардо ташвишҳои худро дорад. Барои ҳар рӯз ташвиши худи ҳамон рӯз басанда аст». Исо давом дода гуфт: «Дигаронро айбдор накунед, то ки худ айбдор ҳисоб нашавед. Зеро чи хеле ки дигаронро айбдор кунед, ҳамон тавр шумо низ айбдор ҳисоб мешавед ва бо кадом санги тарозу, ки баркашед, бо ҳамон санг барои шумо бармекашанд. Чаро шумо хасро дар чашми бародари худ мебинеду кундаро, ки дар чашми худатон ҳаст, намебинед? Чӣ хел ҷуръат карда ба бародаратон мегӯед, ки „Иҷозат деҳ хасро аз чашмат барорам“, ҳол он ки дар чашми худатон кунда доред? Эй дурӯяҳо! Аввал кундаро аз чашми худатон бароред, он гоҳ дурусттар дида метавонед, ки чӣ хел хасро аз чашми бародаратон бароред. Он чи муқаддас аст, ба сагон надиҳед ва марвориди худро пеши хукон напартоед, то ки марворидро поймол карда, шуморо надаранд. Талаб кунед ва ба шумо дода мешавад, биҷӯед ва пайдо мекунед, дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад. Чун ҳар кӣ талаб мекунад, ба даст меорад, ҳар кӣ меҷӯяд, пайдо мекунад ва ҳар кас ки дарро мекӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад. Оё дар байни шумо падаре ҳаст, ки агар писараш нон талаб кунад, ба вай санг диҳад? Ё агар моҳӣ талаб кунад, ба вай мор медиҳад? Агар шумо бо вуҷуди дилсиёҳиатон ба фарзандони худ додани чизҳои хубро донед, чӣ қадар Падари осмонии шумо тайёр аст чизҳои хубро ба онҳое диҳад, ки аз Ӯ металабанд. Ҳар рафтореро, ки аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр аввал худи шумо нисбати дигарон рафтор кунед. Зеро асоси шариати Мусо ва гуфтаҳои пайғамбарон дар ҳамин аст. Аз дарвозаи танг дароед, чунки дарвозаи васеъ ва роҳи осонгузар шуморо ба ҳалокат меоварад ва касоне, ки аз он мегузаранд, бисёр ҳастанд. Лекин ба ҳаёти абадӣ шуморо дарвозаи басо тангу роҳи мушкилгузар меоварад ва кам касон онро меёбанд. Аз пайғамбарони бардурӯғ эҳтиёт шавед, онҳо ба назди шумо дар намуди гӯсфандон меоянд, аммо дар ботин онҳо гургони даранда ҳастанд. Шумо онҳоро аз рӯйи амалашон мешиносед. Оё аз буттаи хор ангур ё анҷир мечинанд? Ҳар дарахти солим меваи хуб медиҳад ва меваи бад дода наметавонад, вале дарахти бад меваи бад медиҳад ва меваи хуб дода наметавонад. Ҳамаи дарахтоне, ки меваи хуб намеоваранд, бурида ба оташ партофта мешаванд. Хуллас, пайғамбарони бардурӯғро низ шумо аз амалашон мешиносед. На ҳама касоне, ки Маро доимо Хоҷаи худ меноманд, ба Подшоҳии Худо медароянд. Фақат онҳое, ки хости Падари Маро, ки дар осмон аст, иҷро мекунанд, ба Подшоҳии Худо медароянд. Ҳангоме ки рӯзи қиёмат фаро мерасад, мардуми зиёд ба Ман мегӯянд: „Эй Хоҷа! Магар мо ба номи Ту пайғоми Худоро ба одамон эълон намекардем? Магар ба номи Ту ҷинҳоро ронда, муъҷизаҳои зиёд нишон намедодем?“ Он гоҳ Ман ба рӯяшон мегӯям: „Эй бадкорон! Ман шуморо ҳеҷ гоҳ намешинохтам. Дур шавед аз наздам!“ Пас ҳар касе, ки ин гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро мекунад, монанди марди дурандешест, ки хонаашро дар болои санг сохта буд. Баъд борон бориду обхезӣ шуд ва шамоли сахт хеста, бошиддат бар он хона вазид, лекин хона фурӯ нарафт, чунки дар болои санг сохта шуда буд. Вале ҳар касе, ки ин гуфтаҳои Маро мешунаваду онро иҷро намекунад, монанди марди беақлест, ки хонаашро дар болои рег сохта буд. Баъд борон бориду обхезӣ шуд ва шамоли сахт хеста, бошиддат бар он хона вазид ва хона фурӯ рафта, ба замин яксон шуд». Вақте ки Исо суханони Худро ба охир расонд, мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монданд, зеро Ӯ на ба монанди устодони шариат, балки чун шахси соҳибқудрат онҳоро таълим медод. Вақте ки Исо аз болои кӯҳ пойин фаромад, одамон тӯда-тӯда шуда, аз пайи Ӯ рафтанд. Дар ин вақт марде, ки гирифтори бемории пӯст буд, назди Исо омада, зону зада ба Ӯ гуфт: «Хоҷа, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ». Он гоҳ Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва он мард дарҳол аз бемориаш пок гашт. Исо ба ӯ гуфт: «Дар ин бора ба ҳеҷ кас нагӯй, балки рост назди коҳин рафта, худро нишон деҳ. Баъд, чӣ тавре ки Мусо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад». Вақте ки Исо ба шаҳри Кафарнаҳум ворид шуд, ба наздаш як сардори лашкар омад ва ба зорию илтиҷо даромада гуфт: «Хоҷаам, хизматгори ман аз ҳаракат монда, дар хона рӯйи ҷогаҳ хобидааст. Аз дард сахт азоб мекашад». «Ман рафта ӯро сиҳат мекунам», – гуфт Исо. Аммо сардор ҷавоб дод: «Хоҷа! Ман сазовори он нестам, ки Ту аз дари ман дароӣ. Ту танҳо як амр бидеҳ ва хизматгорам шифо меёбад. Зеро ман як фармонбардор ҳастам ва дар зери итоати худ низ сарбозонро дорам. Вақте ки ба яке „бирав“ мегӯям, меравад, ба дигаре „биё“ мегӯям, меояд ва агар ба хизматгорам „фалон корро бикун“ гӯям, ӯ албатта он корро иҷро мекунад». Аз шунидани ин суханон Исо ҳайрон шуд ва ба мардуме, ки аз пасаш меомад гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар байни исроилиён касеро надидам, ки чунин имони қавӣ дошта бошад. Ба шумо мегӯям, бисёр одамон аз ҳар гӯшаву канори дунё омада, дар Подшоҳии Худо бо Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб дар сари як дастархон мешинанд. Аммо онҳое, ки бояд ба Подшоҳии Худо ворид мешуданд, ба торикии берун партофта мешаванд, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд». Баъд ба он сардор гуфт: «Рав! Чи тавре ки имон доштӣ, ҳамон тавр мешавад». Ҳамон замон хизматгор шифо ёфт. Вақте ки Исо ба хонаи Петрус даромад, хушдомани Петрусро бо таби баланд дар рӯйи ҷогаҳ хобида дид. Исо ба дасти вай даст расонд ва таби зан паст шуд. Ӯ аз ҷояш хеста, ба меҳмоннавозии Исо машғул шуд. Он бегоҳ одамон бисёр ҷинзадагонро назди Исо оварданд ва Исо амр дода, рӯҳҳои нопокро аз онҳо берун ронд ва ҳамаи беморонро низ шифо бахшид. Ҳамин тавр пешгӯйии Ишаъё пайғамбар ба амал омад, ки пештар гуфта буд: «Дарду бемориҳои моро Ӯ бардоштааст». Боре Исо дар гирдаш ҷамъ шудани одамони зиёдро дида, ба шогирдонаш амр дода гуфт, ки ба дигар тарафи баҳр гузаранд. Дар ҳамин вақт як устоди шариат наздаш омада гуфт: «Устод, ман дар ҳама ҷо Туро пайравӣ мекунам». Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯбоҳон хона ва парандагони ҳаво лона доранд, аммо Ман, Писари Одамизод ҷое надорам, ки сарамро монам». Дигаре аз шогирдонаш гуфт: «Хоҷаам! Иҷозат деҳ аввал рафта, падарамро ба хок супорам». Лекин Исо ба вай гуфт: «Аз паси Ман биё ва бимон, ки мурдагон мурдагони худро ба хок супоранд». Он гоҳ шогирдон Исоро пайравӣ карда, якҷоя бо Ӯ ба қаиқ савор шуданд. Ногаҳон дар баҳр тӯфони сахте бархост ва аз шиддати мавҷҳо қаиқ қариб ғарқ мешуд, лекин Исо дар хоб буд. Шогирдон Исоро бедор карда гуфтанд: «Хоҷа! Наҷот деҳ! Ҳалок мешавем!» Исо гуфт: «Эй сустимонҳо, барои чӣ ин қадар метарсед?» Баъд Ӯ бархеста ба шамолу мавҷҳо фармон дод. Дарҳол дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд. Онҳо бошанд, ҳайрон монда мегуфтанд: «Ӯ чӣ гуна Шахсе аст, ки ҳатто шамолу баҳр ба Ӯ итоат мекунанд?» Ҳангоме ки Исо ба тарафи дигари баҳр, ба сарзамини ҷадариён расид, ду ҷинзадае аз қабристон берун баромада бо Исо рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо чунон бадхашм буданд, ки касе ҷуръати аз он роҳ гузаштанро надошт. Онҳо Исоро дида дод заданд: «Эй Писари Худо, Ту ба мо чӣ кор дорӣ? Ту омадӣ, ки моро пеш аз муҳлат азоб диҳӣ?» Аз онҳо дуртар галаи калони хукон мечарид. Сипас, ҷинҳо Исоро тавалло карда гуфтанд: «Агар моро берун карданӣ бошӣ, ба он галаи хукон бифирист». Исо ба онҳо «Равед» гуфт ва ҷинҳо аз он одамон берун баромада, ба галаи хукон даромаданд. Сипас, тамоми гала дав-давон худро аз теппа ба баҳр партофта, дар об ғарқ шуд. Хукбонон бошанд, аз он ҷо ба шаҳр гурехта, ин воқеа ва ҳам воқеаи бо ду ҷинзада рӯйдодаро ба ҳама нақл карданд. Сипас, ҳамаи одамони шаҳр ба пеши Исо омада, зориву тавалло карданд, ки Ӯ аз сарзаминашон равад. Исо ба қаиқ савор шуда, аз баҳр гузашт ва ба шаҳри Худ баргашт. Ҳамон лаҳза чанд нафар ба наздаш шалеро бо ҷогаҳаш бардошта оварданд. Исо имони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Писарам, натарс! Гуноҳҳоят бахшида шуданд». Дар айни ҳол якчанд устоди шариат аз дил гузаронданд: «Ин одам суханони куфр мегӯяд». Исо фикри онҳоро фаҳмида гуфт: «Чаро дар дили худ фикри бад мекунед? Кадомаш осонтар аст: гуфтани он ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё гуфтани он ки „бархез ва роҳ гард“? Пас Ман ба шумо исбот мекунам, ки Писари Одамизод дар рӯйи замин ҳаққи бахшидани гуноҳҳоро дорад». Сипас, ба шал гуфт: «Бархез, ҷогаҳатро бардошта ба хонаат рав!» Он мард аз ҷояш хеста ба хонааш равона шуд. Мардум аз дидани ин ҳодиса ба тарс афтода, Худоро, ки ба одамон чунин қудрат додааст, ситоиш карданд. Вақте ки Исо аз он ҷо ба роҳ даромад, Матто ном мардеро дид, ки дар ҷойи ҷамъоварии андоз менишаст. Исо ба вай гуфт: «Аз паси Ман биё». Матто бархесту аз паси Ӯ равона шуд. Вақте ки Исо ва шогирдонаш ба сари дастархон нишастанд, бисёр андозгирон ва дигар одамоне, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, низ ба он хона даромада ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Баъзе аз фарисиён инро дида, ба шогирдони Исо гуфтанд: «Чаро Устоди шумо бо андозгирону гунаҳкорон хӯрок мехӯрад?» Исо ин суханонро шунида, ҷавоб дод: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон муҳтоҷанд. Рафта фаҳмед, ки ин гуфтаҳо чӣ маъно доранд: „Ман мехоҳам, ки одамон раҳму шафқат нишон диҳанд, на қурбониҳо кунанд“. Хуллас, Ман ҳам барои он омадаам, ки на некукоронро, балки гунаҳкоронро даъват намоям». Сипас, баъзе аз шогирдони Яҳёи Таъмиддиҳанда ба Исо наздик шуда гуфтанд: «Чаро мо ва фарисиён одатан рӯза медорему шогирдони Ту не?» Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё дӯстони домод дар тӯйи арӯсӣ, ҳангоме ки домод бо онҳост, ғамгин мешаванд? Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он гоҳ онҳо низ рӯза мегиранд. Охир ҳеҷ кас аз матои нав ба либоси куҳна ямоқ ё поргӣ намекунад, чунки ямоқ ё поргӣ ҷудо шуда медарад ва ҷойи даридаи либос боз ҳам бадтар мешавад. Инчунин шароби навтайёршударо ба халтаи чармини куҳна намерезанд, чунки аз туруш шудани шароб халта медарад ва шароб мерезаду халта низ аз кор мебарояд. Баръакс, шароби навтайёршударо ба халтаи нав мерезанд, он гоҳ на шароб барбод мераваду на халта». Ҳанӯз Исо суханонашро давом медод, ки сардоре омада ба Ӯ таъзим карда гуфт: «Духтари ман ҳозир вафот кард, аммо агар омада ба вай даст гузорӣ, вай зинда мешавад». Исо аз ҷояш хеста, бо шогирдонаш ҳамроҳи ӯ рафт. Зане, ки дувоздаҳ сол боз бемории хунравӣ дошт, аз дилаш гузаронда буд, ки ақаллан ба ҷомаи Исо даст расонад, шифо меёбад. Бо ҳамин ният ӯ аз қафо ба Исо наздик шуду ба домани ҷомааш даст расонд. Исо ба қафо рӯй гардонда занро дида, гуфт: «Эй духтарам, натарс! Туро имонат шифо дод». Худи ҳамон лаҳза зан шифо ёфт. Баъд Исо ба хонаи сардор омада, найнавозон ва мардуми гирёнро дида, гуфт: «Ҳамаатон аз ин ҷо равед! Духтар намурдааст, фақат хобидааст». Онҳо бошанд, ба гапи Исо хандиданд. Аммо баъд аз он ки мардум берун баромаданд, Исо ба хонае, ки духтарак он ҷо буд, даромада, дасти ӯро гирифт ва духтарак бархест. Ин хабар дар тамоми он сарзамин паҳн гашт. Ҳангоме ки Исо аз он ҷой рафт, ду марди нобино аз дунболи Ӯ равон шуда фарёд заданд: «Эй насли Довуд, ба мо раҳм кун!» Вақте ки Исо ба хона даромад, он ду нобино ҳам ба наздаш омаданд. Исо аз онҳо пурсид: «Боварӣ доред, ки Ман шуморо шифо дода метавонам?» «Бале, Хоҷа!» – ҷавоб доданд онҳо. Он гоҳ Исо ба чашмони онҳо даст расонда гуфт: «Аз рӯйи имонатон ҳамин тавр шавад» ва чашмони онҳо бино гашт. Исо онҳоро огоҳ кард, ки дар бораи ин ҳодиса ба касе нагӯянд. Аммо онҳо аз он ҷо баромада рафтанду дар тамоми он сарзамин дар бораи Ӯ нақл карданд. Ҳанӯз он ду мард дур нарафта, якчанд кас ба пеши Исо мардеро оварданд, ки аз сабаби ҷин доштанаш гунг буд. Лекин вақте ки Исо аз он мард ҷинро берун кард, мард ба гап даромад ва мардум бо ҳайрат хитоб мекарданд: «Ҳаргиз чунин ҳодисаро дар Исроил надида будем!» Аммо фарисиён мегуфтанд, ки Исо ҷинҳоро бо қудрати худи сардори ҷинҳо берун мекунад. Исо бошад, ба ҳамаи шаҳру деҳот рафта, дар ҷамоатхонаҳо халқро таълим медод, хабари хушро дар бораи Подшоҳии Худо эълон мекард ва ҳар дарду бемории одамонро шифо мебахшид. Вақте ки Исо ба мардум нигоҳ мекард, ба ҳоли онҳо раҳмаш меомад, чунки онҳо монанди гӯсфандони бечӯпон, сарсону саргардон ва ночору нотавон буданд. Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳосил бисёр аст, вале коргарон кам. Аз ин рӯ, аз Соҳиби ҳосил илтимос кунед, ки барои ғундоштани ҳосилаш коргаронро фиристад». Исо ба наздаш дувоздаҳ шогирдашро даъват карда, ба онҳо қудрат дод, ки рӯҳҳои нопокро аз одамон берун кунанд ва ҳар дарду бемории одамонро шифо диҳанд. Номҳои он дувоздаҳ фиристода чунинанд: аввалин Шимъун, ки ӯро ҳамчунин Петрус меноманд, бародари Шимъун Андриёс, баъд бародарон Яъқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд, Филиппус ва Барталмо, Тумо ва Матто (оне ки андоз ҷамъ мекард), Яъқуби писари Ҳалфой, Таддо, Шимъуни Ватандӯст ва Яҳудои Исқарютӣ, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад. Исо ба ин дувоздаҳ нафар вазифа дода, онҳоро барои иҷро намудани он фиристод. Ӯ ин тавр гуфт: «Ба назди халқҳои ғайрияҳудӣ наравед ва ба шаҳрҳои сомариён надароед, балки назди халқи Исроил, ки монанди гӯсфандони гумроҳшуда ҳастанд, рафта эълон кунед, ки Подшоҳии Худо наздик аст. Беморонро шифо диҳед, мурдагонро зинда кунед, одамонеро, ки гирифтори бемории пӯст ҳастанд, пок созед ва ҷинҳоро берун кунед. Ин қудрат ба шумо ройгон дода шудааст, пас шумо низ ин корро ройгон кунед. Вақте ки ба сафар мебароед, дар камарбандатон тангаҳои тиллоӣ, нуқрагӣ ва мисин нагиред. Инчунин борхалта, асо ва либоси иловагию пойафзор нагиред, чунки меҳнаткаш сазовори хӯроки худ аст. Ҳангоме ки ба ягон шаҳр ё деҳа медароед, одами шоистаро пурсон шавед ва то рӯзи аз он ҷо рафтанатон дар хонаи ӯ бимонед. Баробари ба он хона даромадан салом диҳед. Агар аҳли хонавода шуморо нағз қабул кунанд, барояшон сулҳ талаб кунед. Агар аҳли хонавода шуморо нағз қабул накунанд, бигзор сулҳи талаб кардаатон ба худатон баргардад. Вале агар ҳеҷ кас шуморо қабул накунад ё ба суханонатон гӯш надиҳад, он хонадон ё шаҳрро тарк карда, ҳамчун аломати огоҳӣ чангу хокашро аз поятон афшонед. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар рӯзи қиёмат аҳволи мардуми бадкирдори Садум ва Амуро аз ҳоли он шаҳр сабуктар хоҳад буд. Инак, Ман шуморо ба назди одамон, ҳамчун гӯсфандон ба байни гургҳо мефиристам. Мисли мор ҳушёру мисли кабӯтар безарар бошед. Аз одамон эҳтиёт шавед, чунки онҳо шуморо дастгир карда, ба додгоҳ мебаранд ва дар ҷамоатхонаҳо қамчинкорӣ мекунанд. Ба хотири Маро пайравӣ карданатон шуморо дар назди ҳокимону подшоҳон ба ҷавобгарӣ мекашанд. Он гоҳ имконият пайдо мекунед, ки дар пеши онҳо ва ғайрияҳудиён дар бораи Ман шаҳодат диҳед. Ҳангоме ки шуморо ба додгоҳ мебаранд, ғам нахӯред, ки ба онҳо чӣ бояд гӯед ё чӣ тавр бояд сухан ронед, чунки дар он вақт суханоне, ки бояд гӯед, ба дилатон андохта мешаванд. Он гоҳ на шумо, балки Рӯҳи Падари осмониатон ба воситаи шумо сухан меронад. Дар он айём бародар бародари худро ва падар фарзанди худро ба қатл мерасонад. Фарзандон ба падару модари худ муқобил мебароянд ва онҳоро ба марг месупоранд. Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама шуморо бад мебинанд. Вале касе ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт. Вақте ки шуморо азоб доданӣ шуда дар шаҳре дунболагирӣ кунанд, ба шаҳри дигар гурезед. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳанӯз шумо ба ҳамаи шаҳрҳои Исроил нарафта Писари Одамизод меояд. Шогирд аз устодаш ва хизматгор аз хоҷааш баландтар нест. Барои шогирд басанда аст, ки монанди устодаш шавад ва барои хизматгор кофист, ки монанди хоҷааш шавад. Агар сардори хонадонро Баал-Забул, сардори ҷинҳо номида бошанд, пас аъзоёни хонадонро чӣ қадар бадтар меноманд. Аз ин рӯ, аз одамон натарсед. Зеро ҳеҷ чизи пӯшидае нест, ки ошкор нашавад ва ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки маълум нагардад. Он чизеро, ки Ман ба шумо махфӣ мегӯям, кушоду равшан гӯед. Он чизеро, ки ба шумо пичиррос зада мегӯям, аз болои боми хонаҳо бо овози баланд эълон намоед. Аз одамон, ки ҷисмро мекушанду ҷонро кушта наметавонанд, натарсед. Балки аз Ҳамоне тарсед, ки ҳам ҷон ва ҳам ҷисмро дар дӯзах нобуд карда метавонад. Арзиши ду гунҷишк як танга аст, аммо бе хости Падари шумо яктои он ба замин намеафтад. Ӯ ҳатто шумораи торҳои мӯятонро медонад. Бино бар ин, натарсед, арзиши шумо аз бисёр гунҷишкҳо ҳам зиёдтар аст. Пас, ҳар кӣ дар пеши мардум мегӯяд, ки пайрави Ман аст, Ман низ дар назди Падари осмониам пайрави Ман буданашро тасдиқ мекунам. Лекин ҳар кӣ дар пеши мардум Маро рад кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари осмониам рад мекунам. Фикр накунед, ки Ман барои ба замин сулҳ овардан омадаам. Ман на барои овардани сулҳ, балки барои шамшери зиддият овардан омадаам. Ман омадаам, ки писарро аз падар, духтарро аз модар, келинро аз хушдоманаш ҷудо кунам. Худи аъзои хонадони одам душманони ӯ хоҳанд буд. Касе ки падар ё модари худро аз Ман бештар дӯст медорад, сазовори Ман нест. Инчунин, касе ки писар ё духтари худро аз Ман бештар дӯст медорад, сазовори Ман нест. Касе ки салиби азобу маргашро бо худ набардораду аз паси Ман наояд, сазовори Ман нест. Касе ки ҳаёташро нигоҳ доштан хоҳад, онро аз даст медиҳад, вале касе ки ба хотири Ман ҳаёташро фидо кунад, онро нигоҳ медорад. Касе ки шуморо қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад ва касе ки Маро қабул мекунад, дар асл Фиристандаи Маро қабул мекунад. Касе ки пайғамбарро ба хотири пайғамбар буданаш қабул мекунад, мукофоти пайғамбаронаро хоҳад гирифт. Касе ки одами некукорро ба хотири некукор буданаш қабул мекунад, мукофоти некукоронро хоҳад гирифт. Ҳамчунин касе ки ба яке аз пайравони хурдтарини Ман ба хотири шогирд буданаш ақаллан як пиёла оби хунук диҳад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки бе мукофот нахоҳад монд». Исо ба дувоздаҳ шогирдаш вазифа дода, аз он ҷо ба шаҳрҳои гирду атроф барои таълим додан ва эълон кардани хушхабар равона шуд. Вақте ки Яҳёи Таъмиддиҳанда дар зиндон менишаст, хабари корҳои Масеҳ ба гӯшаш расид. Он гоҳ ӯ чанд нафар шогирдашро назди Исо фиристод. Онҳо омада аз Исо пурсиданд: «Оё Ту ҳамон шахсе ҳастӣ, ки омаданашро пешгӯйӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?» Исо ба онҳо дар ҷавоб гуфт: «Он чи мешунаведу мебинед, рафта ба Яҳё нақл кунед. Яъне бигӯед, ки чашмони кӯрон бино мешаваду лангон роҳ мегарданд, нафароне, ки гирифтори бемории пӯстанд, пок мешаванду карҳо мешунаванд, мурдагон зинда мешаванд ва ба бечорагон хушхабар эълон карда мешавад. Пас хушбахт аст касе, ки дар ҳаққи Ман шакку шубҳа намекунад». Ҳангоме ки шогирдони Яҳё ба роҳ даромаданд, Исо ба мардум дар бораи Яҳё суханашро оғоз кард: «Назди Яҳё ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани қамише, ки аз вазидани бод меҷунбад? Бигӯед, чаро рафта будед? Магар барои дидани одаме, ки либоси қимат мепӯшад? Охир, онҳое ки либоси қимат мепӯшанд, дар қасрҳо зиндагӣ мекунанд. Барои чӣ рафта будед? Барои дидани пайғамбар? Дуруст, аммо ба шумо мегӯям, ки шумо каси бузургтар аз пайғамбарро дидаед. Яҳё ҳамон шахсест, ки Худо дар борааш дар навиштаҷот гуфтааст: „Ман пешопеши Ту хабаррасони Худро мефиристам, то барои омаданат роҳ тайёр кунад“. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар байни ҳамаи онҳое, ки аз модар ба дунё омадаанд, бузургтар аз Яҳёи Таъмиддиҳанда касе пайдо нашудааст. Аммо шахси хурдтарин дар Подшоҳии Худо бузургтар аз Яҳё аст. Аз замони Яҳёи Таъмиддиҳанда то имрӯз Подшоҳии Худо ба зӯроварӣ дучор шудааст ва одамони боқудрат онро зӯран ба даст меоранд. Дар навиштаҷоти пайғамбарон ва шариати Мусо то замони Яҳё пешгӯйиҳо омадаанд. Агар шумо ба гуфтаҳои онҳо бовар кардан хоҳед, Яҳё ҳамон Илёс пайғамбар аст, ки омаданашро пешгӯйӣ карда буданд. Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад! Лекин ин наслро бо кӣ муқоиса намоям? Онҳо монанди кӯдаконе ҳастанд, ки дар кӯча бозӣ мекунанду як гурӯҳи онҳо ба гурӯҳи дигар мегӯяд: „Мо бароятон най навохтем, аммо шумо рақс накардед! Суруди мотам хондем, нагиристед“. Ҳамчунин Яҳё омада, рӯза медошт ва май наменӯшид, аммо ҳама мегуфтанд, ки ӯ ҷин дорад. Баъд Писари Одамизод омад, ки ҳам мехӯраду ҳам менӯшад, лекин ҳама мегӯянд: „Ӯ марди пурхӯру бадмаст ва дӯсти андозгирону гунаҳкорон аст!“ Лекин дуруст будани ҳикмати Худо аз натиҷаҳояш маълум мегардад». Аҳолии шаҳрҳое, ки дар он Исо мӯъҷизоти зиёд нишон дода буд, тавба накарданд ва аз гуноҳҳояшон даст накашиданд. Бино бар ин, Исо онҳоро таъна зада гуфт: «Эй аҳли Кӯразину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои пургуноҳи Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси мотам пӯшида, мӯйканон нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд. Лекин Ман ба шумо мегӯям, ки дар рӯзи қиёмат аҳволи мардуми Сур ва Сидун аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд! Инчунин шумо, эй аҳли Кафарнаҳум! Гумон мекунед, ки сари шумо то ба осмон мерасад, аммо шумо ба дӯзах партофта мешавед. Зеро, агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳри Садум рӯй медод, ин шаҳр то ҳол аз рӯйи замин нест намешуд. Лекин Ман ба шумо мегӯям, ки дар рӯзи қиёмат аҳволи мардуми Садум аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд!» Сипас, Исо гуфт: «Эй Падар, эй Худованди замину осмон, ба Ту шукр мегӯям, ки ин чизҳоро аз оқилон ва хирадмандон пинҳон кардию ба одамони одӣ ошкор сохтӣ. Бале, эй Падар, хоҳиши неки Ту чунин буд. Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ба ғайр аз Падар дигар ҳеҷ кас Писарро намешиносад. Инчунин, ҳеҷ кас Падарро намешиносад, ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар мехоҳад Падарро барояшон зоҳир созад. Эй ҳамаи касоне, ки аз бори вазнин монда шудаед, ба назди Ман биёед ва Ман ба шумо оромӣ мебахшам. Чуноне ки барзагов юғро бар гардан гирифта, бор мекашонад, шумо низ юғи Маро бар гардани худ монед. Ман нармдилу хоксор ҳастам ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт. Зеро юғи Ман осон ва бори Ман сабук аст». Рӯзе Исо аз байни киштзорҳои гандум мегузашт. Ин рӯзи шанбе буд ва шогирдонаш гурусна монда, хӯшаҳои гандумро канда, донаҳояшро мехӯрданд. Баъзе фарисиён инро дида назди Исо омада гуфтанд: «Инро бин, шогирдони Ту кореро карда истодаанд, ки дар рӯзи шанбе кардани он раво нест». Исо дар ҷавоб гуфт: «Магар шумо дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд, вақте ки бо ҳамроҳонаш гурусна монд, чӣ кор карда буд? Ӯ ба хонаи Худо даромада нони ба Худо тақдимшударо гирифта хӯрд. Ҳол он ки аз рӯйи шариат ӯ ва ҳамроҳонаш ба ин ҳақ надоштанд, чунки хӯрдани он нон фақат ба коҳинон мумкин буд. Ё наход дар шариати Мусо нахонда бошед, ки коҳинон ҳангоми дар маъбади Худо иҷро кардани вазифаҳои худ, қоидаҳои рӯзи шанберо вайрон мекунанд, вале айбдор ҳисоб намешаванд? Аммо ҳаминро дониста бошед, ки Шахси бузургтар аз маъбади Худо дар ин ҷост. Дар навиштаҷот Худо гуфтааст: „Ман мехоҳам, ки одамон раҳму шафқат нишон диҳанд, на қурбониҳо кунанд“. Агар шумо маънои ин гуфтаҳоро мефаҳмидед, одамони беайбро айбдор намекардед. Охир Писари Одамизод Хоҷаи рӯзи шанбе аст». Сипас, Исо аз он ҷо рафта, ба ҷамоатхона даромад. Дар он ҷо марде буд, ки дасташ хушк шуда буд. Баъзе аз ҳозирон, ки Исоро айбдор кардан мехостанд, аз Ӯ пурсиданд: «Оё аз рӯйи шариат дар рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат одамро шифо додан мумкин аст?» Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Агар шумо як гӯсфанде дошта бошеду он дар рӯзи шанбе ба чуқурӣ афтад, магар рафта, онро аз чоҳ намебароред? Қадри инсон бошад аз гӯсфанд хеле баландтар аст. Пас дар рӯзи шанбе некӣ кардан равост». Баъд ба марди дасташ хушкшуда гуфт: «Дастатро дароз кун». Вай дасташро дароз кард ва он мисли дасти дигараш сиҳат шуд. Он гоҳ фарисиён аз ҷамоатхона берун баромада нақшаи куштани Исоро кашиданд. Аммо Исо инро фаҳмида, аз он маҳалла баромада рафт. Одамони зиёд низ аз пайи Исо рафтанд ва Ӯ ҳамаи беморонро шифо дода, ба онҳо фармон дод, ки дар бораи Ӯ овоза паҳн накунанд. Ба ин восита пешгӯйии Ишаъё пайғамбар ба амал омад, ки гуфта буд: «Ин хизматгори Ман аст, ки Ӯро интихоб кардаам. Ӯ маҳбуби Ман ва боиси шодмониам аст. Ман Рӯҳамро бар Ӯ мефиристам ва Ӯ ба ҳамаи халқҳо адолатамро эълон мекунад. Ӯ бо ҳеҷ кас баҳс намекунад ё дод намезанад ё касе дар кӯчаҳо садои Ӯро нахоҳад шунид. То даме ки ростиро пойдор накунад, касеро, ки мисли қамиши хамшуда аст, нобуд намекунад ва касеро, ки ба монанди пилтаи нимсӯхтаи чароғ аст, хомӯш намесозад. Ҳамаи халқҳои рӯйи замин дар Ӯ умеди наҷотро мебинанд». Сипас, ба назди Исо марди ҷинзадаеро оварданд, ки аз сабаби ҷин доштанаш кӯр ва гунг буд. Исо вайро шифо дод ва ӯ ҳам бинову ҳам гӯё шуд. Тамоми мардум аз ин ҳодиса ба ҳайрат афтода мегуфтанд: «Магар ин Шахс насли Довуд нест, ки мо интизораш ҳастем?» Лекин фарисиён инро шунида чунин мегуфтанд: «Ӯ ҷинҳоро бо қудрати Баал-Забул, ки сардори ҷинҳо аст, берун мекунад». Исо, ки аз фикрҳои фарисиён бохабар буд, ба онҳо гуфт: «Ҳар давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, ба зудӣ барҳам мехӯрад ва ҳар шаҳр ё хонаводае, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, устувор намемонад. Агар шайтон худашро берун кунад, магар ин аломати он нест, ки ӯ дар дохили худ ба ду қисм ҷудо шудааст. Пас, наход ҳукмронии ӯ давом меёфта бошад? Агар Ман ҷинҳоро бо қудрати Баал-Забул берун кунам, пайравони шумо бо чӣ берун мекунанд? Онҳо бо кадом қудрат берун мекунанд? Онҳо исбот мекунанд, ки шумо нодуруст фикр мекунед. Аммо, агар Ман ба воситаи Рӯҳи Худо ҷинҳоро берун кунам, аз ин бармеояд, ки Подшоҳии Худо аллакай ба шумо омадааст. Инчунин чӣ гуна кас метавонад ба хонаи шахси пурзӯр даромада, молу мулкашро дуздад, ба ғайр аз он ки аввал дасту пойи он мардро бандад ва он вақт хонаи ӯро ғорат кунад. Ҳар кӣ бо Ман нест, муқобили Ман аст ва ҳар кӣ бо Ман одамонро назди Худо намеорад, онҳоро аз Худо дур мекунад. Аз ин рӯ, ба шумо мегӯям, ҳар гуноҳ ва сухани куфри инсон бахшида мешавад, вале касеро, ки бар зидди Рӯҳулқудс сухани куфр мегӯяд, Худо ҳаргиз намебахшад. Ҳар кас ки бар зидди Писари Одамизод сухан мегӯяд, бахшида мешавад, вале касе ки бар зидди Рӯҳулқудс сухане мегӯяд, Худо ӯро дар ду дунё намебахшад. Дарахти солим меваи хуб медиҳад, дарахти бад бошад, меваи бад медиҳад. Пас, чӣ хел будани дарахт аз мевааш маълум мегардад. Эй морзодагон! Дар сурате ки худатон бад ҳастед, чӣ гуна суханони нек гуфта метавонед? Он чизе ки дар дилатон ҳаст, лабрез шуда, аз забонатон мебарояд. Шахси нек аз хазинаи некаш чизҳои нек ва шахси бад аз хазинаи бадаш чизҳои бад берун меорад. Ҳаминро дониста бошед, ки дар рӯзи қиёмат шумо барои ҳар сухани ноҳақе, ки гуфтаед, ҷавоб хоҳед дод. Чунки аз рӯйи суханони худатон шумо ё сафед карда мешавед ё гунаҳкор ҳисоб мешавед». Он гоҳ баъзе аз фарисиён ва устодони шариат ба Исо гуфтанд: «Устод, мехостем, ки аз ҷониби Худо ба мо ягон аломате нишон диҳӣ». Лекин Исо ҷавоб дод: «Эй насли баду бевафо, шумо аломате талаб мекунед, вале ғайр аз аломати Юнус пайғамбар ба шумо аломати дигаре дода намешавад. Чи тавре ки Юнус се шабу се рӯзро дар шиками моҳӣ гузаронда буд, ҳамон тавр Писари Одамизод се шабу се рӯзро дар зери хок мегузаронад. Дар рӯзи қиёмат бошад, сокинони Нинве бархеста, ин наслро айбдор мекунанд, зеро онҳо бо шунидани пайғоми Юнус тавба карданду аз гуноҳҳояшон даст кашиданд. Ҳол он ки аз Юнус дида Шахси бузургтар дар ин ҷост! Дар рӯзи қиёмат маликаи сарзамини Сабо бархеста ин наслро айбдор мекунад, зеро ӯ аз як гӯшаи дунё барои шунидани ҳикмати шоҳ Сулаймон омада буд. Ҳол он ки аз Сулаймон дида Шахси бузургтар дар ин ҷост! Вақте ки рӯҳи нопок, яъне ҷин аз шахсе берун меравад, вай бо нияти пайдо кардани манзили зист ҷойҳои беобро давр мезанаду онро намеёбад. Ниҳоят рӯҳи нопок мегӯяд: „Ба хонаи пештараам бармегардам“ ва баргашта мебинад, ки ин хона холӣ ва батартибу рӯбучин шудааст. Пас рӯҳи нопок рафта, ҳафт рӯҳи аз худаш ҳам бадтарро ҳамроҳаш гирифта меорад ва ҳамаи онҳо ба он хона даромада зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷа аҳволи он шахс аз ҳолати аввалааш бадтар хоҳад буд. Бо насли бади ин замона чунин ҳодиса рӯй хоҳад дод». Ҳангоме ки Исо ҳанӯз ба мардум сухан гуфтанро давом медод, модару бародаронаш омаданд. Онҳо берун аз хона истода, хоҳиш карданд, ки бо Исо гап зананд. Касе аз байни одамон ба Исо гуфт: «Устод, модар ва бародаронат дар берун истодаанд ва мехоҳанд, ки бо Ту гап зананд». Исо дар ҷавоб гуфт: «Модари Ман кист ва бародарони Ман кистанд?» Баъд бо дасташ сӯйи шогирдонаш ишора карда, суханашро давом дод: «Инҳо модар ва бародарони Ман ҳастанд! Ҳар касе, ки хости Падари осмониамро иҷро мекунад, бародар, хоҳар ва модари Ман аст». Худи ҳамон рӯз Исо аз хона баромада, ба соҳили баҳр рафта нишаст. Азбаски дар гирдаш одамони зиёд ҷамъ шуданд, Исо ба қаиқе нишаст ва одамон бошанд, дар соҳил меистоданд. Исо бисёр чизҳоро ба онҳо бо масалҳо нақл мекард. Ӯ гуфт: «Рӯзе як деҳқон барои кишт кардан ба киштзор меравад. Ҳангоми дона коштанаш як миқдори он ба пайраҳа меафтад ва парандаҳо омада, онҳоро аз замин чида мехӯранд. Миқдори дигари он ба замини санглоху камхок меафтад. Аз сабаби чуқур набудани хоки замин он зуд месабзад. Вале бо баромадани офтоб майсаи навхез пажмурда шуда, аз сабаби решаи мустаҳкам надоштанаш хушк мешавад. Миқдори дигараш ба замини хордор меафтад ва хорҳо қад кашида майсаи навсабзидаро пахш мекунанд. Лекин баъзе донаҳо ба замини хуби ҳосилхез афтода, баъзе сад, баъзе шаст ва баъзе сӣ баробар зиёдтар ҳосил медиҳанд. Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!» Баъдтар шогирдони Исо ба наздаш омада пурсиданд: «Чаро Ту мардумро бо масалҳо таълим медиҳӣ?» Исо дар ҷавоб гуфт: «Фаҳмиши сирру асрори Подшоҳии Худо ба шумо ато шудааст, аммо аз онҳо ин чизҳо пинҳон аст. Чунки ба ҳар касе, ки чизе дорад, боз дода мешавад ва ӯ зиёдтар хоҳад дошт, аммо аз касе, ки надорад, ҳатто он андаке, ки дорад, гирифта мешавад. Барои ҳамин Ман ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯям: онҳо нигоҳ мекунанду намебинанд, гӯш медиҳанду аммо намешунаванд ва намефаҳманд. Ишаъё пайғамбар пешгӯйӣ карда гуфта буд: „Ин одамон гӯш кунанд ҳам, намефаҳманд; бо чашмонашон бинанд ҳам, дарк намекунанд, чунки зеҳни онҳо кунд ва гӯшҳояшон вазнин шудааст, ва онҳо чашмонашонро пӯшидаанд. Вагарна чашмонашон дида, гӯшҳояшон шунида ва ақлашон дарк карда метавонисту ба Ман рӯй меоварданд ва Ман онҳоро шифо медодам“. Ин пешгӯйӣ ҳақиқатан дар ҳаёти онҳо амалӣ мегардад. Аммо шумо хушбахт ҳастед, ки чашмонатон мебинанд ва гӯшҳоятон мешунаванд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки бисёр пайғамбарон ва некукорон дар орзуи дидан ва шунидани он чизҳое буданд, ки шумо мебинед ва мешунавед. Вале онҳо на диданду на шуниданд. Акнун маънои масали деҳқонро гӯш кунед. Баъзе касон каломро дар бораи Подшоҳии Худо мешунаванду онро намефаҳманд. Шайтон омада каломи дар дили онҳо кошташударо кашида мегирад. Ин ба монанди ба пайраҳа афтодани донаҳо аст. Ба замини санглох афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду дарҳол бо шодӣ онро қабул мекунанд. Вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳе устувор меистанд. Баъд ба хотири он ки ба каломи Худо бовар мекунанд, ба душворӣ ва азоб дучор шуда, зуд имони худро аз даст медиҳанд. Ба замини хорзор афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд, аммо ғаму ташвиши зиндагӣ ва орзуи сарват каломро пахш менамояд ва дар натиҷа он ҳеҷ ҳосиле намеорад. Вале ба замини ҳосилхез афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду онро мефаҳманд. Онҳо баъзан сад, баъзан шаст ва баъзан сӣ баробар бештар самар меоранд». Пас аз он Исо масали дигареро нақл кард: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин аст: шахсе ба заминаш донаҳои хубро мекорад. Лекин вақте ки ҳама хоб мераванд, душман омада, дар байни гандум тухми алафи бегонаро пошида, меравад. Сипас, баробари сабзидану сарак баровардани гандум, алафи бегона низ намоён мегардад. Хизматгорон назди соҳиби киштзор омада мегӯянд: „Хоҷа, шумо дар киштзоратон донаҳои хушсифати гандумро кошта будеду ин алафи бегона аз куҷо пайдо шуд?“ Ӯ ба онҳо ҷавоб дода мегӯяд: „Ин кори душман аст“. Хизматгорон боз мепурсанд: „Мехоҳед, ки мо рафта онҳоро канда партоем?“ „Не, – мегӯяд соҳиби киштзор, – чунки алафи бегонаро канданӣ шуда боз баъзе гандумро ҳам канда напартоед. Бигзор то вақти дарав ҳам гандум ва ҳам алафи бегона истад. Он вақт ба даравгарон фармон медиҳам, ки аввал алафи бегонаро канда, даста карда сӯзонанд, баъд гандумро даравида, дар анборам ҷамъ кунанд“». Исо ба онҳо боз масали дигареро нақл кард: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин аст: шахсе тухми хардалро гирифта, дар замини худ мекорад. Ин тухм аз ҳамаи тухмҳои рӯйи дунё майдатарин мебошад, вале вақте ки он месабзад, аз ҳамаи растаниҳо калонтар шуда, ба дарахт мубаддал мегардад ва парандаҳо омада, дар шохаҳои он лона месозанд». Масали дигаре, ки Вай ба онҳо нақл кард, ин буд: «Подшоҳии Худо ба мисли хамиртурушест, ки зане онро гирифта, бо як халта орд омехта, хамир кард ва тамоми хамир расид». Исо ҳама чизро ба мардум бо масалҳо баён мекард ва бе масал ба онҳо ҳеҷ чиз намегуфт, то ба амал ояд суханони пайғамбаре, ки гуфта буд: «Ман ба онҳо бо масалҳо сухан меронам ва чизҳои аз офариниш пинҳонро нақл мекунам». Вақте ки Исо аз пеши мардум ба хона рафт, шогирдонаш ба наздаш омада хоҳиш карданд, ки Ӯ масали дар бораи алафи бегона нақлкардаашро ба онҳо маънидод кунад. Вай дар ҷавоб гуфт: «Шахсе, ки донаҳои хушсифатро мекорад, Писари Одамизод аст, киштзор ин ҷаҳон аст, донаҳои гандум шахсоне ҳастанд, ки ба Подшоҳии Худо тааллуқ доранд. Алафи бегона бошад, одамони шайтон ҳастанд ва душмане, ки тухми алафи бегонаро мекорад, шайтон мебошад. Мавсими дарав охирзамон аст, даравгарон бошанд, фариштаҳоянд. Чи тавре ки алафи бегонаро ҷамъ карда, дар оташ месӯзонанд, айнан ҳамин тавр дар охирзамон рӯй медиҳад. Яъне Писари Одамизод фариштаҳои Худро мефиристад, то ки ҳамаи бадкорон ва ҳамаи васвасакоронро аз дохили Подшоҳии Вай ҷудо карда гирифта ба оташи сӯзон партоянд. Дар он ҷо бошад, одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд. Аммо некукорон дар Подшоҳии Падарашон мисли офтоб медурахшанд. Пас ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад! Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин аст: рӯзе шахсе дар киштзор ганҷинаи пинҳоншударо ёфта, онро боз пинҳон мекунад. Ӯ аз шодӣ тамоми дороияшро фурӯхта, ҳамон киштзорро мехарад. Инчунин Подшоҳии Худо ба савдогаре монанд аст, ки марворидҳои зебо меҷуст ва ҳангоме ки як марвориди гаронбаҳо меёбад, рафта тамоми молу мулкашро фурӯхта онро мехарад. Инчунин Подшоҳии Худо ба мисли тӯре аст, ки моҳигирон онро ба баҳр партофтанд ва ба он ҳар гуна моҳӣ даромад. Вақте ки он пур шуд, моҳигирон онро ба соҳил кашиданд ва нишаста хубашро ба сабадҳо андохтанду бадашро партофтанд. Дар охирзамон низ ҳамин тавр рӯй медиҳад: фариштаҳо баромада, одамони бадкирдорро аз байни некукорон ҷудо мекунанд. Одамони бадкирдорро ба оташи сӯзон мепартоянд, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд». Исо аз шогирдонаш пурсид: «Шумо ин гуфтаҳоямро фаҳмидед?» «Фаҳмидем», – ҷавоб доданд онҳо. Ӯ давом дода гуфт: «Пас, ҳар устоди шариат, ки дар Подшоҳии Худо таълим ёфтааст, монанди соҳиби хона аст, ки аз ганҷинаи худ чизҳои нав ва куҳнаро берун мебарорад». Исо нақл кардани масалҳоро тамом карда, аз он ҷо баромад ва ба шаҳри Худ баргашт. Ӯ дар ҷамоатхонаи он ҷо таълим медод ва онҳое, ки таълимоташро мешуниданд, ангушти ҳайрат газида ба якдигар мегуфтанд: «Аз куҷо Ӯ ин қадар ҳикмату қобилияти муъҷизакорӣ дорад? Магар Ӯ ҳамон Исои писари дуредгар нест, ки модараш Марям ва бародаронаш Яъқубу Юсуфу Шимъуну Яҳудо ҳастанд? Магар ҳамаи хоҳаронаш дар шаҳри мо зиндагӣ намекунанд? Ӯ аз куҷо ин қадар ҳикмату қудрат дорад?» Онҳо дар ҳаққи Исо шакку шубҳа карданд. Ӯ бошад, ба онҳо гуфт: «Пайғамбар дар диёри Худ ва дар байни хонадони худ қадр надорад, вале дар ҳама ҷойи дигар ӯро бо эҳтиром қабул мекунанд». Аз сабаби он ки онҳо ба Исо боварӣ надоштанд, Ӯ дар он ҷо муъҷизаи зиёд нишон надод. Дар он айём овоза дар бораи Исо то ба гӯши Ҳиродусе, ки ҳокими вилояти Ҷалил буд, расид. Ҳиродус ба мансабдоронаш гуфт, ки ин мард ҳамон Яҳёи Таъмиддиҳанда аст, ки зинда шудааст ва барои ҳамин Ӯ чунин қудрати муъҷизакорӣ дорад. Пеш аз марги Яҳёи Таъмиддиҳанда, Ҳиродус зани бародараш Филиппус, Ҳиродияро ба занӣ гирифта буд. Лекин Яҳё ба ӯ гуфта буд: «Аз рӯйи шариат ба шумо гирифтани зани бародаратон раво нест». Барои ҳамин Ҳиродус фармон дод, ки Яҳёро дастгир намуда, дасту пояшро баста, ҳабс кунанд. Ҳиродус мехост Яҳёро ба қатл расонад, аммо аз халқ метарсид, зеро халқ Яҳёро пайғамбар меҳисобид. Аммо вақте ки Ҳиродус рӯзи таваллуди худро ҷашн мегирифт, духтари Ҳиродия дар пеши меҳмонон рақс карда, Ҳиродусро мафтун кард. Ҳиродус қасам хӯрда ба духтар ваъда дод: «Ҳар чи аз ман талаб кунӣ, бароят медиҳам!» Духтар аз рӯйи маслиҳати модараш гуфт: «Бароям сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар рӯйи табақ оварда диҳед». Ҳоким ғамгин гашт, вале ба хотири қасами дар пеши меҳмонон хӯрдааш, амр дод, ки хоҳиши духтар иҷро карда шавад. Ҷаллоди фиристодааш дар зиндон сари Яҳёро аз танаш ҷудо кард ва дар рӯйи табақе ба духтар оварда дод. Духтар бошад, онро ба модараш бурд. Баъд аз ин шогирдони Яҳё омада, ҷасади ӯро бурда гӯрониданд ва ҳодисаи рӯйдодаро рафта ба Исо нақл карданд. Ин ҳодисаро шунида, Исо ба қаиқ савор шуда, Худаш танҳо ба ҷойи беодаме рафт. Мардум аз ин огоҳ шуданду аз шаҳрҳои худ баромада пиёда аз пайи Ӯ рафтанд. Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, мардуми зиёдеро дида, ба ҳоли онҳо раҳмаш омад ва беморонеро, ки дар байнашон буд, шифо дод. Рӯз ба охир мерасид ва шогирдони Исо ба наздаш омада гуфтанд: «Устод! Ин як ҷойи беодам аст, рӯз торик шуд. Мардумро ҷавоб бидеҳ, то ки ба деҳаҳои гирду атроф рафта, барои худ хӯрокворӣ харанд». «Ба ҳеҷ ҷо рафтанашон лозим нест, – ҷавоб дод Исо. – Шумо ба онҳо хӯрок диҳед!» Онҳо гуфтанд: «Охир мо дар ин ҷо фақат панҷ нону ду моҳӣ дорем». «Онҳоро ба Ман оварда диҳед» – гуфт Исо ва ба мардум фармон дод, ки рӯйи сабзазор нишинанд. Баъд Ӯ он панҷ нону ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу шукр гуфт ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод. Шогирдонаш нонпораҳоро ба мардум тақсим карданд. Ҳама то сер шудан хӯрданд ва сипас шогирдон дувоздаҳ сабадро аз нонпораҳои боқимонда пур карданд. Шумораи онҳое, ки нону моҳӣ хӯрда буданд, ғайр аз занону кӯдакон, тақрибан панҷ ҳазор нафар буд. Сипас, Исо ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пешопеши Ӯ ба дигар тарафи баҳр раванд. Ӯ Худаш дар он ҷо монд, то ки мардумро ҷавоб диҳад. Пас аз он барои дар танҳоӣ дуо кардан ба кӯҳе баромад. Баъд аз нишасти офтоб ҳам Ӯ яккаву танҳо дар он ҷо буд. Қаиқ бошад, аз соҳил хеле дур рафта буд ва аз сабаби боди сахте, ки мухолифи он мевазид, мавҷҳои баҳр қаиқро алвонҷ медоданд. Ҳанӯз чашми рӯз накафида, Исо рӯ-рӯйи об қадамзанон ба тарафи шогирдонаш равона шуд. Шогирдон Исоро диданд, ки дар рӯйи об қадам мезад. Онҳо «Ин арвоҳ! Арвоҳ!» гӯён аз тарсу ваҳм дод заданд. Аммо Ӯ зуд ба онҳо гуфт: «Далер бошед! Натарсед! Ин Манам». Он гоҳ Петрус гуфт: «Хоҷа, агар дар ҳақиқат ин Ту бошӣ, ба ман амр намо, ки рӯ-рӯйи об қадамзанон назди Ту биёям». «Биё», – амр дод Ӯ. Инак, Петрус аз қаиқ баромада, дар рӯйи об қадамзанон ба Исо наздик шуд. Лекин сахт вазидани шамолро дида тарсид ва қариб ғарқ шуда фарёд зад: «Хоҷа, маро наҷот деҳ!» Исо зуд дасташро дароз карда, Петрусро дошта гирифт ва гуфт: «Ин қадар имонат суст аст? Чаро шубҳа кардӣ?» Вақте ки онҳо ба қаиқ савор шуданд, шамол аз вазидан бозмонд. Он гоҳ онҳое, ки дар қаиқ нишаста буданд, ба Исо саҷда карда гуфтанд: «Ту дар ҳақиқат Писари Худо ҳастӣ!» Онҳо аз баҳр гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омада расиданд. Мардуми он ҷо Исоро шинохтанд ва ба гирду атрофи он сарзамин одамонро фиристоданд, то ки беморонро назди Ӯ гирифта биёранд. Онҳо аз Исо илтимос мекарданд, ки ақаллан ба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки даст мерасонд, шифо меёфт. Сипас, чанд нафар фарисиёну устодони шариат аз Уршалим ба назди Исо омада пурсиданд: «Чаро шогирдони Ту урфу одатҳои аҷдодони моро вайрон мекунанд? Онҳо дастонашонро нашуста хӯрок мехӯранд!» Ӯ ҷавоб дод: «Чаро худатон барои иҷро кардани урфу одатҳоятон фармудаҳои Худоро вайрон мекунед? Худо ба мо фармудааст: „Падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо“ ва „агар касе волидонашро лаънат кунад, ҳатман кушта шавад“. Шумо бошед, таълим медиҳед, ки агар касе ба падару модараш ёрӣ надода, он чизро ба Худо бахшад, он гоҳ ҳоҷат нест, ки падарашро эҳтиром кунад. Ҳамин тавр шумо ба хотири урфу одатҳоятон фармудаҳои Худоро барҳам медиҳед. Эй одамони дурӯя! Ишаъё пайғамбар дар бораи шумо дуруст пешгӯйӣ кардааст: „Худо мегӯяд, ки ин одамон фақат бо забон Маро ҳурмат мекунанд, вале дилашон аз Ман дур аст. Онҳо Маро беҳуда парастиш мекунанд, чунки қоидаҳои инсониро ҳамчун қонуни Худо таълим медиҳанд!“» Баъд Исо мардумро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ҳамин чизро донед, ки он чи ба даҳон медарояд, одамро ҳаром намекунад, балки он чи аз даҳон мебарояд, ӯро ҳаром мекунад». Он гоҳ шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда гуфтанд: «Фарисиён аз суханони Ту ранҷиданд». Исо дар ҷавоб гуфт: «Ҳар растание, ки Падари осмонии Ман нашинондааст, бо решааш канда партофта мешавад. Ба фарисиён аҳамият надиҳед. Онҳо худашон кӯр ҳастанду боз кӯрони дигарро роҳнамоӣ мекунанд. Агар кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон диҳад, ҳар дуяшон ба чоҳ меафтанд». Дар ин вақт Петрус аз Исо пурсид: «Он чи ба даҳан медарояд, одамро ҳаром намекунад гуфтӣ, ин масал чӣ маъно дорад?» Исо ба онҳо гуфт: «Наход то ҳол нафаҳмида бошед? Магар намедонед, ки он чи шумо мехӯред, аз даҳон медарояду баъд аз шикам гузашта берун мебарояд? Лекин он чи аз даҳан мебарояд, одамро ҳаром мекунад, чунки он аз дили одам бармеояд. Зеро аз дил хаёлоти бад, қатл, зино, гуноҳи ҷинсӣ, дуздӣ, шаҳодати бардурӯғ ва туҳмат пайдо мешавад. Ин гуна чизҳо одамро ҳаром мекунанд. Аммо дастро нашуста хӯрок хӯрдан одамро ҳаром намекунад». Исо аз он ҷо баромада, ба наздикиҳои шаҳрҳои Суру Сидун рафт. Як зани канъонӣ, ки дар он маҳал зиндагӣ мекард, додзанон омада гуфт: «Эй Хоҷа, насли шоҳ Довуд! Ба ман раҳм бикун! Духтарам ҷинзада асту бисёр азоб мекашад». Аммо Исо ҳеҷ ҷавобе надод. Шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда, хоҳиш карда гуфтанд: «Ин зан додзанону нолакунон аз дунболи мо омада истодааст. Ӯро ҷавоб бидеҳ!» Исо гуфт: «Ман фақат ба назди гӯсфандони гумроҳшудаи халқи Исроил фиристода шудаам!» Лекин он зан назди Исо омада, зону зада гуфт: «Эй Хоҷа, ба ман ёрӣ деҳ!» Вай ҷавоб гардонд: «Нони фарзандонро гирифта, ба назди сагон партофтан нодуруст аст». «Рост мегӯйӣ, Хоҷаам, – гуфт дар ҷавоб зан, – лекин сагон ҳам нонрезаҳои аз дастархони соҳибонашон афтодаро мехӯранд». Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Имонат боқувват аст, эй зан! Он чи мехостӣ, бароят иҷро мешавад». Худи ҳамон лаҳза духтари зан шифо ёфт. Исо он ҷойро тарк карда қад-қади баҳри Ҷалил рафта ба кӯҳе баромада, дар он ҷо нишаст. Ба назди Ӯ тӯда-тӯда одамон омада, бо худ одамони лангу маъюб, кӯру гунг ва боз ҳар гуна беморони гуногунро оварда, пеши пойҳояш мегузоштанд ва Исо онҳоро шифо медод. Дар пеши назари мардум гунгҳо гап мезаданду лангҳо роҳ мерафтанд, кӯрон бино ва маъюбон сиҳат мегаштанд. Инро дида ҳама ҳайрон монданд ва Худои Исроилро ситоиш карданд. Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ба ин одамон раҳмам меояд, онҳо се рӯз боз бо Ман ҳастанд ва дигар хӯрдание надоранд. Ман намехоҳам, ки онҳоро аз пеши Худ гурусна ҷавоб диҳам, мабодо дар роҳ беҳол нашаванд». Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Аз куҷо дар биёбон он қадар нон ёбем, ки чунин мардуми зиёдро сер кунем?» Исо аз онҳо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» «Ҳафтто, – ҷавоб доданд онҳо – ва якчанд моҳии майда ҳам дорем». Ӯ ба мардум фармуд, ки рӯйи замин бишинанд. Баъд Ӯ ҳафт нону моҳиро гирифта, Худоро шукр гуфта, онҳоро пора кард ва ба шогирдонаш дод. Шогирдонаш нонпораҳоро ба мардум тақсим карданд. Мардум то сер шудан хӯрданд ва сипас шогирдон ҳафт сабадро аз нонпораҳои боқимонда пур карданд. Шумораи онҳое, ки нону моҳӣ хӯрда буданд, ғайр аз занону кӯдакон чор ҳазор нафар буд. Сипас, Исо мардумро ҷавоб дода, ба қаиқ савор шуда, ба сарзамини Маҷдал рафт. Баъд аз чанд вақт ба назди Исо баъзе аз фарисиён ва саддуқиён омаданд. Онҳо Ӯро озмуданӣ шуда, талаб намуданд, ки барояшон аз ҷониби Худо аломате диҳад. Аммо Исо дар ҷавоб гуфт: «Агар шомгоҳон осмон кушода бошад, шумо мегӯед, ки пагоҳ ҳавои нағз мешавад. Агар субҳидам осмон тираву гирифта бошад, мегӯед, ки имрӯз шамолу борон мешавад. Шумо аломатҳои осмонро дида, боду ҳаворо фаҳмида метавонеду аломатҳои замонаро дида, онҳоро муайян карда наметавонед. Фақат насли баду бевафо аломат талаб мекунад! Худо ба ин насл ба ғайр аз аломате, ки ба Юнус пайғамбар рӯй дод, аломати дигаре намедиҳад». Инро гуфта Ӯ аз наздашон рафт. Вақте ки шогирдон ба тарафи дигари баҳр расиданд, диданд, ки бо худ нон гирифтанро фаромӯш кардаанд. Исо ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши фарисиёну саддуқиён эҳтиёт кунед». Он гоҳ шогирдонаш ба якдигар мегуфтанд: «Ӯ аз сабаби бо худ нон нагирифтанамон инро гуфт». Лекин Исо инро фаҳмида гуфт: «Имонатон суст аст! Чаро шумо нон нагирифтанатонро фикр мекунед? Наход то ҳол ҳеҷ чиз нафаҳмида бошед? Магар он панҷ нонро дар ёд надоред, ки чӣ хел панҷ ҳазор нафар хӯрданду боз боқимондаашро дар якчанд сабад ҷамъ кардед? Ё он ҳафт нонро, ки чор ҳазор нафар хӯрданду боз боқимондаашро дар якчанд сабад ҷамъ кардед, дар ёд надоред? Чӣ тавр шумо намефаҳмед, ки Ман нонро дар назар надорам? Балки гуфтанӣ ҳастам, ки худро аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён эҳтиёт кунед!» Он гоҳ шогирдон фаҳмиданд, ки Ӯ на аз хамиртуруши нон, балки аз таълимоти фарисиёну саддуқиён эҳтиёт шуданро дар назар дошт. Исо бо шогирдонаш ба вилояте рафт, ки дар атрофи шаҳри Қайсарияи Филиппус ҷойгир шуда буд. Дар он ҷо Ӯ ба онҳо савол дод: «Одамон Писари Одамизодро кӣ мегӯянд?» Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Ту Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастӣ, қисми дигари одамон мегӯянд, ки Илёс ё Ирмиё ва ё яке аз пайғамбарони гузаштаи дигар омадааст». Исо аз онҳо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» Шимъуни Петрус ба Ӯ ҷавоб дод: «Ту Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо ва Писари Худои зинда ҳастӣ». Он гоҳ Исо ба Петрус гуфт: «Ту хушбахт ҳастӣ, Шимъун, писари Юнус! Чунки инро ба ту на одамон, балки Падари Ман, ки дар осмон аст, кушодааст. Бино бар ин, ба ту мегӯям, ки ту Петрус, яъне санг ҳастӣ ва дар болои ин санг Ман ҷамоати Худро бино менамоям, ки онро ҳатто қувваҳои марг мағлуб карда наметавонанд. Ман ба ту калидҳои Подшоҳии Худоро медиҳам ва ҳар чиро ки ту дар замин манъ кунӣ, Худо онро аз осмон манъ мекунад ва ба ҳар чи ки иҷозат диҳӣ, Худо ба он аз осмон иҷозат медиҳад». Он гоҳ Исо ба шогирдонаш таъкид кард, ки Масеҳ будани Ӯро ба касе нагӯянд. Аз ҳамон вақт сар карда Ӯ ба шогирдонаш ошкоро мегуфт, ки бояд ба Уршалим равад ва дар он ҷо аз дасти пирони қавм, коҳинони калон ва устодони шариат бисёр азоб кашад. Оқибат Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз зинда мешавад. Петрус бошад, Исоро як сӯ бурда сарзаниш карда гуфт: «Эй Хоҷа, Худо нишон надиҳад! Он чи гуфтӣ, ба сарат наояд!» Лекин Вай ба Петрус рӯй оварда гуфт: «Дур шав аз Ман, эй шайтон! Ту пеши роҳи Маро мегирӣ, чунки ту на мисли Худо, балки мисли инсон фикр мекунӣ!» Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Агар касе пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз хоҳишҳои худ рӯй гардонда, салиби азобу маргашро бардошта, Маро пайравӣ кунад. Зеро касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар касе, ки ба хотири Ман ҳаёташро фидо мекунад, онро нигоҳ медорад. Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад? Магар одамизод бар ивази ҷони худ товоне дода метавонад? Писари Одамизод бо шуҳрату ҷалоли Падараш ҳамроҳи фариштаҳои Худ омада, ба ҳама мувофиқи амалашон подош медиҳад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки дар ин ҷо касоне ҳастанд, ки ҳанӯз аз дунё нагузашта, Писари Одамизодро мебинанд, ки барои подшоҳӣ кардан меояд». Пас аз шаш рӯз Исо танҳо Петрус ва бародарон Яъқуб ва Юҳанноро ҳамроҳаш гирифта, ба кӯҳи баланде баромад. Баъд дар пеши назари шогирдон намуди зоҳирии Ӯ дигаргун шуд. Чеҳрааш монанди офтоб дурахшид, либосаш ҳам мисли равшании нур сап-сафед шуд. Ногаҳон Мусо ва Илёс пайғамбар дар пеши назари шогирдон пайдо шуданд ва бо Исо суҳбат карданд. Петрус ба Исо гуфт: «Хоҷа, чӣ қадар хуб аст, ки мо ин ҷо ҳастем. Агар хоҳӣ ман дар ин ҷо се хайма месозам, яке барои Ту, дигаре барои Мусо ва сеюм барои Илёс». Ҳанӯз вай суханашро тамом накарда, абри дурахшоне пайдо шуда, онҳоро фаро гирифт ва аз он овозе баромад: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хушнудам. Ӯро гӯш кунед». Аз шунидани ин овоз шогирдонро ваҳм фаро гирифт ва онҳо худро ба рӯйи замин партофтанд. Аммо Исо ба наздашон омада, ба онҳо даст расонда гуфт: «Бархезед ва аз ҳеҷ чиз натарсед». Онҳо ба боло нигоҳ карданд ва ғайр аз Исо касеро надиданд. Вақте ки онҳо аз кӯҳ пойин мефаромаданд, Исо ба шогирдон фармуд, то даме ки Писари Одамизод аз мурдагон зинда нашавад, чизи дидаашонро ба касе нақл накунанд. Он гоҳ шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Чаро устодони шариат мегӯянд, ки пеш аз Масеҳ бояд Илёс биёяд?» «Дуруст, – ҷавоб дод Ӯ, – аввал бояд Илёс биёяд ва ҳама чизро барқарор намояд. Лекин ба шумо мегӯям, ки Илёс аллакай омадааст ва одамон вайро нашинохтанду ҳар коре, ки хостанд, ба вай карданд. Бо Писари Одамизод низ ҳамон тавр рафтор хоҳанд кард». Он вақт шогирдонаш фаҳмиданд, ки Исо Илёс гуфта, Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар назар дошт. Ҳангоме ки онҳо назди мардум баргаштанд, марде пеши Исо омада ба зону истода гуфт: «Хоҷа, ба писарам раҳм бикун! Вай тез-тез аз ҳуш рафта, шах мешавад ва бениҳоят азоб мекашад. Аз ин рӯ, ӯ худро зуд-зуд ба оташ ё ба об мепартояд. Вайро ба назди шогирдонат овардам, лекин онҳо ӯро шифо дода натавонистанд». Исо ҷавоб дод: «Эй насли беимону каҷрафтор! То кай бо шумо бошам? То кай шуморо тоқат кунам? Вайро ба наздам биёред!» Бачаро гирифта ба наздаш оварданд ва Ӯ ба ҷин фармон дод, ки аз бача берун барояд. Ҷин берун баромад ва бача худи ҳамон лаҳза сиҳат гашт. Сипас, шогирдон дар танҳоӣ аз Исо пурсиданд: «Чаро мо ҷинро берун карда натавонистем?» Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Аз сабаби сустимониатон. Агар шумо ҳатто ба андозаи донаи хардал имон медоштеду ба ин кӯҳ „Аз ин ҷо ба он ҷо гузар“ мегуфтед, он ба шумо итоат мекард. Барои имондор ҳеҷ кор ғайриимкон нест». Ҳангоме ки шогирдон дар Ҷалил ҷамъ омаданд, Исо ба онҳо гуфт: «Писари Одамизод ба дасти одамон супорида мешавад ва онҳо Ӯро мекушанд, лекин дар рӯзи сеюм Ӯ зинда мегардад». Аз шунидани ин суханон шогирдонаш бисёр ғамгин шуданд. Вақте ки Исо бо шогирдонаш ба Кафарнаҳум омад, касоне ки барои маъбади Худо андоз ҷамъ мекарданд, назди Петрус омада пурсиданд: «Магар Устоди ту андоз намесупорад?» «Албатта месупорад», – ҷавоб дод Петрус. Баъд Петрус ба хона даромад ва ҳанӯз ӯ даҳон накушода, Исо ба вай гуфт: «Шимъун, ба фикри ту подшоҳон андозу хироҷро аз кӣ меситонанд? Аз одамони худӣ ё бегонагон?» «Аз бегонагон», – ҷавоб дод Петрус. Исо гуфт: «Пас фарзандони подшоҳ аз ин вазифа озоданд. Лекин барои наранҷонидани ин одамон ба сӯйи баҳр рафта бо шасти моҳигирӣ сайд кун. Аз даҳони моҳии аввалине, ки сайд мекунӣ, тангаеро меёбӣ ва ин тангаро гирифта аз номи Ман ва худат андоз супор». Дар ин вақт ба пеши Исо шогирдонаш омада пурсиданд: «Дар Подшоҳии Худо кӣ бузургтар аст?» Исо ба наздаш як кӯдакро хонда, ӯро дар пеши шогирдон гузошта ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар сӯйи Худо барнагардед ва монанди кӯдакон нашавед, ҳаргиз ба Подшоҳии Худо намедароед. Пас ҳар кӣ ба мисли ин кӯдак хоксор бошад, дар Подшоҳии Худо бузургтар аст ва ҳар касе ки чунин кӯдакро ба хотири номи Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад. Лекин вой бар ҳоли касе, ки яке аз ин пайравони хурди ба Ман имоновардаро гумроҳ кунад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ба гарданаш санги осиёбро баста, ба баҳри чуқур партоянд. Вой бар ҳоли одамони ин олам аз дасти васвасаҳо! Васвасаҳо ҳамеша пайдо мешаванд, вале вой бар ҳоли васвасакорон! Агар даст ё поят туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто. Назар ба он ки бо ду дасту пой ба оташи абадии дӯзах партофта шавӣ, беҳтар аст, ки бе як даст ё пой соҳиби ҳаёт шавӣ. Инчунин, агар чашмат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда парто, зеро назар ба он ки бо ду чашм ба оташи дӯзах партофта шавӣ, беҳтар аст, ки бо як чашм соҳиби ҳаёт шавӣ. Эҳтиёт шавед, ҳатто ба хурдтарин пайрави Ман беҳурматӣ накунед, зеро ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои онҳо ҳамеша дар назди Падари осмониам ҳузур доранд. Чӣ фикр мекунед? Агар касе сад гӯсфанд дошта бошад ва яке аз онҳо гум шавад, оё вай наваду нуҳтояшро дар кӯҳсор гузошта, ба ҷустуҷӯи гӯсфанди гумшудааш намеравад? Баъд аз ёфтанаш ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки барои ин гӯсфанд назар ба он наваду нуҳ гӯсфанде, ки гум нашудаанд, бештар хурсандӣ мекунад. Падари осмонии шумо низ ҳаргиз намехоҳад, ки яке аз пайравони хурдтарини Ман нобуд шавад. Агар бародар ё хоҳар ба ту бадӣ кунад, байни худат ва ӯ дар танҳоӣ гуноҳашро фаҳмон. Агар ӯ ба сухани ту гӯш диҳад, дон, ки вайро аз нав ҳамчун бародар ё хоҳар пайдо кардаӣ. Вале агар гӯш надиҳад, як ё ду каси дигарро ҳамроҳи худ гир, то аз забони ду ё се шоҳид суханонат тасдиқ шавад. Агар ба онҳо гӯш надиҳад, ба ҷамоат гӯй ва агар ба ҷамоати имондорон низ гӯш надиҳад, бигзор ӯ барои ту ҳамчун андозгири беинсоф ё одами беимон бошад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар чиро, ки шумо дар замин манъ кунед, Худо онро аз осмон манъ мекунад ва ба ҳар чи ки иҷозат диҳед, Худо ба он аз осмон иҷозат медиҳад. Боз ба шумо мегӯям, ки агар дар замин ду каси шумо бо розигии якдигар барои ягон чиз дуо кунед, Падари осмониам ҳатман бароятон ҳамон чизро медиҳад. Зеро дар ҷое ки ду ё се кас ба хотири номи Ман ҷамъ мешаванд, Ман дар байни онҳо ҳузур дорам». Он гоҳ Петрус назди Исо омада гуфт: «Хоҷа, чанд бор бародари худро, ки ба ман бадӣ карда бошад, бахшам? Оё то ҳафт бор?» Ӯ ҷавоб дод: «Не, ҳафтоду ҳафт бор бубахш. Зеро Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин аст: Рӯзе як шоҳ хост, ки қарзҳои хизматгоронашро ҳисоб кунад. Вақте ки ҳисобу китобро сар кард, ба наздаш хизматгореро оварданд, ки аз шоҳ даҳ ҳазор халтача тилло қарздор буд. Азбаски хизматгор аз ӯҳдаи баргардондани қарз намебаромад, шоҳ амр дод, ки ба ҷойи қарзаш ӯ бо зану фарзандонаш ва тамоми молу мулкаш фурӯхта шавад. Он хизматгор худро пеши пойҳои шоҳ партофта зорию тавалло кард: „Илтимос, ба ман муҳлат диҳед ва ман тамоми қарзамро бармегардонам“. Шоҳ ба ҳоли хизматгор раҳм карду қарзашро ба вай бахшида, ӯро ҷавоб дод. Лекин чун хизматгор берун рафт, рафиқашро дид, ки аз ӯ сад тангаи нуқра қарздор буд. Ӯ вайро сахт дошта, гулӯяшро фишурда гуфт: „Қарзатро баргардон“. Рафиқаш худро ба рӯйи замин партофта, зориву тавалло кард: „Илтимос, муҳлат деҳ ва ман қарзамро бармегардонам“. Аммо хизматгор розӣ нашуда, рафиқашро ба зиндон андохт, то ки вай қарзашро супорад. Чун дигар хизматгорон ин воқеаро диданд, бисёр ғамгин шуданд ва назди шоҳ омада, ҳар он чи рӯй дода буд, ба вай нақл карданд. Шоҳ он хизматгорро ба наздаш хонда гуфт: „Эй хизматгори бад! Ту маро зориву тавалло кардӣ ва ман ба ту тамоми қарзатро бахшидам ва ба ту раҳм кардам. Пас ту ҳам бояд ба рафиқат раҳм мекардӣ“. Шоҳ дар ғазаб шуда, амр дод, ки ин хизматгорро то пурра супоридани қарзаш ба ҳабс партоянд, то азоб кашад. Хуллас, агар бародаратонро аз самими дил набахшед, Падари осмониам бо шумо монанди он шоҳ рафтор мекунад». Исо суханонашро ба охир расонда, аз вилояти Ҷалил сӯйи сарзамини Яҳудия, ки дар тарафи дигари Урдун ҷойгир буд, раҳсипор шуд. Мардуми бисёре аз паси Ӯ рафтанд ва Ӯ онҳоро шифо дод. Фарисиён Исоро санҷиданӣ шуда пурсиданд: «Оё аз рӯйи шариат мумкин аст, ки мард бо ҳар сабаб аз занаш ҷудо шавад?» Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Магар дар навиштаҷот нахондаед, ки Офарандаи одамизод аз ибтидо „онҳоро мард ва зан офарид“? Боз дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Аз ҳамин сабаб мард падару модари худро гузошта, ба зани худ мепайвандад ва онҳо як тан мешаванд“. Акнун онҳо на ду тан, балки як тан мебошанд. Пас бигзор касе зану шавҳарро аз ҳамдигар ҷудо накунад, зеро Худо он ду нафарро бо ҳам пайвастааст». Фарисиён боз пурсиданд: «Пас чаро Мусо фармудааст, ки барои ҷудо шудан мард ба занаш талоқномае дода, аз ӯ ҷудо шавад?» Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ба сабаби кундфаҳмию саркашиатон Мусо иҷозати ҷудо шуданро додааст, аммо аз аввал ин тавр набуд. Ман ба шумо мегӯям, ки агар марде бо ҳар сабабе, ғайр аз зино аз занаш ҷудо шуда, зани дигар гирад, зинокор аст». Шогирдони Исо гуфтанд: «Устод, агар вазифаи шавҳар нисбат ба зан ин хел бошад, он гоҳ ба мард беҳтар аст, ки тамоман зан нагирад». «На ҳама ин гуфтаҳоро қабул карда метавонанд, – ҷавоб дод Ӯ, – фақат касоне, ки Худо ба онҳо чунин қобилият додааст, онро қабул мекунанд. Зеро баъзеҳо мисли ахташуда таваллуд мешаванду зан намегиранд, баъзеҳоро одамон ахта мекунанд ва баъзеҳо бо нияти ба Худо хизмат кардан зан намегиранд. Бигзор касе, ки ин гуфтаҳоро қабул карда метавонад, қабул кунад». Ҳамон вақт ба назди Исо кӯдаконро оварданд, то ки Ӯ ба сари онҳо даст гузошта барояшон дуо кунад. Шогирдон инро дида, падару модаронро сарзаниш намуданд. Аммо Исо гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Подшоҳии Худо насиби онҳоест, ки мисли кӯдак ҳастанд». Баъд ба сари кӯдакон даст гузошта, барояшон дуо карда аз он ҷо рафт. Боре як мард пеши Исо омада, аз Ӯ пурсид: «Устод, барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ чӣ некие бояд кунам?» Ба вай гуфт: «Чаро дар бораи некӯӣ аз Ман мепурсӣ? Танҳо Худо нек аст. Агар хоҳӣ, ки ҳаёти абадӣ насибат гардад, фармудаҳоро риоя намо». «Кадом фармудаҳоро?» – пурсид мард. Исо қонунҳои асосиро номбар кард: «Қатл накун, зино накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо ва дигаронро мисли худат дӯст бидор». Ҷавонмард ҷавоб дод: «То ба имрӯз ҳамаи ин фармоишҳоро риоя кардаам. Ғайр аз ин боз чӣ кор карданам лозим аст?» Исо ба вай гуфт: «Агар хоҳӣ, ки комил бошӣ, рафта, тамоми молу мулкатро фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кун. Он гоҳ сарват дар осмон пайдо мекунӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо». Ҷавонмард хеле сарватманд буд, бинобар ин аз шунидани ин суханон андӯҳгин гашта, аз он ҷо рафт. Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ба Подшоҳии Худо даромадани шахси сарватманд бениҳоят душвор аст. Боз мегӯям, ки аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки шахси сарватманд ба Подшоҳии Худо дарояд». Шунидани ин суханон шогирдонро ба ҳайрат оварду онҳо пурсиданд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?» Исо ба шогирдонаш бодиққат нигоҳ карда гуфт: «Барои одамизод ин кор ғайриимкон аст, вале барои Худо ҳама чиз имконпазир аст». Он гоҳ Петрус гуфт: «Мо аз баҳри ҳама чиз гузашта, Туро пайравӣ кардем. Бо мо чӣ мешавад?» Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, вақте ки дунё нав мешаваду Писари Одамизод бар тахти пуршукӯҳи Худ мешинад, дувоздаҳ нафари шумо низ ки Маро пайравӣ кардаед, бар тахтҳо нишаста ба дувоздаҳ қабилаи Исроил ҳукмронӣ мекунед. Инчунин, ҳар касе ки барои Ман шуда аз баҳри хонаҳо, бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, фарзандон ё заминҳояш гузашта бошад, ҳамаи инро сад маротиба зиёдтар пайдо мекунад ва дар оянда ҳаёти абадӣ низ насибаш мегардад. Лекин бисёр аввалинҳо охирон мешаванд ва охиринҳо аввалин». Исо суханашро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин аст: як заминдор барои ба токзораш киро кардани мардикорон саҳарии барвақт берун рафт. Ӯ якчанд мардикорро ёфта, онҳоро якдинорӣ ба рӯзи кориашон киро карду ба токзораш фиристод. Соати қариби нуҳ вай дар бозор мардикорони дигарро дида, ба онҳо гуфт: „Шумо ҳам ба токзори ман рафта кор кунед, баъд ман музди коратонро медиҳам“. Онҳо рафтанд. Заминдор соатҳои қариб дувоздаҳ ва се низ рафта мардикоронро киро кард. Қариби соати панҷ буд, ки вай боз якчанд мардикорро дида пурсид: „Чаро шумо тамоми рӯзатонро бекор гузаронда истодаед?“ Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: „Касе моро киро накард“. Сипас, соҳиби токзор гуфт: „Шумо ҳам ба токзори ман рафта кор кунед“. Чун шом расид, соҳиби токзор ба назоратчиаш гуфт: „Рафта мардикоронро даъват карда, музди корашонро деҳ. Аз онҳое, ки охирин киро кардам, сар кунед“. Мардикороне, ки соати панҷ киро шуда буданд, ҳар кадоме якдинорӣ музд гирифтанд. Вақте ки аввалин кирошудагон омаданд, фикр карданд, ки бештар музд мегиранд, аммо ҳар кадоме аз онҳо низ якдинорӣ гирифтанд. Онҳо пулашонро гирифта, аз соҳиби токзор шикоят карданд: „Онҳое, ки охирин киро шуда буданд, фақат як соат кор карданд. Мо бошем, дар офтоби сӯзон рӯзи дароз кор кардему шумо ба онҳо баробари мо музд додед!“ Лекин соҳиби токзор ба яке аз онҳо ҷавоб дода гуфт: „Эй рафиқ! Ман ҳаққатро нахӯрдаам. Магар худат розӣ нашудӣ, ки барои як рӯзи кориат як динор диҳам? Пулатро гиру рав. Ба ин марде, ки охирин киро кардам, хостам баробари ту музд диҳам. Магар ман ҳақ надорам, ки бо пулам ҳар чи хоҳам кунам? Ё ба саховатмандии ман ҳасад мебарӣ?“» Дар хотима Исо гуфт: «Пас охиронҳо аввалин мешаванд ва аввалинҳо охирин». Исо ба сӯйи Уршалим роҳравон шогирдонашро ба як тарафе бурда танҳо ба онҳо гуфт: «Мо ба Уршалим рафта истодаем. Дар он ҷо Писари Одамизод ба дасти коҳинони калон ва устодони шариат супорида мешавад. Онҳо Ӯро ба марг маҳкум карда, ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд. Ғайрияҳудиён Ӯро масхараву қамчинкорӣ карда, оқибат ба салиб мехкӯб менамоянд. Лекин Вай дар рӯзи сеюм зинда мешавад». Дар ин миён зани Забдой бо ду писараш назди Исо омада, ба Ӯ таъзим карда чизе хоҳиш карданӣ шуд. Исо пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ?» Зан ҷавоб дод: «Мехоҳам, ҳангоми подшоҳӣ карданат амр кунӣ, ки ин ду писари ман аз тарафи росту чапи Ту бишинанд». Исо ба писарони зан гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чиро талаб карда истодаед. Магар аз он косаи азобе, ки Ман менӯшам, шумо нӯшида метавонед?» «Метавонем», – ҷавоб доданд онҳо. Ӯ гуфт: «Бале, шумо дар ҳақиқат аз косаи Ман хоҳед нӯшид. Аммо ба интихоб кардани он касоне, ки аз дасти росту чапи Ман мешинанд, ҳақ надорам. Ин ҷойҳо насиби онҳое мешаванд, ки Падарам барояшон тайёр кардааст». Даҳ шогирди дигар инро шунида, аз ин ду бародар сахт ба ғазаб омаданд. Он гоҳ Исо ҳамаи онҳоро ба наздаш даъват карда гуфт: «Шумо медонед, ки подшоҳон ва ҳокимон ба мардуми худ зӯроварӣ мекунанд ва ҳукмашонро бар онҳо мегузаронанд. Лекин дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Баръакс, ҳар касе ки дар байни шумо бузург будан мехоҳад, бояд хизматгори дигарон бошад ва ҳар касе ки мехоҳад дар пеш истад, бояд ғуломи дигарон бошад. Ҳамчунин Ман, Писари Одамизод наомадаам, ки ба Ман хизмат кунанд. Ман омадаам, ки ба дигарон хизмат кунам ва барои нархи наҷоти бисёр одамонро супоридан ҷонамро фидо кунам». Ҳангоме ки Исо бо шогирдонаш аз шаҳри Ариҳо ба роҳ баромад, мардуми зиёде аз пайи Ӯ рафтанд. Ду нобиное дар канори роҳ менишастанд. Онҳо гузаштани Исоро шунида, зуд фарёд заданд: «Эй Хоҷа, эй насли Довуд! Ба мо раҳм кун!» Мардум бошанд, онҳоро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шаванд. Аммо онҳо боз баландтар дод зада мегуфтанд: «Эй насли Довуд! Эй Хоҷа, ба мо раҳм кун!» Исо аз роҳаш бозистода онҳоро ба наздаш хонд ва пурсид: «Шумо чӣ мехоҳед? Бароятон чӣ кор кунам?» Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Эй Хоҷа, мехоҳем, ки чашмонамонро бино кунӣ». Дили Исо ба ҳоли онҳо сӯхту ба чашмонашон даст гузошт. Худи ҳамон лаҳза чашмони он ду мард бино шуданд ва онҳо аз паси Исо рафтанд. Исо ва шогирдонаш ба шаҳри Уршалим наздик шуда, ба деҳаи Байт-Фоҷии назди кӯҳи Зайтун расиданд. Сипас, Исо ду шогирдашро пешопеши Худ фиристода, ба онҳо чунин гуфт: «Ба деҳае, ки дар рӯ ба рӯйи шумост, равед. Ҳамин ки ба он ҷо мерасед, модахари басташудаеро бо бачааш меёбед. Онҳоро кушода, назди Ман биёред. Агар касе ягон чиз пурсад, гӯед, ки онҳо ба Худованд даркор шуданд ва ӯ даррав барои бурдан иҷозат медиҳад». Ин ҳодиса барои ба амал омадани суханони пайғамбар рӯй дод, ки чунин гуфта буд: «Ба сокинони шаҳри Уршалим бигӯед: „Бинед, Шоҳи шумо ба наздатон омада истодааст. Шоҳи хоксор, ки харсавор аст, болои бачаи модахаре омада истодааст“». Инак, ду шогирдаш рафта гуфтаи Исоро иҷро карданд. Онҳо модахарро бо бачааш оварда, ҷомаҳои худро ба болои онҳо партофтанд ва Исо савор шуд. Мардуми зиёде, ки бо Исо буданд, ҷомаҳои худро пеши роҳи Ӯ пойандоз мекарданд, баъзеашон бошанд, навдаҳои дарахтонро бурида, аз рӯйи ҳурмат сари роҳаш мегузоштанд. Мардум аз пешу қафои Исо роҳравон бо овози баланд дод мезаданд: «Шаъну шараф ба насли Довуд! Баракат ёбад касе, ки ба номи Худованд меояд! Шаъну шараф ба Худо дар осмон!» Вақте ки Ӯ ба Уршалим ворид гашт, тамоми шаҳр ба ҳаяҷон омад. Одамон «Ин кист?» гуфта мепурсиданд. Мардуме, ки аз пайи Исо меомаданд, ҷавоб медоданд, ки ин Исо пайғамбар, аз шаҳри Носираи вилояти Ҷалил аст. Сипас, Исо ба ҳавлии маъбади Худо даромада, ҳамаи онҳоеро, ки бо харидуфурӯш машғул буданд, аз он ҷо берун ронд. Мизҳои пуливазкунандагон ва курсиҳои кабӯтарфурӯшонро чаппа карда гуфт: «Худо дар навиштаҷот гуфтааст, ки „Хонаи Ман хонаи дуо номида мешавад“. Аммо шумо онро ба дуздхона табдил додаед». Дар маъбади Худо кӯрон ва лангон назди Исо омаданд ва Ӯ онҳоро шифо дод. Коҳинони калон ва устодони шариат бо дидани муъҷизаҳои аҷоиби Исо ва аз шунидани садои кӯдакон, ки дар маъбади Худо «Шаъну шараф ба насли Довуд!» дод зада мегуфтанд, ба ғазаб омаданд. Онҳо ба Вай гуфтанд: «Магар Ту намешунавӣ, ки кӯдакон чӣ гуфта истодаанд?» «Албатта мешунавам, – ҷавоб дод Исо ва илова кард, – Магар шумо дар навиштаҷот ин гуфтаҳоро нахондаед: „Аз забони кӯдакону тифлҳои ширхӯр ситоишро ба вуҷуд овардаӣ“?» Бо ин суханон Исо онҳоро тарк карда, аз шаҳр берун шуд ва ба деҳаи Байт-Анё рафта, шабро дар он ҷо гузаронд. Субҳидам Исо ҳангоми бозгашт ба шаҳр дар роҳ гурусна монд. Ӯ дар сари роҳаш дарахти анҷиреро дида, назди он омад. Аммо ба ғайр аз баргҳо дар он ягон мевае наёфта, ба дарахт гуфт: «Акнун, ту ҳаргиз мева нахоҳӣ дод». Ҳамон замон дарахт аз бехаш хушк шуд. Шогирдон ин ҳодисаро дида, бо тааҷҷуб пурсиданд: «Чӣ гуна дарахти анҷир дар як лаҳза хушк шуд?» Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар имон дошта бошеду шубҳа накунед, он гоҳ он кореро, ки Ман бо дарахти анҷир кардам, шумо ҳам карда метавонед. На фақат ин корро, балки агар шумо ҳатто ба ин кӯҳ бархеста худро ба баҳр парто, гӯед, суханатон иҷро мешавад. Агар шумо бовар кунед, он гоҳ ҳар чи дар дуо талаб кунед, ба даст меоваред». Вақте ки Исо ба маъбади Худо баргашта, ба таълимдиҳӣ машғул шуд, коҳинони калон ва пирони қавм ба наздаш омада пурсиданд: «Ту бо кадом ҳуқуқ чунин корҳоро мекунӣ? Кӣ ба Ту ин ҳуқуқро додааст?» Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо як саволе дорам. Агар ба он ҷавоб диҳед, он гоҳ мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ чунин корҳоро мекунам. Бигӯед, ба Яҳё кӣ ҳуқуқ дода буд, ки одамонро таъмид диҳад: Худо ё инсон?» Онҳо байни якдигар баҳс карда гуфтанд: «Агар „Худо дода буд“ гӯем, Ӯ мепурсад, ки чаро ба Яҳё бовар накардем. Аммо агар „инсон“ гӯем, халқ зидди мо мебарояд, чунки ба пайғамбар будани Яҳё имон дорад». Оқибат, онҳо ба Исо «намедонем» гуфта ҷавоб доданд. Ӯ низ ба онҳо гуфт: «Пас, Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам. Дар бораи ин ҳикоя чӣ фикр доред? Марде ду писар дошт. Рӯзе вай пеши писари калонӣ омада мегӯяд: „Писарам, имрӯз ба токзор рафта кор кун“. Писараш бошад, „намеравам“ мегӯяд. Лекин баъдтар аз фикраш гашта ба токзор меравад. Падар рафта, аз писари дуюмаш хоҳиш мекунад. Писари дуюмаш „хуб шудааст“ гуфта ҷавоб медиҳад, лекин намеравад». Исо аз коҳинони калон ва пирони қавм пурсид: «Инак, кадоме аз писарон хости падарашро иҷро кард?» «Писари калониаш», – ҷавоб доданд онҳо. Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки андозгирон ва фоҳишагон пеш аз шумо ба Подшоҳии Худо медароянд. Зеро Яҳёи Таъмиддиҳанда ба назди шумо барои роҳи ростро нишон додан омад, аммо шумо ба ӯ бовар накардед, андозгирон ва фоҳишагон бошанд, бовар карданд. Ҳатто баъд аз дидани ҳамаи ин шумо аз фикратон нагаштед ва бовар накардед. Ба масали дигаре гӯш андозед. Марде токзоре бунёд карда, дар гирдаш девор сохт. Сипас, ҳавзчае барои фишурдани ангур тайёр кард ва дидбонгоҳ сохт. Баъд токзорашро ба чанд нафар иҷора дода, ба кишвари дигар сафар кард. Бо фаро расидани мавсими ҳосилғундорӣ соҳиби токзор барои гирифтани ҳаққи ҳосил хизматгоронашро назди токпарварон фиристод. Аммо онҳо хизматгорони ӯро дастгир карда, якеро зада, дигареро кушта, сеюмиро сангсор карданд. Соҳиби токзор аз дафъаи аввал дида бештар хизматгоронашро фиристод. Аммо токпарварон бо онҳо низ чунин рафтор карданд. Оқибат соҳиби токзор „писарамро ҳатман иззату эҳтиром мекунанд“ гуфта, писарашро назди онҳо фиристод. Лекин токпарварон писарро дида, ба якдигар гуфтанд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро кушта, соҳиби мерос мешавем!“ Бо ин қарор онҳо писарро дошта, вайро аз токзор берун бароварда куштанд». Баъд Исо савол дод: «Вақте ки худи соҳиби токзор баргардад, бо ин токпарварон чӣ гуна рафтор мекунад?» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Ҳатман он бадкоронро бераҳмона хоҳад кушт. Токзорро бошад, ба токпарварони дигар месупорад, ки ҳаққи ҳосилро саривақт диҳанд». Исо ба онҳо гуфт: «Магар шумо дар навиштаҷот чунин гуфтаҳоро боре ҳам нахондаед: „Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд, санги асосии таҳкурсии бино гардид. Ин кори Худованд аст ва ба назарамон аҷиб менамояд“. Бинобар ин, ба шумо мегӯям, ки Подшоҳии Худо аз шумо гирифта мешавад ва ба халқе дода мешавад, ки онҳо ба Худо итоат карда, самаре мебиёранд, ки сазовори Подшоҳии Худо аст. Ҳар касе, ки ба болои он санг меғалтад, майда-майда мешавад ва агар ин санг ба болои касе афтад, вайро маҷақ мекунад». Коҳинони калон ва фарисиён масалҳои Исоро шунида, фаҳмиданд, ки Вай дар бораи онҳо сухан меронад. Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш карданд, ки Ӯро дастгир намоянд, аммо аз мардуми ҷамъомада тарсиданд, чунки онҳо Исоро пайғамбар меҳисобиданд. Исо боз ба коҳинони калон ва пирони қавм рӯ оварда гуфт: «Подшоҳии Худоро бо чунин масал тасвир кардан мумкин аст: Подшоҳе барои хонадор кардани писараш тӯй барпо кард ва хизматгоронашро барои даъват кардани меҳмонон фиристод. Аммо даъватшудагон омадан нахостанд. Шоҳ дигар хизматгоронашро фиристода гуфт: „Рафта ба даъватшудагон гӯед, ки ба тӯй биёянд, зеро барзагову гӯсолаҳои беҳтарин аллакай кушта шуда, ҳама чиз барои зиёфат тайёр аст“. Лекин даъватшудагон ба суханони хизматгорон эътибор надода, ҳар яке бо кори худашон машғул шуданд. Як қисмашон ба саҳро, қисми дигар ба дӯконҳои худ рафтанд. Чанде аз онҳо хизматгоронро дошта, латукӯб карда куштанд. Шоҳ ба ғазаб омада, сарбозонро фиристод, то ки қотилонро нобуд карда, шаҳрашонро сӯзонанд. Ба хизматгоронаш бошад, гуфт: „Зиёфат тайёр аст, аммо даъватшудагон сазовори он набуданд. Ба кӯчаҳои серодам рафта, чӣ қадар бисёртар одам ёфта тавонед, ҳамаро ба тӯй таклиф кунед“. Хизматгорон ба кӯчаҳо рафта, ҳар касеро, ки ёфтанд, баду некро фарқ накарда, ба тӯйхона ҷамъ оварданд ва тӯйхона аз меҳмонон пур шуд. Вақте ки шоҳ барои дидани меҳмонон ба тӯйхона даромад, чашмаш ба марде афтод, ки либосаш идона набуд. „Эй дӯст, – муроҷиат кард шоҳ ба ӯ, – чӣ тавр ту ба ин ҷо бе либоси идона даромада омадӣ?“ Вале он мард хомӯш монд. Он гоҳ шоҳ ба хизматгорон фармон дода гуфт: „Дасту пойи ин мардро баста ба торикии берун партоед, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд“. Зеро бисёр касон даъват шудаанд, лекин интихобшудагон кам ҳастанд». Он гоҳ фарисиён ҷамъ шуда, маслиҳат карданд, ки чӣ тавр Исоро бо сухан ба дом афтонанд. Баъд онҳо чанд нафар шогирдонашонро ҳамроҳи тарафдорони Ҳиродус ба назди Ӯ бо чунин суханон фиристоданд: «Устод, мо медонем, ки Ту ростқавл ҳастӣ ва ба фикри одамон эътибор надода, бе хушомадгӯйӣ роҳҳои Худоро аз рӯйи ҳақиқат таълим медиҳӣ. Бигӯ, ба фикри Ту оё мо ба шоҳаншоҳи Рум андоз супорем ё не?» Исо, ки аз нияти бади онҳо бохабар буд, ҷавоб дод: «Эй дурӯяҳо! Чаро Маро ба дом афтонданӣ ҳастед?! Тангаи андозро ба Ман нишон диҳед». Онҳо ба Ӯ диноре оварданд. Исо пурсид: «Дар ин танга акс ва номи киро мебинед?» «Шоҳаншоҳро», – ҷавоб доданд онҳо. Он гоҳ Ӯ ба онҳо гуфт: «Пас он чи аз они шоҳаншоҳ аст, бояд ба шоҳаншоҳ баргардонда шавад ва он чи аз они Худост, ба Худо». Чун инро шуниданд, ҳайрон шуданд ва Ӯро гузошта рафтанд. Худи ҳамон рӯз баъзеҳо аз равияи саддуқиён, ки зиндашавии мурдагонро инкор мекарданд, ба назди Исо омада, ба Вай чунин савол доданд: «Устод, Мусо ба мо гуфтааст, ки агар касе зан гираду фарзанд надида вафот кунад, бародараш бояд зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад. Бо мо ҳафт бародар буданд ва калониаш зан гирифт, аммо фарзанд надида аз олам чашм пӯшид. Он гоҳ бародари дуюм бевазанро ба никоҳаш даровард. Баъд бо бародари дуюм, сеюм ва то ҳафтум бо ҳамаашон айнан ҳамон ҳодиса рӯй дод. Оқибат зан ҳам вафот кард. Рӯзе, ки мурдаҳо зинда мешаванд, вай зани кадоме аз ҳафт бародарон мешавад? Охир ҳамаи онҳо ӯро ба занӣ гирифта буданд!» Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Шумо хато мекунед, чунки на маънои навиштаҷотро медонеду на қудрати Худоро. Зеро дар рӯзе, ки мурдаҳо зинда мешаванд, онҳо на зан мегиранду на шавҳар мекунанд, балки мисли фариштаҳои осмон мегарданд. Дар бораи зиндашавии мурдагон бошад, магар гуфтаҳои Худоро боре ҳам нахондаед, ки гуфтааст: „Ман Худои Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб ҳастам“. Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст». Мардум ин суханонро шунида аз таълимоти Ӯ дар тааҷҷуб монданд. Вақте фарисиён шуниданд, ки Исо даҳони саддуқиёнро бо ҷавоби Худ бастааст, як гурӯҳ шуда омаданд. Аз байни онҳо як устоди шариат барои озмудани Исо чунин савол дод: «Устод, кадом қонуни шариат дар ҷойи аввал меистад?» Исо ҷавоб дода гуфт: «Қонуни аввалин ва муҳимтарин ин аст, ки „Худованд Худои худро бо тамоми дилу ҷон ва бо тамоми ақлу ҳушат дӯст дор“. Дуюмаш ҳам монанди он аст: „Дигаронро мисли худ дӯст дор“. Ин ду қонун асоси тамоми шариати Мусо ва гуфтаҳои пайғамбарон аст». Ҳанӯз ки фарисиён ҷамъ буданд, Исо аз онҳо пурсид: «Шумо дар бораи Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо чӣ ақида доред? Ба фикратон Ӯ аз насли кист?» Ба Ӯ гуфтанд: «Аз насли шоҳ Довуд». Ӯ боз пурсид: «Пас, чаро худи Довуд бо таъсири Рӯҳулқудс Ӯро Худованд хондааст? Охир Довуд гуфта буд: „Худованд ба Худованди ман гуфт: «То даме ки душманонатро зери пойҳоят нагузорам, аз дасти ростам бишин»“. Агар Довуд Масеҳро „Худованд“ номида бошад, пас чӣ тавр Масеҳ писари Довуд аст?» Касе ба саволи Исо ҷавобе дода натавонист ва аз он лаҳза дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Ӯ савол диҳад. Сипас, Исо ба мардум ва шогирдонаш гуфт: «Устодони шариат ва фарисиён барои шарҳ додани шариати Мусо ҳақ доранд. Он чи онҳо шарҳ медиҳанд, гӯш кунед ва иҷро намоед. Лекин ба рафторашон тақлид накунед, чунки худи онҳо гуфтаҳояшонро иҷро намекунанд. Онҳо борҳои гаронро ба дӯши одамон мегузоранд, аммо худашон барои бардоштани он ҳатто аз ҷояшон намеҷунбанд. Кору борашон фақат дар назди мардум худнамоӣ кардан аст. Ба қуттичаҳои оятдорашон нигаред, чӣ хел васеанд! Ё ба пӯпакҳои домани либосашон нигоҳ кунед, чӣ хел дарозанд! Онҳо дар базмҳо болонишиниро дӯст медоранд ва дар ҷамоатхонаҳо дар ҷойҳои беҳтарин мешинанд. Ба онҳо маъқул аст, ки халқ дар бозорҳо бо иззату эҳтиром ба онҳо „устод“ гуфта салом диҳанд. Аммо шумо набояд „устод“ хонда шавед, зеро фақат як Устод доред ва ҳамаатон барои якдигар бародару хоҳар ҳисоб мешавед. Ҳеҷ касро дар замин падари худ нахонед, чунки шумо як Падари осмонӣ доред. Шуморо набояд „раҳнамо“ гӯянд, чунки Масеҳ Раҳнамои яккаву ягонаи шумо аст. Каси бузургтарин дар байнатон бояд хизматгори шумо бошад. Ҳар касе, ки худро калон мегирад, паст мешавад ва баръакс ҳар касе, ки худро хоксор мегирад, сарбаланд мешавад. Вой бар ҳоли шумо, устодони шариату фарисиёни дурӯя! Чунки шумо дари Подшоҳии Худоро ба рӯйи одамон баста, на худатон аз он медароеду на ба дигарон, ки даромадан мехоҳанд, роҳ медиҳед. Вой бар ҳоли шумо, устодони шариату фарисиёни дурӯя! Чунки шумо бо баҳру хушкӣ роҳҳои дурударозро тай менамоед, то ақаллан касеро пайдо кунед, ки ба дини шумо гузарад. Лекин вақте ки чунин одамро пайдо мекунед, вайро аз худатон ду маротиба зиёдтар сазовори дӯзах мегардонед. Вой бар ҳоли шумо, роҳнамоёни кӯр! Шумо таълим медиҳед, ки агар касе ба маъбади Худо қасам хӯрад, қасамаш эътибор надорад, аммо агар ба тиллое, ки дар маъбади Худо ҳаст, қасам хӯрад, онро ҳатман бояд иҷро кунад. Эй кӯрони беақл! Охир қадри чӣ баландтар аст: тилло ё ин ки маъбади Худо, ки тиллои дар он бударо муқаддас мегардонад? Шумо боз таълим медиҳед, ки агар касе ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, қасамаш эътибор надорад, аммо агар ба қурбонии болои қурбонгоҳ қасам хӯрад, онро ҳатман бояд иҷро кунад. Эй кӯрон! Охир чӣ қадри бештаре дорад: қурбонӣ ё қурбонгоҳе, ки қурбониро муқаддас мегардонад? Инак, касе ки ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, вай ҳам ба қурбонгоҳ ва ҳам ба ҳар қурбоние, ки болои он аст, қасам мехӯрад; ва касе ба маъбади Худо қасам хӯрад, вай ҳам ба маъбади Худо ва ҳам ба Худо, ки дар он ҷо макон дорад, қасам мехӯрад. Инчунин касе, ки ба осмон қасам хӯрад, вай ба тахти Худо ва ҳам ба касе, ки бар он тахт нишастааст, қасам мехӯрад. Вой бар ҳоли шумо, устодони шариату фарисиёни дурӯя! Чунки шумо аз ҳосили зираву шибиту пудина даҳякро месупоред, аммо ба таълимоти муҳимтарини шариат дар бораи ростӣ, раҳм ва вафодорӣ итоат намекунед. Шумо мебоист ин қонунҳоро риоя карда, қонунҳои дигарро тарк намекардед. Эй роҳнамоёни кӯр! Шумо нӯшокиатонро аз дока мегузаронед, ки мабодо магас дар дарунаш набошад, аммо шутурро фурӯ мебаред. Вой бар ҳоли шумо, устодони шариату фарисиёни дурӯя! Чунки шумо беруни пиёлаву косаро мешӯеду дарунашон бошад, аз он чизҳое, ки шумо бо зулму чашмгуруснагӣ ба даст овардаед, пур аст. Эй фарисиёни кӯр! Аввал даруни пиёлаву косаро тоза кунед, он гоҳ беруни он ҳам тоза мешавад! Вой бар ҳоли шумо, устодони шариат ва фарисиёни дурӯя! Чунки шумо мисли мақбараҳои сафедкардашуда ҳастед, ки аз берун намуди хуб доранд, аммо дарунашон пур аз устухонҳои мурдаҳо ва ҳар гуна ифлосиҳост. Айнан ҳамин тавр намуди зоҳири шумо низ дар назари одамон ба некукорон монанд аст, аммо дарунатон пур аз дурӯягиву гуноҳ мебошад. Вой бар ҳоли шумо, устодони шариату фарисиёни дурӯя! Чунки шумо барои пайғамбарон ва некукорон мақбараҳои зебо сохта, онҳоро оро медиҳед. Боз мегӯед, ки агар дар замонҳои аҷдодонатон зиндагӣ мекардед, ҳаргиз ҳамроҳи онҳо ба хунрезии пайғамбарон даст намезадед. Бо ин суханон бар зидди худ шаҳодат медиҳед, ки шумо дар ҳақиқат фарзандони ҳамон қотилони пайғамбарон ҳастед. Акнун кореро, ки аҷдодонатон сар карданд, ба охир расонед! Эй морон ва морзодагон! Наход гумон кунед, ки аз ҳукми дӯзах халосӣ ёфта метавонед? Инак, ба шумо мегӯям, ки ба наздатон пайғамбарону ҳакимону устодони шариатро мефиристам ва шумо баъзеи онҳоро мекушеду баъзеашонро ба салиб мехкӯб мекунед, баъзеашонро дар ҷамоатхонаҳои худ қамчинкорӣ карда, шаҳр ба шаҳр дунболагирӣ мекунед. Ман онҳоро барои он мефиристам, ки хуни ҳамаи некукорон, аз Ҳобили беайб то Закарёи писари Баракё, ки байни муқаддастарин ҷойи маъбади Худо ва қурбонгоҳ кушта шуда буд, ба гардани шумо бошад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ин насл барои ҳамаи ин кушторҳо ҷазо мегирад! Эй Уршалим, Уршалим! Пайғамбаронро мекушиву онҳоеро, ки Худо ба наздат мефиристад, сангсор мекунӣ! Ман борҳо орзу доштам, мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болҳояш ҷамъ мекунад, сокинонатро дар гирди Худ ҷамъ оварам, вале ту роҳ надодӣ! Акнун хонаи ту холӣ ва бесоҳиб мемонад. Ба шумо мегӯям, ки минбаъд то „Баракат ёбад касе, ки ба номи Худованд меояд!“ нагӯед, Маро нахоҳед дид». Ҳангоме ки Исо аз маъбади Худо баромад, шогирдонаш наздаш омаданд, то ки биноҳои маъбади Худоро ба Ӯ нишон диҳанд. Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ин биноҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки санг бар болои санг намонда, ҳамааш ба замин яксон мешавад». Ҳангоме ки Исо ба кӯҳи Зайтун баромада нишаст, шогирдонаш дар танҳоӣ ба пеши Ӯ омада пурсиданд: «Ба мо гӯй, ки ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва омадани Туву наздикшавии охирзамонро аз кадом аломат мефаҳмем?» Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо касе шуморо гумроҳ кунад. Зеро бисёр касон бо номи Ман омада, мегӯянд, ки „ман Масеҳ ҳастам“ ва мардуми бисёрро гумроҳ мекунанд. Шумо садоҳо ва овозаҳои ҷангҳоро мешунавед, лекин ба воҳима наафтед. Чунин ҳодисаҳо бояд рӯй диҳанд, вале ин маънои фаро расидани охирзамонро надорад. Як халқ бо халқи дигар ва як давлат бо давлати дигар меҷангад. Дар ҳар ҷо гуруснагӣ меояд ва заминҷунбиҳо мешавад. Ҳамаи ин ҳодисаҳо монанди дардҳои аввалини зоидан мебошанд. Баъд шуморо дастгир карда, азоб медиҳанд ва ҳатто ба марг месупоранд. Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳамаи халқҳо ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд. Он гоҳ бисёр касон имонашонро аз даст медиҳанду ба якдигар хиёнат мекунанд ва якдигарро бад мебинанд. Дар он айём пайғамбарони бардурӯғи зиёд пайдо мешаванд ва бисёр касонро гумроҳ мекунанд. Бадӣ то андозае меафзояд, ки дар дили бисёр одамон муҳаббат намемонад. Вале касе, ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт. Хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо дар саросари дунё эълон карда мешавад, то ки ҳар халқ имконияти шунидани онро пайдо кунад. Танҳо баъд аз ин охирзамон фаро мерасад. Шумо дар ҷойи муқаддас ҳамон харобазори нафратангезеро мебинед, ки Дониёл пайғамбар дар борааш пешгӯйӣ карда буд (ба ин диққат диҳед). Он вақт, агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад. Агар касе дар болои бом бошад, барои гирифтани чизе аз хона пойин нафарояд. Агар касе дар саҳро бошад, ҳатто барои гирифтани ҷома ҳам барнагардад. Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва модароне, ки кӯдаки ширхӯр хоҳанд дошт! Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар вақти зимистон ё рӯзи шанбе рӯй надиҳад. Зеро азобу даҳшати он айём ба дараҷае мерасад, ки аз рӯзи офариниши дунё то ба имрӯз монанди он ҳеҷ рӯй надодааст ва дигар рӯй нахоҳад дод. Аммо Худо он рӯзҳои азобро кӯтоҳ кардааст, чунки агар кӯтоҳ намекард, дар рӯйи замин касе зинда намемонд. Ба хотири интихобкардагонаш Худо он рӯзҳоро ҳатман кӯтоҳ хоҳад кард. Ҳамон вақт агар касе ба шумо гӯяд, ки „Бинед, Масеҳ дар ин ҷост!“ ё „Ӯ дар он ҷост!“ бовар накунед. Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғ Масеҳ ва пайғамбар меноманд. Онҳо муъҷизаю аломат нишон медиҳанд, то агар имкон бошад, ҳатто интихобшудагони Худоро гумроҳ кунанд. Ман пешакӣ шуморо огоҳ карда мондам. Агар одамон ба шумо гӯянд, ки „Бинед, Масеҳ дар биёбон аст!“, ба он ҷо наравед. Ё агар гӯянд, ки „Бинед, Вай дар даруни хона аст!“, бовар накунед. Чунки омадани Писари Одамизод мисли дурахши раъду барқе мешавад, ки тамоми осмонро аз шарқ то ба ғарб фаро мегирад. Ҳар ҷое ки ҷасад аст, парандаҳои лошахӯр дар он ҷо ҷамъ мешаванд. Баъд аз азобу даҳшати он рӯзҳо офтоб зуд тира мегардад ва моҳ дигар равшанӣ намедиҳад, ситораҳо аз осмон фурӯ мерезанд ва ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд. Он вақт аломати омадани Писари Одамизод дар осмон намоён мегардад ва дар болои абр бо қудрат ва шуҳрату ҷалол омадани Ӯро ҳамаи одамони рӯйи замин дида гиряву нола мекунанд. Писари Одамизод фариштаҳояшро мефиристад, то ки интихобшудагони Худро аз чор тарафи дунё ва аз тамоми гӯшаву канори замину осмон бо садои баланди карнай гирд оваранд. Аз дарахти анҷир ибрат гиред. Ҳамин ки шохаҳояш муғҷа карда барг бароварданро сар кунанд, шумо аниқ медонед, ки ба қарибӣ тобистон меояд. Айнан ҳамин тавр, ҳангоме ки ба амал омадани ин ҳодисаҳоро мебинед, донед, ки вақт наздик аст, дар паси дар аст. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ҳодисаҳо ба амал меоянд. Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд. Лекин кай фаро расидани он рӯзу соатро ғайр аз Падар касе намедонад: на фариштаҳои осмон на Писар. Омадани Писари Одамизод мисли рӯзҳое мешавад, ки дар замони Нӯҳ пайғамбар буд. Дар он рӯзҳо ҳам пеш аз саршавии обхезӣ одамон мехӯрданду менӯшиданд, зан мегирифтанду ба шавҳар мебаромаданд. То он рӯзе, ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, ҳамин тавр давом медод. Одамон то омадани тӯфону ҳамаи онҳоро несту нобуд карданаш чизеро намефаҳмиданд. Ҳангоми омадани Писари Одамизод низ чунин хоҳад буд. Он вақт ду кас дар саҳро кор мекунанд ва якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад. Ду зан дар осиёб гандум орд мекунанд ва якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад. Пас, ҳушёр бошед, чунки рӯзи омадани Хоҷаатонро намедонед. Бидонед, ки агар соҳибхона вақти омадани дуздро донад, тамоми шаб бедор меистад ва намегузорад, ки дузд ба хонааш дарояд. Аз ин рӯ, шумо низ бояд барои омадани Писари Одамизод ҳамеша тайёр бошед, чунки Вай соате меояд, ки мунтазираш нестед. Хизматгори бовафо ва дурандеш кист? Касест, ки хӯҷаинаш ӯро дар хоҷагии худ назоратчӣ таъйин мекунад ва ба хизматгорон саривақт хӯрок доданро ба ӯҳдааш мегузорад. Хушо хизматгоре, ки хӯҷаинаш омада, вайро машғули ҳамин кор меёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки хӯҷаинаш вайро бар тамоми молу мулкаш назоратчӣ таъйин менамояд. Аммо агар вай хизматгори бад бошад, фикр мекунад, ки хӯҷаинаш дер меояд ва хизматгорони дигарро латукӯб карда, ҳамроҳи майпарастон машғули хӯрдану нӯшидан мешавад. Хӯҷаини он хизматгор дар рӯзе ки вай мунтазир нест ва дар соате, ки гумон надорад, омада ин хизматгорро ду пора мекунад ва ӯро ба ҷое, ки дурӯяҳо аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд, мепартояд». Исо суханашро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин аст: даҳ духтар чароғ ба даст гирифта, ба пешвози домод баромаданд. Панҷ нафари онҳо нодон буданд, чунки дар вақти гирифтани чароғҳояшон равғани иловагӣ нагирифтанд. Аммо панҷ нафари дигарашон доно буданду дар зарфҳо барои чароғҳояшон боз равғани иловагӣ гирифтанд. Онҳо домодро мунтазир шуданд, вале ӯ хеле дер монд ва духтарон хоболуд шуда, хоб рафтанд. Нисфи шаб садои баланд шунида шуд: „Домод омада истодааст! Ӯро пешвоз гиред!“ Духтарон бедор шуда, зуд чароғҳояшонро тайёр карданд. Он гоҳ нодонон ба доноён гуфтанд: „Каме аз равғанатон диҳед, чароғҳоямон хомӯш шуда истодаанд“. „Не, – ҷавоб доданд доноён, – ин равған ба ҳамаамон намерасад. Беҳтараш рафта, аз дӯкон харида биёед“. Нодонон барои харидани равған сӯйи дӯкон рафтанд. Баробари рафтани онҳо домод ҳам расида омад. Панҷ духтаре, ки ба пешвозаш тайёр буданд, ҳамроҳи домод ба тӯйхона рафтанд ва дари тӯйхона баста шуд. Дертар он панҷтои боқимонда ҳам расида омаданд ва гуфтанд: „Хоҷа, эй хоҷа! Дарро бароямон кушоед!“ Аммо ӯ дар ҷавоб ба онҳо гуфт: „Ба ростӣ мегӯям, ки шуморо намешиносам“. Хуллас, ҳушёру бедор бошед, чунки вақту соати омадани Писари Одамизодро намедонед. Подшоҳии Худо монанди он аст, ки марде ба сафар баромаданӣ шуда, хизматгоронашро даъват карда, тамоми молу мулкашро ба онҳо супурд. Ӯ ба ҳар хизматгор мувофиқи қобилияташ тангаҳои тилло: ба якеаш панҷ ҳазор, ба дуюмаш ду ҳазор ва ба сеюмаш ҳазор танга дод. Баъд роҳи сафарро пеш гирифт. Хизматгоре, ки панҷ ҳазор танга гирифта буд, зуд онро истифода бурда, аз он панҷ ҳазори дигар фоида гирифт. Хизматгоре, ки ду ҳазор танга гирифта буд, низ ҳамин тавр амал карда боз ду ҳазори дигар фоида гирифт. Аммо хизматгоре, ки ҳазор танга гирифта буд, рафта чоҳе канда, тангаҳои хоҷаашро дар ҳамон ҷо пинҳон кард. Баъд аз гузаштани вақти зиёд хоҷаи он хизматгорон баргашта бо онҳо ҳисобу китоб кард. Хизматгоре, ки панҷ ҳазор танга гирифта буд, омада ба хоҷааш тангаҳоро бо панҷ ҳазор фоидааш супорида гуфт: „Хоҷаам, шумо ба ман панҷ ҳазор тангаи тилло дода будед. Ман аз он боз панҷ ҳазор фоида ба даст овардам“. „Офарин, хизматгори неку вафодорам, – гуфт хоҷааш. – Ту дар иҷрои вазифаи хурд вафодор будӣ, пас ба ту вазифаи калонро бовар мекунам. Биё, ба хурсандии ман шарик шав!“ Хизматгоре, ки ду ҳазор танга гирифта буд, омада гуфт: „Хоҷаам, шумо ба ман ду ҳазор тангаи тилло дода будед. Ман аз он боз ду ҳазор танга фоида ба даст овардам“. „Офарин, хизматгори неку вафодорам, – гуфт хоҷааш. – Ту дар иҷрои вазифаи хурд вафодор будӣ, пас ба ту вазифаи калонро бовар мекунам. Биё, ба хурсандии ман шарик шав!“ Он хизматгоре, ки ҳазор танга гирифта буд, низ ба пеш баромада гуфт: „Хоҷаам, ман медонистам, ки шумо одами сахтгир ҳастед. Аз он ҷое ки накоштаед, ҳосил ҷамъ мекунеду аз он ҷое ки дона напошидаед, ғалла мегиред. Ман аз тарс рафта тангаҳоятонро дар замин пинҳон кардам. Ин аст пули шумо“. „Эй хизматгори баду танбал! – ҷавоб дод хоҷааш. – Ту медонистӣ, ки ман аз он ҷое, ки накоштаам, ҳосил ҷамъ мекунаму аз он ҷое, ки дона напошидаам, ғалла мегирам?! Пас, ту бояд пули маро ба муомилот мебаровардӣ, то ҳангоми баргаштанам пулро бо фоидааш мегирифтам“. Сипас, фармон дод: „Пулро аз вай гирифта ба хизматгоре диҳед, ки даҳ ҳазор танга дорад. Зеро ба ҳар касе, ки чизе дорад, боз дода мешавад ва ӯ зиёдтар хоҳад дошт. Лекин аз касе, ки ҳеҷ чиз надорад, ҳатто он чизи андаке, ки дорад, гирифта мешавад. Ин хизматгори нобакорро бошад, ба торикии берун партоед, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд“. Вақте ки Писари Одамизод бо шукӯҳу ҷалолаш ҳамроҳи ҳамаи фариштаҳо меояд, бар тахти шоҳонаи Худ мешинад ва ҳамаи миллатҳои рӯйи замин дар пеши Ӯ ҷамъ меоянд. Он гоҳ Вай мисли чӯпоне, ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекарда бошад, одамонро ба ду тараф тақсим мекунад. Вай одамони некукорро аз тарафи дасти рост ва бадкоронро аз тарафи дасти чап мегузорад. Баъд Исои Масеҳ, ки Шоҳ аст, ба одамони дар тарафи росташ буда хоҳад гуфт: „Эй баракатёфтагони Падари Ман! Биёед ва дар Подшоҳии Худо, ки аз офариниш бароятон тайёр гардидааст, ҳаловат баред. Чунки гурусна будам, ба Ман хӯрок додед, ташна будам, ба Ман об додед, ғариб будам, Маро қабул кардед, бараҳна будам, Маро пӯшондед, бемор будам, Маро хабар гирифтед ва дар зиндон будам, ба дидани Ман омадед“. Некукорон бошанд, дар ҷавоб мегӯянд: „Хоҷа! Кай Туро гурусна дидему хӯрок додем? Ё ташна дидему об додем? Кай Туро ғариб дидему қабул кардем? Ё бараҳна дидему пӯшондем? Кай Туро бемор ё дар зиндон дидему ба дидани Ту омадем?“ Шоҳ хоҳад гуфт: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар дафъае, ки шумо ҳамаи инро ба яке аз бародарону хоҳарони хурдтарини Ман мекардед, шумо инро ба Ман мекардед!“ Сипас, ба одамони дар тарафи чапаш буда мегӯяд: „Аз пеши назарам дафъ шавед, лаънатиҳо! Ба оташи абадие, ки барои шайтон ва фариштаҳои вай тайёр шуда буд, дароед! Чунки вақте ки гурусна будам, хӯрок надодед, ташна будам, об надодед, бегона будам, дар хонаатон меҳмон накардед, бараҳна будам, ба Ман либос напӯшондед, бемор ва дар зиндон будам, Маро хабар нагирифтед“. Он гоҳ онҳо ҳам мепурсанд: „Хоҷа, мо кай Туро гуруснаву ташна, бегонаву бараҳна ё бемору дар зиндон дидем, ки хизмат накарда бошем?“ Шоҳ ба онҳо ҷавоб хоҳад дод: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар дафъае, ки шумо ҳамаи инро ба яке аз одамони хурдтарини Ман намекардед, гӯё барои Ман накардаед“. Ниҳоят, бадкорон ба ҷое меафтанд, ки то абад ҷазо мебинанд, аммо некукорон соҳиби ҳаёти абадӣ мешаванд». Исо таълимоташро ба охир расонда, ба шогирдонаш гуфт: «Чунон ки медонед, баъд аз ду рӯз иди Наҷот сар мешавад. Он вақт Писари Одамизод ба дасти душманонаш таслим карда мешаваду Ӯро ба салиб мехкӯб мекунанд». Дар қасри саркоҳин, ки Қаёфо ном дошт, коҳинони калон ва пирони қавм ҷамъ омаданд. Онҳо маслиҳат карданд, ки Исоро бо ҳила дастгир карда, ба қатл расонанд. Аммо қарор карданд, ки ин корашонро дар рӯзҳои ид накунанд, мабодо мардум ба шӯр оянд. Исо он вақт дар деҳаи Байт-Анё, дар хонаи Шимъун ном марде, ки пештар гирифтори бемории пӯст буд, меҳмон шуд. Ҳангоми таомхӯрӣ ба назди Ӯ зане омад, ки дар даст як шишача равғани атрафшони қиматбаҳо дошт. Вай он атрро ба сари Исо рехт. Шогирдон аз ин кори зан ба ғазаб омада гуфтанд: «Ин чӣ исрофкорист?! Охир ин равғанро ба нархи қимат фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кардан мумкин буд!» Аммо Исо, ки аз суханони онҳо бохабар буд, гуфт: «Чаро ин занро танқид мекунед? Ӯ бароям кори нек кард. Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам. Ин зан атрро ба танам рехта, Маро барои гӯронидан тайёр кард. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки хушхабар эълон гардад, кори ин зан низ барои ёдоварии вай гуфта мешавад». Яке аз дувоздаҳ шогирди Исо, ки Яҳудои Исқарютӣ ном дошт, назди коҳинони калон рафта пурсид: «Агар Исоро ба шумо таслим кунам, ба ман чӣ медиҳед?» Онҳо ба Яҳудо сӣ тангаи нуқра пешниҳод карданд. Аз ҳамон лаҳза сар карда, Яҳудо барои таслим кардани Исо фурсати муносиб меҷуст. Рӯзи аввали иди Фатир шогирдони Исо ба наздаш омада пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳӣ, ки бароят дастархони иди Наҷотро тайёр намоем?» Ӯ ба онҳо гуфт, ки ба шаҳр, назди фалон кас рафта гӯянд: «Устод мегӯяд, ки вақту соати Ӯ наздик омадааст ва Ӯ бо мо, шогирдонаш дар хонаи шумо иди Наҷотро қайд мекунад». Шогирдон ҳамаи гуфтаҳои Исоро иҷро карда, хӯроки иди Наҷотро тайёр намуданд. Бегоҳӣ Исо бо дувоздаҳ шогирдаш сари дастархон нишасту ҳангоми таомхӯрӣ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо ба Ман хиёнат мекунад». Шогирдонаш хеле ғамгин шуда, паси ҳамдигар аз Ӯ мепурсиданд: «Хоҷа, оё ин шахс ман ҳастам?» Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Касе ки ҳамроҳи Ман аз як табақ мехӯрад, ба Ман хиёнат мекунад. Писари Одамизод аз рӯйи он чизе ки дар навиштаҷот дар борааш навишта шудааст, мемирад. Аммо вой бар ҳоли он касе, ки ба Писари Одамизод хиёнат мекунад. Беҳтар мебуд, ки ҳаргиз ба дунё намеомад!» Яҳудои хиёнаткор ба сухан даромада гуфт: «Устод, оё ин шахс ман ҳастам?» Исо дар ҷавоб гуфт: «Худат ҳамин тавр гуфтӣ». Ҳангоме ки онҳо хӯрок мехӯрданд, Исо нонро гирифта, ба Худо шукр гуфт. Баъд онро пора карда ба шогирдонаш тақсим намуду гуфт: «Нонро бигиреду бихӯред, ки ин бадани Ман аст». Пас косаро гирифта, шукргузорӣ карда, онро ба шогирдонаш дода гуфт: «Ҳамаи шумо аз коса бинӯшед. Зеро ин хуни Ман аст ва бо он Худо бо халқаш аҳду паймон мебандад. Хуни Ман барои бахшида шудани гуноҳҳои одамони зиёд рехта мешавад. Ба шумо мегӯям, Ман боз ҳамроҳи шумо дар Подшоҳии Падарам шираи ангури нав хоҳам нӯшид. Лекин то он рӯз ҳаргиз наменӯшам». Баъд онҳо Худоро ҳамду сано гуфтанд ва ба кӯҳи Зайтун равона шуданд. Пас Исо ба шогирдон гуфт: «Имшаб ҳамаи шумо Маро тарк мекунед, чунки дар навиштаҷот омадааст: „Чӯпонро мезанам ва гӯсфандон пароканда мешаванд“. Аммо, вақте ки зинда мешавам, пеш аз он ки шумо ба вилояти Ҷалил биравед, Ман ба он ҷо меравам». Петрус ба Вай гуфт: «Дигарон Туро тарк кунанд ҳам, ман ҳаргиз ин корро намекунам». Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, худи имшаб, ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ». Аммо Петрус гуфт: «Не, ҳатто агар бо Ту мурданам лозим ояд ҳам, ҳаргиз Туро инкор намекунам». Шогирдони дигар низ айнан ҳамин чизро гуфтанд. Исо ва шогирдонаш ба ҷое рафтанд, ки Ҷатсимонӣ ном дошт ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо дар ҳамин ҷо бошед, Ман дар он тарафтар дуо мекунам». Вай ҳамроҳаш Петрус ва ду писари Забдойро бурд. Ғаму андӯҳаш сахт шиддат меёфт ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз шиддати ғаму ғусса ҷонам ба лаб расидааст. Ин ҷо бимонеду ҳамроҳи Ман бедор бошед». Инро гуфта Исо каме дуртар рафт ва Худро ба рӯйи замин партофта дуо кард: «Эй Падар! Агар илоҷе бошад, бигзор ин косаи азоб аз сари Ман дур шавад! Аммо бигзор на хости Ман, балки хости Ту иҷро шавад». Баъд Ӯ ба назди он се шогирдаш баргашта дид, ки онҳо хобидаанд. Ӯ аз Петрус пурсид: «Ақаллан як соат ҳамроҳи Ман бедор истода натавонистед? Бедор бошеду дуо кунед, то ки ба васваса наафтед. Чунки рӯҳ тайёр, аммо ҷисм нотавон аст». Бори дигар Вай каме дуртар рафта дуо кард: «Падарҷонам, агар ғайр аз косаи азобро нӯшидан бароям дигар илоҷе набошад, пас, бигзор иродаи Ту иҷро шавад». Баъд баргашта онҳоро боз дар хоб дид, чунки онҳо ҳатто чашмонашонро кушода наметавонистанд. Бори сеюм Вай онҳоро монда рафту айнан мисли пештара дуо кард. Сипас, назди шогирдонаш баргашта ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз хоб рафта истироҳат мекунед? Вақту соати он ҳам расид, ки Писари Одамизод ба дасти гунаҳкорон таслим карда шавад. Бархезед, биравем. Нигоҳ кунед, он касе ки ба Ман хиёнат мекунад, наздик омад». Ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, Яҳудо, яке аз дувоздаҳ шогирдонаш ҳамроҳи як тӯдаи калони одамоне, ки калтаку шамшер дар даст доштанд, аз ҷониби коҳинони калон ва пирони қавм расида омад. Хиёнаткор ба онҳо пешакӣ чунин шарт карда буд: «Касеро, ки бӯсидам, ҳамон Шахсест, ки бояд дастгир кунед». Яҳудо рост пеши Исо омада «Салом, Устод» гӯён Ӯро бӯсид. Исо ба вай гуфт: «Эй дӯст, нақшаатро амалӣ намо!» Он гоҳ он одамон Исоро дастгир карда маҳкам доштанд. Ногаҳон яке аз ҳамроҳони Исо шамшерашро аз ғилоф кашида ба ғуломи саркоҳин ҳамла оварду гӯшашро бурида партофт. Исо ба вай гуфт: «Шамшератро ба ҷояш гузор, чунки ҳар касе, ки шамшер ба даст мегирад, бо шамшер кушта мешавад. Ё ба фикрат Ман аз Падарам мадад талаб карда наметавонам? Агар талаб кунам, Вай дарҳол зиёдтар аз дувоздаҳ лашкари фариштагонро мефиристад. Лекин гуфтаҳои навиштаҷот он гоҳ чӣ хел иҷро мешаванд? Охир гуфта шудааст, ки ҳамааш ҳамин тавр бояд рӯй диҳад». Баъд Исо ба он тӯдаи одамон гуфт: «Магар шумо Маро роҳзан фикр мекунед, ки барои дастгир карданам бо калтаку шамшерҳо омадед? Ман ҳар рӯз дар маъбади Худо нишаста таълим медодам, аммо шумо Маро дастгир намекардед. Вале ҳамаи ин ҳодисаҳо барои он рӯй доданд, ки пешгӯйиҳои пайғамбарон, ки дар навиштаҷот омадаанд, иҷро шаванд». Он вақт ҳамаи шогирдонаш Ӯро танҳо монда гурехтанд. Сипас, онҳое, ки Исоро дастгир карданд, Ӯро ба назди саркоҳин Қаёфо бурданд. Дар он ҷо устодони шариату пирони қавм аллакай ҷамъ омада буданд. Петрус бошад, то назди ҳавлии саркоҳин аз пайи Исо дар масофаи каме дуртар меомад. Вай ба даруни ҳавлӣ даромада, бо мақсади дидани анҷоми кор дар байни посбонон нишаст. Коҳинони калон ва ҳамаи аъзоёни дигари шӯрои пирон бо нияти ба қатл расондани Исо кӯшиш карданд, ки бар зидди Ӯ ягон далели дурӯғеро пайдо кунанд. Лекин ҳеҷ далеле ёфта наметавонистанд, гарчи бисёр касон ба пеш баромада, зидди Ӯ туҳмат мекарданд. Оқибат ду кас ба пеш қадам монда гуфтанд: «Ин одам гуфта буд, ки маъбади Худоро вайрон карда, онро дар байни се рӯз аз нав барпо карда метавонад». Бо шунидани ин суханон саркоҳин аз ҷояш бархеста ба Исо гуфт: «Ба ин далеле, ки Туро айбдор мекунанд, ягон гапи гуфтанӣ дорӣ?» Вале Исо хомӯш буд. Саркоҳин боз ба Ӯ гуфт: «Ба номи Худои зинда бигӯ, ки Ту Масеҳ ва Писари Худо ҳастӣ?» Исо дар ҷавоб ба вай гуфт: «Худат ҳамин тавр гуфтӣ. Аммо ҳаминро ба ҳамаи шумо мегӯям, ки минбаъд шумо Писари Одамизодро хоҳед дид, ки аз дасти рости Худои Пурқудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд! » Он гоҳ саркоҳин либоси танашро дарронда гуфт: «Ӯ суханони куфр гуфт. Дигар ба мо ҳеҷ шоҳиде лозим ҳам нест! Шумо худатон ҳоло сухани куфри Ӯро шунидед. Чӣ ҳукм мебароред?» «Ҷазояш марг», – ҷавоб доданд дигарон. Баъзеҳо ба рӯйи Исо туф карда Ӯро мезаданд. Баъзеҳо торсакӣ зада мегуфтанд: «Эй Масеҳ, Ту пайғамбарӣ-ку! Канӣ, гӯй, ки Туро кӣ зад?!» Петрус дар рӯйи ҳавлӣ менишаст, ки канизаке ба наздаш омада гуфт: «Ту низ ҳамроҳи Исои ҷалилӣ будӣ». Аммо Петрус дар ҳузури ҳама суханони ӯро инкор карда гуфт: «Намефаҳмам, чӣ мегӯйӣ». Сипас, вай аз он ҷо назди дарвозаи ҳавлӣ равона шуд. Хизматгорзани дигаре низ ӯро дида ба одамони дар он ҷо истода гуфт: «Вай ҳамроҳи Исои Носирӣ буд». Петрус боз инкор карда гуфт: «Қасам мехӯрам, ки ин одамро намешиносам». Баъд аз муддате чанд мардоне, ки дар ҳамон ҷо буданд, назди Петрус омада гуфтанд: «Аниқ ту ҳам бо онҳо будӣ, чунки аз лаҳҷаат маълум аст». Вале Петрус қасам хӯрда гуфт: «Худо занад, ки ин одамро намешиносам». Ҳамон лаҳза хурӯс ҷеғ зад ва сухани Исо ба хотири Петрус омад. Ӯ гуфта буд, ки ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, вай се бор шинохтани Исоро инкор мекунад. Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард. Саҳарии барвақт ҳамаи коҳинони калон ва пирони қавм маслиҳат карданд, ки Исоро ба қатл мерасонанд. Бо фармони онҳо Исоро даст баста, аз ҳавлии Қаёфо бароварданд ва ба дасти Пилотус, ки ҳокими румӣ буд, супориданд. Вақте Яҳудои хиёнаткор дид, ки Исо ба марг маҳкум шуд, аз кори кардааш пушаймон шуд. Ӯ он сӣ тангаи нуқраро ба коҳинони калон ва пирон баргардонда ба онҳо гуфт: «Ман ба одами бегуноҳ хиёнат карда, гуноҳ кардам». Лекин онҳо ҷавоб доданд: «Ин ба мо чӣ дахл дорад? Ин кори худат». Яҳудо он сӣ тангаи нуқраро ба рӯйи фарши маъбади Худо партофту аз он ҷо рафта худро овехт. Коҳинони калон он тангаҳоро гирифта гуфтанд, ки аз рӯйи қонун ин пулро ба хазинаи маъбади Худо андохтан мумкин нест, чунки бар ивази ин пул хуни одам рехта шудааст. Баъд бо розигии ҳама онҳо замини кӯзагарро хариданд, то ки он қабристони мусофирон бошад. Барои ҳамин он замин то имрӯз «Замини Хунин» номида мешавад. Ҳамчунин пешгӯйии Ирмиё пайғамбар ба амал омад, ки гуфта буд: «Аз рӯйи фармоне, ки Худованд ба ман гуфт, онҳо сӣ тангаи нуқраро, яъне ҳамон маблағеро, ки халқи Исроил Ӯро баҳо доданд, барои харидани замини кӯзагар сарф карданд». Акнун ки Исо дар назди ҳокими румӣ меистод, ҳоким аз Ӯ пурсид: «Магар Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ту ҳамин тавр мегӯйӣ». Лекин ҳангоме ки коҳинони калон ва пирон Ӯро айбдор мекарданд, Ӯ ҳеҷ ҷавобе намедод. Пас Пилотус ба Ӯ гуфт: «Магар намешунавӣ, ки Туро то чӣ андоза айбдор мекунанд?» Аммо Вай ба ҳеҷ яки ин айбдоркуниҳо ҳам ҷавобе надод. Ин боиси тааҷҷуби зиёди Пилотус гардид. Ҳокими румӣ одате дошт, ки ҳар иди Наҷот маҳбусеро, ки халқ талаб мекард, озод намояд. Он вақт як маҳбуси номдоре буд, ки Бараббо ном дошт. Инак, ҳангоме ки мардум ҷамъ омаданд, Пилотус аз онҳо пурсид: «Киро мехоҳед, ки бароятон озод кунам: Барабборо ё Исоеро, ки Масеҳ меноманд?» Зеро Пилотус хуб медонист, ки Исоро аз рӯйи ҳасад ба дасти ӯ супорида буданд. Ҳангоме ки ҳоким дар курсии ҳукмбарорӣ менишаст, ҳамсараш ба ӯ чунин хабар фиристод: «Бар зидди ин Одами бегуноҳ ҳеҷ кор накунед, чунки имшаб дар хобам ба хотири Вай бисёр азоб кашидам». Дар ин вақт коҳинони калон ва пирони қавм мардумро розӣ кунонданд, ки аз Пилотус озод кардани Бараббо ва ба қатл расондани Исоро талаб намоянд. Ҳоким бори дигар аз мардум пурсид: «Аз ҳар дуяшон киро мехоҳед, ки бароятон озод кунам?» Онҳо ҷавоб доданд: «Барабборо!» Пилотус боз аз онҳо пурсид: «Пас, бо Исое, ки Ӯро Масеҳ меноманд, чӣ кор кунам?» Ҳамаи онҳо ҷавоб доданд: «Ӯро мехкӯб кунед!» Лекин Пилотус савол дода гуфт: «Чаро? Охир Ӯ чӣ бадие кардааст?» Мардум бошанд, боз баландтар фарёд заданд: «Бигзор Ӯ ба салиб мехкӯб карда шавад!» Пилотус дид, ки дигар ҳеҷ чорае надорад, дар акси ҳол шӯриш сар шуданаш мумкин буд. Ӯ дар пеши назари тамоми мардум об гирифта дастонашро шуста гуфт: «Ман хуни Ӯро ба гардан намегирам! Ин кори худатон!» Тамоми мардум ҷавоб доданд: «Хуни Ӯ ба гардани мову фарзандонамон аст!» Бино бар ин, Пилотус барояшон Барабборо озод кард ва Исоро ба дасти сарбозон супорид, то ки Ӯро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯб кунанд. Сарбозони ҳоким Исоро ба саҳни дарбор бурданд ва аскарони зиёд он ҷо гирд омаданд. Онҳо Ӯро бараҳна карда ба танаш ҷомаи суп-сурхро пӯшонданд. Баъд аз навдаҳои хор тоҷе бофта, ба сараш гузоштанду ба дасти росташ чӯб доданд. Онҳо масхаракунон «Зинда бод Шоҳи яҳудиён!» гуфта дар пеши Ӯ ба сари зону меистоданд. Сарбозон ба Исо туф карда, бо чӯб ба сараш задан гирифтанд. Вақте ки онҳо масхара кардани Ӯро бас карданд, ҷомаро аз танаш кашида, либоси Худашро пӯшонданд. Сипас, Ӯро барои ба салиб мехкӯб кардан бурданд. Дар роҳ онҳо бо Шимъун ном марде аз шаҳри Қайравон дучор омаданд ва ӯро маҷбур карданд, ки чӯби салиби Исоро бардошта барад. Вақте ки онҳо ба ҷое бо номи Ҷолҷото, ки маънояш «Ҷойи косахонаи сар» аст, расиданд, сарбозон ба Исо майи бо моддаи талх омехташударо доданд. Ӯ аз он чашида, дигар нӯшидан нахост. Онҳо Ӯро ба салиб мехкӯб карда, барои тақсим кардани либоси Исо қуръа партофтанд. Сипас, нишаста Вайро назорат карда истоданд. Дар болои сари Исо айбномае навишта шуда буд: «Ин Исо Шоҳи яҳудиён аст». Ҳамроҳи Ӯ ду роҳзанро низ ба салибҳои дигар аз тарафҳои чапу росташ мехкӯб карданд. Роҳгузарон Ӯро дашном дода, сар ҷунбонда мегуфтанд: «Ту ки маъбади Худоро вайрон карда, дар се рӯз аз нав месохтӣ, Худатро наҷот деҳ! Агар Ту Писари Худо бошӣ, аз салиб фуруд ой!» Коҳинони калон, устодони шариат ва пирон низ Исоро масхаракунон мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медоду Худро наҷот дода наметавонад. Агар Ӯ Шоҳи Исроил бошад, аз салиб пойин фарояд, баъд мо ба Вай имон меорем. Ӯ ба Худо умед мебаст, агар дар ҳақиқат писанди Худо бошад, бигзор Худо Ӯро наҷот диҳад, зеро мегуфт, ки „Ман Писари Худо ҳастам“». Ҳатто роҳзаноне, ки ҳамроҳаш ба салибҳо мехкӯб шуда буданд, монанди дигарон Ӯро дашном медоданд. Нисфирӯзӣ буд, ки тамоми рӯйи заминро торикӣ фаро гирифт ва се соат давом ёфт. Қариби соати сеюм Исо бо овози баланд дод зада гуфт: «Элӣ! Элӣ! Лама сабақтанӣ?!», яъне «Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?!» Баъзе аз ҳозирон инро шунида гуфтанд, ки Ӯ Илёс пайғамбарро садо мекунад. Он гоҳ яке аз онҳо давида рафту латтаеро гирифта ба сирко тар намуд ва бо нӯги чӯб дароз карда онро ба Исо нӯшонданӣ шуд. Лекин дигарон гуфтанд: «Истед, бинем, ки оё Илёс омада Ӯро наҷот медиҳад?» Исо бори дигар бо овози баланд дод зада ҷон дод. Дар он лаҳза пардае, ки ҷойи муқаддастарини маъбади Худоро ҷудо мекард, аз боло то пойинаш дарида, ду пора шуд. Замин ба ҷунбиш омаду сангҳо пора шуданд. Қабрҳо кушода шуданду ҷасадҳои бисёр муқаддасон зинда гаштанд. Баъд аз он ки Исо зинда шуд, онҳо аз қабрҳои худ берун баромада ба Уршалим, шаҳри муқаддас даромаданд ва бисёр касон онҳоро диданд. Вақте ки як сардори лашкар ва ҳамроҳонаш, ки Исоро назорат мекарданд, заминҷунбию дигар ҳодисаҳоро диданд, сахт тарсида гуфтанд, ки Исо дар ҳақиқат Писари Худо будааст. Бисёр заноне, ки дар Ҷалил ба Исо ҳамроҳ шуда ба Ӯ хизмат мекарданд, низ дар ҳамон ҷо буданд. Онҳо дар масофае истода, ба ҳамаи ин нигоҳ мекарданд. Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Марями модари Яъқубу Юсуф ва боз ҳамсари Забдой буданд. Бо фаро расидани шом аз шаҳри Ромо як марди сарватманде бо номи Юсуф омад. Ӯ ҳам шогирди Исо буд. Юсуф пеши Пилотус рафта, ҷасади Исоро талаб кард. Пилотус фармон дод, ки ҷасадро ба ӯ диҳанд. Юсуф Вайро гирифта ба суфи сафед печонд ва ба қабри нав, ки барои худ дар ғоре сохта буд, гузошт. Баъд санги калонеро ба даромади қабр ғелонда, аз он ҷо рафт. Дар рӯ ба рӯйи он қабр Марями Маҷдалия ва Марями дигар нишаста буданд. Рӯзи дигар, ки рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат буд, коҳинони калон ва фарисиён ҷамъ шуданд ва пеши Пилотус рафта ба ӯ гуфтанд: «Тақсир, ба хотири мо омад, ки он фиребгар ҳанӯз ҳангоми зинда буданаш гуфта буд, ки дар рӯзи сеюм баъди маргаш зинда мешавад. Бино бар ин, фармон диҳед, ки қабри Ӯро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, мабодо шогирдонаш омада ҷасадашро дуздида, сипас ба халқ овоза паҳн кунанд, ки Ӯ зинда шудааст. Он гоҳ ин дурӯғ аз дурӯғи аввалин дида бадтар мешавад». Пилотус ба онҳо гуфт: «Посбононро гиреду ба қадри имкон қабрро нигаҳбонӣ кунед». Онҳо рафта, санги дари қабрро муҳр заданд ва барои нигаҳбонии он посбононро гузоштанд. Баъд аз рӯзи шанбе, рӯзи якшанбе офтоб ҳанӯз набаромада, Марями Маҷдалия ва Марями дигар барои хабар гирифтани қабр ба роҳ баромаданд. Ногаҳон заминҷунбии сахт ба вуҷуд омад, чунки фариштаи Худованд аз осмон пойин фаромада, санги дари қабрро як тараф ғелонда, бар болояш нишаст. Намуди вай мисли барқ ва либосаш монанди барф сап-сафед буд. Посбонон аз тарси ӯ ларзида, мурда барин ба замин ғалтиданд. Фаришта бошад, ба занон гуфт: «Натарсед, ман медонам, ки шумо Исои ба салиб мехкӯбшударо ҷустуҷӯ карда истодаед. Лекин Ӯ дар ин ҷо нест. Ӯ чи хеле ки гуфта буд, ҳамон тавр зинда шуд. Биёед ва ҷоеро, ки Ӯ гузошта шуда буд, бинед. Ҳоло зуд рафта ба шогирдонаш бигӯед, ки Исо зинда шуда, акнун пешопеши онҳо ба Ҷалил меравад. Онҳо Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид. Хабаре, ки ман ба шумо гуфтанӣ будам, ҳамин буд». Сипас, он занон бо тарс, вале шодикунон саросема аз назди қабр сӯйи шогирдон давида рафтанд, то ки ба онҳо нақл кунанд. Банохост Исо бо онҳо вохӯрда салом дод. Онҳо наздик омада ба пойҳояш часпиданд ва ба Ӯ саҷда карданд. Исо ба онҳо гуфт, ки натарсанд, балки рафта ба бародаронаш гӯянд, ки онҳо ба Ҷалил раванд ва Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид. Чун занон ба роҳ баромада буданд, баъзе аз посбонон ба шаҳр рафта, тамоми воқеаи рӯйдодаро ба коҳинони калон нақл карданд. Коҳинони калон барои маслиҳат кардан бо пирони қавм вохӯрданд ва баъд аз маслиҳат ба посбонон пули калон дода гуфтанд: «Рафта ба мардум гӯед, ки шабона шогирдони Исо омада, аз хоб буданатон истифода бурда, ҷасади Ӯро дуздида рафтанд. Агар ин хабар ба гӯши ҳоким расад, мо ба ӯ гапамонро гузаронида, шуморо аз хатар раҳо мекунем». Посбонон пулро гирифта, чунон ки сардорони коҳинон онҳоро ёд доданд, ҳамон тавр карданд. Аз ин рӯ, яҳудиён ин ҳикояро то ба имрӯз ба ёд меоранд. Сипас, он ёздаҳ шогирд ба Ҷалил рафта ба кӯҳе, ки Исо ба онҳо гуфта буд, баромаданд. Онҳо баробари Ӯро дидан ба Ӯ саҷда намуданд, аммо баъзеашон шубҳа карданд. Исо ба шогирдонаш наздик шуда гуфт: «Тамоми қудрат дар замину осмон ба ихтиёри Ман дода шудааст. Пас равед ва ҳамаи халқҳои рӯйи заминро шогирди Ман созед. Онҳоро ба номи Падар, Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед ва иҷро кардани ҳама чизеро, ки ба шумо фармудаам, ёд диҳед. Инак, Ман ҳамеша то охирзамон бо шумо ҳастам». Хушхабар дар бораи Исои Масеҳ, ки Писари Худо аст, чунин сар мешавад: Дар китоби Ишаъё пайғамбар суханони Худо омадаанд: «Ман пешопеши Ту хабаррасони Худро мефиристам, то барои омаданат роҳ тайёр кунад. Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: „Барои Худованд роҳро тайёр кунед ва онро рост намоед!“» Ин шахс Яҳё буд, ки ӯро Таъмиддиҳанда меномиданд. Ӯ ба биёбон омада, мардумро насиҳат мекард. Ӯ ба онҳо мегуфт, ки барои бахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, аз гуноҳ даст кашанд ва дар об таъмид бигиранд, ки рамзи шуста шудани гуноҳҳо мебошад. Мардуми тамоми сарзамини Яҳудия ва аҳолии шаҳри Уршалим назди Яҳё меомаданд. Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид медод. Либоси Яҳё аз пашми шутур, камарбанди ӯ аз чарм ва хӯрокаш малаху асали саҳроӣ буд. Ӯ ба мардум эълон карда мегуфт: «Баъд аз ман Тавонотаре меояд, ки ман ҳатто сазовори хам шуда кушодани банди пойафзори Ӯ нестам. Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, вале Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо таъмид хоҳад дод». Рӯзе Исо аз шаҳри Носира, ки дар вилояти Ҷалил буд, ба назди Яҳё омад ва Яҳё Ӯро дар дарёи Урдун таъмид дод. Вақти аз об баромадан Исо дид, ки осмон кушода шуд ва Рӯҳулқудс ба сурати кабӯтаре пойин фаромада, дар болои Вай қарор гирифт. Сипас, аз осмон овозе садо дод: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хеле хушнудам». Рӯҳулқудс дарҳол Исоро ба биёбон бурд. Ӯ дар он ҷо чил рӯз монд ва шайтон Ӯро меозмуд. Исо дар байни ҳайвоноти ваҳшӣ буд ва фариштагон ба Ӯ хизмат мекарданд. Пас аз дастгир шудани Яҳё Исо ба вилояти Ҷалил омад ва хушхабари Худоро ба мардум эълон мекард. Ӯ мегуфт: «Вақт фаро расид ва Подшоҳии Худо наздик аст. Тавба карда, аз гуноҳҳоятон рӯй гардонед ва ба хушхабар имон оваред». Рӯзе ҳангоме ки Исо аз назди баҳри Ҷалил мегузашт, ду бародареро дид, ки моҳигир буданд. Онҳо ба баҳр тӯр меандохтанд. Номи яке Шимъун ва номи дигаре Андриёс буд. Исо ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, то ба ҷойи моҳӣ, ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам». Онҳо тӯрҳои худро дарҳол партофта, Ӯро пайравӣ карданд. Каме дуртар рафта Исо писарони Забдойро дид, ки Яъқуб ва Юҳанно ном доштанд. Онҳо дар қаиқи худ тӯрҳои моҳигириро таъмир мекарданд. Исо дарҳол онҳоро даъват намуд ва онҳо падарашон Забдойро бо мардикорон дар қаиқ монда, Ӯро пайравӣ карданд. Сипас, онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум омада, дар рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат ба ҷамоатхона рафтанд. Дар он ҷо Исо ба таълим додани мардум оғоз намуд. Мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монданд, зеро Ӯ на ба монанди устодони шариат, балки чун шахси соҳибқудрат онҳоро таълим медод. Айнан ҳамон вақт дар ҷамоатхона марде, ки гирифтори рӯҳи нопок, яъне ҷин буд, фарёд зада гуфт: «Моро ба ҳоламон гузор! Ту ба мо чӣ кор дорӣ, эй Исои Носирӣ? Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси поки Худо ҳастӣ!» Вале Исо рӯҳи нопокро сарзаниш карда фармуд: «Хомӯш шав ва аз вай берун баро». Рӯҳи нопок мардро ба замин афтонда, бо овози баланд фарёд заду аз вай берун шуд. Ҳама ба ҳайрат афтоданд ва ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ таълимоти нав ва боқудратест? Ӯ ҳатто ба рӯҳҳои нопок амр медиҳад ва онҳо ба Вай итоат мекунанд!» Овозаи Исо зуд дар тамоми вилояти Ҷалил паҳн шуд. Ҳамин ки Исо аз ҷамоатхона баромад, бо ҳамроҳии Яъқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъуну Андриёс рафт. Вақте ки ба он ҷо расиданд, ба Исо зуд гуфтанд, ки хушдомани Шимъун бо таби баланд дар бистар хобидааст. Вай назди зан омад ва аз дасташ гирифта, ӯро бархезонд. Таби зан паст шуд ва ӯ ба меҳмоннавозии онҳо машғул шуд. Он бегоҳ, ҳангоми нишасти офтоб одамон ҳамаи беморону ҷинзадагонро ба назди Исо оварданд. Тамоми аҳолии шаҳр ҳам назди дари хонаи онҳо ҷамъ омаданд. Ӯ одамони зиёдро аз бемориҳои гуногун шифо дод ва бисёр ҷинҳоро аз даруни одамон берун кард, аммо ба ҷинҳо иҷозати гап заданро намедод, чунки онҳо кӣ будани Ӯро медонистанд. Саҳарии барвақт, вақте ҳанӯз торик буд, Исо берун баромада, ба ҷойи беодам рафта, дуо кард. Шимъун ва ҳамроҳонаш бошанд, ба ҷустуҷӯи Исо баромаданд. Ӯро ёфта, ба Вай гуфтанд: «Ҳама Туро мекобанд». Вале Исо гуфт: «Биёед, ба шаҳру деҳоти гирду атроф низ биравем, то ки ба мардуми он ҷо ҳам хушхабарро эълон намоям, чунки Ман барои иҷрои ҳамин кор омадаам». Баъд Ӯ ба тамоми гӯшаву канори вилояти Ҷалил сафар карда, дар ҷамоатхонаҳо хушхабарро эълон мекард ва ҷинҳоро аз одамон берун меронд. Рӯзе ба назди Исо марде, ки бемории пӯст дошт, омад. Вай ба зону нишаста зорӣ карда гуфт: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ». Дили Исо ба ҳоли мард сӯхт ва дасташро ба вай расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам! Пок шав!» Дарҳол бемории мард нест шуда, баданаш пок гашт. Исо ӯро зуд ҷавоб дода таъкидкунон гуфт: «Дар ин бора ба ҳеҷ кас нагӯй, балки рост назди коҳин рафта, худро нишон деҳ. Баъд барои пок шудани худ, чӣ тавре ки Мусо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад». Вале он мард берун баромада ошкоро ин хабари хушро паҳн мекард. Барои ҳамин Исо дигар озодона ба шаҳр даромада натавонист, балки дар саҳро монд. Бо вуҷуди ин, мардум аз ҳама ҷо ба назди Ӯ меомаданд. Пас аз чанд рӯз Исо ба шаҳри Кафарнаҳум баргашт ва овозаи дар хона буданаш зуд паҳн шуд. Хона чунон пур аз одам шуд, ки ҳатто дар назди дар ҷойи истодан набуд. Исо ба онҳо каломи Худоро таълим медод. Ҳамин вақт чор нафар шалеро бардошта назди Исо оварданд. Вале аз бисёрии мардум ба Ӯ наздик шуда натавониста, боми хонаро аз болои сари Исо кушоданд ва шалро якҷоя бо ҷогаҳаш пойин фароварданд. Исо имони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Писарам, гуноҳҳоят бахшида шуданд!» Баъзе аз устодони шариате, ки дар он ҷо нишаста буданд, аз дили худ чунин фикрҳо мегузаронданд: «Чаро Ӯ чунин суханони куфр мегӯяд! Ғайр аз Худо кӣ гуноҳҳоро бахшида метавонад?» Исо ҳамон лаҳза дар дилаш фикри онҳоро фаҳмида гуфт: «Чаро дар дили худ чунин фикрҳо доред? Кадомаш осонтар аст: ба шал гуфтани он ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё гуфтани он ки „бархез, ҷогаҳатро бардошта роҳ гард?“ Пас Ман ба шумо исбот мекунам, ки Писари Одамизод дар рӯйи замин ҳаққи бахшидани гуноҳҳоро дорад». Ӯ ба шал гуфт: «Ба ту мегӯям, бархез, ҷогаҳатро бардошта ба хонаат рав». Он мард аз ҷояш хеста, зуд ҷогаҳашро ҷамъ карду дар пеши назари мардуме, ки дар ҳайрат монда буданд, роҳ гашт. Ҳама Худоро ситоиш карда, ба якдигар мегуфтанд: «То ҳол монанди ин чизе надида будем!» Исо боз ба соҳили баҳр рафт. Мардум дар гирди Ӯ ҷамъ омаданд ва Ӯ онҳоро таълим медод. Баъд Исо роҳашро давом дода, Левии писари Ҳалфойро дид, ки дар ҷойи ҷамъоварии андоз менишаст. Исо ба вай гуфт: «Аз паси Ман биё». Левӣ бархест ва аз паси Ӯ равона шуд. Вақте ки Исо бо шогирдонаш дар хонаи Левӣ таом мехӯрд, бисёр андозгирон ва онҳое, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, низ дар сари он дастархон буданд, чунки бисёриҳо аз пайи Исо мерафтанд. Баъзе устодони шариат, ки аз равияи фарисиён буданд, Исоро бо гунаҳкорону андозгирон дар сари як дастархон дида, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро Ӯ бо андозгирону гунаҳкорон хӯрок мехӯрад?» Исо инро шунида, ба онҳо гуфт: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон муҳтоҷанд. Ман ҳам барои он омадаам, ки на некукорон, балки гунаҳкоронро даъват намоям». Дар он айём ҳам шогирдони Яҳё ва ҳам фарисиён рӯза гирифта буданд. Баъзе касон назди Исо омада пурсиданд: «Чаро шогирдони Яҳё ва шогирдони фарисиён рӯза медоранду шогирдони Ту не?» Исо ба онҳо гуфт: «Оё дӯстони домод дар тӯйи арӯсӣ, ҳангоме ки домод бо онҳост, рӯза мегиранд? То домод бо онҳост, онҳо рӯза гирифта наметавонанд. Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он рӯз онҳо низ рӯза мегиранд. Ҳеҷ кас аз матои нав ба либоси куҳна ямоқ ё поргӣ намекунад, чунки ямоқ ё поргии нав аз либоси куҳна ҷудо шуда медарад ва ҷойи даридаи либос боз ҳам бадтар мешавад. Инчунин ҳеҷ кас шароби навтайёршударо ба халтаи чармини куҳна намерезад, чунки аз туруш шудани шароб халта дарида, ҳам шароб мерезад ва ҳам худи халта аз кор мебарояд. Бино бар ин, шароби навтайёршударо ба халтаи нав мерезанд». Як рӯзи шанбе Исо ва шогирдонаш аз байни киштзорҳои гандум мегузаштанд ва шогирдон роҳравон хӯшаҳои гандумро меканданд. Баъзе аз фарисиён ба Исо гуфтанд: «Чаро онҳо кореро мекунанд, ки кардани он дар рӯзи шанбе раво нест?» Исо дар ҷавоб гуфт: «Магар дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд бо ҳамроҳонаш гурусна монда, аз эҳтиёҷмандӣ чӣ кор карда буд? Вақте ки Абётор саркоҳин буд, Довуд ба хонаи Худо даромада, нони ба Худо тақдимшударо гирифта хӯрд ва ба ҳамроҳонаш низ дод. Ҳол он ки аз рӯйи шариат фақат ба коҳинон хӯрдани он нон мумкин аст». Боз давом дод: «Рӯзи шанбе барои инсон офарида шудааст, на инсон барои рӯзи шанбе. Бино бар ин, Писари Одамизод ҳатто Хоҷаи рӯзи шанбе аст». Бори дигар Исо ба ҷамоатхона даромад. Дар он ҷо марде буд, ки дасташ хушк шуда буд. Баъзе одамон Исоро мушоҳида мекарданд, ки оё он мардро дар рӯзи шанбе шифо медиҳад ё не, то Ӯро айбдор карда тавонанд. Исо ба он марди дасташ хушкшуда гуфт: «Ин ҷо биё». Сипас, ба онҳо гуфт: «Ба фикри шумо дар рӯзи шанбе некӣ кардан равост ё бадӣ кардан? Ҷони касеро наҷот додан ё нобуд кардан?» Аммо онҳо хомӯш буданд. Исо бо ғазаб ба онҳо нигоҳ карду аз кундфаҳмӣ ва саркашиашон ғамгин гашт ва ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун!» Вай дасташро дароз карду дасташ сиҳат шуд. Фарисиён аз ҷамоатхона баромада, зуд бо тарафдорони Ҳиродус муҳокима карда, нақшаи куштани Исоро кашиданд. Ҳангоме ки Исо бо шогирдонаш ба тарафи баҳр равона шуд, мардуми бисёре аз вилояти Ҷалилу сарзамини Яҳудия, аз шаҳри Уршалим, инчунин аз сарзамини Адуму атрофи дарёи Урдун ва аз Суру Сидун аз паси Ӯ мерафтанд. Мардуми зиёд дар бораи корҳои Исо шунида, дар гирди Ӯ ҷамъ меомаданд. Аз сабаби бисёрии мардум Исо ба шогирдонаш фармуд, ки барояш қаиқе тайёр кунанд, то ки одамон ба Ӯ фишор наоранд. Азбаски Исо беморони зиёдеро шифо бахшида буд, ҳамаи беморон аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд, то дасташон ба Ӯ расаду шифо ёбанд. Рӯҳҳои нопок баробари дидани Ӯ худро дар наздаш ба замин мепартофтанд ва фарёдзанон мегуфтанд: «Ту Писари Худо ҳастӣ!» Вале Исо бо таъкиди қатъӣ ба онҳо амр мекард, ки дар бораи Ӯ овоза паҳн накунанд. Сипас, Исо ба кӯҳ баромада, онҳоеро ки мехост, ба наздаш даъват кард ва онҳо ба назди Ӯ омаданд. Ӯ аз байни онҳо дувоздаҳ нафарро фиристода номид ва онҳоро барои доимо бо Ӯ будан ва эълон кардани хушхабари Худо таъйин намуд. Ҳамчунин Ӯ ба онҳо қудрати берун кардани ҷинҳоро дод. Он дувоздаҳ нафар инҳоянд: Шимъун, ки Исо ӯро Петрус меномид, Яъқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд ва Исо онҳоро «писарони раъд» меномид, Андриёс, Филиппус ва Барталмо, Матто ва Тумо, Яъқуби писари Ҳалфой ва Таддо, Шимъуни Ватандӯст ва Яҳудои Исқарютӣ, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад. Баъд Исо ба хона рафт. Мардуми зиёде боз ҷамъ омада буданд, ки Ӯ ва шогирдонаш ҳатто фурсати хӯрок хӯрдан наёфтанд. Бо шунидани ин хабар хешу табори Исо ба наздаш омада, хостанд Ӯро бо худ баранд, зеро мегуфтанд, ки Ӯ аз ақл бегона шудааст. Гурӯҳе аз устодони шариат, ки аз Уршалим омада буданд, чунин мегуфтанд: «Ӯ дар Худ Баал-Забул, сардори ҷинҳоро дорад ва бо қудрати вай ҷинҳоро берун мекунад». Исо онҳоро ба наздаш даъват карда, бо масал гуфт: «Чӣ тавр шайтон худашро берун карда метавонад? Давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, устувор намемонад. Ҳамчунин хонаводае, ки байни аъзоёнаш ҷудоӣ афтодааст, устувор намемонад. Агар шайтон бар зидди худаш биҷангад ва дар худ ҷудоӣ дошта бошад, устувор намемонад, балки нобуд мешавад. Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси пурзӯр даромада, молу мулкашро дуздад, ба ғайр аз он ки аввал дасту пойи он мардро бандад ва он вақт хонаи ӯро ғорат кунад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар гуноҳе, ки инсон мекунад ва ҳар сухани куфре, ки мегӯяд, бахшида мешавад. Вале касе ки бар зидди Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо сухани куфр мегӯяд, ҳаргиз бахшида намешавад ва бори ин гуноҳаш то абад бар гарданаш мемонад». Ин суханонро Исо ба хотири он гуфт, ки баъзеҳо дар борааш мегуфтанд: «Ӯ гирифтори рӯҳи нопок аст». Он гоҳ модар ва бародарони Исо омада, дар берун истода, шахсеро фиристоданд, ки Ӯро даъват кунад. Исо дар байни мардум нишаста буд ва онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Модар ва бародарону хоҳаронат дар берун истодаанд ва Туро мепурсанд». Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Модар ва бародарони Ман кистанд? – ва ба атрофиёнаш нигоҳе карду давом дод, – Инҳо модар ва бародарони Ман ҳастанд! Ҳар касе, ки хости Худоро иҷро мекунад, бародар, хоҳар ва модари Ман аст». Бори дигар Исо дар соҳили баҳр ба мардум таълим медод. Азбаски тӯда-тӯда одамон дар гирдаш ҷамъ шуданд, Ӯ ба қаиқе нишаст ва одамон бошанд, дар соҳил меистоданд. Ӯ бисёр чизҳоро ба онҳо бо масалҳо таълим дод. Ӯ гуфт: «Гӯш кунед! Рӯзе як деҳқон барои кишт кардан ба киштзор меравад. Ҳангоми дона коштанаш як миқдори он ба пайраҳа меафтад ва парандаҳо омада, онҳоро аз замин чида мехӯранд. Миқдори дигари он ба замини санглоху камхок меафтад. Аз сабаби чуқур набудани хоки замин он зуд месабзад. Вале бо баромадани офтоб майсаи навхез пажмурда шуда, аз сабаби решаи мустаҳкам надоштанаш хушк мешавад. Миқдори дигараш ба замини хордор меафтад ва хорҳо қад кашида, майсаи навсабзидаро пахш мекунанду намегузоранд, ки он ҳосил диҳад. Лекин баъзе донаҳо ба замини хуби ҳосилхез афтода месабзад ва қад кашида сӣ, шаст ва сад баробар зиёдтар ҳосил медиҳад». Боз гуфт: «Пас ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!» Вақте ки Ӯ танҳо буд, пайравонаш ҳамроҳи дувоздаҳ фиристода аз Ӯ маънои масалро пурсиданд. Исо ҷавоб дод: «Фаҳмиши сирри Подшоҳии Худо ба шумо ато шудааст. Вале барои онҳое, ки бо мо нестанд, ҳама чиз бо масалҳо таълим дода мешавад, то ки онҳо „бо чашмони худ бинанду дарк накунанд, бо гӯшҳои худ гӯш кунанду нафаҳманд ва ба Худо рӯ наоварданд, то Худо гуноҳҳояшонро бубахшад“». Баъд Исо аз онҳо пурсид: «Магар маънои ин масалро нафаҳмидед? Пас ҳамаи масалҳои дигарро чӣ тавр мефаҳмед? Деҳқон каломи Худоро мекорад. Донаҳое, ки ба пайраҳа меафтанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале шайтон зуд омада, каломи дар дили онҳо кошташударо медуздад. Донаҳои ба замини санглох афтода касоне мебошанд, ки каломро шунида, дарҳол бо шодӣ онро қабул мекунанд, вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳе устувор меистанд. Баъд ба хотири он ки ба каломи Худо бовар мекунанд, ба душворӣ ва азоб дучор шуда, зуд имони худро аз даст медиҳанд. Донаҳое, ки ба замини хорзор меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд, аммо ғаму ташвиши зиндагӣ, орзуи сарват ва майлу рағбат ба чизҳои дигар фикру хаёлашонро ба худ банд карда, каломро пахш менамоянд ва дар натиҷа онҳо ҳеҷ ҳосиле намеоранд. Вале донаҳои ба замини ҳосилхез афтода, касоне мебошанд, ки каломро шунида, қабул мекунанду сӣ, шаст ва сад баробар бештар самар меоранд». Баъд Ӯ аз онҳо пурсид: «Магар чароғро барои он меоранд, ки зери зарф ё кате гузоранд? Оё онро ба чароғпоя намегузоранд? Ҳамин тавр, ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки ошкор нашавад ва чизи пӯшидае нест, ки равшан нагардад. Пас ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад! Суханонеро, ки мешунавед, бодиққат мулоҳиза намоед. Бо кадом санги тарозу, ки баркашед, бо ҳамон санг ва ҳатто зиёдтар аз он барои шумо бармекашанд. Зеро ба ҳар касе кӣ чизе дорад, боз дода мешавад. Лекин аз касе, ки ҳеҷ чиз надорад, ҳатто он чизи андаке ки дорад, гирифта мешавад». Исо суханони Худро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худо монанди он аст, ки шахсе ба замин донаҳо мепошад ва шабҳо хоб мераваду рӯзҳо бедор мешавад, донаҳо бошанд, сабзида нашъунамо меёбанд. Вале он шахс намедонад, ки донаҳо чӣ гуна сабзида, нашъунамо меёбанд. Чунки худи замин донаҳоро месабзонад. Аввал дона сабзида қад мекашад, баъд хӯша пайдо шуда, аз дона пур мешавад. Ҳамин ки хӯшаҳо пухта мерасанд, вай бо дос меояд, чунки мавсими ҳосил расидааст». Инчунин Исо гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ муқоиса кунем? Бо кадом масал онро шарҳ диҳем? Вай монанди тухми хардалест, ки ҳангоми дар замин коштан аз ҳамаи тухмҳои рӯйи дунё майдатарин мебошад, вале баъд аз кошта шудан, калон мешаваду аз ҳама растаниҳо калонтар мегардад ва шохаҳояш то андозае баланд мешаванд, ки парандаҳо дар сояаш лона месозанд». Ҳамин тавр, ба қадре ки мардум фаҳмида метавонист, Ӯ каломи Худоро бо чунин масалҳои зиёд баён мекард. Исо бе масал ба онҳо сухан намегуфт, вале маънои масалҳоро ба шогирдонаш дар танҳоӣ мефаҳмонд. Бегоҳии ҳамон рӯз Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Биёед, ба дигар тарафи баҳр мегузарем». Сипас, онҳо мардумро ҷавоб доданд ва ба қаиқе, ки Исо дар он нишаста буд, савор шуда, равона шуданд. Чанд қаиқи дигар низ ҳамроҳи Ӯ буд. Ногаҳон тӯфони сахте сар шуд. Мавҷҳо бо зарб ба қаиқ бармехӯрданд ва оқибат қаиқ аз об пур шуд. Аммо Исо дар қафои қаиқ сарашро ба болишт гузошта мехобид. Шогирдон Ӯро бедор карда гуфтанд: «Устод! Магар парво надорӣ, ки мо ҳалок мешавем?!» Ӯ аз хоб хест ва ба шамол фармон дода, ба баҳр гуфт: «Хомӯш шав! Ором бош!» Ҳамон лаҳза бод аз вазидан бозмонд ва дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд. Исо ба шогирдон гуфт: «Чаро ин қадар тарсидед? Оё ҳоло ҳам боварӣ надоред?» Вале онҳо, ки ба тарсу ҳарос афтода буданд, ба якдигар мегуфтанд: «Ин Кист, ки ҳатто шамолу баҳр ба Ӯ итоат мекунад?» Ҳамин тавр, Исо ва шогирдонаш ба тарафи дигари баҳр, ба сарзамини ҷадариён расиданд. Ҳангоми ба соҳил фаромадани Исо, як шахсе, ки гирифтори рӯҳи нопок, яъне ҷин буд, якбора аз қабристон берун баромада, бо Исо рӯ ба рӯ шуд. Ин мард дар қабристон зиндагӣ мекард ва ҳеҷ кас ӯро ҳатто бо занҷир ҳам баста, нигоҳ дошта наметавонист. Борҳо дасту пояшро бо занҷиру бандҳо баста буданд, вале ӯ занҷиру бандҳоро пора-пора мекард. Касе барои идора кардани вай қувват надошт. Ӯ шабу рӯз доимо дар қабристон ва теппаҳо дод зада мегашту худро бо сангҳо зада, маҷрӯҳ мекард. Вақте ки ӯ Исоро аз дур дид, давон-давон ба наздаш омада саҷда кард. Исо ба вай фармон дод: «Эй рӯҳи нопок, аз ин мард берун шав». Вай бошад, бо овози баланд фарёд зада гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Аз барои Худо маро азоб надеҳ!» Исо аз ӯ пурсид: «Номат чист?» Ӯ ҷавоб дод: «Номам Лашкар аст, чунки мо бисёрем». Вай аз Исо бисёр илтимос кард, ки онҳоро аз он сарзамин берун накунад. Ҳамон ҷо дар болои теппа галаи калони хукҳо мечарид. Рӯҳҳои нопок Исоро зорию тавалло карда гуфтанд: «Моро ба хукҳо фирист ва иҷозат деҳ, ки ба онҳо дароем». Исо ба онҳо иҷозат дод. Он гоҳ рӯҳҳои нопок аз он мард берун баромада, ба даруни хукҳо даромаданд. Галаи хукон, ки тақрибан ду ҳазор сар буд, дав-давон худро аз теппа ба баҳр партофта, дар об ғарқ шуд. Хукбонҳо бошанд, гурехтанд ва ин воқеаро дар шаҳру деҳот нақл карданд. Мардум берун баромаданд, то бубинанд, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. Пас онҳо дар гирди Исо ҷамъ шуда, диданд, ки ҳамон ҷинзадае, ки гирифтори лашкари ҷинҳо буд, акнун дар тан либос дошту бо ақли солим нишастааст. Ҳамаро тарс фаро гирифт. Шоҳидони ин воқеа ҳодисаи бо ҷинзадаву хукҳо рӯйдодаро ба одамон нақл мекарданд. Он гоҳ мардум аз Исо зориву тавалло карданд, ки аз сарзаминашон равад. Ҳангоме ки Исо ба қаиқ савор мешуд, марде, ки пештар гирифтори ҷинҳо буд, аз Вай илтимос кард, ки ӯро ҳам бо Худ барад. Аммо Исо хоҳиши ӯро рад карда гуфт: «Ба хонаат баргард ва ба хешу таборат нақл кун, ки Худованд барои ту чӣ кору чӣ ғамхории бузурге кардааст». Ӯ рафта дар ноҳияи Даҳшаҳр эълон карда мегуфт, ки Исо барояш чӣ кори бузурге кардааст ва ҳама аз шунидани ин дар ҳайрат мемонданд. Исо ба қаиқ савор шуда, ба тарафи дигари баҳр рафт. Вақте ки ба соҳил расид, мардуми зиёде назди Ӯ ҷамъ омаданд. Дар ҳамин вақт марде бо номи Ёир, ки яке аз сардорони ҷамоатхона буд, омада Исоро дидан замон худро пеши пойҳои Ӯ партофт. Ӯ зорикунон гуфт: «Духтарам дар дами марг аст. Аз Ту хоҳиш мекунам, ки омада дастонатро бар ӯ бигузорӣ, то шифо ёбаду зинда монад». Исо бо ӯ ба роҳ даромад ва аз паси онҳо мардуми бисёре ҳам равона шуданд, ки аз ҳар тараф Исоро фишор медоданд. Дар он ҷо як зане буд, ки дувоздаҳ сол боз бемории хунравӣ дошт. Ҳарчанд вай аз муолиҷаи табибони зиёд дард кашида, тамоми дороияшро сарф карда буд, саломатиаш хуб намешуд. Баръакс аҳволаш торафт бадтар мешуд. Вақте ки ӯ дар бораи Исо шунид, аз дилаш гузаронд: «Агар ақаллан ба либосаш даст расонам, шифо меёбам». Барои ҳамин он зан аз байни тӯдаи одамон гузашта, аз ақиб ба Исо наздик шуду ба ҷомааш даст расонд. Ҳамон лаҳза хунравиаш бозмонд ва ӯ ҳис кард, ки шифо ёфтааст. Исо низ дарҳол ҳис кард, ки аз Ӯ қуввае берун рафт ва ба мардуми гирду атрофаш нигоҳ карда пурсид: «Кӣ ба ҷомаам даст расонд?» Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Мебинӣ, ки ба Ту аз ҳар тараф фишор меоранд ва боз мепурсӣ, ки ба Ту кӣ даст расонд?» Вале Исо ба атрофиён нигоҳ мекард, то касеро, ки ба ҷомааш даст расонда буд, пайдо кунад. Он зан, ки огоҳ буд, чӣ гуна шифо ёфтааст, ҷуръат карда, тарсону ларзон ба Исо наздик омад ва пеши пойи Ӯ афтода, ҳақиқати ҳолро нақл кард. Исо ба ӯ гуфт: «Эй духтарам, туро имонат шифо дод! Рав ва дар амон бошу саломат гард!» Ҳанӯз ки Ӯ гап мезад, чанд нафар аз хонаи Ёир хабар оварда гуфтанд: «Духтарат мурд, дигар Устодро заҳмат надеҳ». Вале Исо инро шунида, ба сардори ҷамоатхона гуфт: «Натарс! Фақат имон дошта бош». Инро гуфт ва ба ғайр аз Петрус, Яъқуб ва бародари ӯ Юҳанно ба дигарон иҷозат надод, ки ҳамроҳаш бираванд. Вақте ба хонаи Ёир расиданд, диданд, ки одамони зиёде бо шӯру ғавғо гиряву нола мекарданд. Исо ба хона даромада ба онҳо гуфт: «Чаро шӯру ғавғо бардошта, гиря мекунед? Духтар намурдааст, фақат хобидааст». Мардум ба гапи ӯ хандиданд. Вале Исо ҳамаро берун карда, бо падару модари духтар ва ҳамроҳонаш ба хонае, ки духтар хобида буд, даромад. Исо дасти ӯро гирифта гуфт: «Талито қумӣ!», ки маънояш «Эй духтарак, бархез!» аст. Он духтар, ки дувоздаҳсола буд, зуд бархест ва ба роҳ гаштан даромад. Онҳо аз дидани ин дар ҳайрат монданд. Исо онҳоро сахт таъкид кард, ки ин воқеаро ба касе нагӯянд ва гуфт, ки ба духтар хӯрок диҳанд. Исо бо шогирдонаш аз он ҷо баромада, ба шаҳри Худ баргашт. Рӯзи шанбе Ӯ дар ҷамоатхона ба таълим додани мардум шурӯъ кард. Бисёр касоне, ки Ӯро мешуниданд, ангушти ҳайрат газида, чунин мегуфтанд: «Ин фикрҳо дар сари вай аз куҷо пайдо мешаванд? Ин чӣ ҳикматест, ки ба Ӯ дода шудааст? Чӣ гуна Ӯ чунин муъҷизаҳои бузург мекунад? Магар Ӯ ҳамон дуредгар нест, ки модараш Марям, бародаронаш Яъқуб, Юсӣ, Яҳудо ва Шимъун ҳастанд ва хоҳаронаш ҳам дар байни мо зиндагӣ мекунанд?» Онҳо дар ҳаққи Исо шакку шубҳа карданд. Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар дар шаҳри худ, байни хешон ва хонадони худ қадр надорад, вале дар ҳама ҷойи дигар ӯро бо эҳтиром қабул мекунанд». Ӯ дар он шаҳр танҳо ба чанд бемор даст расонда, онҳоро шифо дод ва ба ғайр аз ин ҳеҷ муъҷизае нишон дода натавонист. Ӯ аз беимонии онҳо дар ҳайрат афтод. Исо ба деҳоти атроф рафта, мардумро таълим медод. Вай дувоздаҳ шогирдашро ба пешаш даъват кард ва ба онҳо қудрати ба рӯҳҳои нопок амр карданро дода, ҷуфт-ҷуфт ба ҳар тараф фиристод. Ӯ ба онҳо фармуд: «Ба ғайр аз асо ҳамроҳи худ чизе нагиред: на хӯрок, на борхалта, на ҳамёни пул ва на либоси иловагӣ. Танҳо пойафзори одӣ бипӯшед. Ба ҳар хонае, ки медароед, то рӯзи аз он ҷо рафтанатон дар ҳамон хона бимонед ва онро иваз накунед. Агар дар он ҷо шуморо қабул накунанд ва ба суханони шумо гӯш надиҳанд, он ҷойро тарк кунед ва чангу хокашро аз поятон афшонед, то шаҳодати айбдор будани онҳо гардад». Пас онҳо рафта, эълон мекарданд, ки ҳама бояд тавба карда, ба Худованд рӯй оваранд. Онҳо ҷинҳои зиёдеро берун карда, бисёр беморонро бо молидани равған шифо бахшиданд. Шоҳ Ҳиродус аз ин корҳо бохабар шуд, чунки номи Исо дар ҳама ҷо шуҳрат меёфт. Баъзеҳо дар бораи Исо мегуфтанд, ки ин Яҳёи Таъмиддиҳанда аз мурдагон зинда шудааст ва барои ҳамин Ӯ чунин қудрати муъҷизакорӣ дорад. Баъзеи дигарон мегуфтанд, ки ин Илёс пайғамбар аст. Қисми дигари одамон мегуфтанд, ки Ӯ яке аз пайғамбарони давраҳои қадим аст. Аммо вақте Ҳиродус инро шунид, гуфт: «Ин Яҳё аст, ки ман сарашро аз танаш ҷудо карда будам ва ҳоло ӯ зинда шудааст». Зеро чунин ҳодиса рӯй дода буд: Пеш аз марги Яҳёи Таъмиддиҳанда, Ҳиродус зани бародараш Филиппус, Ҳиродияро ба занӣ гирифта буд. Лекин Яҳё ба ӯ гуфта буд: «Аз рӯйи шариат ба шумо гирифтани зани бародаратон раво нест». Барои ҳамин Ҳиродус фармон дод, ки Яҳёро дастгир намуда, дасту пояшро баста, ҳабс кунанд. Дар дили Ҳиродия зидди Яҳё кина пайдо шуд ва ӯ мехост Яҳёро ба қатл расонад, лекин ин корро карда наметавонист, чунки Ҳиродус аз Яҳё метарсид. Вай медонист, ки Яҳё марди худотарс ва муқаддас аст, барои ҳамин ҳам ӯро эҳтиёт мекард. Гарчанде суханони Яҳё ӯро нороҳат мекарданд, ба ҳар ҳол онро гӯш кардан барояш маъқул буд. Рӯзе барои Ҳиродия фурсати муносибе фаро расид: Ҳиродус дар рӯзи таваллуди худ зиёфате ороста, ҳамаи мансабдорон, сарлашкарон ва мардуми обрӯманди вилояти Ҷалилро даъват намуд. Вақте ки духтари Ҳиродия ба базм омада рақсид, ӯ Ҳиродус ва меҳмононашро мафтун кард. Аз ин рӯ, Ҳиродус ба вай гуфт: «Ҳар чи аз ман талаб кунӣ, бароят медиҳам. Ман қасам мехӯрам, ки ҳар чи пурсӣ медиҳам, ҳатто нисфи мамлакатамро». Духтар рафта аз модараш маслиҳат пурсид, ки чӣ талаб кунад. Ҳиродия ҷавоб дод: «Сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро талаб кун». Духтар зуд назди шоҳ омада гуфт: «Мехоҳам, ки худи ҳозир сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар рӯйи табақ оварда диҳед». Шоҳ хеле ғамгин гашт, вале ба хотири қасами дар пеши меҳмонон хӯрдааш, хоҳиши духтарро рад кардан нахост. Бино бар ин, шоҳ даррав ба ҷаллод фармуд, ки сари Яҳёро барояш гирифта биёрад. Ҷаллод ба ҳабсхона рафта, сари Яҳёро аз танаш ҷудо карду рӯйи табақ гузошта, ба духтар оварда дод. Духтар бошад, онро ба модараш дод. Ҳангоме ки шогирдони Яҳё аз ин хабар ёфтанд, омада, ҷасади ӯро гирифтанду бурда гӯронданд. Фиристодагон ба назди Исо баргашта тамоми корҳоеро, ки карданд ва чизҳоеро, ки ба мардум таълим доданд, нақл карданд. Рафтуомади мардум чунон зиёд буд, ки Исо ва шогирдонаш ҳатто фурсати хӯрок хӯрдан надоштанд. Аз ин рӯ Исо ба онҳо гуфт: «Акнун ба ягон ҷойи беодам рафта, каме истироҳат кунем». Пас ба қаиқ савор шуда, худашон танҳо ба ҷойи беодаме рафтанд. Бисёр одамон рафтани онҳоро диданд ва онҳоро шинохта, аз ҳар шаҳр пиёда аз пасашон шитофтанду пеш аз онҳо ба он маҳал омада расиданд. Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, мардуми зиёдеро дида, ба ҳолашон раҳмаш омад, зеро ки онҳо монанди гӯсфандони бечӯпон буданд ва ба онҳо бисёр чизҳоро таълим дод. Бегоҳӣ шогирдон назди Исо омада гуфтанд: «Ин як ҷойи беодам аст, вақт ҳам дер шуд. Мардумро ҷавоб деҳ, ки ба деҳоти гирду атроф рафта, барои худ хӯрдание бихаранд». Вале Исо гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Шогирдон пурсиданд: «Ба фикри Ту мо бояд рафта ба дусад динор нон харида, ба онҳо диҳем?» Исо гуфт: «Рафта бинед, ки шумо чӣ қадар нон доред». Онҳо фаҳмида омада ба Ӯ гуфтанд: «Ҳамагӣ панҷ нону ду моҳӣ ҳаст». Он гоҳ Исо фармуд, ки шогирдонаш мардумро гурӯҳ-гурӯҳ рӯйи сабзазор шинонанд. Одамон бо гурӯҳҳо панҷоҳ ва саднафарӣ нишастанд. Исо он панҷ нон ва ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу шукр гуфт ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод, то ба мардум тақсим кунанд. Ҳамчунин ду моҳиро байни мардум тақсим кард. Ҳама то сер шудан хӯрданд ва сипас шогирдон дувоздаҳ сабадро аз нонпора ва моҳиҳои боқимонда пур карданд. Шумораи мардоне, ки нон хӯрданд, панҷ ҳазор буд. Баъд аз он Исо зуд ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пешопеши Ӯ ба сӯйи шаҳри Байт-Сайдо раванд. Ӯ Худаш дар он ҷо монд, то ки мардумро ҷавоб диҳад. Пас аз ҷавоб додани мардум Исо барои дуо кардан ба кӯҳ баромад. Бегоҳирӯзӣ қаиқ ба миёни баҳр расид, Исо бошад, дар соҳил танҳо монда буд. Исо дид, ки шогирдонаш бо азоб зидди боди сахте, ки мухолифи онҳо мевазид, шино мекунанд. Барои ҳамин ҳанӯз чашми рӯз накафида, Исо рӯ-рӯйи об қадамзанон ба тарафи шогирдонаш равона шуд. Вай аз назди онҳо гузашта рафтанӣ буд, вале шогирдон дар рӯйи об қадам задани Ӯро дида, фикр карданд, ки ин арвоҳ аст. Онҳо фарёд заданд, чунки ҳамаашон Ӯро дида тарсиданд, вале Исо зуд ба онҳо гуфт: «Далер бошед! Натарсед! Ин Манам». Баъд ба қаиқ савор шуд ва шамол аз вазидан бозмонд. Шогирдон бениҳоят ҳайрон монданд, чунки аз сабаби кундфаҳмӣ ва саркашиашон ҳанӯз муъҷизаи нонро нафаҳмиданд. Онҳо аз баҳр гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омада расиданд. Ҳамин ки онҳо аз қаиқ фаромаданд, одамон Исоро шинохтанд. Онҳо зуд ба тамоми гирду атрофи он сарзамин рафта, беморонро бо ҷогаҳашон бардошта, ба ҳар ҷое, ки мешуниданд Исо буд, меоварданд. Ба ҳар ҷое, ки Исо мерафт, чи дар деҳоту чи дар шаҳрҳо, одамон беморонро сари роҳи Ӯ гузошта, илтимос мекарданд, ки ақаллан ба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки даст мерасонд, шифо меёфт. Рӯзе чанд нафар аз фарисиён ва устодони шариат аз Уршалим ба назди Исо омаданд. Онҳо гирди Ӯ ҷамъ омада диданд, ки баъзе шогирдонаш бо дасти нопок, яъне ношуста хӯрок мехӯранд. Ҳол он ки яҳудиён, махсусан фарисиён, то даме ки дастҳояшонро мувофиқи урфу одатҳои аҷдодонашон нашӯянд, ҳаргиз хӯрок намехӯрданд. Инчунин ҳеҷ чизро аз бозор то нашӯянд, намехӯрданд. Боз бисёр урфу одатҳои дигарро риоя мекарданд, монанди шустани пиёла, дегу табақҳои биринҷӣ ва катҳо. Фарисиён ва устодони шариат аз Исо пурсиданд: «Барои чӣ шогирдони Ту урфу одатҳои аҷдодони моро риоя накарда, бо дастҳои ҳаром хӯрок мехӯранд?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ишаъё пайғамбар дар бораи шумо, дурӯяҳо дуруст пешгӯйӣ кардааст: „Худо мегӯяд, ки ин одамон фақат бо забон Маро ҳурмат мекунанд, вале дилашон аз Ман дур аст. Онҳо Маро беҳуда парастиш мекунанд, чунки қоидаҳои инсониро ҳамчун қонуни Худо таълим медиҳанд!“ Шумо фармудаҳои Худоро як тараф гузошта, ба урфу одатҳои инсонӣ пайравӣ мекунед. Шумо барои нигоҳ доштани урфу одатҳои худ, моҳирона фармудаҳои Худоро беэътибор мемонед. Масалан, Худо ба воситаи Мусо фармудааст: „Падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо“ ва „агар касе волидонашро лаънат кунад, ҳатман кушта шавад“. Шумо бошед, чунин таълим медиҳед: „Агар касе ба падару модараш бо чизе ёрӣ расонда тавонад, вале ёрӣ надода, он чизро ба Худо бахшад, иҷозат дорад, ки дигар ба падару модараш ягон кӯмаке накунад“. Ҳамин тавр шумо фармудаҳои Худоро бо урфу одатҳои худ барҳам дода, насл ба насл инро ёд медиҳед ва бисёр корҳои мисли инро мекунед». Исо мардумро боз наздаш даъват намуда гуфт: «Ҳамин чизро донед, ки ҳар чи аз берун ба даруни одам медарояд, ӯро ҳаром карда наметавонад, аммо он чизе, ки аз даруни одам берун мебарояд, ӯро ҳаром мекунад». Вақте ки Исо аз назди мардум рафта, ба хона даромад, шогирдонаш аз Ӯ маънои ин масалро пурсиданд. Вай ба онҳо гуфт: «Наход шумо ҳам инро нафаҳмида бошед? Магар намедонед, ки он чи ба даруни одам аз берун медарояд, ӯро ҳаром карда наметавонад? Чунки хӯрок ба дили шумо намедарояд, балки аз шиками шумо гузашта, берун мебарояд». Бо ин суханон Исо эълон кард, ки ҳар гуна хӯрок ҳалол аст. Баъд илова кард: «Он чизе, ки аз даруни худи инсон мебарояд, ӯро ҳаром мекунад. Чунки маҳз аз дарун, аз дили инсон хаёлоти бад, гуноҳи ҷинсӣ, дуздӣ, қатл, зино, бахилӣ, фиребу найранг, бадкориву бадахлоқӣ, ҳасаду туҳмат, мағрурӣ ва бефаросатӣ пайдо мешавад. Ҳамаи ин бадиҳо аз даруни инсон берун баромада, ӯро ҳаром мекунанд». Аз он ҷо Исо ба наздикиҳои шаҳри Сур рафт. Ӯ ба хонае даромад ва нахост, ки касе омаданашро фаҳмад, вале натавонист пинҳон бимонад. Зане, ки духтари хурдсолаш гирифтори рӯҳи нопок буд, аз омадани Исо зуд бохабар шуда, ба назди Ӯ омад ва ба пеши пойҳояш афтод. Вай зани юнонӣ, зодаи Финиқияи Сурия буд. Ӯ илтимос кард, ки Исо ҷинро аз духтараш берун кунад. Исо ба ӯ гуфт: «Бигзор аввал фарзандон сер шаванд, чунки нони фарзандонро гирифта ба назди сагон партофтан нодуруст аст». Вале зан ҷавоб дод: «Дуруст аст, Хоҷаам, вале сагон ҳам нонрезаҳои аз дастархони кӯдакон афтодаро мехӯранд». Он гоҳ Исо ба зан гуфт: «Барои чунин ҷавобат метавонӣ ба хонаат баргардӣ, чунки ҷин аз духтарат берун шудааст». Зан ба хонааш омада дид, ки духтараш ором хобидааст ва ҷин аз вай берун шудааст. Сипас, Исо аз шаҳри Сур баромада, бо роҳи Сидун ба тарафи баҳри Ҷалил ба ноҳияи Даҳшаҳр равона шуд. Дар он ҷо ба наздаш мардеро оварданд, ки кар буду забонаш мегирифт. Онҳо илтимос карданд, ки Исо бар ӯ даст гузошта, шифояш диҳад. Исо ӯро аз байни мардум ба як тараф бурда, ангуштонашро ба гӯши вай гузошт ва туф карда, ангуштонашро ба забони мард расонд. Баъд ба осмон нигариста оҳе кашиду гуфт: «Ифатаҳ!», ки маънояш «Кушода шав!» мебошад. Он мард ҳамон лаҳза шифо ёфта, гӯшҳояш кушода шуданду забонаш озод гашт ва ӯ бурро гап зад. Исо ба онҳо гуфт, ки ба касе чизе нагӯянд. Вале ҳар қадар бештар онҳоро таъкид мекард, ҳамон қадар зиёдтар онҳо овозаҳо паҳн мекарданд. Мардум ба ҳайрат афтода, ба якдигар мегуфтанд: «Ҳар коре, ки мекунад, хуб аст. Ӯ ҳатто карҳоро шунаво мекунаду забони гунгҳоро мекушояд». Дар яке аз ҳамин рӯзҳо боз тӯда-тӯда одамон ба назди Исо ҷамъ омаданд ва ҳеҷ хӯрдание надоштанд. Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ба ин одамон раҳмам меояд, онҳо се рӯз боз бо Ман ҳастанд ва дигар хӯрдание надоранд. Агар онҳоро аз пеши худ гурусна ҷавоб диҳам, дар роҳ беҳол мешаванд. Баъзеи онҳо аз роҳи дур омадаанд». Шогирдонаш гуфтанд: «Магар касе метавонад дар ин биёбон ин қадар одамро аз нон сер кунад?» Исо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто». Ӯ ба мардум фармуд, ки ба рӯйи замин шинанд. Баъд он ҳафт нонро гирифта, Худоро шукр гуфт ва онро пора карда, ба шогирдонаш дод, ки тақсим кунанд ва онҳо нонро ба мардум тақсим карданд. Онҳо инчунин чанд моҳии майда ҳам доштанд. Исо Худоро барои онҳо шукр гуфта, фармуд, ки он моҳиҳоро низ дар байни мардум тақсим кунанд. Мардум то сер шудан хӯрданд ва сипас шогирдон ҳафт сабадро аз нонпораҳои боқимонда пур карданд. Дар он ҷо қариб чор ҳазор нафар буданд. Баъд Исо онҳоро ҷавоб доду якбора бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда, ба ноҳияи Далмонуто равона шуд. Сипас, чанд нафаре аз фарисиён назди Исо омада, бо Ӯ баҳсу мунозираро сар карданд ва Ӯро озмуданӣ шуда, талаб намуданд, ки барояшон аз ҷониби Худо аломате диҳад. Исо аз дилаш оҳи вазнине кашида гуфт: «Барои чӣ ин насл аломат талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ба ин насл ягон аломат дода намешавад». Пас онҳоро монда, ба қаиқ савор шуду ба тарафи дигари баҳр рафт. Шогирдони Исо фаромӯш карданд, ки ба қаиқ бо худ нон бигиранд ва ҳоло фақат як нон доштанд. Исо онҳоро таъкид карда гуфт: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши фарисиён ва шоҳ Ҳиродус эҳтиёт кунед». Шогирдон ба якдигар мегуфтанд: «Ӯ инро аз он сабаб гуфт, ки нон надорем». Вале Исо инро фаҳмида гуфт: «Чаро шумо нон надоштанатонро фикр мекунед? Магар то ҳол дарк намекунед ва намефаҳмед? Ё кундфаҳму гарданшах шудаед? Шумо, ки чашм доред, чаро намебинед? Гӯш дореду чаро намешунавед? Оё фаромӯш кардед? Ҳангоми панҷ ҳазор мардро бо панҷ нон сер карданам чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?» Ҷавоб доданд: «Дувоздаҳ сабад». Гуфт: «Вақте ки бо ҳафт нон чор ҳазор нафарро сер кардам, чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?» Гуфтанд: «Ҳафт сабад». Ба онҳо гуфт: «Оё то ҳол намефаҳмед?» Вақте ки онҳо ба шаҳри Байт-Сайдо расиданд, чанд нафар марди кӯреро ба назди Исо оварда, хоҳиш карданд, ки ба вай даст расонда шифо диҳад. Исо дасти он мардро гирифта аз деҳа берун бурд. Баъд оби даҳонашро ба чашмони мард молида, дастонашро бар ӯ гузошту пурсид: «Ягон чиз мебинӣ?» Мард боло нигариста гуфт: «Мардумро мисли дарахтоне мебинам, ки роҳ мераванд». Исо бори дигар дастонашро ба чашмони он мард гузошт. Ин дафъа мард бодиққат нигоҳ кард ва чашмонаш шифо ёфтанду ӯ ҳама чизро хуб дид. Исо ӯро ба хонааш фиристода таъкид кард, ки ба деҳа барнагардад. Исо бо шогирдонаш ба деҳаҳои атрофи шаҳри Қайсарияи Филиппус сафарашро давом дод. Дар роҳ аз онҳо пурсид: «Одамон Маро кӣ мегӯянд?» Онҳо ҷавоб доданд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Ту Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастӣ, қисми дигари одамон мегӯянд, ки Илёс пайғамбарӣ, дигарон мегӯянд, ки Ту яке аз пайғамбарони гузаштаи дигар ҳастӣ». Он гоҳ Исо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» Петрус ҷавоб дод: «Ту Масеҳ, Таъйиншудаи Худо ҳастӣ». Исо онҳоро таъкид кард, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд. Баъд Исо ба таълим додани шогирдонаш сар карда, гуфт, ки Писари Одамизод бояд бисёр азоб кашад. Пирони қавм, коҳинони калон ва устодони шариат аз Вай рӯй мегардонанд. Ӯро мекушанд, вале Ӯ баъд аз се рӯз зинда мегардад. Исо ин суханонро кушоду равшан гуфт ва Петрус Ӯро як сӯ бурда, сарзаниш кард. Лекин Исо рӯяшро гардонда ба шогирдонаш нигоҳ карду Петрусро сарзаниш намуда гуфт: «Дур шав аз Ман, эй шайтон! Ту на мисли Худо, балки мисли инсон фикр мекунӣ». Баъд Исо шогирдон ва мардумро ба наздаш ҷамъ карда гуфт: «Агар касе пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз хоҳишҳои худ рӯй гардонда, салиби азобу маргашро бардошта, Маро пайравӣ кунад. Касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале касе, ки ба хотири Ман ва ин хушхабар ҳаёташро фидо мекунад, онро нигоҳ медорад. Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад? Одамизод бар ивази ҷони худ ҳеҷ товоне дода наметавонад. Касе, ки дар ин замони пур аз гуноҳу бевафоӣ аз Ман ва суханонам шарм кунад, Писари Одамизод низ, ҳангоме ки бо шуҳрату ҷалоли Падараш ҳамроҳи фариштаҳои муқаддас меояд, аз ӯ шарм хоҳад кард». Исо боз ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ин ҷо касоне ҳастанд, ки ҳанӯз аз дунё нагузашта, мебинанд, ки Подшоҳии Худо бо тамоми қудрат меояд». Пас аз шаш рӯз Исо танҳо Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро ҳамроҳаш гирифта, ба болои кӯҳи баланде баромад. Баъд дар пеши назари шогирдон намуди зоҳирии Ӯ дигаргун шуд. Либоси Ӯ сап-сафеди дурахшон гашт, то ба дараҷае, ки дар рӯйи замин ҳеҷ кас аз он сафедтар карда наметавонад. Он гоҳ Илёс ва Мусо дар пеши назари шогирдон пайдо шуданд, ки бо Исо суҳбат мекарданд. Баъд Петрус ба Исо гуфт: «Устод, чӣ қадар хуб аст, ки мо ин ҷо ҳастем. Биё се хайма месозем: яке барои Ту, дигаре барои Мусо ва сеюм барои Илёс». Петрус намедонист, ки чӣ гӯяд, чунки ҳамаи онҳо сахт тарсида буданд. Баъд абре пайдо шуда, онҳоро фаро гирифт ва аз он овозе баромад: «Ин Писари азизи Ман аст. Ӯро гӯш кунед». Ногаҳон онҳо ба атроф назар андохта, ғайр аз Исо касеро надиданд. Вақте ки онҳо аз кӯҳ поин мефаромаданд, Исо онҳоро таъкид кард, ки то зинда шудани Писари Одамизод аз он чи дидаанд, ба касе чизе нагӯянд. Барои ҳамин онҳо ба касе дар ин бобат даҳон намекушоданд, агарчи дар байни худ маънои ибораи «зинда шудан»-ро муҳокима мекарданд. Шогирдон аз Исо пурсиданд: «Чаро устодони шариат мегӯянд, ки пеш аз Масеҳ бояд Илёс биёяд?» Исо ҷавоб дод: «Дуруст, аввал бояд Илёс биёяд ва ҳама чизро барқарор намояд. Вале Писари Одамизод, чунон ки дар навиштаҷот омадааст, азоб кашида, хору зор мегардад. Лекин ба шумо мегӯям, ки Илёс омадааст ва одамон ҳар коре, ки хостанд, ба вай карданд, чунон ки дар борааш навишта шудааст». Вақте ки онҳо ба назди шогирдони дигар омаданд, диданд, ки мардуми зиёде дар гирди онҳо ҷамъ шудаанд ва чанд нафар аз устодони шариат бо онҳо баҳсу мунозира доранд. Ҳамин ки мардум Исоро диданд, хеле ҳайрон шуда, давон-давон ба истиқболаш рафтанд. Исо пурсид: «Дар бораи чӣ бо онҳо баҳс мекунед?» Марде аз байни мардум ҷавоб дод: «Устод, писарамро назди Ту овардам. Ӯ гап зада наметавонад, чунки гирифтори рӯҳи нопок аст. Ҳар гоҳ ки рӯҳи нопок писарамро ҳамла мекунад, ӯро бар замин мезанад. Даҳони писарам кафк мекунад, дандонҳояш ба якдигар мечаспанд ва баданаш мисли чӯб карахт мешавад. Аз шогирдони Ту хоҳиш кардам, ки рӯҳи нопокро аз ӯ берун кунанд, вале онҳо натавонистанд». Исо гуфт: «Эй насли беимон! То кай бо шумо бошам ва то кай шуморо тоқат кунам? Писарро пеши Ман биёред». Пас ӯро оварданд ва ҳамин ки рӯҳ Исоро дид, писарро сахт ларзонд. Бача ба рӯйи замин ғалтида ғел мезад ва аз даҳонаш кафк мебаромад. Исо аз падари ӯ пурсид: «Ӯ кай боз ба ин дард гирифтор аст?» Ҷавоб дод: «Аз бачагиаш. Рӯҳи нопок борҳо ӯро ба обу оташ андохта, мехост нобудаш кунад. Илтимос, агар ягон кор карда тавонӣ, ба мо раҳм кун ва мадад намо». Исо ба мард гуфт: «Чаро „Агар тавонӣ“ мегӯйӣ? Ба касе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст». Падари бача дарҳол нидо кард: «Бале, имон дорам, вале ёрӣ деҳ, ки имонам қавитар гардад». Вақте Исо дид, ки мардуми зиёд давон омада ҷамъ мешаванд, бо сарзаниш ба рӯҳи нопок фармон дод: «Эй рӯҳи кариву гунгӣ! Ба ту мегӯям, аз ин бача берун баро ва дигар ба ӯ надаро!» Рӯҳи нопок наърае зада, бори дигар бачаро сахт ларзонда, аз ӯ берун шуд. Ранги бача монанди мурда шуд, барои ҳамин бисёриҳо «Вай мурдааст» гуфтанд. Вале Исо дасти ӯро гирифта, аз ҷояш хезонд ва бача ба пояш истод. Баъдтар вақте ки Исо ба хона даромад, шогирдон дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо рӯҳи нопокро берун карда натавонистем?» Исо гуфт: «Ин зот танҳо бо дуо берун карда мешавад». Исо ҳамроҳи шогирдонаш он ҷоро монда, аз Ҷалил гузашта рафт. Вай намехост, ки касе аз ин бохабар шавад, чунки Ӯ шогирдонро таълим дода мегуфт: «Писари Одамизод ба дасти одамон супорида мешавад ва онҳо Ӯро мекушанд, вале баъд аз се рӯз Ӯ зинда мегардад». Вале онҳо маънои суханони Ӯро нафаҳмиданду аз пурсидан тарсиданд. Онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум расида, ба хонае даромаданд ва Исо аз шогирдон пурсид: «Дар роҳ бо якдигар дар бораи чӣ баҳс мекардед?» Онҳо хомӯш буданд, зеро дар роҳ баҳс мекарданд, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст. Пас Исо нишасту дувоздаҳ шогирдро ҷамъ карда гуфт: «Ҳар кӣ мехоҳад аввалин бошад, бояд охирин ва дар хизмати ҳама бошад». Баъд кӯдакеро гирифта дар байни онҳо гузошт. Сипас, ӯро ба бағал гирифта гуфт: «Ҳар касе ки чунин кӯдакро ба хотири Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад ва ҳар касе, ки Маро қабул мекунад, на Маро, балки Фиристандаи Маро қабул мекунад». Сипас, Юҳанно ба Исо гуфт: «Устод, мардеро дидем, ки ба номи Ту ҷинҳоро берун мекард, вале азбаски моро пайравӣ намекард, кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин кор боздорем». Аммо Исо гуфт: «Ӯро аз ин кор бознадоред! Ҳар касе, ки аз номи Ман муъҷиза мекунад, наметавонад баъд аз фурсате дар бораи Ман сухани баде бигӯяд. Зеро касе ки бар зидди мо нест, тарафдори мост. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар касе ба шумо фақат ба хотири он, ки шогирди Масеҳ ҳастед, ақаллан як пиёла об диҳад, бе мукофот нахоҳад монд. Лекин вой бар ҳоли касе, ки яке аз ин пайравони хурди ба Ман имоновардаро гумроҳ кунад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ба гарданаш санги осиёбро овехта, ба баҳр партоянд. Агар дастат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто, зеро назар ба он ки ду даст дошта бошию ба оташи хомӯшнашавандаи дӯзах афтӣ, беҳтар аст, ки бе як даст соҳиби ҳаёт шавӣ. Агар поят туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто, зеро назар ба он ки ду пой дошта бошию ба дӯзах партофта шавӣ, беҳтар ки бе як пой соҳиби ҳаёт шавӣ. Агар чашмат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда парто, зеро бароят беҳтар аст, ки бо як чашм ба Подшоҳии Худо дароӣ, аз он ки бо ду чашм ба дӯзах партофта шавӣ, „ки дар он ҷо кирмҳо ҳаргиз намемиранд ва оташ ҳеҷ гоҳ хомӯш намегардад“. Ҳар кас бо оташ намакин мешавад. Намак чизи хуб аст, вале агар сифаташро гум кунад, бо чӣ онро намакин карда метавонед? Пас шумо низ дар худ намак дошта бошед ва бо якдигар дар сулҳу салоҳ зиндагӣ кунед». Исо он ҷоро монда, ба сӯйи сарзамини Яҳудия ва тарафи дигари дарёи Урдун рафт. Боз мардуми зиёде дар он ҷо ҷамъ омаданд ва Ӯ низ аз рӯйи одат ба таълими онҳо шурӯъ кард. Он гоҳ чанд нафар фарисиён омада, Ӯро озмуданӣ шуда, савол доданд: «Оё аз рӯйи шариат мумкин аст, ки мард аз занаш ҷудо шавад?» Исо ҳам аз онҳо пурсид: «Мусо дар ин бора чӣ фармудааст?» Ҷавоб доданд: «Мусо иҷозат додааст, ки мард талоқнома навишта, аз занаш ҷудо шавад». Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Ба сабаби кундфаҳмию саркашиатон Мусо бароятон чунин иҷозатро навишта буд. Вале аз ибтидои офариниши ин дунё Худо „онҳоро мард ва зан офаридааст“. „Аз ҳамин сабаб мард падару модари худро гузошта, ба зани худ мепайвандад ва онҳо як тан мешаванд“. Акнун онҳо на ду тан, балки як тан мебошанд. Пас бигзор касе зану шавҳарро аз ҳамдигар ҷудо накунад, зеро Худо он ду нафарро бо ҳам пайвастааст». Вақте ки онҳо ба хона баргаштанд, шогирдонаш дар ин бора аз Исо пурсиданд. Исо ба онҳо гуфт: «Ҳар марде, ки аз занаш ҷудо шуда, зани дигар мегирад, зино мекунад. Ҳамчунин агар зан аз шавҳараш ҷудо шуда, ба марди дигар ба шавҳар барояд, зинокор аст». Рӯзе одамон фарзандонашонро назди Исо оварданд, то ки Ӯ ба онҳо даст гузошта, барояшон дуо кунад. Вале шогирдон онҳоро сарзаниш карданд. Исо рафтори шогирдонашро диду ба ғазаб омада гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Подшоҳии Худо насиби онҳоест, ки мисли кӯдак ҳастанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ Подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он намедарояд». Баъд кӯдаконро ба оғӯш гирифт ва болои сарашон даст гузошта, барояшон дуо кард. Вақте ки Исо ба роҳ баромад, марде ба наздаш давида омада, дар пешаш ба зону афтод ва пурсид: «Эй Устоди нек! Барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ чӣ кор бояд кунам?» Исо гуфт: «Чаро Маро нек мегӯйӣ? Ғайр аз Худо ҳеҷ кас нек нест. Ту фармоишҳои Худоро медонӣ: „қатл накун, зино накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, касеро фиреб надеҳ ва падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо“ ». Мард ҷавоб дод: «Эй Устод! Ман аз айёми ҷавониам ҳамаи ин фармоишҳоро риоя мекунам». Исо ба ӯ бо нигоҳи гарму пурмеҳр гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад: бирав, ҳар он чизеро, ки дорӣ, фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кун. Он гоҳ дар осмон сарват пайдо мекунӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо». Вале он ҷавон аз шунидани чунин суханон рӯҳафтода шуд ва андӯҳгин гашта аз он ҷо рафт, чунки хеле сарватманд буд. Исо ба гирду атроф нигоҳ карда, ба шогирдонаш гуфт: «Ба Подшоҳии Худо даромадани одамони бой бениҳоят душвор аст». Шогирдон аз суханони Исо ба ҳайрат афтоданд. Пас Исо такрор карда гуфт: «Эй фарзандонам! Ба Подшоҳии Худо даромадан бениҳоят душвор аст. Аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он, ки шахси сарватманд ба Подшоҳии Худо дарояд». Шогирдон беш аз пеш дар ҳайрат монда, ба якдигар мегуфтанд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?» Исо ба шогирдонаш бодиққат нигоҳ карда гуфт: «Барои одамизод ин кор ғайриимкон аст, вале на барои Худо, барои Худо ҳама чиз имконпазир аст». Он вақт Петрус ба Исо гуфт: «Мо аз баҳри ҳама чиз гузашта, Туро пайравӣ кардем». Исо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ ба хотири Ман ва ин хушхабар аз баҳри хона, бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, фарзандон ё заминҳояш гузашта бошад, ҳоло дар вақти ҳозира сад маротиба зиёдтар хонаҳо, бародарону хоҳарон, модарону фарзандон, заминҳо ва дар баробари ҳамаи ин азобҳо низ пайдо мекунад ва дар оянда ҳаёти абадӣ низ насибаш мегардад. Лекин бисёр аввалинҳо охирин мешаванд ва охиринҳо аввалин». Онҳо дар роҳи Уршалим буданд ва Исо пешопеши онҳо мерафт. Шогирдони дарҳайратмонда ва одамон бо тарс аз паси Ӯ қадам мезаданд. Исо дувоздаҳ шогирдашро ба як тарафе бурда, бори дигар гуфт, ки Ӯро чӣ интизор аст. Ӯ гуфт: «Мо ба Уршалим рафта истодаем. Дар он ҷо Писари Одамизод ба дасти коҳинони калон ва устодони шариат супорида мешавад. Онҳо Ӯро ба марг маҳкум карда, ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд. Ғайрияҳудиён Ӯро масхара карда, ба Вай туф мекунанд ва қамчинкорӣ карда, ба қатл мерасонанд, вале Ӯ пас аз се рӯз зинда мешавад». Яъқубу Юҳаннои писарони Забдой пеши Исо омада гуфтанд: «Устод, мо мехоҳем, ки хоҳишамонро бароямон иҷро кунӣ». Исо пурсид: «Чӣ хоҳиш доред? Бароятон чӣ кор кунам?» Гуфтанд: «Вақте ки Ту бо шуҳрату ҷалол подшоҳӣ мекунӣ, иҷозат деҳ, якеамон аз тарафи рост ва дигаре аз тарафи чапи Ту бишинем». Исо ҷавоб дод: «Шумо намефаҳмед, ки чиро талаб карда истодаед. Магар аз он косаи азобе, ки Ман менӯшам, нӯшида метавонед ва магар бо он азоби марговаре, ки Ман таъмид мегирам, шумо ҳам таъмид гирифта метавонед?» Ҷавоб доданд: «Метавонем». Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Хӯш, аз косаи Ман хоҳед нӯшид ва бо азобе, ки Ман таъмид мегирам, шумо ҳам таъмид хоҳед гирифт. Аммо ба интихоб кардани касоне, ки аз дасти чапу рости Ман мешинанд, Ман ҳақ надорам. Ба ин ҷойҳо касоне мешинанд, ки Худо онҳоро пешакӣ таъйин кардааст». Даҳ шогирди дигар инро шунида, аз Яъқубу Юҳанно ба ғазаб омаданд. Пас Исо ҳамаи онҳоро ба наздаш даъват карда гуфт: «Шумо медонед, ки подшоҳон ва ҳокимон ба мардуми худ зӯроварӣ мекунанд ва ҳукмашонро ба онҳо мегузаронанд. Лекин дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Баръакс ҳар касе ки дар байни шумо бузург будан мехоҳад, бояд хизматгори дигарон бошад ва ҳар касе ки мехоҳад дар пеш истад, бояд ғуломи ҳама бошад. Ҳатто Ман, Писари Одамизод наомадаам, ки ба Ман хизмат кунанд. Ман омадаам, ки ба дигарон хизмат кунам ва барои нархи наҷоти бисёр одамонро супоридан ҷонамро фидо кунам». Баъд онҳо ба шаҳри Ариҳо омада расиданд. Вақте ки Исо бо шогирдонаш ва мардуми зиёде аз ин шаҳр берун мерафтанд, дар канори роҳ Бартимай ном нобиное, ки писари Тимай буд, нишаста садақа мепурсид. Чун Бартимай шунид, ки Исои Носирӣ аз он роҳ мегузарад, фарёд зада гуфт: «Эй Исои насли Довуд, ба ман раҳм кун!» Бисёриҳо ӯро сарзаниш карда гуфтанд, ки хомӯш шавад. Аммо ӯ боз баландтар дод зада мегуфт: «Эй насли Довуд, ба ман раҳм кун!» Исо аз роҳаш бозистода гуфт: «Ба вай бигӯед, ки ин ҷо биёяд». Мардум нобиноро ҷеғ зада гуфтанд: «Аз ҷоят хез, натарс, зеро Ӯ туро ба наздаш ҷеғ мезанад». Бартимай ҷомаашро кашида, аз ҷояш парида хест ва назди Исо омад. Исо аз вай пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?» Нобино гуфт: «Устод, мехоҳам чашмонам бино шавад». Исо ба ӯ гуфт: «Бирав, имонат туро шифо дод». Худи ҳамон лаҳза чашмони вай бино шуд ва ӯ аз паси Исо рафт. Исо ва шогирдонаш ба шаҳри Уршалим наздик шуда, ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Анёи назди кӯҳи Зайтун расиданд. Сипас, Ӯ ду шогирдашро пешопеши Худ фиристода, ба онҳо гуфт: «Ба деҳае, ки дар рӯ ба рӯйи шумост, равед. Ҳамин ки ба он ҷо мерасед, хари бастаеро мебинед, ки то ҳол касе ба он савор нашудааст. Бандашро кушода, онро ба ин ҷо биёред. Агар касе бипурсад, ки чаро ин корро мекунед, бигӯед, ки вай ба Худованд даркор шуд ва Ӯ ба зудӣ онро ба ҷояш бармегардонад». Он ду шогирд рафта, хареро, ки дар канори кӯча, дар назди дарвозае баста шуда буд, ёфтанд. Вақте банди онро мекушоданд, баъзе аз одамони он ҷо истода пурсиданд: «Чӣ кор карда истодаед? Чаро банди харро мекушоед?» Шогирдон суханони Исоро такрор карданд ва одамон ба онҳо иҷозат доданд. Пас онҳо харро ба назди Исо оварда, ҷомаҳояшонро ба болои хар партофтанд ва Исо ба он савор шуд. Бисёр одамон ҷомаҳои худро пеши роҳи Ӯ пойандоз мекарданд, дигарон бошанд, навдаҳои сербарги аз саҳро буридаашонро пеши роҳи Ӯ мегузоштанд. Мардуме, ки аз пешу қафои Ӯ мерафтанд, фарёд мезаданд: «Шаъну шараф ба Худо! Баракат ёбад касе, ки ба номи Худованд меояд! Муборак бошад Подшоҳии аҷдоди мо Довуд, ки он наздик омада истодааст! Шаъну шараф ба Худо дар осмон!» Ҳамин тавр, Исо ба Уршалим омада, ба маъбади Худо рафт ва ҳама чизро аз назар гузаронд. Азбаски бевақт шуда буд, бо дувоздаҳ шогирди Худ ба деҳаи Байт-Анё равона шуд. Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз Байт-Анё мерафтанд, Исо гурусна монд. Каме дуртар дарахти сербарги анҷирро дида, ба сӯяш рафт. Ӯ мехост анҷире пайдо кунад, вале ба он наздик омада дид, ки ғайр аз баргҳо дар он ягон мевае набуд, чунки ҳанӯз вақти анҷир набуд. Ӯ ба дарахт гуфт: «Аз ин пас касе ҳаргиз аз ту дигар мева нахӯрад». Шогирдонаш инро шуниданд. Ҳангоме ки ба Уршалим даромаданд, Исо ба ҳавлии маъбади Худо ворид шуда, онҳоеро, ки бо харидуфурӯш машғул буданд, аз он ҷо берун ронда, мизҳои пуливазкунандагон ва курсиҳои кабӯтарфурӯшонро чаппа кард. Вай нагузошт, ки касе чизеро барои савдо аз саҳни маъбади Худо гузаронад. Сипас, мардумро таълим дода гуфт: «Оё дар навиштаҷот наомадааст, ки „хонаи Ман хонаи дуо барои тамоми халқҳо номида мешавад“? Шумо бошед, онро ба хонаи дуздон табдил додаед». Чун коҳинони калон ва устодони шариат ин суханонро шуниданд, нақшаи куштани Исоро кашиданд. Онҳо аз Исо тарсиданд, зеро тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монда буданд. Ҳамон бегоҳ Исо бо шогирдонаш аз шаҳр берун рафт. Саҳарии рӯзи дигар онҳо дар роҳ диданд, ки ҳамон дарахти анҷир аз решааш хушк шудааст. Петрус ҳодисаи рӯзи гузаштаро ба ёд оварда гуфт: «Устод, нигоҳ кун! Дарахти анҷир, ки онро лаънат кардӣ, хушк шудааст!» Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба Худо имон дошта бошед. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар касе ба ин кӯҳ фармон дода гӯяд: „Бархеста худро ба баҳр парто“ ва дар дилаш шубҳае надошта бошад, балки бовар кунад, ки он чи мегӯяд, ҳамон тавр мешавад, он гоҳ ҳамон чиз барояш иҷро мешавад. Барои ҳамин ҳам ба шумо мегӯям, ҳар чи дар дуо талаб мекунед, бовар кунед, ки аллакай онро гирифтаед ва он аз они шумо мешавад. Вале ҳангоми дуо кардан, агар аз касе ранҷида бошед, ӯро бубахшед, то ки Падари осмонии шумо низ гуноҳҳоятонро бахшида тавонад». Онҳо боз ба Уршалим омаданд. Вақте ки Исо дар саҳни маъбади Худо рафтуо мекард, коҳинони калон, устодони шариат ва пирони қавм наздаш омада пурсиданд: «Ту бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунӣ? Ин ҳуқуқро ба Ту кӣ додааст?» Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ба шумо як саволе дорам. Агар ҷавоб диҳед, Ман ҳам ба шумо мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам. Ба Ман бигӯед, ба Яҳё кӣ ҳуқуқ дода буд, ки одамонро таъмид диҳад: Худо ё инсон?» Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Агар гӯем, ки „Худо дода буд“, Ӯ мегӯяд: „Пас чаро ба ӯ бовар накардед?“ Агар гӯем: „Инсон“…», (онҳо аз мардум метарсиданд, зеро ҳамаи мардум ба пайғамбар будани Яҳё имон доштанд). Оқибат онҳо ба Исо «намедонем» гуфта, ҷавоб доданд. Исо низ ба онҳо гуфт: «Пас Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам». Баъд Исо ба мардум бо масалҳо гап заданро сар кард: «Марде токзоре бунёд карда, дар гирдаш девор сохт. Сипас, ҳавзчае барои фишурдани ангур тайёр кард ва як дидбонгоҳ сохт. Баъд токзорашро ба чанд нафар иҷора дода, ба кишвари дигар сафар кард. Дар мавсими ҳосилғундорӣ соҳиби токзор хизматгорашро назди токпарварон фиристод, то ки ҳаққи худро аз он токзор бигирад. Вале онҳо он хизматгорро гирифта заданду бо дасти холӣ баргардонданд. Соҳиби токзор хизматгори дигарро фиристод, вале онҳо ба сари вай зада, ҳақорат карданд. Баъд боз хизматгори дигарро фиристод, лекин ӯро куштанд. Бисёр хизматгорони дигареро ҳам, ки мефиристод, ё мезаданд ё мекуштанд. Ҳамин тавр, дар хонаи соҳиби токзор ба ғайр аз писари азизаш каси дигаре намонд. Оқибат „писарамро ҳатман иззату эҳтиром мекунанд“ гуфта, писарашро фиристод. Вале токпарварон ба якдигар гуфтанд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем ва соҳиби мерос мешавем!“ Сипас, ӯро дошта куштанд ва ҷасадашро берун аз токзор партофтанд. Акнун соҳиби токзор чӣ гуна рафтор мекунад? Баргашта он токпарваронро мекушад ва токзорро ба дигарон медиҳад. Оё шумо дар навиштаҷот нахондаед: „Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд, санги асосии таҳкурсии бино гардид. Ин кори Худованд аст ва ба назарамон аҷиб менамояд“». Азбаски роҳбарони дин фаҳмиданд, ки ин масал бар зидди онҳо буд, кӯшиш карданд, ки Ӯро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд, бинобар ин Ӯро ба ҳоли Худ гузошта рафтанд. Дертар чанд нафар аз фарисиён ва тарафдорони Ҳиродус ба назди Исо фиристода шуданд, то ки Ӯро бо сухан ба дом афтонанд. Онҳо омада гуфтанд: «Устод, мо медонем, ки Ту ростқавл ҳастӣ ва ба фикри одамон эътибор надода, бе хушомадгӯйӣ роҳҳои Худоро аз рӯйи ҳақиқат таълим медиҳӣ. Бигӯ, ки оё ба шоҳаншоҳи Рум андоз супорем ё не?» Исо, ки аз дурӯягии онҳо бохабар буд, чунин гуфт: «Чаро мехоҳед Маро ба дом афтонед? Ба Ман як тангаи динорро биёред, ки бинам». Вақте динорро ба Ӯ доданд, пурсид: «Дар ин танга акс ва номи киро мебинед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Шоҳаншоҳро». Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Он чи аз они шоҳаншоҳ аст, ба шоҳаншоҳ бидиҳед ва он чи аз они Худост, ба Худо». Онҳо аз ҷавоби Исо дар ҳайрат монданд. Сипас, баъзеҳо аз равияи саддуқиён, ки зиндашавии мурдагонро рад мекарданд, ба назди Исо омада пурсиданд: «Устод, Мусо дар шариат ба мо навиштааст, ки „агар бародари касе фарзанд наёфта бимирад, бигзор вай зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад“. Инак, ҳафт бародар буданд. Бародари калонӣ зан гирифт, аммо фарзанд надида, аз олам чашм пӯшид. Баъд бародари дуюм ҳамсари ӯро ба занӣ гирифта, ӯ ҳам фарзанде ба дунё наоварда вафот кард. Бо бародари сеюм ҳам ҳамин тавр рӯй дод. Бо ҳамин сурат ҳамаи ҳафт бародарон бефарзанд вафот карданд. Баъд аз ҳама он зан ҳам аз олам чашм пӯшид. Пас рӯзе, ки мурдаҳо зинда мешаванд, вай зани кадоме аз онҳо мешавад? Охир ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ гирифта буданд!» Исо ҷавоб дод: «Хатои шумо дар он аст, ки на маънои навиштаҷотро медонеду на қудрати Худоро. Вақте ки мурдаҳо зинда мешаванд, онҳо на зан мегиранду на шавҳар мекунанд, балки мисли фариштаҳои осмон мегарданд. Вале дар бораи зинда шудани мурдаҳо магар аз китоби Мусо дар ҳикояи бутта нахондаед, ки чӣ тавр Худо ба Мусо гуфтааст: „Ман Худои Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб ҳастам“. Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст. Шумо хатои калон мекунед». Яке аз устодони шариат ба назди онҳо омада баҳсу мунозираашонро шунид. Вақте ӯ дид, ки Исо ба онҳо чӣ ҷавоби хубе дод, пурсид: «Аз тамоми фармоишҳои Худо кадомаш аз ҳама муҳимтар аст?» Исо ҷавоб дод: «Аввалин фармоиши муҳим ин аст: „Эй қавми Исроил, гӯш кунед! Худованд Худои мо Худованди яккаву ягона аст. Худованд Худои худро бо тамоми дилу ҷон ва бо тамоми ақлу ҳуш ва бо тамоми қуввати худ дӯст дор“. Дуюмаш чунин мебошад: „Дигаронро мисли худ дӯст дор“. Ҳеҷ фармоише аз ҳардуи ин бузургтар нест». Устоди шариат гуфт: «Устод, ҳақ ба ҷониби Туст. Ту бисёр хуб гуфтӣ, ки фақат як Худо вуҷуд дорад ва ғайр аз Ӯ Худои дигаре нест. Инчунин Худоро бо тамоми дил ва бо тамоми ақлу ҳуш ва бо тамоми қувват дӯст доштан ва дигаронро ҳам мисли худ дӯст доштан муҳимтар аз ҳадяҳои сӯхтанӣ ва ҳама намуди қурбонӣ мебошад». Исо дид, ки устоди шариат оқилона сухан меронад, бинобар ин ба ӯ гуфт: «Шумо ба Подшоҳии Худо наздик ҳастед». Пас аз он дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Исо саволе диҳад. Вақте Исо дар маъбади Худо ба мардум таълим медод, аз онҳо пурсид: «Барои чӣ устодони шариат мегӯянд, ки Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо писари шоҳ Довуд аст? Дар ҳоле ки худи Довуд бо таъсири Рӯҳулқудс чунин гуфта буд: „Худованд ба Худованди ман гуфт: «То даме ки душманонатро зери пойҳоят нагузорам, аз дасти ростам бишин»“. Худи Довуд Масеҳро „Худованд“ номид, пас чӣ тавр Вай писари шоҳ Довуд шуда метавонад?» Мардуми зиёде суханони Ӯро бо хушнудӣ гӯш мекарданд. Сипас, Исо онҳоро таълим дода гуфт: «Аз устодони шариат эҳтиёт бошед. Ба онҳо маъқул аст, ки либосҳои қимат пӯшида гарданд ва мардум дар бозорҳо ба онҳо салом диҳанд. Онҳо дӯст медоранд, ки дар ҷойҳои беҳтарини ҷамоатхонаҳо бишинанд ва дар базмҳо болонишин бошанд. Онҳо намоишкорона дурудароз дуо мехонанд, вале дар асл молу мулки бевазанонро хӯрда ғорат мекунанд! Онҳо барои ин корҳояшон ҷазои сахттар мебинанд». Баъд Исо рӯ ба рӯйи сандуқи хайрия нишаста, ба сандуқ пул андохтани мардумро тамошо мекард. Баъзеҳо, ки сарватманд буданд, пули зиёде хайр мекарданд. Ҳамин вақт як бевазани камбағал низ омада, ду тангаи хурди мисинро, ки арзиши кам дошт, ба сандуқ андохт. Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани бечора аз ҳама зиёдтар хайрот кард. Чунки онҳо аз зиёдатии сарваташон садақа карданд, вай бошад, ҳамаи он чизеро, ки дошт, яъне тамоми ризқу рӯзиашро дод». Вақте Исо аз маъбади Худо мебаромад, яке аз шогирдонаш гуфт: «Устод, бубин, ин биноҳои маъбади Худо чӣ қадар боҳашамат ҳастанд! Чӣ сангҳои бузурге доранд!» Исо ҷавоб дод: «Шумо ин биноҳои бузургро мебинед? Санг бар болои санг намонда, ҳамааш ба замин яксон мешавад». Ҳангоме ки Исо дар кӯҳи Зайтун рӯ ба рӯйи маъбади Худо менишаст, Петрус, Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Ба мо бигӯ, ки ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва иҷро шудани ҳамаи инро аз кадом аломат мефаҳмем?» Исо ҷавоб дод: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо касе шуморо гумроҳ кунад. Зеро бисёр касон ба номи Ман омада мегӯянд, „Ман ҳамонам“ ва мардуми бисёрро гумроҳ мекунанд. Вақте ки садоҳо ва овозаҳои ҷангҳоро мешунавед, ба воҳима наафтед. Чунин ҳодисаҳо бояд рӯй диҳанд, вале ин маънои фаро расидани охирзамонро надорад. Як халқ бо халқи дигар ва як давлат бо давлати дигар меҷангад. Дар ҳар ҷо заминҷунбиҳо мешавад ва гуруснагӣ меояд. Ҳамаи ин ҳодисаҳо монанди дардҳои аввалини зоидан мебошанд. Худатонро эҳтиёт кунед, зеро шуморо ба назди қозӣ бурда, дар ҷамоатхонаҳо қамчинкорӣ мекунанд ва ба хотири Маро пайравӣ карданатон шумо дар назди ҳокимону подшоҳон истода шаҳодат хоҳед дод. Пеш аз ҳама хушхабар бояд ба тамоми халқҳо эълон карда шавад. Вақте шуморо дастгир карда ба ҷавобгарӣ мекашанд, ғам нахӯред, ки чӣ бояд бигӯед. Ҳар чи ки он вақт ба дилатон андохта мешавад, ҳамонро бигӯед, чунки он вақт на шумо, балки Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо ба воситаи шумо сухан меронад. Бародар бародари худро ва падар фарзанди худро ба қатл мерасонад. Фарзандон ба падару модари худ муқобил мебароянд ва онҳоро ба дасти марг месупоранд. Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама шуморо бад мебинанд. Вале касе, ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт. Аммо вақте ки харобазори нафратангезро дар ҷое мебинед, ки набояд бошад (ба ин диққат диҳед), он вақт агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад. Агар касе дар болои бом бошад, барои гирифтани чизе пойин нафарояд ва ба хона надарояд. Агар касе дар саҳро бошад, барои гирифтани ҷома ҳам барнагардад. Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва модароне, ки кӯдаки ширхӯр хоҳанд дошт! Пас дуо кунед, ки ин ҳодиса дар вақти зимистон рӯй надиҳад. Зеро дар он айём чунон азобу даҳшате рӯй медиҳад, ки аз рӯзи офариниши дунё то ба имрӯз монанди он ҳеҷ рӯй надодааст ва дигар рӯй нахоҳад дод. Аммо Худованд он рӯзҳои азобро кӯтоҳ кардааст, чунки агар кӯтоҳ намекард, дар рӯйи замин касе зинда намемонд. Вале ба хотири интихобкардагонаш Худованд он рӯзҳоро ҳатман кӯтоҳ хоҳад кард. Ҳамон вақт агар касе ба шумо гӯяд, ки „Бинед, Масеҳ дар ин ҷост“ ва ё „Нигоҳ кунед, Ӯ дар он ҷост“, бовар накунед. Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғ Масеҳ ва пайғамбар меноманд. Онҳо муъҷизаю аломат нишон медиҳанд, то агар имкон бошад, интихобшудагони Худоро ҳам гумроҳ кунанд. Инак, бохабар бошед. Ман ҳамаашро ба шумо пешакӣ гуфтам. Дар ҳамон рӯзҳо, баъд аз он мусибатҳо, офтоб тира мегардад ва моҳ дигар равшанӣ намедиҳад, ситораҳо аз осмон фурӯ мерезанд ва ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд. Он вақт мардум Писари Одамизодро мебинанд, ки болои абрҳо бо қудрату ҷалоли бузург меояд. Ӯ фариштаҳоро мефиристад, то интихобшудагони Худро аз чор тарафи дунё ва аз тамоми гӯшаву канори замину осмон гирд оваранд. Аз дарахти анҷир ибрат гиред. Ҳамин ки шохаҳояш муғҷа карда, барг бароварданро сар кунанд, шумо аниқ медонед, ки ба қарибӣ тобистон меояд. Айнан ҳамин тавр, ҳангоме ки ба амал омадани ин ҳодисаҳоро мебинед, донед, ки вақт наздик аст, дар паси дар аст. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ҳодисаҳо ба амал меояд. Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд. Лекин кай фаро расидани он рӯз ё он соатро ғайр аз Падар касе намедонад: на фариштаҳои осмон на Писар. Пас ҳушёру бохабар бошед, зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад. Ин монанди он аст, ки марде ба сафар рафта, хонаи худро ба хизматгорон месупорад ва ба ҳар як хизматгори худ вазифаи махсусе медиҳад. Ба дарвозабон бошад, мефармояд, ки посбонӣ кунад. Пас ҳушёр бошед, чун намедонед, ки соҳиби хона кай бармегардад, бегоҳӣ ё нимаи шаб, вақти ҷеғзании хурӯс ё бомдодон. Мабодо ӯ ногаҳон баргашта шуморо дар хоб ёбад. Он чи ба шумо мегӯям, ба ҳама дахл дорад: ҳушёр бошед!» То иди Наҷот ва иди Фатир ду рӯз монда буд. Коҳинони калон ва устодони шариат роҳеро ҷустуҷӯ мекарданд, ки Исоро пинҳонӣ дастгир карда, ба қатл расонанд. Онҳо мегуфтанд: «Ин корро дар рӯзҳои ид накунем, ки мабодо мардум ба шӯр оянд». Исо дар Байт-Анё, дар хонаи Шимъун ном марде, ки пештар бемории пӯст дошт, меҳмон шуд. Дар вақти таомхӯрӣ зане омад ва як шишача равғани атрафшони қиматбаҳоро оварда, шикасту ба сари Исо рехт. Баъзеҳо аз ин кори зан ба ғазаб омада, ба якдигар гуфтанд: «Чаро ӯ ин равғани қиматро исроф кард? Ин равғанро ба маблағи зиёда аз сесад динор фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кардан мумкин буд». Ва занро сахт сарзаниш мекарданд. Вале Исо гуфт: «Вайро ором гузоред. Чаро ӯро танқид мекунед? Вай бароям кори нек кард. Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд ва ҳар вақте ки хоҳед, шумо метавонед ба онҳо ёрӣ диҳед, вале Ман ҳамеша бо шумо нестам. Ин зан ҳар чи тавонист, кард. Ӯ равғанро ба баданам рехт, то онро барои гӯронидан тайёр намояд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки хушхабар эълон гардад, кори ин зан низ барои ёдоварии вай гуфта мешавад». Он гоҳ Яҳудои Исқарютӣ, ки яке аз дувоздаҳ шогирдони Исо буд, ба назди коҳинони калон рафт, то Исоро ба онҳо таслим кунад. Онҳо аз шунидани ин шод гашта, ба ӯ пул ваъда карданд. Пас Яҳудо барои таслим кардани Исо фурсати муносиб меҷуст. Рӯзи аввали иди Фатир, ки мардум барраи иди Наҷотро қурбонӣ мекарданд, шогирдон аз Исо пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳӣ, ки мо рафта бароят дастархони иди Наҷотро тайёр намоем?» Исо ду нафар шогирдашро фиристода гуфт: «Ба шаҳр равед. Дар он ҷо шуморо марде пешвоз мегирад, ки кӯзаи об мебарад. Аз паси ӯ биравед. Ба ҳамон хонае, ки он мард медарояд, шумо ҳам дароед ва ба соҳиби хона бигӯед: „Устод мепурсад, ки куҷост меҳмонхонаи Ӯ, ки дар он ҳамроҳи шогирдонаш хӯроки иди Наҷотро хӯрда тавонад?“ Вай ба шумо болохонаи калонеро нишон медиҳад, ки аллакай ғундошта, ба тартиб оварда шудааст ва шумо дар ҳамон ҷо бароямон дастархон тайёр кунед». Пас шогирдон ба шаҳр рафтанду ҳамаро ҳамон тавре ки Исо гуфта буд, дарёфтанд ва онҳо хӯроки иди Наҷотро тайёр намуданд. Бегоҳӣ Исо бо дувоздаҳ шогирдаш омад. Вақте ки дар гирди дастархон нишаста хӯрок мехӯрданд, Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, яке аз шумо, ки ҳоло бо Ман хӯрок хӯрда истодааст, ба Ман хиёнат мекунад». Онҳо ғамгин шуда, паси ҳамдигар аз Ӯ мепурсиданд: «Оё ин шахс ман ҳастам?» Исо ҷавоб дод: «Ин корро яке аз дувоздаҳ нафари шумо мекунад, ки луқмаи нонашро ҳамроҳи Ман дар як табақ тар карда истодааст. Писари Одамизод аз рӯйи он чизе ки дар навиштаҷот дар борааш навишта шудааст, мемирад. Аммо вой бар ҳоли он касе, ки ба Писари Одамизод хиёнат мекунад. Беҳтар мебуд, ки ҳаргиз ба дунё намеомад!» Ҳангоме ки онҳо хӯрок мехӯрданд, Исо нонро гирифта, ба Худо шукр гуфт. Баъд онро пора карда ба онҳо тақсим намуда гуфт: «Нонро бигиред, ки ин бадани Ман аст». Пас косаро гирифта, шукргузорӣ карду онро ба шогирдонаш дод ва ҳамаи онҳо аз он нӯшиданд. Исо ба онҳо гуфт: «Ин хуни Ман аст ва бо он Худо бо халқаш аҳду паймон мебандад. Хуни Ман ба хотири одамони зиёде рехта мешавад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, Ман боз ҳамроҳи шумо дар Подшоҳии Худо шираи ангури нав хоҳам нӯшид. Лекин то он рӯз ҳаргиз наменӯшам». Баъд онҳо Худоро ҳамду сано гуфтанд ва ба кӯҳи Зайтун равона шуданд. Пас Исо ба шогирдон гуфт: «Ҳамаи шумо Маро тарк мекунед, чунки дар навиштаҷот омадааст: „Чӯпонро мезанам ва гӯсфандон пароканда мешаванд“. Аммо вақте ки зинда мешавам, пеш аз он ки шумо ба вилояти Ҷалил биравед, Ман ба он ҷо меравам». Петрус гуфт: «Дигарон Туро тарк кунанд ҳам, ман ин корро намекунам». Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, худи имшаб, ҳанӯз хурӯс ду бор ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ». Аммо Петрус бо қатъият гуфт: «Агар бо Ту мурданам лозим ояд ҳам, ҳаргиз Туро инкор намекунам». Дигарон низ чунин гуфтанд. Онҳо ба ҷое рафтанд, ки Ҷатсимонӣ ном дошт ва Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Шумо дар ин ҷо бошед, Ман рафта дуо мекунам». Ӯ ҳамроҳаш Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро бурд. Ғаму андӯҳаш сахт шиддат меёфт ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз шиддати ғаму ғусса ҷонам ба лаб расидааст. Ин ҷо бимонеду бедор бошед». Инро гуфта Исо каме дуртар рафт ва Худро ба рӯйи замин партофта дуо кард, ки агар шавад, он вақти азоб ба сараш наояд. Сипас, гуфт: «Эй Або, эй Падарҷонам! Бароят ҳама чиз имконпазир аст. Ин косаи азобро аз сари Ман дур кун. Аммо на хости Ман, балки хости Ту иҷро шавад». Баъд баргашта дид, ки шогирдонаш хобидаанд. Ӯ аз Петрус пурсид: «Шимъун, ту хобидаӣ? Магар як соат бедор истода натавонистӣ? Бедор бошеду дуо кунед, то ки ба васваса наафтед. Чунки рӯҳ тайёр, аммо ҷисм нотавон аст». Пас боз рафта бо ҳамон суханони пештарааш дуо кард. Баъд баргашта онҳоро боз дар хоб дид, чунки онҳо ҳатто чашмонашонро кушода наметавонистанд ва намедонистанд, ки ба Исо чӣ ҷавоб диҳанд. Вай бори сеюм баргашта, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз хоб рафта истироҳат мекунед? Бас, акнун вақту соати он ҳам расид, ки Писари Одамизод ба дасти гунаҳкорон таслим карда шавад. Бархезед, меравем. Нигоҳ кунед, он касе ки ба Ман хиёнат мекунад, наздик омад». Якбора, ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, Яҳудо, яке аз дувоздаҳ шогирдонаш ҳамроҳи як тӯда одамоне, ки калтаку шамшер дар даст доштанд, аз ҷониби коҳинони калон, устодони шариат ва пирони қавм расида омад. Хиёнаткор ба онҳо пешакӣ чунин шарт карда буд: «Касеро, ки бӯсидам, ҳамон шахсест, ки бояд дастгир кунеду таҳти назорат гирифта баред». Яҳудо рост пеши Исо омад ва «Устод!» гуфта, Ӯро бӯсид. Пас онҳо Исоро дастгир карда маҳкам доштанд. Ҳамон замон як нафар аз ҳозирон шамшерашро аз ғилоф кашида, ба ғуломи саркоҳин ҳамла оварду гӯшашро бурида партофт. Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Магар шумо Маро роҳзан фикр мекунед, ки барои дастгир карданам бо калтаку шамшерҳо омадаед? Ман ҳар рӯз бо шумо дар маъбади Худо будам ва таълим медодам, аммо шумо Маро дастгир намекардед. Вале бигзор гуфтаҳои навиштаҷот ба амал оянд». Ҳамон вақт ҳамаи шогирдонаш Ӯро танҳо монда гурехтанд. Як ҷавоне аз паси Исо рафт, ки дар танаш ҳеҷ чиз надошт ва фақат бо матои катонӣ худро печонда буд. Сарбозон ӯро дастгир карданд, аммо ӯ халос хӯрда тани бараҳна гурехт, чунки матои катонӣ дар дасти онҳо монд. Исоро ба хонаи саркоҳин бурданд. Ҳамаи коҳинони калон, пирони қавм ва устодони шариат дар он ҷо ҷамъ шуданд. Петрус аз пайи Исо дар масофаи каме дуртар меомад ва ба ҳавлии саркоҳин даромада, бо посбонон нишаст, то ки дар назди оташ гарм шавад. Коҳинони калон ва ҳамаи аъзоёни дигари шӯрои пирон бо нияти ба қатл расондани Исо кӯшиш карданд, ки бар зидди Ӯ ягон далеле пайдо кунанд, лекин ҳеҷ далеле ёфта наметавонистанд. Бисёриҳо бар зидди Исо шаҳодати дурӯғ доданд, аммо гуфтаҳояшон ба ҳам мувофиқ намеомад. Баъзеҳо аз ҷо бархеста, ба Исо чунин туҳматҳо карданд: «Мо шунидем, ки Ӯ мегуфт: „Ман ин маъбади Худоро, ки бо дасти инсон сохта шудааст, вайрон мекунам ва баъд аз се рӯз дигареро месозам, ки бо дасти инсон сохта нашудааст“». Вале ин шаҳодатҳои онҳо низ ба якдигар мувофиқ набуд. Он вақт саркоҳин дар ҳузури ҳама бархеста, аз Исо пурсид: «Ба ин далеле, ки Туро айбдор мекунанд, ягон гапи гуфтанӣ дорӣ?» Аммо Исо хомӯш истода, ҳеҷ ҷавобе надод. Саркоҳин боз пурсид: «Магар Ту Масеҳ ва Писари Худое ҳастӣ, ки ба Ӯ ҳамду сано мехонем?» Исо гуфт: «Ҳастам ва рӯзе Писари Одамизодро хоҳед дид, ки аз дасти рости Худои Пурқудрат нишаста бо абрҳои осмон меояд ». Он гоҳ саркоҳин либоси танашро дарронда гуфт: «Дигар ба мо ҳеҷ шоҳиде лозим ҳам нест! Шумо худатон сухани куфри Ӯро шунидед. Ба чӣ қарор меоед?» Пас ҳамаи онҳо Ӯро айбдор карда, ба марг маҳкум намуданд. Баъд баъзеҳо ба Исо туф мекарданд. Онҳо чашмони Ӯро баста, ба рӯяш торсакӣ зада мегуфтанд: «Агар пайғамбар бошӣ, бигӯй, ки Туро кӣ зад?» ва сарбозон ҳам Ӯро бурда заданд. Петрус ҳоло ҳам дар ҳавлӣ назди оташ нишаста, худро гарм мекард. Ҳамин вақт яке аз канизакони саркоҳин ӯро дид ва ба ӯ бодиққат нигоҳ карда гуфт: «Ту низ ҳамроҳи Исои Носирӣ будӣ!» Петрус инро инкор карда гуфт: «Намедонам ва намефаҳмам, ки чӣ мегӯйӣ». Ӯ ба назди дарвоза рафт ва ҳамон замон хурӯс ҷеғ зад. Канизак Петрусро бори дигар дид ва ба одамони дар он ҷо истода гуфт: «Ин мард ҳам яке аз шарикони Исо аст!» Петрус инро боз инкор кард. Каме дертар одамони дар он ҷо истода ба Петрус гуфтанд: «Аниқ ту шарики онҳоӣ, чунки ҷалилӣ ҳастӣ!» Петрус бошад, қасам хӯрда гуфт: «Худо занад, ки ин Одамеро, ки дар борааш мегӯед, намешиносам». Ҳамон лаҳза хурӯс бори дуюм ҷеғ зад ва сухани Исо ба хотири Петрус омад. Ӯ гуфта буд, ки ҳанӯз хурӯс ду бор ҷеғ назада, вай се бор шинохтани Исоро инкор мекунад. Он гоҳ Петрус худро дошта натавониста ба гиря даромад. Саҳарии барвақт коҳинони калон, пирони қавм бо устодони шариат ва тамоми аъзоёни шӯрои пирон дар маҷлис ба як қарор омаданд. Онҳо дасти Исоро баста, аз ҳавлии Қаёфо бароварданд ва ба дасти ҳоким Пилотус супориданд. Пилотус аз Исо пурсид: «Магар Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ту ҳамин тавр мегӯйӣ». Коҳинони калон Исоро аз бисёр ҷиҳат айбдор мекарданд. Пилотус аз Ӯ пурсид: «Чаро ҷавоб намедиҳӣ? Бубин, Туро чӣ қадар айбдор мекунанд». Вале Исо боз ҳам чизе нагуфт ва Пилотус дар ҳайрат монд. Аз рӯйи одат ҳоким Пилотус ҳар иди Наҷот як нафар маҳбусеро, ки мардум талаб мекард, озод менамуд. Дар он вақт Бараббо ном марде, ки бо шариконаш дар шаҳр шӯриш бардошта одам кушта буд, дар зиндон менишаст. Мардум пеши Пилотус рафтанду аз ӯ хоҳиш карданд, ки мисли ҳарсола як нафар маҳбусро озод кунад. Пилотус пурсид: «Мехоҳед, ки бароятон Шоҳи Яҳудиёнро озод кунам?» Зеро мефаҳмид, ки коҳинони калон Исоро аз рӯйи ҳасад ба дасти ӯ супорида буданд. Вале коҳинони калон мардумро ба ошӯб оварданд, то ба ивази Исо озод кардани Барабборо талаб кунанд. Пилотус боз аз онҳо пурсид: «Пас бо он касе, ки шумо Ӯро Шоҳи Яҳудиён меномед, чӣ кор кунам?» Онҳо фарёд заданд: «Ба салиб мехкӯб кунед!» Пилотус гуфт: «Чаро? Охир Ӯ чӣ бадие кардааст?» Лекин онҳо боз баландтар фарёд заданд: «Ӯро мехкӯб кунед!» Пилотус, ки мехост мардумро розӣ нигоҳ дорад, барояшон Барабборо озод кард ва Исоро ба дасти сарбозон супорид, то ки Ӯро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯб кунанд. Сарбозон Исоро ба саҳни дарбори ҳоким бурда, аскарони зиёдро ҷамъ карданд. Баъд ба Исо ҷомаи бунафшранг пӯшонданд ва аз навдаҳои хор тоҷе бофта, ба сараш гузоштанд. Ба Ӯ таъзим карда фарёд мезаданд: «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» Онҳо бо чӯб ба сараш мезаданд, ба Ӯ туф мекарданд ва дар наздаш ба зону истода, ба Ӯ саҷда менамуданд. Вақте ки онҳо масхара кардани Ӯро бас карданд, ҷомаи бунафшрангро аз танаш кашида, либоси Худашро пӯшонданд ва барои ба салиб мехкӯб кардан Ӯро аз он ҷо берун бурданд. Дар роҳ онҳо бо як роҳгузаре аз шаҳри Қайравон вохӯрданд, ки аз саҳро бармегашт. Он мард Шимъун ном дошт ва падари Искандару Руфус буд. Сарбозон ӯро маҷбур карданд, ки чӯби салиби Исоро бардошта барад. Баъд Исоро ба ҷое оварданд, ки Ҷолҷото, яъне «Ҷойи косахонаи сар» ном дошт. Сарбозон ба Ӯ майи бо доруи мурр омехтаро доданд, вале Ӯ онро нанӯшид. Он гоҳ Исоро ба салиб мехкӯб карданду барои тақсим кардани либоси Ӯ қуръа партофтанд, то ҳар кас ҳар қисми либоси Ӯро бигирад. Соати нуҳи саҳар буд, ки Ӯро ба салиб мехкӯб карданд. Дар лавҳаи айбнома бар зидди Исо навиштанд: «Шоҳи Яҳудиён». Ҳамроҳи Исо боз ду роҳзанро аз тарафи чапу росташ ба салибҳои дигар мехкӯб карданд. Роҳгузарон Исоро дашном дода, сар ҷунбонда мегуфтанд: «Ту ки маъбади Худоро вайрон карда, дар се рӯз аз нав месохтӣ, Худатро наҷот дода, аз салиб фуруд ой!» Коҳинони калон ва устодони шариат низ Исоро масхаракунон ба якдигар мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медоду Худашро наҷот дода наметавонад. Бигзор Масеҳи Худо, ки Шоҳи Исроил аст, акнун аз салиб пойин фарояд, то мо инро дида, имон оварем!» Ҳатто онҳое, ки ҳамроҳаш мехкӯб шуда буданд, Ӯро дашном медоданд. Нисфирӯзӣ тамоми рӯйи заминро торикӣ фаро гирифт ва то соати се давом ёфт. Дар соати се Исо бо овози баланд дод зада гуфт: «Элоҳӣ! Элоҳӣ! Лама сабақтанӣ?!», яъне «Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?!» Баъзе аз ҳозирон инро шунида гуфтанд, ки Ӯ Илёс пайғамбарро садо мекунад. Сипас, як нафар давида латтаеро ба сирко тар намуд ва бо нӯги чӯб дароз карда, онро ба Исо нӯшонданӣ шуд ва гуфт: «Истед, бинем, ки оё Илёс омада Ӯро аз салиб гирифта пойин мефарорад?» Баъд Исо нолаи баланде карда ҷон дод. Худи ҳамин вақт пардае, ки ҷойи муқаддастарини маъбади Худоро ҷудо мекард, аз боло то пойинаш дарида, ду пора шуд. Вақте як сардори лашкар, ки дар рӯ ба рӯйи салиб истода буд, дид ки Исо чӣ тавр фарёд зада ҷон дод, гуфт: «Дар ҳақиқат ин Мард Писари Худо буд!» Чанд зан ҳам он ҷо буданд, ки аз дур ин ҳодисаҳоро медиданд. Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Салӯмит ва Марям, ки модари Яъқуби хурдсол ва Юсӣ буд, низ ҳузур доштанд. Онҳо дар Ҷалил ба Исо ҳамроҳ шуда, ба Ӯ хизмат мекарданд. Бисёр занони дигар низ, ки ҳамроҳи Ӯ ба Уршалим омаданд, дар он ҷо буданд. Шом шуд ва мардум барои рӯзи шанбе тайёрӣ медиданд. Юсуф ном шахс аз шаҳри Ромо, ки аъзои обрӯманди шӯрои пирон буд ва фаро расидани Подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид, боҷуръат пеши Пилотус рафт ва ҷасади Исоро талаб кард. Пилотус ҳайрон шуд, ки Исо ба ин зудӣ мурдааст, бинобар ин сардори лашкарро даъват карда, аз ӯ пурсид, ки оё Исо аллакай мурдааст. Вақте он сардори лашкар тасдиқ кард, Пилотус ҷасади Исоро ба Юсуф супорид. Юсуф матои суф харид ва ҷасадро аз салиб пойин фароварда, кафанпеч карду ба даруни қабре, ки дар ғоре сохта шуда буд, гузошт. Баъд санги калонеро ба даромади қабр ғелонда, онро маҳкам кард. Марями Маҷдалия ва Марями модари Юсӣ диданд, ки ҷасад ба куҷо гузошта шуд. Бегоҳи рӯзи шанбе, вақте ки рӯзи истироҳат ба анҷом расид, Марями Маҷдалия, Марями модари Яъқуб ва Салӯмит рафта, атрҳои хушбӯй хариданд, то ки ба бадани Исо бимоланд. Ва саҳарии барвақти рӯзи якшанбе, баъд аз баромадани офтоб ба сӯи қабр равона шуданд. Дар роҳ ба якдигар мегуфтанд: «Кӣ сангро аз даромади қабр барои мо меғелонад?» Вақте ки назди қабр расиданд, диданд, ки он санги бениҳоят калони қабр як сӯ ғелонда шудааст. Пас ба даруни қабр даромада диданд, ки як ҷавоне бо либоси сафед дар тарафи рост нишастааст. Занон ба ҳайрат афтоданд. Вале ҷавон ба онҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед! Шумо Исои Носирии ба салиб мехкӯбшударо меҷӯед. Вай зинда шуд ва дар ин ҷо нест! Ба ҷое, ки ҷасадашро гузошта буданд, нигоҳ кунед! Ҳоло рафта, ба шогирдонаш ва ба Петрус бигӯед, ки Исо пешопеши онҳо ба Ҷалил меравад. Онҳо Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид, чунон ки Ӯ ба онҳо гуфта буд». Занҳо тарсону ларзон берун баромада, аз назди қабр гурехтанд ва ба касе чизе нагуфтанд, чунки дар ҳарос буданд. Исо субҳи рӯзи якшанбе зинда шуд ва аввал ба Марями Маҷдалия, ки аз вуҷуди ӯ ҳафт ҷинро берун карда буд, Худро аён кард. Марям назди шогирдони гирёну мотамзада рафта ин хабарро гуфт. Вале онҳо суханони ӯро шунида, бовар накарданд, ки Исо зинда асту Марям Ӯро дидааст. Баъд Исо Худро дар сурати дигар ба ду шогирдаш, ки ба деҳа мерафтанд, зоҳир кард. Онҳо баргашта, инро ба дигарон нақл намуданд, аммо ҳеҷ кас ба суханони онҳо бовар накард. Дар охир Исо ба он ёздаҳ шогирдаш дар вақти хӯрок хӯрданашон зоҳир шуд ва Ӯ онҳоро ба сабаби беимониву кундфаҳмӣ сарзаниш кард, зеро ба суханони касоне, ки Ӯро баъд аз марг зинда дида буданд, бовар накарданд. Баъд ба онҳо гуфт: «Ба тамоми дунё рафта, хушхабарро ба ҳама эълон кунед! Ҳар кӣ имон оварад ва таъмид гирад, наҷот меёбад, вале ҳар кӣ имон наорад, ҳукм карда мешавад. Касоне, ки имон меоваранд, чунин аломатҳоро хоҳанд дошт: онҳо бо номи Ман ҷинҳоро меронанд ва бо забонҳои нав сухан мегӯянд, онҳо морҳоро бо даст мегиранд ва агар заҳр хӯранд, зараре намебинанд, даст бар беморон мегузоранд ва онҳо шифо меёбанд». Вақте ки суҳбати Худованд Исо бо онҳо тамом шуд, Вай ба сӯи осмон бурда шуд ва аз дасти рости Худо нишаст. Шогирдон рафта, хушхабарро дар ҳама ҷо эълон мекарданд. Худованд ҳам мададгори онҳо буд ва бо муъҷизаҳое, ки онҳо нишон медоданд, гуфтаҳояшонро тасдиқ мекард. Омин. Мӯҳтарам Теофилус! Бисёр касон аз рӯйи нақлҳое, ки шоҳидону хизматчиёни аввалини хушхабар ба мо расондаанд, бо тартиб навиштани воқеаҳоеро сар карданд, ки дар байни мо рӯй дода буданд. Аз ин рӯ, ман ҳам ин воқеаҳоро аз аввал бодиққат омӯхта, лозим донистам, ки онҳоро бо тартиб ба шумо бинависам, то дуруст будани таълимотеро, ки дар он тарбият ёфтаед, бидонед. Дар замони ҳукмронии Ҳиродус – подшоҳи сарзамини Яҳудия, коҳине зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Абиёи коҳин буд. Вай Закарё ном дошт ва занаш Элишабаъ аз авлоди Ҳоруни коҳин буд. Ин зану шавҳар дар назари Худо росткор буданд ва тамоми фармону қонунҳои Худовандро пурра иҷро мекарданд. Онҳо ягон фарзанд надоштанд, чунки Элишабаъ зани нозой буд, ғайр аз ин ҳар дуяшон аллакай пир шуда буданд. Вақте ки навбати хизмат ба гурӯҳи Закарё расид, ӯ ҳамчун коҳин дар пеши Худо машғули иҷрои вазифааш шуд. Мувофиқи расми коҳинон барои муайян кардани касе, ки ба маъбади Худованд даромада, хушбӯйиҳоро месӯзонад, қуръа партофтанд. Қуръа ба номи Закарё афтид. Вақте ки Закарё машғули сӯзондани хушбӯйӣ буд, тамоми мардум дар берун истода дуо мекарданд. Он вақт фариштаи Худованд ба Закарё зоҳир шуда дар тарафи рости қурбонгоҳ, ки дар он хушбӯйиҳо месӯзониданд, истод. Ҳамин ки Закарё ӯро дид, ҳаросон шуд ва вуҷудашро воҳима зер кард. Аммо фаришта ба ӯ гуфт: «Эй Закарё, натарс. Дуоят ба даргоҳи Худо қабул шуд. Ҳамсарат Элишабаъ писаре таваллуд мекунад ва ту ӯро Яҳё ном хоҳӣ гузошт. Шодиву хурсандӣ насибат мегардад ва таваллуди ин кӯдак боиси хушнудии бисёриҳо мешавад, зеро ӯ дар назари Худованд бузург хоҳад шуд. Ӯ бояд ҳеҷ вақт шаробу май нанӯшад. Вақте ки кӯдак ҳанӯз дар батни модараш аст, қудрати Рӯҳулқудс, яъне қудрати Рӯҳи Худо бо ӯ хоҳад буд. Ӯ аз байни халқи Исроил бисёр касонро ба сӯи Худованд Худои онҳо бармегардонад. Вай ҳам мисли Илёс пайғамбар дар рӯҳ ва қудрат пешопеши Худованд қадам мезанад, то ки дилҳои падаронро ба фарзандонашон наздик карда, саркашонро ба ҳикмати некукорон орад ва бо ин роҳ барои Худованд халқро тайёр кунад». Закарё аз фаришта пурсид: «Аз куҷо мефаҳмам, ки ин иҷро мешавад? Охир ману занам пир шудаем». Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Ман Ҷаброил ҳастам ва дар ҳузури Худо меистам. Ӯ маро фиристод, то ки бо ту гап зада, ин хабари хушро ба ту бирасонам. Вале чун ба суханонам, ки дар вақти муайяншуда иҷро хоҳанд шуд, бовар накардӣ, ҳоло гунг мешавӣ ва то он рӯзе, ки ҳамаи гуфтаҳоям ба амал наоянд, сухане гуфта наметавонӣ». Мардуме, ки интизори Закарё буданд, ҳайрон шуданд, ки чаро ӯ аз маъбади Худо набаромада истодааст. Ҳангоме ки Закарё берун омад, ӯ гап зада наметавонист ва онҳо фаҳмиданд, ки дар маъбади Худо ба вай чизе аён шудааст. Ӯ гунг шуда буд, аз ин сабаб бо одамон бо имову ишора гап мезад. Ҳамин ки вақти хизмати Закарё ба охир расид, вай ба хонааш баргашт. Баъд аз ин зани вай Элишабаъ ҳомиладор шуд ва панҷ моҳ аз хона набаромад. Элишабаъ гуфт: «Ин кори Худованд аст, Ӯ ба ман назар кард ва шармандагии маро аз миёни мардум бардошт». Дар моҳи шашуми ҳомиладории Элишабаъ Худо фаришта Ҷаброилро ба шаҳри Носираи вилояти Ҷалил фиристод. Ӯ ба назди Марям ном духтаре омад. Марям номзади Юсуф, як марде аз авлоди шоҳ Довуд буд. Фаришта пеши Марям омада, гуфт: «Салом, эй писандидаи Худо! Худованд бо туст». Марям аз ин суханони фаришта сахт дар ҳайрат афтода, худ ба худ фикр мекард, ки маънои ин салом чӣ бошад. Фаришта бошад, ба ӯ гуфт: «Натарс, Марям, зеро ту ба Худо писанд омадӣ. Ту ҳомиладор шуда, писаре таваллуд мекунӣ ва номашро Исо мегузорӣ. Ӯ бузург мегардад ва Писари Худои Таоло хонда мешавад. Худованд Худо тахти аҷдодаш Довудро ба Ӯ медиҳад. Ӯ то абад бар халқи Яъқуб ҳукмронӣ мекунаду подшоҳиаш ҳеҷ гоҳ ба охир намерасад». Марям ба фаришта гуфт: «Ман чӣ тавр ҳомиладор мешавам, ки ҳанӯз духтар ҳастам?» Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯҳулқудс вуҷудатро фаро мегирад ва қудрати Худои Таоло дар ту амал мекунад. Аз ин сабаб он кӯдаке, ки ту таваллуд мекунӣ, муқаддас ва Писари Худо номида хоҳад шуд. Охир хеши ту Элишабаъ ҳам, ки ҳарчанд ӯро нозой мешумориданд, дар пиронсолӣ писардор мегардад ва аллакай моҳи шашуми ҳомиладориаш аст. Барои Худо ҳеҷ чизи ғайриимкон нест!» Марям гуфт: «Ман бандаи Худованд ҳастам ва бигзор ҳар чизе, ки гуфтед, иҷро шавад». Сипас, фаришта аз пеши ӯ рафт. Баъд аз ин Марям бошитоб ба шаҳре, ки дар кӯҳистони Яҳудия воқеъ буд, равона шуд. Вақте ки ба он ҷо расид, ба хонаи Закарё даромада, бо Элишабаъ салом кард. Чун Элишабаъ саломи Марямро шунид, тифл дар батнаш ба ҷунбиш омад ва Элишабаъ аз Рӯҳулқудс пур шуда, бо овози баланд хитоб намуд: «Ту аз байни ҳамаи занони дунё бештар баракат ёфтаӣ ва он кӯдаке, ки дар батн дорӣ, баракат ёфтааст! Ман кистам, ки модари Хоҷаам ба диданам омадааст? Нигоҳ кун! Ҳамин ки саломи ту ба гӯшам расид, аз шодӣ кӯдак дар батнам ба ҷунбиш омад. Хушбахт ҳастӣ ту, ки ба иҷро шудани гуфтаҳои Худованд бовар кардӣ». Марям гуфт: «Ҷони ман Худовандро ситоиш мекунад ва рӯҳам аз Худои Наҷотдиҳандаам шод аст, чунки Худо ба ман барин канизи ночизаш назар кардааст. Баъд аз ин ҳамаи наслҳо маро хушбахт хоҳанд хонд, зеро Худои Пурқудрат, ки номаш муқаддас аст, бароям корҳои бузурге кардааст. Ӯ насл ба насл раҳму шафқати Худро ба касоне нишон медиҳад, ки худотарс ҳастанд. Ӯ корҳои бузург нишон дод ва онҳоеро, ки дилашон мағрур буд, ба ҳар сӯ парешон сохт. Ҳокимонро аз тахтҳояшон ба зер афканд, вале одамони хоксорро сарбаланд кард; гуруснагонро аз нозу неъматҳояш сер намуда, сарватмандонро бо дасти холӣ ронд; ба хотири раҳму шафқаташ, ҳамон тавре ки ба аҷдодони мо, яъне ба Иброҳим ва авлоди ӯ то абад ваъда дода буд, ба бандаи Худ Исроил ёрӣ расонд». Марям қариб се моҳ дар назди Элишабаъ монд ва баъд ба хонаи худ баргашт. Вақти таваллуд кардани Элишабаъ фаро расид ва ӯ писаре ба дунё овард. Ҳамсояҳо ва хешовандонаш фаҳмиданд, ки Худованд дар ҳаққи вай раҳми бузурге кардааст ва ба шодии ӯ шарик шуданд. Вақте ки кӯдак ҳаштрӯза шуд, ҳамаи онҳо ҷамъ шуданд, то дар рӯзи хатнаи кӯдак иштирок кунанд ва хостанд ӯро монанди падараш Закарё ном гузоранд. Вале модараш гуфт: «Не, номи ӯ Яҳё мешавад». Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Охир, дар байни хешонат ҳеҷ кас ин хел ном надорад». Баъд бо имову ишора аз Закарё пурсиданд, ки ӯ кӯдакро чӣ ном мондан мехоҳад? Вай тахтачаеро талаб карда, ба рӯйи он навишт «Номи ӯ Яҳё аст» ва ҳама ҳайрон шуданд. Ҳамин вақт забони Закарё кушода шуду ӯ ба гап даромада Худоро ҳамду сано хонд. Ҳамаи ҳамсояҳо ба тарс афтоданд ва ин воқеаҳоро дар сар то сари кӯҳистони Яҳудия нақл мекарданд. Онҳое, ки нақлашонро мешуниданд, дар дили худ чунин мегуфтанд: «Ин кӯдак кӣ мешуда бошад?!» Зеро маълум буд, ки қуввати Худованд бар ин кӯдак буд. Падари кӯдак Закарё аз Рӯҳулқудс пур шуду пешгӯйӣ карда, чунин гуфт: «Ҳамду сано ба Худованд Худои Исроил! Зеро Ӯ ба ёрии халқи Худ омада, онро озод кард. Ӯ барои мо аз авлоди бандааш Довуд Наҷотдиҳандаи пурқудратро пайдо кард, Чун аз қадим бо забони пайғамбарони муқаддаси Худ гуфта буд, ки моро аз душманонамон Ва аз дасти ҳамаи онҳое, ки моро бад мебинанд, наҷот медиҳад. Ҳамин тавр Ӯ аз рӯйи ваъдае, ки ба аҷдодонамон дода буд, Ба мо раҳму шафқат нишон дод. Инчунин Ӯ он аҳду паймони муқаддаси Худро аз хотир набаровард, ки бо бобокалони мо Иброҳим баста, қасам дод, ки моро аз дасти душманонамон раҳоӣ медиҳад, То ки тамоми умрамон бе тарсу ҳарос, дар покиву некукорӣ Ба Ӯ хизмат карда тавонем. Пас ту, эй фарзанд, пайғамбари Худои Таоло номида мешавӣ, Чунки барои тайёр кардани роҳи Худованд пешопеши Ӯ қадам мезанӣ Ва ба халқи Ӯ мефаҳмонӣ, ки ба воситаи бахшида шудани гуноҳҳояшон Онҳо наҷот меёбанд. Зеро аз раҳму шафқати Худои мо Офтоби субҳгоҳӣ аз осмон бар мо нурафшонӣ мекунад, То бар касоне, ки дар торикию сояи марг мешинанд, равшанӣ кунад Ва қадамҳои моро ба роҳи сулҳу осоиштагӣ ҳидоят намояд». Кӯдак бошад, калон шуда, рӯҳаш қавӣ мегашт ва то рӯзи ба халқи Исроил зоҳир гардиданаш дар биёбон зиндагӣ мекард. Дар он замон шоҳаншоҳ Августус фармон баровард, ки дар саросари шоҳаншоҳӣ саршумории аҳолӣ гузаронида шавад. Вақте ки ин саршуморӣ гузаронида мешуд, Куриниюс ҳокими Сурия буд. Ҳар кас барои ба қайд гирифтани номаш бояд ба шаҳри худ мерафт. Азбаски Юсуф аз насли шоҳ Довуд буд, ӯ низ аз шаҳри Носираи вилояти Ҷалил ба шаҳри Байт-Лаҳми сарзамини Яҳудия рафт, зеро ин шаҳр зодгоҳи шоҳ Довуд буд. Ӯ номзадаш Марямро, ки ҳамон вақт ҳомиладор буд, бо худ бурд, то ки номи ӯ ҳам ба қайд гирифта шавад. Ҳангоме ки онҳо дар Байт-Лаҳм буданд, вақти таваллуди кӯдак фаро расид. Марям писари калониашро таваллуд кард ва лӯлапеч намуда, дар охур хобонд, чунки дар меҳмонхона барои онҳо ҷое ёфт нашуд. Дар даштҳои атрофи он шаҳр чӯпононе буданд, ки шабона рамаи худро посбонӣ мекарданд. Фариштаи Худованд бар онҳо зоҳир гардид ва нури Худованд дар атрофашон дурахшид. Чӯпонҳо сахт тарсиданд. Аммо фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед, ман ба шумо хушхабареро овардаам, ки тамоми мардум аз он хеле шод мегарданд. Имрӯз барои шумо дар шаҳри шоҳ Довуд Наҷотдиҳандае ба дунё омад, ки Ӯ Масеҳ ва Худованд аст. Ба шумо ҳамин аломат мешавад, ки тифли лӯлапечшударо дар охуре хобондашуда меёбед». Ногаҳон бо он фаришта дар осмон ҳазорҳо фариштагони дигар пайдо шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд: «Бигзор номи Худо дар осмонҳо шуҳрату ҷалол ёбад ва дар рӯйи замин дар байни онҳое, ки писандидаи Ӯ ҳастанд, сулҳу осоиштагӣ бошад!» Баъд фариштагон аз назди онҳо дур шуда, дар осмон нопадид гаштанд ва чӯпонон ба якдигар мегуфтанд: «Биёед, ба Байт-Лаҳм биравем ва он ҳодисаи рӯйдодаро, ки Худованд ба воситаи фаришта ба мо расонд, бубинем». Онҳо бошитоб рафта, Маряму Юсуф ва он кӯдакро, ки дар охур хобида буд, ёфтанд. Чун он кӯдакро диданд, он чизеро, ки дар борааш шунида буданд, ба ҳама нақл карданд. Ҳамаи шунавандагон аз нақли чӯпонҳо ҳайрон шуданд. Вале Марям чизи шунидаашро дар дил нигоҳ дошта, дар борааш андеша мекард. Чӯпонҳо баргашта, барои чизҳои шунидаву дидаашон Худоро ситоиш намуда, ба Ӯ ҳамду сано мехонданд, зеро ҳамаи он чизе, ки ба онҳо гуфта шуда буд, иҷро шуд. Баъд аз ҳашт рӯз вақти хатнаи кӯдак фаро расид ва Ӯро Исо номиданд. Ин номро фаришта ҳанӯз пеш аз пайдо шудани Ӯ дар батни модараш дода буд. Ҳамин ки вақти покшавии онҳо, ки мувофиқи шариати Мусо буд, фаро расид, Юсуфу Марям кӯдакро ба Уршалим оварданд, то ки ба Худованд пешкаш намоянд. Зеро дар шариати Худованд навишта шудааст: «Ҳар писари аввалин бояд ба Худо бахшида шавад». Онҳо инчунин барои он омаданд, ки аз рӯйи шариат як ҷуфт мусича ва ё ду чӯҷаи кабӯтарро қурбонӣ кунанд. Дар шаҳри Уршалим Шимъун ном марде зиндагӣ мекард, ки худотарсу некукор буд ва замони наҷот ёфтани халқи Исроилро интизор буд. Рӯҳулқудс бо Шимъун буд ва ба Шимъун гуфта буд: «То Масеҳи Худованд, яъне Таъйиншудаи Ӯро набинӣ, намемирӣ». Бо роҳнамоии Рӯҳулқудс Шимъун ба маъбади Худо рафт. Худи ҳамон рӯз падару модари Исо ҳам кӯдакро барои иҷро намудани маросими шариат ба он ҷо оварданд. Шимъун кӯдакро ба оғӯш гирифт ва Худоро ҳамду сано хонда гуфт: «Эй Худованд, Ту ваъдаатро иҷро кардӣ. Ман бандаат ҳастам ва акнун аз ин дунё хотирҷамъ меравам, зеро чашмонам наҷоти Туро диданд. Ту онро дар ҳузури ҳамаи халқҳо муҳайё кардӣ. Ӯ нурест, ки Туро ба ғайрияҳудиён ошкор мекунад ва ба халқи Исроилат шуҳрату ҷалол меорад». Падару модари Исо аз чунин суханон дар бораи кӯдак ҳайрон шуданд. Шимъун ба онҳо дуои нек дода, ба Марями модари Исо гуфт: «Ин кӯдак боиси ё афтодан ё бархостани бисёре аз исроилиён таъйин шудааст. Ӯ аломате аз Худо мешавад, ки бар зидди Ӯ сухан хоҳанд гуфт, то ки фикрҳои дили бисёриҳо ошкор шавад. Ғам ҳамчун шамшер дили туро низ пора мекунад». Дар маъбади Худо Ҳано ном пайғамбарзане буд, ки падараш Фануил ном дошт. Ӯ аз қабилаи Ошер буд. Ҳано хеле пир шуда буд. Вай баъд аз ба шавҳар баромадан ҳамагӣ ҳафт сол бо ҳамсараш зиндагӣ карда буд. Ин зани ҳаштоду чорсола, ки бева монда буд, ҳеҷ вақт аз маъбади Худо намерафт ва шабу рӯз бо дуову рӯза хизмату ибодат мекард. Вай низ худи ҳамон лаҳза пеш омаду Худоро шукргӯён ба ҳамаи онҳое, ки интизори озод шудани Уршалим буданд, дар бораи ин кӯдак гап зад. Баъд аз он ки Юсуф ва Марям ҳамаи корҳоро аз рӯйи шариати Худованд иҷро карданд, ба шаҳри худ – Носираи Ҷалил баргаштанд. Кӯдак калон шуда, қавӣ мегашт ва боҳикмат мешуд. Ӯ писандидаи Худо буд. Ҳар сол падару модари Исо барои ҷашн гирифтани иди Наҷот ба Уршалим мерафтанд. Вақте ки Исо дувоздаҳсола шуд, онҳо аз рӯйи урфу одат ба он ҷо рафтанд. Баъд аз он ки рӯзҳои ид ба охир расид, онҳо ба шаҳри худ равона шуданд, вале Исои наврас дар Уршалим монд. Падару модараш аз ин бехабар буданд. Онҳо гумон доштанд, ки Ӯ ҳамроҳи дигарон равона аст ва тамоми рӯз сафарашонро давом доданд. Дертар Ӯро дар миёни дӯстону хешони худ ҷустуҷӯ карданд ва чун наёфтанд, ба Уршалим барои ҷустуҷӯяш баргаштанд. Баъд аз се рӯз Ӯро дар маъбади Худо ёфтанд, ки дар байни муаллимон нишаста, суханонашонро гӯш мекард ва ба онҳо савол медод. Ҳамаи шунавандагон аз доноиву ҷавобҳояш дар ҳайрат монданд. Падару модараш Ӯро дида, ҳайрон шуданд ва Марям аз Ӯ пурсид: «Писарам, чаро бо мо чунин рафтор кардӣ? Ману падарат сахт хавотир шуда Туро ҷустуҷӯ кардем». Исо гуфт: «Чаро Маро ҷустуҷӯ кардед? Магар шумо намедонистед, ки Ман бояд дар хонаи Падарам бошам?» Вале онҳо маънои суханони Ӯро нафаҳмиданд. Ӯ бо падару модараш ба Носира баргашт ва ба онҳо итоат мекард. Марям бошад, ҳамаи инро дар дил нигоҳ медошт. Исо дар баробари ба воя расиданаш дар ҳикмат ҳам бузург мешуд ва торафт бештар писандидаи Худову мардум мегашт. Дар замони саркоҳин будани Ҳонон ва Қаёфо аз ҷониби Худо ба Яҳёи писари Закарё дар биёбон пайғоме расид. Ин воқеа дар соли понздаҳуми ҳукмронии шоҳаншоҳ Тибариюс рӯй дод. Дар он айём Понтиюс Пилотус ҳокими Яҳудия ва Ҳиродус ҳокими Ҷалил буданд. Бародари Ҳиродус Филиппус бошад, дар сарзамини Итурияву Тарохунитис ҳукмронӣ мекард ва Лисониюс ҳокими Абилин буд. Яҳё тамоми ноҳияҳои атрофи дарёи Урдунро тай намуда, мардумро насиҳат мекард. Ӯ ба онҳо мегуфт, ки барои бахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, аз гуноҳ даст кашанд ва дар об таъмид бигиранд, ки рамзи шуста шудани гуноҳҳо мебошад. Чуноне ки дар китоби Ишаъё пайғамбар дар бораи вай навишта шудааст: «Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: „Барои Худованд роҳро тайёр кунед ва онро рост намоед! Бигзор ҳар водӣ баланд шавад, ҳар кӯҳу теппа ба ҳамворӣ мубаддал гардад. Бигзор роҳҳои каҷ рост шаванд ва роҳҳои пасту баланд ҳамвор, он гоҳ ҳар як ҷони зинда наҷоти Худоро мебинад!“ » Мардуми зиёде назди Яҳё меомаданд, то аз дасти ӯ таъмид бигиранд ва ӯ ба онҳо мегуфт: «Эй морзодагон! Кӣ шуморо огоҳ кард, ки аз ҷазои дарпешистода гурехта метавонед?! Тавба кунед ва самаре оваред, ки тавбаи шуморо нишон диҳад! Асло фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. Табар аллакай бар решаи дарахтон гузошта шудааст ва ҳар дарахте, ки самари хуб намеоварад, бурида ба оташ партофта мешавад». Мардум аз ӯ мепурсиданд: «Пас, мо чӣ кор кунем?» Яҳё ҷавоб дод: «Касе, ки ду курта дорад, яктояшро ба касе диҳад, ки курта надорад ва ҳар кӣ хӯрок дорад, низ чунин кунад». Андозгирон ҳам, ки барои таъмид гирифтан омада буданд, аз ӯ пурсиданд: «Устод, мо чӣ кор кунем?» Ба онҳо гуфт: «Бештар аз он андозе, ки бароятон муқаррар карда шудааст, аз мардум наситонед». Сарбозон низ аз ӯ пурсиданд: «Пас, мо чӣ кор кунем?» Яҳё гуфт: «Касеро бо зӯриву туҳмати ноҳақ ғорат накунед ва ба маоши худ қаноат намоед». Мардум интизори омадани Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо буданд ва баъд аз шунидани гуфтаҳои Яҳё ба худ гуфтанд, ки шояд Яҳё Масеҳ аст. Яҳё бошад, ба онҳо гуфт: «Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, вале аз ман Тавонотаре меояд, ки шуморо бо Рӯҳулқудс ва оташ таъмид медиҳад. Ман ҳатто сазовори кушодани банди пойафзори Ӯ нестам. Дар дасти Ӯ барои бод додани гандум сешоха тайёр аст, то ки хирмани Худро тоза карда, гандумро дар анбораш ҷамъ кунад, вале каҳро дар оташи хомӯшнашаванда сӯзонад». Ҳамин тавр Яҳё бо насиҳатҳои зиёде хушхабарро ба мардум мерасонд. Яҳё ҳоким Ҳиродусро ҳам барои он ки ҳамсари бародари худаш Ҳиродияро ба занӣ гирифта буд ва барои ҳамаи корҳои бадаш сарзаниш мекард. Ҳиродус бошад бар замми ҳамаи кирдори бадаш, боз Яҳёро ба зиндон андохт. Инак, вақте ки ҳамаи мардум таъмид мегирифтанд, Исо низ таъмид гирифт. Ҳангоме ки Ӯ дуо карда истода буд, осмон кушода шуд ва Рӯҳулқудс дар шакли кабӯтаре болои Ӯ фаромад. Он гоҳ садое аз осмон баромад: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хеле хушнудам!» Вақте ки Исо хизмати Худро сар кард, тақрибан сисола буд ва ҳама гумон мекарданд, ки Ӯ писари Юсуф аст. Юсуф бошад, писари Элӣ, Элӣ писари Маттот, Маттот писари Левӣ, Левӣ писари Малкӣ, Малкӣ писари Яннай, Яннай писари Юсуф, Юсуф писари Матитё, Матитё писари Омӯс, Омӯс писари Наҳум, Наҳум писари Ҳеслӣ, Ҳеслӣ писари Наҷҷай, Наҷҷай писари Маҳат, Маҳат писари Матитё, Матитё писари Шимъӣ, Шимъӣ писари Юсуф, Юсуф писари Яҳудо, Яҳудо писари Юҳонон, Юҳонон писари Решо, Решо писари Зарубобил, Зарубобил писари Шаалтиил, Шаалтиил писари Нерӣ, Нерӣ писари Малкӣ, Малкӣ писари Аддӣ, Аддӣ писари Қусом, Қусом писари Элмадом, Элмадом писари Эр, Эр писари Юсӣ, Юсӣ писари Элиазар, Элиазар писари Юрим, Юрим писари Маттот, Маттот писари Левӣ, Левӣ писари Шимъун, Шимъун писари Яҳудо, Яҳудо писари Юсуф, Юсуф писари Юном, Юном писари Элёқим, Элёқим писари Малё, Малё писари Мино, Мино писари Матато, Матато писари Нотон, Нотон писари Довуд, Довуд писари Ишой, Ишой писари Убид, Убид писари Бӯаз, Бӯаз писари Салмун, Салмун писари Наҳшун, Наҳшун писари Амминодоб, Амминодоб писари Адамин, Адамин писари Ҳорнӣ, Ҳорнӣ писари Ҳесрун, Ҳесрун писари Порас, Форас писари Яҳудо, Яҳудо писари Яъқуб, Яъқуб писари Исҳоқ, Исҳоқ писари Иброҳим, Иброҳим писари Тораҳ, Тораҳ писари Ноҳур, Ноҳур писари Саруҷ, Саруҷ писари Рау, Рау писари Фолаҷ, Фолаҷ писари Эбар, Эбар писари Шолаҳ, Шолаҳ писари Қенон, Қенон писари Арпакшад, Арпакшад писари Сом, Сом писари Нӯҳ, Нӯҳ писари Ломак, Ломак писари Матушолаҳ, Матушолаҳ писари Ҳанух, Ҳанух писари Ёрад, Ёрад писари Маҳалалъил, Маҳалалъил писари Қенон, Қенон писари Анӯш, Анӯш писари Шет, Шет писари Одам ва Одам писари Худо буданд. Исои пур аз Рӯҳулқудс аз соҳили дарёи Урдун баргашт ва Рӯҳулқудс Ӯро ба биёбон бурд. Он ҷо шайтон дар давоми чил рӯз Ӯро меозмоид. Исо тамоми он вақт ҳеҷ чиз нахӯрд ва дар охир сахт гурусна монд. Сипас, шайтон ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин санг фармон деҳ, ки нон шавад». Исо ҷавоб дод: «Не, зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „инсон на фақат бо хӯрдани нон зинда аст“ ». Баъд шайтон Ӯро ба баландӣ бурда, аз он ҷо дар як лаҳза ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро ба Ӯ нишон дода, гуфт: «Агар Ту ба ман саҷда намоӣ, ман тамоми ихтиёри ҳукмронӣ кардан ва ҳамаи шукӯҳу зебоии онҳоро ба Ту медиҳам, зеро онҳо ба ман дода шудаанд ва ман онҳоро ба касе, ки хоҳам, медиҳам». Исо ба вай ҷавоб дод: «Дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „ба Худованд Худои худ саҷда намоед ва танҳо ба Ӯ хизмат кунед“ ». Баъд шайтон Ӯро ба Уршалим бурда, ба ҷойи баландтарини маъбади Худо гузошт ва ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, Худро аз ин ҷо ба пойин парто. Зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Худо ба фариштагони Худ дар бораи Ту фармон хоҳад дод, ки Туро муҳофизат кунанд ва онҳо Туро дар болои дастонашон хоҳанд бардошт, то ки поят ба санге назанад“ ». «Не! – ҷавоб дод Исо, – чунки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Худованд Худои худро насанҷед“ ». Баъд аз ин шайтон васвасаҳои худро бас кард ва то пайдо шудани фурсати мувофиқ аз Исо дур шуд. Исо бо қуввати Рӯҳулқудс ба Ҷалил баргашт ва ин хабар дар сар то сари он вилоят паҳн шуд. Ӯ дар ҷамоатхонаҳо мардумро таълим медод ва ҳама Ӯро таъриф мекарданд. Ҳамин тавр Ӯ ба шаҳри Носира омад, ки дар он ҷо ба воя расида буд. Вай дар рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат аз рӯйи одат ба ҷамоатхона даромада, барои хондани навиштаҷот аз ҷояш бархест. Ба Ӯ китоби Ишаъё пайғамбарро доданд ва Исо онро кушода, ҷоеро ёфт, ки чунин навишта шуда буд: «Рӯҳи Худованд дар Ман аст, зеро Ӯ Маро таъйин намудааст, ки ба бенавоён хушхабарро бирасонам. Ӯ Маро фиристодааст, то озодии асирон, бино шудани кӯрон, раҳоии ситамдидагон ва соли файзбахши Худовандро эълон намоям». Баъд Вай китобро пӯшида, ба ходим дод ва ба ҷояш нишаст. Дар ҷамоатхона ҳама бодиққат ба Ӯ нигоҳ мекарданд ва Ӯ ба сухан оғоз намуд: «Он навиштаҳоеро, ки ҳоло шунидед, имрӯз амалӣ гаштанд». Ҳама Исоро таъриф мекарданд ва аз суханони файзбахши Ӯ дар тааҷҷуб монда, мегуфтанд: «Магар Ӯ писари Юсуф нест?» Ӯ ба онҳо гуфт: «Медонам, ки ба Ман чунин масалро хоҳед гуфт: „Эй табиб! Худатро шифо деҳ“. Ва боз ба Ман мегӯед: „Дар диёри Худ низ муъҷизаҳоеро бикун, ки шунидаем дар шаҳри Кафарнаҳум кардаӣ“». Баъд суханашро давом дод: «Ба ростӣ мегӯям, ки ягон пайғамбар дар диёри худ қадр надорад. Ҳақиқатан ҳам дар замони Илёс пайғамбар, вақте ки сеюним сол борон наборид ва дар рӯйи замин гуруснагии сахте ба вуҷуд омад, дар Исроил бевазанони бисёре буданд, вале Илёс назди ҳеҷ яке аз онҳо фиристода нашуд. Ӯ танҳо ба назди як бевазане фиристода шуд, ки дар Сарфат ном шаҳри Сидун зиндагӣ мекард. Дар замони пайғамбар Элишоъ ҳам дар сарзамини Исроил бисёр касон бемории пӯст доштанд. Вале ба ғайр аз Наамон, ки аз Сурия буд, ҳеҷ кадоме аз онҳо шифо наёфт». Онҳое, ки дар ҷамоатхона буданд, аз шунидани чунин суханҳо ба ғазаб омаданд. Баъд аз ҷояшон бархеста, Исоро аз шаҳр берун карданд. Он шаҳр болои теппа сохта шуда буд ва онҳо Ӯро ба лаби ҷарӣ оварда хостанд аз он ҷо партоянд. Аммо Ӯ аз миёни онҳо гузашта, бо роҳи Худ равона шуд. Исо ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар Ҷалил аст, омада, дар рӯзи шанбе мардумро таълим медод. Одамон аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монданд, чунки суханонаш боқудрат буданд. Дар ҷамоатхона марде ҳузур дошт, ки дар вуҷудаш рӯҳи нопок, яъне ҷин ҷо шуда буд. Ӯ бо овози баланд фарёд зада гуфт: «Моро ба ҳоламон гузор! Ту ба мо чӣ кор дорӣ, эй Исои Носирӣ? Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси поки Худо ҳастӣ!» Вале Исо ҷинро сарзаниш карда фармуд: «Хомӯш шав ва аз вай берун баро!» Ҷин мардро дар пеши назари ҳама ба замин партофт ва ба он мард ҳеҷ зараре нарасонда, аз вай берун баромад. Ҳама ба ҳайрат афтода, ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ гап аст?! Ӯ бо қудрату қувват ба рӯҳҳои нопок амр медиҳад ва онҳо берун мебароянд!» Овозаи Исо дар тамоми он вилоят паҳн мешуд. Исо аз ҷамоатхона баромада, ба хонаи Шимъун ном марде рафт. Хушдомани Шимъун таби баланд дошт ва аз Исо хоҳиш карданд, ки ба ин зан ёрӣ диҳад. Исо болои сари ӯ хам шуда, ба таб фармон дод ва он паст шуд. Зан дарҳол аз ҷояш хеста, ба меҳмондории онҳо машғул шуд. Вақти ғуруби офтоб ҳамаи онҳоеро, ки ба бемориҳои гуногун гирифтор буданд, ба назди Исо оварданд. Ӯ дасти Худро болои ҳар яке аз онҳо мегузошту шифо медод. Ҳамчунон ҷинҳо «Ту Писари Худо ҳастӣ!» гуфта, фарёдзанон аз бисёр касон берун мебаромаданд. Аммо Ӯ онҳоро сарзаниш карда, ба онҳо иҷозати гап заданро намедод, чунки онҳо медонистанд, ки Ӯ Масеҳи Худо аст. Вақте ки субҳ дамид, Исо берун баромада, ба ҷойи беодам рафт. Вале мардум Ӯро ҷустуҷӯ карда, ба наздаш омаданд ва илтимос карданд, ки аз наздашон наравад. Ӯ бошад, ба онҳо гуфт: «Ман бояд хушхабари Подшоҳии Худоро ба шаҳрҳои дигар ҳам бирасонам, чунки бо ҳамин мақсад фиристода шудаам». Ва Ӯ дар ҷамоатхонаҳои тамоми сарзамини Яҳудия хушхабарро эълон мекард. Як рӯз Исо дар канори баҳри Ҷинесор меистод ва мардуми бисёре, ки мехостанд каломи Худоро бишнаванд, аз ҳар тараф ба Ӯ фишор меоварданд. Исо ду қаиқеро дид, ки дар соҳили баҳр гузошта шуда буданд ва моҳигирон аз онҳо берун омада, тӯрҳоро мешустанд. Ӯ ба яке аз қаиқҳо, ки соҳибаш Шимъун буд, савор шуда, аз ӯ хоҳиш кард, ки қаиқро аз соҳил каме дуртар ронад. Баъд нишаста, аз қаиқ мардумро таълим медод. Дар охири суханаш Ӯ ба Шимъун ва ҳамроҳонаш гуфт: «Қаиқро ба мобайни баҳр бурда тӯрҳоятонро барои сайди моҳӣ ба об андозед». Шимъун ҷавоб дод: «Устод! Мо тамоми шаб заҳмат кашидем ва чизе сайд накардем, вале тӯрро ба об меандозем, чунки Ту мефармоӣ». Вақте ин корро карданд, он қадар моҳӣ сайд шуд, ки тӯрҳояшон ба кандан даромаданд. Пас, ба шарикони худ, ки дар қаиқи дигар буданд, ишорае карданд, то ба ёриашон биёянд. Онҳо омада, ҳар ду қаиқро то дараҷае аз моҳӣ пур карданд, ки қариб ғарқ мешуданд. Шимъуни Петрус ин ҳолатро дида, пеши пойҳои Исо афтода гуфт: «Эй Хоҷаам! Аз пеши ман биравед, чунки ман одами гунаҳкор ҳастам». Ӯ инро барои он гуфт, ки худаш ва ҳамроҳонаш аз сайди бешумори моҳиёне, ки ба даст оварда буданд, ба ҳайрат афтоданд. Яъқубу Юҳанно низ, ки писарони Забдой ва шарикони Шимъун буданд, ҳайрон шуданд. Вале Исо ба Шимъун гуфт: «Натарс, аз ин пас мардумро монанди моҳӣ ҷамъ мекунӣ». Сипас, моҳигирон қаиқҳоро ба соҳил бароварданд ва ҳамаи корҳояшонро партофта, Исоро пайравӣ карданд. Исо дар шаҳре буд, ки дар он ҷо марде аз сар то по гирифтори бемории пӯст буд. Он бемор Исоро дида, рӯй ба замин ниҳоду илтимос кард: «Хоҷа, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ». Он гоҳ Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва ҳамон дам пӯсташ сиҳат шуд. Баъд Исо ба ӯ амр дода гуфт: «Дар бораи ин воқеа ба касе нагӯй, балки рост назди коҳин рафта, худро нишон деҳ. Баъд барои пок шудани худ, чӣ тавре ки Мусо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад». Аммо ба ин нигоҳ накарда, овозаи Исо торафт паҳн мешуд. Шумораи зиёди мардум барои шифо ёфтан аз бемориҳои худ ва шунидани сухани Ӯ дар атрофаш ҷамъ меомаданд. Исо бошад, барои дуо кардан ба ҷойи беодам мерафт. Рӯзе Исо машғули таълим буд. Чанд нафар аз равияи фарисиён ва устодони шариат, ки аз Яҳудияву Уршалим ва тамоми деҳоти Ҷалил омада буданд, дар он ҷо менишастанд. Қудрати Худованд барои шифо додан бо Исо буд. Ҳамин вақт чанд нафар як марди шалро бо ҷогаҳаш бардошта оварданд. Онҳо кӯшиш карданд, ки ӯро ба даруни хона дароварда, дар пеши Исо гузоранд, вале аз сабаби бисёр будани мардум дароварда натавонистанд. Пас ба болои хона баромада, баъзе сафолҳои бомро гирифта, шалро бо ҷогаҳаш ба даруни хона, ба миёни мардум, пеши Исо фароварданд. Исо имони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Дӯстам! Гуноҳҳоят бахшида шуданд». Вале устодони шариату фарисиён аз дил гузаронданд: «Ин кист, ки суханони куфр мегӯяд? Ғайр аз Худо кӣ гуноҳҳоро бахшида метавонад?» Исо бошад, фикри онҳоро фаҳмида, ҷавоб дод: «Чаро дар дили худ чунин фикрҳо доред? Кадомаш осонтар аст: гуфтани он ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё гуфтани он ки „бархез ва роҳ гард“? Пас Ман ба шумо исбот мекунам, ки Писари Одамизод дар рӯйи замин ҳаққи бахшидани гуноҳҳоро дорад». Ӯ ба шал гуфт: «Ба ту мегӯям, бархез, ҷогаҳатро бардошта ба хонаат рав!» Он мард дар пеши ҳама дарҳол аз ҷояш хест ва ҷогаҳашро, ки дар рӯйи он хобида буд, бардошта, Худоро ситоишкунон ба хонааш равона шуд. Ҳама ба ҳайрат афтода, Худоро ситоиш карданд ва пур аз тарсу ҳарос шуда, мегуфтанд: «Имрӯз чизҳои ҳайратангез дидем». Баъд аз ин Исо берун рафт ва Левӣ ном андозгиреро дид, ки дар ҷойи ҷамъоварии андоз менишаст. Исо ба вай гуфт: «Аз паси ман биё» ва Левӣ бархест ва ҳама чизашро монда, аз паси Ӯ равона шуд. Левӣ дар хонаи худ барои Исо зиёфати калон орост. Шумораи зиёди андозгирон ва дигар меҳмонон дар сари дастархон менишастанд. Фарисиён ва устодони шариат ба шогирдони Исо шикоят карда гуфтанд: «Чаро шумо бо андозгирону гунаҳкорон мехӯреду менӯшед?» Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон муҳтоҷанд. Ман ҳам барои он омадаам, ки на некукорон, балки гунаҳкоронро ба тавба даъват намоям». Онҳо ба Исо гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳёи Таъмиддиҳанда зуд-зуд рӯза мегиранду дуо мехонанд, шогирдони фарисиён низ чунин мекунанд, вале шогирдони Ту мехӯранд ва менӯшанд?» Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё метавонед дӯстони домодро дар тӯйи арӯсӣ, модоме ки домод бо онҳост, маҷбур созед, ки рӯза гиранд? Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он гоҳ онҳо низ рӯза мегиранд». Баъд ба онҳо ин масалро гуфт: «Ҳеҷ кас аз либоси нав пораеро канда, ба либоси куҳна ямоқ ё поргӣ намекунад, чунки ҳам либоси нав ҳайф мешавад ва ҳам ямоқ ё поргии нав ба либоси куҳна мувофиқ намеояд. Ҳамчунин ҳеҷ кас шароби навтайёршударо ба халтаи чармини куҳна намерезад, чунки аз туруш шудани шароб халта медарад ва шароб мерезаду халта низ аз кор мебарояд. Баръакс, шароби навтайёршударо бояд ба халтаи нав резанд. Ҳеҷ кас баъд аз нӯшидани шароби куҳна шароби навро талаб намекунад, зеро мегӯяд, ки шароби куҳна хуб аст». Дар яке аз рӯзҳои шанбе Исо аз байни киштзорҳои гандум мегузашт. Шогирдонаш хӯшаҳои гандумро канда, бо кафи дасташон молида мехӯрданд. Баъзе аз фарисиён гуфтанд: «Чаро шумо кореро мекунед, ки кардани он дар рӯзи шанбе раво нест?» Исо ҷавоб дод: «Магар шумо дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд, вақте ки бо ҳамроҳонаш гурусна монд, чӣ кор карда буд? Ӯ ба хонаи Худо даромада, нони ба Худо тақдимшударо гирифта хӯрд ва ба ҳамроҳонаш низ дод. Ҳол он ки аз рӯйи шариат фақат ба коҳинон хӯрдани он нон мумкин аст». Баъд ба онҳо гуфт: «Писари Одамизод Хоҷаи рӯзи шанбе аст». Боз дар яке аз рӯзҳои истироҳат Исо ба ҷамоатхона даромада, машғули таълим шуд. Дар он ҷо як марде буд, ки дасти росташ хушк шуда буд. Устодони шариат ва фарисиён Исоро мушоҳида мекарданд, ки оё дар рӯзи шанбе одамро шифо медиҳад ё не, то тавонанд Ӯро дар ягон кор айбдор кунанд. Аммо Исо фикри онҳоро медонист ва ба он марди дасташ хушкшуда гуфт: «Бархез ва дар миёнҷо исто». Он мард бархесту истод. Исо ба онҳо гуфт: «Ба шумо саволе медиҳам: дар рӯзи шанбе некӣ кардан равост ё бадӣ кардан? Ҷони касеро наҷот додан ё нобуд кардан?» Баъд ба ҳамаи онҳо нигоҳ карда, ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун». Вай дасташро дароз карду дасташ сиҳат шуд. Аммо устодони шариат ва фарисиён дар ғазаб шуда, бо ҳамдигар маслиҳат мекарданд, ки бар зидди Исо чӣ кор кунанд. Дар яке аз он рӯзҳо Исо барои дуо ба кӯҳ баромад ва тамоми шаб ба Худо дуо кард. Вақте ки рӯз шуд, шогирдонашро ба наздаш ҷеғ зада, аз миёнашон дувоздаҳ нафарро интихоб кард ва онҳоро фиристода номид, ки инҳоянд: Шимъун, ки Исо ӯро Петрус номид ва бародари Шимъун Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно, Филиппус ва Барталмо, Матто ва Тумо, Яъқуби писари Ҳалфой ва Шимъун, ки ба ӯ лақаби Ватандӯстро гузошта буданд, Яҳудои писари Яъқуб ва Яҳудои Исқарютӣ, ки оқибат хиёнаткор мешавад. Исо бо шогирдонаш аз кӯҳ пойин фаромада, дар ҳамворие истод. Шумораи зиёди пайравонаш ва мардуми бисёре аз тамоми гирду атрофи сарзамини Яҳудия, аз Уршалим, аз ноҳияҳои Сур ва Сидуни назди баҳр ҷамъ омаданд, то ки Исоро бишнаванд ва аз бемориҳояшон шифо ёбанд. Касоне, ки аз ҷинҳо азоб мекашиданд, низ шифо ёфтанд. Бино бар ин, ҳама кӯшиш мекарданд, ки дасти худро ба Исо расонанд, чун қуввае, ки аз Ӯ берун меомад, ҳамаро шифо медод. Исо ба шогирдонаш чашм дӯхта гуфт: «Хушбахтед шумо, ки ҳоло бечораед, чунки Подшоҳии Худо аз они шумост. Хушбахтед шумо, ки ҳоло гуруснаед, чунки сер хоҳед шуд. Хушбахтед шумо, ки ҳоло гиря мекунед, зеро хандон хоҳед шуд. Хушбахтед шумо, вақте ки мардум ба хотири Писари Одамизод ба шумо нафрат доранд, шуморо аз байнашон меронанду дашном дода туҳмат мекунанд. Дар он рӯз шодӣ кунед ва аз хурсандӣ рақс кунеду донед, ки Худо дар осмон бароятон мукофоти калон дорад. Аҷдоди гузаштаи ин мардум бо пайғамбарон ҳамин тавр рафтор мекарданд. Лекин вой бар ҳоли шумо, эй сарватмандон, зеро танҳо дар ин дунё хурсандӣ мекунед. Вой бар ҳоли шумо, ки ҳоло сер ҳастед, чунки гурусна хоҳед монд. Вой бар ҳоли шумо, ки ҳоло механдед, зеро гирёну нолон хоҳед шуд. Вой бар ҳоли шумо, вақте ки ҳама шуморо таърифу тавсиф мекунанд, чунки аҷдодони ин одамон низ бо пайғамбарони бардурӯғ ҳамин тавр рафтор мекарданд. Ман ба шумо, ки суханамро мешунавед, мегӯям: душманонатонро дӯст доред ва ба онҳое, ки аз шумо нафрат доранд, некӣ кунед, барои онҳое, ки шуморо лаънат мекунанд, баракат талабед ва барои онҳое, ки ба шумо бадӣ мекунанд, дуои хайр гӯед. Агар касе ба як тарафи рӯятон занад, тарафи дигари рӯятонро ба ӯ гардонед ва агар касе ҷомаатонро кашида гирад, монед, ки куртаатонро ҳам бигирад. Ҳар кӣ аз шумо чизе талаб кунад, онро ба ӯ диҳед ва ҳар кӣ чизи шуморо бигирад, баргардондани онро талаб накунед. Пас, ҳар рафтореро, ки аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр аввал худи шумо нисбати дигарон рафтор кунед. Агар шумо фақат касонеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, чӣ ҷойи таъриф? Зеро гунаҳкорон ҳам дӯстдорони худро дӯст медоранд. Агар фақат ба касоне, ки ба шумо некӣ мекунанд, некӣ кунед, шумо чӣ ифтихоре доред? Зеро гунаҳкорон низ ҳамин тавр рафтор мекунанд. Агар ба касе қарз диҳеду умеди пас гирифтани онро дошта бошед, чӣ фоида дорад? Зеро гунаҳкорон низ ба гунаҳкорон қарз дода, интизори пас гирифтани он ҳастанд. Вале шумо душманонатонро дӯст доред, некӣ кунед ва қарз диҳеду интизори гирифтани он нашавед. Он гоҳ мукофоти бузурге насибатон гашта, фарзандони Худои Таоло хоҳед буд. Зеро Худо ба одамони бад ва кӯрнамак ҳам меҳрубонӣ мекунад. Пас, ҳамон тавре ки Падари шумо раҳмдил аст, шумо низ раҳмдил бошед. Дигаронро айбдор накунед ва шумо низ айбдор карда намешавед. Ҳукм накунед ва ба ҳукм дучор намешавед. Ҳамаро бубахшед ва шумо низ бахшида мешавед. Бидиҳед ва ба шумо низ дода мешавад: то ба андозаи зиёди ҷунбонидаю фишурдашуда ва лабрезшуда ба шумо дода мешавад, зеро бо кадом санги тарозу, ки баркашед, бо ҳамон санг барои шумо бармекашанд». Ҳамчунин Ӯ масалеро ба онҳо гуфт: «Оё як кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон дода метавонад? Магар ҳар дуяшон ба чоҳ намеафтанд? Шогирд аз устодаш баландтар нест. Аммо вақте ки пурра таълим мегирад, монанди устодаш мешавад. Чаро шумо хасро дар чашми бародари худ мебинеду кундаро, ки дар чашми худатон ҳаст, намебинед? Чӣ хел ҷуръат карда ба бародаратон мегӯед: „Эй бародар, иҷозат деҳ хасро аз чашмат барорам“, вақте ки кундаро дар чашми худ намебинед? Эй дурӯяҳо! Аввал кундаро аз чашми худатон бароред, он гоҳ дурусттар дида метавонед, ки чӣ хел хасро аз чашми бародаратон бароред. Ҳаргиз дарахти хуб меваи бад ва ё дарахти бад меваи хуб намедиҳад. Чӣ хел будани дарахт аз мевааш маълум мегардад. Аз буттаи хор анҷир намечинанд ва ё ҳосили ангур намегиранд. Шахси нек аз хазинаи неки дилаш некиро ва шахси бад аз хазинаи бади дилаш бадиро мебарорад, зеро он чизе ки дар дилатон ҳаст, лабрез шуда, аз забонатон берун меояд. Чаро Маро „Хоҷа! Хоҷа!“ меномеду гуфтаҳоямро иҷро намекунед? Ҳоло ба шумо ба кӣ монанд будани касеро мефаҳмонам, ки пеши Ман омада, гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро мекунад. Ӯ ба одаме монанд аст, ки барои сохтани хонааш заминро чуқур канда, пойдеворашро болои санге мегузорад. Ҳангоме ки обхезӣ мешаваду оби дарё хонаро зер мекунад, ба он ҳеҷ осебе намерасад, чунки пойдевораш мустаҳкам сохта шудааст. Аммо касе, ки гуфтаҳои Маро мешунавад, вале иҷро намекунад, ба одаме монанд аст, ки хонаашро бе пойдевор дар рӯйи хок сохтааст. Пас, вақте оби дарё хонаро зер мекунад, он ба зудӣ фурӯ рафта несту нобуд мешавад». Баъд аз он ки Исо тамоми суханҳояшро ба мардум гуфта шуд, вориди шаҳри Кафарнаҳум гашт. Дар он ҷо як сардори лашкар хизматгоре дошт, ки барояш азиз буд. Ин хизматгор бемор шуда, дар бистари марг мехобид. Сардори лашкар овозаи Исоро шунида, пирони яҳудиро пеши Ӯ фиристод, то илтимос кунанд, ки омада хизматгорашро шифо диҳад. Онҳо назди Исо омаданд ва бисёр илтимос карда гуфтанд: «Ин сардори лашкар сазовори он аст, ки барояш чунин корро бикунӣ, чунки вай халқи моро дӯст медорад ва барои мо ҷамоатхонае сохтааст». Исо ҳамроҳи онҳо рафт. Ҳангоме ки ба хона наздик мешуд, он сардор дӯстонашро фиристод, ки аз номи вай ба Исо чунин гӯянд: «Хоҷа! Аз ин зиёд заҳмат накаш, зеро ман сазовори он нестам, ки Ту аз дари ман дароӣ. Ба ҳамин сабаб худро муносиб надонистам, ки назди Ту биёям. Танҳо як амр деҳ ва хизматгорам шифо меёбад. Зеро ман як фармонбардор ҳастам ва дар зери итоати худ низ сарбозонро дорам. Вақте ки ба яке „рав“ мегӯям, меравад, ба дигаре „биё“ мегӯям, меояд ва агар ба хизматгорам „фалон корро бикун“ гӯям, ӯ албатта он корро иҷро мекунад». Исо инро шунида ҳайрон шуд ва ба мардуми бешуморе, ки аз паси Ӯ меомаданд, рӯ оварда гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар байни исроилиён касеро надидам, ки чунин имони қавӣ дошта бошад». Фиристодагони сардори лашкар ба хона баргашта, диданд, ки хизматгор сиҳат шудааст. Дере нагузашта Исо ҳамроҳи шогирдон ва шумораи зиёди мардум ба шаҳри Ноин рафт. Ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик шуда, дид, ки мурдаеро мебароранд. Он мурда писари ягонаи бевазане буд ва сокинони зиёди шаҳр ҳамроҳи он зан равона буданд. Худованд Исо он занро дида, дилаш ба ҳоли вай сӯхт ва ба ӯ гуфт: «Гиря накун». Баъд наздик омада, дасти Худро рӯйи тобут гузошт ва тобутбардорон истоданд. Сипас, Ӯ гуфт: «Эй ҷавон! Ба ту мегӯям, бархез». Мурда аз ҷояш бархеста нишасту ба сухан даромад ва Исо ӯро ба модараш супорид. Ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт ва мардум Худоро ҳамду санохонон мегуфтанд: «Худо ба халқи Худ назар андохт ва дар байни мо пайғамбари бузурге пайдо шуд». Одамон дар тамоми Яҳудия ва гирду атрофи он дар бораи Исо нақл мекарданд. Шогирдони Яҳё низ ба устодашон ҳамаи воқеаҳоро нақл карданд. Яҳё ду нафар аз шогирдонашро ба назди Исо фиристод, то бипурсанд: «Оё Ту ҳамон Шахсе ҳастӣ, ки омаданашро пешгӯйӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?» Онҳо ба назди Исо омада, гуфтанд: «Яҳёи Таъмиддиҳанда моро пеши Ту фиристод, то бипурсем, ки оё Ту ҳамон шахсе ҳастӣ, ки омаданашро пешгӯйӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?» Ин ҳамон вақте буд, ки Исо мардуми зиёдеро аз бемориҳову дарду азоб шифо дода, ҷинҳоро аз одамон берун карда, чашмони бисёр кӯронро бино мекард. Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳар чиро, ки дидаеду шунидаед, рафта, ба Яҳё нақл кунед. Яъне бигӯед, ки чашмони кӯрон бино мешаванду лангон роҳ мегарданд, нафароне, ки гирифтори бемории пӯстанд, пок мешаванду карҳо мешунаванд, мурдагон зинда мешаванд ва ба бечорагон хушхабар эълон карда мешавад. Пас хушбахт аст касе, ки дар ҳаққи Ман шакку шубҳа намекунад». Баъд аз рафтани шогирдони Яҳё Исо ба мардум дар бораи Яҳё суханашро оғоз кард: «Назди Яҳё ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани қамише, ки аз вазидани бод меҷунбад? Гӯед, ки чаро рафта будед? Магар барои дидани одаме, ки либоси қимат мепӯшад? Охир онҳое, ки либоси зебо мепӯшанд ва ҳаёти пур аз айшу ишрат доранд, дар қасрҳо зиндагӣ мекунанд. Барои чӣ рафта будед? Барои дидани пайғамбар? Дуруст, аммо ба шумо мегӯям, ки шумо каси бузургтар аз пайғамбарро дидаед. Яҳё ҳамон шахсест, ки Худо дар борааш дар навиштаҷот гуфтааст: „Ман пешопеши Ту хабаррасони Худро мефиристам, то барои омаданат роҳ тайёр кунад“. Ба шумо мегӯям, дар байни ҳамаи онҳое, ки аз модар ба дунё омадаанд, бузургтар аз Яҳё касе нест. Аммо шахси хурдтарин дар Подшоҳии Худо бузургтар аз Яҳё аст». Тамоми мардум ва андозгирон низ суханони Ӯро шунида, дуруст будани роҳи Худоро тасдиқ менамуданд ва аз ин сабаб аз дасти Яҳё таъмид гирифта буданд. Вале азбаски фарисиён ва устодони шариат таъмиди Яҳёро нагирифта буданд, аз нияте, ки Худо нисбаташон дошт, рӯй гардонданд. Исо суханашро давом дода гуфт: «Одамони ин наслро бо кӣ муқоиса намоям? Онҳо ба кӣ монандӣ доранд? Онҳо монанди кӯдаконе ҳастанд, ки дар кӯча бозӣ мекунанду як гурӯҳи онҳо ба гурӯҳи дигар мегӯяд: „Мо бароятон най навохтем, аммо шумо рақс накардед! Суруди мотам хондем, вале гиря накардед“. Ҳоло Яҳёи Таъмиддиҳанда омадааст, ки нон намехӯраду шароб наменӯшад ва шумо мегӯед, ки ӯ ҷин дорад. Писари Одамизод омадааст, ки ҳам мехӯраду ҳам менӯшад, лекин шумо мегӯед: „Ӯ марди пурхӯру бадмаст, дӯсти андозгирону гунаҳкорон аст“. Вале дуруст будани ҳикмати Худо аз корҳои тамоми фарзандонаш маълум мегардад». Яке аз фарисиён Исоро ба меҳмонӣ даъват кард ва Ӯ ба хонаи он фарисӣ рафта, дар сари дастархон кашпаҳлӯ зада нишаст. Дар он шаҳр як зани пургуноҳе буд. Чун ӯ фаҳмид, ки Исо дар хонаи он фарисӣ хӯрок мехӯрад, як шишача равғани атрафшонро гирифта ба он ҷо омад. Вай аз пушт, назди пойҳои Исо истода мегирист ва ашкҳояш ба пойҳои Исо мечакиданд. Зан бо мӯйҳояш пойҳои Ӯро мехушконид, бо эҳтиром онҳоро мебӯсид ва ба онҳо равғани хушбӯйро мемолид. Инро дида, фарисие, ки Исоро даъват карда буд, аз дилаш чунин фикрро гузаронд: «Агар ин мард дар ҳақиқат пайғамбар мебуд, медонист, ки ин зан чӣ гуна аст. Чун зане, ки ҳоло ба Ӯ даст мерасонад, гунаҳкор аст»! Вале Исо ба ӯ гуфт: «Шимъун! Мехоҳам ба ту чизе бигӯям». Гуфт: «Марҳамат, Устод». Пас Исо суханашро давом дода гуфт: «Ду кас аз як одам пул қарз гирифтанд. Яке аз ӯ панҷсад ва дигаре панҷоҳ тангаи нуқра қарздор буд. Азбаски қарзашонро канда наметавонистанд, он шахс қарзи ҳардуро бахшид. Ҳоло бигӯ, ки кадоме аз онҳо ӯро бештар дӯст медорад?» Шимъун дар ҷавоб гуфт: «Ба фикрам он касе, ки ба ӯ қарзи зиёдтаре бахшида шудааст». Исо гуфт: «Дуруст фаҳмидӣ». Баъд ба он зан рӯ оварда, ба Шимъун гуфт: «Ин занро мебинӣ? Ман ба хонаат омадам, вале барои пойҳоям об наовардӣ, ин зан бошад, пойҳои Маро бо ашкҳояш тар ва бо мӯйҳояш хушк кард. Ту ба Ман бӯсаи салом надодӣ, ин зан бошад, аз вақти омаданам то ҳол бӯсидани пойҳоямро бас намекунад. Ту ба сарам ҳатто равғани одиро намолидӣ, вай бошад, равғани атрафшонро ба пойҳоям молид. Бино бар ин, ба ту мегӯям, азбаски гуноҳҳои зиёди вай бахшида шудаанд, ӯ чунин муҳаббати зиёд дорад ва агар ба касе гуноҳи камтар бахшида шавад, муҳаббаташ низ камтар аст». Баъд ба он зан гуфт: «Гуноҳҳоят бахшида шуданд». Онҳое, ки бо Ӯ дар сари як дастархон нишаста буданд, худ ба худ мегуфтанд: «Вай кист, ки ҳатто гуноҳҳоро мебахшад?» Вале Исо ба зан гуфт: «Туро имонат наҷот додааст. Рав ва дар амон бош!» Баъд аз ин Исо дар шаҳру деҳот гашта, ба мардум хабари хуши Подшоҳии Худоро мерасонд. Дар ин кор Ӯро дувоздаҳ шогирд ва якчанд зан, ки ҷинҳо аз онҳо берун баромада буданду аз бемориҳо шифо ёфта буданд, ҳамроҳӣ мекарданд. Яке аз он занҳо Марям буд, ки Маҷдалия номида мешуд ва аз ӯ ҳафт ҷин берун рафта буд. Дигар зан Юҳанна ном дошт, ки шавҳараш Кузо дар дарбори ҳоким Ҳиродус нозири хоҷагӣ буд. Ҳамчунин Сусанна ва бисёр дигарон, ки бо пулу молашон онҳоро дастгирӣ мекарданд. Вақте ки мардуми бисёре аз шаҳрҳои гирду атроф ҷамъ шуда, ба назди Исо омаданд, Ӯ масалеро гуфт: «Рӯзе як деҳқон барои кишт кардани донаҳои худ ба киштзор меравад. Ҳангоми дона коштанаш, як миқдори он ба пайраҳа афтода поймол мешавад ва парандаҳо омада, онҳоро аз замин чида мехӯранд. Миқдори дигари донаҳо ба замини санглох афтода месабзад, вале аз беобӣ хушк мешавад. Миқдори дигараш ба замини хордор афтода месабзад, вале хорҳо қад кашида онҳоро пахш мекунанд. Аммо қисми донаҳое, ки ба замини хуби ҳосилхез меафтад, сабзида, сад баробар зиёдтар ҳосил медиҳад». Инро гуфту хитоб кард: «Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!» Шогирдон аз Исо маънои ин масалро пурсиданд ва Ӯ гуфт: «Фаҳмиши сирру асрори Подшоҳии Худо ба шумо ато шудааст, аммо ба дигарон бо масалҳо мегӯям, то ки „онҳо нигоҳ кунанду набинанд, гӯш кунанду нафаҳманд“. Маънои масал ин аст: дона – каломи Худост. Донаҳое, ки ба пайраҳа афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале шайтон омада онро аз дилашон медуздад, то ки имон наоваранд ва наҷот наёбанд. Донаҳое, ки ба замини санглох афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро шунида, бо шодӣ онро қабул мекунанд, вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳе имондор буда, дар вақти озмоиш имони худро аз даст медиҳанд. Донаҳое, ки ба миёни хорҳо афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале ғаму ташвиш ва сарвату лаззати зиндагӣ онҳоро пахш мекунад ва онҳо ҳеҷ самаре ба бор намеоваранд. Аммо донаҳои ба замини ҳосилхез афтода касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд ва онро дар дили нек ва пок нигоҳ дошта, бо сабру тоқат самар меоранд. Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, онро бо зарфе намепӯшонад ва ё ба зери кат намегузорад. Баръакс, онро ба чароғпоя мемонад, то ҳар кӣ дарояд, равшаниашро бубинад. Зеро ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки ошкор нашавад ва чизи пӯшидае нест, ки маълум ва равшан нагардад. Пас, аҳамият диҳед, ки ба суханони Ман чӣ тавр гӯш медиҳед, зеро ба ҳар кӣ чизе дорад, боз дода мешавад, лекин аз касе, ки надорад, ҳатто он андаке, ки фикр мекунад дорад, гирифта мешавад». Ҳамин вақт модару бародарони Исо наздаш омаданд, аммо аз сабаби тӯдаи одамон ба Ӯ наздик шуда натавонистанд. Ба Исо хабар доданд: «Модар ва бародаронат дар берун истодаанд ва Туро дидан мехоҳанд». Ӯ ҷавоб дод: «Модар ва бародарони Ман онҳое ҳастанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва онро иҷро мекунанд». Рӯзе Исо бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда ба онҳо гуфт: «Биёед, ба дигар тарафи баҳр мегузарем». Онҳо равон шуданду дар роҳ Исоро хоб бурд. Баногоҳ дар баҳр тӯфони чунон сахте бархест, ки қаиқ аз об пур шуд ва онҳо дар хатар монданд. Шогирдон Исоро бедор карда гуфтанд: «Устод! Устод! Ҳалок мешавем!» Ӯ аз хоб хеста, ба шамолу мавҷҳои пурталотум фармон дод ва тӯфон хомӯш шуда, ҳама ҷоро оромӣ фаро гирифт. Сипас, Вай ба шогирдонаш гуфт: «Имонатон куҷост?!» Шогирдон тарсиданд ва ҳайрон монда ба якдигар мегуфтанд: «Ин Кист, ки ҳатто ба шамолу баҳр фармон медиҳад ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?» Баъд аз ин онҳо ба сарзамини ҷадариён, ки дар рӯ ба рӯйи вилояти Ҷалил воқеъ аст, омада расиданд. Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, бо марде аз аҳли он шаҳр рӯ ба рӯ шуд, ки гирифтори ҷинҳо буд. Ӯ дер боз либос намепӯшид ва на дар хона, балки дар қабристон зиндагӣ мекард. Ҳамин ки ӯ Исоро дид, доду фиғонкунон пеши пойҳои Ӯ афтид ва бо овози баланд гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, Ту ба ман чӣ кор дорӣ? Илтимос мекунам, маро азоб надеҳ». Ӯ инро гуфт, чунки Исо ба рӯҳи нопок фармон дода буд, ки аз он мард берун барояд. Дар гузашта ҷин чандин бор он мардро азоб медод ва ҳарчанд ҷинзадаро бо занҷиру бандҳо баста нигоҳ медоштанд, мард онҳоро пора-пора мекард ва ҷин ӯро ба биёбон мебурд. Исо аз ӯ пурсид: «Номат чист?» Ӯ гуфт: «Лашкар», чунки ҷинҳои бисёре ба даруни он мард даромада буданд. Ҷинҳо аз Исо илтимос мекарданд, ки онҳоро ба ғори бепоён нафиристад. Ҳамон ҷо, дар болои теппа галаи калони хукҳо мечарид. Ҷинҳо Исоро зорию тавалло карданд, ки ба даруни хукҳо дароянд ва Ӯ ба онҳо иҷозат дод. Ҷинҳо аз он мард берун баромада, ба даруни хукҳо даромаданд ва гала дав-давон худро аз теппа ба баҳр партофта, ғарқ шуд. Хукбонон инро дида гурехтанд ва ин воқеаро дар шаҳру деҳот нақл карданд. Мардум барои дидани ин воқеа баромаданд ва ба назди Исо омада, ҳамон мардеро диданд, ки ҷинҳо аз ӯ берун рафта буданд. Вай дар тан либос дошту бо ақли солим дар пеши пойи Исо менишаст. Ҳамаро тарс фаро гирифт. Шоҳидони ин воқеа ба одамон чӣ гуна шифо ёфтани ҷинзадаро нақл карданд. Баъд аз ин тамоми мардуми сарзамини ҷадариён аз Исо хоҳиш карданд, ки аз пеши онҳо биравад, зеро онҳоро тарсу ваҳм фаро гирифта буд ва Ӯ барои баргаштан боз ба қаиқ савор шуд. Марде, ки ҷинҳо аз ӯ берун шуда буданд, илтимос кард, ки Исо ӯро бо Худ барад. Вале Исо ӯро ҷавоб дода гуфт: «Ба хонаат баргард ва он чиро ки Худо барои ту кардааст, нақл кун». Ӯ рафта дар тамоми шаҳр дар бораи он кори бузурге, ки Исо барояш карда буд, эълон кард. Вақти баргаштани Исо мардуми зиёде, ки Ӯро интизор буданд, ба пешвозаш баромаданд. Ҳамон вақт Ёир ном марде, ки сардори ҷамоатхона буд, назди Исо омада худро ба пеши пойҳояш партофт ва аз Ӯ илтимос кард, ки ба хонаи вай биёяд, зеро духтари ягонааш, ки тақрибан дувоздаҳсола буд, дар бистари марг мехобид. Исо ҳамроҳи Ёир мерафт ва мардуми бисёре аз ҳар тараф ба Ӯ фишор меоварданд. Дар он ҷо зане буд, ки дувоздаҳ сол боз бемории хунравӣ дошт. Вай тамоми сарваташро ба табибон сарф кард, вале ҳеҷ кас ӯро шифо дода натавонист. Он зан аз қафо ба Исо наздик шуду ба домани ҷомаи Ӯ даст расонд ва ҳамон замон хунравиаш бозмонд. Исо пурсид: «Ба Ман кӣ даст расонд?» Вақте ки ҳама инкор карданд, Петрус ба Ӯ гуфт: «Устод! Одамони бисёр дар гирдат ҷамъ шудаанд ва аз ҳар тараф фишор меоранд». Аммо Исо гуфт: «Касе ба Ман даст расонд, зеро Ман ҳис кардам, ки қуввае аз Ман берун рафт». Вақте он зан дид, ки дигар пинҳон монда наметавонад, тарсону ларзон омада пеши пойи Исо афтид ва дар ҳузури ҳамаи мардум ба Ӯ иқрор шуд, ки чаро ба Ӯ даст расонд ва чӣ тавр зуд шифо ёфт. Исо ба ӯ гуфт: «Эй духтарам, туро имонат шифо дод. Рав ва дар амон бош». Ҳанӯз ки Ӯ гап мезад, як нафаре аз хонаи Ёир хабар оварда, гуфт: «Духтарат мурд, дигар Устодро заҳмат надеҳ». Вале Исо инро шунида, гуфт: «Натарс, фақат имон дошта бош ва ӯ шифо меёбад». Вақте ки Исо ба хонаи Ёир омад, ба ғайр аз Петрус, Юҳанно, Яъқуб ва падару модари он духтар ба каси дигаре иҷозат надод, ки бо Ӯ ба хона дарояд. Ҳама барои он духтар гиряву нола мекарданд, вале Исо гуфт: «Дигар гиря накунед, ӯ намурдааст, фақат хобидааст». Одамон ба гапи Исо хандиданд, зеро аниқ медонистанд, ки духтар мурдааст. Аммо Исо дасти ӯро гирифта гуфт: «Эй духтар, бархез!» Вай зинда шуд ва зуд аз ҷояш бархест. Исо фармуд, ки ба духтар хӯрок диҳанд. Падару модари вай дар ҳайрат монданд, Исо бошад, ба онҳо фармуд, ки ин воқеаро ба касе нагӯянд. Исо дувоздаҳ шогирдашро даъват карда, ба онҳо қувват ва қудрат дод, ки ҷинҳоро берун кунанд ва беморҳоро шифо диҳанд. Сипас, Ӯ онҳоро фиристод, то ки дар бораи Подшоҳии Худо эълон карда, беморонро шифо бахшанд. Исо ба онҳо гуфт: «Дар сафар бо худ ҳеҷ чиз нагиред: на асо, на борхалта, на нон, на пул ва на либоси иловагӣ. Ба ҳар хонае, ки медароед, то рӯзи аз он шаҳр рафтанатон дар ҳамон хона бимонед. Вале агар шуморо дар ягон ҷо қабул накунанд, он шаҳрро тарк кунед ва чангу хокашро аз поятон афшонед, то шаҳодати айбдор будани онҳо гардад». Шогирдон аз он ҷо рафтанду деҳа ба деҳа гашта, хушхабарро эълон мекарданд ва дар ҳама ҷо беморонро шифо медоданд. Вақте ки ҳоким Ҳиродус ҳамаи инро шунид, ба ҳайрат афтод, зеро баъзеҳо мегуфтанд, ки Яҳё зинда шудааст, дигарон бошанд, мегуфтанд, ки Илёс пайғамбар пайдо гардидааст ва баъзеи дигарон мегуфтанд, ки яке аз пайғамбарони давраҳои қадим зинда шудааст. Вале Ҳиродус гуфт: «Охир ман сари Яҳёро аз танаш ҷудо карда будам. Пас, ин Кист, ки дар борааш чунин суханҳоро мешунавам?» Вай мехост Исоро бинад. Вақте ки фиристодагон баргаштанд, тамоми корҳои кардаашонро ба Исо нақл карданд. Ӯ онҳоро бо Худ гирифта ба шаҳри Байт-Сайдо равона шуд, то ки бо шогирдонаш танҳо монад. Вале мардум аз ин бохабар шуда, аз пайи Ӯ рафтанд ва Исо онҳоро бо хушнудӣ қабул карда, ба онҳо дар бораи Подшоҳии Худо нақл кард ва касонеро, ки ба шифо эҳтиёҷ доштанд, шифо дод. Рӯз бегоҳ мешуд ва дувоздаҳ шогирд ба назди Исо омада гуфтанд: «Ин ҷо ҷойи беодам аст. Мардумро ҷавоб деҳ, ки ба деҳоти гирду атроф рафта, барои худ ҷойи хоб ва хӯроке пайдо кунанд». Вале Вай ба онҳо гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед!» Шогирдон гуфтанд: «Мо фақат панҷ нону ду моҳӣ дорем. Магар ин ки рафта, барои ҳамаи ин одамон худамон хӯрок харем». Дар он ҷо тақрибан панҷ ҳазор мард буд ва Исо ба шогирдонаш гуфт: «Онҳоро панҷоҳнафарӣ гурӯҳ-гурӯҳ шинонед». Онҳо гуфтаи Исоро ба ҷо оварда, ҳамаро шинонданд. Баъд Ӯ он панҷ нону ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу шукр гуфт ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод, то ба мардум тақсим кунанд. Ҳама то сер шудан хӯрданд ва аз нонпораҳои боқимонда боз дувоздаҳ сабад пур шуд. Рӯзе, вақте ки Исо дар танҳоӣ дуо мекарду дар наздаш фақат шогирдонаш буданд, аз онҳо пурсид: «Мардум Маро кӣ мегӯянд?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Ту Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастӣ, қисми дигари одамон мегӯянд, ки Ту Илёс ҳастӣ ва дигарон мегӯянд, ки яке аз пайғамбарони қадим зинда шудааст». Ӯ аз онҳо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» Петрус ҷавоб дод: «Ту Масеҳ, яъне Таъйиншудаи махсуси Худо ҳастӣ». Баъд Исо онҳоро таъкид карда фармон дод, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд. Сипас, суханашро давом дода гуфт: «Писари Одамизод бояд бисёр азоб кашад. Пирони қавм, коҳинони калон ва устодони шариат аз Вай рӯй мегардонанд. Оқибат Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз зинда мегардад». Пас аз он Исо ба ҳама гуфт: «Агар касе пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз хоҳишҳои худ рӯй гардонда, ҳар рӯз салиби азобу маргашро бардошта, Маро пайравӣ кунад. Зеро касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале касе, ки ба хотири Ман ҳаёташро фидо мекунад, онро нигоҳ медорад. Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст оварад, вале худашро ҳайф кунаду ба худ зарар расонад? Зеро ҳар кӣ аз Ман ва аз суханонам шарм кунад, Писари Одамизод низ, ҳангоме ки дар дурахши ҷалоли Худ, дар шуҳрату ҷалоли Падар ва фариштагони муқаддас меояд, аз ӯ шарм хоҳад кард. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ин ҷо касоне ҳастанд, ки ҳанӯз аз дунё нагузашта, Подшоҳии Худоро мебинанд». Аз ин гуфтугӯ тақрибан ҳашт рӯз гузашт ва Исо бо Худ Петрус, Юҳанно ва Яъқубро гирифта, барои дуо ба болои кӯҳе баромад. Вақте ки Ӯ дуо мекард, чеҳрааш тағйир ёфта, либосаш сап-сафеди дурахшон шуд ва ногаҳон ду мард, Мусою Илёс пайғамбар бо шуҳрату ҷалол пайдо шуданд. Онҳо дар бораи тарки ин дунё, ки онро Исо ба наздикӣ дар Уршалим ба анҷом мерасонад, суҳбат мекарданд. Петрус ва ҳамроҳонашро хоб бурда буд ва ҳангоме ки бедор шуданд, шуҳрату ҷалоли Исоро диданд. Онҳо инчунин он ду нафареро диданд, ки бо Ӯ меистоданд. Вақте ки он ду нафар аз пеши Исо рафтанӣ шуданд, Петрус гуфт: «Эй Устод! Чӣ қадар хуб аст, ки мо ин ҷо ҳастем. Биё се хайма месозем: яке барои Ту, дигаре барои Мусо ва сеюм барои Илёс». Вай худаш намедонист, ки чӣ мегӯяд. Петрус ҳанӯз суханашро тамом накарда, абре пайдо шуда, онҳоро фаро гирифт ва вақте ки Мусо ва Илёс ба даруни абр даромаданд, шогирдон тарсиданд. Ҳамин вақт аз абр овозе баромад, ки мегуфт: «Ин Писари Ман аст, Ман Вайро интихоб кардаам. Ӯро гӯш кунед». Вақте ки овоз гум шуд, шогирдон диданд, ки Исо танҳо монд. Шогирдон хомӯш монданд ва ҳамон вақт аз он чи дида буданд, ба касе чизе нагуфтанд. Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз кӯҳ мефаромаданд, мардуми бисёре Исоро пешвоз гирифтанд. Ногаҳон марде аз миёни мардум фарёд зад: «Устод! Илтимос мекунам, ки ба писарам як назар кун. Вай фарзанди ягонаи ман аст. Гоҳ-гоҳ ба вай ҷин ҳамла мекунад ва ӯ якбора дод зада, беихтиёрона печутоб мехӯраду аз даҳонаш кафк мебарояд. Ҷин ӯро бисёр азоб дода, ба зӯрӣ ӯро сар медиҳад. Аз шогирдонатон илтимос кардам, ки он ҷинро берун кунанд, аммо онҳо натавонистанд». Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимону каҷрафтор! То кай бо шумо бошам ва то кай шуморо тоқат кунам? Писаратро ин ҷо биёр!» Вақте ки писар ба назди Исо меомад, ҷин ӯро ба замин ғалтонда, печутоб дод. Вале Исо ба ҷин фармон дод, ки аз бача берун барояд. Ҳамин тавр Ӯ писарро шифо дода, ба падараш супорид ва ҳама аз бузургии Худо дар ҳайрат монданд. Дар ҳоле, ки мардум аз тамоми корҳои кардаи Исо дар тааҷҷуб буданд, Вай ба шогирдонаш гуфт: «Он чизеро, ки ҳоло мегӯям, бишнавед ва дар ёд доред: Писари Одамизод ба дасти одамон супорида мешавад». Вале шогирдон маънои ин суханонро нафаҳмиданд, чунки маънояш аз онҳо пӯшида монд ва барои ҳамин онро дарк накарданд ва ҳам метарсиданд, ки дар ин бора аз Исо чизе пурсанд. Дар байни шогирдон баҳсу мунозира ба миён омад, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст. Исо медонист, ки онҳо дар дили худ чӣ фикр доранд, бинобар ин як кӯдакро гирифта, ба паҳлуи Худ гузошт ва ба онҳо гуфт: «Касе ки ин кӯдакро ба хотири номи Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад ва касе, ки Маро қабул мекунад, Фиристандаи Маро низ қабул мекунад. Зеро он касе, ки дар байни шумо аз ҳама хурдтарин аст, бузургтарин мебошад». Он вақт Юҳанно гуфт: «Устод, мардеро дидем, ки ба номи Ту ҷинҳоро берун мекард, аммо чун ӯ бо мо набуд, кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин кор боздорем». Исо ба ӯ гуфт: «Ӯро аз ин кор бознадоред! Зеро касе ки бар зидди шумо нест, тарафдори шумост». Чун вақти ба осмон бурда шудани Исо наздик омад, Ӯ қарор кард, ки ба Уршалим равад. Исо одамонашро пешопеши Худ фиристод ва онҳо ба деҳаи сомариён даромада, барои омадани Ӯ ҳама чизро тайёр намуданд. Аммо сомариён Исоро қабул накарданд, зеро Ӯ ба Уршалим равона буд. Шогирдонаш Яъқуб ва Юҳанно инро дида гуфтанд: «Хоҷа! Биёед мегӯем, ки аз осмон оташе борида онҳоро сӯзонад». Вале Исо ба Яъқубу Юҳанно рӯ оварда, онҳоро сарзаниш кард. Пас Исо ҳамроҳи шогирдонаш ба деҳаи дигаре равона шуданд. Онҳо сафарашонро давом медоданд ва дар роҳ марде ба Исо гуфт: «Ман дар ҳама ҷо Туро пайравӣ мекунам». Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯбоҳон хона ва парандагони ҳаво лона доранд, аммо Ман, Писари Одамизод ҷое надорам, ки сарамро монам» ва ба дигаре гуфт: «Аз паси Ман биё». Аммо ӯ ҷавоб дод: «Хоҷаам! Иҷозат деҳ аввал рафта, падарамро ба хок супорам». Лекин Исо ба вай гуфт: «Бигзор, ки мурдагон мурдагони худро ба хок супоранд, вале ту рафта, дар бораи Подшоҳии Худо нақл бикун». Шахси дигаре ба Исо гуфт: «Хоҷаам! Ман аз пасат меравам, вале иҷозат деҳ, ки аввал бо аҳли хонаводаам хайрухуш кунам». Исо ба вай гуфт: «Касе, ки ба шудгор сар мекунаду баъд ба ақиб нигоҳ мекунад, лоиқ нест, ки дар Подшоҳии Худо бошад». Баъд аз ин Худованд Исо боз ҳафтод нафари дигарро интихоб намуда, онҳоро ҷуфт-ҷуфт пешопеши Худ ба ҳар шаҳру деҳоте, ки рафтанӣ буд, фиристод. Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳосил бисёр аст, вале коргарон кам. Аз ин рӯ, аз соҳиби ҳосил илтимос кунед, ки барои ғундоштани ҳосилаш коргаронро фиристад. Равед! Ҳоло Ман шуморо назди одамон ҳамчун барраҳо ба байни гургҳо мефиристам. Бо худ ҳеҷ пул, борхалта ва ё пойафзори иловагӣ нагиреду дар роҳ вақтатонро бо аҳволпурсии одамон сарф накунед. Ба ҳар хонае, ки медароед, аввал бигӯед: „Сулҳ бод бар ин хонадон!“ Агар дар он ҷо шахси сулҳпарваре бошад, сулҳи шумо бо ӯ мемонад вагарна, он ба худатон бармегардад. Пас дар ба дар нагардеду дар ҳамон хона монед ва ҳар чи пешатон монанд, ҳамонро хӯреду нӯшед, зеро меҳнаткаш сазовори он аст, ки музди корашро бигирад. Агар ба ягон шаҳр дароеду шуморо дар он ҷо қабул кунанд, ҳар хӯрокеро, ки пешатон гузоранд, хӯред, беморони он шаҳрро шифо диҳед ва гӯед: „Подшоҳии Худо ба шумо наздик аст“. Вале агар ба шаҳре дароеду шуморо қабул накунанд, дар кӯчаҳояш гашта, чунин гӯед: „Ҳатто чангу хоки шаҳри шуморо, ки бар пойи мо нишастааст, бар зидди шумо меафшонем, вале аниқ донед, ки Подшоҳии Худо наздик аст“. Ба шумо мегӯям, ки дар рӯзи қиёмат аҳволи мардуми бадкирдори шаҳри Садум аз ҳоли он шаҳр сабуктар хоҳад буд. Эй аҳли Кӯразину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои пургуноҳи Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси мотам пӯшида, мӯйканон нишаста нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд. Бино бар ин, дар рӯзи қиёмат аҳволи мардуми Суру Сидун аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд. Инчунин шумо, эй аҳли Кафарнаҳум, гумон мекунед, ки сари шумо то ба осмон мерасад, аммо шумо ба дӯзах партофта мешавед. Касе ки шуморо, эй шогирдонам, гӯш кунад, Маро гӯш мекунад ва касе ки аз шумо рӯй гардонад, аз Ман рӯй мегардонад ва касе ки аз Ман рӯй гардонад, аз Фиристандаи Ман низ рӯй мегардонад». Ҳафтод нафар шогирдон бо хушҳолӣ баргашта, ба Исо гуфтанд: «Хоҷа! Бо номи Ту ҳатто ҷинҳо ба мо итоат мекунанд». Ӯ ба онҳо гуфт: «Ман дидам, ки шайтон мисли барқ аз осмон афтод. Ҳоло Ман ба шумо қудрат додам, ки морону каждумон ва тамоми қувваи душманро поймол кунед. Ба шумо ҳеҷ чиз зарар расонда наметавонад. Вале на барои он шод бошед, ки ҷинҳо ба шумо итоат мекунанд, балки барои он шодӣ кунед, ки номҳоятон дар осмон навишта шудаанд». Худи ҳамон лаҳза Исо аз шодии Рӯҳулқудс пур шуда гуфт: «Эй Падар, эй Худованди замину осмон, ба Ту шукр мегӯям, ки ин чизҳоро аз оқилон ва хирадмандон пинҳон кардию ба одамони одӣ ошкор сохтӣ. Бале, эй Падар, хоҳиши неки Ту чунин буд. Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ба ғайр аз Падар дигар ҳеҷ кас Писарро намешиносад. Инчунин, ҳеҷ кас Падарро намешиносад, ба ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар мехоҳад Падарро барояшон зоҳир созад». Сипас, Исо ба шогирдонаш рӯ оварда, фақат ба онҳо гуфт: «Шумо хушбахтед, ки ин чизҳоро мебинед! Зеро ба шумо мегӯям, ки пайғамбарон ва подшоҳони бисёре мехостанд он чизҳоеро бубинанд ва бишнаванд, ки шумо мебинед ва мешунавед. Вале онҳо на диданду на шуниданд». Ҳамин вақт яке аз устодони шариат бархест ва Исоро озмуданӣ шуда, ба Ӯ чунин савол дод: «Устод! Барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ чӣ кор бояд кунам?» Исо ҳам аз вай пурсид: «Дар шариат чӣ навишта шудааст? Шумо аз он ҷо чӣ мехонед?» Вай ҷавоб дод: «Худованд Худои худро бо тамоми дилу ҷон ва бо тамоми қуввату ақлу ҳушат дӯст дор ва дигаронро мисли худат дӯст дор ». Исо гуфт: «Дуруст ҷавоб додӣ. Ҳамин тавр бикун ва ҳаёт хоҳӣ дошт». Вале ӯ худро сафед карданӣ шуда аз Исо пурсид: «Пас, „дигарон“-ро гуфта, кӣ дар назар дошта шудааст?» Исо дар ҷавоб гуфт: «Марде, ки аз Уршалим ба Ариҳо мерафт, ба дасти роҳзанҳо афтид. Роҳзанҳо либосҳояшро дуздида лату кӯб карданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд. Тасодуфан аз ҳамон роҳ коҳине мегузашт ва чун ӯро дид, аз тарафи дигари роҳ гузашта рафт. Ҳамчунин марде аз қабилаи Левӣ аз он ҷо мегузашт ва чун марди захмдорро дид, ӯ низ аз тарафи дигари роҳ гузашта рафт. Вале марди сомарие, ки аз он ҷо мегузашт, ба вай наздик шуда, ӯро дид ва дилаш ба ҳоли ӯ сӯхт. Ӯ назди он мард омада, захмҳояшро бо шароб тоза карду равған молида баст. Баъд ӯро бардошта ба хараш савор карду ба меҳмонхонае овард ва дар ҳамон ҷо ӯро нигоҳубин намуд. Рӯзи дигар ба соҳиби меҳмонхона ду тангаи нуқра дода гуфт: „Ӯро нигоҳубин кун ва агар хароҷотат аз ин зиёдтар шавад, вақти баргаштанам ба ту бармегардонам“. Ба фикри ту, кадоме аз ин се нафар ба он марде, ки аз дасти роҳзанҳо ҷабр дида буд, муҳаббати зиёдтар нишон дод?» Устоди шариат ҷавоб дод: «Он касе, ки ба ӯ раҳм кард». Исо гуфт: «Пас, рафта, монанди ӯ рафтор кун». Исо ва шогирдонаш сафарашонро давом дода, ба деҳае омаданд. Дар ҳамон ҷо Марто ном зане Ӯро дар хонаи худ меҳмондорӣ кард. Вай Марям ном хоҳаре дошт, ки пеши пойи Худованд Исо нишаста ба суханони Ӯ гӯш медод. Марто, ки аз сабаби тайёрии зиёфат ба ташвиш афтода буд, ба назди Исо омада гуфт: «Хоҷаам! Оё Ту парвое надорӣ, ки хоҳарам ҳамаи корро ба сари ман партофтааст? Охир, ба ӯ бигӯй, ки ба ман ёрӣ диҳад». «Марто! Марто! – гуфт ба вай Худованд Исо, – ту ғами бисёр чизҳоро мехӯрӣ ва нороҳат ҳастӣ. Вале фақат як чиз лозим аст. Марям чизи хуберо интихоб намудааст ва онро аз ӯ ҳеҷ кас гирифта наметавонад». Рӯзе Исо дар як ҷой дуо мекард. Вақте ки дуояшро тамом кард, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Хоҷа! Яҳё ба шогирдонаш дуо карданро ёд дода буд, Ту низ ба мо дуо карданро ёд деҳ». Исо ба онҳо гуфт: «Вақте ки дуо мекунед, чунин гӯед: Эй Падар! Номи Ту муқаддас бод. Бигзор Подшоҳии Ту биёяд; Ризқу рӯзии имрӯзаамонро ба мо бидеҳ ва гуноҳҳои моро бубахш, чунон ки мо онҳоеро, ки ба мо бадӣ мекунанд мебахшем ва моро ба озмоиш дучор накун». Баъд ба онҳо гуфт: «Фарз мекунем, ки яке аз шумо дӯсте дореду ними шаб ба хонаи ӯ рафта, мегӯед: „Эй дӯст, ба ман сето нон қарз деҳ, чун яке аз дӯстонам, ки дар сафар буд, ба хонаам омадааст ва ман чизе надорам, ки пеши ӯ гузорам“. Вале ӯ аз даруни хона чунин ҷавоб медиҳад: „Маро ташвиш надеҳ. Дари хонаам баста аст ва ману бачаҳоям аллакай дар ҷогаҳ хобидаем, ҳоло наметавонам хеста ба ту нон диҳам“. Ба шумо мегӯям, агар ӯ аз рӯйи дӯстӣ хеста чизе надиҳад ҳам, азбаски беист талаб мекунед, мехезаду он чизеро, ки талаб мекунед, ба шумо медиҳад. Бино бар ин, Ман ҳам ба шумо мегӯям: талаб кунед ва ба шумо дода мешавад; биҷӯед ва пайдо мекунед; дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад. Чун ҳар кӣ талаб мекунад, ба даст меорад, ҳар кӣ меҷӯяд, пайдо мекунад ва ҳар кас ки дарро мекӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад. Оё дар байни шумо падаре ҳаст, ки агар писараш моҳӣ талаб кунад, ба ҷойи моҳӣ ба вай мор диҳад? Ё агар писараш тухм талаб кунад, ба ҷояш ба ӯ каждум диҳад? Агар шумо бо вуҷуди дилсиёҳиатон ба фарзандони худ додани чизҳои хубро донед, чӣ қадар Падари осмонии шумо тайёр аст Рӯҳулқудсро ба онҳое диҳад, ки аз Ӯ металабанд». Боре Исо аз як марде ҷин берун кард. Он мард аз сабаби ҷин доштанаш гунг буд ва вақте ки ҷин берун баромад, мард ба гап даромаду мардум ба ҳайрат афтоданд. Баъзеи одамон чунин мегуфтанд: «Исо ҷинҳоро бо қудрати Баал-Забул, ки сардори ҷинҳо аст, берун мекунад». Дигарон бошанд, Ӯро санҷиданӣ шуда, талаб мекарданд, ки аз ҷониби Худо аломате нишон диҳад. Вале Исо, ки аз фикрҳои онҳо бохабар буд, гуфт: «Ҳар давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, ба зудӣ барҳам мехӯрад ва ҳар хонаводае, ки дар байни аъзоёнаш ҷудоӣ меафтад, вайрон мегардад. Агар шайтон дар худ ба ду қисм ҷудо шавад, магар ҳукмронии ӯ давом ёфта метавонад? Шумо мегӯед, ки Ман ҷинҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекунам. Агар Ман ҷинҳоро бо қудрати Баал-Забул берун кунам, пайравони шумо бо чӣ берун мекунанд? Онҳо бо кадом қудрат берун мекунанд? Онҳо исбот мекунанд, ки шумо нодуруст фикр мекунед. Аммо, агар Ман бо қувваи Худо ҷинҳоро берун мекарда бошам, аз ин бармеояд, ки Подшоҳии Худо аллакай ба шумо омадааст. Вақте ки шахси пурзӯру мусаллаҳ қасрашро посбонӣ мекунад, ба чизу чораи ӯ зараре намерасад. Вале ҳангоме ки шахси аз вай пурзӯртар ба ӯ ҳамла карда, ғолиб мебарояд, аслиҳаеро, ки соҳиби хона ба он умед баста буд, кашида мегираду чизи бадастовардаашро бо шариконаш тақсим мекунад. Ҳар кӣ бо Ман нест, муқобили Ман аст ва ҳар кӣ бо Ман одамонро назди Худо намеорад, онҳоро аз Худо дур мекунад. Вақте ки рӯҳи нопок, яъне ҷин аз шахсе берун меравад, вай бо нияти пайдо кардани манзили зист ҷойҳои беобро давр мезанаду онро наёфта, мегӯяд: „Ба хонаи пештараам бармегардам“, – ва баргашта мебинад, ки ин хона батартибу рӯбучин шудааст. Пас, рӯҳи нопок рафта, ҳафт рӯҳи аз худаш ҳам бадтарро меорад ва ҳамаи онҳо ба он хона даромада зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷа аҳволи он шахс аз ҳолати аввалааш бадтар мешавад». Ҳангоме ки Исо ин суханонро мегуфт, зане аз миёни мардум хитоб кард: «Хушбахт аст он зане, ки Туро таваллуд карда макондааст!» Исо бошад гуфт: «Вале онҳое, ки каломи Худоро мешунаванду аз рӯйи он амал мекунанд, хушбахттаранд». Мардуми зиёде дар гирди Исо ҷамъ меомаданд ва Ӯ сухан оғоз намуда гуфт: «Насли ҳозира, ки аломат талаб мекунад, насли бад аст. Вале Худо ба ин насл ғайр аз аломати Юнус пайғамбар аломати дигаре намедиҳад. Чи тавре ки Юнус бар мардуми шаҳри Нинве аломате буд, Писари Одамизод низ бар ин насл аломате хоҳад шуд. Дар рӯзи қиёмат маликаи сарзамини Сабо бархеста одамони ин наслро айбдор мекунад, зеро ӯ аз як гӯшаи дунё барои шунидани ҳикмати шоҳ Сулаймон омада буд. Ҳол он ки аз Сулаймон дида Шахси бузургтар дар ин ҷост! Дар рӯзи қиёмат бошад, сокинони Нинве бархеста, ин наслро айбдор мекунанд, зеро онҳо бо шунидани пайғоми Юнус тавба карданду аз гуноҳҳояшон даст кашиданд. Ҳол он ки аз Юнус дида Шахси бузургтар дар ин ҷост! Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, ба ҷойи чашмнорас намемонад ва ё бо зарфе намепӯшонад. Баръакс, онро ба чароғпоя мемонад, то ҳар кӣ дарояд, равшаниашро бубинад. Чашми шумо чароғи баданатон аст. Агар чашматон солим бошад, тамоми баданатон аз равшанӣ пур аст, вале агар солим набошад, баданатонро торикӣ фаро мегирад. Эҳтиёт бошед, то он нуре, ки дар шумост, боз торикӣ набошад! Пас, агар тамоми баданатон пур аз равшанӣ бошаду дар худ ҳеҷ торикие надошта бошед, ба монанди он чароғе, ки бо дурахши худ шуморо мунаввар месозад, тамоми баданатон равшан хоҳад буд». Вақте ки Исо ин суханонро мегуфт, яке аз фарисиён Ӯро ба хонаи худ ба меҳмонӣ даъват намуд ва Исо ба хонаи ӯ даромада, ба сари дастархон нишаст. Фарисӣ ҳайрон шуд, ки Исо пеш аз хӯрдани хӯрок даст нашуст. Вале Худованд Исо ба он фарисӣ гуфт: «Ҳамин шумо, фарисиён, беруни пиёлаву табақро мешӯеду дарунатон бошад пур аз хасисию бадӣ аст. Эй беақлон! Оё ҳамон як Офаранда тамоми чизеро, ки ҳам дар берун ва ҳам дар дарун аст, наофаридааст? Пас, аз он чи ки доред, ба камбағалон диҳед ва ҳама чиз бароятон пок мегардад. Вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён! Чунки аз ҳосили пудинаву кашниҷу дигар намуди гиёҳҳо даҳякро месупоред, аммо таълимотро дар бораи ростӣ ва муҳаббати Худо беаҳамият мемонед. Шумо мебоист ин қонунҳоро риоя карда, қонунҳои дигарро тарк намекардед. Вой бар ҳолатон, эй фарисиён, шумо дӯст медоред, ки дар ҷойҳои беҳтарини ҷамоатхонаҳо нишинеду дар бозорҳо бо иззату эҳтиром ба шумо салом диҳанд. Вой бар ҳоли шумо, ки ба қабрҳои беному нишон монанд ҳастед ва мардум нафаҳмида онҳоро зери по мекунанду ҳаром мешаванд». Он гоҳ яке аз устодони шариат ба Исо гуфт: «Устод! Ту бо ин суханонат моро ҳам таҳқир мекунӣ». Вале Исо гуфт: «Вой бар ҳоли шумо низ, эй устодони шариат, ки қонунҳои зиёдро ба гардани мардум бор мекунеду аз ҷоятон намеҷунбед, ки ба онҳо ёрӣ диҳед. Вой бар ҳоли шумо, ки барои пайғамбарон мақбараҳо месозед. Охир, ҳамон пайғамбаронро аҷдодони шумо куштаанд. Бо ин амалатон шумо тасдиқ мекунед, ки бо кору амалҳои аҷдодонатон розӣ ҳастед, чунки онҳо пайғамбаронро мекуштанд, шумо бошед, барои пайғамбарон мақбараҳо месозед. Барои ҳамин ҳикмати Худо эълон мекунад: „Ба наздашон пайғамбарону фиристодагонро мефиристам ва онҳо баъзеашонро мекушанду баъзеи дигарашонро дунболагирӣ мекунанд“. Пас мардуми ин насл барои хуни тамоми пайғамбароне, ки аз аввали офариниши дунё рехта шудааст, ҷавоб медиҳанд, яъне аз хуни Ҳобил сар карда, то хуни Закарё, ки дар байни қурбонгоҳу муқаддастарин ҷойи маъбади Худо кушта шуда буд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки мардуми ин насл барои ҳамаи ин ҷавоб хоҳад дод. Вой бар ҳоли шумо, эй устодони шариат, ки калиди дарвозаи донишро аз они худ карда, ҳам худатон аз он надаромадед ва ҳам ба онҳое, ки мехоҳанд дароянд, монеъ мешавед». Вақте Исо аз он ҷо мерафт, устодони шариат ва фарисиёне, ки ба ғазаб омада буданд, Ӯро ба ҳолаш нагузошта, аз ҳар хусус саволборон мекарданд. Онҳо мехостанд, ки Исоро бо суханони Худаш ба дом андозанд. Дар ин миён ҳазорон-ҳазор одамон ҷамъ омада, якдигарро тела медоданд ва Исо аввал ба шогирдони Худ муроҷиат карда гуфт: «Худро аз хамиртуруши фарисиён, ки дурӯягӣ аст, эҳтиёт кунед. Зеро ҳеҷ чизи пӯшидае нест, ки ошкор нашавад ва ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки маълум нагардад. Пас он чиро, ки махфӣ гуфта будед, кушоду равшан хоҳанд шунид ва он чиро, ки шумо дар пинҳонӣ пичиррос зада гуфтед, аз болои боми хонаҳо бо овози баланд эълон хоҳанд кард. Ба шумо мегӯям: Эй дӯстонам, аз онҳое, ки ҷисматонро мекушанд ва баъд аз он ҳеҷ кори дигаре карда наметавонанд, натарсед. Ман ба шумо мефаҳмонам, ки аз кӣ бояд тарсед. Аз Ҳамоне тарсед, ки баъд аз куштан қудрат дорад, ки шуморо ба дӯзах партояд. Бале, ба шумо мегӯям, ки аз Ӯ тарсед. Арзиши панҷ гунҷишк фақат ду танга аст. Бо вуҷуди ин Худо ҳеҷ кадоме аз онҳоро фаромӯш намекунад ва ҳатто шумораи торҳои мӯятонро медонад. Бино бар ин, натарсед, арзиши шумо аз бисёр гунҷишкҳо ҳам зиёдтар аст. Ба шумо мегӯям: ҳар кӣ дар пеши мардум мегӯяд, ки пайрави Ман аст, Ман низ, ки Писари Одамизод ҳастам, дар назди фариштагони Худо пайрави Ман буданашро тасдиқ мекунам. Лекин ҳар кӣ дар пеши мардум Маро рад кунад, Ман низ дар пеши фариштагони Худо ӯро рад мекунам. Ҳар кас ки бар зидди Писари Одамизод сухан мегӯяд, бахшида мешавад, лекин касеро, ки бар зидди Рӯҳулқудс сухани куфр мегӯяд, Худо ҳаргиз намебахшад. Вақте шуморо ба ҷамоатхонаҳо, ба назди сардорону ҳукуматдорон мебаранд, ғам нахӯред, ки чӣ хел бояд ҷавоб диҳед ё чӣ бояд гӯед. Зеро Рӯҳулқудс ба шумо ёд медиҳад, ки ҳамон вақт чӣ бояд гӯед». Марде аз байни мардум ба Исо гуфт: «Устод! Ба бародарам бигӯй, ки меросро бо ман тақсим кунад». Исо ҷавоб дод: «Эй одам, кӣ Маро бар шумо қозӣ ё довар таъйин кардааст?» Сипас, ба ҳама муроҷиат карда гуфт: «Аз ҳар гуна чашмгуруснагӣ ҳазар кунед, зеро ҳаёти одам аз бисёрии сарваташ иборат нест». Баъд ба онҳо масалеро гуфт: «Замини як марди бой ҳосили фаровон дод. Вай ба худ фикр кард: „Чӣ кор бояд кунам, охир барои ҷамъ кардани ҳосили худ ҷое надорам?“ Баъд гуфт: „Ана чӣ кор мекунам – анборҳои худро вайрон карда, анборҳои калонтар месозам. Баъд тамоми ҳосилу сарватамро ба он ҷо бурда, ба худ мегӯям: Ту сарвати бисёре дорӣ, ки барои солҳои зиёде мерасад. Акнун роҳат кун, бихӯр, бинӯш ва кайфу сафо карда гард“. Вале Худо ба вай гуфт: „Эй беақл! Ҳамин шаб ҷонат аз ту гирифта мешавад. Пас, он чи захира кардаӣ, насиби кӣ мегардад?“ Ҳамин тавр бо ҳар касе мешавад, ки барои худ сарват ҷамъ мекунад, вале дар назари Худо бой нест». Исо ба шогирдонаш гуфт: «Бино бар ин, ба шумо мегӯям, ки ғами зиндагиатонро нахӯред, ки чӣ мехӯред ва ғами бадани худро нахӯред, ки чӣ мепӯшед. Охир зиндагӣ фақат аз хӯрок ва бадан фақат аз пӯшок иборат нест. Ба зоғҳо нигоҳ кунед, онҳо на киштукор мекунанд, на ҳосил ҷамъ мекунанд, на анбор доранду на каҳдон, вале Худо онҳоро мехӯронад ва арзиши шумо нисбат ба парандаҳо чанд маротиба баландтар аст! Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан умри худро ақаллан як соат дарозтар карда метавонад? Пас, агар шумо чунин як кори ночизро карда натавонед, чаро ғами чизҳои дигарро мехӯред? Ба нашъунамои гулҳои савсан нигоҳ кунед: Онҳо на меҳнат мекунанду на ришта мересанд, лекин ба шумо мегӯям, ки ҳатто шоҳ Сулаймон бо тамоми ҳашамату сарваташ мисли яке аз онҳо либоси зебое напӯшидааст. Пас, агар Худо алаферо, ки имрӯз дар саҳро ҳасту пагоҳ ба танӯр партофта мешавад, чунин пӯшонад, шуморо низ, эй сустимонҳо, чанд маротиба беҳтар аз он пӯшонда метавонад! Ғам нахӯред ва аз пайи он нашавед, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед, чунки халқҳои дигар аз пайи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, вале Падари шумо медонад, ки шумо ба ин чизҳо эҳтиёҷ доред. Баръакс, Подшоҳии Ӯро биҷӯед ва Ӯ ин чизҳоро низ ба шумо медиҳад. Эй шумо, ки рамаи хурди Худо ҳастед, натарсед! Зеро хости Падаратон чунин аст, ки Подшоҳиро ба шумо диҳад. Он чиро, ки доред, фурӯшеду ба камбағалон тақсим кунед. Сарватеро ба даст оред, ки ҳеҷ вақт кам намешавад. Сарвати бепоён дар осмон ҷамъ кунед, ки дасти дузд ба он ҷо намерасад ва онро кирм намезанад. Зеро ҳар ҷое, ки сарват доред, фикру хаёли шумо низ дар он ҷо хоҳад буд. Ҳар яки шумо миёни худро бандеду чароғҳоятонро равшан нигоҳ доред. Ба монанди хизматгороне бошед, ки интизори аз тӯй баргаштани хӯҷаинашон ҳастанд, то ки вақти баргашта дарро кӯфтани хӯҷаинашон, онро зуд ба рӯяш кушоянд. Хушбахтанд хизматгороне, ки хӯҷаинашон онҳоро ҳангоми баргаштан бедор меёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки худи хӯҷаин миёнашро баста, онҳоро ба сари дастархон мешинонад ва ба онҳо хизмат мекунад. Хушбахтанд онҳое, ки хӯҷаинашон хоҳ ними шаб, хоҳ наздики субҳ баргашта, онҳоро бедор меёбад. Бидонед, ки агар соҳибхона вақту соати омадани дуздро донад, намегузорад, ки дузд ба хонааш дарояд. Шумо низ бояд барои омадани Писари Одамизод ҳамеша тайёр бошед, чунки Вай соате меояд, ки мунтазираш нестед». Петрус гуфт: «Хоҷа! Ин масалро танҳо барои мо гуфтӣ ё барои ҳама?» Худованд Исо ҷавоб дод: «Хизматгори бовафову хирадманд кист? Касест, ки хӯҷаинаш ӯро дар хоҷагии худ назоратчӣ таъйин мекунад ва ба хизматгорон саривақт тақсим кардани хӯрокро ба ӯҳдааш мегузорад. Хушо хизматгоре, ки хӯҷаинаш омада, вайро машғули ҳамин кор меёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки хӯҷаинаш вайро бар тамоми молу мулкаш назоратчӣ таъйин менамояд. Вале агар он назоратчӣ фикр кунад, ки хӯҷаинаш дер меояд ва дигар хизматгорону канизонро латукӯб кунад ва ба хӯрдану нӯшидану мастигарӣ машғул шавад, хӯҷаини назоратчӣ дар рӯзе, ки вай мунтазир нест ва дар соате, ки гумон надорад, меояд. Ӯ ин назоратчиро ду пора карда, ба қисмати бевафоён гирифтор мекунад. Хизматгоре, ки хоҳиши хӯҷаинашро медонад, вале онро иҷро намекунад ва иҷро карданӣ ҳам нест, сахт латукӯб карда мешавад. Аммо хизматгоре, ки хости хӯҷаинашро надониста, кори баде мекунад, ҷазои сабуктаре мебинад. Ба ҳар касе, ки зиёд дода шудааст, аз ӯ низ зиёд пурсида мешавад ва ба ҳар касе, ки чизи бисёре боварӣ карда шудааст, аз вай низ бисёртар талаб карда мешавад. Ман омадам, ки дар рӯйи замин оташ даргиронам ва сахт мехоҳам, ки он зудтар фурӯзон гардад. Ман бояд бо азоби марговар таъмид бигирам ва то ба амал омадани ин кор сахт ғамгин ҳастам. Фикр накунед, ки Ман барои ба замин сулҳ овардан омадаам. Баръакс, барои ҷудоӣ андохтан омадаам. Баъд аз ин агар дар хонае панҷ нафар бошанд, аз ҳам ҷудо хоҳанд шуд: се нафар ба ду нафар ва ду нафар ба се нафар зид мебароянд. Падар бар зидди писар ва писар бар зидди падар, модар бар зидди духтар ва духтар бар зидди модар, хушдоман бар зидди келин ва келин бар зидди хушдоман мебарояд». Ҳамчунин Исо ба мардум гуфт: «Вақте мебинед, ки аз ғарб абре пайдо мешавад, дарҳол мегӯед: „Борон меборад“ ва чунин мешавад. Ва ҳангоме ки боди ҷанубӣ мевазад, мегӯед: „Ҳаво гарм мешавад“ ва ҳамин тавр ҳам мешавад. Эй дурӯяҳо! Шумо аломатҳои замину осмонро дида, боду ҳаворо фаҳмида метавонеду чаро замони фаро расидаро муайян карда наметавонед? Барои чӣ худи шумо фикр карда ба хулосае намеоед, ки чӣ бояд кунед? Охир, вақте ки бо даъвогар ба пеши қозӣ меравед, бояд ҳаматарафа кӯшиш кунед, ки дар роҳ бо даъвогар оштӣ шавед, то ки ӯ шуморо ба назди қозӣ набарад ва қозӣ шуморо ба дасти зиндонбон насупорад ва зиндонбон шуморо ба зиндон наандозад. Ба ростӣ мегӯям, ки то тангаи аз ҳама охиринатонро надиҳед, аз ҳабс намебароед». Дар ҳамин вақт баъзеҳо ба назди Исо омада, дар бораи ҷалилиёне нақл карданд, ки ҳоким Пилотус онҳоро ҳангоми қурбонӣ карданашон кушт. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба гумонатон ин ҷалилиён аз ҷалилиёни дигар гунаҳкортар буданд, ки бо онҳо чунин ҳодиса рӯй дод? Ба шумо мегӯям, не! Вале, агар тавба карда, аз гуноҳҳоятон даст накашед, ҳамаатон монанди онҳо нобуд мешавед. Ё ба фикратон он ҳаждаҳ нафаре, ки манораи деҳаи Шилуаҳ ба болояшон чаппа шуда мурданд, аз ҳамаи сокинони Уршалим гунаҳкортар буданд? Ба шумо мегӯям, не! Вале, агар тавба карда, аз гуноҳҳоятон даст накашед, ҳамаатон монанди онҳо мемуред». Исо чунин масалеро гуфт: «Як мард дар токзори худ дарахти анҷире шинонда буд. Вай барои чиндани мева пеши дарахт омад, вале чизе наёфт. Пас, ба боғбон гуфт: „Ман се сол боз барои мева гирифтан меояму як дона ҳам намеёбам. Онро бурида парто! Чаро заминро беҳуда банд мекунад?“ Вале боғбон ҷавоб дод: „Хоҷа! Як соли дигар онро набуред. Ман гирдашро побел карда, ба замин пору меандозам. Агар соли оянда мева диҳад, хуб мешавад ва агар надиҳад, баъд бурида партоед ҳам мешавад“». Рӯзи шанбе Исо дар яке аз ҷамоатхонаҳо мардумро таълим медод. Дар он ҷо зане буд, ки рӯҳи нопок, яъне ҷин ӯро ҳаждаҳ сол боз қадхамида карда буд ва ӯ ҳеҷ қоматашро рост карда наметавонист. Исо инро дида, ӯро ба наздаш даъват кард ва дастонашро бар ӯ гузошта, гуфт: «Эй зан! Ту аз бемориат раҳоӣ ёфтӣ». Қомати зан дарҳол рост шуда, вай Худоро ҳамду сано хонд. Сардори ҷамоатхона, аз он ки Исо дар рӯзи шанбе занро шифо бахшид, хашмгин шуда, ба мардум гуфт: «Барои кор кардан шаш рӯз ҳаст ва бояд на дар рӯзи шанбе, балки дар яке аз ҳамин рӯзҳо омада, шифо ёбед». Вале Худованд Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй дурӯягон! Магар ҳар яки шумо дар рӯзи шанбе банди барзагов ё хари худро кушода онҳоро барои обдиҳӣ аз оғил берун намебароред? Ҳол он ки ин зан аз авлоди Иброҳим аст ва шайтон ӯро ҳаждаҳ сол боз дар бандҳои худ нигоҳ медошт! Пас, наход мумкин набошад, ки ӯ дар рӯзи шанбе аз ин бандҳо озод шавад?!» Бо ин суханонаш Ӯ душманонашро шарманда кард ва тамоми мардум аз корҳои аҷибе, ки Ӯ мекард, шод мешуданд. Исо гуфт: «Подшоҳии Худо ба чӣ монанд аст? Ман онро бо чӣ муқоиса кунам? Он ба тухми хардал монанд аст, ки шахсе гирифта, дар боғи худ мекорад. Он рӯида, дарахт мешаваду парандаҳо дар миёни шохаҳояш лона мегузоранд». Боз гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ монанд кунам? Он ба мисли хамиртурушест, ки зане онро гирифта, бо як халта орд омехта, хамир кард ва тамоми хамир расид». Исо ба сӯи Уршалим равона буд ва дар шаҳру деҳаҳо гашта мардумро таълим медод. Шахсе аз Ӯ пурсид: «Хоҷаам! Наход ки шумораи ками одамон наҷот ёбанд?» Исо ба мардум гуфт: «Кӯшишу ғайрат кунед, то аз дари танг дароед, зеро ба шумо мегӯям, ки бисёр касон кӯшиш мекунанд, ки аз он дар дароянд, вале даромада наметавонанд. Вақте ки соҳибхона хеста дарро маҳкам мекунад, шумо дар берун мемонед ва дарро кӯфта мегӯед: „Хоҷа! Дарро бароямон кушоед!“ Вале Ӯ ба шумо чунин ҷавоб медиҳад: „Ман намедонам шумо аз куҷо ҳастед!“ Он вақт шумо мегӯед: „Мо ҳамроҳи Ту мехӯрдему менӯшидем. Ту дар кӯчаҳои мо мардумро таълим медодӣ“. Вале Ӯ ба шумо ҷавоб хоҳад дод: „Ман намедонам шумо аз куҷо ҳастед, дур шавед аз ман, эй ҳамаи бадкорон!“ Вақте ки шумо дар Подшоҳии Худо Иброҳим, Исҳоқ, Яъқуб ва ҳамаи пайғамбаронро мебинеду худатон аз он ҷо ронда мешавед, аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунед. Мардум аз ҳар гӯшаву канори дунё омада, дар Подшоҳии Худо сари як дастархон менишинанд ва баъзе аз онҳое, ки ҳоло охирон ҳастанд, аввалин мешаванд ва онҳое, ки аввалин ҳастанд, охирон мешаванд». Ҳамин вақт чанд нафар аз фарисиён ба назди Исо омада гуфтанд: «Аз ин ҷо баромада рав, чунки ҳоким Ҳиродус мехоҳад Туро кушад». Исо ба онҳо гуфт: «Рафта, ба он рӯбоҳ гӯед, ки Ман имрӯзу пагоҳ ҷинҳоро берун карда, мардумро шифо медиҳам ва рӯзи сеюм корамро тамом мекунам. Вале Ман бояд имрӯз, пагоҳ ва ҳам баъд аз пагоҳ роҳамро давом диҳам, зеро ин хел шуданаш мумкин нест, ки пайғамбар берун аз Уршалим кушта шавад. Эй Уршалим, Уршалим! Пайғамбаронро мекушиву онҳоеро, ки Худо ба наздат мефиристад, сангсор мекунӣ! Ман борҳо орзу доштам, мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болҳояш ҷамъ мекунад, сокинонатро дар гирди Худ ҷамъ оварам, вале ту роҳ надодӣ! Пас ҳоло хонаат холӣ ва бесоҳиб мемонад. Ба шумо мегӯям, ки то „Баракат ёбад касе, ки ба номи Худованд меояд!“ нагӯед, Маро нахоҳед дид». Боре, дар рӯзи шанбе Исо дар хонаи яке аз сардорони фарисиён меҳмон шуд ва онҳо рафтори Ӯро мушоҳида мекарданд. Дар рӯ ба рӯйи Исо марде менишаст, ки баданаш варам карда буд. Исо ба устодони шариату фарисиён муроҷиат намуда гуфт: «Дар рӯзи шанбе касеро шифо додан мумкин аст ё не?» Онҳо хомӯш монданд, Ӯ бошад, ба бемор даст расонда шифо бахшиду ӯро ҷавоб дод. Сипас, ба онҳо гуфт: «Агар фарзанд ва ё барзагови яке аз шумо дар рӯзи шанбе ба чоҳ афтад, магар онро зуд берун намебароред?» Вале онҳо ба Ӯ ҷавобе дода натавонистанд. Исо мушоҳида мекард, ки меҳмонон мехостанд ба ҷойҳои болотар рафта шинанд, бинобар ин ба онҳо масалеро гуфт: «Вақте ки ба тӯйи арӯсӣ даъват мешавӣ, аз боло гузашта нашин, чун шояд шахсе даъват шуда бошад, ки аз ту обрӯмандтар аст. Он гоҳ соҳибхонае, ки ҳар дуи шуморо даъват кардааст, омада ба ту нагӯяд: „Ҷоятро ба ӯ бидеҳ“. Он вақт шарм дошта, маҷбур мешавӣ, ки аз пойин гузашта шинӣ. Баръакс, вақте ки туро даъват мекунанд, омада дар ҷойи пойин бишин, то соҳибхона омада, ба ту гӯяд: „Дӯстам, болотар бишин“. Он гоҳ иззату эҳтироми ту дар назари ҳамаи меҳмонон ба ҷо оварда мешавад. Зеро ҳар кӣ худро калон мегирад, паст мешавад ва баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор мегирад, сарбаланд мешавад». Баъд ба соҳибхонае, ки Ӯро даъват карда буд, гуфт: «Вақте ки зиёфате ташкил мекунӣ, дӯстон, бародарон, хешон ва ҳамсояҳои бойи худро даъват накун, чунки онҳо низ туро даъват мекунанду некиатро бармегардонанд. Беҳтараш вақти зиёфат оростан камбағалону маъюбон ва шалҳову нобиноёнро даъват намо. Он гоҳ хушбахт хоҳӣ шуд, чунки онҳо некиатро баргардонда наметавонанд, вале дар рӯзе, ки некон зинда мешаванд, Худо некиатро ба ту бармегардонад». Инро шунида яке аз меҳмонон ба Исо гуфт: «Хушбахт аст он касе, ки дар Подшоҳии Худо зиёфат бихӯрад!» Аммо Исо ба ӯ гуфт: «Марде зиёфати калоне ороста, мардуми зиёдро даъват намуд. Чун вақти зиёфат расид, хизматгорашро фиристод, то ба даъватшудагон бигӯяд: „Биёед, аллакай ҳама чиз тайёр аст“. Ҳамин вақт ҳама, яке аз пайи дигар ба узрхоҳӣ даромаданд. Якумаш гуфт: „Мебахшед. Ман замин харидам ва бояд рафта, онро бинам. Хоҳиш мекунам, маро бубахшед“. Дигаре гуфт: „Мебахшед. Ман панҷ ҷуфт барзагов харидам ва ҳоло барои санҷидани онҳо меравам“. Саввумӣ гуфт: „Ман нав зан гирифтам, бинобар ин рафта наметавонам“. Хизматгор баргашта ин хабарро ба хоҷааш расонд. Он гоҳ хоҷа дар ғазаб шуда, ба хизматгораш фармон дод: „Зудтар ба кӯчаву тангкӯчаҳои шаҳр рафта, камбағалон, маъюбон, кӯрон ва шалҳоро ба ин ҷо биёр“. Баъд аз чанде хизматгор омада, гуфт: „Хоҷаам! Фармонатонро иҷро намудам, вале боз ҳам ҷойҳои холӣ ҳастанд“. Сипас, хоҷа ба хизматгор гуфт: „Берун аз шаҳр рав ва қад-қади роҳҳои тангу васеъ гашта, мардумро ба омадан розӣ кун, то ки хонаам пур шавад. Ба шумо мегӯям, ҳеҷ яке аз он шахсоне, ки даъват шуда буданд, мазаи зиёфати маро нахоҳад чашид“». Ҳамроҳи Исо мардуми бисёре мерафтанд ва Ӯ ба онҳо рӯ оварда гуфт: «Касе, ки пеши Ман меояду Маро бештар аз падару модараш, зану фарзандонаш, бародарону хоҳаронаш ва зиёдтар аз ҷони худ дӯст намедорад, шогирди Ман шуда наметавонад. Касе ки салиби азобу маргашро бо худ набардораду аз пайи Ман наояд, шогирди Ман шуда наметавонад. Кадоме аз шумо манорае сохтанӣ шуда аввал нишаста харҷи онро ҳисоб намекунад, то бифаҳмад, ки имконияти ба анҷом расондани сохтмонро дорад ё не? Зеро агар пойдеворро гузошта, он сохтмонро ба охир расонда натавонад, ҳамаи онҳое, ки инро мебинанд, ба ӯ хандида мегӯянд: „Ин мард сохтмонро сар карду ба тамом кардани он қувваташ нарасид.“ Ҳамчунин подшоҳе пеш аз муҳофизат кардани худ аз ҳуҷуми подшоҳи дигар, аввал бояд нишаста, нағзакак фикр кунад: „оё метавонам бо даҳ ҳазор сарбози худ ба подшоҳе, ки бо бист ҳазор сарбозаш бар зидди ман меояд, муқобилат нишон диҳам?“ Пас, агар натавонад, ҳанӯз ки душманаш дур аст, сафиронашро барои сулҳ бастан мефиристад. Айнан ҳамин тавр ҳеҷ яке аз шумо то аз тамоми чизу чораи худ даст накашед, наметавонед шогирди Ман бошед. Намак чизи хуб аст, вале агар намак сифаташро гум кунад, магар онро боз шӯр карда мешавад? Он дигар барои ҳеҷ чиз ба кор намеояд: бо он ҳатто заминро пору карда намешавад. Онро танҳо бароварда мепартоянд. Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!» Бисёр андозгирон ва дигар касоне, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, барои шунидани суханони Исо ба наздаш меомаданд. Вале фарисиён ва устодони шариат норозигии худро баён карда, мегуфтанд: «Ин мард гунаҳкоронро қабул мекунад ва ҳамроҳашон хӯрок мехӯрад». Бино бар ин, Исо ба онҳо чунин масалро гуфт: «Фарз мекунем, ки нафаре аз шумо сад гӯсфанд дораду якеашро гум мекунад. Магар наваду нуҳтояшро дар чарогоҳ гузошта, то ёфтани он гӯсфанди гумшуда аз пайи он намеравад? Ва чун ёбад, бо хурсандӣ онро болои кифтонаш бардошта ба хонааш меояд ва дӯстону ҳамсояҳояшро ҷеғ зада мегӯяд: „Бо ман хурсандӣ кунед. Ман гӯсфанди гумшудаамро ёфтам“. Ба шумо мегӯям, дар осмон барои як гунаҳкоре, ки аз гуноҳ даст кашида, тавба мекунад, хурсандии зиёдтаре мешавад, назар ба он наваду нуҳ некукоре, ки ба тавба ҳеҷ эҳтиёҷ надоранд. Фарз мекунем, ки зане даҳ тангаи нуқра дораду якеашро гум мекунад. Магар вай чароғро даргиронда, хонаро намерӯбад ва то пайдо кардани он бодиққат намекобад? Ва чун ёбад, дугонаҳову ҳамсоягони худро ҷеғ зада мегӯяд: „Бо ман хурсандӣ кунед, чунки тангаи гумкардаамро ёфтам“. Ба шумо мегӯям, фариштагони Худо барои як гунаҳкоре, ки аз гуноҳ даст кашида, тавба мекунад, ҳамин тавр хурсандӣ мекунанд». Исо боз гуфт: «Марде ду писар дошт. Писари хурдӣ ба падараш гуфт: „Падар, ҳаққи меросамро ба ман деҳ!“ ва падар ҳама чизеро, ки дошт, ба ҳарду писараш тақсим кард. Баъд аз чанд рӯз писари хурдӣ чизу чораашро ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт. Дар он ҷо ӯ тамоми сарваташро беҳуда ба айшу ишрат сарф кард. Баъд аз он ки ҳамаи сарваташро барбод дод, дар он сарзамин гуруснагии сахте ба миён омад ва ӯ нони хӯрдан надошт. Сипас, рафта ба яке аз сокинони он кишвар хизматгор шуд ва он мард ӯро барои хукбонӣ кардан ба замини худ фиристод. Ин писар тайёр буд, шикамашро бо ҳамон хӯроке, ки хукҳо мехӯрданд, сер кунад, аммо ба ӯ ҳамонро ҳам намедоданд. Оқибат ақлаш ба ҷояш омада ба худ гуфт: „Ҳамаи хизматгорони падарам нони фаровон доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ мемирам! Ба назди падарам бармегардаму ба вай мегӯям: «Падар! Ман дар пеши Худо ва шумо гунаҳкорам ва дигар лоиқи он нестам, ки писари шумо номида шавам. Маро ҳамчун яке аз мардикоратон қабул кунед»“. Баъд ӯ хеста ба хонаи падараш равона шуд. Вай ҳанӯз дар дурӣ буд, ки падараш ӯро дида, ба ҳоли писараш раҳмаш омад ва давида рафту фарзандашро ба оғӯшаш гирифта, бӯса кард. Писар ба вай гуфт: „Падар! Ман дар пеши Худову шумо гунаҳкорам ва дигар лоиқи он нестам, ки писари шумо номида шавам“. Аммо падар ба хизматгоронаш гуфт: „Зудтар ҷомаи беҳтаринро оварда, ба ӯ пӯшонед. Ба дасташ ангуштарин ва ба пойҳояш пойафзор пӯшонед. Гӯсолаи беҳтаринро биёреду сар буред; мехӯрему хурсандӣ мекунем! Охир ин писарам мурда буд ва ҳоло зинда шуд, гумшуда буду ёфт шуд“. Пас онҳо ҷашне оростанд. Ҳамин вақт писари калонӣ дар киштзор буд. Ҳангоми баргаштан вай ба хона наздик шуда, садои мусиқӣ ва рақсу бозиро шунид. Пас яке аз хизматгоронро ҷеғ зада пурсид, ки дар он ҷо чӣ воқеа рӯй дода истодааст? Хизматгор ба ӯ ҷавоб дод: „Бародаратон омад ва падаратон ба хотире, ки ӯ зиндаву саломат баргашт, гӯсолаи беҳтаринро сар бурид“. Бародари калонӣ ба хашм омад ва нахост ба хона дарояд. Он гоҳ падараш берун баромада, ӯро илтимос кард. Вай бошад, ба падараш чунин ҷавоб дод: „Охир чандин сол аст, ки ман ба шумо мисли ғулом хизмат мекунам ва ҳеҷ вақт аз гуфтаатон берун набаромадаам, шумо бошед, ягон бор ба ман ҳатто бузғолаеро ҳам надодед, ки бо дӯстонам хурсандӣ карда тавонам. Вале барои ин писаратон, ки молу мулкатонро ҳамроҳи фоҳишаҳо хӯрда тамом карду баргашт, гӯсолаи беҳтаринро сар буридед“. Аммо падар ба ӯ гуфт: „Писарам, ту ҳамеша бо ман ҳастӣ ва ҳар чизе, ки ман дорам, аз они туст. Бояд шодиву хурсандӣ кунем, чунки бародарат мурда буду зинда шуд, гумшуда буду ёфт шуд“». Ҳамчунин Исо ба шогирдонаш гуфт: «Як марди сарватманд назоратчие дошт ва ба сарватманд шикоят карданд, ки назоратчиаш молу мулки ӯро беҳуда сарф мекунад. Хоҷааш вайро ҷеғ зада гуфт: „Ман дар бораи ту чиҳо мешунавам? Ба ман ҳисобот деҳ, ки чӣ корҳо кардаӣ, чунки дигар назоратчии ман шуда наметавонӣ“. Он гоҳ назоратчӣ аз дил гузаронд: „Чӣ кор кунам? Хоҷаам маро аз кор меронад. Ман аз ӯҳдаи каландзанӣ намебароям ва аз гадоӣ кардан ҳам шарм медорам. Ёфтам чӣ бояд кунам. Бояд коре бикунам, ки вақти бекор монданам одамон маро ба хонаҳояшон роҳ диҳанд“. Вай қарздорони хоҷаашро як-як ҷеғ зад ва якумашро пурсид: „Ту аз хоҷаам чӣ қадар қарздор ҳастӣ?“ Қарздор ҷавоб дод: „Сад хум равғани зайтун“. Назоратчӣ ба вай гуфт: „Ана забонхати ту, зуд нишаста, ба ҷойи сад панҷоҳ навис“. Баъд аз дигаре пурсид: „Ту чӣ қадар қарздор ҳастӣ?“ Ӯ ҷавоб дод: „Сад халта гандум“. Назоратчӣ гуфт: „Ана забонхати ту, ба ҷойи сад ҳаштод навис“. Вале хоҷааш назоратчии фиребгарро таъриф кард, ки зиракиашро ба кор бурда, чунин кардааст. Охир одамони ин дунё дар муносибат бо онҳое, ки мисли худашон ҳастанд, назар ба одамони нур, ки аз они Подшоҳии Худо ҳастанд, оқилтаранд. Пас, Ман ба шумо мегӯям: Пулу моли ин дунёро ба он сарф намоед, ки барои худ дӯстонро пайдо бикунед, то дар вақти тамом шудани сарвататон онҳо шуморо дар хонаҳои абадӣ қабул кунанд. Касе, ки дар кори майда вафодор бошад, дар кори калон ҳам вафодор мемонад. Ҳамчунин касе, ки дар кори майда беинсоф бошад, дар кори муҳим ҳам беинсофӣ мекунад. Пас, агар ба шумо сарвати ин дунёро бовар карда нашавад, кӣ ба шумо сарвати ҳақиқиро бовар мекунад? Ва агар ба шумо моли бегонаро бовар карда нашавад, кӣ моли худи шуморо, ба шумо медиҳад? Ҳеҷ хизматгор ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад, чунки ё якеашро дӯст медораду дигарашро бад мебинад, ё ба яке вафодор мемонаду дигарашро писанд намекунад. Шумо низ наметавонед ҳам бандаи Худо бошеду ҳам бандаи пул». Фарисиён, ки пулпараст буданд, ҳамаи инро шунида, Исоро масхара карданд. Вале Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ҳамон одамоне ҳастед, ки худро дар пеши мардум беайб нишон медиҳед, лекин Худо аз дилҳои шумо бохабар аст. Чизеро, ки одамон олидараҷа мешуморанд, дар назари Худо нафратовар аст. Шариати Мусо ва навиштаҳои пайғамбарон то замони Яҳёи Таъмиддиҳанда амал мекарданд. Аз вақти Яҳё сар карда хушхабари Подшоҳии Худо эълон карда мешаваду ҳама кӯшиш мекунанд, ки зӯран вориди он Подшоҳӣ гарданд. Вале нест шудани замину осмон осонтар аст аз он, ки ҳатто нуқтае аз ин шариат бекор карда шавад. Ҳар кӣ аз занаш ҷудо шуда, зани дигар гирад, зино мекунад ва ҳар кӣ бо зани аз шавҳараш ҷудошуда хонадор шавад, зинокор аст. Як замонҳо марди сарватманде зиндагӣ мекард, ки либоси қиматбаҳо мепӯшиду ҳар рӯз хӯроки шоҳона мехӯрд. Элъозор ном камбағале, ки баданаш пур аз захмҳо буд, дар назди дарвозаи марди сарватманд дароз кашида мехобид ва орзу мекард, ки шикамашро бо пасмондаҳои дастархони бой сер кунад. Ҳатто сагҳо омада, захмҳои ӯро мелесиданд. Вақте ки Элъозор мурд, фариштагон ӯро бурда, ба паҳлуи Иброҳим шинонданд. Марди сарватманд низ мурд ва ӯро гӯронданд. Ҳангоме ки ӯ дар дӯзах азоб мекашид, ба боло нигоҳ кард ва аз дур Иброҳимро дид, ки Элъозор дар паҳлӯяш менишаст. Он сарватманд фарёд зада гуфт: „Эй падарам Иброҳим! Ба ман раҳм кунед ва Элъозорро бифиристед, то нӯги ангушташро ба об тар карда, забонамро камтар нам кунад. Ман дар ин оташ азоб мекашам“. Вале Иброҳим чунин ҷавоб дод: „Ба хотир ор, писар, ки дар вақти зинда буданат чизҳои хуб насиби ту ва чизҳои бад насиби Элъозор шуда буд. Ҳоло бошад, вай дар ин ҷо роҳат меёбаду ту азоб мекашӣ. Илова бар ин, байни мову шумо чунон ғори калоне вуҷуд дорад, ки агар касе аз ин тараф ба пеши шумо гузаштан хоҳад ҳам, наметавонад. Ҳамчунин аз он ҷо касе пеши мо гузашта наметавонад“. Марди сарватманд гуфт: „Ин тавр ки бошад, аз шумо илтимос мекунам, эй падар, ки Элъозорро ба хонаи падари ман фиристед. Охир ман панҷ бародар дорам. Бигзор онҳоро огоҳ кунад, ки ба ин ҷойи азоб наафтанд“. Иброҳим ба ӯ гуфт: „Онҳо навиштаҳои Мусо ва дигар пайғамбаронро доранд. Бигзор ба суханони онҳо гӯш диҳанд“. Аммо мард гуфт: „Не, падарам Иброҳим! Танҳо агар яке аз мурдагон наздашон равад, онҳо тавба карда, аз гуноҳ даст мекашанд“. Иброҳим ҷавоб дод: „Модоме ки онҳо ба суханони Мусою пайғамбарон гӯш намедиҳанд, ҳатто агар мурдае зинда шавад ҳам онҳо бовар нахоҳанд кард“». Ба шогирдонаш бошад, Исо чунин гуфт: «Васвасаҳо пайдо хоҳанд шуд, вале вой бар ҳоли он касе, ки ба воситаи вай васвасаҳо ба миён меоянд. Барои вай беҳтар мешуд, ки ба гарданаш санги осиёбро овехта, ба баҳр партоянд аз он ки вай яке аз ин пайравони хурдтаринро гумроҳ кунад. Пас, эҳтиёт бошед! Агар бародаратон бар шумо гуноҳе бикунад, ӯро насиҳат кунед ва агар тавба карда, аз гуноҳ даст кашад, ӯро бахшед. Агар ӯ рӯзе ҳафт бор гуноҳ кунад ва ҳафт маротиба „Тавба кардам“ гӯяд, ӯро бахшед». Фиристодагон ба Худованд Исо гуфтанд: «Имони моро зиёдтар кун». Худованд гуфт: «Агар шумо ҳатто ба андозаи донаи хардал имон медоштед, ба ин дарахти тут „Решакан шаву ба баҳр шинонда шав“ гуфта метавонистед ва вай ба шумо итоат мекард. Фарз кардем, ки ғуломи шумо ба шудгори замин ва ё ба чӯпонӣ машғул аст. Магар вақти аз киштзор баргаштанаш шумо ба вай мегӯед, ки зуд омада назди дастархон бишинад? Магар ба ӯ чунин намегӯед: „Хӯроки шомро тайёр кун ва то вақте ки ман мехӯраму менӯшам, миёнатро маҳкам баста, ба ман хизмат кун. Баъдтар худат мехӯрӣ ва менӯшӣ“? Охир, шумо ба ғуломатон барои иҷро кардани фармонҳоятон ташаккур намегӯед-ку? Пас, шумо низ, баъд аз он ки фармонҳои ба шумо додашударо иҷро мекунед, бигӯед: „Мо ғуломи ночиз ҳастему танҳо вазифаи худро иҷро кардем“». Исо, ки ба Уршалим равона буд, қад-қади сарҳади байни Сомараву Ҷалил роҳ мерафт. Ҳангоми ба як деҳа даромадан, бо даҳ касе, ки бемории пӯст дошт, рӯ ба рӯ шуд. Онҳо каме дур истода дод заданд: «Эй Исо, Хоҷа, ба мо раҳм кун!» Исо онҳоро дида, гуфт: «Рафта худро ба коҳинон нишон диҳед». Онҳо рафтанд ва дар роҳ пок шуданд. Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, бо овози баланд Худоро ситоишкунон баргашт ва худро пеши пойҳои Исо партофта, ба Ӯ миннатдорӣ баён кард. Он мард аз Сомара буд. Исо пурсид: «Магар даҳ нафар аз беморияшон пок нашудаанд? Нуҳ нафари дигар куҷоянд? Пас, наход ғайр аз ин марди ғайрияҳудӣ ягон нафаре аз онҳо барнагашт, ки Худоро ҳамду сано хонад?» Баъд ба ӯ гуфт: «Бархезу бирав, туро имонат шифо дод». Фарисиён аз Исо пурсиданд, ки кай Подшоҳии Худо фаро мерасад? Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Омадани Подшоҳии Худо ба назар намоён нест. Касе ба шумо намегӯяд: „Нигоҳ кунед, вай дар ин ҷост“ ва ё „Вай дар он ҷост!“ Охир, Подшоҳии Худо аллакай дар байни шумост». Вале Исо ба шогирдонаш гуфт: «Вақте мерасад, ки ба дидани яке аз рӯзҳои Писари Одамизод зор мешавед, вале онро намебинед. Ба шумо мегӯянд: „Вай дар он ҷост!“ ё „Вай дар ин ҷост!“, аз қафояшон надавед. Зеро Писари Одамизод дар рӯзи омаданаш мисли раъду барқе мешавад, ки дурахшида осмонро аз як сӯ то сӯи дигар равшан мекунад. Вале аввал Ӯ бояд азоби бисёре кашида, аз тарафи насли ин замон рад карда шавад. Чи тавре ки дар замони Нӯҳ пайғамбар буд, замони омадани Писари Одамизод низ ҳамон тавр мешавад. Зеро то рӯзи ба киштӣ даромадани Нӯҳ одамон мехӯрданду менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мебаромаданд, вале баъд тӯфон бархоста, ҳамаро несту нобуд кард. Ҳамчунин монанди замони Лут хоҳад буд, ки одамон мехӯрданду менӯшиданд, мехариданду мефурӯхтанд, мекоштанду иморат месохтанд. Вале рӯзе, ки Лут аз шаҳри Садум баромад, аз осмон оташу сулфур борида, ҳамаро нест кард. Рӯзе, ки Писари Одамизод зоҳир мегардад, низ ҳамон тавр хоҳад буд. Агар касе он вақт дар болои бом ва чизу чорааш даруни хона бошад, барои гирифтани онҳо пойин нафарояд. Агар касе дар саҳро бошад, ба хонааш барнагардад. Зани Лутро ба хотир оваред. Касе ки ҳаёташро эмин нигоҳ доштанӣ аст, онро аз даст медиҳад, вале касе ки ҳаёташро фидо мекунад, онро эмин нигоҳ медорад. Ба шумо мегӯям, ки дар он шаб аз ду нафаре, ки дар як ҷогаҳ хобанд, якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад. Аз ду зане, ки дар як осиёб гандум орд мекунанд, якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад». Он гоҳ шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Эй Хоҷа, ин дар куҷо ба амал меояд?» Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳар ҷое ки ҷасад аст, парандаҳои лошахӯр дар он ҷо ҷамъ мешаванд». Баъд Исо ба онҳо масалеро нақл кард, то бидонанд, ки бояд ҳамеша дуо бигӯянд ва ҳеҷ вақт рӯҳафтода нагарданд. Ӯ гуфт: «Дар як шаҳр қозие буд, ки на тарсе аз Худо дошту на шарме аз мардум. Дар он шаҳр бевазане низ буд, ки ҳамеша ба назди ӯ омада мегуфт: „Ин масъалаи маро бо душманам ҳал кун“. Қозӣ муддати дурудароз талаби ӯро рад мекард, вале дар охир ба худ гуфт: „Гарчанде ман на тарсе аз Худо дораму на шарме аз мардум, вале, азбаски ин бевазан маро ба ҳолам намегузорад, ӯро ҳимоя мекунам, то ҳар гоҳ омада, маро безор накунад“». Сипас, Худованд Исо пурсид: «Шумо шунидед, ки ин қозии беадолат чӣ мегӯяд? Наход Худо интихобкардагони Худро, ки шабу рӯз ба даргоҳаш зорию тавалло мекунанд, муҳофизат накунад? Магар Худо дер мекунад? Ба шумо мегӯям, ки Худо онҳоро зуд муҳофизат мекунад. Вале оё Писари Одамизод вақти омаданаш дар рӯйи замин имонро ёфта метавонад?» Баъд Исо ба онҳое, ки дар бегуноҳ будани худ шубҳа надоштанд ва дигаронро паст мешумурданд, чунин масалро нақл кард: «Ду кас барои дуогӯйӣ ба маъбади Худо даромаданд. Яке фарисӣ буду дигаре андозгир. Фарисӣ рост истода, дар дилаш чунин дуо мегуфт: „Худоё! Туро шукр мегӯям, ки мисли одамони дигар дузд, бадкор ё зинокор ва ҳам монанди ин андозгир нестам. Ман ҳар ҳафта ду бор рӯза мегирам ва аз ҳар даромаде, ки дорам, ҳиссаи даҳумашро месупорам“. Вале андозгир дуртар истода, ҳатто ҷуръат намекард, ки сарашро боло карда, ба осмон нигарад. Вай танҳо бар қафаси синааш мушт зада мегуфт: „Худоё! Ба мани гунаҳкор раҳм кун!“ Ба шумо мегӯям, ки на фарисӣ, балки ҳамин андозгир сафед шуда, ба хонааш баргашт. Зеро ҳар кӣ худро калон мегирад, паст мешавад ва баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор месозад, сарбаланд мешавад». Одамон ҳатто кӯдакони хурдсолашонро ба назди Исо оварданд, то ки Ӯ ба сари онҳо даст гузорад. Вале шогирдон инро дида, мардумро сарзаниш карданд. Исо кӯдаконро ба наздаш ҷеғ зада гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Подшоҳии Худо насиби онҳоест, ки мисли кӯдак ҳастанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ Подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он намедарояд». Яке аз сардорон аз Исо пурсид: «Эй Устоди нек! Барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ чӣ кор бояд кунам?» Исо аз ӯ пурсид: «Чаро Маро нек мегӯйӣ? Ғайр аз Худо ҳеҷ кас нек нест. Ту фармоишҳои Худоро медонӣ: „зино накун, қатл накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо“ ». Вай ба Исо ҷавоб дод: «Ман аз айёми ҷавониам ҳамаи ин фармоишҳоро риоя мекунам». Исо инро шунида гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад. Ҳар он чизеро, ки дорӣ, фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кун. Он гоҳ сарват дар осмон пайдо мекунӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо». Вале он мард инро шунида бисёр ғамгин шуд, чунки хеле сарватманд буд. Исо ба вай нигоҳ карда гуфт: «Ба Подшоҳии Худо даромадани одамони бой бениҳоят душвор аст. Аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки шахси сарватманд ба Подшоҳии Худо дарояд». Онҳое, ки Ӯро мешуниданд, пурсиданд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?» Исо ҷавоб дод: «Ҳар чизе, ки барои одамизод ғайриимкон бошад, барои Худо имконпазир аст». Он гоҳ Петрус гуфт: «Мо аз баҳри ҳама чиз гузашта, Туро пайравӣ кардем». Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ ба хотири Подшоҳии Худо аз баҳри хона, ё зан, ё бародарон, ё падару модар, ё фарзандон гузашта бошад, дар ин дунё ҳамаи инро чанд маротиба зиёдтар пайдо мекунаду дар он дунё ҳаёти абадӣ насибаш мегардад». Исо он дувоздаҳ шогирдро ба як тараф бурда, ба онҳо гуфт: «Мо ба Уршалим рафта истодаем. Дар он ҷо ҳар чизе ки пайғамбарон дар бораи Писари Одамизод навиштаанд, ба амал хоҳад омад. Ӯро ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд. Онҳо Ӯро масхара ва ҳақорат карда, ба Вай туф мекунанд ва қамчинкорӣ намуда ба қатл мерасонанд, вале Ӯ дар рӯзи сеюм зинда мешавад». Лекин шогирдон аз ин гуфтаҳо чизеро нафаҳмиданд. Маънои суханони Исо аз онҳо пӯшида монд ва онҳо намефаҳмиданд, ки Ӯ дар бораи чӣ сухан меронад. Вақте ки Исо ба шаҳри Ариҳо наздик мешуд, марди нобиное дар канори роҳ нишаста садақа мепурсид. Чун нобино шунид, ки аз наздаш мардуми зиёде мегузаранд, пурсид: «Чӣ гап шудааст?» Ба вай гуфтанд, ки аз он ҷо Исои Носирӣ гузашта истодааст. Он нобино фарёд зада гуфт: «Эй Исои насли Довуд, ба ман раҳм кун!» Онҳое, ки пешопеш равона буданд, ӯро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шавад. Аммо ӯ боз баландтар дод зада мегуфт: «Эй насли Довуд, ба ман раҳм кун!» Исо аз роҳаш бозистода фармуд, ки он нобиноро ба наздаш биёранд. Вақте ки ӯ наздик омад, Исо аз вай пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?» Вай ҷавоб дод: «Хоҷа! Мехоҳам чашмонам бино шавад». Исо гуфт: «Бино шав! Имонат туро шифо дод». Худи ҳамон лаҳза чашмони вай бино шуд ва ӯ Худоро ситоишкунон аз паси Исо рафт. Тамоми мардум инро дида, Худоро ҳамду сано мехонданд. Исо ба шаҳри Ариҳо даромада, аз он мегузашт. Дар он шаҳр Заккай ном марди сарватманде буд, ки вазифаи сардори андозгиронро ба ӯҳда дошт. Вай мехост бубинад, ки Исо кист. Вале, азбаски мардум зиёд буду Заккай қади паст дошт, Ӯро дида натавонист. Бино бар ин, ӯ давида пеш гузашту ба болои дарахти анҷир баромад, то ки Исоро ҳангоми аз он ҷо гузаштанаш бубинад. Вақте ки Исо ба он ҷо наздик шуд, ба Заккай нигоҳ карда гуфт: «Заккай! Зудтар пойин фаро! Ман бояд имрӯз дар хонаи ту бимонам». Вай зуд пойин фаромада, бо хурсандӣ Исоро меҳмондорӣ кард. Инро дида, ҳама норозигии худро баён намуда мегуфтанд: «Ӯ дар хонаи марди гунаҳкор меҳмон шудааст». Аммо Заккай рост истода ба Худованд Исо гуфт: «Эй Хоҷа, ман нисфи сарватамро ба бечорагон медиҳам ва агар аз касе бо фиреб пул ситонда бошам, чор баробар зиёдтар бармегардонам». Исо гуфт: «Имрӯз ба ин хона наҷот омад, чунки Заккай ҳам аз насли Иброҳим аст. Зеро Писари Одамизод барои он омадааст, ки гумроҳшударо кофта ёбаду наҷот диҳад». Азбаски Исо аллакай дар наздикии Уршалим буд ва шунавандагони Ӯ гумон доштанд, ки Подшоҳии Худо ба зудӣ фаро мерасад, Вай масал гуфтанро давом дод: «Як шахси олимартаба ба кишвари дурдаст сафар дошт, то ҳуқуқи ба тахти подшоҳӣ нишастанашро тасдиқ намуда, баргардад. Пеш аз рафтан вай даҳ нафар хизматгоронашро наздаш даъват карда, ба ҳар кадомаш яктогӣ тангаи тилло доду гуфт: „Дар вақти набудани ман ин тангаҳоро ба кор баред“. Аммо ҳамватанонаш, ки ба вай нафрат доштанд, аз паси вай сафиронашонро фиристоданд, то рафта чунин бигӯянд: „Мо намехоҳем, ки вай бар мо подшоҳӣ кунад“. Вақте ки ӯ тахти подшоҳиро соҳиб шуда баргашт, фармон дод, то ҳамон хизматгоронеро, ки ба онҳо пул дода буд, ба наздаш ҷеғ зананд. Вай мехост бифаҳмад, ки ҳар яке аз онҳо чӣ қадар фоида ба даст овардааст? Аввалинаш омада, гуфт: „Хоҷаам, пули шумо даҳ баробар зиёдтар фоида овард“. Подшоҳ ба вай гуфт: „Офарин, хизматгори некам. Азбаски дар иҷрои вазифаи андаке вафодориатро нишон додӣ, туро ба даҳ шаҳр ҳоким таъйин мекунам“. Дуюмин омада, гуфт: „Хоҷаам, пули шумо панҷ баробар зиёдтар фоида овард“. Подшоҳ ба вай гуфт: „Туро низ ба панҷ шаҳр ҳоким таъйин мекунам“. Сеюмин омада, гуфт: „Хоҷаам, ана ин ҳамон пули шумо. Ман онро ба рӯймолчае печонда, нигоҳ доштам, чунки аз шумо метарсидам. Охир шумо одами сахтгир ҳастед. Аз он ҷое, ки нагузоштаед, мегиред ва он чизеро, ки накоштаед, дарав мекунед“. Подшоҳ ба вай гуфт: „Эй хизматгори бад! Аз рӯйи он чизе ки гуфтӣ, ба ту ҳукм мебарорам! Ту медонистӣ, ки ман одами сахтгир ҳастам ва аз он ҷое, ки нагузоштаам, мегираму он чизеро, ки накоштаам, дарав мекунам?! Пас, чаро пули маро ба муомилот надаровардӣ, то ки вақти баргаштанам онро бо фоидааш бигирам?“ Баъд ба онҳое, ки дар наздаш буданд, фармон дод: „Аз дасташ тангаи тиллоро гирифта, ба хизматгоре диҳед, ки даҳ баробар зиёдтар фоида овард“. Онҳо гуфтанд: „Хоҷаам, охир вай аллакай даҳ баробар зиёдтар дорад!“ „Ман ба шумо мегӯям, ба ҳар касе, ки чизе дорад, боз дода мешавад. Лекин аз касе, ки надорад, ҳатто он чизи андаке, ки дорад, гирифта мешавад. Ҳоло бошад, он душманонамро, ки намехостанд бар онҳо подшоҳӣ кунам, ба ин ҷо биёреду дар пеши назарам ба қатл расонед“». Исо ин масалро нақл карда, роҳашро давом дод ва ба сӯи Уршалим раҳсипор гашт. Вақте ки онҳо ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Анёи назди кӯҳи Зайтун расиданд, Исо ду шогирдашро фиристода, гуфт: «Ба деҳае, ки дар рӯ ба рӯйи шумост равед ва ҳамин ки вориди он гаштед, хари бастаеро мебинед, ки то ҳол касе ба он савор нашудааст. Бандашро кушода, онро ба ин ҷо биёред. Агар касе аз шумо пурсад, ки барои чӣ бандашро мекушоед, гӯед, ки вай ба Худованд даркор шуд». Шогирдони фиристодашуда рафтанд ва харро ҳамон тавре ки Ӯ ба онҳо гуфта буд, ёфтанд. Вақте ки онҳо банди харро мекушоданд, соҳибонаш аз онҳо пурсиданд: «Чаро банди харро мекушоед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Вай ба Худованд лозим аст». Пас онҳо харро ба назди Исо оварда, ба болояш ҷомаҳои худро партофтанду Исоро ба он савор карданд. Исо савора мерафту мардум ҷомаҳои худро пеши роҳи Ӯ пойандоз мекарданд. Вақте Исо ба роҳе наздик шуд, ки он аз болои кӯҳи Зайтун ба пойин меравад, тамоми гурӯҳи шогирдонаш барои ҳамаи муъҷизаҳое, ки дида буданд, шодикунон бо овози баланд Худоро ҳамду сано хонда мегуфтанд: «Баракат ёбад шоҳе, ки ба номи Худованд меояд! Сулҳ дар осмон ва шуҳрату ҷалол ба Худо дар осмон!» Баъзе фарисиён аз байни мардум ба Исо гуфтанд: «Эй Устод, шогирдонатро ором кун!» Вай ҷавоб дод: «Бовар кунед, агар онҳо хомӯш шаванд, сангҳо дод мезананд». Вақте ки онҳо наздиктар омаданд, Исо шаҳрро дида, гиря карду гуфт: «Оҳ, кошки ақаллан ҳамин рӯз роҳеро, ки туро ба осоиштагӣ мебарад, медонистӣ! Вале ҳоло он роҳ аз чашмони ту пинҳон аст. Азбаски ту вақти ба наздат омадани Худовандро нафаҳмидӣ, ба сарат рӯзҳои сахт хоҳанд омад. Душманонат гирди ту хокдеворҳо сохта иҳота мекунанд. Онҳо аз ҳар тараф фишор оварда, туву сокинонатро ба хок яксон хоҳанд кард ва дар ту санг бар болои санге нахоҳад монд». Исо ба ҳавлии маъбади Худо ворид шуда, онҳоеро, ки бо харидуфурӯш машғул буданд, берун ронд. Ӯ ба онҳо гуфт: «Худо дар навиштаҷот гуфтааст, ки „Хонаи Ман хонаи дуо мешавад“. Шумо бошед, онро ба хонаи дуздон табдил додаед!» Ӯ ҳар рӯз дар маъбади Худо мардумро таълим медод. Коҳинони калон, устодони шариат ва роҳбарони халқи Исроил дар пайи куштани Ӯ буданд. Вале илоҷи ин корро ёфта наметавонистанд, чунки тамоми мардум беист ва бодиққат ба ҳар як сухани Ӯ гӯш медоданд. Рӯзе, вақте ки Исо дар маъбади Худо мардумро таълим дода, хабари хушро эълон мекард, ба наздаш коҳинони калон, устодони шариат ва пирони қавм омада пурсиданд: «Ба мо бигӯй, Ту бо кадом ҳуқуқ чунин корҳоро мекунӣ? Ин ҳуқуқро ба Ту кӣ додааст?» Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ҳам ба шумо як саволе дорам. Шумо ба Ман ҷавоб диҳед, ки ба Яҳё кӣ ҳуқуқ дода буд, ки одамонро таъмид диҳад: Худо ё инсон?» Онҳо бо ҳам муҳокима намуда, гуфтанд: «Агар „Худо дода буд“ гӯем, Ӯ аз мо мепурсад, ки чаро ба Яҳё бовар накардед? Аммо агар „инсон“ гӯем, тамоми мардум моро сангсор мекунад, чунки одамон боварии комил доранд, ки Яҳё пайғамбар буд». Онҳо ҷавоб доданд, ки намедонанд ва Исо ба онҳо гуфт: «Пас, Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам». Баъд Исо ба халқ нақл кардани ин масалро сар кард: «Шахсе токзоре бунёд кард ва онро ба чанд нафар иҷора дода, ба муддати дурудароз ба кишвари дигар сафар кард. Чун вақти ҳосилғундорӣ расид, ӯ хизматгореро ба назди токпарварон фиристод, то ҳаққи худро аз он токзор бигирад. Вале токпарварон ӯро зада, бо дасти холӣ фиристоданд. Он вақт ӯ хизматгори дигарро фиристод. Вале онҳо ӯро ҳам зада, ҳақорат карданду бо дасти холӣ фиристоданд. Ӯ боз хизматгори сеюмашро фиристод. Вайро низ захмдор карда, берун партофтанд. Он гоҳ соҳиби токзор гуфт: „Чӣ бояд бикунам? Писари азизамро мефиристам, шояд ӯро иззату эҳтиром кунанд“. Вале токпарварон писари ӯро дида, ба якдигар гуфтанд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем, то ки соҳиби мерос шавем!“ Ва ӯро аз токзор берун бароварда куштанд. Ба фикри шумо соҳиби токзор бо онҳо чӣ гуна рафтор мекунад? Вай баргашта, он токпарваронро мекушад ва токзорро ба дигарон медиҳад». Онҳое, ки Исоро мешуниданд, гуфтанд: «Худо нигоҳ дорад!» Ӯ ба онҳо нигоҳ карда гуфт: «Пас ин калимаҳои навиштаҷот чӣ маъно доранд: „Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд, санги асосии таҳкурсии бино гардид“. Ҳар кӣ ба болои он санг ғалтад, майда-майда мешавад ва агар ин санг ба болои касе афтад, вайро маҷақ мекунад». Устодони шариату коҳинони калон фаҳмиданд, ки ин масал бар зидди онҳо буд ва хостанд ҳамон замон Исоро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд. Онҳо якчанд нафарро барои аз пайи Исо поидан фиристоданд, то ки худро ростқавл нишон дода, Ӯро бо сухан ба дом афтонанду барои ҳукм шудан ба дасти ҳокими румӣ супоранд. Онҳо аз Исо пурсиданд: «Устод! Мо медонем, ки суханону таълимоти Ту аз рӯйи ҳақиқат аст. Медонем, ки нисбати ҳеҷ кас рӯйбинӣ надорӣ ва роҳҳои Худоро аз рӯйи ҳақиқат таълим медиҳӣ. Бигӯ, ки оё ба шоҳаншоҳи Рум андоз супорем ё не?» Ӯ аз макри онҳо пай бурда, ба онҳо гуфт: «Ба Ман ягон тангаи динорро нишон диҳед. Дар ин танга акс ва номи кӣ аст?» «Шоҳаншоҳ», – ҷавоб доданд онҳо. Исо ба онҳо гуфт: «Пас, он чи аз они шоҳаншоҳ аст, ба шоҳаншоҳ бидиҳед ва он чи аз они Худост, ба Худо». Онҳо натавонистанд Исоро пеши мардум бо сухан ба дом афтонанд ва аз ҷавоби Ӯ ба ҳайрат афтода, хомӯш шуданд. Чанд нафар аз равияи саддуқиён, ки зиндашавии мурдагонро инкор мекарданд ба назди Исо омаданду ба Ӯ чунин савол доданд: «Устод, Мусо дар шариат ба мо навиштааст, ки агар бародари касе фарзанд наёфта бимирад, бигзор вай зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад. Инак, ҳафт бародар буданд. Бародари калонӣ зан гирифт, аммо фарзанд надида аз олам чашм пӯшид. Бародари дуюм, сеюм ва ҳамин тавр ҳамаи ҳафт бародарон зани бародарашонро ба занӣ мегирифтанд, вале ҳеҷ яке аз онҳо фарзанде ба дунё наоварда вафот кард. Оқибат зан ҳам аз олам чашм пӯшид. Пас, рӯзе, ки мурдаҳо зинда мешаванд, вай зани кадоме аз онҳо мешавад? Охир ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ гирифта буданд!» Исо ҷавоб дод: «Одамони ин дунё зан мегиранд ва ба шавҳар мебароянд. Вале онҳое, ки лоиқ дониста шудаанд, ки зинда шаванд, пас аз ба он дунё рафтанашон на зан мегиранду на шавҳар мекунанд. Онҳо дигар намемиранд, чунки мисли фариштаҳо мешаванд. Онҳо фарзандони Худо ҳастанд, охир Худо онҳоро зинда кардааст. Дар ҳикояи буттаи сӯхтаистода, Мусо Худовандро Худои Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб номида, нишон дод, ки мурдагон зинда мешаванд. Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст. Барои Худо ҳама зинда ҳастанд». Он гоҳ баъзе аз устодони шариат гуфтанд: «Хуб гуфтӣ, Устод!» Ва дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Ӯ саволе диҳад. Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Барои чӣ одамон мегӯянд, ки Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо писари шоҳ Довуд аст? Охир, худи Довуд дар китоби Забур мегӯяд: „Худованд ба Худованди ман гуфт: «То даме ки душманонатро зери пойҳоят нагузорам, аз дасти ростам бишин»“. Довуд Масеҳро „Худованд“ меномад. Пас, чӣ тавр Вай писари шоҳ Довуд шуда метавонад?» Ҳангоме ки тамоми мардум ба суханони Вай гӯш мекарданд, Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Аз устодони шариат эҳтиёт бошед. Ба онҳо маъқул аст, ки либосҳои қимат пӯшида гарданд ва мардум дар бозорҳо ба онҳо бо иззату эҳтиром салом диҳанд. Онҳо дар ҷойҳои беҳтарини ҷамоатхонаҳо нишастан ва дар зиёфатҳо болонишиниро дӯст медоранд. Онҳо намоишкорона дурудароз дуо мехонанд, вале дар асл молу мулки бевазанонро хӯрда ғорат мекунанд! Онҳо барои ин корҳояшон ҷазои сахттаринро мебинанд». Исо як назар андохта, бойҳоеро дид, ки ба сандуқи хайрия садақаҳои худро меандохтанд. Ӯ бевазани камбағалеро низ дид, ки ба он ҷо ду тангаи хурди мисинро андохт. Баъд гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани бечора аз ҳама зиёдтар хайрот кард. Чунки онҳо аз зиёдатии сарваташон садақа карданд, вай бошад, тамоми ризқу рӯзиашро дод». Вақте ки баъзеҳо дар бораи маъбади Худо сухан меронданду таъриф мекарданд, ки он бо чӣ гуна сангҳои зебо ва ҳадяҳои қиматбаҳо оро дода шудааст, Исо гуфт: «Рӯзҳое меоянд, ки аз ҳамаи ин чизҳои медидаатон санг бар болои санг намонда, ба замин яксон мешавад». Аз Ӯ пурсиданд: «Устод, пас ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва ба амал омадани онро аз кадом аломат мефаҳмем?» Ӯ ҷавоб дод: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо гумроҳ нашавед, зеро бисёр касон бо номи Ман омада мегӯянд: „Ман ҳамонам!“ ва ё „Вақташ расид!“ Аз паси онҳо наравед! Вақте ки садоҳои ҷангҳову шӯришҳоро мешунавед, ба воҳима наафтед. Зеро аввал бояд ҳамаи ин воқеаҳо рӯй диҳанд, вале ин маънои якбора расидани охирзамонро надорад». Баъд Исо ба онҳо гуфт: «Як халқ бо халқи дигар ва як давлат бо давлати дигар меҷангад. Заминҷунбиҳои сахт мешавад ва дар ҳар ҷо гуруснагӣ ва бемориҳои марговар меояд. Аз осмон ҳодисаҳои пурдаҳшат ва аломатҳои бузург намоён хоҳанд гашт. Вале, пеш аз он ки ҳамаи ин ба амал ояд, шуморо дастгир карда, азоб медиҳанд ва ба ҷамоатхонаву зиндонҳо мебаранд. Ба хотири номи Ман шуморо ба назди подшоҳону ҳокимон мебаранд ва имконият пайдо мекунед, ки дар бораи Ман шаҳодат диҳед. Қарор диҳед, ки дар бораи чӣ ҷавоб доданатон пешакӣ ташвиш намекашед. Зеро Ман ба шумо чунон ҳикмате ато мекунам ва суханонеро ба даҳонатон мегузорам, ки ҳеҷ яке аз душманонатон наметавонад бар он муқобилате нишон дода, норозигии худро баён кунад. Ҳатто падару модарон, бародарон, хешон ва дӯстонатон шуморо таслим хоҳанд намуд ва баъзеи шумо кушта мешавед. Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд. Вале як тори мӯйе ҳам аз сари шумо нахоҳад афтод. Истодагарӣ намоед ва ҳаётро ба даст хоҳед овард. Ҳамин ки Уршалимро дар иҳотаи аскарон дидед, бидонед, ки вақти вайрон шудани он наздик аст. Он вақт касоне, ки дар Яҳудия ҳастанд, ба кӯҳистон гурезанд. Касоне, ки дар ин шаҳр ҳастанд, аз ин ҷо бираванд ва касоне, ки дар деҳот ҳастанд, ба шаҳр барнагарданд. Чун он рӯзҳо, ҳамчун иҷрошавии гуфтаҳои навиштаҷот, рӯзҳои ҷазо мешаванд. Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва модароне, ки кӯдаки ширхӯр хоҳанд дошт, чунки дар замин мусибати бузурге ба амал меояду ин мардум гирифтори ғазаб мешавад. Баъзеҳо аз дами шамшер ҳалок мегарданду дигаронро ба мамлакатҳои гуногун асир карда мебаранд. Ғайрияҳудиён бошанд, то вақти ба охир расидани давраи онҳо, Уршалимро поймол мекунанд. Дар офтобу моҳу ситорагон аломатҳо зоҳир мешаванд ва дар рӯйи замин мардум ба ғаму андӯҳ печида, аз хурӯши баҳру мавҷҳо ба ҳайрат меафтанд. Аз барои он ки ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд, одамон аз наздик шудани мусибате, ки ба сари ҷаҳон меояд, тарсида беҳуш мешаванд. Дар он вақт одамон Писари Одамизодро мебинанд, ки дар абр бо қудрат ва шуҳрату ҷалоли бузурге меояд. Вақте ки ба амал омадани ин гуфтаҳо сар мешавад, қомататонро рост карда саратонро боло бардоред, чунки вақти озод шуданатон наздик аст». Баъд Исо ба онҳо чунин масалеро нақл кард: «Ба дарахти анҷир ва дигар дарахтҳо нигоҳ кунед. Вақте мебинед, ки онҳо барг мебароранд, медонед, ки тобистон аллакай наздик аст. Ҳамин тавр ҳангоме ки ба амал омадани ин ҳодисаҳоро мебинед, донед, ки Подшоҳии Худо наздик аст. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ба амал меояд. Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд. Пас, бохабар бошед, ки дилҳои шумо саргарми айшу ишрат, бадмастӣ ва ташвишҳои ин рӯзгор нашавад ва он рӯз ногаҳон, мисли дом барои шумо фаро нарасад. Он рӯз ба сари тамоми сокинони рӯйи замин хоҳад омад. Ҳамеша бедор бошед ва дуо гӯед, то қувват дошта бошед, ки аз даҳшатҳои оянда халосӣ ёбед ва дар назди Писари Одамизод истед». Ҳар рӯз Исо дар маъбади Худо таълим медод ва чун бегоҳ фаро мерасид, ба кӯҳи Зайтун рафта, ҳамон ҷо шабро рӯз мекард. Тамоми мардум бошанд, саҳарии барвақт барои шунидани суханони Ӯ ба ҳавлии маъбади Худо меомаданд. Иди Фатир, ки боз иди Наҷот ном дорад, наздик мешуд. Коҳинони калон ва устодони шариат аз мардум метарсиданд, бинобар ин роҳеро ҷустуҷӯ мекарданд, ки Исоро пинҳонӣ ба қатл расонанд. Ҳамон вақт шайтон ба дили Яҳудои Исқарютӣ, ки яке аз дувоздаҳ шогирд буд, даромад. Яҳудо ба назди коҳинони калон ва сардорони посбонони маъбади Худо омада, бо онҳо маслиҳат кард, ки бо кадом роҳ метавонад Исоро ба онҳо таслим кунад. Онҳо шод гашта, розӣ шуданд, ки ба Яҳудо пул диҳанд. Яҳудо ҳам розӣ шуд ва фурсати муносиб меҷуст, ки аз мардум пинҳонӣ Исоро ба онҳо таслим кунад. Рӯзи иди Фатир ҳам фаро расид ва дар ин рӯз бояд барраи иди Наҷотро қурбонӣ мекарданд. Исо Петрус ва Юҳанноро фиристода, гуфт: «Бираведу бароямон дастархони иди Наҷотро тайёр кунед». Онҳо аз Ӯ пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳӣ, ки тайёр намоем?» Исо ба онҳо дар ҷавоб гуфт: «Вақте ки ба шаҳр медароед, шуморо марде пешвоз мегирад, ки кӯзаи об мебарад. Аз паси ӯ то ба хонае, ки вай медарояд, равед. Ба соҳиби он хона гӯед: „Устод аз ту мепурсад, куҷост меҳмонхонае, ки Ӯ дар он бо шогирдонаш хӯроки иди Наҷотро хӯрда тавонад?“ Ӯ ба шумо болохонаи калонеро нишон медиҳад, ки ба тартиб оварда шудааст. Ҳама чизро дар он ҷо тайёр кунед». Онҳо рафта, ҳамаро ҳамон тавре ки Исо гуфта буд, дарёфтанд ва хӯроки иди Наҷотро тайёр намуданд. Ҳангоме ки вақту соаташ расид, фиристодагон ҳамроҳи Исо ба сари дастархон нишастанд. Исо ба онҳо гуфт: «Бисёр мехостам, ки пеш аз азобу уқубатҳоям бо шумо ин хӯроки иди Наҷотро бихӯрам. Ба шумо мегӯям, то он вақте ки иди Наҷот дар Подшоҳии Худо ба амал наояд, аз ин хӯрок дигар нахоҳам хӯрд». Баъд косаро гирифта дуои шукрона карду гуфт: «Ҳар яки шумо инро гирифта аз он нӯшед. Ба шумо мегӯям, минбаъд то вақти омадани Подшоҳии Худо аз шираи ангур нахоҳам нӯшид». Сипас, нонро гирифта, ба Худо шукр гуфт ва онро пора карда, ба шогирдонаш тақсим намуду гуфт: «Ин бадани Ман аст, ки барои шумо қурбонӣ карда мешавад. Барои ёдоварии Ман ҳамин тавр бикунед». Айнан ҳамин тарз пас аз хӯроки шом косаро гирифта гуфт: «Дар ин коса хуни Ман аст, ки барои шумо рехта мешавад ва бо он Худо бо халқаш аҳду паймони нав мебандад. Донед, ки касе, ки ба Ман хиёнат мекунад, ҳамроҳи Ман дар сари як дастархон аст. Писари Одамизод ҳамон тавре, ки барояш таъйин карда шудааст, мемирад, вале вой бар ҳоли касе, ки ба Ӯ хиёнат мекунад!» Фиристодагон аз якдигар пурсидан гирифтанд, ки кадоме аз онҳо ин корро мекарда бошад. Дар байни шогирдон баҳсу мунозира ба амал омад, ки кадоме аз онҳо бояд бузургтар шумурда шавад. Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Подшоҳон ва ҳокимон ҳукмашонро бар мардуми худ мегузаронанд ва худро „одамдӯст“ меноманд. Аммо дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Бигзор бузургтарин аз байни шумо мисли хурдтарин рафтор бикунад ва сардор мисли хизматгор. Пас, кӣ бузургтар аст? Оне, ки дар сари дастархон нишастааст ва ё касе, ки ба вай хизмат мекунад? Магар на он касе, ки дар сари дастархон нишастааст? Вале Ман дар мобайни шумо мисли хизматгор ҳастам! Вақте ки аз озмоишҳо мегузаштам, ҳамроҳам будед. Чунон ки Падарам ба Ман Подшоҳиро супоридааст, Ман низ онро ба шумо месупорам, то ки шумо дар Подшоҳии Ман аз дастархонам бихӯреду бинӯшед ва дар тахтҳо нишаста, ба дувоздаҳ қабилаи Исроил ҳукмронӣ кунед». Исо гуфт: «Шимъун, Шимъун! Бидон, ки шайтон талаб кард, ки ҳамаи шуморо мисли гандум аз ғалбер гузаронад. Вале Ман барои ту дуо кардам, то ки имонатро аз даст надиҳӣ ва вақти тавба карда баргаштанат, бародарони худро устувор гардонӣ». Петрус ба Ӯ гуфт: «Хоҷа! Ман тайёр ҳастам, ки бо Ту ҳам ба ҳабс ва ҳам ба мурдан биравам!» Вале Исо гуфт: «Ба ту мегӯям, эй Петрус! Худи ҳамин рӯз, пеш аз он ки хурӯс ҷеғ занад, ту се бор инкор мекунӣ, ки Маро мешиносӣ». Исо аз шогирдон пурсид: «Вақте ки Ман шуморо бе пул, бе борхалта ва бе пойафзор фиристода будам, магар аз ягон чиз камбудӣ доштед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Не, надоштем». Ӯ ба онҳо гуфт: «Вале акнун, бигзор он касе, ки пул дорад, пулу борхалтаашро бо худ бигирад. Агар шамшер надошта бошад, бигзор ҷомаашро фурӯхта, харад. Ба шумо мегӯям, дар навиштаҷот гуфта шудааст: „Ӯро ба қатори ҷинояткорон дароварданд“. Ин гуфтаҳо дар бораи Ман бояд иҷро шаванд, зеро ҳамаи он чизе, ки дар ҳаққи Ман навишта шудааст, иҷро мешавад». Онҳо гуфтанд: «Худовандо! Ана дар ин ҷо ду шамшер ҳаст». Вай ҷавоб дод: «Бас кунед!» Исо аз шаҳр баромада, чун ҳарвақта ба кӯҳи Зайтун равона шуд. Шогирдон низ аз ақиби Ӯ рафтанд. Ба он ҷо расида, Исо ба онҳо гуфт: «Дуо кунед, то ки ба васваса наафтед». Худаш бошад, ба масофаи партофтани санге аз онҳо дур шуд ва ба зону истода дуо кард: «Эй Падар! Илтимос мекунам, ин косаи азобро аз сари Ман дур кун. Аммо бигзор на хости Ман, балки хости Ту иҷро шавад!» Аз осмон фариштае зоҳир шуд ва ба Ӯ қувват бахшид. Исо аз дарду сӯзиши зиёд бо ҷидду ҷаҳди бештаре дуо мекард ва арақи баданаш аз Ӯ мисли қатраҳои хун ба замин мечакид. Баъд аз дуо Исо бархеста, ба назди шогирдон баргашта дид, ки онҳо аз ғаму ғусса бемадор шуда хобидаанд. Пас, ба онҳо гуфт: «Чаро хоб рафтаед? Бархеста дуо кунед, то ки ба васваса наафтед». Ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, тӯдаи одамон пайдо шуд ва пешопеши онҳо ҳамоне меомад ки Яҳудо ном дошту яке аз он дувоздаҳ шогирд буд. Вай ба Исо наздик шуд, то ки Ӯро бибӯсад. Исо ба вай гуфт: «Яҳудо, магар бо ин бӯсаат Писари Одамизодро таслим мекунӣ?» Пас шогирдоне, ки дар гирди Исо истода буданд, оқибати корро пай бурда гуфтанд: «Хоҷа! Бо шамшер бизанем?» Ва яке аз онҳо ба ғуломи саркоҳин ҳамла оварду гӯши росташро бурида партофт. «Бас кунед, бас!» – гуфт Исо ва ба гӯши ғулом даст расонда, ӯро шифо дод. Баъд ба коҳинони калон, сардорони посбонони маъбади Худо ва пирони қавм, ки барои дастгир намудани Ӯ омада буданд, гуфт: «Ба фикри шумо Ман ягон роҳзан ҳастам, ки бо калтаку шамшерҳо омадаед? Ҳар рӯз ҳамроҳатон дар маъбади Худо будам ва шумо ба Ман даст боло намекардед. Аммо ҳоло вақти шумо ва вақти ҳукмронии торикӣ расидааст». Онҳо Исоро дастгир намуда, ба хонаи саркоҳин бурданд. Петрус дар масофаи каме дуртар аз пушташон омад. Дар мобайни ҳавлӣ оташ даргиронданд ва одамон гирди он якҷоя нишастанд. Петрус ҳам бо онҳо нишаст. Канизаке ӯро дар рӯшноии оташ дида, бодиққат ба ӯ нигоҳ кард ва гуфт: «Ин одам ҳам бо Исо буд!» Вале Петрус инкор карда гуфт: «Эй хоҳар! Ман Ӯро намешиносам». Баъд аз чанд муддат як одами дигар вайро дида гуфт: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ». «Не ако, нестам!» – гуфт Петрус. Тахминан як соат гузашту боз як нафар бо боварии комил гуфт: «Аниқ ин кас ҳам бо Исо буд, чунки ӯ низ ҷалилӣ аст». «Гӯш кун, ман намедонам, ту чиҳо гуфта истодаӣ», – гуфт Петрус. Ҳамон лаҳза вақте ки инро мегуфт, хурӯс ҷеғ зад. Худованд Исо ба Петрус рӯй оварда нигоҳ кард ва сухани Ӯ ба хотири Петрус омад. Ӯ гуфта буд, ки худи ҳамин рӯз, пеш аз ҷеғ задани хурӯс, вай се бор Исоро инкор мекунад. Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард. Одамоне, ки Исоро дастгир намуда буданд, Ӯро масхара карда мезаданд. Чашмонашро баста, аз Ӯ мепурсиданд: «Агар пайғамбар бошӣ, канӣ, гӯй, ки Туро кӣ зад?» Ва Ӯро бисёр ҳақорат мекарданд. Вақте ки рӯз шуд, ҷамоате аз пирони қавм, коҳинони калон ва устодони шариат ҳамроҳ шуда, Исоро ба шӯрои пирон оварданд. Онҳо гуфтанд: «Бигӯ, ки оё Ту Таъйиншудаи Худо ҳастӣ?» Исо гуфт: «Агар гӯям, бовар намекунед ва агар Худам савол диҳам, ҷавоб намегардонед. Вале минбаъд Писари Одамизод аз дасти рости Худои Пурқудрат хоҳад нишаст ». Онҳо ҳамаашон гуфтанд: «Пас, Ту-чӣ, Писари Худо ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Шумо худатон мегӯед, ки Ман ҳастам». Пас, онҳо гуфтанд: «Боз чӣ далеле ба мо лозим аст? Худи мо ҳама чизро аз забони Ӯ шунидем!» Баъд тамоми шӯро аз ҷой бархеста, Исоро ба назди ҳоким Пилотус бурданд ва ба айбдор кардани Ӯ шурӯъ намуда, гуфтанд: «Мо аниқ кардем, ки ин одам мардуми моро аз роҳ мезанад. Вай ба шоҳаншоҳ супоридани андозро манъ мекунад ва ҳатто Худро Масеҳ ва Подшоҳ меномад». Пилотус аз Ӯ пурсид: «Магар Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Исо ба вай ҷавоб дод: «Ту худат ҳамин тавр мегӯйӣ». Пилотус ба коҳинони калон ва мардум гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айб наёфтам». Вале онҳо дар гапи худ истода мегуфтанд: «Ӯ бо таълимоташ тамоми мардуми Яҳудияро ба шӯр меандозад. Аз Ҷалил сар карда то ин ҷо омад». Пилотус инро шунида пурсид: «Ин одам аз Ҷалил аст?» Ва чун фаҳмид, ки Исо аз вилояте будааст, ки дар зери ҳукмронии Ҳиродус аст, Ӯро ба назди Ҳиродус фиристод. Худи Ҳиродус ҳамон вақт дар Уршалим буд. Ҳиродус Исоро дида, бисёр хурсанд шуд, зеро кайҳо боз Ӯро дидан мехост ва азбаски дар борааш бисёр чизҳоро шунида буд, умед дошт, ки ягон муъҷизаи Исоро мебинад. Вай ба Исо саволҳои бисёре дод, вале Ӯ ҳеҷ ҷавобе намедод. Коҳинони калон ва устодони шариат бошанд, дар он ҷо истода бо шиддати хашму ғазаб Ӯро айбдор менамуданд. Ҳиродус ҳамроҳи сарбозонаш Исоро таҳқир ва масхара кард. Баъд ба Ӯ ҷомаи шоҳона пӯшонда, боз ба назди Пилотус фиристод. Гарчанде пештар Ҳиродус ва Пилотус бо якдигар душман буданд, аз ҳамон рӯз сар карда бо ҳам дӯст шуданд. Пилотус коҳинони калон, роҳбарон ва мардумро даъват карда, ба онҳо гуфт: «Шумо ин одамро ҳамчун вайронкунандаи халқ ба назди ман овардед. Ман дар ҳузури шумо ба Вай савол дода фаҳмидам, ки ин одам дар ягон ҷинояте, ки шумо Ӯро гунаҳкор мекунед, айбдор нест. Ҳиродус ҳам дар Ӯ ягон айбе наёфта, Ӯро боз ба назди мо фиристод. Пас ин одам ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг бошад. Ман фармон медиҳам, ки Ӯро қамчинкорӣ кунанд ва баъд озод мекунам». Ҳамин вақт ҳама бо як овоз дод заданд: «Қатл кунед Ӯро! Барои мо Барабборо озод кунед!» Бараббо одаме буд, ки аз барои бардоштани шӯриш дар шаҳр ва одамкушӣ ба ҳабс партофта шуда буд. Пилотус, ки Исоро озод кардан мехост, боз ба онҳо сухан гуфт. Вале онҳо дод мезаданд: «Ӯро ба салиб мехкӯб кунед! Мехкӯб кунед!» Пилотус бори сеюм ҳам ба онҳо гуфт: «Чаро? Охир Ӯ чӣ бадие кардааст? Ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам, ки сазовори марг бошад. Ман Ӯро қамчинкорӣ карда озод менамоям». Вале онҳо беист, бо тамоми овоз дод мезаданду талаб мекарданд, ки Исо ба салиб мехкӯб карда шавад. Онҳо бо доду фарёди худ гапашонро гузаронданд ва Пилотус ҳамон ҳукмеро баровард, ки онҳо талаб мекарданд. Мувофиқи хоҳиши онҳо вай шахсеро, ки барои шӯриш ва одамкушӣ ба ҳабс партофта шуда буд, озод кард. Исоро бошад, ба ихтиёри онҳо супорид. Сарбозон Исоро барои ба қатл расондан мебурданд. Он гоҳ Шимъун ном марде, ки аз деҳаи Қайравон буд, аз деҳа омада истода буд. Сарбозон Шимъунро боздошта, ба китфаш салибро бор карданд, ки аз ақиби Исо бардошта барад. Аз ақиби Исо одамони бешуморе мерафтанд ва дар байни онҳо заноне буданд, ки барои Ӯ зор-зор мегиристанд. Исо ба онҳо рӯ оварда гуфт: «Эй занҳои Уршалим, ба ҳоли Ман гиря накунед! Ба ҳоли худ ва фарзандонатон гиря кунед. Зеро рӯзҳое меоянд, ки одамон чунин мегӯянд: „Хушбахтанд занҳое, ки нозой ҳастанд, таваллуд накардаанд ва фарзанд намакондаанд“. Он вақт одамон ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: „Ба сари мо биафтед!“ ва ба теппаҳо хоҳанд гуфт: „Моро пӯшонед!“ Агар бо Ман, ки мисли дарахти сабз ҳастам, чунин рафтор кунанд, аҳволи онҳое, ки мисли дарахти хушк ҳастанд, чӣ мешуда бошад?» Ҳамроҳи Исо боз ду ҷинояткорро ба қатл мебурданд. Чун ба ҷое, ки «Косахонаи Сар» ном дорад, расиданд, Исоро ба салиб мехкӯб карданд. Он ҷинояткоронро низ, якеро аз тарафи рост ва дигареро аз тарафи чапи Ӯ ба салибҳо мехкӯб карданд. Исо гуфт: «Эй Падар! Онҳоро бубахш, зеро намедонанд, ки чӣ кор мекунанд!» Сипас, сарбозон барои тақсим кардани либоси Исо қуръа партофтанд. Мардум рост истода тамошо мекарданд. Роҳбарони халқ бошанд, ба ҳоли Исо хандида мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, канӣ, агар Масеҳ ва Интихобшудаи Худо бошад, Худро наҷот диҳад!» Сарбозон низ Ӯро масхара менамуданд. Онҳо ба Исо наздик шуда, ба Ӯ сирко дароз карданд ва гуфтанд: «Агар Ту Шоҳи Яҳудиён бошӣ, Худатро наҷот деҳ!» Ба лавҳае, ки болотар аз сари Исо зада шуда буд, чунин навиштанд: «Ин Шоҳи Яҳудиён аст». Яке аз ҷинояткорони мехкӯбшуда ба Исо таъна зада мегуфт: «Магар Ту Масеҳ нестӣ? Пас ҳам Худату ҳам моро наҷот деҳ!» Вале дуюмин дар ҷавоб ӯро сарзаниш карда гуфт: «Магар аз Худо наметарсӣ? Охир, мо ҳам ба марг маҳкум шудаем. Вале ҷазои мо аз рӯйи адолат аст, зеро он чиро сазовор будем, ҳамонро гирифтем. Вай бошад, ҳеҷ кори баде накардааст». Баъд ӯ гуфт: «Исо, илтимос, вақте ки дар тахти Подшоҳиат мешинӣ, маро ба ёдат биёр». Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки худи ҳамин рӯз бо Ман дар биҳишт мешавӣ». Қариби нисфирӯзӣ буд, ки тамоми рӯйи заминро торикӣ фаро гирифт ва то соати се давом ёфт. Офтоб рӯшноӣ намекард ва ҳамин вақт пардае, ки ҷойи муқаддастарини маъбади Худоро ҷудо мекард, дарида ду пора шуд. Исо бо овози баланд нидо кард: «Эй Падар! Рӯҳи Худро ба дасти Ту месупорам!» Инро гуфта, ҷон дод. Яке аз сардорони лашкар ин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд ва гуфт: «Дар ҳақиқат ин мард бегуноҳ буд». Тамоми мардуме, ки ба тамошои ин ҳодиса ҷамъ омада буданд, инро дида, аз ғам мушт бар қафаси сина мезаданду ба хонаҳояшон бармегаштанд. Вале ҳамаи онҳое, ки Исоро пештар мешинохтанд ва занҳое, ки бо Ӯ аз Ҷалил омада буданд, аз дур истода тамоми воқеаҳоро тамошо мекарданд. Юсуф ном марди хубу некукор аз шаҳри Ромои яҳуднишин буд. Ӯ фаро расидани Подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид ва бо вуҷуди аъзои шӯрои пирон буданаш, бо кору қарори баровардаи шӯро розӣ набуд. Юсуф пеши Пилотус рафта, ҷасади Исоро талаб кард. Ӯ онро аз салиб пойин фароварда, ба матои суф печонду ба қабре, ки дар ғоре сохта шуда буд, гузошт. То ҳол ба он қабр касеро нагузошта буданд. Рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат наздик буду мардум ба он тайёрӣ медиданд. Занҳое, ки бо Исо аз Ҷалил омада буданд, аз ақиби Юсуф рафта, ҳам қабр ва ҳам тарзи гӯронда шудани ҷасади Исоро диданд. Баъд онҳо ба хонаҳояшон баргашта, равғанҳои хушбӯй ва молиданиҳоро тайёр намуданд. Дар рӯзи шанбе онҳо мувофиқи қонуни шариат дам гирифтанд. Рӯзи якшанбе, саҳарии барвақт занҳо атрҳои хушбӯйро гирифта, ба сӯи қабр равона шуданд. Вале омада диданд, ки санги даҳани қабр ба як тараф ғелонда шудааст. Онҳо ба дарун даромада ҷасади Худованд Исоро наёфтанд. Занҳо ҳайрон шуда меистоданд, ки баногоҳ дар пеши назарашон ду кас пайдо шуданд, ки дар тан либосҳои дурахшон доштанд. Занҳо аз тарс худро рӯй ба замин партофтанд, вале он ду нафар ба онҳо гуфтанд: «Чаро зиндаро дар байни мурдаҳо меҷӯед? Ӯ зинда шуд ва дар ин ҷо нест. Ба ёд оред, ки вақти дар Ҷалил буданаш Ӯ ба шумо чӣ гуфта буд? Ӯ гуфта буд, ки Писари Одамизод бояд ба дасти гунаҳкорон супорида шавад ва онҳо бояд Ӯро ба салиб мехкӯб кунанд, вале дар рӯзи сеюм Ӯ бояд зинда гардад». Ва занҳо суханони Исоро ба хотир оварданд. Сипас, аз сари қабр баргашта, ҳамаи инро ба ёздаҳ шогирд ва ҳамаи дигарон нақл намуданд. Ин воқеаро ба фиристодагон Марями Маҷдалия, Юҳанна, Марями модари Яъқуб ва занҳои дигар нақл карданд. Вале суханони онҳо ба назари фиристодагон ҳамчун сафсата намуд ва онҳо ба гапи занҳо бовар накарданд. Петрус бошад, ҳамон замон ба сӯи қабр давида, ба даруни он нигоҳ кард, лекин танҳо кафани холиро диду аз ин ҳодиса ҳайрон шуда, ба хона баргашт. Худи ҳамон рӯз ду нафар аз пайравони Исо ба Аммоус ном деҳае равона буданд, ки тақрибан дувоздаҳ километер аз Уршалим дур буд. Роҳравон бо якдигар дар бораи ҳамаи ин воқеаҳо гуфтугӯ мекарданд. Ҳангоми гуфтугӯю муҳокимаашон Худи Исо ба онҳо наздик шуда, ҳамроҳашон равона шуд. Онҳо Исоро медиданду лекин намешинохтанд. Пас, Ӯ ба сухан даромада аз онҳо пурсид: «Шумо роҳравон чиро муҳокима мекунед?» Онҳо, ки чеҳраҳои ғамгин доштанд, бозистоданд ва якеашон, ки Клеупос ном дошт, ба саволи Исо бо савол ҷавоб дод: «Дар ин рӯзҳо дар Уршалим чанд воқеа рӯй дод. Аз афташ ту ягона мусофире ҳастӣ, ки аз ин воқеаҳо хабар надорӣ». Исо пурсид: «Аз кадом воқеаҳо?» Онҳо гуфтанд: «Аз воқеаҳое, ки бо Исои Носирӣ рӯй дод. Ӯ дар пеши Худову тамоми мардум пайғамбари дар гуфтору кирдор тавоно буд. Вале коҳинони калон ва роҳбарони мо Ӯро ба дасти Пилотус супориданд, то ба марг маҳкум намоянд ва Ӯро ба салиб мехкӯб карданд. Мо бошем, умед доштем, ки Ӯ Исроилро озод мекунад. Аммо имрӯз се рӯз мешавад, ки ин воқеа рӯй дод ва ҳоло занҳое, ки ҳамроҳи мо буданд, моро ҳайрон карданд. Онҳо саҳарии барвақт ба сари қабр рафта, ҷасади Исоро наёфтанд. Сипас, баргашта, арз намуданд, ки ба онҳо фариштагон зоҳир шуда гуфтанд, ки Ӯ зинда аст. Чанд нафар аз ҳамроҳони мо ба сари қабр рафта, ҳама чизро ҳамон тавре ки занҳо гуфта буданд, дарёфтанд, вале Худи Исоро надиданд». Исо ба он ду нафар гуфт: «Эй нодонон! Шумо бо душворӣ ба гуфтаҳои пайғамбарон имон меоваред! Масеҳи Худо пеш аз соҳиби тамоми шуҳрату ҷалолаш шудан бояд ҳамаи ин азобро аз сар мегузаронд». Он гоҳ Ӯ аз навиштаҳои Мусо ва ҳамаи пайғамбарон сар карда ҳар як ҷойи навиштаҷотро, ки дар бораи Ӯ гуфта буд, ба онҳо фаҳмонд. Вақте он ду нафар ба деҳаи Аммоус наздик шуданд, Исо чунин вонамуд кард, ки роҳашро давом додан мехоҳад. Вале онҳо Ӯро бисёр хоҳиш карда гуфтанд: «Бо мо бимон. Рӯз ба охир расида истодаасту шом наздик аст». Исо ба хона даромада, бо он ду нафар монд. Ӯ бо онҳо дар сари дастархон нишаста, нонро ба даст гирифт ва дуои шукрона карду онро пора карда ба он ду нафар дод. Ҳамин вақт гӯё пардае аз чашмони он ду нафар бардошта шуд ва онҳо Исоро шинохтанд, вале Ӯ аз назари онҳо нопадид гашт. Онҳо ба якдигар мегуфтанд: «Вақте ки Ӯ дар роҳ бо мо суҳбат мекарду маънои навиштаҷотро мекушод, диламон аз ҳаяҷон метапид!» Онҳо зуд аз ҷой бархеста, ба Уршалим баргаштанду он ёздаҳ фиристода ва пайравони дигари Исоро ёфтанд, ки бо ҳам ҷамъ омада буданд. Фиристодагон ва пайравон мегуфтанд: «Дар ҳақиқат Худованд Исо зинда шуд! Вай ба Шимъун зоҳир гардидааст». Баъд он ду нафар низ ба ҷамъшудагон нақл карданд, ки дар роҳ чӣ воқеа рӯй дод ва чӣ хел онҳо Исоро дар вақти нон шикастанаш шинохтанд. Вақте ки шогирдон дар ин бора нақл мекарданд, Худи Исо дар миёни онҳо пайдо шуда гуфт: «Сулҳу осоиш бар шумо бод!» Онҳо ба тарсу ҳарос афтода, фикр мекарданд, ки арвоҳро мебинанд. Ӯ аз онҳо пурсид: «Чаро ин қадар метарсед ва барои чӣ дар дилатон шубҳае пайдо шуд? Ба дастонам ва пойҳоям нигоҳ кунед, ин Ман ҳастам. Ба Ман даст расонда бинед, ки Ман ҷисму устухон дорам, вале арвоҳ ин чизҳоро надорад». Инро гуфта, дастону пойҳои Худро ба онҳо нишон дод. Онҳо аз хурсандӣ ҳеҷ бовар карда наметавонистанду хеле ҳайрон буданд. Он гоҳ Ӯ аз онҳо пурсид: «Шумо дар ин ҷо ягон чизи хӯрданӣ доред?» Онҳо ба Исо як бурда моҳии пухтагӣ доданд. Вай моҳиро гирифта, дар пеши назари онҳо хӯрд. Баъд ба онҳо гуфт: «Суханҳое, ки ҳанӯз дар вақти бо шумо буданам ба шумо мегуфтам, чунин маъно доранд: ҳамаи он чизе, ки нисбати Ман дар шариати Мусо, гуфтаҳои пайғамбарон ва дар китоби Забур навишта шудааст, бояд иҷро шавад». Он гоҳ Исо ақли онҳоро равшан сохт, то ки маънои навиштаҷотро фаҳмида тавонанд. Баъд ба онҳо гуфт: «Мувофиқи гуфтаҳои навиштаҷот Масеҳ бояд азоб кашад ва дар рӯзи сеюм зинда шавад. Ҳамчунин ба номи Масеҳ аз Уршалим сар карда ба ҳамаи халқҳо эълон карда мешавад, ки агар тавба карда аз гуноҳҳояшон даст кашанд, гуноҳҳояшон бахшида мешавад. Шумо шоҳидони ҳамаи ин воқеаҳо ҳастед. Ман ба шумо Ҳамонеро, ки Падарам ваъда кардааст, мефиристам. Инак, шумо то вақти аз осмон қувват гирифтанатон дар Уршалим бимонед». Исо шогирдонро берун аз шаҳр бароварда, ҳамроҳашон то худи Байт-Анё рафт ва дастонашро боло бардошта, онҳоро баракат дод. Вақте ки баракат медод, аз онҳо ҷудо шуда, ба осмон бурда шуд ва онҳо ба Ӯ саҷда намуда, бо шодии бепоён ба Уршалим баргаштанд. Сипас, ҳамеша дар ҳавлии маъбади Худо буда, Худоро ҳамду сано мехонданд. Дар ибтидо Калом буд ва Калом бо Худо буд ва Калом Худо буд. Вай дар аввал бо Худо буд ва ҳама чиз ба воситаи Калом офарида шуд ва бе Ӯ ягон чизи офаридашуда пайдо нашуд. Дар Калом ҳаёт буд ва ин ҳаёт барои одамон нур буд. Нур дар торикӣ медурахшад ва торикӣ онро фаро гирифта наметавонист. Марде бо номи Яҳё аз тарафи Худо фиристода шуда буд, ки дар бораи нур шаҳодат диҳад ва ҳама ба воситаи Яҳё имон оваранд. Яҳё худ нур набуд, вале барои он омад, ки дар бораи нур шаҳодат диҳад. Он нури ҳақиқие, ки ба ҳамаи одамон равшанӣ медиҳад, ба ҷаҳон омада истода буд. Ӯ ба ҷаҳоне, ки ба воситааш офарида шудааст, омада буд, лекин ҷаҳон Ӯро нашинохт. Вай ба назди халқи Худ омад, вале онҳо Ӯро қабул накарданд. Аммо ба касоне, ки Ӯро қабул карданду ба Ӯ имон оварданд, ҳақ дод, ки фарзандони Худо шаванд. Онҳо на ба таври табиӣ, на аз рӯйи хоҳиши ҷисм ва на аз рӯйи хоҳиши мард, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд. Инак, Калом одам шуд ва Ӯ дар миёни мо пур аз файзу меҳрубонӣ ва ростӣ зиндагӣ мекард. Мо он бузургиро, ки Падар ба Писари Ягонаи Худ додааст, дидаем. Яҳё дар бораи Ӯ шаҳодат доду бо овози баланд гуфт: «Ӯ ҳамон Шахсест, ки дар борааш гуфта будам, ки баъд аз ман Шахси бузургтаре меояд, чунки Ӯ пеш аз ман вуҷуд дошт». Аз пуррагии Ӯ мо файзу меҳрубонии фаровон ёфтаем. Худо шариатро ба воситаи Мусо додааст, вале файзу меҳрубонӣ ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад. Худоро ҳеҷ гоҳ касе надидааст. Ӯро фақат Писари яккаву ягона, ки ҳамеша бо Падар аст, барои мо ошкор кардааст. Шаҳодати Яҳё чунин буд. Роҳбарони яҳудӣ аз Уршалим ба назди Яҳё чанд нафар коҳинон ва левизодагонро фиристоданд, то ки аз ӯ дар бораи кӣ буданаш бипурсанд. Яҳё аз ҷавоб рӯ нагардонда, ошкоро эълон кард: «Ман Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо нестам». Онҳо боз пурсиданд: «Пас ту кистӣ? Оё Илёс пайғамбарӣ?» «Не», – ҷавоб дод ӯ. «Ё ҳамон пайғамбарӣ, ки мунтазираш ҳастем?» «Не», – гуфт ӯ. Онҳо пурсиши худро давом доданд: «Охир ту кистӣ? Мо бояд ба касоне, ки моро фиристодаанд, ҷавоб диҳем. Ту дар бораи худ чӣ мегӯйӣ?» Яҳё бо суханоне, ки Ишаъё пайғамбар гуфта буд, ҷавоб дод: «Ман касе ҳастам, ки „дар биёбон фарёд зада мегӯяд: «Барои омадани Худованд роҳро рост намоед!»“» Аз тарафи равияи фарисиён низ фиристодашудагоне буданд, ки аз ӯ пурсиданд: «Модоме ки ту на Масеҳ, на Илёс ва на ҳамон пайғамбаре ҳастӣ, ки интизораш ҳастем, пас чаро мардумро таъмид медиҳӣ?» Яҳё ҷавоб дод: «Ман фақат ҳамчун рамзи шустани гуноҳҳо бо об таъмид медиҳам, вале дар байни шумо Шахсе ҳаст, ки шумо намешиносед. Ӯ Ҳамонест, ки баъд аз ман меояд, лекин ман ҳатто лоиқ нестам, ки банди пойафзолашро кушоям». Ҳамаи ин воқеа дар деҳаи Байт-Анё, дар соҳили дигари дарёи Урдун рӯй дод. Яҳё одатан мардумро дар он ҷо таъмид медод. Рӯзи дигар Яҳё ба наздаш омада истодани Исоро дида гуфт: «Ана ин аст Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро аз байн мебарад! Ӯ ҳамон Шахсест, ки дар борааш гуфта будам: „Баъд аз ман Шахси бузургтаре меояд, чунки Ӯ пеш аз ман вуҷуд дошт“. Ман Ӯро намешинохтам, вале барои ҳамин омада, бо об таъмид додам, ки Ӯ барои мардуми Исроил маълум гардад». Баъд шаҳодат дода гуфт: «Ман дидам, ки Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо, монанди кабӯтар бар болои Ӯ аз осмон фаромада истод. Ман Ӯро намешинохтам, вале Худо, ки маро барои бо об таъмид додан фиристод, ба ман гуфта буд: „Вақте Шахсеро мебинӣ, ки Рӯҳ бар болои Ӯ фаромада меистад, бидон, Вай ҳамон Шахсест, ки бо Рӯҳулқудс таъмид медиҳад“. Ман инро дидам ва шаҳодат медиҳам, ки Ӯ Писари Худост». Рӯзи дигар Яҳё бо ду нафар шогирди худ боз дар ҳамон ҷо меистод ва Исоро, ки аз роҳ гузашта истода буд, дида гуфт: «Бубинед! Ана Ӯ Барраи Худо аст!» Он ду шогирд суханонашро шунида, аз паси Исо равона шуданд. Вақте Исо ба ақибаш нигоҳ карда дид, ки онҳо аз паси Ӯ меоянд, ба онҳо гуфт: «Шумо чӣ мехоҳед?» Онҳо дар ҷавоб пурсиданд: «Раббӣ! Ту дар куҷо зиндагӣ мекунӣ?» (Маънои калимаи «Раббӣ» устод аст). Ӯ гуфт: «Биёед ва бубинед». Вақте ки онҳо бо Исо рафта диданд, ки Ӯ дар куҷо зиндагӣ мекунад, соат қариби чори бегоҳ буд ва онҳо ҳамон рӯз ҳамроҳи Ӯ монданд. Яке аз он ду нафар, ки суханони Яҳёро шунида, аз паси Исо равона шуд, Андриёс, бародари Шимъуни Петрус буд. Ӯ аввал бародари худ Шимъунро ёфта ба вай гуфт: «Мо Масеҳро ёфтем» Андриёс Шимъуни Петрусро ба назди Исо овард. Исо бодиққат ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «Ту Шимъун, писари Юҳанно ҳастӣ. Аммо аз ин пас Кифо номида мешавӣ» (маънои калимаи «Петрус» аз забони юнонӣ ва «Кифо» аз забони ибриён санг аст). Рӯзи дигар Исо хост, ки ба Ҷалил биравад. Ӯ Филиппусро ёфта, гуфт, ки аз пасаш биёяд. Филиппус ҳам монанди Андриёс ва Петрус аз шаҳри Байт-Сайдо буд. Филиппус дар навбати худ Натаноилро ёфта, ба ӯ гуфт: «Мо ҳамон Шахсеро ёфтем, ки Мусо дар Таврот ва пайғамбарон дар борааш навишта буданд! Ин Исо, писари Юсуф, аз шаҳри Носира аст». «Аз Носира? Магар аз Носира чизи хубе баромада метавонад?» – гуфт Натаноил. Филиппус ҷавоб дод: «Рафтем ва худат мебинӣ». Исо Натаноили ба наздаш омадаистодаро дида, дар бораи ӯ гуфт: «Ана ин исроилии ҳақиқӣ аст, ки дар дил макре надорад». «Ту маро аз куҷо мешиносӣ?» – пурсид Натаноил. Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Ҳанӯз пеш аз он ки Филиппус туро даъват кунад, Ман туро дар зери дарахти анҷир дидам». Натаноил гуфт: «Эй Устод, Ту Писари Худо ва Подшоҳи Исроил ҳастӣ!» Исо ҷавоб дод: «Магар ту барои он имон овардӣ, ки „туро дар зери дарахти анҷир дида будам“ гуфтам? Ту корҳои аз ин ҳам бузургтарро мебинӣ. Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки баъд аз ин шумо осмонро кушода ва ба пеши Писари Одамизод фаромадану боло баромадани фариштагони Худоро хоҳед дид». Баъд аз ду рӯз дар шаҳри Қонои Ҷалил тӯйи арӯсӣ буд ва модари Исо ҳам дар он ҷо буд. Исо низ бо шогирдони Худ ба тӯй даъват шуда буд. Вақте ки шароб тамом шуд, модари Исо ба Вай гуфт: «Инҳо шароб надоранд». Исо ба ӯ гуфт: «Ин ба Ману ту чӣ дахл дорад, модар?! Охир вақту соати Ман ҳоло нарасидааст». Модари Ӯ ба хизматгорон гуфт: «Ҳар чизе, ки Вай ба шумо гӯяд, иҷро кунед». Дар он ҷо шаш кӯзаи сангин барои об буд, ки аз рӯйи урфу одати яҳудиён онро барои таҳорат кардан истифода мебурданд. Ҳар кадоми онҳо аз ҳафтод то яксаду даҳ литри об ғунҷоиш дошт. Исо ба хизматгорон гуфт: «Кӯзаҳоро аз об пур кунед». Хизматгорон онҳоро лабрез карданд. Баъд Ӯ гуфт: «Акнун аз он об гирифта, ба роҳбари тӯй баред» ва онҳо гирифта бурданд. Роҳбари тӯй аз куҷо будани шаробро намедонист, танҳо хизматгороне, ки аз кӯза об гирифтанд, аз ин огоҳ буданд. Роҳбари тӯй оби ба шароб табдилшударо чашида, домодро ба назди худ даъват карду ба ӯ гуфт: «Ҳар кас аввал шароби беҳтаринро оварда мегузорад ва баъд вақте ки меҳмонон бисёр менӯшанд, шароби арзонро меорад, аммо ту шароби беҳтаринро то ҳол нигоҳ доштаӣ». Он чизе, ки Исо дар Қонои Ҷалил кард, муъҷизаи аввалини Ӯ буд. Исо ҳамин тавр бузургии Худро нишон дод ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд. Баъд аз он Исо ба шаҳри Кафарнаҳум рафт. Модари Исо, бародарон ва шогирдонаш ҳам ҳамроҳи Ӯ буданд. Онҳо дар он ҷо якчанд рӯз монданд. Рӯзи иди Наҷоти яҳудиён наздик омад ва Исо ба Уршалим рафт. Ӯ дар ҳавлии маъбади Худо шахсонеро дид, ки бо фурӯши барзагов, гӯсфанд ва кабӯтар машғул буданд. Пуливазкунандагон низ дар сари мизҳои худ нишаста буданд. Исо аз банд қамчин сохта, ҳамаи онҳоро бо барзагову гӯсфандонашон аз маъбади Худо берун ронда, мизҳои пуливазкунандагонро чаппа кард ва пулҳояшонро ба замин пошид. Ба кабӯтарфурӯшон бошад, гуфт: «Инҳоро аз ин ҷо дур кунед! Хонаи Падари Маро ба бозор табдил надиҳед!» Шогирдони Ӯ ба ёд оварданд, ки дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст: «Оташи рашк нисбат ба Хонаи Ту дар дилам аланга мезанад». Он гоҳ роҳбарони яҳудӣ аз Ӯ пурсиданд: «Бо кадом аломат ҳақ будани ин рафторатро исбот мекунӣ?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин маъбади Худоро вайрон кунед ва Ман онро дар се рӯз аз нав барпо мекунам». «Ин маъбад дар давоми чилу шаш сол сохта шудааст. Ту бошӣ, онро дар се рӯз аз нав барпо кардан мехоҳӣ?!» – гуфтанд онҳо. Аммо Ӯ «маъбади Худо» гуфта, бадани Худро дар назар дошт. Аз ин рӯ, вақте ки Ӯ аз мурдагон зинда шуд, шогирдонаш ин суханони Ӯро ба хотир оварданд ва ба навиштаҷоту суханони Исо имон оварданд. Дар он рӯзҳои иди Наҷот, ки Исо дар Уршалим буд, мардуми бисёре муъҷизаҳои Ӯро дида ба Ӯ имон оварданд. Аммо Худи Исо ба ҳеҷ кас боварӣ надошт, чунки аз дили ҳамаи онҳо бохабар буд. Бино бар ин, Ӯ муҳтоҷи он набуд, ки касе ба Ӯ дар бораи одамон нақл кунад, чунки Ӯ Худ медонист, ки дар дили одам чӣ ҳаст. Дар байни роҳбарони яҳудиён аз равияи фарисиён Никудимус ном марде буд. Ӯ шабона назди Исо омада гуфт: «Устод, мо медонем, ки Ту аз тарафи Худо фиристода шудаӣ. Зеро агар Худо бо касе набошад, ӯ чунин муъҷизаҳоеро, ки Ту нишон медиҳӣ, ба амал оварда наметавонад». Исо дар ҷавоб ба ӯ гуфт: «Ба ту сухани ҳақ ва ростро мегӯям, агар одам аз олами боло таваллуд наёбад, Подшоҳии Худоро дида наметавонад». Никудимус аз Ӯ пурсид: «Чӣ тавр одами солхӯрда боз аз нав таваллуд ёфта метавонад? Магар ӯ метавонад боз ба шиками модараш баргашта, дубора таваллуд ёбад?» Исо ҷавоб дод: «Ба ту сухани ҳақ ва ростро мегӯям, агар касе аз об ва Рӯҳ таваллуд наёбад, ба Подшоҳии Худо даромада наметавонад. Он чи аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст ва он чи аз Рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст. Аз он чи ба ту гуфтам „Шумо бояд аз олами боло таваллуд ёбед“ ҳайрон нашав. Бод дар ҳар ҷо ки хоҳад, мевазад. Ту садои онро мешунавӣ, аммо намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад. Бо ҳар касе, ки аз Рӯҳ таваллуд меёбад, ана ҳамин тавр мешавад». Никудимус пурсид: «Ин чӣ хел мешавад?» Исо дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ту устоди мардуми Исроил ҳастӣ ва магар ин чизҳоро намедонӣ? Ба ту сухани ҳақ ва ростро мегӯям, Мо чизи медонистагиамонро мегӯем ва дар бораи чизи дидагиамон шаҳодат медиҳем, лекин шумо шаҳодати Моро қабул намекунед. Агар шумо ба чизҳои заминие, ки дар бораашон ба шумо гуфтам, бовар накунед, пас вақте ки дар бораи чизҳои осмонӣ мегӯям, ба Ман чӣ тавр бовар мекунед? Ғайр аз Писари Одамизод, ки аз осмон фаромадааст, ҳеҷ каси дигар ба осмон набаромадааст. Чӣ тавре ки Мусо дар биёбон мори биринҷиро дар чӯб боло бардошта буд, ҳамон тавр Писари Одамизод ҳам бояд боло бардошта шавад, то ҳар касе, ки ба Ӯ имон меоварад, ҳаёти абадӣ дошта бошад. Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари Ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, намирад, балки ҳаёти абадӣ дошта бошад. Зеро Худо Писарро на барои ҳукм кардани ҷаҳон фиристод, балки барои он, ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад. Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳукм карда намешавад, аммо ҳар кӣ имон наоварад, аллакай ҳукм карда шудааст, чунки ба номи Писари Ягонаи Худо имон наовардааст. Ҳукм ин аст, ки нур ба ҷаҳон омад, вале мардум торикиро аз нур зиёдтар дӯст доштанд, зеро корҳои онҳо бад аст. Ҳар касе, ки кори бад мекунад, аз нур нафрат дорад ва ба сӯи нур намеояд, то ки корҳои бади ӯ ошкор нашаванд. Аммо ҳар касе ки кори дуруст мекунад, ба сӯи нур меояд, то ки корҳои бо ёрии Худо кардааш маълум шаванд». Баъд аз он Исо бо шогирдони Худ ба сарзамини Яҳудия рафта, ҳамроҳи онҳо дар он ҷо монда, мардумро таъмид медод. Яҳё бошад, ин вақт дар шаҳраки Энӯни наздики Солим, ки дар он ҷо об фаровон буд, ба таъмид додан машғул буд. Мардум ба назди ӯ меомаданду таъмид мегирифтанд. Он вақт Яҳёро ҳанӯз ба зиндон наандохта буданд. Боре дар байни шогирдони Яҳё ва як нафар аз яҳудиён дар масъалаи таҳорат баҳс пайдо шуд. Онҳо ба назди Яҳё омада, ба ӯ гуфтанд: «Устод, он касе, ки дар соҳили шарқии Урдун бо ту буд ва ту дар борааш шаҳодат дода будӣ, Ӯ ҳам таъмид дода истодааст ва ҳама пеши Ӯ мераванд!» Яҳё ҷавоб дод: «Инсон фақат он чизро дошта метавонад, ки аз осмон ба ӯ ато шудааст. Шумо худатон шоҳид ҳастед, ман гуфта будам, ки „Ман Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо нестам“, аммо пеш аз Ӯ фиристода шудаам. Шахсеро, ки арӯс дорад, домод меноманд ва дӯсти домод бошад, дар паҳлуи ӯ истода, овози домодро шунида хурсанд мешавад. Ҳамин тавр хурсандии ман беҳадду канор аст. Ӯ бояд боз ҳам бузургтар шавад, аммо ман боз ҳам хурдтар. Касе ки аз боло меояд, аз ҳама бузургтар аст. Касе ки аз замин аст, худ заминист ва чун заминӣ сухан мегӯяд. Аммо касе ки аз осмон меояд, аз ҳама болотар аст. Ӯ дар бораи он чи Худ дидаасту шунидааст, шаҳодат медиҳад, аммо шаҳодати Ӯро ҳеҷ кас қабул намекунад. Вале ҳар касе, ки шаҳодати Ӯро қабул мекунад, бо ин тасдиқ мекунад, ки Худо ҳамеша ҳақ аст. Шахси Фиристодашудаи Худо суханони Худоро мегӯяд, чунки Худо Рӯҳашро беандоза мебахшад. Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст. Ҳар кӣ ба Писари Худо имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мешавад, аммо ҳар кӣ ба Писар итоат намекунад, ҳеҷ гоҳ ҳаёти абадиро намебинад ва гирифтори ғазаби Худо мегардад». Фарисиён шуниданд, ки Исо аз Яҳё бештар шогирд дошт ва бештар мардумро таъмид медод, ҳол он ки на Худи Исо, балки шогирдони Ӯ мардумро таъмид медоданд. Вақте ки Исо дар бораи ин фаҳмид, Ӯ Яҳудияро тарк кард ва боз ба сӯи Ҷалил равона шуд. Роҳи Ӯ аз вилояти Сомара мегузашт. Инак, Исо ба Сухар ном шаҳри Сомара омада расид. Он дар наздикии заминест, ки Яъқуб ба писари худ Юсуф дода буд. Дар он ҷо чоҳи Яъқуб буд. Исо аз сафар монда шуда, барои дам гирифтан дар канори чоҳ нишаст. Вақт қариби нисфирӯзӣ буд. Шогирдони Ӯ барои харидани хӯрокворӣ ба шаҳр рафтанд. Ҳамин вақт як зани сомарӣ барои об ба сари чоҳ омад. Исо ба зан гуфт: «Барои нӯшиданам об деҳ». Он зан ба Ӯ гуфт: «Чӣ тавр Ту, ки яҳудӣ ҳастӣ, аз ман, зани сомарӣ об мехоҳӣ?» Гап дар сари он аст, ки яҳудиён бо сомариён ҳеҷ рафтуомаде надоштанд ва ҳатто гап намезаданд. Исо ҷавоб дод: «Агар ту медонистӣ, ки атои Худо чист ва Кӣ ба ту „барои нӯшиданам об деҳ“ мегӯяд, ту худат аз Ӯ об хоҳиш мекардӣ ва Ӯ ба ту оби ҳаёт медод». Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, Ту сатил надорӣ, чоҳ бошад, чуқур аст. Пас аз куҷо оби ҳаёт мегирӣ? Магар Ту аз падари мо Яъқуб, ки ин чоҳро ба мо додааст ва аз он худаш, писаронаш ва чорвояш об менӯшиданд, бузургтар ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ҳар касе ки аз ин об нӯшад, боз ташна мемонад. Аммо ҳар кӣ аз обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, бинӯшад, ҳеҷ гоҳ ташна намемонад. Обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, дар ботинаш чашмаи оби ҳаётбахш мегардад ва ӯро ба ҳаёти абадӣ мебарад». Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, ба ман аз ин об деҳ, ки дигар ташна намонам ва барои об ба назди ин чоҳ наоям!» Исо ба ӯ гуфт: «Рафта, шавҳаратро ҷеғ зада биё». «Ман шавҳар надорам», – ҷавоб дод зан. Исо ба ӯ гуфт: «Рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ. Ту панҷ шавҳар доштӣ ва он марде, ки бо ӯ ҳоло зиндагӣ мекунӣ, шавҳари ту нест. Ин суханат рост аст». Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, мебинам, ки Ту пайғамбар ҳастӣ. Аҷдодони мо дар болои ин кӯҳ саҷда мекарданд, аммо шумо, яҳудиён мегӯед, ки одамон бояд дар Уршалим саҷда кунанд». Исо ба ӯ дар ҷавоб гуфт: «Эй зан, ба Ман бовар кун, ки вақту соате фаро мерасад, ки ба Падари осмонӣ на дар болои ин кӯҳ ва на дар Уршалим саҷда хоҳед кард. Шумо, сомариён намедонед, ки ба кӣ саҷда мекунед, аммо мо медонем, ки ба кӣ саҷда мекунем, зеро наҷот ба воситаи яҳудиён меояд. Вале вақту соате меояд ва аллакай фаро расидааст, ки саҷдакунандагони ҳақиқӣ ба Падар дар рӯҳ ва ростӣ саҷда мекунанд, зеро Падар барои Худ чунин саҷдакунандагонро меҷӯяд! Худо рӯҳ аст ва онҳое, ки ба Ӯ саҷда мекунанд, бояд дар рӯҳ ва ростӣ саҷда кунанд». Зан ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки Масеҳ бояд биёяд. Вақте ки Ӯ меояд, ҳама чизро ба мо мефаҳмонад». «Ҳамон Кас Манам, ки бо ту суҳбат мекунам», – ҷавоб дод Исо. Ҳамин вақт шогирдони Исо аз шаҳр баргашта, ҳайрон монданд, ки Исо бо зане суҳбат мекунад. Лекин касе напурсид, ки Исо чӣ мехоҳад ё чаро бо он зан суҳбат мекунад. Зан кӯзаи худро монд ва ба шаҳр рафта, ба мардум гуфт: «Рафтем, шахсеро мебинед, ки ҳар кори дар зиндагӣ кардаамро ба ман пурра гуфт. Шояд Ӯ Таъйиншудаи Худо бошад?» Он гоҳ мардум аз шаҳр баромада ба назди Исо омаданд. Дар ин миён шогирдон аз Исо хоҳиш карда гуфтанд: «Устод, ягон чиз бихӯр!» Исо ҷавоб дода гуфт: «Ман хӯроке дорам, ки шумо аз он бехабаред». Шогирдон боз ба ҳамдигар гуфтанд: «Шояд касе ба Ӯ хӯрок оварда бошад?» Исо ба онҳо гуфт: «Хӯроки Ман ин аст, ки хости Фиристандаамро иҷро кунам ва кори Ӯро ба анҷом расонам. Магар шумо намегӯед, ки „Баъд аз чор моҳи дигар мавсими дарав фаро мерасад?“ Аммо Ман ба шумо мегӯям, ки чашмонатонро кушода, ба киштзор нигоҳ кунед, ки он чӣ гуна пухта расида, барои дарав тайёр шудааст! Даравгар ҳам музди худро мегирад ва ҳам барои ҳаёти абадӣ ҳосил ҷамъ мекунад, то ки ҳам коранда ва ҳам даравгар якҷоя хурсанд шаванд. Ин ҷо чунин сухан бамаврид аст: „Яке мекораду дигаре медаравад“. Ман шуморо барои даравидани ҳосиле фиристодам, ки шумо барои он заҳмат накашидаед, дигарон заҳмат кашидаанд, аммо шумо ба маҳсули меҳнати онҳо шарик шудаед». Мардуми зиёде аз сомариёни ин шаҳр ба хотири суханони он зан, ки «ҳар кори дар зиндагӣ кардаамро ба ман пурра гуфт», ба Исо имон оварданд. Вақте ки сомариён ба назди Исо омада, аз Ӯ хоҳиш карданд, ки ҳамроҳи онҳо бимонад, Ӯ ду рӯз дар он ҷо монд. Он гоҳ шумораи зиёдтари мардум ба Исо аз рӯйи суханони Худи Ӯ имон оварданд. Онҳо ба он зан гуфтанд: «Акнун мо на ба хотири суханони ту имон овардем, балки худамон суханҳояшро шунида фаҳмидем, ки Вай ҳақиқатан Наҷотдиҳандаи ҷаҳон аст». Баъд аз ду рӯз Исо аз он ҷо баромада, ба Ҷалил рафт. Ӯ Худ шаҳодат медод, ки пайғамбар дар диёри худ қадр надорад. Аммо, вақте ки Ӯ ба Ҷалил омад, мардуми он ҷо Ӯро қабул карданд, чунки онҳо ҳангоми ҷашни ид дар Уршалим буданд ва ҳамаи корҳоеро, ки Исо дар он ҷо карда буд, дида буданд. Исо боз ба Қонои Ҷалил, ки пештар дар он ҷо обро ба шароб табдил дода буд, омад. Дар шаҳри Кафарнаҳум писари яке аз мансабдорони дарбор бемор буд. Ин кас аз Яҳудия ба Ҷалил омадани Исоро шунида ба назди Ӯ омад ва илтиҷо кард, ки ба Кафарнаҳум омада, писари ӯро, ки дар дами марг буд, шифо бахшад. Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Эй одамон, то аломату муъҷизаҳоро набинед, имон намеоваред». «Хоҷаам! Писарам ҳанӯз намурда биёед!» – гуфт мансабдор. Исо гуфт: «Ба хонаат баргард, писарат зинда мемонад». Он мард ба суханони Исо имон оварда, ба хонааш рафт. Ҳанӯз дар роҳ хизматгоронаш ӯро пешвоз гирифтанд ва гуфтанд, ки писараш сиҳат шуд. Мансабдор аз онҳо пурсид, ки дар кадом соат ҳолаш хуб шуд. Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Табаш дирӯз соати яки рӯз паст шуд». Он гоҳ падари бача фаҳмид, ки ин дар ҳамон соате рӯй дод, ки Исо ба ӯ «писарат зинда мемонад» гуфта буд. Пас ӯ ва тамоми аҳли хонаводааш ба Исо имон оварданд. Ин муъҷизаи дуюме буд, ки Исо баъди аз Яҳудия ба Ҷалил баргаштанаш нишон дода буд. Баъд аз он иди яҳудиён буд ва Исо ба шаҳри Уршалим рафт. Дар Уршалим, дар наздикии Дарвозаи Гӯсфандон ҳавзе буд, ки ба забони ибриён Байт-Ҳасдо номида мешуд. Он панҷ айвон дошту шумораи зиёди беморон: кӯрҳо, лангҳо ва шалҳо дар он ҷо мехобиданд. Дар он ҷо инчунин марде мехобид, ки сию ҳашт сол боз гирифтори беморӣ буд. Вақте Исо он бемори хобидаро дид ва фаҳмид, ки ӯ муддати дароз бемор аст, аз вай пурсид: «Мехоҳӣ сиҳат шавӣ?» Бемор ҷавоб дод: «Хоҷа, ман касе надорам, ки ҳангоми ба ҳаракат омадани об, маро ба ҳавз андозад. То ман наздик мешавам, ки каси дигар аллакай аз ман пештар ба ҳавз медарояд». Исо ба ӯ гуфт: «Бархез, ҷогаҳатро бардошта роҳ гард!» Он мард ҳамон дам сиҳат шуда, ҷогаҳи худро бардошта рафт. Он рӯз шанбе, яъне рӯзи истироҳат буд. Аз ин сабаб роҳбарони яҳудӣ ба марди шифоёфта гуфтанд: «Имрӯз рӯзи шанбе аст, бинобар ин раво нест, ки ҷогаҳатро бардошта барӣ!» «Касе, ки маро шифо дод, ба ман „Ҷогаҳатро бардошта роҳ гард“ гуфт», – ҷавоб дод ӯ. Онҳо аз ӯ пурсиданд: «Кадом одам ба ту „Ҷогаҳатро бардошта роҳ гард“ гуфт?» Аммо марди шифоёфта намедонист, ки Вай кӣ буд, чунки Исо дар байни тӯдаи одамон аз назар ғоиб шуд. Пас аз он Исо ӯро дар маъбади Худо дида гуфт: «Гӯш кун, акнун ту шифо ёфтӣ. Дигар гуноҳ накун, то ки ба аҳволи бадтаре дучор нашавӣ!» Он мард ба назди роҳбарони яҳудӣ рафта, гуфт, ки ӯро Исо шифо додааст. Азбаски Исо чунин корҳоро дар рӯзи шанбе мекард, яҳудиён ба ғаму озор додани Ӯ шурӯъ карданд. Аммо Исо ба онҳо ҷавоб дода гуфт: «Падари Ман доимо кор мекунад ва Ман ҳам кор мекунам». Бино бар ин, дар дили роҳбарони яҳудӣ нияти куштани Исо боз зиёдтар шуд, чунки Ӯ на танҳо қоидаи рӯзи шанберо вайрон мекард, балки Худоро боз Падари Худ номида, Худро бо Худо баробар мекард. Аммо Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: Писар бо ихтиёри Худ ҳеҷ кореро карда наметавонад, фақат он кореро, ки Падар мекунад, дида, Писар низ онро мекунад. Зеро ҳар коре, ки Падар мекунад, ҳамонро Писар ҳам мекунад. Азбаски Падар Писарро дӯст медорад, ҳар чиро, ки Худ мекунад, ба Ӯ низ нишон медиҳад. Вай ба Писар корҳои аз ин ҳам бузургтарро нишон медиҳад, то ки ҳамаи шумо ба ҳайрат афтед. Ҳамон тавр ки Падар мурдагонро зинда мекунад ва ба онҳо ҳаёт мебахшад, ҳамчунин Писар ба ҳар кӣ хоҳад, ҳаёт мебахшад. Зеро Падар ҳеҷ касро ҳукм намекунад, балки ҳаққи ҳукм карданро пурра ба Писар додааст, то ҳама Писарро ҳамон тавр эҳтиром кунанд, ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе, ки Писарро эҳтиром намекунад, Падарро ҳам, ки Фиристандаи Ӯст, эҳтиром намекунад. Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: ҳар касе, ки сухани Маро мешунавад ва ба Фиристандаи Ман имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мебошад. Инчунин он кас ҳукм карда намешавад, балки аллакай аз марг ба ҳаёт гузаштааст. Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: вақту соате мерасад ва аллакай расидааст, ки мурдагон овози Писари Худоро мешунаванд ва ҳар касе, ки Ӯро бишнавад, зинда мешавад. Чунон ки Падар сарчашмаи ҳаёт аст, Писарро низ сарчашмаи ҳаёт кардааст. Инчунин Ӯ ба Писар қудрати ҳукм карданро додааст, зеро Вай Писари Одамизод аст. Аз ин дар ҳайрат намонед, чунки вақту соате мерасад, ки ҳамаи мурдагон овози Ӯро шунида, аз қабрҳояшон мебароянд. Онҳое, ки некӣ карда буданд, барои ҳаёт ва онҳое, ки бадӣ карда буданд, барои ҳукм шудан бармехезанд. Ман наметавонам ба ихтиёри Худ кореро иҷро кунам. Чунон ки Падар фармояд, Ман ҳамон тавр ҳукм мекунам ва ҳукми Ман одилона аст, зеро Ман на хости Худамро, балки хости Фиристандаамро иҷро кардан мехоҳам. Агар Ман дар бораи Худ шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман эътибор надорад. Аммо Ман шоҳиди дигаре дорам ва медонам, ки шаҳодати Ӯ дар бораи Ман ҳаққонист. Шумо одамони худро ба назди Яҳё фиристодед ва ӯ дар бораи ростӣ шаҳодат дод. Дар асл, Ман муҳтоҷи шаҳодати инсон нестам, фақат ба хотири наҷоти шумо инро гуфтам. Яҳё монанди чароғи фурӯзон дурахшанда буд ва шумо хостед, ки муддате ҳам бошад, дар равшании ӯ хурсандӣ кунед. Вале Ман шаҳодати бузургтар аз он, ки Яҳё дода буд, дорам. Он корҳое, ки барои иҷро кардан Падар ба Ман супоридааст ва худи он корҳое, ки Ман ба ҷо меоварам, шоҳиди онанд, ки Маро Падар фиристодааст! Худи Падарам, ки Маро фиристодааст, дар бораи Ман шаҳодат медиҳад. Шумо тамоман на овозашро шунидаед ва на рӯйи Ӯро дидаед. Каломи Ӯ дар дилҳои шумо нест, зеро шумо ба Каси фиристодааш имон намеоваред. Шумо навиштаҷотро меомӯзед ва фикр мекунед, ки ба воситаи онҳо ҳаёти абадиро ба даст меоваред. Вале он ҳам дар бораи Ман шаҳодат медиҳад. Бо вуҷуди ин шумо намехоҳед, ки ба пеши Ман оеду ҳаёти абадиро ба даст оваред. Ман ба таърифи инсон муҳтоҷ нестам. Ман медонам, ки шумо дар дилҳоятон муҳаббати Худоро надоред! Ман назди шумо аз номи Падари Худ омадаам ва шумо Маро қабул намекунед, вале агар каси дигар ба назди шумо аз номи худ биёяд, шумо ӯро қабул мекунед. Агар шумо таърифи якдигарро маъқул донед ва барои ба даст овардани таъриф аз Худои яккаву ягона кӯшиш накунед, чӣ тавр имон оварда метавонед?! Гумон накунед, ки Ман шуморо дар пеши Падар айбдор мекунам, айбдоркунандаи шумо Мусо аст, ки ба ӯ умед мебандед! Агар шумо ба Мусо боварӣ медоштед, ба Ман ҳам имон меовардед, зеро ӯ дар бораи Ман навишта буд. Вале агар шумо ба он чи, ки ӯ навиштааст, имон наоваред, чӣ тавр ба суханони Ман бовар мекунед?» Баъд аз ин Исо ба соҳили дигари баҳри Ҷалил, ки баҳри Табария низ номида мешавад, равона шуд. Аз паси Ӯ мардуми бисёре мерафтанд, зеро онҳо муъҷизаҳои Ӯро дар шифо додани беморон медиданд. Исо ба болои кӯҳ баромада, ҳамроҳи шогирдонаш дар ҳамон ҷо нишаст. Айёми ҷашнгирии иди Наҷоти яҳудиён наздик омада буд. Исо ба атроф нигоҳ карду мардуми зиёди ба тарафаш омадаистодаро дида, ба Филиппус гуфт: «Барои сер кардани инҳо аз куҷо бояд нон харем?» Ӯ хуб медонист, ки чӣ кор мекунад, аммо Филиппусро санҷиданӣ шуда ин суханонро гуфт. Филиппус дар ҷавоб гуфт: «Ба дусад динор нон харем ҳам, ба ҳар кас ҳатто яклуқмагӣ намерасад». Яке аз шогирдонаш, Андриёс, ки бародари Шимъуни Петрус буд, ба Исо гуфт: «Дар ин ҷо писарбачае ҳаст, ки панҷ нони ҷавӣ ва ду моҳӣ дорад. Вале ба ин қадар мардуми зиёд вай чӣ мешавад?» Исо гуфт: «Ба мардум гӯед, ки бишинанд». Дар он ҷо сабзазор буд. Шумораи ҳамаи нишастагон қариб панҷ ҳазор мард буд. Исо нонро гирифта дуои шукрона карду онро ба нишастагон тақсим карда дод. Баъд бо моҳиҳо ҳам чунин кард ва ба ҳама чӣ қадаре ки мехостанд, ҳамон қадар дод. Вақте мардум сер шуданд, Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Нонпораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ чиз исроф нашавад». Шогирдон нонпораҳои панҷ нони ҷавиро, ки аз хӯрандагон боқӣ монда буд, ҷамъ намуда, дувоздаҳ сабадро пур карданд. Мардум муъҷизаи Исоро дида гуфтанд: «Ӯ ҳақиқатан ҳамон пайғамбарест, ки бояд ба ҷаҳон биёяд!» Исо фаҳмид, ки онҳо нияти омада, Ӯро дастгир ва ба зӯрӣ подшоҳ кардан доранд, аз ин рӯ, Худаш танҳо ба кӯҳ баромад. Вақте ки бегоҳ шуд, шогирдони Исо ба лаби баҳр фаромаданд ва ба қаиқ савор шуда, ба соҳили дигари баҳр, ба сӯи Кафарнаҳум равона шуданд. Рӯз аллакай торик мешуд, вале Исо ҳанӯз ба наздашон наомада буд. Аз сабаби вазидани боди сахт баҳр ба талотум омад. Вақте онҳо ба масофаи панҷ-шаш километер қаиқро ронда мерафтанд, Исоро диданд, ки дар рӯйи об қадам зада, ба қаиқ наздик мешавад. Онҳо тарсиданд. «Натарсед, ин Манам!» – гуфт ба онҳо Исо. Онҳо мехостанд, ки Ӯро ба қаиқ гиранд ва қаиқ ҳамон замон ба соҳиле, ки онҳо равона буданд, омада расид. Рӯзи дигар мардуме, ки дар соҳили дигари баҳр монда буданд, фаҳмиданд, ки шогирдони Исо ба ягона қаиқе, ки дар он ҷо буд, савор шуда рафтаанд. Онҳо боз дида буданд, ки Исо ҳангоми ба қаиқ савор шудани шогирдонаш ба онҳо ҳамроҳ нашуд ва онҳо бе Ӯ рафта буданд. Он вақт одамон аз Табария дар якчанд қаиқ ба наздикии маҳале омаданд, ки дар он ҷо пас аз дуои шукронаи Худованд Исо нон хӯрда буданд. Вақте мардум диданд, ки дар он ҷо на Исо ҳасту на шогирдонаш, ба қаиқҳо савор шуда, ба ҷустуҷӯи Ӯ ба Кафарнаҳум рафтанд. Баъд Ӯро дар он тарафи баҳр ёфта, аз Ӯ пурсиданд: «Устод, Ту кай ба ин ҷо омадӣ?» Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки шумо Маро на ба хотири он, ки муъҷизаҳоямро дидаед, ҷустуҷӯ мекунед, балки ба хотири он, ки то сер шудан нон хӯрдед! Шумо на барои хӯроки вайроншаванда, балки барои хӯроке, ки ба ҳаёти абадӣ мебарад, меҳнат кунед. Ин хӯрокро Писари Одамизод ба шумо медиҳад, чунки Худо Падар Ӯро интихоб карда, барои иҷрои ин кор таъйин намудааст». Онҳо аз Вай пурсиданд: «Барои иҷрои он корҳое, ки Худо аз мо мехоҳад, чӣ бояд кунем?» Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Худо як корро мехоҳад, ки шумо ба Каси Фиристодааш имон оваред». Онҳо пурсиданд: «Ту ба мо чӣ аломати муъҷизаноке нишон медиҳӣ, ки мо онро дида ба Ту имон оварем? Ту чӣ кор карда метавонӣ? Аҷдодони мо дар биёбон нони манна хӯрдаанд. Чунон ки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки аз осмон ба онҳо нон дода буд, ки бихӯранд». Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки нонро аз осмон ба шумо Мусо надодааст, ин Падари Ман аст, ки ба шумо аз осмон нони ҳақиқӣ медиҳад. Зеро нони Худо он аст, ки аз осмон пойин меояду ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад». «Хоҷа, – гуфтанд онҳо, – ба мо ҳамеша чунин нон бидеҳ!» Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам. Ҳар касе ки назди Ман биёяд, гурусна нахоҳад монд ва ҳар касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад шуд. Аммо, чунон ки Ман ба шумо гуфта будам, шумо Маро дидед, вале бовар намекунед. Ҳар касе ки ӯро Падар ба Ман ато кардааст, сӯи Ман хоҳад омад ва ҳар касе ки ба назди Ман биёяд, Ман ӯро берун нахоҳам ронд. Зеро Ман аз осмон на барои иҷро кардани хости Худ фаромадаам, балки барои иҷро кардани хости Ҳамоне, ки Маро фиристодааст. Хости Фиристандаи Ман ин аст, ки аз он касоне, ки Ӯ ба Ман ато кардааст, ҳеҷ якеро аз даст надиҳам, балки дар рӯзи қиёмат онҳоро зинда гардонам. Зеро хости Падари Ман ин аст: ҳар кас ки Писарро бинаду ба Ӯ имон оварад, ҳаёти абадӣ ба даст оварад ва дар рӯзи қиёмат Ман ӯро зинда мекунам». Он гоҳ дар байни мардум ғавғо бархест, чунки Ӯ гуфт: «Ман он ноне ҳастам, ки аз осмон фаромадааст». Онҳо гуфтанд: «Магар ин ҳамон Исои писари Юсуф нест, ки ҳам падар ва ҳам модари Ӯро мешиносем? Акнун Ӯ чӣ тавр „Ман аз осмон фаромадаам“ гуфта метавонад?» «Дар байни худ шикоят накунед!» – дар ҷавоб гуфт ба онҳо Исо. «То вақте Падар, ки Маро фиристодааст, касеро ба Ман ҷалб накунад, ҳеҷ кас назди Ман омада наметавонад ва Ман он шахсро дар рӯзи қиёмат зинда хоҳам кард. Дар навиштаҷоти пайғамбарон гуфта шудааст: „Ҳамаи онҳо аз Худо таълим хоҳанд гирифт“. Ҳар касе ки Падарро шунида ва аз Ӯ таълим гирифта бошад, ба назди Ман меояд. Ин маънои онро надорад, ки касе Падарро дидааст. Фақат касе, ки аз назди Худо омадааст, Падарро дидааст. Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, он ки имон дорад, ҳаёти абадӣ ёфтааст. Ман нони ҳаёт ҳастам. Аҷдодони шумо дар биёбон нони маннаро хӯрданд, вале аз марг наҷот наёфтанд. Аммо ноне, ки аз осмон мефарояд, дигар хел аст: касе ки онро бихӯрад, намемирад. Ман он нони ҳаёт ҳастам, ки аз осмон фаромадааст. Ҳар кас ин нонро бихӯрад, ҳаёти абадӣ пайдо мекунад. Ноне, ки Ман медиҳам, ин бадани Ман аст, ки онро ба хотири зинда мондани ҷаҳон фидо мекунам». Пас аз ин дар байни мардум баҳси пуршиддат авҷ гирифт: «Ин Шахс чӣ тавр бадани Худро барои хӯрдан ба мо дода метавонад?!» Исо ба онҳо гуфт: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки агар бадани Писари Одамизодро нахӯред ва хуни Ӯро нанӯшед, ҳаёт пайдо намекунед. Ҳар кӣ бадани Маро бихӯрад ва хуни Маро бинӯшад, ҳаёти абадӣ дорад ва Ман дар рӯзи қиёмат ӯро зинда хоҳам кард. Зеро бадани Ман хӯроки ҳақиқӣ ва хуни Ман нӯшокии ҳақиқист. Ҳар кӣ бадани Маро бихӯрад ва хуни Маро бинӯшад, вай дар Ман зиндагӣ мекунад ва Ман дар ӯ. Чунон ки Падари абадзинда Маро фиристодааст ва Ман ба воситаи Ӯ зиндаам, ҳамон тавр, касе ки Маро бихӯрад, ба воситаи Ман зиндагӣ мекунад. Ин аст ноне, ки аз осмон пойин фаромадааст. Вай монанди он ноне нест, ки аҷдодони шумо хӯрданд, вале аз марг наҷот наёфтанд. Аммо ҳар кӣ ин нонро бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд». Исо ҳангоми дар ҷамоатхонаи Кафарнаҳум таълим доданаш ин суханонро гуфта буд. Бисёре аз шогирдон суханони Ӯро шунида гуфтанд: «Ин суханони вазнин ҳастанд! Кӣ онҳоро гӯш карда метавонад?» Исо медонист, ки шогирдонаш аз суханонаш шикоят карда истодаанд ва ба онҳо гуфт: «Магар шумо аз ин суханҳоям ба шубҳа афтодед? Пас, агар шумо медидед, ки Писари Одамизод ба ҷойи аввалааш боло мебарояд, чӣ кор мекардед? Рӯҳ ҳаёт мебахшад ва ҷисм ин корро карда наметавонад. Он суханоне, ки Ман ба шумо гуфтам, рӯҳ ва ҳаётанд. Аммо дар байни шумо ҳам шахсоне ҳастанд, ки имон надоранд». Исо аз аввал медонист, ки ба Ӯ кӣ имон наовардааст ва кӣ дар ҳаққи Ӯ хиёнат мекунад. Ӯ давом дода гуфт: «Аз ин рӯ ба шумо гуфтаам, ки касе ба назди Ман омада наметавонад, агар Падар ӯро ҷалб накунад». Баъд аз ин бисёр шогирдонаш аз Ӯ рӯй гардонданд ва дигар Ӯро пайравӣ накарданд. Пас Исо аз он дувоздаҳ шогирдаш пурсид: «Шояд шумо ҳам рафтанӣ ҳастед?» «Эй Хоҷа, – ҷавоб дод ба Ӯ Шимъуни Петрус, – мо ба назди кӣ равем? Суханони ҳаёти абадӣ аз они Туанд. Мо имон овардем ва фаҳмидем, ки Туӣ он Шахси поки Худо». Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Магар Ман Худам дувоздаҳ шогирдро интихоб накардаам? Вале яке аз шумо иблис аст!» Исо ин суханашро дар бораи Яҳудои писари Шимъуни Исқарютӣ, яке аз дувоздаҳ шогирдонаш гуфта буд, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад. Баъд аз он Исо дар вилояти Ҷалил мегашт. Ӯ намехост, ки дар Яҳудия бошад, чунки роҳбарони яҳудӣ Ӯро куштан мехостанд. Иди Хаймаҳои яҳудиён наздик омад ва бародарони Исо ба Ӯ гуфтанд: «Аз ин ҷо баромада, ба Яҳудия рав, то ки шогирдонат ҳам корҳоеро, ки Ту мекунӣ, бубинанд. Зеро касе ки шуҳрат пайдо кардан мехоҳад, корҳои худро дар пинҳонӣ намекунад. Ту, ки ин гуна корҳоро мекунӣ, Худро ба ҷаҳон ошкор намо». Ҳатто бародаронаш ба Ӯ имон надоштанд. «Вақту соати Ман ҳанӯз нарасидааст, – ҷавоб дод ба онҳо Исо, – барои шумо ҳар вақт хуб аст. Ҷаҳон наметавонад аз шумо нафрат дошта бошад, вале аз Ман нафрат дорад, чунки Ман бад будани корҳои онро шаҳодат медиҳам. Шумо ба ин ид равед, вале Ман намеравам, чунки вақти Ман ҳанӯз нарасидааст». Инро ба онҳо гуфта, Исо дар Ҷалил монд. Аммо, пас аз он ки бародаронаш ба ид рафтанд, Исо ҳам на ошкоро, балки пинҳонӣ ба он ҷо рафт. Дар вақти ид роҳбарони яҳудӣ Ӯро ҷустуҷӯ карданд. Онҳо «Ин одам дар куҷост?» гуфта мепурсиданд. Дар байни мардум низ дар бораи Ӯ баҳси зиёде ба миён омад. «Вай одами хуб аст», – мегуфтанд баъзеҳо, дигарон норозӣ шуда «Не, Ӯ мардумро гумроҳ мекунад» мегуфтанд. Аммо ҳама аз роҳбарони яҳудиён тарсида, ошкоро дар бораи Ӯ сухане ҳам ба забон намеоварданд. Дар байни ҳафтаи ид Исо ба маъбади Худо омада, ба таълим додан шурӯъ намуд. Роҳбарони яҳудӣ тааҷҷуб карда мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ин қадар дониш дорад, дар сурате ки таълим нагирифтааст?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Таълимоти Ман аз Худам нест, балки аз Касест, ки Маро фиристодааст. Касе ки хости Худоро ба ҷо овардан мехоҳад, мефаҳмад, ки оё Ман аз Худ мегӯям ё ин таълимот аз Худост. Ҳар кӣ аз номи худ сухан мегӯяд, барои худ шуҳрату ҷалол меҷӯяд, вале Касе ки барои Фиристандаи Худ шуҳрату ҷалол меҷӯяд, ростқавл аст ва дар дили Ӯ фиребе нест. Магар Мусо ба шумо шариатро надодааст? Бо вуҷуди ин ҳеҷ кадоми шумо онро риоя намекунед! Чаро Маро куштан мехоҳед?» Мардум ҷавоб доданд: «Ту ҷин дорӣ! Кӣ Туро куштан мехоҳад?» Исо ба онҳо гуфт: «Ман танҳо як коре кардам ва шумо ҳама дар тааҷҷуб мондед. Мусо ба шумо анъанаи хатнаро фармуд (ҳарчанд ки ин анъана на аз Мусо, балки аз аҷдодон мондааст) ва шумо писаронатонро ҳатто дар рӯзи шанбе хатна мекунед. Агар шумо барои вайрон нашудани шариати Мусо дар рӯзи шанбе писарро хатна мекарда бошед, пас чаро аз Ман хашмгин мешавед, ки дар рӯзи шанбе инсонеро пурра шифо бахшидам? Аз рӯйи намуди зоҳирӣ ҳукм накунед, балки аз рӯйи адолат ҳукм кунед!» Баъзе аз сокинони Уршалим гуфтанд: «Магар Ӯ ҳамон одам нест, ки Ӯро куштан мехоҳанд? Бинед, Ӯ рӯйирост таълим медиҳад ва касе ба Ӯ чизе намегӯяд. Наход сардорон қоил шуда бошанд, ки Ӯ ҳақиқатан Масеҳ аст? Мо бошем, аз куҷо будани ин одамро медонем. Аммо, вақте ки Таъйиншудаи Худо меояд, аз куҷо будани Ӯро ҳеҷ кас намедонад». Он гоҳ Исо, ки дар маъбади Худо машғули таълимдиҳӣ буд, хитоб карда гуфт: «Шумо Маро ва аз куҷо буданамро медонед-а? Ман аз номи Худам наомадаам. Касе ки Маро фиристодааст, ҳақ аст. Шумо Ӯро намешиносед, вале Ман Ӯро мешиносам, чунки Ман аз пеши Ӯ омадаам ва Ӯ Маро фиристодааст». Сипас, онҳо хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале аз сабаби он ки вақти Ӯ ҳанӯз нарасида буд, касе ба Ӯ даст нарасонд. Бо вуҷуди он, аз байни мардум бисёриҳо ба Ӯ имон оварда мегуфтанд: «Вақте ки Масеҳ меояд, магар аз ин одам бештар муъҷиза нишон дода метавонад?» Фарисиён шуниданд, ки мардум дар байни худ дар бораи Исо чунин суханҳоро мегӯянд. Баъд онҳо ва коҳинони калон барои дастгир кардани Исо посбонони маъбади Худоро фиристоданд. Он гоҳ Исо гуфт: «Боз каме вақт бо шумо мемонам ва баъд ба назди Фиристандаи Худ бармегардам. Шумо Маро ҷустуҷӯ мекунед, аммо намеёбед. Ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед». Роҳбарони яҳудӣ ба якдигар гуфтанд: «Ӯ ба куҷо рафтан мехоҳад, ки мо Ӯро ёфта наметавонем? Оё Ӯ барои таълим додани ғайрияҳудиён ба шаҳрҳои онҳо рафтанист, ки мардуми мо низ он ҷо зиндагӣ мекунанд? Ӯ суханони „Шумо Маро мекобед, аммо намеёбед“ ва „Ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед“ гуфта чиро дар назар дорад?» Дар рӯзи охирин ва муҳимтарини ид Исо аз ҷояш бархеста, бо овози баланд эълон кард: «Касоне ки ташнаанд, назди Ман оянд ва бинӯшанд! Дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки аз ботини он касе, ки ба Ман имон меоварад, дарёҳои оби ҳаёт ҷорӣ мешаванд». Ӯ Рӯҳеро дар назар дошт, ки ҳар кӣ ба Исо имон оварад, он Рӯҳ ба вай дода хоҳад шуд. Рӯҳ ҳанӯз дода нашуда буд, зеро Исо ҳанӯз соҳиби тамоми шуҳрату ҷалоли Худ нагардида буд. Баъзе аз мардум суханони Ӯро шунида гуфтанд: «Ин Шахс дар ҳақиқат ҳамон пайғамбарест, ки мо интизораш будем!» «Ин Масеҳ аст!» – мегуфтанд дигарон. Баъзеи дигарон мегуфтанд: «Масеҳ ҳаргиз аз Ҷалил пайдо намешавад! Охир, дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки Масеҳ бояд аз авлоди шоҳ Довуд ва аз деҳаи Байт-Лаҳм, ки зодгоҳи Довуд буд, биёяд». Инак, дар байни мардум дар бораи Исо ҷанҷол бархост. Баъзеҳо мехостанд, ки Ӯро дастгир кунанд, лекин ҳеҷ кас ба Ӯ даст нарасонд. Вақте ки посбонон ба назди коҳинони калон ва фарисиён баргаштанд, аз посбонон пурсиданд: «Чаро Ӯро наовардед?» Посбонон ҷавоб доданд: «Касе ҳаргиз монанди ин Шахс сухан нагуфтааст!» Фарисиён ба онҳо гуфтанд: «Наход Ӯ шуморо ҳам гумроҳ карда бошад? Магар касе аз сардорон ё фарисиён ба Ӯ имон овардааст? Мардум бошанд, аз шариат бехабар ва лаънатзадаанд!» Аммо яке аз онҳо Никудимус, ки пештар ба назди Исо омада буд, ба онҳо гуфт: «Оё аз рӯйи шариатамон мо касеро нашунида ва кори кардаашро муайян накарда, ба ӯ ҳукм мебарорем?» Онҳо ҷавоб доданд: «Чӣ, магар ту ҳам аз Ҷалил ҳастӣ? Навиштаҷотро биомӯз ва мебинӣ, ки аз Ҷалил пайғамбар баромада наметавонад». Он гоҳ ҳама ба хонаҳояшон рафтанд. Исо бошад, ба кӯҳи Зайтун рафт. Саҳарии барвақт Ӯ боз ба маъбади Худо омад. Тамоми мардум ба наздаш омаданд ва Исо нишаста ба таълим додани онҳо шурӯъ кард. Дар ин вақт устодони шариату фарисиён ба назди Ӯ занеро оварданд, ки ҳангоми зино карданаш дастгир шуда буд. Ӯро дар пеши ҳама гузошта, ба Исо гуфтанд: «Эй Устод, ин зан ҳангоми зино карданаш дастгир шудааст. Мусо дар шариат фармудааст, ки чунин занон бояд сангсор карда шаванд. Ту чӣ мегӯйӣ?» Онҳо ин суханонро барои ба дом афтондани Исо гуфтанд, то ки баъд Ӯро айбдор намоянд. Аммо Исо хам шуда бо ангушташ дар рӯйи замин чизе менавишт. Азбаски онҳо савол доданро бас намекарданд, Исо бархеста, ба онҳо гуфт: «Касе ки дар байни шумо бегуноҳ бошад, бигзор аввалин шуда, ӯро бо санг занад!» Исо боз хам шуда дар рӯйи замин менавишт. Мардум инро шуниданд ва аз калонсолон сар карда аз паси якдигар баромада рафтанд. Он гоҳ Исо бо зане, ки дар пеши Ӯ истода буд, танҳо монд. Ӯ сари Худро бардошта, аз зан пурсид: «Эй зан, ҳамаи онҳо куҷо шуданд? Магар касе туро айбдор накард?» «Ҳеҷ кас, Хоҷа», – гуфт он зан. «Ман ҳам туро айбдор намекунам, – гуфт Исо. – Рав ва дигар гуноҳ накун». Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам. Касе, ки аз паси Ман меравад, дар торикӣ намегардад, балки нури ҳаёт хоҳад дошт». Фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Ту аз номи Худат шаҳодат медиҳӣ, бинобар ин шаҳодати Ту эътибор надорад». Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳатто агар Ман аз номи Худам шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман эътибор дорад, зеро Ман медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам, вале шумо инро намедонед. Шумо аз рӯйи меъёри инсонӣ ҳукм мекунед, аммо Ман ҳеҷ касро ҳукм намекунам. Агар Ман ҳукм кунам ҳам, ҳукми Ман ҳақ аст, чунки Ман танҳо нестам: Падаре, ки Маро фиристодааст, бо Ман аст. Дар шариати шумо ҳам навишта шудааст, ки шаҳодати ду шоҳид эътибор дорад. Ман аз номи Худам шаҳодат медиҳам ва Падаре, ки Маро фиристодааст, низ бар Ман шаҳодат медиҳад». Бино бар ин, онҳо пурсиданд: «Падари Ту куҷост?» «Шумо на Маро мешиносед ва на Падарамро, – ҷавоб дод Исо. – Агар шумо Маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед». Исо ин суханонро ҳангоме гуфта буд, ки дар назди хазинаи маъбади Худо таълим медод. Вале касе Ӯро дастгир накард, чунки вақту соати Ӯ ҳоло нарасида буд. Исо боз ба онҳо гуфт: «Ман меравам ва шумо Маро ҷустуҷӯ мекунед, вале ба сабаби гуноҳатон хоҳед мурд. Инчунин ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед». Роҳбарони яҳудӣ гуфтанд: «Ӯ „Ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед“ гуфта, чиро дар назар дошт? Оё Ӯ худкушӣ кардан мехоҳад?» Исо ба онҳо гуфт: «Шумо аз олами пойин ҳастед, вале Ман аз олами боло. Шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, вале Ман аз ин ҷаҳон нестам. Ман ба шумо гуфтам, ки „ба сабаби гуноҳҳоятон хоҳед мурд“. Зеро, агар имон наоваред, ки ин Ман ҳастам, шумо ҳатман дар гуноҳҳоятон мемиред!» «Ту кистӣ?» – пурсиданд онҳо аз Исо. Ӯ ҷавоб дод: «Ман ҳамонам, ки аз аввал ба шумо гуфта будам. Ман барои айбдор кардани шумо чизҳои зиёде гуфта метавонам, вале касе, ки Маро фиристодааст, ҳақ аст ва Ман он чиро, ки аз Ӯ шунидам, ба ҷаҳон эълон мекунам». Онҳо нафаҳмиданд, ки Вай ба онҳо дар бораи Падар мегуфт. Инак, Исо давом дода гуфт: «Вақте ки Писари Одамизодро дар салиб боло мебардоред, мефаҳмед, ки ин Ман ҳастам ва аз Худ ҳеҷ кореро намекунам, фақат он чизҳоеро мегӯям, ки Падар ба Ман таълим додааст. Фиристандаи Ман бо Ман аст, Ӯ Маро танҳо нагузоштааст, зеро Ман ҳамеша кори табъи дили Ӯро мекунам». Бисёр касон аз рӯйи ин суханон ба Ӯ имон оварданд. Пас Исо ба онҳое, ки ба Ӯ бовар карданд, гуфт: «Агар шумо гуфтаҳои Маро риоя кунед, шогирдони ҳақиқии Ман мешавед ва ҳақиқатро мефаҳмед ва ин ҳақиқат шуморо озод мекунад». Онҳо гуфтанд: «Мо аз авлоди Иброҳим ҳастем ва ҳаргиз ғуломи касе набудем! Пас „озод хоҳед шуд“ гуфта, чиро дар назар дорӣ?» Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ҳар касе ки гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст. Ғулом аъзои доимии хонадон нест, аммо писар ҳамеша аъзои хонадон мемонад. Агар Писар шуморо озод кунад, он вақт ҳақиқатан озод хоҳед шуд. Ман медонам, ки шумо аз авлоди Иброҳим ҳастед, бо вуҷуди он шумо барои куштани Ман тайёред, чунки суханони Маро қабул намекунед. Ман ба шумо чизҳоеро мегӯям, ки дар назди Падарам дидаам, шумо бошед, он кореро мекунед, ки аз падари худ шунидаед». «Падари мо Иброҳим аст!» – ба Ӯ ҷавоб доданд онҳо. Исо ба онҳо гуфт: «Агар шумо ҳақиқатан аз авлоди Иброҳим мебудед, корҳои Иброҳимро ба ҷо меовардед. Вале шумо Маро, ки ростиро аз Худо шунида ба шумо гуфтам, куштан мехоҳед! Иброҳим чунин корро накардааст! Шумо корҳои падари худро ба ҷо меоваред!» «Мо-ку ҳаромзода нестем! – гуфта ба ғазаб омаданд онҳо, – мо як падар дорем, ки Ӯ Худо аст!» Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Агар Худо падари шумо мебуд, шумо Маро дӯст медоштед, зеро Ман аз ҷониби Худо омадаам. Ман худсарона наомадаам, балки Ӯ Маро фиристодааст. Чаро шумо суханони Маро намефаҳмед? Чунки шумо тоқати шунидани онҳоро надоред! Падари шумо шайтон аст ва шумо хоҳишҳои падари худро иҷро кардан мехоҳед. Ӯ аз ибтидо одамкуш буд ва ҳеҷ гоҳ рост нагуфтааст, зеро дар ӯ ҳақиқат нест. Дурӯғ гуфтан ба ӯ хос аст, ӯ дурӯғ мегӯяд, чунки ӯ дурӯғгӯй ва падари ҳамаи дурӯғҳост. Лекин, азбаски Ман рост мегӯям, шумо ба Ман имон намеоваред. Кадоме аз шумо метавонад Маро дар ягон гуноҳ айбдор кунад? Пас, агар Ман ба шумо ростиро гӯям, чаро ба Ман имон намеоред? Касе ки аз Худо бошад, ба каломи Худо гӯш медиҳад. Шумо аз он сабаб гӯш намедиҳед, ки аз Худо нестед». Мардум ба Ӯ гуфтанд: «Магар мо нагуфтем, ки Ту сомарӣ ҳастӣ ва ҷин дорӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ман ҷин надорам, балки Падари Худро ҳурмат мекунам, вале шумо Маро бадном мекунед. Ман дар ҷустуҷӯи шуҳрату ҷалоли Худ нестам, Каси дигаре дар ҷустуҷӯи он аст ва Ӯ Ҳукмкунанда мебошад. Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: касе ки гуфтаҳои Маро иҷро мекунад, ҳаргиз нахоҳад мурд». Онҳо ба Вай гуфтанд: «Акнун мо аниқ фаҳмидем, ки Ту ҷин дорӣ. Аҷдоди мо Иброҳим мурд ва пайғамбарон ҳам мурданд. Вале Ту мегӯйӣ, ки касе суханони Туро иҷро кунад, ҳаргиз намемирад. Иброҳим мурд, магар Ту аз ӯ бузургтар ҳастӣ?! Пайғамбарон ҳам мурдаанд. Ту Худро кӣ ҳисоб мекунӣ?!» Исо ҷавоб дод: «Агар Ман Худро шуҳрату ҷалол медодам, шуҳрату ҷалоли Ман арзише намедошт. Аммо Маро Падарам шуҳрату ҷалол медиҳад, ки шумо Ӯро Худои худ мехонед! Шумо ҳеҷ вақт Ӯро намешинохтед, вале Ман Ӯро мешиносам. Агар Ман мегуфтам, ки Ӯро намешиносам, монанди шумо дурӯғгӯй мешудам. Вале Ман Ӯро мешиносам ва гуфтаҳои Ӯро ба ҷо меорам. Падари шумо Иброҳим шод буд, ки рӯзи омадани Маро мебинад. Вай ин рӯзро дид ва хурсанд шуд!» «Ту ҳанӯз панҷоҳсола нашудаӣ ва наход Иброҳимро дида бошӣ?!» – гуфтанд одамон. Исо ҷавоб дод: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки ҳанӯз пеш аз таваллуд шудани Иброҳим Ман ҳастам». Он гоҳ онҳо барои сангсор кардани Ӯ санг гирифтанд, вале Исо Худро пинҳон карда, аз маъбади Худо баромада рафт. Исо роҳ рафта шахсеро дид, ки кӯри модарзод буд. Шогирдон аз Исо пурсиданд: «Устод, чаро ин кас кӯр таваллуд шудааст? Кӣ гуноҳ кард: худаш ё падару модараш?» Исо дар ҷавоб гуфт: «Ӯ на ба сабаби гуноҳи худаш ва на ба сабаби гуноҳи падару модараш кӯр таваллуд шудааст. Кӯрии вай барои он аст, ки корҳои Худо дар ҳаёти вай нишон дода шаванд. Ҳоло ки рӯз аст, мо бояд корҳои Фиристандаи Маро иҷро кунем. Вақте ки шаб мешавад, касе кор карда наметавонад. То вақте ки Ман дар ҷаҳонам, Ман нури ҷаҳон ҳастам». Инро гуфта, ба замин туф карду онро бо хок омехта, гилро ба чашмони кӯр молид ва ба ӯ гуфт: «Рафта, дар ҳавзи Шилуаҳ рӯятро бишӯй». (Маънои калимаи «Шилуаҳ» фиристода аст). Ӯ рафта, рӯяшро шусту бо чашмони бино баргашт. Ҳамсояҳои ӯ ва касони дигаре, ки ӯро дар вақти садақа пурсиданаш дида буданд, ба ҳамдигар мегуфтанд: «Оё ин ҳамон шахс нест, ки нишаста гадоӣ мекард?» «Бале, ин ҳамон шахс аст», – мегуфтанд баъзеҳо. Дигарон мегуфтанд: «Не, ӯ фақат монанд аст». Он мард бошад, мегуфт, ки ман ҳамон одам ҳастам. «Ту чӣ тавр бино шудӣ?» – пурсиданд аз ӯ. Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Марде бо номи Исо гиле сохта, ба чашмони ман молиду гуфт, ки ба Шилуаҳ рафта, рӯямро шӯям. Ман рафта, рӯямро шустаму бино шудам». «Ӯ дар куҷост?» – пурсиданд онҳо. «Намедонам», – ҷавоб дод ӯ. Ҳамон мардеро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд. Рӯзе ки Исо гил сохта, чашмони ӯро шифо дод, рӯзи шанбе буд. Фарисиён ҳам аз вай пурсиданд, ки чӣ тавр ӯ бино шуд. Ӯ ҷавоб дод: «Ӯ ба чашмонам гил молиду ман рӯямро шустам ва акнун мебинам». Баъзе фарисиён гуфтанд: «Одаме, ки ин корро кардааст, аз ҷониби Худо нест, чунки қоидаҳои рӯзи шанберо риоя намекунад». Лекин дигарон мегуфтанд: «Магар шахси гунаҳкор метавонад чунин муъҷизаҳоро нишон диҳад?» Ҳамин тавр дар миёни онҳо баҳсу мунозира ба вуҷуд омад. Онҳо боз аз кӯр пурсиданд: «Ту дар бораи Вай чӣ гуфта метавонӣ? Охир Вай чашмони туро бино кард-ку». «Ӯ пайғамбар аст», – ҷавоб дод он мард. Онҳо то даме ки падару модари он кӯрро даъват накарданд, боварӣ надоштанд, ки ин одам пештар кӯр буду баъд бино шуд. Баъд аз даъват кардан аз онҳо пурсиданд: «Ин писари шумост? Шумо мегӯед, ки ӯ кӯр таваллуд шуда буд. Пас чӣ тавр ӯ ҳоло дида метавонад?» Падару модари вай ҷавоб доданд: «Мо медонем, ки ин писари мост ва кӯр таваллуд шуда буд. Аммо намедонем, ки чӣ тавр ӯ ҳоло бино шудааст ва намедонем, ки чашмони ӯро кӣ шифо додааст. Аз худаш пурсед. Ӯ калонсол аст ва худаш дар бораи худ гуфта метавонад». Падару модари ӯ аз тарси роҳбарони яҳудӣ чунин ҷавоб доданд, зеро роҳбарони яҳудӣ чунин қарор карданд: ҳар кӣ Исоро Таъйиншудаи Худо гӯяд, аз ҷамоатхона пеш карда мешавад. Барои ҳамин падару модари вай ҳам гуфтанд, ки «Ӯ ба воя расидааст, аз худаш пурсед». Инак, шахсеро, ки кӯр буд, бори дигар ҷеғ зада, ба ӯ гуфтанд: «Ба Худо қасам хӯр, ки ҳақиқатро мегӯйӣ! Мо медонем, ки он Шахс гунаҳкор аст». «Гунаҳкор аст ё не, ман намедонам, – ҷавоб дод ӯ. – Ҳаминашро медонам, ки ман кӯр будам ва акнун мебинам». Онҳо боз пурсиданд: «Ӯ бо ту чӣ кор кард? Чӣ тавр чашмони туро бино кард?» «Ман ба шумо гуфта будам, вале шумо гӯш накардед, – ҷавоб дод ӯ. – Чаро боз шунидан мехоҳед? Шояд шумо ҳам шогирди Ӯ шуданӣ ҳастед?» Онҳо ӯро дашном дода, гуфтанд: «Ту худат шогирди Ӯ ҳастӣ, вале мо шогирдони Мусо ҳастем. Мо медонем, ки Худо бо Мусо гап задааст, вале дар бораи ин одам ҳатто аз куҷо буданашро намедонем». Он мард дар ҷавоб гуфт: «Аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ӯро намедонед, ҳол он ки Ӯ чашмони маро бино кард. Мо медонем, ки Худо дуои гунаҳкоронро намешунавад, фақат онҳоеро мешунавад, ки худотарс ҳастанд ва хости Ӯро иҷро мекунанд. Аз қадим ҳеҷ кас нашунидааст, ки касе кӯри модарзодро бино карда бошад! Агар Ӯ аз ҷониби Худо намеомад, Ӯ ҳеҷ чиз карда наметавонист!» Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Ту пурра дар гуноҳ таваллуд шудаӣ ва боз моро таълим медиҳӣ?!» Инро гуфта, ӯро аз ҷамоатхона берун ронданд. Вақте Исо фаҳмид, ки он мардро берун ронданд, вайро ёфта пурсид: «Ту ба Писари Одамизод имон дорӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Хоҷа, ба ман бигӯ, ки Ӯ Кист, то ба Ӯ имон оварам». «Ту Ӯро дидаӣ, – гуфт Исо. – Ӯ ҳамон Касест, ки ҳоло бо ту гап мезанад». «Эй Хоҷа, имон дорам!» – ҷавоб дод ӯ ва ба Исо саҷда кард. Исо гуфт: «Ман ба ин ҷаҳон барои ҳукм кардан омадаам, то онҳое, ки кӯр ҳастанд, бино шаванд ва онҳое, ки бино ҳастанд, кӯр шаванд». Баъзе фарисиёне, ки назди Ӯ истода буданд, ин суханонро шунида ба Ӯ гуфтанд: «Чӣ, ба гумонат мо ҳам кӯр ҳастем?» Исо ҷавоб дод: «Агар шумо кӯр мебудед, дар гуноҳ айбдор намешудед. Вале ҳоло худатон мегӯед, ки бино ҳастед, пас гуноҳатон дар гардани худатон мемонад». Исо гуфт: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: ҳар кӣ ба оғили гӯсфандон на аз дар, балки аз ҷойи дигар гузашта дарояд, дузд ва роҳзан аст. Он ки аз дар медарояд, чӯпони гӯсфандон аст. Дарбон дарро барои ӯ мекушояд ва гӯсфандон садои ӯро мешунаванд. Ӯ гӯсфандони худро ном ба ном фарёд карда, берун мебарорад. Баъди берун баровардани ҳамаи гӯсфандонаш худ пеш-пеши онҳо равона мешаваду гӯсфандон аз паси ӯ мераванд, чунки овози ӯро мешиносанд. Гӯсфандон аз қафои каси бегона намераванд, балки аз ӯ мегурезанд, чунки овози каси бегонаро намешиносанд». Исо ба онҳо ин масалро нақл кард, аммо онҳо маънои гуфтаҳояшро нафаҳмиданд. Инак, Исо боз ба онҳо гуфт: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки Ман барои гӯсфандон дар ҳастам. Ҳамаи онҳое, ки пеш аз Ман омада буданд, дузд ва роҳзан ҳастанд, лекин гӯсфандон онҳоро гӯш накарданд. Ман дар ҳастам. Ҳар касе ки ба воситаи Ман медарояд, наҷот меёбад. Ӯ ҳам медарояду ҳам мебарояд ва барои худ чарогоҳ пайдо мекунад. Дузд фақат барои дуздидан, куштан ва нобуд кардан меояд. Ман омадаам, ки гӯсфандонам ҳаёт дошта бошанд ва ҳаёташон фаровон бошад. Ман чӯпони нек ҳастам. Чӯпони нек ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунад. Мардикор, ки чӯпон нест ва гӯсфандон аз они ӯ нестанд, ба рама наздик шудани гургро бинад, гӯсфандонро монда, мегурезад ва гург ба онҳо дарафтода, онҳоро пароканда мекунад. Мардикор аз он сабаб мегурезад, ки парвои гӯсфандонро надорад. Ман чӯпони нек ҳастам. Ман гӯсфандони Худро мешиносам ва онҳо Маро мешиносанд, чунон ки Падар Маро мешиносад ва Ман Падарро мешиносам. Ман ҷони Худро барои гӯсфандон фидо мекунам. Ман гӯсфандони дигаре ҳам дорам, ки аз ин оғил нестанд ва Ман бояд онҳоро низ биёрам. Онҳо ба овозам гӯш мекунанд ва он гоҳ як рама бо як чӯпон хоҳад шуд! Падар барои он Маро дӯст медорад, ки Ман ҷони Худро фидо мекунам, то боз онро ба даст оварам. Ҳеҷ кас ҷони Маро аз Ман намегирад, Ман онро бо ихтиёри Худ фидо мекунам. Ман қудрат дорам, ки онро фидо кунам ва қудрат дорам, ки онро боз ба даст орам. Ин фармонро Ман аз Падарам гирифтаам». Аз сабаби ин суханон дар байни мардум бори дигар ҷанҷол ба вуҷуд омад. Бисёре аз онҳо мегуфтанд: «Ӯ ҷин дорад ва аз ақл бегона шудааст! Чаро ба суханони Ӯ гӯш медиҳед?» «Ин суханони шахси ҷинзада нестанд, – норозӣ шуданд дигарон. – Магар ҷин чашмони кӯрро бино карда метавонад?» Зимистон фаро расид. Дар Уршалим иди Хотираи Покшавии маъбади Худо буд. Исо дар ҳавлии маъбади Худо, дар айвони Сулаймон мегашт. Яҳудиён Ӯро миёнагир карда пурсиданд: «То кай моро дар дудилагӣ нигоҳ медорӣ? Ба мо рӯйирост бигӯ, ки Ту Масеҳ ҳастӣ ё не?» Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ман ба шумо аллакай гуфта будам, вале шумо ба Ман бовар намекунед. Он корҳое, ки Ман аз номи Падари Худ иҷро мекунам, дар бораи Ман шаҳодат медиҳанд, аммо шумо ба Ман имон намеоваред, зеро шумо аз ҷумлаи гӯсфандони Ман нестед. Гӯсфандони Ман овози Маро мешунаванд. Ман онҳоро мешиносам ва онҳо аз паси Ман меоянд. Ман ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшам ва онҳо ҳаргиз нобуд намешаванд ва касе наметавонад онҳоро аз дасти Ман бигирад. Падари Ман, ки онҳоро ба Ман бахшидааст, аз ҳама бузургтар аст ва ҳеҷ кас онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирифта наметавонад. Ману Падарам як ҳастем». Яҳудиён боз барои сангсор кардани Ӯ санг бардоштанд. Исо ба онҳо гуфт: «Ман ба шумо аз ҷониби Падар бисёр корҳои нек нишон додаам, пас барои кадоме аз онҳо шумо Маро сангсор кардан мехоҳед?» Онҳо ба Ӯ ҷавоб доданд: «Мо Туро на барои корҳои некат сангсор кардан мехоҳем, балки барои куфр гуфтанат, чунки Ту инсон ҳастиву Худро Худо мекунӣ!» Исо ҷавоб дод: «Магар дар навиштаҷоте, ки шумо мехонед, навишта нашудааст: „Ман мегӯям, ки шумо худоён ҳастед“? Навиштаҷот бошад, ҳеҷ вақт бекор карда намешавад. Пас, агар Худо касонеро, ки ба онҳо суханонаш равона шудаанд, „худоён“ номида бошад, чӣ тавр шумо сухани гуфтаамро, ки „Ман Писари Худо ҳастам“ куфр мегӯед? Ҳол он ки Падар Маро интихоб карда, ба ҷаҳон фиристодааст! Агар Ман корҳои Падарамро ба амал наоварам, ба Ман имон наоваред! Лекин, агар Ман онҳоро ба амал оварам, ҳарчанд ба Ман имон наоваред ҳам, ба корҳои Ман имон оваред, то бидонед ва бифаҳмед, ки Падар дар Ман аст ва Ман дар Падар ҳастам». Онҳо бори дигар хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале Ӯ Худро аз дасти онҳо раҳо кард. Исо боз ба он тарафи дарёи Урдун, ки Яҳё дар он ҷо пештар мардумро таъмид медод, рафта дар ҳамон ҷо монд. Мардуми зиёде пеши Ӯ омаданд. Онҳо мегуфтанд, ки Яҳё ҳеҷ муъҷизае нишон надода буд, вале ҳамаи суханоне, ки Яҳё дар бораи ин Шахс гуфта буд, дурустанд. Он гоҳ шумораи бисёри одамон дар он ҷо ба Исо имон оварданд. Марде, ки Элъозор ном дошт, бемор шуд. Ӯ аз деҳаи Байт-Анё буд, ки дар он Марям бо хоҳараш Марто зиндагӣ мекард. Марям ҳамон зане буд, ки ба пойҳои Худованд Исо атриёт молида, онҳоро бо мӯйи сари худ хушк карда буд. Элъозори бемор бародари ӯ буд. Хоҳарони Элъозор ба Исо чунин хабар фиристоданд: «Эй Хоҷа, он касе, ки Ту дӯст медорӣ, бемор аст». Исо ин хабарро шунида гуфт: «Ин беморӣ на барои марг, балки барои шуҳрату ҷалоли Худо ва барои он аст, ки Писари Худо ба воситаи он шуҳрату ҷалоли Худро нишон диҳад». Исо Мартову хоҳари ӯ ва Элъозорро дӯст медошт. Вале аз бемории Элъозор хабардор шуда бошад ҳам, боз ду рӯзи дигар дар ҷое, ки буд, монд. Баъд ба шогирдонаш гуфт: «Биёед, ба Яҳудия бармегардем». «Устод, – гуфтанд шогирдони Ӯ, – навакак мардум Туро сангсор кардан мехостанд ва Ту боз ба он ҷо рафтанӣ ҳастӣ?» Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Магар рӯз аз дувоздаҳ соат иборат нест? Касоне, ки рӯзона роҳ мераванд, пешпо намехӯранд, чунки рӯшноии ин ҷаҳонро мебинанд. Аммо касоне, ки шабона роҳ мераванд, пешпо мехӯранд, чунки равшанӣ надоранд». Исо инро гуфта, давом дод: «Дӯсти мо Элъозор хобидааст, лекин Ман рафта, ӯро бедор мекунам». Шогирдон ба Ӯ гуфтанд: «Хоҷа, агар ӯ хоб рафта бошад, сиҳат мешавад». Исо марги Элъозорро дар назар дошт, аммо онҳо фикр мекарданд, ки Ӯ дар бораи хоби одӣ гап мезанад. Он гоҳ Исо ошкоро ба онҳо гуфт: «Элъозор мурдааст, вале Ман барои шумо хурсандам, ки дар он ҷо набудам, то ки имони шумо ба Ман қавитар гардад. Ҳоло бошад, биёед, назди ӯ меравем». Он гоҳ Тумо, ки ӯро боз Дугоник меномиданд, ба шогирдони дигар гуфт: «Биёед, мо ҳам меравем, то ҳамроҳи Ӯ бимирем!» Вақте ки Исо ба он ҷо расида омад, Ӯ фаҳмид, ки Элъозор аллакай чор рӯз дар қабр аст. Деҳаи Байт-Анё аз Уршалим дур набуд, тақрибан дар масофаи се километер ҷойгир буд. Бино бар ин, бисёре аз яҳудиён ба назди Марто ва Марям омаданд, то ки барои марги бародарашон ҳамдардиашонро изҳор намоянд. Марто чун хабари ба назди онҳо омада истодани Исоро шунид, ба пешвози Ӯ берун баромад, вале Марям дар хона монд. Марто ба Исо гуфт: «Хоҷа, агар Ту дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд! Аммо медонам, ки ҳоло ҳам ҳар чи аз Худо талаб кунӣ, ба Ту медиҳад». «Бародарат зинда мешавад», – гуфт ба ӯ Исо. «Медонам, ки дар рӯзи қиёмат, ҳангоми зинда шудани мурдагон вай ҳам зинда мешавад», – ҷавоб дод Марто. Исо гуфт: «Ман Ҳамоне ҳастам, ки мурдагонро зинда мекунад ва ҳаёт мебахшад! Касе ки ба Ман имон дорад, бимирад ҳам, зинда мешавад. Инчунин ҳар касе ки дар Ман зиндагӣ мекунад ва ба Ман имон меоварад, ҳаргиз намемирад. Ту ба ин бовар мекунӣ?» «Бале, Хоҷа, – ҷавоб дод Марто, – ман бовар мекунам, ки Ту Масеҳ ва Писари Худо ҳастӣ, ки бояд ба ҷаҳон ояд». Инро гуфта, Марто рафт ва хоҳари худ Марямро ҷеғ зада, фақат ба ӯ гуфт: «Устод омадааст ва туро даъват мекунад». Марям инро шунида, зуд аз ҷояш бархест ва ба назди Исо рафт. Исо ҳанӯз ба деҳа надаромада буд, балки дар ҳамон ҷое монд, ки Марто ба пешвозаш баромада буд. Дар хона ҳамроҳи Марям яҳудиёне буданд, ки ӯро дилбардорӣ мекарданд. Вақте онҳо диданд, ки Марям зуд аз ҷояш хеста аз хона баромад, гумон карданд, ки вай ба сари қабр рафта, гиря мекунад ва аз паси ӯ равона шуданд. Вақте Марям ба он ҷое, ки Исо буд, омада Ӯро дид, худро пеши пойҳояш партофта гуфт: «Хоҷа, агар Ту дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд». Вақте Исо Марям ва одамони ҳамроҳаш омадаро гирён дид, оҳи аламнок кашид ва дилаш пур аз хашму ғам шуда гуфт: «Шумо ӯро дар куҷо гузоштед?» Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Рафтем, Хоҷа, нишон медиҳем». Аз чашмони Исо ашк ҷорӣ шуд. Он гоҳ яҳудиён гуфтанд: «Бубинед, ки Ӯ чӣ қадар Элъозорро дӯст медошт!» Лекин баъзеи онҳо гуфтанд: «Ӯ, ки чашмони кӯрро бино карда буд, магар коре карда наметавонист, ки Элъозор ҳам намурад?» Исо бори дигар пур аз хашму ғам шуда, ба сари қабр омад. Ин як ғоре буд, ки дар даромадгоҳи он санг гузошта шуда буд. «Сангро дур кунед!» – гуфт Исо. Марто, хоҳари шахси мурда ба Ӯ гуфт: «Хоҷа, охир аз мурдани ӯ аллакай чор рӯз гузаштааст ва бӯй гирифтааст». Исо ба ӯ гуфт: «Магар Ман ба ту нагуфта будам, ки агар имон оварӣ, шуҳрату ҷалоли Худоро мебинӣ?» Сангро дур карданд. Исо ба боло нигоҳ карда гуфт: «Эй Падар, шукри Туро мекунам, ки дуои Маро шунидӣ. Ман медонистам, ки Ту ҳамеша дуои Маро мешунавӣ, вале инро ба хотири мардуме, ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то онҳо имон оваранд, ки Маро Ту фиристодаӣ!» Инро гуфта, бо овози баланд хитоб кард: «Эй Элъозор, берун баро!» Мурда, ки дасту пойҳояш бо кафану рӯяш бо рӯймол печонда шуда буд, аз қабр баромад. Исо ба онҳо гуфт: «Дасту пойҳои ӯро кушоед, то ки роҳ равад!» Бисёре аз яҳудиёне, ки назди Марям омада буданд, муъҷизаи Исоро дида ба Ӯ имон оварданд. Аммо баъзе аз онҳо ба пеши фарисиён рафта, дар бораи корҳои Исо хабар доданд. Он гоҳ коҳинони калон ва фарисиён маҷлиси шӯрои пиронро ҷамъ карда, гуфтанд: «Чӣ кор мекунем? Ин одам муъҷизаҳои зиёде нишон медиҳад. Агар мо иҷозат диҳем, ки Ӯ кори Худро давом диҳад, ҳама ба Ӯ имон меоваранд. Он вақт румиён омада, маъбади моро ва ҳам халқамонро нест мекунанд». Яке аз онҳо ба номи Қаёфо, ки дар он сол саркоҳин буд, гуфт: «Шумо ҳеҷ чизро намефаҳмед! Магар аён нест, ки агар ба ҷойи тамоми мардум як нафар бимирад, беҳтар аст, аз он ки тамоми халқ нобуд шавад». Қаёфо инро ба ихтиёри худ нагуфт, балки чун дар ҳамон сол саркоҳин буд, ӯ чунин пешгӯйӣ кард, ки Исо барои халқ мемирад. Вале на танҳо барои халқи яҳудиён, инчунин барои муттаҳид гардондани тамоми фарзандони Худо, ки дар рӯйи замин парокандаанд, мемирад. Аз ҳамон рӯз сар карда, онҳо роҳи чӣ тавр куштани Исоро фикр мекарданд. Аз ин сабаб Исо дигар дар Яҳудия ошкоро намегашт. Вай аз он ҷо ба Эфроим ном шаҳре, ки дар наздикии биёбон ҷойгир шуда буд, рафта, бо шогирдонаш дар ҳамон ҷо монд. Иди Наҷоти яҳудиён наздик мешуд ва аз гӯшаву канори мамлакат мардуми зиёд ба Уршалим равона шуданд, то пеш аз сар шудани ид расму ойини покшавиро ба ҷо оваранд. Онҳо дар ҷустуҷӯи Исо буданду дар маъбади Худо аз ҳамдигар мепурсиданд: «Чӣ фикр доред, Ӯ ба ид намеояд?» Зеро коҳинони калон ва фарисиён фармон бароварданд, ки агар касе дар куҷо будани Исоро донад, бояд ба онҳо хабар диҳад, то Ӯро дастгир кунанд. Шаш рӯз пеш аз сар шудани иди Наҷот Исо ба Байт-Анё ба хонаи ҳамон Элъозоре, ки Исо ӯро зинда карда буд, омад. Ба хотири Ӯ зиёфат барпо карданд. Марто хизмат мекард ва Элъозор бо ҳамроҳии Исо ва меҳмонони дигар дар сари дастархон нишаста буд. Марям бошад, як шишаи равғани атрафшони ниҳоят қиматбаҳоро гирифта, ба пойҳои Исо молиду бо мӯйҳояш пойҳои Ӯро хушк кард. Хонаро бӯйи муаттар фаро гирифт. Ҳамин вақт Яҳудои Исқарют, яке аз шогирдон, ки дар оянда ба Исо хиёнат мекунад, гуфт: «Чаро ин атриётро ба сесад динор нафурӯхтанду пулашро ба камбағалон тақсим накарданд?» Ӯ хазинадор буд ва барои манфиати худ аз он ҷо пул мегирифт. Бино бар ин, ӯ на аз сабаби ғами камбағалонро хӯрдан, балки ба сабаби дузд буданаш он суханонро гуфт. Вале Исо дар ҷавоб гуфт: «Марямро ором гузор! Вай ин атриётро барои рӯзи дафни Ман нигоҳ доштааст. Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд, вале Ман ҳамеша бо шумо нестам». Дар айни ҳол бисёре аз аҳолии Яҳудия дар Байт-Анё будани Исоро дониста, ба он ҷо рафтанд. Вале онҳо на фақат ба хотири Исо, балки барои дидани Элъозор ҳам, ки Исо ӯро зинда карда буд, ба он ҷо рафта буданд. Он гоҳ коҳинони калон қарор доданд, ки Элъозорро ҳам бикушанд, зеро ба хотири ӯ мардуми зиёди Яҳудия аз онҳо рӯ гардонда, ба Исо имон меоварданд. Рӯзи дигар мардуми сершуморе, ки ба ид омада буданд, шуниданд, ки Исо ба Уршалим омада истодааст. Он гоҳ онҳо шохаҳои дарахти нахлро ҳамчун рамзи шодӣ ба даст гирифта, ба пешвози Ӯ баромаданд ва фарёд мекарданд: «Шаъну шараф ба Худо! Баракат ёбад касе, ки ба номи Худованд меояд! Баракат ёбад Шоҳи Исроил!» Исо хареро ёфта, ба он савор шуд, зеро дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст: «Натарсед, эй сокинони шаҳри Уршалим! Ана, Шоҳи шумо савораи харе омада истодааст». Шогирдони Ӯ инро он вақт нафаҳмиданд, вале ҳангоме ки Исо ба тамоми шуҳрату ҷалоли Худо соҳиб шуд, онҳо ба ёд оварданд, ки дар навиштаҷот ҳамаи ин дар борааш навишта шуда буд ва бо Ӯ ҳамин тавр ҳам рӯй дод. Мардуме, ки дар пешашон Исо Элъозори мурдаро аз қабр ҷеғ зада, зинда карда буд, паҳн кардани ин хабарро давом медоданд. Аз сабаби шунидани ин муъҷиза тӯдаи зиёди одамон ба пешвози Ӯ баромаданд. Аммо фарисиён ба якдигар гуфтанд: «Медонед, аз дастамон ҳеҷ коре намеояд! Ана бинед, тамоми ҷаҳон аз пайи Ӯ меравад!» Дар байни онҳое, ки барои саҷда ба ид омада буданд, ғайрияҳудиён ҳам буданд. Онҳо ба назди Филиппус, ки аз аҳли Байт-Сайдои Ҷалил буд, омада гуфтанд: «Хоҷа, мо мехоҳем, ки Исоро бинем». Филиппус рафта, инро ба Андриёс хабар дод ва баъд ҳардуяшон рафта, ба Исо гуфтанд. Исо ҷавоб дод: «Вақту соати он расидааст, ки тамоми шуҳрату ҷалоли Писари Одамизод ошкор гардад! Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: то донаи гандум ба замин афтида намирад, вай як донаи танҳо мемонад, аммо агар бимирад – ҳосили зиёд меоварад. Касе ки ҳаёташро азиз дорад, онро аз даст медиҳад, вале касе ки дар ин дунё аз ҳаёти худ нафрат кунад, онро барои ҳаёти абадӣ нигоҳ медорад. Ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, бояд аз пасам ояд ва ҳар ҷое, ки Ман ҳастам, хизматгорам низ ҳамон ҷо мешавад. Касеро, ки ба Ман хизмат мекунад, Падарам сарфароз менамояд. Ҷонам ҳоло дар азоб аст ва чӣ гӯям? Бигӯям, ки „Падар, Маро аз ин соат халос кун!“, вале Ман маҳз барои ҳамин соат омадаам! Эй Падар, номи Худро шуҳрат деҳ!» Он гоҳ аз осмон садое шунида шуд: «Аллакай шуҳрат додам ва боз ҳам шуҳрати бештар медиҳам!» Тӯдаи мардум, ки дар он ҷо истода буданд, ин овозро шунида, баъзеашон гуфтанд, ки ин садои раъду барқ буд, дигарон гуфтанд, ки фариштае ба Ӯ сухан гуфт. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин садо на ба хотири Ман, балки ба хотири шумо буд! Акнун вақти ҳукм шудани ин ҷаҳон аст, ҳоло ҳукмрони ин ҷаҳон берун ронда мешавад! Вақте ки Ман аз замин боло бардошта мешавам, ҳамаро ба сӯи Худ мекашам!» Бо ин суханон Ӯ ишора мекард, ки чӣ тарз ҷон медиҳад. Мардум ҷавоб доданд: «Мо аз навиштаҷот медонем, ки Масеҳ то абад зинда мемонад. Пас, чӣ тавр мегӯйӣ, ки Писари Одамизод бояд боло бардошта шавад? Охир, Писари Одамизод кист?» Исо ба онҳо гуфт: «Боз муддати кӯтоҳе нур бо шумо мемонад. Ҳанӯз ки нур доред, роҳ равед, то ки торикӣ шуморо фаро нагирад, зеро ҳар кӣ дар торикӣ роҳ меравад, намедонад, ки куҷо меравад. Пас, ҳанӯз ки нур бо шумост, ба он имон оваред, то ки писарони нур шавед!» Исо инро гуфта, он ҷойро монда рафт ва аз назари онҳо ғоиб шуд. Бо вуҷуди он ки Исо дар ҳузури онҳо мӯъҷизоти бисёр нишон дод, онҳо ба Ӯ имон наоварданд. Ишаъё пайғамбар гуфта буд: «Эй Худованд, кист, ки ба паёми мо бовар кардааст? Қудрати Худо ба кӣ ошкор гардидааст?» Ин пешгӯйӣ ҳамин тавр иҷро шуд. Инчунин онҳо боз аз он сабаб имон оварда натавонистанд, ки Ишаъё пайғамбар чунин ҳам гуфта буд: «Худо чашмони онҳоро нобино Ва ақли онҳоро тира кардааст, То ки онҳо бо чашмони худ набинанд Ва бо ақли худ дарк накунанд, Вагарна ба Ман рӯ меоварданд, То Ман онҳоро шифо диҳам». Ишаъё барои он чунин гуфта буд, ки шуҳрату ҷалоли Исоро дид ва дар бораи Ӯ сухан гуфт. Ба ҳар ҳол, бисёри одамон, ҳатто аз байни мансабдорон низ ба Исо имон оварданд, вале аз тарси фарисиён ошкоро ба ин иқрор намешуданд, ки мабодо онҳоро аз ҷамоатхонаҳо пеш накунанд. Зеро онҳо назар ба таърифе, ки аз ҷониби Худо аст, таърифи инсониро зиёдтар дӯст доштанд. Исо бо овози баланд хитоб кард: «Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, на ба Ман, балки ба Касе, ки Маро фиристодааст, имон меоварад. Ҳар кӣ Маро мебинад, он Касеро мебинад, ки Маро фиристодааст. Ман ҳамчун нур ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад. Ман ҳеҷ касеро, ки суханони Маро мешунаваду иҷро намекунад, ҳукм нахоҳам кард, чунки Ман на барои ҳукм кардани ҷаҳон, балки барои наҷот додани он омадаам. Касе, ки Маро инкор мекунад ва суханони Маро қабул намекунад, вай аллакай ҳукмкунанда дорад. Дар рӯзи қиёмат он суханон, ки Ман гуфтам, ӯро ҳукм мекунанд, чунки Ман аз Худ сухан нагуфтаам, балки Падаре, ки Маро фиристодааст, чӣ гуфтану чӣ гуна сухан гуфтанамро фармон додааст. Ва Ман медонам, ки фармони Ӯ ҳаёти абадӣ мебахшад. Бино бар ин, Ман танҳо он чиро мегӯям, ки Падар ба Ман гуфтааст». Як рӯз пеш аз иди Наҷот Исо дид, ки вақту соати аз ин дунё гузаштан ва ба пеши Падараш рафтани Ӯ расидааст. Ӯ дар ин дунё одамони Худро дӯст медошт ва муҳаббаташ нисбат ба онҳо то охир пойдор буд. Шайтон аллакай ба дили Яҳудои писари Шимъуни Исқарют фикри дар ҳаққи Исо хиёнат карданро ҷо карда буд. Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст ва Ӯ аз ҷониби Худо омада, ба пеши Худо бармегардад. Аз ин рӯ, ҳангоми хӯроки шом Ӯ аз сари дастархон бархеста, ҷомаашро кашиду миёни Худро бо сачоқ баст. Пас, ба тағорае об рехта, ба шустан ва бо сачоқи дар миён бастааш хушк кардани пойҳои шогирдон шурӯъ кард. Ӯ ба назди Шимъуни Петрус омад ва Шимъуни Петрус гуфт: «Хоҷа, магар Ту пойҳои маро шустанӣ ҳастӣ?!» Исо ҷавоб дод: «Ҳоло ту кори карда истодаамро намефаҳмӣ, баъдтар мефаҳмӣ». Он гоҳ Петрус ба Ӯ гуфт: «Ҳаргиз пойҳои маро намешӯйӣ». Исо ҷавоб дод: «Агар нашӯям, ту бо Ман ҳеҷ муносибате нахоҳӣ дошт!» Шимъуни Петрус дар ҷавоб гуфт: «Хоҷа, пас на фақат пойҳоямро, балки дастону сарамро низ бишӯй!» «Барои касе, ки баданашро шустааст, танҳо пойҳояшро шустан лозим аст, чунки ӯ комилан пок аст, – гуфт Исо. – Шумо ҳам пок ҳастед, вале на ҳама». Зеро Ӯ медонист, ки дар ҳаққаш кӣ хиёнат мекунад ва барои ҳамин гуфт, ки на ҳама пок ҳастанд. Баъд аз он ки пойҳои онҳоро шуст, либосашро пӯшиду боз ба сари дастархон нишаста гуфт: «Оё медонед, ки Ман бароятон чӣ кор кардам? Шумо Маро Устод ва Хоҷа меномед ва ин дуруст аст, чунки Ман ҳамонам. Пас, агар Ман, ки Хоҷа ва Устоди шумо ҳастам, пойҳои шуморо шуста бошам, шумо низ бояд пойҳои якдигарро бишӯед. Ман ба шумо намунаи ибрат шудам, ки шумо айнан ба мисле ки Ман нисбат ба шумо рафтор кардам, рафтор кунед. Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки хизматгор аз хоҷаи худ ва шахси фиристодашуда аз фиристандаи худ бузургтар нест. Акнун ки шумо ин чизҳоро медонед, хушбахт мешавед, агар онҳоро ба амал оваред. Ман на дар бораи ҳамаи шумо мегӯям. Ман касони интихобкардаамро медонам. Вале бигзор суханони навиштаҷот ба амал оянд: „Касе ки нони Маро мехӯрд, бар зидди Ман бархостааст“. Инро ҳоло пеш аз рӯй доданаш ба шумо мегӯям, то ки ҳангоми ба амал омадани ин ҳодиса имон оваред, ки ин Ман ҳастам. Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад». Чун Исо ин суханонро гуфт, рӯҳан ба изтироб омада эълон кард: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, яке аз шумо ба Ман хиёнат мекунад». Шогирдон ба якдигар нигоҳ карда, дар ҳайрат монданд, ки Ӯ инро дар бораи кӣ гуфта бошад. Яке аз шогирдон, ки Исо ӯро дӯст медошт, дар паҳлуи Ӯ такя карда нишаста буд. Шимъуни Петрус ба ӯ ишора кард, то аз Исо бипурсад, ки Ӯ инро дар бораи кӣ гуфт. Он шогирд ба Исо наздиктар шуда пурсид: «Хоҷа, ин кист?» Исо ҷавоб дод: «Луқмаи нонро дар коса тар карда ба касе диҳам, ҳамон аст». Баъд луқмаи нонро тар карда, ба Яҳудои писари Шимъуни Исқарют дод. Ҳамин ки Яҳудо луқмаи нонро гирифт, шайтон ба вуҷуди ӯ дохил шуд. Исо ба ӯ гуфт: «Он ниятеро, ки дар дил дорӣ, зудтар иҷро бикун». Ҳеҷ касе аз онҳое, ки дар сари дастархон буданд, нафаҳмиданд, ки барои чӣ Исо ба ӯ ин суханро гуфт. Азбаски хазинаи пул дар дасти Яҳудо буд, баъзеҳо гумон карданд, ки Исо ба ӯ фармуд, то ҳар чи барои ид лозим аст, барояшон бихарад ё ки ба бенавоён чизе бидиҳад. Яҳудо нонро гирифта, ҳамон замон берун баромад. Шаб буд. Вақте ки ӯ берун баромад, Исо гуфт: «Акнун Писари Одамизод шуҳрату ҷалол ёфт ва Худо низ ба воситаи Ӯ шуҳрату ҷалол ёфт. Азбаски Худо дар Ӯ шуҳрату ҷалол ёфт, пас Худо низ Ӯро ҳамроҳи Худ шуҳрату ҷалол медиҳад ва инро ба зудӣ мекунад. Эй фарзандонам, муддати кам мондааст, ки Ман ҳамроҳи шумо мемонам. Шумо Маро ҷустуҷӯ хоҳед кард, вале, чӣ тавре ки ба роҳбарони яҳудӣ гуфта будам, акнун ба шумо низ мегӯям, ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед. Ман ба шумо фармони нав медиҳам, ки якдигарро дӯст доред. Ҳамон тавре ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред. Агар нисбат ба якдигар муҳаббат дошта бошед, ҳама хоҳанд фаҳмид, ки шумо шогирдони Ман ҳастед». Шимъуни Петрус аз Ӯ пурсид: «Хоҷа, Ту ба куҷо меравӣ?» «Ба ҷое, ки Ман меравам, ту ҳоло аз паси Ман омада наметавонӣ, – ҷавоб дод Исо, – аммо баъдтар хоҳӣ омад». Петрус ба Ӯ гуфт: «Хоҷа! Чаро ман ҳоло аз паси Ту рафта наметавонам? Ман тайёрам ҷони худро барои Ту фидо кунам!» Исо ҷавоб дод: «Ҷонатро фидои Ман мекунӣ?! Ба ту сухани ҳақ ва ростро мегӯям, пеш аз он, ки хурӯс ҷеғ занад, ту се бор Маро инкор хоҳӣ кард!» Исо суханашро давом дода гуфт: «Бигзор дилҳоятонро ғаму ғусса фаро нагирад! Ба Худо имон оваред ва ба Ман низ имон оваред! Дар хонаи Падари Ман ҳуҷраҳо бисёранд. Агар чунин намебуд, магар Ман ба шумо мегуфтам, ки рафта, барои шумо ҷой тайёр мекунам? Вақте ки Ман меравам ва барои шумо ҷой тайёр мекунам, баргашта, шуморо пеши Худ мебарам, то дар ҷое, ки Ман ҳастам, шумо ҳам бошед. Шумо роҳро ба он ҷое, ки Ман меравам, медонед». Он гоҳ Тумо ба Ӯ гуфт: «Хоҷа, мо намедонем, ки Ту ба куҷо меравӣ. Пас роҳро аз куҷо дониста метавонем?» Исо ба ӯ гуфт: «Ман роҳ, ҳақиқат ва ҳаёт ҳастам. Ҳеҷ кас пеши Падар намеояд, магар ин ки фақат ба воситаи Ман. Модоме ки шумо Маро мешиносед, Падарамро ҳам мешиносед. Аз имрӯз эътиборан шумо Ӯро мешиносед ва Ӯро дидаед!» «Хоҷа! – гуфт ба Ӯ Филиппус, – Падарро ба мо нишон деҳ ва ин бароямон кифоя аст». Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ин қадар ҳамроҳи шумо будам ва ту, Филиппус, Маро то ҳол намешиносӣ? Ҳар кӣ Маро дида бошад, Падарро дидааст. Пас чӣ гуна ту „Падарро ба мо нишон деҳ“ мегӯйӣ? Магар бовар намекунӣ, ки Ман дар Падар ҳастам ва Падар дар Ман аст? Суханонеро, ки Ман ба шумо мегӯям, аз Худам намегӯям. Падарам, ки дар Ман аст, корҳои Худро иҷро мекунад. Ба Ман бовар кунед, ки Ман дар Падар ҳастам ва Падар дар Ман аст. Вагарна ба хотири он корҳое, ки мекунам, бовар кунед. Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ҳар шахсе, ки ба Ман имон оварад, корҳоеро, ки Ман мекунам, ӯ ҳам мекунад. Он шахс инчунин корҳои аз он бузургтареро мекунад, чунки Ман ба назди Падарам меравам. Инчунин ҳар чиро, ки аз номи Ман талаб кунед, Ман иҷро мекунам, то ки шуҳрату ҷалоли Падар дар Писар намоён гардад. Агар ба номам чизеро аз Ман талаб кунед, Ман онро иҷро хоҳам кард. Агар шумо Маро дӯст доред, фармонҳои Маро иҷро мекунед. Он гоҳ Ман аз Падарам хоҳиш мекунам ва Ӯ ба шумо Пуштибони дигареро медиҳад, ки то абад бо шумо мемонад. Ин Рӯҳи ростӣ аст, ки ҷаҳон Ӯро қабул карда наметавонад, чунки Ӯро на мебинаду на мешиносад. Вале шумо Ӯро мешиносед, чун Вай ҳамроҳи шумо аст ва дар вуҷуди шумо мешавад. Ман шуморо бепарастор намегузорам: ба назди шумо бармегардам. Ба наздикӣ ҷаҳон Маро дигар намебинад, вале шумо Маро хоҳед дид. Азбаски Ман зиндаам, шумо ҳам зинда хоҳед буд. Дар он рӯз хоҳед донист, ки Ман дар Падарам ҳастам ва шумо дар Ман ҳастед ва Ман дар шумо. Ҳар кӣ бо фармонҳои Ман розӣ шаваду онҳоро иҷро кунад, вай касест, ки Маро дӯст медорад ва ҳар кӣ Маро дӯст дорад, ӯро Падари Ман ҳам дӯст медорад. Ман низ ӯро дӯст медорам ва Худро ба ӯ ошкор мекунам». Яҳудои дигар, на он Яҳудои Исқарют гуфт: «Хоҷа, ин чӣ тавр мешавад, ки Ту Худро ба мо зоҳир мекунӣ, аммо на ба ҷаҳон?» Исо дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ҳар кӣ Маро дӯст дорад, каломи Маро риоя мекунад. Он гоҳ Падари Ман ҳам ӯро дӯст медорад. Мо пеши ӯ меоем ва ҳамроҳи ӯ зиндагӣ мекунем. Касе ки Маро дӯст намедорад, суханони Маро иҷро намекунад. Он сухане, ки шумо мешунавед, аз Ман нест, балки сухани Падар аст, ки Маро фиристодааст. Ман ин суханонро ба шумо ҳанӯз ки бо шумо ҳастам, мегӯям. Вале Пуштибон, Рӯҳулқудс, ки Ӯро Падар аз номи Ман ба шумо мефиристад, ҳама чизро ба шумо ёд медиҳад ва ҳар сухани Маро ба шумо хотиррасон мекунад. Ман оромиро бо шумо мемонам, оромии Худамро ба шумо медиҳам. Ман онро ба шумо на ба он тавре медиҳам, ки ҷаҳон медиҳад. Ғаму ғуссаро аз дилҳоятон дур кунеду ҳаросон нашавед! Шумо аллакай суханони гуфтаи Маро шунида будед, ки Ман меравам ва ба назди шумо бармегардам. Агар Маро дӯст медоштед, хурсанд мешудед, ки Ман ба пеши Падар меравам, зеро Падар аз Ман бузургтар аст. Ана Ман инро пеш аз ба амал омаданаш ба шумо гуфтам, то вақте ки ин ҳодиса ба амал меояд, имон оваред! Ман дигар вақти дароз бо шумо гап намезанам, чунки ҳукмрони ин ҷаҳон, яъне шайтон омада истодааст. Вай бар Ман ҳеҷ қудрате надорад, вале Ман аз рӯйи фармони Падар, ки ба Ман додааст, ин корро мекунам, то ҷаҳон бидонад, ки Ман Падарро дӯст медорам. Бархезед, биёед, аз ин ҷо меравем!» Исо суханашро давом дода гуфт: «Ман токи ҳақиқӣ ҳастам ва Падари Ман токпарвар аст. Ҳар шохаеро, ки дар Ман ҳосил намедиҳад, Ӯ бурида мепартояд ва ҳар шохаи ҳосилдиҳандаро хомток мекунад, то меваи бештаре ба бор оварад. Шумо аллакай ба воситаи суханоне, ки Ман ба шумо гуфтаам, пок шудаед. Дар Ман бимонед, чунон ки Ман дар шумо ҳастам. Ҳамон тавр ки шоха агар дар ток набошад, аз худ ҳосил ба бор оварда наметавонад, ҳамчунин шумо низ, агар дар Ман намонед, аз худ самар оварда наметавонед. Ман ток ҳастам ва шумо шохаҳо ҳастед. Танҳо онҳое, ки дар Ман ҳастанд ва Ман дар онҳо ҳастам, ҳосили фаровон ба бор меоваранд, чунки бе Ман шумо ҳеҷ коре карда наметавонед. Ҳар кӣ дар Ман намонад, мисли шоха партофта шуда, баъд хушк мешавад. Чунин шохаҳоро ҷамъ карда, ба оташ мепартоянду месӯзонанд. Агар шумо дар Ман бимонед ва суханони Ман дар шумо бимонанд, ҳар чизеро, ки талаб кунед, бароятон иҷро мешавад! Падари Ман бо он шуҳрату ҷалол меёбад, ки шумо самари зиёд меоваред ва бо ин нишон медиҳед, ки шогирдони Ман ҳастед. Чӣ тавре ки Падар Маро дӯст медорад, ҳамон тавр Ман ҳам шуморо дӯст медорам. Дар муҳаббати Ман зиндагӣ кунед! Ман фармонҳои Падарамро иҷро кардам ва дар муҳаббаташ зиндагӣ мекунам. Ҳамон тавр шумо низ агар фармонҳои Маро иҷро кунед, дар муҳаббати Ман зиндагӣ мекунед. Ман инро ба шумо барои он гуфтам, ки шодии Ман дар шумо бошад ва шодиатон комил гардад. Фармони Ман ин аст: чунон ки Ман шуморо дӯст медорам, ҳамон тавр шумо якдигарро дӯст доред. Вақте ки касе ҷонашро барои дӯстонаш фидо мекунад, аз ин муҳаббати бузургтаре нест. Агар фармонҳои Маро иҷро кунед, шумо дӯстони Ман ҳастед. Ман дигар шуморо хизматгор наменомам, зеро хизматгор намедонад, ки хоҷаи ӯ ба чӣ кор машғул аст. Лекин Ман шуморо дӯстони Худ мехонам, чунки ҳама чизи аз Падар шунидаамро ба шумо гуфтаам. Шумо Маро интихоб накардаед, балки Ман шуморо интихоб карда, таъйин намудаам, ки рафта мева биёред, ки то абад мемонад. Он гоҳ ҳар чи ба номи Ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо медиҳад. Пас, фармони Ман барои шумо ин аст, ки ҳамдигарро дӯст доред. Агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад, донед, ки пеш аз шумо аз Ман нафрат дошта буд. Агар шумо аз ин ҷаҳон мебудед, ҷаҳон шуморо ҳамчун аз они худ дӯст медошт. Вале аз сабаби он ки Ман шуморо аз ин ҷаҳон интихоб карда гирифтам ва шумо аз ин ҷаҳон нестед, ин ҷаҳон аз шумо нафрат дорад. Дар хотир доред, ки Ман ба шумо чӣ гуфта будам: „Хизматгор аз хоҷаи худ бузургтар нест“. Пас, агар Маро ғаму озор дода бошанд, шуморо низ ғаму озор медиҳанд. Агар суханони Маро иҷро карда бошанд, суханони шуморо низ иҷро мекунанд. Аммо мардум ҳамаи инро бо шумо ба хотири Ман мекунанд, чунки Фиристандаи Маро намешиносанд. Агар Ман ба ҷаҳон намеомадам ва ба онҳо сухане намегуфтам, онҳо гуноҳе намедоштанд, вале акнун барои сафед кардани гуноҳи худ баҳона надоранд. Касе, ки аз Ман нафрат мекунад, аз Падари Ман низ нафрат дорад. Агар Ман дар байни онҳо он корҳоеро, ки касе накардааст, намекардам, онҳо гуноҳ намедоштанд. Вале акнун онҳо он корҳоро диданд ва бо вуҷуди ин аз Ман ва ҳам аз Падарам нафрат доранд. Ин барои иҷро шудани гуфтаҳои навиштаҷоти онҳо ба амал меояд, ки гуфта шудааст: „Бесабаб аз ман нафрат доштанд“. Вале Ман ба шумо Пуштибон, яъне Рӯҳи ростиро мефиристам. Ӯ аз ҷониби Падар меояд ва дар бораи Ман шаҳодат медиҳад. Инчунин шумо ҳам шаҳодат медиҳед, зеро шумо аз рӯзҳои аввал бо Ман будед». Исо давом дод: «Ман инро ба шумо барои он гуфтам, ки ба шубҳа афтода, гумроҳ нашавед. Шуморо аз ҷамоатхонаҳо пеш мекунанд. Ҳатто чунон замоне фаро мерасад, ки кушандагони шумо фикр мекунанд, ки бо ин корашон ба Худо хизмат мекунанд. Онҳо аз сабаби он чунин рафтор мекунанд, ки на Падар ва на Маро мешиносанд. Аммо Ман ин чизҳоро ба шумо барои он гуфтам, ки ҳангоми расидани ин вақт шумо ба хотир оред, ки Ман дар бораи онҳо ба шумо гуфта будам. Аз аввал дар бораи ин чизҳо ба шумо нагуфтам, чунки ҳамроҳи шумо будам. Акнун пеши он Касе меравам, ки Маро фиристодааст. Вале ҳеҷ касе аз шумо ба Ман савол намедиҳад, ки „Ту ба куҷо меравӣ?“, чунки суханони Ман дилҳои шуморо пур аз ғам карданд. Аммо Ман ба шумо рост мегӯям: рафтани Ман барои фоидаи шумост. Зеро, агар Ман наравам, Пуштибон пеши шумо намеояд ва агар биравам, Ӯро ба назди шумо мефиристам. Вақте ки Ӯ меояд, фикрронии нодурусти ин ҷаҳонро дар бораи гуноҳ, росткорӣ ва ҳукмкунӣ фош мекунад: гуноҳ дар ин аст, ки онҳо ба Ман имон намеоваранд, росткорӣ дар ин аст, ки Ман ба пеши Падарам меравам ва шумо дигар Маро намебинед, ҳукмкунӣ аз он иборат аст, ки ҳукмрони ин ҷаҳон аллакай ҳукм шудааст. Ман боз бисёр чизи ба шумо гуфтанӣ дорам, аммо алҳол шумо тоқати шунидани онро надоред. Вақте ки Рӯҳи ростӣ меояд, Ӯ шуморо сӯи тамоми ростӣ роҳнамоӣ мекунад, зеро Ӯ аз Худ чизе намегӯяд, балки он чиро, ки мешунавад, ба шумо мегӯяд. Ӯ ба шумо дар бораи ҳодисаҳои оянда хабар медиҳад. Ӯ Маро шуҳрату ҷалол медиҳад, зеро Ӯ гуфтаҳои Маро гирифта, ба шумо нақл мекунад. Ҳар чи Падар дорад, аз они Ман аст. Аз ин сабаб Ман гуфтам, ки Ӯ гуфтаҳои Маро гирифта, ба шумо нақл мекунад. Баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид». Он гоҳ баъзе аз шогирдон ба ҳамдигар гуфтанд: «Ӯ „баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид“ ва „чунки Ман ба пеши Падар меравам“ гуфта, чиро дар назар дорад? Ӯ „андаке“ гуфта чиро дар назар дорад? Мо намефаҳмем, ки Ӯ дар бораи чӣ гуфта истодааст». Исо фаҳмид, ки онҳо ба Ӯ савол доданӣ ҳастанд, бинобар ин гуфт: «Шумо аз якдигар мепурсед, ки „баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид“ гуфта, чиро дар назар доштам? Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки шумо гиря карда, андӯҳгин мешавед, вале ҷаҳон шодӣ мекунад. Шумо ғамгин мешавед, аммо ғами шумо ба шодӣ мубаддал мегардад. Ҳангоми таваллуди кӯдак зан ғамгин мешавад, чун соати азоби вай расидааст, вале вақте ки кӯдакро таваллуд мекунад, дарду азобро фаромӯш карда, шодӣ мекунад, ки инсоне ба дунё омадааст. Инак, шумо ҳам ҳоло ғамгин ҳастед, аммо Ман шуморо боз мебинам ва дилҳои шумо шод мегарданд ва он шодиро ҳеҷ кас аз шумо гирифта наметавонад. Он рӯз шумо аз Ман чизе намепурсед. Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ҳар чиро ки бо номи Ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо хоҳад дод. То ҳол шумо аз номи Ман чизеро талаб накардаед. Талаб кунед ва ба даст меоваред ва шодии шумо пурра мешавад. Ман дар ин бора ба шумо бо масалҳо гуфтам, лекин замоне фаро мерасад, ки ба шумо на бо масалҳо, балки кушоду равшан дар бораи Падар нақл мекунам. Дар он рӯз бо номи Ман аз Ӯ талаб мекунед. Ман намегӯям, ки барои шумо аз Падар талаб мекунам, зеро Худи Падар шуморо дӯст медорад, ба сабаби он ки шумо Маро дӯст доштед ва имон овардед, ки Ман аз ҷониби Худо омадаам. Ман аз ҷониби Падар ба ин ҷаҳон омадаам ва ин ҷаҳонро тарк карда, ба назди Падар меравам». «Акнун Ту кушоду равшан ва бе масалҳо гап зада истодаӣ, – гуфтанд ба Ӯ шогирдон. – Ҳоло мо фаҳмидем, ки Ту ҳама чизро медонӣ ва ҳоҷати аз Ту пурсидан нест. Бино бар ин, мо имон дорем, ки Ту аз ҷониби Худо омадаӣ». «Акнун имон овардед? – гуфт дар ҷавоби онҳо Исо. – Инак вақту соате меояд ва он аллакай фаро расидааст, ки ҳамаи шумо пароканда шуда ба хонаҳои худ меравед ва Маро танҳо мегузоред. Вале Ман танҳо нестам, зеро Падар ҳамроҳи Ман аст. Ман ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки шумо аз Ман оромӣ пайдо кунед. Дар дунё шуморо азобу уқубат интизор аст, вале шумо далер бошед: Ман бар ин ҷаҳон ғолиб шудаам!» Баъд аз ин суханон Исо ба сӯи осмон нигоҳ карда гуфт: «Эй Падар, вақт фаро расид. Писари Худро шуҳрату ҷалол деҳ, то ки Писар Туро шуҳрату ҷалол бидиҳад, чунки Ту бар сари ҳамаи одамон ба Ӯ қудрат додаӣ, то ки Ӯ низ ба ҳамаи касоне, ки ба Ӯ бахшидаӣ, ҳаёти абадӣ диҳад. Зеро ҳаёти абадӣ ин аст, ки Туро, Худои ягонаи ҳақиқӣ ва Исои Масеҳро, ки Ту фиристодаӣ, шиносанд. Ман бо анҷом додани он коре, ки Ту ба Ман супорида будӣ, Туро дар рӯйи замин шуҳрату ҷалол додам. Акнун эй Падар дар назди Худ Маро бо он шуҳрату ҷалоле, ки Ман пеш аз пайдоиши олам дар назди Ту доштам, ҷалол бидеҳ. Ман номи Туро ба он касоне, ки Ту аз ҷаҳон гирифта, ба Ман бахшидаӣ, маълум кардам. Онҳо аз они Ту буданду Ту онҳоро ба Ман бахшидӣ ва онҳо каломи Туро риоя карданд. Акнун онҳо медонанд, ки ҳама чизи ба Ман додаат, аз они Туст. Зеро он каломеро, ки Ту ба Ман додӣ, Ман ба онҳо расондам ва онҳо қабул карда, дар ҳақиқат фаҳмиданд, ки Ман аз назди Ту омадаам ва боварӣ доранд, ки Ту Маро фиристодаӣ. Ман барои онҳо дуо мекунам. Ман на барои ҷаҳон, балки барои онҳое дуо мекунам, ки Ту ба Ман додаӣ, чунки онҳо аз они Туанд. Зеро ҳамаи онҳое, ки Ман дорам, аз они Туанд ва онҳое, ки Ту дорӣ, аз они Ман ҳастанд ва ба воситаи онҳо Ман шуҳрату ҷалол ёфтам. Ман акнун аз ин ҷаҳон меравам ва ба назди Ту бармегардам, вале онҳо дар ин ҷаҳон мемонанд. Эй Падари Пок, бо қудрати номи Худ, ки Ту ба Ман додаӣ, онҳоро муҳофизат бикун, то онҳо як бошанд, чунон ки Ману Ту бо ҳам як ҳастем. То вақте ки Ман бо онҳо будам, онҳоро бо қудрати номи Ту, ки ба Ман бахшидаӣ, муҳофизат ва нигаҳбонӣ кардам. Аз онҳо касе ҳам ҳалок нашуд, ғайр аз як нафар, ки бояд ҳалок мешуд, то ки гуфтаҳои навиштаҷот ба амал оянд. Вале акнун Ман назди Ту меравам ва ин чизҳоро ҳанӯз ки дар ин ҷаҳон ҳастам, мегӯям, то ки дилҳои онҳо аз шодии Ман пур шаванд. Ман каломи Туро ба онҳо расондаам ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, чунки онҳо аз ин ҷаҳон нестанд, ҳамон тавр ки Ман ҳам аз ин ҷаҳон нестам. Ман талаб намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, аммо мехоҳам, ки онҳоро аз шайтон муҳофизат намойӣ. Онҳо аз ин ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман ҳам аз ин ҷаҳон нестам. Ба воситаи ҳақиқат онҳоро барои Худ ҷудо кун, каломи Ту ҳақиқат аст. Чунон ки Ту Маро ба ҷаҳон фиристодаӣ, ҳамин тавр Ман ҳам онҳоро ба ҷаҳон фиристодаам. Ман ба хотири онҳо Худро ба Ту бахшидам, то ки онҳо низ ба воситаи ҳақиқат худро ба Ту бахшида тавонанд. Ман на фақат барои онҳо дуо мекунам, балки барои касоне ҳам, ки ба воситаи суханони онҳо ба Ман имон меоваранд. Бигзор ҳамаи онҳо як шаванд. Бигзор, чӣ тавре ки Ту, Падар дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту ҳастам, онҳо низ дар Мо бошанд, то ҷаҳон имон оварад, ки Маро Ту фиристодаӣ. Ман ба онҳо ҳамон шуҳрату ҷалолеро додаам, ки Ту ба Ман додаӣ, то онҳо як бошанд, чунон ки Ману Ту як ҳастем. Ман дар онҳо ҳастам ва Ту дар Ман ҳастӣ, то ки онҳо дар ягонагии комил бошанду ҷаҳон бидонад, ки Ту Маро фиристодаӣ ва ҳамон тавре ки Маро дӯст медорӣ, онҳоро низ дӯст медорӣ. Эй Падар, мехоҳам, онҳоеро, ки Ту ба Ман бахшидаӣ, ҳамроҳи Ман дар он ҷое бошанд, ки Ман мешавам ва он шуҳрату ҷалолеро бубинанд, ки Ту ба Ман додаӣ, зеро Ту Маро пеш аз офариниши олам дӯст доштаӣ. Эй Падари одил, ҷаҳон Туро нашинохт, вале Ман Туро мешиносам ва онҳо медонанд, ки Ту Маро фиристодаӣ. Ман ба онҳо Туро ошкор кардам ва боз ҳам ошкор мекунам, то он муҳаббате, ки Ту нисбат ба Ман дорӣ, дар онҳо низ бошад ва Ман ҳам дар онҳо бошам». Пас аз ин суханон Исо ҳамроҳи шогирдонаш баромада, ба канори дигари водии Қидрӯн гузашт. Дар он ҷо боғе буд ва Исо бо шогирдонаш ба он боғ даромад. Яҳудо, ки ба Исо хиёнат кард, он ҷоро медонист, чунки Исо ва шогирдонаш бисёр вақт дар он ҷо ҷамъ меомаданд. Инак, Яҳудо бо худ дастаи аскарони румӣ ва посбононро, ки аз тарафи коҳинони калон ва фарисиён фиристода шудаанд, ба он ҷо овард. Онҳо ҳама силоҳдор буданд ва дар даст чароғу машъал бардошта меомаданд. Исо медонист, ки бо Ӯ чӣ ҳодиса рӯй медиҳад, бинобар ин ба пеши онҳо баромада пурсид: «Шумо киро ҷустуҷӯ мекунед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Исои Носириро». «Ин Ман ҳастам », – ҷавоб дод Исо. Яҳудо, ки ба Исо хиёнат кард, низ ҳамроҳи онҳо буд. Ҳамин ки Исо «Ин Ман ҳастам» гуфт, онҳо ақибнокӣ рафта, ба замин афтоданд. Исо боз аз онҳо пурсид: «Шумо киро ҷустуҷӯ мекунед?» «Исои Носириро», – гуфтанд онҳо. «Ман ба шумо гуфтам, ки ин Ман ҳастам. Агар барои шумо Ман лозим бошам, пас монед, ки ин одамон раванд». Ӯ ин тавр гуфт, то ки суханони «Аз он касоне, ки Ту ба Ман бахшидӣ, касеро аз даст надодам» гуфтааш иҷро шаванд. Шимъуни Петрус, ки шамшер дошт, онро аз ғилоф кашида, ғуломи саркоҳинро заду гӯши рости ӯро бурида партофт. Он ғулом Малхус ном дошт. Исо ба Петрус гуфт: «Шамшератро ба ғилофаш андоз! Наход ки аз косаи ранҷу азобе, ки Падарам ба Ман додааст, нанӯшам?!» Он гоҳ дастаи аскарони румӣ бо фармондеҳи худ ва посбонони яҳудӣ Исоро дастгир карда бастанд. Аввал Ӯро назди Ҳонон, падарарӯси Қаёфо бурданд, ки ҳамон сол саркоҳин буд. Қаёфо ин ҳамон шахсе буд, ки ба сардорони яҳудӣ маслиҳат дод, ки агар ба ҷойи тамоми мардум як нафар бимирад, беҳтар аст. Шимъуни Петрус ва як шогирди дигари Исо аз паси Ӯ рафтанд. Он шогирд бо саркоҳин ошноӣ дошт, бинобар ин ҳамроҳи Исо ба ҳавлии саркоҳин даромад. Вале Петрус дар беруни ҳавлӣ, дар назди дарвоза истод. Пас он шогирде, ки бо саркоҳин ошноӣ дошт, баромада, бо канизаке, ки дарбон буд, гуфтугӯ карда, Петрусро ба ҳавлӣ даровард. Канизаке, ки дарбон буд, ба Петрус гуфт: «Оё ту яке аз шогирдони он Кас нестӣ?» «Не, нестам», – ҷавоб дод Петрус. Азбаски ҳаво хунук буд, хизматгорон ва посбонон гулхан даргиронда, дар гирди он худро гарм мекарданд. Петрус низ дар паҳлуи онҳо истода, худро гарм мекард. Саркоҳин аз Исо дар бораи шогирдон ва таълимоти Ӯ пурсуҷӯ кард. Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман дар пеши ҳама ошкоро сухан гуфта будам. Ман доимо дар ҷамоатхонаҳо ва дар маъбади Худо, ки ҳамаи мардум ҷамъ мешаванд, таълим медодам ва пинҳонӣ чизе нагуфтаам. Пас чаро шумо аз Ман мепурсед? Аз шунавандагон бипурсед, ки Ман дар бораи чӣ ба онҳо гуфта будам. Онҳо медонанд, ки Ман чӣ гуфтаам». Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро гуфт, яке аз посбонони дар паҳлӯяш истода Исоро торсакӣ зада гуфт: «Ту чӣ хел ба саркоҳин ҷавоб дода истодаӣ?!» «Агар чизе нодуруст гуфта бошам, бигӯ, ки Ман чӣ хато кардам, – ҷавоб дод Исо. – Вале агар дуруст гуфта бошам, чаро Маро мезанӣ?» Он гоҳ Ҳонон Исои дастбастаро ба назди Қаёфои саркоҳин фиристод. Шимъуни Петрус бошад, дар ҷойи пештарааш истода, худро гарм мекард. Аз ӯ пурсиданд: «Магар ту ҳам аз шогирдони Ӯ нестӣ?» Вале Петрус инро инкор карда, «не» ҷавоб дод. «Магар туро дар боғ бо Ӯ надида будам?» – гуфт яке аз хизматгорони саркоҳин, хеши ҳамон касе, ки гӯшашро Петрус бурида буд. Петрус боз инкор кард. Ҳамон лаҳза хурӯс ҷеғ зад. Пагоҳии барвақт Исоро аз назди Қаёфо ба дарбори ҳокими румӣ бурданд. Онҳое, ки Ӯро оварданд, ба хотири он ки ҳаром нашаванду хӯроки иди Наҷотро хӯрда тавонанд, ба дарбор надаромаданд. Пас Пилотус ба назди онҳо баромада гуфт: «Айби ин Одам дар чист?» Онҳо ҷавоб доданд: «Агар Ӯ ҷинояткор намебуд, магар Ӯро ба дасти шумо месупоридем?» «Худатон Ӯро гирифта аз рӯйи шариататон ҳукм кунед», – гуфт ба онҳо Пилотус. «Ба мо раво нест, ки касеро ба қатл расонем», – ҷавоб доданд роҳбарони яҳудӣ. Ҳамаи ин барои он рӯй дод, то суханони Исо, ки дар бораи чӣ хел мурданаш гуфта буд, иҷро шаванд. Пилотус ба қаср баргашт ва Исоро ҷеғ зада гуфт: «Магар Ту Шоҳи яҳудиён ҳастӣ?» Исо дар ҷавоб гуфт: «Ту ин саволро аз худат мегӯйӣ ё дигарон дар бораи Ман ба ту гуфтанд?» Пилотус ҷавоб дод: «Магар ман яҳудӣ ҳастам? Халқ ва коҳинони калони Худат Туро дошта, ба дасти ман супориданд. Ту чӣ кор кардӣ?» Исо гуфт: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест. Агар Подшоҳии Ман ба мисли подшоҳии ин ҷаҳон мебуд, хизматгоронам барои Ман меҷангиданд, то ки Ман ба дасти ҳукуматдорони яҳудӣ таслим карда нашавам. Не, Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест». «Пас Ту Шоҳ ҳастӣ?» – пурсид аз Ӯ Пилотус. Исо ҷавоб дод: «Ту мегӯйӣ, ки Ман подшоҳ ҳастам. Ман барои он таваллуд шуда ба ин ҷаҳон омадаам, ки дар бораи ҳақиқат шаҳодат диҳам. Ҳар кӣ тарафдори ҳақиқат бошад, Маро гӯш мекунад». «Ҳақиқат чист?» – пурсид аз Ӯ Пилотус. Ин суханонро гуфта, Пилотус боз ба назди яҳудиён баромада гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам. Лекин шумо як анъана доред, ки ҳар иди Наҷот ман бароятон як маҳбусеро озод мекунам. Мехоҳед, ки бароятон Шоҳи яҳудиёнро озод кунам?» Онҳо дод зада, ҷавоб доданд: «Не, на Ӯро, балки Барабборо озод кун!» Бараббо як марди роҳзан буд. Он вақт Пилотус фармуд, ки Исоро бо қамчин зананд. Сарбозон аз хор тоҷе бофта, бар сари Ӯ гузоштанд ва ба Ӯ ҷомаи бунафшранг пӯшонданд. Онҳо ба пеши Ӯ омада, «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» мегуфтанду Ӯро торсакӣ мезаданд. Пилотус боз берун баромада, ба онҳо гуфт: «Акнун ман ин одамро пеши шумо меорам. Бидонед, ки ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам». Исо берун баромад ва дар сар тоҷи хордору дар тан ҷомаи бунафшранг дошт. Пилотус ба онҳо гуфт: «Ана ин одам!» Коҳинони калон ва посбонон Ӯро дида, фарёд карданд: «Ӯро ба салиб мехкӯб кунед! Ӯро мехкӯб кунед!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо худатон Ӯро гирифта, мехкӯб кунед! Зеро ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам». Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Мо дар шариат қонун дорем, ки мувофиқи он Ӯ бояд бимирад, чунки Худро Писари Худо эълон кардааст». Вақте ки Пилотус инро шунид, аз пештара зиёдтар тарсид. Ӯ боз ба дохили дарбор баргашта, аз Исо пурсид: «Ту аз куҷоӣ?» Вале Исо ҷавобе надод. «Бо ман гап задан намехоҳӣ? – пурсид Пилотус. – Магар намедонӣ, ман қудрат дорам, ки Туро озод кунам ва қудрат дорам, ки Туро ба салиб мехкӯб кунонам?» Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Агар ба ту аз боло қудрат дода намешуд, ту бар Ман ҳеҷ қудрат намедоштӣ. Бино бар ин, касе, ки Маро ба ту таслим кардааст, гуноҳи бузургтаре дорад». Аз ин лаҳза Пилотус кӯшиш кард, ки Ӯро озод кунад, вале мардум фарёд мезаданд: «Агар Ӯро озод кунӣ, ту дӯсти шоҳаншоҳ нестӣ! Касе, ки худро подшоҳ эълон мекунад, вай душмани шоҳаншоҳ аст!» Вақте ки Пилотус ин суханонро шунид, Исоро берун овард ва дар ҷое ба номи Сангфарш, ки ба забони ибриён онро «Ҷабто» мегуфтанд, ба курсии ҳукмбарорӣ нишаст. Арафаи иди Наҷот, қариби нисфирӯзӣ шуда буд. Пилотус ба мардум гуфт: «Ана Шоҳи шумо!» Онҳо фарёд зада гуфтанд: «Нест кун! Нест кун! Ӯро мехкӯб кун!» «Шумо мехоҳед, ки ман Шоҳи шуморо мехкӯб кунам?» – гуфт Пилотус. Коҳинони калон ҷавоб доданд: «Мо ғайр аз шоҳаншоҳ подшоҳи дигаре надорем!» Он гоҳ Пилотус Исоро барои мехкӯб кардан ба дасти сарбозон супорид. Онҳо Исоро бурданд ва Ӯ то «Ҷойи косахонаи сар», ки ба забони ибриён «Ҷолҷото» ном дошт, салиби Худро бардошта, рафт. Дар он ҷо Ӯро ба салиб мехкӯб карданд ва ҳамроҳи Ӯ боз ду нафари дигарро, якеро аз тарафи чап ва дигареро аз тарафи рост ба салибҳо мехкӯб карданд ва Исо дар мобайни онҳо буд. Пилотус лавҳачаеро нависонда, ба салиб мехкӯб кунонд, ки дар он чунин навишта шуда буд: «Исои Носирӣ, Шоҳи Яҳудиён». Одамони зиёд ин навиштаро хонданд, чунки ҷое, ки Исо мехкӯб шуд, аз шаҳр дур набуд ва он суханон ба забонҳои ибрӣ, лотинӣ ва юнонӣ навишта шуда буданд. Коҳинони калони яҳудиён ба Пилотус гуфтанд: «„Шоҳи яҳудиён“ нанавис, балки бинавис, ки „Ин Одам «Ман Шоҳи яҳудиён ҳастам» мегуфт“». «Ҳамон чи ки навиштам, мемонад», – ҷавоб дод Пилотус. Баъд аз он ки сарбозон Исоро мехкӯб карданд, либоси Ӯро гирифта, аз рӯйи шумораи сарбозон ба чор қисм тақсим карданд. Куртаи Ӯро ҳам гирифтанд. Ин курта яклухт бофта шуда буд ва ҷойи дарз надошт. Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Биёед, инро пора намекунему қуръа партофта мебинем, ки соҳиби он кӣ мешавад». Дар навиштаҷот омадааст: «Куртаи Маро дар байни худ тақсим карданд ва бар либосҳоям қуръа партофтанд». Барои иҷро шудани ин навиштаҷот ҳамаи ин ба амал омад. Чунин буд амали сарбозон. Дар назди салиби Исо модар ва холааш, Марями зани Клӯпо ва Марями Маҷдалия истода буданд. Исо модари Худ ва дар назди ӯ шогирди дӯстдоштаашро дида, ба модараш гуфт: «Модар, ана ин писари туст». Баъд ба он шогирд гуфт: «Ана, ин модари туст». Аз ҳамон вақт он шогирд модари Исоро ба хонаи худ бурд. Баъд аз ин Исо донист, ки ҳама чиз иҷро шуд ва барои ба амал омадани пешгӯйии навиштаҷот гуфт: «Ташна мондам!» Дар он ҷо як косаи пур аз сирко буд ва латтаеро гирифта, ба сирко тар карданд ва ба нӯги пояи растании зуфо гузошта, ба лабони Ӯ наздик оварданд. Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд!» Баъд сар хам карда ҷон дод. Он рӯзи тайёрӣ ба рӯзи шанбе буд, ки ба иди бузург рост омад. Бино бар ин, сардорони яҳудӣ намехостанд, ки ҷасади мехкӯбшудагон дар салиб бимонад. Барои ҳамин онҳо аз Пилотус дархост карданд, ки пойҳои мехкӯбшудагонро шикананд ва ҷасади онҳоро аз салиб ба пойин фароранд. Сарбозон омада, аввал пойҳои шахси мехкӯбшудаи якум ва баъд мехкӯбшудаи дуюмро шикастанд. Вале вақте ки ба Исо наздик омаданд, диданд, ки Ӯ мурдааст, бинобар ин пойҳои Ӯро нашикастанд. Яке аз сарбозон бо найза ба паҳлуи Исо зад ва ҳамон дам аз бадани Ӯ хун ва об ҷорӣ шуд. Касе, ки тамоми ин ҳодисаҳоро дидааст, шаҳодат медиҳад, то шумо низ имон оваред. Шаҳодати ӯ рост аст ва ӯ медонад, ки ҳақиқатро мегӯяд. Ҳамаи ин барои он ба амал омад, ки гуфтаҳои навиштаҷот, ки «Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд» иҷро шаванд. Боз дар дигар ҷойи навиштаҷот гуфта шудааст, ки «Онҳо ба касе нигоҳ хоҳанд кард, ки Ӯро найза заданд». Баъд аз он Юсуф, аз шаҳри Ромо, ки аз тарси роҳбарони яҳудӣ шогирди махфии Исо буд, аз Пилотус иҷозат хост, ки ҷасади Исоро гирад. Пилотус иҷозат дод ва ӯ омада, ҷасади Исоро гирифт. Никудимус, ки пештар шабона ба дидани Исо омада буд, низ омад ва қариб сию чор кило мурри моеи хушбӯй бо гиёҳи дорувор омехтаро бо худ овард. Онҳо аз рӯйи расми яҳудиён ҷасади Исоро гирифта, онро бо ҳамон равғанҳои хушбӯй молида, ба кафан печонданд. Дар назди ҷойи мехкӯб шудани Исо боғе буд. Дар он боғ қабри наве буд, ки ҳанӯз касе дар он дафн нашуда буд. Азбаски арафаи рӯзи шанбеи яҳудиён буд ва қабр ҳам наздик буд, Исоро дар он ҷо дафн карданд. Пагоҳии барвақти рӯзи якуми ҳафта, яъне якшанбе, ҳанӯз равшан нашуда, Марями Маҷдалия ба сари қабр омад ва дид, ки санг аз даромадгоҳи он гирифта шудааст. Ӯ давида назди Шимъуни Петрус ва шогирди дигар, ки Исо ӯро дӯст медошт, омада, ба онҳо гуфт: «Онҳо Хоҷаи моро аз қабр бурдаанд ва мо намедонем, ки Ӯро дар куҷо гузоштаанд». Пас Петрус ва он шогирди дигар ба тарафи қабр равона шуданд. Ҳардуи онҳо медавиданд, вале шогирди дигар аз Петрус тезтар давида, аввалин шуда ба сари қабр расида омад. Ӯ хам шуда кафанро дид, вале ба даруни қабр надаромад. Аз паси ӯ Шимъуни Петрус ҳам давида омад. Вай ба даруни қабр даромада дид, ки кафан ҳаст ва матое, ки дар сари Исо буд, на бо кафан, балки дар каноре ҷудо печонда шудааст. Он гоҳ шогирди дигар ҳам, ки аввалин шуда ба сари қабр омада буд, ба қабр даромаду ҳамаи инро дида имон овард. Онҳо ҳанӯз суханони навиштаҷотро намефаҳмиданд, ки дар бораи Ӯ гуфта шуда буд, ки бояд баъд аз марг зинда шавад. Шогирдон ба хонаашон баргаштанд. Аммо Марям берун аз қабр истода гиря мекард. Ӯ гирякунон хам шуда ба даруни қабр нигоҳ кард ва дар ҷое, ки пештар Исо гузошта шуда буд, ду фариштаи сафедпӯшро дид, ки яке аз тарафи сар ва дигаре аз тарафи пойҳояш нишастаанд. «Эй зан, чаро гиря мекунӣ?» – пурсиданд онҳо. Марям ба онҳо ҷавоб дод: «Хоҷаи маро бурдаанд ва ман намедонам, ки Ӯро дар куҷо гузоштаанд». Инро гуфта, ӯ ба қафо рӯ гардонда дид, ки дар рӯ ба рӯйи ӯ Исо истодааст. Вале ӯ надонист, ки ин Исо аст. Исо ба вай гуфт: «Эй зан, чаро гиря мекунӣ? Ту киро меҷӯйӣ?» Марям Ӯро боғбон фикр карда ба Ӯ гуфт: «Эй хоҷа, агар ту Ӯро бурда бошӣ, ба ман бигӯй, ки дар куҷо гузоштаӣ, то Ӯро гирифта барам». «Эй Марям!» – гуфт Исо. Марям рӯ оварда, фарёд зад: «Эй Раббунӣ!» Маънои «Раббунӣ» дар забони иброниён устод аст. Исо ба ӯ гуфт: «Ба Ман даст нарасон, ки ҳанӯз ба пеши Падар боло нарафтаам. Лекин назди бародаронам рафта бигӯ, ки Ман назди Падари Ман ва Падари шумо ва ба назди Худои Ман ва Худои шумо меравам». Марями Маҷдалия ба назди шогирдон омада гуфт: «Ман Худованд Исоро дидам!» Инчунин суханони Исоро, ки ба ӯ гуфта буд, ба онҳо нақл кард. Бегоҳии рӯзи якуми ҳафта, яъне рӯзи якшанбе, вақте ки шогирдон якҷоя ҷамъ шуда, аз тарси роҳбарони халқ дарҳоро маҳкам баста менишастанд, Исо даромаду дар миёни онҳо истода гуфт: «Ба шумо сулҳу осоиштагӣ мехоҳам!» Инро гуфта, дастҳо ва паҳлӯяшро ба онҳо нишон дод. Шогирдон аз дидани Худованд Исо хурсанд шуданд. «Ба шумо сулҳу осоиштагӣ мехоҳам! – такрор кард Исо. – Чунон ки Падар Маро фиристодааст, Ман низ шуморо мефиристам». Баъд аз ин суханон Ӯ ба сӯйи онҳо пуф карда гуфт: «Рӯҳулқудсро қабул кунед! Гуноҳҳои касонеро, ки бубахшед, ба онҳо бахшида мешаванд ва онҳоеро, ки набахшед, гуноҳ дар гардани онҳо мемонад». Тумо яке аз он дувоздаҳ шогирди Исо, ки боз Дугоник номида мешуд, ҳангоми омадани Исо дар он ҷо ҳамроҳи онҳо набуд. Шогирдони дигар ба ӯ гуфтанд: «Мо Худованд Исоро дидем!» Вале ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «То бо чашмони худам пайҳои мехро дар дастони Ӯ набинам ва ангуштамро ба он нагузорам ва дастамро ба захми паҳлӯяш намонам, бовар намекунам!» Баъд аз як ҳафта шогирдон боз ҷамъ омаданд ва Тумо ҳам ҳамроҳи онҳо буд. Дар баста буд, вале Исо даромада, дар миёни онҳо истода гуфт: «Ба шумо сулҳу осоиштагӣ мехоҳам!» Баъд ба Тумо гуфт: «Ангуштатро ба ин ҷо гузору дастонамро бин ва дастатро ба захми паҳлӯям гузор! Дигар шубҳа накуну бовар кун!» Тумо ба Исо ҷавоб дод: «Эй Худованди ман ва Худои ман!» Он гоҳ Исо ба ӯ гуфт: «Магар аз сабаби он бовар мекунӣ, ки Маро мебинӣ? Вале хушбахтанд онҳое, ки Маро надида имон овардаанд». Исо дар ҳузури шогирдони Худ бисёр мӯъҷизоти дигареро ҳам нишон дода буд, ки дар бораи онҳо дар ин китоб гуфта нашудааст. Вале ҳамаи ин барои он навишта шудааст, ки шумо ба Масеҳ, яъне Таъйиншуда ва Писари Худо будани Исо имон оваред ва бо имон ба воситаи қудрати номи Ӯ ҳаёти абадӣ ёбед. Баъд аз ин Исо дар канори баҳри Табария бори дигар ба шогирдони Худ зоҳир шуд. Зоҳир шудани Ӯ ин тавр ба амал омад: Шимъуни Петрус, Тумо, ки боз Дугоник номида мешуд, Натаноил, ки аз аҳли Қонои Ҷалил буд, ду писари Забдой ва ду шогирди дигари Ӯ – ҳама дар як ҷо ҷамъ омада буданд. Шимъуни Петрус ба онҳо гуфт: «Ман ба сайди моҳӣ меравам». «Мо ҳам ҳамроҳи ту меравем», – гуфтанд дигарон. Онҳо рафта ба қаиқ савор шуданд, аммо он шаб чизе сайд накарданд. Вақти баромади офтоб Исо дар соҳил истода буд. Аммо шогирдон нафаҳмиданд, ки ин Исо аст. Исо аз онҳо пурсид: «Эй бародарон, ягон моҳӣ сайд кардед?» «Не», – ҷавоб доданд онҳо. Вай ба онҳо гуфт: «Тӯрро аз тарафи рости қаиқ партоед ва моҳӣ медоред». Онҳо тӯр партофтанду аз сабаби зиёд будани моҳӣ онро ба қаиқ кашида натавонистанд. Он шогирде, ки Исо ӯро дӯст медошт, ба Петрус «Ин Худованд Исо аст!» гуфт. Ҳамин ки Шимъуни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, либосашро пӯшида, чунки либосашро кашида буд, худро ба об партофт. Шогирдони дигар бо қаиқ ба тарафи соҳил ҳаракат карда, тӯри пур аз моҳиро аз паси худ кашида оварданд. Онҳо аз соҳил на он қадар дур буданд, тахминан дар масофаи сад қадам. Вақте онҳо ба соҳил расиданд, гулханеро диданд, ки рӯйи он моҳӣ гузошта шудааст ва дар паҳлуи он нон ҳам буд. Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Аз моҳиҳои сайд кардаатон биёред». Шимъуни Петрус ба қаиқ даромада, тӯри пур аз яксаду панҷоҳу се моҳии калонро ба соҳил кашида баровард. Бо вуҷуди ин қадар зиёд будани моҳӣ тӯр канда нашуд. Исо ба онҳо гуфт: «Биёед ва ноништа кунед». Аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки «Ту кистӣ?» гуфта бипурсад, чунки онҳо фаҳмиданд, ки ин Худованд аст. Он гоҳ Исо пеш омада, нонро гирифту дар байни онҳо тақсим кард, инчунин моҳиҳоро ҳам. Ин бори сеюм буд, ки Исо баъд аз зинда шуданаш аз мурдагон, Худро ба шогирдон нишон дод. Баъд аз хӯрдани хӯрок Исо ба Шимъуни Петрус гуфт: «Эй Шимъуни писари Юҳанно, оё ту Маро аз онҳо бештар дӯст медорӣ?» «Бале, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», – ҷавоб дод Петрус. «Барраҳои Маро бичарон», – гуфт Исо. Бори дуюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъуни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» «Бале, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», – ҷавоб дод Петрус. «Гӯсфандони Маро чӯпонӣ кун», – гуфт Исо. Бори сеюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъуни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки Исо бори сеюм аз ӯ мепурсад, ки Ӯро дӯст медорад ё не. «Худованд, ба Ту ҳама чиз маълум аст, – гуфт ӯ ба Исо. – Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам». Исо ба ӯ гуфт: «Гӯсфандони Маро бичарон. Ба ту сухани ҳақ ва ростро мегӯям, вақте ки ҷавон будӣ, худат камарбандатро баста ба ҳар ҷое, ки мехостӣ, мерафтӣ, вале вақте ки пир мешавӣ, дастҳои худро дароз мекунӣ ва каси дигар камарбандатро баста ба ҷое, ки намехоҳӣ, туро мебарад». Бо ин суханон Исо ба Петрус фаҳмонд, ки чӣ гуна мурдани Петрус Худоро шуҳрату ҷалол хоҳад дод. Баъд ба Петрус гуфт: «Аз паси Ман биё». Петрус ба ақиб нигоҳ карда, шогирдеро дид, ки Исо ӯро дӯст медошт. Ӯ аз паси онҳо меомад. Ин ҳамон шогирде буд, ки дар вақти таоми шом хӯрдан ба Исо такя карда пурсида буд: «Эй Хоҷа, кӣ ба Ту хиёнат мекунад?» Инак, Петрус ӯро дида, аз Исо пурсид: «Эй Худованд, бо ӯ чӣ мешавад?» Исо ҷавоб дод: «Агар Ман хоҳам, ки ӯ то вақти бозгаштанам зинда монад, ин ба ту чӣ дахл дорад? Ту аз паси Ман биё!» Бино бар ин, дар байни имондорон овозае паҳн шуд, ки гӯё он шогирд намемирад. Аммо Исо ба ӯ нагуфт, ки ӯ намемирад. Ӯ фақат гуфт, ки «Агар Ман хоҳам, ки ӯ то бозгаштанам зинда монад, ин ба ту чӣ дахл дорад?» Ин ҳамон шогирдест, ки ҳамаи инро навиштааст ва дар бораи ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва мо медонем, ки шаҳодати ӯ рост аст. Инчунин Исо боз бисёр корҳои дигареро ҳам кардааст. Агар ҳамаи онҳо навишта мешуданд, ба гумонам дар тамоми олам барои ин қадар китоби навишташуда ҷой ёфт намешуд. Теофилуси мӯҳтарам, дар китоби якумам ба шумо дар бораи ҳама кору таълимоте, ки Исо сар кард, навишта будам, яъне то вақте ки Ӯ ба воситаи Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо ба фиристодагони интихобкардаи Худ фармон дода, ба осмон бурда шуд. Исо баъди азобу маргаш ва пеш аз он ки ба осмон бурда шавад, ба фиристодагонаш бо далелҳои зиёд исбот намуд, ки зинда шуд. Ӯ дар давоми чил рӯз назди онҳо пайдо шуда, дар бораи Подшоҳии Худо ба онҳо нақл мекард. Рӯзе, ҳангоме ки ҷамъ омада буданд, ба онҳо чунин фармуд: «Аз шаҳри Уршалим набароед, балки интизори Ҳамоне бошед, ки Худо Падар ваъда кард ва дар борааш аз Ман шунида будед. Зеро Яҳё одамонро ҳамчун рамзи шустани гуноҳҳо дар оби дарё таъмид медод, лекин шумо пас аз чанд рӯз бо Рӯҳулқудс таъмид мегиред». Вақте ки ҷамъ омаданд, аз Ӯ пурсиданд: «Худовандо, оё вақти он расидааст, ки подшоҳии халқи Исроилро барқарор намойӣ?» Исо дар ҷавоб гуфт: «Танҳо Худо Падар қудрати таъйин кардани вақту соат дорад ва донистани он ба шумо даркор нест. Аммо, вақте ки Рӯҳулқудс шуморо фаро мегирад, қувват меёбед ва аз Уршалим сар карда, дар тамоми сарзамини Яҳудия, Сомара ва ҳатто то канори дунё дар бораи Ман шаҳодат хоҳед дод». Исо ин суханро гуфта, дар пеши чашми онҳо ба осмон бурда шуд ва абре Ӯро аз назарашон пинҳон кард. Баъди нопадид шуданаш ҳам, онҳо аз осмон чашм намеканданд. Баногоҳ дар наздашон ду марди сафедпӯш пайдо шуда гуфтанд: «Эй мардони ҷалилӣ, чаро ба осмон нигоҳ мекунед? Ҳамин Исо, чунон ки дар пеши чашматон ба осмон бурда шуд, айнан ҳамон тавр бармегардад». Сипас, онҳо аз кӯҳи Зайтун ба шаҳри Уршалим баргаштанд. Масофаи байни кӯҳ ва шаҳр тақрибан як километер буд. Чун ба шаҳр расиданд, Петрус, Юҳанно, Яъқуб, Андриёс, Филиппус, Тумо, Барталмо, Матто, Яъқуби писари Ҳалфой, Шимъуни Ватандӯст ва Яҳудои писари Яъқуб ба ҷойи зисташон – ба болохона баромаданд. Онҳо ҷамъ шуда, якдилона пайваста дуо мегуфтанд. Баъзе занон, аз он ҷумла Марями модари Исо ва бародарони Ӯ низ, ҳамроҳи онҳо буданд. Он рӯзҳо Петрус ба имондорон, ки ҳамагӣ тақрибан саду бист кас буданд, гуфт: «Азизон! Дар навиштаҷот Рӯҳулқудс ба воситаи пайғамбар Довуд дар бораи Яҳудо, ки роҳнамои дастгиркунандагони Исо буд, пешгӯйӣ кардааст. Он Навишта бояд иҷро мешуд. Яҳудо ба мо ҳамроҳ буд ва дар хизмат иштирок мекард. Аммо вай ба музди бадкории худ замине харид, ки бар он афтода, шикамаш кафид ва рӯдаҳояш баромад. Ҳама мардуми Уршалим аз ин воқеа хабардор шуда, он заминро бо лафзи худ Ҳақал-Дамо номиданд, ки маънояш „замини хунин“ аст. Дар китоби Забур бошад, чунин навишта шудааст: „Бигзор манзили вай холӣ бошад ва касе дар он зиндагӣ накунад.“ Ва „мақоми роҳбарии ӯро низ дигаре ба ӯҳда гирад“. Бино бар ин, аз байни мардоне, ки бо мо буданд, шахсеро интихоб мекунем, ки Худованд Исоро дар ҳама ҷо ҳамроҳӣ кардааст, яъне аз рӯзе, ки Яҳё Исоро дар об таъмид дод, то рӯзе ки Ӯ аз назди мо боло бурда шуд. Вай бояд ҳамроҳи мо дар бораи зинда шудани Исо шаҳодат диҳад». Сипас, ду нафарро пешниҳод намуданд: Матёс ва Юсуфро, ки лақабаш Бар-Саббо буд (ӯро Юстус низ меномиданд). Ва чунин дуо карданд: «Худовандо, Яҳудо хизматашро партофта, ба ҷойи муносибаш рафт. Ҳоло ба мо нишон деҳ, ки аз ин ду нафар киро барои хизмати фиристодагӣ интихоб кардаӣ, чунки Ту дили одамизодро медонӣ». Сипас, барои он ду кас танга ҳаво дода, қуръа партофтанд. Қуръа ба номи Матёс баромад ва ӯ ба ёздаҳ фиристода ҳамроҳ шуд. Дар рӯзи иди Ҳосилот пайравони Исои Масеҳ дар хонае ҷамъ омада буданд. Баногоҳ аз осмон мисли шувваси шамоли сахт садое омада, тамоми хонаро, ки дар он нишаста буданд, пур кард. Сипас, онҳо диданд, ки чизе ба монанди шӯълачаҳои оташ ҷудо-ҷудо бар ҳар яки онҳо фуруд омад. Рӯҳулқудс онҳоро фаро гирифт ва онҳо бо забонҳои гуногун гап заданро сар карданд. Ин қобилиятро Рӯҳулқудс ба онҳо мебахшид. Он вақтҳо дар Уршалим яҳудиёни худотарс истиқомат доштанд, ки аз кишварҳои гуногун омада буданд. Онҳо тӯда шуда сӯйи садои баланд наздик омаданд ва ҳар яке суханони шогирдонро бо забони модарии худ шунида, хеле ба ҳаяҷон омаданд ва ҳайрон шуда гуфтанд: «Оё ин одамон аз вилояти Ҷалил нестанд? Пас, чӣ тавр ҳар яки мо мешунавем, ки онҳо бо забони модариамон сухан меронанд? Бинед, мо портиён, модиён, эломиён, мардуми Байнаннаҳрайн, Яҳудия, Каппадукия, Понтус, вилояти Осиё, Фриҷия, Памфилия ва Миср ҳастем, вале сухани онҳоро ҳамчун забони худ мефаҳмем. Ҳамчунин аз Либия (ин дар наздикии Қайравон аст), Криту Арабистон ва меҳмонони румӣ, яҳудиёну онҳое, ки дини яҳудиро қабул кардаанд, мебошем. Пас, чӣ тавр мо мешунавем, ки ҳар яки онҳо бо забони модарии мо дар бораи корҳои бузурги Худо шаҳодат медиҳанд?» Онҳо ҳама ҳайрону гаранг шуда, аз ҳамдигар мепурсиданд: «Ин чӣ маъно дошта бошад?» Вале баъзеи дигар масхаракунон мегуфтанд: «Инҳо майи тоза нӯшида, маст шудаанд». Он гоҳ Петрус ва ёздаҳ фиристодаи дигар аз ҷой бархостанд ва Петрус бо овози баланд ба мардум гуфт: «Мардуми Яҳудия ва сокинони Уршалим! Ба сухани ман диққат диҳед. Гумон накунед, ки инҳо маст ҳастанд. Охир, соат нуҳи саҳар аст-ку?! Баръакс, он чи мебинед, иҷро шудани пешгӯйии пайғамбар Юил аст, ки гуфтааст: „Дар рӯзҳои охир, – мегӯяд Худо, – Рӯҳи Худро бар ҳама одамон хоҳам рехт ва писарону духтарони шумо пайғамбарӣ хоҳанд кард. Ба ҷавонмардони шумо чизҳои рӯҳонӣ аён хоҳад шуд ва пиронатон хобҳо хоҳанд дид. Бар ҳамаи ғуломону канизонам Рӯҳамро хоҳам рехт ва онҳо пайғамбарӣ хоҳанд кард. Аз боло дар осмон муъҷизаҳо ва аз пойин дар замин аломатҳо, яъне хун, оташ ва дуд нишон хоҳам дод. Пеш аз он ки рӯзи бузургу пурҷалоли Худованд бирасад, Офтоб ба торикӣ ва моҳ ба ранги хун табдил меёбад. Он гоҳ, ҳар касе ки номи Худовандро ба забон гирифта фарёд кунад, наҷот хоҳад ёфт“. Мардони Исроил, гӯш кунед! Исои Носирӣ Мардест, ки ба воситаи Ӯ Худо дар байни шумо корҳои бузург кард ва муъҷизаву аломатҳо нишон дод. Ин ҳама исбот мекунад, ки Исои Носирӣ аз ҷониби Худо омадааст, чунон ки худатон низ медонед. Ӯ мувофиқи нақшаву пешбинии Худо ба дастатон таслим карда шуд. Шумо Ӯро бо дастони ҷинояткорон мехкӯб намуда куштед. Аммо марг Ӯро боздошта натавонист, чунки Худо Ӯро аз ранҷу азоби марг халос намуда, зинда кард. Шоҳ Довуд низ дар бораи Исои Масеҳ чунин гуфтааст: „Худовандро ҳамеша дар наздам мебинам. Ӯ аз тарафи дасти ростам меистад, то ки устувор бошам. Аз ин сабаб дилам шод ва забонам хуш аст. Ҷисмам низ бо умед хоҳад зист. Зеро Ту намегузорӣ, ки ҷонам дар олами мурдагон бимонад ва Марди Поки Ту дар гӯр бипӯсад. Ту ба ман роҳҳои ҳаётро нишон додаӣ ва дар ҳузурат маро аз хурсандӣ пур хоҳӣ кард“. Бародарон! Рӯйирост ба шумо мегӯям: падаркалони мо Довуд аз олам чашм пӯшид ва ба хок гузошта шуд. Қабрашро ҳам то имрӯз мебинем. Азбаски Довуд пайғамбар буд, ӯ медонист, ки Худо қасам хӯрда ваъда додааст, ки тахташро ба насли ӯ медиҳад. Шоҳ Довуд ояндаро дида, фаҳмид, ки Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо зинда мешавад. Бинобар ин, Довуд мегӯяд, ки Худо Ӯро дар олами мурдагон нагузошт ва намонд, ки ҷисми Ӯ дар гӯр бипӯсад. Ҳамин Исоро Худо зинда кард, ки ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем. Сипас, Ӯ ба осмон бурда шуда, ба ҷойи беҳтарин, яъне аз тарафи дасти рости Худо Падар шинонда шуд ва аз Ӯ Рӯҳулқудси ваъдашударо гирифта, бар мо рехт, чунон ки ҳоло худатон ҳам мебинеду ҳам мешунавед. Шоҳ Довуд худаш ба осмон набаромадааст, аммо чунин мегӯяд: „Худованд ба Худованди ман гуфт: «То даме ки душманонатро зери пойҳоят нагузорам, аз дасти ростам бишин» “. Петрус суханашро давом дода гуфт: «Пас, бигзор тамоми халқи Исроил аниқ бидонад, ки Худо ҳамин Исоро, ки шумо мехкӯб кардед, Худованд ва Масеҳ кардааст». Инро шунида дили одамон хеле ғамгин шуд ва онҳо аз Петрус ва фиристодагони дигар пурсиданд: «Бародарон, акнун мо чӣ кор кунем?» Дар ҷавоб Петрус гуфт: «Барои бахшида шудани гуноҳҳоятон ҳар яки шумо тавба карда, ҳамчун пайрави Исои Масеҳ таъмид гиред ва атои Рӯҳулқудсро хоҳед гирифт. Зеро Рӯҳулқудс ба шумову наслҳоятон ва ба онҳое, ки дур ҳастанд, яъне ба ҳамаи онон, ки аз ҷониби Худованд Худои мо даъват мешаванд, ваъда шудааст». Ҳамин тавр Петрус бо суханони зиёд насиҳаткунон гуфт: «Худро аз ҷазое, ки ба сари ин насли пургуноҳ меояд, наҷот диҳед!» Онҳое, ки сухани Петрусро қабул карданд, таъмид гирифтанд. Он рӯз шумораи ҳамроҳшудагон тақрибан се ҳазор кас буд. Онҳо аз фиристодагон пайваста таълим мегирифтанд ва дар ягонагии бародарона зиндагӣ карда, барои дуову шикастани нон ҷамъ мешуданд. Азбаски ба воситаи фиристодагон аломату муъҷизаҳои бисёр нишон дода мешуд, ҳама ба тарсу ваҳм афтода буданд. Ҳама имондорон якҷоя ҷамъ мешуданд ва ҳар чизро бо ҳам тақсим мекарданд, яъне дороӣ ва чизҳои худро фурӯхта, ба онҳое, ки муҳтоҷ буданд, кӯмак мекарданд. Ҳар рӯз онҳо якдилона дар маъбади Худо ҷамъ мешуданд. Хона ба хонаи ҳамдигар гашта, нон шикаста, аз таҳти дил шодикунон бо ҳам хӯрок мехӯрданд. Ҳамин тавр онҳо Худоро ситоиш мекарданд ва писанди ҳама мардум буданд. Худованд бошад, ҳар рӯз онҳоеро, ки наҷот меёфтанд, ба гурӯҳи онҳо илова мекард. Рӯзе Петрус ва Юҳанно ба маъбади Худо мерафтанд. Соат сеи рӯз, яъне вақти дуо буд. Назди дарвозаи маъбади Худо, ки Зебо ном дошт, марди ланге менишаст. Вай ланги модарзод буд. Ҳар рӯз ӯро оварда назди дарвоза мемонданд, то ки аз одамони ба маъбади Худо меомада садақа пурсад. Вай чун дид, ки Петрусу Юҳанно ба дарвоза медароянд, аз онҳо садақа пурсидан гирифт. Петрусу Юҳанно ба вай чашм дӯхтанд ва Петрус гуфт: «Ба мо нигоҳ кун!» Шахси ланг бо умеди он ки садақа медиҳанд, ба онҳо нигоҳ кард. Аммо Петрус ба вай гуфт: «Нуқраву тилло надорам, лекин он чи дорам, ба ту медиҳам. Ба номи Исои Масеҳи Носирӣ бархезу роҳ рав!» Петрус аз дасти росташ гирифта, ба вай кӯмак намуд, то ки аз ҷояш бархезад. Ҳамон лаҳза буҷулак ва кафи пойҳои он мард қувват гирифтанд. Вай ҷаҳида хесту ба қадамзанӣ сар кард ва бо онҳо ба маъбади Худо даромад. Дар он ҷо вай ҷастухез мекарду Худоро ситоиш менамуд. Мардум ҳама диданд, ки вай қадам мезанаду Худоро ситоиш мекунад ва бениҳоят ҳайрон шуданд. Зеро ӯро шинохтанд, ки пеш вай назди дарвозаи Зебо нишаста садақа мепурсид. Чун марди шифоёфта аз Петрусу Юҳанно дур намешуд, мардум ҳайрон шуда ба назди онҳо шитофтанд ва дар айвони Сулаймон ҷамъ омаданд. Петрус инро дида, ба мардум гуфт: «Исроилиён! Барои чӣ ҳайрон мешавед? Барои чӣ ба мо чунон нигоҳ мекунед, ки гӯё мо бо қувват ё диндории худ ин одамро ба по монда бошем? Худои Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб, яъне Худои падарбузургони мо хизматгори Худ – Исоро шуҳрату ҷалол бахшид. Аммо шумо Ӯро таслим кардед ва дар назди Пилотус, ки Ӯро озод карданӣ буд, аз Ӯ рӯй гардондед. Шумо Шахси пок ва Росткорро рад намуда, аз Пилотус хоҳиш кардед, ки одамкушро озод кунад. Шумо Офаранда ва сарчашмаи ҳаётро куштед, лекин Худо Ӯро аз марг зинда кард ва мо ба он шоҳид ҳастем. Ин одамро шумо хуб медонеду мешиносед. Ҳоло, ҳамин ки ба номи Исо имон овард, қувват пайдо кард. Шумо ҳама дидед, ки номи Исо ва имон ба Ӯ ин одамро пурра шифо дод. Акнун, бародарон, ман медонам, ки шумо ва роҳбаронатон ин корро аз нофаҳмӣ кардед. Аммо Худо он чиро, ки бо забони ҳамаи пайғамбарон пешгӯйӣ карда буд, иҷро намуд. Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо бояд азоб мекашид. Бино бар ин, ҳоло тавба карда ба Худо рӯй оваред, то ки гуноҳҳоятон шуста шавад. Сипас, замоне мерасад, ки Худованд ба шумо қуввати тоза мебахшаду Исои Масеҳро мефиристад, ки барои шумо таъйин шудааст. Исои Масеҳ бояд дар осмон бимонад, то даме ки Худо ҳамаи онро, ки дар замони қадим ба воситаи пайғамбарони муқаддасаш ваъда кардааст, барқарор намояд. Мусо чунин гуфтааст: „Худованд Худои шумо аз байни халқатон ба шумо Пайғамбаре ба мисли ман ба миён хоҳад овард. Шумо бояд ҳамаи он чиро, ки Ӯ мегӯяд, иҷро кунед. Касе, ки ба Ӯ гӯш намекунад, аз халқи Худо дур ва нест карда мешавад“. Аз Самуил сар карда, ҳама пайғамбарон дар бораи ҳамин рӯзҳо пешгӯйӣ кардаанд. Шумо фарзандони пайғамбарон ҳастед ва аз ин сабаб дар аҳду паймоне, ки Худо бо падарбузургони мо бастааст, ҳисса доред. Зеро Ӯ ба Иброҳим чунин гуфтааст: „Ба воситаи насли ту ҳамаи халқҳои рӯйи замин баракат меёбанд“. Инак, Худо хизматгори Худ – Исоро бархезонда, пеш аз ҳама ба назди шумо фиристод, то ки ҳар яки шуморо баракат дода, аз кирдори бад баргардонад». Ҳангоме ки Петрус ва Юҳанно ба мардум сухан мегуфтанд коҳинон, сардори посбонони маъбади Худо ва аъзои мазҳаби саддуқӣ зуд ба онҳо наздик омаданд. Онҳо аз рафтори фиристодагон ба ғазаб омада буданд, чунки фиристодагон мардумро таълим медоданд ва эълон менамуданд, ки мурдагон ба воситаи Исо зинда хоҳанд шуд. Бино бар ин, фиристодагонро дастгир карданд ва азбаски аллакай шом шуда буд, онҳоро то субҳ ба дасти посбонон супурданд. Аммо бисёре аз шунавандагони сухани Петрусу Юҳанно имон оварданд ва шумораи ҳамаи имондорон тақрибан ба панҷ ҳазор расид. Рӯзи дигар дар Уршалим сардорони яҳудиён ва пирону устодони шариат ҷамъ омаданд. Ҳамчунин Ҳонони саркоҳин, Қаёфо, Юҳанно, Искандар ва дигар аъзои хонаводаи саркоҳин ҳозир буданд. Онҳо Петрусу Юҳанноро дар миёнаҷо монда пурсиданд: «Бо кадом қувва ё бо номи кӣ шумо марди лангро шифо додед?» Петрус аз Рӯҳулқудс пур шуда ҷавоб дод: «Роҳбарон ва пирони халқ! Агар имрӯз мо барои кори нек, яъне барои чӣ гуна ин марди лангро шифо доданамон бозпурсӣ шуда бошем, пас шумо ва тамоми халқи Исроил бидонед, ки ин мард ба хотири номи Исои Масеҳи Носирӣ пеши шумо солим меистад. Исои Масеҳ ҳамонест, ки шумо мехкӯб карда куштед, аммо Худо Ӯро зинда кард. Ӯ ҳамон: „сангест, ки шумо бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтед, вале он санги асосии таҳкурсии бино гардид “. Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, чунки дар зери осмон ба одамон ҳеҷ номи дигаре дода нашудааст, ки ба воситаи он наҷот ёбем». Ҳозирон далерии Петрусу Юҳанноро дида, аз дил гузаронданд, ки онҳо одамони одӣ ва бесавод ҳастанд ва басе ҳайрон шуданд. Ҳамчунин дарк намуданд, ки онҳо бо Исо мегаштанд. Аммо дар назди Петрусу Юҳанно истодани марди шифоёфтаро дида, чизе гуфта натавонистанд. Инак, онҳо фиристодагонро аз шӯрои пирон берун карда, бо ҳам чунин маслиҳат намуданд: «Бо ин одамон чӣ бояд кунем? Ба тамоми мардуми Уршалим маълум аст, ки ба воситаи онҳо ин муъҷизаи бузург ба амал омад ва мо инро рад карда наметавонем. Аммо барои дар байни мардум бештар паҳн нашудани ин гап мо бояд онҳоро огоҳ намуда, фармон диҳем, ки дар бораи ин ном минбаъд ба касе даҳон накушоянд». Инак, фиристодагонро боз даъват карда, фармон доданд, ки дигар ҳаргиз ба номи Исо сухан нагӯянд ва таълим надиҳанд. Аммо Петрусу Юҳанно дар ҷавоб гуфтанд: «Худатон фикр кунед, оё дар назари Худо дуруст мешавад, ки мо шуморо бештар аз Худо гӯш кунем?! Мо он чиро, ки дидаему шунидаем, нагуфта наметавонем». Сипас, онҳо Петрус ва Юҳанноро дубора огоҳ намуда, озод карданд. Синну соли он мард, ки ба таври муъҷизавӣ шифо ёфт, аз чил боло буд ва тамоми халқ Худоро барои ин муъҷиза ситоиш мекард. Бино бар ин, онҳо аз мардум тарсида, фиристодагонро ҷазо надоданд. Фиристодагон озод шуда, назди ёрони худ омаданд ва ба онҳо суханони коҳинони калону пирони халқро нақл карданд. Сипас, онҳо якдилона бо овози баланд ба Худо дуо карданд: «Эй Молик, Офаридгори замину осмону баҳрҳо ва ҳар он чи дар онҳост! Ту ба воситаи Рӯҳулқудс, бо забони падарбузурги мо – хизматгорат Довуд чунин гуфтаӣ: „Чаро ғайрияҳудиён ба хашм омаданд ва мардум қасди беҳуда мекунанд? Шоҳони замин ба ҷанг омода шудаанд ва раисон ҷамъ омада, бар зидди Худованд ва Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Ӯ бархостаанд“. Ҳақиқатан ҳам дар ин шаҳр Ҳиродус, Понтиюс Пилотус, ғайрияҳудиён ва мардуми Исроил бар зидди Хизматгори Покат Исо, ки Ӯро барои хизмати Худ интихоб кардӣ, забон як карданд. Онҳо қарори пешакии Туро, ки бо тавоноӣ ва иродаи Худ қабул карда будӣ, нафаҳмида иҷро намуданд. Худовандо, ҳоло ба зӯрии онҳо нигоҳ кун ва ба хизматгорони Худ ёрӣ деҳ, ки каломи Туро далерона баён кунанд. Ту дастатро дароз намуда, ба номи Хизматгори Покат Исо беморонро шифо деҳ ва аломату муъҷизаҳо ба амал овар». Баъди дуо ҷое, ки дар он ҷамъ шуда буданд, ба ҷунбиш омад. Онҳо ҳама аз Рӯҳулқудс пур шуда, каломи Худоро далерона эълон мекарданд. Ҳама имондорон якдилу якҷон шуда буданд. Ҳеҷ кас чизеро моли шахсии худ намедонист, балки ҳама чизро умумӣ меҳисобиданд. Фиристодагон бо қувваи бузург дар бораи зиндашавии Худованд Исо шаҳодат медоданд. Ҳамчунин файзи бузурге бар ҳамаи онҳо буд. Дар байнашон муҳтоҷе набуд, чунки онҳое, ки замин ё хонае доштанд, онро фурӯхта, пулашро пеши пойҳои фиристодагон мегузоштанд ва фиристодагон онро ба қадри даркорӣ ба ҳама тақсим мекарданд. Дар байни онҳо Юсуф ном левизодае аз ҷазираи Қиприс буд. Фиристодагон ӯро Барнаббо, яъне «писари дилбардорӣ» низ меномиданд. Вай заминашро фурӯхта, пулашро ба ихтиёри фиристодагон супурд. Ҳанониё ном марде низ бо ҳамсараш Сафира дороияшро фурӯхта, як қисми пулашро бо розигии занаш пинҳон кард ва қисми боқимондаашро оварда, ба ихтиёри фиристодагон супурд. Петрус ба ӯ гуфт: «Ҳанониё! Чаро шайтонро ба дилат роҳ дода, як қисми пули заминатро пинҳон кардӣ ва омада, ба Рӯҳулқудс дурӯғ гуфтӣ? Магар заминат пеш аз фурӯхтан аз они ту набуд? Оё пуле, ки барои заминат гирифтӣ, аз они ту набуд? Пас, чаро чунин кардӣ? Охир ту на ба одамон, балки ба Худо дурӯғ гуфтӣ». Ҳанониё ин суханро шунида, ҷо ба ҷо афтоду мурд. Ҷавонмардон омада ҷасадашро печонданд ва бароварда гӯр карданд. Ҳар касеро, ки ин хабарро мешунид, тарси бузург фаро мегирифт. Тахминан баъди се соат ҳамсари Ҳанониё Сафира омад. Ӯ аз ин воқеа бехабар буд. Петрус аз вай пурсид: «Ба ман бигӯ, оё туву шавҳарат заминро ба ҳамин нарх фурӯхтед?» Зан гуфт: «Ҳа, ба ҳамин нарх». Петрус ба вай гуфт: «Чаро шумо забон як кардед, ки Рӯҳи Худовандро бисанҷед? Ана онҳое, ки шавҳаратро бурда, гӯр карданд, ба дар наздик мешаванд. Онҳо туро низ мебароранд». Ҳамон лаҳза Сафира пеши пойҳои ӯ афтода ҷон дод. Ҷавонмардон чун даромада диданд, ки ӯ мурдааст, бароварда назди шавҳараш гӯронданд. Ин воқеа ба дили ҳамаи имондорону касоне, ки ин хабарро шуниданд, тарси азиме андохт. Ба воситаи фиристодагон дар байни мардум муъҷизаву аломоти зиёде нишон дода мешуд. Тамоми имондорон дар айвони Сулаймон якдилона ҷамъ мешуданд. Агарчи мардуми Уршалим онҳоро хеле иззату ҳурмат менамуданд, касе ҷуръат намекард, ки ба онҳо ҳамроҳ шавад. Аммо рӯз ба рӯз мардону занони зиёд ба Худованд имон оварда, ба онҳо ҳамроҳ мешуданд. Одамон беморони худро ба кӯчаҳо мебароварданд ва бар бистару катҳо мегузоштанд, то ки ҳангоми гузаштани Петрус ақаллан сояи ӯ ба онҳо афтода шифо бахшад. Ҳатто мардуми гирду атрофи Уршалим беморону онҳоеро, ки аз рӯҳҳои нопок азоб мекашиданд, меоварданд ва ҳама шифо меёфтанд. Инак, саркоҳин ва ҳамаи онҳое, ки бо вай буданд, яъне намояндагони равияи саддуқӣ, ҳасад хӯрданд ва фиристодагонро дастгир намуда, ба зиндони шаҳр андохтанд. Аммо фариштаи Худованд шабона дарҳои зиндонро кушода, онҳоро баровард. Фаришта гуфт: «Равед ва дар маъбади Худо истода дар бораи ҳаёти нав ба одамон пурра нақл кунед». Онҳо ба сухани фаришта гӯш карда, саҳаргоҳон ба маъбади Худо омаданд ва ба таълими мардум сар карданд. Вақте ки саркоҳин бо одамонаш расида омад, шӯрои пирон, яъне ҳамаи пирони халқи Исроилро гирд овард. Сипас, фармон дод, ки фиристодагонро аз зиндон биёранд. Аммо посбонон онҳоро дар зиндон наёфтанд ва омада гуфтанд: «Дарҳои зиндон сахт маҳкам буданд ва посбонон пеши дарҳо меистоданд, аммо вақте дарҳоро кушодем, дар дохил касе набуд». Ин суханро шунида, сардори посбонони маъбади Худо ва коҳинони калон ҳайрон шуданд, ки аз ин чӣ мешуда бошад. Ҳамин вақт шахсе омада ба онҳо хабар дод: «Одамоне ки шумо ба зиндон партофта будед дар маъбади Худо истода, мардумро таълим медиҳанд!» Дарҳол сардори посбонони маъбади Худо бо сарбозонаш рафта, фиристодагонро ба шӯрои пирон овард. Лекин на бо зӯрӣ, зеро тарсиданд, ки мабодо мардум худи онҳоро сангсор кунанд. Фиристодагонро оварда, дар пеши шӯрои пирон рост монданд ва саркоҳин ба онҳо гуфт: «Оё мо таълим додани ин номро ба шумо қатъиян манъ накарда будем? Шумо чӣ? Тамоми шаҳри Уршалимро аз таълиматон пур кардед ва боз моро айбдор кардан мехоҳед, ки гӯё хуни он одамро мо рехта бошем». Петрус бо фиристодагони дигар дар ҷавоб гуфт: «Мо на ба одамон, балки бештар ба Худо бояд итоат кунем! Худои падарбузургонамон Исоро, ки шумо ба салиб мехкӯб карда куштед, зинда кард. Сипас, боло бурда, Ӯро ҳамчун Сарвар ва Наҷотдиҳанда аз дасти росташ шинонд, то ба исроилиён имкон бошад, ки аз гуноҳҳои худ тавба карда, бахшида шаванд. Ҳамаи мо шоҳиди ин воқеа ҳастем ва Рӯҳулқудс низ, ки Ӯро Худо ба итоаткорони Худ бахшидааст». Аз ин сухан аъзои шӯрои пирон сахт хашмгин шуда, онҳоро куштанӣ шуданд. Аммо Ҷамлиил ном фарисие, ки устоди шариат буд ва дар байни мардум иззату эҳтиром дошт, аз ҷояш бархоста фармуд, ки фиристодагонро ба муддате берун бароранд. Сипас, чунин гуфт: «Исроилиён! Хуб фикр кунед, ки бо ин одамон чӣ кор кардан мехоҳед. Пеш аз ин Тавдо ном марде омада буд. Вай худро ким-кӣ гирифт ва тақрибан чорсад кас вайро пайравӣ карданд. Аммо, вақте ки ӯ кушта шуд, пайравонаш пароканда шуданд ва чизе аз ин боқӣ намонд. Баъди вай, ҳангоми саршумории аҳолӣ, аз вилояти Ҷалил Яҳудо омад ва баъзе одамонро аз пасаш бурд. Аммо чун ӯро низ куштанд, ҳамаи пайравонаш пароканда шуданд. Бино бар ин, маслиҳат медиҳам, ки ин одамонро ба ҳолашон гузореду озод кунед. Агар мақсаду корашон аз одамизод бошад, худ аз худ нобуд мешавад, лекин агар аз Худо бошад, шумо онҳоро боздошта наметавонед, балки худро ба Худо зид мекунеду халос». Ин сухани Ҷамлиил ба онҳо писанд омад. Онҳо фиристодагонро дароварда қамчинкорӣ карданд. Сипас, амр намуданд, ки дигар ба номи Исо гап назананд, ва баъд озод карданд. Фиристодагон аз ҳузури шӯрои пирон берун рафтанд ва хурсанд шуданд, ки ба хотири номи Исо сазовори беҳурматӣ гардиданд. Ҳамин тавр онҳо ҳар рӯз дар маъбади Худо ва дар хонаҳо таълим дода, хушхабар мерасонданд, ки Исо Масеҳ, яъне Таъйиншудаи махсуси Худо аст. Он рӯзҳо дар баробари зиёд шудани шумораи шогирдон мушкиле ба миён омад. Яҳудиёни юнонизабон аз яҳудиёни таҳҷоӣ шикоят карданд, ки онҳо ҳангоми тақсими хӯроки ҳаррӯза бевазанони юнонизабонро ба назар намегиранд. Барои ҳамин дувоздаҳ фиристода ҳамаи шогирдонро ҷамъ намуда гуфтанд: «Агар мо паҳн кардани каломи Худоро як сӯ монда, бо тақсими хӯрок машғул шавем, дуруст намешавад. Бародарон, бинобар ин аз байни худ ҳафт каси некном ва пур аз Рӯҳу ҳикматро интихоб намоед, то ки ин вазифаро ба дӯши онҳо гузорем. Мо бошем, бо дуову таълим ва мавъизаи калом машғул шавем». Ин пешниҳод ба тамоми ҷамъомадагон писанд омад. Пас онҳо ҳафт касро интихоб намуда, ба назди фиристодагон оварданд. Инҳо Истефанус, шахси пур аз имон ва Рӯҳулқудс, инчунин Филиппус, Прӯхурус, Никонӯр, Тимӯн, Парминос ва Никӯлоус буданд. Никӯлоус аз шаҳри Антокия буда, дини яҳудиро қабул карда буд. Фиристодагон дастҳояшонро бар онҳо ниҳода, дуо карданд, яъне онҳоро ба хизмат таъйин намуданд. Ҳамин тавр каломи Худо паҳн мешуд ва дар Уршалим шумораи шогирдон босуръат меафзуд. Ҳатто аз миёни коҳинон нафарони зиёде ба Исои Масеҳ имон оварданд. Истефанус марде пур аз файзу меҳрубонӣ ва қуввати Худо буд. Ӯ дар байни мардум мӯъҷизоту аломоти бузург нишон медод. Дар он ҷо аз шаҳрҳои Қайравон ва Искандария одамоне буданд, ки ба ҷамоатхонаи Озодон тааллуқ доштанд. Онҳо бо Истефанус баҳс карданд. Ба ин баҳс баъзе одамони вилоятҳои Киликия ва вилояти Осиё ҳамроҳ шуданд. Аммо ба Рӯҳу ҳикмати сухани вай муқобилат нишон дода натавонистанд. Сипас, онҳо ба чанд кас пинҳонӣ пора дода гуфтанд, ки чунин бигӯянд: «Мо худ шунидем, ки Истефанус бар зидди Мусо ва Худо сухани куфромез мегуфт». Ҳамин тавр онҳо мардум ва пирони қавму устодони шариатро бар зидди вай шӯр андохтанд ва Истефанусро дастгир намуда, пеши шӯрои пирон оварданд. Сипас, шоҳидони бардурӯғро даъват намуданд, ки чунин гуфтанд: «Ин одам ҳамеша бар зидди ин маъбади пок ва шариати Мусо сухан меронад. Мо худамон шунидем. Ӯ мегуфт, ки Исои Носирӣ маъбади Худоро вайрон мекунад ва расму ойинеро, ки Мусо ба мо додааст, тағйир медиҳад». Ҳангоми ин сухан бошандагони шӯрои пирон бодиққат ба Истефанус нигариста, диданд, ки рӯйи ӯ мисли рӯйи фаришта медурахшид. Сипас, саркоҳин аз Истефанус пурсид: «Ин гап рост аст?» Истефанус дар ҷавоб гуфт: «Бародарон ва падарон, гӯш кунед! Вақте ки бобокалони мо Иброҳим дар кишвари Байнаннаҳрайн зиндагӣ мекард, яъне, пеш аз он ки ба шаҳри Ҳорон кӯчад, Худои Бузург ба ӯ зоҳир шуда гуфт: „Ватан ва хешу таборатро гузошта, ба замине, ки ба ту нишон медиҳам, бирав“. Ҳамин тавр Иброҳим кишвари калдониён, яъне Байнаннаҳрайнро тарк намуда, дар Ҳорон истиқомат кард. Баъди вафоти падараш Худо ӯро аз он ҷо ба замине, ки шумо ҳоло дар он зиндагӣ мекунед, кӯчонид. Лекин аз он барои соҳибӣ карданаш ба андозаи як пайи пой ҳам ба ӯ замин надодааст, балки ваъда додааст, ки ин заминро ба ӯ ва сипас ба насли ӯ хоҳад бахшид. Гарчанде ки Иброҳим ҳанӯз фарзанд надошт, Худо ба ӯ чунин гуфт: „Насли ту дар сарзамини бегона ғариб хоҳад шуд. Онҳоро ғулом намуда, чорсад сол азоб медиҳанд. Лекин Ман халқеро, ки онҳоро ғулом мегардонад, ҷазо медиҳам ва баъд аз ин насли ту аз он кишвар баромада дар ин ҷо Маро парастиш мекунанд“. Худо ҳамчун нишони паймон бо Иброҳим аҳди хатнаро баст. Бинобар ин, Иброҳим, вақте ки падари Исҳоқ шуд, ӯро дар ҳаштрӯзагиаш хатна кард. Дертар Исҳоқ падари Яъқуб шуд. Яъқуб бошад, падари дувоздаҳ ниёгони мо гардид. Падарони мо ҳасад бурда, додари худ Юсуфро ҳамчун ғулом ба Миср фурӯхтанд. Аммо Худо бо Юсуф буд ва ӯро аз ҳамаи ғамҳояш халос намуд. Худо ба Юсуф дар назари фиръавн, яъне подшоҳи Миср лутфу меҳрубонӣ ва ҳикмату ҳурмат бахшид. Бино бар ин, подшоҳ Юсуфро бар Миср ва дарбораш сардор таъйин кард. Инак дар тамоми сарзамини Миср ва Канъон гуруснагӣ сар зада, боиси азоби зиёде гардид. Падарони мо ба худ хӯроке намеёфтанд. Яъқуб чун шунид, ки дар Миср гандум будааст, падаркалонҳои моро бори аввал ба он ҷо фиристод. Лекин, вақте ки бори дуввум ба Миср омаданд, Юсуф худро ба онҳо ошкор кард ва хонаводаи Юсуф ба фиръавн маълум гардид. Сипас, Юсуф одам фиристод, то ки падараш Яъқубро бо тамоми хонаводааш, ки ҳамагӣ ҳафтоду панҷ кас буданд, даъват намояд. Яъқуб ба Миср омад ва дар он ҷо ӯ ва падаркалонҳои мо аз олам чашм пӯшиданд. Ҷасади онҳоро ба сарзамини Канъон – шаҳри Шакем бурда, дар қабре, ки Иброҳим аз писарони Ҳамур бо нуқра харида буд, гузоштанд. Чун вақти иҷро шудани ваъдаи Худо, ки ба Иброҳим дода буд, наздик шуд, халқи мо дар Миср меафзуд ва бузург мешуд. Рӯзе ба тахти кишвари Миср фиръавни нав, яъне шоҳи нав нишаст, ки Юсуфро намешинохт. Ӯ падарони моро ба танг меовард, фиреб медод ва маҷбур мекард, ки кӯдакони навзоди худро бароварда ба марг супоранд. Он рӯзҳо Мусо ба дунё омад. Ӯ кӯдаки хеле зебо буд. Се моҳ ӯро дар хонаи падараш нигаҳбонӣ карданд. Баъд берун бароварда, ба ҷое гузоштанд ва духтари фиръавн ӯро гирифта ҳамчун писари худ калон кард. Мусо тамоми ҳикмати Мисрро аз худ карда, дар гуфтору кирдор пурзӯр шуд. Дар чилсолагиаш хост бародарони худ, яъне исроилиёнро хабар гирад. Чун дид, ки марди мисрие як марди исроилиро азоб медиҳад, тарафдорӣ намуд ва аз шахси мисрӣ қасос гирифта ӯро кушт. Мусо фикр кард, ки бародаронаш мефаҳманд, ки Худо онҳоро ба воситаи ӯ наҷот медиҳад, аммо онҳо нафаҳмиданд. Рӯзи дигар Мусо дид, ки ду исроилӣ кашмакаш мекунанд, ва онҳоро оштӣ доданӣ шуда гуфт: „Эй мардҳо, чаро ҳамдигарро меранҷонед, охир шумо бародар ҳастед-ку?“ Аммо марде, ки зӯрӣ мекард, Мусоро тела дода гуфт: „Кӣ туро бар мо раису довар мондааст?! Ё мехоҳӣ, ки маро ҳам мисли он мисрии дирӯза бикушӣ?! “ Мусо ин суханонро шунида, аз кишвари Миср гурехт ва дар сарзамини Мидён ғариб шуд. Дар он ҷо ду писари ӯ таваллуд шуд. Аз байн чил сол гузашт. Рӯзе дар биёбон – назди кӯҳи Сино фариштае аз миёни шӯълаҳои оташе, ки аз як бутта мебаромад, ба вай зоҳир шуд. Ин ҳодисаро дида Мусо ҳайрон шуд. Чун наздиктар мерафт, то ки онро беҳтар бинад, овози Худовандро шунид: „Ман Худои падаронат – Худои Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб ҳастам“. Мусо аз тарс меларзид ва ҳатто ба он нигоҳ карда наметавонист. „Пойафзолатро каш, – гуфт Худованд, – зеро ҷойи истодаат муқаддас аст. Ман тангии халқамро дар Миср бо чашми Худ дидам ва оҳу нолаи онҳоро шунида фуруд омадам, то ки онҳоро халос кунам. Акнун биё, Ман туро ба Миср мефиристам“. Худо ба воситаи фариштае, ки дар буттаи сӯхтаистода зоҳир шуд, Мусоро ҳамчун раис ва халосгар ба назди исроилиён фиристод, худи ҳамон Мусоро, ки онҳо „кӣ туро бар мо раису довар мондааст“ гуфта рад карда буданд. Ҳамин Мусо ҳам дар Миср, ҳам дар назди баҳри Сурх ва ҳам дар биёбон дар давоми чил сол муъҷизаву аломатҳои зиёд нишон дода, одамонро берун овард. Ҳамин Мусо ба исроилиён гуфта буд: „Худо аз байни халқатон ба шумо Пайғамбаре ба мисли ман ба миён хоҳад овард“. Ҳамин Мусо мардумро дар биёбон ҷамъ овард. Сипас, дар кӯҳи Сино Худо ба воситаи фаришта бо вай гап зад, то ки Мусо каломи ҳаётбахши Худоро ба мо расонад. Аммо падарони мо ба Мусо итоат кардан нахостанд, балки ӯро рад намуда, дар дил хостанд, ки ба Миср баргарданд. Онҳо ба бародари Мусо Ҳорун чунин гуфтанд: „Барои мо худоёне бисоз, то ки пешопешамон бираванд. Охир, бо ин Мусо, ки моро аз Миср баровард, намедонем, чӣ ҳодиса рӯй дод!“ Он рӯзҳо исроилиён ба худ буте ба шакли гӯсола сохтанд ва ба он бут қурбонӣ карда, аз кори дасти худ шод шуданд ва рақсу бозӣ карданд. Аммо Худо аз онҳо рӯй гардонда вогузошт, ки онҳо ба парастиши ситорагони осмон сар кунанд. Чунон ки сухани Худо дар китоби пайғамбарон омадааст: „Эй хонадони Исроил! Оё дар давоми чил сол, ки дар биёбон будед, қурбониву ҳадяҳоро ба Ман меовардед? Шумо хаймаи Малук, ситораи худоятон Рифон – бутҳоеро, ки барои парастиш сохтед, бардошта мегаштед. Бино бар ин, шуморо дар ҷое асир хоҳам кард, ки аз кишвари Бобил дуртар бошад“. Охир, дар биёбон падаронамон хаймаи шаҳодат доштанд, ки Мусо онро бо фармони Худо аз рӯйи намунаи дидааш бунёд карда буд. Падаронамон онро таҳти роҳбарии Юшаъ ба сарзамини Канъон оварданд, ки халқҳои он ҷоро Худо пешопеши исроилиён бадар меронд. Инак, то замони шоҳ Довуд ҳамин хаймаи Худо дар байни мардум буд. Сипас, шоҳ Довуд, ки дар назари Худо лутфу меҳрубонӣ пайдо карда буд, аз Худо хоҳиш намуд, ки барои Ӯ, яъне барои Худои Яъқуб хонае бисозад. Дар охир на Довуд, балки шоҳ Сулаймон ба Ӯ хона бино кард. Аммо Худои Таоло дар хонаҳое, ки бо дасти одамизод сохта шудаанд, зиндагӣ намекунад. Дар ин бора аз забони пайғамбар чунин омадааст: „Осмон тахти Ман аст ва замин пойандозам. Чӣ гуна хона барои Ман сохта метавонед? – мегӯяд Худованд. – Куҷо ҷойи истироҳати Ман шуда метавонад? Оё ҳамаи инро дастони Ман наофаридаанд?“ Шумо мардуми саркаш ҳастед, ки дилу гӯшҳоятон хатна нашудааст. Шумо мисли падарони худ ҳамеша ба Рӯҳулқудс зиддият мекунед. Кадом пайғамбарро медонед, ки ӯро падарони шумо озор надода бошанд? Падарони шумо ҳамаи онҳоеро, ки омадани Росткорро пешгӯйӣ мекарданд, мекуштанд. Акнун шумо Худи Росткорро таслим карда куштед. Шумо шариатро, ки ба воситаи фариштагон бароятон дода шуда буд, қабул намудед, лекин онро иҷро накардед». Ҳозирон ин суханро шунида аз хашм дандонҳояшонро ғиҷиррос мезанонданд. Истефанус, ки аз Рӯҳулқудс пур шуда буд, ба осмон нигоҳ карда, шукӯҳу ҷалоли Худоро дид ва Исоро, ки аз дасти рости Худо меистод. «Нигаред! – гуфт Истефанус, – осмонро кушода мебинам ва Писари Одамизодро, ки аз дасти рости Худо меистад». Аммо онҳо гӯшҳояшонро маҳкам карда, бо доду фарёд ба ӯ дарафтоданд. Сипас, ӯро аз шаҳр берун бароварда, сангсор карданд. Дар ин ҳангом он шоҳидони бардурӯғ, ки Истефанусро туҳмат карданд, ҷомаҳои худро пеши пойҳои ҷавонмарде гузошта буданд, ки Шоул ном дошт. Мардум Истефанусро сангсор мекарданд, лекин ӯ дуо мегуфт: «Эй Худованд Исо, рӯҳи маро қабул кун!» Сипас, ба зону афтода, бо овози баланд гуфт: «Худовандо, ин гуноҳро бар дӯши онҳо нагузор». Инро гуфту ҷон дод. Шоул низ тарафдори куштани Истефанус буд. Аз ҳамон рӯз сар карда дар шаҳри Уршалим аҳли ҷамоати имондоронро сахт озор медоданд. Ғайр аз фиристодагон ҳамаи имондорон ба шаҳру деҳоти сарзамини Яҳудия ва Сомара пароканда шуданд. Ҳамзамон мардони худотарс омада, Истефанусро ба хок супурданд ва барои ӯ мотам гирифта, сахт гиря карданд. Шоул бошад аз пайи нобуд кардани аҳли ҷамоати масеҳиён буд. Ӯ хона ба хона гашта мардону занонро кашола карда, бурда ба зиндон меандохт. Дар баробари ин парокандашудагон, ба ҳар ҷое ки мерафтанд, хушхабар мерасонданд. Филиппуси шогирди Исо низ дар яке аз шаҳрҳои Сомара ба одамон дар бораи Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо гап мезад. Вақте ки мардум суханони Филиппусро шуниданд ва диданд, ки муъҷизаҳо нишон медиҳад, ба суханонаш якдилона ва бодиққат гӯш медоданд. Рӯҳҳои нопок бо доду фиғон аз ҷинзадагон берун мешуданд. Маъюбону шалҳои зиёде шифо меёфтанд ва дар тамоми шаҳр хурсандии бузурге ҳукмфармо буд. Он вақт дар шаҳр Шимъун ном марде буд, ки мардуми Сомараро бо ҷодугарӣ дар ҳайрат мегузошт ва худро чун шахси бузург вонамуд мекард. Ҳама хурду калон ба ӯ бодиққат гӯш мекарданд ва мегуфтанд, ки вай қувваи бузурги Худост. Шимъун солҳои зиёд ҳамаро бо сеҳру ҷодуи худ ҳайрон мекард ва аз ин сабаб мардум ба ӯ бодиққат гӯш мекарданд. Вале чун ба хушхабари Филиппус дар бораи Подшоҳии Худо ва Исои Масеҳ гӯш дода, имон оварданд, мардону занон таъмид гирифтанд. Шимъун ҳам бовар кард. Вай низ таъмид гирифта, аз Филиппус дур намешуд, зеро аз дидани чунин муъҷизаву аломатҳои бузург дар ҳайрат монда буд. Дар шаҳри Уршалим фиристодагон чун шуниданд, ки мардуми Сомара ба каломи Худо имон оварданд, ба наздашон Петрусу Юҳанноро фиристоданд. Онҳо расидан замон барои имондорони сомарӣ дуо карданд, то ба онҳо низ Рӯҳулқудс ато шавад, зеро дар Сомара ҳанӯз Рӯҳулқудс ба касе фуруд наомада буд. Онҳо фақат ба номи Худованд Исо таъмид гирифта буданд. Сипас, фиристодагон бар онҳо даст гузоштанд ва ба онҳо Рӯҳулқудс дода шуд. Шимъун чун дид, ки ба воситаи дастгузории фиристодагон Рӯҳ дода мешавад, ба онҳо пул оварда, гуфт: «Ба ман ҳам чунин қудрат диҳед, то ба ҳар кас, ки даст гузорам, Рӯҳулқудс дода шавад». Аммо Петрус дар ҷавоб гуфт: «Пулат аз сарат монад. Ту гумон мекунӣ, ки туҳфаи Худоро бо пул харида метавонӣ?! Дар ин масъала ба ту ҳаққу ҳиссае нест, чунки дилат дар назари Худо сиёҳ аст. Аз бадии кардаат тавба намуда, ба Худованд дуо кун, шояд ин нияти бади дилатро бубахшад. Мебинам, ки дилат пур аз ҳасад ва ту пойбанди гуноҳ ҳастӣ». «Дар ҳаққи ман ба Худованд дуо кунед, – хоҳиш кард Шимъун, – то аз он чи гуфтед, чизе ба сарам наояд». Сипас, фиристодагон дар бораи Исои Масеҳ шаҳодат дода, каломи Худовандро паҳн карданд ва гашта ба Уршалим равона шуданд. Онҳо роҳравон дар бисёр деҳоти сарзамини Сомара хушхабар мерасонданд. Фариштаи Худованд ба Филиппус чунин гуфт: «Бархезу бо роҳи биёбон, ки аз Уршалим ба шаҳри Ғазза меравад, ба ҷануб бирав». Ӯ бархоста равона шуд. Дар роҳ ӯ марди ҳабашиеро дид, ки барои парастиш ба Уршалим сафар карда, акнун ба ватанаш бармегашт. Он мард хизматгор ва нигаҳбони хазинаи Кандока – маликаи кишвари Ҳабашистон буд. Вай бар аробааш нишаста, китоби пайғамбар Ишаъёро мехонд. Рӯҳулқудс ба Филиппус гуфт: «Ба ароба наздик шуда, баробари он бирав». Филиппус давида ба он наздик шуд ва шунид, ки марди ҳабашӣ китоби пайғамбар Ишаъёро мехонад. Филиппус аз вай пурсид: «Оё маънои он чиро, ки мехонӣ, мефаҳмӣ?» Марди ҳабашӣ ҷавоб дод: «Агар касе ба ман нафаҳмонад, чӣ хел фаҳмам?» Пас аз Филиппус хоҳиш намуд, ки ба ароба савор шуда, бо вай нишинад. Порчае, ки марди ҳабашӣ аз навиштаҷот мехонд, ин буд: «Ӯ чун гӯсфанде, ки ба куштан бурда мешавад, хомӯш буд ва мисли баррае дар назди пашмтарошон даҳонашро накушод. Ӯро паст заданд ва аз рӯйи инсоф ҳукм накарданд. Кӣ метавонад дар бораи насли Ӯ сухан гӯяд? Зеро ҳаёти Ӯ аз замин канда шуд». Хазинадор аз Филиппус пурсид: «Хоҳиш мекунам, бигӯ, ки ин суханро пайғамбар дар бораи худаш гуфтааст ё каси дигар?» Филиппус аз ҳамин порчаи навиштаҷот сар карда ба вай дар бораи Исо хушхабар расонд. Инак, роҳравон онҳо ба ҷойи серобе расиданд ва хазинадор гуфт: «Ана об! Чаро таъмид нагирам?!» Сипас, ӯ фармуд, ки аробаро боздорад ва ҳар ду – Филиппус ва хазинадор, ба об даромаданд. Филиппус ӯро таъмид дод. Чун аз об баромаданд, Рӯҳи Худованд Филиппусро гирифта бурд. Хазинадор дигар ӯро надид ва роҳашро хурсандона давом дод. Филиппус бошад, дар шаҳри Ашдӯд пайдо шуд. Ӯ шаҳр ба шаҳр гашта то рӯзе, ки ба шаҳри Қайсария расид, дар ҳама ҷо хушхабар эълон мекард. Шоул шогирдони Худовандро бо куштан метарсонд. Ӯ назди саркоҳин омада, хоҳиш намуд, ки ба вай барои ҷамоатхонаҳои шаҳри Димишқ номаҳо нависта диҳад, то ҳар касеро, ки пайрави ин Роҳ ёбад, хоҳ мард бошад, хоҳ зан, баста ба Уршалим орад. Ҳангоми роҳ рафтан, дар наздикии шаҳри Димишқ, ногаҳон аз осмон нуре пайдо шуда, Шоулро фаро гирифт. Ӯ ба замин афтода, овозе шунид, ки мегуфт: «Шоул, Шоул! Чаро Маро озор медиҳӣ?» Шоул пурсид: «Эй Аълоҳазрат, Ту кистӣ?» Овоз дар ҷавоб гуфт: «Ман ҳамон Исоям, ки озораш медиҳӣ. Акнун аз ҷоят хеста, ба шаҳр даро. Дар он ҷо ба ту як кас мегӯяд, ки чӣ бояд кунӣ». Ҳамсафарони Шоул мисли гунг меистоданд, чунки овозро мешуниданд, аммо касеро намедиданд. Шоул аз замин бархоста, чашмонашро кушод, лекин чизеро дида наметавонист. Сипас, вайро аз дасташ гирифта ба Димишқ оварданд. Дар он ҷо се рӯз нобино монд ва чизе намехӯрду наменӯшид. Инак, дар шаҳри Димишқ Ҳанониё ном шогирде буд. Худованд ба вай аён шуда гуфт: «Ҳанониё!» Ҳанониё дар ҷавоб гуфт: «Лаббай, Худованд». Худованд гуфт: «Бархез ва ба кӯчае, ки Рост ном дорад, бирав! Дар он ҷо хонаи Яҳудоро ёфта, мардеро аз шаҳри Тарсус бипурс, ки Шоул ном дорад. Вай ҳозир дуо мекунад, ва ба ӯ аён шуд, ки Ҳанониё ном марде омада, бар ӯ даст гузошта, чашмонашро бино мекунад». Ҳанониё гуфт: «Худовандо! Дар бораи ин одам аз бисёр касон шунидам, ки дар Уршалим ба пайравони Ту хеле бадӣ кардааст. Дар ин шаҳр низ ӯ аз коҳинони калон иҷозат дорад, ки ҳамаи онҳоеро, ки номи Туро ба забон мегиранд, дастгир намояд». Аммо Худованд гуфт: «Бирав! Зеро Ман вайро ҳамчун асбоби Худ интихоб кардаам, то ки номи Маро назди ғайрияҳудиён, подшоҳон ва исроилиён эълон намояд. Ман ба ӯ нишон медиҳам, ки ба хотири номи Ман бояд чӣ қадар азоб кашад». Ҳанониё рафта, он хонаро ёфту даромад ва бар Шоул даст гузошта гуфт: «Бародар Шоул, Худованд Исо, ки дар роҳ ба ту зоҳир шуд, маро ба наздат фиристод, то ки чашмонат бино шаванд ва аз Рӯҳулқудс пур шавӣ». Ҳамон лаҳза аз чашмони Шоул гӯё пардае гирифта шуд ва ӯ бино гардид. Сипас, Шоул бархеста, таъмид гирифт ва хӯрок хӯрда, қувват ёфт. Шоул якчанд рӯз бо шогирдони Исо дар Димишқ монд. Вай дарҳол ба ҷамоатхонаҳои яҳудиён рафта, дар бораи Исо гап зад, ки Ӯ Писари Худост. Шунавандагон ҳайрон шуда мегуфтанд: «Ин ҳамон одам нест, ки дар Уршалим пайравони ин Шахсро нобуд мекард? Оё ба ин ҷо низ барои ҳамин наомадааст, ки онҳоро дастгир намуда, назди коҳинони калон барад?» Шоул рӯз ба рӯз дар эълон кардани хушхабар пурзӯртар мешуд. Вай ба яҳудиёни Димишқ Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо будани Исоро чунон исбот менамуд, ки онҳо дар ҷавоб чизе гуфта наметавонистанд. Баъди гузаштани якчанд рӯз яҳудиён қасд карданд, ки Шоулро бикушанд. Аммо Шоул аз нияти онҳо хабардор шуд. Азбаски онҳо бо ин мақсад шабу рӯз назди дарвозаи шаҳр истода, ӯро мепоиданд, ҳамроҳонаш шабона ӯро ба сабаде гузошта, аз сӯрохии девори шаҳр пойин фуроварданд. Шоул ба шаҳри Уршалим омада, хост, ки ба шогирдони Исои Масеҳ ҳамроҳ шавад, аммо онҳо аз ӯ тарсиданд. Онҳо бовар намекарданд, ки Шоул шогирди Масеҳ шудааст. Лекин Барнаббо ӯро ба назди фиристодагон оварда, ба онҳо нақл намуд, ки чӣ тавр Шоул дар роҳ Худовандро дидаасту Худованд бо ӯ гап задааст ва чӣ гуна вай дар шаҳри Димишқ дар бораи Исо далерона гап мезад. Ҳамин тавр Шоул бо шогирдон дар Уршалим рафтуомад карда, дар бораи Худованд далерона гап мезад. Вай бо баъзе яҳудиёни юнонизабон гуфтугӯ ва баҳс менамуд, аммо онҳо аз пайи куштани ӯ буданд. Имондорон аз ин бохабар шуда, ӯро ба бандари шаҳри Қайсария бурданд ва аз он ҷо ба шаҳри Тарсус гусел карданд. Он рӯзҳо аҳли ҷамоати имондорон дар тамоми сарзамини Яҳудияву Ҷалилу Сомара оромӣ ёфта, худотарсона зиндагӣ мекарданду бо ёрии Рӯҳулқудс пурзӯр ва зиёд мешуданд. Петрус тамоми ноҳияро гашта, ба назди имондорони шаҳри Лудда омад. Дар он ҷо Аниёс ном мардеро дид, ки ҳашт сол боз шал дар ҷогаҳаш мехобид. Петрус ба вай гуфт: «Аниёс, Исои Масеҳ туро шифо медиҳад. Бархезу ҷогаҳатро ҷамъ кун». Марди шал дарҳол аз ҷояш хест. Мардуми шаҳри Лудда ва дашти Шорӯн ӯро сиҳат дида, ба Худованд рӯй оварданд. Ҳамчунин дар шаҳри Ёфо Тобито ном шогирди Исо зиндагӣ мекард, ки маънои номаш «ғизол» аст. Ӯ зани некукор буда, хайроти зиёд мекард. Рӯзе вай бемор шуда мурд. Ҷасади ӯро шуста, дар болохона гузоштанд. Шогирдон чун шуниданд, ки Петрус дар шаҳри Лудда аст, ки ба шаҳри Ёфо наздик буд, ду касро ба наздаш фиристода, хоҳиш намуданд, ки зуд ба пеши онҳо биёяд. Петрус дарҳол бо онҳо рафт. Чун расид, ӯро ба болохона бароварданд. Дар болохона бевазанон Петрусро иҳота намуда, гирякунон, ҷомаву куртаҳои дар зиндагияш дӯхтаи Ғизолро ба ӯ нишон медоданд. Лекин Петрус хоҳиш намуд, ки онҳо берун бароянд. Сипас, зону зада, дуо кард ва ба ҷасад нигариста гуфт: «Тобито, бархез!» Тобито чашмонашро кушода, Петрусро дид ва аз ҷояш хеста, нишаст. Петрус ӯро аз дасташ гирифта ба по хезонд ва имондоронро ҳамроҳи бевазанон даъват карда, ӯро зинда нишон дод. Ин воқеа дар тамоми Ёфо овоза шуд ва одамони бисёре ба Худованд Исо имон оварданд. Петрус муддате дар шаҳри Ёфо монд ва дар хонаи Шимъуни чармгар зиндагӣ кард. Дар шаҳри Қайсария марде бо номи Корнилиюс зиндагӣ мекард. Ӯ мирисади лашкаре буд, ки Италиявӣ ном дошт. Корнилиюс ва тамоми хонаводааш одамони диндору худотарс буданд. Ӯ ба мардум бисёр хайр менамуд ва ҳамеша ба Худо дуо мекард. Рӯзе, тақрибан соати се, ба Корнилиюс фариштаи Худо аён шуд ва ба ӯ наздик омада, гуфт: «Корнилиюс!» Ӯ тарсон, аз фаришта чашм наканда, гуфт: «Лаббай, эй Аълоҳазрат». Фаришта ба вай гуфт: «Худо дуоятро шунид ва хайроти туро қабул кард. Акнун ба шаҳри Ёфо одам бифирист, то ки Шимъуни лақабаш Петрусро ба наздат даъват кунад. Ҳоло ӯ дар хонаи Шимъуни чармгар, ки дар соҳили баҳр мебошад, меҳмон аст». Вақте фариштае, ки бо ӯ гап мезад, нопадид шуд, Корнилиюси мирисад ду хизматгор ва як сарбози диндорашро, ки дар хизмати ӯ буд, ҷамъ овард. Мирисад тамоми ҳодисаро ба онҳо баён кард ва онҳоро ба шаҳри Ёфо фиристод. Рӯзи дигар, нисфирӯзӣ, ҳангоме ки одамони Корнилиюс ба шаҳр наздик мешуданд, Петрус барои дуо болои бом баромад. Дар он ҷо ӯ гурусна монд ва хост, чизе бихӯрад. Аммо ҳанӯз хӯрок тайёр нашуда, Петрус ба ҳолати бехудӣ афтод. Ӯ дид, ки осмон кушода шуда, аз он чизе ба монанди дастархони калон, ки аз чор гӯшааш овезон буд, ба замин мефарояд. Даруни он аз ҳар гуна ҳайвоноти чорпо, хазандагон ва парандагони осмон пур буд. Сипас, ӯ овозе шунид, ки мегуфт: «Петрус, хез, куш ва хӯр!» Петрус ҷавоб дод: «Ҳаргиз, Худовандо! Ман дар умрам ягон чизи ҳаром ё нопок нахӯрдаам». Овоз бори дигар гуфт: «Он чиро, ки Худо ҳалол кардааст, ҳаром нашумор». Ин ҳодиса се бор такрор шуд. Сипас, дастархон зуд ба осмон рафт. Петрус ҳанӯз дар фикри чизҳои аёншуда буд, ки одамони Корнилиюс хонаи Шимъунро ёфта, ба дарвоза наздик шуданд. Онҳо фарёд карданд: «Шимъуне, ки лақабаш Петрус аст, дар ҳамин ҷост?» Он гоҳ Рӯҳулқудс ба Петрус, ки ҳанӯз дар бораи чизҳои дидааш фикр мекард, гуфт: «Туро се одам ҷустуҷӯ мекунанд. Бархеста, ба наздашон фуро ва бе ягон шубҳа бо онҳо бирав, чунки онҳоро Ман фиристодам». Петрус фуромада, ба онҳо гуфт: «Манам он касе, ки меҷӯед. Чӣ хизмат?» Онҳо ҷавоб доданд: «Мо аз ҷониби Корнилиюси мирисад омадем, ки марди росткору худотарс буда, дар байни тамоми яҳудиён номи нек дорад. Фариштаи муқаддас ба ӯ фармудааст, ки шуморо ба хонааш даъват намуда, суханонатонро шунавад». Пас Петрус онҳоро ба хона таклиф карда, меҳмондорӣ кард. Рӯзи дигар Петрус бо онҳо ба роҳ даромад. Баъзе имондорони шаҳри Ёфо ба вай ҳамроҳ шуданд. Пас аз як рӯз онҳо ба Қайсария расиданд. Корнилиюс хешу табору дӯстони наздикашро ҷамъ оварда, интизори Петрус ва ҳамроҳонаш буд. Вақте ки Петрус ба ҳавлӣ даромад, Корнилиюс назди пойҳои ӯ афтода, саҷда кард. Аммо Петрус ӯро хезонда, гуфт: «Бархез, ман ҳам одам ҳастам». Сипас, Петрус бо Корнилиюс гапзанон ба хона даромада, дид, ки мардуми зиёде ҷамъ омадаанд. Инак ба онҳо гуфт: «Чунон ки медонед, ба яҳудиён бо ғайрияҳудиён рафтуомад кардану ба хонаи онҳо даромадан манъ аст. Аммо Худо ба ман нишон дод, ки касеро ифлос ё нопок наҳисобам. Бинобар ин, вақте ки даъват карданд, бечуну чаро омадам. Акнун гӯед, ки ба ман чӣ кор доштед?» Корнилиюс ҷавоб дод: «Чор рӯз пеш ман дар хонаам дуо мекардам. Соат мисли ҳозир наздики се буд. Баногоҳ дар наздам марде пайдо шуд, ки либоси дурахшон дар бар дошт. Ӯ ба ман гуфт: „Корнилиюс, Худо дуои туро шунид ва хайроти туро қабул кард. Акнун ба шаҳри Ёфо одам фиристода, Шимъунро, ки лақабаш Петрус аст, даъват бикун. Ҳоло ӯ дар хонаи Шимъуни чармгар, ки дар соҳили баҳр мебошад, меҳмон аст“. Бино бар ин, дарҳол ба наздат одам фиристодам ва ту нағз кардӣ, ки омадӣ. Ҳоло мо ҳама дар ҳузури Худо ҷамъ омадем, то ҳар чи ки Худованд ба ту фармудааст, бишнавем». Петрус суханашро сар кард: «Ана акнун фаҳмидам, ки дар ҳақиқат Худо ба касе рӯйбинӣ намекардааст, балки одамони худотарсу росткорро аз ҳама халқҳо қабул мекардааст. Хушхабари сулҳу осоиш ба воситаи Худованди ҳамагон – Исои Масеҳ дода шуд ва шумо аз ин паём, ки Худо ба халқи Исроил фиристод, бохабар ҳастед. Шумо медонед, пас аз он ки Яҳё одамонро ба таъмид даъват намуд, аз сарзамини Ҷалил сар карда, то саросари сарзамини Яҳудия чӣ рӯй дод. Яъне медонед, ки Худо ба Исои Носирӣ Рӯҳулқудс ва қувва бахшид. Исо ҳар сӯ сафар карда, корҳои нек анҷом дод ва ҷинзадагонро раҳо кард, чунки Худо бо Ӯ буд. Мо худ ба ҳама коре, ки Ӯ дар кишвари яҳудиён ва шаҳри Уршалим кард, шоҳид ҳастем. Исои Масеҳро ба салиб овехта куштанд, вале Худо Ӯро дар рӯзи сеюм зинда кард ва ба одамон зоҳир намуд. Аммо на ба тамоми халқ, балки танҳо ба шоҳидоне, ки Худо пешакӣ интихоб намуд, яъне ба мо, ки пас аз зинда шуданаш бо Ӯ мехӯрдему менӯшидем. Сипас, Ӯ ба мо фармон дод, ки ба мардум чунин эълон намуда шаҳодат диҳем: Исои Масеҳ ҳамон Таъйиншудаи Худост, ки зиндагону мурдагонро доварӣ мекунад. Ҳамаи пайғамбарон дар бораи Ӯ шаҳодат додаанд, ки касе ба Ӯ имон оварад, ба воситаи номи Ӯ гуноҳҳояш бахшида мешавад». Ҳанӯз Петрус суханашро тамом накарда, Рӯҳулқудс бар ҳамаи шунавандагони каломи Худо фуруд омад. Яҳудиёни имондор, яъне ҳамроҳони Петрус дар ҳайрат афтоданд, ки Рӯҳулқудс ҳатто ба ғайрияҳудиён ато мешудааст. Зеро онҳо бо гӯшҳои худ мешуниданд, ки ғайрияҳудиён бо ҳар гуна забонҳо гап мезананду Худоро ситоиш мекунанд. Сипас, Петрус гуфт: «Чунон ки Рӯҳулқудс ба мо ато шуда буд, ба инҳо низ дода шуд. Оё акнун касе метавонад, ба онҳо зиддият намояд, ки таъмид гиранд?» Инро гуфта, Петрус фармуд, ки онҳо ба номи Исои Масеҳ таъмид гиранд. Сипас, аз Петрус хоҳиш намуданд, ки якчанд рӯз бо онҳо бимонад. Фиристодагону имондорони сарзамини Яҳудия хабардор шуданд, ки ғайрияҳудиён низ каломи Худоро қабул кардаанд. Ҳангоме ки Петрус ба Уршалим баргашт, тарафдорони хатна ӯро танқид карда, гуфтанд: «Ту ба пеши одамони хатнанашуда рафтӣ ва бо онҳо нишаста хӯрок хӯрдӣ?!» Петрус ба онҳо тамоми воқеаро як ба як баён карда гуфт: «Ҳангоме ки дар шаҳри Ёфо дуо мекардам, дар ҳолати бехудӣ ба назарам аён шуд, ки аз осмон чизе ба мисли дастархони калон, ки аз чор гӯшааш овезон буд, ба пешам фуромад. Ман ба даруни он нигоҳ карда, ҳайвоноти чорпо, дарандагон, хазандагон ва парандагони осмонро дидам. Сипас, овозе шунидам, ки ба ман гуфт: „Петрус, хез, куш ва хӯр!“ Аммо ман гуфтам: „Ҳаргиз, Худовандо! Ман дар умрам ягон чизи ҳаром ё нопок нахӯрдаам“. Овоз аз осмон бори дигар гуфт: „Он чиро, ки Худо ҳалол кардааст, ҳаром нашумор“. Ин ҳодиса се бор такрор шуд. Сипас, ҳамаи он чизҳо ба осмон бардошта шуд. Ҳамон лаҳза ба хонае, ки дар он будам, се мард наздик шуданд. Онҳоро аз шаҳри Қайсария ба назди ман фиристода будаанд. Рӯҳулқудс ба ман гуфт, ки дудила нашуда бо онҳо равам. Ин шаш бародар низ бо ман рафтанд ва мо ба хонаи Корнилиюс расида даромадем. Ӯ гуфт, ки дар хонааш фариштаеро дидааст, ки ба вай чунин гуфтааст: „Ба шаҳри Ёфо одам фиристода, Шимъуни лақабаш Петрусро ба хонаат даъват намо. Ӯ ба ту сухане мегӯяд, ки ба воситаи он худат ва тамоми хонаводаат наҷот меёбед“. Вақте ки ба сухан шурӯъ кардам, Рӯҳулқудс, чуноне, ки дар аввал бар мо фуруд омада буд, ба онҳо низ фуруд омад. Он лаҳза сухани Худованд ба ёдам расид, ки гуфта буд: „Яҳё бо об таъмид медод, лекин шумо бо Рӯҳулқудс таъмид дода мешавед“. Инак, Худо ба ғайрияҳудиён худи ҳамон аторо дод, ки ба мо ҳангоми ба Худованд Исои Масеҳ имон оварданамон дода буд. Пас ман кистам, ки ба Худо зиддият намоям?» Баъди ин суханон яҳудиён ором шуданд ва Худоро ситоиш намуда гуфтанд: «Маълум мешавад, ки Худо ба ғайрияҳудиён низ имконият додааст, ки аз гуноҳҳояшон тавба карда, ҳаёти абадӣ ёбанд». Баъзе аз пайравони Худованд аз сабаби он ки аз паяшон баъд аз марги Истефанус дарафтода буданд, пароканда шуданд. Онҳо то ба кишвари Финиқияи ҷазираи Қиприс ва шаҳри Антокия рафта расиданд, аммо каломи Худоро на ба ҳама, балки танҳо ба яҳудиён мегуфтанд. Лекин баъзеи онҳо, ки аз Қипрису Қайравон буданд, ба Антокия расида, хушхабари Худованд Исоро ба ғайрияҳудиён низ мавъиза карданд. Худованд ба онҳо ёрӣ медод ва шумораи зиёди одамон имон оварда, ба Худованд рӯй оварданд. Ин хабар ба гӯши ҷамоати Уршалим расид ва онҳо Барнабборо ба Антокия фиристоданд. Ҳангоме ки Барнаббо ба он ҷо расида файзу меҳрубонии Худоро дид, хурсанд шуд ва ҳамаро насиҳат кард, ки пурра ба Худованд такя кунанд. Зеро Барнаббо одами нек, пур аз Рӯҳулқудс ва дар имон мустаҳкам буд. Инак, шумораи зиёди одамон ба Худованд имон оварданд. Пас аз ин Барнаббо барои ҷустуҷӯйи Шоул ба шаҳри Тарсус равона шуд ва ӯро ёфта, ба шаҳри Антокия овард. Онҳо ҳар ду тамоми сол дар он ҷамоати имондорон монда, мардуми зиёдеро таълим медоданд. Он замон дар Антокия бори аввал шогирдони Исои Масеҳро масеҳиён номиданд. Он рӯзҳо аз Уршалим ба Антокия якчанд пайғамбарон омада буданд. Яке аз онҳо Оғобус ном дошт. Ӯ бо ёрии Рӯҳулқудс пешгӯйӣ намуд, ки дар саросари замин гуруснагии сахт мешавад (ин дар замони шоҳаншоҳ Клавдиюс рӯй дод). Бино бар ин, ҳама шогирдон қарор доданд, ки ба имондорони сарзамини Яҳудия ба қадри имкон кӯмак фиристонанд. Ҳамин тавр онҳо кӯмаки худро бо дасти Барнаббову Шоул ба роҳбарони ҷамоат фиристоданд. Он замон шоҳ Ҳиродус дасти душманӣ дароз намуд, то ки баъзе аз аъзои ҷамоати имондоронро азоб диҳад. Шоҳ бо шамшер Яъқуби бародари Юҳанноро кушт. Сипас, чун дид, ки ин кораш ба яҳудиён писанд омад, Петрусро низ дастгир намуд. Ин воқеа дар айёми иди Фатир рӯй дод. Шоҳ Петрусро ба зиндон андохта, ба чор дастаи сарбозон, ки ҳар яке аз чор сарбоз иборат буд, фармуд, ки ӯро посбонӣ кунанд. Шоҳ мехост, ки баъди иди Наҷот ӯро ба назди мардум барои ҳукм кардан барорад. Инак, Петрус дар зиндон буд, аммо аҳли ҷамоати имондорон барои ӯ бо ҷидду ҷаҳд ба Худо дуо мекарданд. Шаби ҳамон рӯз, ки шоҳ Ҳиродус мехост ӯро назди мардум барорад, Петрус дар байни ду сарбоз мехобид. Ӯро бо ду занҷир баста буданд ва назди дари зиндон сарбозони дигар меистоданд. Баногоҳ фариштаи Худованд пайдо шуд ва ҳуҷра равшан гардид. Вай ба паҳлуи Петрус зада, ӯро бедор карду гуфт: «Зуд бархез». Ҳамон лаҳза занҷирҳо аз дастони Петрус афтоданд. Фаришта суханашро давом дод: «Миёнатро банду пойафзолатро пӯш». Петрус гуфтаи ӯро иҷро намуд. Фаришта гуфт: «Акнун ҷомаатро пӯшида, аз қафои ман биё». Петрус баромада, аз қафои фаришта равона шуд. Ӯ фикр кард, ки хоб мебинад, лекин дар асл ин кори фаришта воқеӣ буд. Онҳо аввал аз назди як дастаи посбонон ва сипас аз дастаи дуюм гузашта, ба дарвозаи оҳанине, ки ба сӯйи шаҳр мебурд, наздик шуданд. Дарвоза худ аз худ ба рӯйи онҳо кушода шуд. Онҳо аз он гузашта, то ба охири кӯча расида буданд, ки баногоҳ фаришта нопадид шуд. Ин вақт Петрус ба худ омада, гуфт: «Акнун аниқ фаҳмидам, ки Худованд фариштаи Худро фиристодааст, то маро аз дасти Ҳиродус ва он чи яҳудиён мехостанд, халос кунад». Петрус инро аз дил гузаронда, ба хонаи Марями модари Юҳанно, ки Марқӯс номида шуда буд, равона шуд. Дар он ҷо мардуми зиёд ҷамъ омада, дуо мекарданд. Чун дарвозаро тақ-тақ кард, Рудо ном канизаке барои кушодан баромад. Рудо овози Петрусро шинохта чунон хурсанд шуд, ки дарвозаро накушода, ба сӯйи хона давид ва хабар дод, ки Петрус назди дарвоза истодааст. Ба ӯ гуфтанд: «Ақлатро хӯрдаӣ». Лекин ӯ дар гапаш истода мегуфт, ки рост мегӯяд. Онҳо бошанд гуфтанд: «Ин фариштаи ӯст». Азбаски Петрус ҳанӯз ҳам тақ-тақ мекард, охир дарро кушоданд ва ӯро дида сахт ҳайрон шуданд. Петрус бо ишораи даст хомӯшӣ талаб намуда, ба онҳо гуфт, ки чӣ тарз Худованд ӯро аз зиндон баровард. Петрус гуфт: «Инро ба Яъқубу бародарони дигар расонед». Пас ӯ онҳоро тарк намуда, ба ҷойи дигар рафт. Бо дамидани субҳ сарбозонро тарсу ваҳм фаро гирифт, ки ба Петрус чӣ шуда бошад. Шоҳ Ҳиродус ӯро ҷустуҷӯ намуд, лекин наёфт. Сипас, сарбозонро пурсуҷӯ намуда, фармон дод, ки онҳоро ба қатл расонанд. Худаш бошад аз сарзамини Яҳудия баромада, ба шаҳри Қайсария рафт ва дар он ҷо монд. Шоҳ Ҳиродус аз мардуми шаҳрҳои Сур ва Сидун сахт дар ғазаб шуда буд. Бино бар ин, онҳо маслиҳат намуда, ба назди шоҳ як гурӯҳ одамонро фиристоданд. Онҳо аввал хизматгори шахсии подшоҳ Балостусро тарафдори худ карда, сипас аз подшоҳ сулҳ хостанд, чунки онҳо аз кишвари подшоҳ хӯрокворӣ мегирифтанд. Дар рӯзи қабул Ҳиродус либоси шоҳона пӯшида, бар курсии доварӣ нишаст ва ба онҳо сухан кард. Мардум бошанд, фарёдкунон гуфтанд: «Ин овози одам не, балки овози яке аз худоён аст». Ин лаҳза фариштаи Худованд шоҳ Ҳиродусро зад, чунки худро аз Худо боло донист. Ҳамин тавр, ӯ кирм карда мурд. Аммо каломи Худо торафт паҳн мешуд. Барнаббо ва Шоул хизмати худро барои Худованд дар Уршалим ба охир расонданд ва Юҳаннои лақабаш Марқӯсро бо худ гирифта, ба шаҳри Антокия баргаштанд. Пайғамбарону муаллимони ҷамоати имондорони шаҳри Антокия инҳо буданд: Барнаббо, Шимъуни лақабаш Нигер, Лукюси қайравонӣ, Маноҳим – дӯсти бачагии Ҳиродуси ҳоким ва Шоул. Рӯзе, ҳангоме ки онҳо рӯза гирифта Худовандро парастиш мекарданд, Рӯҳулқудс ба онҳо гуфт: «Ба Ман Барнаббо ва Шоулро ҷудо кунед, то кореро, ки барояшон таъйин намудаам, иҷро намоянд». Сипас, рӯза доштанд ва бар онҳо даст гузошта дуо карданду онҳоро фиристоданд. Инак Барнаббо ва Шоул, ки аз ҷониби Рӯҳулқудс фиристода шуда буданд, ба шаҳри Салукия расиданду аз он ҷо ба ҷазираи Қиприс бо киштӣ шино карданд. Онҳо ба шаҳри Саломис расида, дар ҷамоатхонаи яҳудиён каломи Худоро эълон карданд. Юҳанно ба онҳо ёрӣ мерасонд. Онҳо тамоми ҷазираро то шаҳри Пофус тай карданд. Дар Пофус фиристодагон ҷодугари яҳудиро вохӯрданд, ки пайғамбари дурӯғин буд. Вай Барюшаъ ном дошт ва шиноси ҳоким Сарҷиюс Павлус буд. Ҳоким, ки марди бофаҳм буд, барои шунидани каломи Худо Барнаббо ва Шоулро ба наздаш даъват кард. Аммо он ҷодугар, ки ба забони юнонӣ Алимо ном дошт, ба онҳо зиддият намуд. Ӯ кӯшиш мекард, ки ҳокимро аз имон овардан боздорад. Он гоҳ Шоул, ки Павлус низ ном дошт, аз Рӯҳулқудс пур шуда, рост ба он ҷодугар нигариста гуфт: «Эй марди пур аз дурӯғу бадӣ, писари шайтон ва душмани ҳар росткорӣ, кай каҷ кардани Роҳи рости Худовандро бас мекунӣ?! Ҳоло ист! Худованд туро ҷазо медиҳад ва ту кӯр шуда, муддате равшании офтобро намебинӣ». Бо шунидани ин сухан Алиморо тирагиву торикӣ фаро гирифт ва ӯ ба ҳар сӯ рӯй оварда, ба худ раҳнамое меҷуст. Ҳоким ин воқеаро дида, имон овард, чунки аз таълимоти Худованд дар ҳайрат монда буд. Сипас, Павлусу ҳамроҳонаш аз шаҳри Пофус ба шаҳри Пирҷаи вилояти Памфилия бо киштӣ омаданд. Аммо Юҳанно онҳоро тарк намуда, ба Уршалим баргашт. Аз шаҳри Пирҷа онҳо ба шаҳри Антокияи назди Писидия омаданд ва рӯзи шанбе ба ҷамоатхонаи яҳудиён даромада нишастанд. Баъд аз хондани шариати Мусо ва навиштаҳои пайғамбарон, сардорони ҷамоатхона одам фиристода ба онҳо чунин гуфтанд: «Бародарон, агар ба мардум сухани насиҳатомезе дошта бошед, бигӯед». Павлус аз ҷояш хеста, бо ишораи даст хомӯшӣ талаб намуд ва гуфт: «Эй исроилиён ва ғайрияҳудиёне, ки аз Худо метарсед, гӯш кунед! Худои мардуми Исроил падаркалонҳои моро интихоб намуда, онҳоро дар ғарибӣ, яъне дар сарзамини Миср ба халқи бузург табдил дод. Сипас, онҳоро бо тавоноии Худ аз он ҷо баровард ва чил сол рафтори онҳоро дар биёбон тоқат кард. Баъд дар замини Канъон ҳафт халқро нобуд карда, заминҳояшонро ба исроилиён тақсим карда дод. Аз байн чорсаду панҷоҳ сол гузашт. Сипас, Худо то замони пайғамбар Самуил бар онҳо доваронро таъйин менамуд. Оқибат онҳо барои худ подшоҳ талаб карданд ва Худо ба онҳо аз қабилаи Бинёмин Шоули писари Қишро бахшид. Шоул чил сол подшоҳӣ кард. Баъд Худо вайро аз подшоҳӣ маҳрум намуда, Довудро бар онҳо шоҳ таъйин намуд. Дар бораи Довуд Худо чунин гуфтааст: „Довуди писари Ишойро писанди дилам ёфтам. Ӯ ҳама хости Маро ба ҷо хоҳад овард“. Сипас, Худо, чунон ки ваъда карда буд, аз насли Довуд барои халқи Исроил Наҷотдиҳанда, яъне Исоро дод. Инак, Яҳё пеш аз омадани Исо ба тамоми халқи Исроил эълон намуд, ки тавба карда, таъмид гиранд. Яҳё дар охири хизмати худ чунин гуфт: „Ба гумонатон ман Масеҳам? Не, ман Таъйиншудаи Худо нестам. Нигаред, аз паси ман Касе меояд, ки ман ҳатто сазовори кушодани банди пойафзори Ӯ нестам“. Бародарон! Эй фарзандони Иброҳим ва ҳама ғайрияҳудиёне, ки худотарсанд! Ин хабари наҷотбахш ба мо фиристода шудааст! Мардуми Уршалим ва сардорони онҳо Наҷотдиҳанда будани Исоро нафаҳмиданд. Ҳамчунин суханони пайғамбаронро, ки ҳар рӯзи шанбе хонда мешавад, нафаҳмиданд, балки Исоро айбдор намуда, пешгӯйии пайғамбаронро ба ҷо оварданд. Агарчи барои куштан сабабе наёфтанд, аз Пилотус хоҳиш намуданд, ки Ӯро ба қатл расонад. Вақте ки ҳама чизҳои дар бораи Исо навишташударо иҷро карданд, Ӯро аз салиб фуроварда, ба қабр гузоштанд. Аммо Худо Ӯро зинда кард. Сипас, Исо ба онҳое, ки ҳамроҳаш аз сарзамини Ҷалил ба шаҳри Уршалим омада буданд, рӯзҳои зиёд зоҳир мешуд. Ҳоло онҳо дар пеши мардум шоҳидони Ӯ ҳастанд. Мо низ ба шумо хабари хуш мерасонем, ки ваъдаи ба падаркалонҳоямон додашуда иҷро гардид. Худо Исоро зинда карда, он ваъдаро барои мо, ки насли онҳо ҳастем, ба ҷо овард. Дар ин бора дар таронаи дуюми китоби Забур чунин гуфта шудааст: „Ту Писари Ман ҳастӣ. Имрӯз Ман Падари Ту шудаам “. Дар бораи он, ки Исоро зинда мекунад ва Ӯ ҳаргиз дар гӯр намепӯсад, чунин гуфта шудааст: „Ман он ваъдаҳои муқаддас ва боваринокро, ки ба Довуд дода будам, ба шумо мебахшам“. Бино бар ин, дар дигар ҷойи навиштаҷот чунин гуфта шудааст: „Ту намегузорӣ, ки Марди Поки Ту дар гӯр бипӯсад“. Ин гуфтаҳо ба шоҳ Довуд дахл надоранд, чунки ӯ дар замони худ хости Худоро иҷро намуд ва аз ин олам чашм пӯшид. Ӯ мисли падаронаш ба хок супурда шуд ва ҷисмаш пӯсид. Аммо Шахсе, ки Худо Ӯро зинда кард, напӯсид. Бародарон! Бинобар ин, гӯш кунед! Мо ба шумо эълон мекунем, ки ба воситаи Исо гуноҳҳо бахшида мешаванд. Шариати Мусо одамонро сафед карда наметавонад, аммо касе, ки ба Исо имон меоварад, сафед мешавад. Пас эҳтиёт шавед, ки гуфтаҳои пайғамбарон ба саратон наоянд, зеро онҳо чунин гуфтаанд: „Эй масхаракунандагон, нигоҳ кунед! Ҳайрон шуда, нобуд гардед. Зеро дар рӯзҳои шумо коре мекунам, ки агар касе дар бораи он ба шумо гӯяд ҳам, бовар намекунед“». Мардум ҳангоми аз ҷамоатхона баромадани Павлусу Барнаббо аз онҳо илтимос намуданд, ки рӯзи шанбеи дигар омада, ин мавзӯъро давом диҳанд. Баъди ҷамъомад гурӯҳи зиёде аз яҳудиёну худотарсоне, ки дини яҳудиро қабул карда буданд, ҳамроҳи Павлусу Барнаббо ба роҳ даромаданд. Ҳангоми роҳ рафтан Павлусу Барнаббо суҳбаткунон мардумро насиҳат намуданд, ки ба файзу меҳрубонии Худо такя кунанд. Шанбеи дигар қариб ҳама мардуми шаҳр барои шунидани каломи Худованд ҷамъ омада буданд. Яҳудиён гурӯҳ-гурӯҳ одамонро дида, ҳасад бурданд ва дашномкунон ба суханони Павлус зиддият нишон доданд. Дар ҷавоб Павлусу Барнаббо ба онҳо далерона гуфтанд: «Пеш аз ҳама лозим буд, ки каломи Худоро ба шумо – яҳудиён, гӯем. Азбаски шумо онро рад мекунед ва худро шоистаи ҳаёти абадӣ намедонед, ҳоло мо ба назди ғайрияҳудиён меравем, зеро Худованд ба мо чунин фармудааст: „Туро барои ғайрияҳудиён нур таъйин кардам, ки наҷотро то ба канори замин бубарӣ“». Ин суханонро шунида ғайрияҳудиён хеле хурсанд шуданд ва каломи Худовандро ситоиш карданд. Онҳое, ки барои ҳаёти абадӣ интихоб шуда буданд, имон оварданд. Ҳамин тавр, каломи Худованд дар тамоми сарзамин паҳн мешуд. Аммо яҳудиён бар зидди онҳо занони худотарсу боломақом ва калоншавандагони он шаҳрро шӯр андохтанд. Дар натиҷа онҳо Павлусу Барнабборо ба танг оварда, аз он ҷо ронданд. Дар ҷавоб Павлусу Барнаббо бар зидди онҳо чангу хоки пойҳояшонро афшонда, ба шаҳри Қуния рафтанд. Ҳамзамон шогирдони антокиягӣ шод шуданд ва пур аз Рӯҳулқудс гардиданд. Дар шаҳри Қуния низ Павлусу Барнаббо ба ҷамоатхонаи яҳудиён даромада, чунон сухан гуфтанд, ки мардуми зиёде аз яҳудиёну ғайрияҳудиён имон оварданд. Аммо яҳудиёне, ки имон наоварда буданд, ғайрияҳудиёнро ба шӯр андохта, онҳоро ба Павлусу Барнаббо зид намуданд. Ба ин нигоҳ накарда фиристодагон дар он шаҳр муддати зиёд монданд. Онҳо дар бораи Худованд далерона нақл мекарданд. Худованд бошад, бо дастони онҳо аломату муъҷизаҳо нишон дода исбот менамуд, ки сухан дар бораи файзу меҳрубониаш ҳақ аст. Мардуми шаҳр ба ду қисм ҷудо шуданд. Яке тарафдори яҳудиён буду дигаре тарафдори фиристодагон. Сипас, яҳудиёну ғайрияҳудиён бо дастгирии роҳбаронашон забон як карданд, ки ба фиристодагон дарафтода, онҳоро сангсор кунанд. Фиристодагон аз мақсади онҳо хабардор шуда, ба ноҳияи Лекония гурехтанд ва дар шаҳрҳои Лустраву Дарбаву гирду атрофашон гашта, расондани хушхабарро давом медоданд. Дар шаҳри Лустра марде менишаст, ки ланги модарзод буда, дар умраш роҳ нарафта буд. Ӯ сухани Павлусро гӯш мекард. Чун Павлус дид, ки вай барои шифо ёфтан имон дорад, бодиққат ба ӯ нигариста, бо овози баланд гуфт: «Бархеста, бар пойҳоят рост ист». Он мард аз ҷояш ҷаста хесту ба роҳравӣ даромад. Гурӯҳи одамон ин кори Павлусро дида бо забони леконӣ фарёд заданд: «Худоён дар шакли одамизод ба назди мо фуромадаанд». Онҳо фиристодагонро худоёни худ гумон карда, Барнабборо Зевс ва Павлусро Ҳермис номиданд, чунки Павлус нисбатан зиёд сухан мегуфт. Дар беруни шаҳр парастишгоҳи Зевс воқеъ буд. Инак, коҳини Зевс ба назди дарвозаи шаҳр барзаговҳо ва гулчанбарҳо оварда, хост, ки ҳамроҳи мардум ба фиристодагон қурбонӣ кунад. Аммо фиристодагон, яъне Барнаббову Павлус инро шунида, либосашонро даронданд ва сӯйи он гурӯҳ давида, дод зада гуфтанд: «Мардум, охир шумо чӣ кор карда истодаед?! Мо ҳам мисли шумо одам ҳастем. Ба шумо хушхабар овардем, ки аз ин чизҳои ҳеҷу пуч рӯй гардонда, ба Худои зинда рӯй оваред. Ӯ замину осмону баҳрҳо ва тамоми ҷонваронеро, ки дар онҳост, офаридааст. Дар гузашта Худо вогузошт, ки ҳамаи халқҳо бо роҳи худ раванд. Лекин ба ҳар ҳол бо некиҳояш, яъне бо борон, бо мавсимҳои серҳосил, бо хӯрокворӣ ва ба дилҳоятон хурсандӣ бахшида, дар бораи Худ шаҳодат медод». Ҳатто бо чунин суханон мардумро базӯр аз қурбонӣ намудан боздоштанд. Сипас, аз шаҳрҳои Антокия ва Қуния баъзе яҳудиён омаданд. Онҳо мардумро ба тарафи худ кашида, Павлусро сангсор намуданд. Сипас, ӯро мурда гумон намуда, кашолакунон аз шаҳр берун бароварда партофтанд. Лекин вақте ки имондорон дар гирдаш ҷамъ шуданд, Павлус бархоста ба шаҳр даромад. Рӯзи дигар ӯ ҳамроҳи Барнаббо ба шаҳри Дарба рафт. Онҳо дар шаҳри Дарба хушхабар расонда, аз бисёр одамон шогирд тайёр карданд. Сипас, ба шаҳрҳои Лустра, Қуния ва Антокияи Писидия баргаштанд. Онҳо ба дилҳои шогирдон қувват мебахшиданду насиҳат мекарданд, ки дар имон устувор бимонанд. Онҳо мегуфтанд: «Барои ба Подшоҳии Худо дохил шудан мо бояд азобҳои зиёдро паси сар намоем». Павлусу Барнаббо дар ҳар ҷамоат роҳбаронро таъйин менамуданд. Сипас, рӯза гирифта, дуо мекарданду роҳбаронро ба Худованде, ки имон оварда буданд, месупурданд. Ҳамин тавр онҳо ноҳияи Писидияро тай намуда, ба вилояти Памфилия омаданд. Дар шаҳри Пирҷа каломро паҳн намуда, ба шаҳри Аттолия фуромаданд. Аз Аттолия шино карда, ба шаҳри Антокияи Сурия баргаштанд, ки дар он ҷо аз ҷониби ҷамоати имондорон барои хизмати кардаашон ба паноҳи Худо супурда шуда буданд. Баъди бозгашт онҳо аҳли ҷамоати имондоронро ҷамъ карда, дар бораи тамоми корҳое, ки Худо ба воситаи онҳо кард ва чӣ тарз барои ғайрияҳудиён дари имонро кушод, нақл карданд. Дар он ҷо Павлус ва Барнаббо муддати дароз бо шогирдон монданд. Сипас, баъзе касон аз сарзамини Яҳудия ба Антокия омада, имондоронро чунин таълим доданд: «Агар мувофиқи расму ойини Мусо хатна нашавед, наҷот намеёбед». Ин сабаб шуд, ки дар байни онҳо ва Павлусу Барнаббо баҳсу мунозираи зиёд ба миён омад. Оқибат ба Павлусу Барнаббо ва якчанд имондорони дигар супориш доданд, ки барои ҳалли ин масъала назди фиристодагону роҳбарони ҷамоат ба Уршалим раванд. Ҳамин тавр онҳо аз ҷониби ҷамоат фиристода шуда, ба роҳ даромаданд. Ҳангоми аз Финиқия ва Сомара гузаштанашон онҳо дар бораи имон овардани ғайрияҳудиён ба имондорон нақл карданд. Ин хабар ба дили ҳамаи онҳо хурсандии бузург бахшид. Вақте ки Павлусу Барнаббо бо ҳамроҳонашон ба Уршалим расиданд, ҷамоати имондорон ва фиристодагону роҳбарон онҳоро қабул карданд. Онҳо дар бораи ҳамаи корҳое, ки Худо ба воситаашон карда буд, нақл намуданд. Аммо якчанд намояндагони равияи фарисӣ, ки имон оварда буданд, бархоста, чунин гуфтанд: «Ғайрияҳудиёнро лозим аст, ки хатна шаванд ва ба онҳо амр карда шавад, ки шариати Мусоро риоя намоянд». Сипас, барои ҳалли ин масъала фиристодагон ва роҳбарон ҷамъ омаданд. Баъди муҳокимаҳои дурудароз Петрус аз ҷо бархеста, гуфт: «Бародарон! Чунон ки медонед, чанде пеш Худо аз байни шумо маро интихоб намуд, то ки аз даҳони ман ғайрияҳудиён низ хушхабарро шунида, имон оваранд. Худо дили одамонро медонад. Ӯ ба ғайрияҳудиён ҳам Рӯҳулқудсро ато намуд, мисли он ки ба мо дода буд. Ҳамин тавр, Худо шаҳодат медиҳад, ки онҳоро низ қабул мекунад. Азбаски Худо дили ғайрияҳудиёнро ҳам ба воситаи имон пок кардааст, дар байни мову онҳо фарқе намегузорад. Пас, чаро шумо Худоро озмуда, ба гардани имондорон кореро бор мекунед, ки онро на падаркалонҳоямон иҷро карда тавонистанду на мо? Охир, мо бовар дорем, ки аз файзу меҳрубонии Худованд Исо наҷот меёбем. Онҳо низ ҳамин тавр наҷот ёфтаанд». Инро шунида, ҳама хомӯш шуданд ва ба нақли Барнаббову Павлус гӯш доданд. Онҳо ба ҳозирон дар бораи муъҷизаву аломатҳое, ки Худо ба воситаи онҳо дар байни ғайрияҳудиён кард, ҳикоят намуданд. Чун суханашон ба охир расид, Яъқуб гуфт: «Бародарон, ба ман гӯш кунед! Шимъун фаҳмонд, ки чӣ тавр Худо аввал ба ғайрияҳудиён ғамхорӣ намуда, аз байни онҳо барои Худ халқе ба вуҷуд овард. Суханони пайғамбарон ҳам ба ин мувофиқанд, зеро дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст: „Баъд аз ин Ман баргашта подшоҳии харобшудаи шоҳ Довудро барқарор месозам. Вайронаҳои онро соз мекунам ва аз нав бунёд менамоям, то ки ҳама халқҳои дигар, яъне ҳамаи ғайрияҳудиён, ки аз они Мананд, Маро биҷӯянд, – мегӯяд Худованд“». Яъқуб суханашро давом дод: «Худо ин чизҳоро аз рӯзҳои қадим маълум кардааст. Бино бар ин, қарор мекунам, ки роҳи ба Худо рӯй овардани ғайрияҳудиёнро душвор накунем. Танҳо ба онҳо нависем, ки аз хӯрдани гӯшти ҳайвони буғишуда, хӯроке, ки ба бутҳо тақдим шудааст, хун ва аз гуноҳи ҷинсӣ худдорӣ намоянд. Зеро шариати Мусоро аз рӯзҳои қадим дар ҳар шаҳр таълим медиҳанд ва ҳар рӯзи шанбе дар ҷамоатхонаҳо мехонанд». Сипас, фиристодагону роҳбарон бо тамоми аҳли ҷамоат қарор карданд, ки аз байни худ якчанд касро интихоб намуда, ҳамроҳи Павлусу Барнаббо ба шаҳри Антокия фиристонанд. Ҳамин тавр онҳо ду марди иззатмандро интихоб карданд: Яҳудои лақабаш Барсаббо ва Силоро. Сипас, номаи зеринро навишта, ба дасти онҳо супурданд: «Салом аз номи бародарон – ҳам фиристодагон ва ҳам роҳбарон ба имондорони ғайрияҳудӣ, ки дар шаҳри Антокия ва вилоятҳои Сурияву Киликия ҳастанд. Мо шунидем, ки аз байнамон баъзе касон рафта, сари шуморо бо суханонашон гаранг кардаанду дилатонро нороҳат сохтаанд. Аммо мо онҳоро нафиристодаем. Бино бар ин, мо ҳама ба як қарор омадем, ки аз байни худ якчанд касро интихоб намуда, ҳамроҳи бародарони азизамон Барнаббо ва Павлус ба наздатон фиристем. Онҳо ба хотири номи Худовандамон Исои Масеҳ, аз баҳри зиндагии худ гузаштаанд. Инак, мо Яҳудо ва Силоро ба наздатон мефиристем, то ки навиштаи моро бо сухан тасдиқ намоянд. Ба Рӯҳулқудс ва ҳамчунин ба мо писанд омад, ки ба ғайр аз ин чизҳои зарурӣ ба гардани шумо бори дигаре нагузорем: аз хӯрдани гӯшти ҳайвони буғишуда, хӯроке, ки ба бутҳо тақдим шудааст, хун ва гуноҳи ҷинсӣ дур шавед. Агар худро аз ҳамин чизҳо нигоҳ доред, кори хуб мекунед. Хайр, нағз монед!» Фиристодагон пас аз гусел шуданашон, ба шаҳри Антокия рафтанд. Дар он ҷо ҳамаи имондоронро ҷамъ намуда, номаро ба онҳо супурданд. Мардум номаро хонда, аз суханони рӯҳбахш хурсанд шуданд. Яҳудо ва Сило, ки худашон ҳам пайғамбар буданд, бо суханони худ, имондоронро хеле рӯҳбаланд ва устувор намуданд. Пас аз он ки муддате дар он ҷо буданд, имондорон онҳоро бо хушӣ ба назди фиристодагонашон гусел карданд. Аммо Павлусу Барнаббо дар шаҳри Антокия монданд. Онҳо ҳамроҳи нафарони зиёд ба мардум каломи Худовандро таълим медоданду нақл мекарданд. Пас аз чанд рӯз Павлус ба Барнаббо гуфт: «Биё, баргашта, ба шаҳрҳое равем, ки дар он ҷо каломи Худовандро эълон карда будем ва имондоронро хабар гирифта, бинем, ки чӣ ҳол доранд». Барнаббо хост, ки Юҳаннои лақабаш Марқӯсро бо худ баранд. Лекин Павлус розӣ нашуд, чунки Юҳанно дар вилояти Памфилия аз онҳо ҷудо шуда, дигар ҳамкорӣ накарда буд. Чунин норозигии сахт сабаб шуд, ки онҳо аз ҳамдигар ҷудо шаванд. Барнаббо бо худ Марқӯсро гирифта, дар киштӣ ба ҷазираи Қиприс рафт. Павлус бошад, Силоро бо худ гирифт ва чун имондорон ӯро ба файзу меҳрубонии Худованд супурданд, ба роҳ даромад. Ӯ аз вилоятҳои Сурия ва Киликия гузашта, ҷамоатҳоро устувор мекард. Павлус ба шаҳри Дарба расид ва аз он ҷо ба шаҳри Лустра рафт. Дар он ҷо Тимотиюс ном шогирди Исо зиндагӣ мекард. Модараш яҳудии имондор, аммо падараш юнонӣ буд. Имондорони лустрагӣ ва қуниягӣ Тимотиюсро таъриф мекарданд. Павлус хост ӯро бо худ барад. Аз ин рӯ ӯро хатна намуд, чунки ҳамаи яҳудиёни он ноҳия медонистанд, ки падари Тимотиюс юнонӣ буд. Онҳо аз шаҳр ба шаҳр гашта, талаб менамуданд, ки фармони дар Уршалим баровардашудаи фиристодагону роҳбарони ҷамоатро иҷро намоянд. Ҳамин тавр ҷамоатҳо дар имон устувор гардида, рӯз ба рӯз зиёд мешуданд. Павлус ва ҳамроҳонаш замини байни ноҳияҳои Фриҷия ва Ғалотияро тай намуда гузаштанд, чунки Рӯҳулқудс нагузошт, ки хушхабарро дар вилояти Осиё паҳн кунанд. Вақте ба ноҳияи Мисия расиданд, кӯшиш намуданд, ки ба вилояти Битуния равона шаванд, лекин Рӯҳи Исо ба онҳо иҷозат надод. Аз ин сабаб онҳо Мисияро гузашта, ба шаҳри Трӯос рафтанд. Шабона дар назари Павлус аён шуд, ки марди мақдуние истода, аз ӯ чунин хоҳиш мекунад: «Ба вилояти Мақдуния омада, ба мо ёрӣ деҳ». Пас аз аён шудани ин мард, мо дарҳол омода шудем, ки ба Мақдуния равем. Зеро фаҳмидем, ки Худо моро даъват кардааст, ки ба онҳо хушхабарро расонем. Дар шаҳри Трӯос мо ба киштӣ савор шуда, рост ба ҷазираи Сомӯтрокӣ шино кардем ва рӯзи дигар ба бандари Ниёпулис расидем. Сипас, аз он ҷо ба шаҳри Филиппӣ рафтем, ки шаҳри асосии вилояти Мақдуния ва зери итоати Рум буд. Дар он шаҳр мо якчанд рӯз истодем. Рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат мо аз дарвозаи шаҳр баромада, ба лаби дарё рафтем. Гумон кардем, ки он ҷойи дуогӯйӣ буд. Чун расидем, нишаста, бо заноне, ки ҷамъ омада буданд, суҳбат кардем. Яке аз онҳо савдогари матои бунафшранги қиматбаҳо аз шаҳри Тиётиро буд. Ӯ зани худотарс буда, Лидия ном дошт. Ӯ ба суханони мо гӯш мекард ва Худованд дили вайро барои қабул кардани суханони Павлус кушод. Баъд аз он ки вай бо аҳли хонаводааш таъмид гирифт, аз мо хоҳиш кард: «Агар маро дар ҳақиқат пайрави Худованд шуморед, омада, дар хонаи ман меҳмон шавед». Ӯ бисёр илтимос кард ва мо розӣ шудем. Рӯзе, вақте ки ба ҷойи дуогӯйӣ мерафтем, канизе ба мо вохӯрд, ки рӯҳи фолбинӣ дошт ва аз фолбинӣ ба соҳибонаш даромади калон меовард. Вай аз паси мову Павлус гашта, фарёдкунон мегуфт: «Ин одамон хизматгорони Худои Таоло ҳастанд. Онҳо ба шумо роҳи наҷотро эълон мекунанд». Вай якчанд рӯз ҳамин тавр мекард. Дар охир ин кор ба ҷони Павлус зад ва ӯ гашта ба рӯҳи фол гуфт: «Ба номи Исои Масеҳ ба ту фармон медиҳам, аз вай баро!» Рӯҳи фол дарҳол аз вай берун шуд. Аммо чун соҳибони каниз диданд, ки умеди даромадашон барбод рафт, Павлусу Силоро дастгир намуда, ба майдони шаҳр, назди қудратмандон кашолакунон бурданд. Онҳоро ба назди сардорони шаҳр оварда, гуфтанд: «Ин одамони яҳудӣ сабабгори нооромии шаҳрамон шудаанд. Онҳо расму ойинеро таълим медиҳанд, ки ба мо – румиён, манъ ва қабулнопазир аст». Тӯдаи одамон ба онҳо ҳамроҳ шуда, ба Павлусу Сило зид баромаданд. Сардорон фармон доданд, ки либоси Павлусу Силоро кашида, онҳоро калтаккорӣ кунанд. Ҳамин тавр онҳоро хуб кӯфта, ба зиндон партофтанду ба зиндонбон фармуданд, ки онҳоро бодиққат посбонӣ кунад. Зиндонбон чунин фармонро шунида, онҳоро ба зиндони дарунӣ андохт ва пойҳояшонро бо кунда ва занҷир баст. Тахминан нисфи шаб Павлусу Сило дуо мекарданд ва суруд хонда Худоро ситоиш менамуданд. Бандиёни дигар онҳоро гӯш мекарданд. Баногоҳ заминҷунбии сахте шуд, ки таҳкурсии зиндонро ба ларза овард. Ҳамон лаҳза ҳамаи дарҳои зиндон кушода ва занҷирҳои ҳама бандиён канда шуданд. Зиндонбон бедор шуда, чун дарҳоро кушода дид, шамшерашро кашида худро куштанӣ шуд, зеро ба гумонаш бандиён гурехта буданд. Аммо Павлус бо овози баланд гуфт: «Ба худ зарар нарасон, ҳамаи мо ин ҷо ҳастем!» Зиндонбон чароғ талаб карда, давон ба зиндон даромад ва ларзон пеши пойҳои Павлусу Сило афтод. Сипас, онҳоро берун бароварда пурсид: «Эй хоҷаён, барои наҷот ёфтан чӣ бояд кунам?» Онҳо ҷавоб доданд: «Ба Худованд Исо имон овар. Он гоҳ бо тамоми хонаводаат наҷот меёбӣ». Ҳамин тавр онҳо ба ӯ ва аҳли хонааш каломи Худовандро гуфта доданд. Худи ҳамон соати шаб зиндонбон захмҳои онҳоро шуст ва дарҳол бо тамоми хонаводааш таъмид гирифт. Сипас, Павлусу Силоро ба хонааш бурда, меҳмон кард. Зиндонбон ва аҳли хонаводааш бисёр хурсанд буданд, ки ба Худо имон оварданд. Саҳарӣ сардорони шаҳр ба назди зиндонбон якчанд сарбоз фиристода, фармон доданд, ки он одамонро озод кунад. Зиндонбон суханони онҳоро ба Павлус расонд: «Сардорон фармон додаанд, ки шуморо озод кунам. Ҳоло метавонед бо сулҳ баромада равед!» Аммо Павлус ба сарбозон гуфт: «Онҳо моро, ки шаҳрвандони Рум ҳастем, бе ягон доварӣ дар пеши мардум калтаккорӣ карда, ба зиндон партофтанд. Ҳоло бошад мехоҳанд, ки моро пинҳонӣ сар диҳанд? Ин хел намешавад, бигзор худашон омада, моро озод кунанд!» Сарбозон ин суханонро ба сардорон расонданд. Сардорон шаҳрвандони Рум будани Павлусу Силоро фаҳмида, ба тарс афтоданд. Онҳо худашон рафта, аз фиристодагон узр пурсиданд ва онҳоро аз зиндон бароварда, хоҳиш намуданд, ки шаҳрро тарк намоянд. Аз зиндон баромада, Павлус ва Сило ба хонаи Лидия рафтанд. Дар он ҷо бо имондорон вохӯрданд ва онҳоро рӯҳбаланд намуда, шаҳрро тарк карданд. Павлус ва Сило аз шаҳрҳои Амфипулис ва Апуллуния гузашта, ба шаҳри Тасолуникӣ омаданд, ки дар он ҷо ҷамоатхонаи яҳудиён буд. Аз рӯйи одати худ, Павлус ба ҷамоатхона рафт ва се рӯзи шанбе ба яҳудиён сухан гуфт. Ӯ аз навиштаҷот далелҳо оварда, мефаҳмонд ва нишон медод, ки азоб кашидан ва сипас зинда шудани Таъйиншудаи Худо зарур буд. Павлус мегуфт: «Исое, ки ба шумо эълон мекунам, ҳамон Таъйиншудаи Худост». Оқибат баъзеи онҳо имон оварда, ба Павлусу Сило ҳамроҳ шуданд. Ҳамчунин гурӯҳи калони юнониҳои худотарс ва шумораи зиёди занони обрӯманд низ имон оварданд. Аммо баъзе яҳудиён ҳасад хӯрда, аз бозор якчанд бадкорро ҷамъ намуданд ва шаҳрро ба шӯр оварданд. Онҳо ба хонаи Ёсун зада даромада, Павлусу Силоро ҷустанд, то ки байни мардум бароранд. Аммо чун онҳоро наёфтанд, Ёсун ва чанд бародари дигарро назди сардорони шаҳр оварда, додзанон гуфтанд: «Инҳо, ки тамоми дунёро ба шӯр овардаанд, ҳоло ба ин ҷо ҳам расиданд. Ёсун бошад онҳоро қабул кардааст! Онҳо „Исо ном подшоҳи дигаре ҳаст“ гуфта, ҳама қонуни шоҳаншоҳи Румро вайрон мекунанд». Мардум ва сардорони шаҳр ин суханонро шунида ба ташвиш афтоданд. Сардорони шаҳр аз Ёсун ва дигарон гарав гирифта, онҳоро озод карданд. Худи ҳамон шаб имондорон Павлусу Силоро ба шаҳри Бирия фиристоданд. Онҳо чун расиданд, ба ҷамоатхонаи яҳудиён рафтанд. Яҳудиёни Бирия назар ба яҳудиёни Тасолуникӣ равшанфикртар буданд. Онҳо бо шавқи зиёд ба хушхабари Худованд гӯш мекарданд ва ҳар рӯз навиштаҷот хонда, месанҷиданд, ки оё аслан ҳамин тавр аст ё не. Аз ин рӯ, аксари онҳо имон оварданд ва ҳамчунин шумораи зиёди занони обрӯманди юнонӣ ва баъзе мардон низ имон оварданд. Аммо чун яҳудиёни Тасолуникӣ шуниданд, ки Павлус каломи Худоро дар шаҳри Бирия низ эълон мекунад, ба он ҷо расида омаданд ва мардумро барангехта ошӯб бардоштанд. Имондорон дарҳол Павлусро ба лаби баҳр фиристоданд, лекин Сило ва Тимотиюс дар Бирия монданд. Ҳамроҳони Павлус бо ӯ то шаҳри Атино рафтанд. Сипас, баргашта фармони Павлусро расонданд, ки Силову Тимотиюс ҳарчи зудтар ба назди ӯ раванд. Павлус дар интизори Силову Тимотиюс шаҳри Атиноро тамошо кард ва онро пур аз бутҳо дида, рӯҳан хеле нороҳат шуд. Аз ин рӯ, ӯ дар ҷамоатхона бо яҳудиёну юнониҳои худотарс ва ҳар рӯз дар бозор бо одамони гуногун вохӯрда суҳбат мекард. Баъзе аз файласуфони мактаби эпикурӣ ва равоқӣ бо Павлус баҳс намуда гуфтанд: «Ин лаққӣ чӣ гуфтан мехоҳад?» Дигарон ҷавоб доданд: «Чунин метобад, ки вай дар бораи худоёни бегона сухан меронад». Зеро ӯ дар бораи Исо ва зиндашавии мурдагон хушхабар мерасонд. Оқибат онҳо Павлусро ба Арюпог ном маҷлисгоҳе оварда гуфтанд: «Ба мо гӯй, ки ин таълимоти нав дар бораи чист? Чизҳои аҷоиб мегӯйӣ, мехоҳем донем, ки онҳо чӣ маъно доранд». (Барои ҳамаи атиноиҳо ва хориҷиҳое, ки дар шаҳр зиндагӣ мекарданд, коре беҳтар аз шунидан ва гуфтани хабари нав набуд). Павлус дар мобайни маҷлисгоҳи Арюпог истода, гуфт: «Мардони Атино! Мебинам, ки шумо аз ҳар ҷиҳат хеле диндор будаед. Ман гаштугузор намуда, муқаддасоти шуморо аз наздик дидам. Дар як қурбонгоҳатон чунин хондам: „Ба Худои ношинос“. Ман дар бораи ана ҳамон Худо, ки шумо нашинохта мепарастед, хабар медиҳам. Худое, ки дунё ва тамоми чизҳои дар он бударо офаридааст, Худованди замину осмон аст. Ӯ дар маъбадҳое, ки бо дастони одамизод сохта шудаанд, зиндагӣ намекунад. Худо ба ягон чизе, ки дастони одамизод фароҳам оварда тавонад, муҳтоҷ нест, чунки Худаш ба ҳама зиндагӣ, нафас ва ҳар чизи дигарро мебахшад. Ӯ аз як одам ҳамаи халқҳоро ба вуҷуд овард, то ки дар тамоми замин сокин шаванд. Ба онҳо вақт ва ҷойи зиндагӣ муайян намуд, то ки даст-дасткунон Худоро ҷӯянд ва эҳтимол пайдо кунанд. Лекин ба ҳар ҳол Худо аз ҳар яки мо дур нест. Охир Ӯ сарчашмаи зиндагиву ҳаракат ва ҳастии мост. Чунон ки баъзе аз шоирони шумо низ гуфтаанд: „Мо фарзандони Ӯ ҳастем“. Пас, агар фарзандони Худо бошем, набояд фикр кунем, ки Ӯ монанди чизе аз тилло, нуқра ва ё санг аст, ки бо ақлу ҳунари одамӣ сохта мешавад. Инак, Худо замони нодониро сарфи назар намуда, ҳоло дар ҳама ҷо ба ҳама одамон мефармояд, ки тавба кунанд. Зеро Худо аллакай рӯзеро муайян намудааст, ки ба воситаи Марди таъйинкардааш дунёро аз рӯйи инсоф доварӣ мекунад ва барои исботи ин Ӯро зинда кард». Баъзе аз ҳозирон дар бораи зиндашавии мурдагон шунида, масхаракунон хандиданд. Вале дигарон гуфтанд: «Дар ин бора рӯзи дигар туро гӯш мекунем». Ҳамин тавр, Павлус аз маҷлисгоҳ баромад. Якчанд кас ба ӯ ҳамроҳ шуда, имон оварданд. Дар байни онҳо Диёнисиюси узви Маҷлиси арюпогӣ, Домарис ном зан ва якчанд каси дигар буданд. Сипас, Павлус шаҳри Атиноро тарк карда, ба шаҳри Қуринтус рафт. Дар он ҷо ӯ бо Акило ном марди яҳудие шинос шуд, ки аз шаҳри Понтус буд. Ин мард ба наздикӣ ҳамроҳи занаш Прискила аз Италия омада буд, чунки шоҳаншоҳ Клавдиюс фармон бароварда буд, ки ҳамаи яҳудиён аз шаҳри Рум баромада раванд. Павлус ба дидори онҳо рафт. Азбаски онҳо ҳамкасби Павлус буданд, бо онҳо монда, ба кор машғул шуд. Касби онҳо хаймадӯзӣ буд. Ҳамчунин ҳар рӯзи шанбе ӯ дар ҷамоатхона исботу далел меовард, то ки яҳудиёну юнониён имон оваранд. Вақте ки Силову Тимотиюс аз вилояти Мақдуния ба Қуринтус омаданд, Павлус тамоми вақти худро ба эълон кардани калом бахшид. Ӯ ба яҳудиён шаҳодат медод, ки Исо ҳамон Таъйиншудаи Худост. Аммо онҳо ӯро ҳақорат карда, зиддият нишон доданд. Сипас, Павлус чанги либосашро афшонда, ба онҳо гуфт: «Ман ба шумо гуфтам, акнун хунатон ба гардани худатон! Ман дигар ҷавобгарӣ надорам, минбаъд ба назди ғайрияҳудиён меравам». Ҳамин тавр, Павлус аз пеши онҳо баромада, ба хонаи марди ғайрияҳудии худотарсе рафт. Ин мард Титус Юстус ном дошт ва манзилаш дар паҳлуи ҷамоатхона буд. Сардори ҷамоатхона Криспус бо тамоми хонаводааш ба Худованд имон овард. Инро шунида, қуринтиёни зиёд низ имон оварданд ва таъмид гирифтанд. Шабе Худованд ба Павлус аён шуда гуфт: «Натарс, сухан гуфтанро давом деҳ. Хомӯш набош, чунки Ман бо ту ҳастам ва касе ба ту зарар намерасонад. Зеро дар ин шаҳр бисёр одамон пайрави Ман ҳастанд». Ҳамин тавр, Павлус якуним сол дар он ҷо монда, ба онҳо каломи Худоро таълим дод. Аммо вақте ки Ғолиюн ҳокими вилояти Охоия буд, яҳудиён забон як карда, Павлусро дастгир намуданд ва ба додгоҳ оварда, гуфтанд: «Ин одам мардумро фирефта мекунад, ки Худоро тавре парастиш намоянд, ки бар зидди қонун аст». Павлус ҳанӯз даҳон накушода, ҳоким Ғолиюн ба яҳудиён гуфт: «Яҳудиён! Агар ягон ҷиноят ё кирдори баде ҷой медошт, шикояти шуморо қабул мекардам. Алҳол мебинам, ки баҳс дар бораи калимаву номҳо ва шариати шумо аст, пас худатон онро ҳал кунед. Ман ин чизҳоро ҳал кардан намехоҳам». Инро гуфта, онҳоро аз додгоҳ пеш кард. Дар ҳавлии додгоҳ мардум ба Сӯстиниси сардори ҷамоатхона дарафтода, ӯро калтак заданд. Аммо Ғолиюни ҳоким ба ин ҳеҷ аҳамият надод. Баъд аз ин Павлус муддате дар шаҳри Қуринтус монд. Сипас, бо имондорон хайрухуш намуда, ҳамроҳи Прискила ва Акило ба вилояти Сурия шино кард. Дар бандари Канхария ӯ мӯйи сарашро тарошид, чунки мувофиқи расми яҳудиён чунин қасам хӯрда буд. Ҳангоме ки ба Эфесус расиданд, Павлус Прискила ва Акилоро тарк намуда, худ ба ҷамоатхона даромад. Павлус бо яҳудиён суҳбат орост ва онҳо аз ӯ хоҳиш намуданд, ки муддате бо онҳо бимонад, лекин вай розӣ нашуд. Аммо ҳангоми хайрухуш карданаш гуфт, ки «Худо хоҳад боз ба наздатон меоям». Сипас, дар шаҳри Эфесус ба киштӣ нишаста, сафарашро давом дод. Дар шаҳри Қайсария ӯ аз киштӣ фаромада, ба шаҳри Уршалим рафт. Дар он ҷо ба аҳли ҷамоат салом расонда, ба шаҳри Антокия равона шуд. Дар Антокия муддате истода, боз ба роҳ даромаду дар ноҳияҳои Ғалотия ва Фриҷия гашта, имони ҳамаи имондоронро устувор намуд. Он замон ба шаҳри Эфесус Апуллус ном марди яҳудие омад, ки зодаи Искандария буд. Ӯ шахси сухандон ва донишманди навиштаҷот буд. Апуллус дар Роҳи Худованд таълим ёфта буд ва бо ҷӯшу хурӯш сухан гуфта, дар бораи Исо дуруст таълим медод. Аммо ӯ танҳо аз таъмиди Яҳё хабардор буд. Ӯ дар ҷамоатхона далерона сухан гуфтанро сар карда буд. Вақте ки Прискила ва Акило суханашро шуниданд, ӯро ба каноре бурданд ва Роҳи Худоро ба ӯ хубтар фаҳмонда доданд. Вақте Апуллус хост, ки ба вилояти Охоия равад, имондорон ӯро рӯҳбаланд намуда, бо вай ба шогирдон номае фиристоданд, то ки ӯро қабул кунанд. Чун ба он ҷо расид, ба онҳое ки бо файзу меҳрубонии Худо имон оварда буданд, кӯмаки зиёд кард. Зеро ӯ дар пеши ҳама суханони яҳудиёнро рад намуда, аз навиштаҷот далел меовард, ки Исо Таъйиншудаи Худост. Вақте Апуллус дар шаҳри Қуринтус буд, Павлус ба ноҳияҳои болоӣ сафар намуда, ба шаҳри Эфесус омад. Дар он ҷо якчанд шогирдро дида, аз онҳо пурсид: «Оё вақте имон овардед, аз Рӯҳулқудс пур шудед?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Не, мо ҳатто нашунида будем, ки Рӯҳулқудс ҳаст». Павлус гуфт: «Пас, шумо кадом таъмидро гирифтед?» Гуфтанд: «Мо таъмиди Яҳёро ба ҷо овардем». Павлус гуфт: «Таъмиди Яҳё таъмиди тавба буд. Яҳё ба одамон мегуфт, ки ба Ҳамоне, ки пас аз ман меояд, яъне ба Исои Масеҳ бовар кунед». Инро шунида, онҳо ба номи Худованд Исо таъмид гирифтанд. Вақте Павлус дастонашро бар онҳо гузошт, шогирдон аз Рӯҳулқудс пур шуданд ва бо забонҳои дигар гап зада, ба эълони паёми Худо сар карданд. Онҳо ҳамагӣ тақрибан дувоздаҳ кас буданд. Ҳамин тавр, Павлус дар давоми се моҳ ба ҷамоатхона рафта, далерона дар бораи Подшоҳии Худо нақл мекард ва исботу далел меовард, то ки мардум бовар кунад. Лекин вақте ки баъзе касон саркашӣ намуда, имон намеоварданд ва назди ҳама дар бораи Роҳи Худованд бадгӯйӣ мекарданд, Павлус шогирдонро бо худ гирифта, онҳоро тарк кард. Акнун вай ҳар рӯз дар омӯзишгоҳи Тиронус суҳбат меорост. Ин кор ду сол давом ёфт ва ҳамаи мардуме, ки дар вилояти Осиё зиндагӣ мекарданд, ҳам яҳудиёну ҳам юнониён каломи Худовандро шуниданд. Ҳамчунин Худо ба воситаи Павлус муъҷизаҳои аҷоиб мекард. Ҳатто вақте рӯмолча ё пешбандеро, ки ба пӯсти Павлус расидааст, гирифта ба беморон мерасонданд, онҳо шифо меёфтанд ва рӯҳҳои нопок аз одамон берун мешуданд. Баъзе ҷинбаророни дарбадари яҳудӣ низ номи Худованд Исоро бар гирифторони рӯҳҳои нопок хонданӣ шуда, ба ҷинҳо мегуфтанд: «Ба номи Исое, ки Павлус эълон мекунад, амр медиҳам: аз вай баро!» Ин корро ҳафт писари Искиво ном яке аз коҳинони калони яҳудӣ мекардаанд. Аммо рӯзе рӯҳи нопок ба онҳо чунин ҷавоб дод: «Исоро медонам. Павлусро ҳам мешиносам, лекин шумо кистед?» Инро гуфта, шахси гирифтори рӯҳи нопок ба онҳо дарафтода, чунон зад, ки онҳо лучу хунолуд аз хона баромада гурехтанд. Вақте ки ин ҳодиса ба гӯши сокинони шаҳри Эфесус, ҳам яҳудиёну ҳам юнониҳо расид, онҳоро тарсу ваҳм фаро гирифт ва номи Худованд Исо дар байни онҳо иззату эҳтиром пайдо кард. Шахсони зиёде, ки имон оварда буданд, пеши мардум омада, ба кирдори бади худ иқрор мешуданд ва онро ошкор мекарданд. Шумораи зиёди одамоне, ки ҷодугарӣ мекарданд, китобҳои худро оварда, дар пеши ҳама оташ мезаданд. Вақте ки арзиши он китобҳоро ҳисоб карданд, панҷоҳ ҳазор тангаи нуқра баромад. Ҳамин тавр, каломи Худованд паҳн мешуд ва таъсири он бештар мегардид. Баъди ин ҳодисаҳо Павлус бо ҳидояти Рӯҳулқудс қарор дод, ки аз вилоятҳои Мақдуния ва Охоия гузашта, ба шаҳри Уршалим сафар кунад. Ӯ чунин гуфт: «Баъди Уршалим ба ман лозим аст, ки шаҳри Румро низ хабар гирам». Ҳамин тавр ӯ ду ёвараш – Тимотиюс ва Арастусро ба вилояти Мақдуния равона карда, худаш муддате дар вилояти Осиё монд. Он рӯзҳо ба хотири Роҳи Худованд ошӯби сахте ба миён омад. Димитриюс ном нуқрагаре буд, ки расмҳои нуқрагини парастишгоҳи бути Юнон – Артамисро сохта, бо ин роҳ ба ҳунармандон даромади хуб меовард. Димитриюс онҳоро ҳамроҳи ҳунармандони дигар ҷамъ оварда, чунин гуфт: «Мардум, шумо медонед, ки даромади мо аз пушти ҳамин ҳунар аст. Аммо худатон дидаву дониста истодаед, ки ҳамин Павлус на танҳо дар шаҳри Эфесус, балки қариб дар тамоми вилояти Осиё „худоёни дастсоз худоёни ҳақиқӣ нестанд“ гуфта, мардуми зиёдеро ба тарафи худ мекашаду аз роҳ мезанад. Ин хатар на танҳо касби моро, балки парастишгоҳи худои бузург – Артамисро низ паст мезанаду ночиз месозад. Павлус обрӯйи бузурги Артамисро, ки мардуми ҳамаи вилояти Осиё ва тамоми дунё ӯро парастиш мекунанд, мерезад». Ин суханро шунида, ҳунармандон ба ғазаб омаданд ва фарёд заданд: «Бузург аст Артамиси эфесусиён!» Шаҳрро ошӯб фаро гирифт. Мардум ҳама якҷоя ҳамсафарони Павлус – Ғоюсу Аристархусро, ки мақдунӣ буданд, дастгир намуда, бо худ ба намоишгоҳ кашола карда бурданд. Павлус хост ба назди мардум рафта, сухан гӯяд, аммо шогирдон ӯро боздоштанд. Ҳамчунин баъзе аз сардорони вилояти Осиё, ки дӯстони ӯ буданд, одам фиристода, аз вай хоҳиш намуданд, ки ба намоишгоҳ надарояд. Ҷамъомад бетартиб буд. Баъзе як чиз гуфта дод мезаданду баъзе дигар чиз. Бисёриҳо намефаҳмиданд, ки барои чӣ ҷамъ шудаанд. Яҳудиён аз байни тӯда Искандар ном мардеро тела дода, пеши мардум бароварданд, то ки ҳолатро ба одамон фаҳмонда диҳад. Искандар бо дасташ ба онҳо ишораи хомӯшӣ намуда, барои ҳимоя даҳон кушодан хост. Аммо мардум чун фаҳмиданд, ки вай яҳудист, ҳама бо як овоз «Бузург аст, Артамиси эфесусиён!» гӯён фарёд задан гирифтанд ва ин наздики ду соат давом ёфт. Сипас, амалдори шаҳр мардумро ором намуда, гуфт: «Мардуми Эфесус! Дар ин ҷо кӣ намедонад, ки шаҳри Эфесус нигаҳбони парастишгоҳи Артамиси бузург ва сурати аз осмон афтодаи вай мебошад? Ин чиз ҷойи баҳс надорад, бинобар ин шумо бояд ором шавед, то ки рафтори беақлонае накунед. Шумо ин одамонро ба ин ҷо овардед, лекин онҳо на парастишгоҳро ғорат намудаанду на худои моро дашном додаанд. Пас, агар Димитриюс ва ҳамкоронаш нисбат ба касе даъво дошта бошанд, дари додгоҳ кушода ва доварон омода ҳастанд. Бигзор рафта дар он ҷо якдигарро айбдор кунанд. Агар боз ягон масъалаи дигаре дошта бошед, онро дар ҷамъомади қонунӣ бояд ҳал кард. Зеро хатари он ҳаст, ки барои ошӯби имрӯза, ки бесабаб аст ва мо онро ҳеҷ гуна асоснок карда наметавонем, ба ҷавобгарӣ кашида шавем». Бо чунин суханон ӯ мардумро ҷавоб дода пароканда кард. Вақте ки шӯру ғавғо тамом шуд, Павлус шогирдонро ҷамъ намуда, онҳоро рӯҳбаланд кард. Сипас, хайрухуш карда, ба вилояти Мақдуния равона шуд. Баъди он ки дар он ноҳияҳо гашта, имондоронро хеле дилбардорӣ кард, ба Юнон рафт ва се моҳ дар он ҷо монд. Сипас, ӯ хост ба вилояти Сурия шино кунад. Аммо аз қасди бади яҳудиён огоҳ шуда, қарор дод, ки бо роҳи вилояти Мақдуния бармегардад. Ҳамсафарони Павлус инҳо буданд: Супотруси писари Пиррус аз шаҳри Бирия, Аристархус ва Секундус аз шаҳри Тасолуникӣ, Ғоюс аз шаҳри Дарба, Тимотиюс ва ҳамчунин Тихикос ва Труфимус зодагони вилояти Осиё. Онҳо аз мо пештар рафта, моро дар шаҳри Трӯос интизор шуданд. Мо бошем, пас аз иди Фатир дар шаҳри Филиппӣ ба киштӣ савор шуда, баъд аз панҷ рӯз ба шаҳри Трӯос ба назди онҳо расидем ва дар он ҷо ҳафт рӯз мондем. Рӯзи якшанбе мо барои таоми шоми Худованд ҷамъ омадем. Азбаски Павлус фардо рафтанӣ буд, бо шогирдон суҳбати дурудароз орост ва суханаш то нисфи шаб давом ёфт. Дар болохонае, ки ҷамъ шуда будем, чароғҳои бисёр месӯхтанд. Эфтихус ном ҷавоне дар даҳани тиреза менишаст. Чун сухани Павлус тӯл кашид, Эфтихусро сахт хоб бурд ва ӯ аз ошёнаи сеюм ба замин афтод. Вақте ки Эфтихусро бардоштанд, аллакай мурда буд. Павлус пойин фаромада, худро ба болои ӯ партофт ва ӯро ба оғӯш гирифта, гуфт: «Хавотир нашавед, ӯ зинда аст». Сипас, Павлус боз ба боло баромада нон шикаста хӯрд ва то бомдод бо онҳо суҳбат карда, баъд равона шуд. Ҷавонро бошад, зинда ба хона бурданд ва хеле тасаллӣ ёфтанд. Павлус қарор дод, ки ба шаҳри Асус пиёда равад. Мо бошем ба киштӣ савор шуда, пеш аз ӯ ба шаҳри Асус расидем. Дар он ҷо Павлусро бо худ гирифта, сӯйи шаҳри Митилинӣ шино кардем. Аз он ҷо шино карда, рӯзи дигар ба ҷазираи Хиюс расидем. Пас аз рӯзи дигар ба ҷазираи Сомус расидем ва фардои он ба шаҳри Милитус омадем. Павлус ният дошт, ки ба шаҳри Эфесус надаромада гузарад, то ки дар вилояти Осиё вақти зиёд сарф нашавад. Ӯ шитоб мекард, зеро мехост, ки агар имкон шавад, ба шаҳри Уршалим то рӯзи иди Ҳосилот расида ояд. Дар шаҳри Милитус Павлус ба шаҳри Эфесус одам фиристода, роҳбарони ҷамоатро ба пеши худ даъват кард. Вақте ки омаданд, ба онҳо гуфт: «Шумо медонед, ки аз рӯзи ба вилояти Осиё қадам монданам ва тамоми он вақт, ки бо шумо будам, чӣ гуна рафтор мекардам. Чӣ тавр бо оби дида ва фурӯтанӣ бадиҳои яҳудиёнро паси сар карда, дар хизмати Худованд будам. Вақте ки дар пеши мардум ё хона ба хона гашта шуморо таълим медодам, ягон чизи ба шумо фоидабахшро ногуфта намемондам. Ҳам ба яҳудиёну ҳам ба ғайрияҳудиён эълон мекардам, ки тавба намуда, ба Худо рӯй оранд ва ба Худованди мо Исои Масеҳ имон дошта бошанд. Ҳоло бошад, бо роҳбарии Рӯҳ ба Уршалим меравам, лекин намедонам, ки дар он ҷо чӣ ба сарам меояд. Танҳо ҳаминашро медонам, ки Рӯҳулқудс дар ҳамаи шаҳрҳо ба ман мегӯяд, ки маро зиндон ва ранҷу азоб интизор аст. Ман ҷони худро азиз намедорам, танҳо мехоҳам, ки то ба охири роҳам расам ва хизматеро, ки Худованд Исо ба ман супурдааст, ба анҷом расонам, яъне хушхабари файзу меҳрубонии Худоро расонам». Ҳоло аниқ медонам, минбаъд ҳеҷ яки шумо, ки дар байнатон гашта, Подшоҳии Худоро эълон мекардам, рӯйи маро нахоҳад дид. Бино бар ин, имрӯз ба шумо мегӯям, ки хуни ягон касе аз шумо бар гардани ман нест, зеро фурсатеро аз даст надода, тамоми паёми Худоро ба шумо эълон намудам. Инак, ба тамоми рамаи Худо, яъне ба ҷамоати имондорон ва ҳам ба худ аҳамият диҳед. Рӯҳулқудс шуморо нигаҳбон таъйин намудааст, то ҷамоати Худоро, ки бо баҳои хунаш аз они Худ кардааст, чӯпонӣ намоед. Медонам, ки баъди рафтанам дар байни шумо гургони хунхор медароянд, ки ба рамаи Худо раҳм намекунанд. Аз байни худи шумо низ одамоне пайдо мешаванд, ки суханони каҷ гуфта, шогирдонро аз паси худ мебаранд. Бино бар ин, ҳушёр бошед ва дар хотир доред, ки дар давоми се сол, шабу рӯз ман бо оби дида ҳар яки шуморо огоҳ мекардам. Акнун шуморо ба Худо ва ба каломи файзбахши Ӯ месупорам. Ин калом қудрат дорад, ки шуморо устувор намуда, дар қатори халқи покшудаи Худо меросхӯр гардонад. Ман аз касе нуқраву тилло ё либос нахостаам. Шумо медонед, ки барои муҳтоҷиҳои худаму ҳамроҳонам бо дастонам кор кардам. Ба шумо ибрат нишон додам, ки мо бояд меҳнат карда ба нотавонон ёрӣ диҳем ва суханони Худованд Исоро фаромӯш накунем, ки чунин гуфтааст: «Додан беҳ аз гирифтан аст». Инро гуфта, Павлус зону зад ва бо ҳама дуо кард. Мардум хеле гиря карданд ва ӯро ба оғӯш гирифта бӯсиданд. Хусусан, аз сухани ӯ, ки дигар ӯро нахоҳанд дид, сахт ғамгин шуданд. Сипас, Павлусро то киштӣ гусел карданд. Мо бо роҳбарони ҷамоати шаҳри Эфесус хайрухуш карда, рост ба ҷазираи Кос шино кардем. Рӯзи дигар ба ҷазираи Рудус расидем ва аз он ҷо ба шаҳри Потаро рафтем. Дар Потаро киштиеро ёфтем, ки ба кишвари Финиқия равона буд ва ба он савор шуда, сафарамонро давом додем. Чун ҷазираи Қиприсро дидем, онро аз тарафи ҷануб гузашта, ба шаҳри Сури вилояти Сурия равона шудем. Дар шаҳри Сур аз киштӣ берун шудем, чунки бори киштиро фаровардан даркор буд. Дар он ҷо имондоронро ёфта, ҳафт рӯз бо онҳо мондем. Имондорон ба воситаи Рӯҳулқудс ба Павлус мегуфтанд, ки ба шаҳри Уршалим наравад. Аммо чун вақти мо тамом шуд, боз ба роҳ даромадем. Ҳама имондорон бо зану фарзандонашон моро то беруни шаҳр гусел карданд. Дар лаби баҳр ҳама зону зада дуо кардем. Сипас, бо ҳамдигар хайрухуш карда, мо ба киштӣ савор шудем ва онҳо ба хонаҳои худ баргаштанд. Аз шаҳри Сур сафари худро давом дода, ба шаҳри Патуламис омадем. Дар он ҷо бо имондорон вохӯрда, як рӯз бо онҳо мондем. Рӯзи дигар ба роҳ баромада, ба шаҳри Қайсария омадем ва ба хонаи Филиппуси эълонкунандаи хушхабар рафта, меҳмон шудем. Филиппус яке аз он ҳафт нафар буд, ки дар Уршалим интихоб шуда буданд. Ӯ чор духтари шавҳарнокарда дошт, ки пешгӯйӣ мекарданд. Баъд аз чанд рӯзи дар он ҷо буданамон аз сарзамини Яҳудия Оғобус ном пайғамбаре омад. Ӯ миёнбанди Павлусро гирифта, бо он дасту пойи худро баста гуфт: «Рӯҳулқудс чунин мегӯяд: „Дар шаҳри Уршалим соҳиби ин миёнбандро яҳудиён ана ҳамин тавр баста, ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд“». Инро шунида, мо ва мардуми он ҷо, якҷоя аз Павлус илтимос кардем, ки ба Уршалим наравад. Дар ҷавоб Павлус гуфт: «Шумо чӣ кор мекунед? Чаро бо оби дида диламро месӯзонед? Охир ман тайёрам, ки на танҳо бандӣ шавам, балки ба хотири номи Худованд Исо дар Уршалим ҷон супорам». Чун Павлус ба гапи мо гӯш надод, «бигзор хости Худованд шавад» – гуфта, хомӯш мондем. Баъди он рӯзҳо мо тайёрӣ дида, ба шаҳри Уршалим равона шудем. Баъзе имондорон, ки аз шаҳри Қайсария буданд, ҳамроҳи мо рафтанд. Онҳо моро ба хонаи Маносун ном шогирди дерина бурданд. Маносун зодаи ҷазираи Қиприс буд. Мо дар хонаи ӯ истодем. Ҳангоме ки ба шаҳри Уршалим расидем, имондорон моро хурсандона пешвоз гирифтанд. Рӯзи дигар Павлус ҳамроҳи мо ба дидори Яъқуб рафт. Ҳамаи роҳбарони ҷамоат низ дар он ҷо буданд. Павлус бо ҳама салому алейк карда, дар бораи ҳама корҳои Худо, ки дар байни ғайрияҳудиён ба воситаи ӯ карда буд, як ба як нақл кард. Онҳо сухани ӯро шунида Худоро ситоиш намуданд ва ба Павлус гуфтанд: «Бародар, чунон ки мебинӣ, чандин ҳазор яҳудиён имон оварданд ва ҳамаи онҳо шариатро ҷиддӣ риоя мекунанд. Онҳо шунидаанд, ки гӯё ту ҳамаи яҳудиёнро, ки дар байни ғайрияҳудиён зиндагӣ мекунанд, таълим дода мегӯйӣ, ки шариати Мусоро рад кунанд. Яъне писаронашонро хатна накунанд ва аз рӯйи расму ойини худ зиндагӣ накунанд. Пас, чӣ бояд кард? Онҳо ҳатман мешунаванд, ки ту омадаӣ. Ҳоло гапи моро гирифта, чунин бикун: мо чор кас дорем, ки мувофиқи расми яҳудиён ба Худо қасам хӯрдаанд. Онҳоро бурда, ҳамроҳашон ойини покшавиро ба ҷо овар ва пули сартарошии онҳоро бидеҳ. Сипас, ҳама мефаҳманд, ки он чи дар бораат мегӯянд, рост нест, балки ту мувофиқи шариати Мусо зиндагӣ мекунӣ. Дар бораи ғайрияҳудиёни имоноварда бошад, мо қарор намуда, навишта будем, ки аз хӯрдани гӯшти ҳайвони буғишуда, хӯроке, ки ба бутҳо тақдим шудааст, хун ва аз гуноҳи ҷинсӣ дур шаванд». Инак, рӯзи дигар Павлус ҳамроҳи он одамон ойини покшавиро ба ҷо оварда, ба маъбади Худо даромад. Дар он ҷо эълон намуд, ки вақти покшавии онҳо баъди ҳафт рӯз анҷом меёбад ва он рӯз барои ҳар якеашон қурбонӣ карда мешавад. Дар охири рӯзи ҳафтум яҳудиёни вилояти Осиё Павлусро дар маъбади Худо дида, мардумро ба шӯр оварданд ва ӯро дастгир намуданд. Онҳо фарёд мезаданд: «Исроилиён, ёрӣ диҳед! Ин одам дар ҳар ҷо ҳамаро ба зидди халқ, шариати Мусо ва ин маъбад таълим медиҳад! Бар замми ин ӯ ғайрияҳудиёнро ба маъбади Худо дароварда, ин ҷойи муқаддасро ҳаром мекунад!» Онҳо Труфимусро, ки зодаи шаҳри Эфесус буд, ҳамроҳи Павлус дар шаҳр дида буданд ва гумон мекарданд, ки Павлус ӯро бо худ ба маъбади Худо даровардааст. Ҳамин тавр, тамоми шаҳр ба шӯр омад. Аз ҳар тараф мардуми зиёд давида омада, ҷамъ шуданд. Онҳо Павлусро дастгир карда, кашолакунон аз маъбади Худо бароварданд ва зуд дарҳоро аз пушташон маҳкам карданд. Вақте ӯро куштанӣ шуданд, ба мириҳазори лашкар хабар расид, ки тамоми Уршалим ба шӯр омадааст. Ӯ дарҳол сарбозон ва мирисадҳоро бо худ гирифта, ба сӯйи мардум давид. Мардум мириҳазор ва сарбозонро дида, аз задани Павлус бозистоданд. Мириҳазор наздик шуда, Павлусро дастгир намуд ва фармуд, ки ӯро бо ду занҷир банданд. Сипас, пурсид, ки ин одам кист ва чӣ кор кардааст. Мардум дод зада, баъзе як чиз ва баъзе чизи дигар мегуфтанд. Мириҳазор аз сабаби ғавғо ҳақиқати ҳолро нафаҳмида, фармон дод, ки Павлусро ба қалъа баранд. Чун ба зинапояҳо расиданд, аз сабаби ғазабу фишори мардум сарбозон маҷбур шуданд, ки Павлусро бардошта баранд. Мардуми зиёд аз қафои онҳо омада, «кушед ӯро» – гӯён дод мезаданд. Ҳанӯз ба қалъа надаромада, Павлус ба мириҳазор гуфт: «Иҷозат диҳед, ба шумо як чиз гӯям». Мириҳазор гуфт: «Ту забони юнониро медонӣ?! Пас ту он мисрӣ нестӣ, ки чанде пеш шӯриш бардошта, чор ҳазор одамкушро аз қафояш ба биёбон бурда буд?!» Павлус дар ҷавоб гуфт: «Ман яҳудӣ ҳастам, шаҳрванди шаҳри Тарсуси вилояти Киликия, ки шаҳри номдор аст. Хоҳиш мекунам, ба ман иҷозат диҳед, ки ба мардум гап занам». Павлус иҷозат гирифта, бар зинапояҳо истод. Ӯ бо дасташ ба мардум ишора карду онҳо ҳама хомӯш шуданд. Сипас, Павлус ба онҳо бо забони ибрӣ чунин гуфт: «Эй бародарону падарон! Гӯш кунед, ки барои муҳофизати худ чӣ мегӯям». Мардум чун шуниданд, ки бо забони ибрӣ гап мезанад, боз ҳам хомӯштар шуданд. Павлус суханашро давом дод: «Ман яҳудӣ, зодаи шаҳри Тарсуси вилояти Киликия ҳастам, лекин ба Уршалим омада, аз устод Ҷамлиил шариати Мусо ва расму ойини падаронро хуб омӯхтам. Вазифаҳоямро дар пеши Худо бо ҷидду ҷаҳд иҷро мекардам, чунон ки имрӯз шумо ҳам иҷро мекунед. Ман одамонеро, ки пайрави ин Роҳ буданд, мерондаму азоб медодам. Баъзеи онҳоро ҳатто ба марг расондам. Мардону занонро дастгир карда, ба зиндон месупурдам. Инро ҳатто саркоҳин ва тамоми аъзои шӯрои пирон метавонанд тасдиқ кунанд. Ман барои дастгир кардани имондорони шаҳри Димишқ аз онҳо нома гирифта будам, то ки имондоронро дошта, барои ҷазо додан ба Уршалим оварам. Аммо ҳангоми роҳ, вақте ки ба шаҳри Димишқ наздик мешудам, дар нисфирӯзӣ баногоҳ аз осмон нуре пайдо шуда, маро фаро гирифт. Ман ба замин афтода, овозеро шунидам, ки мегуфт: „Шоул, Шоул! Чаро Маро озор медиҳӣ?“ Дар ҷавоб гуфтам: „Эй Аълоҳазрат, Ту кистӣ?“ Гуфт: „Ман Исои Носирӣ ҳастам, ки озораш медиҳӣ“. Ҳамроҳони ман низ нурро диданд, лекин овозеро, ки ба ман гап мезад, нафаҳмиданд. Сипас, пурсидам: „Эй Аълоҳазрат, чӣ бояд кунам?“ Худованд ба ман гуфт: „Бархоста ба шаҳри Димишқ рав. Дар он ҷо дар бораи ҳама корҳое, ки бояд бикунӣ, ба ту мегӯянд“. Аз таъсири дурахши он нур чашмонам чизеро намедид ва ҳамроҳонам маро аз дастам гирифта, ба Димишқ оварданд. Ҳанониё ном марде ба назди ман омад. Ӯ ба шариати Мусо аз сидқи дил итоат мекард ва дар байни ҳамаи яҳудиёни он ҷо номи нек дошт. Ӯ ба ман наздик шуда гуфт: „Бародар Шоул, бино шав!“ Худи ҳамон лаҳза чашмонам бино шуд ва ӯро дидам. Сипас, ӯ гуфт: „Худои падаронамон туро интихоб кардааст, то ки хости Ӯро бидонӣ ва ҳамонеро, ки Росткор аст, бубинӣ ва аз забонаш сухане шунавӣ. Зеро ту шоҳиди Ӯ мешавӣ ва дар бораи он чи дидиву шунидӣ назди ҳамаи одамон шаҳодат хоҳӣ дод. Пас чиро интизор ҳастӣ? Бархезу таъмид гир ва ба Исои Носирӣ рӯй оварда, аз гуноҳҳоят пок шав“. Инак, вақте ки ба Уршалим баргашта, дар маъбади Худо дуо мекардам, ба ҳолати бехудӣ афтодам ва Исоро дидам, ки ба ман чунин гуфт: „Зуд аз Уршалим баромада рав, чунки онҳо шаҳодати туро дар бораи Ман қабул намекунанд“. Ман гуфтам: „Худовандо, онҳо медонанд, ки ман пайравони Туро ба зиндон меандохтам ва дар ҷамоатхонаҳо дошта мезадам. Вақте ки хуни шоҳидат Истефанус рехта мешуд, ман он ҷо будам ва сангсоркунандагонро тарафдорӣ намуда, ҷомаҳои онҳоро посбонӣ мекардам“. Сипас, Ӯ ба ман гуфт: „Бирав, Ман туро ба ҷойҳои дур ба назди ғайрияҳудиён мефиристам“». Мардум сухани Павлусро то ба ин ҷо гӯш карданд, сипас бо овози баланд фарёд заданд: «Ӯро несту нобуд кунед! Чунин одам набояд зиндагӣ кунад!» Чун фарёд мезаданд ва ҷомаҳояшонро ба замин партофта, чанг мехезонданд, мириҳазор фармуд, ки Павлусро ба қалъа дароваранд ва қамчинкорӣ намуда, пурсуҷӯ кунанд, ки барои чӣ мардум ин қадар ба ӯ дод мезананд. Аммо вақте ки Павлусро бо тасмаҳо барои задан мебастанд, ӯ ба мирисад гуфт: «Оё аз рӯйи қонун аст, ки шаҳрванди Румро бе ягон доварӣ қамчинкорӣ кунед?» Инро шунида, мирисад ба назди мириҳазор рафт ва гуфт: «Чӣ кор кардан мехоҳед? Ин одам румӣ будааст!» Сипас, мириҳазор наздик шуда аз Павлус пурсид: «Ту шаҳрванди Рум ҳастӣ?» Павлус дар ҷавоб гуфт: «Бале!» Мириҳазор гуфт: «Ман шаҳрвандии Румро бо пули калон харидаам». Павлус гуфт: «Ман бошам, аз таваллуд шуданам шаҳрванди Рум ҳастам». Онҳое, ки ӯро пурсуҷӯ карданӣ буданд, ин суханро шунида, дарҳол аз вай дур шуданд. Мириҳазор низ румӣ будани Павлусро фаҳмида, тарсид, чунки ӯро баста буд. Рӯзи дигар мириҳазор хост аниқ бифаҳмад, ки яҳудиён ӯро барои чӣ айбдор мекунанд. Бино бар ин, занҷирҳои Павлусро кушода, фармон дод, ки коҳинони калон ва тамоми шӯрои пирон ҷамъ шаванд. Сипас, Павлусро ба назди онҳо баровард. Павлус аҳли шӯрои пиронро бодиққат аз назар гузаронда гуфт: «Бародарон, ман то имрӯз дар назди Худо бо виҷдони пок зиндагӣ мекунам». Инро шунида Ҳанониёи саркоҳин ба онҳое, ки назди Павлус меистоданд, фармуд, ки ба даҳонаш зананд. Павлус дар ҷавоб ба саркоҳин гуфт: «Эй девори сафедшуда, Худо туро мезанад! Ту ин ҷо нишастаӣ, то ки мувофиқи шариати Мусо маро доварӣ бикунӣ, аммо фармон медиҳӣ, ки маро зананд. Оё ин қонуншиканӣ нест?» Онҳое, ки назди Павлус меистоданд, гуфтанд: «Саркоҳини Худоро дашном медиҳӣ?» Павлус гуфт: «Бародарон, ман намедонистам, ки ӯ саркоҳин аст. Медонам, дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки ба пешвои халқатон бадгӯйӣ накунед». Павлус чун фаҳмид, ки як қисми шӯрои пирон аз мазҳаби саддуқӣ ва қисми дигараш аз мазҳаби фарисӣ ҳастанд, фарёд зада гуфт: «Бародарон, ман худ фарисӣ ва писари фарисиён ҳастам. Ҳоло маро барои умеди зиндашавии мурдагон ҳукм мекунанд». Баъди ин сухан дар байни фарисиёну саддуқиён баҳс ба миён омад ва ҷамъомад ба ду гурӯҳ тақсим шуд. Зеро саддуқиён мегуфтанд, ки на зиндашавӣ ҳасту на фариштагону на рӯҳҳо, аммо фарисиён ба ин чизҳо бовар мекарданд. Доду фарёд баланд шуд. Баъзе устодони шариат, ки аз мазҳаби фарисиён буданд, бархоста, бо ҷӯшу хурӯш гуфтанд: «Дар ин одам мо ягон бадӣ намебинем. Агар рӯҳе ё фариштае ба ӯ гап зада бошад-чӣ?» Баҳс авҷ мегирифт. Мириҳазор ба сарбозон фармуд, ки Павлусро аз назди онҳо гирифта ба қалъа баранд, зеро тарсид, ки ӯро пора-пора мекунанд. Ҳамон шаб Худованд ба назди Павлус омада, гуфт: «Далер бош! Чунон ки дар шаҳри Уршалим дар бораи Ман шаҳодат додӣ, дар Рум низ бояд шаҳодат диҳӣ». Пагоҳӣ баъзе яҳудиён қасам хӯрда, қасд намуданд, ки то Павлусро накушанд, чизе намехӯранду наменӯшанд. Шумораи қасамхӯрдагон аз чил зиёд буд. Онҳо ба назди коҳинони калону пирон рафта чунин гуфтанд: «Мо қасам хӯрдаем, ки то Павлусро накушем, чизе ба даҳон намегирем. Ҳоло шумо ва шӯрои пирон аз мириҳазор хоҳиш кунед, ки Павлусро ба назди шумо орад. Гӯед, ки кори ӯро аниқтар фаҳмидан мехоҳед. Мо бошем тайёр ҳастем, ки ӯро то ба ин ҷо расиданаш кушем». Аммо писари хоҳари Павлус аз ин сӯиқасди онҳо бохабар шуда, ба сарбозхона рафт ва Павлусро огоҳ кард. Павлус мирисадеро ҷеғ зада гуфт: «Ин ҷавонро ба назди мириҳазор бар, чунки ба ӯ гап дорад». Мирисад ӯро ба назди мириҳазор бурда гуфт: «Павлуси бандӣ маро ҷеғ зада, хоҳиш кард, ки ин ҷавонро ба назди шумо биёрам, чунки ӯ ба шумо чизе гуфтан мехоҳад». Мириҳазор ҷавонро аз дасташ гирифта, ба каноре бурд ва гуфт: «Ба ман чӣ гуфтанӣ ҳастӣ?» Ҷавон гуфт: «Яҳудиён забон як кардаанд, ки аз шумо хоҳиш кунанд, то ки фардо Павлусро ба назди шӯрои пирон бароред. Гӯё, ки кори ӯро аниқтар тафтиш карданӣ бошанд. Нагузоред, ки шуморо ба ин кор розӣ кунонанд. Дар асл онҳо мехоҳанд ӯро кушанд. Бештар аз чил нафарашон қасам хӯрдаанд, ки то ӯро накушанд, чизе намехӯранду наменӯшанд. Ҳоло онҳо тайёр ва интизори иҷозати шумо ҳастанд». Сипас, мириҳазор ҷавонро ҷавоб дода гуфт: «Ба касе нагӯ, ки дар бораи ин чизҳо ба ман хабар додӣ». Инак мириҳазор ду мирисадро ҷеғ зада, чунин фармон дод: «Дусад сарбоз, ҳафтод савора ва дусад найзадор омода кунед, то ки шабона, соати нуҳ ба Қайсария равона шаванд. Ҳамчунин Павлусро бар аспе савор намуда, сиҳату саломат ба назди Феликси ҳоким расонанд». Мириҳазор бошад, чунин нома навишт: «Клавдиюс Лисиёс ба ҳокими мӯҳтарам Феликс салом мерасонад! Ин одамро яҳудиён дастгир намуда, куштанӣ буданд, лекин ман чун фаҳмидам, ки ӯ шаҳрванди Рум аст, бо сарбозон рафта, ӯро халос кардам. Хостам аниқ фаҳмам, ки ӯро барои чӣ айбдор мекунанд, барои ҳамин ӯро ба шӯрои пиронашон бурдам. Дар он ҷо фаҳмидам, ки ӯро аз рӯйи масъалаҳои баҳсноки шариаташон айбдор мекунанд, лекин ӯ коре накардааст, ки сазовори марг ё зиндон бошад. Вақте огоҳ шудам, ки онҳо бар зидди ин одам забон як кардаанд, дарҳол ӯро ба назди шумо фиристодам ва ба айбдоркунандаҳои ӯ низ фармудам, ки ба шумо даъво кунанд». Ҳамин тавр, сарбозон мувофиқи фармон Павлусро гирифта, шабона ба шаҳри Антипотрис бурданд. Рӯзи дигар онҳо Павлусро ба саворон супурда, худ ба сарбозхона баргаштанд. Саворон ба Қайсария расида, номаро ба дасти ҳоким доданд ва Павлусро низ ба ӯ супурданд. Ҳоким номаро хонда, пурсид, ки Павлус аз кадом вилоят аст ва чун шунид, ки аз вилояти Киликия аст, гуфт: «Айбдоркунандаҳоят расида оянд, ман туро гӯш мекунам». Сипас, фармуд, ки Павлусро дар қалъаи Ҳиродус нигоҳ доранд. Баъди панҷ рӯз Ҳанониёи саркоҳин ҳамроҳи баъзе пирон ва Тартуллус ном ҳуқуқшинос омада, аз Павлус ба ҳоким шикоят карданд. Вақте ки Павлусро гирифта оварданд, Тартуллус ба айбдоркунӣ сар карда гуфт: «Феликси олимақом! Бо роҳбарии шумо муддати дароз аст, ки мо дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ мекунем ва чорабиниҳои шумо ба халқи мо беҳбудиҳои зиёд бахшидаанд. Мо дар ҳама ҷо тамоми некиҳои шуморо бо миннатдорӣ ёд мекунем. Ҳоло, барои он ки шуморо зиёд заҳмат надиҳам, меҳрубонӣ намуда, арзи кӯтоҳи моро шунавед. Мо дарёфтем, ки ин одам шӯрандоз буда, дар байни ҳамаи яҳудиёни олам ошӯб меангезад. Ҳамчунин вай роҳбари ҳизби носирӣ мебошад. Ӯ ҳатто хост, ки маъбади Худоро ҳаром кунад, лекин мо ӯро дастгир кардем. Вақте ки ӯро дар бораи ҳамаи ин чизҳо пурсуҷӯ мекунед, худатон мефаҳмед, ки барои чӣ мо ӯро айбдор мекунем». Яҳудиён низ суханони Тартуллусро тарафдорӣ намуда гуфтанд, ки ҳамаи ин гап рост аст. Ҳоким Феликс ба Павлус ишора намуд, ки гап занад. Павлус ҷавоб дод: «Ман медонам, ки шумо солҳои зиёд ин халқро доварӣ мекунед. Бино бар ин, метавонам дилпурона худро дар пеши шумо сафед кунам. Ман дувоздаҳ рӯз пеш ба Уршалим барои парастиш омадам, шумо худатон инро тафтиш карда метавонед. На дар маъбади Худо, на дар ҷамоатхонаҳо ва на дар кӯчаҳои шаҳр айбдоркунандагонам маро надидаанд, ки бо касе баҳс карда бошам ё мардумро ба шӯр андохта бошам. Ҳама чизҳое, ки маро дар он айбдор намуда, ба шумо мегӯянд, беасос аст. Лекин ба шумо росташро мегӯям, ман мувофиқи Роҳи Худованд, ки яҳудиён онро ҳизб меноманд, ба Худои падаронамон хизмат мекунам. Ҳамчунин ба ҳама чизе, ки дар шариати Мусову навиштаҷоти пайғамбарон аст, бовар мекунам. Ман ба Худо умед бастаам, чунон ки онҳо низ умедворанд, ки ҳам росткорону ҳам бадкорон баъди мурдан зинда хоҳанд шуд. Бино бар ин, ҳамеша кӯшиш мекунам, ки дар назди Худову одамон виҷдони пок дошта бошам. Ҳоло баъди чандин сол омадам, то ки ба камбағалони халқам кӯмаки пулие расонам ва қурбониҳо кунам. Ҳангоме ки дар маъбади Худо маросими покшавиро ба анҷом расондам ва дар наздам на мардум буданду на ғавғо, ин одамон маро ёфтанд. Дар он ҷо баъзе яҳудиёни вилояти Осиё буданд ва агар бар зидди ман чизе медоштанд, мебоист ба назди шумо омада, маро айбдор мекарданд. Ё худи инҳо гӯянд, вақте ки дар пеши шӯрои пирон меистодам, барои кадом ҷиноят маро айбдор ёфтаанд. Шояд айби ман дар он буд, ки дар назди онҳо чунин фарёд задам: „Имрӯз шумо маро барои умеди зиндашавии мурдагон ҳукм мекунед“». Сипас, Феликси ҳоким, ки дар бораи Роҳи Худованд маълумоти бештар дошт, муҳокимаро ба вақти дигар монда гуфт: «Вақте ки мириҳазор Лисиёс меояд, ман масъалаи шуморо дида мебароям». Ҳамчунин ба мирисад фармуд, ки Павлусро посбонӣ кунад, лекин каме озодӣ бахшад ва иҷозат диҳад, ки дӯстонаш ба ӯ хизмат кунанд. Баъди чанд рӯз Феликс бо ҳамсараш Друсилла, ки яҳудӣ буд, омад. Феликс Павлусро даъват карда, суханашро дар бораи имон ба Исои Масеҳ гӯш кард. Аммо вақте ки Павлус дар бораи росткорӣ, худдорӣ ва рӯзи қиёмат мегуфт, Феликсро тарс фаро гирифт. Ӯ гуфт: «Ҳоло ба ту ҷавоб, чун вақт ёбам, туро боз даъват мекунам». Феликси ҳоким умедвор буд, ки Павлус ба ӯ пора медиҳад, бинобар ин зуд-зуд Павлусро даъват карда, бо ӯ суҳбат меорост. Аммо баъди ду сол ба ҷойи ҳоким Феликс ҳокими нав Поркиюс Фестус таъйин шуд. Азбаски Феликс ба яҳудиён писанд омадан мехост, Павлусро дар зиндон нигоҳ дошт. Фестуси ҳоким се рӯз пас аз он ки ба Қайсария омад, ба шаҳри Уршалим сафар кард. Коҳинони калон ва роҳбарони яҳудӣ ба ҳоким аз Павлус шикоят карданд ва илтимос намуданд, ки меҳрубонӣ намуда, ӯро ба Уршалим оварад. Онҳо қасд доштанд, ки Павлусро дар роҳ кушанд. Фестуси ҳоким дар ҷавоб гуфт: «Павлусро дар шаҳри Қайсария нигоҳ медоранд ва худи ман ба наздикӣ ба он ҷо меравам. Роҳбарони шумо бо ман раванд. Агар он одам айбе дошта бошад, бигзор даъво кунанд». Сипас, ҳашт ё даҳ рӯз дар Уршалим монда, ба Қайсария баргашт. Рӯзи дигар Фестуси ҳоким бар курсии доварӣ нишаста фармуд, ки Павлусро биёранд. Чун оварданд, яҳудиёне, ки аз Уршалим омада буданд, гирди ӯро гирифта, ба гардани ӯ айбҳои зиёду вазнинро бор карданд. Аммо ҳеҷ яки онро исбот карда наметавонистанд. Павлус худро сафед карда, гуфт: «На бар зидди шариати яҳудиён гуноҳ кардааму на бар зидди маъбади Худо ва на бар зидди шоҳаншоҳи Рум». Фестуси ҳоким дили яҳудиёнро ёфтанӣ шуда, аз Павлус пурсид: «Мехоҳӣ, ки ба Уршалим равӣ, то ки кори туро дар он ҷо дида бароям?» Павлус гуфт: «Ман ҳоло дар назди курсии доварии шоҳаншоҳи Рум истодаам ва бояд дар ин ҷо доварӣ карда шавам. Чунон ки худатон нағз медонед, ман ба яҳудиён ягон бадие накардаам. Агар ҷинояте ё коре карда бошам, ки сазовори марг бошад, аз мурдан намегурезам, лекин агар дар ин ҳама даъвоҳои яҳудиён айбе надошта бошам, касе ҳақ надорад, ки маро ба дасти онҳо супорад. Ман доварии шоҳаншоҳи Румро талаб мекунам!» Сипас, Фестуси ҳоким бо маслиҳатчиёнаш гап зада, ба Павлус гуфт: «Азбаски доварии шоҳаншоҳи Румро талаб кардӣ, ба назди шоҳаншоҳи Рум меравӣ!» Баъди чанд рӯз шоҳ Агрипос ва хоҳараш Берникӣ ба шаҳри Қайсария омаданд, то Фестуси ҳокимро хайрамақдам гӯянд. Онҳо дар он ҷо чанд рӯз монданд. Фестуси ҳоким кори Павлусро ба шоҳ Агрипос нақл карда, гуфт: «Ин ҷо одаме ҳаст, ки Феликс ӯро дар зиндон мондааст. Вақте ки дар Уршалим будам, коҳинони калон ва пирони яҳудӣ дар бораи ӯ ба ман нақл карда, талаб намуданд, ки ӯро маҳкум кунам. Аммо дар ҷавоби онҳо гуфтам, ки румиён чунин одат надоранд, ки касеро бечуну чаро ба дасти даъвогаронаш супоранд. Аввал мо бояд ӯро бо даъвогаронаш рӯ ба рӯ кунем ва ба ӯ имконият диҳем, ки худро сафед намояд. Барои ҳамин, вақте ки онҳо бо ман омаданд, корро кашол надода, рӯзи дигар бар курсии доварӣ нишастам ва фармудам, ки Павлусро биёранд. Аммо даъвогаронаш бархоста, ӯро бо ҳеҷ як айбе, ки ман гумон доштам, айбдор накарданд. Танҳо дар бораи чанд масъалаи диниашон ва дар бораи кадом як Исо бо вай баҳс мекарданд, ки гӯё мурдааст, валекин Павлус таъкид мекунад, ки Ӯ зинда аст. Азбаски сару нӯги ин масъаларо наёфтам, аз ӯ пурсидам, ки оё ба Уршалим рафтан мехоҳад, то ки кори ӯ дар он ҷо дида шавад. Аммо Павлус талаб намуд, ки то замони аз тарафи шоҳаншоҳ додхоҳӣ шуданаш ин ҷо нигоҳ дошта шавад. Сипас, фармон додам, ки ӯро то вақти ба назди шоҳаншоҳи Рум фиристоданам посбонӣ кунанд». Шоҳ Агрипос ба Фестуси ҳоким гуфт: «Ман низ шахсан мехоҳам сухани ӯро шунавам!» Фестус гуфт: «Пагоҳ мешунавед!» Рӯзи дигар Агрипос ва Берникӣ бодабдаба омада, ба маҷлисгоҳ даромаданд. Мириҳазорон ва калоншавандагони шаҳр онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд. Бо фармони Фестуси ҳоким Павлусро оварданд. Сипас, Фестус гуфт: «Шоҳ Агрипос ва ҳамаи ҳозирон! Шумо мардеро мебинед, ки дар бораи ӯ тамоми яҳудиёни шаҳрҳои Уршалиму Қайсария ба ман шикоят мекунанд. Онҳо доду фарёд бардошта, мегӯянд, ки ӯ набояд зинда монад. Аммо ман дарёфтам, ки ӯ коре накардааст, ки сазовори марг бошад. Вале, чун худаш доварии шоҳаншоҳи Румро талаб намуд, ман қарор додам, ки ӯро ба Рум фиристам. Аммо дар бораи ӯ ягон чизи аниқ надорам, ки ба шоҳаншоҳам нависам. Барои ҳамин ӯро назди ҳамаи шумо ва хусусан назди шумо, шоҳ Агрипос овардам, то ки баъди дида баромадани масъала чизе барои навиштанам пайдо шавад. Агар бандиро бе айбнома фиристам, аз рӯйи хирад намешавад». Шоҳ Агрипос ба Павлус гуфт: «Метавонӣ худро ҳимоя намоӣ». Павлус дасташро боло карда, барои муҳофизати худ гуфт: «Шоҳ Агрипос! Азбаски шумо расму ойин ва масъалаҳои баҳсноки яҳудиёнро ба хубӣ медонед, хушбахтам, ки имрӯз худро дар пеши шумо аз ҳама айбҳое, ки яҳудиён ба гарданам бор мекунанд, сафед карда метавонам. Барои ҳамин хоҳишмандам бо сабру тоқат ба суханам гӯш диҳед. Инак тарзи зиндагии ман ба ҳама яҳудиён маълум аст. Зеро аз ҷавониам дар байни халқи худ ва дар Уршалим зиндагӣ кардаам. Онҳо дер боз маро мешиносанд ва агар хоҳанд, метавонанд тасдиқ намоянд, ки ман мувофиқи сахтгиртарин мазҳаби мо, яъне ҳамчун фарисӣ зиндагӣ мекардам. Ҳоло бошад, барои умедам ба ваъдаи Худо, ки ба падаркалонҳоямон дода шуда буд, маро ҳукм мекунанд, яъне барои ваъдае, ки дувоздаҳ қабилаи Исроил шабу рӯз Худоро парастиш намуда, интизори иҷрошавияш мебошанд. Шоҳ Агрипос, ана барои ҳамин умед яҳудиён маро айбдор мекунанд. Эй мардум, охир чаро шумо бовар карда наметавонед, ки Худо мурдагонро зинда мекунад? Ман низ худ ба худ фикр мекардам, ки бояд бар зидди номи Исои Носирӣ корҳои зиёдро анҷом диҳам. Дар Уршалим бо ҳамин кор машғул будам. Аз коҳинони калон иҷозат гирифта, бисёр касонро аз халқи Худо ба зиндон мепартофтам. Вақте ки онҳоро ба марг месупурданд, ман тарафдорӣ мекардам. Дар ҳамаи ҷамоатхонаҳо гашта, бисёр вақт пайравони ин Роҳро ҷазо медодам ва маҷбур мекардам, ки имонашонро рад кунанд. Азбаски хашму ғазабам бар онҳо аланга мезад, ҳатто ба шаҳрҳои дурдаст мерафтам, то ки онҳоро дастгир карда, азоб диҳам. Рӯзе бо супориш ва иҷозати коҳинони калон ба шаҳри Димишқ сафар мекардам. Эй шоҳ, ҳангоми нисфирӯзӣ дар роҳ нури осмониеро дидам, ки аз офтоб равшантар буд. Он нур ману ҳамроҳонамро фаро гирифт. Мо ҳама ба замин афтодем. Сипас, овозеро шунидам, ки бо забони ибрӣ мегуфт: „Шоул, Шоул! Чаро Маро озор медиҳӣ? Оё ба сӯзан мушт задан дарднок нест?“ Ман гуфтам: „Эй Аълоҳазрат, Ту кистӣ?“ Ҷавоб дод: „Ман ҳамон Исоям, ки озораш медиҳӣ. Ҳоло бархеста, рост исто. Ман ба ту зоҳир шудам, то ки туро хизматгор ва шоҳиди Худ гардонам. Шоҳиди он, ки Маро дидӣ ва шоҳиди он чизҳое, ки ба ту нишон хоҳам дод. Ман туро аз дасти халқат ва ғайрияҳудиён халос мекунам. Туро назди ғайрияҳудиён мефиристам, то ки чашмони онҳоро кушоӣ, онҳоро аз торикӣ ба равшанӣ барорӣ ва аз зери қудрати шайтон ба сӯйи Худо барӣ. Баъд гуноҳҳои онҳо бахшида мешавад ва дар байни онҳое ки бо имон ба Ман пок гардидаанд, ба худ ҷое пайдо мекунанд“. Бинобар ин, шоҳ Агрипос, ман ба он чи аз осмон аён шуд, беитоатӣ накардам, балки аввало дар шаҳрҳои Димишқу Уршалим, сипас дар саросари сарзамини Яҳудия ва ба ғайрияҳудиён эълон намудам, ки тавба кунанд ва ба Худо рӯй оварда, мувофиқи тавбаашон амал кунанд. Аз ин сабаб яҳудиён маро дар маъбади Худо дастгир намуда, куштанӣ шуданд. Аммо бо ёрии Худо то ҳанӯз ба хурду калон шаҳодат медиҳам. Ман фақат ҳамон чизҳоеро мегӯям, ки пайғамбарон ва Мусо пешгӯйӣ карда буданд, ки Таъйиншудаи Худо бояд азоб мекашид ва аввалин шуда аз мурдаҳо зинда мешуд, то ба халқи мо ва ба ғайрияҳудиён нурро эълон намояд». Вақте Павлус бо чунин суханон худро сафед мекард, Фестуси ҳоким бо овози баланд гуфт: «Павлус, ту аз ақл бегона шудаӣ, дониши бисёр туро гаранг кардааст!» Аммо Павлус гуфт: «Фестуси олимақом, ман аз ақл бегона нашудаам, балки каломи ҳақ ва солимро мегӯям. Шоҳ Агрипос аз ин чизҳо бохабар аст. Аз ин сабаб ман дар наздаш далерона сухан мегӯям, зеро бовар намекунам, ки чизе дар ин бора аз ӯ пӯшида бошад. Охир ин ҳама дар кадом як кунҷаке рӯй надода буд. Шоҳ Агрипос, оё ба гуфтаҳои пайғамбарон имон доред?! Медонам, ки имон доред!» Агрипос ба Павлус гуфт: «Оё дар як лаҳзаи кӯтоҳ маро масеҳӣ кардан мехоҳӣ?!» Павлус гуфт: «Аз Худо хоҳиш дорам, ки дар лаҳзаи кӯтоҳ ё дароз, на танҳо шумо, балки ҳамаи шунавандагони имрӯза мисли ман шаванд, лекин бе ин занҷирҳо». Сипас, шоҳ Агрипос аз ҷояш хест ва Фестуси ҳоким, Берникӣ ва ҳамаи ҳамроҳонашон низ хестанд. Ҳангоми баромадан онҳо ба ҳамдигар гуфтанд, ки ин одам коре накардааст, ки сазовори марг ё зиндон бошад. Дар охир Агрипос ба Фестус гуфт: «Агар ӯ доварии шоҳаншоҳи Румро талаб намекард, ӯро озод кардан мумкин буд». Вақте қарор карданд, ки бо киштӣ ба Италия равем, Павлус ва чанд бандии дигарро ба яке аз мирисадҳои дастаи махсуси шоҳаншоҳ Августус супурданд. Номи мирисад Юлиус буд. Мо ба киштие, ки аз шаҳри Адрамитиюн омада ва ба сӯйи бандарҳои вилояти Осиё равона буд, савор шуда раҳсипор шудем. Аз шаҳри Тасолуникӣ Аристархуси мақдунӣ моро ҳамроҳӣ кард. Рӯзи дигар ба шаҳри Сидун расидем. Юлиус ба Павлус хуб муносибат мекард. Ӯ ҳатто иҷозат дод, ки Павлус рафта, бо дӯстонаш вохӯрад ва ҳама чизҳои заруриро дастрас намояд. Аз он ҷо мо ба баҳр баромада, ба сабаби вазидани боди мухолиф ба тарафи панаҳи ҷазираи Қиприс киштиро рондем. Сипас, баҳри кушодро назди соҳилҳои вилоятҳои Киликия ва Памфилия миёнабур намуда, ба шаҳри Мирои вилояти Ликия расидем. Дар он ҷо мирисад киштии шаҳри Искандарияро ёфт, ки ба Италия равона буд ва моро ба он савор кард. Азбаски шамоли муқобил мевазид, мо рӯзҳои зиёд бо суръати паст киштӣ ронда, базӯр ба шаҳри Қнидус наздик шудем. Баъд ба самти гӯшаи Салмунии ҷазираи Крит ҳаракат намуда, дар панаҳи он ҷазира киштӣ рондем. Ҳамин тавр, бо душворӣ ҷазираро гузашта, ба ҷое расидем, ки Бандарҳои Нек ном дошт. Ин дар наздикии шаҳри Ласия буд. Мо вақти зиёдро аз даст дода будем. Тирамоҳ ба охир мерасид, айёми рӯзагирии яҳудиён гузашта буд. Боду ҳаво барои давом додани сафари баҳрӣ аллакай хатарнок буд, бинобар ин Павлус чунин маслиҳат дод: «Мардон, мебинам, ки сафарамон хеле хатарнок мешавад. Аҷаб нест, ки на танҳо бору киштӣ, балки ҷонҳоямонро ҳам аз даст диҳем». Аммо мирисад на ба Павлус, балки бештар ба суханони сардор ва соҳиби киштӣ бовар мекард. Азбаски Бандарҳои Нек барои зимистонгузаронӣ мувофиқ набуд, бисёриҳо розӣ шуданд, ки ба баҳр бароянд. Онҳо умед доштанд, ки илоҷе карда, ба бандари дигари ҷазираи Крит, ки Финикс ном дошт, бирасанд ва он ҷо зимистонро гузаронанд. Ин бандар рӯ ба самти ҷануби ғарбӣ ва шимоли ғарбӣ ҷойгир аст. Чун боди сабуки ҷанубӣ вазид, онҳо фикр карданд, ки корашон омад кард ва лангар бардошта, лаб-лаби соҳили Крит шино карданд. Аммо дере нагузашта, аз тарафи ҷазира тундбоди сахте бархост, ки Шимоли Шарқӣ ном дошт. Вақте киштиро фаро гирифт, онро идора кардан номумкин гардид ва таслим шудему тундбод моро гирифта бурд. Сипас, ба тарафи паноҳтари ҷазираи хурдакак, ки Клавдо ном дорад, даромада, қаиқи киштиро, ки дар дунболи киштӣ баста буд, базӯр нигоҳ доштем. Баъд онро ба киштӣ бароварданд ва девораҳои киштиро бо арғамчинҳо баста мустаҳкам карданд. Аз тарси ба пастоби Сиртиси Африқо бархӯрдан, бодбонҳоро фуроварданд ва ҳамин тавр мавҷҳои об моро мебурд. Рӯзи дигар, азбаски тӯфон торафт шиддат меёфт, онҳо як қисми бори киштиро ба об партофтанд. Рӯзи сеюм бошад, онҳо бо дастони худ як қисми асбобу анҷоми киштиро бароварда партофтанд. Рӯзҳои зиёд на офтоб намоён мешуду на ситораҳо, балки тӯфон давом меёфт, оқибат барои наҷот ёфтан ҳеҷ умед намонд. Азбаски касе дер боз хӯрок нахӯрда буд, Павлус бархоста ба миёнаҷо баромад ва гуфт: «Мардон, агар шумо ба гапи ман гӯш дода, аз Крит ба баҳр намебаромадед, аз ин фалокат зарар намедидед. Ҳоло бошад, маслиҳат медиҳам, ки далер бошед, чунки ягонтои шумо намемуред. Фақат киштӣ нобуд мешавад. Имшаб фариштаи Худое, ки ба Ӯ тааллуқ дораму хизмат мекунам, ба пешам омада, гуфт: „Натарс, Павлус! Ту бояд дар пеши шоҳаншоҳи Рум биистӣ ва ба хотири ту Худо ба ҳамроҳонат низ ҳаёт мебахшад“. Бинобар ин, мардон, далер бошед, зеро бовар дорам, ки Худо чунон ки ба ман гуфт, мекунад. Фақат мо бояд ба пастоби ягон ҷазира бархӯрем». Шаби чордаҳум буд, ки дар баҳри Адриё овора будем. Тақрибан нисфи шаб баҳрнавардон пай бурданд, ки замин наздик аст. Онҳо чуқурии обро чен карданд, ки тақрибан чил метер баромад, сипас андак пеш рафта боз чен карданд, ки сӣ метер баромад. Онҳо тарсиданд, ки ба санге дакка мехӯранд, бинобар ин аз думи киштӣ чор лангар андохтанд ва дуо мекарданд, ки тезтар саҳар шавад. Баҳрнавардон хостанд аз киштӣ гурезанд ва бо баҳонаи он, ки аз нӯги киштӣ лангарҳо меандозанд, қаиқи киштиро ба об фуроварданд. Он гоҳ Павлус ба мирисад ва сарбозон гуфт: «Агар ин одамон дар киштӣ намонанд, шумо наҷот намеёбед». Инро шунида сарбозон банди қаиқро буриданд ва он шино карда рафт. Пеш аз бомдод Павлус аз ҳама хоҳиш намуд, ки хӯрок хӯранд. Ӯ чунин гуфт: «Ҳоло чордаҳ рӯз мешавад, ки шумо дар ташвиш ҳастед ва чизе намехӯред. Бино бар ин, аз шумо илтимос мекунам, ки хӯрок хӯред, чунки ин барои зинда мондани шумо муҳим аст. Зеро тори мӯйе аз сари ҳеҷ яки шумо нахоҳад афтод». Инро гуфта, ӯ нон гирифту дар пеши ҳама Худоро шукр гуфт ва онро пора карда, ба хӯрдан сар кард. Инро дида, ҳама рӯҳбаланд шуданд ва хӯрок хӯрданд. Дар киштӣ ҳамагӣ дусаду ҳафтоду шаш кас будем. Чун хӯрда сер шуданд, гандумро ба об партофтанд, то ки киштиро сабук кунанд. Вақте ки рӯз шуд, баҳрнавардон он заминро нашинохтанд, лекин халиҷе диданд, ки соҳили паст дошт ва қарор доданд, ки агар тавонанд киштиро ба сӯи он ронанд. Ҳамин тавр, онҳо лангарҳоро халос карда, дар баҳр гузоштанд. Дар баробари ин бандҳои белҳои дунболаи киштиро кушоданд ва бодбони қисмати пеши киштиро боло кашида, ба сӯи соҳил ронданд. Аммо ба забонаи соҳили қумдоре дакка хӯрданд ва киштӣ дар пастоб истод. Нӯги киштӣ руст монда буд, аммо думашро мавҷҳо зада мешикастанд. Сарбозон хостанд бандиёнро кушанд, то касе шинокунон нагурезад. Аммо мирисад, ки Павлусро наҷот додан мехост, сарбозонро аз ин кор боздошт. Ӯ фармуд, ки аввал одамоне, ки шино карда метавонанд, худро ба об партофта ба соҳил бароянд. Сипас, дигарон тахта ва шикастапораҳои киштиро дошта, аз пушти онҳо равона шаванд. Ҳамин тавр, ҳама сиҳату саломат ба замин расиданд. Инак, сиҳату саломат ба соҳил расида, фаҳмидем, ки он ҷазира Малита ном доштааст. Мардуми ҷазира ба мо хеле некӣ карданд. Азбаски ҳаво хунук буду борон меборид, онҳо гулхан даргиронда, ҳамаи моро ба гирдаш даъват карданд. Павлус як бағал ҳезум ҷамъ карда буд ва ҳангоме ки онро ба оташ меандохт, мори заҳрдоре аз гармии оташ гурехта, дасти ӯро газид ва овезон монд. Мардуми ҷазира мори ба дасташ часпидаро дида, ба ҳамдигар гуфтанд: «Воқеан ҳам ин шахс одамкуш будааст, чунки аз баҳр сиҳат баромада бошад ҳам, худои адолат нагузошт, ки зинда монад». Аммо Павлус морро аз дасташ афшонда ба оташ партофту осебе надид. Онҳо интизор буданд, ки ё дасташ варам мекунад ё ӯ якбора афтода мемурад. Аммо чун вақти зиёд гузашт ва бо вай чизе нашуд, фикрашонро дигар карда гуфтанд, ки ӯ яке аз худоён аст. Дар гирду атрофи он ҷо заминҳое буданд, ки ба роҳбари ҷазира Публиюс тааллуқ доштанд. Ӯ моро ба хонааш даъват намуда, се рӯз меҳмондорӣ кард. Падари Публиюс бемор мехобид. Ӯ таби баланд дошт ва шикамрав буд. Павлус наздик омаду дуо кард ва ба вай даст ниҳода, шифо дод. Баъди ин воқеа ҳар беморе, ки дар ҷазира буд, ба назди Павлус меомад ва шифо меёфт. Онҳо моро хеле иззату эҳтиром менамуданд ва ҳангоми рафтанамон бо ҳамаи чизҳои зарурӣ таъмин карданд. Дар ҷазираи Малита се моҳ монда, баъд дар киштии шаҳри Искандария, ки зимистон дар он ҷазира буд, ба баҳр баромадем. Он киштӣ «Худоёни дугоник» ном дошт. Сипас, ба шаҳри Сирокуз расида, дар он ҷо се рӯз мондем. Аз он ҷо баромада, ба шаҳри Риғюн расидем. Баъди як рӯз боди ҷанубӣ вазид ва рӯзи дигар мо аллакай дар шаҳри Путюлӣ будем. Дар шаҳр имондоронро ёфтем ва чун хоҳиш карданд, ҳафт рӯз бо онҳо мондем. Сипас, роҳамонро ба сӯйи Рум давом додем. Имондорони румӣ дар бораи мо шунида, ба пешвозамон то бозори Опиюс ва «Се меҳмонхона» омаданд. Павлус онҳоро дида, Худоро шукргузорӣ намуд ва рӯҳбаланд шуд. Вақте ки ба Рум дохил шудем, ба Павлус иҷозат дода шуд, ки дар хонаи алоҳида зиндагӣ кунад ва сарбозе ӯро посбонӣ мекард. Баъди се рӯз Павлус роҳбарони яҳудии он ҷоро даъват намуд ва чун ҷамъ шуданд, гуфт: «Бародарон, ман на ба халқамон зиддият кардааму на ба расму ойини падаронамон, аммо дар Уршалим маро дастгир намуда, ба дасти румиён супурданд. Румиён кори маро дида баромада, мехостанд озод кунанд, чунки коре накардаам, ки сазовори марг бошад. Аммо яҳудиён ба ин зид баромаданд ва ман маҷбур шудам, ки доварии шоҳаншоҳи Румро талаб намоям. Албатта, на барои он ки аз халқам шикоят кунам. Барои ҳамин шуморо даъват намудам, то ки шуморо дида, гӯям, ки ба хотири Масеҳ, ки умеди Исроил аст, бо ин занҷир баста шудаам». Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Аз сарзамини Яҳудия дар бораи ту ягон нома нагирифтаем ва бародароне, ки аз он ҷо меоянд, дар бораи ту ҳеҷ хабар наовардаанд ва чизи баде нагуфтаанд. Аммо аз даҳони худат шуниданӣ ҳастем, ки дар бораи он мазҳаби динӣ чӣ фикр дорӣ. Зеро медонем, ки дар ҳама ҷо бар зидди он гап мезананд». Сипас, барои вохӯрӣ як рӯз таъйин карданд. Он рӯз дар хонаи Павлус мардуми хеле зиёд ҷамъ омад ва ӯ аз саҳар то бегоҳ ба онҳо дар бораи Подшоҳии Худо нақл кард. Ӯ аз шариати Мусову гуфтаҳои пайғамбарон дар бораи Исо далелҳо оварда, онҳоро бовар мекунонд. Ба суханонаш баъзе одамон имон оварданд, вале на ҳама. Яҳудиён бо ҳам норозӣ буданд ва Павлус пеш аз рафтанашон илова намуда гуфт: «Рӯҳулқудс ба воситаи пайғамбар Ишаъё ба падарони шумо дуруст гуфтааст, ки „Ба пеши ин халқ рафта, чунин гӯй: «бо гӯшҳоятон мешунавед, лекин намефаҳмед, бо чашмонатон мебинед, аммо дарк намекунед, зеро зеҳни шумо кунд ва гӯшҳоятон вазнин шудааст ва чашмонатонро пӯшидаед. Вагарна бо чашмонатон дида, бо гӯшҳоятон шунида ва бо ақлатон дарк карда метавонистеду ба Ман рӯй меовардед ва Ман шуморо шифо медодам»“. Бино бар ин, бидонед, ки наҷоти Худо ба ғайрияҳудиён фиристода шудааст ва онҳо гӯш хоҳанд кард». Ҳамин тавр Павлус ду соли пурра дар хонае, ки иҷора гирифта буд, зиндагӣ карда, ҳар одами ба пешаш меомадаро қабул мекард. Ӯ ба онҳо дар бораи Подшоҳии Худо гап мезад ва бо тамоми далерӣ дар бораи Худованд Исои Масеҳ бемалол таълим медод. Ман Павлус, ки хизматгори Исои Масеҳ ҳастам, ба шумо нома менависам. Худо маро даъват кардааст, ки фиристодаи Ӯ бошам ва маро интихоб намудааст, ки хушхабари Ӯро эълон кунам. Худо пештар ба воситаи пайғамбаронаш дар навиштаҷоти муқаддас ваъда дода буд, ки ин хушхабарро эълон мекунад. Ин хушхабар дар бораи Писари Ӯст, ки ҷисман аз насли шоҳ Довуд таваллуд ёфтааст ва ҳам дар бораи Писари Худост, ки Ӯ Исои Масеҳро ба воситаи Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худ аз мурдагон зинда кард. Инчунин Худо Ӯро бо қудраташ Писари Худо эълон кардааст. Ин Худовандамон Исои Масеҳ аст. Худо ба воситаи Ӯ ба мо файзу меҳрубонӣ бахшидааст, ки фиристода бошем. Мо бояд барои шуҳрат ёфтани номи Ӯ ба ҳамаи халқҳо хушхабарро эълон намоем, то ки онҳо имон оваранд ва ба Худо итоат кунанд. Шумо ҳам ба шумораи онҳое дохил мешавед, ки Худо барои аз они Исои Масеҳ шудан даъват намудааст. Ман ин номаро ба ҳамаи шумо – имондорони шаҳри Рум, менависам, ки Худо шуморо дӯст доштааст ва даъват намудааст, ки халқи поки Ӯ бошед. Ман аз ҷониби Падарамон Худо ва аз Худованд Исои Масеҳ ба шумо файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагӣ хоҳонам! Аввалан, Худоро ба воситаи Исои Масеҳ барои ҳамаи шумо шукргузорӣ менамоям, чунки имонатон дар тамоми ҷаҳон машҳур шудааст. Худое, ки ман бо тамоми ҳастиям барояш хизмат карда, дар бораи Писараш хушхабарро эълон менамоям, шоҳид аст, ки ман доимо шуморо дар дуоҳоям ёд мекунам. Ман аз Худо илтиҷо мекунам, ки агар хости Ӯ бошад, ба дидани шумо равам. Зеро ташнаи дидоратон ҳастам, то ки шумо ҳам атову баракатҳои рӯҳониро аз ман қабул намуда, устувор гардед. Мақсади ман ин аст, ки аз имони якдигарамон рӯҳан қувват гирем. Бародарону хоҳарон, мехоҳам, шумо ҳам донед, ки ман чандин бор ба назди шумо омаданӣ будам, вале ҳар вақт чизе монеа мешуду омада наметавонистам. Чунон ки дар байни дигар халқҳо хизмат карда, меваҳои рӯҳонӣ ба даст овардаам, хеле мехостам, ки дар байни шумо низ чунин кунам. Ман ӯҳдадор ҳастам, ки ба юнониёни пешрафта ва халқҳои бемаданият ва ба одамони босаводу бесавод хушхабарро эълон намоям. Ҳоло бошад, тайёрам, ки ба шумо – румиён, низ хушхабарро эълон намоям. Ман аз эълон кардани хушхабар шарм намедорам, чунки хушхабар – қувваи Худост барои наҷоти ҳар касе, ки ба он имон овард, яъне аввал яҳудиён ва баъд дигар халқҳо. Зеро хушхабар ошкор мекунад, ки Худо одамонро аз рӯйи имон ва танҳо имон росткор меҳисобад, чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Шахси росткор ба воситаи имон зиндагӣ мекунад». Аммо Худо ба он одамоне, ки ҳар хел гуноҳу бадкорӣ мекунанд ва ҳақиқатро бо бадкориҳояшон поймол менамоянд, ғазабашро аз осмон нишон медиҳад. Зеро онҳо ҳар чиро, ки дар бораи Худо маълум аст, медонанд, чунки Ӯ Худро ба онҳо маълум кардааст. Аз офариниши олам одамон ба воситаи аз назар гузарондани чизҳои офаридаи Худо сифатҳои нонамоёни Худоро фаҳмида метавонанд. Яъне қувваи абадӣ ва табиати илоҳии Худо ба онҳо маълум аст. Бино бар ин, одамон баҳонае надоранд. Онҳо Худоро шинохта, Ӯро чун Худо ситоиш накарданд ва шукр нагуфтанд. Ба ҷойи ин дар фикрҳои холию бемаънӣ ғӯтиданд ва дили бефаҳми онҳоро торикӣ фаро гирифт. Худро боақл ҳисобиданд, лекин беақл шуданд. Ба ҷойи он ки Худои бузургу ҷовидонро парастиш намоянд, онҳо ба бутҳое, ки шакли одами дурӯза ва паранда, чорпову хазанда доранд, саҷда карданд. Аз ин сабаб Худо онҳоро ба ҳавасҳои бади дилашон супорид ва онҳо ҷисми худро бо расвоии ҷинсӣ ҳаром сохтанд. Онҳо ҳақиқати Худоро ба дурӯғ иваз намуданд ва ба ҷойи он ки Худи Офаридгорро парастиш намоянд, ба чизҳои офаридаи Ӯ саҷдаву хизмат карданд. Танҳо Офаридгор то абад сазовори ситоиш аст! Омин! Бино бар ин, Худо онҳоро ба доми ҳавасҳои баду расвои худашон супорид: занҳояшон алоқаи ҷинсии табииро иваз карда, бо занҳо ҳамхоба шуданд. Ҳамчунон мардҳо алоқаи ҷинсии табииро бо занҳо рад карда, ҳаваси бо мардҳо ҳамхоба шудан карданд ва мард бо мард кори расвою шармовар кард. Аз ин сабаб онҳо мувофиқи корҳои расвояшон дар худ ҷазо гирифтанд. Азбаски онҳо бо ақлашон Худоро шинохтан нахостанд, Худо онҳоро гирифтори ақли расвояшон намуд, то ки корҳои шармовар кунанд. Онҳо аз ҳар хел бадкорӣ, хасисӣ, маккорӣ пур ҳастанд. Ҳасад мебаранду дигаронро мекушанд, ҷанг мекунанд, фиреб медиҳанду бадфеълӣ мекунанд. Ғайбатчию туҳматчиянд, Худоро бад мебинанд, озордиҳанда ва ҳавобаланду мағруранд. Ҳамеша ҷӯёи бадкориҳои нав ҳастанд ва ба волидайнашон итоат намекунанд. Бефаҳм, бевафо, бадкинаву бераҳманд. Онҳо медонанд, ки аз рӯйи фармонҳои одилонаи Худо одамоне, ки чунин рафтор мекунанд, сазовори марганд, вале на танҳо худашон чунин корҳоро мекунанд, балки мисли худашон гунаҳкоронро низ дастгирӣ менамоянд. Пас ту, эй инсон, агар дигаронро барои кори нодурусте, ки худат ҳам онро мекунӣ, айбдор намойӣ, ягон узре надорӣ. Зеро дигаронро айбдор намуда, ту худатро низ айбдор мекунӣ. Мо медонем, ки Худо касонеро, ки чунин корҳоро мекунанд, аз рӯйи адолат ҷазо медиҳад. Эй инсон, наход фикр кунӣ, ки дигаронро айбдор намуда, вале ба мисли онҳо рафтор карда, аз ҷазои Худо мегурезӣ? Оё ту меҳрубонӣ, раҳмдилӣ ва пурсабрии Худоро хор мешуморӣ? Магар намедонӣ, ки меҳрубонии Худо туро ба тавба кардан мебарад? Азбаски ту гарданшах ҳастию тавба кардан намехоҳӣ, ғазаби зиёдеро ҷамъ меоварӣ, ки дар Рӯзи ғазаби Худо ва ошкор шудани ҳукми одилонаи Ӯ бар сарат мерезад. Ӯ ба ҳама мувофиқи корҳояшон подош медиҳад. Худо ба онҳое, ки доим корҳои нек карда, дар ҷустуҷӯйи шуҳрату шаъну шараф ва ҳаёти ҷовидона буданд, ҳаёти абадӣ медиҳад. Аммо онҳое, ки худписанд ҳастанд ва на ба ҳақиқат, балки ба бадӣ итоат мекунанд, қаҳру ғазаби Худоро мебинанд. Ба сари ҳама одамоне, ки бадӣ мекунанд, аввал яҳудиён ва баъд халқҳои дигар азобу бало меояд. Вале ба онҳое, ки некӣ мекунанд, аввал яҳудиён ва баъд халқҳои дигар Худо шуҳрату шаъну шараф ва сулҳу осоиштагӣ медиҳад! Зеро Худо ба ҳама бо як чашм нигоҳ мекунад! Вақте ки ғайрияҳудиён гуноҳ карданд, ҳарчанд ки шариати Мусоро надоштанд, нобуд мешаванд. Вале онҳое, ки шариат дошта, гуноҳ карданд, аз рӯйи он ҳукм карда мешаванд. Зеро на шунавандагони шариат, балки онҳое, ки фармонҳои шариатро иҷро мекунанд, дар назари Худо сафед карда мешаванд. Ҳар вақте ки ғайрияҳудиёне, ки шариат надоранд, аз рӯйи виҷдонашон фармонҳои шариатро иҷро мекунанд, бо ин амалашон нишон медиҳанд, ки худашон барои худ шариат ҳастанд. Онҳо бо ин рафторашон нишон медиҳанд, ки фармонҳои шариат дар дилҳои онҳо навишта шудаанд. Виҷдону фикрҳояшон низ ба ҳамин шаҳодат медиҳанд, вақте ки ба онҳо: «Ин рафторат дуруст аст» ё баръакс: «Нодуруст рафтор карда истодаӣ!» мегӯянд. Мувофиқи хушхабаре, ки ман эълон мекунам, рӯзе меояд, ки Худо тамоми сирру корҳои пинҳонии одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ мекунад. Масалан, ту худро яҳудӣ меномӣ ва ба шариат такя намуда, аз шинохтани Худо фахр мекунӣ ва хости Худоро медонӣ. Азбаски шариатро омӯхтаӣ, ту дурустро аз нодуруст фарқ карда метавонӣ. Ту дилпур ҳастӣ, ки худат кӯронро роҳнамоӣ мекунӣ ва барои онҳое, ки дар торикӣ гумроҳ шудаанд, нур ҳастӣ. Худро устоди беақлон ва муаллими кӯдакон меҳисобӣ, чунки шариатеро медонӣ, ки пур аз донишу ҳақиқат аст. Пас, чаро ту дигаронро таълим дода, худатро таълим намедиҳӣ? Чаро ба дигарон таълим медиҳӣ, ки дуздӣ накунанд, лекин худат дуздӣ мекунӣ? Барои чӣ ба дигарон мегӯйӣ, ки зино накунанд, аммо худат зино мекунӣ? Чаро «Бутҳоро бад мебинам» мегӯйӣ, лекин чизҳои аз бутхонаҳо дуздидашударо истифода мебарӣ? Ту аз шариат фахр мекунӣ, лекин онро вайрон намуда, ба Худо беҳурматӣ мекунӣ. Чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Ба сабаби шумо номи Худо дар байни ғайрияҳудиён дашном дода мешавад». Зеро вақте ки ту фармонҳои шариатро иҷро мекунӣ, хатна, яъне дастҳалолкунӣ, фоида дорад. Вале агар ту шариатро риоя накунӣ, гӯё хатнанашуда ҳастӣ. Агар шахси хатнанашуда фармонҳои шариатро иҷро намояд, наход Худо вайро хатнашуда ҳисоб накунад? Аз ин сабаб шахси хатнанашудае, ки шариатро риоя менамояд, туро айбдор мекунад, чунки ту шариатро дорӣ ва хатна шудаӣ, лекин шариатро иҷро намекунӣ. Шахс на аз рӯйи намуди зоҳирӣ яҳудӣ ҳисоб мешавад ва хатна ҳам чизи зоҳирӣ ва ҷисмонӣ нест. Яҳудии ҳақиқӣ ҳамонест, ки ботинан пок аст ва хатнаи ҳақиқӣ на иҷрои шариати навишташуда, балки ба воситаи Рӯҳулқудс дигаргун шудани дил аст. Чунин шахсро на одамон, балки Худо таъриф мекунад. Пас, оё яҳудиён ягон бартарӣ доранд? Ё хатна ягон фоидае дорад? Ҳа! Онҳо ҳаматарафа бартарӣ доранд! Аввалан Худо каломашро ба яҳудиён додааст. Вале, агар касе аз онҳо ба Худо бевафоӣ карда бошад, магар ин бевафоии онҳо вафодории Худоро бекор мекунад? Албатта, не! Ҳатто агар ҳамаи одамон дурӯғгӯ бошанд ҳам, Худо ростгӯ аст, чунон ки дар навиштаҷот дар бораи Худо гуфта шудааст: «Ҳамаи суханҳоят рост мебароянд ва агар ба ҳукм дучор шавӣ, сафед хоҳӣ шуд». Мехоҳам, аз нуқтаи назари одамӣ савол диҳам. Фарз кардем, бадкории мо росткории Худоро боз ҳам аёнтар мекунад. Пас чӣ гӯем, вақте ки Худо моро гирифтори ғазаби Худ менамояд, беадолатӣ мекунад? Албатта, не! Агар Худо, дар ҳақиқат, беадолат мебуд, чӣ тарз Ӯ дунёро доварӣ карда метавонист? Вале, агар ба воситаи дурӯғи ман ҳақиқати Худо боз ҳам зиёдтар гардад ва ҳамин тавр шаъну шарафи Худо бузургтар шавад, пас, оё маро ҳамчун гунаҳкор доварӣ кардан мумкин аст? Баъзеи туҳматчиён моро айбдор карда мегӯянд, ки гӯё чунин таълим медода бошем: «Барои пайдо шудани некӣ, мо бояд бадӣ кунем». Чунин туҳматгарон сазовори ҷазоянд! Инак, боз мепурсам, оё ҳолати мо – яҳудиён, аз дигарон беҳтар аст? Не! Ман аллакай нишон додам, ки ҳам яҳудиён ва ҳам дигар халқҳо зери қудрати гуноҳ ҳастанд, чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Ягон росткоре нест, ҳатто як кас ҳам нест! Касе нест, ки сарфаҳм равад ва касе Худоро намеҷӯяд! Ҳама аз Худо рӯй гардондаанд, ҳама нобакор шудаанд! Ягон нафари некукор нест, ҳатто як кас ҳам нест! Гулӯи онҳо қабри кушода аст, забонашон фиреб медиҳад ва лабҳояшон заҳри мор доранд! Даҳонашон пур аз лаънату суханони талх аст. Пойҳояшон барои рехтани хуни дигарон зуд медаванд. Ҳар ҷое раванд, вайронию бадбахтӣ меоваранд, ва роҳи сулҳу оштиро онҳо намедонанд. Онҳо аз Худо тамоман наметарсанд». Акнун мо медонем, ҳар он чизе, ки шариат мегӯяд, барои одамонест, ки зери қудрати шариат ҳастанд. Мақсади шариат ин аст, ки касе даҳон кушода натавонад ва тамоми дунё дар пеши Худо ҷавоб диҳад! Зеро бо иҷрои шариат ягон одам дар пеши Худо сафед шуда наметавонад! Одам ба воситаи шариат фақат чӣ будани гуноҳро фаҳмида метавонаду халос! Вале акнун росткории Худо, чунон ки дар Тавроту навиштаҳои пайғамбарон нишон дода шудааст, берун аз шариат ошкор шудааст. Росткории Худо ба ҳамаи имондорон ба воситаи имон ба Исои Масеҳ дода мешавад, чунки дар байни одамон фарқе нест. Зеро ҳама гуноҳ кардаанд ва аз нури шукӯҳу бузургии Худо маҳрум шудаанд. Ҳамчунин Худо мо – имондоронро аз рӯйи файзу меҳрубониаш ройгон росткор эълон мекунад. Ӯ моро ба воситаи Исои Масеҳ аз ҷазои гуноҳҳоямон озод кардааст. Худо ба воситаи қурбоншавии Исои Масеҳ ва рехтани хуни Ӯ бахшидани гуноҳҳоро нишон дод. Ин бахшиши гуноҳҳо ба воситаи имон ба даст оварда мешавад. Ӯ гуноҳҳои пештараи одамонро ба назар нагирифт, то ки ба воситаи Исои Масеҳ росткории Худашро нишон диҳад. Дар он замонҳо Худо пуртоқатиашро ба онҳо маълум гардонд, то ки ҳоло росткориашро нишон диҳад. Пас, мебинем, ки росткор аст ва сафедкунандаи ҳамаи онҳоест, ки ба Исо бовар мекунанд. Пас, оё мо фахр карда метавонем, ки ба воситаи амаламон писанди Худо гаштаем? Не! Зеро сафедшавии мо на аз рӯйи иҷро кардани фармонҳои шариат, балки ба воситаи имон омадааст! Зеро мо медонем, ки одам бе иҷрои фармонҳои шариат бо имон росткор ҳисобида мешавад. Оё Худо танҳо Худои яҳудиён аст ё Ӯ Худои ғайрияҳудиён низ аст? Албатта, ҳаст! Азбаски Худо ягона аст, Ӯ шахси хатнашуда ва ҳам хатнанашударо аз рӯйи имон росткор меҳисобад. Оё аз ин бармеояд, ки мо бо имони худ шариатро бекор месозем? Албатта, не! Баръакс, мо бо имони худ фармонҳои шариатро иҷро менамоем! Пас дар бораи Иброҳим, ки ҷисман падари мо – яҳудиён аст, чӣ бигӯем? Ӯ чӣ ба даст овард? Агар Иброҳим барои корҳои некаш росткор ҳисобида шуда бошад, ӯ метавонад бо корҳояш фахр кунад, лекин на дар пеши Худо. Зеро дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст: «Иброҳим ба Худо бовар кард ва барои ҳамин Худо ӯро беайб ҳисоб намуд». Вале музди меҳнаткаш барояш туҳфа нест, балки ҳаққи ӯст, ки бояд ба ӯ дода шавад. Аммо, агар одам на ба корҳои худ, балки ба Худое, ки бадкорро сафед мекунад, имон дошта бошад, пас имони чунин одам росткорӣ ҳисоб мешавад. Довуд айнан ҳамин ҳолатро мегӯяд, вақте шахсеро, ки Худо сарфи назар аз корҳояш росткор меҳисобад, хушбахт меномад: «Хушбахтанд шахсоне, ки ҷиноятҳояшон бахшида шудаанд ва гуноҳҳояшон рӯпӯш шудаанд. Ва хушбахт аст шахсе, ки Худованд гуноҳҳояшро ҳеҷ гоҳ ба ҳисоб намегирад». Оё ин хушбахтӣ танҳо ба хатнашудагон, яъне дастҳалолшудагон дахл дорад ё ба халқҳои хатнанашуда ҳам? Мо мегӯем, ки Худо имони Иброҳимро росткорӣ ҳисобид. Кай имонаш росткорӣ ҳисобида шуд? Пеш аз он ки хатна карда шуд ё баъд аз он? Пеш аз он ки Иброҳим хатна карда шуд. Иброҳим пеш аз хатна шуданаш, аз рӯйи имонаш росткор ҳисобида шуда буд. Хатна ҳамчун аломат танҳо росткор будани ӯро тасдиқ кардааст. Барои ҳамин Иброҳим падари ҳамаи онҳоест, ки хатна нашудаанду имон овардаанд. Худо имони онҳоро ҳамчун росткорӣ ҳисобид. Инчунин Иброҳим падари ҳамаи хатнашудагон низ шуд, ки на танҳо хатна шудаанд, балки ҳам ба имони пеш аз хатна доштаи Иброҳим низ пайравӣ мекунанд. Худо ба Иброҳим ва фарзандонаш ваъда дод, ки ҷаҳон чун мерос аз они онҳо мешавад. Лекин Худо ин ваъдаро ба хотири шариат, яъне қонуни Худо, надод, балки ба хотири росткорие, ки аз рӯйи имон пайдо мешавад. Агар ваъдаи Худо ба иҷрокунандагони шариат дахл медошт, имон бефоида ва ваъда бемаънӣ мешуд. Зеро шикастани шариат Худоро ба ғазаб меорад, лекин, дар ҷое ки шариат нест, онро ҳеҷ кас вайрон намекунад. Аз ин рӯ ваъда ба онҳое дода мешавад, ки имон доранд. Худо ваъдаро аз рӯйи файзу меҳрубониаш медиҳад. Ваъдаи Худо ба ҳамаи фарзандони Иброҳим ҳатман дода мешавад, на танҳо ба онҳое, ки ба шариат итоат мекунанд, балки ҳам ба онҳое, ки имонашон монанди имони Иброҳим аст. Иброҳим падари ҳамаи мост, чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Ман туро падари халқҳои зиёд мегардонам». Иброҳим, ки ба Худо бовар кардааст, дар пеши Худо падари ҳамаи мо шуд. Ӯ ба Худое бовар кардааст, ки мурдагонро зинда мекунад ва аз чизҳои нобуда чизҳои нав меофарад. Вақте ки ҳеҷ умеди фарзанд доштан набуд, Иброҳим бо умед ба Худо бовар кард. Аз ин рӯ Иброҳим падари халқҳои зиёд шуд, чунон ки дар навиштаҷот гуфта шудааст: «Насли ту низ ҳамин хел бешумор хоҳад шуд». Ҳарчанд Иброҳим мефаҳмид, ки бадани садсолаи ӯ қариб ба мурдан расида буд ва занаш Соро аз синни таваллуд кардан кайҳо гузаштааст, имонаш суст нашуд. Иброҳим шубҳа накарда ба ваъдаи Худо бовар намуд ва дар имон устувор шуда, Худоро ситоиш кард. Ӯ боварии комил дошт, ки Худо он чиро, ки ваъда додааст, иҷро карда метавонад. Барои ҳамин Худо Иброҳимро барои имонаш росткор ҳисобид. Аммо ин сухани навиштаҷот, ки Иброҳим росткор ҳисобида шуд, на танҳо ба ӯ дахл дорад, он сухан ба мо низ дахл дорад. Мо ҳам аз рӯйи имон росткор ҳисобида мешавем, чунки ба Худое имон дорем, ки Худовандамон Исои Масеҳро аз мурдагон зинда кард. Исои Масеҳ барои гуноҳҳои мо ба марг супорида шуд ва барои сафед кардани мо зинда шуд. Бинобар ин, азбаски мо аз рӯйи имон сафед шудаем, мо ба воситаи Худовандамон Исои Масеҳ бо Худо сулҳу оштӣ дорем. Инчунин мо ба воситаи Масеҳ аз рӯйи имон ба файзу меҳрубонии Худо роҳ ёфтаем ва акнун дар он истодаем. Ҳамчунин мо бо умед фахр мекунем, ки дар ҷалолу бузургии Худо иштирок хоҳем кард. Зиёда аз ин, мо бо азобу уқубатҳои худ низ фахр мекунем, зеро медонем, ки азобҳо сабру тоқатро ба вуҷуд меоранд. Сабру тоқат моро ботаҷриба мекунад ва аз таҷриба умед пайдо мешавад. Умед бошад, моро шарманда намекунад, чунки Худо ба воситаи Рӯҳулқудси ба мо додааш дилҳои моро аз муҳаббаташ лабрез намудааст. Зеро, вақте ки мо ҳанӯз сусту нотавон будем, Масеҳ дар вақти муайян барои мо – бадкорон мурд. Одатан ягон кас ҳатто барои шахси росткор ҷонашро фидо намекунад, ҳарчанд мумкин шахсе ёфт шавад, ки худашро барои одами нек қурбон кунад. Аммо Худо муҳаббати Худро ба мо бо он исбот менамояд, ки ҳанӯз дар вақти гунаҳкор буданамон Масеҳ барои мо мурд. Ҳоло бошад, азбаски мо бо хуни Масеҳ сафед шудаем, Худо, албатта, моро аз ғазаби ояндаи Худ наҷот медиҳад. Агар дар вақти душмани Худо буданамон ба воситаи марги Писараш бо Ӯ оштӣ шуда бошем, ҳоло ки дӯстони Худо ҳастем, албатта ба воситаи ҳаёти Масеҳ наҷот меёбем. Зиёда аз он, мо ба воситаи Худовандамон Исои Масеҳ, ки моро бо Худо оштӣ дод, бо Худо фахр мекунем. Вақте ки Одам гуноҳ кард, гуноҳ ба ҷаҳон ворид шуд ва ҳамроҳаш маргро овард. Ҳамин тавр марг ба сари ҳамаи одамон омад, чунки ҳама гуноҳ карданд. Ҳатто пеш аз он ки Худо шариаташро дод, дар ҷаҳон гуноҳ буд. Лекин дар ҷое, ки шариат нест, гуноҳ ба назар гирифта намешавад. Бо вуҷуди ин аз замони Одам то замони Мусо бар ҳамаи одамон ва ҳатто бар онҳое, ки гуноҳе ба монанди гуноҳи Одам накарда буданд, марг ҳукмронӣ мекард. Одами аввалин рамзи Масеҳ буд, ки бояд меомад. Лекин туҳфаи файзу меҳрубонии Худо аз гуноҳи Одам фарқ мекунад. Зеро, агар ба воситаи гуноҳи як одам ин қадар одамони зиёд мурда бошанд, пас файзу меҳрубонии Худо ба воситаи туҳфаи файзу меҳрубонии як одам, яъне Исои Масеҳ, ба одамони аз он ҳам зиёдтар дода шуд. Инчунин баробар кардани туҳфаи файзи Худо бо гуноҳи як одам дуруст нест, чунки оқибати гуноҳи Одам ҷазо буд, вале туҳфаи Худо моро аз гуноҳҳои зиёд сафед кард. Зеро ба воситаи гуноҳи як одам, марг ба ҳамаи одамон ҳукмрон шуд. Пас чӣ қадар бештар натиҷаи кори як одам, яъне Исои Масеҳ, бузургтар аст! Ҳамаи онҳое, ки файзу меҳрубонии бузурги Худо ва туҳфаи сафедшавиро қабул карданд, ба воситаи Исои Масеҳ дар ҳаёт ҳукмронӣ хоҳанд кард. Бинобар ин, чунон ки гуноҳи як одам ҳамаро ба ҷазо дучор кардааст, ҳамон тавр як амали росткоронаи Масеҳ ҳамаро сафед мекунад ва ҳаёт мебахшад. Чунон ки ба воситаи беитоатии як одам бисёр касон гунаҳкор шудаанд, ҳамон тавр ба воситаи итоати як одам бисёр касон росткор мешаванд. Шариати Худо барои он дода шуд, ки гуноҳи одамон зиёдтару боқувваттар гардад. Аммо бо зиёд шудани гуноҳ файзу меҳрубонии Худо ҳам бениҳоят боқувваттар шуд. Пас, чунон ки гуноҳ ҳукмрон шуда, маргро овардааст, ҳамон тавр низ файзу меҳрубонии Худо ҳукмрон шудааст. Файзу меҳрубонии Худо ба воситаи Исои Масеҳ моро сафед менамояд, то ки мо ҳаёти абадӣ ба даст оварем. Пас чӣ гӯем? Оё мисли пештара гунаҳкорона зиндагӣ карданро давом диҳем, то ки файзу меҳрубонии Худо зиёд гардад? Албатта, не! Мо ки нисбат ба гуноҳ мурдаем, чӣ тавр метавонем, гунаҳкорона зиндагӣ карданро давом диҳем? Магар шумо намедонед, ки ҳамаи мо ҳангоми таъмид бо Исои Масеҳ пайваст шудаем ва дар маргаш ба Ӯ ҳамроҳ шудаем. Барои ҳамин ҳангоми таъмид гирифтан мо бо Масеҳ гӯронида шудаем, то ҳамон тавре ки Масеҳ ба воситаи бузургии Худо Падар аз мурдагон зинда шудааст, мо низ зиндагии нав дошта бошем. Зеро агар мо дар марги Исо бо Ӯ пайваст шуда бошем, пас ба монанди Ӯ зинда мешавем. Мо медонем, ки шахсияти гунаҳкори пештараамон бо Масеҳ ба салиб мехкӯб шудааст, то ки гуноҳ дар ҳаётамон ҳукмронӣ накунад ва мо дигар ғуломони гуноҳ набошем. Зеро шахсе, ки мурдааст, аз гуноҳ озод шудааст. Мо бовар мекунем, ки агар ҳамроҳи Масеҳ мурда бошем, пас ҳамроҳи Ӯ низ зиндагӣ мекунем. Мо медонем, ки Масеҳ дигар намемирад, чунки Ӯ аз мурдагон бархест ва марг дигар бар Ӯ қудрате надорад. Вақте ки Масеҳ мурд, Ӯ як бор ва барои ҳамеша нисбат ба гуноҳ мурд. Лекин ҳоло Ӯ зинда шуда, барои Худо зиндагӣ мекунад. Ҳамчунин шумо низ худро нисбат ба гуноҳ мурда ҳисоб кунед, вале дар пайвастагӣ бо Исои Масеҳ худро барои Худо зинда шуморед. Аз ин рӯ ба гуноҳ роҳ надиҳед, ки дар баданҳои шумо ҳукмронӣ кунад. Шумо набояд ба ҳавасҳои бади гуноҳ итоат кунед. Ягон узви бадани худро чун асбоби бадкирдорӣ ба гуноҳ насупоред. Ба ҷойи ин, ҳамчун одамони аз мурдагон зиндашуда, худро ба Худо бидиҳед ва тамоми узвҳои баданатонро ҳамчун асбоби росткорӣ ба Худо бубахшед. Гуноҳ дигар бар шумо ҳукмронӣ намекунад, чунки шумо на дар зери ҳукмронии шариат, балки дар зери ҳукмронии файзу меҳрубонии Худо ҳастед. Пас чӣ кор кунем? Агар мо на дар зери ҳукмронии шариат, балки дар зери ҳукмронии файзу меҳрубонии Худо бошем, оё гуноҳ карданро давом диҳем?! Ҳеҷ гоҳ! Магар шумо намедонед, ки ҳамон чизе, ки ба он итоат карданро интихоб кардед, ғуломи ҳамон чиз мешавед?! Ҳамчунин, оё намедонед, ки шумо ё ғуломи гуноҳ ҳастед, ки ба марг мебарад, ё ғуломи итоате, ки ба зиндагии росткорона ҳидоят мекунад? Лекин Худоро шукр, ки агарчи шумо дар гузашта ғуломони гуноҳ будед, акнун аз сидқи дил қарор додед, ки таълимоти ёдгирифтаро иҷро намоед. Инчунин шумо аз ғуломии гуноҳ озод шудед ва ғуломони росткорӣ гаштед. Ман ба хотири сустии инсонии шумо мисоли одиро истифода мебарам. Шумо пештар узвҳои баданатонро ба ғуломии нопокӣ ва қонуншиканӣ барои бадкорӣ бахшида будед. Акнун ҳамон тавр низ барои пок шуданатон худро ғуломи росткорӣ созед. Вақте ки ғуломи гуноҳ будед, шумо маҷбур набудед, ки ба росткорӣ итоат кунед. Пас шумо аз чунин зиндагӣ чӣ фоида ба даст овардаед? Шумо акнун аз он корҳое, ки пеш мекардед, шарм медоред, чунки оқибаташон марг аст. Ҳоло бошад, шумо аз гуноҳ озод шудаед ва ғуломи Худо гашта, покиро ба даст меоваред ва дар натиҷа соҳиби ҳаёти абадӣ мешавед. Зеро оқибати гуноҳ марг аст, лекин туҳфаи Худо – ҳаёти абадӣ аст, ки ба воситаи Худовандамон Исои Масеҳ дода мешавад. Акнун, эй бародарону хоҳарон, ман ба шумо ҳамчун ба донандагони шариат муроҷиат мекунам. Магар шумо намедонед, ки шариат танҳо ҳангоми зинда будани одам бар вай ҳукмрон аст? Масалан, зан то дами зинда будани шавҳараш аз рӯйи фармони шариат бо ӯ баста шудааст. Лекин, агар шавҳараш вафот кунад, зан аз ин фармони шариат озод мешавад. Ҳамин тавр, агар зан ҳангоми зинда будани шавҳари худ шавҳари дигар кунад, зино мекунад. Вале агар шавҳараш вафот намояд ва баъд зан шавҳари дигар кунад, зинокор ҳисоб намеёбад. Барои ҳамин шумо ҳам, эй бародарону хоҳарон, нисбат ба шариат ба воситаи марги Масеҳ мурдаед, то ки ба Шахси Дигаре пайваст шавед, ки аз мурдагон зинда шуд. Аз ин рӯ, мо метавонем барои Худо самар биорем. Вақте ки мо ба табиати гунаҳкори худ итоат намуда зиндагӣ мекардем, шариат дар мо ҳавасҳои пургуноҳро ба вуҷуд меовард. Ин ҳавасҳои бад дар баданҳоямон амал намуда, моро ба марг мебурданд. Вале акнун мо аз шариат озод шудаем, чунки нисбат ба ҳар он чизе, ки моро баста, ғулом карда буд, мурдаем. Ҳоло бошад, мо на ба таври куҳна, яъне на аз рӯйи шариат, балки ба таври нав, яъне ба воситаи Рӯҳулқудс ба Худо хизмат мекунем. Аз ин суханҳоямон чӣ бармеояд? Магар иҷрои фармонҳои шариат гуноҳ аст? Албатта, не! Вале, агар шариат намебуд, ман ҳатто намедонистам, ки гуноҳ чист. Агар шариат намегуфт: «Моли шахси дигарро ҳавас накун», ман ҳатто чӣ будани чунин ҳаваси бадро ҳам намедонистам. Аммо гуноҳ ин фармонро истифода бурда дар ман ҳар хел ҳавасҳои бадро ба вуҷуд овард. Зеро гуноҳ берун аз шариат ҳеҷ қудрате надорад. Замоне буд, ки ман дар бораи шариат чизеро надониста зиндагӣ мекардам. Аммо, вақте ки ман дар бораи фармони шариат фаҳмидам, гуноҳ дар ман зинда шуд ва ман мурдам. Маълум шуд, ки ҳамон фармоне, ки бояд ҳаёт бахшад, ба ман марг овард. Зеро гуноҳ фармони шариатро истифода бурда маро фиреб дод ва ба воситаи он маро кушт. Аммо худи шариат поку муқаддас аст ва фармонҳояш низ муқаддасу хубу одилона ҳастанд. Пас, наход ки чизи хуб, яъне шариат, сабаби марги ман шуда бошад? Не! Маро гуноҳ кушт! Гуноҳ чизи хубро истифода бурда, маро кушт ва бо ин амалаш гуноҳ буданашро аён намуд. Ҳамин тавр ба воситаи фармони шариат ба мо маълум шуд, ки то чӣ андоза гуноҳ даҳшатнок будааст. Мо медонем, ки шариат рӯҳонӣ аст, лекин ман ҷисм ҳастам ва ба ғуломии гуноҳ фурӯхта шудаам. Ман рафтори худро намефаҳмам. Кореро, ки кардан мехоҳам, намекунам ва ба ҷойи ин кореро мекунам, ки бад мебинам. Пас, агар кореро кунам, ки онро кардан намехоҳам, ин нишон медиҳад, ки ман бо хуб будани шариат розӣ ҳастам. Лекин дар асл на ман, балки гуноҳе, ки дар вуҷуди ман зиндагӣ мекунад, амал менамояд. Ман медонам, ки дар вуҷудам, яъне дар табиати гунаҳкорам, ягон чизи хуб нест. Хоҳиши кардани кори нек ҳаст, аммо карда наметавонам. Кори некеро, ки кардан мехоҳам, намекунам, лекин кори бадеро, ки кардан намехоҳам, мекунам. Агар кореро кунам, ки кардан намехоҳам, пас, на ман, балки гуноҳе, ки дар вуҷудам зиндагӣ мекунад, он кори бадро иҷро менамояд. Ниҳоят ман чунин қоидаро фаҳмидам: Ҳар вақте ки некӣ кардан мехоҳам, аз дастам фақат бадӣ меояд. Дар дилам аз шариати Худо шоду хурсанд ҳастам. Аммо дар баданам дигар қоида амал мекунад, ки зидди ақли ман меҷангад ва маро ғуломи гуноҳе месозад, ки дар узвҳоям амал мекунад. Вой бар ҳоли мани бечора! Кӣ маро аз ин бадани гунаҳкорам, ки маро ба марг мебарад, халос мекунад? Худоро шукр, ки Ӯ маро ба воситаи Худовандамон Исои Масеҳ халос кардааст! Хулоса, ман бо ақлам ғуломи шариати Худо ҳастам, вале бо табиати гунаҳкорам ғуломи гуноҳам. Пас акнун онҳое, ки дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ ҳастанд, ҳеҷ гуна маҳкум карда намешаванд. Зеро қонуни Рӯҳи Худо, ки дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ ҳаёт мебахшад, маро аз қонуни гуноҳ ва марг халос кардааст. Шариат ба сабаби сустии табиати гунаҳкорамон моро халос карда натавонист. Худо ин корро кард! Вай Писари Худро дар ҷисме фиристод, ки ба ҷисми гунаҳкори одам монанд буд, то ки Писараш ҷисми Худро барои гуноҳҳои мо қурбон карда, ҳукмронии гуноҳро вайрон созад. Худо моро халос кард, то ки фармонҳои одилонаи шариатро иҷро намоем. Мо шахсоне ҳастем, ки на аз рӯйи табиати гунаҳкори худ, балки бо Рӯҳи Худо зиндагӣ мекунем. Онҳое, ки мувофиқи хоҳишҳои табиати гунаҳкорашон зиндагӣ мекунанд, ҳамеша дар фикри чизҳои ҷисмонӣ ҳастанд. Вале касоне, ки мувофиқи хости Рӯҳи Худо зиндагӣ мекунанд, дар бораи хоҳишҳои Рӯҳи Худо фикр мекунанд. Натиҷаи фикрҳои табиати гунаҳкор марг аст, вале натиҷаи фикрҳои Рӯҳи Худо ҳаёту оромӣ аст. Зеро фикрҳои табиати гунаҳкори одам душманӣ бо Худо аст, чунки ба шариати Худо итоат намекунанд ва дар асл ҳеҷ гоҳ итоат карда наметавонанд. Барои ҳамин онҳое, ки дар зери ҳукмронии табиати гунаҳкор ҳастанд, ҳеҷ гоҳ ба Худо писанд омада наметавонанд. Лекин шумо, агар Рӯҳи Худо дар вуҷудатон сокин бошад, дар зери ҳукмронии табиати гунаҳкор нестед, балки дар зери ҳукмронии Рӯҳи Худо ҳастед. Аммо касе, ки дар вуҷудаш Рӯҳи Масеҳ надорад, аз они Масеҳ нест. Вале, агар Масеҳ дар вуҷудатон сокин бошад, Рӯҳи Худо ба хотири сафед шуданатон ба шумо ҳаёт мебахшад, ҳарчанд баданатон ба сабаби гуноҳ миранда аст. Рӯҳи Худое, ки Исоро аз мурдагон зинда кардааст, дар шумо сокин аст. Агар ҳамон Рӯҳи Худо дар вуҷуди шумо сокин бошад, пас Ӯ, ки Исои Масеҳро аз мурдагон зинда кардааст, баданҳои мирандаи шуморо ҳам зинда мекунад. Бинобар ин, эй бародарону хоҳарон, мо аз табиати гунаҳкори худ қарздор нестем, ки мувофиқи хоҳишҳои он зиндагӣ кунем. Зеро, агар шумо мувофиқи хоҳишҳои табиати гунаҳкори худ зиндагӣ кунед, мемуред. Вале, агар ба воситаи Рӯҳи Худо корҳои пургуноҳи ҷисмро нобуд созед, зинда мемонед. Зеро касоне, ки ба воситаи Рӯҳи Худо роҳнамоӣ карда мешаванд, фарзандони Худо ҳастанд. Худо ба шумо рӯҳи ғуломӣ надодааст, то ки боз дар тарс зиндагӣ кунед, балки Рӯҳи Худашро додааст, то ки шумо фарзандони Худо шавед. Мо ба воситаи ин Рӯҳ ба Худо «Эй Або, эй Падарҷонам!» гуфта муроҷиат мекунем. Рӯҳи Худо ба рӯҳи худамон шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем. Аз ин рӯ, агар мо фарзандони Худо бошем, мо меросхӯрони Ӯ ҳастем ва ҳамроҳи Масеҳ баракатҳои Худоро мерос мегирем. Зеро агар мо ҳамроҳи Масеҳ азоб кашем, дар шуҳрату бузургиаш низ ҳамроҳ мешавем. Ба назари ман, он азобҳое, ки мо ҳозир мекашем, дар муқоиса ба он шуҳрату бузургие, ки дар оянда ба мо ошкор мешавад, ҳеҷанд. Зеро тамоми офариниш беҳад интизори он аст, ки Худо кӣ будани фарзандонашро ошкор кунад. Тамоми офариниш на бо хоҳиши худ, балки бо хости Худо лаънатзада шуд. Вале офариниш умед мекунад, ки худи он аз ғуломии нобудшавӣ халос шуда, дар озодию бузургии фарзандони Худо ҳамроҳ мешавад. Мо медонем, ки тамоми офариниш то ҳол меноладу чун зан ҳангоми таваллудкунӣ азоб мекашад. На танҳо офариниш, балки мо – имондорон низ, ки Рӯҳулқудсро ҳамчун ҳосили аввалин қабул кардаем, дарунакӣ оҳу нола мекунем. Мо беҳад интизори он ҳастем, ки Худо моро ҳамчун фарзандони Худ қабул менамояд ва тамоми баданамонро озод мекунад. Зеро мо бо чунин умед наҷот ёфтаем. Лекин, агар чизеро, ки ба он умедвор будем, аллакай ба даст оварда бошем, дигар ба он умед нест. Кӣ ба он чизе, ки аллакай ба даст оварда шудааст, умед мебандад? Аммо, агар ба чизе умед бандем, ки ҳоло ба даст наовардаем, бояд онро бо сабру тоқат интизор шавем. Инчунин Рӯҳулқудс дар сустиҳоямон ба мо ёрӣ медиҳад, чунки мо намедонем, ки дар бораи чӣ дуо кунем. Худи Рӯҳулқудс бо оҳу нолаҳояш, ки бо сухан баён карданашон ғайриимкон аст, барои мо илтимос мекунад ва моро тарафгирӣ менамояд. Худо, ки дилҳои моро месанҷад, медонад, ки Рӯҳулқудс дар бораи чӣ илтимос мекунад, чунки илтимосҳои Рӯҳулқудс мувофиқи хости Худост. Ҳамчунин мо медонем, ки Худо барои ҳамаи онҳое, ки Ӯро дӯст медоранду аз рӯйи хости Ӯ даъват шудаанд, оқибати ҳама чизро ба хайр мегардонад. Зеро ин ҳамон одамоне ҳастанд, ки Худо пешакӣ донистааст. Худо онҳоро пешакӣ муайян карда буд, ки онҳо ба Писари Ӯ монанд бошанд, то ки Писараш дар байни бародарони зиёд аввалин бошад. Худо ҳамон одамонеро, ки пешакӣ муайян карда буд, даъват кардааст, сипас даъватшудагонро росткор ҳисобидааст ва ба росткор ҳисобшудагон шуҳрату бузургиашро додааст. Пас ба ҳамаи ин чизҳо чӣ бигӯем? Агар Худо тарафдори мо бошад, кӣ бар зидди мо баромада метавонад? Ҳамон Худое, ки Писарашро дареғ надошта, Ӯро барои ҳамаи мо фидо кардааст, магар ҳамроҳи Масеҳ ба мо тамоми чизи дигарро бо саховатмандӣ намебахшад? Кӣ интихобшудагони Худоро айбдор карда метавонад? Ҳеҷ кас! Зеро Худо интихобшудагонро сафед мекунад. Кӣ онҳоро ҳукм карда метавонад? Ҳеҷ кас! Зеро Исои Масеҳ моро тарафгирӣ мекунад. Ӯ ҳамонест, ки мурд, вале зиёда аз он зинда шуд ва ҳоло аз дасти рости Худо нишастааст. Оё касе ё чизе ба монанди гуруснагиву бараҳнагӣ, ё ягон азобу уқубат, ё хатару пайгирӣ ва ё шамшер моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо карда метавонад? Чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Ба хотири Ту мо тамоми рӯз бо хатари марг рӯ ба рӯ мешавем ва моро чун гӯсфандони ба куштан бурдаистода меҳисобанд». Вале мо бар ҳамаи ин чизҳо ба воситаи Ӯ, ки моро дӯст доштааст, комилан ғолиб меоем. Зеро ман боварии комил дорам, ки на марг, на зиндагӣ, на фариштагон, на қудратмандони осмонӣ, на замони ҳозираву оянда, на қувваҳо, на осмону замин ва на ягон мавҷудот моро аз муҳаббате, ки Худо дар Худовандамон Исои Масеҳ ба мо нишон додааст, ҷудо карда наметавонад. Масеҳ шоҳид аст, ки ман рост мегӯям. Виҷдони ман ҳам, ки онро Рӯҳулқудс идора мекунад, шаҳодат медиҳад, ки дурӯғ намегӯям. Дилам пур аз ғаму андӯҳ аст ва дарду сӯзи он ҳеҷ намегузарад! Дилам барои халқам – яҳудиён месӯзад. Орзу мекардам, ки агар мумкин бошад, ба хотири наҷот ёфтани ҳамин бародарони худ, ки хешовандони ман ҳастанд, лаънатхонда ва аз Масеҳ – Таъйиншудаи Худо ҷудо шавам. Онҳо ҳамон исроилиёне ҳастанд, ки Худо фарзандони Худ хондааст. Ӯ ба онҳо шукӯҳу бузургиашро нишон додааст ва чанд маротиба бо онҳо аҳду паймон бастааст ва ба онҳо шариату фармонҳояшро додааст. Худо онҳоро даъват кардааст, ки Ӯро дар ибодатгоҳаш парастиш намоянд ва ба онҳо ваъдаҳо додааст. Падарбузургон асосгузори халқи Исроил буданд ва дар байни онҳо Худи Масеҳ ба дунё омадааст, ки Худои тамоми олам мебошад ва то абад сазовори ситоиш аст. Омин! Вале ин маънои онро надорад, ки ваъдаи Худо иҷро нашудааст. Зеро на ҳамаи онҳое, ки аз халқи Исроил ба дунё омадаанд, исроилиёни ҳақиқӣ ҳисоб мешаванд. Инчунин на ҳамаи фарзандони Иброҳим насли ҳақиқии ӯ ҳастанд. Зеро Худо ба Иброҳим чунин гуфтааст: «Насле, ки ба ту ваъда кардаам, аз Исҳоқ мебарояд». Яъне на ҳамаи онҳое, ки ҷисман аз Иброҳим ба дунё омадаанд, фарзандони Худо ҳисоб мешаванд. Танҳо онҳое, ки аз рӯйи ваъдаи Худо таваллуд ёфтаанд, насли Иброҳим ҳисобида мешаванд. Зеро ваъдаи Худо ба Иброҳим чунин буд: «Ман дар вақти муайян боз меоям ва Соро писардор мешавад». Ин писар падарбузурги мо – Исҳоқ буд. Инчунин бо занаш Ривқо низ чунин ҳолат рӯй дода буд, вақте ки ӯ бо дугоник ҳомиладор шуд. Аммо пеш аз таваллуди писарон ва пеш аз он ки онҳо ягон кори нек ё бад кунанд, Худо ба Ривқо гуфт: «Калонӣ ба хурдӣ хизмат мекунад». Ин гуфтаи Худо нишон медиҳад, ки интихобаш на ба корҳои одам, балки ба даъвати Худи Ӯ вобаста аст. Чунон ки дар бораи ин навишта шудааст: «Ман Яъқубро дӯст доштам, вале Эсавро рад кардам». Аз ин сухани Худо чӣ бармеояд? Магар Худо беинсофӣ кардааст? Ҳаргиз не! Зеро Худо ба Мусо чунин гуфта буд: «Агар ба касе дилсӯзӣ кардан хоҳам, дилсӯзӣ мекунам ва ба ҳар касе, ки раҳм кардан хоҳам, раҳм мекунам». Бино бар ин, ҳама чиз на ба хоҳиш ва на ба кӯшиши одамон, балки ба Худои раҳиму меҳрубон вобаста аст. Дар навиштаҷот Худо ба фиръавн чунин мегӯяд: «Ман туро ба он хотир интихоб кардам, ки ба воситаи ту қудратамро нишон диҳам ва номам дар тамоми дунё машҳур шавад». Барои ҳамин Худо ба ҳар касе, ки хоҳад, раҳм мекунад ва ҳар киро, ки хоҳад, якрав мегардонад. Шояд ту аз ман пурсӣ: «Пас барои чӣ Худо моро айбдор мекунад? Магар касе зидди хости Худо чизе карда метавонад?» Аммо эй инсон, ту худат кистӣ, ки бо Худо баҳс мекунӣ? Оё кӯза ба кӯзагар гуфта метавонад: «Барои чӣ маро чунин сохтӣ?» Магар кӯзагар ҳақ надорад, ки аз як лой зарфе барои корҳои махсус ва зарфе барои корҳои одӣ созад? Магар Худо ҳақ надорад, ки ғазабу қувваташро нишон диҳад? Вале, агар Ӯ нисбат ба одамоне, ки дар зери ғазаби Ӯ буданд ва барои нобудшавӣ пешакӣ таъйин шуда буданд, сабру тоқати зиёд нишон дода бошад, чӣ гуфта метавонем? Инчунин магар Худо ҳақ надорад, ки фаровонии шукӯҳу ҷалолашро нишон диҳад? Ҳамин тавр Ӯ раҳмашро ба онҳое нишон додааст, ки Худаш барои он шукӯҳи ҷалол пешакӣ тайёр карда буд. Мо низ даъватшудагони Ӯ ҳастем, ки моро на танҳо аз байни яҳудиён, балки аз байни халқҳои дигар ҳам даъват кардааст. Чунон ки Худо дар китоби пайғамбар Ҳушаъ мегӯяд: «Онҳоеро, ки халқи Ман набуданд, халқи Худ мехонам ва онеро, ки дӯстдошта набуд, дӯстдошта меномам». Инчунин «Дар ҷое, ки гуфта шуда буд: „Шумо халқи Ман нестед“, онҳо дар ҳамон ҷой „фарзандони Худои зинда“ номида хоҳанд шуд». Пайғамбар Ишаъё низ дар бораи Исроил нидо мекунад: «Ҳатто агар исроилиён чун реги баҳр бешумор бошанд, танҳо шумораи ками онҳо наҷот хоҳанд ёфт. Зеро Худованд дар бораи ин замин ҳукми баровардаашро зуд ва пурра иҷро мекунад». Чунон ки пайғамбар Ишаъё пешгӯйӣ кардааст: «Агар Худованди пурқудрат барои мо насли камшуморе зинда намегузошт, мо чун сокинони Садум нест мешудем ва ба мисли аҳолии Амуро нобуд мегаштем». Пас чӣ гӯем? Халқҳое, ки ҳатто кӯшиши росткор шудан ҳам намекарданд, ба воситаи имон росткориро ба даст оварданд. Вале халқи Исроил кӯшиш мекард, ки ба воситаи иҷрои шариат росткор шавад, лекин муваффақ нашуд. Барои чӣ? Чунки исроилиён хостанд, ки на ба воситаи имон, балки ба воситаи кору амал росткориро ба даст оваранд. Онҳо ба «санги пешпо» бархӯрда афтоданд. Чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Инак, Ман дар кӯҳи Сион санге мегузорам, ки бар он одамон пешпо мехӯранд ва кӯҳпорае мегузорам, ки аз сабаби он меафтанд. Вале ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳеҷ гоҳ шарманда намешавад!» Эй бародарону хоҳарон, дар дил орзу дорам ва дар пеши Худо дуо мекунам, ки халқи Исроил наҷот ёбад. Ман шоҳиди он ҳастам, ки исроилиён дар дил нисбат ба Худо рашку ташнагӣ доранд, вале фаҳмишашон нодуруст аст. Онҳо росткориеро, ки Худо медиҳад, нафаҳмиданд. Инчунин ба росткории Худо итоат накарда, хостанд, ки ба воситаи иҷрои шариат росткор шаванд. Зеро Масеҳ анҷомдиҳандаи шариат аст ва акнун, ҳар кӣ ба Масеҳ имон оварад, росткор ҳисобида мешавад. Мусо дар бораи росткор шудан ба воситаи шариат чунин менависад: «Ҳар кӣ тамоми шариатро иҷро мекунад, бо он зинда мемонад». Аммо навиштаҷот дар бораи росткорие, ки ба воситаи имон дода мешавад, чунин мегӯяд: «Дар дили худ нагӯ: Кӣ ба осмон мебарояд?», то ки Масеҳро ба замин биёрад. Ё: «Кӣ ба олами мурдагон мефарояд?», то ки Масеҳро аз мурдагон зинда кунад. Аммо навиштаҷот чунин мегӯяд: «Каломи Худо ба ту наздик аст, он дар даҳон ва дар дили туст». Мо ана ҳамин каломи имонро эълон мекунем. Агар ту бо даҳонат эътироф намоӣ, ки Исо Худованд аст ва дар дилат имон оварӣ, ки Худо Исоро аз мурдагон зинда кардааст, наҷот меёбӣ. Зеро инсон дар дил имон оварда, росткор ҳисобида мешавад ва бо даҳон эътироф намуда, наҷот меёбад. Навиштаҷот чунин мегӯяд: «Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳеҷ гоҳ шарманда нахоҳад шуд». Ин ҳам ба яҳудиён ва ҳам ба халқҳои дигар якхел дахл дорад, чунки Худованд барои ҳама як аст. Худованд ба ҳамаи онҳое, ки ба Ӯ муроҷиат мекунанд, баракати фаровон медиҳад. Зеро, «ҳар касе ки номи Худовандро ба забон гирифта, фарёд кунад, наҷот хоҳад ёфт». Аммо чӣ тавр одамон, дар ҳоле ки ба Худованд имон наовардаанд, номи Ӯро ба забон гиранд? Чӣ тавр дар бораи Ӯ нашунида имон биёранд? Инчунин, агар касе ба онҳо хушхабарро эълон накунад, чӣ тавр мешунаванд? Ҳамчунин чӣ тавр касе, ки барои эълон кардани хушхабар фиристода нашуда бошад, хушхабарро эълон кунад? Чунон ки навишта шудааст: «Чӣ хел зебоянд пойҳои одамоне, ки хабари хушро эълон мекунанд». Аммо на ҳама хабари хушро қабул карданд. Зеро пайғамбар Ишаъё чунин мегӯяд: «Эй Худованд, кист, ки ба паёми мо бовар кардааст?» Бино бар ин, имон аз шунидан ба вуҷуд меояд, яъне аз шунидани хабари хуш дар бораи Масеҳ пайдо мешавад. Вале ман пурсидан мехоҳам, ки оё исроилиён хабари хушро нашунидаанд? Албатта шунидаанд! Зеро дар навиштаҷот чунин омадааст: «Овози эълонкунандагон дар тамоми олам паҳн шудааст ва суханони онҳо то ба канораҳои ҷаҳон расидаанд». Вале боз мепурсам, шояд халқи Исроил нафаҳмид? Лекин Худо ба воситаи Мусо ба исроилиён чунин мегӯяд: «Ман ба воситаи мардуме, ки ҳатто халқ ҳисоб намешаванд, шуморо ба рашк хоҳам овард ва бо халқи бефаҳм шуморо ба ғазаб хоҳам овард». Сипас, пайғамбар Ишаъё сухани Худоро далерона эълон мекунад: «Маро онҳое ёфтанд, ки Маро ҷустуҷӯ намекарданд. Ман Худро ба онҳое маълум кардам, ки дар бораи ин аз Ман хоҳиш накарда буданд». Аммо дар бораи халқи Исроил чунин мегӯяд: «Тамоми рӯз ба сӯйи ин мардуми беитоат ва якрав дастони Худро дароз кардам». Пас саволе ба миён меояд: Наход ки Худо халқи Худро рад карда бошад? Албатта, не! Худи ман ҳам исроилиам ва аз насли Иброҳим, аз қабилаи Бинёмин ҳастам. Худо халқашро, ки аз аввал интихоб карда буд, рад накардааст! Оё шумо намедонед, ки навиштаҷот дар бораи пайғамбар Илёс чӣ мегӯяд? Чӣ тарз ӯ дар пеши Худо аз исроилиён шикоят карда мегӯяд: «Худовандо, онҳо пайғамбаронатро куштанд ва қурбонгоҳҳои Туро вайрон карданд. Танҳо ман мондаам ва маро ҳам куштан мехоҳанд». Лекин Худо ба вай чӣ ҷавоб дод? «Ман барои Худ ҳафт ҳазор одамро, ки ба бути Баал саҷда накардаанд, нигоҳ доштаам». Инчунин дар замони ҳозира ҳам шумораи ками исроилиёни вафодор боқӣ мондааст, ки Худо онҳоро аз рӯйи файзу меҳрубониаш интихоб кардааст. Агар аз рӯйи файзу меҳрубонӣ интихоб шуда бошанд, пас на аз рӯйи кору амалашон интихоб шудаанд, вагарна файз дигар файз намебуд. Аз ин чӣ бармеояд? Он чиро, ки халқи Исроил меҷуст, наёфт. Танҳо исроилиёни интихобшуда ба даст оварданд, лекин исроилиёни боқимонда гарданшах шуданд. Чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Худо ба онҳо рӯҳи хоболудӣ, чашми нобинову гӯши ношунаво дод, ки то имрӯз дар ҳамин ҳолат бимонанд». Инчунин пайғамбар Довуд мегӯяд: «Бигзор дастархонашон барои онҳо дом ва тӯру санги пешпохӯрӣ шавад ва ҷазои худро бинанд. Бигзор чашми онҳоро торикӣ зер кунад ва пушташон абадан дар зери бор хам гардад!» Ман боз мепурсам: Магар яҳудиён пешпо хӯрда чунон афтодаанд, ки дигар бархеста наметавонанд? Албатта, не! Лекин беитоатии онҳо ба ғайрияҳудиён низ наҷот овард, то ки ба воситаи ин дар вуҷуди яҳудиён рашк пайдо шавад. Агар беитоатии яҳудиён барои ҷаҳон баракатҳои фаровон оварда бошад ва афтоданашон барои ғайрияҳудиён баракатҳои фаровон дода бошад, пас пурра наҷот ёфтани халқи Исроил чӣ қадар баракати зиёдтаре меорад?! Ҳоло бошад, ман ба шумо – ғайрияҳудиён, сухан мегӯям. Ман барои ғайрияҳудиён фиристодаи Худо ҳастам ва барои ин хизматам Ӯро ситоиш мекунам. Умед дорам, ки ҳамин тавр яҳудиёни ҳаммиллатамро нисбат ба шумо ба рашк оварда, ақаллан баъзеи онҳоро наҷот медиҳам. Азбаски рад шудани онҳо сабаби оштии ҷаҳон бо Худо шудааст, пас қабул шудани онҳо сабаби зиндашавии мурдагон мегардад! Агар заволаи аввалини хамир ба Худо бахшида шуда бошад, тамоми хамир ҳам аз они Худост. Инчунин, агар решаи дарахт ба Худо бахшида шуда бошад, шохаҳои он ҳам аз они Худост. Агар баъзеи шохаҳо шикаста партофта шуда бошанд ва ту, ки шохаи зайтуни ёбоӣ ҳастӣ, дар ҷойи онҳо пайванд шуда, аз шираи решаи зайтун ғизо гирӣ, пас дар пеши он шохаҳои шикасташуда фахр накун. Агар фахр кунӣ, дар хотир дор, ки на ту решаро дошта истодаӣ, балки реша туро дошта меистад. Шояд ту гӯйӣ: «Он шохаҳо шикаста партофта шудаанд, то ки ман пайванд шавам». Хуб! Лекин он шохаҳо ба сабаби беимониашон шикаста шудаанд, ту бошӣ ба воситаи имон дар ҷойи онҳо истодаӣ. Барои ҳамин ҳавобаланд нашав, балки битарс! Зеро, агар Худо ба шохаҳои табиӣ раҳм накарда бошад, ба ту низ раҳм намекунад. Дар хотир дор, ки Худо ҳам меҳрубон ва ҳам сахтгир аст. Ӯ нисбат ба онҳое, ки афтоданд, сахтгир аст, лекин нисбат ба ту меҳрубон аст, ба шарте ки дар меҳрубонии Худо зиндагиро давом диҳӣ, вагарна ту ҳам бурида партофта мешавӣ. Агар исроилиён низ аз беимонии худ даст кашанд, боз пайванд мешаванд, чунки Худо қудрат дорад, ки онҳоро аз нав ба дарахт пайванд кунад. Агар ту аз зайтуни ёбоӣ бурида шуда, ба тарзи ғайритабиӣ ба зайтуни боғӣ пайванд шуда бошӣ, пас баргашта ба дарахти худ пайванд шудани шохаҳои табиӣ боз ҳам осонтар мешавад. Эй бародарону хоҳарон, ман мехоҳам ба шумо як сирро кушоям, то ки шумо худро аз ҳад зиёд доно нагиред. Якравии як қисми исроилиён танҳо то вақте давом меёбад, ки шумораи пурраи ғайрияҳудиён ба назди Худо ояд. Ҳамин тавр тамоми халқи Исроил наҷот меёбад, чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Аз Сион Халоскунанда меояд ва гуноҳҳои наслҳои Яъқубро дур месозад! Аҳду паймони Ман чунин мешавад, вақте ки гуноҳҳояшонро аз онҳо дур месозам». Яҳудиён душмани хушхабари Худо шуданд, то ки шумо – ғайрияҳудиён, фоида ёбед. Лекин онҳо халқи интихобшудаи Худо ҳастанд ва ба хотири аҷдодонашон Худо онҳоро дӯст медорад. Зеро даъвату баракатҳои Худо ивазнашавандаанд! Шумо низ як замон ба Худо итоат намекардед, лекин ҳоло ба хотири беитоатии яҳудиён Худо ба шумо раҳм кардааст. Ҳамчунин яҳудиён низ ҳоло беитоатӣ кардаанд ва ба хотири ин Худо ба шумо раҳм кардааст, то ки онҳо ҳам ба монанди шумо раҳм карда шаванд. Худо ҳамаи халқҳоро ба зиндони беитоатӣ партофтааст, то ки ба ҳама раҳм кунад. Чӣ қадар бузург аст сарвату ҳикмат ва дониши Худо! Кӣ метавонад, қарорҳои Ӯро фаҳмонад ва кӣ метавонад, роҳҳои Ӯро дарк кунад?! «Кӣ метавонад, андешаҳои Худовандро бифаҳмад? Ё кӣ метавонад, ба Ӯ маслиҳате диҳад? Кист, ки Худовандро қарздор карда бошад, ки Ӯ бояд ба вай баргардонад?» Зеро ҳама чиз аз Ӯ ва ба воситаи Ӯ ва барои Ӯ аст! Ба Ӯ то абад шаъну шараф бод! Омин! Бинобар ин, эй бародарону хоҳарон, ба хотири меҳрубонии Худо аз шумо илтимос мекунам, ки баданҳои худро ба мисли қурбонии зинда, пок ва писандида ба Худо бахшед. Зеро парастиши ҳақиқии шумо чунин аст. Ба мисли одамони ин ҷаҳон зиндагӣ накунед, балки гузоред, ки Худо ба воситаи тағйир додани фикррониатон аз шумо одами нав созад. Он гоҳ шумо фаҳмида метавонед, ки хости нек ва писандидаву комили Худо чӣ будааст. Аз рӯйи ҳуқуқи фиристодаи Масеҳ буданам ба ҳар яки шумо мегӯям, ки худро аз он, чӣ ҳастед, болотар наҳисобед. Лекин дар бораи худ мувофиқи имоне, ки Худо ба ҳар яки мо додааст, хоксорона фикр кунед. Чунон ки мо дар як бадан узвҳои гуногун дорем ва ҳар яки онҳо вазифаи худро дорад, ҳамон тавр ҳамаи мо низ, ки бисёр ҳастем, дар ягонагӣ бо Масеҳ як баданро ташкил медиҳем ва нисбат ба якдигар узви як бадан ҳастем. Худо аз рӯйи файзу меҳрубониаш ба мо атоҳои гуногун додааст. Барои ҳамин, агар касе атои расондани паёми Худоро дошта бошад, ба андозаи имонаш паём расонад. Агар атои хизматгорӣ бошад, бигзор хизмат кунад. Агар атои таълимдиҳӣ бошад, таълим диҳад. Агар атои дилбардорӣ бошад, бигзор дигаронро дилбардорӣ кунад. Агар атои хайру саховатмандӣ бошад, бо дасти кушод хайр кунад. Касе атои роҳбарӣ дошта бошад, бо ҷидду ҷаҳд роҳбарӣ кунад. Агар касе атои ба дигарон раҳму шафқат нишон додан дошта бошад, онро бо хурсандӣ нишон диҳад. Бигзор муҳаббати шумо самимӣ бошад. Аз бадӣ нафрат кунед ва ба некӣ бичаспед. Якдигарро бо муҳаббати бародарона дӯст доред. Дигаронро аз худ зиёдтар ҳурмат кунед. Танбал набошед, балки кӯшишу ғайрат намоед ва бо рӯҳи гарму ҷӯшон ба Худованд хизмат кунед. Дар умед шодӣ кунед, дар азобҳо пуртоқат бошед ва дуогӯйиро давом диҳед. Агар имондорон муҳтоҷ бошанд, ёрӣ диҳед ва дар меҳмоннавозӣ боғайрат бошед. Озордиҳандагони худро дуои нек кунед. На лаънат, балки дуои нек! Бо онҳое, ки хушҳол ҳастанд, хурсандӣ кунед ва бо онҳое, ки гиря мекунанд, гиря кунед. Бо якдигар дар ҳамфикрӣ зиндагӣ кунед. Ҳавобаланд набошед, балки бо одамони одию фурӯтан низ рафтуомад кунед. Худро аз дигарон донотар нагиред! Ба ивази бадӣ бадӣ накунед, балки кӯшиш кунед, ки ҳамаи корҳоятон дар назари тамоми мардум нек бошанд. Ба қадри имкон, бо ҳамаи одамон сулҳу салоҳ дошта бошед. Эй азизон, ҳеҷ вақт аз касе қасос нагиред, балки онро ба Худо ва ғазаби Ӯ супоред. Чунон ки Худованд мегӯяд ва навишта шудааст: «Қасосгирӣ аз они Ман аст ва Ман ҷазо медиҳам». Баръакс: «Агар душманат гурусна бошад, ба вай хӯрок деҳ ва агар ташна бошад, об деҳ, чунки бо ин корат ба сараш оташпора мерезӣ» ва ӯ шармандаву пушаймон мешавад. Нагузоред, ки бадӣ бар шумо ғолиб ояд, балки бадиро бо некӣ мағлуб созед. Ҳар одам бояд ба ҳукумати давлатӣ итоат намояд. Зеро ҳар ҳукумат аз тарафи Худост ва он ҳукуматеро, ки ҳоло дар сари қудрат мебошад, Худо гузоштааст. Барои ҳамин ҳар шахсе, ки зидди ҳукумат мебарояд, бар зидди амри Худо мебарояд ва барои ин кораш маҳкум карда мешавад. Зеро на некукорон, балки бадкорон аз ҳокимон метарсанд. Агар хоҳӣ, ки аз ҳукумат натарсӣ, корҳои нек кун ва он туро таъриф мекунад. Ҳокимон хизматгорони Худоянд ва ба фоидаи ту амал мекунанд. Аммо, агар ту бадкор бошӣ, пас битарс, чунки қудрату тавоноиашон беҳуда нест ва онҳо туро ҷазо медиҳанд. Хизмати онҳо ба Худо аз он иборат аст, ки бадкоронро ба ҷавобгарӣ кашанду онҳоро ҷазо диҳанд. Бино бар ин, шумо бояд на танҳо ба сабаби тарси ҷазо, балки аз рӯйи виҷдон низ ба ҳукумат итоат намоед. Барои ҳамин ҳам шумо андоз месупоред, зеро, вақте ки ҳукумат вазифаи худро иҷро мекунад, ба Худо хизмат менамояд. Ҳар қарзеро, ки дар пеши ҳукумат доред, иҷро намоед: боҷу андозро ба андозгирон супоред ва инчунин ҳукуматдоронро ҳурмату иззат намоед. Ба ғайр аз қарзи муҳаббат аз касе чизе қарздор набошед. Зеро, ҳар кӣ каси дигарро дӯст дорад, фармонҳои шариатро аллакай иҷро кардааст. Зеро фармонҳои шариат ба мисли «зино накун», «қатл накун», «дуздӣ накун», «моли шахси дигарро ҳавас накун» ва монанди инҳо дар як фармон «дигаронро мисли худат дӯст бидор» хулоса ва ифода шудаанд. Муҳаббат ба дигарон бадӣ намекунад. Барои ҳамин муҳаббат иҷрои тамоми фармонҳои шариат аст. Илова бар ин, шумо медонед, ки ҳоло чӣ гуна замон аст ва вақти он расидааст, ки мо аз хоб бедор шавем. Зеро акнун наҷотамон нисбат ба он вақте, ки мо имон оварда будем, боз ҳам наздиктар шудааст. Шаб ба охир расида истодааст ва рӯз равшан мешавад. Барои ҳамин мо бояд корҳои торикиро чун либоси куҳна кашида партоем ва аслиҳаи нуронӣ пӯшем. Биёед, мувофиқи он чи дар равшании рӯз шоиста аст, бе айшу ишрат, бе мастигарӣ, бе расвоию бадахлоқӣ ва бе ҷанҷолу ҳасадхӯрӣ зиндагӣ кунем. Шумо бояд Худованд Исои Масеҳро ҳамчун либос бипӯшед ва дигар ба табиати гунаҳкоратон ва ҳавасҳои бади он тан надиҳед. Дар бораи фикру ақидаҳои шахси сустимон баҳс накарда, ӯро қабул намоед. Масалан, бародаре бовар мекунад, ки хӯрдани ҳама чиз мумкин аст, лекин бародари сустимон танҳо сабзавот мехӯрад. Шахсе, ки хӯрдани ҳама чизро раво медонад, набояд шахсеро, ки парҳез мекунад, паст шуморад. Инчунин шахси парҳезкунанда набояд шахсеро, ки ҳама чизро мехӯрад, айбдор намояд, чунки Худо ӯро қабул намудааст. Ту кистӣ, ки хизматгори шахси дигарро айбдор мекунӣ? Хӯҷаини вай худаш ҳал мекунад, ки хизматгораш аз ӯҳдаи кораш баромад ё не. Лекин бо ёрии Худованд он хизматгор албатта аз ӯҳдаи кораш мебарояд. Яке фикр мекунад, ки як рӯз аз рӯзҳои дигар муҳимтар аст, лекин барои шахси дигар ҳама рӯзҳо баробаранд. Бигзор ҳар одам дар ин масъала дар фикру ақидаи худаш устувор бошад. Касе ки як рӯзи муайянро муҳим мешуморад, инро ба хотири Худованд мекунад. Инчунин, касе ки ҳама чизро мехӯрад, ба хотири Худованд мехӯрад, чунки Худоро барои хӯрок шукр мегӯяд. Ҳамчунин шахсе, ки чизеро намехӯрад, инро ба хотири Худованд мекунад ва Худоро шукр мекунад. Касе аз мо барои худ зиндагӣ намекунад ва ҳеҷ кас барои худ намемирад. Агар зиндагӣ кунем, ба хотири Худованд зиндагӣ мекунем ва агар бимирем, ба хотири Худованд мемирем. Барои ҳамин, хоҳ зинда бошем, хоҳ мурда, мо аз они Худованд ҳастем. Барои он ки Масеҳ ҳукмрони мурдагону зиндагон шавад, Ӯ мурд ва зинда шуд. Пас, чаро ту бародари худро айбдор мекунӣ? Ё барои чӣ ту бародаратро паст мешуморӣ? Охир, ҳамаи мо дар пеши тахти Худо ҷавоб хоҳем дод. Зеро дар навиштаҷот чунин омадааст: «Худованд чунин мегӯяд: Ба ҳаёти Худ қасам, ки ҳамаи одамон дар пеши Ман зону мезананд ва бо забони худ Худоро эътироф намуда, ситоиш мекунанд!» Бино бар ин, ҳар яки мо дар пеши Худо барои худ ҷавоб хоҳем дод! Аз ин рӯ, биёед, якдигарро дигар айбдор накунем. Беҳтараш кӯшиш намоем чунон зиндагӣ кунем, ки сабаби дар имон пешпо хӯрда афтодани имондори дигар нашавем. Ман медонам ва дар ягонагӣ бо Худованд Исо боварии комил дорам, ки ягон хӯрок худ аз худ ҳаром нест. Лекин, агар шахсе ягон хӯрокро ҳаром ҳисобад, он хӯрок барояш ҳаром мешавад. Агар бародар ё хоҳари имондорат ба сабаби хӯроке, ки ту мехӯрӣ, хафа шавад, пас ту дигар аз рӯйи муҳаббат зиндагӣ намекунӣ. Бо хӯрокат касеро, ки барояш Масеҳ мурдааст, нобуд накун. Нагузоред, чизҳое, ки шумо барои худ дурусту раво меҳисобед, аз тарафи дигарон бадгӯйӣ карда шаванд. Зеро Подшоҳии Худо на аз хӯрдану нӯшидан, балки аз росткорӣ, сулҳу осоиштагӣ ва хурсандие, ки Рӯҳулқудс медиҳад, иборат аст! Шахсе, ки ҳамин тавр ба Масеҳ хизмат мекунад, ҳам ба Худо писанд аст ва ҳам дигарон ӯро эҳтиром мекунанд. Пас, биёед, саъю кӯшиш намоем, ки дар байни мо сулҳ бошад ва якдигарро дар имон устувор гардонем. Ба хотири хӯрок кори Худоро вайрон накун. Хӯрдани ҳамаи хӯрокҳо равост, лекин, агар бо хӯроки хӯрдаат ту сабаби дар имон афтодани каси дигар шавӣ, кори бад мекунӣ. Беҳтараш аз хӯрдани гӯшт ва нӯшидани шароб ва ё ягон кори дигаре, ки сабаби дар имон пешпо хӯрдани бародару хоҳарат мешавад, даст кашӣ. Бигзор фикру ақидаҳои шахсии ту дар бораи ин масъала дар байни ту ва Худо бимонанд. Хушбахт аст касе, ки барои интихоби кардааш худро айбдор намекунад. Лекин, агар шахсе шубҳа кунад, ки хӯрдани чизе равост ё раво нест ва онро хӯрад, айбдор мешавад, чунки мувофиқи имони худ рафтор намекунад. Зеро ҳар коре, ки аз рӯйи имон карда намешавад, гуноҳ аст. Биёед, Худоро ҳамду сано хонем! Ӯ метавонад, шуморо дар имон мустаҳкам намояд, чунон ки хушхабари эълонкардаам мегӯяд. Ин хабар дар бораи Исои Масеҳ аст, чунон ки ба мо ҳақиқате мекушояд, ки асрҳои зиёд ҳамчун сир ниҳон буд. Лекин ҳоло ин ҳақиқати ниҳонӣ ба воситаи навиштаҳои пайғамбарон ва ба фармони Худои абадӣ ба ҳамаи халқҳо кушода шудааст, то ки ҳама ба Худо имон оваранд ва ба Худо итоат кунанд. Тамоми шаъну шараф ба воситаи Исои Масеҳ ба ягона Худои хирад то абад бод! Омин. Мо ки дар имон устувор ҳастем, бояд ба сустимонон дар душвориҳояшон кӯмак кунем ва на танҳо дар бораи фоидаи худ фикр кунем. Ҳамаи мо бояд кӯшиш кунем, ки ба бародарону хоҳарон писанд оем ва барои фоидаву дар имон боқувват шудани онҳо кӯмак расонем. Масеҳ низ дар бораи фоидаи Худ фикр намекард, лекин, чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Ҳақоратҳои бадгӯёни Ту бар сари Ман афтодаанд». Зеро ҳар он чизе, ки дар навиштаҷот аз замони пеш омадааст, барои таълим додани мо мебошад, то ки ба воситаи тоқату дилбардорие, ки навиштаҷот ба мо мебахшад, умед дошта бошем. Бигзор Худо, ки сарчашмаи тоқату дилбардорист, ба шумо қувват диҳад, ки аз пайи Исои Масеҳ рафта, бо якдигар ҳамфикр бошед. Он гоҳ ҳамаи шумо бо як дилу як забон Худоро, ки Падари Худовандамон Исои Масеҳ аст, ситоиш мекунед. Бинобар ин, чунон ки Масеҳ шуморо қабул намудааст, шумо низ барои шаъну шарафи Худо якдигарро қабул намоед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Масеҳ хизматгори яҳудиён шуд, то ки вафодории Худоро нишон диҳад ва тасдиқ намояд, ки Худо нисбати аҷдодони яҳудиён ваъдаҳояшро иҷро кардааст. Инчунин Масеҳ барои он омадааст, ки ғайрияҳудиён Худоро барои раҳму шафқаташ ситоиш кунанд, чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Барои ҳамин Туро дар байни дигар халқҳо ситоиш мекунам ва дар васфи номи Ту ҳамду сано мехонам». Инчунин дар навиштаҷот омадааст: «Эй ғайрияҳудиён, якҷоя бо халқи Худо шодӣ кунед!» Ҳамчунин: «Эй ҳамаи ғайрияҳудиён, Худовандро ситоиш кунед! Эй тамоми халқҳо, Ӯро ҳамду сано хонед!» Пайғамбар Ишаъё низ чунин мегӯяд: «Решаи Ишой, яъне вориси шоҳ Довуд омада, подшоҳ мешавад ва бар ғайрияҳудиён ҳукмронӣ мекунад. Тамоми халқҳо ба Ӯ умед мебанданд». Бигзор Худо, ки сарчашмаи умед аст, ба воситаи имонатон шуморо пур аз сулҳу осоиштагӣ ва шодӣ гардонад, то ки шумо ба воситаи қувваи Рӯҳулқудс умеди фаровон дошта бошед. Бародарону хоҳарон, ман боварии комил дорам, ки шумо пур аз некӣ ҳастед ва барои насиҳат кардани якдигар дониши пурра доред. Лекин ман ҷуръат намудам, ки дар ин нома ба шумо баъзе чизҳоро хотиррасон намоям. Зеро Худо аз рӯйи файзу меҳрубониаш ба ман ато намудааст, ки дар байни ғайрияҳудиён хизматгори Исои Масеҳ бошам. Ман чун коҳин хизмат карда хушхабари Худоро ба ғайрияҳудиён эълон менамоям, то ки онҳоро ҳамчун қурбонии писандидае, ки Рӯҳулқудс пок намудааст, ба Худо тақдим намоям. Ҳамин тавр ман метавонам, аз корҳое, ки дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ барои Худо кардаам, фахр кунам. Зеро ҷуръат намекунам, ки ба ғайр аз он чизе, ки Масеҳ барои итоаткори Худо гардонидани ғайрияҳудиён ба воситаи ман кардааст, гап занам. Масеҳ инро ба воситаи сухану амал, қувваи аломатҳову муъҷизаҳо ва бо қувваи Рӯҳи Худо кардааст. Ҳамин тавр ман хушхабарро дар бораи Масеҳ аз Уршалим то ба вилояти Илурикӯн пурра эълон кардаам. Ман ҳамеша кӯшиш менамоям, хушхабарро дар ҷое эълон кунам, ки то ҳол дар бораи Масеҳ нашунидаанд, то ки бар болои таҳкурсии дигарон бино накунам. Аммо, чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Онҳое, ки аз Ӯ хабар надоштаанд, хоҳанд дид ва онҳое, ки нашунидаанд, хоҳанд фаҳмид». Ин ҳама сабаб шуд, ки бо вуҷуди кӯшишҳои зиёдам ба наздатон омада натавонистам. Ҳоло бошад, дар ҳамаи ин минтақаҳо корҳоямро анҷом додаам. Акнун ки солҳои зиёд дар интизори дидани шумо будам, нақша дорам, ки ҳангоми сафарам ба Испания ба назди шумо биёям. Умедворам, ки аз дидоратон сер мешавам ва шумо барои сафари ояндаам ба ман кӯмак мекунед. Худи ҳозир бошад, ман ба шаҳри Уршалим рафта истодаам, то ки ба имондорони он ҷо хизмат намоям. Зеро ҷамоатҳои имондорони вилоятҳои Мақдуния ва Охоия хоҳиш пайдо карданд, ки барои камбағалони ҷамоати имондорони Уршалим кӯмакпулӣ ҷамъ карда фиристанд. Онҳо ин корро бо хурсандӣ анҷом додаанд ва дар ҳақиқат ҳам аз имондорони Уршалим қарздоранд. Чунон ки ғайрияҳудиён дар баракатҳои рӯҳонии имондорони яҳудӣ ҳамроҳ шуданд, ҳамон тавр низ бояд ба онҳо дар муҳтоҷиҳои зиндагиашон кӯмак кунанд. Аз ин рӯ, вақте ки ин корро анҷом медиҳам, яъне пули ҷамъкардаро ба дасташон месупорам, ба Испания раҳсипор шуда, шуморо хабар мегирам. Ман боварӣ дорам, ки ҳангоми омаданам, Масеҳ ба ҳамаи мо баракатҳои фаровон медиҳад. Бародарону хоҳарони азиз, аз шумо ба хотири Худовандамон Исои Масеҳ ва муҳаббати Рӯҳулқудс илтимос мекунам, ки ҳамроҳам бо ҷидду ҷаҳд ба Худо дуо кунед. Яъне дуо кунед, ки ман ба дасти беимонони сарзамини Яҳудия наафтам. Ҳамчунин дуо кунед, ки имондорони Уршалим кӯмакпулиеро, ки ба онҳо бурда истодаам, бо хурсандӣ қабул намоянд. Ҳамин тавр, агар хости Худо бошад, ман хурсандона ба назди шумо омада, аз диданатон қуввати нав мегирам. Худо, ки сарчашмаи сулҳу осоиштагӣ аст, бо ҳамаи шумо бод! Омин. Мехоҳам ба шумо хоҳарамон Фибиро, ки дар ҷамоати имондорони шаҳри Канхария хизмат мекунад, муаррифӣ кунам. Ӯро, чунон ки ба имондорон хос аст, ба хотири Худованд қабул кунед ва агар ба ӯ чизе лозим бошад, ёрӣ диҳед. Зеро худаш ҳам ба бисёриҳо ва ба ман низ ёрӣ додааст. Ба Прискила ва Акило, ки дар хизмати Исои Масеҳ ҳамкорони ман ҳастанд, салом расонед. Онҳо ба хотири ман ҷони худро дар хатар гузошта буданд. На танҳо ман, балки тамоми ҷамоатҳои имондорони ғайрияҳудӣ аз онҳо миннатдоранд. Инчунин ба аҳли ҷамоати хонагии онҳо саломи маро расонед. Ба дӯсти азизам – Апайнитус, ки якумин шуда дар вилояти Осиё ба Масеҳ имон овард, салом расонед. Инчунин ба Марям, ки барои шумо хеле заҳмат кашидааст, салом гӯед. Ба ҳамватанонам – Андрониқос ва Юния, ки ҳамроҳи ман дар зиндон буданд, салом расонед. Онҳо дар байни фиристодагони Масеҳ хеле машҳуранд ва пеш аз ман ба Масеҳ имон оварда буданд. Ба Амплиёс, ки дар Худованд дӯсти азизи ман аст, салом гӯед. Ҳамчунин ба Урбонус, ки дар хизмати Масеҳ ҳамкори мост ва ба дӯсти азизам – Истохис салом расонед. Ба Апиллис, ки ба Масеҳ вафодор буданашро исбот кардааст, салом расонед. Ба тамоми хонаводаи Аристобулус салом гӯед. Ба ҳамватанам – Ҳиродиюн салом гӯед. Инчунин ба онҳое, ки дар хонаводаи Наркисус ба Худованд имон доранд, салом расонед. Ба Трифайно ва Трифусо, ки барои Худованд фаъолона хизмат мекунанд ва ба Парсиси азиз, ки барои Худованд хеле меҳнат кардааст, салом расонед. Ба Руфус, ки интихобшудаи Худованд аст ва ба модараш, ки ҳамчунин модари ман шудааст, салом гӯед. Ҳамчунин ба Асинкритус, Флигӯн, Ҳермос, Патрубос, Ҳермис ва ба дигар бародарону хоҳароне, ки бо онҳо ҳастанд, салом расонед. Ба Филӯлӯгус ва Юлиё, Нириёсу хоҳараш ва Улимпос ва инчунин ба тамоми имондороне, ки ҳамроҳи онҳоянд, салом гӯед. Якдигарро ба оғӯш гирифта, салом гӯед. Ҳамаи ҷамоатҳои Масеҳ ба шумо салом мегӯянд. Бародарону хоҳарон, хоҳиш мекунам, ки шумо аз он нафароне, ки дар байнатон ҷудоӣ меандозанд ва одамонро аз роҳи имон мезананд, эҳтиёт шавед ва аз онҳо дурӣ ҷӯед. Онҳо бо чунин рафторашон бар зидди таълимоти гирифтаатон мебароянд. Ин одамон на ба Худованди мо – Масеҳ, балки ба ҳавасҳои бади худ хизмат мекунанд. Онҳо хушомадгӯйӣ карда бо суханҳои зебову ширин одамони содадилро фиреб медиҳанд. Аммо вафодории шумо ба ҳама маълум аст ва ман аз ин хеле хурсанд ҳастам. Орзу дорам, ки шумо дар некӣ кардан хирадманд бошед ва дар бадӣ кардан сода бошед. Худо ки сарчашмаи сулҳу осоиштагӣ аст, ба зудӣ шайтонро дар зери пойҳои шумо шикаст медиҳад. Файзу меҳрубонии Худовандамон Исо бо шумо бод! Ба шумо ҳамкорам – Тимотиюс ва ҳамватанонам – Лукюс, Ёсун ва Сӯсипатрус салом мегӯянд. Ман – Тартиюс низ, ки ин номаро аз забони Павлус навишта истодаам, ҳамчун яке аз пайравони Худованд ба шумо салом мефиристам. Инчунин Ғоюс ба шумо салом мефиристад. Ӯ маро ба хонааш қабул карда, меҳмондорӣ менамояд ва тамоми ҷамоати имондорон низ дар хонаи ӯ ҷамъ мешаванд. Хазинадори шаҳр – Арастус ва бародари мо – Квартус низ ба шумо салом мегӯянд. Бигзор файзу меҳрубонии Худовандамон Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бошад! Омин. Салом ба ҷамоати имондорони шаҳри Қуринтус, яъне ба шумо, ки бо Исои Масеҳ муттаҳид гардида, пок шудаед! Худо шумо ва ҳамаи онҳоеро, ки дар ҳама ҷо ба Исои Масеҳ дуо мекунанд, ҳамчун халқи Худ интихоб кардааст. Исои Масеҳ Худованди мову онҳо мебошад. Ман, Павлус, ки бо хости Худо фиристодаи Исои Масеҳ интихоб шудаам ва бародари мо Сӯстинис файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Худо Падари мо ва Худованд Исои Масеҳро бар шумо хоҳонем. Ман ҳамеша Худоямро барои шумо, ки ба воситаи Исои Масеҳ бароятон файзу меҳрубонӣ додааст, шукр мегӯям. Чунки Худо шуморо дар ягонагӣ бо Масеҳ ҳаматарафа, ҳам дар ҳар сухану ҳам дар ҳар дониш бой гардондааст, то ки шаҳодати мо дар бораи Масеҳ дар байни шумо мустаҳкам шавад. Ва дар ҳоле ки шумо бозгашти Худовандамон Исои Масеҳро интизор ҳастед, ба шумо аз тарафи Рӯҳи Худо ҳар намуди қобилият ато шудааст. Худо шуморо то охир устувор нигоҳ медорад, то ки дар рӯзи бозгашти Худовандамон Исои Масеҳ беайб бошед. Вафодор аст Худое, ки шуморо барои муносибат доштан бо Писари Худ Худованди мо Исои Масеҳ даъват намудааст. Бародарону хоҳарон, аз шумо илтиҷо мекунам, ки ҳамаатон ба номи Худовандамон Исои Масеҳ бо якдигар якдил ва ҳамфикр ва дар як мақсад муттаҳид бошед. Дар байнатон ба ҷудоиандозӣ роҳ надиҳед. Инро барои он ба шумо мегӯям, ки ман аз хонаводаи хоҳар Хлӯӣ огоҳ шудам, ки шумо дар байни худ ҷанҷолу муноқиша мекунед. Ман дар назар дорам, ки шумо худро ба гурӯҳҳо тақсим карда, аз пайи роҳбарони гуногун меравед. Яке «Ман пайрави Павлус», дигаре «Ман пайрави Апуллус», нафаре «Ман пайрави Петрус» ва касе «Ман пайрави Масеҳ ҳастам» мегуфтааст. Ба ҷойи он ки ҳамаатон аз пайи Масеҳ равед, худро ба гурӯҳҳо тақсим карда байни худ баҳс мекунед. Оё ман ба хотири шумо ба салиб мехкӯб шудам?! Не, Масеҳ ба хотири шумо ба салиб мехкӯб шуд. Ё шумо ба номи ман таъмид гирифтед?! Албатта не! Ҳамаи шумо ба номи Исои Масеҳ таъмид гирифта, пайрави Ӯ шудед! Шукри Худо, ки ман ғайр аз Криспус ва Ғоюс ягон нафари шуморо таъмид надодаам. Барои ҳамин касе гуфта наметавонад, ки ман ӯро ба номи худам таъмид дода, пайрави худ гардондам. Ҳа, ман боз Истефанусро бо аҳли оилааш таъмид дода будам. Дар ёд надорам, ки дигар касеро таъмид дода бошам. Кори асосии ман таъмид додан нест, Масеҳ маро барои хушхабарро эълон кардан фиристодааст. Аммо хушхабарро набояд бо ҳикмату дониши инсонӣ эълон кард, вагарна марги Исои Масеҳ дар салиб қудраташро гум мекунад. Барои нобудшавандагон паёми ба салиб мехкӯб шудани Масеҳ беақлӣ менамояд. Вале барои мо, ки дар роҳи наҷот ҳастем, ин хабар қуввати Худост. Зеро дар навиштаҷот омадааст: «Хиради хирадмандонро нобуд ва дониши донишмандонро рад мекунам». Куҷост хирадманд?! Куҷост устоди шариат?! Куҷост баҳскунандаи ин замона? Магар Худо беақлӣ будани ҳикмату дониши ин ҷаҳонро нишон надодааст?! Худо хирадмандона қарор кард, ки ҷаҳон бо хиради худ ҳаргиз Ӯро нахоҳад шинохт. Ӯ чунин писандид, ки ба воситаи эълон кардани хушхабаре, ки ҷаҳон онро аблаҳӣ мешуморад, имондоронро наҷот диҳад. Зеро ҳангоме ки яҳудиён барои исбот муъҷиза меҷӯянду юнониён хирад, мо Таъйиншудаи Худо, яъне Масеҳро, ки ба салиб мехкӯб шуда буд, эълон мекунем. Ин барои яҳудиён васваса ва барои ғайрияҳудиён бехирадӣ аст. Вале барои касоне, ки Худо онҳоро даъват кардааст, чи яҳудию чи юнонӣ, Масеҳ қувват ва ҳикмати Худо аст. Зеро бехирадии Худо аз ҳикмату дониши одамизод болотар аст ва сустии Худо аз қуввати одамизод боқувватар аст! Бародарону хоҳарон, ба ёд оред, ки ҳангоме ки Худо шуморо даъват кард, чӣ гуна будед. Оё аз нигоҳи ин ҷаҳон дар байнатон хирадмандону боқудратон ва ашрофзодагон бисёр буданд?! Лекин Худо бехирадони ҷаҳонро интихоб намуд, то ки хирадмандонро беобрӯ кунад ва нотавонони ҷаҳонро интихоб намуд, то ки боқувватонро шарманда кунад. Ӯ одамони беқудрату назарногирро интихоб намуд, то ки ҳеҷ чиз будани одамони боқудратро нишон диҳад. Барои ҳамин ҳеҷ кас дар пеши Худо фахр карда наметавонад. Худо шуморо бо Исои Масеҳ муттаҳид намуда, ба воситаи Ӯ ба мо хиради Худро дод. Инчунин ба воситаи Масеҳ Худо моро росткор гардонда, халқи Худ кард ва аз гуноҳ озод намуд. Бинобар ин, чӣ хеле ки навиштаҷот мегӯяд, агар фахр кардан хоҳед, аз Худованд фахр кунед. Бародарону хоҳарон, ман ба пеши шумо барои эълон кардани шаҳодат дар бораи Худо омадам. Лекин онро бе калимаҳои адабӣ ва хиради инсонӣ гуфтам, чунки ман қарор додам, ки ба шумо танҳо дар бораи Исои Масеҳ ва марги Ӯ дар салиб сухан мегӯям. Барои ҳамин дар наздатон суст ва дар тарсу ларзи бузурге будам. Суханону паёмамро бо суханони зебо ва ҳикмату дониши инсонӣ таълим намедодам, балки бо қуввати Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо онро ба шумо расондам. То ки бо ин тарз имони шумо на ба андешаҳои одамӣ, балки ба қуввати Худо такя кунад. Вале мо барои имондорони баркамол хирадро эълон мекунем, лекин мо ҳикмату дониши ин ҷаҳон ё хиради ҳукмронони ин ҷаҳонро, ки нобуд мешаванд, таълим намедиҳем. Хираде, ки мо эълон мекунем, нақшаи хирадмандонаи Худост. Пеш аз офариниши олам Ӯ қарор дода буд, ки нақшааш барои манфиати мо аст, аммо онро пинҳон кард. Лекин ҳукмронони ин замон ин нақшаи хирадмандонаи Худоро намедонистанд, чунки агар медонистанд, Худованди бузургро ба салиб мехкӯб карда намекуштанд. Чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Он чиро, ки Худо барои онҳое ки Ӯро дӯст медоранд, муҳайё кардааст, чашме надида, гӯше нашунида ва дар борааш фикре ба дили одамизод наомадааст». Аммо ин хирадро Худо ба воситаи Рӯҳаш ба мо ошкор кардааст. Зеро Рӯҳи Худо аз тамоми чиз, ҳатто аз андешаҳои Худо огоҳ аст. Андешаҳои шахсро ғайр аз рӯҳаш, ки дар ӯст, касе намедонад. Андешаҳои Худоро низ танҳо Рӯҳи Худо медонад. Мо на рӯҳи ин ҷаҳон, балки Рӯҳи Худоро қабул кардаем, то ҳар он чиро ки Худо ба мо ато додааст, бидонем. Суханонамонро на бо калимаҳое, ки ҳикмату дониши инсонӣ ба мо ёд додааст, балки бо калимаҳое, ки Рӯҳи Худо ба мо ёд додааст, мегӯем. Ҳамин тавр чизҳои рӯҳониро ба одамони рӯҳонӣ мефаҳмонем. Касе ки рӯҳонӣ нест, аз Рӯҳи Худо ҳақиқатро қабул намекунад. Ин барояш беақлӣ аст, чунки ӯ қобилияти фаҳмидани онро надорад. Онро фақат бо ёрии Рӯҳ фаҳмидан мумкин аст. Аммо шахсе ки Рӯҳулқудс дорад, рӯҳонӣ аст ва ба ҳама чиз баҳо дода метавонад, лекин дигарон ба ӯ баҳо дода наметавонанд. Зеро дар навиштаҷот омадааст: «Ҳеҷ кас андешаҳои Худовандро фаҳмида наметавонад ва ҳам ба Ӯ маслиҳат дода наметавонад ». Азбаски мо бо Масеҳ ҳамфикр шудем, андешаҳояшро мефаҳмем. Ман ба шумо ҳамчун одамони рӯҳонӣ, яъне ҳамчун одамоне, ки Рӯҳулқудс роҳнамоӣ мекунад, сухан гуфта натавонистам. Баръакс ман ба шумо ҳамчун одамони ҷаҳонӣ гап задам, ки гӯё шумо кӯдакони навзод дар Масеҳ бошед. Ба шумо на хӯроки сахт, яъне паёми пурраи Худо, балки танҳо шир дода тавонистам. Зеро шумо барои хӯроки сахт тайёр набудед ва то ҳол тайёр нестед. Шумо то ҳол ҷаҳонӣ ҳастед. Ҳасаду ҷанҷоле, ки дар байнатон ҳаст, нишон медиҳад, ки шумо нафсонӣ ҳастед ва мисли одамони ин ҷаҳон рафтор мекунед. Агар яке «Ман пайрави Павлус ҳастам», дигаре «Ман пайрави Апуллус ҳастам» гӯяд, шумо аз одамони ин дунё чӣ фарқ доред? Охир худи Апуллус кист? Павлус кист? Мо фақат хизматгорони Худо ҳастем, ки шумо ба воситаамон ба Масеҳ имон овардед ва ҳар кас вазифаеро, ки Худованд ба вай супорида буд, иҷро намуд. Шумо киштзори Худо ҳастед, ки ман дар он тухм коридам, Апуллус онро об дод, вале Худо онро сабзонид! Бино бар ин, на корандаву обдиҳанда, балки Худо муҳим аст, ки тухмро месабзонад. Коранда ва обдиҳанда як мақсад доранд ва ҳар якеашон мувофиқи меҳнати худ аз Худо мукофот мегиранд. Мо ҳамкорони Худо ҳастем ва шумо киштзори Ӯ ҳастед. Ҳамчунин шумо иморате ҳастед, ки Худо онро месозад. Чӣ хеле ки бинокори хирадманд пеш аз сохтани иморат таҳкурсӣ мегузорад, ман низ бо файзу меҳрубонии Худо аввалин шуда, дар бораи Масеҳ хушхабарро ба шумо расонда, таҳкурсӣ гузоштам. Чӣ хеле ки бинокорони дигар дар болои таҳкурсӣ иморат месозанд, пас аз ман муаллимони дигар омада, шуморо таълим дода истодаанд. Аммо онҳо кореро, ки ман сар кардам, боэҳтиёт бояд давом диҳанд. Чунки ҳеҷ кас ба ғайр аз таҳкурсии гузошташуда, ки он Исои Масеҳ аст, таҳкурсии дигаре гузошта наметавонад. Шахс метавонад бар рӯйи ин таҳкурсӣ аз тиллову нуқра, сангҳои қиматбаҳо, чӯб ва аз хасу хошок хона созад. Вале дар рӯзи қиёмат Худо кори ҳар касро бо оташ месанҷад, чунки оташ сифати кори ҳар касро нишон медиҳад. Агар он чи бинокор дар болои таҳкурсӣ сохтааст, ба оташ тоб оварад, ӯ мукофот мегирад. Агар дар оташ сӯхта нобуд шавад, бинокор аз мукофот маҳрум мешавад. Вале худаш мисли шахсе, ки гӯё аз даруни оташ бароварда шуда бошад, наҷот меёбад. Дар гузашта Худо дар макони муқаддасаш, яъне дар маъбад ҳузур дошт. Ҳоло бошад, донед, ки шумо маъбади Худо ҳастеду Рӯҳаш дар байни шумо зиндагӣ мекунад. Агар касе маъбади Худоро нобуд кунад, Худо ӯро низ нобуд месозад. Чунки маъбад танҳо ба Худо тааллуқ дорад ва ҳамон маъбад шумо ҳастед. Ҳеҷ кас худашро фиреб надиҳад! Агар касе аз байни шумо худро дар ин дунё хирадманд ҳисоб кунад, бигзор дар назари ин ҷаҳон нодон тобад, то ки дар назари Худо хирадманд гардад. Чунки ҳикмату дониши инсонӣ дар назари Худо нодонист. Дар навиштаҷот омадааст, ки «Худо ҳакимонро ба доми макри худашон меафтонад». Ҳамчунин навишта шудааст: «Худованд андешаҳои хирадмандонро медонад. Ӯ медонад, ки он ҳеҷу пуч аст». Хулоса, аз ягон одам, ки пайраваш ҳастед, фахр накунед. Ҳам Павлус, ҳам Апуллус ва ҳам Петрус аз они шумо ҳастанд. Ҳама чиз ба шумо тааллуқ дорад. Ин ҷаҳон, маргу зиндагӣ, ҳозираву оянда низ аз они шумост. Шумо бошед аз они Масеҳ ҳастед ва Масеҳ аз они Худост. Моро ҳамчун хизматгорони Масеҳ, ки вазифаи эълон кардани сирҳои Худо ба мо супурда шудааст, ҳисоб кунед. Аз мо, хизматгорон, талаб карда мешавад, ки вафодор бошем. Ман парво надорам, ки шумо ё одамони дигар маро чӣ гуна баҳо медиҳед. Худи ман ҳам худро баҳо намедиҳам. Виҷдонам пок бошад ҳам, ин маънои он надорад, ки Худованд маро бегуноҳ меҳисобад. Чунки ман ба Ӯ бояд ҷавоб диҳам. Аз ин рӯ то вақти муайяншуда, яъне то бозгашти Худованд Исо касеро ҳукм накунед. Ӯ чизҳоеро, ки дар торикӣ пинҳон шудаанд, аён мекунад ва нияти дилҳоро ошкор месозад. Он гоҳ ҳар шахс аз ҷониби Худо сазовори таъриф мешавад. Ин гапҳоро ман дар бораи худаму Апуллус барои фоидаи шумо бародарону хоҳарон, мегӯям, то аз мо ёд гиред, ки «Аз он чи навишта шудааст, набояд берун баромад». Он гоҳ якеро аз дигаре болотар намегузоред. Дар ҳақиқат, кӣ шуморо аз дигарон боло гузоштааст? Шумо чӣ доред, ки онро аз Худо нагирифтаед? Агар аз Худо гирифта бошед, барои чӣ фахр мекунед, ки гӯё нагирифта бошед?! Шумо аллакай сер шудаед, сарватманд шудаед, бе мо ҳукмронӣ мекунед. О кошки шумо дар ҳақиқат подшоҳӣ мекардеду мо ҳам ҳамроҳатон ҳукмронӣ мекардем. Фикр мекунам, ки Худо мо фиристодагонро мисли шахсони ба марг ҳукмшуда дар қатори охир ҷой кардааст. Мо барои тамоми ҷаҳон, ба одамону фариштаҳо саҳнаи тамошо шудаем. Мо дар назари шумо ба хотири Масеҳ беақл, вале шумо ҳамчун пайравони Масеҳ оқил ҳастед. Мо нотавон, аммо шумо тавоно ҳастед, шумо обрӯманд, вале мо беобрӯ ҳастем. Мо то ҳол гушнаву ташна ва ҷандапӯш мегардем. Моро лату кӯб мекунанд, хонаву дар надорем. Арақи ҷабин рехта бо дастони худ нони хӯрданӣ меёбем. Моро дашном медиҳанд, вале мо онҳоро дуои нек медиҳем. Моро азоб медиҳанд, вале мо тоқат мекунем. Моро туҳмат мекунанд, вале мо бо некӣ ҷавоб медиҳем. Ба мо то имрӯз ба мисли партови ҷаҳон, яъне партови одамон муносибат мекунанд. Ман на барои шарм дорондани шумо, балки барои ислоҳ кардани шумо – фарзандони азизам менависам. Дар Масеҳ ҳазорҳо роҳнамо шуморо таълим диҳанд ҳам, танҳо як падар доред. Аз он ки ман ба шумо хушхабарро овардам, ман бароятон дар Исои Масеҳ падар шудам. Илтимос мекунам, аз ман ибрат гиред! Аз он ки ман дар шаҳри шумо нестам, ман писархонди дӯстдоштаам Тимотиюсро ба наздатон фиристодам. Ӯ ба Худованд вафодор асту ба шумо хотиррасон мекунад, ки ман мувофиқи таълимоте, ки дар ҳар ҷамоати имондорон медиҳам, чӣ гуна Масеҳро пайравӣ мекунам. Баъзеҳо бо гумони он ки ман ба наздатон намеоям, ҳавобаланд шудаанд. Лекин агар Худованд хоҳад, ба наздикӣ ба пешатон омада мебинам, ки оё одамони ҳавобаланд дар ҳақиқат қуввати Худоро доранд ё фахри онҳо танҳо дар гап аст. Зеро Подшоҳии Худо на дар сухан, балки дар қувват аст. Кадомаш ба шумо маъқул аст? Оё мехоҳед, ки ба наздатон омада, шуморо барои тағйир надодани рафторатон бо химча ҷазо диҳам? Ё ба шумо барои иҷро кардани гуфтаҳоям ба шумо муҳаббату нармдилӣ нишон диҳам? Овозае ба гӯшам расид, ки аз байни шумо як шахс бо зани падараш хуфтухоб мекардааст. Ҳатто онҳое ки Худоро тамоман намешиносанд, чунин гуноҳ намекунанд! Шумо гуноҳи ӯро медонед, вале манманӣ мекунед. Беҳтар нест, ки ба ҷойи ин андӯҳгин шуда, ҳамон одамро аз ҷамоататон пеш кунед?! Ман аз шумо ҷисман дур бошам ҳам, рӯҳан ҳамроҳатон ҳастам. Ман гӯё бо шумо ҳузур дошта бошам, аллакай ин шахсро ҳукм намудам. Вақте ки ба номи Худовандамон Исо ҷамъ мешавед ва ман рӯҳан бо қудрати Худованди мо Исо бо шумо мебошам, он шахсро аз ҳимояи ҷамоат маҳрум намуда, ба ихтиёри шайтон супоред. Аз азобе, ки ӯ дар дасти шайтон мебинад, ӯ гуноҳҳои ҷисмашро тарк карда, дар рӯзи бозгашти Худованд наҷот меёбад. Дар ин маврид манманӣ карданатон хуб нест! Наход надонед, ки ин гуноҳ ба монанди хамиртуруши каме аст, ки тамоми хамирро турш мекунад?! Пас ин хамиртурушро аз миёни худ берун кунед, то ки хамири нав бошед. Шумо дар асл ҳамон нони бехамиртуруш ҳастед! Зеро барраи иди Наҷот, яъне Масеҳ аллакай ба қурбонӣ оварда шудааст. Биёед иди Наҷотро на бо хамиртуруши куҳнаи кина ва бадӣ, балки бо фатири самимияту ростӣ пешвоз мегирем. Ман дар мактубам навишта будам, ки бо гунаҳкорони ҷинсӣ муносибат накунед, лекин шумо онро нодуруст фаҳмидед. Шумо фикр кардед, ки ман тамоми гунаҳкорони ҷинсиро дар назар доштам. Лекин ман беимонони ин ҷаҳонро, ки гунаҳкори ҷинсию чашмгурусна ва ғоратгару бутпараст ҳастанд, дар назар надоштам. Вагарна бояд ин ҷаҳонро тарк мекардед. Ман гуфтанӣ будам, ки бо касе ки худро имондор мегираду лекин дар асл ё гунаҳкори ҷинсӣ ё чашмгурусна ё бутпараст аст ё туҳматчӣ ва ё майпараст ё ғоратгар аст, муносибат накунед. Бо чунин шахс ҳатто ҳамтабақ нашавед. Беимононро ҳукм кардан вазифаи ман нест! Лекин имондорони ҷамоатро, ки гуноҳ мекунанд, ҳукм кардан вазифаи шумост. Худо дар навиштаҷот мегӯяд: «Бадкорро аз байнатон ронед!» Ба одамони аз ҷамоат берун бошад, Худо ҳукм мекунад. Ҳар гоҳ ки яке аз шумо ба дигаре даъво дорад, чӣ гуна барои ҳалли масъала на ба назди халқи Худо, балки ба назди беимонон меравад?! Ё шумо намедонед, ки рӯзе халқи Худо ҷаҳонро доварӣ мекунад?! Агар шумо ҷаҳонро доварӣ кунед, наход масъалаҳои хурдро ҳал карда натавонед?! Магар шумо намедонед, ки мо ҳатто корҳои фариштаҳоро доварӣ хоҳем кард?! Ин тавр ки бошад, магар мо мушкилиҳои хурдро худамон ҳал карда наметавонем?! Агар масъалаҳои одӣ пайдо шаванд, чаро онро назди одамоне меоред, ки ба ҷамоати имондорон тааллуқ надоранд?! Ман инро барои шарманда шудани шумо мегӯям. Наход дар байни шумо як хирадманд ёфт нашавад, ки баҳси байни имондоронро бартараф кунад?! Лекин баръакс, имондор бо имондор баҳс мекунаду шахси беимон онро бартараф менамояд! Ҳамин дар байни худ даъво доштан аллакай як шикаст аст. Беҳтар аст, ки ранҷида ё ғоратшуда бошед. Вале худи шумо бародару хоҳаронатонро меранҷонед ва онҳоро ғорат мекунед! Худо ба бадкорон ҳеҷ гоҳ имкон намедиҳад, ки ҳамроҳаш ҳукмронӣ кунанд. Худро фирефта накунед! Ба гунаҳкорони ҷинсию бутпарастон, занону шавҳарони хиёнаткор ва ҳамҷинсгароёну бачабозон, дуздону чашмгуруснагон, майпарастону туҳматчиён ва ё фиребгарон Подшоҳии Худо насиб намегардад. Баъзеи шумо низ дар гузашта чунин гунаҳкор будед. Лекин акнун шумо аз гуноҳатон шуста шудед ва ба Худо бахшида шудед. Инчунин бо номи Худованд Исои Масеҳ ва қуввати Рӯҳи Худоямон сафед шудед. Шумо мегӯед: «Ҳама кор барои ман равост!» Лекин на ҳама чиз фоиданок аст! Боз мегӯед: «Ҳама кор барои ман мумкин аст!» Аммо ман ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ чиз набояд моро ғулом гардонад! Шумо мегӯед, ки «Ғизо барои шикам аст ва шикам барои ғизо аст!» Аммо Худо ҳар дуяшро нобуд мекунад. Бадан набояд барои гуноҳҳои ҷинсӣ, балки барои ба Худованд хизмат кардан истифода бурда шавад ва Худованд баданро нигоҳ мекунад. Худо, чӣ хеле ки Худованд Исои Масеҳро бо қуввати Худ зинда кард, моро ҳам зинда хоҳад кард. Магар шумо намедонед, ки бадани шумо ба Масеҳ тааллуқ дорад?! Оё мумкин аст, ки ман он чи ки аз они Масеҳ аст, гирифта, бо бадани фоҳиша якҷоя созам?! Ҳаргиз! Оё шумо намедонед, ки агар касе бо фоҳиша якҷоя шавад, бо ӯ як ҷону тан мешавад? Дар ин бора дар навиштаҷоти Худо омадааст: «Ду кас як тан мешаванд». Аммо ҳар кӣ бо Худованд пайванд шавад, рӯҳан бо Ӯ як мешавад. Аз гуноҳи ҷинсӣ гурезед! Ҳар гуноҳи дигаре ки одам мекунад, бар зидди баданаш нест. Лекин гунаҳкорони ҷинсӣ бар зидди бадани худ гуноҳ мекунанд. Магар намедонед, ки бадани шумо макони муқаддас, яъне маъбади Рӯҳулқудс аст, ки дар вуҷудатон зиндагӣ мекунад?! Магар намедонед, ки Рӯҳулқудсро ба шумо Худо ато кардааст? Шумо ба худ тааллуқ надоред, чунки Ӯ шуморо бо нархи гарон харидааст. Барои ҳамин бадани худро барои бузург доштани номи Худо истифода баред. Шумо қуринтиён ба ман дар мактуби пешинаатон навишта будед, ки зан нагирифтани мард беҳтар аст. Лекин барои пешгирӣ кардани гуноҳи ҷинсӣ беҳтар аст, ки ҳар мард зани худ ва ҳар зан шавҳари худро дошта бошад. Бигзор шавҳар нисбат ба занаш ва зан нисбат ба шавҳараш вазифаҳои заношӯйиро иҷро кунад. Зан бар бадани худ ихтиёрдор нест, зеро он аз они шавҳар аст. Шавҳар низ бар бадани худ ихтиёрдор нест, зеро он аз они зан аст. Ба ғайр аз он ки бо ризогии тарафайн барои дуову рӯза вақт сарф мекунед, дар ҳолатҳои дигар аз якдигар дурӣ наҷӯед. Сипас, аз нав якҷоя шавед, вагарна шайтон ба сабаби худдорӣ карда натавонистанатон шуморо ба гуноҳи ҷинсӣ мебарад. Дар ин бора ман на фармон, балки маслиҳат медиҳам. Мехостам, ки ҳамаи одамон ба мисли ман дар ҳаёт атои муҷаррад мондан дошта бошанд. Лекин Худо ба ҳар кас қобилият ва атоҳои гуногун додааст. Ман ба шахсони муҷаррад ва бевазанон маслиҳат медиҳам, ки беҳтар аст издивоҷ накунанд ва мисли ман бимонанд. Вале агар тоқат карда натавонанд, бигзор оиладор шаванд. Зан гирифтан беҳтар аст аз он ки ба ҳавасҳои алоқаи ҷинсӣ гирифтор шаванд. Ба одамони оиладор на ман, балки Худованд фармон медиҳад, ки зан аз шавҳараш набояд ҷудо шавад. Агар зан аз шавҳараш ҷудо шавад, бигзор дигар издивоҷ накунад ё бо шавҳараш оштӣ шавад. Мард ҳам набояд аз занаш ҷудо шавад. Ба дигарон бошад, на Худованд, балки ман мегӯям, ки агар марди имондоршуда зани беимон дошта бошаду он зан ба зиндагӣ бо шавҳараш розӣ бошад, мард набояд занашро талоқ диҳад. Ҳамчунин агар зани имондоршуда шавҳари беимон дошта бошаду он мард ба зиндагӣ бо занаш розӣ бошад, зан набояд шавҳарашро тарк кунад. Зеро шавҳари беимон ба воситаи зани имондораш ва зани беимон ба воситаи шавҳари имондораш пок мегардад. Дар чунин ҳолат кӯдаконатон пок ҳастанд, вагарна онҳо нопок мебуданд. Вале агар ҳамсари беимон ҷудо шудан хоҳад, бигзор ҷудо шавад. Дар чунин вазъият ҳамсари имондор маҷбур нест, ки бо ҳамсари беимон зиндагиро давом диҳад. Худо моро ба осоиштагӣ даъват кардааст. Эй зани имондор! Эй марди имондор! Кӣ медонад, ки агар ҳамроҳи ҳамсари беимон зиндагӣ кардан гиред, ӯро наҷот дода метавонед. Ба ҳар ҳол ҳар якеатон мувофиқи ҳаёте, ки Худованд додааст, зиндагӣ кунед ва дар ҳамон ҳолате ки Худо шуморо даъват кардааст, бимонед. Ман ба ҳама ҷамоатҳои имондорон чунин фармон медиҳам. Агар касе хатнашуда бошад, хатнашуда боқӣ монад ва агар хатнанашуда бошад, хатна накунад. Байни хатнашуда ва хатнанашуда фарқ нест. Муҳим он аст, ки шахс фармонҳои Худоро риоя кунад. Бигзор ҳар кас дар ҳамон ҳолате, ки Худо ӯро даъват карда буд, боқӣ монад. Агар ҳангоми ғулом буданатон Худо шуморо даъват карда бошад, ки ба Масеҳ имон биёред, андӯҳгин нашавед. Лекин агар имконияти озод шудан бошад, онро истифода баред. Зеро ғуломе, ки Худованд ӯро даъват кардааст, барои Худованд озод аст. Инчунин шахси озоди даъватшуда ғуломи Масеҳ аст. Худо шуморо бо нархи гарон харидааст, барои ҳамин ғуломи одамон нашавед. Бародарону хоҳарон, дар ҳамон ҳолате ки Худо шуморо даъват карда буд, боқӣ монед. Дар бораи духтарон аз Худованд ягон фармон надорам. Лекин мехоҳам, ки андешаи худамро гӯям. Аз он ки Худованд ба ман раҳм карда, маро фиристода таъйин кард, ба ман бовар кардан мумкин аст. Фикр мекунам, ки дар ин замони душвор беҳтар аст ҳар кас дар ҳамон ҳолаташ бимонад. Яъне агар оиладор бошед, ҷудо нашавед. Агар безан бошед, зан нагиред. Лекин агар зан гиред ҳам, гуноҳ намекунед. Инчунин агар духтаре ба шавҳар барояд, гуноҳ намекунад. Азбаски дар ҳаёти занушавҳарӣ азобҳо зиёданд, ман раҳми шуморо мехӯрам. Бародарону хоҳарон, ман гуфтаниам, охирзамон наздик асту вақт кам мондааст, барои ҳамин фарқ надорад, ки шахс оиладор ҳаст ё не. Инчунин фарқ надорад, ки шахс гиря мекунад ё хушҳолӣ мекунад, харид мекунад ё хариде намекунад. Касе, ки бо корҳои дунявӣ машғул аст, набояд саргарми кор шавад, балки ба корҳои Худованд аҳамияти калон диҳад, зеро ин дунё гузарон аст. Ман мехоҳам, ки шумо аз ташвишҳо озод бошед. Марди безан ба корҳои Худованд банд аст, то ки ба Ӯ писанд ояд. Вале марди оиладор барои ба занаш писанд омадан ба корҳои ҷаҳонӣ банд аст ва ба ду тараф тақсим шудааст. Духтар ё бевазан саргарми корҳои Худованд аст, то ки ҳам рӯҳану ҳам ҷисман ба Худованд бахшида шуда бошад. Зани шавҳардор барои ба шавҳараш писанд омадан ба корҳои ҷаҳонӣ банд аст. Ман инро барои фоидаи шумо мегӯям ва на барои он ки шуморо аз ягон чиз маҳрум кунам, то ки шумо ба корҳои дигар банд нашуда, парҳезгорона ва пайваста дар хизмати Худованд бошед. Агар марде фикр кунад, ки нисбат ба номзади худ нодуруст рафтор мекунад ва ҳавасҳои шаҳвониашро идора карда натавонаду фикр кунад, ки бояд зан гирад, бигзор бо ҳамон духтар оиладор шавад. Лекин агар мард қарор диҳад, ки зан намегирад, ба оиладоршавӣ эҳтиёҷ надорад ва ҳавасҳои шаҳвониашро идора карда метавонад, хуб аст, ки зан нагирад. Ҳар касе, ки зан мегирад, рафтори хуб мекунад ва ҳар касе, ки зан намегирад, боз ҳам хубтар рафтор мекунад. Зан ҳангоми зинда будани шавҳараш ба ӯ тааллуқ дорад. Пас аз вафоти шавҳараш ӯ ба шахси дилхоҳаш ба шавҳар баромада метавонад. Муҳимаш он аст, ки он мард ба Худованд имон дошта бошад. Маслиҳат медиҳам, ки агар зан дуюмбора шавҳар накунад, хушбахттар мешавад. Ба фикрам, маслиҳати додаам аз ҷониби Рӯҳи Худост, ки Ӯ дар вуҷуди ман аст. Акнун дар бораи гӯшти ҳайвоне, ки ба бутҳо қурбонӣ карда мешавад, гап мезанем. Ҳамаи мо дар ин бора чизе медонем. Лекин агар танҳо дониш дошта бошем, ҳавобаланд мешавем. Агар аз рӯйи муҳаббат ин донишро ба дигарон фаҳмонем, ҳама обод мешаванд. Агар касе фикр кунад, ки ҳама чизро медонад, дар асл ӯ ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ ҳама чизро намедонад. Аммо касе ки Худоро дӯст медорад, Худо вайро аз они Худ донистааст. Акнун дар бораи гӯште гап мезанем, ки ба бутҳо қурбонӣ карда мешавад. Мо ҳама медонем, ки бут худо нест ва ба ғайр аз Худои ягона худои дигаре вуҷуд надорад. Ҳам дар замин ва ҳам дар осмон бисёр чизҳое ҳастанд, ки одамон онҳоро «худоён» ва «худовандон» ҳисоб мекунанд. Чунин «худоён»-у «худовандон» бисёр бошанд ҳам, барои мо як Худо ҳаст, ки Ӯ Падар мебошад. Ӯ ҳама чизро офаридааст ва мо барои Ӯ зиндагӣ мекунем. Ҳамчунин як Худованд дорем, ки Ӯ Исои Масеҳ аст. Ҳама чиз ба воситаи Ӯ офарида шудааст ва мо ба воситаи Ӯ зиндагӣ мекунем. Лекин на ҳама имондорон медонанд, ки бутҳо чизи беҷон ҳастанд. Баъзеашон то ҳол фикр мекунанд, ки бутҳо зинда ҳастанд. Барои ҳамин вақте онҳо гӯшти қурбониро харида мехӯранд, фикр мекунанд, ки он дар ҳақиқат ба бутҳо бахшида шудааст ва ин виҷдони сусташонро азоб дода, нопок мегардонад. Лекин хӯрок моро ба Худо наздиктар намекунад. Мо аз хӯрок нахӯрдан бадтар намешавем ва аз хӯрок хӯрдан беҳтар намешавем. Аммо эҳтиёткор бошед! Нагузоред, ки чизи мехӯрдаатон имондори дигарро, ки имонаш сусттар аст, ба васваса барад. Азбаски медонед, ки бутҳо ҳеҷ чизанд, шумо бемалол дар сари дастархон дар бутхона шишта метавонед. Лекин каси сустимон, ки фикр мекунад хӯрдани гӯшти ба бутҳо қурбонишуда манъ аст, шуморо бинад, магар рафторатон ӯро ба гуноҳ тела намедиҳад? Он гоҳ магар донишмандии шумо ӯро аз роҳ зада, имонашро нобуд намекунад? Эҳтиёт шавед! Охир Масеҳ барои он бародари сустимон ҳам мурдааст. Бо ин коратон шумо бар зидди имондорони дигар гуноҳ карда, ба виҷдони сусти онҳо зарар мерасонед ва ҳам бар зидди Масеҳ гуноҳ мекунед. Барои ҳамин, агар гӯшти қурбонӣ хӯрданам сабаби гуноҳ кардани бародарам шавад, пас беҳтар аст, ки ман асло гӯшт нахӯрам, то ки ӯро ба гуноҳ набарам. Шумо медонед, ки ман ҳамчун марди озод ҳаққу ҳуқуқ дораму фиристодаи Исои Масеҳ таъйин шудаам. Ман Худованд Исоро бо чашмони худ дидаам. Натиҷаи меҳнати ман буд, ки шумо ба Худованд имон овардед. Шояд дигарон маро фиристодаи Масеҳ ҳисоб накунанд, лекин ман барои шумо фиристода ҳастам! Имон оварданатон аниқ нишон медиҳад, ки ман фиристода ҳастам. Ин аст ҷавоби ман ба онҳое, ки маро танқид мекунанд. Мо ҳамчун фиристодагони Масеҳ ҳақ дорем, ки аз ҳисоби ҷамоати имондорон зиндагӣ кунем. Мо низ ба монанди Петрус ва дигар фиристодагону бародарони Худованд ҳақ дорем, ки зани имондор гирифта, ҳамроҳамон ба сафар барем. Ё фақат ману Барнаббо бояд барои нони хӯрданӣ кор кунем? Кадом сарбоз аз ҳисоби худаш хизмат мекунад? Кадом деҳқон ток шинонда, ангурашро намехӯрад? Ё кадом подабонро дидед, ки аз шири рамааш намехӯрда бошад?! Ин суханон на фақат аз нуқтаи назари одамист, балки шариат низ онро тасдиқ мекунад, зеро дар шариати Мусо чунин навишта шудааст: «Вақте ки барзагов хирманро мекӯбад, даҳонашро набанд». Магар Худо танҳо дар бораи барзагов ғамхорӣ мекунад? Албатта не, Ӯ дар бораи мо гап мезанад. Ин суханон дар навиштаҷот барои он омадааст, ки ҳам касе, ки шудгор мекунаду ҳам касе, ки хирман мекӯбад, барои гирифтани ҳиссаи худ аз ҳосил умед доранд. Мо ба шумо хушхабарро расонда, дар байнатон тухми рӯҳонӣ коштем. Оё ҳақ надорем, ки аз шумо ҳосил, яъне кӯмаки модӣ гирем? Агар дигарон ба ёрии шумо ҳақ дошта бошанд, пас мо нисбат ба онҳо бисёртар ҳақ дорем! Лекин мо ин ҳаққамонро истифода набурдаем. Баръакс, ба ҳама чиз тоқат мекунем, то ки ба паҳн шудани хушхабари Масеҳ халал нарасонем. Магар намедонед, онҳое, ки дар маъбади Худо хизмат мекунанд, аз он ҷо хӯрок мехӯранд ва онҳое ки дар назди қурбонгоҳ хизмат мекунанд, ҳаққи худро аз қурбониҳо мегиранд? Инчунин Худованд фармудааст, онҳое, ки хушхабарро эълон мекунанд, бо ҳамин роҳ зиндагиашонро таъмин мекунанд. Вале ман ягон бор аз ин ҳаққи худ истифода набурдаам ва ин мактубро ҳам на барои он менависам, ки аз шумо ягон кӯмаки модӣ гирам. Мурдан беҳтар аст аз он, ки касе маро аз фахрам маҳрум созад. Фахри ман ин аст, ки хушхабарро ба шумо бепул эълон кардам. Лекин ба ҳар ҳол, ман аз паҳн кардани хушхабар фахр намекунам, зеро бояд онро паҳн кунам. Вой бар ҳоли ман, агар хушхабарро эълон накунам! Агар ин корро ба ихтиёри худам мекардам, шояд музд мегирифтам. Аммо ин корам ғайриихтиёрӣ аст, зеро ман танҳо вазифаеро иҷро мекунам, ки Худо онро ба ман фармудааст. Ин тавр ки бошад, музди ман аз чӣ иборат аст? Музди ман аз он иборат аст, ки хушхабарро бемузд эълон кунам ва аз ҳаққе, ки дорам, истифода набарам. Ман озод ҳастаму хӯҷаин надорам, лекин худамро ғуломи ҳама кардам, то ки бисёртар одамонро ба назди Масеҳ орам. Бо яҳудиён мисли яҳудӣ зиндагӣ кардам, то ки онҳоро ба назди Масеҳ орам. Яъне бо иҷрокунандагони шариат, ҳарчанд дар зери ҳукми шариат набошам ҳам, чун иҷрокунандаи шариат рафтор кардам, то ки онҳоро ба назди Масеҳ орам. Бо одамоне, ки шариати Мусоро надоранд, ба мисли одами бешариат рафтор кардам, то ки онҳоро ба назди Масеҳ орам. Вале бо вуҷуди ин шариати Худоро рад накардаам, балки ба шариати Масеҳ итоат кардам. Ман барои онҳое, ки сустимонанд, худро сустимон гирифтам, то ки онҳоро ба назди Исои Масеҳ орам. Хулоса, ман бо ҳар роҳ кӯшиш кардам, ки ба мисли яке аз онҳо шавам, то ки баъзеҳоро ба назди Исои Масеҳ орам. Ҳамаи инро ман ба хотири хушхабар иҷро мекунам, то ки дар қатори дигарон баракати хушхабарро ба даст оварам. Магар шумо намедонед, ки дар варзишгоҳ тамоми иштирокчиёни мусобиқа медаванд, вале фақат як нафар мукофот мегирад. Шумо ҳам давед, то ки мукофотро ба даст оред. Ҳамаи варзишгарон барои гирифтани тоҷе, ки зуд пажмурда мешавад, бо тамоми ҳастияшон машқ мекунанд. Мо бошем, барои аз Худованд гирифтани тоҷе, ки пажмурда намешавад, машқ мекунем. Аз ин сабаб ман бемақсад намедавам ва беҳуда мушт ба ҳаво намезанам. Ман чун варзишгар идора кардани баданро сахт машқ карда, онро ғуломи худ мегардонам, то ки хушхабарро ба дигарон эълон карда, худам бе мукофот намонам. Бародарону хоҳарон, ман мехоҳам, ки шумо дар бораи аҷдодонамон бидонед. Ҳамаи онҳо дар зери ҳимояи абри Худо буданд ва аз баҳр ба хушкӣ гузаштанд. Ҳамин тавр онҳоро абру баҳр фаро гирифт ва онҳо таъмид гирифтанд. Аз ин таъмид ҳамаашон пайравони Мусо шуданд. Ҳамаи онҳо як ғизоеро мехӯрданд ва оберо менӯшиданд, ки Худо ба онҳо бо роҳи муъҷиза дода буд. Об аз ҳамон харсанге меомад, ки аз пасашон мерафт ва он харсанг Масеҳ буд. Вале бо вуҷуди ин аксарияти онҳо ба Худо писанд наомаданд ва дар натиҷа дар биёбон ба ҳалокат расиданд. Ҳамаи ин воқеаҳо барои мо ҳамчун огоҳие буд, то ки мо мисли онҳо орзуи чизҳои бад накунем ва ба монанди баъзеи онҳо бутпараст нашавем. Охир, дар навиштаҷот дар бораи онҳо омадааст: «Мардум нишаста, хӯрданду нӯшиданд ва сипас ба рақсу бозӣ даромаданд». Вале мо набояд ба монанди баъзеи онҳо гуноҳи ҷинсӣ кунем. Онҳо гуноҳи ҷинсӣ карданд ва оқибат дар як рӯз бисту се ҳазор нафар ҳалок шуд. Мо набояд ба монанди баъзе аҷдодонамон дар биёбон Масеҳро озмоиш кунем. Онҳо Масеҳро озмуданд ва оқибат аз заҳри морон мурданд. Инчунин ба монанди баъзеи онҳо шикоят накунем. Онҳо шикоят карданду аз дасти нобудкунанда нобуд шуданд. Ҳамаи ин ба он хотир рӯй дод, ки барои мо намуна бошад. Ин барои ҳамаи мо ҳамчун огоҳӣ навишта шудааст, зеро мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки рӯзи қиёмат наздик аст. Барои ҳамин ҳар кӣ гумон мекунад, ки дар имон устувор истодааст, эҳтиёт шавад, то ки наафтад. Озмоишҳое, ки шумо ба онҳо рӯ ба рӯ мешавед, ба сари ҳар инсон меоянд. Аммо Худо вафодор аст ва намегузорад, ки шумо беш аз тавоноии худ санҷида шавед. Балки дар баробари озмоишҳо роҳи халосиро низ нишон медиҳад, то ки шумо онро паси сар карда тавонед. Барои ҳамин, азизонам, шумо бояд аз бутпарастӣ гурезед. Ман ба шумо ҳамчун ба одамони боақл мегӯям, ки дар бораи суханонам худатон андеша ронед. Мо имондорон ҳангоми таоми шоми Худованд ҷамъ шуда, аз як коса менӯшем ва барои он Худоро шукр мегӯем. Ин коса нишон медиҳад, ки хуни Масеҳ барои мо рехта шудааст. Мо ҳам нонро шикаста мехӯрем, ки ин нишонаи бадани Масеҳ аст. Бо ин роҳ нишон медиҳем, ки бо Ӯ ва бо ҳам як ҳастем. Ҳарчанд мо бисёрем, як тан ҳастем, зеро як нонро мехӯрем. Ба халқи Исроил нигоҳ кунед. Онҳое ки дар макони муқаддас аз хӯроки дар қурбонгоҳ ба Худо тақдимшударо мехӯранд, дар ибодати Худо иштирок мекунанд. Ман гуфтанӣ нестам, ки бут ё хӯроки ба бут қурбонишуда ягон маъно дорад. Ман гуфтаниам, ки бутпарастон қурбониҳояшонро на ба Худо, балки ба ҷинҳо пешкаш мекунанд. Барои ҳамин ман намехоҳам, ки шумо бо ҷин муносибат дошта бошед. Шумо наметавонед ҳам аз косаи Худованд нӯшеду ҳам аз косаи ҷин! Инчунин наметавонед ҳам дар сари дастархони Худованд бишинеду ҳам дар сари дастархони ҷин! Ё ғазаби Худовандро овардан мехоҳед?! Магар мо аз Худованд зӯртар ҳастем?! Шумо мегӯед: «Ҳама кор барои ман равост!» Лекин на ҳама чиз фоиданок аст! Боз мегӯед, ки «Ҳама кор барои ман равост!» Лекин на ҳама чиз барои обод кардан аст. Шахс набояд дар фикри худ, балки дар фикри дигарон бошад. Барои нороҳат нашудани виҷдонатон ҳар гӯштеро, ки дар бозор мефурӯшанд, харида, бихӯреду напурсед, ки ин гӯшт ба бутҳо қурбон шудааст ё не. Чунки дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст: «Замин ва ҳар чизе, ки дар он ҳаст, аз они Худованд аст». Агар шахси беимон шуморо ба меҳмонӣ даъват кунаду шумо рафтанӣ шавед, ҳар чизеро, ки ба дастархон гузорад, барои осудагии виҷдонатон онро бе пурсуҷӯ хӯред. Вале агар касе гӯяд, ки ин гӯшти қурбонӣ барои бутҳост, ба хотири касе, ки шуморо огоҳ кард ва ба хотири нороҳат нашудани виҷдон онро нахӯред. Ман на виҷдони шуморо, балки виҷдони каси дигарро дар назар дорам. Ман озод ҳастаму он хӯрокро хӯрда метавонам. Дар ин ҳолат чаро виҷдони каси дигар маро аз озодӣ маҳрум созад? Агар ман барои хӯрок Худоро шукр гӯям ва онро бихӯрам, чаро касе ба хотири ин корам маро танқид кунад? Аз ин рӯ мехӯред ё менӯшед ва ҳар кори дигаре, ки мекунед, ҳамаи инро барои бузургии номи Худо кунед. Шумо бояд тарзе зиндагӣ кунед, ки ягон яҳудӣ ё юнонӣ ё имондорони ҷамоати Худо ҳаёти шуморо дида ба гуноҳ наафтад. Ба мисли ман кӯшиш намоед, ки дар ҳар бобат ба ҳама писанд оед. Ман дар фикри худ нестам, балки дар фикри дигарон ҳастам, то ки онҳо наҷот ёбанд. Чунон ки ман аз Масеҳ ибрат мегирам, шумо низ аз ман ибрат гиред. Шуморо таъриф мекунам, ки маро ҳамеша дар ёд доред ва ба таълимоти ба шумо расондаам итоат мекунед. Мехоҳам донед, ки сардори ҳар як мард Масеҳ аст. Сардори ҳар як зан шавҳари ӯст ва сардори Масеҳ Худо аст. Ҳар марде, ки бо сари пӯшида дуо гӯяд ё паёми Худоро расонад, ба сардори худ беҳурматӣ мекунад. Инчунин ҳар зане, ки бо сари луч дуо гӯяд ё паёми Худоро расонад, ба сарвари худ, яъне ба шавҳараш беҳурматӣ мекунад. Чунки вай дар ин ҳолат ба монанди зани сартарошида аст. Агар зан рӯймол бастан нахоҳад, бигзор мӯйи сарашро қайчӣ кунад. Вале агар ӯ аз мӯйи бурида ё аз сари тарошида шарм дорад, бигзор рӯймол бандад. Мард набояд сарашро пӯшонад, зеро ӯро Худо ба Худ монанд офаридааст ва ӯ бузургии Худоро нишон медиҳад. Зан бошад, бузургии шавҳарашро нишон медиҳад. Зеро мард аз зан не, балки зан аз мард офарида шудааст. Мард барои зан не, балки зан барои мард офарида шудааст. Бинобар ин, ба хотире ки фариштагон мебинанд, зан бояд ба сараш рӯймол бандад, то нишон диҳад, ки дар зери итоат аст. Лекин дар ҳаёте, ки мо бо Худованд дорем, мард ба зан вобаста асту зан ба мард. Зан аз мард офарида шуда бошад ҳам, мард аз зан таваллуд мешавад. Ҳамаи ин аз тарафи Худост. Худатон фикр кунед, оё аз рӯйи одоб аст, ки зан бо сари луч ба Худо дуо гӯяд?! Инчунин худи шумо табиатан намефаҳмед, ки мӯйи дароз барои мард шармовар аст?! Мӯйи дарози зан бошад, боиси ифтихори ӯст ва барои пӯшонидани сар ба ӯ дода шудааст. Ба касе, ки дар ин бора баҳс кардан мехоҳад, гуфтаниам, ки мо ва дигар ҷамоатҳои Худо ба ғайр аз ин одати дигар надорем. Дар мавриди дастурҳои дигар шуморо таъриф намекунам, чунки вақте ки шумо ҷамъ мешавед, шумо на фоида, балки бештар зарар меоред. Аввалан, ман шунидам, ки дар ҷамъомади худ шумо байнатон ба ҷудоӣ роҳ медиҳед. То як дараҷа бовар мекунам, ки ин хабар рост аст. Лекин албатта, гуногунфикрӣ бояд дар байнатон бошад, то писандидагони Худо маълум шаванд. Ҳангоме ки шумо ҳама якҷоя дар сари як дастархон нишаста, таом мехӯред, онро шоми Худованд ном бурдан номумкин аст. Зеро баъзеи шумо баднафсона хӯрок мехӯреду ба дигарон чизе намегузоред. Дар натиҷа яке серу маст мешаваду дигаре гурусна мемонад. Чӣ, магар шумо хона надоред, ки дар он ҷо хӯреду нӯшед?! Ё шумо ҷамоати Худоро шарманда карданӣ ҳастед?! Ё мехоҳед, ки камбағалоне, ки бо худ хӯрок оварда наметавонанд, хиҷолат кашанд? Ба шумо чӣ гӯям?! Барои ин коратон шуморо таъриф кунам?! Албатта не! Он чи ки Худованд Исои Масеҳ дар бораи ин шом фармудааст, чунин аст ва ман ҳам пештар онро ба шумо таълим дода будам. Худованди мо Исо дар шоме, ки Яҳудо ба Ӯ хиёнат кард, нонро гирифта, ба Худо шукр гуфт ва онро пора карда ба шогирдонаш тақсим намуда гуфт: «Нонро гирифта бихӯред, чунки ин бадани Ман аст, ки бароятон қурбонӣ карда мешавад. Барои ёдоварии Ман ҳамин тавр бикунед». Айнан ҳамин тарз Исо пас аз таоми шом косаро гирифта гуфт: «Ин коса аҳду паймони навест, ки Худо бо халқаш бо хуни Ман бастааст. Ҳар боре ки аз ин коса нӯшед, Маро ба ёд оваред». Бо ин восита, то замони бозгашти Худованд Исо, ҳар боре ки ин нонро мехӯреду аз ин коса менӯшед, шумо хабари марги Худовандро эълон мекунед. Бино бар ин, ҳар касе, ки бепарвоёна аз нон бихӯрад ва аз косаи Худованд бинӯшад, бар зидди бадан ва хуни Худованд гунаҳкор мешавад. Аз ин рӯ шахс бояд аввал худашро санҷида, сипас ин нонро хӯрда, аз ин коса нӯшад. Агар касе нонро, ки бадани Масеҳ аст, бихӯрад ва аз коса, ки хуни Масеҳ аст, бинӯшад ва дарк накунад, ки имондорон дар Масеҳ як ҳастанд, Худо ӯро ҷазо медиҳад. Барои ҳамин дар байнатон одамони бемору заиф зиёданд ва ҳатто бисёриҳо мурдаанд. Агар мо худамонро месанҷидем, ҷазо намегирифтем. Вале Худованд моро ҳозир ҷазо дода, тарбия мекунад, то ки дар охирзамон бо беимонон ҳукм карда нашавем. Бародарону хоҳаронам, ҳангоме ки ҳамаатон дар сари як дастархон мешинед, ҳамдигарро интизор шавед. Агар касе хеле гурусна бошад, бояд дар хонааш хӯрад, то ки ҷамъ шудани имондорони ҷамоат сабаби ҳукмшавӣ нагардад. Дар бораи чизҳои дигар бошад, вақте ки худам ба наздатон меоям, фармон медиҳам. Бародарону хоҳарон, ман мехоҳам, ки шумо дар бораи қобилиятҳое, ки аз тарафи Худо меоянд, яъне дар бораи атоҳои рӯҳонӣ донед. Шумо медонед, пеш аз пайрави Исо шуданатон дигарон шуморо ба роҳҳои бад бурда, ба парастиши бутҳои безабон меоварданд. Барои ҳамин мехоҳам донед, ки агар шахс дар вуҷудаш Рӯҳулқудс дошта бошад, ӯ «Лаънат ба Исо!» намегӯяд. Инчунин агар шахс дар вуҷудаш Рӯҳулқудсро надошта бошад, «Исо Худованд аст» гуфта наметавонад. Атоҳои рӯҳонӣ гуногунанд, лекин ҳамаашон аз як тараф, яъне аз тарафи Рӯҳулқудс меоянд. Хизматҳо гуногунанд, лекин ҳама ба як Худованд хизмат мекунанд. Фаъолиятҳо низ гуногунанд, аммо як Худост, ки дар ҳама амал мекунад. Ба ҳар яки мо атои рӯҳонӣ дода мешавад, то ки мо ба ҳамдигар ёрӣ расонда тавонем. Масалан, Рӯҳулқудс ба касе атое медиҳад, ки ӯ суханони хирадмандона гӯяд. Ҳамон Рӯҳ ба каси дигар атои донишманд будан, ба касе имони боқувват ва ба дигаре атои шифо бахшиданро медиҳад. Рӯҳулқудс ба яке қувваи муъҷизакорӣ, ба дигаре атои расондани паёми Худо медиҳад. Ба каси дигар қобилияти фаҳмидани он ки оё паёми шунидааш ҳақиқатан аз тарафи Худо аст ё не, дода мешавад. Ба касе атои бо забонҳои гуногун гап задан ва ба дигаре қобилияти тарҷума кардани онҳо дода мешавад. Лекин ҳамаи инро айнан ҳамон Рӯҳ ба амал меорад, ки мувофиқи хости Худ ба ҳар кас ҳар аторо медиҳад. Бадани одам узвҳои бисёр дорад, вале ҳамаи узвҳо як баданро ташкил медиҳанд. Бадани Масеҳ низ ҳамин гуна аст. Рӯҳулқудс моро фаро гирифта, таъмид дод, то ки аз мо як гурӯҳи имондорон ташкил диҳад. Баъзеи мо яҳудӣ ва баъзеамон юнонӣ ҳастем. Баъзеамон ғулом ва баъзеамон озод ҳастем. Вале Рӯҳулқудс ҳар якеамонро қисми як бадан, яъне бадани Масеҳ гардондааст ва ҳамон Рӯҳулқудс дар вуҷуди ҳар яке аз мо зиндагӣ мекунад. Бадан на аз як узв, балки аз узвҳои бисёр иборат аст. Агар пой гӯяд: «Ман ба ин бадан тааллуқ надорам, чунки даст нестам», наход ки он, ба ин сабаб ба бадан тааллуқ надошта бошад?! Ё агар гӯш гӯяд: «Ман ба ин бадан тааллуқ надорам, чунки чашм нестам», наход ки он ба ин сабаб ба бадан тааллуқ надошта бошад? Агар тамоми бадан чашм мебуд, чӣ гуна бадан гӯш карда метавонист? Ё агар тамоми бадан гӯш мебуд, чӣ гуна бадан бӯйида метавонист? Лекин Худо ҳар як узвро мувофиқи хости Худ дар бадан ҷойгир кардааст. Агар бадан аз як узв иборат мешуд, чӣ тарз он вуҷуд дошта метавонист?! Аммо дар асл аъзо бисёр, вале бадан яктост. Чашм наметавонад ба даст гӯяд: «Ман ба ту эҳтиёҷ надорам». Ё сар наметавонад ба пойҳо гӯяд: «Ман ба шумо эҳтиёҷ надорам». Баръакс, он узвҳое, ки ба назарамон аз ҳама сустанд, дар асл аз ҳама заруртаранд. Узвҳоеро, ки паст мешуморему намоён шуданашон шармовар аст, бо диққати бештар ва оқилона мепӯшонем, вале узвҳои зебои мо ба пӯшондан ҳеҷ эҳтиёҷе надоранд. Худи Худо баданро тарзе офаридааст, ки узвҳои сусттарро бештар қадр кунем, то ки дар байни узвҳо на ҷудоӣ, балки ғамхории якдигар бошад. Агар як узви бадан ба дард ояд, ҳамаи узвҳо ба дард меоянд. Агар яке аз узвҳо сазовори таъриф шавад, ҳамаи узвҳои бадан шодӣ мекунанд. Ҳамаи шумо дар якҷоягӣ бадани Масеҳро ташкил мекунед ва ҳар яке аз шумо узви бадани Ӯ мебошед. Худо дар ҷамоати имондорон аввал фиристодагон, дуюм пайғамбаре, ки паёми Худоро мерасонад ва сеюм муаллимонро таъйин намуд. Инчунин Худо ба баъзеҳо атои муъҷизакорӣ, атои шифодиҳӣ, атои ёрирасонӣ, атои роҳбарӣ ва қобилияти ба забонҳо гап заданро додааст. Бинед, на ҳама фиристодаи Худованд мебошанд! На ҳама пайғамбар ва муаллим мебошанд. На ҳама муъҷиза нишон медиҳанд. На ҳар кас атои шифодиҳӣ дорад. На ҳама бо забонҳо сухан меронанд. На ҳама забонҳоро тарҷума мекунанд. Лекин шумо атоҳои рӯҳонии бузургтарро хоҳон бошед. Ман ба шумо роҳи беҳтаринро нишон медиҳам. Агар ман бо забонҳои одамӣ ва фариштагон гап занаму муҳаббат надошта бошам, ман ба мисли миси пурсадо ё лаъличаи ҷарангосӣ ҳастам. Агар атои расондани паёми Худоро дошта бошам ва аз тамоми сирру асрор бохабар бошам, ҳар гуна дониш дошта бошам ё агар имоне дошта бошам, ки кӯҳро аз ҷояш ҷунбонаму муҳаббат надошта бошам, ман ҳеҷ касам. Агар тамоми сарватамро ба камбағалон тақсим кунам ва ҳатто баданамро барои сӯзонидан қурбон кунаму муҳаббат надошта бошам, ягон фоида намебинам. Муҳаббат пуртоқату меҳрубон аст. Муҳаббат ҳасад намебарад, ҳавобаланд нест ва ғурур надорад. Муҳаббат дағалӣ намекунад, худписанд ва зудранҷ нест ва кина ба дил намегирад. Муҳаббат аз беинсофӣ шодӣ намекунад, балки аз ростӣ хушҳол мешавад. Муҳаббат ҳамеша сабр мекунад ва бовар менамояд, ба ҳама чиз умед мебандад ва ба ҳама чиз тоб меорад. Атои расондани паёми Худо аз байн меравад, забонҳо хомӯш мешаванд ва дониш мегузарад, лекин муҳаббат то абад мемонад. Мо ҳама чизро намедонем ва паёми Худоро расонданамон комил нест. Аммо, вақте ки пуррагӣ меояд, ҳама чизи нопурра аз байн меравад. Масалан, вақте ки ман кӯдак будам, ҳамчун кӯдак гап мезадаму фикру муҳокима мерондам. Лекин вақте ки калон шудам, ҳар чизи кӯдакиро фаромӯш кардам. Ҳозир мо Худоро ба мисли сурати хира дар оинаи чанголуд дида метавонем. Дар он дунё Ӯро рӯ ба рӯ хоҳем дид. Ҳозир мо ҳама чизро намедонем, лекин дертар чӣ хеле ки Худо моро ба таври пурра мефаҳмад, мо низ ҳамон тавр ба таври комил мефаҳмем. Хулоса, ин се чиз боқӣ мемонад, ки инҳо имон, умед ва муҳаббат мебошанд. Вале муҳаббат бузургтарини онҳо аст. Дар пайи муҳаббат бошед ва талабгори атоҳои рӯҳонӣ, бахусус хоҳони атои расондани паёми Худо бошед. Касе ки аз тарафи Рӯҳулқудс атои бо забонҳои бегона гапзаниро дорад, ӯ на ба одамон, балки ба Худо муроҷиат мекунад. Зеро, вақте ки ӯ ба воситаи Рӯҳулқудс сирру асрорро мегӯяд, ҳеҷ кас гуфтаҳояшро намефаҳмад. Вале пайғамбар, ки бо забони фаҳмо паёми Худоро мерасонад, барои обод гардондан ва дастгирию дилбардории одамон ин корро мекунад. Касе ки ба забони бегонае гап мезанад, фақат худашро обод мекунад. Вале пайғамбар, ки паёми Худоро мерасонад, ҷамоатҳои имондоронро обод мекунад. Мехоҳам, ки ҳамаатон бо забонҳои бегона сухан ронед, лекин бештар мехоҳам, ки паёми Худоро ба дигарон расонед. Ба ғайр аз ҳолатҳое ки забонҳо тарҷума мешаванд, пайғамбар аз оне ки бо забонҳо гап мезанад, муҳимтар аст. Он гоҳ тамоми ҷамоат обод мешавад. Бародарону хоҳарон, агар ман ба наздатон омада, ба забонҳо сухан ронам, шумо аз ман чӣ фоида мегиред?! Лекин агар он чиро, ки Худо ба ман нишон додааст ё донише ё паёми илоҳӣ ё таълимотро биёрам, фоиданок мешуд. Бо забонҳо гап заданро ба най ё чанг, ки асбобҳои беҷон ҳастанд, монанд мекунам. Агар онҳо садоҳои равшан набароранд, пас оҳанги онҳоро чӣ гуна фаҳмем? Агар карнай садои номуайян барорад, кӣ ба ҷанг омода мешавад?! Ҳамин тавр, агар шумо ҳам бо суханони номаълум гап занед, одамон сухани шуморо чӣ хел мефаҳманд?! Шумо танҳо ба дару девор гап мезанеду халос! Дар ин ҷаҳон забонҳои дигар бисёранд ва ҳар кадоме мазмунеро ифода мекунад. Агар ман суханони каси дигарро нафаҳмам, ман ба гӯянда бегона ҳастаму ӯ ба ман бегона. Модоме ки ташнаи атоҳои рӯҳонӣ ҳастед, ҳамонашро бештар ба даст оред, ки боиси обод гардидани ҷамоати имондорон мешавад. Аз ин рӯ касе, ки ба забонҳо сухан меронад, бояд дуо кунад, то ки гуфтаҳояшро тарҷума карда тавонад. Зеро, агар ман ба забоне дуо кунам, рӯҳам дар вуҷудам дуо мекунад, лекин гуфтаҳоямро худам намефаҳмам ва ақлам фоидае намебинад. Пас чӣ бояд кунам?! Ман ҳам бо рӯҳи худ ва ҳам бо суханони ба худ фаҳмо дуо мекунам, ман ҳам бо рӯҳ ва ҳам бо суханони ба худ фаҳмо суруд мехонам. Агар шумо Худоро ба забоне шукр гӯед, ки фақат рӯҳи худатон мефаҳмад, чӣ тарз дигарон бо дуои шумо розӣ шуда, «Омин» мегӯянд, дар ҳоле ки дар бораи чӣ дуо карданатонро намефаҳманд? Шумо Худоро ба забонҳо хеле нағз шукргузорӣ мекунед, лекин дигарон обод намешаванд. Худоро шукр мегӯям, ки ман аз ҳар яки шумо зиёдтар ба забонҳо сухан меронам. Лекин дар ҷамоати имондорон ба ҷойи даҳ ҳазор калимаи нофаҳмо беҳтар аст, ки бо панҷ калимаи фаҳмо сухан гӯям, то ки дигаронро таълим диҳам. Бародарону хоҳарон! Дар фаҳмидани ин чизҳо монанди кӯдакон набошед, вале дар фикрронӣ баркамол бошед. Нисбат ба бадӣ бошад, ба мисли тифли навзод рафтор кунед. Зеро Худованд дар навиштаҷот гуфтааст: «Ман ба забони халқҳои дигару ба воситаи одамони бегона сухан меронам, лекин бо вуҷуди ин халқи Худам Маро гӯш намекунад». Ҳамин тавр, забонҳо нишон медиҳанд, ки на имондорон, балки беимонон дар зери ҳукми Худо ҳастанд. Аммо атои расондани паёми Худо на барои беимонон, балки барои манфиати имондорон аст. Агар шумо имондорон дар ҷамоат ҷамъ шаведу ҳамаатон ба забонҳо гап занед ва беимон ё одамони бегона ба он ҷо даромада монад, оё ӯ фикр намекунад, ки шумо девона шудаед?! Вале агар ҳама каломи Худоро эълон кунанд, шахси беимон ё каси бегона ба ҷамоат даромада, аз шунидани каломи Худо гуноҳҳояшро мефаҳмад, ки ӯ дар зери ҳукм аст. Ба ин восита сирру асрори дилаш ошкор мешавад. Ӯ рӯ ба замин афтода, Худоро парастиш мекунад ва эътироф менамояд, ки ба ростӣ, Худо дар байни шумо аст. Пас дӯстон, чӣ бояд кард? Ҳангоме ки ҷамъ мешавед, бигзор яке аз шумо суруд бихонад, дигаре аз каломи Худо таълим диҳад, дигаре ҳақиқатеро, ки Худо ба вай кушодааст, баён созад, касе ба забоне гап задан ва дигаре тарҷума кардани забонро ба ӯҳда гирад. Ҳамаи инро барои ободии ҷамоати имондорон бикунед. Агар дар байнатон шахсоне бошанд, ки бо забон гап мезананд, бигзор ду нафар ё бисёраш се нафар бо навбат гап зананд. Сипас, як нафар сухани онҳоро тарҷума кунад. Вале агар тарҷумон набошад, бигзор донандаи забон дар ҷамоат бо овози баланд сухан нагӯяд ва хомӯшона танҳо ба худ ва ба Худо гап занад. Аз байни пайғамбарон бигзор ду ё се нафарашон паёми Худоро гӯянд ва дигарон суханони онҳоро тафтиш кунанд. Аммо агар Худо ба касе аз нишастагон паёме диҳад, бигзор гӯяндаи аввал хомӯш шавад. Бо ин тартиб шумо метавонед, бонавбат ҳамаатон паёми Худоро расонед, то ки ҳама таълим гиранд ва рӯҳбаланд шаванд. Пайғамбарон бояд атои худро идора кунанд. Зеро Худо мехоҳад, ки ба монанди тамоми ҷамоатҳои халқаш ҳама чиз дар осоиштагӣ бошад, на дар бетартибӣ. Занон бояд ҳангоми маҷлиси ҷамоат хомӯш бошанд. Ба онҳо сухан гуфтан иҷозат дода нашудааст. Аз рӯйи шариати Мусо онҳо бояд фармонбардор бошанд. Агар савол дошта бошанд, бигзор дар хона аз шавҳарони худ пурсанд. Зеро сухан гуфтани занон ҳангоми маҷлиси ҷамоат аз рӯйи одоб нест. Ё шумо қуринтиён, фикр мекунед, ки каломи Худо аз шумо баромадааст ё танҳо ба шумо омада расидааст? Агар касе худро пайғамбар ё шахси рӯҳонӣ шуморад, бояд эътироф кунад, ки навиштаи ман фармони Худованд мебошанд. Агар ӯ ба ин навиштаи ман аҳамият надиҳад, ба вай низ аҳамият надиҳед. Ҳамин тавр, дӯстон, талабгори атои расондани паёми Худо бошед, вале ба забонҳо гап заданро манъ накунед. Лекин ҳама чиз бояд дар доираи тартибу интизом ба амал ояд. Бародарону хоҳарон, хотиррасон кардан мехоҳам, ки хушхабареро, ки пештар ба шумо эълон мекардам, қабул кардед ва дар он устувор истодаед. Агар шумо хушхабареро, ки эълон кардаам, маҳкам нигоҳ доред, он шуморо наҷот медиҳад, вагарна беҳуда имон овардаед. Аввал ин ки ман хушхабари гирифтаамро ба шумо расондам, ки чунин аст: Масеҳ, мувофиқи навиштаҷот, барои гуноҳҳои мо мурд. Ӯ гӯронида шуд ва дар рӯзи сеюм мувофиқи навиштаҷот Худо Ӯро зинда кард. Аввал Ӯ ба Петрус ва баъд ба дувоздаҳ фиристодагонаш, сипас дар як вақт ба зиёда аз панҷсад нафар пайравонаш зоҳир гардид. Баъзе пайравонаш аллакай вафот кардаанд, лекин бештари онҳо дар қайди ҳаётанд. Сипас, Ӯ ба Яъқуб ва дертар ба тамоми фиристодагонаш зоҳир шуд. Аз ҳама охир ба ман зоҳир шуд, ки ман ба таври ғайриодӣ фиристода шуда будам! Чунки ман дар байни дигар фиристодагон қадри камтар дорам. Азбаски пештар ҷамоати Худоро дунболагирӣ мекардам, ҳатто сазовор нестам, ки худамро фиристода биномам. Аммо ба воситаи файзу меҳрубонии Худо он чи имрӯз ҳастам ва файзе, ки Ӯ бар ман додааст, беҳуда нест. Чунки аз ҳамаи фиристодагон зиёдтар меҳнат кардам ва на ман, балки Худо ба воситаи ман бо файзаш кор мекард. Лекин фарқ надорад, ки шумо хушхабарро аз ман шунидед ё аз онҳо. Муҳим он аст, ки шумо ба хушхабаре имон овардед, ки ҳамаи мо онро эълон мекунем. Агар мо аз мурдагон зинда шудани Масеҳро эълон мекарда бошем, чӣ гуна баъзеи шумо мегӯед, ки зиндашавии мурдагон вуҷуд надорад? Агар зиндашавии мурдагон вуҷуд надошта бошад, пас Масеҳ ҳам зинда нашудааст! Агар Масеҳ зинда нашуда бошад, ҳам хушхабарро эълон кардани мо беҳуда асту ҳам имони шумо беҳуда аст! Агар ҳақиқатан мурдагон зинда нашаванд, пас мо ба шумо дурӯғ гуфтаем, чунки мо ба шумо дар бораи Худо шаҳодат додем, ки Ӯ Исоро зинда кардааст. Охир агар мурдагон зинда нашаванд, пас Масеҳ ҳам зинда нашудааст. Агар Масеҳ зинда нашуда бошад, пас имон оварданатон беҳуда аст ва шумо то ҳол бо гуноҳҳоятон зиндагӣ мекунед. Дар ин ҳолат онҳое ки бо имон ба Исои Масеҳ вафот кардаанд, нобуд шудаанд. Агар ба Масеҳ фақат дар ин дунё умед дошта бошем, мо аз ҳамаи одамон бадбахттарин ҳастем. Аммо Масеҳ дар ҳақиқат аз байни мурдагон зинда карда шудааст ва Ӯ кафолати он аст, ки пайравонаш низ бархезонда мешаванд. Чунон ки марг ба воситаи инсон ба ҷаҳон омадааст, зиндашавии мурдагон низ ба воситаи инсон ба вуҷуд омадааст. Инсони аввалин – Одам гуноҳ карда, ба ҳамаи мо марг овард, лекин Масеҳ ба ҳамаи мо, ки ба Ӯ тааллуқ дорем, ҳаёт бахшид. Лекин ҳар кас дар навбати худ зинда хоҳад шуд. Аввал Худо Масеҳро аз мурдагон зинда кард, сипас ҳангоми бозгашташ онҳое, ки аз они Ӯ ҳастанд, зинда мешаванд. Сипас, вақте ки дунё ба охир мерасад, Масеҳ тамоми қудрату қувватро шикаст дода, Подшоҳиро ба дасти Худо Падар месупорад. Чунки то замоне ки Масеҳ ҳамаи душманонро зери пойҳои Худаш нагузорад, бояд ҳукм ронад. Охирин душмане, ки нобуд карда мешавад, марг аст. Навиштаҷот мегӯяд, ки Худо ҳама чизро зери пойҳои Масеҳ гузоштааст. Вале маълум аст, ки Худое, ки ҳама чизро зери пойҳои Масеҳ гузоштааст, ба «ҳама чиз» дохил намешавад. Вақте ки ҳама чиз таҳти фармони Масеҳ қарор мегирад, Масеҳ низ, ки Писари Худост, Худро зери фармони Худое мегузорад, ки ҳама чизро ба зери итоаташ дароварда буд. Сипас, Худо дар ҳама ҷо, сарвари ҳама чиз мегардад. Баъзе имондорон ба ҷойи одамони беимони вафоткарда дар об таъмид гирифта, бо ин роҳ мехоҳанд, ки гузаштагонро пайравони Масеҳ гардонанд. Вале агар онҳо тамоман зинда нашаванд, чаро одамон ба ҷойи онҳо таъмид мегиранд? Мо барои чӣ беист худро ба хатар меандозем? Бо фахре, ки аз шумо дар Худованди мо Исои Масеҳ дорам, қасам мехӯрам, ки ҳар рӯз бо марг рӯ ба рӯ мешавам. Агар ман аз рӯйи фикри одамӣ бо эфесусиён, ки мисли ҳайвоноти ваҳшӣ ҳастанд, меҷангидам, чӣ фоида мегирифтам? Агар мурдагон зинда нашаванд, пас биёед «бихӯрему бинӯшем, зеро фардо мемирем». Фирефта нашавед, чунки ёрони бад шуморо аз роҳ мезананд. Ҳушёр шавед ва дигар гуноҳ накунед. Ман ин суханонро барои шарм дорондани шумо мегӯям, зеро баъзеҳо Худоро намешиносанд. Шояд ягон кас пурсад: «Мурдагон чӣ гуна зинда мешаванд? Бадани зиндашудаашон чӣ гуна шакл мегирад?» Ин саволҳо бемаънианд! Тухмие, ки ба замин мекоред, то намирад, зинда намешавад. Шумо на растаниро, балки як тухмиро, хоҳ донаи гандум хоҳ донаи дигар мекоред, ки ҳанӯз шакл нагирифтааст. Вале Худо ба ҳар навъи тухмӣ мувофиқи хости Худ ҷисм медиҳад. Ҷисмҳо гуногун мешаванд. Ҷисми одам аз ҷисми ҳайвон ва ҷисми парандагон аз ҷисми моҳиён фарқ дорад. Ҷисмҳои осмонӣ ва заминӣ вуҷуд доранд, вале зебоии онҳо аз ҳам фарқ мекунад. Зебоии офтоб дигар асту зебоии моҳу ситораҳо ва дар навбати худ ситораҳо низ бо зебоӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҳангоми зиндашавии мурдагон низ чунин хоҳад буд. Он чи ки нобудшаванда аст, ба хок рафта, дар ҳолати абадӣ бармехезад. Баднамуд ба хок рафта, дар ҳолати хушнамуд бармехезад. Дар ҳолати нотавонӣ гузошта шуда, дар ҳолати қудратмандӣ бармехезад. Бо бадани ҷисмонӣ ба хок супурда мешавад ва бо бадани рӯҳонӣ бармехезад. Чунон ки бадани ҷисмонӣ ҳаст, бадани рӯҳонӣ низ вуҷуд дорад. Дар навиштаҷот чунин омадааст, ки «Аввалин инсон, яъне Одам ҷони зинда гашт». Вале Масеҳ, ки «Одами охирин» аст, ба дигарон рӯҳи ҳаётбахш гардид. Чизҳои рӯҳонӣ аввал намеоянд. Аввал ҷисмонӣ, баъд рӯҳонӣ меояд. Одами якум аз хоки замин офарида шуд ва одами дуюм Масеҳ аз осмон аст. Одамони хокӣ ба инсони хокии аввалин монанданд. Дар осмон бошад, ҳар як кас ба мисли Масеҳ, ки аз осмон аст, монанд мешавад. Ҳар яки мо дар замин ба мисли Одами аввалин бадан дорем. Дар осмон бошад, ҳар якеамон ба Масеҳ, ки аз осмон аст, монанд мешавем. Бародарону хоҳарон, ҳаминро ба шумо мегӯям, ки бадани ҷисмонии мо дар Подшоҳии Худо мерос гирифта наметавонад. Чизҳои нобудшаванда чизҳоеро, ки нобуд намешаванд, ба даст оварда наметавонад. Гӯш кунед, ба шумо як сирро мекушоям, ки ҳамаамон намемирем, лекин ҳамаамон тағйир меёбем. Ногаҳон, дар як мижа задан бо садои карнайи охирин дигаргун мешавем. Карнай садо мебарорад, сипас мурдагон ба таври абадӣ зинда карда мешаванд ва мо тағйир меёбем. Зеро он чи нобудшаванда аст, бояд ба абадӣ табдил ёбад ва он чи миранда аст, бояд ба намиранда табдил ёбад. Ҳангоме ки нобудшаванда ба абадӣ ва миранда ба намиранда мубаддал мешавад, суханони навиштаҷот ба амал меояд: «Марг мағлуб шуд! Ғалаба!» «Эй марг! Ғалабаи ту куҷост?! Эй марг! Неши ту куҷост?!» Аз он ки мо гуноҳ мекунем, мемирем ва аз он ки шариати Худоро дорем, гуноҳҳоямонро мефаҳмем. Лекин шукри Худо, ки Ӯ ба воситаи Худовандамон Исои Масеҳ ба мо ғалаба медиҳад. Барои ҳамин, бародарону хоҳарони азизи ман, устувору матин бошед. Ба Худованд ҳамеша аз таҳти дил хизмат кунед, зеро медонед, ки меҳнати шумо дар пеши Худованд беҳуда нест. Акнун дар бораи ҷамъоварии маблағ, ки он барои ёрии халқи Худо аст, менависам. Ҳамон тавре ки ба ҷамоатҳои имондорони вилояти Ғалотия дастур додам, шумо низ ҳамон тарз амал кунед. Ҳар якеатон, ҳар ҳафта рӯзи якшанбе вобаста ба даромади худ, чӣ қадаре ки тавонед, пул ҷудо кунед, то ки ҳангоми омадани ман ба ин кор машғул шудан лозим наояд. Вақте ки ба пешатон меоям, шахсони интихобкардаи шуморо бо тавсиянома ба шаҳри Уршалим мефиристам, то ки онҳо хайрияи шуморо ба он ҷо баранд. Агар ба Уршалим рафтани ман фоиданок бошад, бигзор онҳо ҳамроҳи ман раванд. Дар бораи сафари ояндаам нақша дорам, ки аз вилояти Мақдуния гузашта, назди шумо ба шаҳри Қуринтус ба меҳмонӣ биёям. Шояд муддате наздатон бимонам ё ҳатто зимистонро ҳамроҳатон гузаронам. Пас бо кӯмаки шумо ба сафари худ, ба ҳар ҷое ки бошад, давом диҳам. Ман намехоҳам, ки шуморо танҳо як сари қадам дида гузарам, балки агар Худованд хоҳад, пешатон бисёртар истодан мехоҳам. Ҳоло бошад ман дар шаҳри Эфесус ҳастаму то иди Ҳосилот дар ин ҷо мемонам, чунки дар ин ҷо барои хизмати босамар тамоми имкониятҳо фароҳам аст. Аммо дар ҳамин ҷо ҳам муқобилони бисёр ҳастанд. Агар ҳамкорам Тимотиюс ба пешатон биёяд, эҳтиёт бошед, ки ӯ дар байни шумо аз хавфу хатар эмин бошад, зеро ӯ ба мисли ман хизмати Худовандро иҷро карда истодааст. Ба ӯ беҳурматӣ накунед, балки ӯро бо сулҳ ба назди ман равон кунед. Ман интизори омадани ӯву бародарон ҳастам. Дар бораи бародари мо Апуллус гуфтаниам, ки аз ӯ бисёр хоҳиш намудам, ки бо бародарон ба назди шумо биёяд. Лекин айни замон ӯ тамоман чунин хоҳиш надорад. Аммо ҳар вақте ки имконият шуд, ба наздатон меояд. Ҳушёр бошед ва дар имонатон устувор бимонед. Далер ва боқувват бошед. Ҳама коратонро аз рӯйи муҳаббат кунед. Бародарону хоҳарон, шумо аҳли оилаи Истефанусро мешиносед ва медонед, ки онҳо аввалин имондорон дар вилояти Охоия буданд ва худро ба хизмати халқи Худо супоридаанд. Ман мехоҳам, ки шумо ба ин шахсон ва ба ҳар касе ки монанди онҳо хизмат карда, меҳнат мекунанд, итоат намоед. Ман аз омадани ҳамшаҳриёнатон Истефанус, Фортунатус ва Охойқос хурсанд шудам. Зеро онҳо ҷойи холии шуморо пур карданд. Онҳо, чунон ки шуморо рӯҳбаланд карданд, маро низ ҳамон тавр рӯҳбаланд намуданд. Чунин одамонро иззату ҳурмат кунед. Ҷамоатҳои имондорони вилояти Осиё ба шумо – қуринтиён салом мерасонанд. Ҳамкоронам Акило ва занаш Прискила ва имондороне, ки дар хонаашон ҷамъ мешаванд, дар Худованд бароятон саломи гарму ҷӯшон мефиристанд. Тамоми имондорон ба шумо салом мефиристанд. Якдигарро ба оғӯш гирифта, салом гӯед. Дар ин ҷумла аз ҳусни хатам мебинед, ки ин салом аз худи ман, Павлус аст. Ҳар кӣ Худовандро дӯст намедорад, гирифтори лаънат бод! Худованди мо биё! Бигзор файзу меҳрубонии Худованд Исо бо шумо бошад! Ман ҳамаи шуморо, ки пайравони Исои Масеҳ ҳастед, дӯст медорам. Салом ба аҳли ҷамоати имондорони Худо дар шаҳри Қуринтус ва ба тамоми халқи Ӯ, ки дар вилояти Охоия зиндагӣ мекунанд! Ман, Павлус, ки бо хости Худо фиристодаи Исои Масеҳ таъйин шудаам ва бародари мо Тимотиюс файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Худо Падари мо ва Худованд Исои Масеҳро бар шумо хоҳонем. Ба Худо, ки Падари Худованди мо Исои Масеҳ ва Падари раҳмдил ва Худои ҳама гуна тасаллӣ аст, ҳамду сано бод! Ӯ моро дар ҳама гуна мусибатҳоямон тасаллӣ медиҳад, то ки мо низ бо ҳамон тасаллое, ки худамон аз Худо меёбем, дигаронро ҳам дар ҳама гуна мусибаташон дилбардорӣ намоем. Мо барои Масеҳ чӣ қадар бештар азоб кашем, ҳамон қадар зиёдтар Худо ба воситаи Масеҳ ба мо тасаллӣ медиҳад. Агар мо азобу уқубат кашем, ин ба хотири тасаллову наҷоти шумост ва агар тасаллӣ ёбем, боз ҳам ба хотири тасалло ёфтани шумост. Дар ҳамин ҳолат шумо ба мисли мо бо сабру тоқат азобҳоеро, ки мо аз сар мегузаронем, паси сар мекунед. Боварии комил дорем, ки чӣ хеле дар азобу уқубати мо шарик ҳастед, ҳамчунин дар тасаллое, ки аз Худо меёбем, шарик мешавед. Эй бародарону хоҳарон, мо намехоҳем, ки шумо аз мусибатҳое, ки дар вилояти Осиё ба сарамон омад, бехабар монед. Азобу уқубати ба сарамон омада аз қувватамон чунон зиёд буд, ки мо ҳатто аз зинда мондан умедамонро канда будем. Дар ҳақиқат, мо интизор будем, ки ҳалок мешавем. Ин аз он сабаб рӯй дод, ки мо на ба қуввати худамон, балки ба Худое, ки мурдагонро зинда мекунад, таваккал кунем. Ӯ моро аз хатари марговар наҷот дод ва боз ҳам наҷот медиҳад. Мо ба Ӯ умед мебандем, ки Ӯ боз моро наҷот хоҳад дод. Шумо ҳам бо дуоҳоятон ба мо ёрӣ мерасонед, чунки Худо аз рӯйи меҳрубониаш ба дуоҳои зиёд ҷавоб дода, моро наҷот медиҳад ва бисёр одамон Ӯро шукр мегӯянд. Мо бо боварӣ ва виҷдони пок гуфта метавонем, ки дар ҳамаи корҳоямон бо нияти пок ва самимияте, ки Худо ба мо додааст, зиндагӣ кардем. Нисбат ба мардуми ҷаҳон ва бахусус нисбат ба шумо мо чунин рафтор намудем ва ин рафторамон на аз рӯйи хиради одамизод, балки аз рӯйи файзу меҳрубонии Худо буд. Мо ба шумо танҳо чизҳоеро менависем, ки хонда ва маънояшро фаҳмида метавонед. Ҳатто агар ҳозир қисман суханамонро фаҳмед, умедворам, ки дар оянда пурратар мефаҳмед. Сипас, дар Рӯзи бозгашти Худованди мо Исо чӣ гунае ки мо аз шумо фахр мекунем, шумо низ аз мо ҳамон тавр фахр мекунед. Азбаски дилпур ҳастам, ки шумо ба мо боварӣ доред, қарор додам, ки ҳангоми сафар карданам ду бор ба пешатон омада, баракат диҳам. Яъне дар сари сафарам, ҳангоми ба вилояти Мақдуния рафтан ва ҳам аз он ҷо бозгаштанам шуморо бинам. Он гоҳ шумо ба ман ёрӣ дода, маро ба сарзамини Яҳудия гусел карда метавонистед. Шояд шумо пурсед, ки чаро ман нақшаи ба пешатон омаданро тағйир додаам. Ё шояд шумо фикр кунед, ки ман ба мисли одами ҷаҳонӣ бепарвоёна нақша кашида, дар як вақт ҳам «Ҳа» ва ҳам «Не» мегӯям. Лекин чӣ хеле ки Худо ҳақиқатро мегӯяд, сухани мо низ ба шумо дар як вақт ҳам «Ҳа» ва ҳам «Не» намебошад. Зеро Исои Масеҳ – Писари Худо, ки ман ва Силову Тимотиюс Ӯро ба шумо эълон кардем, байни «Ҳа» ё «Не» дудила нест, балки ҳамеша дар «Ҳа» меистад. Чи қадар ки ваъдаҳои Худо зиёд бошанд, ҳамаи онҳо дар Масеҳ ҷавоби «Ҳа» меёбад, чунки Масеҳ ҳамаи ваъдаҳоро иҷро мекунад. Барои ҳамин мо ба воситаи Масеҳ барои шукӯҳу бузургии Худо «Омин» мегӯем. Худо Худаш мову шуморо дар ягонагӣ бо Масеҳ устувор намуда, барои Худ интихоб кардааст. Ӯ Рӯҳи Худ, яъне Рӯҳулқудсро ҳамчун муҳр дар диламон гузошта, нишон дод, ки мо аз они Ӯ ҳастем. Ҳамин Рӯҳ кафолати баракатҳоест, ки Худо бароямон медиҳад. Худо шоҳид аст, ки сабаби то ҳол ба шаҳри Қуринтус наомаданам он буд, ки намехостам шуморо ҷанг кунам. Мо намехоҳем, ки бар имони шумо ҳукмронӣ кунем, чунки шумо дар имонатон устувор истодаед. Мо баръакс мехоҳем, ки барои хурсандиатон бо шумо ҳамкорӣ кунем. Ман қарор додам, ки агар омаданам сабаби ранҷишу андӯҳи шумо шавад, дигар ба пешатон наоям. Чунки агар шуморо ранҷонам, ғайр аз шумо, дигар кӣ маро хурсанд мекунад? Барои ҳамин он мактубро навиштам, то ки вақти омадан касоне, ки бояд маро шод кунанд, сабаби ғамгин гаштани ман нашаванд. Зеро аниқ медонам, ки хурсандии ман ҳамаи шуморо шод месозад. Ман он мактубро бо андӯҳи бузургу гиряи бисёр ва дили дардманд навишта будам. Ман намехостам шуморо ғамгин кунам, балки хостам донед, ки чӣ қадар шуморо дӯст медорам. Дар бораи он бародар аз байнатон, ки пештар маро ранҷонида буд, инро мегӯям: ӯ на фақат маро, балки қисман (намехоҳам воҳима кунам) ҳамаи шуморо низ ранҷонидааст. Бисёре аз шумо аллакай ӯро ҷазо додед ва ин барои ӯ басанда аст. Акнун вақти он расидааст, ки ӯро бахшед ва дилбардорӣ кунед, то ки ӯ аз ғаму ғуссаи аз ҳад зиёд аз по наафтад. Бино бар ин, ман аз шумо илтимос мекунам, ки муҳаббати худро ба ӯ нишон диҳед. Инчунин ба воситаи он мактуб санҷидан мехостам, ки оё шумо ба фармонҳои ман пурра итоат мекунед ё не. Агар шумо касеро бахшед, ман низ ӯро мебахшам. Касеро, ки бахшидаам (агар дар асл бахшидан лозим бошад), ба хотири шумо дар ҳузури Масеҳ бахшидаам, то ки шайтон моро фирефта накунад, зеро мо аз нақшаҳои ӯ бохабарем. Вақте ки ман барои эълон кардани хушхабари Масеҳ ба шаҳри Трӯос омадам, пай бурдам, ки барои дар он ҷо хизмат карданам Худованд тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст. Аммо азбаски дар он ҷо бародарам Титусро наёфтам, парешон шудам. Сипас, ман бо имондорони он ҷо хайрухуш карда, барои ҷустуҷӯи ӯ ба вилояти Мақдуния омадам. Ман Худоро шукр мегӯям, ки Ӯ моро дар ягонагӣ бо Масеҳ дар қатори ғолибшудагон қарор дода, ҳидоят мекунад. Ӯ ба воситаи мо донишеро, ки дар бораи Масеҳ аст, дар ҳама ҷо мисли бӯйи хуше паҳн мекунад. Зеро мо ба мисли бӯйи хуш ҳастем, ки Масеҳ онро ба Худо тақдим мекунад ва он ҳам дар байни онҳое, ки наҷот меёбанд ва ҳам дар байни онҳое, ки ҳалок мешаванд, паҳн мешавад. Барои онҳое, ки дар роҳи ҳалокат ҳастанд, мо бӯйи бади марг ҳастем ва барои онҳое, ки дар роҳи наҷот ҳастанд, мо бӯйи ҳаётбахш ҳастем. Ҳеҷ кас аз пеши худаш гуфта наметавонад, ки қобилияти расондани чунин паёмро дорад. Бисёриҳо паёми Худоро барои фоидаи шахсии худ эълон мекунанд, лекин мо чунин нестем. Баръакс ҳамчун хизматгорони Масеҳ мо медонем, ки Худо ба мо нигоҳ карда истодааст. Аз ин рӯ паёми Худоро аз самими дил эълон мекунем, зеро Худо моро барои ин кор фиристодааст. Шояд шумо фикр мекунед, ки мо боз худро таъриф мекунем, лекин ин тавр нест. Баъзеҳо бо худ тавсияномаҳо гирифта нишон медиҳанд, лекин мо муҳтоҷи тавсиянома аз ягон кас нестем. Мо аз шумо ҳам талаб намекунем, ки тавсиянома барои мо нависед. Шумо худ тавсияномаи мо ҳастед, ки он дар диламон навишта шудааст ва онро ҳамаи одамон шинохта ва хонда метавонанд. Маълум аст, ки шумо номаи Масеҳ ҳастед ва он натиҷаи хизмати моро дар байни шумо нишон медиҳад. Он на бо қалам, балки бо Рӯҳи Худои зинда навишта шудааст. Он на дар рӯйи лавҳасангҳо, балки дар дили одамизод навишта шудааст. Мо инро барои он мегӯем, ки ба воситаи Масеҳ ба Худо бовар дорем ва на барои он ки бо қуввати худ кореро анҷом медиҳем, чунки қобилиятҳои мо аз Худост. Ӯ ба мо қобилият додааст, ки хизматгорони аҳду паймони нав бошем. Ин аҳду паймон на шариати навишташуда, балки аз Рӯҳулқудс аст, зеро шариати навишташуда инсонро ба марг мебарад, аммо Рӯҳулқудс ҳаёт мебахшад. Шариати дар лавҳасангҳо навишташуда одамонро ба марг ҳукм карда буд. Лекин Худо он шариатро бо чунон шукӯҳу бузургие дод, ки рӯйи Мусо аз он медурахшид. Он то ба дараҷае дурахшон буд, ки халқи Исроил ба чеҳраи ӯ нигоҳ карда наметавонистанд. Аммо ин нур оҳиста-оҳиста нопадид мешуд. Пас магар шукӯҳу бузургие, ки ба хизмати Рӯҳулқудс дахл дорад, бузургтар нест?! Агар аҳду паймони куҳна, ки ҳукм мебаровард, шукӯҳу бузургӣ дошта бошад, пас аҳду паймони нав, ки моро дар назди Худо сафед мекунад, чӣ қадар зиёд шукӯҳу бузургӣ дошта бошад?! Дар ҳақиқат шукӯҳу бузургии пешина дар муқоиса бо шукӯҳу бузургии беканори аҳду паймони нав бузург набуд. Агар шукӯҳи чизи гузарон ин қадар бузург буд, пас шукӯҳи чизи абадӣ боз ҳам бузургтар аст. Чун умед дорем, ки бузургии аҳду паймони нав то абад мемонад, хеле далерона сухан мегӯем. Ба мо лозим нест, ки мисли Мусо рӯямонро пӯшонем. Ӯ рӯяшро бо парда пӯшонида буд, то ки исроилиён анҷоми шукӯҳу бузургии гузарандаро набинанд. Исроилиён якрав шудаанд ва то имрӯз ҳангоми хондани аҳду паймони қадим ин парда нокушода мемонад. Ин парда танҳо бо имон овардан ба Масеҳ бардошта мешавад. Ҳатто имрӯз, ҳангоме ки онҳо шариати Мусоро мехонанд, ин парда дилашонро пӯшонидааст. Лекин ҳангоме ки шахс ба Худованд рӯ меоварад, парда бардошта мешавад. Худованд Рӯҳ аст ва дар он ҷое ки Рӯҳи Худованд ҳаст, он ҷо озодист. Азбаски парда аз пеши назарамон бардошта шудааст, ҳамаи мо, имондорон зебоии пурнури Худовандро гӯё дар оина мебинем ва Худованд, ки Рӯҳ аст, моро бештару бештар ба Худ монанд мекунад. Бинобар ин, азбаски Худо аз рӯйи раҳму шафқаташ ба мо чунин хизматро додааст, мо ҳаргиз рӯҳафтода намешавем. Мо ҳама амалҳои пинҳони шармоварро рад мекунем. Мо касеро фиреб намедиҳем ё паёми Худоро нодуруст маънидод намекунем. Баръакс, дар ҳузури Худо ҳақиқатро ошкоро мегӯем ва ҳамин тавр одамони боваринок буданамонро ба ҳама нишон медиҳем. Ҳатто агар хушхабаре, ки мо эълон мекунем, барои ягон кас пинҳон бошад, он фақат барои ҳалокшавандагон пинҳон аст. Шайтон, ки худои ин ҷаҳон аст, зеҳни беимононро тира кардааст. Бино бар ин, зеҳни онҳо бо нури хушхабар дар бораи Исои Масеҳи пурнур, ки аз ҳар ҷиҳат мисли Худост, равшан намешавад. Мо на худро, балки Исои Масеҳро эълон мекунем, ки Ӯ Худованд аст ва мо ба хотири Исо ба шумо хизмат мекунем. Зеро Худое, ки дар вақти офаридани дунё дар торикӣ «Рӯшноӣ шавад», гуфтааст, бо нураш фикрҳои моро низ равшан кардааст, то ки мо шукӯҳу бузургии Ӯро, ки дар рӯйи Исои Масеҳ аст, бифаҳмем. Мо ки фақат ба монанди кӯзаҳои лойин ҳастем, ин дониши илоҳиро ҳамчун ганҷ дар худ нигоҳ медорем. Аз ин маълум мешавад, ки қуввати бузург на аз тарафи мо, балки аз тарафи Худо меояд. Ба мо аз ҳар тараф фишор меоранд, лекин мо мағлуб нашудаем. Илоҷе надорем, лекин рӯҳафтода ҳам намешавем. Моро дунболагирӣ мекунанд, лекин Худо моро тарк намекунад. Моро аз пой афтондаанд, лекин нобуд нашудаем. Мо ҳамеша дар баданамон марги Исоро бардошта мегардем, то ки ҳаёти Ӯ дар баданамон низ зоҳир шавад. Мо зиндагон ҳамеша ба хотири Исои Масеҳ зери хатари марг ҳастем, то ки зинда будани Исо дар бадани мирандаи мо маълум гардад. Аз ин рӯ, мо бо маргу азоб рӯ ба рӯ мешавем, то ки шумо ҳаёт ёбед. Дар навиштаҷот омадааст: «Азбаски имон доштам, сухан гуфтам». Азбаски мо ҳам ҳамин гуна имон дорем, мо низ паёми Худоро нақл кардан мегирем. Зеро медонем ҳамон Худое, ки Худованд Исоро зинда кард, моро низ ҳамроҳи Исо зинда намуда, бо шумо ба ҳузураш мебарад. Ҳамаи ин барои манфиати шумо аст, то ки файзу меҳрубонии Худо барои одамон бештару бештар гардад ва барои шукӯҳу бузургии Худо шукргузорӣ низ зиёд шавад. Барои ҳамин мо ҳаргиз рӯҳафтода намешавем. Ҳарчанд намуди зоҳирии мо, яъне баданҳоямон фарсуда шудан гирад ҳам, олами дарунии мо рӯз ба рӯз нав мешавад. Зеро ранҷу азоби ҳозираи мо ночиз ва зудгузар аст. Аммо он барои мо чунон шукӯҳу бузургие меорад, ки аз ранҷу азоб беҳад бузургтар аст ва абадӣ мемонад. Мо на ба чизҳое, ки мебинем, балки ба чизҳое, ки намебинем, чашм дӯхтаем. Зеро чизҳои заминӣ, ки дида мешаванд, муваққатӣ ҳастанд, вале чизҳои осмонӣ, ки дида намешаванд, абадианд. Мо медонем, ки дар ин дунё бадани мо ба мисли хаймае хонаи муваққатӣ аст, ки дар охири умрамон ҷамъ карда мешавад. Дар он вақт Худо бароямон хонаи осмонӣ, яъне бадани абадӣ медиҳад, ки онро на одамизод, балки Худи Худо сохтааст. Ҳоло ки мо баданҳои заминӣ дорем, оҳ кашида, орзу мекунем, ки бадани осмониамонро ҳамчун либоси нав ба бар кунем. Азбаски мо баданҳои осмонӣ мегирем, рӯҳи бебадан нахоҳем буд. Хаймаҳое, ки дар онҳо ҳоло зиндагӣ мекунем, бароямон бори вазнинанду мо оҳу нола мекунем. Хоҳиши мо мурдану аз ин бадан халос шудан нест, балки он аст, ки бо бадани осмонӣ пӯшонида шавем. Ин тавр бадани мирандаи мо ба бадани абадӣ табдил меёбад. Худи Худо моро барои қабул кардани баданҳои нави осмонӣ тайёр кардааст ва ҳамчун кафолате, ки ин баданҳои навро медиҳад, ба мо Рӯҳи Худашро бахшидааст. Бино бар ин, мо ҳамеша дилпур ҳастем ва медонем, ки то вақте, ки дар бадани заминӣ зиндагӣ мекунем, бо Худованд дар осмон нестем. Мо на бо чизҳое, ки мебинем, балки бо имон зиндагӣ мекунем. Бале, мо дилпур ҳастем ва мехоҳем, ки ҷисмҳои заминиамонро тарк карда, ба манзили худ, назди Худованд равем. Аз ин рӯ, чи дар ин ҷо бошем, чи дар он ҷо, беш аз ҳама кӯшиш менамоем, ки ба Ӯ писанд оем. Зеро ҳамаи мо бояд пеши тахти Масеҳ ҷавоб диҳем, то ки мувофиқи корҳои неку бадамон, ки бо ҷисми худ кардаем, подош гирем. Пас чун пеши тахти Ӯ ҷавоб медиҳем, тарси Худовандро дорем ва кӯшиш мекунем, ки мардумро ба сӯи наҷот ҳидоят намоем. Худо чӣ гуна одам будани моро медонад ва умедворем, ки шумо низ чӣ гуна будани моро медонед. Ин чунин маъно надорад, ки мо боз худамонро таъриф карда истодаем. Балки ба шумо имкон медиҳем, ки аз мо фахр кунед, то ба онҳое, ки на бо чизҳои ботинӣ, балки бо чизҳои зоҳирӣ ифтихор мекунанд, ҷавобе дошта бошед. Агар ба назар чунин намояд, ки аз ақл бегона шудаем, ин ба хотири Худост! Вале агар солимфикр бошем, ин ба хотири шумост. Муҳаббати Масеҳ моро ба ҳар кор водор менамояд. Боварии комил дорем, ки чун Масеҳ барои ҳама мурдааст, пас ҳама барои ҳаёти пештараашон мурдаанд. Масеҳ барои ҳама мурдааст, то ки зиндагон дигар барои худ зиндагӣ накунанд, балки барои Ӯ зиндагӣ кунанд, ки ба хотири онҳо мурд ва дубора зинда шуд. Дигар мо касеро аз нуқтаи назари одамӣ баҳо намедиҳем. Агар пештар Исои Масеҳро аз нуқтаи назари одамӣ баҳо медодем, пас ҳозир чунин намекунем. Ин чунин маъно дорад, ки ҳар касе, ки ба Масеҳ тааллуқ дорад, аз нав офарида шудааст. Он чи ки куҳна буд, даргузашт ва акнун ҳама чиз нав шудааст. Ҳамаи ин кори Худост. Ӯ ба воситаи Масеҳ моро бо Худ оштӣ додааст. Ҳоло моро вазифадор кардааст, ки паёми бо Худо оштӣ шуданро ба дигарон расонем. Яъне Худо ба воситаи Масеҳ ҷаҳонро бо Худ оштӣ дода, гуноҳҳояшонро дигар ҳисоб намекунад ва ин паёми оштиро ба мо супурд. Мо намояндагони Масеҳ ҳастем ва Худо ба воситаи мо ба одамон муроҷиат мекунад. Аз ин рӯ мо аз номи Масеҳ аз шумо илтиҷо мекунем, ки дигар ҳамчун душманони Худо зиндагӣ накарда, бо Ӯ оштӣ шавед. Худо гуноҳҳои одамонро ба дӯши Масеҳ, ки комилан бегуноҳ буд, гузошт, то ки Ӯ мо гунаҳкоронро дар ягонагӣ бо Масеҳ беайбу росткор эълон кунад. Худо аз рӯйи файзу меҳрубониаш шуморо наҷот додааст. Ҳоло ҳамчун ҳамкорони Худо мо аз шумо илтиҷо мекунем, ки ин наҷотро зери по карда бефоида накунед. Зеро Худо мегӯяд: «Дар вақти мувофиқ туро шунидам ва дар рӯзи наҷот ба ту мадад расондам». Инак он вақти мувофиқ расидаасту имрӯз рӯзи наҷот аст. Мо ягон касро ба васваса намеандозем, то ки ҳеҷ кас хизмати моро бадном накунад. Баръакс, бо сабру тоқат дар ҳама чиз, дар азобу уқубат, дар муҳтоҷӣ ва дар ҳар гуна душворӣ худро ҳамчун хизматгорони бовафои Худо нишон медиҳем. Мо шӯришҳову меҳнати сахт, лату кӯбу шабҳои бехобӣ ва гуруснагиро аз сар гузаронидем. Ҳамчунин мо хизматгорони Худо буданамонро дар дили соф, дониш, сабр, меҳрубонӣ, муҳаббати самимона ва ба воситаи Рӯҳулқудс, ки дар вуҷудамон ҳаст, нишон медиҳем. Мо ҳақиқатро таълим медиҳем ва қудрати Худо дар вуҷудамон амал мекунад. Ҳам барои дасти чап ва ҳам барои дасти рости мо ҳаёти покамон ҳамчун аслиҳаи ҷангӣ аст. Новобаста ба он ки одамон моро ҳурмат мекунанд ё намекунанд, ифтихор мекунанд ё бадгӯйӣ мекунанд, мо ба Худо хизмат мекунем. Мо ростқавл ҳастем, лекин одамон моро фиребгар меноманд. Моро хуб намешиносанд, вале мо машҳур ҳастем. Бо марг рӯ ба рӯ бошем ҳам, ҳанӯз зинда ҳастем. Азобу шиканҷа кашем ҳам, кушта нашудаем. Моро ғамгин мекунанд, мо бошем, ҳамеша шодӣ мекунем. Камбағал ҳастем, лекин дигаронро бой мегардонем. Мо ҳеҷ чиз надорем, вале дорои ҳама чиз ҳастем. Эй мардуми шаҳри Қуринтус! Мо ба шумо кушоду равшан гап задем ва аз таҳти дил шуморо дӯст доштем. Мо муҳаббати худро аз шумо дареғ намедорем. Ин шумоед, ки муҳаббати худро аз мо дареғ медоред. Ман ба шумо ҳамчун ба фарзандони худам мегӯям, ки шумо низ дилҳои худро ба мо кушоед. Бо онҳое, ки беимонанд, якҷо нашавед. Охир росткорӣ бо бадкорӣ чӣ алоқа дорад? Ё нур бо торикӣ чӣ чизи умумӣ доранд? Магар дар байни Масеҳ ва шайтон ягонагие ҳаст? Охир имондор чӣ гуна шарики шахси беимон шуда метавонад? Оё бутҳо ба макони муқаддаси Худо, яъне ба маъбадаш тааллуқ доранд? Албатта не! Мо маъбади Худои зинда ҳастем. Чунон ки Худо гуфтааст: «Ман андаруни онҳо сокин шуда, дар байнашон мегардам. Ман Худои онҳо мешавам ва онҳо халқи Ман мешаванд». «Барои ҳамин аз миёни беимонон берун омада, аз онҳо ҷудо шавед. Ба чизҳои нопоки онҳо нарасед ва Ман шуморо қабул хоҳам кард. Ман Падари шумо мешавам ва шумо писарону духтарони Ман мешавед », мегӯяд Худованди Тавоно. Дӯстони азиз, азбаски чунин ваъдаҳо дорем, бояд худро аз ҳар чизе, ки рӯҳу баданамонро ҳаром месозад, пок кунем ва азбаски аз Худо метарсем, худро пурра аз бадӣ ҷудо карда, ба Ӯ бахшида шавем. Моро дар дилҳоятон ҷой диҳед. Мо касеро наранҷондаем, касеро гумроҳ накардаем ва аз касе сӯиистифода набурдаем. Ман инро барои айбдор намудани шумо намегӯям. Ман пештар гуфта будам, ки шумо он чунон дар дилҳои мо ҷой шудаед, ки на марг метавонад шуморо аз мо ҷудо созад, на зиндагӣ. Ман ба шумо боварии комил дорам ва бо шумо хеле ифтихор дорам. Бо вуҷуди ҳамаи мушкилотам, ман пур аз тасаллӣ ҳастам ва шодии фаровон дорам. Пас аз он ки мо ба вилояти Мақдуния омадем, ҳеҷ оромие надоштем, чунки дар ҳама ҷо мусибат, атрофамон ҷангу ҷидол ва диламон дар тарсу ҳарос буд. Лекин Худое, ки рӯҳафтодагонро таскин мебахшад, бо омадани Титус моро рӯҳбаланд намуд. На фақат омаданаш, балки дилбардорие, ки ӯ аз шумо дид, моро рӯҳбаланд кард. Ӯ нақл кард, ки шумо маро сахт ёд кардаеду аз кори кардаатон пушаймон ҳастед ва то чӣ андоза барои муҳофизати ман бархостаед. Ин чизҳо маро беҳад шод кард! Агарчи суханони сахтам дар номаи пештара шуморо ғамгин карда бошад ҳам, ман аз навиштани он пушаймон нестам. Албатта дар аввал вақте фаҳмидам, ки он шуморо барои муддати кӯтоҳе ғамгин сохтааст, пушаймон шудам. Лекин ҳозир аз навиштани он нома хурсанд ҳастам. На барои он ки шумо ғамгин шудед, балки барои он ки ин ғам сабаби тавбаи шумо гардид. Шумо бо хости Худо ғамгин шуда будед ва аз мо ягон зарар надидаед. Ғаме, ки Худо медиҳад, шахсро ба тавба мебарад, ба тавбае, ки дар натиҷа наҷот мебахшаду дар он пушаймонӣ нест. Аммо ғами ин дунё шахсро ба марг мебарад. Охир бинед, ки ғами Худо дода чӣ қадар чизҳои хуб, аз қабили ҷидду ҷаҳд, хоҳиши худро ҳимоя кардан, тарс аз бадӣ, хоҳиши дидани ман, ғайрат ва ташнаи адолат буданро дар вуҷуди шумо бедор кард. Дар ҳамаи ин шумо нишон додед, ки дар ин кор беайб ҳастед. Мақсади ман он набуд, ки дар бораи шахси хатокарда ё ҷабрдида нависам. Балки мехоҳам, донед, ки шумо дар пеши Худо чӣ қадар ғами моро мехӯред. Ин моро тасалло дод! Азбаски ҳамаи шумо Титусро тасалло додед, ӯ хурсанд шуд ва мо бошем, аз шодии ӯ бештар хурсанд шудем. Ман дар назди Титус аз шумо ифтихор доштам ва шумо маро дар хиҷолат нагузоштаед. Чи хеле ки мо ҳамеша ба шумо сухани ростро мегуфтем, сухани таърифие, ки дар бораатон ба Титус гуфта будем, рост баромад. Ҳозир вақте Титус ба ёд меорад, ки чи хел ҳамаи шумо ӯро бо тарсу эҳтиром қабул карда, ба ӯ итоат карда будед, дар ҳаққи шумо зиёдтар ғамхорӣ мекунад. Ман бошам, бисёр хурсандам, ки дар ҳама чиз ба шумо бовар карда метавонам. Бародарону хоҳарони азиз, мехоҳем, аз файзу меҳрубоние, ки Худо ба ҷамоатҳои вилояти Мақдуния додааст, огоҳ шавед. Дар вақти азобҳои зиёд шодию хурсандӣ ва камбағалии сахт онҳоро дасткушод карда буд. Ман шаҳодат медиҳам, ки онҳо на танҳо аз рӯйи имконияташон, балки зиёдтар аз он, ихтиёран пул ҷамъ карда доданд. Онҳо моро сахт илтиҷо намуданд, ки дар чунин хизмати боифтихор, яъне кӯмак расондан ба имондорони шаҳри Уршалим саҳмгузор бошанд. Коре, ки онҳо карданд, аз он чи ки мо интизор будем, бештар буд. Онҳо аввал худро ба хизмати Худованд бахшида, сипас аз рӯйи хоҳиши Худо худро ба ихтиёри мо гузоштанд. Аз ин рӯ мо аз Титус хоҳиш намудем, ки кори хайри дар байни шумо сар кардаашро ба охир расонад. Азбаски аз ҳама чиз, яъне имон, сухандонӣ, дониш ва ғайрат бой ҳастед ва мо низ нисбат ба шумо муҳаббати зиёд дорем, дар ин кори хайр низ дасткушод бошед. Ман ба шумо фармон намедиҳам, ки кӯмакпулӣ диҳед. Имондорони ҷамоатҳои дигар мехоҳанд ҳадя кунанд ва ман мехоҳам санҷам, ки муҳаббати шумо ҳам нисбати имондорони Яҳудия самимӣ ҳаст ё не. Шумо файзу меҳрубонии Худовандамон Исои Масеҳро медонед. Ӯ сарватманд буд, лекин ба хотири шумо камбағал шуд, то ки бо камбағалиаш шуморо сарватманд гардонад. Маслиҳати ман ба шумо ин аст, ки агар кори хайреро, ки соли гузашта сар карда будед, ба анҷом расонед, бароятон хуб мешавад. Соли гузашта шумо аввалин касоне будед, ки ба кори хайр даст задед ва ҳатто кори хайр карданро орзу кардед. Он кореро, ки аз аввал бо ғайрати калон сар карда будед, акнун мувофиқи имкониятҳоятон ба анҷом расонед. Агар кӯмак кардан хоҳед, Худо онро аз рӯйи имкониятатон қабул мекунад ва на аз рӯйи он чи ки надоред. Ман намехоҳам, ки кӯмаки шумо ба дигарон осон ва барои худатон гарон афтад. Ман фақат мехоҳам, ки баробарӣ бошад. Шумо ҳозир метавонед, аз сарвати худ ба шахсони муҳтоҷ ёрӣ расонед. Дертар, ҳангоме ки онҳо доро мешаванд, дар муҳтоҷиатон ба шумо онҳо ёрӣ мерасонанд. Ҳамин тавр баробарӣ ба миён меояд. Охир дар навиштаҷот омадааст: «Касе ки бисёр чида буд, зиёдатӣ надошт ва касе ки кам чида буд, камӣ надошт». Шукри Худо дилсӯзие, ки ман нисбати шумо дорам, ба Титус ҳам дода шудааст. Ӯ на танҳо дархости моро барои омадан қабул кард, балки хеле боғайратона, ихтиёрӣ боз ба назди шумо омадан мехост. Ҳамроҳи Титус бародареро мефиристем, ки барои эълон кардани хушхабар дар ҳамаи ҷамоатҳои имондорон сазовори таъриф гардидааст. Инчунин он бародарро ҷамоатҳо таъйин намуданд, ки ба мо дар ин кори хайр ҳамсафар бошад. Мо ин корро барои бузургии Худованд ва барои нишон додани некхоҳиамон анҷом медиҳем. Мо ин тавр кардем, то касе моро дар нодуруст истифода бурдани ҳадяҳое, ки саховатмандона дода шудаанд, айбдор накунад. Мо кӯшиш мекунем, ки на танҳо дар назари Худованд, балки дар назари одамон низ ростқавл бошем. Инчунин ҳамроҳи онҳо боз як бародарро низ мефиристем, ки кӯшишу ғайрати ӯро чандин маротиба дар бисёр чизҳо санҷидаем. Азбаски ба шумо боварии зиёд дорад, кӯшишу ғайрати ӯ зиёдтар шудааст. Рафиқам Титус бошад, бо ман барои манфиати шумо кор мекунад. Бародарони дигари мо намояндагони ҷамоатҳо ҳастанд, ки одамон Масеҳро барои кори онҳо ситоиш мекунанд. Барои ҳамин ба онҳо меҳру муҳаббати худ ва сабаби аз шумо фахр карданамонро нишон диҳед, то ки ҷамоатҳои имондорон инро дида тавонанд. Дар бораи хизмате, ки барои кӯмак расондан ба халқи Худо аст, ба шумо навиштанам зарур нест. Ман кӯшишу ғайрататонро медонам ва аз шумо дар назди имондорони вилояти Мақдуния ифтихор мекунам, ки ҳанӯз як сол пеш шумо дар вилояти Охоия барои ёрӣ додан тайёр будед. Ин кӯшишу ғайрати шумо бисёриҳоро ба ёрӣ расондан шавқманд кардааст. Ҳоло бошад азбаски ман ба бародарон гуфта будам, ки шумо ҳадяи худро тайёр кардаед, онҳоро ба пешатон мефиристам. Онҳо рафта мебинанд, ки суханони таърифие, ки дар бораатон гуфта будам рост будааст. Агар имондорони Мақдуния ҳамроҳи ман омада бинанд, ки баъд аз он ҳама таъриф ҳадяҳои шумо ҳанӯз тайёр нест, он гоҳ ҳам мо шарманда мешавем, ҳам шумо! Барои ҳамин лозим донистам, аз бародарон илтимос кунам, то ки онҳо пеш аз ман ба назди шумо рафта, он ҳадяҳое, ки ваъда карда будед, пешакӣ тайёр кунанд, то ки он на маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ бошад. Хуллас, касе ки хасисона мекорад, кам дарав мекунад ва касе ки саховатмандона мекорад, фаровон дарав мекунад. Ҳар кас бояд дар дилаш ба қароре ояд, ки чӣ қадар медиҳад ва на бо дили нохоҳам ва на ба таври маҷбурӣ. Зеро Худо онҳоеро, ки бо хурсандӣ хайр мекунанд, дӯст медорад. Худо метавонад бо ҳар гуна баракат шуморо бой гардонад, то ки ҳама вақт ҳама муҳтоҷиҳои худро бартараф намоед ва ба дигарон низ ба таври фаровон хайр кунед. Чи хеле ки навиштаҷот мегӯяд: «Ӯ бо саховатмандӣ ба камбағалон додааст. Росткории Ӯ то абад пойдор мемонад». Худо ки барои коранда тухмӣ ва барои хӯрдан нон медиҳад, ба кишти шумо афзунӣ мебахшад ва самараи корҳои некатонро зиёд мегардонад. Ӯ шуморо ба ҳар восита баракат медиҳад, то ки аз ҳар ҷиҳат дасткушод бошед. Ҳангоме ки мо ҳадяҳои шуморо ба шахсони эҳтиёҷманд мерасонем, онҳо ба Худо шукр мегӯянд. Зеро бо ин ҳадяҳо на фақат муҳтоҷиҳои халқи Худо бартараф мешавад, балки инчунин ба Худо шукргузории зиёд рафта мерасад. Барои ин хизмати шумо шахсони эҳтиёҷманд ва ҳама Худоро ситоиш мекунанд, чунки он имони шуморо исбот мекунад. Шумо ба хушхабари Масеҳ итоат мекунед ва ба халқи Худо саховатмандона хайр менамоед. Имондорони Уршалим ба хотири файзу меҳрубонии беандозае, ки Худо ба шумо додааст, бо муҳаббати зиёд барои шумо дуо мекунанд. Биёед, Худоро барои ин туҳфааш, ки онро бо сухан ифода карда намешавад, шукр гӯем! Шумо дар бораам нодуруст гумон мекунед, вақте мегӯед, ки ман дар мактубҳоям боҷуръат менависаму дар наздатон бошад хоксор ҳастам. Дар асл ман ин тавр нестам. Ҳоло ман – Павлус бо хоксорию меҳрубонии Исои Масеҳ аз шумо илтиҷо мекунам, ки маро маҷбур накунед, ки ба наздатон омада, бо онҳое, ки рафтори моро нафсонӣ меноманд, боҷуръат рафтор кунам. Мо дар ин дунё ҷисмонӣ зиндагӣ кунем ҳам, ҷанги мо ҷисмонӣ нест. Мо бо аслиҳаи ин дунё намеҷангем, балки бо қуввати Худо меҷангем, ки он қалъаҳоро хароб мекунад ва бар фикрҳои дурӯғин ғолиб мебарояд. Мо ҳар фахреро, ки муқобили шинохтани Худо аст, нест мекунем ва ҳар андешаро барои итоати Масеҳ асир мегирем. Пас аз он ки шумо пурра ба Масеҳ итоат намудед, мо ҳар касеро, ки беитоатӣ мекунад, ҷазо медиҳем. Ба як далели дақиқ эътибор диҳед. Касе ки дилпурона «ман ба Масеҳ тааллуқ дорам», мегӯяд, бояд донад, ки мо ҳам мисли вай ба Масеҳ тааллуқ дорем. Ҳатто агарчи ман аз қудратамон каме фахр кунам ҳам, аз ин шарм намедорам. Чунки ин қудратро Худованд ба мо на барои хароб кардан, балки барои обод кардани шумо додааст. Гумон накунед, ки ман шуморо бо номаҳоям тарсондан мехоҳам. Касе мегӯяд, ки ман дар номаҳоям сахтгир ва пурқувват, вале дар наздашон нотавон ҳастам ва суханонам таъсирбахш нестанд. Чунин шахс бояд донад, ки чӣ хеле ки дар мактубҳоямон бошем, дар ҳузури шахсию дар корҳоямон низ ҳамон тавр ҳастем. Мо ҷуръат намекунем, ки худамонро бо касоне, ки худро бузург меҳисобанд, баробар ё муқоиса кунем. Онҳо бехирадона худро бо якдигар муқоиса мекунанд. Лекин мо аз чизҳое, ки ба он ҳақ надорем, фахр намекунем, балки фақат аз корҳое фахр мекунем, ки Худо моро барои иҷрояш фиристод ва шумо бошед, қисми ҳамон кор ҳастед. Азбаски шумо ба он ҳад дохил мешавед, мо аз он нагузашта, якум шуда, ба наздатон омадем ва хушхабари Масеҳро эълон намудем. Аз меҳнати дигарон, ки гӯё онро мо карда бошем, фахр намекунем, балки умедвор мешавем, ки бо зиёд шудани имонатон барои мо имконияти кор кардан дар байни шумо зиёд мешавад. Дар ин ҳолат мо хушхабарро дар ҷойҳои дуртар эълон мекунем ва бо он корҳое, ки қаблан дар ҷойи одамони дигар анҷом дода шудааст, фахр намекунем. Чи хеле ки навиштаҷот мегӯяд: «Агар фахр кардан хоҳанд, аз Худованд фахр кунанд». Зеро на касоне, ки худро арзанда меҳисобанд, балки касоне, ки Худованд онҳоро арзанда меҳисобад, фиристодаи ҳақиқӣ ҳастанд. Бояд монанди каси аблаҳ худро каме таъриф кунам. Илтимос, инро тоқат кунед. Ман ба мисли Худо барои шумо кӯшишу ғайрат мекунам, чунки шуморо ба никоҳи як мард, яъне ба никоҳи Масеҳ даровардам, то ки ба Ӯ духтари покдоманро тақдим намоям. Лекин метарсам, он чунон ки мор бо макраш Ҳавворо фирефта карда буд, муаллимони дурӯғин шуморо низ ҳамон тавр фирефта карда, фикрҳоятонро вайрон месозанд, то аз дилбастагии поку самимие, ки ба Масеҳ доред, рӯ гардонед. Шумо одамонеро, ки шуморо фиреб медиҳанд, хуб қабул мекунед. Шумо Исои Масеҳи эълонкардаамонро қабул кардаед, лекин онҳо Исои дигарро эълон мекунанд, шумо Рӯҳи Худоро қабул кардаед лекин онҳо рӯҳи дигареро эълон мекунанд. Шумо хушхабарро қабул кардаед лекин онҳо хушхабари дигарро эълон мекунанд. Гумон намекунам, ки ман аз он муаллимоне, ки худро «фиристодагони олӣ» мегиранд, камтар бошам. Шояд ман сухандони хуб набошам, лекин дар бораи чӣ гап заданамро медонам. Ин аллакай ба шумо, бо ҳар роҳе ки бошад, маълум гаштааст. Ман худро хоксор гирифта ба шумо бе ҳаққи хизмат хушхабари Худоро эълон намудам, то ки шумо сарафроз гардед. Магар ин гуноҳ буд? Ман аз дигар ҷамоатҳои имондорон кӯмакпулӣ гирифтам, яъне сабаби харҷи онҳо шудам, то ки ба шумо бемузд хизмат карда тавонам. Ҳатто, вақте ки ман ҳамроҳи шумо будаму барои зиндагиам маблағи кофӣ надоштам, ба гардани шумо бор нашудам. Бародароне, ки аз вилояти Мақдуния омаданд, эҳтиёҷоти маро пурра таъмин намуданд. Ман ба гардани шумо аз ҳеҷ ҷиҳат бор нашудаму дар оянда низ намешавам. Ман фахр мекунам, ки бе музди меҳнат кор мекунам ва чун ростии Масеҳ дар вуҷуди ман аст, ман ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ кас дар тамоми ноҳияҳои Охоия ин фахри маро кашида гирифта наметавонад. Барои чӣ ман аз шумо ёрии модӣ талаб намекардам?! Барои он ки шуморо дӯст намедорам? Не, Худо медонад, ки ман шуморо дӯст медорам! Ман кори худро давом додан мегирам, то онҳое, ки гӯё ба мисли мо кор мекунанд, фахр карда натавонанд. Онҳо фиристодагони бардурӯғ ва коргарони фиребгаранд, ки худро фиристодагони Масеҳ вонамуд мекунанд. Ҷойи тааҷҷуб нест, чунки шайтон ҳам худро фариштаи нур вонамуд мекунад. Пас агар хизматгорони шайтон низ шакли хизматгорони росткориро ба худ гиранд, ҷойи тааҷҷуб нест! Лекин дар охир онҳо мувофиқи корҳояшон ҷазо мегиранд. Боз мегӯям, фикр накунед, ки ман аблаҳ ҳастам. Лекин агар дар бораи ман чунин фикр кунед, пас маро мисли аблаҳ қабул кунед, то ки андаке манманӣ кунам. Чунин худситоӣ албатта аз ҷониби Худованд нест. Лекин дар ин масъалаи манманӣ кардан ман ба мисли аблаҳ сухан мегӯям. Чӣ хеле ки бисёр касон ба таври дунявӣ аз корҳои худ фахр мекунанд, ман ҳам андаке фахр мекунам. Охир шумо ки худатонро ин қадар доно мегиред, беақлонро бо ҷону дил тоқат мекунед-ку! Ҳангоме ки ба шумо фармонравоӣ мекунанд, сӯиистифода мебаранд, ҷабр мекунанд, худро аз шумо калон мегиранд ва ба рӯятон торсакӣ мезананд, шумо тоқат мекунед! Э, сад афсӯс, ки мо чунон нотавон будем, ки қуввати мо барои ин корҳо нарасид. Агар касе ҷуръат кунад, ки бо чизе манманӣ кунад, боз ҳам аблаҳона сухан мегӯям, ки ман низ аз ӯ камтар нестам. Онҳо худро ибрӣ меноманд? Ман ҳам ибриам. Онҳо худро исроилӣ меноманд? Ман ҳам исроилиам. Онҳо худро аз насли Иброҳим меноманд? Ман низ аз насли Иброҳим ҳастам! Онҳо даъво мекунанд, ки хизматгорони Масеҳ ҳастанд? Шояд ин суханони ман ба мисли суханони одами девона садо диҳанд, лекин бештар ман ба Ӯ хизмат кардаам! Ман бештар меҳнат кардаам, бисёр вақт дар зиндонҳо будам, беҳисоб шаллоқ хӯрда, бо марг бисёр рӯ ба рӯ шудаам. Панҷ бор сиюнуҳтогӣ аз яҳудиён тозиёна хӯрдам. Се маротиба румиён маро калтаккорӣ карданд ва як маротиба гурӯҳи калони одамон маро сангсор намуданд. Се маротиба киштиам ба шикаст дучор шуд ва ман як шабонарӯзро дар баҳр гузаронидам. Ман бисёр сафарҳо карда, ба хатари дарёҳо ва роҳзанон дучор шудам. Аз ҷониби ҳамватанони худам ва ғайрияҳудиён низ ба хатар рӯ ба рӯ шудам. Дар шаҳрҳо, дар биёбонҳо ва баҳрҳо ба хатар дучор гардидам. Инчунин аз дасти имондорони дурӯғин ба хатар рӯ ба рӯ шудам. Меҳнату заҳмат, бисёр шабҳои бедорӣ, гушнагию ташнагӣ, нимгуруснагӣ ва аз бараҳнагӣ азоби хунукиро аз сар гузарондам. Ғайр аз ҳамаи ин ва чизҳои дигар, ғамхории тамоми ҷамоатҳои имондорон мисли борест, ки шабу рӯз бар дӯши ман аст. Агар касе беҳол шавад, магар ман беҳол намешавам? Агар касе шуморо ба гуноҳ тела диҳад, магар ман намесӯзам? Агар фахр кардан лозим бошад, пас ман бо нотавон буданам фахр мекунам. Худо ки Падари Худованди мо Исои Масеҳ асту то абад сазовори ситоиш аст, медонад, ки ман дурӯғ намегӯям. Ҳангоми дар шаҳри Димишқ буданам волии шоҳ Ҳорис барои дастгир кардани ман дар назди дарвозаҳои шаҳр посбононро гузошта буд. Лекин маро ба воситаи сӯрохии девори шаҳр бо сабад ба пойин фароварданд ва ҳамин тавр ман аз ӯ халос шудам. Ҳарчанд фахр кардан фоида надорад, лекин бояд фахр кунам. Ман ҳозир дар бораи чизҳое, ки Худованд ошкору аён намудааст, нақл мекунам. Ман марди масеҳиеро мешиносам, ки чордаҳ сол пеш ба арши аъло рабуда шуду баргашт. Ҷисман буд ё рӯҳан, ман намедонам, Худо медонад. Ман ин шахсро мешиносам (фақат ҷисман буд ё рӯҳан, ман намедонам, Худо медонад), ки ӯ ногаҳон гирифта, ба биҳишт бурда шуд. Дар он ҷо ӯ чизҳое шунид, ки ба сухан ифода карда намешавад ва ба одамизод нақл кардани он ҳам мумкин нест. Бо чунин шахс фахр мекунам, вале аз худам фахр намекунам, танҳо чизе, ки бо он фахр мекунам, нотавониҳоям аст. Агар ман фахр кардан хоҳам, ба назар аблаҳ наметобам, чунки ҳақиқатро мегӯям. Лекин ман фахр намекунам. Зеро намехоҳам, ки одамон аз он чизе, ки дар ман мебинанду мешунаванд, зиёдтар дар бораам гумон кунанд. Худо ба ман он қадар чизҳои аҷоибро кушод, ки барои аз худ нарафтанам Ӯ бар ман неши дардовар дод. Худо иҷозат дод, ки ин неш ҳамчун фиристодаи шайтон маро азоб диҳад, то ки ман худамро баланд нагирам. Се маротиба ман аз Худованд хоҳиш намудам, ки онро аз ман дур кунад. Лекин Ӯ гуфт: «Файзу меҳрубонии Ман барои ту басанда аст, зеро қудрати Ман дар нотавонӣ комил мешавад». Аз ин рӯ, бештар аз нотавониам бо ҷону дил фахр мекунам, то ки қуввати Масеҳ дар вуҷудам бошад. Аз ин рӯ дар нотавониҳо, дар таҳқирҳо, дар мусибатҳо, дар дунболагирӣ ва мушкилиҳое, ки ба хотири Масеҳ дорам, шод ҳастам. Зеро, ҳангоме ки нотавон ҳастам, ҳамон вақт боқувватам! Бинед, ки шумо маро ба чи коре оварда расондед, ки ман худро аблаҳона таъриф кардам. Бояд шумо маро таъриф карда ҳимоя мекардед. Охир ман ҳеҷ кас набошам ҳам, қадри ман аз ҳамон «фиристодагони олӣ» камтар нест. Ҳангоми дар байнатон буданам ман босаброна муъҷизаву аломатҳо ва корҳои бузург нишон дода, исбот намудам, ки фиристода ҳастам. Ягона камбудие, ки шумо нисбат ба дигар ҷамоатҳо доштед, он буд, ки ман аз шумо ёрии молӣ талаб накардам. Бубахшед, ки чунин кори бадро дар ҳаққи шумо раво донистам. Ҳоло ман тайёрам, ки бори сеюм ба наздатон биёям. Ин дафъа ҳам ба гардани шумо бор намешавам, чунки ба ман чизи шумо даркор нест, балки худи шумо даркоред. Чунки на фарзандон барои падару модарашон, балки падару модар бояд барои фарзандонашон моликият ҷамъ кунанд. Ман бо ҷону дил барои шумо тамоми дороиямро ва ҳатто ҷонамро медиҳам. Ман шуморо ин қадар зиёд дӯст медорам, лекин наход ки меҳри шумо нисбати ман камтару камтар шавад? Шумо медонед, ки ман ба гардани шумо бор набудам. Лекин баъзеҳо ҳанӯз ҳам фикр мекунанд, ки ман ҳилагаре ҳастам, ки аз шумо бо фиреб манфиат гирифтам. Аммо чӣ тавр? Оё ман ба воситаи касоне, ки ба наздатон фиристодам, аз шумо фоидае гирифтам? Ман аз Титус илтиҷо кардам, ки ба наздатон биёяд ва он бародари дигарро ҳамроҳи ӯ фиристодам. Оё Титус аз шумо фоидае гирифтааст? Магар ману Титус дар ин масъала як хел рафтор накардаем? Шояд шумо кайҳо боз фикр мекунед, ки мо худро дар назди шумо ҳимоя карда истодаем. Не, мо инро дар ҳузури Худо ва дар ягонагӣ бо Масеҳ ба шумо мегӯем ва ҳамаи ин, азизон, барои ободии шумост. Метарсам, ки ба наздатон меояму шуморо он чунон ки дидан мехостам, дарнамеёбам ва шумо низ маро он чунон ки дидан мехостед, дарнамеёбед. Метарсам, ки дар байнатон ҷанҷол, бахилӣ, хашм, худпарастӣ, туҳмат, ғайбат, ҳавобаландӣ ва рафтори бетартибонаро мебинам. Метарсам, ки ҳангоми бори дигар ба наздатон омаданам аз он ки бисёре аз шумо аз гуноҳҳои пештараатон даст накашидаед, Худои ман обрӯямро дар ҳузури шумо мерезонад. Ман сахт ғамгин мешавам, ки шумо аз нопокии худ, аз гуноҳи ҷинсӣ ва ҳавою ҳаваси шаҳвонӣ тавба накардаед. Ин сеюм маротиба аст, ки ман ба наздатон меоям. Чи хеле ки навиштаҷот мегӯяд, «Ҳама гуна айбдоркунӣ бояд аз забони ду ё се шоҳид тасдиқ шавад». Ҳангоми бори дуюм дар он ҷо буданам онҳоеро, ки гуноҳ мекарданд, огоҳӣ дода будам. Ҳозир аз дурӣ истода, ман ҳамаи гунаҳкорон ва дигаронро мисли пештара огоҳӣ медиҳам, ки ҳангоми ин дафъа омаданам ба касе раҳм намекунам. Шумо талаб мекунед, то исбот кунам, ки Масеҳ ба воситаи ман сухан мегӯяд ва ман инро ба шумо нишон медиҳам. Масеҳ барои ислоҳ кардани шумо нотавон нест, балки Ӯ дар байнатон пурқувват аст. Ҳарчанд Ӯро дар нотавониаш ба салиб мехкӯб карданд, Ӯ бо қуввати Худо зинда аст. Мо ҳам мисли Ӯ нотавон ҳастем, аммо дар муносибат бо шумо мо дар ягонагӣ бо Масеҳ зиндагӣ мекунем ва аз Худо қувват дорем. Худатонро имтиҳон карда, санҷед, ки оё имоне, ки доред, ҳақиқист ё не?! Оё дақиқ медонед, ки Исои Масеҳ дар вуҷуди шумост? Агар чунин нест, шумо дар санҷиши ҳақиқии имон шикаст хӯрдаед. Умедворам, мефаҳмед, ки мо дар имтиҳони имон шикаст нахӯрдаем. Мо ба Худо дуо мекунем, ки шумо ягон кори бад накунед. Мо на барои он дуо мекунем, ки худро хуб нишон диҳем, балки барои он дуо мекунем, ки шумо кори хуб кунед, гарчи мо ҳамчун шикастхӯрда ба назар менамоем. Аз ин рӯ, мо наметавонем бар зидди ростӣ амал кунем, балки ҳар чӣ мекунем, фақат ба хотири ростӣ мекунем. Агар нотавонии мо барои боқувват шудани шумо ёрӣ расонад, аз ин хурсанд ҳастем ва дуо мекунем, ки шумо пурра ислоҳ шавед. Ман аз дурӣ истода ба шумо менависам, то чун ба наздатон оям, маҷбур нашавам, ки аз рӯйи қудратам сахтгирона муносибат кунам. Худованд ин қудратро на барои вайронкорӣ, балки барои обод кардани шумо ба ман додааст. Хулоса, бародарону хоҳарони азиз, шод бошед, зиндагиатонро барқарор кунед, ба насиҳатам гӯш диҳед ва бо якдигарфаҳмию сулҳ зиндагӣ кунед ва Худои сулҳу муҳаббат бо шумо хоҳад буд. Якдигарро ба оғӯш гирифта салом гӯед. Тамоми имондорон ба шумо салом мерасонанд. Бигзор файзу меҳрубонии Худованд Исои Масеҳ, муҳаббати Худо ва ягонагии Рӯҳулқудс бо ҳамаи шумо бошад! Салом ба ҷамоатҳои имондорони вилояти Ғалотия! Ман, Павлус, ки фиристодаи Масеҳ ҳастам, на бо қарори одамон ё аз ҷониби ягон инсон, балки аз ҷониби Исои Масеҳ ва Худо Падар, ки Исоро баъд аз мурданаш зинда гардондааст, ба ин вазифа таъйин гаштаам. Ҳамчунин ҳамаи имондороне, ки бо ман ҳастанд, ба шумо файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Худо Падар ва Худовандамон Исои Масеҳро хоҳонем! Исои Масеҳ мувофиқи хости Падарамон Худо ба хотири гуноҳҳои мо Худро фидо кард, то ки моро аз ин дунёи палид озод намояд. Ба Ӯ шаъну шараф то абад бод. Омин. Ҳайронам, ки шумо ин қадар зуд аз Худо, ки шуморо бо файзу меҳрубонии Масеҳ даъват кардааст, рӯй гардонда, ба хушхабари дигаре рӯй меоваред. Дар асл хушхабари дигар вуҷуд надорад. Фақат баъзе касон майнаи шуморо гаранг мекунанд ва хушхабари Масеҳро тағйир доданӣ ҳастанд. Аммо агар ҳатто мо ё фариштае аз осмон баръакси ҳамон хушхабаре, ки ба шумо эълон карда будем, таълимоти дигар диҳад, бигзор вайро Худо занад! Чуноне ки мо аллакай гуфтем, боз ҳам такрор мекунам, лаънат ба касе, ки ба шумо хушхабари дигаре аз он, ки қабул кардаед, эълон намояд! Ҳоло гӯед, ки оё ман бо гуфти одамон зиндагӣ мекунам ё бо гуфти Худо? Магар ман ба одамон маъқул шудан мехоҳам? Агар ман то ҳол кӯшиш мекардам, ки ба одамон маъқул шавам, хизматгузори Масеҳ намебудам. Эй бародарону хоҳарон, мехоҳам инро донед, ки хушхабари эълон кардаамро одамизод бофта набаровардааст. Ман онро аз одамизод на қабул кардааму на таълим ёфтаам, балки Исои Масеҳ ин хушхабарро бароям ошкор намудааст. Шумо шунидаед, ки ҳангоми пайрави дини яҳудӣ буданам чӣ хел зиндагӣ мекардам. Ман бераҳмона ҷамоати имондорони Худоро азоб медодаму дар пайи нобуд кардани он будам. Ман дар риояи дини яҳудӣ дар байни авлодамон аз ҳамаи ҳамсолони худ зиёдтар пешрафт карда будам, чунки дар иҷрои расму русуми аҷдодонамон бисёр кӯшишу ғайрат мекардам. Аммо Худо маро пеш аз он, ки ба дунё оям, интихоб намуда, файзу меҳрубонӣ нишон дода, маро ба хизмати Худ даъват кардааст. Худо дар вақту соате, ки муносиб донист, Писари Худро ба ман ошкор кард, то ки ман рафта, дар бораи Писараш ба халқҳои ғайрияҳудӣ хабар диҳам. Ман ҳамон замон барои маслиҳат пеши ягон инсон нарафтам. Ҳатто ба шаҳри Уршалим назди фиристодагоне, ки аллакай ба ин вазифа таъйин шуда буданд, нарафтам, балки ба Арабистон рафтам ва баъдан ба шаҳри Димишқ баргаштам. Баъд аз се сол ман барои шинос шудан бо Петрус ба Уршалим рафта, понздаҳ рӯз ҳамроҳаш истодам. Вале аз фиристодагони дигар касеро ба ғайр аз Яъқуби бародари Худовандамон Исои Масеҳ надидам. Худо шоҳид аст, ки он чи ба шумо навишта истодаам, дурӯғ нест! Сипас, ман ба сарзамини Сурия ва Киликия раҳсипор шудам. Имондорони ҷамоатҳои Масеҳ дар сарзамини Яҳудия маро ҳанӯз шахсан намешинохтанд. Фақат ба гӯшашон хабар расида буд, ки Павлуси азобдиҳандаи онҳо ҳамон имонеро, ки пештар аз байн бурдан мехост, акнун дар бораи ин имон худаш эълон карда истодааст. Бино бар ин, онҳо ба хотири ман Худоро шукр гуфтанд. Баъд аз чордаҳ сол ман боз ба Уршалим рафтам. Ин дафъа ман ҳамроҳи Барнаббо будам ва Титуси юнониро низ бо худ овардам. Нияти ба Уршалим рафтанро ба дилам Худо андохта буд. Дар он ҷо ман бо роҳбарони обрӯманди ҷамоати имондорон алоҳида вохӯрда, хушхабареро, ки ба ғайрияҳудиён эълон мекардам, ба онҳо баён кардам, то ки аз назар гузаронанд. Ман хавотир будам, ки мабодо меҳнате, ки барои расондани хушхабар мекунам, бефоида набошад. Агарчи ҳамсафари ман Титус хатна нашуда ҳам буд, роҳбарони яҳудӣ аз ӯ хатна шуданро талаб накарда, қабул карданд. Масъалаи хатна фақат аз ҷониби он яҳудиёне, ки имондорони дурӯғин буданд, ба миён омад. Онҳо махфиёна ба мобайни мо роҳ ёфта, хостанд дар бораи озодӣ аз шариате, ки мо, имондорон ба хотири Исои Масеҳ дорем, маълумот гиранд. Онҳо хостанд, ки моро аз ин озодӣ маҳрум карда, ғуломи қонуну қоидаҳои яҳудиён гардонанд. Вале мо як лаҳзае ҳам ба гапҳои онҳо дода нашудем, чун хостем, ки ҳақиқати хушхабарро барои шумо нигоҳ дорем. Ва онҳое, ки роҳбарони ҷамоати имондорон ҳисобида мешаванд (дар ҳар мансабе, ки бошанд, ба ман фарқ надорад, чунки Худо ба ҳама бо як чашм нигоҳ мекунад), – ана ҳамон роҳбарон низ ба хушхабари эълон мекардаам чизе илова накарда, тасдиқ намуданд, ки он дуруст аст. Баръакс, онҳо диданд, ки Худо маро ӯҳдадор намудааст, ки хушхабарро ба халқҳои ғайрияҳудӣ эълон кунам. Ҳамон тавре ки Худо Петрусро вазифадор кардааст, ки ба яҳудиён хушхабарро расонад, маро вазифадор кардааст, ки хушхабарро ба ғайрияҳудиён эълон кунам. Зеро ҳамон Худо, ки ба Петрус қудрат дод, то фиристода барои яҳудиён бошад, ба ман низ қудрат дод, ки фиристода барои ғайрияҳудиён бошам. Вақте Яъқуб, Петрус ва Юҳанно, ки сутунҳои ҷамоати имондорон ҳисобида мешаванд, диданд, ки Худо ба ман файзу меҳрубонӣ нишон додааст, ману Барнабборо ба қатори ҳамкорони худ дароварданд. Онҳо розӣ шуданд, ки мо ба назди халқҳои ғайрияҳудӣ рафта, хушхабарро эълон кунему онҳо ба яҳудиён эълон кунанд. Ин роҳбарон фақат як хоҳиш доштанд, ки мо ба камбағалони ҷамоати онҳо ёрӣ расонданро давом диҳем, ки ман худ ба ин кор майлу рағбат доштам. Аммо, ҳангоме ки Петрус ба шаҳри Антокия омад, ман ба вай рӯйирост зид баромадам, чунки рафтори нодуруст карда буд. Аввал ӯ вақте ба Антокия омад, бо имондорони ғайрияҳудӣ, ки хатна нашудаанд, аз як дастархон нон мехӯрд. Аммо ҳамин ки аз ҷониби Яъқуб одамон омаданд, Петрус худро аз ғайрияҳудиён канора гирифта, дигар ҳамроҳашон намехӯрд, чунки аз танқиди тарафдорони хатна тарсида буд. Дар натиҷа имондорони яҳудии дигар низ мисли Петрус дурӯягӣ карданд ва дурӯягии онҳо ҳатто Барнабборо аз роҳ зад. Вақте дидам, ки онҳо аз рӯйи ростии хушхабар амал намекунанд, дар пеши ҳама ба Петрус гуфтам: «Агар туи яҳудӣ ҳамчун ғайрияҳудӣ зиндагӣ кунӣ, пас чаро ғайрияҳудиёнро маҷбур месозӣ, ки аз рӯйи қонуну қоидаҳои яҳудӣ зиндагӣ кунанд?» Мо аз таваллудамон на ягон ғайрияҳудии гунаҳкор, балки яҳудӣ ҳастем. Лекин фаҳмидем, ки инсон на бо иҷро кардани шариат, балки бо имон ба Исои Масеҳ дар назари Худо сафед мешавад. Бино бар ин, мо низ ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки на бо иҷрои шариати Мусо, балки ба воситаи имон ба Масеҳ сафед шавем, чунки ба воситаи иҷро кардани шариат ҳеҷ кас сафед намешавад. Ҳоло мо на ба воситаи иҷрои шариат, балки ба воситаи имон ба Масеҳ сафед шуданӣ ҳастем ва бинобар ин аз шариат рӯй гардондем. Агар ба сабаби ин гуноҳкор ҳисобида шавем, пас магар Масеҳ моро ба сӯйи гуноҳ мебарад? Ҳаргиз! Баръакс, агар ман он чиро, ки худ вайрон кардаам, боз аз нав барпо намоям, нишон медиҳам, ки ҷинояткор ҳастам. Охир вақте ки ман бо иҷрои шариат зиндагӣ мекардам, шариат нишон дод, ки гуноҳкорам ва сазовори марг ҳастам. Пас ман барои шариат мурдам ва онро дигар риоя намекунам, то ки акнун барои Худо зиндагӣ кунам. Ман ба марги Масеҳ, ки ба салиб мехкӯб шуда буд, шарик шуда, мурдам. Акнун на ман, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад. Ва ҳоло, ки дар ҷисм ҳастам, ман бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки Ӯ маро дӯст дошт ва ба хотири ман Худро фидо кард. Ман файзу меҳрубонии Худоро рад намекунам. Зеро, агар мо бо риояи шариат дар назари Худо сафед шуда метавонистем, пас Масеҳ беҳуда ҷон додааст! Эй ғалотиёни бефаҳм! Кӣ шуморо сеҳру ҷоду кардааст?! Охир ман мақсади марги Исои Масеҳро ба шумо чунон аниқ фаҳмонда будам, ки шумо ба салиб мехкӯб шуданашро гӯё бо чашми худ дидаед. Ман аз шумо фақат як чиз пурсиданӣ ҳастам, ки оё Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо бароятон ба воситаи иҷро намудани шариат дода шуд? Не, Рӯҳулқудс ба шумо дар натиҷаи он дода шуд, ки шумо хушхабарро шунидеду имон овардед. Наход ин қадар бефаҳм бошед! Охир шумо ҳаёти имондориро бо қудрати Рӯҳулқудс сар кардаед, вале ҳоло мехоҳед, ки бо иҷрои қонунҳое, ки ба ҷисм тааллуқ доранд, то охир давом диҳед? Оё ҳамаи он чие, ки дар роҳи имон аз сар гузарондед, беҳуда буд? Аниқ, ки беҳуда набуд! Оё ба хотири иҷро кардани шариат Худо ба шумо Рӯҳулқудсро дода, дар байнатон муъҷизаҳо нишон медиҳад? Магар на ба хотири он, ки шумо ба хушхабар бовар кардаед? Ана Иброҳим пайғамбар низ ба ваъдаи Худо бовар карда буд ва барои ҳамин Худо ӯро беайб ҳисоб намуд. Пас бояд донед, ки насли Иброҳим онҳое ҳисобида мешаванд, ки имон доранд. Азбаски навиштаҷот пешбинӣ карда буд, ки Худо халқҳои ғайрияҳудиро ба хотири имонашон сафед мекунад, пешакӣ ба Иброҳим хушхабар дода гуфт: «Ба воситаи ту ҳамаи халқҳоро баракат медиҳам». Иброҳим ба Худо бовар карду баракат ёфт. Пас онҳое, ки ба Исо имон доранд, ба баракати Иброҳим шарик мешаванд. Аммо онҳое, ки бо иҷрои шариат дар назари Худо сафед шудан мехоҳанд, гирифтори лаънат мешаванд, чунки дар навиштаҷот чунин омадааст: «Ҳар кӣ ҳамаи навиштаҳои китоби шариатро доимо иҷро намекунад, лаънатзада мешавад». Пас аниқ аст, ки ба воситаи риояи шариат касе худро дар пеши Худо сафед карда наметавонад, чунки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки шахси росткор ба воситаи имон зиндагӣ мекунад. Аммо иҷрои шариат як чиз асту имон овардан дигар чиз аст. Зеро навишта шудааст, ки «Ҳар кӣ тамоми шариатро иҷро мекунад, бо он зинда мемонад». Азбаски мо шариатро иҷро карда наметавонистем, лаънатзада шуда будем. Лекин Масеҳ ба ҷойи мо ҳамин ҷазои лаънатро ба Худ гирифта, моро озод кард. Зеро дар навиштаҷот омадааст, ки «лаънатзада аст ҳар касе, ки ба дарахт овехта мешавад». Исои Масеҳ ин корро бо мақсади он кард, ки ба воситаи Ӯ баракате, ки Худо ба Иброҳим дода буд, ба халқҳои ғайрияҳудӣ дастрас шавад. Дар натиҷа мо Рӯҳулқудсро, ки Худо ваъда дода буд, ба воситаи имон гирифта метавонем. Эй бародарону хоҳарон! Аз ҳаёти ҳаррӯза мисол меоварам, ки агар аҳду паймон бо розигии тарафҳо баста шуда бошад, онро касе на бекор карда ва на ба он чизе илова намуда метавонад. Худо ваъдаҳои Худро ба Иброҳим ва ба насли вай дода буд. Диққат кунед, ки дар навиштаҷот «наслҳои вай» гуфта нашудааст, ки бисёриҳо ба назар гирифта шуда бошанд, балки «насли вай» гуфта шудааст, ки фақат ба як кас, яъне ба Масеҳ, ки Таъйиншудаи Худост, ишора мекунад. Бо ҳамаи ин ман чӣ гуфтаниам? Худо бо Иброҳим аҳду паймон баста буд. Баъд аз чорсаду сӣ соли он шариати Мусо омад, аммо ин шариат аҳди Худоро, ки аллакай баста шуда буд, бекор карда ва ваъдаҳои Худоро аз байн бурда наметавонад. Агар он чи Худо ваъда додааст, ба мо ба воситаи иҷрои шариат насиб мешуда бошад, пас он дигар мувофиқи ваъда нест. Аммо Худо баракаташро ба Иброҳим мувофиқи ваъдааш ато кардааст. Пас шариат барои чӣ даркор аст? Он баъдтар барои он илова шуда буд, ки чӣ будани гуноҳро нишон диҳад. Эътибори шариат фақат то замони омадани ҳамон насле буд, яъне Исои Масеҳ, ки барояш ваъда тааллуқ дошт. Худо шариатро ба воситаи фариштаҳо ба Мусо дод, ки вай байни Худо ва халқаш миёнарав буд. Агар миёнарав бошад, пас тарафҳо низ ҳастанд. Аммо вақте ки Худо ваъда медод, миёнарав надошт. Ин нишон медиҳад, ки ваъда фақат аз як тараф дода шудааст, аз тарафи Худо. Пас магар шариати Худо зидди ваъдаҳояш аст? Ҳаргиз! Агар шариат ба одамон ҳаёти нав бахшида метавонист, Худо онҳоро дар асоси иҷрои шариат сафед мекард. Аммо навиштаҷот мефармояд, ки ҳамаи одамон ба доми гуноҳ ҳамчун ба зиндон афтодаанд, то ки ваъдаи Худо ба онҳое дода шавад, ки ба Исои Масеҳ имон меоваранд. Пеш аз омадани хушхабар дар бораи имон ба Исои Масеҳ шариат моро ҳамчун посбон дар ҳабсхона нигоҳ медошт. Инак шариат то замони омадани Масеҳ парастори мо буд, то ки мо аз рӯйи имон ба Масеҳ сафед шавем. Акнун ки замони имон расидааст, мо аз таҳти назорати парастор баромадаем. Охир ҳамаи шумо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ фарзандони Худо шудаед. Ҳамаи шумо, ки дар Масеҳ таъмид ёфтаед, яъне ғарқи Ӯ шудаед, Масеҳро гӯё дар бар карда, ба Ӯ монанд шудаед. Пас ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ як шудаед ва бинобар ин дигар на яҳудӣ ҳасту на ғайрияҳудӣ, на ғулом ҳасту на озод ва на мард ҳасту на зан. Ҳоло ки шумо аз они Масеҳ шудаед, пас ҳамон насли Иброҳим ва меросхӯрони вай мебошед. Ваъдае, ки Худо ба Иброҳим дода буд, аз они шумо шудааст. Мақсади ман ин аст: вақте ки ба кӯдаке аз падараш мерос мемонад, то замоне ки кӯдак ноболиғ аст, ӯ аз ғулом фарқ намекунад. Гарчанде кӯдак соҳиби тамоми молу мулк бошад ҳам, вале то расидани муҳлате, ки падараш дар васият муайян кардааст, ӯро сарпарастону мураббияҳо идора мекунанд. Мо низ ҳамин тавр то замоне, ки ҳанӯз гӯё кӯдак будем, ғуломи қонунҳои динии ин ҷаҳон будем. Аммо вақте ки замони муайяншуда расид, Худо Писари Худро фиристод, ки аз зан таваллуд шуд ва тобеи шариат буд. Худо Писарашро барои он фиристод, ки моро аз ғуломии шариат озод карда, фарзандони Худ хонад. Азбаски фарзандонаш ҳастем, Худо ба дилҳои мо Рӯҳи Писари Худро фиристодааст ва ин Рӯҳ аз дохили мо ба Худо муроҷиат карда «Эй Або, эй Падарҷонам!» мегӯяд. Ту дигар ғулом нестӣ, балки фарзанди Худоӣ. Ва агар фарзандаш бошӣ, Худо туро меросхӯр таъйин намудааст. Пештар, ки шумо Худоро намешинохтед, ғуломони ба ном худоёне будед, ки дар асл Худо нестанд. Аммо акнун шумо Худоро мешиносед ё аниқтараш Худо шуморо мешиносад! Пас, бо кадом фикр шумо боз ғуломи қонунҳои динӣ шудан мехоҳед? Охир ин қонунҳо худ нотавону суст ҳастанд. Шумо ҳатто рӯзҳо, моҳҳо, идҳо ва солҳои диниро риоя мекардагӣ шудаед. Ҳоло хавотирам, ки мабодо меҳнати ба хотири шумо кардаам беҳуда шуда бошад. Эй бародарону хоҳарон, аз шумо илтиҷо менамоям, ки мисли ман озод бошед, чуноне ки ман мисли шумо, ғайрияҳудиён аз шариат озод шудаам. Шумо бо ман муомилаи бад накардаед. Ба шумо маълум аст, ки ман ба шумо бори аввал аз сабаби бемор шуданам хушхабарро эълон намуда будам. Гарчанде шумо метавонистед аз сабаби бемориам аз ман рӯй гардонед, вале ин корро накардед ва ба ман хунукназарона рафтор накардед. Баръакс, маро гӯё фариштаи Худо ё Худ Исои Масеҳ бошам, хуш қабул кардед. Пас, он шодию хурсандиатон куҷо шуд?! Ман аниқ медонам, ки шумо тайёр будед, ки ҳатто чашмони худро канда гирифта бароям диҳед. Ҳоло чӣ шуд? Магар ба шумо гапи ростро гуфта, душманатон шудам? Он муаллимони бардурӯғ кӯшишу ғайрат мекунанд, ки диққати шуморо ба тарафи худ ҷалб кунанд. Вале ин ба фоидаи шумо нест, чунки нияташон моро аз ҳам ҷудо кардан аст, то ки баъд шумо танҳо ба онҳо диққат диҳед. Кӯшишу ғайрат нишон додан хуб аст, вале дар сурате ки мақсад нек бошад. Инчунин на фақат дар ҳузури ман, балки бояд ҳамеша нишон дода шавад. Эй фарзандони азизам! Ман боз ҳам ба монанди модаре, ки вақти таваллуд карданаш аст, бароятон то он даме, ки ба Масеҳ монанд мешавед, дарду азоб мекашам. Эй кош ҳоло дар наздатон мебудаму бо шумо бо тарзи дигар гап мезадам. Аммо ҳозир ҳайрон мондаам, ки чӣ гӯям. Шумо, ки шариатро риоя кардан мехоҳед, ҳоло ба ман гӯед, ки оё медонед шариат чӣ мегӯяд? Навишта шудааст, ки Иброҳим соҳиби ду писар буд. Як писарашро канизаш, яъне ғуломзанаш Ҳоҷар таваллуд карда буду писари дигарашро Соро, зани озодаш таваллуд карда буд. Писари каниз ба таври одӣ ба дунё омад, вале зани озоди Иброҳим нозой буд, бинобар ин писари вай ба воситаи муъҷизаи ваъдакардаи Худо ба дунё омад. Ин ду зан ба ду аҳду паймони Худо ишора мекунанд, ки Худо бо халқи Худ баста буд. Як аҳд дар кӯҳи Сино дар асоси шариат баста шуда буд. Ҳоҷари каниз рамзи ҳамин аҳд аст ва фарзандонашро барои ғуломӣ мезояд. Ӯ инчунин рамзи кӯҳи Сино дар Арабистон мебошад ва шаҳри Уршалими ҳозираро, ки бо фарзандонаш ғуломи шариат ҳастанд, нишон медиҳад. Аммо зани озод Соро рамзи Уршалими осмонӣ аст. Ӯ модари ҳамаи мост. Дар навиштаҷот чунин омадааст: «Шод бош, эй зани нозой, ки ҳеҷ фарзанд таваллуд карда натавонистаӣ! Бо овози баланд садои хурсандӣ барор, эй ту, ки дарди зоиш накашидаӣ, зеро зане, ки шавҳараш ӯро партофтааст, аз зани шавҳардор дида, фарзандони зиёдтар дорад!» Эй бародарону хоҳарон, ҳамон тавре ки Исҳоқ аз рӯйи ваъдаи Худо ба дунё омад, шумо низ, аз рӯйи ваъдаи Худо фарзандони Худо ҳастед. Дар вақти зиндагиашон ҳамон писаре, ки бо роҳи инсонӣ таваллуд шуда буд, писари дигареро, ки бо муъҷизаи Рӯҳулқудс таваллуд шуда буд, озор медод. Ҳоло ҳам ҳамин тавр аст. Аммо дар навиштаҷот дар бораи ин чӣ гуфта шудааст? «Канизро бо писараш аз ин ҷо дафъ кун, чунки писари каниз бо писари зани озод якҷоя меросхӯр намешавад». Хуллас, эй бародарону хоҳарон, мо на фарзандони каниз, балки фарзандони зани озод ҳастем. Масеҳ моро барои он аз шариат озод кард, ки мо дар озодӣ зиндагӣ кунем. Акнун ин озодиро маҳкам нигоҳ доред ва дигар ба юғи ғуломӣ, ки он риояи шариат аст, гардан нафуроред. Гӯш кунед, ки ман, Павлус ба шумо чӣ мегӯям: агар шумо хатна шавед, Масеҳ барои шумо дигар ҳеҷ фоида надорад. Боз огоҳ мекунам, ки ҳар кӣ хатна мешавад, бояд тамоми шариатро иҷро намояд. Агар ба воситаи риояи шариат дар назари Худо сафед шуданӣ бошед, пас муносибати шумо бо Масеҳ канда шудааст ва аз файзу меҳрубонии Худо маҳрум гаштаед. Лекин бо ёрии Рӯҳулқудс мо интизор ҳастем, ки ба мақсади умедамон мерасем. Ва умедвории мо ин ба воситаи имонамон дар назари Худо сафед шудан аст. Зеро агар бо Исои Масеҳ муносибат дошта бошем, он гоҳ хатна шудан ё нашудан аҳамият надорад. Фақат имони мо, ки дар муҳаббат намоён мешавад, аҳамият дорад. Шумо дар роҳи имон нағз пешрафт мекардед! Кӣ пеши роҳи шуморо гирифта, намонд, ки ба ростӣ итоат кунед? Аниқ аст, ки Худо ин корро накардааст. Охир Ӯ Худ шуморо даъват намудааст. Таълимоти хато ба монанди хамиртуруши камест, ки тамоми хамирро турш мекунад. Ба ҳар сурат, Худованд маро дилпур мекунад, ки фикри шумо мухолифи фикри ман намешавад. Аммо ҳар касе, ки сари шуморо гаранг мекунад, ҷазояшро мебинад. Эй бародарону хоҳарон, агар ман то ҳол хатна шуданро таълим медодам, пас барои чӣ маро то ҳол азоб медиҳанд? Агар хатна шуданро таълим медодам, аз пайғоми салиби Исо касе хафа намешуд. Кошки онҳое, ки шуморо бо таълимоти хатна гаранг мекунанд, худро на фақат хатна, балки ахта ҳам карда, аз мо канда мешуданд. Эй бародарону хоҳарони ман, шумо ба озодӣ даъват шудаед! Аммо эҳтиёт бошед, ки озодем гуфта, ба ҳавасҳои табиати гунаҳкоратон дода нашавед, балки бо меҳру муҳаббат ба якдигар хизмат кунед. Зеро тамоми шариат дар ин як фармон ҷамъбаст шудааст: «Дигаронро мисли худат дӯст дор». Аммо агар шумо ба якдигар дарафтода, якдигарро хӯрдан гиред, эҳтиёт шавед, ки боз аз дасти ҳамдигар нобуд нагардед. Ман чӣ гуфтаниам? Бо роҳнамоии Рӯҳулқудс зиндагӣ кунед ва он вақт ҳавасҳои табиати гунаҳкори худро иҷро намекунед. Табиати гунаҳкор он чиро, ки зидди хости Рӯҳулқудс аст, ҳавас мекунад ва хосте, ки Рӯҳулқудс ба диламон меандозад, зидди табиати гунаҳкори мост. Ин ҳар ду ба якдигар зид ҳастанд. Аз ин рӯ, шумо хостаатонро иҷро карда наметавонед. Дар айни ҳол агар роҳнамоятон Рӯҳулқудс бошад, шумо тобеи шариат нестед. Корҳои табиати гунаҳкор ба ҳама маълуманд: гуноҳҳои ҷинсӣ, бешармиву беҳаёӣ, бадахлоқии ҷинсӣ, бутпарастӣ, ҷодугарӣ, душманӣ, ҷангу хархаша, ҳасад, қаҳру ғазаб, худпарастӣ, ҷудоиву тарафкашӣ, бахилӣ, бадмастӣ, айшу ишрат ва ғайра. Ман пештар таъкид карда будам ва боз огоҳ мекунам, ки ба онҳое, ки чунин корҳоро мекунанд, Подшоҳии Худо насибашон намегардад. Аммо самарае, ки Рӯҳулқудс дар зиндагии одамон меоварад, инҳоянд: меҳру муҳаббат, шодию хурсандӣ, сулҳу оромӣ, сабру тоқат, некӣ ва меҳрубонӣ, вафодорӣ, хоксорӣ ва нафси худро доштан. Ҳеҷ қонуне бар зидди ин хислатҳо мавҷуд нест. Онҳое, ки аз они Исои Масеҳ ҳастанд, табиати гунаҳкори худро бо майлу ҳавасҳояш ба салиб мехкӯб карда, ба марг супоридаанд. Азбаски Рӯҳулқудс сарчашмаи ҳаётамон мебошад, пас мо бояд бо роҳнамоии Ӯ низ рафтор кунем. Барои ҳамин биёед ҳавобаланд нашавем, якдигарро ба ҷанг наандозем ва ба якдигар бахилӣ накунем. Эй бародарону хоҳарон, ки бо роҳнамоии Рӯҳи Худо зиндагӣ мекунед, агар касе аз шумо гирифтори гуноҳ шавад, вайро бо меҳрубонӣ ва хоксорӣ ислоҳ намоед. Аммо бохабар бошед, ки боз худатон ба доми гуноҳ наафтед. Якдигарро дар вақти вазнинӣ дастгирӣ кунед ва ҳамин тавр қонуни Масеҳро иҷро менамоед. Агар касе худро аз дигарон калон гирад, дар ҳоле ки ночиз аст, фақат худро фиреб медиҳад. Пас ҳар кас бояд рафтори худро аз назар гузаронад. Он гоҳ вай худро бо каси дигар муқоиса карда, калонгирӣ намекунаду аз муваффақияти худ фахр мекунад. Охир ҳар кас ӯҳдадории худро ба зиммааш дорад. Бигзор ҳар кас аз молу давлаташ бо муаллими худ, ки гуфтаҳои Худоро барояш таълим медиҳад, бо ҳам бинад. Ба фикри хато, ки гӯё Худоро фиреб дода метавонед, роҳ надиҳед. Чизи коштаатонро мегиред. Касе ки ҳавасҳои табиати гунаҳкорашро қонеъ гардонда зиндагӣ мекунад, аз табиати гунаҳкор маргро ҳосил мегирад. Вале касе ки барои шод гардондани Рӯҳулқудс мекорад, аз Ӯ ҳаёти абадӣ ҳосил мегирад. Пас, биёед аз некӣ кардан дилгир нашавем, чунки агар ноумед нагардем, дар вақти муносиб ҳосилашро ҳам мегирем. Бинобар ин, ҳанӯз ки имконият ҳаст, ба ҳама некӣ кунем, махсусан ба онҳое, ки бо мо дар имон аъзои як хонавода ҳастанд. Ҳоло ман худам менависам ва шумо инро аз тарзи навиштанам мебинед, чунки ман бо ҳарфҳои калон менависам. Касоне, ки шуморо ба хатна шудан маҷбур мекунанд, ба дигарон маъқул шуданӣ ҳастанд. Онҳо бо азобҳо дучор шудан намехоҳанд, чунки агар эълон кунанд, ки Масеҳ ба хотири наҷоти мо ба салиб мехкӯб шуда буд, азобу уқубат мекашанд. Ин хатнашудагон худашон шариатро иҷро намекунанд, вале мехоҳанд, ки шумо хатна шаведу онҳо аз ин фахр намоянд. Ман бошам, ба ғайр аз салиби Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳеҷ чизи дигар фахр кардан намехоҳам. Ба воситаи марги Исои Масеҳ дар салиб чизҳои ҷаҳонӣ барои ман мурдаанд ва ман барои ин ҷаҳон мурдаам. Охир хатна шудан ё нашудан аҳамият надорад, балки аз ҳама муҳимаш он аст, ки Худо моро офаридаи нав кардааст. Бар ҳамаи онҳое, ки аз рӯйи ҳамин гуфтаҳо зиндагӣ мекунанд ва халқи ҳақиқии Худо мебошанд, осоиштагӣ ва раҳму шафқати Худо бод! Минбаъд касе маро азоб надиҳад, чунки ман дар баданам доғи захмҳоеро дорам, ки аз они Исо буданамро нишон медиҳанд. Эй бародарону хоҳарон, бигзор файзу меҳрубонии Худованди мо Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бошад. Омин. Салом ба халқи Худо, ки дар шаҳри Эфесус Исои Масеҳро вафодорона пайравӣ мекунанд! Ман, Павлус, ки бо хости Худо фиристодаи Исои Масеҳ интихоб шудаам, ба шумо файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Падари мо Худо ва Худованд Исои Масеҳро хоҳонам. Шаъну шараф ба Худо, ки Падари Худовандамон Исои Масеҳ аст! Ӯ ба хотири Масеҳ ба мо ҳар баракати рӯҳониро дар даргоҳаш бахшидааст. Охир, Худо моро аллакай пеш аз офариниши дунё ба воситаи Масеҳ интихоб карда буд, ки аз они Ӯ шуда, дар назараш беайбу нуқсон бошем. Ӯ бо меҳру муҳаббат пешакӣ мувофиқи хости дилаш муқаррар карда буд, ки ба воситаи Исои Масеҳ моро ба фарзандӣ қабул мекунад. Худо мақсад дошт, ки мо ҳамин файзу меҳрубонии бузургашро, ки Ӯ ба воситаи Писари азизаш бароямон ато кардааст, таърифу ситоиш кунем. Охир файзу меҳрубонии Худо он чунон бепоён аст, ки ба воситаи хуни Писараш мо ба озодӣ харида шудаему гуноҳҳоямон бахшида шуданд. Худо файзу меҳрубониашро ба мо бо додани тамоми хираду ҳикмат саршор кардааст. Зеро Ӯ сирри Худро, ки он хости дилаш буд ва иҷрои онро ба воситаи Масеҳ дар назар дошт, ба мо ошкор кард. Нақшаи Худо ин буд, ки дар вақти муайяншуда ҳама чизи дар осмону дар замин бударо дар ихтиёри Масеҳ гузорад. Худо инчунин ба хотири Масеҳ ба мо насиб гардонд, ки халқи Ӯ шавем. Ин тақдирро Худо аз аввал барои мо ба нақша гирифта буд ва Ӯ ҳама вақт хосту фикрашро ба амал меоварад. Дар натиҷа мо, яҳудиён, ки аввалин шуда ба Масеҳ умедвор гаштем, ба таърифу ситоиш ёфтани бузургии Худо сабабгор мешавем. Ана шумо, ғайрияҳудиён низ ба воситаи Масеҳ бо Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо муҳр зада шудаед, ки аз они Худо будани шуморо нишон медиҳад. Ин Рӯҳи ваъдашудаи Худо бароятон ҳамон вақт дода шуд, ки хабари ростиро, яъне хушхабари наҷоти худро шунида, ба Масеҳ имон овардед. Худо Рӯҳулқудсро ба мо ҳамчун гарави он додааст, ки дар рӯзе, ки халқаш пурра ба озодӣ мебарояд, ҳамон мероси ваъда кардааш ба мо насиб мегардад, то ки мо барои таърифу ситоиш ёфтани бузургии Худо сабабгор шавем. Бинобар ин, аз вақте ки дар бораи имони шумо ба Худованд Исо ва муҳаббате, ки ба тамоми халқи Худо доред, хабардор шудам, бароятон дуо карда, ҳамеша Худоро ба хотири шумо шукргузорӣ мекунам. Ман ба Худои Исои Масеҳ Худовандамон, ки Падари бузургвор аст, дуо карда хоҳиш мекунам, ки барои шинохтани Ӯ ба шумо ба воситаи Рӯҳ ҳикмату хирад бахшад ва Худро ошкор созад. Бигзор Ӯ чашми дили шуморо кушояд, то дарк кунед, ки Худо шуморо даъват карда, бароятон чӣ умеде додааст ва чӣ мероси пуршукӯҳу бузурге барои халқаш дорад. Инчунин қудрати беҳад азими Худоро, ки барои кӯмаки мо, имондорон амал мекунад, фаҳмед. Ин ҳамон қудрати азимест, ки Худо бо он Масеҳро аз марг бархезонд ва аз дасти рости Худ дар даргоҳаш шинонд. Акнун мақоми Масеҳ болотар аз ҳар тахту тоҷ, қуввату қудрат, ҳукумату роҳбарият ва ҳар мақоми дигарест, ки на фақат дар ин олам, балки дар олами оянда низ ҳаст. Худо ҳама чизро зери пойҳои Масеҳ гузошта, Ӯро аз ҳама касу ҳама чиз болотар ҳамчун сар барои ҷамоати имондорон муқаррар кард. Ҷамоати имондорон бадани Масеҳ аст, яъне пуррагии Ӯст, ки ҳама чиз ва ҳама ҷойро бо ҳузури Худ пур мекунад. Замоне буд, ки шумо ба сабаби гуноҳҳо ва саркашиатон мурда ҳисобида мешудед, чунки ба монанди одамони ин дунё зиндагӣ мекардед ва ба ҳокими қувваҳои бад итоат менамудед. Ин ҳоким шайтон аст, ки ҳоло дар шахсони саркаш амал мекунад. Ба монанди ин шахсони саркаш, ҳамаи мо низ замоне аз пайи ҳавасҳои ҷисмонии худ мерафтем ва хости нафсамонро иҷро карда, ҳар чи ба фикрамон ояд, мекардем. Пас, мо табиатан дар қатори дигарон гирифтори ғазаби Худо будем. Лекин Худо моро бениҳоят сахт дӯст доштааст ва аз рӯйи ин меҳру муҳаббаташ Ӯ, ки пур аз раҳму шафқат аст, ба мо агарчи аз сабаби гуноҳҳоямон мурда ҳисобида мешудем, ҳамроҳи Масеҳ ҳаёт бахшид. Худо моро ҳамроҳи Масеҳ зинда карда ва бо Исои Масеҳ як намуда, дар даргоҳи Худ ҳамроҳаш шинонд. Инак, наҷот ба шумо аз рӯйи файзу меҳрубонии Худо туҳфа шудааст. Худо бо ҳамаи ин некиҳое, ки ба воситаи Исои Масеҳ нисбати мо кардааст, то чӣ андоза беҳадду канор будани файзу меҳрубониашро дар замони оянда нишон доданӣ аст. Охир, шумо аз рӯйи файзу баракати Худо ба воситаи имонатон наҷот ёфтаед. Яъне наҷот на маҳсули кори шумо асту на натиҷаи кирдору рафторатон, балки туҳфаи Худост. Бино бар ин, ҳеҷ кас фахр карда наметавонад, чунки мо маҳсули дастони Худо ҳастем. Мо ба воситаи Исои Масеҳ барои корҳои нек офарида шудаем, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо муқаррар намуда буд. Пас фаромӯш накунед, ки як вақт яҳудиён, ки аз хатна шуданашон фахр мекунанд, шуморо халқҳои хатнанашуда меномиданд, чунки шумо ҳамчун ғайрияҳудӣ ба дунё омадед. Ҳол он ки хатнаи яҳудиён фақат ҷисмонӣ асту бо дасти инсон карда шудааст. Он вақт шумо ҳанӯз бе Масеҳ зиндагӣ мекардед ва аз ҷамоати Исроил ҷудо будед. Аз ин рӯ, шумо барои ваъдаҳои аҳду паймони Худо бегонаву дар ин ҷаҳон бе умеду бе Худо будед. Аммо акнун шумо, ки як вақте аз Худо дур будед, ба хотири Исои Масеҳ ва ба воситаи хуни Ӯ ба Худо наздик шудаед. Масеҳ Худ оштидиҳандаи мост, ки яҳудиёну ғайрияҳудиёнро бо ҳам муттаҳид кардааст. Ӯ бо қурбонии баданаш шариати Мусоро бо қонуну қоидаҳояш беэътибор сохта, девори душманиро, ки моро аз ҳам ҷудо мекард, шикаст. Масеҳ инро бо мақсади он кард, ки дар Худ аз ин ҳар ду як халқи нав ба вуҷуд оварда, ҳамин тавр сулҳро барпо кунад ва ин ҳар дуро ба як тан пайванд намуда, ба воситаи марг дар салиб душманиро аз байн бараду моро пеши Худо баргардонад. Инак, Масеҳ омада, ҳам ба шумо, ки аз Худо дур будед, ҳам ба онҳое, ки ба Худо наздик буданд, хушхабари сулҳу оштиро эълон кард. Ба василаи Ӯ ҳамаи мо, чи дуру чи наздик, бо ҳамон як Рӯҳ ба пеши Падари Осмонӣ роҳ ёфтаем. Пас, шумо дигар бегона ва ғариб нестед, балки бо халқи Худо ҳамватан шуда, аҳли хонаи Худо гаштаед, ки ин хонавода дар асоси таълимоти фиристодагон ва пайғамбарон сохта шудааст. Санги асосии таҳкурсии хона бошад, Худи Исои Масеҳ аст. Бо Ӯ ҳамаи имондорон ба монанди иморат, бо ҳам пайваст шуда, торафт маъбаде мешаванд, ки ба Худованд бахшида шудааст. Шумо низ дар пайвастагӣ бо Масеҳ ба ҳамин иморат пайваст шуда, ба маконе бино мешавед, ки Худо ба воситаи Рӯҳ дар он сокин мебошад. Ана барои ҳамин ман, Павлус, ки баҳри шумо, ғайрияҳудиён, ҳамчун хизматгузори Исои Масеҳ дар зиндон мебошам, ба Худо дуо мекунам. Дар омади гап, шумо дар бораи вазифае, ки баҳри шумо аз рӯйи файзу меҳрубонии Худо ба ман дода шудааст, аниқ шунидаед. Ман дар бораи ин пештар каме навишта будам, ки чӣ тавр Худо сиррашро ба ман ошкор кардааст. Навиштаҳоямро хонда, шумо фаҳмиши маро дар бораи сирри Масеҳ дарк мекунед. Ин сир, ки ба одамони гузашта номаълум монда буд, ҳоло ба воситаи Рӯҳулқудс ба пайғамбарон ва фиристодагони муқаддаси Худо ошкор гаштааст. Худо ошкор кард, ки ба хотири Исои Масеҳ ғайрияҳудиён низ ба хушхабар бовар карда, якҷоя бо яҳудиён ба мероси Худо ҳақ пайдо мекунанд. Онҳо аъзои ҳамон як бадани Масеҳ мешаванду ба ваъдае, ки Худо ба яҳудиён дода буд, шарик мегарданд. Барои эълон кардани ана ҳамин хушхабар ман хизматгузори Худо гаштаам. Ин хизмат бароям ҳамчун файзу баракати Худо ва бо қудрати бузурги Ӯ ато шудааст. Гарчанде ман дар байни тамоми халқи Худо аз ҳама камарзиштарин ҳастам, ба ман ҳамин ато дода шудааст, ки ба халқҳои ғайрияҳудӣ хабари хушро дар бораи сарвати бепоёни Масеҳ расонам. Инчунин ба ман ато шудааст, ки нақшаи ҳамон сирри Худоро, ки Ӯ, Офарандаи ҳама чиз аз асрҳои пеш пинҳон нигоҳ медошт, ба ҳама равшан гардонам. Ҳамаи инро Худо бо мақсади он кард, ки акнун ба воситаи ҷамоати имондорон хираду ҳикмати серпаҳлуи Худро ба ҳокимону сардорони олами рӯҳонӣ маълум гардонад. Ана ҳамин буд нақшаи абадии Худо, ки Ӯ онро ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ амалӣ гардонд. Инак, ба хотири Масеҳ мо бо имоне, ки ба Ӯ дорем, бе тарсу ҳарос ва дилпурона ба Худо наздик шуда метавонем. Бино бар ин, илтимос мекунам, ки аз сабаби азобу уқубате, ки ман ба хотири шумо мекашам, рӯҳафтода нашавед, чунки он боиси обрӯйи шумо мебошад. Аз ин рӯ, ман пеши Падар, ки Офарандаи ҳама кас чи дар осмону чи дар замин аст, зону зада, дуо мекунам, ки аз рӯйи сарвати пуршукӯҳаш бо Рӯҳи Худ ба шумо қудрат бахшида, шуморо рӯҳан боқувват кунад. Бигзор аз барои имонатон, ки ба Масеҳ доред, Ӯ дар дили шумо сокин бошаду шумо дар муҳаббат реша давонда, устувор гардед, то ки якҷоя бо тамоми халқи Худо муҳаббати беҳадду канор ва беохиру бепоёни Худоро пурра дарк карда тавонед. Дуо мекунам, ки муҳаббати Масеҳро низ, ки бо ақл фаҳмида намешавад, дарк кунед, то ки бо тамоми пуррагии Худо пур шавед. Ҳоло шаъну шараф ба Худо ба воситаи ҷамоати имондорон ва Исои Масеҳ дар ҳар насл ва то абад, чунки Ӯ бо қудрати бузургаш бештар аз ҳар он чи орзу ва хоҳиш мекунем, карда метавонад ва ин қудраташ дар мо амал мекунад! Омин. Пас ман, ки ба хотири Худованд зиндонӣ гаштаам, аз шумо илтимос мекунам, ки муносиби мақоме, ки Худо шуморо барояш даъват кардааст, зиндагӣ кунед. Дар зиндагӣ ҳамеша хоксору нармдил бошеду аз рӯйи муҳаббат якдигарро бо сабру тоқат бардошт кунед. Инчунин, то тавонед, ягонагиеро, ки аз ҷониби Рӯҳулқудс дода мешавад, ба воситаи созиш кардан бо якдигар нигоҳ доред. Чунон ки Худо ҳамаи шуморо ба як умед даъват кардааст, ҳамин тавр фақат як бадани Масеҳ ва як Рӯҳ, як Худованд, як имон ва як маросими таъмид бо об аст. Мо як Худо дорем, ки Падари ҳамаи мост. Ӯ болои сари ҳамаамон аст ва ба воситаи ҳамаи мо амал мекунаду дар вуҷуди ҳамаамон сокин мебошад. Лекин атоҳо ва қобилиятҳоро Масеҳ ба ҳар яки мо ба андозае, ки Худаш мехоҳад, мебахшад. Бино бар ин, дар навиштаҷот омадааст, ки «Вақте Ӯ боло рафт, бо Худ бисёр асиронро бурд ва ба одамон атоҳо бахшид». «Ӯ боло рафт» гуфтан чӣ маъно дорад? Ҳамин, ки Ӯ аввал ба қаъри замин фаромадааст. Пас ҳамон, ки фаромада буд, баъд ба ҷойи болотарини осмон низ рафт, то ки ҳама ҷойро бо Худ пур кунад. Инак атоҳои Масеҳ ҳамин буд, ки Ӯ баъзеҳоро фиристодагон, баъзеҳоро пайғамбарон, баъзеҳоро эълонкунандагони хушхабар ва баъзеҳоро ба мисли чӯпон нигоҳубинон ва муаллимони халқи Худо интихоб намудааст. Вазифаи онҳо халқи Худоро ба иҷрои кори Худо тайёр намудан аст, то ки бо хидмати онҳо ҷамоати имондорон, ки бадани Масеҳ аст, инкишоф ёбад. Мо то замоне инкишоф меёбем, ки ҳамаамон як хел бовар мекунем ва як хел фаҳмиш дар бораи Писари Худо пайдо мекунем. Дар натиҷа мо ба дараҷаи пурраи Масеҳ ба камол мерасем. Он гоҳ мо дигар ба монанди кӯдакон рафтор намекунем. Мо намегузорем, ки бовариамон мисли мавҷ алвонҷ хӯраду мо бо шамоли ҳар гуна таълимоти одамони ҳилагар ва сохтакор гумроҳ гардем, балки аз рӯйи муҳаббат ростиро баён намуда, аз ҳар ҷиҳат ба дараҷаи Масеҳ, ки Ӯ сари бадан аст, инкишоф меёбем. Ба воситаи Ӯ тамоми бадан бо банду буғумҳо бо ҳам пайваст шудааст. Ҳар яки он вазифаи худро иҷро карда, ба сабзиши бадани Масеҳ ёрӣ медиҳад. Дар натиҷа тамоми бадани Масеҳ худро бо муҳаббат такмил медиҳад. Инак, аз номи Худованд шуморо таъкид карда мегӯям, ки дигар ба мисли беимонон зиндагӣ накунед. Охир онҳо аз рӯйи фаҳмиши пучу холиашон рафтор мекунанд. Азбаски ақлашон тира гаштааст, онҳо барои ҳаёте, ки аз ҷониби Худо дода мешавад, бегонаанд, чунки кундфаҳму гарданшах гаштаанд. Ин одамон ҳисси нангу номусро аз даст дода, ба нафси шаҳвонӣ дода шудаанд ва ҳар қадар рафтори бешарму ҳаё кунанд ҳам, барояшон боз ҳам кам аст. Вале шумо аз Масеҳ чунин тарзи ҳаётро таълим нагирифтаед. Шумо, ки аниқ дар бораи Исо шунидаед ва аз Ӯ таълим гирифтаед, чун ростӣ дар Исо аст, медонед, ки бояд аз тарзи зиндагии пештара ва аз табиати куҳнаи худ, ки ба фиреби ҳавасҳои шаҳвонӣ гирифтор шуда, торафт нобуд мегашт, даст кашед. Шумо медонед, ки тарзи фикррониатон бояд пурра нав шавад ва он табиати наверо бояд дар бар кунед, ки ба Худо монанд офарида шудаасту хислатҳои ҳақиқии росткорӣ ва покиро дорад. Пас дурӯғгӯйиро бас кунед! Азбаски мо дар бадани Масеҳ аъзои якдигарем, биёед ба якдигар рост мегӯем. Дар сари қаҳру ғазаб гуноҳ накунед. Нагузоред, ки ғазабатон то ғуруби офтоб давом ёбад то ки ба шайтон роҳ дода нашавад. Дуздон, дигар дуздӣ накунед. Баръакс, бо дастони худ меҳнати фоиданок кунед, ки барои хайрияи муҳтоҷон чизе дошта бошед. Бигзор аз даҳони шумо ягон гапи хунук набарояд, балки бамаврид гап занед, то суханонатон фоидаовар бошанду шунавандагонатон аз он баҳра гиранд. Ҳамчунин Рӯҳулқудси Худоро ғамгин накунед. Охир бо Ӯ шумо муҳр зада шудаед, ки ин аз они Худо будану рӯзе пурра аз гуноҳ озод шуданатонро нишон медиҳад. Ҳамаи қаҳру ғазаб, хашм, ҷангу ғавғо ва дашномдиҳӣ ва ҳамаи кинаву адоватро аз худ дур кунед. Ба якдигар бомеҳру шафқат бошед ва ҳамон тавре ки Худо шуморо ба воситаи Масеҳ бахшидааст, шумо низ якдигарро бахшед. Инак, ҳамчун фарзандони азизи Худо дар ҳама чиз аз Ӯ ибрат гиред. Ҳамон тавре бомуҳаббат зиндагӣ кунед, ки Масеҳ нишон додааст. Ӯ моро дӯст дошта, Худро ба хотири мо ба Худо ҳамчун қурбонӣ тақдим кард ва ин қурбонӣ ҳамчун бӯйи хуш ба димоғи Худо расидааст. Инак, ҳеҷ гуноҳи ҷинсӣ ё бешармиву беҳаёӣ ё чашмгуруснагӣ дар байни шумо ҳатто набояд зикр шавад, чунки ба халқи Худо ин рафтор ношоиста аст. Инчунин гапҳои бемаънӣ гуфтан ва шӯхиҳои беодобона кардан ба шумо муносиб нестанд. Баръакс, бояд шукргузорӣ кунед. Ҳаминро донед, ки ба ягон шахси бероҳа, бешарму ҳаё ё чашмгурусна, ки чунин рафтораш баробари бутпарастӣ аст, Подшоҳии Масеҳ ва Худо насиб намешавад. Нагузоред, ки касе шуморо бо гапҳои беҳуда, ки гӯё чунин рафтор гуноҳ нест, фиреб диҳад! Охир, ана ҳамин рафторҳо ғазаби Худоро бар сари шахсони саркаш меоранд. Бо ин гуна шахсҳо шиштухез накунед! Шумо як замон худ торикӣ будед, вале акнун, ки бо Худованд ҳастед, равшанӣ гаштаед. Пас ҳамон рафтору кирдореро кунед, ки мувофиқи равшанӣ бошад. Агар равшанӣ дар вуҷуди шумо ҳаст, рафторатон бояд нек, дуруст ва рост бошад. Барои фаҳмидани он чи ба Худованд писанд меояд, кӯшишу ғайрат кунед. Ба корҳои беҳудаи торикӣ ҳамроҳ нашаведу онҳоро фош кунед. Кас ҳатто аз гуфтани он корҳое, ки онҳо пинҳонӣ дар торикӣ мекунанд, шарм медорад. Аммо, вақте ки рӯшноӣ ба ҳаёти онҳо метобад, ҳама чиз ошкор мегардад. Пас онҳое, ки ошкор шудаанд, худ равшанӣ мешаванд. Бино бар ин, гуфторе ҳаст, ки «Эй хобрафта, бедор шаву аз марг бархез! Ва нури Масеҳ бар ту медурахшад!» Инак, монанди шахсони беақл набошед. Балки ҳушёр буда, ҳамчун шахсони бохирад қадаматонро дониста монед. Азбаски ин замон замони бадӣ аст, ҳар фурсатро ғанимат донед. Бефаросат набошеду донед, ки хости Худованд чист. Маст нашавед, ки мастӣ шуморо ба расвоӣ мебарад. Баръакс, бо Рӯҳулқудс пур шуда, дар вақти суҳбат бо якдигар сурудҳои Забурро хонед ва Худоро ҳамду сано гуфта, дар дилҳоятон таронаҳои парастиш барои Худованд хонед. Инчунин ҳамеша Худоро, ки Падарамон аст, ба хотири Худованди мо Исои Масеҳ барои ҳама чиз шукргузорӣ кунед. Ҳурмати Масеҳро карда, ба якдигар итоат кунед. Занон, ҳамон тавре ки ба Худованд итоат мекунед, ба шавҳарони худ низ итоат кунед. Охир, шавҳар барои занаш сар аст, чунон ки Масеҳ сари ҷамоати имондорон аст, ки он бадани Ӯст. Масеҳ ҳамчунин Наҷотдиҳандаи ҷамоаташ мебошад. Пас, чунон ки ҷамоати имондорон ба Масеҳ итоат мекунад, ҳамон тарз зан низ бояд ба шавҳари худ аз ҳар ҷиҳат итоат кунад. Мардҳо, занони худро бояд ҳамон тарз дӯст доред, ки Масеҳ ҷамоати имондоронро дӯст доштааст. Охир ба хотири ҷамоати имондорон Масеҳ Худро фидо намуд, то ки ба воситаи каломаш ин ҷамоатро гӯё бо об шустушӯ намуда, барои Худ ҷудо карда гирад. Масеҳ бо ин кораш хост имондоронро барои Худ ҳамчун ҷамоати бошукӯҳе муҳайё созад, ки бе ягон доғу иллат ва беайбу нуқсон аз они Ӯ бошад. Ана ҳамин тавр мард занашро ҳамчун ҷисму ҷони худ бояд дӯст дорад. Ҳар кӣ занашро дӯст дорад, нишон медиҳад, ки худашро дӯст медорад. Ҳеҷ инсоне нест, ки ягон бор ҷисмашро бад дида бошад. Баръакс, ҳар кас ҷисмашро хӯронда парвариш мекунад. Масеҳ ба ҷамоати имондорон чунин рафтор мекунад, чунки мо аъзои бадани Ӯ ҳастем. Дар навиштаҷот омадааст, ки «Аз ҳамин сабаб мард падару модари худро гузошта, ба зани худ мепайвандад ва онҳо як тан мешаванд». Ин гуфтаҳо маънои чуқур доранд, аммо ман бо ин мисол Масеҳ ва ҷамоати имондоронро дар назар дорам. Лекин ба шумо низ ин гуфтаҳо тааллуқ доранд, ки ҳар мард бояд занашро баробари ҷонаш дӯст дорад. Занҳо бошанд, бояд иззату ҳурмати шавҳарони худро ба ҷо оваранд. Бачаҳо, ҳамчун пайравони Худованд падару модаратонро гӯш кунед. Ин вазифаи шумо аст. Охир, аввалин фармони асосии Худо, ки шарт дорад, чунин аст: «Падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо. Он гоҳ корат барор меёбаду умри дароз мебинӣ». Падарон, шумо ҳам фарзандони худро асабонӣ накунед, балки бо панду насиҳатҳои Худованд онҳоро тарбия намуда ба воя расонед. Ғуломон, ба хӯҷаинони хокии худ аз рӯйи иззату эҳтиром бо тарс ва самимона итоат кунед гӯё ба Масеҳ мекарда бошед. Мисли ғуломи хушомадгӯй, ки дар пеши соҳибаш нағз кор карда, дар набудани ӯ бо дили нохоҳам кор мекунад, хизмат накунед. Балки ҳамчун ғуломи Масеҳ хости Худоро бо ҷону дил иҷро намоед. Хизмати шумо на ҳамчун ба инсон, балки ҳамчун ба Худованд бо майлу рағбат бошад. Фаромӯш накунед, ки ҳар кас, хоҳ ғулому хоҳ озод, барои ҳар кори некаш аз Худованд мукофот мегирад. Хӯҷаинон, шумо низ ҳамин муомиларо нисбати ғуломони худ кунед. Ба онҳо дӯғу пӯписа заданро бас намоед. Дар ёд дошта бошед, ки дар осмон як Хӯҷаин доред, ки Ӯ ҳам хӯҷаини шумову ҳам хӯҷаини ғуломонатон аст ва ба ҳама бо як чашм нигоҳ мекунад. Ниҳоят, аз Худованд ва қудрати пурзӯраш қувват гиред. Ҳамаи аслиҳаи ҷангиеро, ки Худо ба шумо медиҳад, пӯшед ва ба даст гиред, то ки ба фиребу найрангҳои шайтон муқобилат нишон дода тавонед. Охир, мо на бар зидди инсон, ки соҳиби гӯшту хун аст, балки бар зидди соҳибони тахту тоҷ ва соҳибқудратону фармондеҳони ҳамин олами ҷинҳо ва бар зидди қувваҳои баде, ки дар осмон амал мекунанд, меҷангем. Бино бар ин, тамоми силоҳи Худоро ба худ гиред, то ки дар рӯзи ҳамлаи душман бо он зиддият нишон дода тавонеду муборизаро ба охир расонда, дастболо гардед. Инак, тайёр бошед! Мисли сарбоз ҳақиқатро ҳамчун тасма ба миёнатон баста, росткориро ҳамчун ҷавшани рӯйи сандуқи дил дар бар кунед. Инчунин хушхабареро, ки дар бораи сулҳу осоиштагӣ гирифтаед, ҳамчун пойафзори тайёр буданатон ба пой пӯшед. Илова бар ҳамаи ин, имонро сипар кунед, ки бо он ҳамаи тирҳои сӯзони шайтонро хомӯш карда метавонед. Наҷотро низ ҳамчун кулоҳи ҷангӣ ва сухани Худоро ҳамчун шамшере, ки Рӯҳулқудс медиҳад, ба даст гиред. Ҳамаи инро бо дуову илтиҷо аз Худо мадад талабида ба ҷо оред ва ҳама вақт бо роҳнамоии Рӯҳ дуо гӯед. Бино бар ин, ҳушёр бошеду барои тамоми халқи Худо ҳамеша истодагарона дуою илтиҷо намоед. Аз он ҷумла барои ман дуо кунед, ки Худо суханони даркориро ба забонам андозад ва ман нотарсона сирри хушхабарро эълон кунам. Ман ҳатто дар зиндон ҳамчун намояндаи Масеҳ хушхабарро паҳн мекунам. Пас, дуо кунед, ки ман ин хушхабарро ҳамон тавр ки бояд эълон шавад, далерона эълон кунам. Аз тамоми ҳолу аҳвол ва кору борам шуморо Тихикос, бародари азизу хизматгузори бовафои Худованд, хабардор мекунад. Ман бо ҳамин мақсад вайро пеши шумо фиристодам, ки аз ҳолати мо хабар дода, шуморо хотирҷамъ созад. Аз Худо Падар ва Худованд Исои Масеҳ барои бародарону хоҳарони имондор осоиштагӣ ва муҳаббат якҷоя бо имон металабам. Бигзор файзу меҳрубонии Худо бо ҳамаи онҳое бошад, ки Худовандамон Исои Масеҳро самимона дӯст медоранд. Салом ба ҳамаи онҳое ки аз они Исои Масеҳ ҳастанд ва ба сардорону хизматчиёни ҷамоат, ки дар шаҳри Филиппӣ мебошанд! Мо, Павлусу Тимотиюс, ки хизматгорони Исои Масеҳ ҳастем, файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Падари мо Худо ва Худовандамон Исои Масеҳро бар шумо хоҳонем. Ҳар гоҳ ки шуморо ёд мекунам, ба Худоям шукр мегӯям ва ҳангоми дуоҳоям ҳамеша бо хурсандӣ барои ҳамаатон дуо мекунам, чунки шумо аз рӯзи аввал то ҳол дар паҳн намудани хушхабари Исои Масеҳ иштирок мекунед. Боварии комил дорам, Худое, ки ин кори некро дар дилҳои шумо оғоз намуд, то рӯзи баргаштани Исои Масеҳ онро анҷом медиҳад. Дар бораи ҳамаи шумо чунин андеша доштанам дуруст аст, зеро шумо дар дили ман ҷой гирифтаед. Ҳангоми дар зиндон буданам ва ҳақиқати хушхабарро ҳимояву исбот карданам шуморо дар файзу меҳрубонии Худо шарикони худ медонистам. Худо медонад, ки бо он қадар меҳри зиёде, ки аз Исои Масеҳ дар ман пайдо шудааст, муштоқи дидори шумо ҳастам. Ҳамчунин барои шумо дуо мекунам, ки муҳаббататон бо донишу фаҳмиши бештар торафт зиёд шавад. Зеро ман мехоҳам, ки шумо интихоб кардани чизҳои беҳтаринро ёд гирифта, то рӯзи баргаштани Масеҳ поку беайб гардед. Боз дуо мекунам, ки зиндагиатон пур аз ростӣ бошад. Ин зиндагии пур аз ростӣ барои бузургию ситоиши Худо аз ҷониби Исои Масеҳ бахшида мешавад. Бародарону хоҳарон, мехоҳам бидонед, ки ба паҳн шудани хушхабар аслан азоб кашиданам кӯмак кард. Ҳоло ба ҳамагон, аз он ҷумла ба тамоми посбонони дарбор маълум гардидааст, ки ман ба хотири Масеҳ дар зиндон ҳастам. Аз ҳамин сабаб имондорони зиёд аз Худованд дилпур гардида, бе тарсу ҳарос, бо як далерии бузург паёми Худоро мегуфтагӣ шуданд. Баъзеҳо на аз таҳти дил, балки аз бахиливу душманӣ ва аз рӯйи рақобат Масеҳро эълон мекунанд, то ки азобҳоямро дар зиндон дучанд гардонанд. Аммо баъзеи дигар бо нияти нек, аз рӯйи муҳаббат ин корро мекунанд, зеро медонанд, ки ман ба ин ҷо барои ҳимояи хушхабар афтодаам. Чӣ илоҷ? Бо ҳар роҳе ки бошад, хоҳ аз рӯйи нияти дуруст ё хоҳ нодуруст, Масеҳ ба мардум эълон карда мешавад. Аз эълон кардани номи Масеҳ ман шодам ва шодӣ кардан мегирам, зеро медонам, ки дуои шумову кӯмаки Рӯҳи Исои Масеҳ маро наҷот медиҳад. Умеди зиёд дорам, ки дар ягон ҳолат шарманда намешавам. Баръакс, ҳоло низ мисли ҳамеша бо камоли далерӣ сухан гуфтанро давом медиҳам, то ки хоҳ дар ҳаётам бошад, хоҳ дар маргам бузургии Масеҳ дар ман афзунтар гардад. Зеро Масеҳ барои ман ҳаёт аст ва марг бароям фоида аст. Аммо агар зинда монам, корам самаранок мешавад. Хулоса, намедонам кадомашро интихоб кунам. Дар байни ду роҳ мондаам. Аз як тараф мехоҳам, ки ин дунёро тарк намуда, бо Масеҳ бошам, чунки ин аз ҳама беҳтар аст. Аммо аз тарафи дигар, ҷисман зинда монданам барои шумо заруртар аст. Ман аниқ медонам, ки зинда мемонаму барои дар имон мустаҳкам шудану хурсандӣ карданатон ба шумо ёрӣ доданро давом медиҳам, то ки ҳангоми ба наздатон баргаштанам ба хотири ман аз Исои Масеҳ бештар ифтихор кунед. Фақат тарзе зиндагӣ кунед, ки рафтори шумо лоиқи хушхабари Масеҳ бошад, то ки ҳангоми омаданам бинам ё агар омада натавонам, ақаллан шунавам, ки шумо дар як рӯҳ устуворед, бо як мақсад ва якҷоя барои имон, яъне барои хушхабар заҳмати зиёд мекашед. Ба душманон роҳ надиҳед, ки шуморо ба тарсу ҳарос андозанд. Ин нотарсиатон нишонаи он мегардад, ки онҳо нобуд мешаванду шумо наҷот меёбед. Инчунин ин нишона аз ҷониби Худо мебошад. Зеро ба шумо ато шудааст, ки на танҳо ба Масеҳ имон дошта бошед, балки ба хотири Ӯ азоб низ кашед. Шумо азоби маро дида будед ва то ҳол мешунавед, ки ҳанӯз дар азобам. Ҳоло бошад, худатон мисли ман азоб мекашед. Пас, агар дар имон ба Масеҳ ягон дилбардорӣ ё бо Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо муносибат ё раҳму дилсӯзие дошта бошед ё муҳаббати Ӯ шуморо тасалло медиҳад, дар фикру муҳаббати ягона якдилу якҷон шуда, хурсандии маро пурра созед. Ҳаргиз худхоҳонаву ҳавобаландона рафтор накунед, балки хоксорона дигаронро аз худ болотар донед. Бигзор ҳар яке аз шумо на танҳо дар бораи худ, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ намояд. Шумо низ бояд он андешаҳое, ки Исои Масеҳ дар бораи Худ дошт, дошта бошед: Масеҳ дар асл Худо буд, лекин фикр накард, ки бо Худо баробар буданро ба даст биёрад. Ба ҷойи ин Ӯ ихтиёрӣ аз ҳама чиз маҳрум шуда, ғулом гардид ва монанди инсонҳо шуд. Вақте ки Ӯ инсон шуд, Худро фурӯтан сохта, ба Худо итоат кард ва ҳатто то дами марг дар салиб итоаткор монд. Барои ин Худо Ӯро бар ҳама сарафроз кард ва номашро дар байни ҳама номҳо баланд намуд, то ки баробари шунидани номи Исо ҳар зону, чи дар осмону чи дар замин ва чи дар зери замин хам шавад ва барои бузургии Худо Падар ҳар як кас эълон кунад, ки Исои Масеҳ Худованд аст. Азизонам, вақте ки бо шумо будам, ҳамеша ба ман итоат мекардед, аммо акнун ҳангоми набуданам бештар итоат намуда, наҷоти худро бо тарсу ларз ба ҷо оваред. Зеро Худо дар дили шумо амал мекунад, то ки ҳам хосту ҳам амалатон писанди Ӯ бошад. Ҳар корро шикоят накарда, бечуну чаро иҷро кунед, то ки дар байни насли беинсофу вайроншуда шумо поку беайб ва фарзандони бенуқси Худо бошед. Ҳангоме ки каломи ҳаётро маҳкам нигоҳ медоред, ҳамчун ситорагон ба ҷаҳон нур мепошед. Дар ин ҳолат ман дар рӯзи баргаштани Масеҳ ифтихор карда метавонам, ки кору давутозам пучу беҳуда набуд. Ҳатто агар хунам мисли шароб ҳангоми ҳадяи нӯшиданӣ барои иҷрои қурбонии хизмати шумо рехта шавад ҳам, хурсандам ва ҳамроҳи ҳамаи шумо шодӣ мекунам. Шумо низ ҳамин тавр хурсанд бошед ва бо ман шодӣ кунед. Умедворам, ки бо хости Худованд Исо ба наздикӣ Тимотиюсро ба наздатон мефиристам, то ки аз ҳоли шумо хабардор шуда, шод гардам. Ман каси дигаре надорам, ки мисли ӯ аз таҳти дил ғамхори шумо бошад. Чунки дигарон на дар фикри хизмат ба Исои Масеҳ, балки дар фикри худ ҳастанд. Шумо Тимотиюсро хуб мешиносед ва медонед, ки ӯ дар эълон кардани хушхабар ба ман мисли писар ба падар хизмат кард. Аз ин рӯ умедворам, ки пас аз маълум шудани вазъиятам ӯро дарҳол мефиристам. Аммо дар Худованд дилпур ҳастам, ки ба наздикӣ худам ҳам ба пешатон меоям. Ҳоло зарур донистам, ки ҳамкору ҳамсаф ва бародарам Эпафрудитусро, ки ҳангоми муҳтоҷ буданам ба хизматам фиристода будед, баргардонда ба назди шумо фиристам. Ӯ шуморо хеле ёд кардааст ва хеле ғамгин аст, ки овозаи бемор шуданаш то ба шумо расидааст. Эпафрудитус, дар ҳақиқат, сахт бемор буд. Қариб мемурд, лекин Худо ба ӯ раҳм кард ва на танҳо ба ӯ, балки Худо ба ман низ раҳм кард, то ки ба ғамҳоям боз ғами дигар зам нашавад. Бино бар ин, бо ҷону дил ӯро ба наздатон мефиристам, то ки шумо аз дидораш хурсанд шаведу ман аз ғам озод шавам. Ӯро ҳамчун бародари имондор дар Худованд бо камоли хурсандӣ қабул намоед. Чунин одамонро ҳамеша ҳурмату иззат бояд кард. Зеро ӯ барои кори Масеҳ ҷонашро дар хатар монда, ба ҷойи ҳамаи шумо ба ман хизмат кард. Инак, бародарону хоҳарон, дар ягонагӣ бо Худованд шод бошед. Ба ман такрор ба такрор навиштани ин чизҳо мушкил нест, чунки ин бар фоидаи шумост. Аз сагон – аз одамони нобакор, аз онҳое, ки одамонро ба хатна кардан маҷбур мекунанд, эҳтиёт шавед! Зеро хатнашудагони ҳақиқӣ мо ҳастем, ки ба чизҳои зоҳирӣ такя намекунем, балки бо Рӯҳи Худо парастиш мекунему бо Исои Масеҳ ифтихор мекунем. Ман метавонистам, ба ҷисм такя кунам. Агар касе гумон кунад, ки ҳақ дорад ба ҷисмаш такя кунад, пас ман ҳаққи бештар дорам. Зеро дар ҳаштрӯзагиам хатна шудаам, миллатам исроилӣ, аз авлоди Бинёмин ва ибрии ҳақиқӣ мебошам. Ҳамчун аз мазҳаби фарисӣ ба шариати Мусо итоат мекардам. Аз рӯйи ҷидду ҷаҳд озордиҳандаи ҷамоати имондорон ва аз ҷиҳати росткорӣ дар итоати қонун беайб будам. Аммо ҳоло ҳама чизҳоеро, ки пеш дастоварди худ меҳисобидам, ба хотири Масеҳ ҳеҷу пуч мешуморам. Бештар аз ин, ман ҳама чизро ҳеҷу пуч мешуморам, зеро чизе нест, ки аз шинохтани Худовандам Исои Масеҳ беҳтар бошад. Ба хотири Ӯ ман аз ҳама чиз, гӯё аз партове бошад, даст кашидам, то ки бо Масеҳ бошам ва бо Ӯ як шавам. Ман дигар кӯшиш намекунам, ки бо қуввати худ шариатро иҷро намуда, росткор шавам, балки дар пайи росткорие мебошам, ки аз имон ба Масеҳ бармеояд. Ин росткорӣ ба хотири имон аст ва аз ҷониби Худо дода мешавад. Хоҳиши ман ин аст, ки Исои Масеҳро бештар шиносам ва қувваеро, ки Ӯро аз марг зинда кард, дарк кунам. Мехоҳам, ки дар азобҳои Ӯ шарик шавам ва дар маргаш монанди Ӯ бошам, бо умеди он ки ман низ аз мурдагон зинда шавам. Намегӯям, ки ман аллакай ба мақсадам расидаам ё комил шудаам, балки ғайрат мекунам, ки онро ба даст оварам, чунки Исои Масеҳ маро ба даст овард. Бародарону хоҳарон, ман дар бораи худ фикр намекунам, ки муродам ҳосил шудааст, балки як чизро мегӯям, ки гузаштаро фаромӯш карда, ба пеш ҳаракат мекунам. Ба сӯйи мақсад мешитобам, то ки мукофотамро, яъне даъвати осмонии Худоро, ки ба воситаи Исои Масеҳ дода мешавад, ба даст оварам. Бигзор ҳар яки мо, ки рӯҳан ба камол расидаем, ҳамин тавр фикр кунем, аммо агар шумо дигар хел фикр кунед, Худо онро ҳам ба шумо ошкор мекунад. Ба ҳар ҳол, мо бояд мувофиқи ҳақиқате, ки ёфтаем, зиндагӣ кунем. Бародарону хоҳарон, аз ман ибрат гиред ва ба онҳое нигоҳ кунед, ки мувофиқи намунаи мо рафтор мекунанд. Зеро бисёриҳо, чунон ки пеш ба шумо мегуфтам ва алҳол бо оби дида мегӯям, мисли душмани салиби Масеҳ рафтор мекунанд. Оқибати онҳо нобудӣ, худои онҳо шикам аст ва онҳо аз расвоӣ фахр мекунанд. Тамоми фикрҳояшон дар бораи чизҳои заминӣ аст. Вале ватани мо осмон аст ва мо интизорем, ки аз он ҷо Наҷотдиҳанда, яъне Худовандамон Исои Масеҳ меояд. Ӯ бо қуввате, ки ҳама чизро ба Худ тобеъ мекунад, ҷисмҳои сусту нобудшавандаи моро дигаргун мекунад, то ба ҷисми пуршукӯҳи Худ монанд гардонад. Бародарону хоҳарони азиз, шодии дил ва тоҷи сарам, дар имон ба Худованд устувор монед! Аз хоҳарон Авудия ва Синтихӣ илтимос мекунам, ки ба хотири Худованд бо якдигар сулҳ дошта бошанд. Бале, ҳамкори вафодорам, аз ту низ хоҳиш мекунам, ки ба ин занон ёрӣ диҳӣ. Онҳо дар баробари ман, Климентус ва ҳамкорони дигарам, ки номҳояшон дар китоби ҳаёт аст, барои паҳн кардани хушхабар заҳмати зиёд кашиданд. Ҳамеша дар ягонагӣ бо Худованд шод бошед! Боз мегӯям, ки шод бошед! Бигзор нармдилии шумо ба ҳама одамон маълум бошад, чунки Худованд наздик аст! Ғами ҳеҷ чизро нахӯред, балки барои ҳама чиз ҳангоми дуо бо илтимосу миннатдорӣ хоҳишҳои худро ба Худо бигӯед. Он гоҳ осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилу андешаҳои шуморо дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ нигоҳ медорад. Хуллас, бародарону хоҳарон, дар бораи чизҳое фикр кунед, ки росту шоиста, поку дуруст, хушоянду лоиқи таъриф ва мувофиқи одобу сазовори ситоиш бошад. Корҳои аз ман омӯхтаву қабулкарда ва шунидаву дидаатонро давом диҳед ва Худои осоиштагӣ ҳамроҳи шумо хоҳад буд. Дар ягонагӣ бо Худованд беҳад хурсандам, ки оқибат ба ман ғамхорӣ мекардагӣ шудед. Албатта шумо пеш ҳам ба ман ғамхорӣ мекардед, лекин барои ёрӣ додан имконият надоштед. Инро на барои он мегӯям, ки муҳтоҷӣ мекашам, зеро ман дар ҳама гуна шароит қаноатмандона зиндагӣ карданро ёд гирифтаам. Камбағалиро ҳам дидааму серию пуриро ҳам. Ҳама гуна ҳолатро аз сарам гузарондаам. Ҳам ба сериву гуруснагӣ ва ҳам ба нодориву фаровонӣ тайёр ҳастам. Ба воситаи Масеҳ, ки ба ман қувват мебахшад, дар ҳама гуна вазъият тоқат мекунам. Бо вуҷуди ин хуб кардед, ки дар ин вақти мушкил ба ман дасти ёрӣ дароз намудед. Филиппиён, шумо худ медонед, ки вақте ки аз вилояти Мақдуния баромада, эълон кардани хушхабарро сар кардам, ғайр аз шумо ягон ҷамоати дигари имондорон ба ман кӯмакпулӣ надод. Ҳатто ҳангоми дар шаҳри Тасолуникӣ буданам шумо як-ду бор барои эҳтиёҷотам кӯмакпулӣ фиристода будед. Мақсади гапам аз шумо туҳфа рӯёндан нест, фақат мехоҳам, ки самараи корҳои некатон зиёд шавад. Туҳфае, ки ба дасти Эпафрудитус ба ман фиристодед, мисли дуди хушбӯй ва қурбонии хушу писандидаи Худо аст. Акнун ман пурра таъмин шудам ва ҳатто аз ҳад зиёд дорам. Худои ман ҳар эҳтиёҷи шуморо низ аз сарвати азими Худ ба воситаи Исои Масеҳ қонеъ хоҳад гардонд. Ба Худо Падари мо, то абад бузургӣ бод. Омин. Ба ҳар касе, ки ба Исои Масеҳ имон оварда, аз они Худо шудааст, салом расонед. Бародароне, ки бо ман ҳастанд, ба шумо салом мерасонанд. Ҳамаи онҳое, ки аз они Худо ҳастанд, хусусан дарбориёни шоҳаншоҳ ба шумо салом мефиристанд. Бигзор файзу меҳрубонии Худованд Исои Масеҳ бо шумо бошад! Салом ба халқи Худо ва бародарону хоҳарони вафодор дар Масеҳ, ки дар шаҳри Кулассо ҳастед! Ман, Павлус, ки бо хости Худо фиристодаи Исои Масеҳ интихоб шудаам ва бародари мо, Тимотиюс ба шумо файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Падари мо Худоро хоҳонем. Мо хабардор шудем, ки ба хотири умедвориатон шумо Исои Масеҳро такягоҳи худ кардаед ва ба тамоми халқи Худо муҳаббат доред. Бино бар ин, барои шумо дуо карда, Худо ва Падари Худовандамон Исои Масеҳро ҳамеша шукр мегӯем. Умедвории шумо ба он чизҳоест, ки дар даргоҳи Худо шуморо интизор аст. Ва шумо дар борааш бо шунидани пайғоми ростӣ фаҳмидаед, ки бо хушхабар ба шумо расидааст. Ин хушхабар дар саросари дунё паҳн шуда, самара медиҳад ва дар байни шумо низ аз рӯзе, ки онро шунидаеду файзу меҳрубонии Худоро ба ростӣ фаҳмидаед, паҳн шуда, самара дода истодааст. Ҳамаи инро шумо аз ҳамкори азизамон Эпафрос, ки ба хотири шумо вафодорона ба Масеҳ хизмат мекунад, таълим гирифтаед. Ӯ ба мо низ дар бораи муҳаббати шумо, ки Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо бахшидааст, хабар додааст. Бино бар ин, аз рӯзе, ки дар бораи шумо шунидем, доимо бароятон дуо карда, аз Худо металабем, ки ба шумо бо Рӯҳаш тамоми хираду дониш бахшида, ба ҳамин восита хосташро бароятон пурра маълум гардонад. Он гоҳ тарзи зиндагонии шумо лоиқи Худованд шуда метавонаду шумо дар ҳар кори нек самара дода ва ҳар чӣ бештар Худоро шинохта, аз ҳар ҷиҳат Ӯро хурсанд мегардонед. Бигзор Худо аз қудрати бузургаш шуморо он қадар қувват бахшад, ки босабру тоқат ба ҳама чиз тоб овареду хурсандиро аз даст надиҳед. Ҳамчунон Худо Падарро шукргузорӣ кунед, ки шуморо муносиб ба ҳамон меросе гардондааст, ки дар подшоҳии нур барои халқи Худ дорад. Зеро Ӯ моро аз қувваҳои торикӣ халос карда, ба Подшоҳии Писари азизаш гузаронидааст. Ва ба воситаи Писараш мо ба озодӣ харида шудаему гуноҳҳоямон бахшида шудаанд. Писар симои Худои нонамоён асту пеш аз офарида шудани ҳама чиз вуҷуд дорад ва болотар аз тамоми офариниш аст. Зеро ба воситаи Ӯ ҳама чизи дар замину осмон буда, олами намоёну нонамоён бо соҳибони тахту тоҷ, роҳбарону ҳокимон ва соҳибқудратонаш, ҳама ба воситаи Писар ва барои Ӯ офарида шудаанд. Ӯ пеш аз пайдоиши ҳама чиз аллакай ҳаст ва ба воситааш тамоми офариниш бо ҳам пайваст нигоҳ дошта мешавад. Ӯ сари ҷамоати имондорон аст ва ин ҷамоат бадани Ӯст. Писар ибтидо аст ва аввалин шуда аз марг зинда гаштааст, то ки дар ҳама чиз аввал бошад. Зеро Худо хоста буд, ки ҳузураш пурра дар Писар сокин бошаду ба воситаи Ӯ ҳама чизро ба Худ баргардонад. Ӯ ба хотири хуни Писараш, ки дар салиб рехта шуд, бо ҳама кас, чи дар замину чи дар осмон, сулҳ баст. Шумо низ як вақте барои Худо бегона будед ва бо фикру кирдори бадатон ба Худо зид мебаромадед. Аммо ба воситаи он ки Масеҳ инсон шуда, ҷон супорид, ҳоло Худо шуморо бо Худ оштӣ кунонд, то ки дар ҳузураш ҳамчун халқи комилан беайбу нуқсони Худ гузорад. Аммо ин бо шартест, ки дар имонатон пойдору мустаҳкам истед ва умеди худро, ки бо шунидани хушхабар пайдо кардаед, аз даст надиҳед. Ин хушхабар дар саросари ҷаҳон ба ҳама эълон шудааст ва ман, Павлус низ барои паҳн кардани он вазифадор гаштаам. Ҳоло хурсандам, ки ҷисман ба хотири шумо ранҷу азоб мекашам ва барои ба охир расондани азобҳое, ки Масеҳ баҳри баданаш, яъне ҷамоати имондорон ҳанӯз дорад, саҳм мегузорам. Худо маро барои ҷамоати имондорон ҳамчун хизматгузор ӯҳдадор кардааст, ки пайғоми Ӯро ба шумо пурра маълум гардонам. Ин пайғоми Худо ҳамон сиррест, ки Ӯ аз асрҳои пеш аз ҳамаи одамон пинҳон нигоҳ дошта, акнун ба халқаш ошкор кардааст. Ӯ нишон додан хост, ки ин сир барои шумо, ғайрияҳудиён сарвати то чӣ андоза боҳашамате дорад, чунки сир ҳамин аст, ки Масеҳ дар шумост. Бино бар ин, шумо бо дили пур ба дидани шукӯҳу ҷалоли Худо умедвор шуда метавонед. Инак, мо бо тамоми ҳикматамон ҳар шахсро насиҳат карда ва таълим дода, дар бораи Масеҳ эълон мекунем, то ҳар касеро, ки бо Масеҳ як аст, пеши Худо ҳамчун имондори баркамол пешкаш намоем. Бо ҳамин мақсад ман остинамро барзада, бо тамоми қуввати Худо, ки дар ман амал мекунад, заҳмат мекашам. Кош медонистед, ки ман барои шумо ва онҳое, ки дар шаҳри Лоудикия ҳастанд, инчунин барои ҳамаи имондорони дигаре, ки маро шахсан надидаанд, чӣ заҳмати зиёде мекашам. Ман мехоҳам, ки ҳамаи шумо рӯҳбаланду бо риштаи муҳаббат бо якдигар пайваст бошед, то аз донишу фаҳмиши чуқуре, ки дар бораи сирри Худо, яъне пайғом дар бораи Масеҳ доред, комилан дилпур гардед. Дар Масеҳ тамоми ганҷинаҳои ҳикмат ва дониш ниҳон шудаанд. Ман ин суханонро барои он мегӯям, ки ҳеҷ касе шуморо бо дурӯғҳои боварибахш аз роҳ назанад. Зеро ҷисман аз шумо дур бошам ҳам, дилам бо шумост. Ман аз дидани тартибу интизоме, ки дар байни шумо ҳаст ва имони мустаҳкаме, ки ба Масеҳ доред, хурсанд мешавам. Инак, шумо, ки Исои Масеҳро ҳамчун Худованд қабул кардаед, зиндагиатонро якҷоя бо Ӯ давом диҳед. Яъне дар Масеҳ реша давонеду Ӯро таҳкурсии зиндагиатон кунед. Чунон ки таълим гирифтаед, бо дилҳои пур аз шукргузорӣ имонатонро ба Масеҳ устувор кардан гиред. Нагузоред, ки касе шуморо ба доми фалсафаҳои пучу холӣ ва гумроҳкунанда гирифтор кунад, чунки ин фалсафа на аз тарафи Масеҳ аст, балки аз расму русуми одамизоду аз қувваҳои бади нонамоён дар ин ҷаҳон бармеояд. Зеро дар Масеҳ тамоми ҳастии Худо ба шакли ҷисмӣ пурра сокин мебошад. Инак, шумо низ ба воситаи як шудан бо Масеҳ, ки Ӯ болотар аз ҳар ҳокиму ҳар соҳибқудрат аст, аз Ӯ пур шудаед. Инчунин шумо бо Масеҳ як шуда, дар ботин хатна шудаед, яъне одамизод ҷисматонро хатна накардааст, балки Масеҳ табиати гуноҳкоратонро бурида партофта шуморо хатна кардааст. Зеро ҳангоме ки шумо аз маросими таъмид мегузаштед, ба об даромада, гуфтан мумкин, ки якҷоя бо Масеҳ дафн шудед ва бо Ӯ низ зинда гаштед, чунки ба қудрати Худо, ки Масеҳро аз марг зинда кардааст, боварӣ доштед. Инак шуморо, ки аз сабаби гуноҳҳоятон ва бурида нашудани табиати гуноҳкоратон, мурда ҳисобида мешудед, Худо бо Масеҳ зинда кард. Охир Ӯ ҳамаи гуноҳҳои моро бахшидааст ва рӯйхати гуноҳҳоямонро, ки шариат бар зидди мо ҳамчун қарз даъво мекард, хат зада ва ба салиб мехкӯб карда, нобуд сохтааст. Худо ба воситаи қурбонии Масеҳ дар салиб бар ҳокимону соҳибқудратони шайтонӣ ғолиб баромада, онҳоро беяроқ карда, шармандаи дунё сохт. Пас нагузоред, ки касе шуморо барои хӯрдану нӯшидан ё барои ҷашн нагирифтани иди мазҳабӣ, моҳи нав ё риоя накардани рӯзи шанбе айбдор кунад. Ҳамаи ин қонуну қоидаҳо фақат сояи чизҳои оянда ҳастанд, аммо асли ҳама чиз Худи Масеҳ аст. Пас нагузоред, ки касе шуморо бо парҳезгорию парастиши фариштаҳо ҳавасманд гардонда, аз мукофоти Худо маҳрум созад. Чунин одамон «ба мо сирру асрори ниҳонӣ аён шудааст» гуфта худро калон мегиранд ва аз рӯйи фикрронии гуноҳолудашон бе ягон асос меболанду пайвандро аз Масеҳ, ки сари бадан аст, буридаанд. Ҳол он ки Ӯ тамоми баданро ба воситаи рагу пай якҷоя пайваст нигоҳ медорад ва он мувофиқи хости Худо инкишоф меёбад. Агар шумо якҷоя бо Масеҳ мурда, аз таъсири қувваҳои бади нонамоён дар ин ҷаҳон озод шуда бошед, пас чаро боз ба монанди одамони ин ҷаҳон зиндагӣ карда, ба қонуну қоидаҳои «нагир», «нахӯр» ва «даст нарасон» итоат мекунед? Ҳамаи ин қоидаҳо танҳо фармону таълимоти одамизод дар бораи чизҳое ҳастанд, ки баъд аз истеъмол аз байн мераванд. Ин қоидаҳое, ки ба диндории махсус, парҳезгорӣ ва танбеҳ додани бадан водор месозанд, рӯякӣ қоидаҳои хирадмандона менамоянд, аммо дар асл барои доштани нафс аз ҳавасҳои гунаҳкор ёрӣ намедиҳанд. Акнун, ки Худо шуморо ҳамроҳи Масеҳ зинда кард, ба ҳамон чизҳое дил бандед, ки дар осмон аст, он ҷое, ки Масеҳ аз дасти рости Худо нишастааст. Ҳушатонро на бо чизҳои заминӣ, балки бо чизҳои осмонӣ банд кунед, чунки шумо барои ин дунё мурда ҳисоб шудед ва ҳаётатон бо Масеҳ дар ҳузури Худо пинҳон шудааст. Вақте Масеҳ, ки ҳаёти шумост, ба ҳама аён мегардад, он гоҳ шумо низ ҳамроҳи Масеҳ дар шукӯҳу ҷалолаш аён мешавед. Аз ин рӯ, ҳар гуна хоҳиши заминии худро нобуд созед, яъне гуноҳҳои ҷинсӣ, бешармиву беҳаёӣ, ҳавасҳои бад ва чашмгуруснагиро, ки ин бутпарастист, аз худ дур кунед. Ҳамаи ин боиси ғазаби Худо мешаванд, ки бар сари шахсони саркаш меояд. Шумо низ як вақте дар байни онҳо зиндагӣ карда, чунин рафтор мекардед. Аммо акнун шумо бояд аз ҳар қаҳру ғазаб ва бадӣ даст кашида, забонатонро аз дашному ҳақорат пок созед! Инчунин ба якдигар дурӯғ нагӯед, охир шумо, ки табиатан гуноҳкор будед, ин табиати куҳнаи худро бо амалҳои гуноҳолудаш мисли либос кашидаеду табиати навро дар бар кардаед. Ин табиати нави шумо ба симои Офарандааш барқарор шудан мегирад, то ки шумо ҳақиқатан Худоро шиносед. Пас дар ин зиндагии нав дигар аҳамият надорад, ки кӣ яҳудиву кӣ ғайрияҳудӣ, кӣ хатнашудаву кӣ хатнанашуда, кӣ аз халқи варварию кӣ аз сакоӣ, кӣ ғулому кӣ озод аст, балки Масеҳ бештар аз ҳама чизу ҳама кас аҳамият дорад. Бино бар ин, шумо, ки халқи поку интихобшуда ва дӯстдоштаи Худо ҳастед, раҳму шафқат, меҳрубонӣ, хоксорию нармдилӣ ва сабру тоқатро дар бар карда, бо сабр якдигарро бардошт кунед. Агар касе аз шумо нисбати дигаре шикоят дошта бошед, якдигарро бахшед. Чунон ки Худованд шуморо бахшидааст, шумо низ дигаронро бахшед. Аз ҳама муҳимаш якдигарро дӯст доред, чунки муҳаббат ҳамаро комилан муттаҳид нигоҳ медорад. Шумо даъват шудаед, ки ҳамчун як бадани Масеҳ бо якдигар сулҳ дошта бошед. Пас бигзор ҳамин сулҳу осоиши Масеҳ дар дили шумо ҳукмронӣ намояду шумо шукргузор бошед. Иҷозат диҳед, ки суханони Масеҳ ҳаёти шуморо пурра фаро гирад. Бо ақлу хиради олӣ якдигарро насиҳат кунед ва таълим диҳед, бо дилҳои миннатдор ба Худо сурудҳои Забур, ҳамду сано ва таронаҳои парастиш хонед. Дар ҳар сухану рафтор ҳамчун пайравони Худованд Исо амал кунед ва ба воситаи Исо ба Падарамон Худо шукргузорӣ намоед. Занон, ҳамон тавре ки ба пайравони Худованд муносиб аст, ба шавҳарони худ итоат кунед. Мардҳо, занони худро дӯст доред ва ба онҳо сахтгирӣ накунед. Бачаҳо, ҳама вақт падару модари худро гӯш кунед, ки чунин рафтор писандидаи Худованд аст. Падарон, фарзандони худро беҳуда сарзаниш накунед, ки боз дилшикаста нашаванд. Ғуломон, ба хӯҷаинони худ ҳаматарафа итоат кунед. Аммо на ҳамчун хушомадгӯй, ки дар пеши соҳибаш нағз кор карда, дар набудани ӯ бо дили нохоҳам кор мекунад, балки ҳамчун тарсгорони Худованд самимона итоат намоед. Ҳар кореро аз дилу ҷон, гӯё на ба инсон, балки ба Худованд бошад, иҷро намоед. Фаромӯш накунед, ки хизмати шумо ба Худованд Масеҳ аст, бинобар ин Ӯ ба шумо насиби некро ҳамчун мукофот медиҳад. Шахси нобакор бошад, ҷазои рафтори бадашро мегирад, чунки Худованд ба ҳамаи одамон бо як чашм нигоҳ мекунад. Хӯҷаинон, шумо низ бо ғуломони худ ноҳақ ва беинсофона рафтор накунед, чун медонед, ки шумо ҳам дар осмон Хӯҷаин доред. Инак, дуохониро ҳаргиз бас накунед ва ҳамеша ақлу ҳушатонро ҷамъ намуда ва бо шукргузорӣ дуо кунед. Дар ҳаққи мо низ аз он ҷумла дуо кунед. Бигзор Худо барои мо роҳ кушояд, то пайғоми Ӯро дар бораи сирри Масеҳ, ки ман ба хотири он дар зиндон ҳастам, эълон намоем. Ва дуо кунед, ки мувофиқи вазифаам ин сирро кушоду равшан фаҳмонда тавонам. Ҳар фурсатро ғанимат донеду бо онҳое, ки ба Худованд Исо имон надоранд, оқилона рафтор намоед. Ҳангоми суҳбат бо онҳо ҳамеша бо меҳру шафқат ва ақлу заковат сухан ронед, ки ба ҳар кас чӣ ҷавоб доданро донед. Аз ҳолу аҳволам ба шумо Тихикос, бародари азизу хизматгузори бовафо, ки ҳамроҳи ман ба Худованд хизмат мекунад, хабар медиҳад. Ман бо ҳамин мақсад вайро пеши шумо фиристодам, ки аз ҳолати мо хабар дода, шуморо хотирҷамъ созад. Ҳамроҳаш Онисимусро мефиристам, ки ӯ низ бародари азизу бовафост ва одами худи шумо мебошад. Онҳо шуморо аз тамоми кору бори ин ҷо хабардор мекунанд. Аристархус, ки бо ман зиндонӣ аст ва Марқӯси амакбачаи Барнаббо ба шумо салом мерасонанд. Шумо дар бораи Марқӯс дастур гирифта будед, ки агар ба наздатон биёяд, нағз пешвоз гиред. Юшаъ низ, ки ӯро боз Юстус меноманд, ба шумо салом мерасонад. Аз байни ҳамкоронам фақат ҳамин нафарон аз ҷумлаи яҳудиён ҳастанд, ки барои Подшоҳии Худо хизмат мекунанду бароям роҳати ҷон шудаанд. Боз Эпафрос, ки вай низ хизматгузори Исои Масеҳ ва одами худи шумо аст, ба шумо салом мерасонад. Ӯ доимо ба хотири шумо дар дуо заҳмат мекашад, ки устувор бошед, яъне дар имон ба камол раседу аниқ донед, ки хости пурраи Худо чист. Ман шоҳид ҳастам, ки ӯ баҳри шумо ва имондорони шаҳрҳои Лоудикия ва Ҳиропулис ранҷу машаққати зиёд мекашад. Духтури азизамон Луқо ва инчунин Димос низ ба шумо салом мегӯянд. Ба имондорони Лоудикия ва ба ҷамоати имондороне, ки дар хонаи Нимфос ҷамъ мешаванд, инчунин ба худи Нимфос саломи моро расонед. Баъд аз он ки ин номаро дар байни худ хонда мебароед, онро ба ҷамоати имондорони Лоудикия низ фиристед, ки онҳо ҳам хонда бароянд. Шумо дар навбати худ номаеро, ки ба Лоудикия навишта шудааст, хонда бароед. Ба Архипус расонед, ки вазифаи Худованд ба ӯҳдааш гузоштаро ҳатман иҷро кунад. Аз ҳусни хатам мебинед, ки ин саломро худи ман, Павлус менависам. Дар зиндон будани маро фаромӯш накунед! Бигзор файзу меҳрубонии Худованд бо шумо бошад! Салом ба ҷамоати имондорони шаҳри Тасолуникӣ, ки аз они Худо Падар ва Худованд Исои Масеҳ аст! Мо Павлус, Сило ва Тимотиюс ба шумо файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагӣ хоҳонем! Мо ҳамеша шумо – тасолуникиёнро дар дуоҳоямон ба хотир оварда, барои ҳамаатон Худоро шукр мегӯем. Инчунин дар назди Худо Падари мо имон ва муҳаббату умеди шуморо ба ёд меорем. Яъне корҳои шуморо, ки бо имон иҷро кардед, меҳнатеро, ки бо муҳаббат мекунед, умедеро, ки ба Худованд Исои Масеҳ доред ва онро нигоҳ медоред. Бародарону хоҳарон, Худо шуморо дӯст медорад. Мо медонем, ки Ӯ шуморо интихоб кардааст. Чунки мо хушхабарро ба шумо на танҳо дар сухан, балки бо қудрат, бо ёрии Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо ва бо боварии комил расондем. Худатон медонед, ки ҳангоми бо шумо буданамон барои беҳбудии шумо чӣ гуна рафтор мекардем. Шумо аз мову Худованд ибрат гирифта, бо вуҷуди азобҳои бисёр каломро бо хушнудии Рӯҳулқудс қабул кардед. Аз ҳамин сабаб, шумо барои ҳамаи имондорони вилоятҳои Мақдуния ва Охоия намунаи ибрат шудед. Акнун каломи Худованд аз тарафи шумо на танҳо дар Мақдуния ва Охоия, балки дар ҳама ҷое, ки дар бораи имони шумо шунидаанд, паҳн гардид. Барои ҳамин лозим нест, ки дар бораи имони шумо ба касе гӯем. Чунки дигарон аллакай нақл мекунанд, ки чӣ тавр шумо моро қабул кардаед ва аз бутҳо рӯй гардонида, ба Худои зиндаву ҳақиқӣ рӯй овардаед, то ки ба Ӯ хизмат кунед. Инчунин интизори аз осмон омадани Писараш ҳастед, ки Ӯро Падар аз мурдагон зинда кардааст – Исоро, ки моро аз ғазаби омадаистодаи Худо раҳоӣ мебахшад. Бародарону хоҳарон, худи шумо медонед, вақте ки мо ба назди шумо омадем, хизматамон бефоида набуд. Чуноне ки медонед, дар шаҳри Филиппӣ моро бисёр азоб доданд, паст заданд, вале Худо ба мо ҷуръат дод, ки бо вуҷуди зиддиятҳои сахт хушхабари Ӯро ба шумо кушоду равшан эълон намоем. Охир, дар даъвати мо гумроҳ кардан, нияти бад ва ё фиребе нест. Баръакс, Худо баъди санҷишҳо ба мо супориш додааст, ки хушхабарро эълон кунем. Барои ҳамин дар вақти сухан гуфтан кӯшиш мекунем, ки на ба одамон, балки ба Худое, ки дилҳои моро месанҷад, писанд оем. Шумо медонед ва Худо низ шоҳид аст, ки мо ҳаргиз хушомадгӯйӣ накардаем ва ба манфиати худ кор набурдаем. Зеро мо на аз шумо ва на аз каси дигар таъриф ҷустаем. Мо чун фиристодагони Масеҳ ҳақ доштем, ки аз шумо ҳурмату эҳтиром талаб кунем, аммо, мисли он ки модар навозишкорона ба кӯдаконаш ғамхорӣ мекунад, ба шумо меҳрубон будем. Мо шуморо чунон дӯст доштем, ки тайёр будем на танҳо хушхабари Худоро ба шумо расонем, балки ҷони худро бароятон фидо кунем, чунки шумо бароямон хеле азиз ва гиромӣ ҳастед. Бародарону хоҳарони азиз, шумо дар ёд доред, чӣ тарз мо заҳмат мекашидем: хушхабари Худоро ба шумо расонда, боз шабу рӯз кор ҳам мекардем, то ки ба дӯши ягон каси шумо бор нашавем. Ҳам шумо ва ҳам Худо шоҳид ҳастед, ки рафтори мо нисбати шумо, имондорон, то чӣ андоза пок, дуруст ва беайб буд. Худатон медонед, ки мо бо ҳар яки шумо мисли падар бо фарзандонаш муомила мекардем, шуморо қувват бахшидаву рӯҳбаланд карда, насиҳат мекардем. Мехостем, ки тарзи зиндагии шумо лоиқи Худо бошад, ки шуморо ба шукӯҳу бузургӣ ва Подшоҳиаш даъват кардааст. Мо ҳамеша Худоро шукр мегӯем, ки шумо ҳангоми аз мо шунидани каломи Худо, онро на ҳамчун сухани одамизод, балки чун каломи Худо қабул кардед, ки он дар ҳақиқат ҳам чунин аст. Ин калом дар ҳаёти шумо, имондорон амал мекунад. Охир шумо, бародарону хоҳарон, дар азоб кашиданатон ба ҷамоатҳои Худо дар сарзамини Яҳудия, ки ба Исои Масеҳ бовар мекунанд, монанд шудед. Шумо аз халқи худ ҳамон азобҳоеро кашидед, ки онҳо аз яҳудиён дида буданд. Яҳудиён Худованд Исо ва пайғамбаронро куштанд, инчунин моро пеш карданд. Рафтори онҳо ба Худо маъқул нест, онҳо ба одамон зиддият карда намегузоранд, ки мо хушхабарро ба халқҳои ғайрияҳудӣ расонем, то ки наҷот ёбанд. Бо ин корашон ҳамеша косаи гуноҳҳояшонро лабрез намуда, ба ғазаби Худо гирифтор мешаванд. Эй бародарону хоҳарон, азбаски мо ғайриихтиёрӣ ба муддати кӯтоҳе на дар дил, балки ҷисман аз шумо ҷудо шудем, хоҳиши зиёд доштем, ки шуморо боз рӯ ба рӯ бубинем. Бале, хеле мехостем ба назди шумо равем. Ман, Павлус, бошам чанд бор кӯшиш кардам, аммо шайтон пеши роҳамонро гирифт. Вақте ки Худованд Исо бармегардад, дар назди Ӯ шумо боиси умеду шодмонӣ ва сарбаландии мо мешавед! Охир шумо сабаби фахру хушнудии мо ҳастед! Азбаски дигар тоқати ҷудоӣ надоштем, фикр кардем, ки дар шаҳри Атино худ танҳо бимонем, вале ба назди шумо ба шаҳри Тасолуникӣ Тимотиюсро фиристем. Ҳамон Тимотиюсро, ки бародари мо буда, дар эълон кардани хушхабари Масеҳ хизматгори Худо мебошад. Хостем, ки ӯ шуморо дар имонатон устувор ва боқувват гардонад, то касе аз шумо ҳангоми азобҳо ба дудилагӣ роҳ надиҳад. Шумо пештар ҳам медонистед, ки мо бояд азоб кашем. Охир, ҳангоми дар назди шумо буданамон ҳам огоҳ карда будем, ки моро азоб дода, дунболагирӣ хоҳанд кард. Чуноне ки мебинед, ҳамин тавр ҳам шуд. Аз ин сабаб, вақте ки тоқатам тоқ шуд, ба назди шумо Тимотиюсро фиристодам, то дар бораи имонатон бифаҳмад, мабодо шайтони васвасакор шуморо аз роҳ занад ва тамоми меҳнатамон барбод равад. Вале алҳол Тимотиюс аз наздатон баргашта, дар бораи муҳаббату имони шумо хабарҳои хуш овард. Ӯ ба мо нақл кард, ки шумо ҳамеша бо некӣ моро ёд мекунед ва мехоҳед, ки моро боз бубинед, чуноне ки мо ҳам хоҳони дидори шумоем. Бародарону хоҳарон, дар ин ҳама ранҷу азобу душвориҳоямон имони шумо моро рӯҳбаланд кард. Агар имони шумо ба Худованд устувор бошад, мо ҳам зиндадил мегардем. Бародарону хоҳарони тасолуникӣ, дар ҳузури Худо шумо ба мо хурсандии бузурге бахшидед, ки барои он Худоро беохир шукр мегӯем. Мо шабу рӯз аз таҳти дил дуо мегӯем, ки боз бо шумо вохӯрем, то норасоии имонатонро пурра гардонем. Бигзор Худи Худо – Падар ва Худовандамон Исо моро сӯйи шумо равона кунад! Бигзор Худованд бо он муҳаббати бузурге, ки нисбат ба шумо дорем, шуморо ҳам нисбат ба якдигар ва ҳамагон пур ва лабрез намояд. Ҳамин тавр, Ӯ дили шуморо боқувват гардонад, то ҳамон рӯзе, ки Худованд Исо бо пайравонаш меояд, дар пеши Худо Падарамон беайб ва пок бошед. Инак, бародарону хоҳарон, бо номи Худованд Исо хоҳиш ва илтиҷо мекунем, чи тавре ки мо таълим додем, зиндагиро давом диҳед, то ки ба Худо писанд оед. Шумо аллакай ҳамин тарз рафтор мекунед, вале кӯшиш намоед, ки аз ин ҳам беҳтар зиндагӣ кунед. Зеро шумо медонед, ки бо қудрати Худованд Исо чӣ гуна таълимотро ба шумо додаем. Худо мехоҳад, ки шумо худро пурра ба Ӯ бахшида, аз гуноҳи ҷинсӣ худро нигоҳ доред. Хости Худо ин аст, ки ҳар яки шумо ҷисму хоҳишҳои худро идора карда, беайб ва бономус бошед. Боз Худо мехоҳад мисли беимононе, ки Ӯро намешиносанд, пойбанди ҳавасҳои ҷинсӣ набошед. Инчунин мувофиқи хости Худо шумо набояд аз боварии бародаратон сӯиистифода карда, бо зани вай ҳамхоба шавед. Мо пештар ҳам инро ба шумо қатъиян гуфта ва огоҳ карда будем, ки барои ҳамаи ин гуноҳҳо Худованд аз одам қасос мегирад. Чунки Ӯ моро на ба нопокӣ, балки ба ҳаёти пок даъват кардааст. Инак, касе ки аз фармудаҳои Худо саркашӣ мекунад, на одамро, балки Худоеро, ки ба шумо Рӯҳулқудсро медиҳад, рад мекунад. Дар бораи бародардӯстӣ ҳоҷат ба сухан нест, чунки худи шумо аз Худо таълим гирифтаед, ки якдигарро дӯст доред. Бале, шумо ҳамаи имондоронеро, ки дар саросари вилояти Мақдуния ҳастанд, дӯст медоред. Ба ҳар ҳол, хоҳиш мекунем, ки якдигарро боз зиёдтар дӯст доред. Чи тавре ки фармуда будем, оромона зиндагӣ кунед, ҳар кас бо кори худ машғул шуда, бо дастонаш меҳнат кунад. Чунон зиндагӣ кунед, ки ҳаёти шумо сазовори ҳурмати беимонон бошад, то ки шумо аз дигарон вобаста набошед. Эй бародарону хоҳарон, намехоҳем, ки шумо дар бораи гузаштагон бехабар монда, ба монанди беимононе, ки умед надоранд, ғамгин бошед. Мо бовар мекунем, ки Исои Масеҳ мурда зинда шуд ва инчунин бовар мекунем, ки Худо касонеро, ки ба Исои Масеҳ имон доштанду аз олам гузаштаанд, ба назди Ӯ ба осмон мебарад. Мувофиқи суханони Худованд ба шумо мегӯем: мо, ки то бозгашти Худованд зинда мемонем, аз имондорони гузашта, ҳаргиз пеш намеравем. Зеро Худи Худованд аз осмон бо фармони қатъӣ, бо овози сардори фариштагону карнайи Худо фуруд меояд ва аввал онҳое, ки ба Масеҳ имон доштанд, пас аз мурдан зинда мешаванд. Сипас, мо, зиндаҳои боқимонда ҳамроҳи онҳо дар абре ба ҳаво, ба пешвози Худованд боло мешавем ва то абад бо Ӯ мемонем. Барои ҳамин бо ин суханон якдигарро рӯҳбаланд кунед. Бародарону хоҳарон, ҳоҷат нест, ки мо ба шумо дар бораи вақту соати он рӯз нависем. Зеро шумо хуб медонед, ки рӯзи Худованд мисли дузде, ки шабона меояд, ногаҳон фаро мерасад. Ҳангоме ки одамон «дар ҳама ҷо сулҳу осоиштагӣ» мегӯянд, ба мисли он ки пеш аз таваллуд зани ҳомиладорро дард мегирад, ногаҳон ҳалокат меояд. Ҳамин тавр, ба онҳо низ роҳи гурез нест. Аммо шумо, бародарону хоҳарон, дар торикӣ нестед, то ки он рӯз ногаҳон чун дузд шуморо дар ғафлат ёбад. Зеро ҳамаи шумо писарони нур ва рӯзи равшан ҳастед. Мо аз они шаб ва торикӣ нестем. Инак, мисли дигарон дар хоби ғафлат намонем, балки бедор ва ҳушёр бошем. Чунки онҳое, ки хобанд, шабона хоб мераванд ва онҳое, ки бадмастанд, шабона шароб менӯшанд. Лекин мо аз они рӯзи равшан ҳастем, пас биёед имону муҳаббатро ҳамчун ҷавшани рӯйи сандуқи дил дар бар кунем ва умеди наҷоти ояндаро ҳамчун кулоҳи ҷангӣ ба сар кашида, ҳушёр биистем. Зеро Худо моро на барои ғазабаш, балки барои наҷот ба воситаи Худовандамон Исои Масеҳ пешакӣ муайян кардааст. Исо барои мо ҷонашро фидо кард, то ки мо хоҳ зинда бошем, хоҳ мурда ҳамроҳи Ӯ зиндагӣ кунем. Пас рӯҳбаланд кардан ва устувор гардондани якдигарро давом диҳед. Бародарону хоҳарон, аз шумо хоҳиш мекунем: намояндагони Худовандро, ки дар байни шумо меҳнат ва шуморо роҳбарию насиҳат мекунанд, иззат намоед. Барои корашон онҳоро бо тамоми вуҷудатон ҳурмату эҳтиром кунед ва дӯст доред. Бо якдигар сулҳу осоиштагӣ дошта бошед. Эй, бародарону хоҳарон, аз шумо илтиҷо мекунем, ки танбалонро насиҳат кунед, ба тарсончакон қувват бахшед, сустимонҳоро дастгирӣ кунед ва нисбат ба ҳама сабру тоқат дошта бошед. Нагузоред, ки касе ба ивази бадӣ бо бадӣ ҷавоб диҳад, балки ҳамеша нисбат ба якдигар ва ҳама ба некӣ кардан кӯшиш кунед. Ҳама вақт шод бошед, ҳамеша дуо гӯед, дар ҳар ҳолат Худоро шукр гӯед, зеро хости Худо барои шумо, ки ба Исои Масеҳ тааллуқ доред, ҳамин аст. Ба кори Рӯҳулқудс халал нарасонед, пешгӯйиҳоро зери пой нанамоед, лекин ҳамаи инро санҷида, пешгӯйиҳои хубро қабул кунед, аз ҳар намуди бадаш дурӣ кунед! Бигзор Худи Худои осоиштагӣ шуморо комилан пок гардонад, то ки ҳангоми бозгашти Худованди мо Исои Масеҳ тамоми вуҷудатон, яъне рӯҳ, ҷон ва ҷисматон беайб нигоҳ дошта шавад. Худо – Даъваткунандаи шумо вафодор аст ва Ӯ шуморо беайб нигоҳ медорад. Бародарону хоҳарон, барои мо дуо кунед. Ҳамаи бародарону хоҳаронро ба оғӯш гирифта, салом гӯед. Дар назди Худованд шуморо вазифадор мекунам, ки ин номаро ба ҳамаи бародарону хоҳарон хонед. Бигзор файзу меҳрубонии Худовандамон Исои Масеҳ бо шумо бошад! Салом ба ҷамоати имондорони шаҳри Тасолуникӣ, ки аз они Худо Падари мо ва Худованд Исои Масеҳ аст! Мо Павлус, Сило ва Тимотиюс ба шумо файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Худо Падари мо ва Худованд Исои Масеҳ хоҳонем! Бародарону хоҳарон, мо бояд ҳамеша барои шумо Худоро шукр гӯем. Ин шукргузорӣ дуруст аст, зеро имонатон беҳад зиёд шуда, муҳаббати ҳар яки шумо нисбат ба ҳамдигар торафт меафзояд. Шумо дар ҳамаи дунболагирию душвориҳо имон ва сабру тоқати худро зоҳир мекунед. Барои ҳамин мо дар байни дигар ҷамоатҳои имондорони Худо бо шумо фахр мекунем. Худо ба воситаи ин озмоишҳо боинсоф будани Худро нишон медиҳад ва оқибат шумо ба Подшоҳии Худо, ки ба хотири он азоб мекашед, сазовор мешавед. Худо боинсоф аст ва Ӯ азобдиҳандагони шуморо азоб медиҳад. Вақте ки Худованд Исо аз осмон бо фариштагони тавоно меояд, Ӯ мову шуморо, ки чунин азобҳоро аз сар гузаронидаем, оромӣ мебахшад. Ӯ аз онҳое, ки Худоро намешиносанд ва ба хушхабари Худованди мо Исо итоат намекунанд, бо шӯълаҳои оташ қасос мегирад. Онҳо ба ҳалокати ҷовидона гирифтор гардида, аз ҳузури Худованд, аз бузургию қуввати Ӯ ҷудо мешаванд. Вақте ки Худованд Исо дар рӯзи қиёмат меояд, халқи Худо Ӯро шукӯҳу бузургӣ мебахшад ва ҳама имондорон аз Ӯ ба ҳаяҷон меоянд. Азбаски ба шаҳодати мо дар бораи хушхабар бовар кардед, шумо низ дар байни онҳо мешавед. Аз ин сабаб ҳамеша барои шумо дуо мекунем, ки Худои мо шуморо ба даъваташ сазовор донад. Бигзор Худо тамоми нияти хуб ва кори неке, ки аз рӯйи имон карданӣ ҳастед, бо қудрату тавоноияш амалӣ созад. Хулоса, шумо бо файзу меҳрубонии Худои мо ва Худованд Исои Масеҳ номи Ӯро шукӯҳу бузургӣ мебахшед. Ҳамчунин Ӯ низ шуморо шукӯҳу бузургӣ мебахшад. Бародарону хоҳарон, дар бораи баргаштани Худовандамон Исои Масеҳ ва вохӯрии мо бо Ӯ аз шумо илтимос дорем. Аз ягон пешгӯйӣ ва овозаву мактубе, ки гӯё мо паҳн карда бошем, ки рӯзи қиёмат аллакай расидааст, зуд парешонхотир ва нороҳат нашавед. Эҳтиёт бошед, ки ҳеҷ кас шуморо бо ягон роҳ фиреб надиҳад. Зеро пеш аз омадани рӯзи қиёмат бояд бар зидди Худо шӯриши бузурге барпо шавад ва шахси золим, ки ба марг маҳкум шудааст, ошкор гардад. Шахси золим ба ҳама чизҳое, ки одамон мисли Худо, бутҳо ё ҳамчун муқаддасот парастиш мекунанд, зид баромада, худро аз ҳама боло мегирад. Дар натиҷа дар маъбади Худо сокин шуда, худро Худо эълон мекунад. Оё дар хотир доред, ки ҳангоми дар назди шумо буданам дар бораи ин чизҳо мегуфтам? Барои он ки золим пеш аз муҳлаташ аён нашавад, ӯро чизе манъ мекунад. Ҳоло шумо аз ин бохабар ҳастед. Аллакай зулми махфиёна амал мекунад, лекин касе ки манъ мекунад, то дами аз байн рафтанаш корашро давом медиҳад. Сипас, ҳамон шахси золим ошкор мешавад ва Худованд Исо бо нафасаш вайро кушта, бо ҳузури пуршукӯҳаш нобуд мекунад. Омадани золим кори шайтон аст. Золим бо тамоми қувваю муъҷизаву аломатҳои бардурӯғаш амал мекунад. Ӯ одамони нобуд шудаистодаро ба ҳар гуна макру фиреб гирифтор мекунад. Агар онҳо ростиро дӯст доштан мехостанд, наҷот меёфтанд. Лекин онҳо онро рад карданд ва аз ин сабаб нобуд мешаванд. Барои ҳамин Худо онҳоро гумроҳ мекунонад, то ки онҳо ба дурӯғ бовар кунанд. Бино бар ин, шахсоне, ки ба ҷойи ба ростӣ бовар кардан гуноҳро дӯст медоранд, ҳукм карда мешаванд. Бародарону хоҳарони дӯстдоштаи Худованд, мо бояд ба Худо бароятон ҳамеша шукргузор бошем, зеро Ӯ аз ибтидо шуморо интихоб карда буд. Барои ҳамин шумо ба воситаи бо Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо пок шудан ва ба ростӣ бовар кардан наҷот ёфтаед. Ӯ шуморо ба воситаи хушхабари мо ба хотири ин наҷот даъват кардааст, ки шукӯҳу бузургии Худовандамон Исои Масеҳро соҳиб шавед. Барои ҳамин, бародарону хоҳарон, устувор бошед ва таълимотеро, ки мо онро ба шумо ҳам даҳонию ҳам хаттӣ расонидем, маҳкам нигоҳ доред. Бигзор Худовандамон Исои Масеҳ ва Худо Падар, ки моро дӯст медораду аз рӯйи файзу меҳрубониаш ба мо тасаллои абадию умеди нек медиҳад, барои ҳар кору сухани нек ба дилатон рӯҳбаландӣ бахшад ва шуморо қавӣ гардонад. Хулоса, бародарону хоҳарон, барои мо дуо кунед. Бигзор хабари Худованд, чӣ хеле ки дар байни шумо ҳаст, зуд паҳн гардида, дар байни дигарон ҳам бо эҳтиром қабул шавад. Дуо кунед, ки мо аз одамони бад дар амон бошем, зеро на ҳама ба хушхабар бовар доранд. Худованд вафодор аст ва Ӯ шуморо мустаҳкам намуда, аз шайтон ҳимоя мекунад. Худованд ба мо дар бораи шумо боварӣ медиҳад, ки фармонамонро иҷро намуда истодаед ва ҳамон тавр давом медиҳед. Бигзор Худованд дилҳои шуморо ба муҳаббати Худо ва сабру тоқати Масеҳ равона кунад. Бародарону хоҳарон, ба номи Худовандамон Исои Масеҳ ба шумо амр медиҳем, ки аз он имондоре дурӣ ҷӯед, ки бекорхӯҷагӣ намуда, мувофиқи таълимоти аз мо гирифтааш зиндагӣ намекунад. Худатон медонед, ки чӣ тавр ба мо бояд пайравӣ кунед. Ҳангоми дар наздатон буданамон мо бекорхӯҷагӣ накардем ва нони касеро муфт нахӯрдем. Баръакс, шабу рӯз бисёр меҳнат мекардем, то ки ба ҳеҷ яке аз шумо бор нашавем. Бо вуҷуди он ки ба ёрии шумо ҳақ доштем, худамон кор кардем. Мехостем ба шумо намунаи ибрат бошем. Ҳатто ҳангоми дар назди шумо буданамон фармон медодем, ки ба касе, ки кор кардан намехоҳад, ёрӣ нарасонед. Мо шунидем, ки бо вуҷуди ин баъзеҳо дар байнатон бекорхӯҷагӣ мекунанд, ҳеҷ кор накарда, нахӯди пеши қошуқ мешаванд. Аз номи Худованд Исои Масеҳ ба онҳо фармон дода, насиҳат мекунем, ки бо сари хам кор карда, ризқу рӯзии ҳалол ёбанд. Аммо шумо бошед, бародарону хоҳарон, аз некӣ кардан хаста нашавед. Касеро, ки ба таълимоти дар ин нома навиштаамон итоат накунад, ба назар гиред ва бо ӯ рафтуомад накунед, то ки шарм дорад. Вале ӯро душман нашуморед, балки ба мисли бародару хоҳар насиҳат намоед. Бигзор Худи Худованд, ки сарчашмаи сулҳу осоиштагӣ аст, ҳамеша ба шумо дар ҳама ҳолат сулҳу осоиштагӣ диҳад. Худованд бо ҳамаи шумо бод! Аз ҳусни хатам мебинед, ки ин саломро худи ман, Павлус менависам. Дар ҳамаи мактубҳоям низ ҳамин тавр мекунам ва бо ин исбот менамоям, ки мактуб дар ҳақиқат аз тарафи ман аст. Бигзор файзу меҳрубонии Худовандамон Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бошад! Салом Тимотиюс! Ман – Павлус бо фармони Наҷотдиҳандаи мо – Худо ва Исои Масеҳ, ки умеди мост, фиристодаи Исои Масеҳ таъйин шудаам. Ман ба ту, ки фарзанди ҳақиқиам дар имон ҳастӣ, файзу меҳрубонӣ, раҳму шафқат ва сулҳу осоиштагии Худо Падар ва Худовандамон Исои Масеҳро хоҳонам! Ман – Павлус, пеш аз он ки ба вилояти Мақдуния равам, аз ту хоҳиш кардам, ки дар шаҳри Эфесус бимонӣ. Хостам, ки ту дар он ҷо таълимоти бардурӯғи баъзе муаллимонро манъ кунӣ. Ба онҳо гӯй, ки вақташонро ба ривоятҳо ва насабномаҳои аҷдодонашон беҳуда сарф накунанд. Аз ин кор танҳо баҳсу мунозира ба вуҷуд меояд. Нақшаҳои Худо на бо чунин корҳо, балки бо имон иҷро мешаванд. Мақсади фармони ман ин аст, ки имондорон аз муҳаббате, ки аз дили соф, виҷдони нек ва имони ҳақиқӣ мебарояд, пур бошанд. Лекин баъзеҳо аз ҳамаи ин дур шуда, ба сафсатагӯйӣ машғул шудаанд. Онҳо шариати Мусоро намефаҳманд, лекин мехоҳанд, ки устоди шариат бошанд. Дар асл онҳо намедонанд, ки дар бораи чӣ гап мезананду чиро исбот мекунанд. Мо медонем, ки агар шариатро дуруст истифода барем, он хуб аст. Ҳамчунин медонем, ки шариат на росткоронро ҳукм мекунад, балки қонуншиканону беитоатон, худобехабарону гунаҳкорон, бадкорону нопокон, таҳқиркунандагони падару модар ва одамкушонро ҳукм мекунад. Инчунин шариат гунаҳкорони ҷинсӣ, ҳамҷинсгароён, одамдуздон, дурӯғгӯён ва аҳдшиканонро ҳукм мекунад. Хулоса, касе ки бар зидди таълимоти дуруст мебарояд, аз рӯйи шариат ҷазо мебинад. Ин таълимоти дуруст мувофиқи хушхабари Худост. Худои бузургу сазовори ситоиш ин хушхабарро ба ман супоридааст, то ки ба дигарон эълон кунам. Аз Худованди мо Исои Масеҳ, ки ба ман қувват додааст, миннатдорам. Ӯ маро шахси вафодор ҳисобида, барои хизмати эълони хушхабар таъйин кард. Ман бошам, пештар аз рӯйи нодонию нобоварӣ Ӯро дашному озор медодам ва ба пайравонаш зӯроварӣ мекардам. Вале Худо ба ман раҳм кард! Файзу меҳрубонии Худо ба ман чунон фаровон буд, ки Ӯ маро аз имон ба Худ ва муҳаббат ба дигарон пур кард. Ин имон ва муҳаббат аз ҷониби Исои Масеҳ меояд. «Исои Масеҳ барои наҷот додани гунаҳкорон ба ҷаҳон омад». Ин суханон дурустанд ва ҳама бояд онҳоро қабул кунанд! Ман – Павлус дар байни гунаҳкорон шахси бадтарин будам, лекин Худо раҳми маро хӯрд. Ӯ ин корро ба он хотир кард, ки Исои Масеҳ ба воситаи ман, ки гунаҳкори бадтарин будам, сабру тоқати зиёдашро нишон диҳад ва дар намунаи ман дигарон ба Ӯ имон оварда, ҳаёти абадӣ ёбанд. Худо шоҳи ҷовидон, нонамоён, ягона ва то абад зинда аст! Ба Ӯ то абад шаъну шараф бод! Омин. Писарам – Тимотиюс, ман мувофиқи пешгӯйиҳои дар бораат гуфташуда ба ту супориш медиҳам. Ба он итоат карда, ба мисли сарбози хуб бар зидди бадӣ мубориза бар ва виҷдони поку имонатро ба Масеҳ нигоҳ дор. Зеро баъзе касон виҷдонашонро пок нигоҳ надоштанд ва дар натиҷа имонашонро аз даст доданд. Ҳименоюс ва Искандар дар байни онҳо буданд ва ман онҳоро ба ихтиёри шайтон супорида, ҷазо додам, то ки бар зидди Худованд баромаданро бас кунанд. Ман пеш аз ҳама шуморо даъват мекунам, ки барои тамоми одамон дуо ва шукргузорӣ кунед. Аз Худо талаб намоед, ки ба онҳо ёрӣ диҳад ва худатон низ дар пеши Ӯ тарафи онҳоро гиред. Инчунин барои шоҳон ва тамоми ҳукуматдорон дуо кунед, то ки мо дар худотарсӣ ва сарбаландӣ зиндагии орому осуда дошта бошем. Зеро чунин дуоҳо хубанд ва ба Худо Наҷотдиҳандаи мо писанд меоянд. Худо мехоҳад, ки тамоми одамон наҷот ёбанд ва ростиро фаҳманд. Ростӣ ҳамин аст, ки танҳо як Худо аст ва танҳо як одам метавонад моро бо Худо оштӣ кунад. Ин одами миёнарав Исои Масеҳ мебошад. Ӯ Худашро фидо карда, озодии тамоми одамонро харидааст. Инро Худо дар вақту соати муносиб ба мо нишон додааст. Барои ҳамин Ӯ маро – Павлусро эълонкунандаи хушхабар ва фиристода интихоб кардааст, то ки ба ғайрияҳудиён дар бораи имону ҳақиқат таълим диҳам. Суханҳоям рост асту ҳеҷ дурӯғ надорад. Мехоҳам, ки мардҳо дар ҳама ҷо бо дилу нияти нек, беқаҳр ва бебаҳсу мунозира дасти дуо бардоранд. Занон бошанд, худро на бо тиллову марворид, балки бо шарму ҳаё ва некандешӣ оро диҳанд. На бо мӯйбофӣ ва пироҳани пурқимат, балки бо корҳои некашон худро оро диҳанд. Ин чизҳо муносиби заноне аст, ки худро худотарс меноманд. Зан бояд бо камоли фармонбардорӣ дар хомӯшӣ таълим гирад. Ба занон иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳанд ва бар мард ҳукмронӣ кунанд. Онҳо бояд оромона ба таълимот гӯш диҳанд. Барои чӣ чунин мегӯям? Барои он ки Худо на зан, балки мардро аввал офарид. Ҳамчунин шайтон на Одамро, балки Ҳавворо фиреб дода, ӯро ба гуноҳ водор намуд. Лекин агар занҳо нақшеро, ки Худо барояшон додааст, қабул кунанд, яъне фарзанд ба дунё оранд, ҳаёти пур аз имону муҳаббат дошта бошанд ва покдоману оқила бошанд, Худо онҳоро наҷот медиҳад. Дуруст мегӯянд, ки агар касе дар ҷамоати имондорон орзу дошта бошад, ки ҳамчун сардор хизмат кунад, ӯ кори нек кардан мехоҳад. Лекин сардор бояд беайб, яъне ба зани ягонааш вафодор, боандеша бошад, хирадмандона зиндагӣ кунад, баномус, меҳмондӯст бошад ва каломи Худоро шарҳ дода тавонад. Майпараст, ҷангара ва пулпараст набошад, балки нармдил ва марди сулҳҷӯ бошад. Хонаводаашро хуб идора кунад ва фарзандонашро чунон тарбият намояд, ки ба ӯ бо эҳтиром итоат кунанд. Агар касе хонаву дари худро идора карда натавонад, оё ба ҷамоати Худо ғамхорӣ карда метавонад? Сардори ҷамоати имондорон шахси нав имоноварда набошад. Чунин шахс метавонад ҳавобаландӣ карда, ба мисли шайтон ҷазо гирад. Ӯ дар байни мардум ҳам бояд номи нек дошта бошад, вагарна сабаби бадгӯйӣ шуда, ба доми шайтон меафтад. Инчунин хизматчиёни ҷамоати имондорон бояд одамони баобрӯ бошанд. Дурӯяву чашмгурусна ва майпараст набошанд. Онҳо бояд ростиеро, ки Худо дар бораи имон ба мо ошкор кардааст, бо виҷдони пок нигоҳ доранд. Дар аввал онҳоеро, ки хизматчӣ шудан мехоҳанд, санҷидан лозим аст. Агар беайб бошанд, бигзор хизмат кунанд. Зани хизматчӣ низ бояд баобрӯ бошад ва касеро ғайбат накунад. Ӯ бояд худашро идора кунад ва дар ҳама кор одами боваринок бошад. Хизматчӣ бояд ба зани ягонааш вафодор бошад ва фарзандону хонаводаашро хуб идора кунад. Онҳое, ки хуб хизмат мекунанд, сазовори ҳурмати дигарон мегарданд ва имонашон ба Исои Масеҳ хеле мустаҳкам мешавад. Умедворам, ки ба наздикӣ пешат меоям. Лекин инро барои он ба ту менависам, ки мабодо дер оям, ту бояд бидонӣ, ки дар ҷамоати Худо чӣ гуна рафтор кардан лозим аст. Чи тарзе ки таҳкурсӣ ва сутунҳо хонаро мустаҳкам нигоҳ медоранд, ҷамоати Худои зинда низ таълимоти ростиро мустаҳкам нигоҳ медорад. Бегуфтугӯ, ростие, ки Худо дар бораи худотарсӣ ба мо ошкор кардааст, аҷиб аст: Ӯ ҳамчун одам ба дунё омад ва ҳаққонӣ будани Ӯро Рӯҳи Худо исбот кард. Ӯро фариштаҳо диданд, дар борааш ба халқҳо хабар дода шуд. Одамон дар дунё ба Ӯ имон оварданд. Худо Ӯро бо шаъну шараф ба осмонҳо бурд. Рӯҳи Худо аниқ мегӯяд, ки дар замони охир баъзеҳо имонашонро тарк мекунанд ва рӯҳҳои фиребгару таълимоти шайтониро гӯш карда, ба онҳо пайравӣ мекунанд. Чунин таълимотро дурӯғгӯёни дурӯя паҳн мекунанд, ки виҷдонашонро аз даст додаанд. Ҳамин устодони дурӯғгӯй никоҳи зану мардро манъ мекунанд ва хӯрдани ин ё он хӯрокро иҷозат намедиҳанд. Лекин хӯрокро Худо офаридааст, то ки имондороне, ки ҳақиқатро мешиносанд, онро бо шукргузорӣ хӯранд. Ҳар чизе, ки Худо офаридааст, хуб аст ва онро набояд рад кунем, балки бо миннатдорӣ қабул кунем. Зеро он ба воситаи сухани Худо ва дуо ҳалол мешавад. Агар ту – Тимотиюс, ин чизҳоро ба имондорон ёдрас кунӣ, хизматгори хуби Исои Масеҳ мешавӣ. Инчунин аз таълимот дар бораи имон ва аз дастурамалҳои неки иҷро кардаат парвариш меёбӣ. Худро аз ривоятҳои беҳудаву бемаънӣ дур гирифта, дар худотарсӣ инкишоф деҳ. Машқи ҷисмонӣ кори хуб аст, лекин худотарсӣ ҳамеша беҳтар аст, зеро он ҳам барои ин ҳаёт ва ҳам барои ҳаёти оянда зиндагиро ваъда медиҳад. Ин суханон дурустанд ва ҳама бояд онҳоро қабул кунанд! Барои он ки худро дар худотарсӣ инкишоф диҳем, мо меҳнат мекунем ва заҳмат мекашем, зеро ба Худои зинда умед бастаем. Ӯ Наҷотдиҳандаи тамоми одамон, хусусан имондорон аст. Ана ҳамин чизҳоро аз имондорон талаб намо ва таълим деҳ. Бигзор ҳеҷ кас барои ҷавон буданат ба ту беҳурматӣ накунад. Тимотиюс, дар рафтору гуфторат, дар муҳаббату имонат ва покизагиат барои имондорон намунаи ибрат бош. То вақти омаданам ба хондани навиштаҷот ва шарҳу таълим додани он бештар аҳамият деҳ. Роҳбарони ҷамоати имондорон дасташонро бар ту гузошта дуо карданд ва бо ҳамин роҳ туро ба хизмат таъйин намуданд. Ҳангоме ки онҳо дар бораат пешгӯйӣ мекарданд, аз Худо ба ту қобилият дода шуд. Онро ҳамеша истифода бар. Аз таҳти дил ба ин чизҳо машғул шав ва боғайрат бош, то ки пешравиҳои ту ба ҳама аён гардад. Аҳамият деҳ, ки чиро таълим медиҳӣ ва чӣ гуна зиндагӣ мекунӣ. Агар чунин рафтор кунӣ, ҳам худ ва ҳам шунавандагонатро наҷот медиҳӣ. Агар марди аз худат калонсолтар кори нодуруст кунад, ӯро сарзаниш накун, балки мисли он ки ӯ падарат бошад, маслиҳат деҳ. Бо ҷавонмардон ба мисли бародаронат муомила кун. Бо занҳои аз худ калонсолтар ба мисли модарон ва бо ҷавонзанон ба мисли хоҳар бо дили пок муносибат намо. Ба бевазанони бекас ғамхорӣ кун. Аммо агар бевазан фарзандон ё набераҳо дошта бошад, бигзор онҳо аввал ба ӯ ғамхорӣ карда, қарзи фарзандиашонро адо кунанд. Бо ҳамин восита онҳо худотарсиашонро нишон медиҳанд. Ҳамин кор ба Худо писанд меояд. Бевазани ҳақиқӣ ҳамонест, ки танҳо мондааст ва умедашро ба Худо баста, шабу рӯз даст ба дуо Худоро илтиҷо мекунад. Вале бевазане, ки барои кайфу сафо зиндагӣ мекунад, зинда ба зинда мурда аст. Ин дастурҳоро ба имондорон таълим деҳ, то ки онҳо итоат кунанд ва беайб бошанд. Ҳар кас ки дар бораи хешу табори худ, бахусус дар бораи аъзоёни оилааш ғамхорӣ намекунад, ӯ аз имонаш рӯй гардонда, аз беимон бадтар шудааст. Дар рӯйхати эҳтиёҷмандон бевазане навишта шавад, ки ба шавҳараш вафодор буд ва синнаш аз шаст боло аст. Дигарон бояд тасдиқ кунанд, ки ӯ ҳамеша корҳои нек кардааст. Масалан, ба фарзандонаш тарбияи хуб дода бошад ва меҳмоннавозиро ба ҷо оварда, ба имондорони дигар хоксорона хизмат карда бошад. Инчунин ба мусибатзадагон дасти ёрӣ дароз карда бошад. Умуман, дар ҳар гуна корҳои нек ғайратманд бошад. Вале намонед, ки бевазанони ҷавонтар ба рӯйхат дохил шаванд. Чунки вақте ки онҳоро ҳавасҳои шаҳвонӣ фаро мегирад, онҳо боз шавҳар кардан мехоҳанд ва аз Масеҳ рӯй мегардонанд. Азбаски онҳо имони пештараашонро рад мекунанд, ҳукм мешаванд. Агар онҳо дар рӯйхати эҳтиёҷмандони ҷамоати имондорон бошанд, танбал мешаванд. Онҳо хона ба хона гашта, на танҳо бекорхӯҷа, балки ғайбатчию кунҷков низ мешаванд ва ҳар гапи беҳударо гуфтан мегиранд. Барои ҳамин ман ба бевазанони ҷавон маслиҳат медиҳам, ки ба шавҳар баромада, кӯдак таваллуд кунанд ва аз пайи зиндагиашон шаванд. Он гоҳ душман дар бораи мо – имондорон сухани бад гуфта наметавонад. Охир баъзе занон аз имон гашта, аз пайи шайтон рафтаанд. Агар хоҳари имондор хешованди бевамонда дошта бошад, бояд дар бораи ӯ ғамхорӣ кунад. Ин борро ба дӯши ҷамоати имондорон нагузорад, то ки ҷамоат фақат ба бевазанони бекас ёрӣ расонда тавонад. Роҳбароне, ки хуб кор мекунанд, хусусан онҳое, ки дар шарҳу таълим додани каломи Худо меҳнат мекунанд, ҳам ба маош ва ҳам ба эҳтиром сазоворанд. Навиштаҷот дар бораи ин мегӯяд: «Вақте ки барзагов хирманро мекӯбад, даҳонашро набанд» ва «Меҳнаткаш сазовори музди меҳнат аст». Шикоятро бар зидди роҳбаре танҳо бо тасдиқи ду-се шоҳид қабул намо. Лекин агар вай гуноҳ кардан гирад, дар ҳузури ҷамоати имондорон сарзаниш намо, то ки дигарон битарсанд. Дар назди Худову Исои Масеҳ ва фариштаҳои интихобшуда ба ту фармон медиҳам, ки ба ин дастурамалҳо бе рӯйбинӣ итоат намоӣ ва шиносбозӣ накунӣ. Тимотиюс, вақте ки дастонатро бар касе гузошта, барои роҳбар шудани ӯ дуо мекунӣ, боэҳтиёт бош ва саросема нашав. Зеро агар ӯ гуноҳ карда бошад, ту ҳам барои гуноҳаш ҷавобгар мешавӣ. Эҳтиёт бош, то ки худат гуноҳ накунӣ. Медонам, ки меъдаву шикамат тез-тез дардманд мешаванд. Барои ҳамин минбаъд на фақат об, балки каме май ҳам нӯш. Гуноҳҳои баъзеҳо пеш аз санҷиш аллакай аён мебошанд, вале гуноҳҳои дигарон дертар маълум мешаванд. Инчунин корҳои нек низ маълум аст. Ҳатто агар маълум набошанд, пинҳон низ намемонанд. Имондороне, ки ғулом ҳастанд, хӯҷаинони худро бояд аз таҳти дил ҳурмату иззат кунанд. Чунин муносибат номи Худо ва таълимоти масеҳиро аз бадномӣ нигоҳ медорад. Агар хӯҷаин низ имондор бошад, ғулом набояд бо сабаби бародар буданаш ба хӯҷаинаш беҳурматӣ кунад. Баръакс, ӯ бояд боз ҳам беҳтар хизмат кунад, чунки аз хизмати ӯ бародари имондору маҳбуб фоида мегирад. Ҳаминро ба дигарон таълим деҳ ва онҳоро насиҳат намо. Баъзе одамон таълимоти бегонаро ёд медиҳанд, ба суханони дурусти Худованди мо Исои Масеҳ розӣ нестанд ва таълимоти худотарсиро пайравӣ намекунанд. Чунин касон ҳавобаланданд ва ҳеҷ чизро намедонанд. Онҳо хоҳиши носолим доранд ва мехоҳанд, ки дар бораи калимаҳо бо баҳсҳои беохир машғул шаванд. Ҳамин гуна баҳсҳо ҳасад, ҷудоӣ, дашном ва шубҳаҳои бадро ба вуҷуд меоранд. Ҳамин касон ҳамеша дар байни одамоне, ки ақлашонро хӯрда, аз ростӣ маҳрум шудаанд, боиси ҷанҷолҳо мешаванд. Хаёл мекунанд, ки худро худотарс нишон дода, ба ин восита бой мешаванд. Бале, худотарсӣ манфиати бисёр дорад, лекин ин фақат барои одамони қаноатманд аст. Зеро мо ба ин дунё ҳеҷ чиз наовардаем ва ҳамроҳи худ ба он дунё чизе бурда наметавонем. Аз ин рӯ, агар ризқу рӯзӣ ва сарулибос дошта бошем, бояд қаноат кунем. Онҳое, ки сарватманд шудан мехоҳанд, ба васваса, дом ва бисёр ҳавасҳои аблаҳонаву зараровар гирифтор мешаванд, ки одамонро ба фалокат дучор намуда, несту нобуд мекунанд. Пулпарастӣ решаи ҳар намуди бадӣ мебошад. Баъзе одамон аз пайи он рафта аз имон дур шудаанд ва ба азобҳои бисёр дучор гардидаанд. Лекин, азбаски ту одами Худо ҳастӣ, аз ин чизҳои бад гурез! Бо роҳи росткорӣ, худотарсӣ, имон, муҳаббат, сабр ва нармдилӣ бирав. Бисёр кӯшиш намуда, таълимоти Масеҳро пайравӣ кун, то ки ҳаёти абадиеро, ки ба он даъват шудаӣ, соҳиб шавӣ. Охир, ту ба таври сазовор дар назди шоҳидони бисёр имонатро эътироф кардаӣ. Ман дар ҳузури Худо, ки ба ҳама чиз ҳаёт мебахшад ва дар ҳузури Исои Масеҳ, ки Ӯ дар назди ҳокими румӣ – Понтиюс Пилотус ба ростӣ хуб шаҳодат додааст, аз ту талаб мекунам, ки то омадани Худованди мо Исои Масеҳ ҳамин фармонро бекамбудӣ риоя намоӣ. Худо – Ҳокими ягона, Шоҳи шоҳон, Сарвари сарварон, ки сазовори ситоиш аст, омадани Исоро дар вақташ ошкор менамояд. Фақат Худо ҳеҷ гоҳ намемирад! Ӯ дар рӯшноие зиндагӣ мекунад, ки ҳеҷ кас ба он наздик шуда наметавонад. Ӯро чашми инсон надидааст ва дида наметавонад. Шарафу қудрати абадӣ ба Худо бод! Омин! Сарватмандони ин дунёро насиҳат бикун, ки ҳавобаланд нашаванд ва ба сарвати дурӯза умед набанданд, балки ба Худо умед банданд, ки ҳама чизро барои ҳаловати мо ба таври фаровон медиҳад. Ба онҳо фармон деҳ, ки пулашонро барои корҳои нек сарф кунанд. Онҳо бояд доимо корҳои нек кунанд ва саховатманду дасткушод бошанд. Ба ин восита онҳо бо корҳои некашон дар он дунё ганҷи рӯҳоние ҷамъ мекунанд, ки он мисли таҳкурсии бино мустаҳкам меистад. Бо ҳамин роҳ ҳаёти ҳақиқиро ба даст меоранд. Тимотиюс, он чизҳоеро, ки ба ту дода шудаанд, ҳимоя кун. Аз беҳудагӯйии ношоям ва баҳсҳое, ки одамон онро бардурӯғ «дониш» меноманд, рӯй гардон. Баъзеҳо ин чизҳоро пайравӣ карда, аз имон дур шудаанд. Бигзор файзу меҳрубонии Худованд бо ҳамаи шумо бошад! Салом, писархонди дӯстдоштаам Тимотиюс! Ман – Павлус бо хости Худо фиристодаи Исои Масеҳ таъйин шудаам. Ӯ маро фиристод, то ки дар бораи ҳаёти абадии ваъдакардааш ба ҳама гӯям. Ин ҳаёт ба онҳое, ки дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ зиндагӣ мекунанд, дода мешавад. Ман ба ту файзу меҳрубонӣ, раҳму шафқат ва сулҳу осоиштагии Худо Падар ва Худовандамон Исои Масеҳро хоҳонам! Эй Тимотиюс, шабу рӯз беист туро дар дуоҳоям ба ёд оварда, бароят ба ҳамон Худо шукр мегӯям, ки ман ба монанди аҷдодонам бо виҷдони пок ба Ӯ хизмат мекунам. Ман гиряҳои туро дар хотир дорам. Бисёр мехоҳам туро бубинам, то аз дидорат шод шавам. Ҳамчунин имони ҳақиқии туро, ҳамон имони қавие, ки модаркалонат Лӯису модарат Авнико доштанд, дар ёд дорам. Боварӣ дорам, ки ту ҳам мисли онҳо имони қавӣ дорӣ. Аз ин рӯ хотиррасон мекунам, ки қобилияти худододатро аз таҳти дил истифода бар. Вақте ки ман дастонамро ба ту гузошта, туро ба хизмат таъйин кардам, он аз ҷониби Худо бароят дода шуд. Худо ба мо на тарсу ваҳм, балки қувват ва муҳаббату худидоракуниро медиҳад. Барои ҳамин аз шаҳодат додан дар бораи Худовандамон Исои Масеҳ шарм надор. Инчунин аз ман, ки ба хотири Исои Масеҳ зиндонӣ шудаам, шарм надор. Балки ба қуввати Худо такя карда, ба хотири хушхабар ҳамроҳи ман ба азобҳо тайёр бош. Чунки Худо моро наҷот дода, даъват кардааст, ки халқи Ӯ бошем. Худо моро на ба хотири корҳоямон даъват намудааст, балки Ӯ пеш аз офариниш нақша дошт, ки ба воситаи корҳои Исои Масеҳ ба мо файзу меҳрубониашро нишон диҳад. Акнун бошад, Худо бо омадани Исои Масеҳ – Наҷотдиҳандаи мо онро бароямон кушодааст. Исои Масеҳ маргро несту нобуд карда, ба воситаи хушхабар роҳи ҳаёт ва абадиятро равшан кард. Худо маро интихоб намудааст, то ки эълонкунанда, фиристода ва муаллими ин хушхабар бошам. Ҳоло ба хотири иҷрои ҳамин вазифаи Худо ман азоб мекашам, лекин аз ин шарм намедорам. Охир медонам, ки ба Исои Масеҳ бовар кардаам. Барои ҳамин дилпур ҳастам, ки он чизҳоеро, ки ман ба Исои Масеҳ супоридаам, Ӯ то рӯзи бозгашташ ҳимоя карда метавонад. Суханони дурусти аз ман шунидаатро ҳамчун намунаи суханони солим нигоҳ дор. Бо имон ва муҳаббате, ки Исои Масеҳ бахшидааст, аз рӯйи ин намуна амал бикун. Бо қудрати Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо, ки дар вуҷудамон сокин шудааст, ҳама чизҳои неки ба ту бовар кардашударо нигоҳ дор. Ту медонӣ, ки дар вилояти Осиё ҳама, ҳатто Фиҷелус ва Ҳармуҷанис низ аз ман рӯй гардонданд. Бигзор Худованд ба аҳли хонаводаи Анисифӯрус раҳм кунад. Чунки вай маро тез-тез хабар гирифта, рӯҳбаланд мекард. Анисифӯрус ҳам аз он ки дар зиндон занҷирбанд будам, боре шарм надошт. Баръакс ба шаҳри Рум расида, то дами маро ёфтан бисёр ҷустуҷӯ намуд. Бигзор Худованд дар рӯзи қиёмат ба ӯ раҳм кунад. Ту худат хуб медонӣ, ки ӯ дар шаҳри Эфесус чӣ қадар ба ман ёрӣ расонда буд. Писарам – Тимотиюс, ту ба воситаи қуввате, ки Исои Масеҳ ба мо медиҳад, устувор бош. Таълимотеро, ки ту дар ҳузури шоҳидони бисёр аз ман шунидӣ, ба одамони вафодор расон, ки онҳо низ дигаронро таълим дода метавонанд. Ҳамчун сарбози вафодори Исои Масеҳ ҳамроҳи ман дар сахтиҳо тоқат бикун. Дар бораи ин се масал андеша кун: ягон сарбоз ҳангоми хизматаш ба корҳои одӣ машғул намешавад. Ӯ фақат кӯшиш мекунад, ки ба сарлашкар писанд ояд. Варзишгаре, ки дар мусобиқа аз рӯйи қоида мубориза намебарад, мукофот намегирад. Деҳқоне ки меҳнат мекунаду заҳмат мекашад, бояд ҳаққашро аз ҳосил аввалин шуда гирад. Дар бораи суханони ман андеша намо. Худи Худованд барои фаҳмидани ҳамаи ин ба ту ёрӣ мерасонад. Исои Масеҳро ҳамеша дар ёд дор! Хушхабаре, ки ман эълон мекунам, он аст, ки Исо аз насли шоҳ Довуд буд ва Худо Исоро аз мурдагон зинда кардааст. Ба хотири эълон кардани ин хушхабар ман азоб мекашам ва ҳатто мисли ҷинояткор занҷирбанд ҳастам. Лекин каломи Худоро занҷирбанд карда намешавад. Бино бар ин, ба хотири халқи интихобшудаи Худо ба ҳама гуна азоб тоқат мекунам, то ки онҳо ҳам бо шуҳрату ҷалоли абадӣ наҷотеро ба даст оранд, ки он аз Исои Масеҳ аст. Дуруст гуфта шудааст, ки агар бо Ӯ мурда бошем, бо Ӯ зиндагӣ низ хоҳем кард. Агар мо ба азобҳо тоқат кунем, бо Ӯ ҳукмронӣ низ хоҳем кард. Агар мо аз Ӯ рӯй гардонем, Ӯ низ аз мо рӯй хоҳад гардонд. Агар мо ба Ӯ бевафоӣ кунем, Ӯ вафодор мемонад, зеро Худашро рад карда наметавонад. Ин чизҳоро ба ҳама хотиррасон намуда, дар ҳузури Худо талаб намо, ки баҳсҳоро дар бораи маънои калимаҳо ба охир расонанд. Шунавандагони баҳсҳо аз ин на фоида, балки зарар мебинанд. Аз таҳти дил хизмат кун, то ки худро дар чашми Худо ҳамчун шахси санҷидашуда ва ҳамчун коргаре нишон диҳӣ, ки аз чизе шарм намедорад ва паёми ростиро дуруст шарҳ медиҳад. Аз баҳсҳои беҳуда ва бемаънӣ худро дур гир. Онҳое, ки ба баҳс кардан машғуланд, бештару бештар одамонро аз Худо дур мекунанд ва таълимоташон ба мисли бемории саратон дар бадан паҳн мешавад. Дар байни онҳо Ҳименоюс ва Филитус ҳам ҳастанд. Онҳо роҳи ростро тарк карда, эълон мекунанд, ки Худо аллакай мурдаҳоро зинда кардааст. Ба ин восита баъзеҳоро аз имон мегардонанд. Лекин ҳақиқати Худо ба монанди санги таҳкурсӣ устувор истодааст, ки дар он ин суханон кандакорӣ шудаанд: «Худованд медонад, ки киҳо аз они Ӯ ҳастанд » ва «Ҳар касе ки номи Худовандро ба забон меорад, бояд аз бадӣ дур шавад!» Дар як хонаи калон на танҳо зарфҳои тиллоию нуқрагин, балки зарфҳои чӯбину сафолӣ низ ҳастанд. Баъзеи онҳо барои корҳои махсус ва баъзеи онҳо барои корҳои одӣ мебошанд. Касе ки худро аз корҳои бад пок кунад, ба мисли зарф барои корҳои махсус истифода бурда мешавад. Ӯ барои Худо ҷудо карда мешавад. Дар ин ҳолат ӯ тайёр аст, то ки Хӯҷаинаш вайро барои ҳар кори нек истифода барад. Тимотиюс, ту ҷавон бошӣ ҳам, аз ҳавасҳои ҷавонӣ гурез. Баръакс, дар пайи росткорию имон, муҳаббату сулҳ бош ва аз пайи онҳое рав, ки бо дили пок ба Худованд дуо мекунанд. Дар баҳсҳои беҳудаву беасоси дигарон иштирок накун. Охир медонӣ, ки чунин баҳсҳо бо ҷанҷол анҷом меёбанд. Хизматгори Худованд набояд ҷангҷӯй бошад, балки ба ҳама меҳрубонию сабру тоқаташро нишон диҳад. Ҳамчунин қобилияти таълим додани каломи Худоро дошта бошад. Инчунин хизматгор муқобилони худро бояд хоксорона ислоҳ намояд. Шояд ба воситаи чунин ислоҳкунӣ Худо ато фармояд, ки онҳо аз корашон даст кашанд ва тавба карда, ростиро фаҳманд. Ба ин восита ба худ омада, аз доми шайтон раҳоӣ меёбанд, ки вай онҳоро чун асир ба зери итоаташ даровардааст. Тимотиюс, ту бояд донӣ, ки дар охирзамон – пеш аз омадани Исои Масеҳ рӯзҳои сахт фаро мерасанд. Одамон худпарасту пулпараст, худписанд, ҳавобаланд, дағал мешаванд, ба падару модарашон беитоатӣ мекунанд ва кӯрнамаку худобехабар мегарданд. Онҳо дилсахтанду некиро бад мебинанд. Ҳамчунин бераҳм, туҳматчӣ, бадқавоқ, ноодам, хиёнаткор ва саркашу пурғурур мешаванд. Аз Худо дида кайфу сафоро бештар дӯст медоранд. Худотарс тобанд ҳам, дар асл ба Худо бовар намекунанд. Худро аз онҳо дур гир! Баъзеи онҳо бо роҳи фиреб ба хонаҳо даромада, занҳои бепушту паноҳро фирефта мекунанд. Чунин занҳо дар зери бори гуноҳ монда, ба ҳавасҳои гуногун гирифтор шудаанд ва ҳамеша чизи наве меомӯзанд, лекин ҳеҷ гоҳ ҳақиқатро шинохта наметавонанд. Чи хеле ки дар замони қадим Янису Ямбрис бар зидди Мусо баромада буданд, ин муаллимон низ бар муқобили ростӣ мебароянд. Онҳо андешаҳои бадахлоқона доранд ва имонашон ҳақиқӣ нест. Лекин онҳо комёб намешаванд, зеро аблаҳиашон ба мисли аблаҳии Янису Ямбрис ба ҳама ошкор мешавад. Лекин ту – Тимотиюс, таълим, тарзи зиндагӣ, мақсад, имон, сабру тоқат, муҳаббат ва истодагарии маро медонӣ. Ту азобу таъқиботи маро медонӣ! Ту медонӣ, ки маро дар шаҳрҳои Антокия, Қуния ва Лустра чӣ гуна азоб доданд. Аммо Худованд маро аз ҳамаи азобҳо халос кард. Бале, ҳамаи онҳоеро, ки худотарсона ҳамроҳи Исои Масеҳ зиндагӣ кардан мехоҳанд, таъқиб карда, азоб медиҳанд. Вале одамони баду фиребгар боз ҳам бадтар гардида, дигаронро гумроҳ мекунанд ва худашонро низ дигарон гумроҳ месозанд. Вале ту ба таълимоти гирифта, бовар кардаат устувор бош. Ту медонӣ, ки онро аз кӣ ёд гирифтӣ ва ҳамчунин аз хурдӣ навиштаҷоти Худоро медонистӣ. Он ба ту хирад меомӯзад, ки наҷотро ба воситаи имон ба Исои Масеҳ ба даст оварда метавонӣ. Тамоми навиштаҷот аз нафаси Худо баромадааст. Он барои таълимоту сарзаниш, ислоҳ ва барои омӯхтани кори дуруст фоиданок аст. Худо инро барои он истифода мебарад, ки халқи Ӯ барои ҳар кори нек пурра омода бошад. Вақте ки Исои Масеҳ боз меояд, Ӯ ҳамчун шоҳ ҳукмронӣ мекунад ва ҳамаро, яъне зиндагону мурдагонро доварӣ менамояд. Аз ин сабаб ман дар ҳузури Худо ва Исои Масеҳ ба ту супориш медиҳам, ки каломи Худоро эълон намо. Вақту бевақт омодаи кор бош. Босаброна ва бо таълимоти дуруст одамонро ислоҳу сарзаниш намо ва онҳоро рӯҳбаланд кун. Зеро замоне фаро мерасад, ки одамон таълими дурустро қабул намекунанд. Баръакс, барои шунидани суханони табъи дилҳои бадашон муаллимони дигареро даъват намуда, ба онҳо гӯш медиҳанд. Онҳо гӯшҳояшонро аз шунидани ҳақиқат маҳкам карда, аз пайи шунидани афсонаҳо мераванд. Лекин ту дар ҳама ҳолат ҳушёр бош. Ҳангоми ба хотири Худованд азоб кашидан пуртоқат бош. Хушхабарро эълон намудан гир ва хизмати худро пурра иҷро кун. Ҳаёти ман мисли май то қатраи охиринаш дар қурбонгоҳ рехта шудааст, яъне хизматам ба охир расида истодааст. Ба наздикӣ аз дунё меравам. Ман ба мисли варзишгар хуб мубориза бурда, то охир давидам ва имонро нигоҳ доштам. Акнун маро мукофот, яъне тоҷи росткорӣ интизор аст. Онро Худованд – Довари боадолат дар рӯзи баргаштанаш ба ман хоҳад дод. Ин мукофотро на танҳо ман, балки ҳамаи онҳое низ мегиранд, ки бозгашти Исои Масеҳро беҳад интизоранд. Тимотиюс, кӯшиш намо, ки ҳарчи зудтар ба наздам – ба шаҳри Рум биёӣ. Чунки Димос чизҳои ин дунёро дӯст дошт ва маро тарк карда, ба шаҳри Тасолуникӣ рафт. Крискис ба вилояти Ғалотия ва Титус бошад, ба вилояти Далмотия рафт. Фақат Луқо ҳамроҳи ман аст. Ҳангоми омаданат Марқӯсро бо худ биёр, зеро ӯ ба хизмати ман ёрӣ мерасонад. Ман Тихикосро ба шаҳри Эфесус фиристодам. Ҳангоми омаданат ҷомаамро биёр. Ман онро дар шаҳри Трӯос дар хонаи Карпус монда будам. Инчунин китобҳо, бахусус қиматашонро биёр. Искандари оҳангар ба ман бисёр бадӣ кард. Худованд мувофиқи амалаш вайро ҷазо медиҳад. Ту низ аз ӯ эҳтиёт шав, чунки ӯ сахт бар зидди суханони мо баромада буд. Дар суди якум ягон кас маро тарафдорӣ накард, ҳама маро тарк намуданд. Бигзор Худо инро ба онҳо гуноҳ ҳисоб накунад. Лекин Худованд маро тарафдорӣ намуд. Ӯ ба ман қувват дод, ки хушхабарро эълон намоям. Ба шарофати ман ғайрияҳудиён хушхабарро аз сар то охир шуниданд. Бале, Худованд маро тарафдорӣ карда, аз даҳони шер халос кард. Ӯ маро аз ҳар кори бад раҳоӣ дода, сиҳату саломат ба Подшоҳии осмониаш мебарад. Ба Ӯ то абад шаъну шараф бод! Омин! Ба Прискилаву Акило ва аҳли оилаи Анисифӯрус аз номи ман салом расон. Арастус дар шаҳри Қуринтус монд ва Труфимуси беморро дар шаҳри Милитус гузоштам. Кӯшиш кун, ки пеш аз зимистон ба ин ҷо расида биёӣ. Авбулусу Пудис, Линусу Клавдия ва ҳамаи имондорон ба ту салом мерасонанд. Бигзор Худованд бо ту бошад ва ба ҳамаи шумо файзу меҳрубонӣ нишон диҳад. Салом Титус! Ман – Павлус, хизматгори Худо ва фиристодаи Исои Масеҳ вазифадорам, ки имони интихобшудагони Худоро устувор гардонам. Инчунин ростиеро ба онҳо таълим диҳам, ки худотарсиро меомӯзонад. Ин ростӣ ба онҳо умед мебахшад, ки ҳаёти абадиро соҳиб шаванд. Худо пеш аз офариниши олам қарор кард, ки ҳаёти абадиро ба мо медиҳад ва Ӯ ҳаргиз дурӯғ намегӯяд. Ҳоло Худо дар вақту соати муносибаш паёми Худро ошкор кард, ки он бо фармони Худо Наҷотдиҳандаи мо ба ман супурда шудааст, то ки онро ба одамон эълон кунам. Ба ту фарзанди ҳақиқиам, ки ҳар дуямон дар имон шарик ҳастем, файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Худо Падар ва Наҷотдиҳандаамон Исои Масеҳро хоҳонам! Туро барои он дар ҷазираи Крит монда омадам, ки корҳои боқимондаро ба анҷом расонда, мувофиқи фармони ман дар ҷамоати имондорони ҳар шаҳр роҳбаронро таъйин намойӣ. Лекин шахсе, ки ӯро роҳбари ҷамоати имондорон таъйин мекунӣ, бояд беайб бошад. Ӯ бояд ба зани ягонааш вафодор бошад. Инчунин фарзандонаш бояд имондор бошанд, то ки касе онҳоро дар бадахлоқиву беитоатӣ айбдор карда натавонад. Сардор, ки корҳои Худоро назорат мекунад, бояд шахси беайб бошад. Ӯ бояд ҳавобаланд, бадқаҳр, майпараст, ҷангара ва чашмгурусна набошад. Баръакс вай бояд меҳмондӯст бошад ва некиро дӯст дорад. Ӯ бояд боандеша ва боинсоф бошад. Ҳамчунин худотарсона зиндагӣ кунад ва худро идора карда тавонад. Ӯ бояд ба паёми ростии таълим гирифтааш вафодор бошад, то ки бо таълимоти солим дигаронро рӯҳбаланд кунад ва муқобилони ростиро сарзаниш намояд. Бисёр шахсони беитоат, беҳудагӯй, фиребгар махсусан онҳое ҳастанд, ки барои наҷот ёфтан хатна лозим аст, мегӯянд. Ту бояд чунин одамонро манъ намоӣ, зеро онҳо бо таълими чизҳое, ки онро набояд таълим дод, ба хотири фоидаи худ тамоми аъзоёни оилаҳоро аз роҳ мезананд. Ҳатто пайғамбаре аз байни худи критиён мегӯяд, ки «Аҳолии ҷазираи Крит ҳамеша дурӯғгӯй, ҳайвонҳои ваҳшӣ ва шикампарастони танбаланд». Ин гуфтаҳо дурустанд. Барои ҳамин ту Титус, чунин одамонро сахт сарзаниш кун, то ки имонашон солим бошад ва ба афсонаҳои яҳудиёну фармудаҳои одамоне, ки аз ростӣ рӯй гардондаанд, гӯш наандозанд. Барои софдилон ҳама чиз пок аст, аммо барои касоне ки дилсиёҳу беимонанд, ягон чиз пок нест. Зеро ҳам фикру ҳам виҷдони онҳо нопок аст. Онҳо мегӯянд, ки Худоро мешиносанд, аммо бо корҳои худ Ӯро рад мекунанд. Онҳо беитоат буда, ягон кори нек карда наметавонанд. Худо аз онҳо нафрат дорад. Аммо ту Титус, чизҳоеро ба имондорон таълим деҳ, ки ба таълимоти дуруст мувофиқ бошанд. Ба мӯйсафедон таълим деҳ, ки ҳушёр, сазовори ҳурмат ва боандеша бошанд. Инчунин ҳамеша имону муҳаббат ва сабрашонро нишон диҳанд. Ҳамчунин ба пиразанон таълим деҳ, ки худотарсона рафтор кунанд. Онҳо набояд ғайбатчӣ ва майпараст бошанд. Баръакс бояд ба ҷавонзанон некӯиро ёд диҳанд, то ки онҳо шавҳару кӯдакони худро дӯст доранд. Инчунин боандеша, покдоман, машғули кори хона, некукор ва таҳти итоати шавҳарони худ бошанд, то ки каломи Худо беҳурмат нагардад. Ҷавонмардонро низ насиҳат намо, ки боандеша бошанд. Худат ҳам бо ҳама гуна амалҳои некат ба онҳо намуна шав. Бигзор таълимдиҳии ту ростқавл ва ҷиддӣ буданатро нишон диҳад. Гуфтори дурустро ба кор бар, то ки шахсони муқобил шарманда шуда, дар бораи мо сухани бад гуфта натавонанд. Ба ғуломон бигӯ, ки бояд ҳамеша ба хӯҷаинони худ итоат кунанд ва кӯшиш намоянд, ки аз ҳар ҷиҳат ба онҳо писанд оянд. Гапгардонӣ ё дуздӣ накунанд, баръакс худро шахсони боваринок ва нек нишон диҳанд. Рафтори хуби онҳоро дида, дигарон ба таълимот дар бораи Худо Наҷотдиҳандаи мо ҷалб мешаванд. Зеро файзу меҳрубонии Худо, ки ба ҳама одамон наҷот меорад, зоҳир шудааст. Ин файзу меҳрубонӣ ба мо таълим медиҳад, ки худонотарсӣ ва ҳавасҳои дунявиамонро тарк карда, дар ин дунё хирадмандонаву росткорона зиндагӣ кунем ва худотарс бошем. Дар айни ҳол интизори умеди рӯзи пуршукӯҳ, яъне бо тантана баргаштани Исои Масеҳ, ки Худои бузург ва Наҷотдиҳандаамон аст, бошем. Ӯ ҷонашро барои мо фидо карда, моро аз тамоми бадкориҳо озод намуд. Инчунин моро аз гуноҳҳоямон пок сохта, халқи Худ гардонд, то ки барои иҷрои корҳои нек боғайрат бошем. Титус, ту ин чизҳоро таълим дода, насиҳат намо, бо тамоми қудрат онҳоро ислоҳ кун ва нагузор, ки дигарон нисбат ба ту беҳурматӣ кунанд. Ба имондорон хотиррасон намо, ки ба ҳукуматдорон ва сарварон итоат кунанд. Онҳо бояд фармонбардор ва барои кори нек кардан омода бошанд. Имондорон набояд дар бораи ягон кас бадгӯйӣ кунанд. Баръакс бояд аз ҷанҷол дурӣ ҷӯянд, сулҳҷӯ ва нисбат ба ҳамаи одамон нармдил бошанд. Мо ҳам замоне беандеша, беитоат, гумроҳ ва ғуломи шаҳвату ҳаловатҳои гуногун будем. Ҳаётамон пур аз кинаву ҳасад буд ва мо нисбат ба ҳамдигар нафрат доштем. Аммо ҳангоме ки меҳрубонию инсондӯстии Худо Наҷотдиҳандаи мо зоҳир шуд, Ӯ моро на ба хотири корҳои некамон, балки аз рӯйи раҳму шафқаташ наҷот дод. Ӯ ба воситаи Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худ гуноҳҳои моро шуста, ба мо таваллуди нав ва ҳаёти нав бахшид. Худо ба воситаи Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ Рӯҳашро ба фаровонӣ ба мо бахшид, то ки ба воситаи файзу меҳрубониаш сафед шуда, дилпур гардем, ки соҳиби ҳаёти абадӣ мешавем. Ин суханон дурустанд ва ман мехоҳам, ки ту ба ин чизҳо аҳамияти махсус диҳӣ, то онҳое ки ба Худо бовар мекунанд, андеша карда, бо корҳои нек машғул шаванд. Чунин таълимот барои одамон хубу фоидаовар мебошанд. Аз муҳокимаҳои аблаҳона, насабномаҳои аҷдодон ва аз баҳсҳо дар бораи шариати Мусо дур бош. Ин корҳо бефоида ва беарзишанд. Агар касе дар байнатон ҷудоӣ андозад, ӯро як-ду бор огоҳ куну дигар ба ӯ кордор нашав. Чунин одам гумроҳ шуда, ба сабаби гуноҳҳояш ба худ ҳукми ҷазо баровардааст. Ҳангоме ки ба наздат ё Артемос ё Тихикосро мефиристам, кӯшиш намо, ки зуд ба наздам ба шаҳри Никӯпулис биёӣ. Зеро ман қарор додам, ки ин зимистонро дар он ҷо гузаронам. Ҳаматарафа кӯшиш намуда, барои сафари Зеноси ҳуқуқшинос ва Апуллус ёрӣ расон, то ки онҳо аз чизе камӣ надошта бошанд. Бигзор имондорони Крит ба корҳои нек дода шуданро ёд гиранд, то дар муҳтоҷии дигарон ёрӣ расонанду бесамар набошанд. Ҳама ҳамроҳони ман ба ту салом мерасонанд. Ба имондороне, ки моро дӯст медоранд, салом расон. Бигзор файзу меҳрубонии Худованд бо ҳамаи шумо бошад! Салом Филемӯни азиз, дӯст ва ҳамкори мо! Ман, Павлус, ки ба хотири Исои Масеҳ зиндонӣ ҳастам, ҳамроҳи бародари мо Тимотиюс ба ту ва ҷамоати хонагиат, ба хоҳар Апфия ва ҳамсафи мо Архипус файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Падари мо Худо ва Худовандамон Исои Масеҳро хоҳонем! Туро дар дуоҳоям ба ёд оварда, доимо Худоямро шукр мегӯям, зеро шунидам, ки ба тамоми халқи Худо муҳаббат нишон медиҳӣ ва ба Худованд Исои Масеҳ бовафо ҳастӣ. Бигзор имони ту, ки дар бародарӣ дида мешавад, фаҳмиши туро дар бораи ҳама баракатҳое, ки дар Масеҳ дорӣ, афзун намояд. Бародари азиз, муҳаббати ту маро хеле хурсанд ва рӯҳбаланд намуд, чунки ту ба дили имондорон қувват бахшидӣ. Гарчанде аз Масеҳ ихтиёр дорам, ки ба ту далерона фармон диҳам, лекин баҳри муҳаббати мо хостам ҳамчун Павлуси пир ва акнун зиндонӣ ба хотири Исои Масеҳ, аз ту хоҳиш кунам. Хоҳишам дар бораи Онисимус аст, ки дар зиндон ба воситаи ман имон овард. Пеш Онисимус ба ту даркор набуд, лекин ҳоло ба ҳардуямон ҳам даркор аст. Ӯро ба ту гӯё бо ҷони худ бармегардонам. Хеле мехостам, дар наздам бошаду ҳангоме ки барои хушхабар зиндонӣ ҳастам, ба ҷойи ту ба ман хизмат кунад. Аммо бе розигии ту ин корро кардан нахостам, то ки некиат на аз рӯйи маҷбурӣ, балки бо хости худат бошад. Шояд барои ҳамин Онисимус ба муддате аз ту ҷудо карда шуда буд, ки сипас то абад бо ту монад. Лекин акнун ӯ на чун ғулом, балки хеле болотар, ҳамчун бародари азизат бошад. Барои ман Онисимус хеле азиз аст, лекин барои ту ӯ ҳамчун коргар ва пайрави Масеҳ азизтар аст. Инак, агар маро шарики худ донӣ, ӯро тавре қабул намо, ки гӯё маро қабул мекарда бошӣ. Ҳар зараре, ки ба ту расондааст ё ҳар чизе, ки қарздор шудааст, ман ба сари худ мегирам. Ана, ман, Павлус, худам ба ту менависам, ки қарзҳои ӯро бармегардонам, агарчи метавонистам гӯям, ки худи ту бо буду шудат аз ман қарздор ҳастӣ. Бале, бародар, мехоҳам ба хотири Худованд аз ту фоидае бинам. Диламро дар Масеҳ қувват бахш! Дилам аз ту пур аст, ки гапи маро ба замин намегузорӣ. Ман медонам, ки ту аз гуфтаам бештар мекунӣ, аз ҳамин сабаб ба ту менависам. Боз хоҳише дорам, ки бароям ҳуҷрае тайёр кунӣ, чун умедворам, ки бо дуоҳои шумо ба наздатон бармегардам. Эпафрос, ки ба хотири Исои Масеҳ бо ман зиндонӣ аст, ба ту салом мерасонад. Инчунин салом ба ту аз ҳамкоронам Марқӯс, Аристархус, Димос ва Луқо. Бигзор файзу меҳрубонии Худованд Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бошад! Дар замони қадим Худо ба аҷдодони мо ба воситаи пайғамбарон бо роҳҳои гуногун гаштаю баргашта гап мезад. Аммо дар ин замони охир Ӯ ба мо ба воситаи Писари Худ гап задааст. Худо ҷаҳон ва тамоми мавҷудотро ба воситаи Писараш офарид ва ҳама чизро ба ихтиёри Ӯ дод. Писар дурахши шуҳрату ҷалоли Худоро нишон медиҳад ва аз ҳар ҷиҳат монанди Худо буда, бо амри пурқудраташ тамоми олами мавҷудотро идора мекунад. Баъд аз пок кардани гуноҳҳои одамизод Писар дар боло аз дасти рости Худои Олимақом нишаст. Аз ин дида мешавад, ки мақоми Писар аз мақоми фариштагон хеле баландтар аст, чунки Худо на фариштагон, балки Ӯро Писар хондааст. Охир, Худо ба ҳеҷ кадом фаришта нагуфтааст: «Ту Писари Ман ҳастӣ. Имрӯз Ман Падари Ту шудаам». Ё гуфта бошад, ки «Ман Падари Ӯ мешавам ва Ӯ Писари Ман мешавад». Инчунин ҳангоми ба ҷаҳон овардани Писари аввалаш Худо мегӯяд: «Бигзор ҳамаи фариштагони Худо ба Ӯ саҷда кунанд». Дар бораи фариштагон бошад, Худо мегӯяд, ки «ин хизматгоронашро ба шакли шамолу шӯълаҳои оташ табдил медиҳад». Аммо ба Писар Худо мегӯяд: «Тахти Ту, эй Худо, то абад пойдор аст! Ту дар подшоҳиат одилона ҳукмронӣ мекунӣ. Ту дурусткориро дӯст доштаӣ ва бадиро чашми дидан надорӣ. Бинобар ин, Худо, ки Худои Ту аст, Туро аз шодӣ лабрез намуда, болотар аз шариконат таъйин кардааст». Ҳамчунин Худо ба Писараш мефармояд: «Эй Худованд, дар ибтидо Ту асосгузори замин будӣ ва қабатҳои осмон кори дастони Туст. Замину осмон нест мешаванд, лекин Ту то абад хоҳӣ монд. Онҳо мисли либос фарсуда мешаванд. Ба мисли ҷома замину осмонро печонда ҷамъ мекунӣ ва ҳамон тавре ки либосро иваз мекунанд, ин ҷаҳонро иваз менамойӣ. Аммо Ту якхел меистӣ ва умри Ту беохир аст». Худо ҳеҷ вақт ба ҳеҷ фариштае нагуфтааст: «То даме ки душманонатро зери пойҳоят нагузорам, аз дасти ростам бишин». Пас фариштагон кистанд? Онҳо рӯҳҳои хизматгузори Худо ҳастанд ва барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки насибашон наҷот ёфтан аст. Бино бар ин, мо бояд ба он чи дар бораи Писар шунидаем, диққати бениҳоят зиёд диҳем, то ки аз он дур нашавем. Дар гузашта паёми шариат ба воситаи фариштагон эълон шуда буд. Ин паёми шариат чунон эътибори зиёд дошт, ки агар аҷдодонамон аз он сарпечӣ ё ба он беитоатӣ мекарданд, сазовори ҷазо мешуданд. Ҳоло бошад, мо паёми аз он бузургтаре гирифтаем. Акнун агар мо ба ин паёми бузург дар бораи наҷот бепарвоӣ нишон диҳем, аз ҷазо ҳаргиз гурехта наметавонем. Аввалан, ин наҷотро Худованд эълон карда буд ва баъд онҳое, ки шунида буданд, онро ба мо расонданд. Дар айни замон, ки паёми наҷот ба мо дода шудааст, Худо рост буданашро бо аломоту корҳои аҷиб ва муъҷизаҳои гуногун тасдиқ кард. Инчунин ростии паёми наҷот ба воситаи атоҳои рӯҳоние тасдиқ мегардад, ки Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо ба ҳар касе, ки хоҳад, мебахшад. Худо ҳатто дар олами оянда, ки мо дар борааш гуфта истодаем, фариштагонро ҳукмрон нагузоштааст. Баръакс дар як ҷойи навиштаҷот касе ба Худо чунин гуфтааст: «Инсон кист, ки Ту дар борааш фикр мекунӣ ва писари одамизод кист, ки Ту ба вай ғамхорӣ менамойӣ? Ту ӯро андак вақт аз фариштагон пойинтар гузоштӣ ва бо шуҳрату ҷалол ва ифтихор сарафроз гардонида, ҳама чизро зери пояш гузоштаӣ». Модом ки Худо ҳама чизро зери пойи инсон гузоштааст, пас дигар чизе намондааст, ки таҳти ҳукмронии ӯ набошад. Аммо ҳозир мо намебинем, ки ҳама чиз таҳти ҳукмронии одам бошад. Валекин мо Исоро мебинем, ки ба андак вақт аз фариштагон пойинтар гузошта шуда буд. Азбаски Ӯ маргро аз сар гузаронд, акнун бо шуҳрату ҷалол ва ифтихор сарафроз гашта, ҳукмронӣ мекунад. Ин аз сабаби файзу меҳрубонии Худо буд, ки Ӯ ба ҷойи ҳама маргро чашид. Худо ки ҳама чизро барои Худ офаридааст, мехост, фарзандони зиёдро ба шуҳрату ҷалолаш шарик гардонад. Барои ин Ӯ лозим донист, ки Исоро ба воситаи азобҳо роҳбари комиле гардонад, то ки фарзандонро ба сӯйи наҷот бурда расонад. Охир ҳам Исо, ки Поккунандаи имондорон аст, ҳам имондорони покшаванда аз як Падаранд. Бино бар ин, Исо ор накарда онҳоро бародар хонда, ба Худо мегӯяд: «Ман дар бораи Ту ба бародаронам эълон мекунам ва дар пеши тамоми ҷамъомади онҳо таърифу тавсифи Туро мекунам». Исо боз мегӯяд: «Ман ба Ӯ таваккал мекунам» ва «Ана Ман ва онҳое, ки Худо бароям ҳамчун фарзанд додааст». Азбаски фарзандони Худо инсон ҳастанд ва аз гӯшту хун иборатанд, Исо низ инсон шуд. Зеро фақат инсон шуда Ӯ метавонист, бо марги Худ қудрати шайтонро, ки одамонро ба марг мебурд, нобуд кунад. Инчунин Исо онҳоеро, ки аз марг метарсиданду тамоми умри худ мисли ғуломони шайтон зиндагӣ мекарданд, бо марги Худ озод намуд. Аниқ аст, ки Ӯ на ин ки ба фариштаҳо, балки ба мо, ки аз насли Иброҳим ҳастем, ёрӣ медиҳад. Вазифаи саркоҳин иборат аз он аст, ки ҳар сол барои гуноҳҳои тамоми халқ ба Худо қурбонӣ кунад. Пас барои саркоҳини раҳмдилу бовафо дар хизмати Худо шудан ба Исо лозим буд, ки аз ҳар ҷиҳат ба бародарони Худ монанд гардад. Танҳо дар ин сурат Ӯ қурбониеро, ки гуноҳҳои одамонро аз байн мебарад, тақдим карда метавонист. Исо ки Худ дар вақти аз озмоишҳо гузаштан азоб кашида буд, акнун ба онҳое, ки аз озмоиш мегузаранд, ёрӣ расонда метавонад. Пас, эй бародарону хоҳарон, ки аз они Худо ҳастеду ба даргоҳи Худо даъват шудаед, дар бораи Исо, ки мо Ӯро фиристодаи Худо ва саркоҳин эълон мекунем, бомулоҳиза фикр кунед. Ҳамон тавре ки Мусо ба тамоми хонаводаи Худо вафодор буд, Исо низ ба Худо дар вазифаи ба он таъйиншудааш вафодор монд. Аммо, чӣ қадаре ки шуҳрату ҷалоли бинокори хона аз худи хона бештар аст, ҳамон қадар Исо аз Мусо дида сазовори шуҳрату ҷалоли бештаре гардид. Ҳар хона бо дасти касе сохта мешавад, аммо бинокори ҳама чиз Худост. Мусо ба тамоми хонаводаи Худо ҳамчун хизматгораш вафодор буд, то ки намунаи он ростие бошад, ки Худо дар оянда аён карданӣ буд. Масеҳ бошад, ҳамчун Писар ба хонаводаи Худо соҳиби вафодор аст. Ва хонадони Ӯ мо ҳастем, ба шарте ки бовариамонро дилпурона нигоҳ дорем ва хурсандона умедвори он чизҳое бошем, ки Худо бароямон мекунад. Пас, бо гуфтаи Рӯҳулқудс: «Имрӯз ки овози Худоро мешунавед, саркашӣ накунед, чунон ки халқи Исроил шӯриш карда, ҳангоми дар биёбон аз озмоиш гузаштанаш ба Худо беитоатӣ карда буд». Худо боз гуфтааст: «Аҷдодони шумо корҳои Маро тӯли чил сол дар биёбон медиданд, вале боз ҳам косаи сабрамро лабрез мекарданд. Аз ин сабаб Ман аз он насл хашмгин шуда, гуфтам, ки Онҳо ҳамеша дар дили худ аз Ман рӯй мегардонанд ва роҳҳои Маро нафаҳмидаанд. Пас, дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, ки онҳо ҳаргиз ба истироҳати Ман дохил намешаванд». Эй бародарону хоҳарон, эҳтиёт шавед, ки касе аз шумо дили сиёҳу беимоне, ки аз Худои зинда рӯй мегардонад, надошта бошад. Балки ҳар рӯз ба якдигар насиҳат кунед. То он замоне, ки ҳанӯз «имрӯз» номида мешавад, насиҳат карданро давом диҳед. Дар акси ҳол шумо ба фиреби гуноҳ афтода, шахси саркаш мешавед. Охир мо шарики Масеҳ гаштаем ва шарик мемонем, ба шарте ки боварии аввалаи худро то ба охир маҳкам нигоҳ дорем. Чи тавре ки пештар гуфта шуда буд: «Имрӯз ки овози Худоро мешунавед, саркашӣ накунед, чунон ки халқи Исроил ҳангоми шӯриш саркашӣ карда буд». Киҳо овози Худоро шуниданду шӯриш бардоштанд? Мо медонем, ки ин ҳамаи онҳое буданд, ки Мусо аз Миср берун овард. Худо аз кӣ чил сол хашмгин буд? Чунон ки медонем, аз аҷдодони гунаҳкорамон, ки аз барои гуноҳ ҷасадҳояшон дар биёбон монд. Дар ҳаққи киҳо Худо қасам хӯрда гуфт, ки ба истироҳати Ӯ дохил намешаванд? Мо ҳама медонем, дар ҳаққи онҳое, ки итоат накарданд. Хулоса, мо мебинем, ки онҳо аз сабаби беимониашон ба истироҳати Худо дохил шуда натавонистанд. Пас, дар сурате ки ваъдаи ба истироҳати Худо дохил шудан ҳанӯз эътибор дорад, бояд эҳтиёт шавем, мабодо маълум шавад, ки касе аз шумо ин ваъдаро аз даст додааст. Зеро ин хушхабар ба мо низ ҳамон тарзе эълон шудааст, ки ба аҷдодонамон эълон шуда буд. Лекин ба онҳо шунидаашон фоида набахшид, чунки ба имони онҳое, ки ба ин хабар гӯш карданд, шарик нашуданд. Вале мо ки имон овардаем, ба он истироҳат роҳ меёбем. Дар бораи дигарон бошад, Худо фармудааст: «Пас, дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, ки ҳаргиз ба истироҳати Ман дохил намешаванд», ҳол он ки истироҳати Ӯ аз вақти офариниш вуҷуд дорад. Мо инро аз навиштаҷот медонем, ки дар як ҷойи он дар бораи рӯзи ҳафтум чунин гуфта шудааст: «Худо дар рӯзи ҳафтум аз ҳамаи корҳои Худ истироҳат кард». Боз дар қисме, ки болотар гуфта гузаштем, омадааст, ки «ҳаргиз ба истироҳати Ман дохил намешаванд». Барои баъзеҳо ҳанӯз имконияти дохил шудан ба ин истироҳат ҳаст. Вале онҳое, ки пештар барояшон хушхабар эълон шуда буд, аз сабаби беитоатӣ дохил нашуданд. Бино бар ин, Худо рӯзи дигареро барои дохил шудан ба истироҳати Ӯ муқаррар мекунад ва онро «имрӯз» меномад. Баъд аз солҳои зиёд Худо ба воситаи Довуд дар бораи ин рӯз, чунон ки аллакай қайд кардем, ин тарз эълон мекунад: «Имрӯз ки овози Худоро мешунавед, саркашӣ накунед». Халқи Исроил бо роҳбарии Юшаъ заминеро, ки Худо барояшон ваъда дода буд, соҳиб шуда бошад ҳам, истироҳат накард. Агар ба истироҳати Худо дохил мешуданд, дертар Худо дар бораи рӯзи дигари истироҳат гап намезад. Пас, истироҳати рӯзи шанбе барои халқи Худо то ҳол ҳаст. Ҳар касе, ки ба истироҳати Худо дохил шавад, ба мисли Худо аз корҳояш дам мегирад. Пас, биёед ҷидду ҷаҳд кунем, ки ба ин истироҳат дохил шавем, то ҳеҷ кас аз сабаби беитоатӣ мисли гузаштагон инро аз даст надиҳад. Охир каломи Худо зинда ва таъсирбахш аст. Он аз ҳар шамшери ду тарафаш тез дида чуқуртар ба дохили мо даромада, таъсир мерасонад. Калом ҷонро аз рӯҳ ва буғумҳоро аз иликҳо ҷудо намуда, фикру ниятҳои дилро фош мекунад. Ҳеҷ чиз дар тамоми офариниш аз назари Худо пинҳон нест, балки ҳама чиз дар пеши Ӯ лучу урён ва кушоду ошкор аст. Мо барои ҳама чиз дар пеши Ӯ ҷавоб медиҳем. Пас биёед имони эълон мекардаамонро маҳкам нигоҳ дорем. Охир саркоҳине, ки мо дорем, он чунон бузург аст, ки аз қабатҳои осмон гузашта рост ба даргоҳи Худо дохил шудааст ва ин саркоҳин Писари Худо Исо аст. Саркоҳини мо аз ҷумлаи онҳое нест, ки сустии моро надонад, чунки Худаш аз ҳар ҷиҳат ба монанди мо ба васваса дучор шудааст, вале гуноҳ накардааст. Бино бар ин, биёед, ба пеши тахти файзу меҳрубонии Худо боҷуръат оем, то Худо ба мо раҳм карда, дар вақти муҳтоҷӣ бароямон аз рӯйи файзу меҳрубониаш ёрӣ диҳад. Ҳар саркоҳин аз байни мардум барои он интихоб мешавад, ки дар пеши Худо намояндаи онҳо бошад. Вазифаи вай аз ин иборат аст, ки ҳадяҳои мардумро ба Худо тақдим намояду барои гуноҳҳо қурбонӣ кунад. Ӯ ба онҳое, ки надониста гуноҳ мекунанд ё гумроҳ мешаванд, метавонад, бо дилсӯзӣ муносибат кунад, чунки аз худаш ҳам хатоӣ сар мезанад. Аз ин рӯ саркоҳин бояд на фақат барои гуноҳҳои халқ, балки барои гуноҳҳои худ низ қурбонӣ кунад. Ҳеҷ кас ин ифтихори саркоҳин шуданро худаш ба даст оварда наметавонад. Ӯ бояд аз тарафи Худо ба мисли Ҳорун, ки саркоҳини аввал буд, барои ин хизмат даъват шавад. Масеҳ ҳам ифтихори саркоҳин шуданро Худ ба даст наовардааст, балки Худо бо чунин суханон «Ту Писари Ман ҳастӣ. Имрӯз Ман Падари Ту шудаам» ба Ӯ ин ифтихорро дод. Инчунин Худо дар ҷойи дигари навиштаҷот гуфтааст: «Ту то абад коҳин ба мисли Малкисодақ ҳастӣ ». Масеҳ ҳангоми ҳаёти заминиаш бо фарёдҳои баланд ва ашкрезиҳо ба Ҳамоне, ки қудрати аз марг халос кардани Ӯро дошт, дуо ва илтиҷо кард. Дуояш ба хотири худотарс буданаш мустаҷоб шуд. Ҳарчанд Писар бошад ҳам, бояд дар амал дарду азоб мекашид, то ки аз таҷрибаи Худ маънии итоатро омӯзад. Ба воситаи ҳамин Исо саркоҳини комил гардида, барои ҳамаи итоаткоронаш Худ сарчашмаи наҷоти абадӣ гардид. Ва Ӯ аз ҷониби Худо саркоҳини ба мисли Малкисодақ таъйин шудааст. Дар ин бора чизҳои бисёре гуфтанӣ дорем, лекин фаҳмондан ба шумо душвор аст, чунки гапҳо ба гӯшҳои шумо намедароянд. Шумо ки солҳои зиёд имондор ҳастед, кайҳо боз мебоист муаллими дигарон мешудед. Лекин ҳоло ба худи шумо муаллиме даркор аст, ки асосҳои таълимоти Худоро ба шумо омӯзонад. Шумо мисли кӯдаки навзод ҳастед, ки на ба хӯроки сахт, балки ба шир муҳтоҷед. Касе ки ҳанӯз шир мехӯрад, нишон медиҳад, ки дар зиндагии рӯҳонӣ ақибмонда аст ва то ҳол дурустро аз нодуруст фарқ намекунад. Аммо чунон ки хӯроки боқувват барои калонсолон аст, таълимоти боқувват низ барои онҳоест, ки ба камол расидаанд. Чунки онҳо барои сиёҳро аз сафед фарқ кардан ботаҷриба шудаанд. Пас биёед, ба таълимоти ибтидоӣ дар бораи Масеҳ гаштаю баргашта барнагардем, балки роҳи ба камол расиданро давом диҳем. Шумо аллакай таълимоти асосиро гирифтаед, ки он дар бораи тавба кардан аз корҳои марговар ва имон овардан ба Худост. Инчунин таълимоти асосӣ аз қоидаҳои шустушӯйӣ, расму русуми ба имондорон даст гузоштан, зиндашавии мурдагон ва аз ҷазои абадӣ иборат аст. Лозим нест, ки онҳоро ба шумо таълим додан гирем. Ана Худо хоҳад, дар таълим пеш меравем. Шахсоне ҳастанд, ки Худо фикрашонро як бор равшан кардаасту мазаи ҳадяи осмонро чашидаанд ва баробари дигар имондорон Рӯҳулқудс барояшон низ дода шудааст. Онҳо хубии каломи Худо ва қудратҳои замони ояндаро чашидаанд, лекин бо вуҷуди ҳамаи ин аз имон даст кашиданд. Чунин одамонро боз ба тавба овардан ғайриимкон аст, чунки онҳо Писари Худоро бори дигар гӯё бо дастони худ ба салиб мехкӯб мекунанд. Бо ин корашон Ӯро дар назари ҳама расво месозанд. Замине, ки пас аз серборонӣ нарм гашта, ба кишткунандагон ҳосили фоидаовар мерӯёнад, аз Худо баракат меёбад. Аммо замине, ки хору хас мерӯёнад, бефоида ва наздики лаънат шудан аст, ки оқибат сӯзонда мешавад. Эй азизон, гарчанде ин суханонро гӯем ҳам, дар мавриди шумо дилпур ҳастем, ки ҳолати имони шумо беҳтар аст ва ин ҳолат шуморо ба наҷот бурда мерасонад. Зеро Худо беинсоф нест, ки амали шумо ва муҳаббатеро, ки ба хотири номи Ӯ дар роҳи хизмат ба халқи Худо нишон додаед ва нишон медиҳед, фаромӯш кунад. Орзуи мо ин аст, ки ҳар яки шумо ҳамин ҷидду ҷаҳди худро то ба охир давом диҳед, то ки умедатон ҷомаи амал пӯшад. Он гоҳ шумо танбал намешавед, балки ба касоне пайравӣ мекунед, ки ба воситаи имону пурсабрӣ ваъдаҳои Худоро ба даст меоваранд. Вақте ки Худо ба Иброҳим ваъда медод, бо номи Худ қасам хӯрд, чунки касе бузургтар аз Ӯ набуд, ки бо номи вай қасам хӯрад. Ӯ чунин гуфта буд: «Ҳатман туро баракат медиҳам ва наслатро бешумор мегардонам». Ҳамин тавр Иброҳим босабр интизор шуда, ваъдаи Худоро ба даст овард. Одамон ҳамеша ба номи касе қасам мехӯранд, ки аз худашон бузургтар бошад ва ин қасам ба ҳар гуна баҳс хотима мегузорад. Худо низ ваъдаашро бо қасам тасдиқ кард, чунки ба касоне, ки ваъда дода буд, нишон додан мехост, ки мақсадашро тағйир намедиҳад. Пас ин ду чиз, яъне ваъда ва қасам тағйирнопазиранд, чунки барои Худо дурӯғ гуфтан имкон надорад. Ба воситаи ин ду чиз Худо хост, ки мо, яъне онҳое, ки дар Ӯ паноҳ ёфтаем, бо дили пур умеди пешниҳодшударо мустаҳкам нигоҳ дорем. Ҳамон тавре ки лангар киштиро дар як ҷо нигоҳ дошта меистад, ин умед ба мисли лангар ҷони моро дар бехатарӣ мустаҳкам нигоҳ медорад. Умеди мо ба Исо аст, ки аз қабати пардаи хаймаи осмонӣ гузашта, ба ҷойи муқаддастарин, яъне ҳузури Худо дохил мешавад. Ин ҳамон ҷоест, ки Исо пешопеши мо ва аз номи мо даромада, то абад саркоҳине ба мисли Малкисодақ гаштааст. Ин Малкисодақ подшоҳи шаҳри Салим ва коҳине дар хизмати Худои Таоло буд. Ӯ Иброҳимро, ки баъд аз шикаст додани подшоҳон бармегашт, пешвоз гирифта, вайро дуои нек кард. Ва ба ӯ Иброҳим даҳяки ҳама чизи ба даст овардаашро дод. Маънои номи Малкисодақ «Шоҳи дурусткор» аст ва унвонаш шоҳи Салим, яъне «Шоҳи осоиштагӣ» аст. Дар бораи Малкисодақ дар ҳеҷ ҷо қайд нашудааст, ки падару модараш киҳо буданд, чӣ аслу насаб дошт ва умраш кай сар шудаасту кай ба охир расидааст. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат вай ба Писари Худо монандӣ дошта, то абад дар хизмати коҳинӣ мемонад. Бинед, ки Малкисодақ чӣ шахси бузурге буд, ки ҳатто Иброҳим, асосгузори қавми Исроиламон, ба вай даҳяки ҳама чизи дар ҷанг ба даст овардаашро дод. Аз рӯйи фармони шариат, ҳатто насли Иброҳим бояд аз тамоми дороияшон даҳяк диҳад. Исроилиён бояд ба хеши худ, яъне насли Левӣ, ки коҳинон буданд, даҳяк медоданд. Аммо Малкисодақ, ки аз авлоди Левӣ набуд, аз дасти Иброҳим даҳяк гирифт. Ва бо вуҷуди он ки Иброҳим худ соҳиби ваъдаҳои Худо буд, Малкисодақ ӯро дуои нек кард. Бешубҳа, шахси бузург шахси хурдро дуои нек мекунад. Дар ҳолати ҳозира коҳиноне, ки рӯзе мемиранд, даҳякҳоро ҷамъ мекунанд. Аммо дар бораи Малкисодақ, ки аз Иброҳим даҳяк гирифта буд, гуфта шудааст, ки вай зинда аст. Гуфтан мумкин аст, ки худи Левӣ, ки наслаш ҷамъкунандагони даҳяк буданд, ба воситаи Иброҳим ба Малкисодақ даҳяк дода буд. Охир вақте ки Малкисодақ ба пешвози Иброҳим баромад, Левӣ ҳанӯз ба дунё наомада буд, балки дар вуҷуди Иброҳим буд. Гарчанде ки шариати Мусо дар замоне дода шуд, ки ба вазифаи коҳинон аз насли Левӣ интихоб мешуданд, хизматгузории ин коҳинон касеро комил гардонда наметавонист. Чунки, агар комил гардонда метавонист, лозим намешуд, ки коҳини дигаре ва он ҳам на ба мисли Ҳорун, балки ба мисли Малкисодақ биёяд. Зеро, вақте ки қоидаҳои интихоби коҳинон тағйир меёбанд, худи шариат низ бояд иваз шавад. Ҳамаи ин дар бораи Худованди мо гуфта шудааст, ки Ӯ на аз насли Левӣ, балки аз қабилаи дигаре буд, ки касе аз он ҳаргиз пеши қурбонгоҳ хизмат накардааст. Маълум аст, ки Худованди мо аз қабилаи Яҳудо буд ва Мусо ҳеҷ вақт нагуфтааст, ки аз ин қабила коҳине мебарояд. Вақте ки коҳини дигаре ба мисли Малкисодақ мебарояд, рӯй додани табаддулотро боз ҳам равшантар нишон медиҳад. Исо на аз рӯйи қоидаҳои тааллуқ ба қабила, балки бо қудрати ҳаёти нобуднашаванда ба вазифаи коҳин таъйин шудааст. Охир дар навиштаҷот дар бораи Ӯ чунин омадааст: «Ту то абад коҳин ба мисли Малкисодақ ҳастӣ». Фармони пештара аз барои суст ва бенатиҷа буданаш бекор карда шуд. Чунки шариат ҳеҷ чизеро пурра пок гардонда ва ё ҳеҷ касеро бо Худо оштӣ дода наметавонист. Вале ҳоло умеди беҳтаре дода шудааст, ки ба воситаи он ба Худо наздик мешавем. Ин ҳам бе қавлу қасам нашудааст! Дигарон бе қавлу қасам коҳин мешуданд, аммо, вақте ки Исо коҳин таъйин мешуд, Худо ба Ӯ қасам дода гуфтааст: «Ман, Худованд, қасам мехӯрам ва қарорамро тағйир намедиҳам: Ту то абад коҳин ҳастӣ». Ба сабаби ин қасам Исо кафили ин аҳду паймони беҳтаре бо Худо шудааст. Коҳинони пештара хеле бисёр буданд, чунки марг намемонд, ки онҳо хизмати худро давом диҳанд. Лекин Исо то абад зинда аст, бинобар ин хизмати коҳинии Ӯ низ беохир аст. Исо метавонад онҳоеро, ки ба воситаи Ӯ ба ҳузури Худо меоянд, комилан ва абадан наҷот бахшад. Зеро Ӯ ҳамеша зинда аст, то ки дар пеши Худо ба тарафдории онҳо сухан гӯяд. Мо ана ба ҳамин хел саркоҳине эҳтиёҷ дорем, ки пок ва беайбу нуқсон, ҷудо аз гуноҳкорон ва дар ҷойи болотарини осмон бошад. Бар хилофи саркоҳине, ки аз насли Левӣ буд, Исо зарурат надорад, ки ҳар рӯз аввал барои гуноҳҳои Худ ва баъд барои гуноҳҳои халқ қурбонӣ кунад. Зеро Ӯ Худро як бор ва барои ҳамеша барои гуноҳҳои одамон ҳамчун қурбонӣ тақдим намуд. Аз рӯйи шариат ба вазифаи саркоҳин инсонро таъйин мекунанд, ки дорои камбудиҳо аст. Лекин баъд аз дода шудани шариат Худо бо қавлу қасам Писарашро ба ин вазифа таъйин кард, ки то абад саркоҳини комил гардид. Мағзи гуфтаҳои мо ин аст, ки мо саркоҳине дорем, ки аз тарафи рости тахти Худои Олимақом дар осмон нишастааст. Ӯ дар даргоҳи Худо, ки хаймаи ҳақиқии ибодат дар он ҷост, вазифаи коҳинро иҷро мекунад. Ва ин хайма на бо дасти инсон, балки аз тарафи Худованд гузошта шудааст. Ҳар саркоҳин барои тақдим кардани ҳадяҳо ба Худо ва маросими қурбониро анҷом додан таъйин мешавад. Аз ин рӯ ин коҳин низ мебоист чизе барои тақдим кардан дошта бошад. Агар Исо дар рӯйи замин мебуд, ба вазифаи коҳин таъйин намешуд, чунки коҳинони дигаре ҳастанд, ки мувофиқи шариат ба Худо ҳадяҳо тақдим мекунанд. Аммо хаймаи заминие, ки онҳо хизмат мекунанд, фақат монандӣ ба хаймаи ҳақиқии дар осмонбуда дорад ва тақлид ба он мебошад. Пеш аз он ки Мусо хаймаро созад, Худо вайро огоҳ карда гуфт: «Аммо бин, ки ҳамаашро аз рӯйи намунае созӣ, ки ба ту дар болои кӯҳ нишон дода будам». Вале хизмате, ки ба Исо дода шудааст, бузургтар аз хизмати насли Левӣ аст, ҳамон тавре ки аҳду паймоне, ки Ӯ миёнарави он аст, бузургтар аз аҳди пештара мебошад. Чунки ваъдаҳое, ки Худо дар асоси аҳди нав додааст, беҳтар аз ваъдаҳое ҳастанд, ки дар аҳди пештара буданд. Агар аҳди аввал камбудӣ намедошт, аҳди дуюм ба ивазаш лозим намешуд. Аммо Худо ба норасоии халқи Худ ишора карда гуфт: «Замоне мерасад, ки Ман, – мегӯяд Худованд, – аҳду паймони наве бо хонадони Исроилу Яҳудо хоҳам баст. Ин аҳди нав монанди он аҳди пештарае намешавад, ки Ман бо аҷдодонашон баста будам. Дар он замон Ман дасти аҷдодонашонро гирифта, онҳоро аз Миср бароварда будам. Аммо онҳо ки ба аҳди Ман вафодор намонданд, Ман низ аз онҳо рӯй гардондам. Сипас, Худованд эълон мекунад: Ана ин аҳду паймонест, ки Ман дар оянда бо хонадони Исроил мебандам: Ман қонунҳои Худро дар фикри онҳо мегузорам ва дар дилашон менависам. Он гоҳ Ман Худои онҳо мешавам ва онҳо халқи Ман мешаванд. Дигар эҳтиёҷ намешавад, ки онҳо ба ҳамдиёрон ё бародарону хоҳарони худ „Худовандро шиносед“-гӯён таълим диҳанд, чунки ҳама аз хурд то калон Маро мешиносанд. Зеро Ман корҳои бадашонро мебахшам ва гуноҳҳояшонро дигар ба ёд намеорам». Худо вақте ки дар бораи аҳди нав мегӯяд, аҳди аввалро бекор месозад. Чизи куҳна ва бекорашуда зуд аз байн меравад. Инак аҳду паймони аввал аз расму ойинҳои ибодат ва хаймаи ибодати заминӣ иборат буд. Қисми аввали хаймаи заминӣ «ҷойи муқаддас» номида мешуд. Дар он ҷо чароғдон, миз ва нони ба Худо тақдимшуда гузошта шуда буд. Қисми дуюми хайма «ҷойи муқаддастарин» номида мешуд. Ин қисм аз қисми аввал бо парда ҷудо мешуд. Дар он ҷо қурбонгоҳи тилло барои сӯзондани хушбӯйиҳо ва сандуқи аҳд буданд. Ҳама ҷойи сандуқи аҳд тиллопӯш шуда буд. Дар дарунаш зарфи тилло бо нони манна, асои шукуфтаи Ҳорун ва аҳду паймони дар рӯйи лавҳасангҳо навишташуда гузошта шуда буданд. Дар болои сандуқ ҳамчун нишонаи бузургии Худо ҳайкалҳои махлуқҳои осмонӣ буданд, ки каррубӣ ном доштанд. Қанотҳои онҳо болои сарпӯши сандуқ, ки ҷойи бахшиши гуноҳҳо буд, паҳн мешуданд. Ҳоло мо дар бораи ҳамаи ин як ба як гуфта истода наметавонем. Баъд аз он ки ҳама чиз ба ҳамин тартиб гузошта шуд, коҳинон ҳар рӯз барои иҷрои хизматашон ба қисми аввали хайма медаромаданд. Аммо ба қисми дуюм фақат саркоҳин соле як бор медаромад. Он ҳам ҳангоми даромаданаш барои гуноҳҳое, ки надониста худаш ва халқ содир карда буданд, ҳамеша хуни қурбонӣ тақдим мекард. Бо ҳамаи ин суханони дар бораи хаймаи заминӣ баёншуда Рӯҳулқудс нишон медиҳад, ки то дами вуҷуд доштани хаймаи аввал роҳ ба ҷойи муқаддастарин ҳанӯз кушода нашудааст. Ин ба замони ҳозира ишора карда, нишон медиҳад, ки ҳадяҳо ва қурбониҳое, ки одамон ба Худо тақдим мекунанд, виҷдони онҳоро пок карда наметавонанд. Ҳамаи ин хӯрданию нӯшиданӣ ва ҳар гуна анъанаҳои шустушӯйӣ, ки қоидаҳои ҷисмонианд, фақат то омадани тарзи ибодати нав эътибор доранд. Валекин, вақте ки Масеҳ ҳамчун саркоҳини некиҳои оянда зоҳир гардид, Ӯ ба хаймаи осмонӣ, ки бузургтару комилтар аст, дохил шуд. Он хаймаи дохилшудааш на бо дасти инсон сохта шудаасту на ба ин ҷаҳони офаридашуда тааллуқ дорад. Инчунин Масеҳ на бо хуни бузу гӯсола, балки бо хуни Худ як бор ва то абад ба ҷойи муқаддастарин дохил шуда, моро аз гуноҳ то абад халос кард. Мувофиқи шариати Мусо ба одамони ҳаромшуда ибодат кардани Худо ҷоиз нест. Онҳоро бо пошидани хуни бузу барзагов ва хокистари ғуноҷини сӯзондашуда пок мегардонданд. Пас хуни Масеҳ чӣ қадар бештар пок карда метавонад? Масеҳ Худро ба воситаи қудрати Рӯҳулқудси абадӣ ба Худо беайбу нуқсон ба қурбонӣ тақдим кардааст. Хуни Масеҳ виҷдони моро пок мекунад, то ки мо корҳои марговарро такрор накунем, балки ба Худои зинда хизмат карда тавонем. Ана барои ҳамин Масеҳ миёнарави аҳду паймони нави байни Худо ва мардум мебошад, то онҳое, ки даъват шудаанд, мероси ваъдашудаи абадиро ба даст оварда тавонанд. Марги Ӯ ҷуброни гуноҳҳое шуд, ки мардум дар замони аҳду паймони аввал содир карда буданд. Вақте касе васият мекунад, ки молу мулкаш аз они кӣ мешавад, бояд марги ин васиятгар исбот шавад. Чунки васият танҳо баъд аз мурдани васиятгар эътибор пайдо мекунад. То вақте ки васиятгар зинда аст, васияти ӯ эътибор надорад. Аз ин сабаб ҳатто аҳди аввал бо рехтани хун қувват пайдо кард. Баъд аз он ки Мусо ҳамаи фармонҳои шариатро ба мардум эълон намуд, хуни бузу гӯсолаҳоро бо косаи об гирифта, аз он бо пашми сурх ва гиёҳи зуфо ҳам ба рӯйи навиштаҷот ва ҳам ба тамоми мардум пошида, чунин гуфт: «Ин хун аҳду паймонеро, ки Худо риояи онро ба шумо фармудааст, тасдиқ мекунад». Бо ҳамин тарз вай ҳам худи хайма ва ҳам зарфҳои барои ибодат лозимаро хунпошӣ кард. Дар ҳақиқат мувофиқи шариат қариб ҳама чиз бо хун пок мешавад ва бе рехтани хун гуноҳҳо бахшида намешаванд. Ҳамаи хунпошӣ барои пок намудани чизҳои хаймаи заминӣ зарур буд. Азбаски хаймаи заминӣ тақлиди хаймаи осмонӣ аст, барои чизҳои осмонӣ қурбонии беҳтар аз хуни ҳайвонот талаб карда мешуд. Охир Масеҳ на ба хаймаи сохти дасти инсон, ки фақат тақлиди хаймаи ҳақиқӣ аст, дохил шуд. Ӯ рост ба осмон рафта дохил шуд, то ки акнун дар назди Худо намояндаи мо бошад. Саркоҳин ҳар сол барои тақдим кардани хуни қурбонӣ ба ҷойи муқаддастарин медарояд ва он ҳам на бо хуни худаш, балки бо хуни ҳайвон. Вале Масеҳ ба осмон на барои Худро гаштаю баргашта тақдими қурбонӣ намудан даромадааст. Вагарна ба Вай лозим меомад, ки аз офариниши дунё то ҳол борҳо азобу уқубати маргро кашад. Вале Ӯ дар замонҳои охир як бор зоҳир шуд, то ки бо қурбон кардани Худ гуноҳро аз байн барад. Ҳамон тавре ки ҳар шахс як бор мемираду баъд Худо ӯро ҳукм мекунад, Масеҳ низ як бор мурд. Вале, Ӯ ки Худ бегуноҳ буд, вақти қурбон шуданаш барои ба дӯш гирифтани гуноҳи бисёриҳо ҳукм шуд. Акнун ки бори дуюм меояд, бо гуноҳ кордор намешавад, балки онҳоеро, ки нигарони омаданаш ҳастанд, наҷот медиҳад. Шариати Мусо наҷоти ҳақиқиро бахшида наметавонад. Он фақат мисли соя шакли наҷотро дораду худи наҷот нест. Аз ин рӯ шариат онҳоеро, ки ҳар сол пеши Худо бо қурбонии ҳайвон меоянд, ҳаргиз бегуноҳ гардонда наметавонад. Агар метавонист, магар онҳо қурбонӣ карданро бас намекарданд? Агар парастандагон як бор ва доимӣ пок мешуданд, магар виҷдонашон аз азоби гуноҳ озод намешуд? Баръакс ҳар сол қурбон кардани ҳайвон ба онҳо инсони гунаҳкор буданашонро хотиррасон мекард. Чунки бо хуни бузу барзаговҳо аз байн бурдани гуноҳҳо ғайриимкон аст. Бино бар ин, Масеҳ ҳангоми ба ҷаҳон омаданаш ба Худо гуфт: «Қурбониҳову ҳадяҳоро Ту нахостӣ, балки баданеро ба Ман тайёр кардӣ. Сӯхтани ҳайвонҳо болои қурбонгоҳ ё ягон қурбонии дигаре барои бахшиши гуноҳҳо ба Ту маъқул нест». Баъд Ӯ гуфт: «Худоё, ана Ман, ҳамон тавре ки дар навиштаҷот дар бораам гуфта шудааст, барои иҷро кардани хости Ту омадаам». Дар аввал Масеҳ ба Худо гуфт: «Ту қурбониҳову ҳадяҳо, қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳо барои бахшиши гуноҳҳо нахостӣ ва онҳо ба Ту маъқул ҳам нестанд». Ҳол он ки аз рӯйи шариат ин қурбониҳо талаб мешаванд. Баъд Ӯ илова кард: «Ана Ман барои иҷро кардани хости Ту омадаам». Ҳамин тавр Масеҳ барои пойдор намудани аҳду паймони дуюм аҳди аввалинро бекор мекунад. Аз рӯйи ҳамин хости Худо мо ба воситаи қурбонии бадани Исои Масеҳ як бор ва то абад аз гуноҳ пок шудаем. Ҳар коҳин вазифаашро ҳар рӯз иҷро намуда, гаштаю баргашта як хел қурбониҳо мекунад, ки ин қурбониҳо гуноҳҳоро ҳаргиз аз байн бурда наметавонанд. Вале Масеҳ, ки Худро як бор ва то абад қурбонӣ барои гуноҳҳо тақдим карда, аз дасти рости Худо нишаст, ҳоло дар интизори замонест, ки Худо душманонашро зери пояш кунад. Зеро Ӯ бо як қурбонии Худ онҳоеро, ки аз гуноҳҳояшон пок мешаванд, то абад бегуноҳ мегардонад. Рӯҳулқудс низ инро тасдиқ намуда, мегӯяд: «Ана ин аҳду паймонест, ки Ман дар оянда бо онҳо мебандам, мегӯяд Худованд: Ман қонунҳои Худро дар дили онҳо мегузорам ва дар фикрашон менависам». Боз илова карда мегӯяд: «Ман гуноҳҳо ва қонуншикании онҳоро дигар ба ёд намеорам». Пас баъд аз бахшида шудани гуноҳҳо, қурбонии дигар барои гуноҳҳо даркор нест. Хуллас, эй бародарону хоҳарон, мо ба воситаи хуни Исо ба ҳузури Худо, ки дар ҷойи муқаддастарин аст, боҷуръат даромада метавонем. Ин роҳро ба ҳузури Худо барои мо Исо ба воситаи қурбонии баданаш кушодааст ва ин роҳи наву ҳаётбахш аст, ки аз пардаи хаймаи осмонӣ гузаштааст. Мо чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки идораи корҳои хонаводаи Худоро дар ӯҳдаи Худ дорад. Пас, биёед рост ба ҳузури Худо бо дили соф ва пур аз имон равем. Биёед бо дилҳое ба Худо наздик шавем, ки бо пошидани хуни Масеҳ аз азоби виҷдон пок гаштаанд. Инчунин бо баданҳое ба Худо наздик шавем, ки бо оби пок шуста шудаанд. Биёед он умедамонро, ки эълон мекунем, бе дудилагӣ маҳкам нигоҳ дорем, чунки Худо ба ваъдаҳояш вафо мекунад. Биёед дар фикри он бошем, ки чӣ тавр якдигарро ба муҳаббат ва корҳои нек водор созем. Баъзе касон одат пайдо кардаанд, ки ба ҷамъомадҳои имондорон наоянд. Биёед ба монанди онҳо нашавем ва аз ҷамъомади ҳамдигар намонем. Баръакс якдигарро рӯҳбаланд намоем, хусусан дар ин вақте ки рӯзи баргаштани Худованд наздик аст. Зеро, агар мо баъд аз қабул кардани дониши ҳақиқат дидаву дониста гуноҳ кардан гирем, барои гуноҳи мо қурбонии дигар намондааст. Барои мо фақат ҳамин мемонад, ки бо тарсу ҳарос интизори рӯзи ҷазо ва он оташи шадиде бошем, ки душманони Худоро фурӯ мебарад. Шахсе, ки шариати Мусоро назарногирӣ кардааст, бо шаҳодати ду ё се нафар бераҳмона кушта мешавад. Пас чӣ қадар шадидтар ҷазои касест, ки Писари Худоро поймол мекунаду хуни аҳди паймонро, ки бо он пок гаштааст, ҳаром месозад ва Рӯҳи файзу меҳрубонии Худоро меранҷонад? Мо медонем, ки Худо гуфтааст: «Қасосгирӣ аз они Ман аст ва Ман ҷазо медиҳам». Инчунин гуфта шудааст: «Худованд халқи Худро ҳукм мекунад». Чӣ даҳшатест ба дастони Худои зинда афтодан! Замонеро ба ёд оваред, ки нав дар бораи Масеҳ сарфаҳм рафта будед ва аз барои имонатон бо чи муборизаи сахте дучор шудед. Вале шумо истодагарӣ карда тавонистед. Шумо ба хотири имонатон ё худ дар пеши мардум ба масхараву таҳқир ва азобҳо гирифтор мешудед ё ба онҳое, ки нисбаташон чунин рафтор мекарданд, дасти ёрӣ дароз мекардед. Шумо ба онҳое, ки ба хотири имонашон зиндонӣ шуда буданд, ҳамдардӣ мекардед. Вақте ки молу мулкатонро кашида гирифтанд, шумо хурсандӣ кардед, чун медонистед, ки молу мулки беҳтар ва абадӣ доред. Инак ҳамин хел ба Худованд таваккал карданро давом диҳед! Чунки ин мукофоти бузург меоварад. Шумо бояд босабру пуртоқат шавед, то ки хости Худоро иҷро карда, ба он чи ваъда шудааст, соҳиб гардед. Чунон ки дар навиштаҷот Худо дар бораи Масеҳ гуфтааст: «Баъд аз андак вақт он Касе, ки дар роҳ аст, меояд ва дер намемонад. Аммо шахси росткор ба воситаи имон зиндагӣ мекунад. Вале, агар ақиб гардад, аз вай розӣ намешавам». Мо бошем, аз он касоне нестем, ки ақиб гашта, нобуд шавем, балки касоне ҳастем, ки имонро нигоҳ дошта, наҷот меёбем. Инак, имон доштан чӣ аст? Ин дилпур будан, ки умедамон ҳақиқатан ҷомаи амал мепӯшад ва боварии қатъӣ доштан ба чизҳоест, ки мо ҳанӯз намебинем. Аз сабаби имонашон одамони гузашта ба таърифи Худо ноил гаштанд. Азбаски мо имон дорем, мефаҳмем, ки тамоми ҷаҳон бо амри Худо офарида шудааст ва чизҳои медидаамон аз чизҳои нонамоён сохта шудаанд. Азбаски Ҳобил имон дошт, қурбонии беҳтар аз қурбонии Қоин тақдим кард. Худо қурбонии Ҳобилро қабул карда, бо ҳамин шаҳодат дод, ки Ҳобил ба воситаи имонаш дурусткор шинохта шуд. Агарчи Ҳобил мурда бошад ҳам, ҳанӯз ба воситаи имонаш ҳамчун ибрат сухан мегӯяд. Азбаски Ҳанух имон дошт, маргро начашида, ба осмон гирифта шуд. Ӯро дигар наёфтанд, чунки Худо ӯро пеши Худ гирифт. Лекин, пеш аз он ки гирифта шавад, дар борааш шаҳодат дода шуд, ки вай дили Худоро ёфта буд. Аммо бе имон дили Худоро ёфтан ғайриимкон аст. Зеро ҳар кӣ пеши Худо меояд, бояд бовар кунад, ки Ӯ вуҷуд дорад ва ба онҳое, ки Ӯро меҷӯянд, мукофот медиҳад. Азбаски Нӯҳ ба Худо имон дошт, сухани Худоро ба замин намонда, барои наҷоти тамоми оилааш киштие сохт. Чунки Худо Нӯҳро дар бораи воқеаҳои ояндае, ки Нӯҳ ҳанӯз дида наметавонист, огоҳ карда буд. Бо ҳамин амалаш Нӯҳ соҳиби унвони дурусткор шуд, ки ин унвон дар натиҷаи имон дода мешавад. Инчунин кори Нӯҳ нишон дод, ки ҳамаи дигарон дар ин ҷаҳон айбдор ҳастанд. Азбаски Иброҳим имон дошт, ба Худо итоат намуд. Вақте ки Худо ӯро даъват кард, аз сарзамини худ баромада, ба ҷое, ки Худо ба вай насиб дониста буд, рафт. Ҳангоми баромаданаш ӯ ҳатто намедонист, ки ба куҷо меравад. Азбаски Иброҳим имон дошт, ҳатто дар он сарзамине, ки Худо ба вай ваъда дода буд, чун ғариб хайма зада зиндагӣ мекард. Ваъдае, ки Иброҳим дошт, ба Исҳоқу Яъқуб низ дода шуда буд, вале онҳо ҳам монанди Иброҳим дар хаймаҳо умр ба сар бурданд. Иброҳим аз он сабаб дар хайма зиндагӣ мекард, ки интизори шаҳри абадие буд, ки меъмор ва бинокораш Худо аст. Азбаски Иброҳиму Соро имон доштанд, агарчи Иброҳим хеле пир шуда буд ва худи Соро низ нозой буд, соҳиби писар шуда тавонистанд. Зеро боварӣ дошт, ки Худо ба ваъдааш вафо мекунад. Ана барои ҳамин аз як марди пири нимҷон насли бешуморе ба мисли ситорагони осмон ё реги соҳили баҳр ба дунё омад. Ҳамаи ин шахсон имонашонро то дами марг нигоҳ дошта рафтанд. Гарчанде онҳо диданд, ки ваъдаи Худо на дар замони онҳо, балки дар оянда иҷро мешавад, шод шуданд. Ҳамин тавр онҳо иқрор намуданд, ки дар рӯйи замин ғариб ва бегонаанд. Онҳое, ки ин тавр мегӯянд, аниқ нишон медиҳанд, ки дар ҷустуҷӯйи ватан ҳастанд. Агар онҳо ватани тарккардаашонро ёд мекарданд, фурсати ба он ҷо баргаштанро доштанд. Вале, чунон ки мебинем, онҳо муштоқи ватани беҳтаре, яъне ватани осмонӣ буданд. Бино бар ин, Худо ҳазар намекунад, ки онҳо Ӯро Худои худ хонанд, чунки барояшон шаҳре тайёр намудааст. Азбаски Иброҳим имон дошт, ба иҷрои амри Худо тайёр буд. Худо ӯро санҷиданӣ шуда, гуфта буд, ки писараш Исҳоқро қурбонӣ кунад. Иброҳим писари ягонааш Исҳоқро қурбонӣ карданӣ шуд, ҳол он ки Худо ба Иброҳим дар бораи Исҳоқ бо ваъда гуфта буд, ки «Насли ту аз Исҳоқ мебарояд». Иброҳим хотирҷамъ буд, ки агар Исҳоқ мурад ҳам, Худо вайро зинда карда метавонад. Бино бар ин, вай Исҳоқро гӯё аз марг баргардонда гирифт. Азбаски Исҳоқ имон дошт, писаронаш, Яъқубу Эсавро дуои нек карда, дар бораи ояндаашон гуфт. Азбаски Яъқуб имон дошт, дар дами маргаш ҳар ду писари Юсуфро дуои нек кард ва ба асои худ такя намуда, ба Худо саҷда кард. Азбаски Юсуф имон дошт, дар охири умраш пешгӯйӣ карда буд, ки халқи Исроил аз Миср мебарояд. Бино бар ин, ба исроилиён дастур дод, ки ҳангоми аз Миср баромаданашон устухонҳояшро бо худ гирифта баранд. Азбаски падару модари Мусо имон доштанд, аз фармони шоҳ натарсида, Мусои навзодро се моҳ пинҳон карданд, чунки диданд, ки кӯдак аҷоиб буд. Азбаски Мусо имон дошт, агарчи духтари фиръавн ӯро ба воя расонда бошад ҳам, баъд аз калон шуданаш аз шоҳзодагӣ даст кашид. Ӯ, ба ҷойи он ки аз лаззати муваққатии гуноҳ ҳаловат барад, ҳамроҳи халқи Худо азоб кашиданро интихоб кард. Мусо нисбат ба ганҷҳои Миср нангу хории ба хотири Масеҳ кашиданро авлотар меҳисобид, чунки вай нигарони мукофоти оянда буд. Азбаски Мусо имон дошт, аз ғазаби шоҳ натарсида Мисрро тарк кард. Вай сабру тоқат нишон дод, гӯё ки Худои нонамоёнро медида бошад. Азбаски Мусо имон дошт, ба халқи Исроил фармон дод, ки минбаъд иди Наҷотро ҷашн гиранд ва ба болои дарҳояшон хуни қурбониро моланд, то фариштае, ки барои нобуд кардани писарони аввал фиристода шуда буд, ба писарони халқи Исроил даст нарасонад. Азбаски халқи Исроил имон дошт, аз миёни баҳри Сурх мисли болои хушкӣ гузашт, аммо, вақте ки мисриён гузаштанӣ буданд, ғарқ шуданд. Азбаски халқи Исроил имон дошт, аз рӯйи дастури Худо шаҳри Ариҳоро ҳафт рӯз давр зад ва баъд деворҳои гирди шаҳр фурӯ рафтанд. Азбаски Роҳоби фоҳиша имон дошт, ҳамроҳи мардуми саркаш кушта нашуд, чунки вай ҷосусони халқи Худоро бо сулҳ пешвоз гирифт. Боз чӣ гӯям? Вақт намерасад, ки дар бораи Ҷидъун, Бороқ, Шимшун, Ифтоҳ, Довуд, Самуил ва пайғамбарҳо нақл кунам. Ҳамаи онҳо ба воситаи имонашон шоҳигариҳоро мағлуб намуданд, аз рӯйи адолат ҳукмронӣ карданд, ваъдаҳоро ба даст оварданд, даҳони шеронро маҳкам намуданд, оташи шадидро хомӯш карданд, аз теғи шамшер халосӣ ёфтанд, дар ҳолати нотавонӣ қувват ёфтанд ва дар вақти задухӯрд боқувват шуданду лашкарҳои душманонро торумор намуданд. Занҳое буданд, ки наздикони мурдаашонро Худо барояшон зинда карда дод. Барои баъзеҳо бошад, шарт гузошта шуда буд, ки агар аз имонашон гузаранд, аз зиндон озод мешаванд. Вале онҳо шартро қабул накарданд, чунки дилпур буданд, ки баъд аз қиёмат ба ҳаёти беҳтар соҳиб мешаванд. Дар натиҷа онҳоро мурданивор латукӯб карданд. Дигарон масхараю қамчинкорӣ ва ҳатто занҷирбандию зиндонҳоро аз сар гузаронданд. Онҳоро сангсор мекарданд, бо арра дупора менамуданд, бо шамшер мекуштанд. Онҳо барои пӯшок пӯсти бузу гӯсфанд доштанду сарсону саргардон, қашшоқу бенаво, зери зулму ситам буданд. Ин имондорон, ки ҷаҳон лоиқашон набуд, дар биёбону кӯҳистон ва ғор ба ғору чуқурӣ ба чуқурӣ бо оворагардӣ умр ба сар мебурданд. Имони ҳамаи инҳо ба Худо писанд омада буд, вале сарфи назар аз ин онҳо иҷрошавии ваъдаи Худоро дар айёми зиндагиашон надиданд, чунки Худо нақшаи беҳтарро барои мо дар назар дошт. Худо мехост, ки онҳо интизор шаванду ҳамроҳи мо ба ҳадди камол расанд. Инак мо бо намунаи имони ҳамин қадар одамон иҳота шудаем. Пас биёед ҳар бореро, ки барои пеш рафтан халал мерасонаду ҳар гуноҳеро, ки бо осонӣ моро ба худ мекашад, як тараф монда, мисли варзишгар бо сабру тобоварӣ масофаи давишеро, ки Худо дар пешамон гузоштааст, медавем. Биёед ба Исо назар дӯзем, ки Ӯ пешво ва ба мақсад расонандаи имон аст. Ӯ ба хотири хурсандии дарпешистода ба шармандагӣ аҳамият надода марг дар салибро сабру тоқат намуд ва ҳоло аз тарафи рости тахти Худо нишастааст. Пас, барои он ки дар ин мусобиқа суст ва ноумед нашавед, дар бораи Исо андеша кунед. Ӯ аз дасти гунаҳкорон чӣ азобу шиканҷаи зиёде дид! Ҳол он ки шумо ба мисли Исо бар зидди гуноҳ то дами марг мубориза набурдаед. Шумо насиҳати Худоро аз ёд баровардаед, ки ба шумо ҳамчун фарзандонаш гуфта буд: «Писарам, тарбияи Худовандро назарногирӣ накун ва ҳангоми туро ислоҳ карданаш ноумед нашав. Чунки Худованд касеро адаб медиҳад, ки дӯсташ дорад ва касеро ҷазо медиҳад, ки ҳамчун писар қабул мекунад». Азобе, ки шумо аз сар мегузаронед, барои тарбия гирифтанатон аст. Зеро ҷазо диданатон нишон медиҳад, ки шумо барои Худо ҳамчун фарзанд ҳастед. Охир кадом писарро падар тарбия намедиҳад?! Ҳамаи фарзандон тарбия мегиранд. Агар шумо тарбия нагиред, писарони ҳақиқӣ нестед, балки ҳаромзода ҳастед. Ҳамаи мо падарони заминӣ дорем, ки моро тарбия додаанд ва мо онҳоро барои ҳамин ҳурмат мекунем. Пас чӣ қадар бештар мо бояд ба ҷазои Падари осмониамон сар фарорем, то ки ҳаёти ҳақиқӣ дошта бошем? Падарон моро ба андак вақт ва ба тавре ки ба назарашон дуруст менамуд, ҷазо медоданд. Худо бошад, моро барои фоидаамон ҷазо медиҳад, ки мисли Ӯ аз гуноҳ ҷудо бошем. Ягон ҷазо дар аввал дилписанд нест, балки дардовар аст. Вале баъд онҳое, ки ба воситаи ҷазо тарбия ёфтаанд, натиҷаашро мебинанд. Натиҷааш ҳамин аст, ки шахс зиндагии росткорона ва ором ба сар мебарад. Бино бар ин, беқувват шуда бошед ҳам, худро бардам гиред. Бо роҳи рост рафтанро давом диҳед, то онҳое, ки ланг ҳастанд, тоб нахӯранд, балки шифо ёбанд. Талош кунед, ки бо ҳама дар осудагӣ зиндагӣ кунед ва худро пурра ба Худо бахшед, чунки бе ин касе Худовандро нахоҳад дид. Эҳтиёт шавед, ки касе аз шумо аз файзу меҳрубонии Худо маҳрум нашавад ва ҳеҷ «решаи талхе» сабзида, бисёриҳоро олуда карда, ба шумо зарар нарасонад. Ҳамчунон касе набояд мисли Эсав бадахлоқу худобехабар бошад. Эсав барои як коса хӯрок шуда, ҳаққи меросеро, ки ҳамчун фарзанди аввалин дошт, фурӯхт. Сипас, худатон медонед, ки вақти аз падараш ҳаққи баракаташро гирифтан хост, рад гардид. Гарчанде бо зорию тавалло кори кардаашро тағйир доданӣ буд, вале натавонист. Шумо, эй бародарону хоҳарон, на ба ҷойи монанди кӯҳи Сино, ки онро дида ва расида мешавад, омадаед. Ҳангоме ки Худо ба исроилиён назди он кӯҳ шариат медод, кӯҳ бо алангаи оташ, торикию зулмот ва тӯфон фаро гирифта шуда буд. Исроилиён садои пурғулғулаи карнаю сухангӯйии Худоро шунида, тавалло мекарданд, ки Худо ба онҳо дигар сухан нагӯяд. Чунки Худо фармон дода буд, ки «агар ҳатто ҳайвоне ба кӯҳ расад, бояд сангсор шавад» ва онҳо ба ин фармон тоб оварда натавонистанд. Тамоми манзара чунон ваҳмангез буд, ки худи Мусо гуфт: «Ман тарсону ларзон ҳастам». Валекин шумо ба назди кӯҳи Сион ва назди Уршалими осмонӣ, ки шаҳри Худои зинда аст, омадаед. Шумо назди ҷамъомади шодонаи ҳазорон-ҳазор фариштаҳо омадаед, назди ҷамъомади онҳое омадаед, ки ҳамаашон ҳаққи писари калониро доранд ва номҳояшон дар осмон навишта шудааст. Шумо назди Худо, ки ҳамаи инсонҳо ба Ӯ ҷавоб медиҳанд ва назди гузаштагони росткоре, ки ба ҳадди камолот расидаанд, омадаед. Ҳамчунон назди Исо, миёнарави аҳди нав ва назди хуни пошидашудае омадаед, ки ин хун баръакси хуни Ҳобил на қасос, балки бахшиши гуноҳҳоро талаб мекунад. Пас, эҳтиёт шавед, ки аз гӯянда рӯй нагардонед. Охир халқи Исроилро Худо дар замин огоҳ карда буд, вале онҳо аз Ӯ рӯй гардонданду аз ҷазо халосӣ наёфтанд. Акнун мо ки Худо бароямон аз осмон гап мезанад, агар ба суханонаш гӯш надиҳем, ҳаргиз халосӣ намеёбем. Дар он замоне, ки Худо дар кӯҳи Сино гап зад, овозаш заминро ба ларза овард. Ҳоло бошад, Ӯ ваъда дода мегӯяд: «Боз як бори дигар Ман на танҳо замин, балки осмонро низ меларзонам». Ибораи «боз як бори дигар» нишон медиҳад, ки тамоми офариниш ларзонда, аз байн бурда мешавад, то он чизҳое, ки аз таъсири ларза намеафтанд, боқӣ монанд. Пас, мо ки аз Худо Подшоҳии ба ларза устуворро мегирем, биёед бо шукргузорӣ парастиши сазовори Худоро бо иззату эҳтиром ва худотарсӣ ба ҷо оварем. Чунки Худои мо дар ҳақиқат ба мисли оташи сӯзонанда аст. Ҳамеша бо имондорон бомеҳру дилсӯз бошед. Меҳмоннавозиро гум накунед. Охир баъзе касон меҳмон фикр карда дар асл фариштаҳоро қабул карда буданд. Инчунин онҳоеро дар ёд дошта бошед, ки ба хотири имонашон зиндонӣ шудаанд, гӯё ҳамроҳашон дар зиндон бошед. Онҳоеро низ фаромӯш накунед, ки нисбаташон бад рафтор мекунанд, гӯё шумо ба рӯзи онҳо гирифтор шуда бошед. Издивоҷро бояд ҳама ҳурмат кунанд ва пайванди занушӯйӣ бояд пок нигоҳ дошта шавад, чунки онҳоеро, ки ба ҳамсараш хиёнат мекунанд ва бадахлоқ мебошанд, Худо ҳукм мекунад. Дар зиндагӣ пулпараст нашаведу аз дороиятон қаноатманд бошед. Охир Худи Худо гуфтааст: «Ман ҳаргиз шуморо тарк нахоҳам кард ва танҳо нахоҳам гузошт». Пас мо бо дилпурӣ гуфта метавонем: «Худованд мададгори ман аст ва ман аз ҳеҷ чиз наметарсам. Инсон ба ман чӣ кор карда метавонад?» Роҳбарони худро, ки ба шумо каломи Худоро таълим медоданд, дар ёд доред. Ба самараи хуби ҳаёти онҳо нигоҳ кунед ва аз имонашон ибрат гиред. Исои Масеҳ дирӯз, имрӯз ва то абад бетағйир аст. Пас нагузоред, ки ҳар гуна таълимоти аҷибу ғариб шуморо аз роҳ берун кунад. Хуб мешавад, ки рӯҳи шуморо файзу меҳрубонии Худо мустаҳкам гардонад ва на қоидаҳои динӣ дар бораи хӯрокҳо, чунки ин қоидаҳо ба риоякунандагони он ҳеҷ фоида наоварданд. Мо, масеҳиён, қурбонгоҳе дорем, ки коҳинони хаймаи ибодат ҳаққи хӯрдани қурбонии онро надоранд. Онҳо барои пок гардондани гуноҳи халқ ҳайвонҳо қурбонӣ мекунанд. Хуни ҳайвонҳоро саркоҳин ба ҷойи муқаддастарин мебарад, вале ҷасадашон берун аз қароргоҳ сӯзонида мешавад. Барои ҳамин ҳам Исо берун аз дарвозаҳои шаҳр азоб кашида мурд, то ки ба воситаи хуни Худ одамонро аз гуноҳашон пок созад. Пас, биёед мо ҳам берун аз қароргоҳ ба пеши Ӯ баромада, ба нангу хорие, ки Ӯ кашидааст, шарик шавем. Охир дар ин дунё мо шаҳри доимӣ надорем, балки шаҳреро нигаронем, ки дар роҳи омадан аст. Инак биёед ба воситаи Исо ҳамеша ба Худо ҳамду саноро ҳамчун қурбонӣ тақдим намоем, яъне дар васфи Ӯ таърифу тавсифро ба забон гирем. Ҳамчунон некӣ ва хайрия карданро бе аҳамият намонед, чунки ҳамин гуна қурбониҳо ба Худо писанд меоянд. Роҳбарони имондори худро гӯш кунед ва ба онҳо итоат намоед, чунки онҳо ҳамчун касоне, ки назди Худо масъулият доранд, ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд. Бигзор онҳо бо хурсандӣ ин корро кунанд ва на бо оҳу воҳ, ки дар ин ҳолат шумо фоида намебинед. Барои мо дуо кунед. Мо боварии қатъӣ дорем, ки дар пеши виҷдонамон пок ҳастем, чун хоҳиш дорем, ки аз ҳар ҷиҳат дуруст рафтор кунем. Аз ҳама бештар илтимос дорам, дуо кунед, ки Худо ҳарчи зудтар маро ба назди шумо баргардонад. Ҳоло бошад, ба Худои сулҳу осоиштагӣ барои шумо дуо мекунам. Ӯ Худовандамон Исоро, ки Чӯпони бузурги гӯсфандон аст, ба воситаи хуне, ки барои аҳди абадӣ рехта шуда буд, аз марг зинда гардонд. Ва дуои ман ин аст, ки Худо ба шумо ҳама чизи некеро, ки барои иҷро кардани хости Ӯ даркор мешавад, диҳад. Бигзор Ӯ ба воситаи Исои Масеҳ дар шумо ҳар кореро, ки табъи дилаш аст, иҷро кунад. Шукӯҳу ҷалол то абад ба Исои Масеҳ бод! Омин. Эй бародарону хоҳарон, илтимос мекунам, ки ба панду насиҳатгӯйии ман бо сабру тоқат гӯш диҳед, чун ман ба шумо кӯтоҳакак навиштаам. Хабардор мекунам, ки бародарамон Тимотиюс аз ҳабс озод шудааст. Агар вай зуд биёяд, ҳамроҳи ӯ ба дидани шумо меравам. Ба тамоми халқи Худо ва аз он ҷумла ба роҳбаронатон салом расонед. Онҳое, ки аз Италия ҳастанд, низ ба шумо салом мегӯянд. Файзу меҳрубонии Худо бо ҳамаи шумо бод! Ман, Яъқуб хизматгори Худо ва Худованд Исои Масеҳ ба дувоздаҳ қабилаи Исроил, ки саросари дунё парокандаанд, салом мефиристам. Бародарону хоҳаронам, вақте ки ҳар гуна душвориҳо ба саратон меоянд, онҳоро бо шодию хурсандӣ қабул кунед, зеро медонед, ки ҳангоми аз санҷиш гузаштани имонатон сабру тоқататон обутоб меёбад. Тоқати шумо бояд пурра обутоб ёбад, он вақт шумо шахси комил ва баркамол шуда, бароятон ҳеҷ чиз камӣ намекунад. Аммо агар ба шумо хирад камӣ кунад, метавонед аз Худо онро талаб кунед ва Ӯ, ки ба ҳама бо дасти кушод ва бе таънаву миннат медиҳад, ба шумо низ хирад мебахшад. Вале ҳангоми талаб кардан бояд бешакку шубҳа боварӣ дошта бошед, ки Ӯ медиҳад. Зеро касе, ки шубҳа мекунад, монанди мавҷи баҳр аст, ки бо вазидани шамол пасту баланд мешавад. Бигзор чунин шахс фикр накунад, ки аз ҷониби Худованд чизе гирифта метавонад, чунки ӯ дудила буда, дар ҳар қарори худ ноустувор аст. Имондоре, ки камбағал аст, бояд аз он фахр кунад, ки Худо ӯро сарбаланд кардааст. Сарватманд бошад, аз он фахр кунад, ки Худо ӯро хоксор мегардонад, чунки умри ӯ мисли гули саҳро мегузарад. Офтоб мебарояду бо нурҳои сӯзонаш алафро хушк мекунад ва гул баргҳояшро мерезонаду аз зебоиаш чизе боқӣ намемонад, ҳамин тавр сарватманд низ дар сари кору бораш аз ин дунё меравад. Хушбахт он касест, ки дар вақти санҷишҳо сабру тоқат дорад, зеро ҳангоме ки аз ин гуна имтиҳони зиндагӣ мегузарад, тоҷи ҳаётро ба даст меорад. Ин тоҷро Худо ба дӯстдорони Худ ваъда додааст. Аммо вақте ки ба васваса меафтед, нагӯед, ки «Худо маро месанҷад», чунки Худо ба васваса намеафтад ва дигаронро низ ба васваса намеандозад. Балки ҳар шахс он вақт ба васваса меафтад, ки ҳаваси бад мекунаду баъд саргарми он ҳавас шуда, ба доми васваса меафтад. Сипас, ҳамин ки дили вай бо ин ҳавас ҳомиладор мешавад, гуноҳро таваллуд мекунад. Гуноҳ бошад, ба воя расида, маргро таваллуд мекунад. Пас, эй бародарону хоҳарони азизам, фиреб нахӯред, балки бидонед, ки ҳар неъмати нек ва бекамбудӣ аз боло, яъне аз ҷониби Падар меояд, ки Ӯ Офарандаи офтобу моҳ ва ситораҳо мебошад. Агарчи ин ҷисмҳои осмонӣ гоҳе равшану гоҳе тира мешаванд, Худо ҳеҷ вақт тағйир намеёбад. Ӯ аз рӯйи хости Худ ба воситаи пайғоми ростӣ ба мо ҳаёти навро бахшидааст, то ки мо дар байни ҳамаи офаридаҳои Ӯ ҳамчун ҳосили аввалин бошем. Бародарону хоҳарони азизам, пас ҳар кас бояд ба гӯш кардан чусту чолок бошаду ба гуфтану ғазаб кардан саросема нашавад. Чунки қаҳру ғазаби инсон он ҳаёти дурустеро, ки аз рӯйи хости Худо аст, ба амал намеорад. Бино бар ин, ҳар бадӣ ва бадахлоқии одатшударо аз худ дур намоед ва каломи Худо ба дилатон коштаро хоксорона қабул кунед, ки ин калом ҷонатонро наҷот дода метавонад. Худро фиреб дода, гумон накунед, ки фақат шунидани каломи Худо басанда аст, балки гуфтаҳои онро ба ҷо оваред. Агар каломро фақат гӯш кунеду иҷро накунед, монанди шахсе ҳастед, ки рӯйи худро дар оина мебинаду аз пеши он дур рафтан замон аз ёдаш мебарорад, ки чеҳрааш чӣ гуна буд. Лекин шахсе, ки ба қонуни комил ва озодибахшанда бодиққат нигоҳ карданро давом медиҳаду суханони шунидаашро фаромӯш накарда, иҷро мекунад, дар ҳар кораш баракат меёбад. Ҳар кӣ худро диндор ҳисоб мекунаду забонашро идора карда наметавонад, ҳам худро фиреб медиҳад ва ҳам диндориаш ба як пули пуч намеарзад. Вале диндорие, ки Падарамон Худо пок ва беайбу нуқсон меҳисобад, ин аст, ки ба ятимону бевазанон дар ҳолати душвориашон ғамхорӣ кунем ва худро аз олуда шудан бо ин ҷаҳон нигоҳ дорем. Эй бародарону хоҳаронам, шумо ки ба Худованди пуршукӯҳу ҷалоламон Исои Масеҳ имон овардаед, ҳаргиз рӯйбинӣ накунед. Фарз кардем, ки шахсе бо ангуштарини тилло дар даст ва либосҳои қиматбаҳо дар тан ба ҷамъомади шумо медарояд. Ҳамин вақт як камбағале ҳам бо либоси куҳнаву ҷанда дохили маҷлис мешавад. Шумо бошед, ба шахси сарулибоси қиматбаҳо пӯшида «Аз боло гузаред!» мегӯеду ба камбағал «Ана, ҳо дар он ҷо ист» ё «Пеши пойҳои ман, рӯйи замин нишин» мегӯед. Пас, магар дар байнатон рӯйбинӣ нест ва оё шумо аз рӯйи фикрҳои бад ҳукм намекунед? Гӯш кунед, бародарону хоҳарони азизам. Охир Худо онҳоеро интихоб кардааст, ки дар назари мардуми ҷаҳон камбағаланд, аммо аз ҷиҳати имон сарватманд ҳастанд ва Подшоҳии Худо, ки Ӯ ба дӯстдорони Худ ваъда додааст, насибашон мегардад. Аммо шумо камбағалонро меранҷонед. Магар худи ҳамин бойҳо шуморо сӯйиистеъмол намекунанд ва ба пеши қозӣ намебаранд? Магар онҳо шахсоне нестанд, ки номи бошарафи Масеҳро дашном медиҳанд? Дар ҳоле ки шумо аз они Масеҳ ҳастед. Пас, агар шумо аз рӯйи шариати Шоҳи мо рафтор намоед, ки он дар навиштаҷот омадааст: «Дигаронро мисли худат дӯст бидор», он гоҳ кори хуб мекунед. Аммо агар рӯйбинӣ намоед, гуноҳ мекунед ва аз рӯйи шариат шумо қонуншикан ҳисоб мешавед. Зеро агар шахсе ҳамаи гуфтаҳои шариатро иҷро намуда, фақат як нуқтаи онро вайрон кунад, дар шикастани тамоми қонуни шариат айбдор мегардад. Зеро ҳамоне ки «Зино накун» гуфтааст, ҳамчунин фармудааст, ки «Қатл накун». Пас, агар шумо зино накунед, вале қатл кунед, қонуншикан мешавед. Бино бар ин, гуфтору рафтори шумо бояд мисли гуфтору рафтори шахсе бошад, ки аз рӯйи шариати озодибахшанда ҳукм хоҳад шуд. Зеро шахсе, ки нисбати дигарон раҳму шафқат нишон намедиҳад, дар вақти ҳукмшавӣ ба ӯ низ раҳму шафқат нишон дода намешавад. Чунки раҳму шафқат бар ҳукм дастболо мешавад. Инак, эй бародарону хоҳаронам, чӣ фоида аст, агар касе гӯяд, ки имон дорад, аммо амал накунад? Магар чунин имон вайро наҷот дода метавонад? Фарзи мисол, як бародар ё хоҳаре аз ҷумлаи имондорон сарулибос ва ризқу рӯзӣ надошта бошаду яке аз шумо ба вай гӯед, ки «Сиҳату саломат гарду ҳеҷ гуруснагию хунукиро набинӣ», аммо ба муҳтоҷии модиаш ҳеҷ кӯмак накунед, пас аз суханони шумо чӣ фоида аст? Имон ҳам агар беамал бошад, имони мурда аст. Шояд касе мегӯяд: «Яке имон дорад, дигаре бошад, амал мекунад». Ман мегӯям: «Канӣ ба ман имони беамалро нишон деҳ ва ман ба ту дар амали худ имонамро нишон медиҳам». Ана ту имон дорӣ, ки Худо ягона аст. Кори хуб мекунӣ! Аммо ҳатто ҷинҳо ба ин бовар мекунанд ва бинобар ин меларзанд. Эй беақл, мехоҳӣ исбот кунам, ки имон беамал фоида надорад? Ту медонӣ, ки аҷдодамон Иброҳим писараш Исҳоқро дар болои қурбонгоҳ қурбонӣ карданӣ шуда буд. Магар на ба хотири ҳамин амалаш ӯ беайб ҳисобида шуд? Мебинӣ, ки ӯ ҳам бовар карду ҳам амал кард ва имонаш бо амалаш пурра шуд. Ана ҳамин тавр, гуфтаҳои навиштаҷот, ки «Иброҳим ба Худо бовар кард ва барои ҳамин Худо ӯро беайб ҳисоб намуд» иҷро гаштанд ва ӯ дӯсти Худо номида шуд. Пас, ҳоло мебинед, ки инсон на фақат аз рӯйи имонаш, балки ҳамчунин аз рӯйи амалаш беайб ҳисоб мешавад. Ба монанди ин ҳатто фоҳишае ба номи Роҳоб бо амалаш беайб ҳисоб шуд. Ӯ ба ҷосусони аз тарафи халқи Худо фиристодашуда паноҳ дода, баъд онҳоро аз роҳи дигар ба саломатӣ равона карда буд. Хулоса, ҳамон тавре ки бадан бе рӯҳ мемирад, имон низ бе амал мемирад. Эй бародарону хоҳаронам, бигзор бисёре аз шумо ҳаракати муаллими калом шуданро накунад, зеро худатон медонед, ки аз мо, муаллимон, дар вақти ҷавобдиҳӣ бисёртар пурсида хоҳад шуд. Аниқ, ки ҳама дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт пешпо мехӯранд, аммо касе, ки дар сухан ҳеҷ хато намекунад, шахси комил аст ва тамоми баданашро ҳам идора карда метавонад. Масалан, мо барои ром кардани аспҳо ба даҳонашон лаҷом мезанем ва он вақт тамоми баданашонро ба ҳар ҷо ки хоҳем, гардонда метавонем. Ё мисоли дигар киштиро гирем. Ҳарчанд он калон буда, бо вазидани шамоли шадид ҳаракат кунад ҳам, аммо роҳбари киштӣ онро ба ҳар тарафе, ки хоҳад, бо як чархи хурди суккон мегардонад. Забон низ айнан монанди ҳамин аст. Он як узви хурди бадан аст, аммо чӣ лофи зиёд мезанад. Ана як ҷангали бузург ҳам бо як лахчаи хурди оташ дармегирад. Ҳамчунон забон низ оташест, ки аз дӯзах дармегирад. Он як ҷаҳон бадӣ дар байни узвҳоямон мебошад, ки тамоми баданамонро ҳаром мекунад ва тамоми вуҷудамонро ба оташ гирифтор менамояд. Инсон ҳар гуна ҳайвоноту парандаҳо ва хазандаҳову ҷонварони обиро ром кардааст ва ром мекунад, лекин забони худро ҳеҷ яке ром карда наметавонад. Забон як бадии идоранашаванда ва пур аз заҳри марговар аст. Бо он мо Худованд ва Падари Осмониамонро шукргузорӣ мекунему ҳамчунон бо он одамонро лаънат мегӯем. Ҳол он ки инсон ба монанди Худо офарида шудааст. Пас, аз як забон ҳам шукргузорӣ ва ҳам лаънат мебарояд. Бародарону хоҳаронам, ин хел набояд бошад. Магар аз як чашма оби ширину оби шӯр ҷорӣ шуда метавонад?! Ё магар дарахти анҷир меваи зайтун ва ё токи ангур меваи анҷир бор меоварад?! Аз чашмаи оби шӯр низ оби ширин ҷорӣ шуда наметавонад. Агар касе аз байни шумо хирадманд ва бофаҳм бошад, бигзор инро бо зиндагии хуб ва амалҳое, ки бо хоксории хираду ҳикмат анҷом дода мешаванд, нишон диҳад. Аммо агар дар дилҳои шумо кинаву ҳасад ва худпарастӣ вуҷуд дошта бошад, худситоӣ накунед, ки таърифатон бар зидди ростӣ аст. Ин гуна ҳикмат аз ҷониби Худо нест, балки ҳикмати заминӣ, дунявӣ, яъне шайтонӣ мебошад. Зеро ҳар вақте ки дар байни шумо кинаву ҳасад ва худпарастӣ ҳаст, дар ҳамон ҷо бетартибӣ ва ҳар гуна фисқу фасод мебошад. Аммо ҳикмате, ки аз ҷониби Худо меояд, пеш аз ҳама пок аст ва баъд сулҳпарвар, нармдил, равшанфикр, пур аз раҳму шафқат ва самараҳои нек, самимӣ ва бе рӯйбинӣ мебошад. Шахсони сулҳпарвар тухми сулҳро мекоранд ва ҳосилашро, ки росткорӣ аст, ба даст меоваранд. Ҳамаи баҳсҳову ҷангҳои шумо аз сабаби чӣ аст? Магар дар ҳамон орзу ва ҳавасҳоятон нест, ки дар вуҷудатон ҷанг мекунанд? Шумо чизеро сахт мехоҳед, аммо ба даст намеоред ва барои ҳамин одамкушӣ мекунед. Шумо ҳамчунон чизеро сахт ҳавас мекунед, аммо боз ҳам ба мақсадатон намерасед, бинобар ин гирифтори ҷангу моҷаро мешавед. Сабаби ба даст наовардани чизи дилхоҳатон дар он аст, ки аз Худо хоҳиш намекунед. Вале хоҳиш кунед ҳам, ба даст намеоред, чунки бо нияти айшу ишрати худ талаб мекунед ва ин нияти нодуруст аст. Эй мардуми бевафо, магар намедонед, ки дӯстӣ кардан бо ин ҷаҳон бо Худо душманӣ карданро мефаҳмонад? Ҳар кӣ бо ин ҷаҳон дӯст шудан хоҳад, душмани Худо мешавад. Ё фикр мекунед, ки дар навиштаҷот беҳуда гуфта шудааст: «Рӯҳи Худованд, ки Худо дар дарунамон гузоштааст, сахт рашк мекунад»? Ба мо бошад, Ӯ қуввати бештар аз пештараро ато мекунад, то бар зидди ин ҳавасҳо истодагарӣ кунем. Барои ҳамин ҳам дар навиштаҷот гуфта шудааст: «Худо зидди ҳавобаландон аст, вале ба хоксорон файзу меҳрубонӣ мебахшад». Пас, ба Худо пурра итоат кунеду ба шайтон зид бароед ва шайтон аз пешатон мегурезад. Ба Худо наздик шавед ва Ӯ низ ба шумо наздик мешавад. Шумо, эй гунаҳкорон, дастонатонро аз гуноҳ пок созеду шумо, эй дудилагон, дилҳоятонро тоза кунед. Аз корҳоятон пушаймон шуда, нолаву гиря ва фиғон бардоред. Ба ҷойи ханда нола кунед ва ба ҷойи шодӣ кардан ғамгин бошед. Дар пеши Худованд сарҳои худро хам кунед ва Ӯ шуморо сарбаланд мекунад. Эй дӯстон, якдигарро бадгӯйӣ накунед. Ҳар кӣ бар зидди имондоре сухан мегӯяд ё ӯро ҳукм мекунад, дар асл зидди шариати Худо сухан мегӯяд ва шариатро ҳукм мекунад. Агар шумо шариатро ҳукм мекарда бошед, пас дигар иҷрокунандаи он нестед, балки ҳукмкунанда ҳастед. Аммо ҳаминро донед, ки фақат як Шариатдиҳанда ва Ӯ ҳам Ҳукмкунанда аст, ки қудрати наҷот додан ва нобуд карданро дорад. Лекин шумо кистед, ки якдигарро ҳукм мекунед? Гӯш андозед шумое, ки мегӯед: «Имрӯз ё фардо фалон шаҳр меравем, он ҷо як сол монда, савдо мекунему фоида ба даст меоварем». Шумо аз куҷо медонед, ки фардо чӣ рӯй медиҳад? Охир умри шумо мисли буғ аст, ки барои як лаҳзаи кӯтоҳ пайдо мешаваду баъд нопадид мегардад. Пас, шумо бояд чунин бигӯед: «Хости Худованд бошад, зинда мемонему фалон корро мекунем». Дар акси ҳол суханони шумо лофзанӣ аз корҳои худ мешавад ва чунин болиданҳо бадӣ аст. Пас ҳар кӣ чӣ будани кори некро дониста, онро иҷро наменамояд, гуноҳ мекунад. Ҳоло шумо, эй сарватмандон, гӯш андозед! Шумо бояд гиряву нола кунед, чунки бало ба шумо наздик шуда истодааст. Сарвати шумо пӯсидаасту либосатонро куя задааст. Тиллову нуқраатон занг задааст. Худи ҳамин занг бар зидди шумо шаҳодат дода, баданатонро мисли оташ дармегиронад. Шумо бошед, дар ин рӯзҳои охир сарват ҷамъ кардаед. Бинед, шумо ба мардикороне, ки ҳосили заминҳоятонро ҷамъ овардаанд, бояд музди меҳнаташонро медодед, вале ғоратгарона онро надодед. Ҳоло ҳамин музди меҳнати онҳо бар зидди шумо нолаю фарёд мекунад ва ин фарёди ҳосилҷамъкунандагон то ба гӯши Худованди пурқудрат расидааст. Ана шумо умри худро дар ин дунё бо кайфу сафо ва айшу ишрат гузаронда, худро мисли ҷонвароне, ки барои куштан парвариш мешаванд, барои рӯзи ҷавобдиҳӣ парвариш кардаед. Одами бегуноҳро, ки ба шумо зиддият нишон намедод, ҳукм карда, ба қатл расондаед. Бинобар ин, эй бародарону хоҳарон, чунон ки деҳқон бо сабру тоқат интизори борони баҳору тирамоҳ мешавад, то ки киштзори ғаллаи гаронбаҳояш ҳосил диҳад, шумо низ то омадани Худованд сабру тоқат кунед. Монанди ҳамин шумо низ бо сабру тоқат устувор истед, чунки вақти омадани Худованд наздик аст. Аз якдигар, бародарону хоҳарон, арзу шикоят накунед, вагарна ҳукм мешавед, зеро Ҳукмкунанда дар остонаи дар истодааст. Хӯш, бародарону хоҳарон, аз пайғамбароне, ки аз номи Худованд пайғом медоданд, ибрат бигиред, ки чӣ тавр онҳо дар вақти азобу шиканҷаҳо сабру тоқат нишон медоданд. Шумо медонед, ки мо онҳоеро пурбаракат мешуморем, ки ба азобҳо тоб меоваранд. Тавре ки шумо шунидаед, чӣ гуна Айюб пайғамбар бо сабру тоқат аз азобҳо гузашт ва медонед, ки Худованд дар охир барояш чӣ кор кард. Худованд пур аз раҳму шафқат аст. Аз ҳама муҳимаш, бародарону хоҳаронам, ҳеҷ қасам нахӯред, на бо Худо, на бо замин ва на бо ҳеҷ чизи дигар. Бигзор «ҳа» гуфтани шумо «ҳа» бошад ва «не» гуфтанатон «не» бошад. Вагарна шумо ҳукм мешавед. Агар касе аз байни шумо мушкилие дошта бошад, бояд дуо кунад. Агар хурсанд бошад, бояд сурудҳои ҳамду сано бихонад. Агар касе бемор бошад, бояд роҳбарони ҷамоати имондоронро даъват кунад, то ки барояш дуо кунанду бо номи Худованд бар бемор равған моланд. Он гоҳ дуои боимон беморро шифо мебахшад ва Худованд ӯро аз бистари беморӣ мехезонад. Агар ӯ гуноҳ карда бошад, гуноҳаш бахшида мешавад. Бино бар ин, дар пеши якдигар ба гуноҳҳоятон иқрор шавед ва барои якдигар дуо кунед, то ки шифо ёбед. Дуои шахси дурусткор боқудрат ва натиҷабахш аст. Илёс пайғамбар низ шахсе мисли мо буд, аммо вақте аз сидқи дил дуо кард, ки борон наборад, сеюним сол ба замин борон наборид. Боз дуо кард, ки борон борад ва аз осмон борон бориду замин ҳосил дод. Пас, эй бародарону хоҳаронам, бидонед, ки агар касе аз байни шумо аз роҳи ростӣ барояду дигаре ӯро ба роҳ баргардонад, вай гунаҳкорро аз роҳи хато баргардонда, ӯро аз марг наҷот медиҳад ва гуноҳҳои зиёдаш бахшида мешаванд. Салом аз номи Петрус – фиристодаи Исои Масеҳ. Ман ин номаро ба интихобшудагони Худо, ки дар вилоятҳои Рум: Понтус, Ғалотия, Каппадукия, Осиё ва Битуния ғарибу парокандаанд, менависам. Худо Падар шуморо аз қадим мувофиқи пешбинии Худ интихоб намудааст. Инчунин Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо шуморо аз ҷаҳон ҷудо карда, муқаддас намудааст, то ки ба Исои Масеҳ итоат кунед ва ба воситаи хуни Ӯ аз гуноҳҳоятон пок шавед. Бигзор дар ҳаётатон файзу меҳрубонӣ ва осоиштагии Худо зиёд гардад! Ҳамду сано ба Худо, ки Падари Худованди мо Исои Масеҳ аст! Ӯ Исои Масеҳро аз марг зинда карда, бо меҳрубонии бузурги Худ ба мо таваллуди нав ва умеди ҳаётбахш додааст. Ин чизҳоро Худо ба мо чун меросе додааст, ки ҳаргиз намепӯсад, куҳна ва ё вайрон намешавад. Ӯ ин меросро барои шумо дар осмон нигоҳ медорад. Худо бо қувваи Худ ва ба воситаи имонатон шуморо барои наҷот нигоҳ медорад, то вақте ки наҷоти Ӯ дар замони охир ба ҳама ошкор шавад. Инро дониста шумо шоду хурсанд ҳастед, ҳатто агар аз санҷишҳои гуногуни зиндагӣ каме азоб кашед. Ин санҷишҳо ҳақиқӣ будани имонатонро исбот мекунанд. Имони шумо ба тиллое монанд аст, ки ҳангоми аз оташ гузаштан тозатар мешавад. Вале имонатон аз тиллое, ки нобуд мешавад, гаронбаҳотар аст. Агар имонатон устувор монад, шумо дар рӯзи ошкор шудани Исои Масеҳ сазовори таърифу эҳтиром мегардед. Гарчанде ки шумо Исоро надида будед, Ӯро дӯст медоред ва ҳоло ҳам Ӯро надида ба Ӯ имон доред. Аз ин шумо бениҳоят шоду хурсанд ҳастед, чунки ба мақсади имонатон, яъне ба наҷот ёфтани худ наздик шуда истодаед. Ин ҳамон наҷоте буд, ки пайғамбарон ҷустуҷӯ карда, фаҳмидан мехостанд, вақте ки дар бораи файзу меҳрубонии ояндаи Худо, ки насиби шумо гардидааст, пешгӯйӣ мекарданд. Рӯҳи Масеҳ пайғамбаронро илҳом бахшида, ба воситаи онҳо дар бораи азоби Ӯ ва шаъну шарафи баъдинааш пешгӯйӣ мекард. Бино бар ин, онҳо замону ҳолати он воқеаҳоро фаҳмидан мехостанд. Ба пайғамбарон аён шуд, ки онҳо на барои худ, балки барои шумо пешгӯйӣ мекарданд. Ҳоло бошад, ин хушхабарро Рӯҳулқудси аз осмон фиристодашуда ба воситаи одамон ба шумо эълон намудааст. Ин хушхабар дар бораи Исои Масеҳ чунон аҷоиб аст, ки ҳатто фариштагон онро фаҳмидан мехоҳанд. Барои ҳамин ҳамеша ҳушёр ва ба ҳар амали нек тайёр бошед. Ба Худои меҳрубон пурра умед бандед, ки Ӯ дар рӯзи омадани Исои Масеҳ шуморо наҷот медиҳад. Ҳамчун фарзандони итоаткори Худо нагузоред, ки хоҳишу ҳавасҳои бад чун дар замонҳое, ки Худоро намешинохтед, ҳаёти шуморо идора кунанд. Баръакс ба мисли Худои Пок, ки шуморо даъват кардааст, шумо низ дар ҳама кору рафторатон пок бошед! Зеро Худо дар навиштаҷот чунин фармудааст: «Пок бошед, чунки Ман пок ҳастам ». Шумо Худоро Падари худ меҳисобед ва медонед, ки Ӯ ҳамаро бо як чашм нигоҳ карда, мувофиқи корашон доварӣ мекунад. Аз ин сабаб шумо бояд дар ин дунё ҳаёти ғарибонаи худро дар пеши Худо бо тарсу эҳтиром гузаронед. Зеро медонед, ки Худо шуморо аз ҳаёти беҳудаву бемаъние, ки аз бобоҳоятон мондааст, бо нархи гарон харида, озод кардааст. Ин нарх нуқраву тиллои нобудшаванда нест, балки хуни гаронбаҳои Масеҳ аст, ки ҳамчун барраи беайб ва бенуқсон қурбон шуда буд. Худо пеш аз офариниши дунё Масеҳро Наҷотдиҳандаи шумо интихоб карда буд ва Ӯро дар ин солҳои охир барои шумо ошкор кардааст. Охир, шумо ба воситаи Масеҳ ба Худо имон овардед ва ба Ӯ умед мебандед, чунки Худо Масеҳро аз марг зинда карда, Ӯро соҳиби шаъну шараф гардондааст. Акнун шумо ба ҳақиқате, ки хушхабар ошкор мекунад, итоат карда, аз гуноҳҳоятон пок шудед. Барои ҳамин шумо бояд ба ҳамдигар чун бародару хоҳар муҳаббати самимӣ изҳор намоед. Якдигарро аз дилу ҷон дӯст доред! Зеро шумо на аз тухми одӣ ба дунё омадаед, балки ба воситаи тухми ҳаёти абадӣ аз нав таваллуд шудаед. Ҳаёти нави шумо то абад давом меёбад, чунки аз каломи Худо, ки зиндаву абадӣ аст, ба вуҷуд омадааст. Чунон ки дар навиштаҷот гуфта шудааст: «Одамизод мисли алаф асту зебоиаш чун гули саҳрост. Алаф хушку гул пажмурда мешавад, вале каломи Худованд то абад боқӣ мемонад!» Ин калом ҳамон хушхабарест, ки ба шумо эълон шудааст. Бино бар ин, аз ҳар гуна бадӣ, дурӯғ, дурӯягӣ, ҳасад ва туҳмат даст кашед! Мисли тифли навзод ташнаи шири тозаи рӯҳонӣ бошед, то ки бо ёрии он шумо рӯҳан калон шуда, соҳиби наҷот шавед. Зеро шумо меҳрубонии Худовандро дида фаҳмидаед. Ба назди Масеҳ оед, ки Санги зинда аст. Ӯро одамон рад карданд, лекин Худо Ӯро интихоб кардааст ва гаронбаҳо меҳисобад. Шумо низ ҳамчун сангҳои зинда ҳастед, ки Худо аз онҳо хонаи рӯҳонии Худро месозад. Шумо дар он хонаи Худо коҳинони муқаддас шуда, ба воситаи Исои Масеҳ ба Худо қурбонии рӯҳонӣ мекунед, ки ба Ӯ писанд аст. Зеро дар навиштаҷот чунин омадааст: «Инак, Ман дар кӯҳи Сион санги асос мегузорам, ки интихобшудаву гаронбаҳо аст. Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳеҷ гоҳ шарманда намешавад!» Дар ҳақиқат барои шумо, ки имон овардед, ин Санг гаронбаҳо аст, лекин барои онҳое, ки имон наоварданд, «Он санге, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд, санги асосии таҳкурсии бино гардид». Ҳамчунин «Ӯ сангест, ки бар он пешпо мехӯранд, ва кӯҳпораест, ки аз сабаби он меафтанд». Онҳо пешпо хӯрда меафтанд, чунки ба каломи Худо итоат намекунанд. Ана ҳамин аст насиби онҳо. Аммо шумо насли интихобшуда, коҳинони Подшоҳи Осмонӣ, қавми Худо ва халқе ҳастед, ки Худо барои Худ ҷудо кардааст. Худо шуморо аз торикӣ ба нури аҷоиби Худ даъват кардааст, то ки шумо корҳои бузургашро ба дигарон нақл кунед. Замоне шумо халқи Худо набудед, вале акнун халқи Ӯ шудед. Пештар шумо аз меҳрубонии Худо маҳрум будед, лекин ҳоло меҳрубонии Ӯро ба даст овардаед! Азизон, аз шумо чун аз мусофиру ғарибон талаб мекунам, ки аз ҳавасҳои ҷисм дур шавед, чунки онҳо ҳамеша бар зидди ҷони шумо меҷанганд. Бигзор рафтори шумо дар байни беимонон беайб ва бенуқсон бошад. Он гоҳ одамоне, ки ҳоло шуморо шахсони бадрафтор гуфта, туҳмат мекунанд, корҳои некатонро дида, он рӯзе, ки Худо меояд, ба Ӯ ҳамду сано мехонанд. Ба хотири Худованд ба ҳар қудрату ҳукумати одамӣ итоат кунед, хоҳ ба подшоҳ, ки сарвари давлат аст, хоҳ ба ҳокимоне, ки подшоҳ таъйин кардааст. Зеро ҳокимон барои он таъйин шудаанд, ки бадкоронро ҷазо диҳанд ва некукоронро таъриф кунанд. Худо мехоҳад, ки шумо бо корҳои некатон даҳони одамони нодонро, ки суханони беақлона мегӯянд, бубандед. Шумо озод ҳастед, лекин озодии худро баҳона карда корҳои бад накунед. Охир шумо ғуломони Худо ҳастед. Ҳамаро иззату ҳурмат кунед ва имондорони дигарро дӯст доред! Аз Худо битарсед, подшоҳро эҳтиром кунед! Ғуломон бояд ба соҳибони худ бо эҳтиром итоат кунанд, хоҳ хубу нармдил бошанд, хоҳ баду сахтгир. Зеро ба Худо писанд аст, вақте ки шумо барои корҳои нек азоб кашида, тоқат мекунед. Агар шуморо барои рафтори бад зананд, чӣ ҷойи таъриф?! Аммо агар корҳои нек карда, азоб кашеду тоқат кунед, пас сазовори таърифи Худо мешавед. Охир Худо шуморо барои корҳои нек даъват намудааст. Азобҳое, ки Худи Масеҳ кашидааст, барои шумо намунаи ибрат шудааст, то ки шумо Ӯро пайравӣ кунед. «Ӯ гуноҳе накард ва аз даҳонаш дурӯғе набаромад ». Вақте ки Исоро дашном медоданд, Ӯ дар ҷавоб бадгӯйӣ накард. Ҳангоми азоб кашиданаш дар ҷавоб қасд гирифтан намехост, лекин Худро ба Довари Росткор, яъне ба Худо месупурд. Масеҳ гуноҳҳои моро ба Худ гирифта, ба салиб мехкӯб шуд, то ки мо худро барои гуноҳҳо мурда ҳисобида, барои росткорӣ зиндагӣ кунем. Шумо бо захмҳои Ӯ шифо ёфтаед. Пеш шумо ҳамчун гӯсфандони гумроҳ будед, лекин ҳоло ба назди Чӯпону Нигаҳбони ҷонҳои худ баргаштед. Ҳамчунин шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат кунед. Он гоҳ ҳатто шавҳароне, ки хушхабарро рад мекунанд, рафтори хуб ва ҳаёти поку худотарсонаи шуморо дида, бе ягон сухан ба Худо имон меоранд. Бигзор зебоии шумо на дар ороиши мӯй ва на дар зару зевар ва пӯшидани сарулибоси зебо бошад. Шумо бояд дар ботин зебо бошед. Хоксорию оромии рӯҳатон зебоии пажмурданашавандаи шумост, ки дар назари Худо қиматбаҳо аст. Дар замонҳои пеш занони худотарс ҳам худро ҳамин тарз оро медоданд. Онҳо ба Худо таваккал менамуданд ва барои ҳамин ба шавҳаронашон итоат мекарданд. Масалан, Соро ба шавҳараш Иброҳим итоат мекард ва ӯро хӯҷаин меномид. Агар шумо ҳам корҳои нек карда, ба тарсе роҳ надиҳед, духтарони Соро мешавед. Ҳамчунин шумо, эй шавҳарон, занҳои худро бояд иззату ҳурмат кунед. Зеро занон аз шумо сусттар бошанд ҳам, дар баробари шумо ҳаёти нави худододро мерос гирифтаанд. Барои ҳамин дар зиндагии оилавиатон ҳолати онҳоро фаҳмида, ба онҳо муносибати дуруст кунед. Он гоҳ чизе ба дуоҳоятон халал намерасонад. Хулоса, бигзор дар байни шумо ҳамфикрӣ ва дилсӯзӣ бошад ва нисбати якдигар меҳру муҳаббати бародарона дошта бошед ва хоксорона рафтор кунед. Бар ивази бадӣ бадӣ накунед ва бар ивази дашном дашном надиҳед, балки ба онҳо дуои нек диҳед. Зеро Худо шуморо даъват кардааст, ки баракати Ӯро мерос гиред. «Ҳар кӣ зиндагии хушбахту бобаракат ба сар бурдан хоҳад, забонашро аз бадгӯйӣ ва даҳонашро аз дурӯғ нигоҳ дорад. Аз бадӣ даст кашида, некӣ кунад ва сулҳҷӯйӣ намуда, талабгори он бошад. Зеро чашмони Худованд некукоронро мебинад ва гӯшҳояш дуоҳои онҳоро мешунавад, аммо Ӯ зидди бадкорон аст». Агар шумо ғайратмандона некӣ кунед, пас кӣ ба шумо бадӣ мекунад? Аммо аз кори некатон азоб кашед ҳам, шумо хушбахт ҳастед! Аз воҳимаи ситамгарони худ натарсед ва хавотир нашавед! Ба ҷойи ин Масеҳро ҳамчун Худованди ҳаёти худ бо ҷону дил ҳурмату эҳтиром кунед. Агар касе аз шумо дар бораи умеде, ки доред, савол пурсад, ҳама вақт барои ҷавоб додан тайёр бошед. Вале бо эҳтирому хоксорӣ ҷавоб диҳеду виҷдонатонро пок нигоҳ доред. Ҳамин тавр, онҳое, ки бо вуҷуди дидани рафтори некатон шуморо ҳамчун пайравони Масеҳ туҳмату ҳақорат мекунанд, аз гапҳои худ шарманда хоҳанд шуд. Агар хости Худо бошад, беҳтар аст, ки на барои корҳои бад, балки барои корҳои нек азоб кашед. Зеро Худи Масеҳи бегуноҳ барои гуноҳҳои бадкорон, яъне мо, як бор барои ҳамеша азоб кашидааст, то ки ба мо роҳро ба назди Худо кушояд. Ӯ ҷисман мурд, вале Рӯҳи Худо Ӯро зинда кард. Масеҳ ба воситаи Рӯҳ ба назди рӯҳҳое, ки дар зиндон буданд, рафта, башорат дод. Онҳо дар замонҳои Нӯҳ ба Худо итоат накарда буданд. Ҳангоме ки Нӯҳ киштиро месохт, Худо босаброна интизор буд, ки онҳо тавба кунанд. Аммо дар киштӣ аз оби тӯфон танҳо ҳашт нафар наҷот ёфт. Ин ҳикоя тасвири таъмид, яъне рамзи шустани гуноҳҳо дар об аст, ки шуморо ба воситаи қувваи зиндашавии Исои Масеҳ наҷот медиҳад. Ба ҷо овардани таъмид шустани чирки бадан нест, балки ба воситаи он шумо ваъда медиҳед, ки виҷдони худро пок нигоҳ медоред. Масеҳ ба осмон баромада, аз дасти рости Худо нишаст ва ҳамаи фариштагону қувваҳои неку бади рӯҳонӣ зердасти Ӯ шуданд. Азбаски Масеҳ ҷисман азоб кашид, шумо низ барои аз сар гузаронидани азобҳо тайёр бошед. Зеро касе, ки ҷисман азоб мекашад, дигар гирифтори гуноҳ намешавад ва зиндагии боқимондаашро на аз рӯйи ҳавасҳои ҷисм, балки мувофиқи хости Худо мегузаронад. Дар гузашта шумо ҳамчун беимонон зиндагӣ мекардед ва дар бадахлоқию ҳавасҳои бад, мастию пурхӯрӣ, айшу ишрат ва бутпарастии шармовар ғарқ шуда, вақти зиёдро ҳайф кардед. Азбаски шумо ҳамроҳи беимонон дар бадкорию бадахлоқӣ дигар иштирок намекунед, онҳо ба ҳайрат афтода, шуморо дашном медиҳанд. Онҳо дар пеши Доваре, ки ба зудӣ мурдагону зиндагонро доварӣ мекунад, ҷавоб хоҳанд дод. Ба ҳамин сабаб ба имондорони гузашта ҳам хушхабар эълон шуд, то ки мисли дигар одамон ҷисман ҳукм шуда бимиранд, вале рӯҳан бо Худо зиндагӣ кунанд. Охири ҳама чиз наздик аст. Барои ҳамин ақлатонро солим ва ҳушёр нигоҳ доред, то ки беҳтар дуо карда тавонед. Пеш аз ҳама якдигарро аз сидқи дил дӯст доред, чунки муҳаббат гуноҳҳои зиёдро мебахшад. Якдигарро бе ягон шикоят меҳмондорӣ кунед. Ҳар яки шумо аз Худо атои махсус гирифтаед, барои ҳамин аз атоҳои гуногуни Худо оқилона истифода бурда, ба якдигар хизмат кунед. Агар касе атои суханронӣ дошта бошад, бигзор тавре сухан гӯяд, ки Худи Худо ба воситаи ӯ гуфта истода бошад. Касе ки хизмат мекунад, бигзор бо қуввае, ки Худо медиҳад, хизмат кунад. Бигзор ҳама чиз ба воситаи Исои Масеҳ барои ҳамду санои Худо хизмат кунад. Тамоми қудрату шаъну шараф то абад аз они Ӯ бод! Омин. Азизон, ҳоло ки аз санҷишҳои вазнин мегузаред, ҳайрон нашавед, чунки ин ягон ҳодисаи ғайриодӣ нест. Балки шодӣ кунед, ки мисли Масеҳ азоб мекашед, он гоҳ дар рӯзи бозгашташ, вақте ки бузургии Ӯ ба ҳама ошкор мешавад, шоду хурсанд мешавед. Агар шуморо барои пайравӣ кардан ба Масеҳ дашном диҳанд, хушбахт бошед, чунки Рӯҳи Худо бо тамоми бузургиаш дар шумо сокин аст. Ҳеҷ яки шумо набояд ба хотири одамкушӣ, дуздӣ, ҷинояткорӣ ё хабаркашӣ азоб кашад. Аммо, агар барои масеҳӣ ном доштанатон азоб кашед, шарм накунед, балки Худоро ситоиш намоед, ки соҳиби чунин ном ҳастед. Зеро вақти доварии Худо расидааст ва Ӯ довариашро аз халқи Худ сар мекунад. Агар доварӣ аз мо сар шавад, пас оқибати онҳое, ки ба хушхабари Худо итоат накардаанд, чӣ хел мешавад? Дар навиштаҷот чунин омадааст: «Агар росткор базӯр наҷот ёбад, пас оқибати нопоку бадкорон чӣ хел мешавад? » Барои ҳамин онҳое, ки аз рӯйи хости Худо азоб мекашанд, бояд ҳаёти худро бо умед ба дасти Офаридгори вафодор супоранд ва некӣ карданро давом диҳанд. Акнун ман ба роҳбарони ҷамоатҳои шумо муроҷиат мекунам. Азбаски ман ҳам мисли шумо роҳбар ҳастам ва шоҳиди азобҳои Масеҳам ва дар бузургии Ӯ, ки ба наздикӣ ошкор мешавад, иштирок мекунам, аз шумо илтимос менамоям: рамаи Худоро, ки ба шумо супурда шудааст, чӯпонӣ кунед. Шумо бояд онҳоро на маҷбуран, балки бо ҷону дил нигоҳубин намоед, чунон ки ба Худо писанд аст. Ин корро на аз рӯйи манфиати худ, балки бо ғайрат ва аз таҳти дил кунед. Онҳоро Худо ба нигаҳбонии шумо супоридааст. Барои ҳамин бар онҳо ҳукмронӣ накунед, балки барояшон намуна бошед. Он гоҳ, вақте ки Чӯпони ҳамагон меояд, ба шумо тоҷи шаъну шарафе медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ пажмурда нахоҳад шуд. Инчунин шумо – имондорони ҷавон, ба роҳбарони ҷамоати худ итоат кунед. Ҳама бояд ба якдигар хоксорона хизмат кунанд, чунки «Худо зидди ҳавобаландон аст, вале ба хоксорон файзу меҳрубонӣ мебахшад ». Инак, ба қудрати бузурги Худо такя намуда, фурӯтан шавед ва Ӯ дар вақти муайян шуморо сарбаланд мекунад. Ҳамаи ғаму ташвишҳоятонро ба Худо супоред, чунки Ӯ ғамхори шумост. Бедор ва ҳушёр бошед, чунки душмани шумо – шайтон, мисли шери ғуррон имондоронро шикор намуда, фурӯ бурдан мехоҳад. Шумо бояд бо имони устувор ба ӯ муқобилат кунед, чунки медонед, ки дар тамоми ҷаҳон имондорони дигар низ мисли шумо азобу уқубат мекашанд. Вале Худо сарчашмаи ҳар гуна файзу меҳрубонист ва Ӯ шуморо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ даъват намудааст, ки дар бузургии абадии Ӯ иштирок кунед. Ӯ Худаш баъд аз азобҳои начандон зиёдатон шуморо барқарору устувор, пурзӯру мустаҳкам мегардонад. Тамоми қудрат то абад аз они Ӯ бод! Омин. Ман ин номаи кӯтоҳро бо ёрии бародари вафодорам Сило навиштаам. Мақсадам ин буд, ки шуморо рӯҳбаланд кунам ва шаҳодат диҳам, ки ин ҳама файзу меҳрубонии самимии Худост. Файзи Худоро маҳкам нигоҳ доред! Ҷамоати имондорони шаҳри Бобил, ки мисли шумо аз ҷониби Худо интихоб шудааст ва писари рӯҳониам – Марқӯс ба шумо салом мерасонанд. Якдигарро дӯстона бӯсида, салом гӯед. Ба ҳамаи шумо, ки дар ягонагӣ бо Масеҳ ҳастед, сулҳу осоиштагӣ бод! Салом аз номи ман Шимъуни Петрус, ки хизматгор ва фиристодаи Исои Масеҳ ҳастам! Шумо ба воситаи росткории Исои Масеҳ, ки Худо ва Наҷотдиҳандаи мост, ба мисли мо имони пурарзишро қабул кардаед. Бигзор ба воситаи шинохтани Худо ва Худованди мо Исо файзу меҳрубонӣ ва осоиштагии Худо дар зиндагиатон зиёд гардад! Худо бо қуввати илоҳияш ҳар чизи барои ҳаёт ва худотарсиамон лозимро ба мо додааст. Ҳамаи ин чизҳоро ба воситаи шинохтани Ӯ гирифтаем. Худо моро бо бузургию некиаш ба наздаш даъват кардааст. Ҳамин тавр Ӯ ба мо ваъдаҳои бузургу қиматбаҳо додааст, то ки ба воситаи онҳо аз ҳавасҳои ҷисмонии заминӣ, ки ба нобудшавӣ меоранд, гурехта, шумо шарики табиати илоҳии Худо гардед. Барои ҳамин бисёр кӯшиш кунед, ки имони худро бо некукорӣ, некукориро бо дониш, донишро бо худдорӣ, худдориро бо тоқат, тоқатро бо худотарсӣ, худотарсиро бо бародардӯстӣ ва бародардӯстиро бо муҳаббат пурра намоед. Агар чунин сифатҳо дошта бошед ва онҳоро дар худ инкишоф диҳед, шинохтани Худованди мо Исои Масеҳ ба шумо бемуваффақияту бесамар намешавад. Вале шахсе, ки чунин сифатҳо надорад, чун шахси кӯр ё хирачашм аст ва фаромӯш кардааст, ки гуноҳҳои пештарааш пок шудаанд. Бинобар ин, бародарону хоҳарон, кӯшишу ғайрат кунед, ки мақоми худро ҳамчун одамони даъватшудаву интихобшуда устувор намоед. Агар чунин кунед, ҳеҷ вақт пешпо намехӯред. Бо ҳамин роҳ Худо ба шумо ҳуқуқи пурра медиҳад, ки ба Подшоҳии абадии Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ бемалол дохил шавед. Аз ин рӯ ман ҳамеша ин чизҳоро ба шумо хотиррасон мекунам, ҳарчанд шумо онҳоро медонед ва дар ҳақиқате, ки қабул кардед, устувор ҳастед. Вале, то даме ки зинда ҳастам, ба шумо хотиррасон кардани ин чизҳоро дуруст меҳисобам. Медонам, ки ба наздикӣ бояд ин дунёро тарк кунам, чи тавре ки Худованди мо Исои Масеҳ ба ман маълум кардааст. Бино бар ин, кӯшиш мекунам, ки баъд аз сари ман ҳам, шумо ҳамеша ин чизҳоро ба ёд оваред. Зеро вақте ки мо дар бораи қудрат ва баргаштани Худовандамон Исои Масеҳ ба шумо гуфтем, суханамон ягон афсонаи бофта набуд. Мо бо чашми худ бузургии Ӯро дида будем. Худо Падар Исоро бо шаъну шараф сарфароз намуд, вақте ки аз осмон бо тамоми бузургии Худ чунин гуфт: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хушнудам ». Вақте ки ҳамроҳи Ӯ дар болои кӯҳи муқаддас будем, мо ин овози аз осмон омадаро бо гӯши худ шунидем. Илова бар ин суханони пайғамбарон пурра тасдиқ шудаанд ва мо ба он боварии комил дорем. Агар шумо ҳам ба суханони онҳо рӯ оваред, кори бисёр хуб мекунед. Зеро суханони онҳо мисли чароғест, ки дар ҷойи торик рӯшноӣ медиҳад, то даме ки рӯз равшан шавад ва Масеҳ чун Ситораи Субҳ дар дилҳоятон дурахшон гардад. Пеш аз ҳама дар хотир дошта бошед, ки ягон пешгӯйӣ дар навиштаҷот аз фикри худи пайғамбарон набаромадааст. Зеро ҳеҷ вақт одамон пешгӯйиро бо хости худ накардаанд, балки бо таъсири Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо онро аз номи Худо эълон менамуданд. Аммо, чунон ки дар байни халқи Исроил пайғамбарони дурӯғин буданд, дар байни шумо ҳам муаллимони дурӯғин пайдо мешаванд. Онҳо бо найранг таълимоти дурӯғеро ёд медиҳанд, ки имони одамонро вайрон мекунад. Онҳо ҳатто аз Ҳоким Исо, ки онҳоро бо нархи гарон харидааст, рӯй мегардонанд ва ҳамин тавр ба зудӣ ба сарашон бало меоранд. Бисёр одамон бадахлоқии ҷинсии муаллимони дурӯғинро пайравӣ хоҳанд кард ва аз сабаби онҳо одамон роҳи ҳақиқатро бадгӯйӣ мекунанд. Ин муаллимони чашмгурусна барои кандани пули шумо дурӯғу афсонаҳои бофтаро истифода мебаранд. Аммо ҳукми онҳо аллакай бароварда шудааст ва онҳоро ҳалокат интизор аст. Зеро Худо ҳатто ба фариштагоне, ки гуноҳ карда буданд, раҳм накард. Ӯ онҳоро дар торикӣ бо занҷир баста, то рӯзи қиёмат дар дӯзах нигоҳ медорад. Ҳамчунин Худо дунёи қадимро раҳм накарда, тӯфони оламгир фиристод ва ҳамаи гуноҳкоронро нобуд кард. Ӯ фақат пайғамбар Нӯҳро, ки роҳи росткории Худоро эълон мекард ва ҳафт аъзои оилаашро наҷот дод. Инчунин Худо шаҳрҳои Садум ва Амуроро ба ҳалокат маҳкум намуда, ба хокистар мубаддал кард, то ки ин барои гуноҳкорони оянда ибрату огоҳӣ шавад. Аммо Ӯ Лутро, ки росткор буд ва аз рафтори бадахлоқонаи гуноҳкорон азоб мекашид, аз Садум халос кард, чунки дили тозаи Лути росткор ҳар рӯз аз дидану шунидани бадкориҳои атрофиён азобу уқубат мекашид. Бино бар ин, Худованд медонад, ки чӣ тавр худотарсонро аз санҷишҳо халос кунад ва чӣ хел гуноҳкоронро барои ҷазо дар рӯзи қиёмат нигоҳ дорад. Ин, махсусан, ба онҳое дахл дорад, ки аз рӯйи ҳавасҳои бади ҷисмониашон зиндагӣ мекунанд ва нисбат ба қудратмандон нафрат доранд. Чунин одамон дағалу бешарм буда, ҳатто аз бадгӯйӣ кардани қувваҳои осмонӣ наметарсанд. Ҳол он ки ҳатто фариштагон, ки дар мақом аз ин муаллимони дурӯғин бузургтару бақувваттаранд, дар пеши Худованд онҳоро таҳқиру айбдор намекунанд. Ин муаллимон мисли ҳайвоноти ваҳшие, ки барои шикор ва кушта шудан офарида шудаанд, фақат аз рӯйи ҳавасҳои бадашон зиндагӣ мекунанд. Онҳо чизеро, ки намефаҳманд, бадгӯйӣ мекунанд ва рӯзе мисли ҳамон ҳайвоноти беақл нобуд мешаванд. Онҳо барои ҳар бадие, ки ба дигарон карданд, ҷазо хоҳанд гирифт. Ин одамон дар рӯзи равшан айшу ишрат намуда, бепарвоёна мегарданд ва шуморо фиреб дода, ҳаловат мебаранд. Инчунин бо шумо дар сари як дастархон нишаста, бо ҳузурашон шуморо расвою шарманда мекунанд. Онҳо бо ҳар зане, ки чашмашон афтад, дар дилашон зино мекунанд ва аз гуноҳ ҳеҷ сер намешаванд. Одамони сустимонро бо фиреб ба доми худ мекашанд ва дилашон ба ҳирсу чашмгуруснагӣ одат кардааст. Онҳо дар зери лаънати Парвардигор зиндагӣ мекунанд. Ин муаллимони дурӯғин аз роҳи рост гашта, таълимоти Билъоми писари Баӯрро пайравӣ мекунанд, ки пули бо роҳи ҳаром ба даст омадаро дӯст медошт. Аммо гуноҳи Билъомро хари безабонаш ошкор намуд. Хар забон баровард ва чун одам сухан гуфта, пайғамбарро аз девонагиаш гардонд. Ин одамон мисли чашмаҳои хушкшуда ва абрҳое ҳастанд, ки аз вазиши бод пароканда мешаванд. Онҳоро ҷазо дар ҷойи тип-торик интизор аст! Онҳо суханони дабдабанок ва хушку холӣ гуфта одамонеро, ки ба наздикӣ аз ҳаёти хатокорона озод шудаанд, ба доми ҳавасҳои бади ҷисмонӣ ва бадахлоқӣ мекашанд. Онҳо озодиро ваъда медиҳанд, дар ҳоле ки худашон ғуломи бадахлоқӣ ҳастанд, чунки одам ғуломи он чизест, ки ӯро мағлуб кардааст. Зеро, агар онҳо ба хотири шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаамон Исои Масеҳ аз расвоии ин ҷаҳон халос шуда, баъд боз дар он расвоӣ ғӯтида, мағлуб шуда бошанд, пас ҳолати ҳозираашон аз пештара бадтар аст! Беҳтараш ки онҳо роҳи росткориро ҳаргиз намешинохтанд, ба ҷойи ин ки онро шинохта, аз фармони зиндагии пок доштан рӯй тобанд. Тарзи ҳаёти ин муаллимони дурӯғинро чунин зарбулмасалҳо хуб ифода мекунанд: «Саг хӯроки қайкардаашро баргашта мехӯрад» ва «Хуки шусташуда боз дар лойқа ғел мезанад». Азизон, ин аллакай номаи дуюм аст, ки ман ба шумо менависам. Дар ин номаҳоям кӯшиш намудам, ки ба воситаи хотиррасон кардан дар ботини шумо фикрронии дурустро бедор намоям. Ман мехоҳам, ки шумо суханони пайғамбарони муқаддасро, ки дар замонҳои пеш гуфтаанд ва фармонҳоеро, ки Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо ба воситаи фиристодагон ба шумо додааст, дар хотир дошта бошед. Пеш аз ҳама шумо бояд донед, ки дар замонҳои охир шахсоне пайдо мешаванд, ки аз рӯйи ҳавасҳои бади ҷисмониашон зиндагӣ карда, ҳақиқатро масхара мекунанд. Онҳо чунин хоҳанд гуфт: «Куҷост ваъдаи омадани Исо? Охир, бобоҳоямон аллакай гузаштанд, вале ҳама чизе, ки дар дунё аз замони офариниш буд, тағйир наёфтааст!» Чунин одамон фаромӯш кардаанд, ки осмону замин бо сухани Худо офарида шуда буданд. Ӯ заминро аз об ҷудо кард ва ба воситаи об онро нигоҳ медорад. Инчунин Худо дар замонҳои қадим ҷаҳонро бо обхезии бузург несту нобуд кард. Вале замину осмони ҳозира бо ҳамон сухани Худо барои оташ нигоҳ дошта мешаванд. Онҳоро Худо барои рӯзи қиёмат ва ҳалокати одамони бадкор нигоҳ дошта истодааст. Азизон, шумо бояд як чизро дар хотир дошта бошед, ки барои Худованд байни як рӯз ва ҳазор сол фарқе нест. Худованд дар иҷрои ваъдааш дер намекунад, ҳол он ки баъзеҳо фикр мекунанд, ки Ӯ дер карда истодааст. Ӯ пурсаброна интизор аст, ки ҳама тавба кунанд, чунки намехоҳад касе нобуд шавад. Рӯзи бозгашти Худованд бошад, мисли дузд ногаҳон меояд. Он гоҳ осмон бо гулдурроси баланд нест мешавад ва сайёраву ситораҳо дар оташ нобуд мегарданд. Инчунин замин ва ҳар чизе, ки дар рӯйи он аст, сӯхта нест мешавад. Пас, агар ҳама чиз ин тавр нобуд шавад, ҳаёти шумо бояд хеле пок бошад ва дар худотарсӣ гузарад, дар ҳоле ки шумо омадани рӯзи Худоро интизор ҳастед ва мехоҳед, ки он зудтар бирасад. Дар ҳамон рӯз Худо осмонро сӯзонида, сайёраву ситораҳоро дар оташ несту нобуд мекунад. Вале мо аз рӯйи ваъдаи Худо осмону замини навро интизор ҳастем, ки дар он ҷо росткории Худо истиқомат мекунад. Барои ҳамин, азизон, ҳангоме ки мунтазири Ӯ ҳастед, кӯшиш кунед, ки дар назари Худо зиндагии оромона ва беайбу бенуқсон дошта бошед. Инчунин сабру тоқати Худовандамонро имконияти наҷот ёфтан ҳисобед, чунончи, бародари азизамон Павлус ҳам дар ин бора аз рӯйи ҳикмати худододаш ба шумо навишта буд. Ӯ дар бораи ин чизҳо дар ҳамаи номаҳояш менависад. Дар номаҳои ӯ баъзе чизҳои душворфаҳм ҳаст, ки одамони нодон ва ноустувор нодуруст мефаҳмонанд. Онҳо дигар қисмҳои навиштаҷотро ҳам ғалат маънидод мекунанд ва бо ин корашон худро ба ҳалокат дучор менамоянд. Дӯстони азиз, барои ҳамин инро пешакӣ дониста, ҳушёр бошед, то ки гуноҳкорон шуморо фиреб надиҳанд ва аз по наафтед. Шумо бояд дар шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаамон Исои Масеҳ ва файзу меҳрубонии Ӯ калон шавед. Аз ҳоло то абад тамоми шаъну шараф аз они Ӯ бод! Омин! Мо ба шумо дар бораи Каломи ҳаёт эълон мекунем, ки Ӯ аз ибтидо буд. Мо Ӯро шунидему бо чашмони худ дидем, инчунин ба Ӯ нигоҳ кардему ба Ӯ даст расондем. Ин ҳаёт намоён шуд. Мо Ӯро дидем ва ба шумо дар борааш шаҳодат медиҳем. Мо дар бораи ин ҳаёти абадӣ хабар медиҳем, ки Ӯ бо Падари Осмонӣ буд ва ба мо намоён шуд. Мо ба шумо дидаву шунидаамонро эълон мекунем, то шумо низ шарики муносибатҳои мо шавед, ки ин муносибат аслан бо Падари Осмонӣ ва Писари Ӯ, Исои Масеҳ аст. Ин суханонро барои он менависем, ки шодии мо пурра гардад. Ана ин пайғом, ки мо аз Масеҳ шунидем ва ба шумо эълон мекунем: «Худо нур аст ва дар Ӯ ҳеҷ торикие вуҷуд надорад». Пас агар гӯем, ки бо Худо муносибат дорем, аммо бо роҳи торикӣ равем, он гоҳ мо дурӯғгӯй ҳастем ва дар ростӣ зиндагӣ намекунем. Аммо агар мо дар равшанӣ роҳ равем, ҳамон тавре ки Худо дар равшанӣ аст, пас бо якдигар муносибат дорем ва он гоҳ хуни Писари Ӯ, Исо моро аз ҳар гуноҳ пок мекунад. Лекин агар гӯем, ки мо гуноҳкор нестем, худро фиреб медиҳем ва нишон медиҳем, ки дар вуҷудамон ростӣ нест. Вале агар ба гуноҳҳои худ иқрор шавем, он гоҳ Худо, ки бовафо ва одил аст, гуноҳҳои моро мебахшад ва аз ҳар нодурустӣ моро пок месозад. Агар гӯем, ки ҳеҷ гуноҳ накардаем, Худоро дурӯғгӯй мекунем ва нишон медиҳем, ки каломи Ӯ дар мо нест. Эй фарзандони азизам, ин суханонро ман барои он ба шумо менависам, то ки гуноҳ накунед. Вале вақте касе гуноҳ кунад, мо Исои Масеҳи беайбро дорем, ки ҳоло дар пеши Падари Осмонӣ моро тарафдорӣ мекунад. Ӯ барои ором кардани ғазаби Худо ва бахшида шудани гуноҳҳои мо ва на фақат барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон ҷони Худро фидо кардааст. Агар мо ба фармонҳои Худо итоат кунем, он гоҳ мефаҳмем, ки Ӯро ба ростӣ шинохтаем. Ҳар касе, ки «ман Худоро шинохтаам» мегӯяду фармонҳои Ӯро иҷро намекунад, дурӯғгӯй аст ва ростӣ дар вуҷудаш нест. Мо фақат ҳамон вақт Худоро ҳақиқатан дӯст медорем, ки фармонҳояшро иҷро кунем. Он гоҳ медонем, ки аз они Худо ҳастем. Вақте касе мегӯяд, ки ӯ бо Худо аст, бояд ҳамон тавре амал кунад, ки Исо амал мекард. Азизонам, ман ба шумо фармони нав наменависам, балки фармони қадимаеро менависам, ки шумо аз аввал доштед. Фармони қадима ҳамон пайғомест, ки шумо шунидаед. Ба ҳар ҳол, ман ба шумо фармони навро менависам, ки ҳақиқат будани он дар Масеҳ ва шумо намоён шудааст, чунки торикӣ аз байн рафта истодааст ва равшании аслӣ аллакай медурахшад. Ҳар касе, ки «ман дар равшанӣ ҳастам» мегӯяду бародар ё хоҳареро бад мебинад, ҳанӯз дар торикӣ мебошад. Лекин ҳар касе, ки бародару хоҳарро дӯст медорад, дар равшанӣ зиндагӣ мекунад ва дар вай чизе нест, ки сабаби пешпо хӯрданаш шавад. Аммо касе, ки ба як бародар ё хоҳаре нафрат дорад, дар торикист. Вай бо роҳи торикӣ равона асту роҳи мерафтаашро намедонад, чунки торикӣ чашмонашро кӯр сохтааст. Эй фарзандон, ман ба шумо менависам, чунки гуноҳҳои шумо аз барои Масеҳ бахшида шудаанд. Эй падарон, ман ба шумо менависам, чунки шумо Ҳамонеро, ки аз ибтидост, мешиносед. Эй ҷавонон, ман ба шумо менависам, чунки шумо шайтонро мағлуб кардаед. Эй фарзандон, ман ба шумо менависам, чунки шумо Падарро мешиносед. Эй падарон, ман ба шумо менависам, чунки шумо Ҳамонеро, ки аз ибтидо вуҷуд дорад, мешиносед. Эй ҷавонон, ман ба шумо менависам, чунки шумо боқувват ҳастед ва каломи Худо дар шумо ҳамеша натиҷабахш аст, инчунин шумо бар шайтон ғолиб баромадаед. Ба ин дунё ва ба ҳар он чи, ки дар он аст, дил набандед. Касе, ки ба ин дунё дил мебандад, муҳаббати Худо дар вай нест. Чунки ҳар чизе, ки дар ин дунё ҳаст, яъне ҳавасҳои нафсонӣ, чашмгуруснагӣ ва бо молу мулк калонгирӣ кардан, ҳамаи ин на аз ҷониби Падари Осмонӣ, балки аз ин дунё мебошад. Ин дунё бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо онҳое, ки хости Худоро иҷро мекунанд, то абад зинда мемонанд. Эй фарзандон, ин замони охир аст ва чӣ тавре ки шумо дар бораи омадани душмани Масеҳ шунида будед, ҳоло чунин душманон зиёд баромадаанд. Аз ҳамин ҳам мефаҳмем, ки ин замони охир аст. Гарчанде ки ин шахсон аз байни мо баромада бошанд ҳам, онҳо аъзои мо набуданд, чунки агар аъзои мо мебуданд, ҳамроҳи мо мемонданд. Вале вақте аз мо ҷудо шуданд, маълум карданд, ки ҳеҷ якеашон аъзои мо набуданд. Бар шумо бошад, Масеҳ Рӯҳи Худоро рехтааст, бинобар ин ҳамаи шумо чӣ будани ростиро медонед. Инак, ман ба шумо на барои он менависам, ки шумо ростиро намедонед, балки барои он менависам, ки шумо ростиро медонед ва ҳамчунон огоҳ ҳастед, ки аз ростӣ ҳеҷ дурӯғ барнамеояд. Дурӯғгӯй кист? Магар он касе нест, ки Таъйиншудаи Худо будани Исоро инкор мекунад? Ин дурӯғгӯй ҳамон душмани Масеҳ аст, ки ҳам Падар ва ҳам Писарро рад мекунад. Ҳар кӣ Писарро рад кунад, бо Падар буда наметавонад ва ҳар кӣ Писарро қабул кунад, Падарро ҳам қабул мекунад. Бигзор пайғоми аз аввал шунидаатон дар шумо бимонад. Зеро агар пайғоми аз аввал шунидаатон дар дилҳои шумо монад, он гоҳ шумо дар муносибати Падару Писар мемонед. Ана ваъдаи Масеҳ низ, ки ба мо додааст, ҳаёти абадӣ аст. Ҳамаи ин суханонро ман оид ба касоне навиштаам, ки шуморо аз роҳ заданӣ ҳастанд. Шумо бошед, Рӯҳеро доред, ки Ӯ ба шумо додааст ва ин Рӯҳ дар шумо сокин мебошад, бинобар ин эҳтиёҷ надоред, ки каси дигар шуморо ёд диҳад. Худи ҳамин Рӯҳ дар бораи ҳама чиз ёд медиҳад ва таълимоти Ӯ дурӯғ нест, балки рост аст. Пас ҳамон тавре ки Ӯ шуморо таълим додааст, бо Масеҳ монед. Ҳоло бошад, фарзандони азизам, бо Масеҳ муносибати худро давом диҳед, то ки дар вақти баргаштан ва зоҳир шуданаш дар пеши Ӯ сари худро хамшуда ҳис накунем, балки боҷуръат бошем. Мо медонем, ки Масеҳ дурусткор аст. Бино бар ин, медонем, ки ҳар кӣ корҳои дуруст мекунад, таваллуди нав аз Худо гирифтааст. Бинед, ки Падар чӣ қадар моро дӯст доштааст, ки мо фарзандони Ӯ номида мешавем ва ҳам фарзандони Ӯ ҳастем. Сабабе, ки ҷаҳон моро намешиносад, дар он аст, ки он Худоро нашинохт. Азизон, мо ҳоло фарзандони Худо ҳастем ва ҳанӯз намоён нашудааст, ки мо чӣ гуна мешавем. Лекин ҳаминро медонем, ки ҳангоми зоҳир шудани Масеҳ мисли Ӯ хоҳем шуд, чунки Ӯро ҳамон тавре ки ҳаст, хоҳем дид. Инак, ҳар кӣ ба Ӯ умед мебандад, худро пок нигоҳ медорад, чуноне ки Масеҳ пок аст. Ҳар кӣ дар гуноҳ зиндагӣ мекунад, қонуншикан аст. Аслан худи гуноҳ беқонунӣ аст. Шумо ҳам медонед, ки Масеҳ барои аз байн бардоштани гуноҳҳои мо зоҳир шуд. Шумо инчунин медонед, ки Ӯ комилан бегуноҳ аст. Пас, ҳар кӣ дар Ӯ зиндагӣ мекунад, гуноҳ карданро давом намедиҳад. Ҳар кӣ гуноҳ карданро давом медиҳад, Масеҳро на дидааст ва на шинохтааст. Фарзандони азиз, нагузоред, ки касе шуморо гумроҳ созад. Ҳамаи онҳое, ки кори дуруст мекунанд, дурусткор ҳастанд, айнан мисли Масеҳ, ки дурусткор аст. Аммо ҳамоне, ки гуноҳ карданро давом медиҳад, аз шайтон аст, зеро шайтон аз ибтидо гуноҳ карда меояд. Сабаби зоҳир шудани Писари Худо низ дар ҳамин буд, ки корҳои шайтонро нобуд созад. Ҳар касе, ки Худо барояш таваллуди нав бахшидааст, гуноҳ карданро давом намедиҳад, зеро дар дохилаш табиати Худо мебошад. Инчунин вай наметавонад, ки зиндагии гуноҳкоронаро давом диҳад, чунки таваллуди нав аз Худо гирифтааст. Кӣ фарзанди Худо ва кӣ фарзанди шайтон буданаш ин тавр маълум мегардад: ҳар кӣ кори ростро иҷро намекунад ва ҳамчунин бародар ё хоҳари худро дӯст намедорад, фарзанди Худо намебошад. Зеро пайғоме, ки шумо аз аввал шунида будед, ин аст, ки мо бояд якдигарро дӯст дошта бошем. Мисли Қоин набошем, ки зердасти шайтон буда, бародари худро кушт. Аз чӣ сабаб бародарашро кушт? Чунки корҳои ӯ баду корҳои бародараш дуруст буданд. Бинобар ин, эй бародарону хоҳаронам, агар одамони ҷаҳон аз шумо нафрат кунанд, ҳайрон нашавед. Азбаски бародарону хоҳарони худро дӯст медорем, мо медонем, ки аз марг ба ҳаёт гузаштем. Ҳар кӣ бародару хоҳари худро дӯст намедорад, ҳанӯз ҳам зери дасти марг аст. Ҳар кӣ бародару хоҳари худро бад мебинад, одамкуш аст. Шумо бошед, медонед, ки дар даруни ҳеҷ як одамкуш ҳаёти абадӣ нест. Чӣ будани муҳаббатро мо дар Исои Масеҳ мебинем, ки Ӯ ҷони Худро барои мо фидо кард. Мо низ бояд худро барои бародарону хоҳарони худ фидо кунем. Агар касе молу мулк дошта бошаду бинад, ки бародар ё хоҳараш муҳтоҷӣ дорад, вале нисбати ӯ сангдил монад, магар муҳаббати Худо дар дили вай ҳаст? Фарзандони азиз, биёед мо на бо забону сухан, балки дар амал ва ростӣ муҳаббатро нишон диҳем. Агар ҳамин тавр кунем, медонем, ки мо аз они ростӣ ҳастем ва агарчи виҷдонамон моро азоб диҳад ҳам, дар ҳузури Худо диламон ором мебошад, зеро Худо аз виҷдони мо бузургтар аст ва аз ҳама чиз огоҳ мебошад. Дӯстони азиз, агар виҷдонамон моро азоб надиҳад, пас дар пеши Худо сарамонро бардошта меистем ва азбаски ба фармонҳои Ӯ итоат мекунем ва кори писандидаи Ӯро иҷро менамоем, ҳар чи хоҳиш кунем, аз Ӯ мегирем. Фармони Ӯ ин аст, ки ба Писараш Исои Масеҳ бовар кунем ва аз рӯйи фармони Ӯ якдигарро дӯст дошта бошем. Касоне, ки ба ин фармон итоат мекунанд, дар Ӯ зиндагӣ мекунанд ва Ӯ дар дохили онҳо зиндагӣ мекунад. Аз куҷо мо мефаҳмем, ки Ӯ дар дохили мо зиндагӣ мекунад? Аз Рӯҳи Худо мефаҳмем, ки Ӯ ба мо додааст. Эй азизон, ба ҳар касе, ки «ман Рӯҳи Худоро дорам» мегӯяд, бовар накунед. Онҳоро санҷед, ки оё ростӣ аз тарафи Худоянд, чунки ба ҷаҳон бисёр пайғамбарони бардурӯғ омадаанд. Шумо Рӯҳи Худоро ин тавр шинохта метавонед: ҳар рӯҳе, ки бо ҷисми инсонӣ омадани Исои Масеҳро иқрор мекунад, аз Худост, аммо ҳар рӯҳе, ки инро иқрор намекунад, аз Худо нест. Баръакс ин рӯҳ аз ҷониби душмани Масеҳ аст, ки шумо дар бораи омада истодани ӯ шунидаед ва ӯ аллакай дар ҷаҳон аст. Фарзандони азиз, шумо аз они Худо ҳастед, бинобар ин Касе, ки дар дохили шумо ҳаст, бузургтар аз онест, ки дар ҷаҳон мебошад. Пас шумо пайғамбарони бардурӯғро мағлуб сохтаед. Онҳо аз они ҷаҳон мебошанд, бинобар ин мувофиқи ин ҷаҳон гап мезананд ва одамони ҷаҳон онҳоро гӯш мекунанд. Мо бошем, аз они Худо ҳастем ва ҳар касе, ки Худоро мешиносад, моро гӯш мекунад. Аммо онҳое, ки аз они Худо нестанд, моро гӯш намекунанд. Ана аз ҳамин мо рӯҳи ростиро аз рӯҳи фиреб фарқ мекунем. Азизон, биёед якдигарро дӯст дорем, чунки муҳаббат аз Худо аст. Ҳар кӣ муҳаббат нишон медиҳад, аз Худо таваллуди нав гирифтааст ва Худоро мешиносад. Худо муҳаббат аст, пас ҳар кӣ муҳаббат нишон намедиҳад Худоро намешиносад. Муҳаббати Худо ба мо ин тавр намоён шудааст, ки Ӯ Писари ягонаи Худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи Ӯ ҳаёти абадӣ ба даст оварем. Ана ин муҳаббат аст, ки на мо Худоро дӯст доштем, балки Ӯ моро дӯст дошт ва Писари Худро фиристод, то ки Ӯ барои ором кардани ғазаби Худо ва бахшида шудани гуноҳҳои мо фидо шавад. Азизонам, агар Худо моро ин қадар дӯст дорад, пас мо низ бояд якдигарро дӯст дорем. Худоро касе надидааст, вале агар мо якдигарро дӯст дорем, Худо дар дохили мо зиндагӣ мекунад ва муҳаббати Ӯ дар дохили мо ба ҳадди комил мерасад. Дар Худо сокин буданамон ва Худо дар мо сокин буданашро мо аз ин мефаҳмем, ки Ӯ Рӯҳи Худро ба мо додааст. Инчунин мо бо чашми худ дидем ва шаҳодат медиҳем, ки Падар Писари Худро ҳамчун Наҷотдиҳандаи ҷаҳон фиристодааст. Дар дохили касоне, ки Писари Худо будани Исоро иқрор мекунанд, Худо сокин мебошад ва онҳо дар Худо сокин мебошанд. Ана ҳамин тавр мо муҳаббати Худоро нисбати худ шинохтем ва ба он бовар мекунем. Худо муҳаббат аст ва онҳое, ки дар муҳаббат мемонанд, дар Худо сокин мебошанд ва Худо дар онҳо мебошад. Муҳаббати Худо дар мо ба ҳадди комил расидааст, то ки мо дар рӯзи ҷазо бо сари бардошта истода тавонем, чунки мо дар ин ҷаҳон монанди Ӯ ҳастем. Дар муҳаббат тарс нест, баръакс муҳаббати пурра тарсро аз байн мебарад. Касе, ки тарс дорад, интизори ҷазо аст. Ӯ ҳанӯз ба ҳадди комили муҳаббат нарасидааст. Мо барои он муҳаббат нишон медиҳем, чунки аввал Худо моро дӯст доштааст. Агар касе мегӯяд, ки ӯ Худоро дӯст медорад, аммо бародар ё хоҳарашро бад мебинад, дурӯғгӯй аст. Зеро агар мо бародаронро бад бинем, дар ҳоле ки чашмамон онҳоро мебинанд, пас Худоро, ки чашмамон намебинад, дӯст дошта наметавонем. Фармони Худо ин аст, ки ҳар кӣ Ӯро дӯст дорад, бояд бародару хоҳари худро низ дӯст дорад. Ҳар касе, ки ба Таъйиншудаи Худо будани Исо бовар мекунад, таваллуди нав аз Худо гирифтааст ва ҳар кӣ падарро дӯст дорад, фарзандашро низ дӯст медорад. Агар мо Худоро дӯст дорем ва фармонҳои Ӯро иҷро кунем, бо ҳамин мефаҳмем, ки фарзандони Худоро дӯст медорем. Зеро Худоро дӯст доштан ин фармонҳои Ӯро иҷро кардан аст. Фармонҳои Ӯ бошанд, вазнин нестанд, чунки ҳар кӣ аз Худо таваллуди нав гирифтааст, ҷаҳонро ғалаба мекунад ва ин ғалабае, ки бар ҷаҳон ғолиб мебарояд, имони мост. Пас кӣ бар ҷаҳон ғолиб мебарояд? Фақат он касе, ки ба Писари Худо будани Исо бовар мекунад. Исои Масеҳ ҳамонест, ки ба воситаи обу хун омадааст. Ӯ на фақат ба воситаи об, балки ба воситаи обу хун омадааст. Инро Рӯҳ шаҳодат медиҳад, чунки Рӯҳ ҳақ аст. Зеро се шоҳид ҳаст, ки шаҳодат медиҳад: Рӯҳ, об ва хун ва ҳар сеи онҳо забон як доранд. Мо шаҳодати инсонро қабул мекунем, вале шаҳодати Худо чӣ қадар бештар боварибахш аст. Охир дар ин ҷо Худи Худо дар бораи Писараш шаҳодат додааст. Касе, ки ба Писари Худо бовар мекунад, дар дили худ ин шаҳодатро дорад. Аммо ҳар кӣ ба Худо бовар намекунад, Ӯро дурӯғгӯй месозад, чунки ба шаҳодате, ки Худо дар бораи Писараш додааст, бовар накард. Ин ҳам шаҳодати Худо аст, ки Ӯ ба мо ҳаёти абадӣ бахшидааст ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст. Ҳар кӣ бо Писар аст, ин ҳаётро дорад ва ҳар кӣ бо Писари Худо нест, ин ҳаётро надорад. Ман ин суханонро ба шумое, ки ба Писари Худо бовар мекунед, менависам, то донед, ки соҳиби ҳаёти абадӣ ҳастед. Бино бар ин, мо дар ҳузури Худо ин бовариро дорем, ки ҳар чи мувофиқи хости Ӯ хоҳиш кунем, Ӯ ба мо гӯш меандозад. Пас, агар донем, ки Ӯ ҳар хоҳиши моро мешунавад, мо инчунин медонем, ки чизи хоҳишкардаамонро ба даст овардаем. Агар шумо бинед, ки бародар ё хоҳаратон гуноҳе мекунад, ки ба марг намебарад, бояд барояш дуо кунед ва Худо ба ӯ ҳаёт мебахшад, яъне ба оне, ки гуноҳи ба марг набаранда мекунад. Чунки гуноҳе ҳаст, ки ба марг мебарад ва ман намегӯям, ки барои чунин гуноҳ бояд дуо кунед. Ҳамаи корҳои нодуруст гуноҳ ҳастанд, вале ин гуноҳест, ки ба марг намебарад. Мо медонем, ҳар касе ки аз Худо таваллуди нав ёфтааст, гуноҳ карданро давом намедиҳад, балки Писари Худо онҳоро эҳтиёт мекунад ва шайтон ба онҳо даст расонда наметавонад. Мо низ медонем, ки мо фарзандони Худо ҳастем ва тамоми ҷаҳон зери дасти шайтон мебошад. Мо боз медонем, ки Писари Худо омад ва ба мо қобилияти фаҳмиданро додааст, то мо Ҳамонеро, ки ростӣ аст, шиносем. Мо бошем, дар Ҳамоне, ки ростист ва дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти абадӣ аст. Фарзандони азиз, худро аз бутпарастӣ эҳтиёт кунед. Аз роҳбари ҷамоати имондорон ба хонуме, ки Худо интихоб кардааст ва фарзандони вай, ки ба ростӣ дӯсташон медорам. Мо ҳарду ҳамон як ростиро дӯст медорем, ки он дар мо ҳоло мебошад ва то абад бо мо мемонад. На фақат ман шуморо дӯст медорам, балки ҳамаи онҳое ҳам, ки ростиро мешиносанд. Бигзор файзу меҳрубонӣ, раҳму шафқат ва сулҳу осоиштагӣ аз ҷониби Худо Падар ва Исои Масеҳ, Писари Падар бо мо, ки ростиро медонем ва якдигарро дӯст медорем, бошад. Аз фаҳмидани он, ки баъзе фарзандони шумо мувофиқи фармоиши Падар дар роҳи ростӣ зиндагӣ мекунанд, бениҳоят хурсанд шудам. Ҳоло ҳам, хонуми мӯҳтарам, ба шумо на фармони нав, балки ҳамонеро, ки аз аввал доштем, менависам ва хоҳиш мекунам, ки ҳамаамон якдигарро дӯст дорем. Муҳаббат бошад, дар ин аст, ки мо ба фармонҳои Худо итоат намуда, зиндагӣ кунем. Фармони Ӯ ҳамонест, ки аз аввал шунидаед, яъне бо роҳи муҳаббат равед. Дар ҷаҳон бисёр фиребгарон баромадаанд, ки бо ҷисми инсонӣ омадани Исои Масеҳро иқрор намекунанд. Ин хел одамон фиребгар ва душмани Масеҳ ҳастанд. Эҳтиёт шавед, то чизеро, ки барояш заҳмат кашидаем, аз даст надиҳед. Баръакс ба мукофоти пурра ноил гардед. Ҳар кӣ таълимоти Масеҳро иҷро намекунаду аз ҳадду ҳудуди он мебарояд бо Худо нест. Аммо касе, ки дар ин таълимот мемонад, ҳам бо Падар ва ҳам бо Писар мебошад. Агар касе пеши шумо ояду ин таълимотро наоварад, ӯро ба хонаатон роҳ надиҳед ва қабул накунед. Зеро касе, ки ӯро қабул мекунад, шарики корҳои бади ӯ мегардад. Боз чизи зиёд ба шумо гуфтанӣ ҳастам, вале намехоҳам, ки онро бо ранг дар рӯйи коғаз нависам. Ман умедворам, ки шуморо хабар гирифта, чашм ба чашм гап мезанем, то ки шодиамон лабрез гардад. Фарзандони хоҳарат, ки Худо интихоб кардааст, ба ту салом мегӯянд. Аз роҳбари ҷамоати имондорон ба Ғоюси азиз, ки дар ростӣ ӯро дӯст медорам. Дӯсти азизам, ман дуо мекунам, ки аз ҳар ҷиҳат ривоҷу равнақ ёбӣ ва сиҳату саломат бошӣ, чуноне ки дилу ҷонат равнақ меёбад. Вақте ки чанд бародарон омада, ба ман шаҳодат доданд, ки ту ба ростӣ бовафо ҳастӣ ва дар роҳи ростӣ меравӣ, ман бениҳоят хурсанд шудам. Аз шунидани он, ки фарзандони ман дар роҳи ростӣ мераванд, бароям хурсандии бузургтаре нест. Дӯсти азиз, ту нисбат ба имондорон, ҳатто имондорони бароят ношинос вафодорона рафтор мекунӣ. Ин бародарону хоҳарон дар бораи муҳаббати ту дар пеши ҷамоати имондорон шаҳодат доданд. Кори хуб мекунӣ, агар онҳоро тавре ба сафарашон гусел намоӣ, ки иззати Худоро ба ҷо меорад. Чунки онҳо аз барои номи Ӯ ба сафар баромадаанд ва аз беимонон чизе қабул накарданд. Бино бар ин, мо бояд чунин одамонро таъмин намоем, то ки дар роҳи ростӣ ҳамкор шавем. Ман дар бораи ин ба ҷамоати имондорон нависта будам, аммо ҳамон Диютрифис, ки роҳбарӣ карданро дӯст медорад, гапи моро дар замин монд. Пас, дар сурати омаданам ман корҳои ӯро ва суханони зишташро, ки бар зидди мо мегӯяд, ба рӯйи об мебарорам. Ба ӯ ин корҳояш ҳам кам аст, ки боз аз қабул кардани бародарону хоҳарон рӯй мегардонад. Ӯ ба дигарон низ, ки қабул кардан мехоҳанд, роҳ намедиҳад. Ҳатто онҳоро аз ҷамоати имондорон берун мекунад. Дӯсти азизам, рафтори хубро тақлид кун ва на рафтори бадро. Зеро ҳар кӣ хубӣ мекунад, аз ҷониби Худо аст. Аммо касе, ки бадӣ мекунад, Худоро надидааст. Ана Димитриюсро ҳама таъриф мекунанд, ҳатто худи ростӣ инро тасдиқ мекунад. Мо ҳам дар бораи ӯ шаҳодат медиҳем ва ту медонӣ, ки шаҳодати мо рост аст. Боз чизи зиёд ба ту гуфтанӣ ҳастам, лекин намехоҳам, ки онро бо ранг дар рӯйи коғаз нависам. Ман умедворам, ки ба зудӣ туро мебинам ва чашм ба чашм гап мезанем. Саломат бош. Дӯстони ин ҷо будаат ба ту салом мегӯянд, ту низ дӯстони он ҷоро як ба як салом гӯй. Салом ба ҳамаи онҳое, ки Худо Падар даъват кардааст, дӯст доштааст ва ба воситаи Исои Масеҳ дар паноҳаш нигоҳ медорад. Ман, Яҳудо, ки хизматгори Исои Масеҳ ва бародари Яъқуб ҳастам, ба шумо раҳму шафқат, осоиштагӣ ва муҳаббати бештару бештар орзумандам! Эй азизон, хеле мехостам ба шумо дар бораи наҷоте нависам, ки мо бо ҳам дар он шарик ҳастем. Лекин ҳоло зарур донистам, ки ин номаро навишта, шуморо рӯҳбаланд созам, то имонеро, ки боре ба халқи Худо дода шудааст, ҳимоя намоед. Зеро баъзе касон, ки дар бораи ҷазо гирифтанашон ҳанӯз дар замони қадим навишта шуда буд, дар миёни шумо пинҳонӣ ҷой гирифтаанд. Онҳо худобехабар буда, файзу меҳрубонии Худои моро ҳамчун иҷозат ба бадахлоқии ҷинсӣ медонанд ва ягона Ҳокиму Худованди мо Исои Масеҳро рад мекунанд. Ҳоло мехоҳам он чиро, ки худатон хуб медонед, бори дигар ба шумо хотиррасон намоям. Худованд халқи Худро аз сарзамини Миср халос кард, вале сипас ҳамаи онҳоеро, ки имон надоштанд, нобуд сохт. Инчунин, фариштаҳоеро, ки мақоми худро нигоҳ надошта, манзилашонро тарк карданд, Худо занҷирбанд намуда, дар торикии абадӣ барои рӯзи бузурги қиёмат нигоҳ медорад. Мисли ин фариштаҳо, шаҳрҳои Садуму Амуро ва деҳоти гирду атрофи онҳо, ки ба бадахлоқии ҷинсӣ ва хоҳишҳои ғайритабиӣ дода шуда буданд, ҳамчун намуна гирифтори ҷазои оташи абадӣ гаштанд. Айнан ҳамин тавр ин шахсони хобу хаёлпараст низ ҷисмашонро ҳаром мекунанду ҳеҷ ҳокимиятро қабул наменамоянд ва қувваҳои осмониро бадгӯйӣ мекунанд. Ҳол он ки ҳатто сардори фариштагон Микоил чун бо шайтон дар бораи ҷасади Мусо пайғамбар баҳс мекард, ба худ раво надид, ки ӯро дашном дода, айбдор кунад. Ӯ фақат ҳаминро гуфт: «Ҷазои туро Худованд диҳад». Ин одамон намедонанд, ки дар асл киро бадгӯйӣ мекунанд. Лекин онҳо ба монанди ҳайвони бефаросат донистагии ҳиссиёти худро иҷро мекунанд ва ба сари худ ҳалокат меоваранд. Вой бар ҳоли чунин одамон, чунки бо роҳи Қоин мераванд, пул гуфта, гирифтори хатои Билъом шудаанд ва саркашӣ намуда, мисли Қӯраҳ нобуд мешаванд. Онҳо ҳамроҳи шумо ба сари дастархон, ки бо муҳаббат барои хӯроки шоми Худованд ҷамъ мешавед, ба монанди сангҳои хатарноки зериобӣ мешинанду бар ивази дигаронро фикр кардан бешармона ғами шиками худро мехӯранд. Онҳо абрҳои беобанд, ки бод мебарад ва дарахтони бемеваанд, ки дар тирамоҳ решакан мешаванд ва дубора мемиранд. Онҳо мавҷҳои шадиди баҳранд, ки шармандагии худро мисли кафк рӯйи об мебароранд. Онҳо ситорагони овораанд, ки дар ҷойи тип-торик ҷазои абадӣ онҳоро интизор аст. Ҳамчунин Ҳанух, ки насли ҳафтуми Одам буд, дар бораи онҳо пешгӯйӣ намуда гуфтааст: «Бингар, Худованд бо ҳазор-ҳазор нафарони халқи Худ меояд. Ӯ меояд, то ки ҳамаро ҳукм кунад ва ҷони ҳар гунаҳкорро мувофиқи кирдори бадаш ва суханони бешармонааш, ки ба Ӯ гуфтааст, ҷазо диҳад». Онҳо ҳамеша шикоят мекунанд ва баҳона меҷӯянд, аз пайи хоҳишҳои худ ҳастанд, бо худ меболанд ва барои фоидаи худ хушомад мезананд. Аммо шумо, азизон, суханони фиристодагони Худовандамон Исои Масеҳро, ки пеш ба шумо гуфта буданд, фаромӯш накунед. Онҳо ба шумо чунин мегуфтанд: «Дар охирзамон шахсоне пайдо мешаванд, ки ростии Худоро масхара карда, аз пайи хоҳишҳои бади худ мераванд». Онҳо ҷудоӣ меандозанд, мувофиқи майлҳои ҷисмонӣ рафтор мекунанд, лекин Рӯҳулқудсро, яъне Рӯҳи Худоро надоранд. Аммо шумо, азизон, ҳамеша бо роҳнамоии Рӯҳулқудс дуо карда, имони поктаринатонро дар худ мустаҳкам созед. Дар муҳаббати Худо бимонед, чунки ҳоло дар интизори раҳму шафқати Худовандамон Исои Масеҳ ҳастед, ки он ба ҳаёти абадӣ мебарад. Нисбат ба онҳое, ки дудила ҳастанд, раҳмдил бошед. Баъзеро гӯё аз дами оташ кашида, наҷот диҳед. Нисбати баъзеи дигар дилсӯзӣ намоед, аммо эҳтиёт кунед ба либосе, ки олудаи ҷисми гунаҳкор аст, ҳатто даст нарасонед. Ба Ӯ, ки шуморо аз гуноҳ нигоҳ дошта, бе камбудӣ ва бо шодмонӣ пеши шукӯҳу ҷалоли Худ оварда метавонад, яъне бар Худои ягона, ки ба воситаи Худованд Исои Масеҳ Наҷотдиҳандаи мо шудааст, шаъну шараф, шукӯҳу ҷалол ва қуввату қудрат аз асрҳои пеш то имрӯз ва то абад бодо! Омин! Худо ба Исои Масеҳ вазифа дод, то ба пайравонаш ошкор намояд, ки ба зудӣ чӣ рӯй медиҳад. Исои Масеҳ фариштаашро фиристода, он чизҳоро ба хизматгораш – Юҳанно нишон дод. Инак, Юҳанно мувофиқи ҳама чизҳои дидааш дар бораи каломи Худо ва дар бораи шаҳодати Исои Масеҳ дар ин китоб гувоҳӣ медиҳад. Хушо касе, ки суханони пайғамбаронаи онро мехонад ва хушо касоне, ки онро мешунаванду ба ҷо меоранд, зеро вақт наздик аст. Юҳанно ба ҳафт ҷамоати имондорони вилоятҳои Осиё салом мегӯяд. Аз ҷониби Худо – Он, ки ҳаст, Он, ки буд, Он, ки меояд ва аз ҷониби ҳафт рӯҳ, ки дар пеши тахти Ӯ мебошанд, файзу меҳрубонӣ ва осоиш бар шумо бод! Ҳамчунин аз ҷониби Исои Масеҳ файзу меҳрубонӣ бар шумо бод. Ӯ шоҳиди вафодор аст ва аввалин шуда аз марг зинда шуд ва шоҳи шоҳони замин аст. Масеҳ моро дӯст дошта, бо хунаш моро аз бори гуноҳҳоямон озод кард ва дар Подшоҳии Падараш – Худо коҳинон таъйин намуд. Шаъну шараф ва қудрат ба Масеҳ то абад бод! Омин! Нигар! Масеҳ бо абрҳо меояд. Ҳама Ӯро мебинад. Ҳатто онҳое, ки Ӯро найза зада буданд. Он гоҳ ҳама қабилаҳои рӯйи замин дар пеши Ӯ доду фиғон мебардоранд. Оре, ҳамин тавр хоҳад шуд. Омин. «Ман Аввалину Охирин ҳастам, – мегӯяд Худованд Худо, – Ҳамоне ки ҳаст, буд ва меояд, Худои Тавоно!» Ман Юҳанно, бародар ва шарики шумо ҳастам, чунки ҳамаи мо ба хотири Исо ҳамчун шаҳрвандони Подшоҳии Худо пурсаброна азоб мекашем. Замоне барои эълони каломи Худову ҳақиқати Исо дар ҷазираи Патмус зиндонӣ будам. Рӯзи парастиши Худованд буд ва Рӯҳи Худо маро фаро гирифт. Ногаҳон аз пуштам овозе мисли садои карнай баланд шуд. Гуфт: «Он чиро, ки мебинӣ, дар китобе бинавис ва ба ҳафт ҷамоати имондорон бифирист. Ин ҷамоатҳо дар вилоятҳои Осиё, яъне дар шаҳрҳои Эфесус, Исмирно, Парғомус, Тиётиро, Сардис, Филоделфия ва Лоудикия ҳастанд». Ман баргашта нигоҳ кардам, то бубинам, ки овози киро мешунавам ва ҳафт чароғдони тиллоро дидам. Дар байни чароғдонҳо ба мисли Писари Одамизод шахсе меистод. Ӯ то пошнаи пойҳояш ҷомаи дарозе дар бар дошт ва бар қафаси синааш камарбанди тилло баста буд. Сару мӯйи Ӯ мисли пашми сафед ё барф сап-сафед буд. Чашмонаш мисли алангаи оташ, пойҳояш мисли биринҷии дар оташ софшуда ва овозаш мисли садои шаршараи азиме буд. Дар дасти росташ ҳафт ситораро нигоҳ медошт ва аз даҳонаш шамшери дудамаи тезе мебаромад. Рӯйи Ӯ мисли офтоби тафсони нисфирӯзӣ медурахшид. Ӯро дида, ба пеши пойҳояш мисли мурда афтодам. Аммо Ӯ дасти росташро бар ман ниҳода, гуфт: «Натарс! Ман хоҷаву анҷоми ҳама чиз ҳастам! Ҳамонам, ки зинда аст. Мурда будам, лекин ҳоло нигар, ҷовидона зинда ҳастам ва калидҳои маргу олами мурдагон дар дасти Ман аст. Инак, он чиро, ки дидӣ, он чиро, ки ҳаст ва он чиро, ки баъд аз ин мешавад, бинавис. Сирри ҳафт ситора, ки дар дасти ростам дидӣ ва сирри ҳафт чароғдони тилло чунин аст: ҳафт ситора фариштагони ҳафт ҷамоат ва ҳафт чароғдон ҳафт ҷамоати имондорон аст». Ба фариштаи ҷамоати имондорони шаҳри Эфесус бинавис: «Он ки дар дасти росташ ҳафт ситораро нигоҳ медорад ва дар байни ҳафт чароғдони тилло мегардад, чунин мегӯяд: „Ман корҳои туро медонам. Меҳнат ва сабру тоқати туро низ медонам. Ҳамчунин медонам, ки ба кирдори бадкорон тоқат намекунӣ ва касонеро, ки худро фиристодагони Масеҳ меноманд, санҷида, ошкор намудӣ, ки фиристодаи Ӯ нестанд, балки дурӯғ мегӯянд. Медонам, ки устувор ҳастӣ ва ба хотири номи Ман заҳмат кашида, хаста нашудӣ. Аммо аз ту барои як чиз норозиам, ки муҳаббати аввалинатро фаромӯш кардаӣ. Инак, ба ёд ор, ки аз куҷо афтодӣ, тавба кун ва корҳои пешинаатро давом деҳ. Агар тавба накунӣ, ба наздат меоям ва чароғдонатро аз ҷояш мегирам. Аммо хубии ту дар он аст, ки мисли Ман корҳои николосиёнро бад мебинӣ. Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон чӣ мегӯяд! Дар биҳишти Худо дарахти ҳаёт мерӯяд. Ба касе, ки бар бадӣ ғолиб меояд, иҷозат медиҳам, ки аз меваи он бихӯрад“». Ба фариштаи ҷамоати имондорони шаҳри Исмирно бинавис: «Аввалин ва Охирин – Ҳамоне, ки мурд ва зинда шуд, чунин мегӯяд: „Ман азоби ту ва камбағал буданатро медонам, лекин дар асл ту сарватманд ҳастӣ. Боз медонам, ки баъзе касон туро бадном мекунанд. Онҳо худро яҳудӣ меноманд, лекин дар асл чунин нестанд, балки як ҷамоати шайтонанд. Аз азобе, ки ба сарат меояд, натарс. Шайтон барои санҷидан баъзеи шуморо ба зиндон меандозад. Азоби шумо даҳ рӯз давом меёбад. То дами марг вафодор бош ва Ман ба ту тоҷи ҳаётро медиҳам“. Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон чӣ мегӯяд! Касе ки бар бадӣ ғолиб меояд, аз марги дуюм осеб нахоҳад дид». Ба фариштаи ҷамоати имондорони шаҳри Парғомус бинавис: «Соҳиби шамшери тези дудама чунин мегӯяд: „Ман медонам, ки дар ҷойи истиқоматат шайтон тахташро гузоштааст, лекин ту номи Маро маҳкам нигоҳ доштӣ. Агарчи шаҳрат иқоматгоҳи шайтон аст ва дар он шоҳиди вафодорам – Антипос кушта шуд, аз имоне, ки ба Ман доштӣ, нагаштӣ. Аммо бар зидди ту баъзе чизҳо дорам: Дар наздат одамоне ҳастанд, ки пайрави таълимоти Билъом мебошанд. Билъом ба Болоқ ёд дода буд, ки чӣ тавр халқи Исроилро ба воситаи хӯроки ба бутҳо қурбонишуда ва гуноҳи ҷинсӣ гумроҳ кунад. Ҳамчунин дар назди ту пайравони таълимоти дурӯғини николосиён ҳастанд. Пас тавба кун! Вагарна ба зудӣ назди ту меоям ва бо шамшери даҳонам бо онҳо ҷанг мекунам. Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон чӣ мегӯяд! Ба касе, ки бар бадӣ ғолиб меояд, маннаи ниҳонӣ, яъне нони осмонӣ медиҳам. Ҳамчунин ба ӯ санги сафеде медиҳам, ки бар он номи наве навишта шудааст ва он номро ба ғайр аз ӯ касе намедонад“». Ба фариштаи ҷамоати имондорони шаҳри Тиётиро бинавис: «Писари Худо, ки чашмонаш мисли шӯълаи оташ ва пойҳояш монанди биринҷии дар оташ софшуда аст, чунин мегӯяд: „Ман кору муҳаббат, имону хизмат ва сабру тоқататро медонам. Медонам, ки корҳои охиринат аз корҳои аввалинат бузургтаранд. Аммо зидди ту як чиз дорам: ту ба Изобал ном зан, ки худро пайғамбар меномад, озодӣ додаӣ. Вай бо таълимоташ хизматгорони Маро гумроҳ мекунад ва водор месозад, ки гуноҳи ҷинсӣ кунанд ва хӯроки ба бутҳо қурбонишударо хӯранд. Ман ба вай вақт додам, то ки аз гуноҳи ҷинсиаш тавба кунад, лекин ӯ нахост. Нигар! Ман ӯро ба бистари беморӣ меандозам. Агар ҳамроҳонаш, ки бо вай зино мекарданд, аз корҳои худ тавба накунанд, онҳоро низ гирифтори азобу шиканҷа мекунам. Ман пайравони ӯро мемиронам ва ҳамаи ҷамоатҳои имондорон хоҳанд донист, ки Ман дилу фикри одамонро санҷида, ба ҳар яки онҳо мувофиқи корҳояшон сазо медиҳам. Вале боқимондаатон дар Тиётиро таълимоти Изобалро пайравӣ накардед, яъне, чунон ки мегӯянд, «асоси сирри шайтон»-ро наомӯхтед. Ба китфи шумо бори дигаре намегузорам. Хоҳишмандам он чиро, ки доред, то омаданам маҳкам нигоҳ доред. Ба касе, ки бар бадӣ ғолиб меояд ва хизмати Маро то охир ба ҷо меоварад, қудрате мебахшам, ки бар халқҳо роҳбарӣ кунад. Ӯ бар сари халқҳо бо асои оҳанин ҳукмронӣ мекунад ва онҳоро, мисли он ки кӯзаи сафолро мешикананд, зада пора-пора мекунад. Чунон ки Ман ҳуқуқи ҳукмронӣ карданро аз Падари Худ гирифтам, ба ӯ низ ситораи субҳро медиҳам. Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон чӣ мегӯяд!“» Ба фариштаи ҷамоати имондорони шаҳри Сардис бинавис: «Он ки ҳафт рӯҳи Худо ва ҳафт ситора дорад, чунин мегӯяд: „Ман корҳои туро медонам. Ту гӯё зиндаӣ, лекин дар асл мурда ҳастӣ. Мебинам, ки дар назари Худои Ман корҳоят комил нестанд. Бедор шав ва он чиро, ки боқӣ мондааст, устувор гардон, чунки он дар дами марг аст. Бино бар ин, чизҳои қабулкардаву шунидаатро ба ёд ор ва ба он итоат намуда, тавба бикун! Агар ҳушёр нашавӣ, Ман барои ҷазо додан мисли дузд ногаҳон ба сарат меоям ва вақту соати омаданамро нахоҳӣ донист. Бо вуҷуди ин дар Сардис назди ту якчанд касон ҳастанд, ки либоси худро доғдор накарданд ва онҳо бо Ман либоси сафед дар бар намуда мегарданд, чунки лоиқи ин ҳастанд. Касе ки бар бадӣ ғолиб меояд, либоси сафед мепӯшад ва Ман номи ӯро аз китоби ҳаёт ҳаргиз кӯр намекунам, балки номашро дар ҳузури Падари Худ ва фариштагони Ӯ хоҳам хонд. Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон чӣ мегӯяд!“» Ба фариштаи ҷамоати имондорони шаҳри Филоделфия бинавис: «Ҳамоне ки Пок ва Ҳақ аст, мегӯяд. Ҳамоне ки калиди шоҳ Довудро, яъне қудрати подшоҳӣ дорад ва чун дарро кушояд, ҳеҷ кас онро пӯшида наметавонад ва пӯшад, ҳеҷ кас онро кушода наметавонад. Ман корҳои туро медонам. Нигар, пеши ту даре кушодаам, ки ҳеҷ кас онро пӯшида наметавонад. Медонам, ки ба қуввати ками худ нигоҳ накарда ба каломи Ман итоат кардӣ ва аз номи Ман рӯй нагардондӣ. Одамоне аз ҷамоати шайтон ҳастанд, ки худро яҳудӣ меноманд, лекин дар асл чунин нестанд, балки дурӯғ мегӯянд. Бин, Ман онҳоро водор мекунам, ки омада, ба пеши пойҳои ту саҷда кунанд. Сипас, хоҳанд донист, ки Ман туро дӯст медорам. Азбаски ба сухани Ман гӯш дода, тоқат кардӣ, Ман низ туро аз замони санҷиш, ки барои имтиҳони ҳамаи сокинони замин ба дунё меояд, халос мекунам. Ман ба зудӣ меоям. Он чиро, ки дорӣ, нигоҳ дор, то касе тоҷатро, яъне мукофотатро нагирад. Касе ки бар бадӣ ғолиб меояд, ӯро дар маъбади Худои Худ мисли сутун ҷо хоҳам кард, ки ҳаргиз ронда нахоҳад шуд. Ман бар ӯ номи Худои Худ ва номи шаҳри Худои Худ, яъне Уршалими навро хоҳам навишт. Ин шаҳр аз ҷониби Худои Ман – аз осмон фуруд меояд. Ҳамчунин номи нави Худро низ бар ӯ хоҳам навишт. Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон чӣ мегӯяд!» Ба фариштаи ҷамоати имондорони шаҳри Лоудикия бинавис: «Ҳамоне, ки номаш Омин, яъне шоҳиди вафодору ростӣ ва пешвои офаридаҳои Худост, чунин мегӯяд: „Ман корҳои туро медонам. Ту на гарм ҳастиву на хунук. Кошки ё хунук мебудӣ ё гарм. Азбаски на гарму на хунук, балки ширгарм ҳастӣ, туро аз даҳони Худ қай мекунам. Ту мегӯйӣ: «Ман бой ҳастам, сарвати зиёд ҷамъ кардам ва ба чизе муҳтоҷ нестам», аммо намедонӣ, ки ту ночиз, бечора, қашшоқ, кӯр ва луч ҳастӣ. Ба ту маслиҳат медиҳам, ки аз Ман тиллои дар оташ софшударо бихарӣ, то ки бой шавӣ. Аз Ман либоси сафед бихар, то ки шармандагии лучиатро бипӯшӣ. Боз аз Ман марҳам харида, ба чашмонат бимол, то ки бино шавӣ. Ҳар киро дӯст дорам, сарзаниш ва тарбия мекунам. Пас саъю кӯшиш намо ва тавба кун! Инак, назди дар истода тақ-тақ мекунам! Касе овози Маро шунида, дарро кушояд, даромада, бо ӯ хӯрок мехӯрам ва ӯ бо Ман. Ба касе, ки бар бадӣ ғолиб меояд, иҷозат медиҳам, ки бо Ман бар тахтам нишинад, чунон ки Ман бар бадӣ ғолиб омадам ва бо Падари Худ бар тахти Ӯ нишастам. Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон чӣ мегӯяд!“» Баъди ин чизҳо дар пешам дареро дидам, ки сӯйи осмон кушода буд. Сипас, боз ҳамон овози шунидаам ба гӯш расид, ки мисли карнай садо медод. Овоз ба ман гуфт: «Ба ин ҷо баро ва Ман ба ту нишон медиҳам, ки минбаъд чӣ рӯй медиҳад». Рӯҳи Худо дарҳол маро фаро гирифт ва дидам, ки дар осмон тахте гузошта шудааст ва бар он Худо нишастааст. Ӯ монанди санги яшму ақиқ медурахшид ва гирдогирди тахташ рангинкамоне мисли санги зумуррад дурахшон буд. Дар гирди тахташ бисту чор тахти дигар меистод ва бисту чор пири сафедпӯш бар онҳо менишастанд, ки ҳар яке бар сараш тоҷи тилло дошт. Аз тахти Худо раъду барқ ғулғула мезад. Дар назди тахт ҳафт чароғи оташ месӯхт, ки онҳо ҳафт рӯҳи Худо мебошанд. Рӯ ба рӯйи тахт чизе ба мисли баҳре буд, ки ба санги софу шаффоф монандӣ дошт ва мисли шиша ҳамвор буд. Дар миёнаҷову гирдогирди тахти Худо чор махлуқи зинда буданд, ки аз пешу қафо чашмони зиёд доштанд. Махлуқи якум мисли шер ва дуюм мисли барзагов буд. Махлуқи сеюм рӯйи одамӣ дошт ва чорум мисли уқоби парвозкунанда буд. Ҳар махлуқ шаш бол дошт ва аз даруну берун пур аз чашм буд. Онҳо шабу рӯз беист такрор мекунанд: «Пок, Пок, Пок аст Худованд Худои Тавоно, Ҳамоне, ки буд, ҳаст ва меояд!» Ҳангоме ки махлуқон ба Тахтнишин, яъне ба Худое, ки то абад зинда аст, ҳамду сано хонда, изҳори сипосу эҳтиром мекунанд, бисту чор пир ба Худои Тахтнишин, ки то абад зинда аст, саҷда мекунанд ва тоҷҳои худро пеши тахти Худо гузошта, мегӯянд: «Эй Худованду Худои мо! Ту лоиқи бузургӣ, иззат ва қудратмандӣ ҳастӣ, чунки ҳама чизро офаридӣ, бо хости Ту онҳо вуҷуд доранд ва офарида шуданд». Сипас, дар дасти рости Худо, ки бар тахт менишаст, китоберо дидам. Китоб аз пушту пеш навишта ва бо ҳафт муҳр баста шуда буд. Инак фариштаи тавоноеро дидам, ки бо овози баланд эълон мекунад: «Кӣ сазовор аст, ки муҳрҳои ин китобро канда, онро кушояд?» Аммо касе дар осмону замин ва зери замин ёфт нашуд, ки он китобро кушода ё ба дарунаш нигоҳ карда тавонад. Ман зор-зор гиря кардам, чунки каси сазоворе ёфт нашуд, ки китобро кушояд ё ба даруни он нигоҳ кунад. Он гоҳ яке аз пирон ба ман гуфт: «Гиря накун! Нигар, Шере аз қабилаи Яҳудо, яъне Исо ғолиб омад. Ӯ решаи шоҳ Довуд аст ва ҳафт муҳрро канда, китобро кушода метавонад». Баъд дидам, ки дар миёнаҷойи тахт ва дар иҳотаи чор махлуқу пирон Баррае, ки қурбонӣ шуда буд, зинда меистод. Барра ҳафт шох ва ҳафт чашм дорад, ки онҳо ҳафт рӯҳи Худо буда, ба тамоми замин фиристода шудаанд. Инак, Барра наздик шуда, аз дасти рости Тахтнишин, яъне Худо китобро гирифт. Ҳангоми гирифтани китоб чор махлуқ ва бисту чор пир худро пеши пойҳои Барра партофтанд. Ҳар кадомашон асбоби мусиқии торӣ ва косаи тиллои пур аз сӯхтаниҳои хушбӯй доштанд, ки он дуоҳои халқи Худост. Онҳо суруди нав сароида, мегӯянд: «Ту лоиқи гирифтани китоб ва кандани муҳрҳои он ҳастӣ. Зеро Ту кушта шудӣ ва бо нархи хуни Худ одамонро аз ҳар қавм, забон, халқ ва миллат барои Худо харидӣ! Ту онҳоро барои Худои мо дар Подшоҳии Ӯ коҳин таъйин кардӣ ва онҳо дар замин подшоҳӣ хоҳанд кард». Сипас, дар гирди тахту махлуқон ва пирон фариштагони зиёдеро дидам, ки шумораашон беҳисоб буд. Шунидам, ки онҳо бо овози баланд мегӯянд: «Барраи кушташуда лоиқи қудрату сарват, ҳикмату қувват ва бузургиву ситоишу эҳтиром аст!» Баъд шунидам, ки ҳар офаридаи осмону замин ва зери замину даруни баҳр чунин суруд мехонанд: «Ба Тахтнишину Барра ситоиш ва эҳтиром, шаъну шараф ва қудрат то абад бод!» Он гоҳ чор махлуқ гуфтанд: «Омин!» Ва пирон рӯ ба замин ниҳода, саҷда карданд. Сипас, дидам, ки Барра аз он ҳафт муҳр яктояшро канд ва ба гӯшам расид, ки яке аз он чор махлуқ бо садои мисли раъд мегӯяд: «Биё!» Дидам, ки аспи сафеде омад ва камондоре бар он савор аст. Ба ӯ тоҷ дода шуд ва ӯ ҳамчун ғолиб берун омад, то ки ғалаба кунад. Чун Барра муҳри дуюмро кушод, овози махлуқи дуюмро шунидам, ки мегӯяд: «Биё!» Инак, аспи дигаре омад, ки ранги сурхи аловгун дошт. Ба савори он шамшери бузурге дода шуд ва ӯ иҷозат дошт, ки аз рӯйи замин сулҳро бигирад, то ки одамон якдигарро бикушанд. Чун Барра муҳри сеюмро кушод, шунидам, ки махлуқи сеюм мегӯяд: «Биё!» Инак, дидам, ки аспи сиёҳе омад ва савори он дар даст тарозуе дошт. Сипас, аз байни он чор махлуқ мисли овозе шунидам, ки мегуфт: «Бигзор аз боиси қиматӣ ба миқдори даромади кори тамоми рӯз ним кило гандум ё якуним кило ҷав харида шаваду халос. Лекин ба равғану май зарар нарасон!» Чун Барра муҳри чорумро кушод, шунидам, ки махлуқи чорум мегӯяд: «Биё!» Инак, дидам, ки аспи рангпаридае омад. Савори он Марг ном дошт ва олами мурдагон аз қафои ӯ меомад. Ба онҳо қудрат дода шуд, ки дар чоряки замин одамонро бо шамшер, бо гуруснагӣ, бо бемории марговар ва ба воситаи ҳайвонҳои ваҳшӣ зада кушанд. Чун Барра муҳри панҷумро кушод, дар таги қурбонгоҳ ҷонҳои имондоронеро дидам, ки барои эълон кардани каломи Худо ва барои шаҳодат доданашон кушта шуда буданд. Онҳо бо овози баланд фарёд зада гуфтанд: «Эй Ҳокими Пок ва Ҳақ! Кай доварӣ намуда, қасоси хуни моро аз сокинони замин мегирӣ?» Сипас, ба ҳар яки онҳо ҷомаи сафед дода гуфта шуд, ки боз каме сабр кунанд, то даме ки шумораашон пурра шавад. Яъне то вақте ки ҳамхизматон ва бародарону хоҳарони имондори онҳо низ кушта шуда, ба қатори онҳо дохил шаванд. Сипас, дидам, ки чун Барра муҳри шашумро кушод, заминҷунбии сахте ба вуҷуд омад. Офтоб ранги сиёҳ гирифт ва моҳ мисли хун суп-сурх шуд. Ситораҳои осмон, мисли он ки боди сахт анҷирҳои хомро аз дарахт канда меафтонад, ба замин ғалтиданд. Осмон мисли лӯлакитобе печида, нобуд шуд ва ҳар кӯҳу ҷазира аз ҷояш ҷунбид. Сипас, подшоҳони замин, мансабдорон, сарлашкарон, сарватмандон, зӯрон ва ғуломону озодон – ҳама дар ғору байни кӯҳпораҳо пинҳон шуданду ба кӯҳу харсангҳо гуфтанд: «Ба болоямон афтода, моро аз ҳузури Худои тахтнишину аз ғазаби Барра пинҳон кунед. Зеро рӯзи ғазаби бузурги Ӯ расидааст ва кист, ки истодагарӣ карда тавонад?!» Баъди ин чизҳо чор фариштаро дидам, ки дар чор кунҷи замин истода, шамолҳои чор самти заминро бозмедоштанд, то ки онҳо ба замину баҳру дарахтон навазанд. Боз як фариштаи дигарро дидам, ки аз шарқ боло меомад ва дар дасташ муҳри Худои зиндаро дошт. Ӯ бо овози баланд ба чор фариштае, ки ба онҳо ҳуқуқи ба замину баҳр зарар расондан дода шуда буд, фарёд зада гуфт: «Ба замину баҳру дарахтон зараре нарасонед, то даме ки муҳри Худои моро ба пешонии бандагонаш гузорем». Сипас, шумораи муҳрзадашудагон ба гӯшам расид: Онҳо 144 000 кас аз ҳамаи қабилаҳои халқи Исроил буданд. Аз қабилаи Яҳудо 12 000 кас, аз қабилаи Реубен 12 000 кас, аз қабилаи Ҷод 12 000 кас, аз қабилаи Ошер 12 000 кас, аз қабилаи Нафтолӣ 12 000 кас, аз қабилаи Менашше 12 000 кас, аз қабилаи Шимъун 12 000 кас, аз қабилаи Левӣ 12 000 кас, аз қабилаи Иссокор 12 000 кас, аз қабилаи Забулун 12 000 кас, аз қабилаи Юсуф 12 000 кас ва аз қабилаи Бинёмин 12 000 кас муҳр зада шуда буданд. Баъди ин чизҳо, нигоҳ карда, мардуми зиёдеро дидам, ки касе онҳоро шумурда наметавонист. Одамон аз ҳар миллату қавм ва халқу забон буданд. Онҳо ҷомаҳои сафед дар бар кардаву ҳамчун рамзи шодӣ навдаҳои ниҳолонро ба даст гирифта, дар пеши тахту Барра истодаанд. Онҳо бо овози баланд мегӯянд: «Худои мо бар тахташ нишаста, Наҷот аз Ӯсту аз они Барра!» Ҳамаи фариштагон, ки гирди тахт, пирон ва чор махлуқ меистоданд, пеши тахт рӯй ба замин ниҳода, ба Худо саҷда карданд. Онҳо чунин мегуфтанд: «Омин! Ба Худои мо бошад то абад, Ситоишу бузургиву ҳикмат, Ҳам сипосу иззату қудрат! Омин!» Яке аз пирон аз ман пурсид: «Ин одамони ҷомасафед кистанд ва аз куҷо омадаанд?» «Хоҷаам, инро шумо медонед!» – ҷавоб додам ман. Сипас, ӯ гуфт: «Ин одамони вафодор аз азоби бузург гузашта меоянд. Онҳо ҷомаҳои худро дар хуни Барра, яъне Исо шуста, сафед кардаанд. Бино бар ин, онҳо дар пеши тахти Худо истода, шабу рӯз дар маъбади осмон ба Ӯ хизмат мекунанд ва Худо ба онҳо дар манзили Худ ҷой медиҳад. Ин одамон дигар ташнаву гурусна намемонанд ва офтобу гармо онҳоро ҳаргиз намесӯзонад. Зеро Баррае, ки дар миёнаҷойи тахт меистад, онҳоро чӯпонӣ намуда, ба назди чашмаҳои оби ҳаёт мебарад. Худи Худо ҳар оби дидаи онҳоро пок мекунад». Чун Барра муҳри ҳафтумро кушод, дар осмон тақрибан ним соат хомӯшӣ ба миён омад. Сипас, ман ҳафт фариштаро дидам, ки дар пеши Худо меистоданд. Ба онҳо ҳафт карнай дода шуд. Фариштаи дигаре омада, назди қурбонгоҳ истод. Ӯ дар даст кафлези тиллоӣ дошт. Ба ӯ барои сӯзондан хушбӯйии зиёд дода шуда буд, то ки онҳоро бо дуоҳои имондорони муқаддас бар қурбонгоҳи тиллоӣ, ки назди тахт буд, гузорад. Инак аз дасти ин фаришта дуди хушбӯйиҳо бо дуоҳои имондорони муқаддас ба назди Худо боло шуданд. Фаришта кафлезро аз оташи қурбонгоҳ пур карда, онро ба замин партофт. Аз ин дар замин раъду барқу садоҳои баланд ба амал омаданд ва заминҷунбӣ рӯй дод. Баъд он ҳафт фаришта, ки ҳафт карнай доштанд, ба навохтан омода шуданд. Инак, бо навохтани фариштаи якум ба замин жолаву оташи хунолуд борид ва сеяки замину дарахтон ва ҳамаи алафҳои сабз сӯхтанд. Бо навохтани фариштаи дуюм ба баҳр чизе ба мисли кӯҳи бузурги оташин афтод. Аз ин сеяки оби баҳр ба хун табдил ёфту сеяки мавҷудоти зиндаи баҳр мурданд ва сеяки киштиҳо нобуд шуданд. Бо навохтани фариштаи сеюм аз осмон ба сеяки дарё ва чашмаҳои об ситораи бузурги сӯхтаистодае афтод, ки он мисли чароғи оташ буд. Номи ин ситора Талх аст. Бино бар ин, сеяки обҳо талх шуданд ва аз ин сабаб одамони зиёд мурданд. Сипас, бо навохтани фариштаи чорум сеяки офтоб, моҳ ва ситорагон осеб диданд. Онҳо торик шуданд ва дар сеяки рӯзу шаб равшанӣ набуд. Сипас, дидаму шунидам, ки уқобе дар осмон парвоз карда бо овози баланд мегӯяд: «Вой, вой, вой бар ҳоли одамон, ки дар замин зиндагӣ мекунанд, чунки карнайҳои се фариштаи боқимонда садо хоҳанд дод». Сипас, фариштаи панҷум карнайи худро навохт ва ситораеро дидам, ки аз осмон ба замин афтод. Ба он ситора калиди ғори бепоён дода шуд. Чун ситора ғори бепоёнро боз кард, аз он дуде баромад, ки гӯё дуди оташдони бузурге бошад. Аз дуди ғори бепоён офтобу ҳаво тира гардид ва дар замин малахҳо пайдо шуданд. Ба онҳо қуввате ба мисли қуввати каждумҳо дода шуд. Ба онҳо гуфта шуд, ки ба алафу сабзаву дарахтон зараре нарасонанд, балки танҳо ба одамоне, ки дар пешонии худ муҳри Худоро надоранд, зарар расонанд. Ба малахҳо иҷозат набуд, ки одамонро кушанд, балки танҳо муддати панҷ моҳ азоб диҳанд. Дарди он мисли газидани каждум буд. Дар он рӯзҳо одамон марг меҷӯянд, аммо намеёбанд. Мурдан мехоҳанд, лекин марг аз онҳо мегурезад. Малахҳо мисли аспони ҳарбӣ буданд, ки ба ҷанг омода шудаанд. Бар сарашон чизе ба монанди тоҷи тилло доштанд ва рӯяшон мисли рӯйи одам буд. Мӯяшон ба мӯйи занон ва дандонҳояшон ба дандонҳои шерон монанд буд. Дар танашон ҷавшани мисли оҳан мустаҳкам доштанд. Садои болҳояшон мисли садои аспаробаҳои бешумор буд, ки ба ҷанг мешитофтанд. Онҳо мисли каждум думу неш доштанд. Дар думашон қуввате буд, ки дар давоми панҷ моҳ одамонро азоб диҳанд. Фариштаи ғори бепоён шоҳи онҳо буд, ки номаш ба забони ибронӣ Абаддӯн ва ба забони юнонӣ Апӯллийӯн, яъне нобудкунанда аст. Балои якум гузашт. Аз паси он ду балои дигар меояд. Сипас, фариштаи шашум карнаяшро навохт ва аз ҷониби чор кунҷи қурбонгоҳи тиллоӣ, ки дар ҳузури Худост, овозе ба гӯшам расид. Овоз ба фариштаи карнайнавози шашум гуфт: «Чор фариштаро, ки назди дарёи бузурги Фурот баста шудаанд, озод намо». Инак, чор фариштаро озод кард. Онҳо барои ҳамин соату рӯзу моҳу сол нигоҳ дошта шуда буданд, то ки сеяки одамонро нобуд созанд. Ман шунидам, ки шумораи лашкари савораи он чор фаришта дусад миллион буд. Боз ба ман аён шуд, ки саворони аспон ҷавшанҳои ранги аловгун, кабуд ва зард дар бар доштанд. Каллаи аспон мисли сари шер буд ва аз даҳонашон оташ, дуд ва сулфур мебаромад. Сеяки одамон бо ин се бало, яъне бо оташу дуду сулфур, ки аз даҳони онҳо мебаромад, кушта шуданд. Қуввати аспон ҳам дар даҳону ҳам дар думашон буд. Зеро думи аспон монанди мор буда, сар доштанд ва бо он зарар мерасонданд. Боқимондаи одамон, ки бо ин балоҳо кушта нашуда буданд, аз бутсозӣ даст накашиданд. Онҳо мисли пешина ҷин ва бутҳои тилло, нуқрагин, биринҷӣ, сангин ва чӯбинро парастиш мекарданд – бутҳоеро, ки на дида, на шунида ва на роҳ гашта метавонанд. Илова бар ин онҳо аз куштор, ҷодугарӣ, гуноҳи ҷинсӣ ва дуздӣ тавба накардаанд. Сипас, дидам, ки боз як фариштаи тавоное аз осмон фуруд меомад. Абре ӯро фаро гирифта буд ва дар болои сараш рангинкамоне медурахшид. Рӯяш мисли офтоб ва пойҳояш мисли сутунҳои оташин буданд. Дар дасташ китоби хурди кушодае буд. Ӯ пойи росташро бар баҳр ва пойи чапашро бар замин гузошта бо овози баланд, чунон ки шер наъра мезанад, фарёд кард. Сипас, ҳафт раъд садо доданд ва ман барои навиштан омода шудам. Аммо аз осмон овозе шунидам, ки мегуфт: «Сухани ҳафт раъдро махфӣ нигоҳ дор ва онро нанавис». Фариштае, ки бар баҳру замин меистод, дасти росташро ба осмон бардошта ба Худое, ки то абад зинда аст – ба Офаридгори осмону замину баҳр ва ҳар он чи дар онҳост, қасам хӯрда гуфт: «Худо дигар интизор намешавад! Аммо дар рӯзҳое, ки фариштаи ҳафтум карнайи худро менавозад, нақшаи ниҳонии Худо, чунон ки ба бандагони Худ – пайғамбарон ошкор намудааст, амалӣ хоҳад шуд». Сипас, ҳамон овозе, ки аз осмон шунида будам, боз ба ман гуфт: «Рафта, аз дасти фаришта, ки бар баҳру замин меистад, китоби кушодаро бигир». Ман ба он фаришта наздик шуда, хоҳиш кардам, ки китоби хурдро ба ман диҳад. Фаришта ба ман гуфт: «Инро бихӯр! Дар даҳонат мисли асал ширин, лекин дар шикамат талх мешавад». Ман аз дасти фаришта китобро гирифта, хӯрдам. Китоб дар даҳонам мисли асал ширин буд, аммо чун фурӯ бурдам, шикамам талх гардид. Сипас, ба ман чунин гуфта шуд: «Ту боз бояд дар бораи бисёр халқу миллату забонҳо ва шоҳон пайғамбарӣ кунӣ». Сипас, ба ман ченкунаки асомонанде дода, гуфтанд: «Бархеста, маъбади Худо ва қурбонгоҳро чен намо ва дар он одамонеро, ки парастиш мекунанд, ҳисоб кун. Аммо ҳавлии берунии маъбади Худоро чен накун, чунки он ба ғайрияҳудиён дода шудааст ва онҳо шаҳри Уршалими муқаддасро чилу ду моҳ поймол хоҳанд кард. Ман ду шоҳидамро мефиристам, ки либоси мотам мепӯшанд. Онҳо ҳазору дусаду шаст рӯз пайғамбарӣ мекунанд». Онҳо ду дарахти зайтун ва ду чароғдоне мебошанд, ки дар ҳузури Худованди замин меистанд. Агар касе онҳоро озор диҳад, оташе аз даҳонашон берун омада, душманонашонро месӯзонад. Ҳамин тавр ҳар касе, ки онҳоро озор медиҳад, нобуд карда мешавад. Онҳо қудрати бастани осмонро доранд, то ки дар он рӯзҳо, ҳангоми пайғамбарӣ карданашон борон наборад. Ҳамчунин онҳо қудрат доранд, ки обро ба хун табдил диҳанд ва ҳар вақте ки хоҳанд, дунёро бо ҳар гуна офат хароб созанд. Вақте шоҳидон кори худро тамом мекунанд, ҳайвони ваҳшие аз ғори бепоён баромада, бо шоҳидон меҷангад ва ғолиб омада, онҳоро мекушад. Ҷасадҳояшон дар кӯчаи шаҳри бузург, ки дар он Худованди шоҳидон, яъне Исо мехкӯб шуда буд, мехобанд. Ин шаҳр ба таври рамзӣ Садум ва Миср номида мешавад. Аҳли ҳар халқу қавму забону миллат сеюним рӯз ҷасадҳояшонро тамошо мекунанд ва намегузоранд, ки онҳоро гӯр кунанд. Сокинони замин аз мурдани онҳо хурсанд мешаванд ва базм ороста, ба ҳамдигар туҳфа мефиристанд, чунки ин ду пайғамбар онҳоро азоб медоданд. Аммо пас аз сеюним рӯз аз ҷониби Худо нафаси ҳаёт омада, ба шоҳидон медарояд ва онҳо ба по мехезанд. Ҳар кас, ки онҳоро медид, ба тарсу ҳарос меафтод. Сипас, он ду пайғамбар аз осмон овози баланде мешунаванд, ки ба онҳо мегӯяд: «Ба ин ҷо бароед!» Онҳо дар пеши назари душманони худ рӯйи абр ба осмон мебароянд. Ҳамон соат заминҷунбии сахте ба амал меояд, ки даҳ фоизи шаҳрро хароб мекунад. Ҳафт ҳазор одам нобуд мешавад ва боқимондагон ба тарсу ҳарос афтода, Худои осмонро бузург мехонанд. Инак, балои дуюм гузашт, лекин балои сеюм бошитоб меояд. Сипас, фариштаи ҳафтум карнайи худро навохт ва дар осмон овозҳои баланд шунида шуданд, ки мегуфтанд: «Подшоҳии ин дунё ба Подшоҳии Худованду Таъйиншудаи Ӯ табдил ёфт. Ӯ абадан ҳукмронӣ хоҳад кард». Бисту чор пир, ки дар пеши Худо бар тахтҳои худ мешинанд, рӯ ба замин ниҳода ба Худо саҷда карданд ва гуфтанд: «Худованд Худои Тавоно, Ҳамоне, ки буд ва Ҳамоне, ки ҳаст! Қувваи бузургатро намуда ошкор, Кардӣ ба подшоҳӣ шурӯъ! Аз ин Туро сипосгузорем! Халқҳо омаданд ба хашм, Туро низ омад ғазаб! Вақт расид! Вақти ҳукми мурдагон. Вақти хизматгорону пайғамбаронат, Ҳам имондорони покат, Ки номат доранд эҳтирому иззат, Хурду калон ҳама гиранд ато! Ҳам харобкунандагони замин, Бигиранд зи Ту ҷазо». Сипас, маъбади Худо дар осмон кушода шуд ва дар он сандуқи аҳду паймони Ӯ намудор гардид. Дар атроф раъду барқ мезад, овозҳо шунида мешуд, замин меҷунбид ва жолаи сахт меборид. Дар осмон аломати бузурге намудор шуд. Инак зане офтобро ҳамчун либос дар бар карда буд. Моҳ зери пойҳояш меистод ва дар сар тоҷе дошт, ки он аз дувоздаҳ ситора иборат буд. Зан ҳомиладор буд. Ӯ таваллуд мекард ва аз дард фарёд мекашид. Сипас, дар осмон аломати дигаре намудор шуд: аждаҳори бузурги аловгуне, ки ҳафт сар ва даҳ шох дошт. Бар сарҳояш ҳафт тоҷи хурд буд. Думи аждаҳор сеяки ситораҳоро аз осмон рӯфта, ба замин мепартофт. Аждаҳор дар пеши зан меистод, то ки кӯдаки ӯро дар баробари таваллуд шуданаш фурӯ барад. Оқибат зан писаре таваллуд кард ва кӯдак дарҳол аз пеши аждаҳор ба сӯйи Худову тахти Ӯ бурда шуд. Зеро ин кӯдак ҳама халқҳоро бо асои оҳанин ҳукмронӣ хоҳад кард. Зан гурехта, ба ҷое рафт, ки Худо дар биёбон омода карда буд. Дар он ҷо ӯ ҳазору дусаду шаст рӯз нигаҳбонӣ карда шуд. Дар осмон ҷанг сар зад. Фариштаи бузург Микоил бо фариштагонаш бар зидди аждаҳор меҷангид ва аждаҳор бо фариштагони худ ҳамлаи ҷавобӣ мегардонд. Аммо зӯри аждаҳор нарасид ва ӯ ҳамроҳи фариштагонаш ҷойи худро дар осмон аз даст дод. Ин аждаҳори бузургҷусса мори қадимаест, ки иблис ва шайтон ном дошта, тамоми ҷаҳонро гумроҳ мекунад. Ӯ ҳамроҳи фариштагонаш ба замин афканда шуд. Дар осмон овози баланде шунидам, ки мегуфт: «Инак, наҷот, қувват ва Подшоҳии Худои мову қудрати Таъйиншудаи Ӯ фаро расид. Зеро айбдоркунандаи бародарону хоҳаронамон, ки онҳоро шабу рӯз дар пеши Худоямон сиёҳ мекард, ба зер афканда шуд. Онҳо бо хуни Барра, ки ҳамон Исо аст ва бо каломи шаҳодат дар бораи Ӯ бар шайтон ғолиб омаданд. Зеро ҷони худро то дами марг дареғ надоштанд. Шодӣ кунед, эй осмонҳо ва сокинони он! Аммо вой бар ҳоли баҳру замин, чунки шайтон бар шумо фуруд омад. Ӯ сахт хашмгин аст, зеро медонад, ки вақташ кам мондааст». Аждаҳор чун фаҳмид, ки ба замин афканда шуд, занеро, ки писар таваллуд карда буд, пайгирӣ намуд. Аммо ба зан мисли болҳои уқоб ду боли бузург дода шуд, то ба ҷое парвоз кунад, ки ба ӯ дар биёбон омода шуда буд. Дар он ҷо, ки аз ҳузури мор дур аст, ӯ сеюним сол нигаҳбонӣ карда шуд. Аз ақиби зан мор аз даҳонаш обе ба мисли дарё сар дод, то ки занро ғарқ кунад. Аммо замин даҳонашро кушода, дарёи аз даҳони аждаҳор баромадаро фурӯ бурд ва ҳамин тавр ба зан ёрӣ дод. Аждаҳор аз зан дарғазаб шуда рафт, то ки бо фарзандони дигари зан биҷангад, яъне бо онҳое, ки фармонҳои Худоро ба ҷо меоранд ва дар бораи Исо шаҳодат медиҳанд. Инак, аждаҳор омада, дар соҳили баҳр истод. Сипас, дидам, ки аз баҳр ҳайвони ваҳшие мебарояд. Вай ҳафт сар ва даҳ шох дошт. Бар шохҳои вай даҳ тоҷи хурд буд ва дар сарҳояш номҳои ҳақоратомез навишта шуда буданд. Ҳайвон монанди паланг буд, аммо пойҳояш мисли пойҳои хирс ва даҳонаш мисли даҳони шер буд. Аждаҳор ба ин ҳайвон қувват, тахт ва қудрати бузурги худро дод. Чунин менамуд, ки як сари ҳайвон захми марговар дошт, лекин сиҳат шуд. Тамоми дунё ҳайвонро бо ҳайрат пайравӣ мекард. Мардум аждаҳорро парастиш мекарданд, чунки ба ҳайвон қудрат дода буд. Ҳамчунин ҳайвони ваҳширо парастишкунон гуфтанд: «Кист, ки ба ҳайвон ваҳшӣ монанд бошад?! Кист, ки бо вай ҷанг карда тавонад?!» Ба ҳайвон даҳоне дода шуд, ки суханони ҳавобаландонаву ҳақоратомез мегуфт. Ба вай қудрат дода шуд, ки чилу ду моҳ ҳукмронӣ намояд. Вай даҳони худро бар зидди Худо боз кард, то ки ному манзили Ӯ ва ҳамаи сокинони осмонро дашном диҳад. Ҳайвон ба ихтиёри худ гузошта шуда буд, ки бар зидди имондорони муқаддас ҷангида, ғолиб ояд. Ба вай қудрат дода шуда буд, ки бар тамоми қавму халқу забону миллатҳо ҳукмронӣ намояд. Инак, ҳамаи сокинони замин ҳайвонро парастиш хоҳанд кард. Зеро номҳои онҳо аз замони бунёдгузории дунё дар китоби ҳаёти Барра, ки кушта шуд, навишта нашудааст. Ҳар кӣ гӯш дорад, он чиро ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон мегӯяд, бишнавад! Ба кӣ асирӣ насиб карда бошад – равад ба асирӣ, Ба кӣ дами шамшер насиб шуда бошад – афтад зи шамшер! Ҳамаи ин аз имондорони муқаддас сабру тоқат ва имон талаб мекунад. Сипас, ҳайвони ваҳшии дигарро дидам, ки аз замин мебаромад. Вай ба монанди барра ду шох дошт, лекин ҳамчун аждаҳор гап мезад. Ин ҳайвон тамоми қудрати ҳайвони якумро истифода бурда, аз номи ӯ амал мекард. Вай сокинони заминро маҷбур менамуд, ки ҳайвони якумро парастиш кунанд, яъне ҳамонеро, ки захми марговараш сиҳат шудааст. Ин ҳайвони дуюм аломатҳои бузург нишон медиҳад ва ҳатто дар пеши чашми одамон аз осмон ба замин оташ меборонад. Ӯ бо ин аломатҳо, ки барои нишон доданашон ҳайвони якум иҷозат дода буд, сокинони заминро гумроҳ мекард. Вай ба онҳо фармуд, ки ҳайкали ҳайвонро бисозанд – ҳамон ҳайвонро, ки аз шамшер захмин шуд, вале зинда монд. Ба ҳайвони дуюм қувват дода шуд, ки ҳайкали ҳайвонро зинда кунад. Ба тарзе ки ҳайкал сухан ва амал карда тавонад ва одамоне, ки вайро парастиш намекунанд, кушта шаванд. Ҳамчунин вай ҳама одамонро, яъне хурду калон, сарватманду камбағал, озоду ғуломро маҷбур мекунад, ки ба дасти рост ё пешонии худ нишона зананд, то касе ба ҷуз онҳое, ки нишона доранд, хариду фурӯш карда натавонад. Нишона ном ё рақами номи ҳайвон аст. Ин ҷо ҳикмат даркор аст. Одами бофаҳм бигзор рақами ҳайвони ваҳширо ҳисоб кунад. Зеро ин рақами одамист ва он шашсаду шасту шаш аст. Сипас, нигоҳ карда, дидам, ки ҳамроҳи Барра, яъне Исо саду чилу чор ҳазор кас бар кӯҳи Сион меистанд. Дар пешонии онҳо номи Барра ва номи Падари Ӯ навишта шуда буд. Ин лаҳза аз осмон садое шунидам, ки мисли шувваси оби хеле калон ва садои баланди раъд буд. Дар баробари ин садо чунин ба гӯш мерасид, ки гӯё торнавозони зиёд менавохта бошанд. Он саду чилу чор ҳазор кас дар пеши тахт, чор махлуқи зинда ва пирон истода, суруди нав месароиданд. Суханони он сурудро ба ғайр аз он саду чилу чор ҳазор нафаре, ки аз замин харида шуда буданд, касе аз худ карда наметавонист. Инҳо шахсоне мебошанд, ки ҳеҷ гоҳ бо зан ҳамбистар нашудаанд, балки худро пурра ба хизмати Худо супурда, Барраро ба ҳар ҷое, ки мерафт, пайравӣ менамуданд. Онҳо аз байни одамон харида шуда, ҳамчун ҳосили аввалин ба Худо ва Барра пешкаш шуда буданд. Дар забонашон дурӯғе ёфт нашуд, онҳо беайбанд. Сипас, фариштаеро дидам, ки дар байни осмон парвоз мекард. Ӯ ба сокинони замин, яъне ба ҳар миллату қавму забону халқ Хушхабари абадиро эълон мекард: «Аз Худо битарсед, – фарёд мекард вай, – ва Ӯро бузург доред, чунки рӯзи ҷазо расид. Ӯро, ки осмону замин ва баҳру чашмаҳои обро офаридааст, парастиш кунед». Аз қафои вай фариштаи дуюм омада гуфт: «Шикаст хӯрд, шикаст хӯрд шаҳри бузурги Бобил! Ҳамоне, ки бо майи шаҳвати гуноҳи ҷинсиаш ҳама халқҳоро маст карда буд». Аз қафои фариштаи дуюм фариштаи сеюм омад ва бо овози баланд гуфт: «Касе, ки ҳайвони ваҳшӣ ва ҳайкали вайро парастиш мекунаду ба дасту пешониаш нишона мезанад, аз майи ғазаби Худо хоҳад нӯшид. Ин майи пурзӯрест, ки ба косаи ғазаби Худо рехта шудааст. Вай дар пеши назари фариштагони муқаддас ва Барра дар оташу сулфур азоб хоҳад кашид. Дуди азоби онҳо то абад баланд мешавад. Ҳамин тавр онҳое, ки ҳайвон ва ҳайкали онро парастиш мекунанд ва нишонаи номи онро қабул кардаанд, на рӯз ором мешаванд, на шаб». Ин ҳама сабру тоқати имондорони муқаддасро талаб мекунад, яъне онҳоеро, ки фармонҳои Худоро иҷро мекунанду ба Исо вафодор мемонанд. Сипас, овозеро аз осмон шунидам, ки мегуфт: «Чунин бинавис: пас аз ин онҳое, ки ба Худованд рӯй оварда, тарки ҷаҳон кардаанд, муборак ҳастанд». «Бале, – мегӯяд Рӯҳи Худо, – онҳо аз меҳнати худ роҳат хоҳанд кард, чунки мукофоти корҳояшонро мегиранд». Сипас, нигоҳ карда, абри сафедеро дидам. Бар абр Шахсе менишаст, ки ба Писари Одамизод монанд буд. Ӯ бар сар тоҷи тилло ва дар даст доси тез дошт. Ҳамин лаҳза аз маъбад фариштаи дигаре баромада, ба Шахсе, ки бар абр менишаст, гуфт: «Доси Худро гирифта, дарав намо! Ҳосили замин пухта, вақти дарав расидааст». Инак, Шахсе, ки бар абр менишаст, доси Худро ба замин партофт ва замин даравида шуд. Сипас, аз маъбади осмонӣ фариштаи дигаре баромад ва ӯ низ дар дасташ доси тез дошт. Баъди ӯ фариштаи дигаре аз қурбонгоҳ берун омад, ки ҳукмфармои оташ буд. Ӯ ба фариштаи досдор бо овози баланд гуфт: «Доси тези худро партофта, аз токзори замин хӯшаҳои ангурро бибур, чунки ангур пухтааст». Инак, он фаришта доси худро ба замин партофт ва ангурро ғундошта, ба ҳавзи ангурфишурӣ партофт, ки он ҳавзи бузурги ғазаби Худо аст. Хӯшаҳо дар он ҳавз, ки берун аз шаҳр воқеъ буд, пойкӯб карда шуданд. Аз ҳавз хун ҷорӣ шуд, ки қади асп баландӣ ва ҳазору шашсад стадия (тақрибан сесад километер) дарозӣ дошт. Сипас, дар осмон аломати бузургу аҷоиби дигаре дидам: ҳафт фаришта бо ҳафт балои охирин. Ин ҳафт бало охирин буданд, чунки бо онон ғазаби Худо анҷом меёбад. Инак, чизеро мисли баҳри шишагин дидам, ки бо оташ омехта буд. Дар назди он баҳр касоне меистоданд, ки ба ҳайвони ваҳшию ҳайкалаш ва рақами номи вай муқобилат нишон дода, ғолиб омада буданд. Онҳо дар дастонашон асбоби мусиқии торие доштанд, ки Худо дода буд ва суруди хизматгузори Худо – Мусо ва Барраро мехонданд: «Бузург ва аҷибанд корҳои Ту, эй Худованд, Худои Тавоно! Роҳҳои Ту инсофу ростӣ ҳастанд, эй Шоҳи халқҳо! Кист, ки аз Ту, Худованд натарсад, Ва номи Туро бузург надорад?! Зеро танҳо Ту пок ҳастӣ! Ҳамаи халқҳо ба парастиши Ту хоҳанд омад, Зеро росткориҳои Ту ошкор шудаанд!» Сипас, дидам, ки дар осмон маъбад, яъне хаймаи аҳду паймон кушода аст. Аз маъбад ҳафт фаришта бо ҳафт бало баромаданд. Онҳо либоси тозаву дурахшони катонӣ пӯшида буданд ва дар қафаси синаашон камарбанди тилло баста буд. Яке аз он чор махлуқи зинда ба ҳафт фаришта ҳафт косаи тилло дод. Косаҳо аз ғазаби Худо, ки то абад зинда аст, пур буданд. Маъбад аз дуд пур шуд. Ин нишонаи он буд, ки бузургиву қуввати Худо дар он ҷо ҳузур дошт. Ва то даме ки ҳафт балои ҳафт фаришта пурра ба амал наояд, касе ба он дохил шуда наметавонист. Сипас, аз маъбад овози баланде баромад, ки ба ҳафт фаришта мегуфт: «Рафта, ҳафт косаи ғазаби Худоро ба замин резед». Фариштаи якум рафта, косаи худро ба замин рехт. Аз ин дар бадани одамоне, ки нишонаи ҳайвони ваҳшӣ доштанду ҳайкали вайро парастиш мекарданд, яраҳои даҳшатноку дардноке пайдо шуд. Фариштаи дуюм косаи худро ба баҳр рехт. Аз ин оби баҳр мисли хуни мурда шуд ва ҳама мавҷудоти зиндаи баҳр нобуд шуданд. Фариштаи сеюм косаи худро ба дарёву чашмаҳои об рехт ва онҳо низ ба хун табдил ёфтанд. Сипас, шунидам, ки фариштаи обҳо чунин мегӯяд: «Эй Худованди Пок, ки ҳастӣ ва будӣ! Ҳақ бар ҷониби Туст, ки чунин ҳукм намудӣ. Онҳо хуни имондорону пайғамбаронро рехтанд, барои ҳамин Ту ба онҳо хун додӣ, то бинӯшанд. Сазои бадкорон ҳамин аст». Аз қурбонгоҳ овозе баромад, ки мегуфт: «Бале, Худованд Худои Тавоно! Ҳамаи ҳукмҳоят ҳақ асту рост!» Сипас, фариштаи чорум косаи худро ба офтоб рехт. Ин ба офтоб иҷозат дод, ки одамонро бо оташи худ сӯзонад. Инак, одамон аз тафси баланд месӯхтанд ва номи Худоро, ки бар ин балоҳо қудрат дорад, ҳақорат мекарданд. Аммо тавба накарданд ва Ӯро бузург надоштанд. Фариштаи панҷум косаи худро бар тахти ҳайвони ваҳшӣ бирехт ва тамоми подшоҳии вайро торикӣ фаро гирифт. Одамон аз дард забони худро мегазиданд. Онҳо барои дарду захмҳояшон Худои осмонро ҳақорат мекарданд, аммо аз кирдорашон тавба накарданд. Фариштаи шашум косаи худро ба дарёи бузург, ба дарёи Фурот рехт. Аз ин оби дарё хушк шуд, то ки барои лашкари шоҳони шарқ роҳ кушода шавад. Ҳамчунин дидам, ки аз даҳони аждаҳор, аз даҳони ҳайвон ваҳшӣ ва аз даҳони пайғамбари дурӯғин се рӯҳи нопоки қурбоққамонанд баромад. Ин рӯҳҳои ҷинҳо буданд, ки аломатҳо нишон медиҳанд. Онҳо ба назди подшоҳони замин мераванд, то ки онҳоро ба ҷанги рӯзи бузурги Худои Тавоно ҷамъ кунанд. «Ҳушёр бош! – мегӯяд Исо, – Ман монанди дузд ногаҳон меоям. Хушо касе, ки либосаш бар тан Маро интизор мешавад. Зеро лучу урён гашта, шарманда нахоҳад шуд». Сипас, рӯҳҳои палид подшоҳонро дар ҷое ҷамъ оварданд, ки ба забони ибронӣ Ҳармаҷидӯн ном дорад. Оқибат фариштаи ҳафтум косаи худро ба ҳаво пошид. Ин лаҳза аз тахти маъбад овози баланде баромад, ки мегуфт: «Иҷро шуд!» Раъду барқ зад, овозҳо баромад ва заминҷунбии сахте ба амал омад. Заминҷунбӣ чунон сахт буд, ки аз замони офариниши одамизод дар рӯйи замин мислаш рӯй надода буд. Шаҳри бузурги Бобил ба се қисм ҷудо шуд ва шаҳрҳои халқҳо фурӯ рехтанд. Худо гуноҳҳои Бобили бузургро ба ёд оварда, ба вай косаи майи пур аз хашму ғазаби Худро дод. Ҳама ҷазираҳо нобуд ва кӯҳҳо нопадид гардиданд. Аз осмон ба сари одамон чунон жолаи калон-калон меборид, ки вазни ҳар кадомаш тақрибан панҷоҳ кило буд. Азбаски балои жола бисёр даҳшатнок буд, одамон Худоро ҳақорат мекарданд. Сипас, яке аз ҳафт фаришта, ки ҳафт коса дошт, омада, ба ман гуфт: «Биё! Ман ба ту ҷазои фоҳишаи машҳурро нишон медиҳам, яъне ҷазои ҳамон шаҳрро, ки ба рӯйи дарёҳои зиёд бино ёфтааст. Подшоҳони замин бо фоҳиша гуноҳҳои ҷинсӣ карданд ва сокинони замин майи гуноҳи ҷинсиашро нӯшида маст шудаанд». Фаришта маро бо ёрии Рӯҳ ба биёбон бурд. Дар он ҷо занеро дидам, ки бар ҳайвони ваҳшии суп-сурх савор буд. Ҳайвони ваҳшӣ ҳафт сару даҳ шох дошт ва дар тамоми баданаш суханони ҳақоратомез навишта шуда буд. Зан либоси шоҳонаи сурху бунафш пӯшида, бо тиллову сангҳои қиматбаҳо ва марворидҳо оро ёфта буд. Дар даст косаи тилло дошт, ки аз чизҳои нафратангезу ифлоси гуноҳҳои ҷинсиаш пур буд. Дар пешонии вай номе навишта шуда буд, ки он сир аст: Бобили бузург, модари фоҳишагону чизҳои нафратангези замин. Дидам, ки он зан хуни имондорони муқаддасу шоҳидони Исоро нӯшида маст шудааст. Аз дидани вай сахт ҳайрон шудам, лекин фаришта ба ман чунин гуфт: «Барои чӣ ҳайрон шудӣ? Ман ба ту сирри онҳоро мекушоям, яъне сирри ҳайвони ваҳшии ҳафтсараву даҳшоха ва занеро, ки бар он савор аст. Ҳайвон буд ва ҳоло нест. Аммо ба зудӣ аз ғори бепоён берун меояд ва баъд нобуд мешавад. Ҳама сокинони замин, ки номҳояшон аз замони бунёди дунё дар китоби ҳаёт навишта нашудаанд, ҳайвонро дида ҳайрон мешаванд. Зеро вай буд, ҳоло нест ва боз меояд. Барои фаҳмидани ин хирад лозим аст. Ҳафт сар ҳафт кӯҳест, ки зан бар онҳо ҳукмронӣ мекунад. Ҳафт сар ҳамчунин ҳафт подшоҳанд, ки панҷтояшон гузаштанд, шашумаш ҳаст ва ҳафтумаш ҳанӯз наомадааст. Ҳамин ки омад, дер намеистад. Ҳайвоне, ки буд, вале ҳоло нест, подшоҳи ҳаштум аст. Вай аз қабили он ҳафт нафар буда, ба ҳалокат мерасад. Даҳ шохе, ки дидӣ, даҳ подшоҳонанд, ки ҳоло подшоҳии худро надоранд, лекин бо ҳайвон ба як муддати кӯтоҳ қудрати шоҳона пайдо мекунанд. Ин подшоҳон ҳама ҳамфикр буда, нерӯву қудрати худро ба ҳайвон месупоранд. Онҳо бо Барра, яъне бо Исо ҷанг мекунанд ва Ӯ бар онҳо ғолиб меояд. Зеро Барра Сарвари сарварон ва Шоҳи шоҳон аст ва ҳамроҳонаш интихобшудагон ва вафодорон номида шудаанд». Сипас, фаришта ба ман гуфт: «Обҳое, ки шаҳр бар онҳо бино ёфтаасту фоҳиша бар он ҳукмронӣ мекунад, халқҳо, тӯдаҳои мардум ва миллатҳову забонҳо мебошанд. Ин даҳ шох ва ҳайвоне, ки дидӣ, фоҳишаро бад хоҳанд дид. Онҳо вайро хароб карда, луч хоҳанд монд ва ҷисмашро хӯрда месӯзонанд. Зеро Худо ба дили онҳо андохтааст, ки қарори Ӯро иҷро намоянд, яъне ба ҳайвон якдилона қудрати шоҳии худро супоранд, то даме ки сухани Худо иҷро шавад. Инак, зани дидаат шаҳри бузургест, ки бар ҳамаи подшоҳони замин ҳукмронӣ мекунад». Баъди ин чизҳо фариштаеро дидам, ки бо қудрати бузург аз осмон фуруд меомад. Аз дурахши ӯ замин равшан шуд. Вай бо овози пурзӯр фарёд карда гуфт: «Фурӯ рехт, фурӯ рехт шаҳри бузурги Бобил! Ба гурезгоҳи ҷину рӯҳҳои нопок, ба паноҳгоҳи ҳар гуна парандагони ифлосу ба макони ҳайвоноти нафратангез табдил ёфт. Зеро ин шаҳр ҳамчун фоҳиша ба ҳамаи халқҳо майи пурзӯри гуноҳҳои ҷинсиашро нӯшонда, онҳоро маст кардааст. Шоҳони замин бо вай ҳамбистар шуданд ва савдогарони замин аз баднафсии ӯ сарватманд шуданд». Сипас, аз осмон овози дигаре шунидам, ки мегуфт: «Халқи Ман, аз он берун ой, то ки дар гуноҳҳои ин шаҳр шарик набошӣ ва ба мусибате, ки барои вай пешбинӣ шудааст, гирифтор нагардӣ. Зеро гуноҳҳояш то ба осмон зиёд шудаанд ва Худо ҷиноятҳояшонро дар ёд дорад. Пас подоши ӯро диҳед, чунон ки вай медод. Барои ҳар кораш дучанд подош диҳед. Дар ҳамон косае, ки май омода мекард, ба вай дучанд май бидиҳед, то ба андозае, ки худро бузург меҳисобиду айшу нӯш мекард, ранҷу азоб диҳед. Зеро дар дили худ чунин мегуфт: „Ман бева нестам, балки мисли малика менишинам ва ҳеҷ гоҳ мотам нахоҳам гирифт“. Бино бар ин, ҳамаи балоҳояш – марг, ғаму ғусса ва гуруснагӣ дар як рӯз ба сараш меоянд. Вай дар оташ хоҳад сӯхт, чунки ҷазодиҳандааш Худованд Худои Тавоност». Подшоҳони замин, ки бо вай гуноҳҳои ҷинсӣ ва айшу нӯш мекарданд, дуди сӯхторашро дида, ба ҳолаш фиғон мекашанд ва ба қафаси синаашон мушт мезананд. Онҳо аз тарси азобаш дур истода мегӯянд: «Вой, вой бар ҳоли зорат, эй шаҳри бузург, Бобили тавоно! Ҳанӯз соате нагузашта, ба ҳалокат расидӣ». Савдогарони замин низ ба ҳоли вай гиряву нола мекунанд, чунки дигар касе нест, ки молҳояшонро харад, яъне тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо, марворид, матоъҳои катони маҳин, бунафшранг, шоҳӣ ва сурх ва ҳар гуна дарахтони хушбӯй ва чизҳои аз устухони филу чӯби қиматбаҳо сохташудаву биринҷӣ, оҳану мармар, хушбӯйиҳои дорчин, ҳанут, лодан, моддаҳои хуштаъм, атриёт, май, равғани зайтун, орди хушсифат, гандум, гову гӯсфанд, аспу аробаҳои ҷангӣ ва ғуломон ба касе даркор нест. Савдогарон мегӯянд: «Чизҳои дилхоҳат аз ту дур шуданд. Тамоми сарвату дабдабаат барбод рафт ва онро дигар нахоҳӣ ёфт». Савдогароне, ки ҳамаи ин молҳоро ба аҳли шаҳр фурӯхта сарватманд шуданд, аз азоби ӯ тарсида худро ба канор мегиранд. Онҳо гиряву нолакунон мегӯянд: «Вой, вой бар ҳоли зорат, эй шаҳри бузург, ки либосҳои гаронбаҳои сурху бунафшро дар бар карда, бо гавҳару марвориду тилло худро оро дода будӣ. Аммо соате нагузашта тамоми сарвати ту нобуд шуд». Ҳама сардорони киштӣ, киштинишинон, баҳрнавардон ва онон, ки кору борашон дар баҳр аст, дар дур меистанд. Дуди сӯхторашро дида, «Оё замоне мисли ин шаҳри бузург шаҳре буд?» – гӯён фиғон мебардоранд. Онҳо мӯйканон, гиряву нола мекунанд ва фарёд намуда мегӯянд: «Вой, вой бар ҳоли зорат, эй шаҳри бузург, ки аз сарвати зиёди ту ҳама киштидорони баҳр сарватманд шуданд! Аммо соате нагузашта, ба харобазор табдил ёфтӣ. Эй осмон! Эй муқаддасону фиристодагону пайғамбарон! Шумо шодӣ кунед, чунки Худо онро ба хотири шумо ҷазо дод». Сипас, як фариштаи тавоно санги калонеро, ки монанди санги осиё буд бардошта, ба баҳр партофт ва гуфт: «Шаҳри бузурги Бобил мисли ҳамин санги осиё фурӯ хоҳад рехт ва дигар бунёд нахоҳад шуд. Садои торнавозону сарояндагон ва навои наю карнайнавозон аз ту дигар ба гӯш нахоҳад расид. Дигар ягон касбу ҳунар ё ҳунарманде дар ту нахоҳад монд. Садои гардиши сангҳои осиё дигар аз ту шунида нахоҳад шуд. Нури чароғ шаҳри Бобилро дигар равшан нахоҳад кард ва овози домоду арӯс аз он дигар ба гӯшҳо нахоҳад расид, чунки савдогаронаш мирони замин буданд ва он бо сеҳру ҷодуҳояш халқҳои тамоми ҷаҳонро гумроҳ намуд. Дар кӯчаҳоят хуни пайғамбарону имондорони муқаддас ва ҳамаи кушташудагони рӯйи замин ёфт шудааст». Пас аз ин чизҳо садои баландеро ба мисли овози мардуми хеле сершумор шунидам, ки дар осмон мегуфт: «Худоро ситоиш кунед! Наҷот ва бузургиву нерӯмандӣ аз Худои мост! Зеро Ӯ бо адлу инсоф ҳукм мекунад. Ӯ фоҳишаи бузургро ҷазо дод, чунки вай заминро бо гуноҳи ҷинсии худ вайрон гардонд. Ҳам барои хуни ғуломонаш аз вай қасос гирифт». Онҳо бори дуюм гуфтанд: «Худовандро ситоиш кунед! Дуди фоҳишаи бузург, яъне шаҳри Бобил то абад боло хоҳад шуд». Баъд бисту чор пир ва чор махлуқи зинда рӯ ба замин ниҳода, Худоро, ки бар тахт менишаст, парастиш карда, гуфтанд: «Омин! Худовандро ситоиш кунед!» Сипас, аз сӯйи тахт овоз баромад: «Ҳама хизматгорон ва тарсгорони Ӯ, хурду калон, Худои моро ситоиш кунед!» Сипас, ба мисли овози мардуми зиёд ё садои шаршараи азим ё гулдурроси раъди пурзӯр овозе шунидам: «Худовандро ситоиш кунед! Худои Тавонои мо подшоҳӣ мекунад. Биёед шодиву хурсандӣ кунем ва бузургии Ӯро эътироф намоем. Вақти тӯйи Барра расидааст ва арӯси Ӯ худро омода кардааст. Арӯс бо иҷозат аз катони маҳин либоси тозаи дурахшон пӯшидааст. (Катони маҳин рамзи росткориҳои имондорон аст)». Баъд фаришта ба ман гуфт: «Навис: Хушо онҳое, ки ба тӯйи Барра даъват шудаанд». Боз гуфт: «Ин суханони рости Худост». Ин лаҳза ман ба назди пойҳои фаришта афтодам, то ки ба вай саҷда кунам, аммо вай гуфт: «Ин корро накун! Ман ҳам ба мисли туву бародарону хоҳаронат, ки дар бораи Исо шаҳодат медиҳед, хизматгор ҳастам. Танҳо ба Худо саҷда намо! Зеро пайғамбарони ҳақиқӣ танҳо дар бораи Исо шаҳодат медиҳанд». Сипас, осмонро кушода, ва дар он аспи сафедеро дидам. Савори он Вафодор ва Ҳақ ном дошт. Ӯ росткорона ҳукм мекарду меҷангид. Чашмонаш чун алангаи оташ буданд ва дар сараш тоҷҳои бисёр дошт. Ҳамчунин номи навиштае дошт, ки онро ғайр аз Худаш касе намедонист. Дар бар либоси хунолуд дошт ва номи Ӯ «Каломи Худо» аст. Лашкарҳои осмонӣ аз пайи Ӯ мерафтанд, ки дар тан аз катони маҳин либоси тозаи сафед доштанд ва бар аспҳои сафед савор буданд. Аз даҳонаш шамшери тезе мебаромад, ки бо он халқҳоро зада тавонист ва бо асои оҳанин онҳоро ҳукмронӣ мекард. Ҳамчунин майи ғазаби Худои Тавоноро тайёр мекард. Инак бар либосу рони Ӯ чунин ном навишта шуда буд: «Шоҳи шоҳон ва Сарвари сарварон». Сипас, фариштаеро дидам, ки дар болои офтоб меистод. Вай бо овози баланд фарёд зада ба ҳамаи парандагоне, ки дар байни осмон парвоз мекарданд, гуфт: «Биёед! Ба зиёфати бузурги Худо ҷамъ шавед. Ҷисми шоҳон, сарлашкарон, одамони пурзӯр, аспон ва саворони онҳоро хӯред. Ҷисми ҳамаи одамон, озоду ғулом ва хурду калонро хӯред». Сипас, ҳайвони ваҳшӣ ва подшоҳони заминро бо лашкарҳояшон дидам. Онҳо ҷамъ омада буданд, ки бо Савори аспу лашкараш ҷанг кунанд. Инак, ҳайвон ва пайғамбари дурӯғин дастгир шуданд – ҳамон пайғамбаре, ки пешопеши ҳайвон роҳ гашта, аломатҳо нишон медод ва бо ин восита одамонро гумроҳ мекард, яъне онҳоеро, ки нишонаи ҳайвони ваҳширо қабул карда буданду ба ҳайкалаш саҷда мекарданд. Ҳар ду зинда ба зинда ба кӯли оташу сулфур партофта шуданд. Боқимондагон бо шамшере, ки аз даҳони Савори асп мебаромад, кушта шуданд ва ҳамаи парандагон ҷасадҳои онҳоро хӯрда, сер шуданд. Инак, дидам, ки фариштае аз осмон фуруд меомад. Дар дастони вай калиди ғори бепоён ва занҷири бузурге буд. Он фаришта аждаҳор, яъне мори қадимаро, ки иблис ва шайтон аст, дошта ба муддати ҳазор сол занҷирбанд намуд ва ба ғори бепоён партофт. Баъд сари чоҳро маҳкам кард ва муҳр зад, то ки то ба охири ҳазор сол халқҳоро гумроҳ накунад. Дар охир вай бояд ба муддати кӯтоҳ озод карда шавад. Сипас, тахтҳо ва тахтнишинҳоро дидам, ки ба онҳо қудрати доварӣ кардан дода шуда буд. Ҳамчунин ҷонҳои одамонеро дидам, ки сарашонро аз тан ҷудо карда буданд, чунки онҳо вафодорона дар бораи Исо ба одамон нақл мекарданду каломи Худоро эълон менамуданд. Онҳо ҳайвони ваҳшӣ ва ҳайкали вайро парастиш накарда буданд ва нишонаи вайро ба даст ё пешонии худ қабул накарданд. Онҳо зинда шуда, ҳазор сол бо Масеҳ подшоҳӣ карданд. Ин зиндашавии якум аст. Мурдагони боқимонда бошанд, то охири ҳазор сол ба ҳаёт барнагаштанд. Хушбахту муқаддас аст касе, ки дар зиндашавии якум ҳисса дорад! Марги дуюм бар онҳо қудрат надорад ва онҳо ҳамчун коҳин ба Худову Масеҳ хизмат карда, бо Исо ҳазор сол подшоҳӣ хоҳанд кард. Пас аз гузаштани ҳазор сол шайтон аз зиндонаш озод карда мешавад, то ки ба ҳар чаҳор гӯшаи замин рафта, халқҳоро, ки ба таври рамзӣ Ҷуҷ ва Моҷуҷ номида шудаанд, гумроҳ намояд ва онҳоро ба ҷанг ҷамъ оварад. Шумораи онҳо мисли реги лаби баҳр аст. Онҳо ба паҳнои замин баромада, шаҳри дӯстдошта, яъне қароргоҳи халқи Худоро иҳота карданд, аммо аз осмон оташ борида, лашкарони онҳоро фурӯ бурд. Шайтон, ки онҳоро гумроҳ мекард, ба кӯли оташу сулфур партофта шуд. Ба ҳамон ҷое, ки ҳайвони ваҳшӣ ва пайғамбари дурӯғин партофта шуда буданд ва онҳо шабу рӯз дар он ҷо абадӣ азоб мекашанд. Сипас, ман Худоро дидам, ки дар тахти бузурги сафед менишаст. Аз ҳузури Ӯ осмону замин гурехтанд ва нопадид шуданд. Инак, мурдагонро дидам, ки хурду калон назди тахт меистоданд. Китобҳо кушода шуданд ва китоби дигаре кушода шуд, ки китоби ҳаёт аст. Мурдагон мувофиқи кирдорашон, ки дар китобҳо навишта шудааст, доварӣ шуданд. Баҳр мурдагонеро, ки дар худ дошт, дод. Марг ва олами мурдагон низ мурдагонеро, ки дар худ доштанд, доданд ва ҳар кас мувофиқи кирдораш доварӣ шуд. Баъд аз ин марг ва олами мурдагон ба кӯли оташ партофта шуданд. Кӯли оташ марги дуюм, яъне марги абадист. Ҳар кас ки номаш дар китоби ҳаёт ёфт нашуд, ба кӯли оташ андохта шуд. Сипас, осмону замини навро дидам, чунки осмону замини пешина нопадид гардида буданд. Баҳр низ дигар вуҷуд надошт. Инак шаҳри муқаддас – Уршалими навро дидам, ки аз осмон – аз ҷониби Худо фуруд меомад. Шаҳр худро мисли арӯс барои шавҳари худ оро дода буд. Аз ҷониби тахт овози баландеро шунидам: «Бубин! Ин хаймаи Худо дар байни одамон аст. Ӯ бо онҳо зиндагӣ мекунад ва онҳо халқи Ӯ хоҳанд буд. Худи Худо бо онҳо ва Худои онҳо хоҳад буд. Худо ҳар оби дидаро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард. Маргу мусибат, дард ва доду фиғон дигар нахоҳад буд, чунки чизҳои пештара нест шуданд». Баъд Тахтнишин гуфт: «Бубин! Ҳама чизро аз нав мекунам». Боз гуфт: «Инро бинавис, чунки ин каломи боваринок ва ҳақиқат аст». Ӯ суханашро давом дода ба ман гуфт: «Иҷро шуд! Ман Аввалину Охирин ва хоҷаву анҷоми ҳама чиз ҳастам. Ба ҳар ташна аз чашма оби ҳаётро ройгон медиҳам. Ба шахси ғолиб ҳама чиз насиб хоҳад шуд. Ман барои вай Худо ва ӯ барои Ман фарзанд хоҳад буд. Аммо сазои тарсончакон, беимонон, ҳаромкорон, одамкушон, онҳое, ки гуноҳи ҷинсӣ мекунанд, ҷодугарон, бутпарастон ва ҳамаи дурӯғгӯён дар кӯли оташу сулфур хоҳад буд. Ин марги дуюм, яъне марги абадист». Сипас, яке аз он ҳафт фаришта, ки ҳафт косаи пур аз ҳафт балои охирон доштанд, ба наздам омада, гуфт: «Биё, ба ту арӯсро нишон диҳам. Ӯ зани Барра, яъне зани Исо аст». Инак вай маро гирифта, ба воситаи Рӯҳи Худо ба кӯҳи баланди бузург бурд ва аз он ҷо ба ман шаҳри Уршалими муқаддасро нишон дод, ки аз осмон – аз ҷониби Худо фуруд меомад. Шаҳр аз ҳузури Худо ҳамчун санги гаронбаҳо, мисли санги яшм медурахшид. Он девори бузургу баланд ва дувоздаҳ дарвоза дошт. Назди дарвозаҳо дувоздаҳ фаришта меистоданд ва бар ҳар дарвоза номи яке аз дувоздаҳ қабилаи халқи Исроил кандакорӣ шуда буд. Се дарвоза дар тарафи шарқ, се дарвоза дар тарафи шимол, се дарвоза дар тарафи ҷануб ва се дарвоза дар тарафи ғарб воқеъ буд. Девори шаҳр дувоздаҳ таҳкурсӣ дошт ва ҳар яки он як номи дувоздаҳ фиристодаи Барраро дошт. Фариштае, ки бо ман гап мезад, барои чен кардани шаҳр ва дарвозаҳову девораш ченкунаки тилло дошт. Шаҳр шакли чоркунҷа дошт ва дарозиву бари он баробар буд. Фаришта бо ченкунакаш шаҳрро чен кард. Инак шаҳр дувоздаҳ ҳазор стадия (тақрибан 2 400 километер) дарозӣ дошт ва дарозиву бару баландиаш баробар буд. Фаришта девори шаҳрро чен кард. Инак баландии девор мувофиқи ченаки одамӣ, ки фаришта истифода мебурд, саду чилу чор оринҷ (тақрибан 60 метер) буд. Девор аз санги яшм, худи шаҳр бошад аз тиллои софи мисли шиша шаффоф сохта шуда буд. Таҳкурсии девори шаҳр бо ҳар гуна сангҳои қиматбаҳо оро дода шуда буд. Таҳкурсии аввал бо санги яшм, дуюм бо ёқути кабуд, сеюм бо ақиқи сӯхта, чорум бо зумуррад, панҷум бо ақиқи гулобӣ, шашум бо ақиқ, ҳафтум бо забарҷад, ҳаштум бо ёқути азрақ, нуҳум ёқути зард, даҳум бо ақиқи сабз, ёздаҳум бо гиасинт ва дувоздаҳум бо лаъли кабуд оро дода шуда буд. Дувоздаҳ дарвоза – дувоздаҳ марворид буд, яъне ҳар дарвоза аз як марворид сохта шуда буд. Кӯчаи шаҳр аз тиллои софу мисли шиша шаффоф буд. Дар шаҳр парастишгоҳе надидам, зеро Худованд Худои Тавоно ва Барра, яъне Исо Худ парастишгоҳи шаҳр хоҳанд буд. Ба шаҳр нури офтобу моҳ даркор намешавад, чунки нури Худо шаҳрро равшан мекунад ва Барра чароғи он аст. Халқҳо дар нури он зиндагӣ хоҳанд кард ва подшоҳони замин шаъну шавкати худро ба он ворид хоҳанд намуд. Дарвозаҳои шаҳр рӯзона ҳеҷ гоҳ баста намешаванд ва дар он ҷо шаб нахоҳад буд. Шаъну шавкати халқҳоро ба он шаҳр меоваранд. Аммо ҳеҷ чизи нопок ва ҳеҷ каси бадкору фиребгар ба он дохил нахоҳад шуд, балки танҳо онҳое ки дар китоби ҳаёти Барра навишта шудаанд. Сипас, фаришта ба ман дарёи оби ҳаётро нишон дод, ки аз тахти Худову Барра, яъне Исо ҷорӣ мешуд. Дарё мисли шиша софу шаффоф буд ва аз миёнаҷойи кӯчаи шаҳр мегузашт. Дар ҳар ду лаби дарё дарахти ҳаёт мерӯйид ва он дувоздаҳ бор мева медод, яъне ҳар моҳи сол ҳосил меовард. Баргҳои дарахт барои шифо ёфтани халқҳо дармон буданд. Инак дар он ҷо ҳеҷ лаънате намешавад. Тахти Худову Барра дар шаҳр меистад ва хизматгоронаш ба Ӯ хизмат хоҳанд кард. Онҳо рӯйи Ӯро мебинанд ва бар пешонии онҳо номи Ӯ навишта хоҳад буд. Дигар шаб намешавад ва нури чароғу офтоб ба онҳо даркор намешавад, чунки Худованд Худо бар онҳо нур хоҳад пошид. Ҳамин тавр, онҳо то абад подшоҳӣ хоҳанд кард. Фаришта ба ман гуфт: «Ҳамаи он, ки дидиву шунидӣ, боваринок ва ҳақиқат аст. Худованд Худое, ки ба пайғамбаронаш илҳом мебахшад, фариштаи Худро фиристодааст, то ба хизматгоронаш нишон диҳад, ки ба зудӣ чӣ бояд рӯй диҳад». «Бингар, – мегӯяд Исо, – Ман ба зудӣ меоям. Хушбахт аст касе, ки ба суханони ин китоб итоат мекунад». Ман – Юҳанно, ҳамонам, ки ин чизҳоро шунидаму дидам. Баъд ба назди пойҳои фариштае, ки ба ман ин чизҳоро нишон дод, рӯй ниҳода, саҷда карданӣ шудам. Аммо фаришта ба ман гуфт: «Ист, ин корро накун! Ман ҳам мисли туву бародарону хоҳаронат, мисли пайғамбарону онҳое, ки суханони ин китобро ба ҷо меоранд, хизматгор ҳастам. Танҳо ба Худо саҷда намо!» Сипас, ӯ суханашро давом дода гуфт: «Суханонеро, ки дар ин китоб навишта шудаанд, пинҳон накун, чунки вақти иҷро шуданашон наздик аст. Бигзор бадкор бадкориашро ва шахси бадахлоқ бадахлоқиашро давом диҳад. Бигзор росткор росткориашро давом диҳад ва шахси пок – пок бимонад». «Бингар, – мегӯяд Исо, – Ман ба зудӣ меоям ва бо Худ мукофот меорам, то ба ҳар кас мувофиқи корҳояш сазо диҳам. Ман Аввалину Охирин ва хоҷаву анҷоми ҳама чиз ҳастам». Хушо онҳое, ки ҷомаҳои худро мешӯянд, то ки ба хӯрдани меваи дарахти ҳаёт ҳақ дошта бошанду аз дарвозаҳо ба шаҳр даромада тавонанд. Аммо сагфитратон, ҷодугарон, онҳое, ки гуноҳҳои ҷинсӣ мекунанд, одамкушон, бутпарастон ва онҳое, ки фиребгариро дӯст медоранд, берун аз шаҳр хоҳанд монд. «Ман – Исо, фариштаи Худро фиристодам, то ки ба ҷамоатҳои имондорон дар бораи ин чизҳо хабар диҳад. Ман реша ва насли шоҳ Довуд – ситораи дурахшони субҳ ҳастам». Инак Рӯҳи Худо ва арӯс ба Исо мегӯянд: «Биё!» Бигзор ҳар касе, ки мешунавад, гӯяд: «Биё!» Бигзор ташна ояд! Ҳар хоҳишманд оби ҳаётро ройгон гирад! Ман ҳар касеро, ки суханони ин китобро мешунавад, огоҳ мекунам: агар касе ба он чизе илова кунад, Худо ба вай балоҳоеро илова мекунад, ки дар ин китоб навишта шудаанд. Ҳамчунин, агар касе аз суханони ин китоб чизе кам кунад, Худо вайро аз дарахти ҳаёт ва шаҳри муқаддас, ки дар ин китоб тасвир шудаанд, бенасиб мегардонад. Шоҳиди ин чизҳо мегӯяд: «Бале, ба зудӣ меоям». Омин! Биё, Худованд Исо! Файзу меҳрубонии Худованд Исо ба ҳамаи шумо бод!